ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Июн 2022

-A A +A

ШИНОСНОМАИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ "ТАҲСИЛ ДАР ЗИНАҲОИ АСПИРАНТУРА ВА УНВОНҶӮ"

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 17/06/2022 - 08:47
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ БОНУВОНИ СОҲИБКОР ДАР РУШДИ СОҲАИ САНОАТ»

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 03/06/2022 - 07:55
  1 июни соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
   Дар чорабинии мазкур намояндаи Маркази миллии қонунгузорӣ иштирок намуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ШИНОСНОМАИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ "ТАҲИЯИ ТАФСИРИ ИЛМИЮ АМАЛИИ КОДЕКСҲО, ҚОНУНҲО ВА ДИГАР САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ"

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 17/06/2022 - 08:37
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

РУШДИ НИЗОМИ АНДОЗ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 17/06/2022 - 08:30
Андоз пардохти ҳатмии ба буҷети давлатӣ мебошад, ки ба андозаи муайян амалӣ гардида, хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дорад. Маблағи буҷет ба ҳамин роҳ андӯхта, барои фаъолияти давлат ва мақомоти он, аз ҷумла барои ҳифзи мамлакат аз суиқасду тааррузи бурена, ҳифзи тартиботи дохилӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молумулки шаҳрвандон барои ҳимояи иҷтимоии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ беҳимояи аҳолӣ (кудакон, маъюбон, пирсолон ва мискинон) харҷ мешавад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН АСОСӢ ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 14/06/2022 - 17:01
 Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ  ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 2 (1 овоз)

ШИНОСНОМАИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ "ТАРҶУМАИ ҚОНУНҲО ВА ДИГАР САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ БО ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ"

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 14/06/2022 - 10:59
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҚОНУНГУЗОРӢ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Дшб, 13/06/2022 - 16:26
   Дар асоси қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 9-уми апрели соли 2022, №4 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 25.05.2022, №24, 10 июни соли 2022 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар Ташкилоти ибтидоии “Қонунгузорӣ” баргузор гардид. Дар кори маҷлис мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии бақайдгирии аъзъои ҳизб аз Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Гадоев Салим ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Бурҳонзода Муслиҳиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ИШТИРОК РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҶУМҲУРИЯВИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 09/06/2022 - 16:16
 8 июни соли 2022 ҷаласаи Шӯро баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ЗАБОН БАҚОИ МИЛЛАТ ВА РУКНИ ДАВЛАТДОРӢ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 09/06/2022 - 08:47

 

            «Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДА (БАХШИДА БА 15-УМИН СОЛГАРДИ АМАЛИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»)

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 07/06/2022 - 08:42
Мутобиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Бо дарназардошти муқаррароти мазкур аз ҷониби давлат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ, таъмини вазъи хуби манзил ва ғизо, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, музди муносиби меҳнат, хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи ҳаёти шаҳрвандон тамоми тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ роҳандозӣ мегарданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Pages