ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1780 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 20.04.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1773 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 20.04.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1761 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАМЪОВАРӢ, НИГОҲДОРӢ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОҚИЛОНАИ ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 15:29
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
892
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.08.2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ҶАМЪОВАРӢ, НИГОҲДОРӢ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОҚИЛОНАИ ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо муқаррар намуда, муносибатҳоро вобаста ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва истифодабарии оқилонаи онҳо бо мақсадҳои пешбурди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, экологӣ ва биологӣ, амалӣ намудани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, селексионӣ, таҳсилотӣ, инчунин таъмини нигоҳдории мероси иҷтимоию фарҳангӣ ва таърихӣ барои манфиатҳои наслҳои имрӯзу оянда танзим менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- захираҳои генетикии набототи корам - ҳар маводи генетикии аз наботот пайдоишдошта, ки барои пешбурди кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ арзиши воқеӣ ё имконпазир дорад;

- генофонди набототи корам - гуногунии генетикии наботот ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки барои пешбурди кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ истифода бурда мешаванд ва ё дар оянда метавонанд истифода бурда шаванд;

- ҳамавлодони худрӯйи набототи корам - намудҳои набототи табиии аз ҷиҳати таҳаввулот ва генетикӣ ба набототи корам наздик, ки аз авлоди набототи корам мебошанд ва ё дар пайдоиш ё таҳаввулоти намудҳои корами дигар комплексҳои авлодӣ иштирок менамоянд;

- маводи набототӣ - объектҳои олами наботот, ки дорои арзишҳои воқеӣ ё имконпазир буда, дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, селексионӣ, иқтисодӣ ва дигар фаъолият истифода мешаванд;

- намунаи коллексия - набототи зинда, қисми наботот (тухм, бех, қаламча, пиёзак, реша ва ғ.), бофтаҳои он, ҳуҷайраҳое, ки аз онҳо организми комил ё организме, ки ба як намуди ботаникӣ мансуб мебошад, ҳосил кардан мумкин аст. Намунаи коллексия метавонад дар шакли худрӯй, навъи маҳаллӣ ё селексионии аз истеъмол баромада ё киштшаванда, авлоди генетикӣ ё маводи дигари растанӣ ифода карда шавад;

- навъҳои қадимаи маҳаллӣ - навъҳои селексияи маҳаллӣ, ки аз истеҳсолоти кишоварзӣ баромадаанд, арзиши муайяни илмӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию таърихӣ ва дигар арзишро доранд ва хусусияти ба омилҳои абиотикии муҳит мутобиқшавиро соҳиб мебошанд;

- гуногунии биологӣ - гуногунии организмҳои зиндаи мансуб ба ҳама манбаъҳо, аз ҷумла, экосистемаҳои заминию обӣ ва комплексҳои экологӣ, ки организмҳои зинда ҷузъи онҳо мебошанд. Мафҳуми мазкур гуногуниро дар доираи намуд, байни намудҳо ва гуногунии экосистемаҳо дар бар мегирад;

- гуногунии агробиологӣ - ҷузъҳои гуногунии биологӣ, ки барои пешбурди кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ истифода бурда мешаванд;

- системаи агроэкологӣ - системаи экологии аз тарафи инсон ба таври сунъӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ офаридашуда (киштзор, чарогоҳ, боғ, ҷангалҳои муҳофизатӣ ва ғ.);

- эрозияи генетикӣ - талафи гуногунии генетикӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти антропогенӣ, аз ҷумла истифодабарии исрофкорона ва риоя накардани чораҳои нигоҳдории захираҳои генетикӣ ба вуҷуд омадааст;

- коллексияи захираҳои генетикии наботот - ҷузъҳои гуногунии биологӣ, ки дар шароити назоратшаванда берун аз маҳалли табиии сабзиши онҳо нигоҳдорӣ карда мешаванд;

- коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам - ҷузъҳои бо тартиби муайян ҷамъоваришуда, ба система даровардашуда ва ҳуҷҷатгузоришудаи гуногунии биологӣ, ки барои наслҳои имрӯза ва оянда аҳамияти воқеӣ ва имконпазир дошта, дар ихтиёри давлат мебошанд;

- коллексияҳои миллии базавӣ - дороии миллии иборат аз намунаҳои арзишнок ва нодири захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки дар Феҳристи миллии захираҳои генетикӣ сабт шудаанд ва дар бонки генетикии махсус таҷҳизонидашуда дар маҳфузияти дарозмуддат қарор доранд, ҳамчунин намунаҳои растаниҳои бисёрсола, ки дар бонки генетикии махсуси саҳроӣ нигоҳ дошта мешаванд;

- коллексияҳои фаъоли корӣ - намунаҳои захираҳои генетикӣ, ки дар шароити нигоҳдории миёнамӯҳлат маҳфуз буда, барои мубодила ва қонеъгардонии талаботи истифодабарандагони гуногун ба тухмӣ ва маводи дигари генетикии наботот бо мақсадҳои таҳқиқ ва истифодабарӣ дар барномаҳои илмӣ, селексионӣ, таҳсилотӣ ва дигар мақсадҳо пешбинӣ гардидаанд;

- коллексияҳои нусхавӣ - намунаҳои нусхавии захираҳои генетикии коллексияҳое, ки ба истифодабарандагони ташкилотҳои гуногун (аз ҷумла бонкҳои генетикии хориҷӣ ва байналмилалӣ) бо мақсади омӯзиш ва истифодабарӣ дар барномаҳои гуногун вогузор шудаанд, инчунин намунаҳое, ки ба дигар бонкҳои генетикӣ аз рӯи принсипи "қуттии сиёҳ" бо мақсади нигоҳдории бехатари нусхавӣ зимни ҳолатҳои ғаричашмдошт ва тағйироти харобиовари табиӣ дода шудаанд;

- коллексияҳои генетикӣ - маҷмӯи намунаҳои захираҳои генетикии шаклҳои дохилинамудӣ, ки бо роҳи интихоб ё усулҳои таҷрибавӣ офарида шуда, тафовутҳои ирсиро аз рӯи як ё якчанд аломат ошкор менамоянд;

- коллексияҳои меҳварӣ - намунаҳои захираҳои генетикӣ, ки дар теъдоди камтарини онҳо гуногунии аслии генетикии намуд вуҷуд дорад;

- коллексияҳои гербариявӣ - намунаҳои гербариявии набототи худрӯй ва корам, ки воситаи муҳимтарини таҳқиқи гуногунии биологии олами наботот мебошанд;

- коллексияҳои кислотаҳои дезоксинуклеинӣ (КДН) ва кислотаҳои рибонуклеинӣ (КРН) - намунаҳои кислотаҳои нуклеинии захираҳои генетикии аз наботот пайдоишдошта, ки дар шакли олии молекулавии геномӣ (маҷмӯи генҳои намуд) ё клонӣ нигоҳ дошта мешаванд;

- феҳристи миллии захираҳои генетикии набототи корам - махзани якшаклаи маълумот оид ба намунаҳои нигоҳдоштавандаи коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо;

- молики намунаи захираҳои генетикӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ба коллексияи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо ҳуқуқи моликият дорад;

- дорандаи захираҳои генетикӣ - ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки коллексияи намунаҳои захираҳои генетикиро дар ихтиёр дорад;

- донори захираҳои генетикӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки захираҳои генетикиро пешниҳод намудааст;

- бонки генетикӣ - иншоот ё бинои махсус муҷаҳҳазгардонидашуда, ки барои дар ҳарорати мӯътадили нигоҳдорӣ тибқи стандартҳои тасдиқгардида маҳфуз доштани намунаҳои генетикии набототи корам пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Объектҳои захираҳои генетикии набототи корам

Ба объектҳои захираҳои генетикии набототи корам инҳо мансубанд:

- намудҳои худрӯй ва бегона - ҳамавлодони набототи корам;

- навъҳои қадимаи маҳаллӣ, ки дар системаҳои агроэкологии анъанавӣ истифода бурда мешаванд;

- навъҳои селексионӣ (навъҳои корам, аз истифода баромада ва ё навъҳое, ки ба феҳристҳои миллии навъҳои тавсияшуда ворид шудаанд);

- хатҳои селексионӣ, манбаъ ва донорҳои нишонаҳои аз ҷиҳати хоҷагидорӣ арзишнок;

- маводи махсуси генетикӣ (мутантҳо, дурагаҳо, хатҳои бисёркарата нишонагузоришуда, шаклҳои наботот, ки бо усулҳои биотехнологӣ офарида шудаанд);

- кислотаҳои нуклеинӣ (кислотаҳои дезоксинуклеинӣ (КДН) ва кислотаҳои рибонуклеинӣ (КРН)) - ҳомилони асосии ахбори генетикӣ.

  

Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам дар самтҳои зерин татбиқ карда мешавад:

- риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;

- таъмини нигоҳдории кафолатноки генофонди миллии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо дар коллексияҳо, инчунин таҳқиқи ҳамаҷониба ва истифодабарии оқилонаи ин захираҳо;

- ҳавасмандкунии фаъолияте, ки ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам дар маҳалҳои сабзиши табиии онҳо, заминҳои субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) нигаронида шудааст;

- назорати риояи талабот оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва истифодабарии бехавфи захираҳои генетикии набототи корам;

- риояи ягонагии манфиатҳо ва ҳамоҳангии амалҳои мақомоти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидор, муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам;

- ҷалби шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба иҷрои вазифаҳои нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи ҷузъҳои гуногунии агробиологӣ;

- дастгирии давлатии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо.

 

Моддаи 5. Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ татбиқ шуда, иҷрои тадбирҳои зеринро дар бар мегирад:

- муайян кардани самтҳои стратегияи миллӣ ва афзалиятҳои давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам;

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи ҷузъиёти гуногунии агробиологӣ, аз ҷумла оид ба танзими тартиб ва шартҳои дастрасӣ ба намунаҳои генофонди миллии набототи корам ва тақсими баробари фоида аз истифодабарии онҳо;

- бастани шартномаҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои захираҳои генетикии набототи корам;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои миллӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, таъмини назорати иҷрои ин барномаҳо;

- ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва маблағгузории мақсадноки онҳо оид ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо;

- таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои методӣ оид ба масъалаҳои нигоҳдории дарозмуддат ва бехавфи генофонди миллии набототи корам;

- дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки навъҳои қадимаи маҳаллӣ ва дигар намудҳои маҳаллии захираҳои генетикии набототро нигоҳдорӣ менамоянд;

- таҳия ва ҷорӣ намудани низоми ягонаи миллии маълумот оид ба захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо.

 

Моддаи 6. Принсипҳои асосии муҳайё кардани шароит барои рушди фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам

Муҳайё кардани шароит барои рушди фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ба принсипҳои асосии зерин асос меёбад:

- тавъамсозии илман асосноки манфиатҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо мақсади таъмини нигоҳдории устувор ва истифодабарии оқилонаи захираҳои наботот;

- баҳисобгирии хусусиятҳои табиӣ ва иҷтимоию иқтисодии системаҳои агроэкологӣ зимни банақшагирии чорабиниҳои марбут ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо;

- риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қоидаву талаботи марбут ба фаъолият дар соҳаи захираҳои набототро барои пешбурди кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ муайян менамояд;

- пешгирии олудашавии антропогенӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар фаъолият дар маҳалҳои сабзиши табиии гуногунии наботот рух медиҳад;

- пешгирии таъсири манфии зироатҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва дигар маҳсулоти бо роҳи генноинженерӣ ва истифодаи технологияҳои нав бадастомада ба системаҳои агроэкологӣ;

- маблағгузории давлатии фаъолият оид ба таъсиси коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам, инчунин ҷудо кардани маблағҳои махсуси буҷетӣ барои нигоҳдории бехатар ва идоракунии сифатноки онҳо;

- ҳамкории баробарҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам;

- арзёбии мунтазами ҳолати коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, мониторинги гуногунии наботот дар маҳалҳои сабзиши табиии онҳо;

- гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва корҳои ҷустуҷӯи биологӣ барои муайян ва муқаррар кардани афзалиятҳои муҳими фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи гуногунии генетикии наботот бо мақсади қабули қарор ва амалҳои мақсадноки дахлдор.

 

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ

ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- самтҳои асосии стратегия ва сиёсати давлатиро дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам муайян менамояд;

- мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам (минбаъд - мақомоти ваколатдори давлатӣ) ва ваколатҳои онҳоро муайян менамояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корамро  қабул ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;

- барномаҳои давлатиро дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам қабул ва иҷрои онҳоро таъмин менамояд;

- муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии захираҳои генетикии набототи корамро таъсис медиҳад ва муассисаи ҳамоҳангсози фаъолият дар ин соҳаро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муайян менамояд;

- ҳуқуқи дастрасӣ ба захираҳои генетикии набототи корамро муайян ва механизми тақсими фоида аз истифодабарии онҳоро тасдиқ менамояд;

- иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам таъмин менамояд;

- дигар салоҳиятро доир ба муносибатҳои марбут ба захираҳои генетикии набототи корам тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам

Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо иборатанд аз:

- иштирок дар пешбурди назорати давлатии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи ҷузъҳои гуногунии агробиологӣ;

- пешниҳоди тавсияҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи зарурати ташкили системаҳои агроэкологии махсус ҳифзшаванда, ки дар онҳо намудҳои нодир ва нобудшавандаи набототи худрӯй, инчунин навъҳои қадимаи маҳаллии анъанавии селексияи мардумӣ ва ҳамавлодони худрӯйи набототи корам, ки аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ дар кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ истифода бурда мешаванд;

- ташкил ва таъмини амали механизми дастрасӣ ба захираҳои маҳаллии генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо ва гирифтани фоидаи баробар аз истифодабарии онҳо;

- мусоидат ба мониторинги давлатии ҳолати гуногунии агробиологӣ ва баҳисобгирии дараҷаи эрозияи генетикӣ ва иштироки бевосита дар онҳо;

- ширкат дар таҳияи меъёру қоидаҳои танзимкунандаи фаъолият дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, инчунин дар таҳияи Феҳристи миллии захираҳои генетикии набототи корам ва иттилоот дар бораи онҳо;

- дар доираи ваколатҳои худ татбиқ намудани чораҳо оид ба пешгирии дастрасии беиҷозат ба ҷузъҳои гуногунии агробиологӣ ва фаъолияти ҷустуҷӯи биологӣ;

- намояндагӣ дар мақомоти гуногуни давлатие, ки дар бораи дастрасӣ ба захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ҳамчунин тақсими фоида аз истифодабарии онҳо қарор қабул мекунанд;

- ҳавасмандгардонӣ ва ёрии ҳамаҷониба ба аҳолӣ ва дастгирии он дар амалисозии чорабиниҳо оид ба ҳифзи гуногунии набототи маҳаллӣ ва истифодабарии устувори он дар фаъолияти кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ.

 

Моддаи 9. Иштироки шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам

1. Шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо дар маҳалҳои сабзиши табиии онҳо бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

2. Шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд:

- аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар бораи ҳолати системаҳои агроэкологӣ ва сатҳи эрозияи генетикии онҳо иттилооти дахлдор гиранд;

- фаъолиятро дар соҳаи ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҷузъҳои гуногунии агробиологии маҳаллӣ таҳти назорати ҷамъиятӣ қарор диҳанд;

- дар мақомоти гуногуни давлатӣ ва маҳаллие, ки дар бораи дастрасӣ ба захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо ва тақсими фоида аз истифодабарии онҳо қарор қабул мекунанд, намоянда дошта бошанд;

- дар таҳия ва амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ ва илмӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, таҳқиқ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои маҳаллии генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо мусоидат ва бевосита иштирок намоянд;

- ба намунаҳои ҷудогонаи захираҳои генетикии набототи корам ва коллексияи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба моликият дошта бошанд;

- оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, такрористеҳсолкунӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам барои пешбурди кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ дар маҳалли сабзиши табиии онҳо тадбирҳо андешанд.

 

Моддаи 10. Низоми давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам

1. Низоми давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо аз низоми муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, селексионӣ, таҳсилотӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳое, ки коллексияҳои захираҳои генетикии набототи корамро дар ихтиёр доранд ва (ё) ба сохтори барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ҷалб карда шудаанд, иборат мебошад.

2. Ҳадафи асосии ташкили низоми давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо таъмини нигоҳдории боэътимоди генофонди миллии набототи корам, барӯйхатгирии умумимилии коллексия ва намунаҳои захираҳои генетикии набототи корам, баҳисобгирии мунтазами онҳо, ташкили махзани шакли ягонаи маълумот оид ба маводи генетикии набототи ҳифзшаванда, истифодабарии босубот ва оқилонаи он дар асоси барномаҳои илмӣ, селексионӣ ва дигар барномаҳо, пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ ба генофонди миллии набототи корам, инчунин ҳамоҳанг сохтани фаъолият дар соҳа мебошад.

 

Моддаи 11. Коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам

Коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам аз коллексияҳои миллии базавӣ, фаъоли корӣ, нусхавӣ, генетикӣ, меҳварӣ, гербариявӣ, ҳамчунин аз коллексияҳои кислотаҳои дезоксинуклеинӣ (КДН) ва кислотаҳои рибонуклеинӣ (КРН) иборат мебошанд.

 

Моддаи 12. Таъмини илмии низоми давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам

Таъмини илмии низоми давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ гашта, аз вазифаҳои асосии зерин иборат мебошад:

- иштирок дар таҳияи стратегия ва татбиқи сиёсати илмию техникӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии  набототи  корам;

- барӯйхатгирии фонди генетикии дар коллексияҳои миллии нигоҳдошташаванда ва ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти илмӣ;

- таъмини иҷро ва дастгирии молиявии барномаҳои давлатии таҳқиқоти бунёдӣ ва барномаҳои давлатии илмию техникӣ дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо;

- ташкил ва таъмини илмию техникии пешбурди Феҳристи миллии захираҳои генетикии набототи корам ва фаъолияти ҷустуҷӯи биологӣ дар ин соҳа;

- таҳияи асосномаи илмӣ ва дигар мавод, ки барои таҳияи нақшаҳо ва самтҳои афзалиятноки амал зарур мебошанд;

- таъмини ташкил, мукаммал гардонидан, нигоҳдорӣ, бехатар маҳфуз доштан ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи намунаҳои захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо дар коллексияҳои ташкилоту муассисаҳое, ки ба сохтори низоми давлатӣ дохиланд;

- таҳия ва тасдиқи низомнома ва ҳуҷҷатҳои дастурӣ оид ба кор бо генофонди набототи  корам;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани пешниҳодҳо оид ба маблағгузории фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам; 

- ҳамкории байналмилалии илмӣ дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

 

Моддаи 13. Ҳавасмандии иқтисодӣ ва воқифгардонии ҳамаҷонибаи ҷомеа

1. Давлат бо мақсади муҳайё сохтани шароити мусоид барои рушди самтҳои фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- барномаҳои давлатиро оид ба нигоҳдории устувори захираҳои генетикии набототи корам, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеа ва воқифгардонии он тавассути тарғиби моҳият ва нақши гуногунии наботот дар таъмини зисти аҳолӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии он дастгирӣ ва иҷро менамояд;

- шароити зарурии иқтисодӣ ва иҷтимоиро барои иштироки ҳамаҷонибаи бахши давлатӣ ва хусусии иқтисодиёт, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), инчунин доираҳои васеи ҷомеа дар ҳалли мушкилоти нигоҳдорӣ ва истифодабарии гуногунии наботот бо мақсади ташкил ва рушди низоми давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам таъмин менамояд;

- чораҳои ҳавасмандгардонии иқтисодии фаъолиятро дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, такрористеҳсолкунӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам бо мақсади бештар ҳавасманд кардан ва баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони замин, ки дар онҳо захираҳои генетикии мазкур мерӯянд, амалӣ менамояд.

2. Ҳавасмандии иқтисодӣ, аз ҷумла ҳавасмандии моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам фаъолона иштирок менамоянд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва фондҳои махсус, ки барои ин мақсадҳо пешбинӣ шудаанд, инчунин аз ҳисоби дигар маблағҳои ба таври қонунӣ ба дастомада амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 3. ТАШКИЛИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ

ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ  КОРАМ

Моддаи 14. Назорати фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам

1. Назорати фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам аз таъмини риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қатъи назар аз шакли моликият ва тобеият, иборат мебошад.

2. Назорати давлатиро мақомоти ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 15. Баҳисобгирӣ ва қайди давлатии коллексияҳои захираҳои генетикии набототи корам

1. Баҳисобгирӣ ва қайди давлатии коллексияҳои захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади ошкор намудани чунин коллексияҳо, муайян кардани мақом, инчунин аҳамияти илмӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, таълимию фарҳангӣ ва таърихии онҳо амалӣ карда мешаванд.

2. Дар асоси баҳисобгирии давлатӣ коллексияҳое, ки дар таркиби онҳо намунаҳои пурарзиш ва нодири захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо мебошанд, ба қайд гирифта, ба барномаҳои давлатии соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ворид карда мешаванд.

3. Дорандагони чунин коллексияҳо фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 16. Тартиби дастрасӣ ба захираҳои генетикии набототи корам

1. Ҳуқуқи дастрасӣ ба захираҳои генетикии набототи корам бо мақсади пешбурди корҳои ҷустуҷӯи биологӣ, ҷамъоварӣ, мубодила, омӯзиш ва истифодабарии онҳо дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, селексионӣ, таҳсилотӣ ва дигар фаъолият ба истифодабарандагони ин захираҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шартномаҳои дуҷониба ва ё бисёрҷониба дар бораи вогузор кардани ин мавод дода мешавад.

2. Дар шартнома дар бораи вогузор кардани мавод ҳуқуқу ӯҳдадориҳои донори (молики) захираи генетикии набототи корам ва қабулкунандаи (харидори) он, мӯҳлати амали шартнома, миқдор ва сифати мавод, соҳаи истифодабарии эҳтимолии он ва фоидаи баробар дидан аз тиҷорати минбаъдаи он қайд карда мешаванд.

 

Моддаи 17. Маҳдуд кардани фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии захираҳои генетикии набототи корам

1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва истифодабарии захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйро, ки дар шароити табиӣ сабзиш доранд, маҳдуд намоянд, агар чунин фаъолият ба муҳити зист зарар расонад, ба системаи агроэкологӣ таъсири номатлуб дошта бошад ва боиси кам ё пурра нобуд шудани ҷузъҳои гуногунии агробиологӣ гардад.

2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд, ба амалҳо нисбати захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки дар моликияти шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ қарор доранд, дар мавридҳои зарурӣ барои таъмини амнияти давлат, ҳифзи муҳити зист, арзишҳои таърихию фарҳангӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият муқаррар намоянд.

3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки имкониятҳои дастрасиро ба намунаҳои коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам, ки арзиши хоса ё барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ё таъмини амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти калон доранд, маҳдуд намоянд.

 

Моддаи 18. Нигоҳдории захираҳои генетикии намудҳои нодир ва нобудшавандаи набототи корам

Давлат барои нигоҳдории захираҳои генетикии намудҳои нодир ва нобудшавандаи набототи корам, ки барои системаҳои агроэкологӣ аҳамияти имконпазир доранд, чораҳои махсус меандешад. Генофонди чунин наботот бояд дар шароити табиии сабзиш, дар заминҳои субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), дар коллексияҳо ва бонкҳои генетикии давлатӣ дар намуди маводи нусхавӣ нигоҳдорӣ карда шавад.

 

Моддаи 19. Муомилот бо набототи корами аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Ҳама гуна муомилот бо набототи корами аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, инчунин навъҳои кишоварзие, ки бо усулҳои нави биотехнологӣ ва генноинженерӣ офарида шудаанд, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии биологӣ" танзим карда мешаванд.

 

БОБИ 4. ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ ВА ДИГАР ҲУҚУҚҲО

БА ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ

Моддаи 20. Шаклҳои моликият ба захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо

1.Шаклҳои моликият ба захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

2. Коллексияҳои захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо метавонанд дар моликияти давлатӣ ё хусусии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин моликияти ташкилотҳои ҷамъятӣ қарор дошта бошанд.

3. Захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки дар шароити табиии минтақаҳои моликияти давлатӣ мерӯянд, моликияти давлатӣ маҳсуб меёбанд.

4. Намунаҳои коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки аз қаламрави мамлакат ҷамъоварӣ шудаанд, дороии ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, дастрасӣ ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

5. Намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки пас аз эътибор пайдо кардани Конвенсияи гуногунии биологӣ аз ҳудуди дигар давлатҳо ва (ё) коллексияҳои хориҷӣ, аз ҷумла коллексияҳои байналмилалӣ барои нигоҳдорӣ қабул шудаанд, моликияти пешниҳодкунандаи ин мавод буда, шартҳои дастрасӣ ба онҳо тибқи шартномаҳо дар бораи вогузоштани мавод муайян карда мешаванд.

6. Коллексияҳои захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки нисбаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои гуногуни ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ татбиқ карда мешаванд ва инчунин захираҳои наботот, ки дар ҳудуди объектҳои гуногун, аз ҷумла дар боғҳои хусусӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мерӯянд, метавонанд дар моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошанд.

 

БОБИ 5. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Моддаи 21. Фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам

1. Фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сурат гирифта, ба нигоҳдории гуногунии наботот, рушди устувори кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ нигаронида мешавад.

2. Ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам фаъолият мекунанд, дигар шахсони манфиатдори воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин намояндагони аҳолии маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар татбиқи барномаҳо оид ба ҳалли мушкилоти агробиологӣ, аз ҷумла дар таҳқиқоти муштарак, мубодилаи мутахассисон ва технологияҳо ҳамкорӣ намоянд.

 

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе,

 1 августи соли 2012,

 № 892

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 15:32
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
895
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
01.08.2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН

БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилии ҳамкории давлат ва бахши хусусиро  дар низоми таҳсилоти касбӣ муайян намуда, муносибатҳои  раванди ҳамкории низоми таҳсилоти касбиро дар тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи  бозори меҳнат танзим менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мутахассис - шахсе, ки соҳиби таҳсилоти касбӣ  буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбиро соҳиб шудааст, ки ба ӯ имконият медиҳад дар соҳаи муайян фаъолияти касбӣ намояд;

- маблағгузории бисёрманбаъ - истифодаи маблағҳои буҷети сатҳҳои гуногун, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин маблағҳои корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо ва манбаъҳои дигари   маблағгузорӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд;

- иттиҳодияи корфармоён - шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилоти ғайритиҷоратие, ки ба узвияти корфармоён (шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеие, ки меҳнати кирояро истифода менамоянд) асос ёфтааст;

- таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ - намуди фаъолияти таълимӣ, ки ба ташаккул, таҳким ва такмили дониш, маҳорат, малака ва салоҳиятнокии таълимгирандагон дар раванди иҷрои намудҳои муайяни кори  ба  фаъолияти минбаъдаи касбӣ алоқаманд равона гардидааст;

- иттилооти касбӣ - маълумот оид ба касбҳои асосӣ, инкишофи минбаъдаи намудҳои гуногуни фаъолият, шароит ва музди меҳнат, вазъи бозори меҳнат, имкониятҳои гирифтани таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ;

- машварати касбӣ - кӯмак дар интихоби касб ба воситаи фаҳмондадиҳии талаботи бозори меҳнат бо назардошти рақобати мавҷуда, инчунин ба шахсони манфиатдор расонидани иттилооти дахлдор ҷиҳати ҳалли мустақилонаи масъала;

- таҳсилоти касбӣ - навъи таҳсилоте, ки таълимгирандагон дар рафти аз худ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дониш, маҳорат, малака ва салоҳияти сатҳу  ҳаҷми муайянеро соҳиб мешаванд, ки ба онҳо имконият медиҳад  дар соҳаи муайян фаъолияти касбӣ намоянд;

- омӯзиши касбӣ - раванди таълим, ки ба аз худ намудани дониш, маҳорат ва ба даст овардани малакаю салоҳиятнокии зарурии таълимгирандагон дар иҷрои вазифаҳои муайяни меҳнатӣ равона шуда, такмили сатҳи таҳсилотро талаб намекунад;

- бозори меҳнат - соҳаи ташаккули талабот ба қувваи корӣ ва пешниҳоди он, ки дар доираи фазои муайяни иқтисодӣ муносибатҳои мутақобилаи байни корфармоён ва кормандонро оид ба мубодилаи ихтисос, дониш, маҳорат, қобилият ва салоҳиятнокӣ ба музди меҳнат муайян  менамояд;

- ҳамкории иҷтимоӣ - низоми муносибатҳои байни кормандон (намояндагони кормандон), корфармоён (намояндагони корфармоён) ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки манфиатҳои кормандон ва корфармоёнро аз рӯи масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита бо онҳо алоқаманд мувофиқ мегардонад;

- ҳамкории  давлат ва бахши хусусӣ дар  низоми таҳсилоти касбӣ ва бозори меҳнат - низоми муносибатҳои мутақобилаи байни корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (минбаъд -муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ) , мақомоти идоракунии ҳокимияти давлатӣ, тарафҳои  ҳамкории иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори  меҳнат

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсадҳои Қонуни мазкур

Мақсадҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:

- мусоидат ба ҳамоҳанг намудани фаъолияти субъектони низоми таҳсилоти касбӣ барои омӯзиши ҳолати воқеии  бозори меҳнат, пеш бурдани мониторинги бозори меҳнат, муайян ва ошкор кардани талаботи имрӯза ва ояндаи бозори меҳнат ба мутахасисон мутобиқи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба таҳия ва амалишавии механизми доимоамалкунандаи танзими низоми тайёр кардани мутахассисон ва кормандон;

- ба шакли муайян даровардани пешниҳодҳо оид ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёр намудан, бозомӯзӣ, такмили ихтисоси мутахассисон ва кормандон бо назардошти талаботи иқтисодиёти инноватсионӣ;

- таъмини иштироки корфармоён дар муайян намудани талабот ба захираҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ,  нав кардани мазмуни он бо назардошти пешгӯии талаботи бозори меҳнат ва дар ин асос ташкил кардани фаъолияти таълимӣ, истеҳсолӣ ва илмӣ;

- таҳким ва инкишофи таъмини молиявӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ.

 

Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи  бозори меҳнат

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат ба амалӣ намудани тадбирҳои зерини ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ равона гардидааст:

- вусъат додани  низоми таҳсилоти касбӣ  вобаста ба тағйироти нуфус (демографӣ)  ва  талаботи иҷтимоию иқтисодии давлат;

- рушди муносибатҳои мутақобилаи низоми таҳсилоти касбӣ ва корфармоён дар доираи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон, таъмини назорати сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ ва инкишофи арзёбии мустақили давлатии сатҳу сифати  фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, барнома ва нақшаҳои таълимии онҳо;

- дар амалия ба таври доимӣ ҷорӣ намудани мониторинг ва пешгӯии эҳтиёҷот ба мутахассисон ва коргарон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва инъикоси ҳатмии он дар маълумотҳои оморӣ ва иттилоотонии  мақомот ва шахсони манфиатдор дар ин хусус;

- таъсис додани низоми самарабахши иттилооти касбӣ ва машварати касбӣ барои ҷавонон бо мақсади ҳавасманд гардонидани онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ аз рӯи ихтисосҳои ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат;

- пешгӯии талаботи бозори меҳнат ба тайёр  намудани  мутахассисон мутобиқи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои соҳавӣ.

 

БОБИ 2. ҲАМКОРИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ  ХУСУСӢ ДАР СОҲАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН

ДАР НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ

Моддаи 5. Тарафҳои ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ

1. Тарафҳои ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ (минбаъд - тарафҳои ҳамкорӣ) инҳоянд:

 - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, ки вазифаҳои муайян кардан ва амалӣ намудани сиёсати давлатиро дар соҳаи  таҳсилоти касбӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, идоракунии молу мулки давлатӣ ва хизматрасониро ба ӯҳда доранд, инчунин дигар ташкилотҳое, ки дорои  муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ мебошанд;

- корфармоён ва итиҳодияҳои онҳо;

- муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ  ва иттиҳодияҳои онҳо;

- тарафҳои ҳамкории иҷтимоӣ:

- кормандон ва корфармоён дар шахси намояндагони ваколатдор (иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо)  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иттиҳодияҳои дахлдори ҷамъиятӣ.

2. Ваколат, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои ҳамкорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

3. Тартиб, шарт ва асосҳои фаъолияти тарафҳои ҳамкорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 6. Шаклҳои ҳамкории  давлат ва  бахши хусусӣ

Ҳамкории  давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- машваратҳои мутақобилаи дастаҷамъӣ ва гуфтушунид оид ба масъалаҳое, ки барои тарафҳои ҳамкорӣ ҷолибанд;

- қабул намудани  барномаҳои муштарак оид ба таъмини амалиёти мувофиқашуда, ки ба амалӣ намудани созиши тарафҳо аз рӯи масъалаҳои таълими мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат равона гардидаанд;

- иштироки муштараки тарафҳои ҳамкорӣ  дар ҳалли масъалаҳое, ки дар раванди танзими муносибатҳо дар низоми таҳсилоти касбӣ ва бозори меҳнат, аз ҷумла бо мадади шӯроҳои сарпарастӣ ва назоратӣ, ки дар назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ бо ҷалби намояндагони корфармоён таъсис дода мешаванд, ба миён меоянд;

- ташкили муштараки таҷрибаомӯзии таълимӣ ва  истеҳсолӣ;

- иштироки муштарак дар таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла бо ҷалби корфармоён;

- таъсиси муассисаҳои муштараки тобеи сохторӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ташкили муҳокимаи пешакии он бо ҷалби бунёдҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттилоотонии онҳо аз натиҷаи амалӣ намудани лоиҳаҳои мазкур.

 

Моддаи 7. Мақомоти ҳамкории  давлат  ва бахши хусусӣ

1. Мақомоти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ (минбаъд-мақомоти ҳамкорӣ) комиссияҳои доимӣ ё  муваққатие (шӯроҳо, клубҳо, кумитаҳо)  мебошанд, ки бо қарор ва розигии тарафҳои ҳамкорӣ бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии амалиёти онҳо дар танзими муносибатҳо дар низоми таҳсилоти касбӣ  ва дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, таҳияи нақшаҳои муштарак  ва барномаҳои  мувофиқашуда,  инчунин барои ташкили назорати иҷрои онҳо таъсис дода мешаванд.

2. Мақомоти ҳамкорӣ шахси ҳуқуқӣ набуда, метавонанд барои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 8. Иштироки мақомоти ҳамкорӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ ва бозори меҳнат

1. Бо мақсади ташаккул ва таъмини мувофиқати манфиатҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, корфармоён ва давлат мақомоти ҳамкорӣ  дар тадбирҳои зерин иштирок мекунанд:

- таҳия ва муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои рушди иҷтимоию  иқтисодӣ ва пешгӯии  таъмини онҳо  бо мутахассисон;

- таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбии соҳавӣ, хусусан барои соҳаҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафтаи иқтисодиёт;

- рушди шаклҳои давлатию ҷамъиятӣ ва механизмҳои ташкилию иқтисодии идораи низоми таҳсилоти касбӣ, ки талаботи бозори меҳнатро ба ҳисоб мегиранд;

- нав кардани мазмуни таҳсилоти касбӣ, ҷорӣ намудани моделу механизмҳои таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои  таълимӣ дар асоси усулҳои инноватсионӣ, ки дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ муайян карда шудаанд;

- рушди низоми омӯзиши мақсаднок, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони  илмию педагогӣ барои таҳсилоти касбӣ;

-  ташаккули унсурҳои хоси бозори меҳнат, ки бо шуғли аҳолӣ, тафовути иқтисодӣ ва нуфусии (демографии) минтақаҳо, инчунин тафовути фарҳанги миллӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва  иқлимӣ алоқаманд мебошанд.

2. Қарору тавсияҳои пешниҳоднамудаи мақомоти дахлдори ҳамкорӣ метавонанд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои маълумот ҳангоми таҳия ва қабули  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё барномаҳои дахлдор ба инобат гирифта шаванд.

 

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ МУТАХАССИСОН

БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ

Моддаи 9. Муайян намудани сохтори интихоби довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти  касбӣ

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, иқтисодиёт ва иҷтимоӣ мувофиқ ба сатҳу сифати таълимии таҳсилоти касбии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  тарафҳо ва мақомоти ҳамкорӣ мутобиқи моддаҳои 5 ва 7 Қонуни мазкур, дар асоси барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, барномаҳои мақсадноки таҳсилоти касбӣ, ки талаботи воқеии иқтисодиёт ва натиҷаҳои мониторинги талаботро ба мутахассисон дар бозори меҳнат ба ҳисоб мегиранд, нишондоди назоратиро муқаррар менамоянд ва барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ оид ба қабули довталабон тавсияҳо таҳия менамоянд.

 

Моддаи 10. Ташкили кор вобаста ба қабули таълимгирандагон

Тарафҳои ҳамкорӣ фаъолияти мувофиқашударо дар ташкили корҳо вобаста ба таъмини қабули хонандагон, донишҷӯён ва шунавандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ  тибқи қоидаҳои қабул ба  муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ бо назардошти нишондодҳои назоратии  қабули шаҳрвандон ба таҳсил аз рӯи барномаҳои асосии таҳсилоти касбӣ амалӣ менамоянд

.

Моддаи 11. Омӯзиши мақсаднок, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон

1. Тарафҳои ҳамкорӣ дар асоси шартномаҳои байни корфармо (фармоишгар), таълимгиранда (корманди имконпазир) ва муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ ба рушди омӯзиши мақсаднок, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон мусоидат менамоянд.

2. Тарафҳои ҳамкорӣ оид ба таъмини шароит барои  таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии таълимгирандагон мутобиқ ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаю барномаҳои таълимии таҳсилоти касбии мувофиқ ба талаботи корфармо тадбирҳо таҳия ва амалӣ менамоянд.

3. Тарафҳои ҳамкорӣ барои таъмини бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон бо истифода аз имкониятҳои бевоситаи корфармо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ё дигар муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон тадбирҳо меандешанд.

 

Моддаи 12. Иштироки корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо дар раванди таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ

Корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо бо мақсади вусъат додани ҳамкории мутақобила бо низоми таҳсилоти касбӣ ва таъсири он ба баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ, нақшаву барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва ташкили низоми таҳсилоти касбӣ иштирок намоянд.

 

Моддаи 13. Фаъолияти муштарак  оид ба ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии таълимгирандагон

1. Тарафҳои ҳамкорӣ дар асоси шартнома фаъолияти муштаракро  оид ба ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии   таълимгирандагон  таъмин менамоянд.

2. Барои ба таври самарабахш  ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ тарафҳо дар мувофиқа:

- ба сифати роҳбарони таҷрибаомӯзӣ  мутахассисони ботаҷрибаро таъин мекунанд;

- барномаи таҷрибаомӯзӣ, натиҷаҳои ба нақша гирифташаванда ва супоришҳоро оид ба таҷрибаомӯзӣ мувофиқа мекунанд;

- ба таҷрибаомӯзон ҷойи кор пешниҳод менамоянд;

- барои таҷрибаомӯзӣ шароити бехатари меҳнатро муҳайё намуда,  ба таълимгирандагон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат  дастур медиҳанд;

- дар таҳияи маводи баҳогузорӣ ва арзёбии натиҷаҳои азхудкунии ихтисос ва касб дар давраи таҷрибаомӯзӣ  иштирок менамоянд;

- барои гирифтани иттилооти дахлдор бо мақсади  таҳкими донишу малака ва маҳорати касбӣ тибқи ихтисоси интихобкарда (тахассуси касбӣ) шароити зарурӣ муҳайё мекунанд.

 

Моддаи 14. Мусоидат  барои бо кор таъмин  кардани хатмкунандагони  муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ

Бо мақсади бо кор таъмин кардани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ тарафҳои ҳамкорӣ:

- ба ҷудо кардани квота барои мутахассисони ҷавоне, ки бори аввал ба кор шурӯъ мекунанд, мусоидат менамоянд;

- ба корхонаҳое, ки барои ҷавонон ва  шахсони имконияташон маҳдуд ҷойи кор муҳайё мекунанд, ҷиҳати ташкили механизми ҳавасмандгардонӣ ёрӣ мерасонанд;

- бо мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои бо кор таъмин кардани хатмкунандагон ҳамкории бевосита  намуда, дар мавриди  тағйири касб  барои бозомӯзии онҳо  шароит муҳайё менамоянд; 

- барои ба низоми ҳисоботи оморӣ ворид сохтани нишондиҳандаҳо дар хусуси бо кор таъмин кардан ва аз рӯи ихтисос фаъолият намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ мусоидат менамоянд.

 

Моддаи 15. Ташкили арзёбии мустақили сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ

Тарафҳои ҳамкорӣ ба ташкили арзёбии мустақили сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ бо роҳҳои зерин мусоидат мекунанд:

- муайян кардани дурнамо оид ба таъмини сатҳу сифати тайёр кардани мутахассисон;

- мониторинг ва давра ба давра пешниҳод намудани тақриз ба барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ;

- таҳияи  тартиби арзёбии холисонаи  сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи таълимгирандагон, инчунин салоҳиятнокии хатмкунандагон;

- мунтазам мавриди таҳқиқ қарор додани барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ вобаста ба манфиатҳои низоми таҳсилот ва талаботи бозори меҳнат.

 

БОБИ 4. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГӢ

Моддаи 16. Шаклҳои иқтисодии таъмин ва тавсеаи маблағгузории  бисёрманбаи низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат

1. Тарафҳои ҳамкорӣ шаклҳои иқтисодии таъмини амали мутақобилаи низоми таҳсилоти касбиро бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва дурнамои рушди инноватсионӣ-технологии иқтисодиёт  инкишоф медиҳанд.

2. Тарафҳои ҳамкорӣ ба рушди шаклҳои санҷидашудаи иқтисодӣ, ки ба дастрасии васеи таҳсилоти касбии сифатнок мусоидат менамояд, бо роҳҳои зерин кӯмак мекунанд:

- рушди механизмҳои маблағгузории бисёрманбаи низоми таҳсилоти касбӣ, ки талабот ва сохтори иқтисодиёти рушдкунандаро бо мутахассисони ботаҷриба  таъмин  менамояд;

- истифодаи манбаъҳои маблағгузорие, ки  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд;

- таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ.

 

Моддаи 17. Ҳавасмандгардонӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таклифҳои тарафҳои ҳамкорӣ барои муҳайё кардани шароити ҳавасмандгардонӣ, аз ҷумла муқаррар намудани имтиёзҳо ба сармоягузороне, ки соҳаи таҳсилоти касбиро маблағгузорӣ мекунанд, инчунин ба корхонаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва сохторҳои дигари таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ тадбирҳо меандешад.

 

Моддаи 18. Заминаи моддию техникӣ

1. Тарафҳои ҳамкорӣ рушди заминаи моддию техникии низоми муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро бо назардошти дурнамои барномаҳои инкишофи инноватсионии соҳаҳои дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар навбати аввал таъмин менамоянд.

2. Заминаи моддию техникӣ бояд ҷавобгӯи  талаботи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос буда,  роҳандозии ҳама намудҳои омодагии мутахассисон, корҳои лабораторӣ, амалӣ ва илмию тадқиқотии таълимгирандагонро, ки дар стандартҳои дахлдори давлатии таҳсилоти касбӣ, барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд. Заминаи моддию техникӣ бояд бо истифодаи  технологияҳои иттилоотӣ ва фосилавии муосир, паркҳои инноватсионию технологӣ ва илмӣ, технополисҳо, бизнес-инкубаторҳо, лабораторияҳо, толорҳо ва синфхонаҳои компютерии бо воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз, дигар сохторҳое, ки дар инкишофи қобилияти илмию техникӣ ва эҷодии таълимгирандагон барои фаъолияти инноватсионии минбаъдаи онҳо дар иқтисодиёт рушд намояд.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе,

1 августи соли 2012,

№  895

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 15:36
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
907
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.12.2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи лоиҳоҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Қонуни мазкур ба ҳамаи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусии соҳаҳои инфрасохтор ва хизматрасонии ичтимоӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ мувофиқи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ карда мешаванд, татбиқ мегардад.
  2. Объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоиро, ки нисбат ба онҳо қонуни мазкур татбиқ карда намешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  3. Қонуни мазкур ба амалҳои зерин татбиқ карда намешавад: хариди мол, кор ва - хизматрасонй мутобики Қонуни

Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»;

хусусигардонӣ ва ғайридавлатикунонии моликияти давлатӣ ва корхонаҳои давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

додани ҳама гуна ҳуқуқҳо барои истифодаи сарватҳои зернзаминӣ мутобиқи конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва «Дар бораи консессияҳо»;

татбиқи лоиҳаҳои қарзии (маблағҳои грантии) ҷудокардаи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки мувофиқи қоидаҳои ин ташкилотҳо ба танзим дароварда шуда, иҷрои қоидаҳои мазкур дар доираи ӯҳдадориҳои ба., зиммагирифтаи Тоҷикистон ва мутобиқи онҳо ҳатмӣ аст.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

  • шарикии давлат ва бахши хусусӣ - ҳамкории шарикони давлатӣ ва хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
  • шарики давлатӣ - мақомоти марказӣ ё маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
  • бахши хусусй - соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқие, ки муассиси он шахси вокеӣ ва ё ҳуқуқии ғайридавлатӣ мебошад;
  • шарики хусусӣ - сохибкори инфиродӣ ва ё шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ, ки лоиҳаи инфрасохтор ё лоиҳаи хизматрасониро дар соҳаи иҷтимоӣ мутобиқи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд;
  • инфрасохтор - маҷмуи иншооту биноҳо, системаҳо ва соҳторе, ки барои фаъолияти соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, муҳаӣё кардан ва беҳтар сохтани шароити зисти ҷамъият зарур мебошанд, аз ҷумла низоми нақлиёт, таъминоти об ва барқ роҳҳо, пулҳо ва системаи коммуникатсионӣ;
  • лоиҳаи инфрасохтор - лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии объекта нави инфрасохтор ва ё таҷдид, навсозӣ, васеъкунӣ ва истифодаи ҳар як объекта инфрасохтор;
  • лоиҳаи хизматрасонӣ дар сохаи иҷтимой - лоиҳакашӣ, таҳия ва фаъолияти сохторҳое, ки бевосита ё бавосита ба ҷамъият дар тули на камтар аз се сол хизмати иҷтимоӣ (маишӣ, тиббӣ, равонию педагоги ва ғайра) мерасонанд, ки онҳо то оғози лоиҳа тобеи ташкилоти фармоишгар буданд;
  • лоиҳаи шарики - лоиҳаи инфрасохтор ё лоиҳаи хизматрасонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, ки байни ташкилоти фармоишгар ва бахши хусусӣ мутобики Қонуни мазкур анҷом дода мешавад;
  • ташкилоти фармоишгар - мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки барои бастани созишнома бо шарики хусусӣ дар доираи Қонуни мазкур ваколат доранд;
  • созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ - (минбаъд - Созишнома) - санади ҳуқуқие, ки уҳдадории баӣни ташкилоти фармоишгар ва шарики хусусӣ ва шартҳои татбиқи лоиҳаро мутобиқи Қонуни мазкур муқаррар менамояд;
  • пардохти ҳаққи хизматрасонӣ - ҳуқуқ ё ваколате, ки ба шарики хусусӣ аз ҷониби ташкилоти фармоишгар барои пушонидани хароҷоти сармоягузорӣ ва гирифтани фоида бо роҳи ситонидани хироҷ аз истифодабарандагони лоиҳаи шарикӣ дода шуда, хироҷ, тариф ва дигар пардохтҳоро дар бар мегирад;

механизми оцилона - механизмест, ки дар доираи он ташкилоти фармоишгар метавонад ҳамаи уҳдадориҳои молиявиеро, ки эҳтимол дорад иҷро кунад дар доираи Созишнома аз ҳисоби маблағи мавҷуда ё ояндаи буҷетии худ иҷро намояд;

 

- дороиҳо (активҳо) - захираҳое, ки дар натиҷаи амалиёти каблӣ  ба даст овардашуда, ба ташкилоти фармоишгар таалуқ дорад ё захираҳои наве, ки бо мақсади ҳамроҳ шудан ба Созишнома ва гирифтани фоидаи иктисодӣ ба даст оварда мешаванд;

  • иштироки консорсиум - пешниҳоди лоиҳавӣ аз ҷониби ду ва зиёда шахсон, ки барои иштирок дар лоиҳаи шарикӣ пешниҳод шудааст;
  • пешниҳоди дархостнашаванда - ҳар гуна пешниҳоде, ки на ҳамчун ҷавоб ба дархости ташкилоти фармоишгар берун аз расмиёти интихоб тибқи Қонуни мазкур манзур карда мешавад;
  • иҷро накардани уҳдадориҳои моддӣ - ҳама гуна ҳолати қодир набудани шарики хусусӣ барои иҷро кардани ягон уададорӣ дар доираи Созишнома, ки ба хизматрасонӣ ба ҷамъият таъсир мерасонад ё таъсир хоҳад расонд ва баъди давраи тулонӣ ва баъди он ки шарики хусусӣ дар бораи иҷро нашудани уҳдадориҳо аз ташкилоти фармоишгар огоҳинома гирифтааст, иҷро нашуда боқи мемонад;
  • довталаби афзалиитдошта - иштирокчии тендер, аз ҷумла консорсиум, ки ҳамчун иштирокчии муваффаки тендер интихоб гардидааст;
  • мақоми танзимкунанда - мақоми ваколатдори давлатие, ки ба он ваколати пешбурди сиёсати давлатӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи рушди инфрасохтор ва пешниҳод намудани хизматрасонӣ дар бахши иҷтимоӣ дода шудааст;
  • мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ - (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва ба он ваколати пешбурди сиёсати давлатӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудааст;
  • Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ - мақоми мушовара, ки аз ҷумлаи роҳбарони аввали вазорату идораҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳури и Тоҷикистон таъсис дода мешавад;
  • таносуби нарх ва сифат - иҷрои вазифаҳои давлатӣ аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ё истифодаи моликияти давлатӣ аз ҷониби шарики хусусӣ мувофиқи Созишномае, ки барои ташкилоти фармоишгар ё истеъмолкунанда фоидаи холис медиҳад ва он аз нигоҳи хароҳот, нарх, сифат, миқдор, таҳвили хавф ё маҷмуи онҳо муайян карда мешавад;
  • марҳилаи татбиқ - марҳилаи лоиҳаи шарикӣ, ки баъд аз расидан ба марҳилаи баанҷомрасии маблағгузории лоиҳаи шарикӣ фаро мерасад;
  • тендер (озмун) - чорабиние, ки тибқи Қонуни мазкур бо мақсади интихоби одилонаи шарики хусусӣ (консорсиум) аз байни довталабон барои иҷрои самараноки лоиҳаи шарикӣ гузаронида мешавад;

хуччатҳои тендерӣ - маҷмуи ҳуҷҷатҳои дороӣ шартҳо ва тартиби гузаронидани тендер, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ба шарики хусусӣ барои таҳияи дархости тендерӣ пешниҳод карда мешавад;

  • асосноккунии техникию иктисодӣ - арзёбии техники, молиявӣ, иктисодӣ, ҳуқуқӣ ва экологӣ, инчунин арзёбии ҳавфҳои асосӣ ва самаранокии лоиҳа;
  • ишгирокчии тендер - шарики хусусие, ки дар ҷараёни интихобкунӣ оид ба иҷрои самараноки лоиҳаи шарики мутобиқи Қонуни мазкур иштирок мекунад;
  • марҳилаи тендер - марҳилаи лоиҳаи шарики, ки аз лаҳзаи ба гузаронидани тендер розигӣ додани Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ оғоз гардида, баъд аз маъқул донистани лоиҳаи Созишнома аз ҷониби ҳамин Шуро ба анҷом мерасад;
  • марҳилаи баанҷомрасии Созишнома - марҳилаи лоиҳаи шарики, ки баъди аз ҷониби Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ самаранок эътироф гардидани лоиҳаи Созишнома оғоз гардида, пеш аз марҳилаи татбиқ, ва ё баанҷомрасии тиҷоратӣ ба охир мерасад (агар баанҷомрасии молиявии Созишнома зарур бошад).

Моддаи 3. Қонунугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ

1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

2. Дар ҳолати мухолифати муқаррароти қонуни мазкур ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади танзим ва татбиқи муносибатҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ муқаррароти Қонуни мазкур истифода бурда мешаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар бар мегиранд, бояд ба муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқат намоянд.

БОБИ 2. МЕХАНИЗМАМ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумхурим Тоҷикистон

Ба салохияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалҳхои шарикии давлат ва бахши хусусӣ мансубанд:

- таъсиси Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он;

- муайян кардани номгуи объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ, ки нисбат ба онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда намешавад;

  • муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ.

Моддаи 5. Вазифаҳои асосии Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

1. Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ (минбаъд - Шӯро) дорои вазифаҳои зерин мебошад:

ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгуи объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ, ки нисбат ба онҳо Қонуни мазкур татбиқ, карда намешавад;

баррасии масъалаҳо оид ба лоиҳаи шарикӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда шудаанд;

баррасии пешниходҳои пешакии лоиҳавӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо назардошти натиҷаҳои асосноккунии техникию иқтисодии зарурӣ ва тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ;

баррасии пешниходҳои лоиҳавии манзурнамудаи ташкилоти фармоишгар бо назардошти тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ;

баррасии лоиҳаи созишномаҳое, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар тибқи тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод гардидааст;

додани тавсияҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ, мақоми танзимкунанда ва ташкилоти фармоишгари манфиатдор ба лоиҳаи шарикӣ, аз ҷумла дар ҳолати зарурӣ додани тавсияҳо оид ба идораи чунин лоиҳаҳои шарикӣ дар марҳилаи гузаронидани тендер, имзои Созишнома ё марҳилаи татбиқ;

ҳалли фаврии масъалаҳои марбут  ба идораи лоиҳаҳои шарикӣ дар марҳилаи гузаронидани тендер, ба имзо расонидани Созишнома ё татбиқи лоиҳа, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё узви Шӯро бо ташаббуси худи онҳо пешниҳод карда шудааст ва дар ҳолати зарурӣ додани тавсия ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилоти фармоишгар;

ба ташкилоти фармоишгари дахлдор барои санҷиш ва арзёбӣ ирсол намудани пешниҳодҳои дархостнашаванда ё пешниҳодҳои бо ташаббуси худ пешниҳодгардидае, ки Шӯро қабул намудааст;

муқаррар намудани муҳлати додани розигӣ ба пешниҳоди пешакӣ оид ба лоиҳаҳои шарикӣ, дархостҳо барои манзур кардани пешниҳодҳо ва бастани созишномаҳо, инчунин давра ба давра таҷдиди назар намудани онҳо.

  1. Шӯро ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар ҳолати мавҷуд будани асосноккунии ташкилоти фармоишгари дахлдор ба инобат мегирад ва нисбат ба масъалаҳои барои баррасӣ пешниҳодшаванда, аз ҷумла дархостҳо, пешниҳодҳо ва созишномаҳо оид ба маъқул донистан, тағйир додан ё рад кардан қарор қабул мекунад
  2. Шӯро ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ метавонад:

- пеш аз қабули қарор оид ба ҳар Созишнома ба ташкилоти фармоишгар ё мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё мақоми танзимкунанда гузаронидани таҳкиқоти  заруриро вогузор намояд;

- аз ташкилоти фармоишгар, мақоми танзимкунанда, шарики хусусӣ, мақоми давлатӣ ва ё шахсони воқеию ҳуқуқӣ пешниҳод намудани иттилоот, ҳуҷҷатҳо, тафсилот ва дигар маълумоти вобаста ба лоиҳаи шарикиро талаб намояд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба расонидани ёрии иловагии тахассусӣ ё техникӣ дар асоси супориши техникии маъкулдонистаи Шӯро супориш диҳад;

- ҳангоми гузаронидани санҷиш, таҳдил ва мониторинга лоиҳаи шарикӣ иштирок намояд.

4.   Шӯро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилоти фармоишгар нисбат ба ҳар лоиҳаи шарикӣ супориш дода метавонад.

5.  Шуро мониторинг гузаронида, назорати фаъолияти мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъмин менамояд.

6.   Фаъолияти Шӯро дар Низомномаи Шӯро муайян карда мешавад.

Моддаи 6. Ваколатҳо ва фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ

1.    Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дохил мешаванд:

1)    Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ.

2) Амалӣ намудани фаъолият ба сифати котиботи Шӯро, пешбурди коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии ҷаласаҳои Шӯро.

3) Муайянсозии масъалаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ба баррасии Шӯро пешниҳод намудани онҳо.

4)  Таҳияи дастурҳои техникӣ-методологӣ барои лоиҳаи шарикӣ.

5)   Ҳамоҳангсозӣ ва расонидани кумак ба ташкилотҳои фармоишгар оид ба лоиҳаҳои шарикӣ.

6)  Таъмин намудани омузиши ташкилотҳои фармоишгар нисбат ба ташаббусҳои шарикӣ.

7) Баррасии асосноккунии техникию иқтисодии ибтидоие, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар пешниҳод шудааст.

8) Тибқи дархости ташкилоти фармоишгар расонидани кумак ҳангоми таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи шарикии пешниҳодшуда.

9)  Баррасӣ намудани лоиҳаи пешакии шарикӣ бо асосноккунии техникию иқтисодии замимагардида, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар таҳия гардидааст ва додани тавсия ба ташкилоти фармоишгари дахлдор дар мавриди он ки лоиҳаи пешниҳодшуда барои ташкилоти фармоишгар тибқи механизми оқилона мебошад ва ба талаботи зерин ҷавобгӯ аст:

а)      риояи таносуби нарх ва сифат;

б)       имконпазирии татбиқи он.

10)  Ба Шӯро додани тавсияҳо оид ба пешниҳодҳои пешакии манзуршуда ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи шарикӣ.

11)    Баррасии дархостҳои расмии ташкилоти фармоишгар барои изҳор намудани манфиатдорӣ ба ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ.

12)     Баррасии ҳисоботҳои интихоби пешакии пешниҳоднамудаи ташкилоти фармоишгар.

13)  Ба Шӯро додани тавсияҳо оид ба дархости ташкилоти фармоишгар дар асоси таҳлили пурраи ҳуқуқӣ ва молиявии ҳар як Созишномаи пешниҳодгардида, аз ҷумла таҳлили сабукиҳо ё имтиёзҳое, ки аз тараф ё аз номи ташкилоти фармоишгар ба бахши хусусӣ дода шудаанд.

14)  Таҳияи тавсияҳо нисбат ба созишномаҳое, ки мутобиқи моддаи 21 Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ба Шӯро пешниҳод шудаанд.

15)  Гузаронидани мониторинги лоиҳаҳои татбиқшавандаи шарики, ки ташкилотҳои фармоишгар идора мекунанд.

16)    Бе таъхир пешниҳод намудани ҳисобот аз рӯи дархости Шӯро нисбат ба фаъолияти ташкилоти фармоишгар оид ба идораи лоиҳаҳои шарики ҳангоми ба миён омадани мушкилот дар гузаронидани тендер, бастани Созишнома ё татбиқи хар лоиҳаи шарикӣ.

17)      Дар мавриди зарурӣ таҳия намудани:

а)   супоришҳои стандартии техникӣ барои мушовирони аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ҷалбшуда;

б)   ҳуҷҷатҳои стандартии тендерӣ;

в)   муқаррароти стандартии Созишнома.

18)       Иҷро намудани дигар вазифаҳо, дастуру супоришҳои Шӯро дар доираи Қонуни мазкур.

2.   Фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.

3.  Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва сабтҳои заруриро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи махсус нигоҳ медорад.

Моддаи 7. Тартиби аз ҷониби Шӯро тасдиқ гардидаии асоснокунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои шарикӣ

1.  Ташкилоти фармоишгар асосноккунии техникию иқтисодии ибтидоии ҳар як лоиҳаи пешниҳодгардидаи шарикиро бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом медиҳад ё фармоиш медиҳад ва онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.

2.      Ташкилоти фармоишгар баъди ба анҷом расидани. асосноккунии техникию иктисодӣ ва гузаронидани машваратҳо бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа ба Шӯро пешниҳоди лоиҳавиро, ки асосноккунии техникию иқтисодии баанҷомрасидаро дар бар мегирад, барои баррасӣ ва тасдиқ манзур менамояд.

3.   Ташкилоти фармоишгар марҳилаи гузаронидани тендерро оид ба лоиҳаҳои шарикии пешниҳодшуда баъд аз гирифтани розигии Шӯро оғоз менамояд.

4.  Дар сурати лоиҳаи шарикиро оид ба оғоз намудани марҳилаи гузаронидани тендер маъқул донистани Шӯро ҳар пешниҳоди ҷолиби асосноккунии техникию иқтисодии баррасишуда, аз ҷумла пешниҳод оид ба даромаднокӣ, таносуби нарх ва сифат, таҳвили назарраси хавфҳои техники, амалиётӣ ва молиявӣ ташкилоти фармоишгар фавран:

- ба .мақоми ваколатдори давлатӣ тафсилоти тағйироти пешниҳодшаванда, аз ҷумла дархост оид ба мақсадҳо ва таъсири тағйироти пешниҳодшаванда ба даромаднокӣ, таносуби нарх ва сифат ва арзёбии таҳвили хавфҳои дар асосноккунии техникию иктисодӣ мавҷудбударо пешниҳод менамояд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои ирсол намудан ба Шӯро лоиҳаи тағйирдодашудаи асосноккунии техникию иқтисодиро пешниҳод намояд.

Моддаи 8. Уҳдадориҳои асосии ташкилоти фармоишгар

Ташкилоти фармоишгар:

  • уҳдадориҳои асосӣ оид ба идораи марҳилаи муайянкунии лоиҳаи шарикӣ, гузаронидани тендер, бастани Созишнома ва татбиқи ҳар як лоиҳаи шарикиро дар доираи ваколатҳои худ иҷро мекунад;
  • дастурҳои Шӯроро нисбат ба идораи ҳар марҳилаи лоиҳаи шарикӣ риоя карда, барои иҷрои он мусоидат менамояд. Чунин дастурҳо танҳо баъди машварат бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилоти фармоишгари дахлдор дода мешаванд;
  • мутобиқи қисми 2 моддаи 18 Қонуни мазкур дафтари расмиёти интихоб дорад ва онро мутобиқи моддаи 26 Қонуни мазкур нигоҳ медорад;
  • стратегияи баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолиро оид ба вазифаҳо, сохтор ва ҷараёни иҷрои ҳар як лоиҳаи шарикӣ таҳия ва татбиқ менамояд;
  • ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва Шӯро оид ба идораи лоиҳаҳои шарикии татбиқшаванда, марҳилаи гузаронидани тендер, марҳилаи бастани Созишнома ва марҳилаи татбиқи ҳар як лоиҳаи шарикӣ ҳисоботи семоҳа ва солона пешниҳод менамояд;
  • барои арзёбӣ намудани пешниҳодҳо мутобиқи қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур комиссияи арзёбӣ таъсис медиҳ

БОБИ 3. РАСМИЁТИ ИНТИХОБИ ТЕНДЕРӢ

Моддаи 9. Принсипҳои гузаронидани тендер

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тендер дар асоси принсипҳои зерин гузаронида мешавад:

- адолатнокӣ - ҳуқуқҳои баробари ҳамаи иштирокчиёни тендер, вокеъбинӣ ва беғаразӣ ҳангоми интихоби шарики хусусӣ, шарикии мутақобилан фоиданоки давлат ва бахши хусусӣ, тақсимоти мувофиқашудаи ваколатҳо, ҷавобгарӣ ва хатарҳо;

- баробарӣ - ҷавобгарии баробари давлат ва шарики хусусӣ дар назди қонун;

- беғаразӣ - холисона гузаронидани тендер ва интихоби ғолиби тендер;

шаффофият - дастрасии баробар ба маълумот барои бахши хусусӣ ва ҷамъият дар ҳамаи марҳилаҳои тендер бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

рақобати солим - мавҷуд набудани маҳдудият ва поймолкунии ҳукукӣ иштирок дар тендер;

волоияти Қонун - иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии Ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, бахши хусусӣ ва дигар шахсони манфиатдор ҳангоми баргузории тендер.

2. Расмиёти аз рӯи лоиҳаҳои шарикӣ гузаронидани тендер бо меъёрҳои Қонуни мазкур танзим карда мешаванд.

Моддаи 10. Дархост барои изҳор намудани манфиатдорӣ

  1. Ташкилоти фармоишгар баъд аз гирифтани розигии Шӯро мутобиқи сархати сеюми қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур дархости изҳори манфиатдориро бо замимаи ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ омода менамояд.
  2. Ташкилоти фармоишгар дархости изҳори манфиатдориро бо замимаи ҳуҷҷатҳои дахлдори тендерии интихоби пешакӣ, барои гирифтани розигии хаттӣ ҷихати эълон намудан, даъват кардан, ба имзо расонидан ё дархости пешниҳоди тендерӣ оид ба тендер, оғоз кардани расмиёти интихоби пешакӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
  3. Дархости изҳори манфиатдорӣ дороӣ маълумоти зерин мебошад:

тавсифи лоиҳаи шарикӣ; зикри унсурҳои ҳатмии лоиҳаи шарикӣ; хизматрасониҳое, ки аз ҷониби шарики хусусӣ пешниҳод карда мешаванд;

чорабиниҳои молиявие, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар пешбинӣ мешаванд;

тавсифи мухтасари шартҳои асосии ҳатмии Созишнома; усул ва ҷойи пешниҳоди дархост барои интихоби пешакӣ ва муҳлати пешниҳод, сана ва вақте, ки ба иштирокчиёни тендер барои омодасозӣ ва пешниҳод намудани дархости изҳори манфиатдорӣ муҳлат медихад;

усул ва ҷойи ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби

пешакӣ;

 

дархости дахлдор дар хусуси он ки ташкилоти фармоишгар ҳуқуқ дорад пешниҳодро баъди ба анҷом расидани расмиёти интихоби пешакӣ танҳо аз миқдори маҳдуди иштирокчиёни тендер, ки ба меъёрҳои интихоби пешакӣ бештар ҷавобгӯ мебошанд, талаб намояд.

  1. Дархости изҳори манфиатдорӣ мувофиқи низом ва меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур интишор карда мешавад.
  2. Ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ маълумоти зеринро дар бар мегиранд:

меъёрҳои интихоби пешакӣ; имконпазирии иштироки консорсиумҳо; маҳдудиятҳо, агар онҳо нисбат ба шумораи иштирокчиёни пешакӣ интихобгардидаи тендер барои супоридани пешниҳодҳо баъди баанҷомрасии расмиёти интихоби пешакӣ мавҷуд бошанд ва ҳангоми зарурат усуле, ки мутобиқи он интихоби мазкур сурат мегирад;

имконпазирии таъсиси шахси ҳуқуқии мустакили довталаби афзалиятдошта бо дархости ташкилоти фармоишгар мутобиқи моддаи 27 Қонуни мазкур.

Моддаи 11. Меъёрҳои интихоби пешакӣ

Меъёрҳои мутобикати иштирокчӣ (довталаб) барои гузаштан аз расмиёти интихоби пешакӣ, ки дар ҳуҷҷатхои тендерй зикр шудаанд:

доштани тахассуси дахлдори касбию техники ва захираҳои инсонию моддие, ки барои иҷрои ҳама ҷанбаҳои лоиҳаи шарикӣ зарур аст;

доштани қобилияти дахлдори идоракунӣ, ташкилотчигӣ, эътимоднокӣ ва таҷрибаю малака, аз ҷумла таҷрибаи корӣ дар соҳаи татбики лоиҳаҳои шарикӣ;

доштани қудрати дахлдори молиявӣ барои маблағгузорӣ ва ё таҷриба дар ташкили маблағгузорӣ ва сармоягузориҳои зарурӣ барои лоиҳаи шарикӣ;

иштирок накардан дар баҳсҳои судӣ аз лаҳзаи супоридани пешниҳоди лоихавӣ, ки метавонад ба қобилияти иштирокчӣ (довталаб) чиҳати татбиқи лоиҳаи шарикӣ таъсири манфӣ расонад.

Моддаи 12. Иштирок дар консорсиумҳо

  1. Ташкилоти фармоишгар ҳангоми пешниҳод кардани дархости изҳори манфиатдорӣ метавонад ба иштирокчиёни (довталабони) тендер, ки консорсиум таъсис додаанд, чиҳати иштирок дар тендер мутобиқи қоидаю талаботи муқаррарнамудаи худ иҷозат диҳад. Дар ин ҳолат мутобиқати консорсиум ба талаботи меъёрҳои интихоби пешакӣ, ки моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, таъмин карда мешавад, —
  2. Агар ташкилоти фармоишгар дар ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, ҳар як узви консорсиум бавосита ё бевосита дар як вақт ҳуқуқи танҳо дар як консорсиум иштирок карданро дорад.
  3. Ҳангоми баррасии тахассуси консорсиуми дар тендер иштироккунанда, ташкилоти фармоишгар қобилияти ҳар як аъзои консорсиумро баррасӣ карда, баҳо медиҳад, ки оё тахассусҳои якҷояи узви консорсиум барои конеъ кардани талаботи ҳамаи ҷанбаҳои лоиҳаи шарикӣ мутобиқат мекунанд.
  4. Ҳангоми таъсис додани консорсиум барои иштирок дар тендер яке аз аъзоҳи консорсиум пешбар таъин карда мешавад ва барои консорсиум уҳдадор мебошад.
  5. Дар сурати аз ҳайати консорсиум баромадани яке аз узви он, консорсиум барои тамоми уҳдадориҳо масъул мебошад.

Моддаи 13. Арзёбии тахассусҳо ва маъкул донистани натиҷаҳои интихоби пешакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ

  1. Ташкилоти фармоишгар тахассусҳои ҳар як иштирокчии тендерро, ки дар интихоби пешакӣ изҳори манфиатдорӣ намудааст, бо истифодаи меъёрҳое, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ ва Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, арзёбӣ карда, онро ба баррасии мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
  2. Ташкилоти фармоишгар ҳамаи иштирокчиёни (довталабони) пешакӣ интихобгардидаи тендерро баъд аз маъқул донистани мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи талаботи қисми 1 моддаи мазкур барои супоридани пешниҳодҳои тендерӣ даъват менамояд.
  3. Ташкилоти фармоишгар баъд аз арзёбии пешниҳодҳои тендерии интихоби пешакӣ ҳисоботи интихоби пешакиро бо зикри мутобиқат ба меъёрҳои интихоби пешакӣ таҳия намуда, онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
  4. Ҳисоботи интихоби пешакӣ дороӣ маълумоти зерин мебошад:
  • пешниҳодҳои тендерии муайянкунандаи имконияти шарики хусусӣ оид ба татбиқи самаранок, идора, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ нисбат ба лоиҳаи шарикии манзуршуда;
  • дар мавриди зарурат иттилоот оид ба таҳлили қаноатбахши анҷомдодаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо машварати ташкилоти фармоишгари манфиатдор нисбат ба иқтидор ва тахассусҳои шарикони хусусии интихобгардида барои баанҷомрасонии лоиҳаи шарикии пешниҳодгардида;
  • таҳия ва татбиқи стратегияи иттилоотонии ҷомеа оид ба шиносоии аҳли ҷомеа бо вазифа, сохтор ва рафти иҷрои лоиҳаи шарикие, ки ташкилоти фармоишгар пешниҳод намудааст.

Моддаи 14. Аз ҷониби Шӯро маъқул донистани дархост барои супоридани пешниҳодҳо

1. Баъд аз маъқул донистани ҳисоботи интихоби пешакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилоти фармоишгар дархост барои супоридани пешниҳодҳоро таҳия намуда, онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ дархост барои супоридани пешниҳодҳоро таҷдиди назар карда, ба баррасии Шӯро пешниҳод менамояд. Баъд аз гирифтани розигии  Шӯро оид ба додани дархост барои супоридани пешниҳодҳо ташкилоти фармоишгар дархости мазкурро ба ҳар як иштироккунандаи пешакӣ интихобгардидаи тендер, ки арзиши онро мепардозад, пешниҳод менамояд.

2. Ташкилоти фармоишгар ба мақоми ваколатдори давлатӣ таҳлили пурраи ҳуқуқӣ ва молиявии ҳар як Созишномаро, ки ба дархости ниҳоӣ барои манзур кардани пешниҳодҳо замима карда мешавад, пешниҳод менамояд. Таҳлили ҳуқуқӣ ва молиявии мазкур ҳамаи омилҳои (асосҳои, сабабҳои) сармоягузориро, ки ба бахши хусусӣ аз номи ташкилоти фармоишгар пешниҳод карда мешавад, дар бар мегирад.

Моддаи 15. Дархост барои супоридани пешниҳодҳо

  1. Дархост барои супоридани пешниҳодҳо, бо замимаи пешниҳодҳои техникӣ ва молиявӣ дар шакли ҳуҷҷати алоҳида пешниҳод карда мешавад.
  2. Мундаридаи дархост барои супоридани пешниҳодҳо номгуи ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва лоиҳаи Созишномаи пешниходгардида оид ба лоиҳаи шарикии дахлдорро дар бар мегирад.
  3. Дар пешниҳоди техникӣ ба тарҳи умумии лоиҳаи шарикӣ, инчунин ба сифати муносиб ва шартҳои иҷро, аз ҷумла талаботи ташкилоти фармоишгар нисбат ба стандартҳои беҳатарӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ карда мешавад. Пешниҳоди молиявӣ арзиши миёнаи лоиҳаи шарикии пешниҳодшавандаро дар тамоми давраи лоиҳа дар бар гирад.

Моддаи 16. Мазмуни дархост барои супоридани пешниҳодҳо

Дархост барои супоридани пешниҳодҳо маълумоти зеринро дар бар мегирад:

маълумоти умумие, ки мумкин аст аз ҷониби иштирокчии (довталаби) тендер барои омодасозӣ ва супоридани пешниҳоди онҳо талаб карда шавад;

меъёрҳо барои арзёбии пешниҳодҳои техникӣ ва пешниҳодҳои техникии ҳадди ниҳоӣ, ба шарте, ки онро ташкилоти фармоишгар барои муайян кардани пешниҳодҳои номатлуб муқаррар карда бошад, ҳаҷми қиёсӣ, ки барои ҳар меъёр ва усули арзёбии меъёрҳо ва ҳадҳо ҳангоми арзёбӣ ва рад намудани пешниҳодҳо истифода мешаванд;

санаи пешниҳодҳоро супоридани иштирокчиёни тендер, ки барои омода намудан ва супоридани онҳо мутобиқи таҳрири ниҳоии дархост барои супоридани пешниҳодҳо муҳлати кофӣ муқаррар менамояд.

Моддаи 17. Таъминоти тендерӣ

1. Дархост барои супоридани пешниҳодҳо талабот нисбат ба додан, шакл ва воситаҳои пешниҳод, ҳамчунин маблағ ва дигар шартҳои муҳими таъминоти тендериро муқаррар мекунад.

2. Иштирокчии тендер ҳуқуқӣ таъминоти тендериеро, ки аз у талаб карда мешавад, набояд аз даст диҳад, ба истиснои ҳолатҳои зерин:

бозхондан ё тағйир додани пешниҳод баъди гузаштани муҳлати муайян;

қодир набудан ба имзо кардани Созишнома. агар ин аз ҷониби ташкилоти фармоишгар баъди он ки пешниҳод қабул гардидааст, талаб карда шавад;

қодир набудан ба пешниҳод кардани таъминоти зарури барои иҷрои Созишнома баъди он ки пешниҳод қабул карда шудааст ё ба конеъ гардонидани дигар шартҳо қабл аз баимзорасонии Созишнома, тавре ки дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо зикр гардидааст.

Моддаи 18. Тартиби тавзеҳ ва тағйир додани дархостҳо барои супоридани пешниҳодҳо

  1. Ташкилоти фармоишгар метавонад бо ташаббуси худ ё дар натиҷаи дархост барои тавзеҳ аз ҷониби иштирокчии тендер ҳама гуна ҷанбаи дархостро баррасӣ намуда, тавзеҳ ё тағйир диҳад.

Ташкилоти фармоишгар дар дафтари расмиёти интихоб моҳият ва асоснокии ҳар тавзеҳот ё тағйироти дархостро барои супоридани пешниҳодҳо қайд карда, ба ҳама иштирокчиёни тендер, бо ҳамон усуле, ки дархост барои супоридани пешниҳодҳо дастрас карда мешавад, дар муҳлати қобили қабул, вале на дертар аз 7 рузи тақвимӣ то муҳлати ниҳоии супоридани пешниҳодҳо дастрас менамояд.

Моддаи 19. Арзёбии пешниҳодҳо

  1. Ташкилоти фармоишгар барои арзёбии пешниҳодҳо комиссияи арзёбӣ таъсис медиҳад. Дар комиссиям арзёбӣ бояд намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ аъзо бошад.
  2. Арзёбии пешниҳодҳо мутобиқи меъёрҳои арзёбӣ, вазни қиёсии ба чунин меъёр пешбинишуда, раванди арзёбии пешниҳодҳо дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо дарҷ ва амалӣ мегардад.
  3. Барои татбиқи мақсаду вазифаҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ташкилоти фармоишгар метавонад нисбат ба пешниҳодҳои техникию молиявӣ хадди ақалли қобили қабул муқаррар намояд.

Моддаи 20. Меъёрҳои арзёбӣ, тасдиқи тахассус ва тасдиқи ҳисобот оид ба арзёбӣ

Меъёрҳои арзёбии пешниҳодҳои техникӣ дорои маълумоти зерин мебошанд:

асосноккунии техникӣ;

мутобиқат ба меъёрҳои экологие, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд; амалан иҷрошаванда;

сифати хизматрасониҳо ва чорабиниҳо барои таъмини муттасилии онҳо;

нақша ва ҷадвали татбиқи лоиҳаи шарикӣ.

  1. Меъёрҳои арзёбии пешниходҳои молиявӣ дорои маълумоти зерин мебошанд:

аҳамияти чории пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, арзиши як воҳид ва дигар пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар муддати тамоми амали Созишнома;

асосноккунии пардохтҳои бевоситаи пешниҳодкардаи ташкилоти фармоишгар;

ахамияти воқеии хароҷоти фаъолият оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмон ва хароҷоти амалиётии солона, инчунин пардохти ҳаққи хизматрасонӣ;

ҳаҷми маблағгузорие, ки аз ҷониби мақоми танзимкунанда ба нақша гирифта шудааст ё ворид мегардад;

асоснокии амалиёти молиявии пешниҳодшуда; иқтидори рушди иҷтимоию иқтисодие, ки дар пешниҳодҳои тендерӣ зикр шудааст.

  1. Иштирокчии тендер, ки пешакӣ интихоб гардида буд, мутобиқати тахассуси худро ба меъёрҳои ҳангоми интихоби пешакӣ муқарраргардида тасдиқ менамояд. Дар акси ҳол ташкилоти фармоишгар ҳар иштирокчии тендерро, ки наметавонад тахассуси худро тасдиқ намояд, хориҷ мекунад.
  2. Ташкилоти фармоишгар рейтинги пешниҳодҳоро дар асоси арзёбии мутобиқати меъёр тартиб медиҳад ва ҳисоботи дахлдори арзёбиро зимни муайян кардани иштирокчии афзалиятноки тендер таҳия менамояд.
  3. Ташкилоти фармоишгар баъд аз гирифтани розигии мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботи арзёбии худро барои тасдиқ ба Шӯро пешниҳод менамояд.

Моддаи 21. Маъқул дониста шудани Созишнома аз ҷониби Шӯро то омодасозии таҳрири ниҳоии қарордод

  1. Ташкилоти фармоишгар баъди аз ҷониби Шӯро маъқул донистани ҳисоботи арзёбие, ки мутобиқи моддаи 20 Конуни мазкур пешниход шудааст, пас аз гирифтани розигии макоми ваколатдори давлатй созишномаҳои пешниҳодгардидаро тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ ба баррасии Шӯро пешниҳод менамояд. Шуро лоиҳаҳои созишномаҳои пешниҳодшударо маъқул медонад ё барои такмил додан бармегардонад. Ташкилоти фармоишгар бе розигии пешакии Шӯро ба мувофиқасозии тиҷоратӣ ягон лоиҳаи шарикии пешниҳодгардида оғоз намекунад.
  2. Агар лоиҳаи шарикӣ ба бастани замимаи Созишнома оид ба масъалаҳои молиявӣ илова ба бастани замимаи Созишнома оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ дахл кунад, ташкилоти фармоишгар бо пайравӣ аз бастани замимаи Созишнома оид ба масъалаҳои тичоратӣ ва баъди гирифтани розигии мақоми ваколатдори давлатӣ тағйироти созишномаҳои пешниҳодшударо, ки бахши хусусӣ дар натиҷаи муҳокимаҳо байни бахши хусусӣ ва ташкилотҳои маблағгузорикунандаи он пешниҳод кардааст, барои арзёбӣ ва тасдиқ ба Шӯро пешниҳод менамояд. Ташкилоти фармоишгар ба татбиқи замимаи Созишнома оид ба масъалаҳои молиявии лоиҳаи шарикии пешниҳодгардида бидуни гирифтани розигии пешакии Шӯро оғоз намекунад.

Моддаи 22. Ҳолатҳое, ки эълон кардани ғолибро бе гузаронидани тендер иҷозат медиҳанд

Ташкилоти фармоишгар бо назардошти розигии Шӯро ва баъди гирифтани тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад дойр ба Созишнома бе истифодаи расмиёте, ки моддаҳои 9-21 Қонуни мазкур муқаррар намудаанд, дар ҳолатҳои зерин ба музокирот оғоз намояд:

ҳангоми зарурати хизматрасонии муттасили фаврӣ, инчунин дар ҳолатҳое ки иҷрои меъёрҳои муқаррарнамудаи боби мазкур мувофиқи мақсад намебошад, ба шарте ки чунин ҳолатҳои ба миён овардани зарурати фавриро ташкилоти фармоишгар наметавонист пешбинӣ намояд ва ин ҳолат натиҷаи кашолкории ташкилоти фармоишгар намебошад;

дар сурати чандон тӯлонӣ набудани мӯҳлати лоиҳаи шарикӣ ва ҳангоме, ки маблағи пешакии сармоягузориҳои чашмдошт аз маблағи зикрнамудаи Шӯро зиёд намебошад;

вақте ки лоиҳаи шарикӣ ба масъалаҳои мудофиаи миллӣ ё амнияти ҷамъият дахл мекунад;

дар сурати вуҷуд доштани танҳо як манбае, ки ба пешниҳод кардани хизматрасонии зарурӣ қодир аст, аз ҷумла ба хизматрасониҳои истифодаи моликияти зеҳнӣ, сирри тиҷоратӣ ё дигар ҳуқуқҳои истисноие, ки дар ихтиёр ё таҳти назорати шахси (шахсони) муайян қарор доранд;

вақте ки ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ ё дархост барои супоридани пешниҳодҳо манзур шуда бошанд, вале ҷавоби онҳо гирифта нашуда бошад ё вақте ки ҳамаи пешниҳодҳо меъёрҳои арзёбии дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо зиркгардидаро қонеъ карда натавониста бошанд ва агар, ба ақидаи ташкилоти фармоишгар, додани ҳуҷҷатҳои нави тендерии интихоби пешакӣ ва дархости нав барои супоридани пешниҳодҳо ба супоридани қарордод дар муҳлати тақозошаванда имкон надиҳад;

дар дигар ҳолатҳое, ки Шӯро чунин истисноро бинобар сабабҳои асосноки манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ тасдиқ. мекунад ё дар ҳолатҳое, ки ба манфиати мақоми маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дониста мешавад.

Моддаи 23. Музокирот доир ба созишномаҳое, ки бе гузаронидани тендер доир карда мешаванд

Агар музокирот оид ба созишномаҳо бе гузаронидаи тендер доир карда шавад, ташкилоти фармоишгар:

асосноккунии техникию иқтисодии пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодиро тибқи дастури Шӯро, ки бо риояи талаботи сархати дуюми моддаи 8 Қонуни мазкур дода шудааст, анҷом медиҳад;

ғайр аз созишномаҳое, ки музокирот доир ба онҳо мутобиқи сархати сеюми моддаи 22 гузаронида мешаванд, дар хусуси қарори оғоз намудани музокирот нисбат ба Созишнома огоҳинома ирсол менамояд, ки он бо усули пешакӣ мувофиқашуда интишор карда мешавад;

аз рӯи имкон бо шахсоне, ки онҳоро ба татбиқ намудани лоиҳаи шарикӣ қодир меҳисобад, бо иштироки намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ музокирот дойр менамояд;

меъёрҳои арзёбиеро муқаррар менамояд, ки мутобиқи онҳо пешниҳодҳо арзёбӣ ва дараҷабандӣ карда мешаванд.

Моддаи 24. Махфият

  1. Ташкилоти фармоишгар, Шӯро ва мақоми ваколатдори давлатӣ набояд ба иштирокчиёни тендер мундариҷаи пешниҳодҳоро ошкор кунанд. Ҳамаи муҳокимаҳо, мукотиба ё гуфтушунидҳо байни ташкилоти фармоишгар ва иштирокчиёни тендер ба ғайр аз мукотиботи вобаста ба шарҳу эзоҳи дархост барои пешниҳод намудани изҳори манфиатдорӣ, ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ ё дархост барои супоридани пешниҳодҳо махфӣ мебошанд.
  2. Агар қонун ё қарори суд тартиби дигарро муқаррар накарда бошад ё дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо муайян шуда бошад, тарафи музокирот набояд ба дигар шахе ягон масъалаи техникӣ, молиявӣ, дигар иттилооти марбут ба муҳокимаҳо, мукотибот ва гуфтушунидҳоеро, ки тибқи Қонуни мазкур пешниҳод шудаанд, гирифта шудаанд ё иҷро гардидаанд, бе розигии тарафи дигар ошкор намояд.

Моддаи 25. Огоҳинома оид ба супоридани қарордод

  1. Ташкилоти фармоишгар дар хусусӣ супоридани қарордод огоҳинома ирсол менамояд, ки он ба тарзи зарурӣ интишор карда мешавад, ба истиснои Созишномае, ки мутобиқи сархати сеюми моддаи 22 Қонуни мазкур супорида шудааст.
  2. Огоҳиномае, ки мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ирсол карда шудааст, бояд шарики хусусиро муайян кунад ва тавсифи мухтасари шартҳои муҳими Созишномаро дар бар гирад.

Моддаи 26. Маҳфуз нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо

Ташкилоти фармоишгар ҳуҷҷатхои дахлдореро, ки ба расмиёти интихоб ва супоридани қарордод дахл доранд, дар муддати на камтар аз муҳлати амали Созишнома нигоҳ медорад.

Моддаи 27. Шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ

1. Ташкилоти фармоишгар метавонад аз довталаби афзалиятдоштаи тендер таъсис додани шахси ҳуқуқиеро талаб намояд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатй гирифта мешавад.

  1. Агар довталаби афзалиятдоштаи тендер шахси ҳуқуқиро мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур таъсис диҳад, дар ҳуҷҷатҳои зарурие, ки барои интихоби пешакӣ пешниҳод карда мешаванд ё дар пешниҳоди техникии худ ин ҳолатро зикр мекунад.
  2. Ҳама гуна талабот нисбат ба сармояи ҳадди ақалли оинномавии шахси ҳуқуқии мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур таъсисдодашуда ва расмиёти гирифтани розигии ташкилоти фармоишгар барои оинномаи шахси ҳуқукӣ ё тағйироти муҳим дар оиннома, дар Созишнома тавре зикр карда мешаванд, ки онҳо ба шартҳои дархостҳо барои супоридани пешниҳодҳо чавобгӯ бошанд ва ба талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони Ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мутобиқат кунанд.

Моддаи 28. Пешниҳоди дархостнашаванда ё пешниҳоде, ки бо ташаббуси шахсӣ манзур карда шудааст

Ташкилоти фармоишгар метавонад пешниҳоди дархостнашаванда ё пешниҳоди бо ташаббуси шахсӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ манзуршавандаро гирад, баррасиву арзёбӣ ва қабул кунад, агар ин пешниҳод:

бевосита аз ҷониби тарафи манфиатдор барои иштирок дар лоиҳаи шарикӣ таҳия ва пешниҳод гардида бошад;

барои аҳли ҷомеа манфиатнок бошад;

бидуни иштироки мақоми ваколатдори давлатӣ ё ташкилоти фармоишгар таҳия гардида бошад;

барои ташкилоти фармоишгар ҷиҳати аз ҷониби ташкилоти фармоишгар таҳия гардидани ҳуҷҷати асосноккунии техникию иқтисодӣ ба қадри кофӣ тафсилот ва иттилоот дошта бошад.

Ташкилоти фармоишгар пас аз таҳия намудани ҳуҷҷати асосноккунии техникию иқтисодӣ оид ба пешниҳоди дархостнашаванда ва гирифтани тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, пешниҳоди дархостнашаванда ва ҳуҷҷати асосноккунии техникию иқтисодиро якҷоя бо тавсияҳо оид ба он ки тендер ба талаботи моддаҳои 9-21 ё ба талаботи моддаҳои 22 ва 23 Қонуни мазкур чавобгӯй мебошанд, ба Шӯро пешниҳод мекунад.

БОБИ 4. СОЗИШНОМА ОИД БА ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ

Моддаи 29. Шакл, мазмун ва татбиқи Созишнома

Дар Созишнома ҳама масъалаҳое, ки тарафҳо зарур меҳисобанд, аз ҷумла масъалаҳои зерин ҳатман пешбинӣ карда мешаванд:

  1. Хусусият ва ҳаҷми кору хизматрасониҳое, ки шарики хусусӣ пешниҳод мекунад.
  2. Шартхои пешниҳод намудани хизматрасонӣ ва дараҷаи истисноии онҳо, ҳуқуқҳои шарики хусусӣ дар Созишнома.
  3. Кумаке, ки ташкилоти фармоишгар метавонад дар гирифтани иҷозатномаҳо ва иҷозатҳо ба дараҷае, ки он барои татбиқи лоиҳаи шарикӣ зарур аст, пешниҳод намояд.
  4. Баргардонидани дороиҳо ба ташкилоти фармоишгар баъд аз қатъ гардидан ё ба охир расидани муҳлати амали Созишнома бо тартиби муайянкардаи Созишнома.
  5. Тартиби баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои техникӣ, нақшаҳо ва тафсилоти сохтмон аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ва расмиёти озмоиш ва санҷиши хотимавӣ, тасдиқ ва қабули лоиҳаи шарикӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои шарикии бахши инфрасохторӣ.
  6. Ҳуқуқҳои ташкилоти фармоишгар ё мақомоти танзимкунанда:

а)       гузаронидани мониторинги иҷрои корҳо, хизматрасониҳое, ки аз ҷониби шарики хусусӣ пешниҳод карда мешаванд;

б)       шартҳо ва дараҷае, ки ташкилоти фармоишгар ё мақоми танзимкунанда метавонад ба он ворид намудани тағйиротро оид ба корҳо ва шартҳои хизматрасонӣ талаб намояд;

в)       андешидани дигар тадбирҳои бомулоҳиза, ки ба ақидаи онҳо, барои дуруст фаъолият намудани лоиҳаи шарикӣ қобили қабул мебошанд;

г)       андешидани чораҳо мутобиқи талаботи ҳуқуқӣ ва шартномавӣ.

  1. Сатхе, ки оид ба он шарики хусусӣ уҳдадор аст ба ташкилоти фармоишгар ё мақомоти танзимкунанда ҳисобот ва дигар иттилоотро оид ба фаъолияти худ пешниҳод кунад.
  2. Механизмҳо барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба хароҷоти иловагӣ ва дигар оқибатҳое, ки метавонанд дар натиҷаи ягон дастур аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ ба вуҷуд оянд, аз ҷумла ҳар гуна ҷубронҳое, ки шарики хусусӣ ҳуқуқи ба онҳо даъво карданро дорад.
  3. Ҳуқуқи ташкилоти фармоишгар ба баррасӣ ва тасдиқ намудани карордодҳои асосие, ки шарики хусусӣ ба имзо мерасонад, аз ҷумла бо иштироки шарики хусусӣ ё дигар шахсони вобаста.
  4. Кафолати иҷрои лоиҳаи шарикӣ, ки бояд пешниҳод карда шавад ва полисҳои суғуртавие, ки бояд шарики хусусӣ барои татбик намудани лоиҳаи шарикӣ дошта бошад.

Воситаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ дар сурати аз ҷониби яке аз тарафҳо иҷро нагардидани уҳдадориҳо.

  1. Шартҳои озод кардани тарафҳо аз масъулияти қодир набудан барои иҷрои уҳдадориҳо ё ба таъхир гузоштани ҳамаи уҳдадориҳое, ки берун аз доираи механизми оқилонаи он қарор доранд.
  2. Муҳлати амали Созишнома, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо баъди гузаштани муҳлат ё қатъ гардидани он.
  3. Усули ҳисобкунии зарару ҷуброн мутобиқи моддаи 43 Қонуни мазкур.
  4. Ҳуқуқ ва механизмҳои истифодашавандаи танзими баҳсхое, ки метавонанд байни фармоишгар ва шарики хусусӣ ба миён оянд.
  5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо нисбат ба иттилооти махфӣ:
  6. Шартҳои дахлдори молиявӣ.
  7. Таксими хавфҳо байни ташкилоти фармоишгар ва шарики хусусӣ.
  8. Ба шарики хусусӣ пардохт намудани ҷубронпулӣ аз ҳисоби буҷети дахлдор ё пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, ки шарики хусусӣ барои хизматрасонӣ мутобиқи моддаи 32 Қонуни мазкур анҷом додааст.
  9. Уҳдадориҳои бахши хусусӣ барои иҷро ё татбиқи лоиҳаи шарикӣ, хавфҳои молиявӣ, техникӣ ё амалиётӣ иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё истифодаи моликияти давлатӣ ва гирифтани пардохтҳо барои хизматрасонӣ.

Моддаи 30. Ҳуқуқӣ татбиқшаванда

Ҳар як Созишнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад, агар дар Созишнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.

Моддаи 31. Ҳукукӣ моликият ба дороиҳо вобаста ба қитъаи замини лоиҳавӣ ва сервитутҳо

1.       Дар Созишнома масъалаҳои зерин бояд ба қадри зарурӣ пешбинӣ карда шаванд:

-        дороиҳое, ки моликияти давлатӣ ҳисобида шудаанд ё минбаъд ҳисобида мешаванд;

-       дороиҳое, ки моликияти шарики хусусӣ ҳисобида шудаанд ё минбаъд ҳисобида мешаванд.

2.     Созишнома инчунин ба категорияҳои зерин дахл доштани дороиҳоро муайян мекунад:

-    дороиҳое, ки онҳоро шарики хусусӣ бояд ба ташкилоти фармоишгар ё дигар шахсе, ки ташкилоти фармоишгар зикр намудааст, мутобиқи шартҳои Созишнома баргардонад ё супорад;

-        дороиҳое, ки ташкилоти фармоишгар бо салоҳдиди худ метавонад аз шарики хусусӣ харида гирад;

-    дороиҳое, ки шарики хусусӣ то ба анҷом расидани муҳлати амал ё то бекор гардидани Созишнома метавонад нигоҳ дорад ё ихтиёрдорӣ кунад.

3.  Ташкилоти фармоишгар ё дигар мақомоти давлатӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузории замин ба шарики хусусӣ қитъаи заминро барои истифодабарӣ пешниҳод менамояд ё дар мавриди зарурӣ ҷиҳати гирифтани ҳуқуқҳои марбут ба истифодаи қитъаи замин тибқи лоиҳаи шарикӣ, аз ҷумла ҳуқуқӣ истифодаи қитъаи замин, ки метавонад барои татбиқи лоиҳаи шарикӣ зарур бошад, кумак  мерасонад.

4.    Ташкилоти фармоишгар ё дигар мақомоти давлатӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ва Созишнома ҳуқуқӣ истифодаи қитъаи заминро ба ихтиёри шарики хусусӣ вогузор менамояд ё ки дар мавриди зарурӣ ба шарики хусусӣ барои ба даст овардани ҳуқуқӣ ворид шудан, гузаштан тавассути ҳудуд ё дар он ҷой иҷро кардани кору сохтани иншоот, моликияти шахсони сеюм, дар мавриди зарурӣ ва тавре ки татбиқи лоиҳаи шарикӣ талаб мекунад, кумак мерасонад.

Моддаи 32. Механизмҳои молиявӣ

1.     Созишнома метавонад ба шарики хусусӣ чиҳати ба даст овардани ҳуқуқӣ муқаррар кардан, гирифтан ё ҷамъ кардани пардохти ҳаққи хизматрасониро ҳангоми татбиқи лоиҳаи шарики мутобиқи шартҳои Созишнома иҷозат диҳад. Созишнома усулу шаклҳои муқаррар ва тасҳеҳ намудани пардохти ҳаққи хизматрасониро мутобиқи шартҳое, ки мақоми танзимкунандаи салоҳиятдор муқаррар намудааст, пешбинӣ менамояд.

2.     Ташкилоти фармоишгар метавонад пардохти бевоситаро ба шарики хусусӣ ба сифати иваз ё илова ба пардохти ҳаққи хизматрасонӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи шарикӣ анҷом диҳад.

Моддаи 33. Тадбирҳоӣ таъминотӣ

1.   Бо назардошти ҳама гуна маҳдудиятҳое, ки метавонанд дар Созишнома пешбинӣ гарданд, шарики хусусӣ ҳуқуқ дорад нисбат ба дороиҳо, ҳуқуқҳо ё манфиатҳои худ, ки ба лоиҳаҳои шарикӣ дахл доранд ва ё барои таъмини маблағгузории татбиқи лоиҳаи шарикӣ зарур мешавад, тадбирҳои таъминотии зеринро андешад:

  • таъминот нисбат ба молу мулки манқул ё ғайрманқуле, ки ба шарики хусусӣ тааллуқ дорад ё манфиатҳои он дар дороиҳои лоиҳаи шарикӣ;
  • гарави даромадҳои оянда ва қарзҳои дебиторӣ дар назди шарики хусусӣ барои иҷрои лоиҳаи шарикӣ.
    1. Иштироккунандагони шахси ҳуқуқии шарики хусусӣ, ки мувофиқи моддаи 27 Қонуни мазкур таъсис дода шудааст, ба гарав ё андешидани дигар тадбирҳои таъминотии ҳиссаи худ дар шахси ҳукукӣ ҳак доранд.
    2. Тадбирҳои таъминотӣ мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур нисбат ба молу мулки давлатӣ ё дигар моликият, дороӣ ё ҳуқуқҳое, ки барои пешниҳод кардани хизматрасониҳои давлатӣ зарур буда, нисбат ба онҳо фароҳам овардани чунин таъминотро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст, наметавонанд фароҳам оварда шаванд.

Моддаи 34. Супурдан ва гузашт кардани ҳуқуқҳое, ки Созишнома пешбииӣ намудааст

1. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шарики хусусӣ, ки Созишнома пешбинӣ намудааст, бе розигии хаттии ташкилоти фармоишгар наметавонанд ба шахси сеюм вогузор карда шаванд, агар моддаи 33 Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

2. Созишнома бояд шартҳоеро муайян намояд, ки ҳангоми иҷрои онҳо ташкилоти фармоишгар ба гузашт кардани ҳуқуқу уҳдадориҳо ба бахши хусусӣ дар Созишнома, аз ҷумла аз ҷониби шарики хусусии нав ба зимма гирифтани ҳама уҳдадориҳои у ва далелҳои тасдиқкунандаи имконияти техникӣ ва молиявии шарики хусусии нав, ки метавонанд барои татбиқи лоиҳаи шарикӣ лозим шаванд, розигӣ медиҳад.

Моддаи 35. Додани бастан назоратии сахмияҳо ё ҳисса ба шахси сеюм

  1. Агар дар Созишнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бастаи назоратии саҳмияҳо ё ҳисса дар шахси ҳуқуқии шарики хусусӣ бе розигии ташкилоти фармоишгар ба шахси сеюм дода намешавад.
  2. Созишнома шартҳоеро пешбинӣ менамояд, ки дар онҳо розигии ташкилоти фармоишгар мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур . дода мешавад.

Моддаи 36. Уҳдадориҳои бахши хусусӣ ҷиҳати амалӣ кардани лоиҳаи шарикӣ

  1. Созишнома дар мавриди зарурӣ уҳдадориҳои бахши хусусиро барои таъмини:

-        тағйир додани лоиҳаи шарикӣ бо мақсади таъмин  намудани мутобиқати он бо эҳтиёҷоти аҳолӣ дар лоиҳаи шарикӣ; муттасилии лоиҳаи шарикӣ;

-        пешниҳод намудани лоиҳаи шарикӣ бо шартҳои усулан якхела барои ҳамаи истифодабарандагон;

-     дастрасии баробарҳуқуқӣ бидуни табъиз ва дар мавриди зарурат, барои дигар пешниҳодкунандагони хизматрасонӣ ба ҳамаи лоиҳаҳои шарикӣ, ки бахши хусусӣ татбиқ менамояд.

  1. Шарики хусусӣ ҳуқуқӣ ба ташкилоти фармоишгар тавсия додани қабули қоидаҳои танзимкунандаи татбиқи лоиҳаи шарикиро дорад, ки аз ҷониби шарики хусусӣ дар татбиқи лоиҳаи шарикӣ истифода мешаванд.

Моддаи 37. Ҷуброн ҳангоми тағйирот дар қонунгузорӣ

Дар Созишнома ҳуқуқӣ шарики хусусӣ оид ба ҷуброн нишон дода мешавад, ба шарте ки хароҷоти иҷрои шарики хусусӣ дар Созишнома ба таври назаррас афзуда бошад ё арзише, ки шарики хусусӣ аз чунин иҷро ба даст меорад, дар натиҷаи тағйирот дар қонунгузорӣ ё дигар тадбирҳои танзими давлатие, ки бевосита ба лоиҳаи шарикӣ дахл доранд, дар муқоиса бо хароҷот ва арзиши қаблан пебинишуда кам шуда бошад.

Моддаи 38. Таҷдиди назар кардани Созишнома

1. Созишнома шартҳои аз ҷониби шарики хусусӣ таҷдиди назар гардидани муқаррароти Созишномаро бо назардошти ҷуброн муайян менамояд, ба шарте, ки хароҷоти иҷрои Созишнома аз тарафи

шарики хусусӣ хеле афзуда бошад ё арзише, ки шарики хусусӣ аз чунин иҷро ба даст меорад, дар муқоиса бо хароҷоти дар ибтидо тахминшуда ва арзиши иҷрои он дар натиҷаи тағйироти зерин ба таври назаррас кам шуда бошад:

  1. Тағйирот дар шартҳои иқтисодӣ ё молиявӣ.
  2. Тағйирот дар қонунгузорӣ ё муқаррароти танзимкунандае, ки бевосита нисбат ба лоиҳаи шарикӣ татбиқшаванда намебошанд, ба шарте ки тағйироти иқтисодӣ, молиявӣ, қонунгузорӣ ё меъёрӣ:

а)       пас аз бастани Созишнома ба вуҷуд меоянд;

б)       берун аз доираи назорати шарики хусусӣ қарор доранд;

в) чунин хислате доранд, ки шарики хусусӣ натавонистааст онҳоро ҳангоми бастани Созишнома бо мулоҳиза тахмин кунад ё ба инобат гирад ё ин ки оқибати онҳоро пешгирӣ ё рафъ намояд.

2. Созишнома расмиётро барои таҷдиди назар намудани шартҳои Созишнома баъди фаро расидани ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, муқаррар менамояд.

Моддаи 39. Назорат ва идораи лоиҳаи шарики

  1. Ташкилоти фармоишгар ҳуқуқ дорад ҳангоми фаро расидани ҳолатҳои пешбининамудаи Созишнома назорат ва идораи кори лоиҳаи шарикиро бо мақсади таъмин намудани хизматрасонии самаранок ва муттасил ё сари вақт ба анҷом расонидани лоиҳаҳои шарикӣ дар сурати аз ҷониби шарики хусусӣ иҷро нагардидани қисми зиёди уҳдадориҳои моддии худ ва қодир набудани шарики хусусӣ ба бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлати зиёд баъд аз ташкилоти фармоишгар гирифтани огоҳинома (на бештар аз шаш моҳ) ба уҳда гирад.
  2. Агар ташкилоти фармоишгар карори ба уҳда гирифтани назорат ва идораи лоиҳаи шарикиро мутобики қисми 1 моддаи мазкур қабул намояд, ташкилоти фармоишгар мутобиқи шартҳои Созишнома:

даромадеро, ки предмета гарави қонеъ гардонидани ҳама гуна уҳдадориҳо мебошад, ҷамъ меоварад ва пардохт менамояд;

лоиҳаи шарикиро рушд медиҳад ва истифода менамояд, пардохти ҳаққи хизматрасониро муқаррар менамояд ва ба қарордоди кунунии хизматрасонӣ мутобиқ кунад;

метавонад ҳангоми зарурат пешниҳодҳои лоиҳавиро барои сохтмон, хизматрасонии техникӣ ё истифодабарии лоиҳаи шарикӣ пешбинӣ намояд.

Моддаи 40. Иваз намудани шарики хусусӣ

Дар сурати иҷро нагардидани уҳдадориҳои моддӣ аз ҷониби шарики хусусӣ ё дигар ҳолате, ки ба таври дигар метавонад қатъи Созишномаро асоснок созад, ташкилоти фармоишгар метавонад ба талаботи ҳар муассисае, ки маблағгузории лоиҳаи шарикиро таъмин менамояд, розӣ шавад. Вале шарики хусусӣ шарики хусусиро бо дигар шахсе иваз мекунад, ки барои иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Созишномаи мавҷуда таъин гардидааст.

  1. Ташкилоти фармоишгар метавонад ба он мусоидат намояд, ки шарики хусусӣ қарздории дебиторӣ ва дороиҳои лоиҳаи шарикиро ба фоидаи қарздиҳанда бо шартҳое, ки ташкилоти фармоишгар метавонад бо мақсади таъмини татбиқи бомуваффақият, баанҷомрасонии корҳо, назорат ва идоракунии лоиҳаи шарикӣ муайян намояд, таъмин кунад.

Моддаи 41. Муҳлати амал ва тамдиди муҳлати амали Созишнома

Муҳлати амали Созишнома дар Созишнома муайян карда мешавад. Ташкилоти фармоишгар метавонад ба тамдиди муҳлати амали Созишнома ба истиснои ҳолатҳое, ки натиҷаи яке аз ҳолатҳои зерин мебошанд, розӣ нашавад:

-   мавқуф гузоштан, ба анҷом расондан ё боздошта шудани истифодаи лоиҳаи шарикӣ дар натиҷаи ҳолатҳое, ки берун аз доираи назорати бомулоҳизаи тарафҳо қарор доранд;

-  боздоштани лоиҳаи шарикӣ дар натиҷаи амалҳои ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ;

- зиёд шудани хароҷоти вобаста ба талаботи ташкилоти фармоишгар, ки дар ибтидо дар Созишнома пешбинӣ нашудааст, агар бахши хусусӣ чунин хароҷотро бе тамдиди муҳлат баргардонида натавонад;

- дар мувофиқа бо шарики хусусӣ, бо сабаби вобаста ба манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои маҳфуздорандаи ташкилоти фармоишгар асоснок карда шудаанд.

Моддаи 42. Бекор кардани Созишнома

  1. Ташкилоти фармоишгар метавонад Созишномаро дар ҳолатҳои зерин бекор кунад:

агар интизор шудани он ки шарики хусусӣ уҳдадориҳояшро бинобар қодир набудан, иҷро накардани уҳдадориҳои моддӣ ё бо сабабҳои дигар иҷро карда наметавонад ё ба мақсад мувофиқ набошад;

сабабҳои рафънопазири манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ, ба ҷуброн кардани зиёни шарики хусусӣ, тавре ки ин дар Созишнома пешбинӣ гардидааст.

  1. Шарики хусусӣ метавонад Созишномаро дар ҳолатҳои зерин бекор кунад, агар:

ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ уҳдадориҳои моддиашро дар доираи Созишнома иҷро накунад;

шартҳои таҷдиди назар кардани Созишнома мутобиқи моддаи 40 Қонуни мазкур риоя гардида, вале тарафҳо вобаста ба

ба таҷдиди назари Созишнома ба мувофиқа нарасида  бошад;

хароҷоти иҷрои Созишнома аз ҷониби шарики хусусӣ ба таври назаррас зиёд шуда бошад ё арзише, ки шарики хусусӣ аз чунин иҷрои Созишнома ба даст меорад, дар натиҷаи амал ё беамалии ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ хеле кам шуда бошад, инчунин агар тарафҳо натавониста бошанд дар мавриди таҷдиди назар намудани Созишнома ба мувофиқа расанд.

3. Ҳар яке аз тарафҳо ҳуқуқ дорад Созишномаро бо розигии ҳамдигар ё агар иҷрои уҳдадориҳои он бинобар ҳолатҳое, ки берун аз доираи механизми оқилонаи тарафҳо қарор дошта бошанд, бекор кунад.

Моддаи 43. Ҷуброн ҳангоми бекор шудаии Созишнома

Дар Созишнома тартиби ҷуброни зиёни тарафҳо қайд карда мешавад, ки он дар ҳолати бекор кардани Созишнома ҳисоб карда мешавад ва дар мавриди зарурӣ ҷуброни воқеии арзиши корҳои дар доираи Созишнома иҷрошуда, хароҷот ё талафоти анҷомдодаи тарафҳо, аз ҷумла фоидаи аз дастдода пешбинӣ карда мешавад.

Моддаи 44. Идораи Созишнома

Ташкилоти фармоишгар барои аз ҷониби шарики хусусӣ- ба таври зарурӣ таъмин намудан, амалӣ кардан, идора, иҷро, мониторинг, инчунин пешниҳод намудани хисоботҳо оид ба Созишнома масъул аст.

Моддаи 45. Баанҷомрасонии лоиҳа ва тадбирҳо дар давраи гузариш

Созишнома дар ҳолати зарурӣ инҳоро пешбинӣ менамояд:

механизм ва расмиёти таҳвили дороии ташкилоти фармоишгар дар ҳолати барҳамдиҳӣ;

ҷуброне, ки шарики хусусӣ метавонад нисбат ба молу мулки ба ташкилоти фармоишгар ё бахши хусусии нав супурдашуда ё ба молу мулки харидоринамудаи ташкилоти фармоишгар, ҳуқуқ дошта бошад;

таҳвили технологияе, ки барои фаъолияти лоиҳаи шарикӣ

зарур аст;

ба ҳайати кормандони ташкилоти фармоишгар ё вориси шарики хусусӣ омузонидани масъалаҳои истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии лоиҳаҳои шарикӣ;

аз ҷониби шарикони хусусӣ таъмин намудани хизматрасониҳо ва захираҳои иловагӣ, аз ҷумла таҳвили қисмҳои эхтиётӣ, дар мавриди зарурат, дар муҳлати қобили қабул баъди супоридани лоиҳаи шарикӣ ба ташкилоти фармоишгар ё вориси шарики хусусӣ.

БОБИ 5. МУҚАРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 46. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба лоиҳаи шарикӣ

1. Иштирокчии тендер дар ҳама ҳолатҳои зиён дидан барои баррасии масъала, пеш аз он ки аз расмиёти ҳалли баҳсҳои муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи мазкурро истифода намояд, тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ ба Шӯро муроҷиат мекунад.

  1. Ҳамаи баҳсҳо байни ташкилоти фармоишгар ва шарики хусусӣ бо риояи талаботи қисми 1 моддаи мазкур бо механизмҳои танзими баҳсҳо, ки тарафҳо дар Созишнома мувофиқа намудаанд, ҳал карда мешаванд.
  2. Агар шарики хусусӣ ба аҳолӣ хизмати худро пешниҳод намояд, ташкилоти фармоишгар метавонад аз шарики хусусӣ таъсис додани механизмҳои самарабахши баррасии арзу шикояти мизоҷон ё истифодабарандагони лоиҳаи шарикиро талаб намояд.

Моддаи 47. Ҳуқуқи Шӯро оид ба муқаррар намудани қоидаҳо

  1. Шӯро метавонад барои татбиқи мақсадҳои Қонуни мазкур қоидаҳоро бо роҳи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намояд.
  2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур қабул карда мешаванд, масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:

муайян кардани меъёрҳои ниҳоӣ, ки бо раванди тендер алоқаманд мебошанд;

ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба гузаронидани тендер ва музокироти мустақим;

муайян кардани механизмҳои танзими баҳсҳо мутобиқи Қонуни мазкур;

ҷорӣ намудан, таҷдиди назар кардан ва ситонидани пардохти ҳаққи хизматрасонӣ.

  1. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад бе розигии хаттии Шӯро ё аз номи Шӯро мазмуни ягон ҳуҷҷат, мукотибот ё ягон иттилоотеро, ки ба шахси бегона дахл дорад ё дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои хизматӣ мутобиқи Қонуни мазкур ба ин шахе маълум гардидааст, ба ғайр аз иттилооте, ки дар рафти иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби ин шахе, (шахсон) аз он воқиф шудааст, ба шахсони бегона ошкор намояд.

Моддаи 48. Беэътибор донистани Созишнома

Созишнома беэътибор дониста мешавад, агар ташкилоти фармоишгар:

бе розигии Шӯро ва мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар бобҳои 2 ва 3 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, бо шарики хусусӣ ба Созишнома ҳамроҳ шавад;

бар хилофи дастурҳои Шӯро, ки мутобики сархати дуюми моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бо шарики хусусӣ ба Созишнома ҳамроҳ шавад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур Созишнома аз ҷониби Шӯро беэътибор дониста мешавад ва нисбат ба ташкилоти фармоишгар ва ҳам нисбат ба шарики хусусӣ эътибори қонунӣ надорад.

Моддаи 49. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Моддаи 50. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз се моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

Ш. Душанбе

28.декабри соли 2012.

№907

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 15:39
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
915
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.12.2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА

Қонуни мазкур муносибатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, новобаста ба шаклҳои моликияташон, барои  нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сифати ҳавои атмосфера ва таъмини амнияти экологӣ танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

         Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

  - ҳавои атмосфера - қабати газҳое, ки заминро иҳота карда, асосан аз нитроген, оксиген, омехтаи газҳои инертӣ, дуоксиди карбон, озон ва дигар газҳо иборат мебошад;

  - қабати озонӣ - қабати атмосфера, ки байни баландиҳои 7-8 километр дар қутбҳои замин, дар экватор 17-18 километр ва дар рӯи сайёра бо зичии зиёд дар баландиҳои 20-22 километр аз сатҳи замин воқеъ гардида, шуои ултрабунафши барои мавҷудоти зинда ҳалокатовари кайҳониро аз худ намегузаронад;

    - партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера - ворид шудани  моддаҳои ифлоскунанда аз манбаъҳои партовҳо ба ҳавои атмосфера;

  - дастгоҳи газтозакунӣ - иншоот ва (ё) таҷҳизот барои тоза намудани газҳо бо усулҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигар усулҳои нобудсозӣ ва безараргардонии моддаҳои ифлоскунанда; 

  - ифлосшавии ҳавои атмосфера - ворид шудан ба ҳавои атмосфера, мавҷуд будан ва ё пайдо шудани моддаҳои ифлоскунандаи муҳити зист, ки дар натиҷаи таъсири зараровари он хосият, мавқеъ ё миқдорашон боиси тағйироти манфии сифати  ҳавои атмосфера, аз он ҷумла боиси баландшавии меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера мегардад;

 - моддаи ифлоскунанда - моддаи кимиёвӣ ё биологӣ ва ё омехтаи чунин моддаҳо, ки ба ҳавои атмосфера ворид шуда, ба саломатии инсон ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад;

  - манбаъҳои партов - таҷҳизоти технологӣ ва дигар таҷҳизот, равандҳои технологӣ, мошину механизмҳо, ки моддаҳои ифлоскунандаро  ба ҳавои атмосфера партов мекунанд; 

  - сифати ҳавои атмосфера - вазъи ҳавои атмосфера, ки ба он нишондиҳандаҳои кимиёвӣ, биологӣ ва дигар нишондиҳандаҳо ё маҷмӯи онҳо хос аст;

  - манбаъҳои сайёри партов - воситаҳои нақлиёт ва мошинҳои худгарди муҳаррикдор, ки аз истифодаи онҳо ҳавои атмосфера бо партови моддаҳои зараровар ифлос  мегардад;

  - мониторинги ҳавои атмосфера - системаи мушоҳидаи вазъи ҳавои атмосфера, ифлосшавии он ва зуҳуроти табиии дар он бавуҷудоянда, инчунин арзёбӣ ва пешгӯии вазъи ҳавои атмосфера ва ифлосшавии он;

  - беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ - равандҳои технологӣ, усулҳо, тартиби ташкили истеҳсоли маҳсулот ва энергия, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии иншооту таҷҳизот, ки камшавӣ ва (ё) пешгирии ворид шудани моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера дар муқоиса ба онҳое, ки истифода мешаванд ва барои таъмини меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера бо шарти аз лиҳози иқтисодӣ мақсаднок ва аз ҷиҳати техникӣ имконпазир будани истифодаи онҳо самаранокии зиёдтар доранд,  таъмин менамоянд;

  - шароити номусоиди метеорологӣ - шароити метеорологии қабати атмосфераи болои манбаъҳои партовҳо, ки ба бештар ифлос шудани ҳавои атмосфера мусоидат мекунанд;

   - меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера - меъёрҳои мақбули ворид шудани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки ҳангоми риоя гардиданашон  меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера таъмин мешаванд;

   - меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера - меъёрҳои ҷоизи ғилзати моддаҳои кимиёвӣ, омехтаи онҳо, микроорганизмҳои ҳавои атмосфера, ки ҳангоми риоя шуданашон барои  муҳити зист ва саломатии инсон таъсири номатлуб ва  оқибати бад надоранд;

  - меъёри ҳадди ҷоизи таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера - меъёре, ки барои ҳар як манбаи таъсири физикӣ (садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ) ва дигар таъсирҳои физикӣ ба ҳавои атмосфера ҳангоми таъсири зараровари физикӣ аз ин ё он манбаъ ва ҳамаи дигар манбаъҳо боиси зиёд шудани ҳадди ҷоизи дараҷаи таъсири физикӣ намегардад, муқаррар карда  мешавад; 

   - ҳифзи ҳавои атмосфера -  фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сифати ҳавои атмосфера ба воситаи коҳиши ифлосшавии ҳавои атмосфера ва (ё) пешгирии он равона гардидааст;

  - манбаъҳои доимии партов - манбаъҳои партове, ки аз раванди технологӣ бармеоянд ва ҷойивазкуниашон бе зарари азими вобаста ба таъиноташон ғайриимкон аст;

- меъёри технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера - ҳаҷми ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки барои ҳисоб ба воҳиди ашёи хом, иқтидори истеҳсолӣ, маҳсулоти истеҳсолшаванда, энергияи ҳосилшаванда, ҳаҷми кору хизматрасонии  иҷрошаванда  муқаррар карда мешавад;

  - ифлосшавии сарҳадгузари ҳавои атмосфера - ифлосшавии ҳавои атмосфераи ҳудуди як давлат аз манбаъҳои ифлоскунандае, ки дар ҳудуди давлати дигар ҷойгир шудааст;

  - таснифи экологии воситаҳои нақлиёти механикӣ - рамзи тахассусие, ки вобаста ба таркиби миқдорӣ ва сифатии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ба воситаи нақлиёти механикӣ  хос аст.

       Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера

  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

     Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур

    1. Мақсади Қонуни мазкур танзими фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии фаъолияташон бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд буда, бо роҳи коҳиш додан ва (ё) пешгирӣ намудани ифлосшавии ҳавои атмосфера  мебошад.  

    2. Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:

- нигоҳдорӣ, беҳтарсозӣ ва барқарорсозии ҳолати ҳавои атмосфера;

- пешгирӣ ва паст кардани дараҷаи таъсири манфии кимиёвӣ, физикӣ, биологӣ ва дигар таъсиррасонӣ ба ҳавои атмосфера;

- истифодаи оқилонаи ҳавои атмосфера;

- пурзӯр намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;

- таъмини амнияти экологӣ.

     Моддаи 4. Принсипҳои асосии ҳифзи ҳавои атмосфера

    1. Ҳавои атмосфера мувофиқи принсипҳои асосии зерин ҳифз карда мешавад:

- танзим ва идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;

- ҳадди ҷоизи таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба ҳавои атмосфера бо назардошти талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;

- пулакӣ будани партови моддаҳои ифлоскунанда  ба  ҳавои атмосфера ҳангоми фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо;

- бамеъёрдарорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;

- пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера ва зараррасонии он ба муҳити зист;

- муносибати илман асоснок, системавӣ ва маҷмӯӣ ба ҳифзи ҳавои атмосфера;

- дастрасии иттилооти экологӣ оид ба вазъи ҳавои атмосфера, таъсир ба он ва тадбирҳои ҳифзи он; 

-масъулияти риоя нашудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ва ҷуброни зарари ифлосшавии ҳавои атмосфера дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо. 

  2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад принсипҳои дигари ҳифзи ҳавои атмосфераро муқаррар намояд.

     Моддаи 5. Объектҳо ва субъектҳои муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера

    1. Объектҳои муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера иборатанд аз:

- партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;

- манбаъҳои доимии партов;

- манбаъҳои сайёри партов;

- манбаъҳои таъсири зараровари физикӣ;

- меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера;

- меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;

- меъёрҳои ҳадди ҷоизи таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера.

   2. Субъектҳои муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера иборатанд аз:

- мақомоти давлатӣ (шахсони мансабдор), ки танзим ва идораи давлатии соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфераро ба зимма доранд; 

- шахсоне, ки аз воситаҳои нақлиёти механикӣ истифода мебаранд;

- шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ки бо фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар фаъолияти  бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд машғуланд (минбаъд - субъектҳои хоҷагидори фаъолияташон бо партовҳои моддаҳои  ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд).

 

   Моддаи 6. Таснифи манбаъҳои  партов  ва  моддаҳои ифлоскунанда

   1. Манбаъҳои партов аз манбаъҳои доимӣ ва сайёр иборатанд.

   2. Манбаъҳои доимии партов ба манбаъҳои доимии муташаккили партов ва манбаъҳои доимии номуташаккили партов тақсим мешаванд.

  3. Ба манбаъҳои доимии муташаккили партов манбаъҳои партове мансубанд, ки бо дастгоҳҳои кам кардан ё безарар гардонидани  моддаҳои ифлоскунандаи ба ҳавои атмосфера воридшаванда муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

 4. Ба манбаъҳои доимии номуташаккили партов манбаъҳои партове мансубанд, ки бо дастгоҳҳои кам кардан ё безарар гардонидани  моддаҳои ифлоскунандаи ба ҳавои атмосфера воридшаванда муҷаҳҳаз гардонида  нашудаанд.

 5. Манбаъҳои сайёри партовҳо иборатанд аз:

- воситаҳои нақлиёти механикӣ (ба истиснои онҳое, ки тавассути муҳаррикони барқӣ ба ҳаракат дароварда мешаванд);

- воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои онҳое, ки тавассути муҳаррикони барқӣ ба ҳаракат дароварда мешаванд);

- ҳавопаймоҳо;

- нақлиёти обӣ;

- мошинҳои худгард.

  6. Воситаҳои нақлиёти механикӣ ба дараҷаҳои экологӣ ва моддаҳои ифлоскунанда ба дараҷаҳои хатарнок ҷудо мешаванд.

 7. Таснифи экологии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва дараҷаҳои хатарнокии моддаҳои ифлоскунанда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА

        Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера инҳо мансубанд:

- таҳия ва татбиқи барномаҳои экологии давлатӣ ва байнидавлатӣ, барномаҳои маҷмӯии байнисоҳавӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;

- тасдиқи банақшагирии тадбирҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи  ҳифзи ҳавои атмосфера, барномаҳои ҷумҳуриявии маҷмӯии соҳавӣ, маблағгузорӣ ва таъмини моддию техникии онҳо;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- муқаррар намудани меъёрҳои ҳадди ҷоизи ғилзати моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера ва дараҷаи таъсири зараровари физикӣ ва дигар таъсирҳо ба онҳо, тартиби ситонидани пардохт аз партовҳои моддаҳои зараровар ва дигар таъсири зарарнок ба муҳити  зист;
- муқаррар намудани тартиби ягонаи баҳисобгирии давлатии таъсиррасонии манфӣ ба ҳавои атмосфера, мониторинги вазъи ҳавои атмосфера, ташкили махзани маълумоти ҷумҳуриявӣ ва системаи ягонаи иттилоот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- ҳавасмандгардонии таҳқиқоти илмӣ, аз он ҷумла татбиқ ва истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва захираҳо, беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ;
- дигар масъалаҳои танзими муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера.

       Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

      Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
     1. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳо  оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера иборатанд аз:
- муайян кардани самтҳои асосии ҳифзи ҳавои атмосфера ва тасдиқи барномаҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера аз таъсири зараровар ба ҳудудҳои зертобеъашон;
- баҳисобгирии объектҳое, ки ба вазъи ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд;
- банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва таъмини моддию техникии иҷрои барномаҳо оид ба ҳифзи ҳавои  атмосфера;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеъияташон, инчунин хадамоти экологии соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- баррасии дигар  масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера дар доираи салоҳияташон.
2. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера, инчунин иҷрои ӯҳдадориҳои шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, таъмин менамоянд.

 

БОБИ 3. МЕХАНИЗМИ ИҚТИСОДИИ 
                                                                         ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА

       Моддаи 10. Банақшагирӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
     1. Бо мақсади ҳифз ва барқарорсозии сифати ҳавои атмосфера ва таъмини амнияти экологӣ барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера таҳия карда мешаванд.
   2. Барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера бояд чунин маълумотро дошта бошанд:
- номгӯи чорабиниҳое, ки ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сифати ҳавои атмосфера равона шудаанд;
- рӯйхати иҷрокунандагони масъул, ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои дар барнома пешбинишуда;
-нишондиҳандаҳо оид ба кам шудани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, мӯҳлати ноил шудан ба онҳо ва дигар натиҷаҳои чашмдошти  иҷрои барномаҳо.
3. Лоиҳаи барномаҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера метавонанд ба муҳокимаи шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади баҳисобгирии таклифҳои онҳо ҳангоми лоиҳакашӣ ва амалигардонии тадбирҳои беҳтар кардани сифати ҳавои атмосфера пешниҳод гарданд.
4. Маблағгузории барномаҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера тибқи   қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

          Моддаи 11. Пардохт  барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера
         1. Барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон, ки манбаъҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера доранд, пардохт ситонида мешавад.
    2. Пардохтҳо барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз инҳо иборатанд:
- пардохт барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар ҳудуди меъёрҳои муқарраргардидаи ҳадди ҷоиз ё партовҳои муваққатан мувофиқашуда;
- пардохт барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда;
- пардохт барои партовҳои садамавӣ ба ҳавои атмосфера.
    3. Андозаи пардохти партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, тартиби муайянкунӣ ва ситонидани он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дараҷаи хатарнокии моддаҳои ифлоскунанда барои саломатии инсон ва муҳити зист муқаррар карда мешавад.

       Моддаи 12. Ҳавасмандгардонии иқтисодӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
      1. Ҳавасмандгардонии иқтисодӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера барои таъмини мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- сохтмон ё таҷдиди дастгоҳҳои газтозакунӣ;
- созмони системаҳои автоматикунонидашудаи назорат ба партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера, аз ҷумла татбиқ ва истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва (ё) технологияҳои сарфакунандаи захира, беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ;
- истифодаи энергияи офтоб, шамол, гармии замин, ҳаракати табиии ҷараёни об, сӯзишворӣ аз чӯб ва дигар намудҳои биомасса, гази биологӣ ва манбаъҳои дигари энергия, ки ба ҳавои атмосфера таъсири кам доранд;
- татбиқи дигар тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера.
    2. Тартиб ва шартҳои ҷорӣ кардани ҳавасмандгардонии иқтисодӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 4. БАМЕЪЁРДАРОРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
           Моддаи 13. Меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
    1. Меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера иборатанд аз:
- меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера;
- меъёрҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- меъёрҳои таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера.
   2. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар намудҳои меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфераро  муқаррар намояд.

       Моддаи 14. Меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера
      1. Бамеъёрдарории сифати ҳавои атмосфера бо мақсади муқаррар намудани меъёри ҳадди ҷоизи таъсир ба ҳавои атмосфера, ки бехатарии экологии аҳолӣ ва муҳити зисти табииро дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият таъмин мекунад, амалӣ карда мешавад.
   2. Меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера  иборатанд аз:
- меъёрҳои ҳадди ҷоизи ғилзати моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера ва дараҷаҳои тахминии бехатари таъсири моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфераи маҳалҳои аҳолинишин ва истироҳатгоҳҳои умумии аҳолӣ;
- меъёрҳои ғилзати бехатари экологии моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфераи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, инчунин ҳудудҳои табиие, ки ба ҳифзи махсус  зарурат доранд.
   3. Меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологии аҳолӣ муқаррар карда мешаванд, ба шарте ки қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

     Моддаи 15. Меъёрҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера
    1. Меъёрҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера инҳоянд:
- меъёрҳои технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- меъёрҳои моддаҳои ифлоскунанда дар таркиби газҳои коркардшудаи манбаъҳои сайёри  партовҳо.
    2. Ба меъёрҳои технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера  инҳо дохиланд:
- меъёрҳои технологии соҳавии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- меъёрҳои технологии инфиродии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера.
 3 . Меъёрҳои технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера барои манбаъҳои партовҳо аз рӯи беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ ва ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд,  муқаррар карда мешаванд.
4. Меъёрҳои технологии соҳавии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
     5. Меъёрҳои технологии инфиродии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз ҷониби субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
   6. Меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера барои манбаъҳои доимии партов аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист дар иҷозат барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки ба субъекти хоҷагидори фаъолияташ бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд дода шудааст, муқаррар карда мешаванд. 
   7. Дар ҳолати меъёрҳои ҷоизи партовро риоя накардани субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияташон бо  партовҳои моддаҳои ифлоскунанда бо ҳавои атмосфера алоқаманд аст, мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист метавонад барои чунин субъектҳо меъёрҳои муваққатии партови моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера муқаррар намояд.
   8. Меъёрҳои моддаҳои ифлоскунанда дар таркиби газҳои коркардшудаи манбаъҳои сайёри  партов дар санадҳои меъёрии техникӣ муқаррар карда мешаванд.

       Моддаи 16. Меъёрҳои таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера
    1. Бо мақсади танзими давлатии таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера меъёрҳои ҳадди ҷоизи таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера муқаррар карда мешаванд.
    2. Меъёрҳои ҳадди ҷоизи таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

 

БОБИ 5. ТАЛАБОТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ
                                                                            ҲАВОИ АТМОСФЕРА

       Моддаи 17. Ӯҳдадориҳои шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидори фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд
   1. Шахсоне, ки аз воситаҳои нақлиёти механикӣ истифода мебаранд, ӯҳдадоранд меъёрҳои моддаҳои ифлоскунандаро дар таркиби газҳои коркардшудаи манбаъҳои сайёри партовҳо риоя намоянд.
   2. Субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо  партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, ӯҳдадоранд ки:  
- тадбирҳоеро таҳия ва амалӣ созанд, ки ифлосшавии ҳавои атмосфераро  пешгирӣ намоянд;
- дар сурати имконнопазир будани таъмини риояи меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ва (ё) меъёрҳои технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера бо назардошти истифодаи беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ манбаъҳои партови доимии номуташаккилро бо дастгоҳҳои газтозакунӣ муҷаҳҳаз гардонанд;
- ба зиёдшавии меъёрҳои муқарраргардидаи соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера роҳ надиҳанд, дар ҳолати зиёдшавии ин меъёрҳо барои рафъи сабабу оқибати партовҳои аз меъёр зиёди моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера тадбирҳо андешанд ва дар сурати ҷой доштани чунин далелҳо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зистро фавран огоҳ намоянд; 
- ҳангоми имконнопазир будани риояи меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера истифодаи манбаъҳои партовро то рафъи камбудиҳои ошкоршуда боздоранд ё пурра қатъ намоянд;
- оид ба кам кардани партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар давраи шароити номусоиди метеорологӣ ва таъмини иҷрои онҳо чораҳо андешанд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти экологӣ пешниҳод намоянд;
- таълим (омӯзиш), дастурдиҳӣ, санҷиши дониш, такмили ихтисоси кормандонеро, ки ба ҳифзи ҳавои атмосфера  машғуланд, таъмин намоянд;
- ӯҳдадориҳои дигари дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро  иҷро намоянд.

        Моддаи 18. Талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгиронӣ, сохтмон ва таҷдиди объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият
     1. Лоиҳаи объекти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд  бо назардошти талаботи зерин тарҳсозӣ карда мешавад:
- иттилоот оид ба беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби аз тарафи он муқарраргардида пешниҳод карда мешавад;
- меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- маълумот дар бораи ғилзати заминаи моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера;
- нишондиҳандаҳо оид ба камкунии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки дар барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллии соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера  пешбинӣ шудаанд.
   2. Лоиҳакашӣ, ҷойгиронӣ ва сохтмони объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки истифодаашон  метавонад ба тағйирёбии иқлим ва қабати озон таъсири номусоид расонад, саломатии инсонро бад кунад, ҳаёти инсон ва муҳити зистро зери хатар гузорад, манъ карда мешаванд.
  3. Дар атрофи объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд мебошанд, минтақаи санитарию муҳофизатӣ муқаррар карда мешавад. Андоза ва ҳудуди чунин минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ дар асоси ҳисоби паҳншавии моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера бо назардошти ғилзати заминаи моддаҳои ифлоскунандаи  ҳавои атмосфера ва оне, ки берун аз ҳудуди ин минтақаҳо  миқдори моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера аз меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера зиёд нестанд, муайян карда мешаванд.
   4. Ба истифода додани объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера, аз он ҷумла талаботи санадҳои меъёрии техникии риояашон ҳатмӣ ҷавобгӯ нест, манъ мебошад.

       Моддаи 19. Талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои доимии партов 
   1. Манбаъҳои муташаккили доимии партов:
- бо нуқтаҳои намунагирӣ ва гузаронидани санҷиши партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера  мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии техникии риояашон ҳатмӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон таҷҳизонида мешаванд;
- бо системаҳои автоматикунонидашудаи назорати партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии техникии риояашон ҳатмӣ таҷҳизонида мешаванд.
    2. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои доимии партов фақат ҳангоми доштани иҷозат барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки мувофиқи  меъёрҳои ҷоизи партови  моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ва шартҳои дар чунин иҷозат муқарраргардида,  имконпазир  мебошад.

        Моддаи 20. Талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои сайёри партов
     1. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои сайёри партов бояд дар ҳолатҳои зайл зери санҷиши субъектҳои хоҷагидоре қарор гиранд, ки истеҳсол, истифода, хизматрасонии техникӣ ва таъмири манбаъҳои сайёри партовро бо истифодаи усулҳои инструменталӣ доир ба мувофиқати мавҷудияти воқеъияти моддаҳои ифлоскунанда ба меъёрҳои мавҷудияти моддаҳои ифлоскунандаи таркиби газҳои манбаъҳои сайёри партов ба ӯҳда доранд:
- ҳангоми истеҳсоли манбаъҳои сайёри партовҳо;
- ҳангоми додани иҷозат ба воситаҳои механикии нақлиёт барои ҳаракат дар роҳҳо;
- баъди хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҷузъҳо ва агрегатҳои манбаъҳои сайёри партове, ки ба  партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд.
     2. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои сайёри партов аз меъёрҳои моддаҳои ифлоскунандаи таркиби газҳои коркардшудаи манбаъҳои сайёри партовҳо, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист муқаррар карда шудааст, набояд зиёд бошанд.
    3. Истифодаи манбаъҳои сайёри партове, ки моддаҳои ифлоскунандаи таркиби газҳои коркардшудаи онҳо аз меъёрҳои манбаъҳои сайёри партов зиёданд, иҷозат дода намешавад.

         Моддаи 21. Талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми сӯзондани сӯзишворӣ, моддаҳо, омехтаи моддаҳо, маводу партовҳо
     1. Сӯзонидани сӯзишворӣ, моддаҳои карбогидратдор, омехтаи моддаҳо, маводу партовҳо  (минбаъд дар ҳамин модда - моддаҳои ҳамчун сӯзишворӣ истифодашаванда) дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад:
- мутобиқати сӯзишворӣ, моддаҳои ҳамчун сӯзишворӣ истифодашаванда ба санадҳои меъёрию техникии риояашон ҳатмӣ;
- мутобиқати таҷҳизоти технологӣ ва дигар таҷҳизоте, ки барои сӯзонидани намуди муайяни сӯзишворӣ, моддаҳои ҳамчун сӯзишворӣ истифодашаванда таъингардида ба талаботи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера, дар бораи ҳифзи муҳити зист, аз он ҷумла дар бораи муносибат бо партовҳо.
     2. Сӯзонидани сӯзишворӣ ва моддаҳои ҳамчун сӯзишворӣ истифодашаванда дар ҷойҳо ва (ё) дастгоҳҳои барои сӯзонидани сӯзишворӣ пешбининашуда манъ аст.
      3. Сӯзонидани моддаҳо ва омехтаи моддаҳо, маводу партове, ки  сӯзишворӣ ба ҳисоб намераванд манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки мавод бо истифодаи дастгоҳҳои махсус ва риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист, аз он ҷумла дар бораи муносибат бо партовҳо сӯзонида мешавад.

Моддаи 22. Талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми пеш омадани шароити номусоиди метеорологӣ
    1. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар ҳолате танзим карда мешавад, ки шароити номусоиди метеорологӣ пеш ояд ва тибқи маълумоти нуқтаҳои мушоҳидавии мониторинги ҳавои атмосфера ғилзати баландтарини моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера аз меъёри сифати ҳавои атмосфера  зиёд бошад.
    2. Тадбирҳо оид ба кам кардани партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар давраи шароити номусоиди метеорологӣ дар шартҳои иҷозатномаи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера  дохил мешаванд.
   3. Ҳангоми тағйирёбии вазъи ҳавои атмосфера, ки сабаби рӯй доданаш партови садамавии  моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера мебошад ва хатари он ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдид менамояд, оид ба ҳифзи аҳолӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.

          Моддаи 23. Талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми  таъсири зараровари физикӣ ба атмосфера 
        1. Ҳама гуна таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера дар сурати риоя кардани меъёрҳои ҳадди ҷоиз дар мавриде, ки барои он мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат дода бошанд,  ҳамчунин дар сурати риоя кардани дигар талаботи пешбининамудаи ин иҷозатнома раво мебошад.
      2. Ҳангоми риоя накардани талаботи мазкур фаъолияти дахлдори корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳо, консернҳо, ширкату ассотсиатсияҳо,  иттиҳодияву кооперативҳо, корхонаҳои хурд, cехҳо ва дастгоҳҳои дигар ташкилотҳоро бо қарори мақоме, ки  назорати давлатии ҳифзи ҳавои атмосфераро ба зимма дорад, то вақти бартараф кардани сабабу шароити ин қонуншиканӣ боздоштан, маҳдуд ё манъ кардан мумкин аст.
      3. Барои  мубориза бо садоҳои истеҳсолот ва дигар садоҳо бояд корҳои зайл ба анҷом расонида шаванд:
- равандҳои технологии пастсадо татбиқ карда шаванд;
- конструкcияи воситаҳои нақлиёт ва истифодаи онҳо, инчунин нигоҳубини  роҳҳои оҳан ва автомобилгард, кӯчаҳо, ҷойгиронии  фурудгоҳҳо, иншооту таҷҳизоти саноатӣ ва дигар иншооту таҷҳизоте, ки манбаи садо мебошанд, беҳтар карда, аз маҳалҳои аҳолинишин ва ноҳияҳои сераҳолӣ дар масофаи зарурӣ ҷойгир карда шаванд;
- банақшагирӣ ва сохтмони шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин беҳтар карда шаванд;
- оид ба пешгирӣ ва кам кардани садоҳои маишӣ тадбирҳои ташкилӣ андешида шаванд;
        4. Шаҳрвандон вазифадоранд, ки талаботи мубориза бурдан бо садоҳои маишӣ дар манзили  истиқоматӣ, дар кӯчаҳо, ҷойҳои истироҳат ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ муқарраршударо риоя намоянд. 
      5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири зараровари садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ, афканишот ва дигар манбаъҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
        Моддаи 24. Ҳифзи иқлим ва қабати озони Замин
Ҳифзи иқлим ва қабати озони Замин аз таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият бо роҳҳои зайл таъмин карда мешаванд:
- риояи меъёрҳои ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунандае, ки ба тағйирёбии иқлим ва қабати озони Замин таъсир мерасонанд;
- кам кардани партови моддаҳои зарарноке, ки самараи гармӣ меоранд, танзими истеҳсол ва дар рӯзгор истифода бурдани моддаҳои химиявие, ки қабати озонро вайрон мекунанд;
- татбиқи чораҳои масъулият барои риоя накардани талаботи мазкур;                                                          
- иҷро кардани дигар тадбирҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоxикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист".

           Моддаи 25. Додани иҷозат барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера
     1. Ба партови моддаҳои зараровари ифлоскунандаи ҳавои атмосфера аз манбаъҳои доимии партов мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат медиҳад.
    2. Дар иҷозати партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ва шартҳои амалигардонии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера  муқаррар карда  мешаванд.
   3. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфераи аз меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера зиёд, ки дар иҷозати партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера муқаррар гардидааст ё риоя накардани шартҳои он манъ аст.

          Моддаи 26. Ифлосшавии  сарҳадгузари ҳавои атмосфера
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудааш дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера барои кам кардани партовҳое, ки боиси  ифлосшавии сарҳадгузари ҳавои атмосфера мегардад, тадбирҳо меандешад.

 

БОБИ 6. БАҲИСОБГИРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА. БАРӮЙХАТГИРИИ  (ИНВЕНТАРИЗАТСИЯИ) ПАРТОВИ МОДДАҲОИ ИФЛОСКУНАНДА БА ҲАВОИ АТМОСФЕРА.  МОНИТОРИНГИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
       Моддаи 27. Баҳисобгирӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
      1. Баҳисобгирӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера аз тарафи субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои ғайрисайёри партовҳо алоқаманданд, бо роҳи дар ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ бо далел инъикос намудани иттилооти экологӣ оид ба партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера,  ифлосшавии ҳавои атмосфера ва тадбирҳо барои ҳифзи он бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
      2. Баҳисобгирии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ба инҳо дахл доранд:
- субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера  алоқаманд аст;
- манбаъҳои доимии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера.
     3. Баҳисобгирии давлатиро мақоми ваколатдори давлатӣ    дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

      Моддаи 28. Барӯйхатгирии  (инвентаризатсияи) партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера
     1. Субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, ӯҳдадоранд партови моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера мавриди барӯйхатгирӣ  қарор диҳанд.
     2. Тартиби барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

          Моддаи 29. Мониторинги ҳавои атмосфера
      1. Мониторинги ҳавои атмосфера  қисми таркибии Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
    2. Мониторинги ҳавои атмосфера мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

        Моддаи 30. Ҳамкории  байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
 Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 7.  МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
           Моддаи 31. Назорат дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера

      1. Назорат дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера бо мақсади риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера, аз ҷумла, риояи ҳатмии санадҳои меъёрии техникӣ амалӣ карда  мешавад.
    2. Назорат дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера қисми таркибии назорати соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешавад.
  3. Назорати давлатии санитариро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ ваколатдор мебошанд, амалӣ менамоянд.

       Моддаи 32. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 33. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

      Моддаи 34. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи  ҳавои атмосфера"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод.53; с. 1997, № 23-24, мод. 333, фасли XXVI; с.  2007, №5, мод. 370; с. 2009, № 9-10, мод.550; с. 2010, №7, мод. 564) аз эътибор соқит дониста шавад.

     Моддаи 35. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012,

№ 915

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА ЛОИҲАҲОИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 15:45
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
925
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.12.2012

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ

САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА ЛОИҲАҲОИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1019;

Қонунҳои ҶТ аз 24.02.2017 с., №1393; аз 04.04.2019 с., № 1589)

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади дар онҳо ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва андешидани чораҳои бартараф намудани ин омилҳоро танзим менамояд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1589).

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи

                    зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои

                    меъёрии ҳуқуқӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)

 

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

  • экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - фаъолият оид ба ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ ваколатдор амалӣ гашта, аз натиҷаи он ҷиҳати баррасии ҳатмӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ (минбаъд - субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда) хулоса дода мешавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1589);
  • арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - фаъолияти мақомоти давлатии таҳиякунандаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот) оид ба ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1589);
  • экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - фаъолият оид ба ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ амалӣ гашта, аз натиҷаи он ҷиҳати баррасии ҳатмӣ ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда хулоса дода мешавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1589).

 

БОБИ 2. АСОСОҲОИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА ЛОИҲАҲОИ

САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

 

Моддаи 4. Принсинҳои гузаронидани экспертизаи зиддикорруп­сионии санадҳои меъёрии

                    ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

  -    асоснокӣ, холисӣ (беғаразӣ), айният ва имконпазирии санҷиши натиҷаҳои экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

  -    салоҳиятнокии шахсоне, ки экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мегузаронанд;

 -      мустақилият ва ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда вобаста набудани экспертҳо;

 -      ҳатмӣ будани гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

 -      ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот байни мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо) бо шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

-      ҳатмӣ будани баррасии хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадхои меъёрии ҳуқуқӣ;

-  шаффофият ва таъмини имконияти шинос шудан бо натиҷаи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

-   масъулияти субъектҳои барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдор барои сифати экспертизаи зиддикоррупсионӣ.

 

Моддаи 5. Омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия

1. Омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия - меъёр (меъёрҳо) дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба барномаҳои (стратегияҳои) давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мухолифат дошта, барои зуҳуроти коррупсия, аз ҷумла бархурди манфиатҳо, вайрон намудани одоби хизматӣ ва риоя накардани принсипи шаффофият шароит фароҳам оварда, ба мақомоти давлатии ҳуқуқтатбиқкунанда ва шахсони мансабдори онҳо берун аз қоидаҳои умумӣ ваколатҳои беасоси фармонфармой ва ихтиёрдорӣ дода, имконияти татбиқи беасоси истисноҳо аз қоидаҳои умумии муқарраршуда, ҳамчунин хавфи пайдоиши ҳолатҳоеро ба вуҷуд меорад, ки заминаи пешниҳод намудани талаботи номуайян, иҷрояш мушкил ва монеаҳои сохтаро барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ эҷод мекунад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393;  аз 04.04.2019 с., № 1589)

2. Омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки ба ҳуқуқтатбиқ­кунанда ваколатҳои беасос васеи фармонфармоӣ, ихтиёрдорӣ ё имконияти татбиқи беасоси истисноҳо аз қоидаҳои умумиро муқаррар менамоянд, инҳо мебошанд:

  • васеъ будани доираи ваколатҳои додашуда - мавҷуд набудан ё номуайянии муҳлатҳо, шартҳо ё асосҳои қабули қарор, такрор шудани ваколатҳо дар байни мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо);
  • муайян кардани салоҳият аз рўи қоидаи «ҳуқуқ доштан» - пешбинӣ намудани имконияти бо салоҳдиди мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо) содир намудани амалҳо нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
  • интихобан тағйир додани доираи ҳуқуқҳо - имконияти бо салоҳдиди мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо) беасос муқаррар намудани истисноҳо аз қоидаҳои умумӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
  • озодии аз ҳад зиёди меъёрэҷодкунии санадҳои зерқонунӣ - мавҷудияти меъёрҳои ҳаволакунанда ва умумӣ, ки заминаи аз худ кардани салоҳияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро (шахсони мансабдори онҳоро) ба вуҷуд меорад;
  • қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ берун аз доираи салоҳият - аз доираи салоҳияти худ баромадани мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо) дар мавриди қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • ихтилофҳои меъёрӣ - пурра ё қисман мухолиф будани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ барои озодона интихоб намудани санаде, ки дар ҳолати мушаххас бояд татбиқ карда шавад, имконият ба вуҷуд меорад;
  • мукаммалгардонии норасоиҳо дар қонунгузорӣ тавассути санадҳои зерқонунӣ бидуни ба таври қонунгузорӣ ваколатдор шудан - муқаррар намудани қоидаҳои умумиҳатмии рафтор дар санади зерқонунӣ дар мавриди набудани санади қонунгузорӣ;
  • мавҷуд набудан ё нопуррагии расмиёти маъмурӣ - мавҷуд набудани тартиби амалисозии ҳаракатҳои муайян ё ҷузъиёти онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо);
  • даст кашидан аз расмиёти баргузории озмунҳо (музоядаҳо) - муайян намудани тартиби маъмурии пешниҳоди ҳуқуқҳо ва (ё) неъматҳои моддию ғайримоддӣ;
  • мавҷудияти талаботи барзиёд нисбат ба шахсе, ки ҳуқуқҳои худро амалӣ мекунад - муқаррар намудани талаботи номуайян, иҷрояшон мушкил ва заҳматталаб барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
  • меъёрҳои имконияти суйистифода намудани ҳуқуқро аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахсони мансабдори онҳо бавуҷудоваранда - мавҷуд набудани тартиботи аниқи амалисозии ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
  • номуайянии ҳуқуқию лингвистӣ (забонӣ) - истифодаи гуруҳи истилоҳҳои беасоси хусусияти муайянкунидошта ва ибораҳои бисёрмаънӣ, ки бе тафсири мафҳумҳои мушаххас қобили қабул ва истифодабарӣ нестанд.

3. Дар мавридҳои мавҷуд будани асосҳои кофӣ, номгӯи омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия мумкин аст бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур тағйир дода шавад.

 

Моддаи 6. Намудҳои экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва

                    лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатӣ ва ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида мешавад.
  2. Экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷониби субъектҳои дар моддаи 8 Қонуни мазкур зикргардида ва экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби шаҳрвандон ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 7. Объектҳои экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

                    ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

1. Объектҳои экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инҳо мебошанд:

  • қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва лоиҳаҳои онҳо;
  • қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои онҳо;
  • фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои онҳо;
  • қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои онҳо;
  • санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо.

2. Дастурҳо, низомномаҳо, оинномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо, ки бо санадҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда тасдиқ мегарданд, ҳамчунин объекти экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб меёбанд.

 

Моддаи 8. Субъектҳои барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии

                    санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдор

                    (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)

  1. Экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда гузаронида мешаванд. Барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ мутахассисоне ҷалб карда мешаванд, ки дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок накардаанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1589).
  2. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳоро бевосита гузаронад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)
  3. Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)

 

Моддаи 9. Асосҳо барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои

                      меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Асос барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ин таҳия намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)
  2.  Асосҳо барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инҳо мебошанд:
  • мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;
  • воридшавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ;
  • муроҷиати мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар бораи ҷой доштани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
  1. Экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инчунин дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дархостҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби субъектҳои дар моддаи 8 Қонуни мазкур зикргардида гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1589).
  2. Хулосаҳои экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ асос гарданд.

 

Моддаи 10. Самтҳои афзалиятноки гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии

                        лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бояд дар навбати аввал аз экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаранд, чунин лоиҳаҳои таҳиягашта дохил мешаванд:

– лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд;

– лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои байни мақомоту идораҳои давлатӣ, аз як тараф ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз тарафи дигар;

– лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

– лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои истифодаи замин, андоз, гумрук, зиддиинҳисорӣ, муфлисшавӣ, фаъолияти иқтисодии беруна, назорати асъор, идоракунии молу мулки давлатӣ, инчунин молу мулки ғайридавлатӣ, ки дар он ҳиссаи давлат мавҷуд аст;

– лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои хизмати давлатӣ, муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, хоҷагии ҷангал, захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, низоми иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ, суғуртакунонӣ, танзимкунандаи фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ, вогузор намудани вазифаҳои як мақомот ба мақомоти дигар;

– лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба амалӣ намудани барномаҳои (стратегияҳои) миллии зиддикоррупсионӣ ва чораҳо чиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия;

– лоиҳаҳои консепсияҳо, стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ;

– лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳия намудаанд.

 

Моддаи 11. Вазифаи мақомоти давлатӣ оид ба ирсоли ахборот ва мусоидат барои

                        гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикор­рупсионии санадҳои

                        меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

                          (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)

  1. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд дар мавриди ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки соҳаи фаъолияти онҳоро танзим менамоянд, ба мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ахборот ирсол намоянд.
  2. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд, ки ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикорупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба экспертҳо маълумотҳои дахлдорро пешниҳод карда, ба онҳо барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ҳаматарафа мусоидат намоянд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)

 

Моддаи 12. Хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва

                       лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

                        (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)

  1. Омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дар натиҷаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ошкор карда мешаванд, дар хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ нишон дода мешаванд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)
  2. Дар хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсиони роҳу воситаҳои бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ба воситаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)
  3. Хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хусусияти тавсиявӣ дошта, ҳатман мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)
  4. Хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо) дар муҳлати як моҳ аз рузи воридшавии хулоса ҳатман мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)
  5. Дар сурати розӣ шудан бо хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ё лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуда, дар ин хусус ба субъекте, ки экспертизаи давлатии зиддикоррупсиониро гузаронидааст, хабар медиҳанд. Лоиҳаи таҳиягардида тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)
  6. Дар сурати розӣ нашудан бо хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо) ба субъекте, ки экспертизаи давлатии зиддикоррупсиониро гузаронидааст, раддияи асоснок ирсол менамоянд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1393)

 

Моддаи 13. Экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

                        ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур метавонанд экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз ҳисоби маблағҳои худ гузаронанд.
  2. Экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё гуруҳи коршиносон ё ташкилотҳои интихобкардаи шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мегузаронанд.
  3. Ба сифати эксперт шахси воқеие баромад карда метавонад, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола аз рўи ихтисос дошта бошад.
  4. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамон вақт ҳуқуқ доранд, ки агар дар ҳайати кормандонашон на камтар аз се шахси ба талаботи дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда ҷавобгўйро дошта бошанд.
  5. Дар хулосаи экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия нишон дода шуда, роҳу воситаҳои бартараф кардани онҳо пешниҳод карда шаванд.
  6. Хулосаҳои экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хусусияти тавсиявӣ доранд.
  7. Хулосаи экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор ҷиҳати баррасӣ пешниҳод карда мешавад.
  8. Дар сурати аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда қабул накардани хулосаи экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятии ташаббускори гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии зидикоррупсионӣ раддияи асоснок ирсол карда мешавад.

9. Шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд дар ҳолати розӣ набудан ба раддияи хулосаи экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ё лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 14. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии

                        санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешбурди корҳои таҳлилиро доир ба ин масъала мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

 

Моддаи 15. Ваколати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи

                        он оид ба ошкору бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия

                        дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Дар рафти амалӣ намудани ваколатҳои худ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он ҳангоми дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия метавонанд ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда ҷиҳати бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ё ба мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол намоянд, ки баррасии он ҳатмӣ мебошад.

                                                

БОБИ 3.  МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 16. Ҷавобгарй барои риоя накарданн талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

           Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

              

           ш. Душанбе,

  28 декабри соли 2012

                №925

 

ОЗМУН БАРОИ МАНСАБҲОИ ОЗОД

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович... Санаи интишор: Чшб, 12/02/2020 - 09:27

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мансабҳои озоди зерин озмун эълон менамояд:

 

1. Муовини сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ – 1 ҷой;

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СИЛОҲ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:11
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
939
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.03.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СИЛОҲ

 

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 182; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 402;

Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 с., № 1217)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба гардиши силоҳи ғайринизомӣ, хизматӣ, ҷангӣ, ҳамчунин лавозимоти ҷангиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, моликият, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии силоҳ равона карда шудааст.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

1. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- силоҳ - васила ва ашёе, ки амалан барои зарба задан ба ҳадафи зинда ва ё нишони дигар, додани ишораҳо (сигналҳо) таъин шудаанд; 

- силоҳи оташфишон - силоҳе, ки барои бо гулӯлаи аз ҳисоби кулоҳаки (заряди) борут ё кулоҳаки дигар ҳаракати самтнокгирифта ба тарзи механикӣ аз масофа ба ҳадаф зарба задан таъин шудааст; 

- қисмҳои асосии силоҳи оташфишон - мил, кулангдон, тирдон, чаҳорчӯба, қуттии мил;

- силоҳи шикории оташфишони муштарак - силоҳи шикории оташфишоне, ки дорои ду ва ё зиёда аз он милҳои гуногун буда, яке аз онҳо ва ё ҳамаи онҳо рахпеч ва ивазшаванда мебошанд;

- силоҳи ҳаводиҳанда - силоҳе, ки барои бо гулӯлаи аз ҳисоби қувваи мушакҳои инсон ва ё василаи механикӣ ҳаракати самтнокгирифта аз масофа ба ҳадаф зарба задан таъин шудааст;

- силоҳи ишоракунанда - силоҳе, ки амалан барои додани ишораҳои (сигналҳои) чароғӣ, дудӣ ё овозӣ таъин шудааст;

- силоҳи пневматикӣ - силоҳе, ки барои бо гулӯлаи аз ҳисоби энергияи моддаи фишурдаи газмонанд ҳаракати самтнокгирифта ба ҳадаф зарба задан таъин шудааст;

- силоҳи газӣ - силоҳе, ки барои зарбазании муваққатӣ ба ҳадафи зинда бо истифодаи моддаҳои ашковар ё ғашовар таъин шудааст;

- силоҳи сард - силоҳе, ки барои зарба задан ба ҳадаф бо ёрии қувваи мушакҳои инсон ҳангоми бархӯрди бевосита бо объекти зарбазанӣ таъин шудааст;

- гардиши силоҳ ва қисмҳои асосии силоҳи оташфишон (минбаъд - силоҳ) - истеҳсол ва сохтани силоҳ, хариду фурӯши силоҳ, фурӯхтан, соҳиб шудан ба он, ба дигарон додан, коллексиякунӣ, банамоишгузорӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳ доштан, интиқол додан, бо худ гирифта гаштан, истифода бурдан, супоридан, гирифтан, мусодира кардан, нобуд кардан, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳ ва қисмҳои асосии он;

- лавозимоти ҷангӣ - таҷҳизоти аслиҳа, ки барои зарба задан ба ҳадаф ва иҷрои вазифаҳое таъин гардидаанд, ки барои зарба задан ба он мадад мерасонанд ва дорои кулоҳаки тарканда, ҳаводиҳанда, тарфгарӣ (пиротехникӣ), зада баровардан ва ё кулоҳаки якҷояи онҳо мебошанд. Ба лавозимоти ҷангӣ патронҳои силоҳҳои оташфишон ва газӣ низ дохил мешаванд;

- патрон - василае, ки барои тирпарронӣ аз силоҳ таъин шудааст ва бо ёрии гилза гулӯла, кулоҳаки ҳаводиҳанда ва воситаи таҳриқдиҳандаро муттаҳид  менамояд;

- патрони ҷароҳатрасон - василаест барои тирпарронӣ аз силоҳи оташфишони суфтамил ё силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуд, ки бо ёрии гилза воситаҳои таҳриқдиҳанда, кулоҳаки ҳаводиҳанда ва таҷҳизоти ҳаводиҳандаи ҷароҳатрасонро муттаҳид менамояд ва барои қатли инсон пешбинӣ нашудааст;

- патрони газӣ - василаест барои тирпарронӣ аз силоҳи газӣ ё силоҳи оташфишони зарбааш маҳдуд, ки бо ёрии гилза воситаҳои таҳрикдиҳандаи дорои моддаҳои ашковар ва ғашоварро муттаҳид менамояд ва барои қатли инсон пешбинӣ нашудааст;

- патрони нурафкану садодиҳанда - василаест барои тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, силоҳи оташфишони зарбааш маҳдуд, силоҳи газӣ ё ишоракунанда, ки бо ёрии гилза воситаҳои таҳриқдиҳанда ва таҷҳизоти нурафкану садонокро муттаҳид менамояд ва барои зарба задан ба ҳадафи зинда ё нишони дигар пешбинӣ нашудааст;

- патрони ишоракунанда (сигналӣ) - василаест барои тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё силоҳи ишоракунанда, ки бо ёрии гилза воситаҳои таҳрикдиҳанда, кулоҳаки ҳаводиҳанда ва таҷҳизоти ҳаводиҳандаро барои додани ишораҳои (сигналҳои) чароғӣ, дудӣ ва овозӣ муттаҳид менамояд ва барои зарба задан ба ҳадафи зинда ё ягон ҳадафи дигар пешбинӣ нашудааст;

- зарбазанак - ҷузъи силоҳ, ки воситаи таҳрикдиҳандаи патронро ба кор медарорад;

- сараки зарбазанак - ҷузъи зарбазанак, ки ба воситаи таҳрикдиҳандаи патрон зарба мезанад;

- воҳиди энергетикии Ҷоул (минбаъд - Ҷоул) - воҳиди ченаки кор ва энергия дар соҳаи физика, ки барои муайян намудани қувваи зарбазании силоҳ истифода мешавад.

2. Маҳсулоте, ки ба сифати маҳсулоти хоҷагию маишӣ ва истеҳсолӣ сертификатсия шудаанд, гулӯлаҳои варзишии таркибан силоҳмонанд (минбаъд - маҳсулоти таркибан силоҳмонанд) ба силоҳ мансуб нестанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи силоҳ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи силоҳ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Намудҳои силоҳ

 

Силоҳ аз рӯи таъиноти худ барои истифодабарӣ аз тарафи субъектҳои дахлдор, инчунин аз рӯи хусусият ва тавсифоти асосӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

- силоҳи ҷангӣ;  

- силоҳи хизматӣ;

- силоҳи ғайринизомӣ.

 

Моддаи 4. Силоҳи ҷангӣ

 

1. Ба силоҳи ҷангӣ силоҳе мансуб аст, ки барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ва оперативии хизматӣ таъин гардида, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои дигари ҳарбӣ (минбаъд -ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда) ва бонкҳо мусаллаҳ гардонида шудаанд. 

2. Ба шахсони воқеӣ соҳиби силоҳи ҷангӣ будан, ба истиснои силоҳи мукофотӣ, манъ аст. 

3. Тартиби гардиши силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 5. Силоҳи хизматӣ

 

1. Ба силоҳи хизматӣ силоҳи оташфишони суфтамил, силоҳи рахпечи кӯҳтоҳмили дорои энергияи милаш на бештар аз сесад Ҷоул ва силоҳи оташфишони суфтамили дарозмил ва бемили худмуҳофизатӣ мансубанд, ки барои истифода аз ҷониби шахсони мансабдор ва кормандони мақомоти давлатӣ бо мақсади худмуҳофизаткунӣ ё иҷрои ӯҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташудаи вобаста ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ҳифзи муҳити зист, захираҳои табиӣ, моликият, борҳои қиматбаҳо, хатарнок ва муросилоти махсус таъин гардида, гирифта гаштан ва нигоҳ доштани онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст.

2. Ба шахсони воқеӣ соҳиби силоҳи хизматӣ будан, ба истиснои силоҳи мукофотӣ, манъ аст.

3. Силоҳи мукофотӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад.

4. Тартиби гардиши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 6. Силоҳи ғайринизомӣ

 

1. Ба силоҳи ғайринизомӣ силоҳе мансуб аст, ки барои истифодаи шаҳрвандон бо мақсади худмуҳофизаткунӣ, машғулияти варзишӣ ва шикор таъин шудааст.

2. Силоҳи ғайринизомӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

1) Силоҳи худмуҳофизатӣ:

- силоҳи оташфишони суфтамили дарозмил, аз ҷумла силоҳи дорои патрони ҷароҳатрасон;

- силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуд - таппонча, револвер бо патронҳои ҷароҳатрасон, газӣ ва нурафкану садодиҳанда ;

- силоҳи газӣ - таппонча ва револверҳои газӣ бо патронҳояшон, пошдиҳандаи механикӣ, василаи дорои аэрозоли бо моддаҳои ашковар ё ғашовар муҷаҳҳаз, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи онҳо иҷозат додааст; (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1105)

- василаи мадҳушкунандаи электрикӣ, шарораи зарядгардон.

2) Силоҳи варзишӣ:

- силоҳи оташфишони милаш рахпеч;

- силоҳи оташфишони суфтамил;

- силоҳи сарди теғдор;

- силоҳи ҳаводиҳанда;

- силоҳи пневматикии воҳиди энергияи милаш зиёда аз се Ҷоул.

3) Силоҳи шикорӣ:

- силоҳи оташфишони милаш рахпеч;

- силоҳи оташфишони суфтамил, аз ҷумла силоҳи шакли милаш номудаввар бо дарозии қисмати рахпечаш на зиёда аз яксаду чил миллиметр;

- силоҳи оташфишони муштарак (суфтамил ва рахпеч), аз ҷумла бо милҳои рахпечи иловагии ивазшаванда;

- силоҳи пневматикии воҳиди энергияи милаш на зиёда аз бисту панҷ Ҷоул;

- силоҳи сарди теғдор.

4) Силоҳи ишоракунанда.

3. Аз силоҳи ғайринизомӣ набояд тирпарронии бефосила ба амал бароварда шавад ва ғунҷоиши тирдони он набояд аз даҳ патрон зиёд бошад. Тирҳои патронҳои силоҳи ғайринизомӣ набояд дилаи аз маводи сахт сохташуда дошта бошанд.

4. Тартиби гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 7. Кадастри давлатии силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он

 

1. Кадастри давлатии силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он (минбаъд-Кадастр) маҷмӯаи расмӣ мебошад, ки аз тарафи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурд ва нашр карда шуда, маълумоти  мураттабгардида дар бораи силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии гардишашон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашударо дар бар мегирад.

2. Ба Кадастр маълумот дар бораи силоҳи сард ва силоҳи ҳаводиҳанда, ҳамчунин силоҳи ғайринизомии камшумори дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташаванда, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда дохил карда намешаванд.

3. Тартиби пешбурд ва нашри Кадастрро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 8. Сертификатсияи силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он

 

1.Тамоми намудҳои силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, аз дигар давлатҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд, бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд.

2. Сертификатсияи силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи аризаҳои силоҳсозон, инчунин шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон силоҳ ворид мекунанд, гузаронида мешавад, агар дар бораи эътирофи тарафайни натиҷаҳои сертификатсияи силоҳ бо давлате, ки силоҳ дар он ҷо сохта шудааст, созишнома набошад.

3. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои сертификатсияи силоҳ дар бораи мансуб донистани он ба силоҳи хизматӣ ё ғайринизомӣ қарор қабул менамояд.

4. Тамоми намудҳои силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд, ҳамчунин маҳсулоти таркибан силоҳмонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқи ҳатмии мутобиқат ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартониро дошта бошанд.

5. Сертификати мутобиқат ҳамчун асос барои гардиши силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ, лавозимоти ҷангии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад. Тасдиқи мутобиқати силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ, лавозимоти ҷангии он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ аз рӯи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 9. Маҳдудиятҳое, ки барои гардиши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти

                     ҷангии он муқаррар карда мешаванд

 

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:

1) Гардиши силоҳи зерин ба сифати силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он:

- силоҳи оташфишони шикорӣ ва оташфишони суфтамил, дарозмили худмуҳофизатии ғунҷоиши тирдонаш бештар аз даҳ патрон, дарозии милаш камтар аз панҷсад миллиметр ва дарозии умумии худи он камтар аз ҳаштсад миллиметр буда, сохти он имконият медиҳад, ки дарозиаш аз ҳаштсад миллиметр кам карда шавад ва дар баробари ин имконияти тирпарронӣ аз байн намеравад, ба истиснои силоҳи варзишӣ;

- силоҳи оташфишоне, ки шаклаш ба ашёи дигар монанд аст;

- шашпарҳо, кастетҳо ва дигар ашёи зарбазани поракунанда, силоҳи сард ва ҳаводиҳанда (сурикенҳо, бумерангҳо, арбалетҳо, камонҳо ва тирҳои онҳо), ба истиснои гулӯлаҳои варзишӣ;

- патронҳои дорои тирҳои зиреҳшикан, оташзананда ё тарконанда, инчунин патронҳои сочмадор барои таппончаҳо ва револверҳо;

- силоҳ ва дигар ашёе, ки зарбаи онҳо ба истифодаи шуоъҳои радиоактивӣ ва омилҳои биологӣ асос ёфтааст;

- силоҳи газӣ, ки дорои моддаҳои асабхаробкунанда, фалаҷкунанда, заҳролудкунанда ва дигар моддаҳои сахттаъсир буда, инчунин қодир аст аз ҳисоби таъсири моддаҳои ашковар ё ғашовар ба саломатии одами дар масофаи бештар аз як метр дуристода зарари миёна расонад;

- таппонча ва револверҳои газӣ ё ишоракунанда, ки сохташон имкони аз патронҳои ҷароҳатрасон, тирдор ва сочмадор тирпарронӣ карданро медиҳад; (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1105)

- силоҳи сарди теғдор ва кордҳо, ки теғ ва дами онҳо дар сурати зер кардани тугма ё фишанг пеш мебароянд ва сабт шуда, ба кор дароварда мешаванд ва ё аз ҳисоби қувваи вазн ё ҳаракати босуръат ба таври автоматӣ сабт шуда, омодаи истифода мегарданд ва дар ин ҳолат дарозии 
теғашон бештар аз ҳаштоду панҷ миллиметрро ташкил медиҳад.

2) Берун аз объекти варзишӣ нигоҳ доштан ё истифода бурдани силоҳи оташфишон ва пневматикии варзишии воҳиди энергияи милаш бештар аз ҳафтуним Ҷоул, силоҳи сарди теғдор ва силоҳи ҳаводиҳанда.

3) Фурӯхтан ё ба силоҳи ғайринизомӣ насб кардани асбоби тирпарронии беовоз ва нишонгираки шабона, ба истиснои нишонгиракҳои шикорӣ, ки тартиби истифодаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

4) Фиристодани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ. 

5) Дар вақти гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ силоҳ гирифта гаштани шаҳрвандон.

6) Бо мақсади худмуҳофизаткунӣ аз тарафи шаҳрвандон гирифта гаштани силоҳи оташфишони суфтамили дарозмил ва силоҳи сард, ба истиснои ҳолатҳои ҳамлу нақл ва интиқол додани силоҳҳои зикргардида.

 

Моддаи 10. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё

                        банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он

 

1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он бояд бо гирифтани иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шаванд, ба истиснои истеҳсол ва сохтани он аз ҷониби ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда.

2. Аз силоҳи оташфишони милаш рахпеч, ки бо мақсади коллексиякунӣ ва банамоишгузорӣ ҷамъоварӣ карда мешавад, барои ташаккули махзани давлатии тиру гилзаҳо бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпарронии санҷишӣ гузаронида мешавад.

3. Хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ, хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, боздоштан ва бекор кардани амали иҷозатнома мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

БОБИ 2.

СУБЪЕКТҲОЕ, КИ БАРОИ СОҲИБ ШУДАН БА СИЛОҲ ҲУҚУҚ ДОРАНД 
 ВА ТАРТИБИ ГИРИФТАНИ ОН

 

Моддаи 11. Субъектҳое, ки барои соҳиб шудан ба силоҳ ҳуқуқ доранд

 

Ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо доранд:

- ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда;

-Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ ва шикорчигӣ;

- муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ машғуланд;

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳрвандони хориҷӣ;

- бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист;

- Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал;

- Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ;

- Хадамоти алоқаи фелдегерӣ.

 

Моддаи 12. Ҳуқуқи ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда барои соҳиб шудан ба силоҳ ва

                       тирпарронии санҷишӣ аз он

 

1. Ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда ҳуқуқ дорад ба силоҳи ҷангие, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусаллаҳ кардани ҳамин ташкилот таъин гардидааст, инчунин силоҳи дигаре, ки ба Кадастр дохил карда шудааст, соҳиб шавад.

2. Аз силоҳи оташфишони милаш рахпечи дар ихтиёри ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда буда барои ташаккули махзани давлатии тиру гилза бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпарронии санҷишӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 13. Тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони ғайринизомии милаш рахпеч

 

1. Барои ташаккули махзани давлатии тиру гилза ҳангоми дароз намудани мӯҳлати рухсатномаи нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ баъд аз таъмири қисмҳои асосии он, иваз ё коркарди механикии сараки зарбазанак, ҳамчунин ҳангоми ба соҳибияти шахси дигар додани силоҳ аз силоҳи оташфишони ғайринизомии милаш рахпеч тирпарронии санҷишӣ гузаронида мешавад.

2. Тартиби гузаронидани тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони ғайринизомии милаш рахпеч ва талаботи баҳисобгирии тирҳо ва гилзаҳое, ки ба махзани давлатии тиру гилза супорида мешаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.

 

Моддаи 14. Ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳ аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар

                        ташкилотҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро муайян кардааст

 

1. Корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва мақомоти давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, баъди аз мақомоти корҳои дохилӣ гирифтани рухсатнома ҳуқуқ доранд ба силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ соҳиб шаванд. Шакли рухсатномаро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

2. Силоҳи соҳибишуда бояд ба қайд  гирифта шуда, ба Кадастр дохил карда шавад. Ҳангоми ба қайд гирифтан ба корхона, муассиса ва дигар ташкилот барои нигоҳ доштан ва истифода бурдани ин силоҳ дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будани соҳибият ба силоҳро тасдиқ мекунанд, ба муддати панҷ сол рухсатнома дода мешавад. 

3. Силоҳи соҳибишуда бояд дар мӯҳлати даҳ рӯз баъд аз соҳиб шудан ба он дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шавад, ҳамчунин  ҳангоми дар ҳудуди давлати дигар ба силоҳ соҳиб шудан, баъд аз ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон он дар ҳамон мӯҳлат ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми бақайдгирӣ ба корхона, муассиса ё дигар ташкилот барои нигоҳ доштан ва истифода бурдани ин силоҳ ба мӯҳлати се сол дар асоси санадҳои тасдиқкунандаи қонунӣ будани соҳибият ба он рухсатнома дода мешавад. Мӯҳлати амали рухсатнома тибқи тартибе, ки барои гирифтан ва соҳиб шудан ба силоҳ пешбинӣ шудааст, дароз карда мешавад.

4. Ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ё дигар ташкилотҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, аз рӯи қарори роҳбари ҳамин корхона, муассиса ё ташкилот баъди аз тайёрии дахлдор гузаштани корманд ва дар сурати набудани мамониат ба гирифтани рухсатномаи соҳиб шудан ба силоҳи ғайринизомӣ, силоҳ дода мешавад. Кормандони мазкур ӯҳдадоранд дар асоси тартиби муқарраршуда аз муоинаи тиббӣ ва тайёрии коршоямӣ дар шароити истифодаи силоҳи оташфишон гузаранд.

5. Тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ ва барномаи тайёриро мутобиқан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1105)

 

Моддаи 15. Ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳ аз тарафи бонкҳо 

 

1. Бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои ба онҳо вогузоршуда оид ба муҳофизати ҷойҳои нигоҳдории маблағҳои пулӣ ва сарватҳо, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқ доранд дар асоси рухсатнома бо тартиби муқаррарнамудаи  Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силоҳ соҳиб шаванд.

2. Номгӯи бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои соҳиб шудан ба силоҳ ҳуқуқ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 

 

Моддаи 16. Ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳ аз ҷониби Хазинаи сарватҳои давлатии назди

                        Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои ба он вогузоршуда оид ба муҳофизати ҷойҳои нигоҳдории сарватҳои фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқ дорад  дар асоси рухсатнома бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силоҳ соҳиб шавад. 

 

Моддаи 17. Ҳуқуқи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

                       барои соҳиб шудан ба силоҳ

 

1. Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо мақсади тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи намудҳои техникӣ ва ҳарбиву амалии варзиш, инчунин омодасозии аҳолӣ барои муҳофизати Ватан бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силоҳи варзишию шикорӣ ва лавозимоти ҷангии он соҳиб шавад. 

2. Афсарон ва хизматчиёни ҳарбии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои худ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба силоҳи

                        ғайринизомӣ

 

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни бистуяксолагӣ расидаанд, баъди гирифтани рухсатнома барои соҳиб шудан ба  намуди мушаххаси силоҳ дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳи худмуҳофизатӣ, силоҳи варзишӣ, силоҳи шикорӣ ва силоҳи ишоракунандаро доранд.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба силоҳи газии худмуҳофизатӣ, ғайр аз пошдиҳандаҳои механикӣ ва василаҳои дорои аэрозоли бо моддаҳои ашковар ва ғашовар муҷаҳҳаз дар асоси рухсатнома соҳиб шаванд. Рухсатномаро мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқомати шаҳрванд медиҳад.

3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд пошдиҳандаҳои механикӣ, василаҳои дорои аэрозоли бо моддаҳои ашковар ва ғашовар муҷаҳҳаз, василаҳои мадҳушкунандаи электрикӣ, шарораи зарядгардон, силоҳҳои пневматикии воҳиди энергияи милашон на зиёда аз ҳафтуним Ҷоул ва калибрашон то чоруним миллиметрро, ба истиснои таппончаҳои пневматикӣ, бидуни гирифтани рухсатнома  соҳиб шаванд.

4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд таппончаи пневматикӣ ва силоҳи оташфишони суфтамили дарозмили худмуҳофизатиро бо мақсади худмуҳофизаткунӣ дар асоси рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ соҳиб шаванд.

5. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ барои шикори ҳаваскорона ва касбӣ тибқи рухсатнома соҳиб шаванд.

6. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти касбии бо шикор алоқаманд машғуланд ё шикорчиёни ҳаваскоре, ки  на кам аз панҷ сол силоҳи хусусии шикории оташфишони суфтамил доранд ва қоидаҳои шикор, соҳиб шудан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан, интиқол ва истифода бурдани силоҳро вайрон накардаанд, ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳи шикории оташфишони муштарак ва силоҳи шикории оташфишони милаш рахпечро доранд. Тартиби соҳиб шудан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан, интиқол додан ва истифода бурдани силоҳи шикории оташфишони муштарак ва силоҳи шикории оташфишони милаш рахпеч аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

7. Шумораи умумии силоҳи шикории оташфишони милаш рахпеч ва силоҳи оташфишони суфтамили соҳибинамудаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз ду донагӣ зиёд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки силоҳҳои номбаршуда объекти коллексиякунӣ бошанд ё ҳамчун мукофот гирифта шуда бошанд.

8. Барои соҳиб шудан ба силоҳҳои дар қисми 7 моддаи мазкур номбаршуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки силоҳҳои мазкур объекти коллексиякунӣ бошанд ё ҳамчун мукофот гирифта шуда бошанд, рухсатнома дода мешавад. 

9. Шахсоне, ки бори аввал силоҳи оташфишони суфтамили дарозмили худмуҳофизатӣ, силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуди худмуҳофизатӣ, таппончаҳо ва револверҳои газӣ, силоҳи ишоракунандаро соҳиб мешаванд, ба истиснои шахсоне, ки рухсатнома барои нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳро доранд, ӯҳдадоранд дар маҳалли зисташон аз санҷиши донистани қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона бо силоҳ тибқи тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд.

10. Шахсоне, ки бори аввал силоҳи оташфишони суфтамили варзишӣ ё шикориро соҳиб мешаванд, ҳангоми гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба шикор ӯҳдадоранд дар маҳалли зисташон дар ташкилотҳое, ки ба онҳо ин ҳуқуқро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, тибқи барномаи бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда аз санҷиши донистани қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона бо силоҳ гузаранд.

11. Ба силоҳи сарди шикории теғдор шаҳрвандоне соҳиб шуда метавонанд, ки барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи оташфишони шикорӣ рухсатномаи мақомоти корҳои дохилиро доранд.

12. Силоҳи оташфишони суфтамили дарозмили худмуҳофизатӣ, силоҳи оташфишони шикории соҳибишуда бояд дар мӯҳлати даҳ рӯз баъди соҳиб шудан ба онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шаванд.

13. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми бақайдгирии силоҳи оташфишони суфтамили дарозмили худмуҳофизатӣ ва намудҳои дигари силоҳи шикории соҳибишуда ба шаҳрванд барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани онҳо дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будани соҳибшавӣ ба онҳоро тасдиқ мекунанд, ба муддати се сол рухсатнома медиҳанд.

 

Моддаи 19. Ситонидани пардохтҳо барои додани рухсатнома ва дароз намудани мӯҳлати

                       амали он

 

1. Барои додани рухсатнома оид ба соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, дароз намудани мӯҳлати амали рухсатнома аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохти яквақта ситонида мешавад.

2. Ҳаҷми пардохти муқарраргардида аз хароҷоти ташкилӣ ва хароҷоти дигари марбут ба додани ҳуҷҷатҳо иборат буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 20. Шахсоне, ки барои соҳиб шудан ба силоҳ ҳуқуқ надоранд

 

1. Шахсони зерин барои соҳиб шудан ба силоҳ ҳуқуқ надоранд:

- шахсоне, ки ба синни бистуяксолагӣ нарасидаанд;

- шахсоне, ки бинобар майзадагӣ ва нашъамандӣ дар қайди мақомоти тандурустӣ қарор доранд;     

- шахсоне, ки беморӣ ё нуқсонҳои ҷисмонӣ доранд ва ин ҳолатҳо ба муомилаи дуруст бо силоҳ монеъ мешаванд;

- шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои қасдона доғи судӣ доранд;

- шахсоне, ки ҷазои ҷиноятиро адо мекунанд;

- шахсоне, ки дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ  такроран ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ ё ба тартиботи муқаррарнамудаи идоракунӣ  таҳдид мекунад;

- шахсоне, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи гузаштан аз санҷиши донистани қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона бо силоҳро пешниҳод накардаанд;

- шахсоне, ки бо ҳукми суд аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти касбӣ ё соҳибкорӣ дар соҳаи гардиши силоҳ маҳрум шудаанд;

- шахсоне, ки ҷои доимии истиқомат ё шароити нигаҳдории силоҳро надоранд.

2. Номгӯи бемориҳо ва нуқсонҳои ҷисмониро, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо рухсатнома барои соҳиб шудан ба силоҳ ба шаҳрванд дода намешавад ва тартиби гузаштани шаҳрвандон аз муоинаи тиббиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 3.

ТАРТИБИ ГАРДИШИ СИЛОҲ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН
 

Моддаи 21. Сохтани силоҳ

 

Сохтани силоҳ васл намудани қисмҳои он, аз нав сохтан ё таъмир кардани силоҳ бо мақсади ба он баргардонидани хусусиятҳои зарбазанӣ, инчунин тайёр кардани лавозимоти ҷангиро дар бар мегирад, ки он бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 22. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди Ҷумҳурии

                       Тоҷикистон содир намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он

 

1. Ворид намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содир намудани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

2. Ворид намудани силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ бо назардошти талаботи Қонуни мазкур амалӣ карда мешаванд.

3. Силоҳ ва лавозимоти ҷангии воридшаванда ва содиршаванда бояд тамға ё нишони мутобиқати  стандартро дошта бошанд.

 

Моддаи 23. Соҳиб шудан, ворид ва содир намудани силоҳи ғайринизомӣ аз тарафи

                       шаҳрвандони хориҷӣ

 

1. Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд тибқи рухсатномаҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси дархости намояндагиҳои давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо мебошанд, ба силоҳи ғайринизомӣ соҳиб шаванд, ба шарте ки онҳо ин силоҳро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз даҳ рӯзи соҳиб шудан ба он содир намоянд.   

2. Силоҳи шикорӣ ва варзиширо шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кунанд, агар қарордод барои шикор ё таклиф барои иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ ва рухсатномаи дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд бошад. Силоҳ бояд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қарордод ё таклифи зикргардида содир карда шавад.

3. Ворид намудани тамоми намудҳо, навъҳо ва намунаҳои силоҳ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи онҳо аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади таъмини амнияти шахсӣ, ҳимояи ҳаёт ва саломатии дигар шахсон, муҳофизати моликияти онҳо, ҳамлу нақли борҳо ва бо дигар мақсадҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр нагардидаанд, манъ аст, агар бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

4. Аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ вайрон кардани мӯҳлати содир намудани силоҳ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби ворид намудани он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи он боиси гирифтан ва мусодираи силоҳ мегардад.

 

Моддаи 24. Хариду фурӯши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он

 

1. Хариду фурӯши силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқие, ки иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро доранд, амалӣ мекунанд. 

2. Шахсони ҳуқуқие, ки ҳуқуқи хариду фурӯши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро доранд, ӯҳдадоранд:

- ҳуҷҷатҳои дахлдори таъсис ва бақайдгирӣ, иҷозатнома барои истеҳсолу сохтани силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ё  хариду фурӯши онро дошта бошанд;

- сертификати мутобиқати силоҳи фурӯхташавандаи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, инчунин рухсатномаи мақомоти корҳои дохилиро барои нигоҳ доштани чунин силоҳ дошта бошанд;

- аз харидор пешниҳоди рухсатнома барои харидории чунин намуди силоҳро талаб намоянд, ба истиснои силоҳе, ки барои харидориаш рухсатнома лозим нест;

- баҳисобгирии силоҳи харидашуда ва фурӯхташуда, ҳамчунин нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро ба мӯҳлати даҳ сол таъмин намоянд;

- ба мақомоти корҳои дохилӣ дар мӯҳлати даҳ рӯз дар бораи силоҳи фурӯхташудаи хизматӣ ва ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, дар бораи харидорони он тибқи намунае, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, маълумот пешниҳод намоянд;

- дар рухсатномаи харидор силоҳи ба ӯ фурӯхташударо қайд намоянд;

- риояи қоидаҳои нигоҳдории силоҳро таъмин намоянд.

3. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки рухсатномаро оид ба соҳиб шудан ба силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ бе тамғаи мутобиқати стандарт, инчунин рухсатномаро барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани чунин силоҳ пешниҳод накардаанд, фурӯши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он манъ аст.

4. Ба шахсони ҳуқуқие, ки барои хариду фурӯши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он иҷозатнома доранд, иҷозат дода намешавад, ки дар толори фурӯши силоҳ навъҳои дигари молҳоро, ба истиснои таҷҳизоти варзишӣ, шикорӣ, моҳигирӣ ва қисмҳои эҳтиётии силоҳ, ҷойгир кунанд.

5. Мақомоти корҳои дохилӣ вазифадоранд ҳар семоҳа мавҷудияти силоҳро дар ташкилотҳои дорои иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳ санҷанд.

 

Моддаи 25. Фурӯш ё додани силоҳ аз тарафи ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда

 

Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ҳуқуқ доранд силоҳи дар ихтиёрашон бударо бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯшанд ё ройгон диҳанд.

 

Моддаи 26. Мукофотонидан, фурӯхтан, тӯҳфа кардан ва ба мерос гузоштани силоҳ аз тарафи

                       шаҳрвандон

 

1. Силоҳи мукофотӣ силоҳе мебошад, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷҷатҳои мукофотии роҳбарони давлатҳо ё ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, инчунин дар асоси фармонҳои роҳбарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

2. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад силоҳеро, ки моликияти шахсии ӯ мебошад, ба истиснои силоҳи ҷангии мукофотӣ, бо қаблан огоҳ кардани мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба вай барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани он рухсатнома додаст, фурӯшад.

3. Тӯҳфа кардан ва ба мерос гузоштани силоҳ бо тартиби  муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд, агар меросхӯр ё шахсе, ки ба вай силоҳ тӯҳфа карда мешавад, барои соҳиб шудан ба ҳамин намуди силоҳ рухсатнома дошта бошад. 

4. Дар сурати вафот кардани соҳиби силоҳи ғайринизомӣ он дарҳол аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ то ҳал шудани масъалаи ба мерос гузоштани молу мулк ва гирифтани рухсатнома барои соҳиб шудан ба ин намуди силоҳ гирифта мешавад.

 

Моддаи 27. Нигоҳ доштани силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он

 

1. Асос барои нигоҳ доштани силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ ба ҳисоб меравад.

2. Барои аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ доштани силоҳи ғайринизомии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибишуда дар асоси рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ барои соҳиб шудан ба он ба мӯҳлати даҳ рӯз иҷозат дода мешавад.

3. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигоҳ доштан ва истифода бурдани силоҳи ёфтшуда ё ба онҳо додашуда манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст. Чунин силоҳ бетаъхир бояд ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида шавад.

4. Силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он бояд дар шароите нигоҳдорӣ шаванд, ки ҳифзи онҳо, бехатарии нигоҳдорӣ ва дастнорасии онҳо ба шахсони бегона таъмин карда шаванд.

5. Талабот оид ба шароити нигоҳдории намудҳои гуногуни силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 28. Истифодаи силоҳ

 

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд силоҳи дар асоси қонунӣ доштаашонро барои ҳимояи ҳаёт, саломатӣ ва моликияташон дар ҳолати  мудофиаи зарурӣ ё зарурати ниҳоӣ  истифода баранд. Пеш аз истифодаи силоҳ шахсе, ки аз тарафи ӯ хатар таҳдид мекунад, бояд дақиқан огоҳ карда шавад, ба истиснои мавридҳое, ки таъхир дар истифодаи силоҳ ба ҳаёти одамон хавфи бевоситаро ба миён меорад ё метавонад боиси дигар оқибатҳои вазнин гардад. Ҳамзамон истифодаи силоҳ дар ҳолати мудофиаи зарурӣ набояд ба шахсони сеюм зарар расонад. 

2. Истифодаи силоҳи оташфишон нисбат ба занон, шахсони дорои нишонаҳои баръалои маъюбӣ, ноболиғон, ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт, ки мусофир доранд, шахсоне, ки ғайриқонунӣ сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузашта истодаанд ё нияти гузаштани онро доранд, агар ин ҳаракатҳо қасдона набошанд ё дар натиҷаи фалокат ва садама ва ё дар зери таъсири бевоситаи омилҳои табиӣ содир шуда бошанд, ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои содир шудани ҳуҷум, муқовимати мусаллаҳона, ҳуҷуми гурӯҳӣ ё мусаллаҳона, ки ба ҳаёти одамон таҳдид мекунанд.

3. Дар мавридҳое, ки аз истифодаи силоҳ зарар расонида мешавад, соҳиби он ӯҳдадор аст бетаъхир, на дертар аз як шабонарӯз аз лаҳзаи содиршавии ҳодиса, ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳад. Шахсоне, ки дар асоси қонунӣ силоҳ доранд, дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бо силоҳ иштирок карданашон манъ аст, ба истиснои шахсоне, ки аз тарафи давлат ваколатдор шудаанд. 

4. Қоидаҳои шикор бо истифодаи силоҳи оташфишони шикорӣ, ҳамчунин қоидаҳои истифодаи силоҳро ҳангоми машғулияти варзишӣ ва бо мақсадҳои таълимӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 29. Баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани

                         силоҳе, ки барои коллексиякунӣ ва банамоишгузорӣ таъин шудааст

1. Силоҳи коллексияшуда силоҳе мебошад, ки он мувофиқи хулосаи комиссияи экспертии мақомоти ваколатдори давлатӣ аҳамияти илмӣ, таърихӣ, бадеӣ дошта, мувофиқи ҳамин Қонун барои маҳфуз доштани он аз ҷониби шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо иҷозат дода шудааст ва он барои ташкили коллексия ва намоиш додан таъин гардидааст.

2. Қоидаҳои баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳеро, ки барои коллексиякунӣ ва банамоишгузорӣ таъин шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

3. Ба коллексиякунӣ ва банамоишгузории силоҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне машғул шуда метавонанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дошта бошанд.

4. Қоидаҳои коллексиякунӣ ва банамоишгузории силоҳ, ҳамчунин маҳсулоти таркибан силоҳмонанд, тартиби истеҳсол, хариду фурӯш, соҳиб шудан ба онҳо, банамоишгузорӣ, нигоҳ доштан ва интиқоли онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 30. Бекор кардан ва бозпас гирифтани рухсатнома барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан

                       ё нигаҳдорию гирифта гаштани силоҳ ва ё иҷозатнома барои истеҳсол, сохтан,

                       хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии

                       он 

 

1. Рухсатнома барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё нигаҳдорию гирифта гаштани силоҳро мақомоти рухсатномадода дар ҳолати аз тарафи шахс риоя ва ё иҷро накардани талаботи Қонуни мазкур ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи гардиши силоҳ, бекор менамоянд. 

2. Пеш аз қабули қарор дар бораи бекор кардани рухсатнома, соҳиби он ба таврӣ хаттӣ огоҳ карда мешавад. Дар огоҳинома меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қоидаҳое, ки вайрон карда шудаанд ва ё иҷро нашудаанд, зикр мегарданд, ҳамчунин мӯҳлати ислоҳи онҳо муайян карда мешавад.

3. Рухсатнома барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё нигаҳдорию гирифта гаштани силоҳ ва ё иҷозатнома барои истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он аз тарафи мақомоти рухсатномадода ё иҷозатномадода дар мавридҳои зерин бекор карда мешаванд:

- ихтиёрӣ даст кашидан аз рухсатнома ё иҷозатнома ва ё барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ ё вафоти соҳиби силоҳ;

- қабули қарори суд дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсуси дахлдор дар бораи бекор кардани рухсатнома ва ё иҷозатнома; 

- ба миён омадани ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, ки имкони гирифтани рухсатнома ва ё иҷозатномаро намедиҳанд;

- бекор кардани билети шикорчигӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Дар ҳолатҳои аз тарафи шаҳрванд вайрон кардани қоидаҳои соҳиб шудан, нигоҳдорӣ, гирифта гаштан, нобуд кардан, сохтан, хариду фурӯш, ба каси дигар додан, интиқол додан, ҳамлу нақл ё истифодаи силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ҳамчунин аз тарафи шаҳрванд фиристонидани силоҳ, ки дар Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, рухсатнома ва ё иҷозатнома аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ то қабули қарори ниҳоӣ тибқи тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан гирифта  мешаванд.

5. Соҳибони рухсатнома ё иҷозатнома метавонанд аз болои қарор дар бораи бекор кардани он ба суд шикоят намоянд.

6. Рухсатнома барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё нигаҳдорию гирифта гаштани силоҳ ва ё иҷозатнома барои истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ки ба шахси ҳуқуқӣ дода шудаанд, дар асоси аризаи мақомоте, ки рухсатнома ва ё иҷозатномаи мазкурро додаанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи суд бекор карда мешаванд. 

7. Дар мавриди бекор кардани рухсатнома барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё нигаҳдорию гирифта гаштани силоҳ ва ё иҷозатнома барои истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд баъд аз бартараф намудани ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, ки ба гирифтани чунин иҷозатнома ва ё рухсатнома имкон медиҳанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такроран гирифтани онҳо муроҷиат намоянд.

8. Дар ҳолати аз рухсатнома ва ё иҷозатнома ихтиёран даст кашидан, мӯҳлати муроҷиати такрорӣ барои аз нав гирифтани онҳо муқаррар карда намешавад.

 

Моддаи 31. Аз гардиш гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он

 

1. Аз гардиш гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад:

- вайрон намудани қоидаҳои гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он;

- бо тартиби муқарраргардида бекор карда шудани иҷозатнома барои хариду фурӯш ё сохтани силоҳ ва ё рухсатнома барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани он;

- аз тарафи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ вайрон карда шудани қоидаҳои муқарраршудаи соҳиб шудан, ба қайд гирифтан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва истифодаи силоҳ то қабули қарор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси воқеӣ;

- вафот кардани шаҳрванде, ки соҳиби  силоҳи ғайринизомӣ буд, то аз тарафи меросхӯрон ҳал намудани масъалаи мероси молу мулк, инчунин вафоти шаҳрванде, ки дар асосҳои қонунӣ силоҳи ҷангӣ ё хизматӣ дошт;

- дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

2. Силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки аз гардиш гирифта шуда, аз ҷиҳати техникӣ барои истифода коршоям мебошанд, бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта мешаванд.

3. Тартиби аз гардиш гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ҷуброни аз гардиш гирифтани силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуд - таппончаҳо ва револверҳоро бо патронҳои ҷароҳатрасон, ки шаҳрвандон то манъ намудани гардиши онҳо бо Қонуни мазкур дар ихтиёри худ доранд, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ЌЉТ аз 8.08.15 с., № 1217)

 

БОБИ 4.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 32. Назорати гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он

 

1. Назорати гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоте амалӣ мегардад, ки барои додани иҷозатнома барои сохтани силоҳ ваколат доранд.

2. Шахсони мансабдоре, ки барои амалӣ намудани назорати гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ваколатдор шудаанд, ҳуқуқ доранд:

- силоҳро дар ҷойҳои сохтан, хариду фурӯш, нигоҳдорӣ ва нобудсозии он аз назар гузаронанд;

- аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои дахлдор ва маълумоти хаттиро, ки барои иҷро намудани вазифаҳои назоратӣ заруранд, талаб намоянд;

- дар сурати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои муқарраршуда ба шаҳрвандон ва шахсони мансабдор барои бартараф намудани он дастур диҳанд;

- чораҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешанд.

3. Шахсони мансабдори мақомоте, ки ба амалӣ намудани назорати гардиши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ваколатдор шудаанд, ҳуқуқ доранд:

- силоҳи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардишаш манъкардашударо тибқи қоидаҳои муқарраршуда ройгон гирифта, нобуд созанд, ба истиснои силоҳе, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур расман ба даст оварда шудааст ва дар ихтиёри соҳибонаш қарор дорад;

- ба суд бо ариза дар бораи беэътибор донистани иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳ ва ё рухсатнома бораи нигоҳ доштан ё нигоҳдорию гирифта гаштани он, гирифтани иҷозатнома ва ё рухсатномаи зикргардида, силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, маҷбуран бегона кардани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он муроҷиат намоянд, ҳамчунин чораҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешанд.

4. Назорати гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангие, ки дар ихтиёри субъектҳои дар моддаи 11 Қонуни мазкур зикршуда қарор доранд, тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи гардиши силоҳ ва

                        лавозимоти ҷангии он 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар асоси принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он амалӣ менамояд.

 

Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                      «Дар бораи яроқ»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи яроқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 4, мод. 57; с. 2001, №4, мод. 152; с. 2003, №4, мод. 143; с. 2004, №12, қ. 1, мод. 695; с. 2005, №3, мод. 115; №12, мод. 645; с. 2006, №7, мод. 338; с. 2007, №5, мод. 360; с. 2009, №7-8, мод. 492; с. 2011, №12, мод. 841; с. 2012, №4, мод. 257) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода    шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 19 марти соли 2013,

 № 939

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИТТИФОҚҲОИ ҚАРЗӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:13
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
942
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.03.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИТТИФОҚҲОИ ҚАРЗӢ

 

(Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, с. 2013, №3, мод. 185)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти иттифоқҳои қарзиро муқаррар намуда, муносибатҳои байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар фаъолияти онҳо ба миён меоянд, танзим намуда, манфиатҳои аъзои иттифоқҳои қарзиро ҳифз ва истифодабарии самараноки манбаъҳои захираҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

          Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
        Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- иттифоқҳои қарзӣ - ташкилотҳои ғайритиҷоратии қарзӣ, ки дорои ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ буда, барои ба аъзои худ расонидани хизматҳои молиявӣ бо роҳи муттаҳид намудани воситаҳои пулии шахсии аъзояш ва қарздиҳии байниҳамдигарии онҳо таъсис дода  мешаванд;
- узви иттифоқи қарзӣ - шахси воқеие, ки барои дохил шудан ба иттифоқи қарзӣ аъзоҳаққии дохилшавиро тибқи оиннома месупорад;
- аъзоҳаққии дохилшавӣ - ҳаққи аъзои иттифоқи қарзӣ, ки ҳангоми дохилшавӣ ба он дар шакли пулӣ  барои таъмини фаъолияти иттифоқи қарзӣ  пардохт карда  мешавад;
- аъзоҳаққии  иловагӣ - ҳаққи аъзои иттифоқи қарзӣ, ки ҳангоми зарурати ҷуброни зиёни иттифоқи қарзӣ тибқи Қонуни мазкур ва оинномаи он пардохт карда  мешавад.

        Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи   иттифоқҳои қарзӣ 
  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттифоқҳои қарзӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсадҳои асосии иттифоқҳои қарзӣ 
Иттифоқҳои қарзӣ барои иҷрои мақсадҳои асосии зерин таъсис дода мешаванд:
 - муттаҳид намудани воситаҳои пулии  аъзои иттифоқи қарзӣ;  
- қарздиҳии байниҳамдигарии  аъзои иттифоқи қарзӣ;  
-  расонидани хизматҳои молиявӣ ба  аъзои иттифоқи қарзӣ;  
- ҷалби аъзои  иттифоқи қарзӣ ба идоракунии фаъолияти он.

     Моддаи 4. Принсипҳои ташкили фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ
 Иттифоқҳои қарзӣ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои зерин амалӣ менамоянд:
- худидоракунии иқтисодӣ ва мустақилияти хоҷагидорӣ;
- ихтиёрӣ будани аъзошавӣ ба  иттифоқи қарзӣ;
- иштироки аъзои иттифоқи қарзӣ дар фаъолияти он;
- идоракунии фаъолияти иттифоқи қарзӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ;
- баробарҳуқуқии аъзои иттифоқи қарзӣ ҳангоми пешниҳоди қарзҳо ба онҳо;
        - дастрасии иттилоот оид ба фаъолияти иттифоқи қарзӣ барои аъзои он.

       Моддаи 5. Фаъолияти  иттифоқҳои қарзӣ 
Иттифоқҳои қарзӣ  барои амалӣ намудани фаъолияти худ амалиёти зеринро мегузаронанд:
 - ҷалби маблағи пулии аъзои иттифоқи қарзӣ дар асоси шартномаҳои қарздиҳӣ;
- додани қарзҳо ба аъзои  иттифоқи қарзӣ;
- таъмини кафолатҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои қарзии аъзои иттифоқи қарзӣ ба маблағе, ки оинномаи  он муайян намудааст;
 - расонидани хизматҳои машваратӣ ва ахборотӣ ба аъзои иттифоқи қарзӣ.

     Моддаи 6. Иттиҳодияҳои иттифоқҳои қарзӣ
1. Иттифоқҳои қарзӣ барои ҳимоя ва муаррифии манфиатҳои умумӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти худ, амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак ва ҳалли дигар масъалаҳо  метавонанд иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) таъсис диҳанд.
2. Фаъолияти чунин иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
                     
                                БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИСДИҲИИ  ИТТИФОҚҲОИ ҚАРЗӢ 

         Моддаи 7. Тартиби  таъсисдиҳии иттифоқҳои қарзӣ
1. Иттифоқи қарзӣ аз ҷониби на кам  аз 10 нафар  шахсони воқеӣ таъсис дода мешавад.
2. Муассисони иттифоқи қарзӣ бояд аз рӯи шуғл ва касб ба ҳам наздик ва ё корфармои умумӣ дошта, дар як ё якчанд маҳаллаҳои аҳолинишин ба ҳам наздик истиқомат намоянд.

       Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои муассисони иттифоқҳои қарзӣ
  Муассисони иттифоқҳои қарзӣ ӯҳдадоранд:
 - оинномаи иттифоқи қарзиро, ки фаъолияти онро танзим менамояд, дошта бошанд;
- иттифоқи қарзиро аз қайди давлатӣ гузаронанд;
- аъзои раёсат, кумитаи қарзӣ ва комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзиро интихоб намоянд;
- дигар амалҳои марбут ба идоракунии фаъолияти иттифоқи қарзиро иҷро намоянд.

     Моддаи 9. Оинномаи иттифоқҳои қарзӣ
1. Иттифоқҳои қарзӣ дар асоси оиннома амал намуда,  ӯҳдадоранд талаботи оинномаро пурра иҷро намоянд.
2. Оинномаи иттифоқҳои қарзӣ талаботи зеринро дар бар мегирад:
-  иттифоқи қарзӣ бояд ташкилоти ғайритиҷоратӣ бошад;
- иттифоқи қарзӣ бояд  номи пурра ва мухтасар дошта бошад;
-  рӯйхати маҳаллаҳои аҳолинишин, ки фаъолияти иттифоқи қарзӣ дар ҳудуди онҳо амалӣ карда мешавад;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои иттифоқи қарзӣ;
- тартиб ва шартҳои қабул ва хориҷ намудан аз  аъзогии иттифоқи қарзӣ;
- маблағи ҳадди ақалли аъзоҳаққии дохилшавӣ, ки   ба иттифоқи қарзӣ пардохт карда мешавад;
- тартиб ва шартҳои пардохт ва бозпас гирифтани аъзоҳаққӣ аз ҷониби аъзои иттифоқи қарзӣ;
- рӯйхати аъзои  иттифоқи қарзӣ;
- мақомоти идоракунии иттифоқи қарзӣ, тартиби қабули қарорҳо аз ҷониби онҳо ва  номгӯи масъалаҳое, ки барои баррасии онҳо  аксарияти овозҳои  аъзои иттифоқи қарзӣ лозим аст;
- тақсими ӯҳдадориҳо байни мақомоти идоракунии иттифоқи қарзӣ;
- тартиб ва шартҳои пешниҳоди қарзҳо ба аъзои иттифоқи қарзӣ, инчунин талабот оид ба таъмини онҳо;
- тартиби ҷойгиркунонӣ ва нигоҳдории маблағи аъзои  иттифоқи қарзӣ; 
- тартиби ташкили захираҳо барои ҷуброни талафу зиёнҳои  қарзии эҳтимолӣ, инчунин дигар захираҳои иттифоқи қарзӣ, агар чунин захираҳо ташаккул ёбанд;  
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи иттифоқи қарзӣ;
- дигар талаботи марбут ба хусусиятҳои фаъолияти иттифоқи қарзӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

        Моддаи 10. Номҳои иттифоқҳои қарзӣ
1. Иттифоқҳои қарзӣ дар ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва эълону рекламаҳо танҳо ҳамон номҳоеро истифода мебаранд, ки дар оинномаашон қайд шудаанд.
2. Ба иттифоқҳои қарзӣ ва иттиҳодияҳои онҳо, ба истиснои иттифоқи қарзии умумиҷумҳуриявӣ, дар ном ва нишони худ истифодабарии калимаҳои "миллӣ", "марказӣ" ва "Тоҷикистон" дар шакли пурра ва ё мухтасар ба ҳар гуна забонҳо ва дар пайвастагӣ бо дигар калимаҳо манъ аст.

       Моддаи 11. Сармояи иттифоқҳои қарзӣ
1. Сармояи иттифоқҳои қарзӣ аз аъзоҳаққии пардохтшуда, захираҳои тибқи талаботи муқарраршуда ташкилнамудаи иттифоқи қарзӣ ва даромади тақсимнашуда иборат мебошад. Дар ташаккулёбии сармояи иттифоқҳои қарзӣ воситаҳои асосӣ, коғазҳои қиматнок ва дигар дороиҳои ғайримоддӣ истифода бурда намешаванд.
2. Сармояи иттифоқҳои қарзӣ ҳамчун чораи муҳофизатӣ метавонад барои пешгирии таваккалҳои имконпазире, ки дар ҷараёни фаъолияти он пайдо мешаванд, истифода бурда шавад.
                        
                                                       БОБИ 3. АЪЗОГӢ БА ИТТИФОҚИ ҚАРЗӢ

             Моддаи 12. Аъзогӣ ба  иттифоқи қарзӣ
1. Ҳар  шахси воқеӣ, ки дар лаҳзаи дохилшавӣ ба иттифоқи қарзӣ ба синни 18 расидааст, тибқи муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур, метавонад узви иттифоқи қарзӣ шавад. 
2. Раёсати иттифоқи қарзӣ пешниҳодро дар бораи қабул намудан ба аъзогии иттифоқи қарзӣ баррасӣ намуда, оид ба он қарор қабул менамояд.
3. Узви иттифоқи қарзӣ, ки барои ҷиноятҳои дар соҳаи фаъолияти  иқтисодӣ содирнамудааш доғи судӣ дорад, наметавонад ба аъзогии раёсат, кумитаи қарзӣ ва ё комиссияи тафтишотӣ интихоб шавад. 
4. Узви  иттифоқи қарзӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои он баробар ба маблағи аъзоҳаққии пардохтааш масъулият дорад.
5. Аъзои иттифоқи қарзӣ ҳуқуқ доранд бо оиннома, ҳисоботи молиявӣ ва феҳристи аъзои иттифоқи қарзӣ шинос шаванд.
Моддаи 13. Қатъ  намудани аъзогӣ ба  иттифоқи қарзӣ
1. Аъзогӣ ба иттифоқи қарзӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- баромадан аз иттифоқи қарзӣ;
- додани аъзоҳаққӣ  ба дигар аъзои иттифоқи қарзӣ;
- вафоти узви иттифоқи қарзӣ;
- риоя накардани талаботи оинномаи иттифоқи қарзӣ.
2. Баромадан аз иттифоқи қарзӣ бо тартиби пешбининамудаи оинномаи он сурат мегирад.
3. Қарори ҷаласаи раёсати иттифоқи қарзӣ оид ба хориҷ намудани аъзои иттифоқи қарзӣ аз аъзогӣ дар маҷлиси умумии аъзои иттифоқи қарзӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Аз рӯи қарори иттифоқи қарзӣ оид ба хориҷ намудани узви иттифоқи қарзӣ  ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

БОБИ 4. ИДОРАКУНИИ ИТТИФОҚҲОИ ҚАРЗӢ

          Моддаи 14. Мақомоти идоракунии иттифоқҳои қарзӣ
1. Идоракунии иттифоқи қарзӣ аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои иттифоқи қарзӣ, раёсат, кумитаи қарзӣ ва комиссияи тафтишотии он амалӣ карда мешавад.
2. Сохтори мақомоти идоракунии иттифоқи қарзӣ, салоҳият, ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва ташкили фаъолияти он дар оинномаи иттифоқи қарзӣ  муқаррар карда мешаванд.
3. Қарорҳои қабулшуда бо тартиби ҳатмӣ ба маълумоти ҳамаи аъзои иттифоқи қарзӣ  расонида мешаванд.
4. Протоколҳои маҷлиси умумӣ,  ҷаласаҳои раёсат ва комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзӣ ҳамчун ҳуҷҷатҳои муҳими ҳисоботӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

       Моддаи 15.  Маҷлиси умумии  аъзои иттифоқҳои қарзӣ
1. Маҷлиси умумии аъзои иттифоқи қарзӣ мақоми олии идоракунии он буда, барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ташкил ва танзими фаъолияти он ваколатдор аст.
2. Маҷлиси умумӣ аз ҷониби раёсати иттифоқи қарзӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи оиннома, вале на камтар аз як маротиба дар як сол ва на дертар аз се моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ даъват карда мешавад.
3. Маҷлиси умумии ғайринавбатӣ дар ҳолатҳое, ки оинномаи иттифоқи қарзӣ  муайян намудааст, инчунин бо ташаббуси раёсати иттифоқ, комиссияи тафтишотӣ ва ё дар асоси аризаи хаттии на камтар аз даҳ як ҳиссаи аъзои иттифоқи қарзӣ  ба унвони раёсат даъват карда мешавад. Дар ҳолати аз ҷониби раёсати иттифоқи қарзӣ  рад шудани даъвати маҷлиси умумӣ ваколати даъвати онро комиссияи тафтишотӣ амалӣ менамояд. Ҳангоми рад шудани таклифи комиссияи тафтишотӣ даъвати маҷлиси умумиро гурӯҳи ташаббускор аз ҷумлаи аъзои иттифоқи қарзӣ ба зимма мегирад. 
4. Маҷлиси умумии иттифоқи қарзӣ салоҳиятнок ҳисобида мешавад, агар дар он зиёда аз 50 фоизи аъзои иттифоқи қарзӣ  иштирок дошта бошад.
5. Раёсати иттифоқи қарзӣ  аъзои онро  оид ба даъват ва рӯзномаи маҷлиси умумӣ  пешакӣ, вале на дертар аз ҳафт рӯз то гузаронидани он огоҳ месозад. Иштирок накардани узви иттифоқи қарзӣ дар маҷлиси умумӣ ӯро аз ӯҳдадории иҷрои қарори маҷлиси умумӣ озод намекунад.  
6. Ба салоҳияти маҷлиси умумӣ мансубанд:
- тасдиқи оинномаи иттифоқи қарзӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;
- тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раёсат ва шунидани ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ;
- интихоби раиси иттифоқ ва аъзои раёсат, раиси кумитаи қарзӣ, раис ва аъзои комиссияи тафтишотӣ  ва қатъ намудани ваколатҳои онҳо;
- тасдиқи ҳисоботи солона, тавозуни муҳосибӣ, тартиби тақсими даромадҳо ва ҷуброни зиёнҳои иттифоқи қарзӣ (агар ҷой дошта бошад);
- муқаррар намудани маблағи аъзоҳаққӣ, дигар пардохтҳо ва тартиби воридкунии онҳо;
- тасдиқи намудҳо ва маблағи умумии фондҳои иттифоқи қарзӣ, инчунин шартҳои ташаккулёбӣ ва истифодабарии онҳо;
- тасдиқи тартиби дохилшавии иттифоқи қарзӣ ба дигар иттифоқҳо ва ташкилотҳои иттифоқӣ ва хориҷшавӣ аз онҳо;
- тасдиқи дастури кории кумитаи қарзӣ;
- тасдиқи тартиби азнавташкилдиҳӣ ва расмиёти барҳамдиҳии иттифоқи қарзӣ;         
- баррасии дигар масъалаҳое, ки тибқи оинномаи иттифоқи қарзӣ ба салоҳияти маҷлиси умумӣ мансубанд.

        Моддаи 16. Раёсати иттифоқҳои қарзӣ
1. Раёсати иттифоқи қарзӣ бо шумораи на кам аз се нафар аз ҷумлаи аъзои  иттифоқи қарзӣ дар маҷлиси умумӣ ба мӯҳлати се сол интихоб карда мешавад ва идоракуниро аз рӯи фаъолияти он иҷро менамояд.
2. Вазифаи асосии раёсати иттифоқи қарзӣ аз ҳифзу  нигоҳдории аъзоҳаққӣ ва  хизматрасонии молиявӣ барои аъзои  иттифоқи қарзӣ иборат мебошад.
3. Раёсати иттифоқи қарзӣ ҳар сол оид ба натиҷаи фаъолияти худ дар маҷлиси умумӣ ҳисобот медиҳад.
4. Ба ваколатҳои раёсати иттифоқи қарзӣ дохил мешаванд:
- тасдиқи қоидаҳои фаъолияти иттифоқи қарзӣ ва тағйироти минбаъдаи онҳо;
- муқаррар намудани  тартиб ва маблағи  воридкунии аъзоҳаққии  иловагӣ;
- ҳалли масъалаҳои марбут ба қабул ва хориҷ намудани аъзои иттифоқи қарзӣ;
- тасдиқи қарорҳои кумитаи қарзӣ оид ба додани қарзҳо ба аъзои иттифоқи қарзӣ;
-  муайян намудани маблағи музди меҳнат барои кормандони кироя, агар чунин ҳолат дар  оинномаи иттифоқи қарзӣ пешбинӣ шуда бошад;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳои марбут ба фаъолияти ҷории  иттифоқи қарзӣ, ки ба салоҳияти маҷлиси умумӣ мансуб нестанд;
5. Аъзои раёсати иттифоқи қарзӣ ҳуқуқ  доранд  дар ҳар вақти дилхоҳ бо пешниҳоди аризаи хаттӣ ба унвони раиси раёсати иттифоқ ба истеъфо раванд.
6. Аъзои раёсати иттифоқи қарзӣ  танҳо бо қарори маҷлиси умумӣ аз вазифаҳои худ бозхонд карда мешаванд. Қарор оид ба ин масъала бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои  иттифоқи қарзӣ, ки дар маҷлис  иштирок доранд, қабул карда мешавад.
7. Раёсати иттифоқи қарзӣ дар маҷлиси нахустини худ раис, муҳосиб ва котибро интихоб менамояд. 
8. Маҷлиси раёсати иттифоқи қарзӣ аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як моҳ даъват карда мешавад. Раёсат барои ҳалли масъалаҳои дар он баррасишаванда  ҳуқуқ дорад, агар дар ҷаласа аз се ду ҳиссаи аъзои раёсат иштирок дошта бошанд.
9. Таҳияи протоколи маҷлис ва ҳисоботи стенограммавии маҷлиси раёсати иттифоқи қарзӣ ба зиммаи котиби иттифоқи қарзӣ гузошта мешавад. Протоколи маҷлиси ҷаласаи раёсати иттифоқи қарзӣ бо имзои раиси раёсат ва котиби иттифоқи қарзӣ ба расмият дароварда мешавад.
10. Аъзои раёсат, кумитаи қарзӣ, комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзӣ фаъолияти худро ройгон амалӣ менамоянд. Бо қарори маҷлиси умумӣ онҳо вобаста ба дараҷаи иштирокашон дар фаъолияти мақомоти идоракунии иттифоқи қарзӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

         Моддаи 17. Кумитаи қарзии иттифоқи қарзӣ
1. Дар иттифоқи қарзӣ кумитаи қарзӣ таъсис дода мешавад, ки аъзои онро маҷлиси умумӣ  интихоб менамояд.
2. Кумитаи қарзӣ бо шумораи на кам аз се нафар аз ҷумлаи аъзои  иттифоқи қарзӣ ба мӯҳлати се сол интихоб карда мешавад. Кумитаи қарзии иттифоқи қарзӣ дар маҷлиси нахустини худ раис ва котиби кумитаро интихоб менамояд ва дар ҳар вақти зарурӣ маҷлис мегузаронад.
3. Кумитаи қарзӣ масъалаҳои  зеринро баррасӣ менамояд:
- баррасии аризаҳои аъзои иттифоқи қарзӣ ва масъалаҳои  кор бо қарзҳо; 
 - таҳияи дастури кории кумитаи қарзӣ ва пешниҳоди он барои тасдиқ ба маҷлиси умумӣ.
4. Кумитаи қарзӣ аз рӯи аризаи ҳар як узви иттифоқи қарзӣ барои гирифтани қарз алоҳида қарор қабул мекунад. 
5. Кумитаи қарзӣ қарорҳои қабулнамударо оид ба додани қарз ба аъзои иттифоқи қарзӣ барои тасдиқ ба раёсати иттифоқи қарзӣ пешниҳод менамояд. Қарзҳо ба аъзои  иттифоқи қарзӣ пас аз тасдиқ шудани қарори кумитаи қарзӣ дар ҷаласаи раёсати иттифоқи қарзӣ дода мешаванд.
6. Узви  иттифоқи қарзӣ, ки аризаи он рад карда шудааст, метавонад аз рӯи ин қарор ба раёсат ва маҷлиси умумии иттифоқи қарзӣ шикоят намояд.

            Моддаи 18. Комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзӣ
1. Комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзӣ дар  маҷлиси умумии аъзои иттифоқи қарзӣ бо шумораи  на камтар аз се нафар аз ҷумлаи аъзои он ба мӯхлати се сол интихоб карда мешавад. Комисияи тафтишотӣ санҷиши дурустии суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо ва ҳолати корҳоро дар иттифоқи қарзӣ мунтазам  мегузаронад. Аъзои раёсат ва аъзои кумитаи қарзӣ наметавонанд ба аъзогии комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзӣ интихоб шаванд.  
2. Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти худ  ҳар сол як маротиба ба ҷаласаи маҷлиси умумӣ ҳисобот медиҳад. 
3. Комиссияи тафтишотӣ метавонад ба маҷлиси умумӣ дар бораи манъ ва ё қатъ намудани ваколати аъзои раёсат ва ё кумитаи қарзии иттифоқи қарзӣ тавсия пешниҳод намояд. Қарор оид ба ин масъала бо тарафдории аз се ду ҳиссаи аъзои комиссияи тафтишотӣ қабул карда мешавад.

           Моддаи 19. Аудити  иттифоқи қарзӣ
1. Фаъолияти иттифоқи қарзӣ метавонад ҳар сол таҳти санҷиши аудитии дохилӣ ва берунӣ қарор гирад. Санҷиши аудитӣ дар ҳолати қабул шудани чунин қарор  пас аз ду моҳи ба анҷом расидани соли молиявии иттифоқи қарзӣ гузаронида мешавад.
2. Агар раёсати иттифоқи қарзӣ қарор кунад, ки аудити берунӣ гузаронида нашавад, масъулияти аудити берунӣ ба зиммаи комиссияи тафтишотии иттифоқи қарзӣ гузошта мешавад.
3. Аудитор бояд дар бораи инъикоси аниқи ҳолати молиявии иттифоқи қарзӣ дар охири соли ҳисоботӣ ва натиҷаҳои  фаъолияти молиявиро дар  соли ҳисоботӣ, инчунин оид ба дурустии пешбурди баҳисобгирӣ хулоса пешниҳод намояд. Санҷиши аудитӣ сифати дороиҳо, инчунин арзёбии кифояти ҳиссаҷудокунии заруриро ба захираҳо барои пӯшонидани талафҳои қарзии эҳтимолӣ дар бар мегирад.
4. Аудитор ба ҳамаи китобҳои муҳосибӣ, ҳисобҳо, ҳуҷҷатҳои воридотию хароҷотӣ, ҳисоб-фактураҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои иттифоқи қарзӣ  бояд дастрасӣ дошта бошад. Аъзои раёсат, кумитаи қарзӣ ва комиссияи тафтишотӣ ба аудитор оид ба фаъолияти худ ахбори пурраро пешниҳод менамоянд. 
5. Хулосаи аудитӣ ва тавсияҳо ба раёсати иттифоқи қарзӣ ва комиссияи тафтишотӣ пешниҳод карда мешаванд, ки ӯҳдадоранд онҳоро дар маҷлиси умумӣ ба маълумоти аъзои иттифоқи қарзӣ расонанд.

 

БОБИ 5. АЪЗОҲАҚҚӢ, ПАРДОХТ, БОЗПАС ГИРИФТАН ВА ДАРОМАД АЗ АЪЗОҲАҚҚӢ

      Моддаи 20. Аъзоҳаққӣ дар иттифоқи қарзӣ
Маблағи ҳадди ақалли аъзоҳаққӣ  барои дохил шудан ба иттифоқи қарзӣ дар оинномаи иттифоқи қарзӣ муайян карда мешавад.

      Моддаи 21. Тартиби пардохт ва бозпас гирифтани аъзоҳаққии пардохтшуда
1. Ба аъзои  иттифоқи қарзӣ оид ба пардохти аъзоҳаққӣ  китобчаи аъзоҳаққӣ ва ё дигар ҳуҷҷате, ки пардохти маблағҳои пулии аъзоҳаққиро ба иттифоқи қарзӣ  тасдиқ менамояд, дода мешавад.
2. Аъзои иттифоқи қарзӣ барои баромадан аз иттифоқи қарзӣ  раёсати иттифоқи қарзиро ба таври хаттӣ огоҳ менамоянд. Иттифоқи қарзӣ ӯҳдадор аст дар давоми на камтар аз 30 рӯзи баъди воридшавии аризаи узви  иттифоқи қарзӣ  аъзоҳаққии  ӯро бозпас гардонад, агар дар оинномаи иттифоқи қарзӣ дигар ҳолатҳо пешбинӣ нашуда бошанд.
3. Дар ҳолати баромадани узви иттифоқи қарзӣ аз иттифоқи қарзӣ даромади аъзоҳаққии ӯ дар мӯҳлати се моҳ аз рӯзи дохилшавӣ ба иттифоқи қарзӣ дода мешавад, агар дар оиннома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. Иттифоқи қарзӣ дар ҳолатҳои истисноӣ бо розигии  раёсати иттифоқи қарзӣ метавонад мӯҳлати дигари бозпас гирифтани аъзоҳаққиро то санаи эҳтимолии аз  иттифоқи қарзӣ баромадани узви  иттифоқи қарзӣ  муқаррар намояд.
5. Аъзоҳаққии пардохтшудаи узви иттифоқи қарзӣ, ки   маблағи умумии ӯҳдадориҳои ин узви иттифоқи қарзиро  дар назди иттифоқи қарзӣ ба сифати қарзгиранда пӯшонида наметавонад, бозпас гардонида намешавад.

        Моддаи 22. Даромад  аз аъзоҳаққӣ 
1. Дар охири соли молиявӣ маҷлиси умумӣ маблағи даромади пардохтшавандаро аз аъзоҳаққӣ расман эълон намуда, дар бораи пардохти даромадҳо аз бақияи маблағҳои иттифоқи қарзӣ пас аз ҳиссаҷудокуниҳои зарурӣ ва иҷрои пардохтҳои нишондодашуда барои пӯшонидани хароҷоти иттифоқи қарзӣ қарор қабул менамояд.
2. Ворисони узви вафоткардаи иттифоқи қарзӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, метавонанд аъзоҳаққиро якҷоя бо даромади ҳисобкардашудаи он ихтиёрдорӣ  намоянд.

           Моддаи 23. Истифодаи аъзоҳаққӣ  барои пӯшонидани   ӯҳдадориҳои мӯҳлаташон гузашта
Иттифоқи қарзӣ ҳуқуқ дорад  дар сурати мавҷуд будани ҳар гуна қарз ва ё ӯҳдадориҳои аъзои иттифоқи қарзӣ дар назди иттифоқи қарзӣ аз даромади аъзоҳаққӣ ҳисобкардашуда маблағи муайянро барои пӯшонидани  ин қарзҳо (ӯҳдадориҳо) ситонад.

 

БОБИ 6. ҚАРЗ ВА ҚАРЗГИРИҲО

          Моддаи 24. Қарзи аз ҷониби иттифоқҳои қарзӣ  додашаванда
 1. Иттифоқи қарзӣ ба аъзои худ дар асоси талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва оинномаи иттифоқи қарзӣ, қарз пешниҳод менамояд. Принсипҳои пешбурди сиёсати қарзӣ, муқаррар намудани мӯҳлат ва шартҳои бозгашти қарз, меъёрҳои қарздиҳӣ ва шаклҳои мақбули таъмини онро маҷлиси умумӣ бо дарназардошти талаботи оинномаи иттифоқи қарзӣ муайян менамояд.
2. Қарз танҳо ба аъзои иттифоқи қарзӣ тибқи талаботи оинномаи иттифоқи қарзӣ дода мешавад.
3. Қарз  метавонад таъминшуда ва таъминнашуда бошад. Қарз ба аъзои иттифоқи қарзӣ метавонад аз ҳисоби замонати дигар аъзои иттифоқи қарзӣ дар асоси аъзоҳаққии  онҳо таъмин карда шавад.
4. Қарз вобаста ба ҳуҷҷатгузории ҳуқуқӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби раиси раёсати иттифоқӣ карзӣ тасдиқ карда мешавад.

5. Хароҷоти зарурии марбут ба ҳолатҳои барасмиятдарорӣ ва пешниҳоди қарз аз ҳисоби қарзгиранда  пӯшонида мешавад.

          Моддаи 25. Хусусиятҳои қарздиҳӣ
1. Иттифоқи қарзӣ ба аъзои раёсат, кумитаи қарзӣ ва комиссияи тафтишотӣ бо риояи шартҳои зерин  қарз медиҳад:
- мутобиқати қарзи додашаванда ба талаботи Қонуни мазкур, оиннома ва дастурамали  қарздиҳӣ ба дигар  аъзо бо шартҳои барои ҳамаи аъзои иттифоқи қарзӣ якхела;
- маблағи умумии қарз, аз ҷумла кафолати онҳо, ки ба аъзои иттифоқи қарзӣ дода мешавад, набояд аз маблағи  муайяннамудаи оинномаи иттифоқи қарзӣ зиёд бошад.
2. Маълумот дар бораи маблағи умумии қарз, ки ба шахсони дар моддаи мазкур пешбинишуда дода мешавад, ҳатман ва мунтазам аз ҷониби комиссияи тафтишотӣ ва/ё аудити берунӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шуда, ба маълумоти раёсат ва аъзои иттифоқи қарзӣ дар маҷлиси умумӣ расонида мешавад.

           Моддаи 26. Тартиби сармоягузории маблағҳои иттифоқҳои қарзӣ
 Маблағи умумии сармоягузориҳои иттифоқи қарзӣ ба воситаҳои асосӣ (бино, мебел ва таҷҳизот), ки барои пешбурди фаъолияти хоҷагидории иттифоқи қарзӣ заруранд, наметавонад аз маблағе, ки меъёрҳои танзимкунандаи оинномаи иттифоқи қарзӣ муқаррар намудааст, зиёд бошад.

          Моддаи 27. Захираҳои таъсисдодаи иттифоқи қарзӣ
1. Иттифоқи қарзӣ ӯҳдадор аст барои пӯшонидани талафот ва зиёнҳои эҳтимолӣ аз рӯи қарзҳо ва сармоягузориҳо ва ё дигар талафот аз рӯи дороиҳое, ки байни аъзои иттифоқи қарзӣ тақсим  шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои барҳамдиҳии иттифоқи қарзӣ, ба андозаи муқаррарнамуда  тибқи  оинномаи иттифоқи қарзӣ захираҳо таъсис диҳад.
2. Ҳиссаҷудокуниҳо ба захираҳо то пардохти даромадҳо (дивидендҳо)  аз рӯи аъзоҳаққии гузошташуда амалӣ карда мешаванд.
3. Иттифоқи қарзӣ метавонад дигар захираҳои марбутро барои ташаккулёбӣ ва такмили фаъолияти худ таъсис диҳад.

 

БОБИ 7. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИИ ИТТИФОҚҲОИ ҚАРЗӢ

      Моддаи  28. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии иттифоқи қарзӣ
1. Соли молиявӣ барои иттифоқи қарзӣ аз 1 январ то 31 декабр муқаррар карда мешавад.
2. Пешбарии китобҳои муҳосибӣ, ҳисобот, низоми  муҳосибӣ ва тартиботи дохилии иттифоқи қарзӣ бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ" ва оинномаи иттифоқи қарзӣ ҷавобгӯ бошанд.
3. Иттифоқи қарзӣ ӯҳдадор аст баҳисобгирии дақиқ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои дар баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳияи ҳисобот истифодашударо таъмин намояд.
4. Иттифоқи қарзӣ дар як сол як маротиба, вале на дертар аз  20 рӯзи  баъди анҷоми соли молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба гузарондани амалиёти молиявӣ ахборот пешниҳод менамояд.

        Моддаи 29. Талаботи махсус 
1. Иттифоқи қарзӣ дар ҳолати фурӯхтани  молу мулки кафолатӣ ба шахсоне, ки аъзои иттифоқи қарзӣ нестанд, ӯҳдадор аст хароҷоти барасмиятдарории аҳдномаи хариду фӯрушро бо розигии маҷлиси умумӣ пӯшонад.
2. Хизматрасонии молиявии иттифоқҳои қарзӣ, инчунин амалиёти марбут ба сармояи онҳо ва маблағҳои ҷалбшуда хусусияти тиҷоратӣ ва  мақсади гирифтани фоидаро надоранд.
3. Хароҷоти иттифоқи қарзӣ аз қисмҳои зерин иборатанд:
- хароҷоти зарурии марбут ба фаъолияти ҷории иттифоқи қарзӣ;
- даромадҳо аз ҳисоби аъзоҳаққӣ, ки дар ҷамъбасти соли молиявӣ пардохт карда мешаванд;
- дигар хароҷоти пешбининашуда тибқи оинномаи иттифоқҳои қарзӣ.

 

БОБИ 8. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ИТТИФОҚҲОИ ҚАРЗӢ

      Моддаи 30. Тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии  иттифоқи қарзӣ
1. Иттифоқи қарзӣ метавонад бо риояи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташкил  карда шавад. 
2. Иттифоқи қарзӣ метавонад ихтиёран мавриди худбарҳамдиҳӣ қарор гирад. Худбарҳамдиҳии иттифоқи қарзӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои зерин амалӣ карда мешавад:
 - иттифоқи қарзӣ бояд пешниҳоди қарзҳоро аз лаҳзаи қабули қарор оид ба худбарҳамдиҳӣ қатъ намояд;
- иттифоқи қарзӣ пеш аз худбарҳамдиҳӣ бояд ҳамаи ӯҳдадориҳои худро дар назди қарздиҳандагон ва  аъзои  иттифоқи қарзӣ  иҷро намояд. 
3. Дороиҳои иттифоқи қарзӣ, ки  баъд аз иҷрои ҳамаи ӯҳдадориҳо аз маблағи умумии аъзоҳаққии пардохтшуда барзиёд боқӣ мемонанд, дар байни аъзои иттифоқи қарзӣ тибқи шартҳои муқаррарнамудаи оинномаи  иттифоқи қарзӣ тақсим карда мешаванд.
4. Барҳамдиҳии иттифоқи қарзӣ дар ҳолати гум кардани қобилияти пардохтпазирӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавӣ" амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

       Моддаи 31. Ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳое, ки дар раванди фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ пайдо мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд. 
Моддаи 32.Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни  мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

           Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни  мазкур
     Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе,

19 марти соли 2013,

№ 942

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:16
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
943
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.03.2013
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №3, мод.186; с.2014, №3, мод.150)
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075, аз 8.08.2015 № 1216, аз 15.03.2023 № 1960)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, танзим ва назорати савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонии маишӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур муносибатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорро вобаста ба ташкил ва амалӣ намудани савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин муносибатҳои субъектҳои хоҷагидорро ҳангоми савдо ва хизматрасонии маишӣ танзим менамояд.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба ташкил ва амалӣ намудани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба савдои хориҷӣ, савдо дар биржаҳои молӣ, инчунин хариду фурӯши коғазҳои қиматнок, объектҳои молу мулки ғайриманқул, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, аз ҷумла қувваи барқ ва энергияи гармӣ татбиқ намегардад.
3. Шартҳо ва тартиби фурӯши молҳое, ки муомилоти онҳо дар байни субъектҳои хоҷагидор маҳдуд аст, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
4. Муносибатҳои вобаста ба ташкили бозорҳои чаканафурӯшӣ, фурӯши мол дар бозорҳои чаканафурӯшӣ ва хизматрасонии маишӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ танзим карда мешаванд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- молҳои истеъмолӣ - маҳсулоти дар шакли табиӣ ё коркардшудаи дар муомилот буда, ки онро инсон ҳамчун хӯрок истифода мебарад (аз ҷумла, маҳсулоти хӯроки кӯдакон, маҳсулоти хӯроки парҳезӣ), оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойкардашуда, маҳсулоти спиртдор, оби ҷав, нӯшобаҳо ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, ки дар асоси онҳо тайёр карда шудаанд, сақич, иловаҳои хӯрокворӣ ва фаъоли биологӣ;
- хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ - натиҷаи ҳамкории бевоситаи байниҳамдигарии фурӯшанда (иҷрокунанда) ва харидор (истеъмолкунанда), инчунин фаъолияти шахсии фурӯшанда (иҷрокунанда) ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи харидор (истеъмолкунанда) ҳангоми хариду фурӯши мол, ташкил ва татбиқи истеъмоли маҳсулоти хӯроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ;
- маҳсулоти истеҳсоли худии корхонаҳои хӯроки умумӣ - таом ва маҳсулоти қаннодию кулинарӣ, нӯшокӣ, намудҳои нимтайёри онҳо, ки инсон истеъмол менамояд ва дар корхонаҳои хӯроки умумӣ мутобиқи технология ва дастури (ретсепти) тайёркунӣ тавассути коркарди сард ё гарми маҳсулоти озуқаворӣ истеҳсол шуда, барои фурӯши минбаъда ва ташкили истеъмоли он пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075);
- савдо - фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба муносибатҳои хариду фурӯши молҳои истеҳсолгардида, коркард ё харидшуда, инчунин иҷрои кору хизматрасонии маишӣ вобаста ба фурӯши маҳсулот;
- феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ - низоми ягонаи иттилооти давлатӣ, ки маълумотро оид ба субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ дар бар мегирад;
- савдои чакана - намуди савдо вобаста ба хариду фурӯши молҳои ниёзи истеъмолкунанда дар раванди қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсӣ;
- савдои хурди чакана - намуди савдои чаканаи мол ва хизматрасонӣ, ки ба шароити махсуси нигоҳдорию фурӯши мол ва хизматрасонӣ тавассути объектҳои доимӣ, инчунин бо ёрии объектҳои сайёри таҳти идоракунии умумӣ қарордошта, аз ҷумла павилйонҳо, дӯконҳои хурд, автоматҳои молфурӯшӣ, аробачаҳои молфурӯшӣ, мағозаҳои автомобилӣ, автосистернаҳо, ки барои фурӯш таъин шудаанд;
- шабакаи савдо - маҷмӯи ду ё якчанд объектҳои савдо, ки таҳти идоракунии умумӣ қарор доранд ва бо тамғаи ягона ё дигар воситаҳои фардикунонӣ истифода бурда мешаванд;
- савдои яклухт - намуди савдои мол барои истифода дар фаъолияти соҳибкорӣ (аз ҷумла, хариду фурӯш) ё барои дигар мақсадҳо таъин гардида, ба истифодаи шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва дигар намуди истифодаи инфиродӣ вобаста намебошад ва дар объектҳои савдои махсусгардонидашуда ё омехта ҳангоми мавҷудияти нуқтаҳои махсус анҷом дода мешавад;
- хӯроки умумӣ - фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсол, коркард, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;
- корхонаи хӯроки умумӣ - объекте (тарабхона, қаҳвахона, ошхона, бар, комбинати хӯроки умумӣ, фабрикаи кулинарии мактабӣ, сехи озуқаворӣ барои мусофирони ҳавопаймоҳо, ошхонаи парҳезӣ, вагон-тарабхона, қаҳвахона-автомат, автоматҳои обфурӯшӣ, буфет, мағозаи (шӯъбаи) кулинарӣ), ки барои истеҳсоли маҳсулоти кулинарӣ, кулчақандҳо ва фурӯши онҳо ё ташкили истеъмол пешбинӣ гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075);
- дастури (ретсепти) таом ва маҳсулоти кулинарӣ - ҳуҷҷати асосии меъёрии технологие, ки ба ҷараёни технологӣ ва маҳсулоти тайёр талаботи ягона дошта, муайянкунандаи меъёрҳои харҷи ашё ва маҳсулот ҳангоми тайёр намудани таом ва маҳсулоти кулинарӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ истифода мегардад;
- хизматрасонии маишӣ - фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба иҷрои кору хизматрасонии пулакӣ барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти маишӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсии истеъмолкунандагон мутобиқи номгӯи хизматрасонӣ (ба истиснои гаравхона (ломбард) тибқи шартномаи хизматрасонии маишӣ;
- корхонаҳои хизматрасонии маишӣ - ташкилотҳои хизматрасон, ки фаъолияти онҳо ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ба хизматрасонии маишӣ нигаронида шудаанд (устохонаҳо, ателйе, бунгоҳҳои қабул, хушкашӯӣ, ҳаммом, шустагарӣ, сартарошхона, суратгирхона ва ғайра);
- маркази логистикӣ - корхонаи махсусгардонидашудае, ки вазифаи асосии он аз ҷойгиркунонӣ ва нигоҳдории борҳо (молҳо), ба ҷо овардани расмиёти гумрукӣ ва хизматрасонии иттилоотӣ иборат мебошад;
- субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки мол ё хизматрасониро ба истеъмолкунанда бо роҳи савдои чакана ё савдои хурди чакана пешниҳод мекунад ва (ё) мефурӯшад, хизматрасонии хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маиширо ба аҳолӣ анҷом медиҳад, инчунин шахсе, ки хоҷагии ёрирасони шахсӣ дошта, маҳсулоти кишоварзии дар он истеҳсол ё коркарднамудаашро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон савдо мекунад;
- объекти савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣобъектҳои доимӣ ва сайёр, бино ё як қисми бино, иморат ё як қисми иморат, ки барои савдои чакана, хизматрасонии хӯроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, ҳисоббаробаркунии музднок бо истеъмолкунандагон ҳангоми фурӯши мол бо таҷҳизоти махсуси савдою технологӣ ҷиҳозонида шудаанд;
- объекти доимии савдо - бино ё як қисми бино, иморат ё як қисми иморат, ки бо пойдевори чунин бино, иморат ба замин мустаҳкам пайваст шуда, ба шабакаҳои таъминоти муҳандисию техникӣ васл мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075);
- объекти сайёри савдо - бинои муваққатӣ ё конструксияи муваққатӣ, ки новобаста ба пайваст будан ё набудан ба шабакаҳои муҳандисию техникӣ дар қитъаи замин устувор намебошад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075);
- объекти сайёри савдои хурди чакана - ғурфа, автосистернаҳо ва аробачаҳо, ки барои фурӯши мол ва ё маҳсулоти хӯроки умумӣ ва (ё) хизматрасонӣ пешбинӣ шудаанд;
- бозори фурӯши чакана - маҷмӯи молу мулке, ки аз қитъаи замини аз ҳудуди ҳамшафат ҷудо ва бо объектҳои дар он қарордошта, аксаран аз объектҳои шабакаи савдои хурди чаканаи дорои вазифаи мутамаркази хизматрасонӣ, идоракунӣ ва муҳофизатӣ иборат буда, барои фурӯши молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасонии маишӣ) дар асоси нархҳои озоди бевосита ҳангоми бастани шартномаҳои хариду фурӯши чакана ва шартномаҳои пудратии маишӣ муайяншуда пешбинӣ гардидаанд;
- бозори универсалӣ - бозори фурӯши чакана, ки дар он камтар аз ҳаштод фоизи миқдори умумии ҷойҳои савдо барои фурӯши як навъи мол таъин гардидааст;
- бозори махсусгардонидашуда - бозори фурӯши чакана, ки дар он бештар аз ҳаштод фоизи миқдори умумии ҷойҳои савдо барои фурӯши як навъи мол таъин гардидааст;
- бозори кооперативии кишоварзӣ - бозори маҳсулоти кишоварзӣ, ки он аз ҷониби ташкилоти мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли кооперативи истеъмолӣ ба қайди давлатӣ гирифташуда идора карда мешавад;
- бозори кишоварзӣ - бозори махсусгардонидашуда, ки дар он фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад;
- маъмурияти бозор - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ барои савдо ва хизматрасонии маишӣ шароит фароҳам меорад, ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маиширо ҷудо намуда, феҳристи фурӯшандаҳои бозор ва феҳристи шартномаҳоро дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ пеш мебарад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075);
- ҷойи савдо дар бозор - ҷой дар бозор (аз ҷумла павилйон, дӯконча, хайма, ғурфа), ки аз ҷониби маъмурияти бозор махсус барои фурӯши молҳо (иҷрои кору хизматрасонӣ) ҷудо карда ва таҷҳизонида шуда, ба талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими савдо ҷавобгӯ мебошад;
- корти фурӯшанда - овезаи сарисинагӣ оид ба маълумоти асосӣ дар бораи фурӯшанда, ки тибқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби маъмурияти бозор ба фурӯшанда дода мешавад;
- феҳристи фурӯшандаҳои бозор - номгӯи маълумот оид ба фурӯшандаҳо, ки аз ҷониби маъмурияти бозор тартиб дода мешавад;
- феҳристи шартномаҳо дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ - номгӯи маълумот оид ба фурӯшандаҳо, пудратчиҳо ва иҷрокунандагон тибқи шартномаи басташуда бо маъмурияти бозор (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Принсипҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ
Савдо ва хизматрасонии маишӣ ба принсипҳои зерин асос меёбанд:
- таъмини амнияти озуқаворӣ;
- асоснок ва объективӣ будани тадбирҳои танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- ҳамгироии механизмҳои танзимкунӣ бо принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
- беасос дахолат накардани мақомоти давлатӣ ба танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- ҳифзи бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз молҳои бесифат ва қалбакӣ;
- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои савдо ва шаҳрвандон;
- таъмини муомилоти озоди мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дастгирии давлатии корхонаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ.
Моддаи 5. Танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ
Танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- муқаррар намудани талабот ва қоидаҳои ташкил ва амалигардонии он;
- танзими зиддиинҳисории савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- таъминоти иттилоотӣ дар ин соҳа;
- назорати давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- бамеъёрдарории техникӣ, стандартизатсия, тасдиқи мутобиқат ба талаботи санадҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёргирии техникӣ ва стандартизатсия ва бақайдгирии молҳо, сертификатсияи дастури (ретсепти) таомҳо, маҳсулоти кулинарию қаннодӣ ва дигар маҳсулоти хӯроки умумӣ (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075).
БОБИ 2. ИДОРАКУНӢ ДАР СОҲАИ ТАНЗИМИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ мансуб мебошанд:
- татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- таҳия ва тасдиқ намудани консепсия ва дурнамои давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075);
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- тасдиқи барномаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- тасниф ва истифода аз дигар усулҳои танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- тасдиқи қоидаҳои пешбурди савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин пешбурди феҳристи онҳо;
- амалӣ намудани салоҳияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ муқаррар намудааст.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дохил мешаванд:
- таҳияи пешниҳодот оид ба рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иштирок дар татбиқи чораҳои таъмини амнияти озуқаворӣ;
- тасдиқи тавсияҳои методӣ оид ба таҳияи барномаҳои минтақавии рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- таҳияи пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истеҳсол ва фурӯши мол (хизматрасонии маишӣ) ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо молҳо;
- ташаккул додани махзани иттилоотии ҷумҳуриявии давлатӣ оид ба бозори молҳо ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ, инчунин муқаррар намудани санадҳои иттилоотӣ, ки барои ташкили махзани иттилоот дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳатман пешниҳод карда мешаванд;
- сари вақт огоҳ намудани субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ ваколатҳои зеринро доранд:
- гузаронидани мушоҳидаҳои иттилоотию таҳлилии вазъи бозори молҳои муайян ва анҷом додани савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳое, ки ба рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ мусоидат менамоянд;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- тасдиқи нақшаи ҷойгиркунонии объектҳои савдо дар маҳалҳо мутобиқи нақшаҳои рушди минтақаҳо;
- ташаккули захираҳои иттилоотии шаҳру ноҳияҳо барои таъмини фаъолияти самараноки бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ;
- бо назардошти шароити маҳаллӣ муқаррар намудани номгӯи намудҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳими молу хизматрасонӣ, ки барои фурӯш (ё хизматрасонӣ) дар объектҳои махсусгардонидашуда ҳатмӣ мебошанд, ташкили хизматрасонӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шахсоне, ки аз дастгирии иҷтимоӣ истифода мебаранд;
- муқаррар намудани тартиби ҷойгиркунонии объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо назардошти шароити маҳал мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075);
- муқаррар намудани реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии аз ҷиҳати танзим муҳим тибқи тартиби қонунгузорӣ (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1960);
- ташкили омӯзиш ва пешгӯии талабот ба мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ, мушоҳидаи иттилоотию таҳлилии вазъи бозори молу хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо;
- ташаккули захираҳои иттилоотии давлатӣ дар бораи бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ дар шаҳру ноҳияҳо;
- таҳияи барнома ва муқаррар намудани талаботи ягона бо мақсади ороиш додани корхонаҳои бозори истеъмолӣ вобаста ба санаҳои муҳими давлатӣ ва ба таври мушаххас ҷойгир намудани иттилоот бо назардошти шароити маҳал;
- ташаккули захираи мол бо назардошти эҳтимолияти рух додани ҳолатҳои фавқулодда;
- ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба сохтмони марказҳои логистикии молрасонӣ, қабул ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ташаккули гурӯҳи молҳо барои фиристодан ба субъектҳои хоҷагидори савдои яклухт ва (ё) чаканаи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;
- дастгирии ташкилотҳои кооператсияи истеъмолӣ, хоҷагиҳо ва кооперативҳои кишоварзӣ, ки дар маҳалҳо бо хариду фурӯш машғуланд;
- ҳавасмандгардонӣ ба кори фаъолона ва ҳамкории муштараки субъектҳои савдо, молрасонӣ, гузаронидани намоишҳо ва ярмаркаҳо дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- андешидани тадбирҳо барои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва дастгирии сохтмон, ҷойгиркунонии объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ ва таъмини дастрасии субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ба молу мулки давлатӣ;
- таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар нишондиҳандаҳои вазъи савдо дар минтақаҳои маъмурию ҳудудӣ ва самарабахшии тадбирҳои андешидашуда оид ба рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- таҳия ва тасдиқи нақшаи ҷойгиркунонии объектҳои сайёри савдо бо назардошти таъмин намудани аҳолӣ бо майдонҳои савдо;
- мусоидат ва дастгирии ҳамаҷониба оид ба фароҳам овардани шароит барои фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
БОБИ 3. ОБЪЕКТҲОИ САВДО, ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛИ САВДО, ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ, НАМУДҲО ВА ҶОЙГИРКУНИИ ОНҲО
Моддаи 9. Объектҳои савдо ва намудҳои асосии савдо
1. Ба объектҳои савдо мансубанд:
- объектҳои савдо;
- объектҳои хӯроки умумӣ.
2. Ба намудҳои асосии савдо савдои яклухт, савдои чакана, хӯроки умумӣ ва дигар намудҳои савдо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дохил мешаванд.
3. Хӯроки умумӣ тавассути объектҳои хӯроки умумӣ ба роҳ монда шуда, ба намудҳое (ошхона, тарабхона, қаҳвахона, бар ва ғайра) ҷудо мегардад, ки дорои категорияҳои нархгузории иловагӣ (люкс, олӣ, якум, дуюм, сеюм) ё бе нархгузории иловагӣ мебошанд.
4. Тартиби ҷудо намудани объектҳои хӯроки умумӣ ба намудҳо ва дараҷаи мансубияти онҳо ба ин ё он категорияи нархгузорӣ аз ҷониби соҳибони ин объектҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 10. Хусусиятҳои ташкили хӯроки умумӣ
1. Субъектҳои савдо дар соҳаи хӯроки умумӣ хизматрасонии хӯроки умумиро оид ба қонеъгардонии талаботи истеъмолкунанда ба хӯрок ва таъмини фароғат амалӣ менамоянд.
2. Хизматрасонии корхонаҳои хӯроки умумии дорои намуд ва дараҷаҳои гуногун дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- ғизогирӣ;
- тайёр намудани маҳсулоти кулинарӣ ва маҳсулоти қаннодӣ;
- ташкили истеъмол ва хизмат;
- фурӯши маҳсулоти кулинарӣ;
- ташкили фароғат;
- иттилоотию машваратӣ;
- дигар намудҳои хизматрасонӣ, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
3. Пешниҳоди таомнома ба мизоҷон дар объектҳои хӯроки умумӣ ҳамчун пешниҳод (офертаи оммавӣ) барои бастани шартномаи хариду фурӯши маҳсулоти хӯроки умумии дар таомнома зикршуда эътироф карда мешавад.
4. Маҳсулоти истеҳсоли худи корхонаҳои хӯроки умумӣ тибқи технология ва дастури (ретсепти) тайёркунии таомҳо, маҳсулоти кулинарӣ ва қаннодӣ дар асоси дастури (ретсепти) таомҳо ва маҳсулоте, ки барои истифодаи ҳатмӣ дар корхонаҳои хӯроки умумии ҳама гуна шаклҳои моликият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда шудааст, тайёр карда мешавад.
5. Субъектҳои савдо дар соҳаи хӯроки умумӣ метавонанд ҳам шахсони ҳуқуқии мустақили ҳама гуна шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва ҳам воҳидҳои сохтории корхонаҳои истеҳсолӣ бошанд.
6. Субъектҳои савдо дар соҳаи хӯроки умумӣ, ки воҳиди сохтории корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо мебошанд, аз ҳуқуқ ва имтиёзҳои ба дигар воҳидҳои сохтории чунин корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо пешниҳодшуда баробар истифода мебаранд.
7. Ба субъектҳои савдо дар соҳаи хӯроки умумӣ, ки хизмати муассисаҳои табобатӣ, талабагон, донишҷӯён, нафақахӯрон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазирро анҷом медиҳанд, дар асоси шартномаҳо шароити имтиёзноки иҷораи бино, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар хизматрасонӣ фароҳам оварда мешаванд.
8. Муқаррароти Қонуни мазкур ва стандартҳо оид ба хизматрасонии хӯроки умумӣ мутобиқи стандартҳои давлатии соҳаи хӯроки умумӣ ҳамзамон бо дигар стандартҳои соҳаи хӯроки умумӣ истифода гардида, нисбат ба корхонаҳои хӯроки умумии ҳамаи шаклҳои моликият, намуд ва дараҷаҳои гуногун, инчунин соҳибкорони инфиродӣ, ки дар соҳаи хӯроки умумӣ фаъолият менамоянд, татбиқ мегарданд.
9. Стандартҳои зикргардида аз ҷониби корхонаҳои хӯроки умумӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои ташкили фаъолияти худ, инчунин барои амалӣ намудани сертификатсияи хӯроки умумӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ва ҳифзи муҳити зист истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1216).
Моддаи 11. Савдо дар бозор
1. Дар бозор фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ, молҳои саноатӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷоти растаниҳои худрӯй, дигар молҳои истеъмолӣ ва ғайристеъмолӣ, инчунин чорво амалӣ карда мешавад.
2. Савдо дар бозор дар объектҳои савдо бо фароҳам овардани шароити зарурии хариди мол, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши мол бо истифодаи таҷҳизоти савдо ва таҷҳизоти технологии савдо (пештахта, пешдӯкон, яхдон ва дигар таҷҳизот), асбобҳои ченаки вазн мутобиқи талаботи санитарию гигиенӣ, зидди сӯхтор, ҳифзи табиат ва дигар талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор реҷаи кори бозорҳои давлатиро мустақилона муқаррар менамоянд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1960).
4. Фурӯшанда дар ҷойи савдо бояд дорои чунин мавод бошад:
- овеза бо нишондоди номи ташкилот, иттилоот дар бораи макони ҷойгиршавии он;
- китоби сабти арзу шикоят ва пешниҳодот;
- ҳуҷҷатҳое, ки манбаи воридшавии молҳоро нишон медиҳанд;
- ҳуҷҷатҳое, ки сифат ва бехатарии молҳоро тасдиқ мекунанд;
- дафтарчаи тиббии намунаи муқарраргардида;
- корти фурӯшанда.
5. Ташкили фурӯши мол (иҷрои кору хизматрасонӣ) дар бозор ба зиммаи маъмурияти бозор вогузор карда мешавад.
6. Дар доираи фаъолияти мазкур маъмурияти бозор ҳамарӯза санҷиши талаботи зеринро амалӣ менамояд:
- корти фурӯшанда бо зикри насаб, ном, номи падари фурӯшанда ва номи ташкилот;
- ҷойҳои савдои аз ҷониби онҳо ишғолкардашуда;
- ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи зикргардида, тадбирҳои бартараф кардани онҳоро меандешад ё дар ҳамон рӯз мақомоти дахлдори назоратӣ ва санҷиширо огоҳ месозад.
7. Маъмурияти бозор ӯҳдадор аст, ки баҳисобгирии маблағ ва молу мулкро ба роҳ монад, талаботи муқаррарнамудаи қонунгузориро ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо субъектҳои савдо дар бозор риоя намояд, субъектҳои савдоро дар бораи тағйир ёфтани тарифи пардохт дар мӯҳлати на дертар аз 3 рӯз огоҳ намояд.
8. Аз ҷониби ташкилот ва маъмурияти бозор иҷро накардани ӯҳдадориҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузошташуда (риоя накардани меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, талаботи бехатарии зидди сӯхтор, санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист, пешниҳод накардани иттилоот ба мақомоти дахлдори назоратӣ ва ғайра) метавонад боиси ба ҷавобгарӣ кашидани ҳам ташкилот, ҳам шахсони мансабдори он, аз ҷумла манъ кардани фаъолияти ташкилот гардад.
9. Ба зиммаи маъмурияти бозор ӯҳдадории пешбурди феҳристи фурӯшандаҳои бозор ва феҳристи шартномаҳо дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ бозор карда мешавад. Иттилоот оид ба феҳристҳои зикргардида метавонад аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади назорат дархост карда шавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075).
Моддаи 12. Меъёрҳои ҳадди ақалли таъмини аҳолӣ бо майдонҳо барои бунёди объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ
1. Мақсади рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ аз ноил гардидан ба меъёрҳои ҳадди ақалли таъмини аҳолӣ бо майдонҳо барои бунёди объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ - меъёрҳои асосии арзёбии дастрасии молҳои истеъмолӣ ва ғайристеъмолӣ, дастрасии хизматрасонии маишӣ барои аҳолӣ ва қонеъгардонии талабот ба чунин молҳо ва хизматрасонӣ иборат мебошад.
2. Меъёрҳои ҳадди ақалли таъмини аҳолӣ бо майдонҳо барои бунёди объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби пардохти чунин меъёрҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, таҳия карда мешаванд.
3. Меъёрҳои ҳадди ақалли таъмини аҳолӣ бо майдонҳо барои бунёди объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ дар таркиби ҳуҷҷатҳое, ки самти рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро муайян менамоянд, тасдиқ гардида, дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудудӣ, нақшаҳои генералӣ, барномаҳои ҳудудӣ ва минтақавии рушди савдо ва нақшаҳои ҷойгиркунонии объектҳои сайёри савдо ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Моддаи 13. Талабот нисбат ба ҷойгиркунонии объектҳои савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ
1. Субъектҳо барои фаъолият кардан дар бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ объектҳои асосӣ ва ғайриасосии махсус таҷҳизонидашудаи доимӣ ва сайёрро истифода мебаранд.
2. Ҷойгиркунонии объектҳои зерин дар бинои истиқоматӣ, дар дохили бинои ба таври иловагӣ сохташуда, инчунин бинои иловагии дар манзили истиқоматӣ сохташуда манъ аст:
- объектҳои реҷаи корашон баъди соати 23.00;
- ҳаммом ва саунаҳо;
- объектҳои хӯроки умумӣ бо миқдори беш аз 50 ҷойи нишаст ё майдони умумии беш аз 250 метри мураббаъ бо истифодаи дастгоҳи пахши мусиқӣ;
- шустагарӣ ва хушкашӯӣ (ба истиснои бунгоҳҳои қабул ва шустагариҳои худхизматрасон бо иқтидори то 75 кг дар як рӯзи корӣ);
- студияҳои сабти овоз;
- маҳдудиятҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Дар объектҳои савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ҷойгиркунонии толорҳои бизнеси бозӣ, автоматҳои бозӣ ва ғайра, ба истиснои толорҳои бозиҳои кӯдакона манъ аст.
4. Объектҳои асосӣ, ғайриасосии доимӣ ва бозорҳои бо асбобу анҷоми махсуси савдою технологӣ ҷиҳозонидашуда мувофиқи хулосаи комиссияи давлатии қабул ба истифода дода мешаванд.
5. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1960).
Моддаи 14. Хусусиятҳои ҷойгиркунонӣ ва ташкили бозор
1. Бозор аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун ва талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ташкил карда мешавад.
2. Ҳангоми зарурати ташкили ин ё он намуди бозор ҳолатҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:
- зарурати таъмини аҳолии маҳалли муайян бо ин ё он намуди мол;
- мавҷудияти қитъаи замин барои ташкили бозор;
- баҳисобгирии талаботу пешниҳоди сокинони маҳалли мазкур.
3. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, ки барои ташкили бозор заруранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
4. Тарҳкашӣ, азнавтарҳкашӣ ва сохтмони биноҳои бозор, таҷдид ва навсозии биноҳо, иморатҳо, иншоот ва биноҳои дар онҳо мавҷудбуда аз ҷониби маъмурияти бозор бо риояи меъёру қоидаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, санитарию гигиенӣ ва иморатсозӣ, талаботи асосие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар намудааст, амалӣ гардонида мешаванд.
5. Таҷҳизонидан ва нигоҳдории бозор, таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт, ҷойҳои истифодабарии умум, мавзеъ барои ҷойгиркунонии воситаҳои оташнишонӣ ва аз сӯхтор огоҳкунандаи шаҳрвандон ҳангоми рух додани ҳолатҳои садамавӣ ва фавқулодда, ҷойи муносиб барои насби маводи иттилоотию маълумотӣ оид ба қоидаю тартиби фаъолият дар бозор, маъмурияти бозор ва роҳбари он, дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъминкунандаи робита бо мақомоти дахлдори назоратӣ, инчунин рақамҳои телефони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор (рақами телефонҳои "Робитаи мустақим") барои муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби маъмурияти бозор амалӣ гардонида мешаванд.
6. Дар бозорҳои фурӯши маводи истеъмолӣ лабораторияҳо (байторӣ, санитарӣ ва ғайра) барои ташхиси маводи фурӯшии хӯрокворӣ ташкил карда мешаванд.
7. Ҳангоми фурӯши молҳо (иҷрои кору хизматрасонӣ) бо истифодаи воситаҳои ченак (тарозу, санги тарозу, зарфҳои ченакдор, метрҳо ва ғайра) бо мақсади аз ҷониби харидорон санҷидани саҳеҳии нарх, андоза ва вазни молҳои харидашуда (иҷрои кору хизматрасонӣ) дар ҷойи муносиби бозор асбобу анҷоми ченкунандаи ҷавобгӯи қоида ва меъёрҳои метрологӣ насб карда мешаванд.
8. Ба мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин бо талаби мақомоти назоратӣ ва санҷишӣ ба кормандони онҳо барои иҷрои ӯҳдадориҳояшон бояд дар бозор утоқи доимӣ ва ё муваққатӣ ҷудо карда шавад.
9. Маъмурияти бозор вазифадор аст:
- бозорро дар ҳолати дахлдори санитарӣ ва техникӣ, ки ҳифзи муҳити зист, бехатарии эпидемиологӣ, эпизоотӣ ва экологиро дар мавзеи ҷойгиршавии он таъмин менамояд, нигоҳ дорад, инчунин барои бартараф ва нест кардани манбаъҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ ё паҳншавии ин бемориҳо ҳангоми пайдо шудани онҳо мусоидат намояд;
- барои ташкили савдо, аз ҷумла барои қабул, нигоҳдорӣ, фурӯши мол (иҷрои кору хизматрасонӣ), таъминот бо барқу об, гармӣ ва канализатсия шароити зарурӣ фароҳам оварад;
- нигоҳдории бехатари молеро, ки барои нигоҳдорӣ супурда мешавад, таъмин намояд;
- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор иҷро намояд;
- дигар талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.
10. Ҷойҳои савдо дар бозор дар асоси нақшае, ки маъмурияти бозор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба назорати таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, назорати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва оид ба назорати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҳия ва тасдиқ намудааст, ҷойгир карда мешаванд. Ташкил ва пешниҳоди ҷойҳое, ки дар нақшаи ҷойгиркунонии нуқтаҳои савдо пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
11. Ба маъмурияти бозор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти зиддиинҳисорӣ ҳангоми тақсими ҷойҳои савдо ба миён гузоштани шартҳои маҳдудкунанда манъ аст.
12. Ҳангоми тартиб додан ва тасдиқ намудани нақшаҳои ҷойгиркунонии ҷойҳои савдо дар бозорҳои универсалӣ маъмурияти бозор барои анҷом додани фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба шахсоне, ки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд, бо боғдорӣ, обчакорӣ ва чорводорӣ машғуланд, аз рӯи миқдори муайяннамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди он бозор ҷойгир аст, ҷойҳои савдо пешбинӣ ва ҷудо менамояд.
13. Маълумотеро, ки ҳангоми бастани шартнома дар бораи ҷудо намудани ҷойи савдо пешниҳод мегардад, бо ҳуҷҷат тасдиқ кардан зарур аст.
14. Арзиши шартнома оид ба пешниҳоди ҷойи савдо аз ҷониби маъмурияти бозор муайян карда мешавад.
15. Зимни имконнопазирии истифодаи ҷойи савдо аз ҷониби шахсе, ки дар бораи ҷудо кардани ҷойи савдо шартнома бастааст, дар ҳолатҳои боздоштани мӯҳлати амал ё бекор кардани шартнома ё қатъи фаъолияти маъмурияти бозор маъмурияти бозор дар назди ин шахс мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
16. Ҳангоми тартиб додан ва тасдиқ намудани нақшаи ҷойгиркунонии ҷойҳои савдо дар бозори кишоварзӣ ва бозори кооперативии кишоварзӣ маъмурияти бозор вазифадор аст бевосита ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои фурӯши мол ба миқдори муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аммо на камтар аз панҷоҳ фоиз аз шумораи умумии онҳо ҷойҳои савдоро пешбинӣ ва пешниҳод намояд.
17. Ҷойҳои савдо дар бозори кишоварзӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ба шахсоне, ки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд, бо боғдорӣ, обчакорӣ, чорводорӣ машғуланд, ба таври соддакардашуда ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мӯҳлати на зиёда аз 6 моҳ ҷудо карда мешаванд.
18. Фурӯшанда мол (иҷрои кору хизматрасонӣ)-ро дар бозор танҳо дар сурати мавҷудияти корти фурӯшанда, ки зимни бастани шартнома дар бораи пешниҳоди ҷойи савдо дода мешавад, ба фурӯш мебарорад.
19. Корти фурӯшанда ҳангоми бастани шартнома дар бораи ҷудо кардани ҷойи савдо ба расмият дароварда, ба ҳар як фурӯшанда дода мешавад ва дар сари сина насб гардида, нисбат ба ҳамаи ҷойҳои савдои дар он зикрёфта дар доираи як бозор эътибор дорад.
20. Дар бозор (ба истиснои бозорҳои махсусгардонидашуда ва универсалӣ) фурӯши молҳое, ки савдои озоди онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд карда шудааст, инчунин фурӯши маҳсулоти зерин манъ карда мешавад:
- тамоку, нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти алкоголӣ ва оби ҷав;
- маҳсулоти консервшудаи истеҳсоли хонагӣ, маҳсулоти кулинарии аз гӯшт, моҳӣ ва маҳсулоти қаннодии дар хона тайёргардида;
- молҳои таъиноти маишии аз нигоҳи техникӣ мураккаб;
- ҳомилҳои иттилоотии компютерӣ;
- молҳои кимиёӣ барои рӯзгор, пестисидҳо ва агрокимиёҳо;
- маснуоти пиротехникӣ;
- маснуот аз металлҳои қиматбаҳо бо сангҳои қиматбаҳо, аз металлҳои қиматбаҳо бо сангҳои нимқиматбаҳо ва сунъӣ, сангҳои қиматбаҳои сайқалдодашуда;
- автомобилҳо, ядакҳо ва агрегатҳои рақамгузоришудаи онҳо.
21. Назорати риояи қоидаҳои савдо ва ташкили фаъолияти бозорҳо, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1216).
22. Ҷойгиркунӣ, фаъолият ва назорати нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ дар бозор тибқи муқаррароти қисмҳои 9-15 ва 18-21 моддаи мазкур ба роҳ монда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075).
Моддаи 15. Тартиби ҷойгиркунонӣ ва ташкили фаъолияти объектҳои савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар ҳудудҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҷойгиркунонӣ ва ташкили фаъолияти объектҳои савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар ҳудудҳои алоҳида, аз ҷумла дар нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва обӣ, минтақаи гумрукӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси гурӯҳи истеъмолкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Дар ҳудудҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида метавонанд меъёрҳои пешниҳоди намудҳои алоҳидаи молҳо бо маҳдудкунии шаклҳои фурӯши мол (хизматрасонӣ), номгӯи молҳои фурӯшӣ (хизматрасонӣ) ва реҷаи кори объектҳои савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ҷорӣ карда шаванд.
Моддаи 16. Тартиби ҷойгиркунонӣ ва ташкили кори объектҳои доимӣ ва сайёри савдо, хӯроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ва шабакаи савдои хурди чакана
1. Ҳангоми нокифоягӣ ва ё сатҳи пасти таъминоти шабакаи савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, бо назардошти талабот ва таклифҳои сокинони маҳалли мазкур, фаъолияти сохторҳои зерин иҷозат дода мешавад:
- объектҳои доимии ғайриасосии савдои хурди чакана - павилйонҳо дӯконҳо, автоматҳои савдо ва дигар биноҳои муваққатӣ;
- объектҳои сайёри савдои хурди чакана - ғурфаҳо, мағозаҳои автомобилӣ, автосистернаҳо, аробаҳо.
2. Объектҳои мазкур дар қитъаҳои замини холии маҳал тибқи нақшаҳои ҷойгиркунонии онҳо бо асосҳои зерин ҷойгир карда мешаванд:
- шартномаҳои иҷораи қитъаҳои замин барои объектҳои доимии ғайриасосӣ(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075);
- иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои объектҳои сайёри савдои хурди чакана дода мешавад.
3. Тартиби таҳияи нақшаҳои ҷойгиркунонӣ ва ташкили кор, аз ҷумла талабот нисбат ба реҷаи кор ва махсусгардонии объектҳои доимии ғайриасосӣ ва объектҳои сайёри шабакаи савдои хурди чакана, тартиби додани иҷозат тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
4. Бо гузашти мӯҳлати иҷозат барои ҷойгиркунонӣ ва ба охир расидани шартномаи иҷораи қитъаи замин соҳиби объекти доимии асосӣ ё сайёри шабакаи савдои хурди чакана ӯҳдадор аст фаъолияти худро қатъ намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо тартиби муқарраргардида мӯҳлати ҷойгиркунонӣ ва иҷораи қитъаи замин тамдид карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1075).
5. Тавассути объектҳои доимии ғайриасосӣ ё сайёри шабакаи савдои хурди чакана молҳое фурӯхта мешаванд, ки шароити махсуси нигоҳдорӣ ва фурӯшро талаб намекунанд ва хизматҳое расонида мешаванд, ки шароити махсуси хизматрасониро талаб намекунанд.
6. Дар объектҳои сайёри шабакаи савдои хурди чакана фурӯши молҳои озуқавории истеҳсоли ғайрисаноатӣ, ки борбандии саноатӣ нашудаанд ва молҳои озуқавории зудвайроншаванда ҳангоми мавҷуд набудани таҷҳизоти яхдонии коршоям манъ аст.
7. Дар объектҳои доимии ғайриасосӣ ва сайёри шабакаи савдои хурди чакана фурӯши тамоку, нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти алкоголӣ ва оби ҷав, ба истиснои павилйонҳои ҷавобгӯи талабот ба объектҳои савдо оид ба фурӯши чунин маҳсулот, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, манъ мебошад.
БОБИ 4. ТАЛАБОТИ АСОСӢ БА СУБЪЕКТҲОИ САВДО ОИД БА ТАШКИЛ ВА АМАЛӢ НАМУДАНИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ
Моддаи 17. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳангоми ташкил ва амалӣ намудани савдо ва хизматрасонии маишӣ
1. Бо савдо ва хизматрасонии маишӣ субъектҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур машғул мешаванд, ба шарте ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
2. Субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳангоми ташкил ва амалӣ намудани фаъолияти худ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақилона муайян менамоянд:
- машғул шудан бо савдо (савдои яклухт ва (ё) чакана, хизматрасонӣ дар соҳаи хӯроки умумӣ ва ё маишӣ);
- шакли савдо (дар объектҳои доимии савдо, берун аз объектҳои доимии савдо, аз ҷумла ярмаркаҳо, намоишҳо, дастифурӯшӣ, усули фосилавии фурӯши мол, фурӯши мол бо истифодабарии автоматҳо, дигар шаклҳои савдо);
- усули савдо (бо истифодабарӣ ва бе истифодабарии объектҳои савдо);
- махсусгардонии савдо (савдои универсалӣ ва махсусгардонидашуда, хизматрасонӣ оид ба хӯроки умумӣ ва ё хизматрасонии маишӣ);
- навъи объекти савдо, ки барои амалӣ гардонидани савдо истифода мегардад (объектҳои доимии савдо ва объектҳои сайёри савдо);
- асосҳо барои истифодабарии молу мулк ҳангоми савдо ва хизматрасонии маишӣ (ҳуқуқи моликият ва (ё) дигар асосҳои қонунӣ);
- нархи молҳои фурӯшӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ ва маишӣ;
- шакли интишори реклама дар объекти савдо ва хизматрасонии маишӣ ва пешдӯконҳои он;
- шартҳои бастани шартномаҳои хариду фурӯши мол, шартномаҳои хизматрасонии пулакӣ.
3. Тартиб ва шартҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ чунин ҳолатҳоро дар бар мегирад:
- номгӯи (ассортименти) молҳои фурӯшӣ, маҳсулоти истеҳсоли худии корхонаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ;
- реҷаи кор;
- тарз ва усулҳое, ки тавассути онҳо савдо ва хизматрасонии маишӣ амалӣ гардонида мешавад;
- миқдор, навъҳо, моделҳои таҷҳизоти технологӣ, асбобу анҷоме, ки ҳангоми савдо ва хизматрасонии маишӣ истифода бурда мешаванд;
- усули ба маълумоти харидорон расонидани иттилоот дар бораи фурӯшанда, молҳои ба савдо пешниҳодшуда, хизматрасонӣ;
- кафолати сифат ва мӯҳлати амали он;
- тартиб ва шартҳои дигари савдо.
4. Тартиб ва шартҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, нисбат ба корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои савдо бо қарори мақомоти давлатии дахлдор муқаррар карда мешаванд.
5. Субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳуқуқ дорад:
- аз мақоми ваколатдори давлатӣ иттилооти марбут ба ҳамаи масъалаҳои ташкили савдо ва хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои соҳаи савдоро дар бораи санҷишҳои пешбинишудаи фаъолияти онҳо (ба истиснои санҷишҳои амалиётӣ) талаб намояд ва мувофиқи масъалаҳои марбут ба риояи қонунгузорӣ оид ба танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ тавзеҳоти хаттӣ гирад;
- манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои савдо шахсан ё тавассути намояндаи худ муаррифӣ намояд;
- ҳангоми гузаронидани назорати давлатии савдо дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ иштирок намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳоро аз рӯи натиҷаи назорат талаб намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои санҷиши мақоми ваколатдори давлатӣ ва огоҳиномаҳо оид ба санадҳои санҷиши савдо ва амали (ё беамалии) шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ шикоят намояд;
- ҳифзи сирри тиҷоратиро аз шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ талаб намояд;
- иттилоот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки ба савдо ва хизматрасонии маишӣ дахлдор нестанд, пешниҳод накунад;
- аз шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ ва сохторҳои минтақавии он ҳангоми анҷом додани амалҳо нисбат ба субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ риояи қонунгузориро дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ талаб намояд;
- санадҳо (қарорҳо) ва талаботи мақоми ваколатдори давлатӣ ва шахсони мансабдори онро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ мутобиқат намекунанд, иҷро накунад;
- аз шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ, ки санҷиш мегузаронанд, асоси гузаронидани санҷишро талаб кунад, бо шаҳодатномаи хизматии онҳо шинос шавад;
- аз мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарарро, ки дар натиҷаи қабули қарор ва амали (беамалии) шахсони мансабдори ӯ расидааст, талаб намояд;
- ҷиҳати гузаронидани санҷиши савдо ва хизматрасонии маишӣ мутахассисон, намояндагони ассотсиатсияҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб намояд:
- субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
6. Ба субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳимояи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо кафолат дода мешавад.
7. Тартиби ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
8. Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
9. Субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти худ ӯҳдадоранд:
- ба харидор дар бораи сифат ва маҳалли истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, хусусиятҳои истеъмолӣ, ӯҳдадориҳои кафолатӣ ва тартиби пешниҳоди арзу шикоят, усул ва қоидаҳои истифодабарии маҳсулот, тарзи нигоҳдории он, инчунин маҳалли ҷойгиршавӣ ва дигар реквизитҳои фурӯшанда ё тайёркунанда (иҷрокунанда) иттилооти зарурӣ ва саҳеҳ пешниҳод намоянд;
- асбобҳои назоратию ченкунии ҷавобгӯи талаботи низоми давлатии таъмини ягонагии ченакҳоро дар ҷойи муносиби объекти савдо ҷойгир намоянд;
- ҳангоми пайдоиши шубҳаи харидор нисбат ба ҳаҷм, вазн ва андозаи мол ба ӯ имконият фароҳам оранд, ки тавсифи зикргардидаи ченакҳоро бо асбобҳои назоратию ченкунӣ мустақилона санҷад;
- ҳангоми фурӯши молҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба молҳои сертификатсияшаванда мансуб дониста шудаанд, бо талаби харидор сертификати мутобиқати молро (ё нусхаи онро) пешниҳод кунанд;
- бо тартиб ва ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгоҳҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ истифода баранд;
- молеро, ки ҷавобгӯи талабот ва меъёрҳои бехатарӣ нест, аз муомилот бароранд;
- дастурҳои мақоми ваколатдори давлатиро, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудаанд, иҷро намоянд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба моҳияти масъалаҳои марбут ба иҷрои Қонуни мазкур ва риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ дар рафти аз ҷониби он гузаронидани тафтиш ва аз рӯи натиҷаҳои он тавзеҳот манзур намоянд;
- бо тартиби муқарраргардида пешбурди баҳисобгирии амалиёти молиро таъмин намоянд, ҳисоботи пешбининамудаи қонунгузориро пешниҳод намоянд;
- дигар муқаррароти муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
10. Корманд намояндаи расмии фурӯшанда (иҷрокунанда) ҳисоб мешавад, ба шарте ки аз номи фурӯшанда (иҷрокунанда) ва ҳимояи манфиати он тибқи ваколатнома ва ё қонун баромад кунад ё агар он мустақилона ба истеъмолкунандагон ба ҳайси фурӯшанда (иҷрокунанда) хизмат расонад.
11. Фурӯшанда (иҷрокунанда) ҳуқуқ дорад, ки хизматрасонии истеъмолкунандагонро мустақилона анҷом диҳад, агар он ҷавобгӯи ҳамаи талаботе бошад, ки мутобиқи Қонуни мазкур нисбат ба корманд муқаррар шудааст.
12. Фурӯшандагон (иҷрокунандагон) барои иҷрои корҳое, ки бевосита бо хизматрасонии истеъмолкунандагон алоқаманданд, бояд кормандони тахассусӣ дошта бошанд, ки аз ҷумлаи кормандони ҳайати корхона буда, ба таври кироя кор мекунанд, таҳсилоти дахлдори касбӣ ва омодагии касбӣ, омодагии гигиении касбӣ доранд ва аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд.
13. Дар толори фурӯш кормандоне, ки бо хизматрасонии истеъмолкунандагон машғуланд, бояд либоси ягонаи махсус дошта бошанд.
14. Ба кори савдо ва хизматрасонии маишӣ шахсони зерин роҳ дода намешаванд:
- агар иҷозати дахлдори тиббӣ надошта бошанд, ба шарте ки, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор барои пешбурди ин гуна намуди савдо ва хизматрасонии маишӣ чунин иҷозат муқаррар гардида бошад;
- ноболиғони то 18-сола, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 18. Таҳсилоти касбӣ, тайёрӣ ва бозомӯзии касбӣ
1. Кормандоне, ки бевосита ба истеъмолкунандагон хизмат мерасонанд, бояд дар сатҳи на камтар аз курси таҳсилоти бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқшуда тайёрии касбӣ дошта бошанд.
2. Кормандон бояд ҳар се сол як маротиба аз ҳисоби маблағи фурӯшанда (иҷрокунанда) аз бозомӯзии касбӣ гузаранд.
Моддаи 19. Муоинаи тиббӣ
1. Кормандон вазифадоранд аз муоинаи пешакии тиббӣ (ҳангоми қабул шудан ба кор) ва муоинаи даврии профилактикии тиббӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаранд.
2. Муоинаи пешакии тиббӣ аз ҳисоби худи кормандон ё аз ҳисоби корфармо гузаронида мешавад.
3. Муоинаҳои даврии профилактикии тиббӣ аз ҳисоби фурӯшанда (иҷрокунанда) гузаронида мешаванд.
БОБИ 5. ТАРТИБИ ХИЗМАТРАСОНӢ БА ГУРӮҲҲОИ АЛОҲИДАИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН, НАРХГУЗОРӢ, НОМГӮИ МОЛҲО ВА НАМУДҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЗ ҶИҲАТИ ИҶТИМОӢ МУҲИМ
Моддаи 20. Ташкили хизматрасонӣ барои гурӯҳҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон, ки аз ҳифзи иҷтимоӣ истифода мебаранд
1.Ҷиҳати хизматрасонӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон, ки аз ҳифзи иҷтимоӣ истифода мебаранд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколаташон метавонанд объектҳои махсусгардонидашудаи савдо ва хизматрасонии маиширо муайян намоянд, ки дар онҳо нархи мол (хизматрасонӣ) нисбат ба чунин моли (хизматрасонии) дар минтақа мавҷудбуда пасттар аст.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколаташон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ метавонанд усул ва механизмҳои мухталифи дастгирии чунин объектҳои савдо ва хизматрасонии маиширо амалӣ намуда, аз ҷумла барои субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ имтиёзҳо фароҳам оваранд.
Моддаи 21. Нархгузорӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ
1. Нархи мол (кору хизматрасонӣ) аз ҷониби субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, ба истиснои талаботи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти зиддиинҳисорӣ, мустақилона муайян карда мешавад. Ба танзими давлатии нархҳо танҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
2. Нархи молҳое, ки субъектҳои савдо мефурӯшанд ва подоши хизматрасонии маишӣ, инчунин дигар шартҳои шартнома барои ҳамаи истеъмолкунандагон бояд якхела бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гурӯҳҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон фароҳам овардани имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.
3. Субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ ӯҳдадор аст, ки мавҷудияти нархномаҳои ягона, дақиқ ва ба расмият даровардашударо барои молҳои фурӯшӣ бо зикри номи мол, навъ, нархи вазн ё воҳиди мол, имзои шахси аз ҷиҳати моддӣ масъул ё мӯҳри ташкилот ва санаи таҳияи нархнома таъмин намояд.
4. Ҳангоми дастифурӯшии мол фурӯшанда ӯҳдадор аст бо худ нархномаеро дошта бошад, ки дар он номгӯй ва нархи мол зикр гардидааст.
5. Бо мақсади танзими давлатии нархи молҳо ва намудҳои алоҳидаи молу хизматрасонии аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои мухталифи нарх ва тарифҳои (аз ҷумла муқаррар намудани ҳадди ақал ва ё ҳадди ниҳоӣ, танзими нархи иловагии (иловапулии) онҳо (аз ҷумла, муқаррар намудани ҳадди ниҳоӣ (ҳадди ақал ва ё ҳадди ниҳоӣ), мониторинги калкулятсия ва ташаккули нархро барои ин молҳо истифода мебарад. Нарх ва тарифҳо барои чунин молҳо, иловапулӣ ба нархҳо мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 22. Навъҳои молу хизматрасонии аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим
1. Дар объектҳои савдои чакана, хизматрасонии маишӣ, ки ба таври дахлдор махсус гардонида шудаанд, навъи молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фурӯхта ва хизматҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим расонида мешавад.
2. Ба навъҳои молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим инҳо дохил мешаванд:
- молҳои озуқаворӣ - нон, маҳсулоти нонӣ, биринҷ, орд, намак, шакар, чой, гӯшт, шир, маҳсулоти ширӣ, равғани ҳайвоноту растанӣ, маргарин, тухм, моҳӣ, ярма, маҳсулоти макаронӣ, картошка, карам, лаблабу, сабзӣ ва пиёз;
- молҳои ғайриистеъмолӣ - собун, воситаҳои шустушӯии синтетикӣ, хамираи дандон, мисвок, болопӯши рахти хоб ва либос, ҷӯроби мардонаю занона, китоб, молҳои мактабӣ, сӯзан, ришта, гӯгирд, шамъ ва чароғ.
3. Ба навъҳои хизматрасонии аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим инҳо дохил мешаванд:
- барои сартарошхонаҳо - мӯйсаргирии оддӣ;
- барои шустагарӣ - шустушӯи болопӯши рахти хоб;
- барои ҳаммом ва саунаҳо - қабули душ;
- барои корхонаҳои таъмири асбобу анҷоми маишӣ, радиоэлектронӣ, мошину дастгоҳҳои маишӣ - таъмири яхдон, асбобҳои гармидиҳанда, телевизор, дарзмол ва чангкашакҳо;
- барои ателйе - таъмири маҳсулоти дарздӯзӣ, нассоҷӣ бе поракунӣ, аз нав буридан ва аз нав дӯхтан;
- барои суратгирхона - тайёр намудани сурат барои ҳуҷҷатҳо;
- барои корхонаҳои таъмири металл - сохтани калид;
- барои корхонаҳои таъмири пойафзол - ҳама гуна таъмир, ба истиснои нав ва иваз намудани қисми болоӣ ва пошнаи пойафзол.
БОБИ 6. ТАШАККУЛЁБИИ ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ
Моддаи 23. Ташаккулёбии захираҳои иттилоотии давлатӣ
1. Таъминоти давлатии иттилоотӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Дар сомонаҳои расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳар се моҳ иттилооти зерин ворид мекунанд:
- дар бораи қарорҳои қабулнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ;
- дар бораи нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ танзим менамоянд;
- дар бораи нархи миёнаи намудҳои алоҳидаи мол;
- дигар иттилооти муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ пешбурди феҳристи савдо ва хизматрасонии маиширо ташкил мекунад ва дастрасии маълумоти онро таъмин менамояд. Феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ маълумотро дар бораи субъектҳои савдо, субъектҳои савдои чакана (ба истиснои молистеҳсолкунандагон) ва дигар субъектҳои савдо оид ба вазъи савдо ва хизматрасонии маишӣ дар бар мегирад.
4. Барои ба феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ ворид намудани маълумоти дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда, ки ворид намудани чунин маълумотро тасдиқ менамояд, пешбинӣ намудани тобеият ҷиҳати анҷом додани амали муайян, қабули қарор нисбат ба субъектҳои савдо, субъектҳои савдои чакана (ба истиснои молистеҳсолкунандагон), дар хусуси дар феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ мавҷуд будани иттилоот оид ба ҳамин субъектҳои хоҷагидор ва (ё) савдо ва хизматрасонии маишӣ ситонидани маблағ манъ аст.
5. Субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки ба савдои чакана, яклухт, дигар намудҳои фаъолияти савдо, хизматрасонии хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ машғуланд, ӯҳдадоранд, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои ташаккули захираҳои давлатии иттилоотӣ тибқи шакл ва мӯҳлати муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот пешниҳод намоянд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 24.Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013, № 943

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:18
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
944
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.03.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 187; Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1435)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба созишномаи сармоягузории ба татбиқи лоиҳаи сармоягузории соҳаҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим ва афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равонакардашуда танзим намуда, ба ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
  Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- созишномаи сармоягузорӣ - созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор баимзорасонидашуда оид ба татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ; 
- сармоягузор - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ташкилот бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сармоягузориро амалӣ менамоянд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1435)
- лоиҳаи сармоягузорӣ - лоиҳаи тиҷоратие, ки ҳаҷми назарраси сармоягузориро пешбинӣ намуда, дараҷаи баланди таваккалҳои молиявӣ, технологӣ, экологӣ ва дигарро дар бар мегирад ва барои рушди бахши муайяни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон аз лиҳози стратегӣ муҳим мебошад;
- номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ - номгӯи лоиҳаҳои сармоягузорие, ки тибқи нақшаҳои стратегиву барномаҳои рушди бахшҳои муайяни иқтисодиёт мувофиқи тартибу меъёрҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шудаанд;
- пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ - ҳуҷҷате, ки дар он тавсифи мақсад ва вазифаҳои лоиҳаи сармоягузорӣ, таъсири иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба рушд, самараи татбиқ, инчунин зинаҳо, чорабиниҳо ва захираҳои мушаххас барои татбиқи лоиҳаи сармоягузории зарур ва ё мавҷуда оварда шудааст;
- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар  соҳаи сармоягузорӣ амалӣ намуда, барои мусоидат,  ҷалб ва ҳимояи сармоягузориҳо, аз ҷумла сармоягузории  хориҷӣ масъул мебошад.

       Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  бораи созишномаи сармоягузорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи созишномаи сармоягузорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1435)

       Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузоронро дар тамоми зинаҳои тайёрӣ, имзо, мавриди амал қарор гирифтан ва татбиқи созишномаи  сармоягузорӣ, новобаста ба мавзӯи лоиҳаи сармоягузорӣ, ба танзим медарорад. 
2. Қонуни мазкур нисбат ба лоиҳаҳое, ки дар доираи созишномаҳо оид ба консессияҳо, тақсими маҳсулот, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин оид ба сармоягузории дигар давлатҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, татбиқ намегардад.

      Моддаи 4. Тарафҳои созишномаи сармоягузорӣ
1. Тарафҳои созишномаи сармоягузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор мебошанд.
2. Сармоягузор метавонад  шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё давлати хориҷӣ, инчунин иттиҳодияи чунин шахсони ҳуқуқӣ бошад. Агар ба ҳайси сармоягузор иттиҳодияи шахсони ҳуқуқӣ баромад намояд, тамоми иштирокчиёни иттиҳодия тарафи созишномаи сармоягузорӣ мегарданд ва барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ масъулият доранд.

     Моддаи 5. Таркиб ва хусусияти ҳатмии созишномаи сармоягузорӣ
1. Созишномаи сармоягузорӣ барои танзими маҷмӯи масъалаҳое, ки  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор  ҳамчун масъалаҳои аҳамияти муҳимдошта ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ  муайян гардидаанд,  ба имзо расонида мешавад. 
2. Муқаррароти созишномаи сармоягузории тибқи Қонуни мазкур баимзорасида барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор ҳатмӣ мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои пурра ва саривақтии чорабиниҳои дахлдорро барои амалӣ намудани муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ тавассути мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони воқеӣ дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон таъмин менамояд.

        Моддаи 6. Вазъи ҳуқуқии созишномаи сармоягузорӣ
1. Созишномаи сармоягузорӣ метавонад низоми махсуси татбиқи лоиҳаи сармоягузориро пешбинӣ карда, ба сармоягузор имтиёзҳои муайяни дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининашударо пешниҳод намояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи тамоми мақомоти давлатии барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ масъул риоя ва иҷро гардидани муқаррароти созишномаи сармоягузориро кафолат медиҳад.
2. Муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ дар давоми мӯҳлати амали он қувваи ҳуқуқии худро нигоҳ медорад, агар дар худи созишномаи сармоягузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад. Ҳама гуна тағйирот ва ё иловаҳои воридгардида ба созишномаи сармоягузорӣ танҳо дар ҳолати аз ҷониби тарафҳо тибқи тартиби пешбининамудаи созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонидани созишномаи иловагии дахлдор ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур тасдиқ гардидани он қувваи ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
3. Созишномаи сармоягузорӣ метавонад муқарраротеро пешбинӣ намояд, ки тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз имзои созишномаи сармоягузорӣ воридкардашуда, ки  муносибатҳои мавзӯи созишномаи сармоягузорӣ бударо танзим намуда, шартҳои татбиқи лоиҳаи сармоягузориро вазнин мегардонанд, нисбат ба муқаррароти муайяни созишномаи сармоягузорӣ дар давоми мӯҳлати амали созишномаи сармоягузорӣ ё дигар мӯҳлати дар он пешбинигардида татбиқ намегарданд.

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАҲИЯИ ПЕШНИҲОД ОИД БА ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ, ОМОДА НАМУДАН, БА ИМЗО РАСОНИДАН ВА МАВРИДИ АМАЛ ҚАРОР ДОДАНИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ

 

Моддаи 7. Таҳияи пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ
1. Пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор омода карда мешаванд. Пешниҳод тибқи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, инчунин дар ҳолати зарурӣ берун аз доираи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешавад.
2. Пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ инчунин метавонад аз тарафи сармоягузори барои амалӣ намудани лоиҳаи  сармоягузорӣ дар доираи созишномаи сармоягузорӣ ҳавасманд омода карда шуда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути музокироти мустақим пешниҳод карда шавад.  Тартиб ва шартҳои доир намудани музокироти мустақимро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

      Моддаи 8. Пешбарӣ ва тасдиқи пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ
1. Пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ омода карда шудааст, тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
2. Пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз тарафи сармоягузор омода карда шудааст, ба баррасии мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои баррасӣ мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад оид ба ирсол намудани пешниҳод барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои такмилдиҳӣ  баргардонидани пешниҳод ва ё оид ба рад кардани пешниҳоди ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ набуда, қарор қабул намояд.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба созишномаи сармоягузориро дар асоси меъёрҳои зерин баррасӣ менамояд:
- мувофиқат намудан ба номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ. Дар ҳолати пешниҳод гардидани лоиҳае, ки дар номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ пешбинӣ нагардидааст, саривақтӣ будани лоиҳаи сармоягузорӣ ва мутобиқати он бо нақшаи стратегӣ ва ё барномаи рушди бахши мушаххаси иқтисодиёт;
- таъсири татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиёт дар маҷмӯъ ва бахшҳои алоҳидаи он, инчунин ба бозори меҳнат;
- ҳолати молиявии сармоягузор;
- иҷрошавандагии техникӣ, технологӣ, экологӣ, молиявӣ ва мақсаднокии лоиҳаи сармоягузорӣ бо дарназардошти шартҳои пешбинишудаи татбиқи лоиҳа;
- сатҳ ва басандагии хароҷоте, ки дар доираи лоиҳаи сармоягузорӣ ба нақша гирифта мешаванд;
- асосноккунии илмӣ ва сатҳи  истеҳсолии технологияҳое, ки ҷалб ва татбиқ карда мешаванд;
- рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда (кор ва хизматрасонӣ), дурнамои  бозор ва самаранокии стратегияи бозоршиносии сармоягузор;
-  самаранокӣ ва устувории лоиҳаи сармоягузорӣ.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузориро, ки  аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ барои баррасӣ ирсол гардидааст, метавонад тасдиқ ва ё рад намояд, инчунин онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои такмилдиҳӣ баргардонад.

       Моддаи 9. Интихоби сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ
1. Сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузории аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ омода ва пешниҳодкардашуда тавассути тендер интихоб карда мешавад. Тендер  метавонад  тибқи қоидаҳо ва шартҳои намунавии гузаронидани тендерҳо, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст ё тибқи қоидаҳо ва шартҳои махсуси гузаронидани тендер барои лоиҳаи сармоягузории алоҳида гузаронида шавад. Пешниҳод оид ба қоидаҳо ва шартҳои гузаронидани тендер аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ дарҷ карда мешавад. Дар мавриди тибқи қоидаҳо ва шартҳои махсус гузаронидани тендер лоиҳаи чунин қоидаҳо ва шартҳо ҳамчун қисми таркибии пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ омода карда шуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.
2. Ҳуқуқи амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор тариқи музокироти мустақим пешниҳодкардашуда дар сурати аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидан ба сармоягузори мазкур дода мешавад. Ҳамзамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад оид ба гузаронидани тендер барои интихоби сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор пешниҳодкардашуда қарор қабул намояд. Дар ин ҳолат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузории аз ҷониби сармоягузор пешниҳодгардидаро, барои ҳуҷҷатгузории тендерӣ истифода барад ва сармоягузори пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузориро манзурнамуда ҳуқуқ дорад дар тендер дар асосҳои умумӣ иштирок намояд. 
3. Агар ғолиби тендер худи сармоягузоре, ки лоиҳаи сармоягузориро пешниҳод намудааст, нагардад, сармоягузори ғолибомада ӯҳдадор мегардад, ки хароҷоти оқилонаи ҳамон сармоягузорро ҷуброн намояд. Чунин ӯҳдадорӣ бояд ҳамчун шарти мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузорӣ пешбинӣ гардад.

         Моддаи 10. Омодасозии созишномаи сармоягузорӣ
1. Лоиҳаи созишномаи сармоягузории барои лоиҳаи сармоягузории аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ омода ва пешниҳодкардашуда ҳамчун қисми ҳуҷҷатҳои тендерӣ омода гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва созишномаи сармоягузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамоҳанг карда шуда, бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва созишномаи сармоягузорӣ бояд ба қадри имкон эроду пешниҳодҳои иштирокчиёни тендерро дар бар гиранд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад коршиносон, ташкилотҳои коршиносӣ, мутахассисон, мушовирон, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ассотсиатсияҳои касбиро ба раванди омодасозии ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва созишномаи сармоягузорӣ ҷалб намояд. Хароҷоти вобаста ба раванди омодасозии ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ пардохт карда мешаванд ва ё метавонанд аз тарафи сармоягузори дар тендер ғолибомада ҷуброн карда шаванд. Шартҳои ҷуброни хароҷот аз ҷониби сармоягузор бояд дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешбинӣ карда шаванд.
3. Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ барои лоиҳаи сармоягузории  аз тарафи сармоягузор пешниҳодкардашуда аз тарафи чунин сармоягузор ҳамчун қисми таркибии пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ омода карда мешавад.

          Моддаи 11. Маъқул донистани лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ
1. Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз рӯи  натиҷаи тендер ба имзо расонида мешавад, инчунин лоиҳаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор тавассути музокироти мустақим пешниҳодкардашуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо маъқул дониста мешавад.
2. Маъқул донистани лоиҳаи созишномаи сармоягузорие, ки бо ғолиби тендер оид ба интихоби сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расонида мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт бо тасдиқ намудани  натиҷаҳои тендер амалӣ карда мешавад. Матни созишномаи сармоягузорие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шудааст, дар вақти тасдиқи натиҷаҳои тендер тағйир дода намешавад, ба истиснои тағйироти зарурӣ барои ворид намудани маълумоти дахлдор оид ба сармоягузори ғолиб, номи он, вазъи ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, дигар нишонаҳои зарурӣ, инчунин маълумоти вобаста ба қарздиҳандагон ва кафилони сармоягузор дар ҳолате, ки агар лоиҳаи мушаххаси сармоягузорӣ, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, иштироки чунин шахсонро пешбинӣ намояд.
3. Маъқул донистани созишномаи сармоягузорӣ, ки бо сармоягузори тавассути музокироти мустақим пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузориро манзурнамуда ба имзо расонида мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт бо тасдиқ намудани натиҷаҳои музокироти мустақим бо чунин сармоягузор амалӣ карда мешавад. Матни созишномаи сармоягузории аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқулдонисташуда ҳангоми тасдиқи натиҷаҳои музокироти мустақим тағйир дода намешавад.

          Моддаи 12. Имзои созишномаи сармоягузорӣ
Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ва сармоягузор баъди аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо маъқул донистани он ба имзо расонида мешавад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маъқул донистани созишномаи сармоягузорӣ барои имзо, инчунин метавонад мӯҳлати ниҳоӣ барои имзои созишномаи сармоягузорӣ ва шартҳои муайянеро, ки аз тарафи сармоягузор ва ё мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то лаҳзаи баимзорасонии он бояд иҷро карда шаванд, пешбинӣ намояд.

    Моддаи 13. Тасдиқ ва мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузорӣ
1. Созишномаи сармоягузории баимзорасонидашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
2. Тасдиқи созишномаи сармоягузорӣ барои мустаҳкам намудани кафолатҳои ҳуқуқии барои сармоягузор пешбинишуда, имтиёзҳои андозӣ ва имтиёзҳои дигари ба сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузорӣ додашуда ва ба муқаррароти устувории созишномаи сармоягузорӣ бахшидани қувваи  ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
3. Созишномаи сармоягузорӣ аз рӯзи тасдиқи он аз тарафи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода мешавад, агар дар худи созишномаи сармоягузорӣ дар бораи мавриди амал қарор додани он иҷрои шартҳои муайяни қаблӣ аз ҷониби тарафҳои он  пешбинӣ нагардида бошад.

            Моддаи 14. Огоҳ намудан  оид ба мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузорӣ ва ворид намудани он ба Феҳристи давлатии созишномаҳои  сармоягузорӣ
1. Дар давоми як моҳ пас аз мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузорӣ мақоми ваколатдори давлатӣ тамоми мақомоти давлатии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мавриди амал қарор гирифтани он огоҳ менамояд ва онро ба Феҳристи давлатии созишномаҳои сармоягузорӣ, ки дар пешбурди мақоми ваколатдори давлатӣ қарор дорад, ворид менамояд. Нусхаи аслии созишномаи сармоягузорӣ дар нигоҳдории мақоми ваколатдори давлатӣ қарор мегирад ва мақоми мазкур  ҳуқуқи омода ва тасдиқ намудани нусхаҳои расмии созишномаҳои сармоягузориро дорад.
2. Илова ба огоҳ намудан оид ба мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузорӣ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба вазъи ҳуқуқии созишномаи сармоягузорӣ ва муқаррароти ҷудогонаи он тибқи дархости хаттии сармоягузор дар ҳолате, ки чунин тасдиқнома барои риояи муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ ва иҷрои талаботи он аз тарафи тамоми мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад, аз ҷумла оид ба ҳуқуқҳои махсус, озодкуниҳо ва имтиёзҳои ба сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузорӣ додашуда, тасдиқномаи расмӣ медиҳад.

 

БОБИ 3. ТАРКИБ ВА ШАКЛИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ

       Моддаи 15. Таркиби созишномаи сармоягузорӣ
1. Таркиби созишномаи сармоягузорӣ муқаррароти асосии зеринро дар бар мегирад:
- моҳияти лоиҳаи сармоягузорӣ;
- тартиби мавриди амал қарор гирифтан ва мӯҳлати амали созишномаи сармоягузорӣ;
- доштани  иҷозатнома (агар қонунгузорӣ пешбинӣ намуда бошад);
- маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ;
- мақсадҳо, расмиёт, мӯҳлат ва шартҳои гузаронидани таҳқиқоти махсус, ки аз тарафи сармоягузор бояд дар рафти татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ анҷом дода шавад;
- мақсадҳо, расмиёт, мӯҳлат ва шартҳои гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодӣ, ки бояд аз тарафи сармоягузор то оғози корҳову чорабиниҳои асосии лоиҳавӣ таҳия карда шаванд, аз ҷумла шартҳои аз ҷониби сармоягузор пешниҳод гардидани натиҷаҳои асосноккунии техникию иқтисодӣ ва бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намудани онҳо;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои созишномаи сармоягузорӣ;
- ҳимояи ҳуқуқи қарздиҳандагон;
- татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ;
- танзими асъорӣ ва мубодилаи асъор (конвертатсия);
- низоми андозӣ ва гумрукӣ;
- масъалаҳои кирояи кормандон;
- ҳуқуқи моликият нисбат ба молу мулк, маълумот ва дигар захираҳо;
- стандарти ҳисоботи молиявӣ дар доираи созишномаи сармоягузорӣ;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаи сармоягузорӣ;
- қатъ намудани амали созишномаи сармоягузорӣ ва бекор кардани он;
- муқаррарот оид ба ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор);
- кафолати ҷуброни зарар ва дигар талафоти тарафҳои созишномаи сармоягузорӣ;
- хусусияти ҳатмии созишномаи сармоягузорӣ, иҷрои он, муқаррароти устуворӣ;
- масъалаҳои масунияти соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳуқуқи татбиқшаванда ва тартиби ҳалли баҳсҳо;
- забони созишномаи сармоягузорӣ.
2. Созишномаи сармоягузорӣ метавонад муқаррароти дигарро вобаста ба талаботи лоиҳаи созишномаи сармоягузории мушаххас дошта бошад.

        Моддаи 16. Ҳуқуқҳо ва кафолатҳои асосии сармоягузор дар доираи созишномаи сармоягузорӣ
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии сармоягузореро, ки дар доираи созишномаи сармоягузорӣ фаъолият менамоянд, кафолат медиҳад. Дар созишномаи сармоягузорӣ чунин кафолатҳои мушаххас метавонанд нишон дода шаванд: 
- кафолат ва  ҳимояи ҳуқуқии сармоягузориҳо, аз ҷумла  кафолати аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар мақомоти давлатӣ қабул нагардидани санадҳое, ки махсусан барои паст намудани арзиши сармоягузориҳо равона карда мешаванд;
- ҳаракати озоди сармоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он;
- озодона баргардонидани (репатриатсияи) даромадҳо, сармоя, дивидендҳо ва маблағи пардохти қарордодҳо оид ба пешниҳоди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо;
- муқаррароти устуворӣ;
- муқаррароти ҷубронӣ дар ҳолати риоя нагардидани созишномаи сармоягузорӣ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дахолати ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ;
- ҳимояи ҳуқуқҳои махсус ва ё иловагии муаллиф, ҳуқуқ ба тамғаҳои молӣ ва ҳуқуқи моликияти зеҳнии сармоягузорон;
- манъи мусодира ва милликунонии молу мулки сармоягузор, ба истиснои амалӣ кардани онҳо барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ бо пардохти ҳатмии ҷуброн дар ҳаҷм ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- манъи маҳдудкунии (дискриминатсияи) сармоягузорон дар вобастагӣ ба кишвари бақайдгирӣ;
- таъсиси озоди шахсони ҳуқуқӣ бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва ё дохилӣ барои ҳама гуна мақсадҳои амалигардонии лоиҳаи сармоягузорӣ;
- ҳуқуқ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси қарордод, интихоби озоди шарикон ва мавзӯи қарордод, интихоби ҳуқуқи қобили татбиқ  барои қарордод, расмиёти судӣ ва ё арбитражии ҳалли баҳсҳо ва ё дигар шаклҳои ҳалли баҳсҳо ва мухолифатҳо барои тамоми қарордодҳо, озод муайяннамоии ӯҳдадориҳо, инчунин дигар шартҳои қарордодҳо;
- ҳуқуқ барои амалӣ намудани ҳама гуна фаъолияти тиҷоратии  барои мақсадҳои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ зарурӣ дар дохил ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- ҳуқуқ барои фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ ва амалӣ намудани муносибатҳои содиротию воридотӣ;
- ҳуқуқ барои гирифтан ва пешниҳод намудани қарзҳо, кафолатҳо, замонат ва дигар намудҳои таъминот аз бонкҳои дохилию хориҷӣ, ҷамъияту ташкилотҳо, инчунин барои суғуртакунӣ бо суғуртакунандагони дохилию хориҷӣ бо шартҳои имтиёзнок;
- ҳуқуқ барои сармоягузорӣ ва сармоягузории такрорӣ дар доираи созишномаи сармоягузорӣ вобаста ба талаботи татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ.
2. Тибқи созишномаи сармоягузорӣ сармоягузор ҳуқуқ дорад натиҷаҳои фаъолияти сармоягузориро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд, инчунин ҳуқуқ дорад сармоягузории такрорӣ ва фаъолияти тиҷоратиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он амалӣ гардонад. Дар асоси созишномаи сармоягузорӣ, сармоягузор метавонад даромади худ ва ё қисми онро дар шакли маҳсулот, мол ва хизматрасонии дар бозор бадастоварда содирот намояд.
3. Созишномаи сармоягузорӣ метавонад кафолатҳои махсуси ҳуқуқи сармоягузор оид ба озодона ба ҳама гуна асъори хориҷӣ мубодила намудани даромади худро пас аз пардохти андозҳо пешбинӣ намояд,  аз ҷумла: 
- даромади аз фурӯши саҳмияҳо ва ҳиссаҳо дар сармояи оинномавии ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ аз тарафи сармоягузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ таъсисдодашуда ва ё  пас аз барҳамдиҳии чунин ҷамъиятҳо;
- даромад аз фурӯши ҳама гуна дигар молу мулк ва ё ҳуқуқҳои сармоягузор, ки дар рафти татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ба даст оварда шудааст ва ё бунёд гаштааст. 
4. Созишномаи сармоягузорӣ метавонад кафолати махсуси сармоягузор оид ба озодона бозгардонидани (репатриатсияи) асъори хориҷии бадастовардашударо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд.

          Моддаи 17. Ҳуқуқҳои махсуси сармоягузор дар доираи созишномаи сармоягузорӣ
1. Илова ба ҳуқуқҳо ва кафолатҳои асосии сармоягузор созишномаи сармоягузории алоҳида метавонад ҳуқуқҳои махсус, озодкунӣ ва имтиёзҳои сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузорро пешбинӣ намояд:
- низоми андозбандии махсус, аз ҷумла низоми соддакардашудаи андозбандӣ, озодкунии сармоягузор, пудратчиён ва кормандони хориҷӣ аз андозҳои муайян ва ё тамоми намудҳои андоз, дигар имтиёзҳои андозӣ ба давраи муайян ва ё дар тамоми давраи амали созишномаи сармоягузорӣ;
- низоми махсуси гумрукӣ, аз ҷумла  қисман ва ё пурра озодкунӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, расмиёти соддакардашудаи гумрукӣ барои сармоягузор, пудратчиён ва кормандони хориҷии он ба давраи муайян ва ё дар тамоми давраи амали созишномаи сармоягузорӣ;
- низоми махсуси танзим ва назорати асъорӣ, аз ҷумла озодкунӣ аз ӯҳдадории гирифтани иҷозатномаҳо ва бақайдгирӣ барои қарзҳо ва дигар шаклҳои маблағгузорӣ, ки аз тарафи сармоягузор барои мақсадҳои лоиҳаи сармоягузорӣ ва кушодани ҳисобҳои бонкӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он барои гирифтани қарзҳо ва дигар шаклҳои маблағгузорӣ;
- низоми махсуси  иҷозатномадиҳӣ, аз ҷумла бо низоми соддакардашуда додан, аз нав барасмият даровардан, дароз кардани мӯҳлати иҷозатномаҳое, ки барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ лозим мебошанд, додани иҷозатнома ба мӯҳлати зиёдтар аз мӯҳлати ниҳоии амали иҷозатнома, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, пурра ва ё қисман озодкунии сармоягузор аз пардохти боҷҳо ва пардохтҳои иҷозатномавӣ;
- қисман ва ё пурра даст кашидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи афзалиятноки пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи имтиёзнок барои ба даст овардани қисми муайяни ҳатмии мол, кор ва хизматрасониҳои дар рафти татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ истеҳсолшаванда ва пешниҳодшаванда;
- қисман ва ё пурра озодкунӣ аз татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими нархҳо ва тарофаҳо, аз ҷумла қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
- низоми махсус ва ё соддакардашудаи раводид ва назорати муҳоҷират барои кормандон ва пудратчиёни сармоягузор, озодкунии сармоягузор ва ширкати он аз ӯҳдадории риояи квота барои шаҳрвандони хориҷӣ дар рафти татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ.
2. Созишномаи сармоягузорӣ  метавонад дигар ҳуқуқҳои махсус, озодкунӣ ва имтиёзҳои сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузориро  пешбинӣ намояд.

         Моддаи 18. Муқаррароти устувории созишномаи сармоягузорӣ
       Созишномаи сармоягузорӣ метавонад муқараротеро дар бар гирад, ки мутобиқи он ҳуқуқҳои махсус, озодкуниҳо ва имтиёзҳои сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузорӣ, инчунин дигар муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ, новобаста ба тағйиру илова дар қонунгузорӣ, дар давоми мӯҳлати дар созишномаи сармоягузорӣ нишондодашуда мавриди амал ва татбиқ қарор гиранд. Созишномаи сармоягузорӣ метавонад барои ҳуқуқҳои махсус, озодкуниҳо ва имтиёзҳо вобаста ба шартҳо ва хусусияти лоиҳаи сармоягузорӣ  давраҳои гуногуни мӯҳлати амалро  пешбинӣ намояд.
Моддаи 19. Шакли созишномаи сармоягузорӣ
Созишномаи сармоягузорӣ дар шакли хаттӣ ҳамчун ҳуҷҷати ягона тартиб дода шуда, аз ҷониби ҳарду тарафи он ба миқдори бо розигии тарафҳо муайянкардашуда ба имзо расонида  мешавад.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

           Моддаи 20. Ҳуқуқи татбиқшавандаи созишномаи сармоягузорӣ
        Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад, агар дар худи созишномаи сармоягузорӣ дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад.

         Моддаи 21. Ҳалли баҳсҳо дар доираи созишномаи сармоягузорӣ
    1. Баҳсҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор вобаста ба масъалаҳои эътибор доштан, татбик, риоя накардан, қатъ ва ё тафсири созишномаи сармоягузорӣ аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор метавонанд дар созишномаи сармоягузорӣ супоридани тамоми баҳсҳо ва мухолифатҳои вобаста ба масъалаҳои эътибор доштан, татбиқ, риоя накардан, қатъ ва ё тафсири созишномаи сармоягузориро барои баррасӣ ва ҳал намудан ба арбитражи байналмилалии  мустақил ва беғараз, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, дар асоси қоидаҳои арбитражии байналмилалии эътирофгардида, пешбинӣ намоянд. Розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли баҳсҳо аз ҷониби чунин арбитражи байналмилалӣ ҳақиқӣ буда, қарори аз ҷониби чунин арбитражи байналмилалӣ баровардашуда барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ ва ниҳоӣ мебошад. Қарори қабулнамудаи арбитражи байналмилалӣ аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуда, дар ҳолати зарурӣ тибқи муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ, қонунгузории мурофиавӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон ба таври маҷбурӣ иҷро карда мешавад.

         Моддаи 22. Даст кашидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масунияти соҳибихтиёрӣ
       Созишномаи сармоягузорӣ бо сармоягузори хориҷӣ метавонад дар худ муқаррарот оид ба даст кашидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масунияти соҳибихтиёрӣ аз чораҳои пешакӣ оид ба таъмини хароҷоти расмиёти арбитражӣ, масуният аз огоҳиномаҳои мурофиавӣ, масуният аз иҷрои маҷбурии қарорҳои арбитражӣ ва масунияти молумулкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки нисбат ба чораҳои пешакии таъмини иҷрои қарори арбитражӣ ва ё нисбат ба иҷрои маҷбурии қарори арбитражӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз ҳудуди онро дошта бошад.

      Моддаи 23. Забони созишномаи сармоягузорӣ
     1. Созишномаи сармоягузорӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба имзо расонида мешавад. Он инчунин тибқи розигии тарафҳо метавонад ба дигар забонҳо низ омода ва ба имзо расонида шавад. 
2. Созишномаи сармоягузорие, ки ҳалли баҳсҳоро дар арбитражи байналмилалӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд,  ба забонҳои дигар низ омода ва ба имзо расонида мешавад.

     Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
     Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Эмомалӣ РАҲМОН
 

ш. Душанбе,

19 марти соли 2013,

№ 944

 

Pages