You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1658 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ОГОҲОНӢ ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ НОБОЛИҒОН Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1655 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1667 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 1961 - 1963 ҚАБУЛ ШУДААНД Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1674 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1669 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИҲОЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1668 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1648 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ Маҷлиси Олии ҶТ 25.10.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни ҶТ 1642 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ 19.07.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word Package icon ZIP PDF icon PDF
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1642 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 19.07.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 135 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРИИ ҒАНИГАРДОНИДАШУДА Маҷлиси Олии ҶТ 19.07.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Феврал 2020

-A A +A

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2019

Ношир: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Дшб, 03/02/2020 - 00:00

3 феврали соли 2020 нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 баргузор гардид, ки дар кори он муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидализода Фозил ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот, телевизион ва радио иштирок намуданд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУОМИЛОТИ МАВОДИ ТАРКАНДАИ ТАЪИНОТИ ГРАЖДАНӢ

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 10:06
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Шанбе, 28 Феврал, 2004

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУОМИЛОТИ МАВОДИ ТАРКАНДАИ ТАЪИНОТИ ГРАЖДАНӢ

 

( Ахбори Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2004,№2, мод. 33; 2005 год, №12, мод. 649)

 

Маҷлиси намояндагон 19 ноябри соли 2003 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 12 феврали соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои танзими муносибатҳоеро, ки ҳангоми муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, муайян намуда, барои таъмини бехатарии шахсии шаҳрвандон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии онҳо, ҳифзи муҳити зист, моликият ва пешгирии сӯиқасдҳои ҷиноятии ба амнияти ҷомеа нигаронида, равона гардидааст.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

бехатарӣ ҳангоми муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ- вазъи ҳимояи шахсият, ҷомеа ва давлат аз вайрон намудани тартиботи муқарраргардидаи муомилоти маводи тарканда;

маводи тарканда- пайвастагиҳои кимиёвӣ ё омехтаи онҳо, ки таҳти таъсири беруна (воситаҳои ангезанда) хусусияти худпаҳншавӣ дошта,  метавонанд ба зудӣ таркиби кимиёвиашонро дигар кунанд ва ба маводи газмонанди дорои фишори баланд табдил ёфта, гармии зиёд хориҷ намоянд;

маводи таркандаи таъиноти гражданӣ- маводи тарканда, воситаҳои ангезанда, борутҳо, таркибу омехтаҳои пиротехникӣ, инчунин маҳсулоти ба онҳо асосёфта, ки барои истифода бо мақсадҳои саноатӣ, техникӣ ва маишӣ (минбаъд маводи тарканда) таъин гардидаанд;

маводи таркандаи таъиноти саноатӣ- маводи тарканда ва маҳсулоти ба онҳо асосёфта, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани корҳои таркишӣ истифода мегардад;

маводи таркандаи таъиноти техникӣ ва маишӣ- мавод ва маҳсулоте, ки барои истифода бо мақсадҳои техникӣ ва маишӣ таъин гардидааст;

корҳои таркишӣ- маҷмӯи ҷараёнҳои технологие, ки оид ба тайёр кардан ва гузаронидани таркишҳо алоқаманданд, инчунин бартарафсозии оқибатҳои хатарноки он;

муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ- коркарди технологӣ, озмоиш, истеҳсол, борбандӣ, интиқол, боркунӣ, борфарорӣ, омодасозӣ барои истифода, истифодабарӣ, нигаҳдошт, комиссия, паҳн намудан, гирифтан (мусодира), истифодаи партовҳо, нобуд кардан, воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, транзит тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, додан аз як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба дигар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, баҳисобгирии ҳаракати маводи тарканда;

маводи пиротехникӣ- омехтаҳо, маҳсулоти дар асоси онҳо тайёршуда, ки барои истеҳсоли самаранок дар шакли гармӣ, равшанӣ, оташ, садо, дуд ва ё маҷмӯи онҳо, ки ба мақсадҳои техникӣ ва маишӣ таъин гардидаанд;

борутҳо- пайвастаҳо ё омехтаҳое, ки қодиранд ба таври устувор, бе гузаштан ба детонатсия бо ҷудо намудани миқдори зиёди маводи газнок оташ гиранд;

тайёр намудани маводи тарканда- омодасозии маводи тарканда ба ҳолате ки қобили истифода мебошад;

истифодабарии маводи тарканда- гузаронидани корҳои таркишӣ, ба даст овардани самараи пиротехникӣ ва корҳо бо маҳсулоти дар асоси маводи тарканда таҳияшуда бо мақсадҳои техникӣ ва маишӣ;

паҳнкунии маводи тарканда- амали шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки барои иваз намудани молик, истифодабаранда ё ихтиёрдори маҳсулоти тарканда, аз ҷумла боррасонӣ, дастрас намудан, фурӯш, комиссия, ваколатдоркунӣ ва додани маводи тарканда равона гардиданд;

маводи ангезанда- воситаҳое, ки детонатсия ва оташгирии моддаи таркандаро ба амал меоранд;

истифодаи партовҳои маводи тарканда- аз нав кор кардани маводи тарканда;

оташфаввораҳо- чорабинии тамошобоб (намоишӣ) бо истифодаи маводи пиротехникӣ.

 

Моддаи 2. Предмети танзим ва соҳаи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки байни шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо иштироки сармояи хориҷӣ ва шахсони воқеие, ки дар муомилоти маводи тарканда иштирок мекунанд, ҳангоми коркард, озмоиш, истеҳсол, борбандӣ, боркунӣ, борфарорӣ, интиқол, нигоҳдошт, тайёр намудан, истифодабарӣ, баҳисобгирии ҳаракати маводи тарканда, инчунин паҳн намудани онҳо, гирифтан, истифодаи партовҳо, нобуд сохтан, воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла транзити маводҳои тарканда ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ

Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ аз инҳо иборатанд:

-муайян ва ҷорӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;

-тасдиқи кадастри маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;

-муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;

 -ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;

-инчунин дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдор дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ

Мақоми ваколатдор дар доираи салоҳиятҳои худ ваколатҳои зеринро дорост:

-назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;

-назорати давлатӣ оиди аз тарафи шахсони воқеию ҳуқуқии ба муомилоти маводи тарканда ҷалбшуда риоя намудани талаботи қонуни мазкур ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дар ин соҳа амалкунанда;

-боздошти фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо, ҳангоми риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дар ин соҳа амалкунанда;

-додани иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;

-танзими дигар масъалаҳое, ки ҳангоми муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ ба амал меоянд;

-таҳияи стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ.

 

Моддаи 6. Асосҳои танзими давлатии муомилоти маводи тарканда

Танзими давлатии муомилоти маводи тарканда инҳоро дар бар мегирад:

-иҷозатномадиҳии намудҳои дахлдори фаъолият;

-стандартонӣ ва сертификатсиякунонии ҳатмии маводи тарканда;

-суғурта намудани хавфи масъулият вобаста ба муомилоти маводи тарканда;

-батартибандозии иҷозатдиҳӣ ба шаҳрвандон барои фаъолияти вобаста ба муомилоти маводи тарканда;

-гузаронидани назорати давлатии муомилоти маводи тарканда;

-батартибандозии шароити таъмини нигаҳдории маводи тарканда бо мақсади пешгирии истифодаи беиҷозати онҳо;

-тасдиқ ва пешбурди кадастри давлатии маводҳои тарканда;

-муоинаи давлатии экологии истеҳсол ва истифодаи маводи тарканда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 7. Кадастри давлатии маводи тарканда

Кадастри давлатии маводи тарканда нашрияи расмии дорои маълумоти мураттабшуда оид ба маводи таркандаи таъиноти гражданӣ ва маҳсулоти пиротехникии барои истифода бо мақсадҳои техникию иҷтимоӣ пешбинишуда мебошад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода иҷозат дода шудааст.

Тартиби таҳия ва пешбурди кадастри давлатии маводи тарканда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 8. Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи муомилоти маводи тарканда

Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи муомилоти маводи тарканда мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият».

 

Моддаи 9. Стандартонӣ ва сертификатсияи маводи тарканда

Маводи таркандаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда ва ба ҳудуди он барои истифодабарӣ воридшаванда бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд.

Стандартонӣ ва сертификатсияи маводи тарканда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом дода мешавад.

 

 

 

Моддаи 10. Суғуртаи хавфи масъулияти вобаста бо муомилоти маводи тарканда

Масъулияти шахси ҳуқуқии анҷомдиҳандаи муомилоти маводи тарканда барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва ё амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд тибқи шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ суғурта карда шавад.

 

Моддаи 11. Талабот нисбат ба шахсони анҷомдиҳандаи корҳои вобаста ба маводи тарканда

Ба корҳои вобаста ба маводи тарканда он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешаванд, ки агар:

-мувофиқи номгӯи бемориҳое, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон   муқаррар намудааст, аксуламали тиббӣ надошта бошанд;

-аз тайёрии махсус ва аттестатсия гузашта бошанд.

Талабот нисбат ба тайёрии махсуси шахсони анҷомдиҳандаи муомилоти маводи тарканда, шакли ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқи иҷрои корҳои вобаста ба маводи тарканда ва тартиби додани онҳо аз тарафи мақомоти идоракунии давлатии ваколатдоршуда дар соҳаи муомилоти маводи тарканда дар доираи салоҳияташон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 12. Назорати давлатии муомилоти маводи тарканда

Назорати давлатии муомилоти маводи таркандаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи марҳилаҳояш мақоми ваколатдор дар доираи салоҳияташ амалӣ менамояд.

Роҳбарони субъектҳои фаъолияти хоҷагидории иштирокчии муомилоти маводи тарканда ӯҳдадоранд, ба мақоми ваколатдор ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро диҳанд, инчунин ба он ҳамкорӣ намоянд. Додани маълумоти махфӣ ба шахсони сеюм манъ аст.

Мақоми ваколатдор метавонад дар доираи салоҳияташ ҳангоми вайрон кардани талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур фаъолияти шахсони ҳуқуқиро муваққатан боздорад.

 

Моддаи 13. Коркард ва озмоиши маводи тарканда

Коркард ва озмоиши маводи тарканда бояд аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатнома бо риояи талаботи стандартҳои давлатӣ, меъёр ва қоидаҳои аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқшуда анҷом дода шавад.

 

Моддаи 14. Истеҳсоли маводи тарканда

Истеҳсоли маводи тарканда аз тарафи шахсони ҳуқуқии барои иҷрои чунин фаъолият иҷозатдошта сурат мегирад.

Шахсони ҳуқуқие, ки истеҳсоли маводи таркандаро анҷом медиҳанд, сарфи назар аз шакли ташкилию  ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд мувофиқи шакли ҳисоботдиҳии омории давлатӣ  оид ба номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, инчунин шумораи фурӯхташудаю боқимондаи маводи тарканда ба мақоми ваколатдор  ҳисобот пешниҳод намоянд.

Меъёр ва қоидаҳои истеҳсоли маводи тарканда аз тарафи мақоми ваколатдор дар доираи салоҳияташ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 15. Паҳн намудани маводи тарканда

Паҳн намудани маводи таркандаро шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми мавҷудияти иҷозатномаи дахлдор, инчунин иҷозати мақоми ваколатдор барои ба даст овардани маводи тарканда анҷом медиҳанд.

Тартиби паҳн намудани маводи тарканда аз тарафи мақоми ваколатдор дар доираи салоҳияташ муқаррар карда мешавад.

Шахсони ҳуқуқии машғули паҳн намудани маводи тарканда ӯҳдадоранд:

-маводи таркандаи харидашуда, фурӯхташаванда ва  додашавандаро ба ҳисоб гиранд, инчунин ба муддати даҳ сол нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро таъмин намоянд;

-фурӯш ва додани маводи таркандаро дар ҳолате анҷом диҳанд, ки агар харидорон (гирандагон) барои дастрас намудани маводи тарканда иҷозати мақомоти ваколатдорро дошта, дар зери назорати онҳо бошанд;

-дорои сертификат ва ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сертификаткунонии маводи тарканда бошанд.

Паҳн намудани маҳсулоти пиротехникии ба мақсадҳои техникию маишӣ истифодашаванда ва ба кадастри давлатии маводҳои тарканда дохил нашуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бе иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи аз тарафи мақоми ваколатдор додашуда сурат мегирад.

 

Моддаи 16. Нигоҳ доштани маводи тарканда

Ҳуқуқи нигоҳ доштани маводи таркандаро шахсони ҳуқуқие доранд, ки барои чунин намуди фаъолият иҷозатнома ва иҷозати мақоми ваколатдорро гирифтаанд.

Маводи тарканда бояд дар шароите нигоҳ дошта шавад, ки гум нашудани сифат ва ҳифзи онҳо таъмин гардад. Қоидаҳои нигоҳдошти маводи тарканда аз тарафи мақоми ваколатдор дар доираи салоҳияташ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 17. Интиқоли маводи тарканда

Интиқоли маводи тарканда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои интиқоли борҳои хатарноки аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқшуда ва бо мувофиқаи идораҳои манфиатдор дар намудҳои нақлиёти махсус анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 18. Истифодаи маводи тарканда

Истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва маводи таркандаи таъиноти техникии ба кадастри давлатии маводҳои тарканда дохилшуда бояд танҳо ба мақсадҳои дар иҷозатнома нишондодашуда сурат гирад.

Тартиби истифодаи маводи тарканда мувофиқи қоидаҳои дар соҳаи муомилоти маводи тарканда, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва ё бо супориши он аз ҷониби мақоми ваколатдор танзим мегардад.

Истифодаи маводи тарканда, дар ҳолатҳое ки агар чунин истифодабарӣ боиси садама, таҳдид ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ гардад ё вазъи фавқулоддаро ба миён орад, манъ аст.

Ташкилотҳои ҳарбикунонидашудаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд маводи таркандаро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

 

Моддаи 19. Гузаронидани оташфаввораҳо

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар асоси иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи аз ҷониби мақоми ваколатдор додашуда оташфаввораҳо гузаронанд.

Маҳал, вақт ва шартҳои гузаронидани оташфаввораҳо бояд бо мақомоти ваколатдор мувофиқа шаванд.

Гузаронидани оташфаввораҳо бояд тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқи қоидаҳои аз тарафи пиротехникҳои махсус тайёркардашуда ва аттестатсияшуда, бо истифодабарии таҷҳизоти бакорандозандаи аттестатсияшудаю маҳсулоти пиротехникии сертификатсияшуда ва риояи меъёрҳои бехатарӣ сурат гирад.

Тартиб ва қоидаҳои гузаронидани оташфаввораҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи салоҳияташон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 20. Нобуд кардан ва истифода бурдани партовҳои маводи тарканда

Маводи таркандаи корношоям, ки ҷавобгӯи шарт ва талаботи техникӣ ва стандартҳо намебошанд, бояд нобуд ё истифода бурда шаванд.

Нобуд кардани маводи таркандаро шахсони ҳуқуқие анҷом медиҳанд, ки барои коркард, озмоиш, истеҳсол ва истифодаи он иҷозатнома доранд.

Истифодаи партовҳоро шахсони ҳуқуқие анҷом медиҳанд, ки барои истеҳсоли маводи тарканда иҷозатнома доранд.

Нобуд кардан ё ба истифодабарӣ додани партовҳои маводи тарканда аз як шахси ҳуқуқӣ ба дигараш дар асоси иҷозатномаи мақомоти ваколатдор анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 21. Баҳисобгирии маводи тарканда

Баҳисобгирии маводи тарканда ҳангоми ҳама гуна намуди муомилоти он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 22. Воридот, содирот ва транзити маводи тарканда

Воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва транзити маводи тарканда ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 23. Муваққатан аз муомилот гирифтани маводи тарканда

Муваққатан аз муомилот гирифтани маводи тарканда метавонад дар ҳолатҳои зерин анҷом дода шавад:

-агар молик дорои иҷозатномаи дахлдор ё дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда набошад;

-аз тарафи шахси ҳуқуқӣ тибқи таъинот истифода набурдани маводи тарканда, ё аз ҷониби ӯ имконнопазирии нигаҳдории маводи тарканда;

-дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тартиби аз муомилот гирифтани маводи тарканда, инчунин мақомот ва шахсони мансабдорро, ки ҳуқуқи гирифтани маводи таркандаро доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 24. Маҳдудиятҳое, ки нисбати муомилоти маводи тарканда муқаррар гардидаанд

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад:

-муомилоти маводи тарканда ҳангоме, ки субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ тибқи қоидаҳои муқарраршуда барои таъмини нигоҳдории маводи тарканда ва пешбурди баҳисобгирии гардиши маводи тарканда шахси масъулро надорад;

-тибқи таъинот истифода накардани маводи тарканда;

-истифодабарии маводи тарканда барои гузаронидани корҳои таркишӣ, ки аз сертификатсия нагузаштааст ва ба кадастри давлатии маводҳои тарканда дохил карда нашудааст;

-паҳн намудани маводи таркандаи барои содирот истеҳсолшуда, ки мувофиқи шартҳои техникӣ ба талаботи давлатҳои воридкунанда ҷавобгӯ буда ва ба шартҳои техникии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда мувофиқ нестанд;

-гузаронидани корҳои таркишӣ ва истифодаи маҳсулоти пиротехникӣ бо мақсади техникӣ аз тарафи шахсоне, ки шаҳодатномаи дахлдори тахассусӣ ё иҷозатномаи шакли муқарраргардида надоранд;

-ирсоли маводи тарканда тавассути шабакаи алоқаи почта;

-интиқоли маводи тарканда ҳамчун бори дастӣ ва бағоҷ бе иҷозати мақомоти корҳои дохилӣ  ва бе таҷҳизоти махсуси таъминкунандаи бехатарии онҳо аз таркиш;

-истифодабарии маводи тарканда ҳамчун предмети вориси ҳуқуқӣ ва гарав.

 

Моддаи 25. Тартиби ҳал намудани баҳсҳо

Баҳсҳое, ки дар натиҷаи истифодаи Қонуни мазкур ба вуҷуд меоянд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 27. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе  28 феврали соли 2004

№ 1                                            

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАМЪОВАРИИ ПОРАВУ ПАРТОВҲОИ МЕТАЛЛҲОИ СИЁҲ ВА РАНГА

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 10:13
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
2
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Шанбе, 28 Феврал, 2004

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҶАМЪОВАРИИ ПОРАВУ ПАРТОВҲОИ МЕТАЛЛҲОИ СИЁҲ ВА РАНГА

 

(Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ соли 2004, №2, мод. 34; соли 2005, №12, мод.652)

 

Маҷлиси намояндагон 19 ноябри соли 2003 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 12 феврали соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро оиди ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга муқаррар намуда, талаботи асосӣ, ҳамчунин ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва масъулияти иштироккунандагони муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар соҳаи ҷамъоварии оҳанпора ба миён меоянд, муайян мекунад.

 

Боби 1.

Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур таъмин намудани амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳайё кардани шароит барои ба муомилоти хоҷагӣ ворид намудани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ҳамчун манбаи ашёи иловагӣ, нигоҳдории захираҳои ашёи хом ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳои ҷамъоварии (хариди) пораҳои металлҳои қиматбаҳо дахл надорад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

металлҳои сиёҳ - металлҳо, ғилзат (консентратҳо), хокаю гард ва хӯлаи оҳан;

металлҳои ранга - металлу хӯла ва хокаву гарди алюминий, висмут, волфрам, кадмий, кобалт, магний, мис, молибден, никел, қалъагӣ, сурб, титан, руҳ; ғилзати волфрам, молибден, ниобий, рутилий, сирконий ва металлҳои нодири заминӣ;

партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга - партовҳои саноатии ҳамаи марҳилаҳои коркард, ки дар таркибашон металлҳои сиёҳ ва ранга доранд ё худ аз ҳамин металлҳо иборатанд ва ҳангоми гудозиш ва корҳои дигари металлургӣ ҳосил мешаванд ва ҳамчунин маснуот ва қисмҳое, ки дар рафти истеҳсолот бо нуқсон тавлид мешаванд;

оҳанпораҳои рӯзгор - пораи металлҳои сиёҳ ва рангае, ки ҳангоми ба мақсади шахсӣ истифода бурдани маснуоту қисмҳои металлҳои сиёҳу ранга аз тарафи шаҳрвандон ҳосил мегарданд;

оҳанпора - аз партовҳои истеҳсолот ва истеъмолот иборат аст, ки аз маснуоти нодаркор ва ё хусусиятҳои истеъмолии худро гумкардаи саноатӣ ва таъиноти маишӣ, қисматҳои он, таҷҳизоту механизмҳо, конструксияҳо, воситаҳои нақлиёт, техникаи ҳарбӣ ва манбаъҳои дигар ҳосил шуда, танҳо барои коркарди дубора таъин гардидаанд;

ҷамъоварии оҳанпора - фаъолияти хоҷагӣ доир ба ҷамъоварӣ кардан, харидан, ҷудо карда гирифтан ва интиқол додани металлҳои сиёҳ ва ранга ба амбори муваққатӣ, коркард ва ё истифодаи ниҳоии онҳо дар корхонаи металлургӣ;

коркарди оҳанпора - фаъолияти хоҷагӣ доир ба ҷамъоварии пораи металлҳои сиёҳу ранга барои истифода бурдан ҳамчун ашёи хоми истеҳсолоти металлургӣ (ҷудо кардан ба хелҳо, буридан, реза кардан, прессонидан, брикет сохтан, гудохтан ва ғайра), ки дар натиҷа шакл ё ҳолати аввалаи онҳо тағйир меёбад;

фурӯхтани (ё додани) оҳанпора - фурӯхтан, бепардохт ё бопардохт ба шахси сеюм додани оҳанпораи ҷамъоварӣ ва ё коркардашуда;

ҷамъоварии (харидани) пораю партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга - фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки барои ҷамъоварии (харидани) пораву партовҳои металлҳои сиёҳу рангаи саноатию рӯзгор ва супоридани (фурӯхтани) онҳо равона гардидааст;

санади партовгардонӣ - ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршудаи ҳисоботи қатъӣ, ки партов гардонидани амволи шахси ҳуқуқиро тасдиқ менамояд ва замимаи ҳатмии санади аз ҳисоб баровардани амволи металлдор ҳисобида мешавад;

ҷамъоварандаи оҳанпора (пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга) - шахси ҳуқуқие, ки барои ҷамъоварӣ кардани (харидани) оҳанпора иҷозатнома дорад;

супорандаи оҳанпора (пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга) - шахси ҳуқуқӣ ё воқеии молики оҳанпорае, ки дар рафти истеҳсоли оҳанолот, дар рӯзгор ва ё ҳангоми харидани партови металл ё худ партовгардонии маснуоти (амволи) металлдор соҳиб шудааст;

мутасаддии ҷамъоварӣ кардани оҳанпора - шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки аз номи ва бо супориши корхонаҳои махсуси металлургӣ ё корхонаҳои истеҳсолию захиракунӣ оҳанпора ҷамъоварӣ мекунанд (мехаранд);

баённомаи супорандаи (фурӯшандаи) оҳанпора - аризаи шаклан муқарраршудаи шахси ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ ба номи мақоми салоҳиятдори ҳокимияти иҷроия, ки он маълумотро оид ба манбаи пайдоиши оҳанпора дар бар мегирад;

корхонаи истеҳсолию ҷамъоварикунандаи оҳанпора - шахси ҳуқуқие, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ онро барои фаъолияти соҳаи истифодаи партову амволи металлдор, захира намудани (ҷамъоварӣ кардан ва харидани) оҳанпора, коркард ва фурӯши ашёи мустаъмали металлдор ба корхонаҳои металлургӣ ваколатдор гардонидааст.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварии металлҳои сиёҳ ва ранга инҳоянд:

-таъмини бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таъмини нигоҳдории амволи давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳангоми ҷамъоварии металлҳои сиёҳ ва ранга;

-ба ҳам мувофиқ намудани манфиати иқтисодӣ ва экологии ҷамъият;

-оқилона бо ҳам мувофиқ намудани чораҳои иқтисодӣ ва маъмурии танзими ҷамъоварии металлҳои сиёҳ ва ранга;

-ба роҳ мондани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ доир ба ҷамъоварӣ ва фурӯши металлҳои сиёҳ ва ранга.

 

Моддаи 5. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Ваколатҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга чунин аст:

-ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

-тартиб додани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, меъёру қоидаҳое, ки тартиби ҷамъоварӣ кардани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро муайян мекунанд;

-муайян кардани тартиби иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти ҷамъоварӣ намудани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

-муайян кардани усулҳои умумии ташкил ва гузаронидани назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

-ташкили баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи фаъолияти ҷамъоварӣ кардани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

-муҳайё кардани шароит барои таъмини эҳтиёҷоти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

-муқаррар намудани тартиби аз ҳисоб баровардан ва партовгардонии амволи давлатии металлдор;

-муқаррар кардани вазифаи мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ ва салоҳияти онҳо дар соҳаи ҷамъоварӣ намудани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

-андешидани тадбирҳо барои пешгирӣ намудани дуздии металлҳо, таракаи қисмҳои таҷҳизот, воситаҳои сигналдиҳӣ ва алоқа, объектҳои энергиядеҳ ва нақлиёт;

-тасдиқ кардани рӯйхати намудҳои металлҳои сиёҳ ва рангае, ки дар рӯзгор пайдо мешаванд ва меъёрҳои супоридани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, ки барояшон пешниҳоди баённома зарур нест;

-муқаррар кардани тартиби содироти пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

-иҷрои дигар ваколатҳое, ки ҳамин Қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

Боби II.

Талаботи умумӣ нисбати ҷамъоварии пораву

партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

 

Моддаи 6. Чораҳои муҳофизатии танзими ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Бо қарори мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ муваққатан (то як сол) чораҳои муҳофизатие татбиқ шуда метавонанд, ки ҷамъоварии оҳанпораро маҳдуд мекунанд. Мақомоти ваколатдор метавонанд ҳангоми додани иҷозатнома барои фурӯхтани ҳиссаи муайяни ҷамъоварии баъзе навъҳои оҳанпора озмун гузаронанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи оҳанпораҳоеро, ки аз шахсони воқеӣ (супорандагони оҳанпора) харида гирифтанашон манъ аст, муқаррар мекунад. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз шахсони воқеӣ қабул карда гирифтани баъзе намудҳои оҳанпора метавонад маҳдудиятҳои иловагӣ муқаррар намоянд.

 

Моддаи 7. Тартиби танзими ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз тарафи мақомоти ваколатдор

Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи амволу партовҳои истеҳсолии металлдор, фаъолияти супоранда ва ҷамъоварандаи оҳанпораро бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ба давлат расонидани зиёни иқтисодӣ ва экологӣ таҳти назорат мегирад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллиро барои ташаккули низоми баҳисобгирии манбаи иттилоотӣ дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга муайян мекунад.

Мӯҳлати пешниҳоди иттилоотро доир ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (аз ҷониби супоранда ва ҷамъоварандаи оҳанпора) мақомоти давлатии омор муқаррар менамоянд.

Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ низоми анборҳои давлатии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро ба роҳ мемонанд, барои ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз корхонаҳои (ташкилотҳои) давлатӣ ва барои минтақаҳое, ки муассисаҳои хариду фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга надоранд, корхонаҳои давлатӣ барпо менамоянд, ҳуҷҷатҳои меъёрие тартиб дода, дар амал ҷорӣ мекунанд, ки барои ташкили чунин корхонаҳо ва фаъолияти онҳо мадад намоянд.

Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ташкили доду гирифти (бозори) пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга муайян шудаанд, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ба амал мебароранд.

 

Моддаи 8. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга инҳо мебошанд:

ҷамъоварандагони оҳанпора:

- шахсони ҳуқуқие (корхонаю муассиса, ташкилотҳое), ки дар асоси иҷозатномаи гирифтаашон ва бо тартиби муқарраргардида пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро ҷамъоварӣ ва қабул мекунанд (мехаранд);

- шахсони воқеӣ, ки ҳамчун соҳибкорони барои ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳу ранга иҷозатномадошта ба қайд гирифта шудаанд;

супорандагони оҳанпора:

- шахсони ҳуқуқие (корхонаю муассиса, ташкилотҳое), ки пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи дар рафти фаъолияти истеҳсолӣ ва дигар фаъолияти корхона ҳосилшударо ҷамъоварӣ мекунанд ва месупоранд (мефурӯшанд) ва ҳуҷҷатҳое доранд, ки ба пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ҳуқуқи моликият доштани онҳо ва ё манбаи пайдоиши оҳанпораро тасдиқ менамоянд;

- шахсони воқеие, ки партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи дар рӯзгор ва аз истифодаи таҷҳизоту мошинҳои хусусиашон ҳосилшавандаро мефурӯшанд;

- шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ҳамчун соҳибкорони ба ин ё он намуди фаъолият иҷозатномадошта пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро ҷамъоварӣ мекунанд (мефурӯшанд).

 

Моддаи 9. Иҷозатномадиҳии фаъолияти тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Иҷозатномадиҳии фаъолияти тайёр кардан, коркард, фурӯши  пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга  тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» анҷом дода  мешавад.

 

Моддаи 10. Шартҳои ҳатмӣ оид ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Шартҳои ҳатмии ҷамъоварӣ (захира) кардани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга инҳоянд:

- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёру қоидаҳои экологӣ, санитарию эпидемиологӣ, гигиенӣ ва зидди сӯхтор;

- мавҷудияти (бо ҳуқуқи моликият ё иҷора) бино (майдонча), таҷҳизоте, ки пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро дар он ҷо захира мекунанд ва мавриди коркард қарор медиҳанд;

- мувофиқати таҷҳизоти истифодашаванда ба меъёру талаботи техникӣ;

- аз назорати радиатсионӣ ва пиротехникӣ гузаронидани пораву партовҳои ҷамъовардашудаи металлҳои сиёҳ ва ранга;

- мавҷудияти мутахассисоне, ки барои идоракунии таҷҳизоти ҷавобгӯи меъёру қоидаҳои амалкунанда аз санҷиш гузаштаанд.

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар муносибат намудан бо пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга бояд стандартҳои муқарраршуда, меъёрҳои экологӣ ва санитарӣ, қоида ва талаботи бехатариро риоя намоянд.

Биноҳои қабул ва нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (пунктҳои қабули оҳанпора) бояд таҷҳизонида шуда бошанд ва тибқи лоиҳаҳое, ки бо мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа шудаанд ва аз экспертизаи экологӣ гузаштаанд, истифода карда шаванд.

Барои иҷрои талаботи стандартҳои техникие, ки нисбати пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга муқаррар гардидаанд ва бо мақсади баҳисобгирии дурусти ибтидоии онҳо иншоотҳои қабулу нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (пунктҳои қабули оҳанпора) бояд асбобҳои назорату ченак, сангу тарозу ва дигар таҷҳизоте дошта бошанд, ки бо тартиби муқарраргардида аз санҷиш гузаштаанд.

 

Моддаи 11. Баҳисобгирӣ оид ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Пункти қабул ва нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бояд дорои лавҳае бошад, ки дар рӯи он ному суроғаи ҳуқуқӣ, ному насаби роҳбар, ном ё рақами пункти қабул ва нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, маълумотҳои асосии иҷозатнома ва рӯзу соати кор сабт шуда бошанд.

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вазифадоранд пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи ҳар пункти қабулу нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои  сиёҳ ва рангаро ба ҳисоб гиранд. Пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга алоҳида ба ҳисоб гирифта мешаванд. Маълумот оид ба пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, ки қабул гардидаанд, дар дафтари қайд, санадҳои қабулу супурдани оҳанпора ва дигар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ бо тартиби муқарраргардида сабт карда мешавад.

Ҳама навиштаҷотҳо дар дафтари баҳисобгирӣ дарҳол баъди қабули пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга сабт мешаванд. Дар зери ҳар тасҳеҳу ислоҳоти дафтар шахси масъули қабулкунандаи пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга имзо намуда, шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки барои чунин фаъолият иҷозатнома дорад, мӯҳр мезанад. Дар дафтар сатри холӣ гузоштан мумкин нест. Ҳар рӯз дар охири кор натиҷаи якрӯзаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга хаттӣ ҷамъбаст карда мешавад. Тартиби пур кардани дафтари баҳисобгириро мақоми ваколатдор муайян мекунад. Дафтари пуршудаи баҳисобгирӣ дар давоми се сол нигоҳ дошта, пас аз он ба бойгонӣ супорида мешавад.

Пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз пунктҳои қабул ба пункти истифодабарии ниҳоӣ танҳо ҳангоми дар борхати нақлиёт будани қайде, ки онҳо маводи радиатсионӣ ва тарканда надоранд, расонида мешаванд.

 

Моддаи 12. Тартиби содироти пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга дар сурати зиёд шудани захираашон ва талабот надоштани корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо аз тарафи корхонаҳое, ки таҷҳизоти техникии зарурӣ ва иҷозатнома барои ин намуди фаъолият доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд.

 

Моддаи 13. ӯҳдадориҳои супорандаи оҳанпора

Супорандаи оҳанпора (шахси ҳуқуқӣ) ӯҳдадор аст бо тартиби муқарраркардаи мақомоти ваколатдор доир ба манбаи пайдоиши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ва партовгардонии амволи металлдор маълумот пешниҳод кунад.

Барои шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми супоридани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ҳуҷҷати дорои маълумоти зарурӣ баённомаи супорандаи оҳанпора ба ҳисоб меравад, ки дар он доир ба пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи супоридашуда оиди аз ҳисоб баровардан ва партовгардонии амвол маълумот сабт карда мешавад.

Барои шахсони воқеӣ ҳангоми супоридани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ҳуҷҷати дорои маълумоти зарурӣ баённомаи супорандаи оҳанпора (оҳанпорафурӯш) ба ҳисоб меравад, ки дар он маълумоти шиносномаи супорандаи оҳанпора (оҳанпорафурӯш), рӯйхати пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга бо зикри манбаи пайдоиши он сабт гардидааст. Баённомаи супорандаи оҳанпора (оҳанпорафурӯш) ҳангоми супоридани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ба шахси ҷамъовардаи (харидори) пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга бо қайди мақомоти ваколатдор пешниҳод карда мешавад.

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд (дар ҳолати пешниҳод кардани шиноснома ё ҳуҷҷати дигар) пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаеро, ки дар рӯзгор ва аз истифодаи таҷҳизоту мошинҳои хусусиашон пайдо мешаванд, ҷамъоварӣ намоянд ва супоранд. Онҳо танҳо пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи рӯзгорро бе ҳуҷҷате, ки моликияти хусусӣ будани онҳоро тасдиқ менамояд, супурда метавонанд.

 

Моддаи 14. ӯҳдадориҳои ҷамъоварандаи оҳанпора

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки бо фаъолияти ҷамъовариву нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, партовгардонӣ ва ба истеъмолкунандагон супурдани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга машғуланд, ӯҳдадоранд, ки:

- барои фаъолияти тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга иҷозатнома дошта бошанд;

- биною майдонҳои худӣ ё иҷоравии ба меъёрҳои зидди сӯхтор, санитарӣ ва экологӣ ҷавобгӯй дошта бошанд;

- барои иншоот ва фаъолият ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва иҷозатнома дошта, онҳо бо тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шуда бошанд;

- барои ба муҳити зист партофтану рехтани моддаҳои олудакунанда ва ҷойгиронидани оҳанпораву партовҳои истеҳсолот ва истеъмолот ҳуҷҷатҳои лоиҳавии аз тарафи мақомоти махсуси ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист додашуда дошта бошанд;

- пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро аз шаҳрвандон танҳо дар сурати нишон додани шиноснома ё ҳуҷҷати дигари шахсияти супорандаи оҳанпораро тасдиқкунанда қабул карда гиранд.

Ҷамъоварандаи оҳанпора ӯҳдадор аст ҳангоми харидани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз оҳанпорафурӯш баённома талаб намояд, мувофиқи ҳамин Қонун баҳисобгирии пораву партовҳои металлҳои  сиёҳ ва рангаи харидашударо ба роҳ монад.

Пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пайдоиши онҳо, ғайр аз оҳанпораҳои рӯзгор, қабул кардан манъ аст.

 

Боби III.

Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Э.Раҳмонов

ш. Душанбе  28 феврали соли 2004

№ 2                                      

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 10:21
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
6
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Шанбе, 28 Феврал, 2004

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ

 

Маҷлиси намояндагон 3 декабри соли 2003 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 12 феврали соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, № 2, мод.38; с. 2007, № 3, мод.161;

Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с., № 1147)

 

Қонуни мазкур вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқии ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян менамояд.

 

Боби 1.

Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мафҳуми мудофиаи гражданӣ

 

Мудофиаи гражданӣ – маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатие мебошад, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ равона шудаанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Вазифаҳои асосии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- пешакӣ, дар замони осоишта, ба нақша гирифтан ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ оид ба омода сохтани аҳолӣ ва қаламрави Тоҷикистон баҳри ҳимоя ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ ва баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт дар замони ҷанг;

- таъсис додан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора, алоқа ва огоҳонӣ, барои иҷрои вазифаҳо дар замони ҷанг;

- ташкил, омода сохтан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои зудамали қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, сохторҳои наҷотдиҳӣ ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ баҳри иҷрои вазифаҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон дар замони ҷанг;

- ташкили захираҳои эҳтиётии сафарбарсозии амволи молу мулки махсуси мудофиаи гражданӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

- ташкили фонди зарурии иншоотҳои муҳофизатии (паноҳгоҳҳо) мудофиаи гражданӣ;

- ташкили захираҳои эҳтиётии озуқа ва доруворӣ;

- ташкили тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ – сардорони мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳояшон дар замони ҷанг;

- ташкили омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ;

- анҷом додани назорати давлатӣ ба риоя намудани талаботҳои муҳандисӣ – техникии мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳо, биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва ба истифода додани онҳо;

- ташкили шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лаборатории мудофиаи гражданӣ;

- сари вақт огоҳонидани аҳолӣ аз таҳдиди сар задани амалиётҳои ҷангӣ, хатари ҳавоӣ, радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва хатари дигар;

- ҷойгиронӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ аз шаҳрҳои ба гурӯҳи мудофиаи гражданӣ мансубдонисташуда ва дигар маҳалҳои аҳолинишини дорои иншоотҳои махсусан муҳим, инчунин аз минтақаҳои таҳти таҳдиди зериобмонӣ қарордошта ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба маҳалҳои бехатар;

- ташкили паноҳ намудани аҳолӣ дар иншоотҳои муҳофизатӣ ва таъмини онҳо бо воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва доруворӣ;

- гузаронидани чорабиниҳои рӯшноипинҳонкунӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои иқтисодиёт;

- анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир;

- таъминоти аввалиндараҷаи аҳолии дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ зарардида, аз он ҷумла бо хизматрасонии тиббӣ, ҳамчунин расонидани ёрии аввалиндараҷаи тиббӣ, таъминот бо ҷои зист ва дидани чораҳои дигари зарурӣ;

- мубориза бар зидди сӯхторҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба вуқӯъ меоянд;

- муайян намудан ва нишон додани маҳалҳое, ки дучори заҳролудшавии радиоактивӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигарҳо гаштаанд;

- безараргардонии аҳолӣ, техника, биноҳо, ҳудуд ва гузаронидани чорабиниҳои дигари зарурӣ;

- барқарор кардан ва нигоҳ доштани тартибот дар маҳалҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ зарар дидаанд;

- таъмини фаъолияти хадамоти мудофиаи гражданӣ ҳангоми ҷанг;

- дафн намудани ҷасадҳо ҳангоми ҷанг;

- таҳия ва амалӣ намудани чораҳо баҳри нигоҳ доштани иншоотҳое, ки барои фаъолияти устувори иқтисодиёт ва зисту зиндагонии аҳолӣ, ки дар ҳолати ҷангӣ заруранд;

- таъмини омодагии доимии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ.

 

Моддаи 4. Асосҳои ташкил ва ҷорӣ намудани мудофиаи гражданӣ

 

Ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ, таъмини бехатарии давлат ба шумор меравад.

Мудофиаи гражданӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи принсипи ҳудудию истеҳсолӣ ва бо назардошти хусусиятҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон ташкил карда мешавад.

Тайёрии давлат ба мудофиаи гражданӣ пешакӣ дар замони осоишта бо дарназардошти тараққиёти силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои ҳифзи аҳолӣ аз воситаҳои ҳозиразамони ҳуҷум ва хатарҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба вуқуъ меоянд, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

Ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳалҳои алоҳидаи он аз лаҳзаи эълон шудани ҳолати ҷангӣ, амалан оғоз ёфтани амалиётҳои ҳарбӣ ё аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани вазъияти ҳарбӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳалҳои алоҳидаи он оғоз меёбад.

 

Моддаи 5. Дараҷабандии ҳудудҳо ва иншоотҳои мудофиаи гражданӣ

 

Дараҷабандии шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои иқтисодиёт бо мақсади ба таври комплексӣ ва тафриқавӣ гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ амалӣ карда мешавад.

Дараҷабандии шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои иқтисодиёт вобаста ба аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мудофиавӣ доштани онҳо, мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Боби 2.

Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар

соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Моддаи 6. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- сиёсати давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян месозад;

- Нақшаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

- Нақшаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қаламрави ҷумҳурӣ ё дар маҳалҳои алоҳидаи он ба таври пурра ё қисман ҷорӣ менамояд;

- сохтор, ҳайати қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, воҳидҳои штатӣ ва маҳалҳои ҷойгиршавии онҳо, Низомномаи қӯшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

- ба ҳайати олии афсарӣ рутбаҳои ҳарбӣ медиҳад ё рутбаҳои онҳоро паст менамояд, маҳрум месозад ё барқарор менамояд;

- дигар ваколатҳоро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амалӣ мегардонад.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ таъмин менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ қабул менамояд;

- ба ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ роҳбарӣ менамояд;

- тартиби банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мудофиаи гражданиро муайян намуда, иҷрои онро назорат менамояд;

- ба Нақшаи рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мудофиаи гражданиро дохил намуда, ҷудо намудани маблағҳои заруриро барои татбиқи онҳо таъмин месозад;

- тартиб ва меъёрҳои ба гурӯҳҳои мудофиаи гражданӣ мансуб донистани шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, инчунин иншоотҳои махсусан муҳимро, ки дар иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим мебозанд ё ба бехатарии аҳолӣ таъсир мерасонанд, муайян месозад;

- Нақшаи муайян намудани маҳалҳои ҷойгиркунӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ, инчунин арзишҳои моддии мамлакатро дар ҳолатҳои ба миён омадани хавф ва оғоз ёфтани амалиётҳои ҷангӣ тасдиқ менамояд;

- чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти иқтисодиёти мамлакат дар замони ҷанг амалӣ мегардонад;

- номгӯи техникаи махсус ва молу мулкеро, ки мақомоти идора, қисмҳо ва ҷузъу томҳои мудофиаи гражданӣ бо онҳо муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

- номгӯй, сохтор, ҳайат, пуррагардонӣ ва муҷаҳҳазгардонии мақомоти идора ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ва заминаи таъсисёбии онҳоро муайян ва тасдиқ менамояд;

- ба вазоратҳо, идораҳо, мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифаҳоро оид ба тайёр намудан ва ба мақомот ва қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ додани техника, воситаҳои алоқа ва дигар воситаҳои моддию техникӣ ҳангоми эълони сафарбарсозӣ ва иҷро намудани дигар вазифаҳои сафарбарсозӣ муқаррар менамояд;

- тартиби ташкили фонди иншоотҳои муҳофизатӣ ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданӣ, инчунин тартиби захиранамоӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии захираҳои моддию техникӣ, хӯрокворӣ, тиббӣ ва дигар воситаҳоро бо мақсадҳои мудофиаи гражданӣ муайян месозад;

- тартиб ва мӯҳлатҳои гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ ва махсуси ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданиро муайян месозад;

- шартномаҳои байниҳукуматиро ҷиҳати ҳамкориҳо дар риштаи мудофиаи гражданӣ ба имзо расонда, барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ чораҳо меандешад;

- дигар ваколатҳоро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ амалӣ месозад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи ваколатҳои худ:

- роҳбарии ҳамарӯзаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ сохта, барои ба роҳ мондан, тараққию ташаккул, тайёрӣ ва омодагии доимии он ҷавобгӯ мебошад;

-лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба таъсис, сохтор ва ҳайати мақомоти идора, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора, огоҳонидан ва алоқа, ҳифзи аҳолӣ ва иқтисодиёт ҳангоми рӯй додани амалиётҳои ҷангӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таҳия ва ба баррасию  тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

-дар доираи салоҳиятҳои худ қарорҳоро оид ба ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, ки иҷрои онҳо ба роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон, тамоми шахсони мансабдор ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист, қабул менамояд;

-Нақшаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд;

-самтҳои асосии фаъолияти мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян месозад;

-сари вақт огоҳонидани ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ва аҳолии мамлакатро аз хавфи рӯй додани амалиётҳои ҷангӣ ва хатарҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба амал меоянд, таъмин менамояд;

-тайёрӣ ва омодагии сафарбарсозии мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ ва таъмин месозад;

-идораи қувваҳои мудофиаи гражданиро дар ҷараёни анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва бартараф намудани оқибатҳои амалиётҳои ҷангӣ амалӣ месозад;

-роҳбарии қӯшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад;

-бонгҳои огоҳкунии мудофиаи гражданиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ҷорӣ намуда, амалҳои аҳолиро дар асоси онҳо ташкил ва идора менамояд;

-созмон, муҷаҳҳаз гардондан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданиро таъмин менамояд;

-тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардорони мудофиаи гражданӣ, инчунин омӯзиши аҳолии мамлакатро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил менамояд;

-гурӯҳҳои қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро созмон дода, идоракунии онҳоро дар рафти бурдани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир ташкил менамояд;

-таҳияи воситаҳои таълимию методӣ, барномаҳои тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ-сардорон ва ҳайати шахсии мақомоти идора, қӯшунҳо ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ва омӯзиши аҳолиро оид ба мудофиаи гражданӣ ҳамоҳанг месозад ва тасдиқ менамояд;

-бо тартиби муқарраргардида дархостҳоро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтироъ, истеҳсол ва таъмини аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, молу мулки махсус, инчунин таъмири техника ва дигар амволи мудофиаи гражданӣ пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

-ташкил ва назорати таъмини ҳаёт ва фаъолияти аҳолии дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ зарардидаро амалӣ месозад;

-пешниҳодотро оид ба ташкили фондҳои эҳтиётии сафарбарсозии молу мулкимахсуси мудофиаи гражданӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд, назорати доимиро ҷиҳати пуррагардонӣ, ҷойгиркунӣ, шароити нигоҳдорӣ ва сари вақт ивазкунии онҳо вобаста ба мӯҳлатҳои нигоҳдориашон ба роҳ мемонад; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

-гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-техникӣ ва таҷрибавию ихтироотиро оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави мамлакат аз воситаҳои ҳозиразамони зарбазананда ва хатарҳое, ки ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ ба вуқӯъ меоянд, ташкил менамояд;

-назорати иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таъмин менамояд;

-ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ анҷом медиҳад;

-дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян намудааст, анҷом медиҳад.

 

Моддаи 9. Ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-мақомоти идораи мудофиаи гражданиро аз хавфи сар задани амалиётҳои ҷангӣ ва хатарҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба вуқӯъ меоянд, инчунин аз эълони сафарбарсозӣ огоҳ месозад;

-ба мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ маълумотро оид ба иншоотҳои зарбаҳои эҳтимолии мушакӣ ва ҳавоии душман, инчунин иншоотҳо ва маҳалҳои эҳтимолии амалиётҳои диверсионӣ-ҷосусии душман пешниҳод менамояд;

-оид ба ҳайат, шумора ва таҷҳизоти қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир дар замони ҷанг ҷудо карда шудаанд, мақомоти идораи мудофиаи гражданиро огоҳ месозад;

-мақомоти идораи мудофиаи гражданиро аз ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишини қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҷойгир намудани аҳолии эвакуатсияшуда ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ истифодаашон имконнопазир аст, огоҳ месозад;

-ба мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ маълумотро оид ба нуқтаҳои ҷамъшавии даъватшавандагон ва эҳтиёҷоти нуқтаҳои мазкур ба иншоотҳои муҳофизатӣ ва воситаҳои ҳифзи инфиродӣ пешниҳод менамояд;

-ба мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ маълумотро оид ба ҳайати даъватшавандагони эҳтиётӣ ва манбаъҳои техникии иншоотҳои иқтисодӣ, ки дар замони ҷанг барои эҳтиёҷоти мудофиаи гражданӣ истифода бурда мешаванд, пешниҳод менамояд;

-нақшаҳои ҳамкориҳоро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таҳия менамояд.

Дигар ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 10. Ваколатҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-роҳбарии мудофиаи граждании соҳаро анҷом медиҳанд;

-санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ қабул намуда, талаботи онҳоро ба маълумоти сохторҳои таркибии худ расонида, иҷрои онҳоро назорат мекунанд;

-чорабиниҳои мудофиаи гражданиро ба нақша гирифта, онҳоро дар сохторҳои таркибии худ доир менамоянд;

-мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро таъсис дода, дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ медоранд, инчунин пуррагардонӣ ва бо молу мулки зарурӣ таъмин намудани онҳоро амалӣ месозанд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

-тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзиши коргарону хизматчиёни соҳа ва ташкилотҳои тобеъро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил менамоянд;

-чорабиниҳои ташкилӣ ва муҳандисию техникии мудофиаи гражданиро, ки баҳри нигоҳ доштани ташкилотҳо ва устувории фаъолияти онҳо дар давраи ҷанг равона карда шудаанд, таҳия ва амалӣ месозанд;

-чорабиниҳоро оид ба ҷойгиркунонӣ ва эвакуатсияи ташкилотҳои тобеъ ва коргарону хизматчиёни онҳо ба маҳалҳои бехатар, ки мувофиқи нақшаи мудофиаи гражданӣ муқаррар карда шудааст, ба нақша гирифта, дар таъмини омодагии саривақтии ин маҳалҳо барои қабули эвакуатсияшавандагон иштирок менамоянд;

-оид ба ҷалби қувваҳои мудофиаи граждании тобеъ барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир дар дигар ташкилотҳо қарор қабул менамоянд;

-бо тартиби муқарраршуда таъминоти молиявӣ ва моддӣ-техникии чорабиниҳои мудофиаи гражданиро, ки дар ташкилотҳои тобеъ ва умуман дар соҳа гузаронида мешаванд, таъмин менамоянд;

-ҳангоми ба лоиҳагирии сохтмон ва баистифодадиҳии ташкилотҳои тобеъ риоя гардидани меъёрҳои муқарраршудаи муҳандисию техникии мудофиаи гражданиро таъмин менамоянд;

-вобаста ба эҳтиёҷоти мудофиаи гражданӣ захираҳои моддию техникӣ, хӯрокворӣ, тиббӣ ва дигар воситаҳоро ташкил ва нигоҳ медоранд;

-дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян намудааст, анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ:

-роҳбарии мудофиаи гражданиро дар қаламрави худ анҷом медиҳанд;

-таъсис додани мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар қаламрави худ анҷом медиҳанд;

-дар доираи салоҳияти худ вобаста ба масъалаҳои ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ дар қаламрави худ қарорҳо қабул менамоянд;

-гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданиро ташкил намуда, нақшаҳои мудофиаи гражданиро таҳия ва амалӣ месозанд;

-баҳри дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомоти идора, системаи огоҳкунӣ ва алоқа, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ чораҳо меандешанд;

-тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардорон, ҳайати шахсии нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданиро амалӣ месозанд;

-омӯзиши аҳолиро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил менамоянд;

-сари вақт огоҳонидани аҳолиро оид ба сар задани амалиётҳои ҷангӣ ва хатарҳое, ки дар натиҷаи бурдани амалиётҳои ҷангӣ ба вуқӯъ меоянд, таъмин менамоянд;

-маҳалҳои бехатар ва муассисаҳои табобатиро барои ҷойгир намудани аҳолии эвакуатсияшаванда тайёр менамоянд;

-чорабиниҳоро ҷиҳати эвакуатсия намудани аҳолӣ ва арзишҳои моддӣ ва фарҳангӣ ба маҳалҳои бехатар ҷойгир намудани онҳо, кушодани муассисаҳои табобатӣ ва дигар муассисаҳое, ки барои таъминоти аввалиндараҷаи аҳолии зарардида заруранд, анҷом медиҳанд;

-ҷалб ва истифода бурдани қувва ва воситаҳои дар ихтиёрашон бударо барои амалӣ намудани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ таъмин менамоянд;

-фонди зарурии иншоотҳои муҳофизатии (паноҳгоҳҳои) мудофиаи гражданиро дар қаламрави худ ташкил медиҳанд;

-барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи захираҳои сафарбарсозии молу мулки махсуси мудофиаи гражданӣ шароит муҳайё намуда, инчунин захираи амволи ҳамарӯза истифодашавандаи мудофиаи гражданиро ташкил ва нигоҳдории онҳоро таъмин менамоянд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

-чорабиниҳои баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва ташкилотҳоро дар замони ҷанг амалӣ месозанд;

-вобаста ба эҳтиёҷоти мудофиаи гражданӣ захираҳои моддию техникӣ, хӯрокворӣ, тиббӣ ва дигар воситаҳоро ташкил ва нигоҳ медоранд;

-назорати ҳолати мудофиаи гражданиро дар қаламрави худ анҷом медиҳад;

-дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд.

 

БОБИ 3.

ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ТАШКИЛОТҲО ВА ШАҲРВАНДОН ДАР

СОҲАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӣ

 

Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилотҳо дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Ташкилотҳо дар доираи салоҳияти худ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-чорабиниҳои мудофиаи гражданиро ба нақша мегиранд ва доир менамоянд;

-мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро таъсис дода, тайёрӣ, омодагии доимӣ ва таъминоти моддию техникии онҳоро баҳри иҷрои вазифаҳои мудофиаи гражданӣ таъмин менамоянд;

-дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ дар ташкилотҳо қарорҳо қабул менамоянд;

-тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардорон, ҳайати шахсии нерӯҳои ғайриҳарбӣ, инчунин омӯзиши коргарону хизматчиёни муассисаҳоро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил менамоянд;

-чорабиниҳоро оид ба ҳифзи коргарону хизматчиён ва аъзои оилаи онҳо, фондҳои асосии истеҳсолӣ, ашёи хом ва маҳсулоти тайёр дар замони ҷанг ба нақша гирифта, амалӣ месозанд;

-чорабиниҳоро ҷиҳати баланд бардоштани устувории фаъолияти ташкилотҳо дар замони ҷанг таҳия ва татбиқ менамоянд;

-системаи огоҳкунӣ ва алоқаро ташкил намуда, онро дар ҳолати омодагии доимӣ барои истифодабарӣ нигоҳ медоранд;

-вобаста ба эҳтиёҷоти мудофиаи гражданӣ захираҳои моддию техникӣ, хӯрокворӣ, тиббӣ ва дигар воситаҳоро ташкил ва нигоҳ медоранд;

-амалиёти дурусти коргарону хизматчиёни муассисаҳоро дар асоси бонгҳои огоҳкунандаи мудофиаи гражданӣ ташкил менамоянд;

-корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазирро дар ҳудуди худ ташкил менамоянд ва анҷом медиҳанд;

-бо мақомоти маҳаллии мудофиаи гражданӣ дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда ҳаматарафа мусоидат ва ҳамкорӣ менамоянд, оид ба ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шахсии нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, коргарону хизматчиён ва дигар шахсоне, ки барои иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешаванд, чораҳои иловагӣ меандешанд.

Ташкилотҳое, ки дорои истеҳсолоти нисбатан хатарнок мебошанд, ё ин ки дар рафти истеҳсолот моддаҳои хатарнокро истифода мебаранд, инчунин дорои аҳамияти мудофиавӣ ва иқтисодӣ ё ин ки ифодакунандаи дараҷаи баланди хавфи ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулодда дар замони осоишта ва ҷанг мебошанд, нерӯҳои махсуси ғайриҳарбии мудофиаи гражданиро таъсис дода, онҳоро дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ медоранд.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

 

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дар иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ иштирок намуда, талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар ин соҳа иҷро менамоянд;

-воситаҳои ҳифз аз хатарҳоеро, ки ҳангоми сар задан ва рафти амалиётҳои ҷангӣ ба вуқӯъ меоянд, меомӯзанд;

-ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо дар ҳалли масъалаҳои соҳаи мудофиаи гражданӣ ёрӣ мерасонанд.

 

Боби 4.

Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ

 

Моддаи 14. Роҳбарии мудофиаи гражданӣ

 

Роҳбарии мудофиаи гражданиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. ӯ роҳбарӣ ва идораи умумӣ ва бевоситаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

Муовини аввали Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон -  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. ӯ роҳбарии ҳамарӯзаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси нишондодҳои Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ сохта, фармондеҳи қӯшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо аз ҷониби вазирон, роҳбарони идораҳо ва ташкилотҳо, ки мутобиқан сардорони мудофиаи граждании вазорату идораҳо ва ташкилотҳо мебошанд, амалӣ карда мешавад.

Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки мутобиқан сардорони мудофиаи граждании вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мебошанд, амалӣ карда мешавад.

Сардорони ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бошанд, муовинони аввали сардорони мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд ва роҳбарии ҳамарӯза ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар қаламрави вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ месозанд.

 

Моддаи 15. Мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ

 

Мақомоти идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо инҳо мебошанд:

а) дар ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;

-комиссияҳои эвакуатсионии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;

-комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва ташкилотҳо дар замони ҷанг;

-хадамоти мудофиаи граждании ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.

б)  дар вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон:

-дастгоҳи идораи дахлдор ва ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ;

-комиссияҳои эвакуатсионӣ;

-комиссияҳои оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва ташкилотҳо дар замони ҷангӣ;

-хадамотҳои мудофиаи гражданӣ.

Ба ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро хизматчиёни ҳарбие, ки аз ҷониби  раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, роҳбарӣ менамоянд.

Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбӣ ва хизматчиён, дар асоси ҷадвали штатии аз ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳияшуда, вобаста ба шумораи штатии ҳайати шахсии барои он муқарраршуда, пурра карда мешаванд.

Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳо ва хадамотҳои мудофиаи гражданиро муовинони аввали роҳбарони (сармуҳандисони) вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо сардорӣ менамоянд.

Вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ба гурӯҳҳои мудофиаи гражданӣ мансуб дониста шудаанд, ё ин ки дар базаи онҳо хадамоти мудофиаи гражданӣ таъсис дода шудааст, инчунин дар таъмини фаъолияти ҳаётии мамлакат аҳамияти бағоят муҳим доранд, ӯҳдадоранд дар ҷадвали штатиашон кормандони масъулро (сармутахассисро) оид ба мудофиаи гражданӣ дар доираи ҳуқуқҳои шӯъбаҳои асосӣ бо иҷрои вазифаи муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ё дигар вазифаи роҳбарикунанда дар ситоди зикршуда дошта бошанд.

Комиссияҳои эвакуатсионӣ ва комиссияҳои оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва ташкилотҳо дар замони ҷанг бо мақсади пешакӣ ба нақша гирифтан, тайёрӣ ва амалӣ сохтани вазифаҳои махсуси мудофиаи гражданӣ дар замони ҷанг таъсис дода мешаванд.

Хадамоти мудофиаи гражданӣ баҳри иҷрои чорабиниҳои муҳандисӣ-техникӣ, тиббӣ ва дигар чорабиниҳои махсуси мудофиаи гражданӣ ва вобаста ба ин вазифаҳо тайёр намудани қувва ва воситаҳо, шароитҳо ва инчунин таъмини амалиёти қувваҳои мудофиаи гражданӣ дар рафти гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир таъсис дода мешаванд.

Мақомоти идораи мудофиаи граждании ҳама гуна дараҷаҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо бошад, бо фармонҳои алоҳидаи сардорони мудофиаи граждании онҳо таъсис дода мешаванд.

Ҳуқуқ ва вазифаҳои мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ, сохтор, тартиби таъсисдиҳӣ ва пуррагардонии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.

 

Боби 5.

Қувваҳо, шабакаҳои дидбонӣ ва назорати

лаборатории мудофиаи гражданӣ

 

Моддаи 16. Қувваҳои мудофиаи гражданӣ

 

Қувваҳои мудофиаи гражданӣ аз қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои мудофиаи гражданӣ, дигар воҳидҳои ҳарбикунонидашудаи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, ки дар вазорату идораҳо, ташкилотҳо, хадамоти мудофиаи гражданӣ, инчунин қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи нақшаҳои мудофиаи гражданӣ барои бартараф сохтани оқибатҳои амалиётҳои ҷангӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ҷудо карда мешаванд, иборатанд.

 

Моддаи 17. Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ва вазифаҳои асосии онҳо

 

Қӯшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори давлатии ҳарбӣ буда, барои ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таъин шудаанд.

Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ асоси қувваҳои мудофиаи гражданиро ташкил медиҳанд.

Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ бо техникаи махсус, инчунин бо силоҳи оташфишон ва сард таҷҳизонида мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

Фаъолияти қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ аз лаҳзаи эълон шудани ҳолати ҷангӣ, ҳақиқатан оғоз ёфтани амалиётиҳои ҳарбӣ ё аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии   Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он ҷорӣ карда шудани вазъияти ҳарбӣ, инчунин дар замони осоишта дар ҳолатҳои ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ, эпидемияҳо, эпизоотияҳо, эпифитотияҳо, садамаҳои калон ва фоҷиаҳое, ки саломатии аҳолиро зери хатар монда, гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазирро талаб менамоянд, оғоз меёбад.

Вазифаҳои асосии қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ аз инҳо иборатанд:

-кофтуков ва наҷотдиҳии одамоне, ки ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар зери вайронаҳо, дар биноҳо ва иншоотҳои харобгардида, осебдида ва оташгирифта дармондаанд;

-расонидани ёрии аввалаи тиббӣ ба ҷабрдидагон ва тайёр намудани онҳо барои эвакуатсия ба муассисаҳои муолиҷавӣ;

-бурдани тадқиқоти муҳандисӣ, кушодани таҳхонаҳои зери вайронаҳо монда ва харобгардида, тоза намудани вайронаҳо, дар онҳо сохтани роҳравҳо ва гузаргоҳҳо, рафъи садамаҳо ва оқибатҳои онҳо дар шабакаҳои коммуналию энергетикӣ ва технологӣ омодасозии хати ҳаракат, таҷҳизонидани нуқтаҳои идоракунӣ;

-таъмини гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир  бо пешбурди тадқиқоти радиатсионӣ, кимиёвӣ, бактериологӣ (биологӣ), анҷом додани назорати дозиметрӣ ва кимиёвии воҳидҳо;

-гузаронидани коркарди махсуси ҳайати шахсии воҳидҳо ва нерӯҳои ба ихтиёри онҳо додашуда;

-гузаронидани дегазатсия, дезактиватсия ва дезинфексияи сару либос ва дигар воситаҳои моддӣ, маҳалҳо, роҳҳо, иншоотҳо ва ҳангоми зарурат гузаронидани коркарди санитарии аҳолӣ;

-гузаронидани муоинаи зиддисӯхторӣ, маҳдуд ва хомӯш сохтани сӯхторҳо дар хатҳои ҳаракат ва мавзеъҳои осебдида;

-рафъи садамаҳо дар хатҳои алоқа баҳри таъмини алоқаи боэътимод, ки идоракунии воҳидҳо ва нерӯҳои ба ихтиёри онҳо додашуда, инчунин алоқаро бо мақомоти идораи болоӣ ва қувваҳои ҳамкор таъмин менамоянд;

-муоинаи сарчашмаҳои об, ба даст овардан, тоза кардан ва бо об таъмин намудани ҳайати шахсии ҷузъу томҳо ва нерӯҳои ба ихтиёри онҳо додашуда;

-ошкор сохтан, безарар ва нобуд сохтани лавозимоти ҷангии натаркида (аз ҷумла бомбаҳои авиатсионӣ) ва дигар маводи хатарноки тарканда, инчунин тоза кардани вайронаҳо ва қисмҳои осебдидаи конструксияҳои иншоотҳо бо усули тарконидан;

-гузаронидани санҷишҳои кимиёвию радиометрӣ ҷиҳати муайян намудани моддаҳои радиоактивӣ, заҳролудкунанда ва дигар маводи заҳрнок, танзими дараҷа ва таъмири таҷҳизотҳои дозиметрӣ ва воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, назорати ҳолати воситаҳои ҳаводиҳии иншоотҳои муҳофизатӣ;

-таъминоти техникӣ ва ақибгоҳии ҷузъу томҳо.

Роҳбарии бевоситаи қӯшунҳои мудофиаи гражданиро  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом медиҳад.

Тартиби пурра кардан ва таҷҳизонидани қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, ҳайат ва вазифаҳои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 18. Нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ

 

Нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ - ин отрядҳо, командаҳо, бригадаҳо, дружинаҳо ва дигар нерӯҳое мебошанд, ки дар заминаи ташкилотҳо бо принсипи ҳудудию истеҳсолӣ дар асоси штатҳои муқарраркардашуда таъсис дода шуда, бо техника ва молу мулки махсус муҷаҳҳаз ва барои иҷрои вазифаҳои мудофиаи гражданӣ омода карда шудаанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

Ба нерӯҳои ғайриҳарбӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дохил шаванд: мардҳои синни аз 18 то 63-сола, занҳои синни аз 18 то 58 - сола, ғайр аз шахсони ӯҳдадории ҳарбӣ дошта, ки амрномаҳои сафарбарсозӣ доранд, маъюбони гурӯҳҳои I, II, III, занҳои ҳомиладор, занҳое, ки дорои фарзандони то синни 8 - сола мебошанд, инчунин занҳое, ки маълумоти миёна ва олии тиббӣ гирифта, фарзандони то синни 3-сола доранд.

Тартиби таъсис додан ва фаъолияти нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 19. Шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лабораторӣ

 

Назорати заҳролудшавии муҳити зист бо моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва дигар воситаҳо, инчунин ҳангоми сар задани эпидемияҳо, эпизоотияҳо, эпифитотияҳо ва дигар касалиҳои сирояткунанда аз ҷониби шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лабораторӣ бурда мешавад.

Ба ҳайати шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лаборатории мудофиаи гражданӣ дохил мешаванд:

-стансияҳои санитарӣ-эпидемиологӣ;

-лабораторияҳо ва стансияҳои ветеринарӣ;

-лабораторияҳои агрокимиёвӣ;

-стансияҳои муҳофизати растаниҳо;

-стансияҳои обу ҳавосанҷӣ;

-лабораторияҳои назорати аналитикии муҳити зист.

Шабакаи дидбонӣ ва назорати лабораторӣ дар замонҳои осоишта ва ҷанг вазифадор аст, ки мунтазам ва сари вақт оид ба ҳолати муҳити зист ва сар задани эпидемияҳо, эпизоотияҳо, эпифитотияҳо ва дигар касалиҳои сирояткунанда ба мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ маълумот диҳад, чораҳои зарурӣ андешад ва вазифаҳое, ки оид ба мудофиаи гражданӣ дар назди онҳо гузошта мешаванд, иҷро намояд.

Тартиби ташкил ва пешбурди шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лабораторӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 6.

Тайёрӣ ва омӯзиш оид ба мудофиаи гражданӣ

 

Моддаи 20. Тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ ва сардорон, ҳайати шахсии қӯшунҳо ва

                       нерӯҳои ғайринизомии мудофиаи гражданӣ

 

Тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ  ва сардорони мудофиаи гражданӣ чунин амалӣ сохта мешавад:

-дар Маркази таълимӣ-методии оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар курсҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятӣ ва байниноҳиявӣ бо озод намудан аз истеҳсолот, нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ва пардохти хароҷоти сафари хизматӣ аз ҷои кори асосӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дар ташкилотҳо, ҳар сол бе озод намудан аз истеҳсолот, тибқи барномаҳои тайёрии онҳо, ки аз ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

Тайёрии ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ва сохторҳои наҷотдиҳӣ дар марказҳои таълимӣ , дар маҳалҳои ҷойгиршавии доимӣ, инчунин дар ҷамъомадҳо ва машғулиятҳои гуногун, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо гузаронида мешаванд, бо тартиби муайяннамудаи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мувофиқи барномаҳои тайёрии онҳо баргузор мегарданд.

Тайёрии ҳайати шахсии нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот, мувофиқи барномаҳои тайёрии онҳо, ки аз ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия ва тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.

 

Моддаи 21. Омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ

 

Омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ дар ҷои кор ва истиқомат мувофиқи барномаҳои омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, ки аз ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия ва тасдиқ шудаанд ва дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои гузаронидани машғулиятҳо ва машқҳо, инчунин аз тариқи воситаҳои ахбори умум анҷом дода мешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, ба омӯзиши мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешаванд.

Омӯзиши кормандоне, ки ба ҳайати нерӯҳои ғайриҳарбӣ ва хадамоти мудофиаи гражданӣ шомил нагаштаанд, дар ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот амалӣ карда мешавад.

Омӯзиши хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар вақти таълим, мувофиқи барномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ва бо тартиби муқаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Омӯзиши аҳолии бекор дар ҷои зист бо тартиби муқаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Боби 7.

Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мудофиаи гражданӣ.

МОЛУ МУЛКИ мудофиаи гражданӣ

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

 

Моддаи 22. Таъминоти молиявии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ

 

Таъминоти молиявии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ба таври зайл сурат мегирад:

-дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетии тобеи онҳо-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ;

-дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои буҷетии тобеи онҳо-аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои дахлдор;

-дар дигар ташкилотҳо-аз ҳисоби маблағҳои худи онҳо.

Таъминоти молиявии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ метавонад аз ҳисоби маблағҳои фондҳои ҷамъиятӣ амалӣ гардад.

Гурӯҳбандии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ аз ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 23. Таъминоти қӯшунҳо ва дигар сохторҳои ҳарбикунонидашуда, мақомоти идора ва

                       муассисаҳои мудофиаи гражданӣ

 

Қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои ҳарбикунонидашудаи мудофиаи гражданӣ, инчунин хизматчиёни мақомоти идора, нуқтаҳои фармондеҳӣ, Маркази таълимию методии оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсҳои вилоятӣ ва байниноҳиявии оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, лаборатория ва дигар муассисаҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

Мақомоти идора, курсҳо, озмоишгоҳҳо, нуқтаҳои идоракунӣ, дигар муассисаҳои мудофиаи гражданӣ дар вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои вилоятҳо, шаҳрҳо инчунин кормандони ин мақомоту идора ва муассисаҳо ба истиснои хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сохторҳои таркибии он адо менамоянд, мутобиқан аз ҳисоби сметаи хароҷоти нигоҳдории вазорату идораҳо, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои худии ташкилотҳо ҷудо карда мешавад, нигоҳ дошта мешаванд.

 

Моддаи 24. Таъминоти моддию техникии эҳтиёҷоти мудофиаи гражданӣ

 

Таъминоти моддию техникии ҳалли вазифаҳои мудофиаи гражданӣ аз ҳисоби воситаҳое, ки барои маблағгузории чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, нигоҳдории қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо, мақомоти идоракунанда ва дигар муассисаҳои мудофиаи гражданӣ ҷудо карда мешаванд, сурат мегирад.

Барои таъмини мақомоти идора, нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, кормандон, хизматчиёни ташкилотҳо ва аҳолӣ бо молу мулки мудофиаи гражданӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, манбаъҳои эҳтиётӣ ва дар ташкилотҳо бошад, захираҳои эҳтиётии ин воситаҳо ташкил карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

Номгӯй, ҳаҷм, тартиб ва мӯҳлати ҷамъоварии манбаъҳо ва захираҳои эҳтиётии ин воситаҳо, инчунин тартиби истифодаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 25. Молу мулки мудофиаи гражданӣ

                              (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

 

Ба молу мулки мудофиаи гражданӣ иншоотҳои муҳофизатӣ, воситаҳои огоҳкунии мутамарказонидашуда, озмоишгоҳҳо, анборҳои воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, таҷҳизоти тадқиқотӣ, радиатсионию кимиёвӣ, назорати дозиметрӣ ва дигар воситаҳои моддию техникие, ки моликияти ҷумҳуриявӣ ё коммуналии мудофиаи гражданӣ мебошанд, инчунин аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор, маблағҳои вазорату идораҳо ва муассисаҳо ташкил ё харидорӣ гардидаанд ва ба манфиати мудофиаи гражданӣ истифода мешаванд, дохил мешаванд.

Бо дигар мақсадҳо истифода бурдани молу мулки мудофиаи гражданӣ манъ аст.

Дар иншоотҳои радиатсионӣ, кимиёвии хатарнок ва тарканда, додани молу мулки мудофиаи гражданӣ ҳамчун моликияти воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, моликияти коммуналӣ, инчунин ба иҷора додани онҳо манъ аст.

Ба дигар ташкилотҳо додани молу мулки мудофиаи гражданӣ дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дар сурати тағйир ёфтани сохтори идора, шакл ва усулҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ташкилотҳои ба дигар сохтор додашаванда ё ба дигар шакли ташкилӣ ва ҳуқуқӣ гузаранда, таъиноти мақсадноки молу мулки мудофиаи гражданӣ инчунин супоришҳо оид ба ташкил ва захираи онҳо нигоҳ медоранд.

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

 

Боби 8.

Кафолатҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии

хизматчиёни ҳарбии мудофиаи гражданӣ

 

Моддаи 26. Кафолатҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии мудофиаи гражданӣ

 

Хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо, мақомоти идора ва муассисаҳои мудофиаи гражданӣ хизмати ҳақиқии ҳарбиро адо мекунанд. Хизматчиёни ҳарбӣ дар масъалаҳои адои хизмати ҳарбӣ, таъминоти пулӣ ва дигар навъҳои таъминот, ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоӣ ва дигар намудҳои ҳимоя аз тамоми ҳуқуқҳо, кафолатҳои давлатӣ ва ҷубронпулиҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, истифода мебаранд.

Ҷалб кардани хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳо, ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбикунонидашуда, мақомоти идора ва муассисаҳои мудофиаи гражданӣ ба иҷрои вазифаҳои ба онҳо мансубнабуда манъ аст.

Ҳуқуқ, кафолатҳои  давлатӣ ва ҷубронпулиҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, қӯшунҳо, ҷузъу томҳо, воҳидҳои ҳарбикунонидашуда ва мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ низ татбиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 27. Суғуртаи шахсоне, ки барои иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешаванд.

 

Шахсоне, ки бо қарори мақомоти давлатӣ барои кор, ҷиҳати чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешаванд (ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд) дар ҳолати ба ҳалокат расидан (фавтидан) ё расидани осеб ба саломатиашон, бояд пешакӣ бо суғуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта шаванд.

Тартиби суғуртаи ҳатмии давлатии шахсоне, ки барои иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 9.

Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)

 

 

Моддаи 29. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

                       «Дар бораи мудофиаи гражданӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №22, моддаи 274, соли 1998, № 22, моддаи 316) аз эътибор соқит карда шавад.

 

Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе,  28 феврали соли 2004

№ 6                                                  

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОРХОНАҲОИ ДАВЛАТӢ

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 10:23
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
10
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Шанбе, 28 Феврал, 2004

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КОРХОНАҲОИ ДАВЛАТӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 42; с. 2008, №10, мод. 807; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 818)

 

Маҷлиси намояндагон 17 декабри соли 2003 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 12 феврали соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 

Қонуни мазкур ҳолати ҳуқуқии корхонаҳои давлатӣ, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои моликони амволи онҳо, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамхўрии корхонаҳои давлатиро муайян мекунад.

 

Боби 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Корхонаи воҳиди давлатӣ - ташкилоти тиҷоратиест, ки ҳуқуқи ба амволи  вобастакардаи молик  соҳиб шуданро надорад.

Корхонаи давлатии фаръӣ - шахси ҳуқуқиест, ки дар назди дигар корхонаи давлатӣ, аз ҳисоби қисми моликияти он  таъсис меёбад.

Пешбурди хоҷагидорӣ – ҳуқуқи маҳдуди молии корхонае, ки аз давлат чун молик амволро гирифтааст ва дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани ин амвол мебошад.

Идоракунии оперативӣ – ҳуқуқи маҳдуди молии корхонаи давлатӣ нисбати амволе, ки аз молик мутобиқи мақсадҳои фаъолияти худ, супоришҳои молик ва таъиноти амвол гирифтааст ва дорои  ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории ин амволро дорад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корхонаҳои давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корхонаҳои давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Намудҳои корхонаи давлатӣ

Ба корхонаҳои давлатӣ мансубанд:

а) корхонаҳои воҳиди давлатӣ бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ;

б) корхонаи давлатӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ.

Вобаста ба намудҳои моликияти давлатӣ корхонаҳо тақсим мешаванд:

а) ба корхонаҳое, ки таҳти моликияти ҷумҳуриявӣ қарор доранд – корхонаҳои давлатии ҷумҳуриявӣ;

б) ба корхонаҳое, ки таҳти моликияти ҳокимияти маҳаллӣ қарор доранд – корхонаҳои давлатии коммуналӣ.

 

Моддаи 4. Самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои корхонаҳои давлатӣ

Ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки талаботи ҷомеа ва давлатро муайян мекунанд, самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ мебошанд.

Вазифаҳои асосии корхонаҳои давлатӣ инҳоянд:

а) таъмини моддии қудрати мудофиавии давлат ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа;

б) истеҳсоли мол (кор, хизматрасонӣ);

в) анҷом додани фаъолият дар соҳаҳое, ки ба вазифаҳои давлат мансубанд.

 

Моддаи 5. Таъсиси корхонаҳои давлатӣ

Корхонаи давлатии ҷумҳуриявӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Корхонаи давлатии коммуналӣ бо санади мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Муассиси корхонаи давлатӣ метавонад мақоми давлатие, ки барои  таъсиси корхона қарор қабул кардааст, ё мақомоти идоракунии давлатии ваколатдоркардашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Муассисе, ки дар бораи таъсиси корхонаи давлатӣ қарор қабул кардааст, ҳақ дорад мақомоти давлатии дахлдорро ваколатдор намояд, ки қисме аз ҳуқуқҳои ўро  нисбати корхонаҳои давлатӣ татбиқ намояд. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мақомоти ваколатдоркардашуда нисбат ба корхонаи давлатӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳокимияти маҳаллӣ муайян карда мешавад.

Феҳристи корхонаҳои давлатии ҷумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Феҳристи корхонаҳои давлатии коммуналӣ аз тарафи раисони дахлдори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии корхонаҳои давлатӣ

(ҚҶТ аз 29.12.10с №659)

Корхонаи давлатӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он таъсисёфта ҳисобида шуда, ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.

Бақайдгирии давлатии корхонаҳои давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалй карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №659)

 

Моддаи 7. Оинномаи корхонаи давлатӣ

Оиннома ҳуҷҷати таъсисдиҳии корхонаи давлатӣ мебошад. Оинномаи корхонаи давлатӣ аз тарафи муассиси он ё мақоми аз тарафи муассис ваколтдоршуда тасдиқ карда мешавад.

Оинномаи корхонаи давлатӣ бояд инҳоро дар бар гирифта бошад:

  • намуди корхона (воҳиди давлатӣ ё давлатӣ);
  • номи он;
  • маҳалли ҷойгиршавии корхона;
  • соҳа ва мақсадҳои фаъолияти он;
  • ваколатҳои роҳбар;
  • тартиби кор;
  • тартиби ташаккули амволи корхона ва тақсими даромадҳо;
  • шартҳои азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхона;
  • андозаи фонди оинномавӣ ва тартиби ташкили он;
  • дигар муқаррароте, ки мухолифи қонунгузорӣ нестанд.

Дар оиннома инчунин муносибати байни корхона ва муассис ё мақомоти ваколатдор, маъмурияти корхона ва корманд (кормандон – дар мавриди баста шудани шартномаи меҳнатии коллективона) муайян карда мешавад.

 

Моддаи 8. Номи фирмавии корхонаи давлатӣ

Номи фирмавии корхонаи давлатӣ бояд дорои нишондод ба соҳиби амвол будан, мансубият ба намуди моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ) – ро дошта бошад.

Номи фирмавии корхонаи ҳуқуқи пешбурди хоҷагидори дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи воҳиди давлатӣ будани онро дошта бошад.

Номи фирмавии корхонаи ҳуқуқи идораи оперативӣ дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи давлатӣ будани онро дошта бошад.

Корхонаи давлатӣ дорои мўҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи фирмавии корхона мебошад.

 

Моддаи 9. Соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаҳои давлатӣ

Соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаи давлатӣ аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдор муайян карда шуда, дар оинномаи корхона инъикос меёбанд ва бояд мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

Аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдор ба корхонаи давлатӣ додани вазифаҳои давлатии назоратӣ ё иҷозатдиҳӣ манъ аст.

Аз тарафи корхона амалӣ намудани фаъолият, инчунин содир намудани аҳде, ки ба соҳа ва намуди фаъолияти дар оиннома нишон додашуда ҷавобгў нест, танҳо баъди ба оинномаи корхона ворид намудани тағйиру иловаҳо тибқи қонугузорӣ имкон дорад.

Аз тарафи корхона содир намудани аҳди мухолифи мақсадҳои фаъолияти он, ки дар оиннома муайян шудаанд, аз тарафи суд тибқи тартиботи муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи 10. Мақомоти ваколатдори давлат

Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сифати мақомоти идоракунии давлатии корхонаҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, инчунин мақомоти нисбати онҳо вазифаи субъекти ҳуқуқи моликияти давлатиро адокунанда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё мақомоти давлатии идоракуние, ки аз тарафи ў ваколатдор шудааст, баромад менамояд.

Мақомоти идоракунии давлатии корхонаҳои давлатии коммуналӣ, инчунин мақомоти нисбати онҳо вазифаи субъекти ҳуқуқи моликияти давлатиро адокунанда мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ё мақомоти ваколатдоршудаи онҳо ҳисобида мешаванд.

Анҷом додани вазифаҳои субъекти ҳуқуқи моликияти давлатии дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи мазкур пешбинишуда салоҳияти қабули қарорро дар бораи саҳҳомикунонӣ ё хусусигардонии корхонаи давлатӣ дар бар намегирад.

 

Моддаи 11. Идоракунии корхонаи давлатӣ

Идоракунии давлатии корхонаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ба он ваколатдоршуда анҷом медиҳанд.

Мақоми идоракунии корхонаи давлатӣ роҳбари он ҳисобида мешавад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдор таъин карда мешавад.

Муносибат бо роҳбари корхонаи давлатӣ тавассути шартнома сурат мегирад. Дар шартнома бояд ҳуқуқҳо, ўҳдадориҳо ва масъулияти роҳбари корхона, шароити меҳнат, истироҳат ва таъминоти моддӣ, мўҳлати шартнома ва дигар шартҳои пешбиникардаи Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян гарданд.

Роҳбари корхонаи давлатӣ дар назди соҳибмулк нисбати ҳолати  кори корхона масъулияти шахсӣ дорад.

Роҳбари корхонаи давлатӣ дар асоси принсипҳои яккасардорӣ фаъолият мекунад ва ҳама масъалаҳои  фаъолияти корхонаро мутобиқи салоҳияташ, ки бо Қонуни мазкур ва Оинномаи корхона муайян мешаванд, мустақилона ҳал менамояд.

Роҳбари корхонаи давлатӣ бе ваколатнома аз номи корхона амал мекунад, манфиатҳои онро дар муносибатҳояш бо мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ намояндагӣ менамояд, шартномаҳо мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, суратҳисобҳои бонкӣ мекушояд ва дигар аҳду амалҳоро, ки мухолифи қонунгузорӣ нестанд, анҷом медиҳад.

 

Моддаи 12. Амволи корхонаи давлатӣ

Амволи корхонаи давлатиро фондҳои асосӣ ва воситаҳои муомилотӣ, инчунин арзишҳое ташкил медиҳанд, ки нархи онҳо дар тавозуни корхона инъикос меёбанд.

Амволи корхонаи давлатӣ тақсимнашаванда аст ва наметавонад аз рўзи саҳмҳо (ҳиссаҳо, пайҳо), аз ҷумла ба кормандони корхона дода шавад.

Амволи корхонаи давлатӣ аз ин ҳисоб ташкил меёбад:

а) амволи аз тарафи молик додашуда;

б) амволи (аз ҷумла даромади пулии) дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ба дастомада;

в) дигар манбаъҳо, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

 

Моддаи 13. Нигоҳ доштани ҳуқуқи корхонаи давлатӣ ба амвол

Ҳангоми тибқи тартиботи қонунгузорӣ додани корхонаи давлатӣ аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ, ҳамчунин баракси он ё аз ихтиёри як мақомоти давлатии идоракунӣ ба мақомоти дигар, чунин корхона ҳуқуқи хоҷагидорӣ ё ҳуқуқи идораи оперативиро вобаста ба вазъи молики корхона нисбати амволи мутаалиқи он нигоҳ медорад.

 

Моддаи 14. Корхонаи давлатӣ ҳамчун комплекси амволӣ

Корхонаи давлатӣ дар маҷмўъ ҳамчун комплекси амволи ғайриманқул дониста мешавад ва объекти ҳуқуқи моликияти давлатӣ ҳисобида мешавад.

Ба таркиби корхона, чун комплекси амволӣ, ҳамаи намудҳои амволи барои фаъолияти он таъиншуда, аз ҷумла бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу ускона, ашёи хом, маҳсулот, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ҳуқуқи талаб кардани қарз, ҳуқуқи ифодакунии фардикунонии фаъолияти он (номи он, нишони мол), инчунин дигар ҳуқуқҳои мустасно шомиланд.

Аҳд нисбати корхонаи ҷумҳуриявии давлатӣ (гарав, конссесия), ки корхона ба сифати комплекси ягонаи амволӣ ҳисоб меёбад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати корхонаи коммуналӣ бошад, бо санади мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баста мешавад.

 

Моддаи 15. Мусодираи даромади ғайриқонунии корхонаи давлатӣ

Даромаде, ки корхонаи давлатӣ аз фаъолияти манъшудаи дар оиннома пешбининашуда гирифтааст ва барои ин вай аз мақоми ваколатдор иҷозатнома надорад, инчунин даромаде, ки дар натиҷаи баланд кардани нархҳои муқарраршудаи фурўши мол, иҷрои кор ва расонидани хизматҳо ба даст омадааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусодира карда мешавад.

 

Моддаи 16. Шикояти корхонаи давлатӣ нисбати амалҳои мақомоти давлатӣ

Корхона ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз амали мақомоти давлатӣ, аз ҷумла амалҳои мақомоти ваколатдор, ки ба мусодираи фоидаи корхона, азнавтақсимкунии амвол, ҷойгир намудани супоришҳои давлат, муқаррар кардани нархи ба моли (кори, хизматрасонӣ) истеҳолии корхона, инчунин дигар амалҳое, ки ҳуқуқи корхонаро вайрон мекунанд, ба суд даъво пешниҳод кунад.

 

Моддаи 17. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаи давлатӣ

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаи давлатӣ бо ин роҳ сурат мегирад:

  • нисбати корхонаи давлатии моликияти ҷумҳуриявӣ – бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • нисбати корхонаи давлатии моликияти коммуналӣ – бо санади мақомоти ҳокимияти  маҳаллӣ.

Корхонаи давлатӣ мумкин аст бо асосҳои дигари пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.

Амволи боқимондаи корхонаи барҳамдодашуда баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторҳо аз тарафи молик ё мақоми ваколатдор аз нав тақсим карда мешавад.

Маблағҳои боқимондаи корхонаи барҳамдодашуда, аз ҷумла маблағҳои дар натиҷаи фурўши амволи ин корхона ба дастомада баъди қонеъ кардани талаботи кредиторҳо ба даромади буҷети дахлдор ворид мешаванд.

 

Моддаи 18. Хусусигардонии корхонаи давлатӣ

Хусусигардонии корхонаи давлатӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 19. Иттиҳодияҳои корхонаҳои давлатӣ

Корхонаҳои давлатӣ метавонанд ба ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) муттаҳид шаванд.

Ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) дар асоси шартнома, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, бо мақсади васеъ шудани имкониятҳои корхонаҳо дар тараққиёти истеҳсолӣ, илмию-техникӣ ва иҷтимоӣ, инчунин барои намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои амволии корхонаи таркиби ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) таъсис меёбанд.

Ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) корхонаҳои давлатӣ  шахси ҳуқуқӣ мебошанд. Ҳуҷҷати таъсисии ассотсиатсия (иттифоқ) шартномаи таъсисии аз ҷониби аъзоёни он имзогардида ва оинномаи тасдиқнамудаи онҳо мебошад.

Корхонаҳое, ки ба ҳайати ассотсиатсия (иттифоқ) дохил шудаанд, мустақилият ва ҳуқуқҳои  шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд. Мақомоти роҳбарикунандаи ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) ҳуқуқи ихтиёрдориро нисбати корхонаҳои шомили ассотсиатсия (иттифоқ) надоранд ва вазифаҳои худро дар асоси шартнома бо корхонаҳо иҷро менамоянд.

Ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) дар  асосҳои зерин таъсис меёбанд:

  • ихтиёран ворид шудани корхона ба ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) ва аз таркиби он баромадан бо шартҳои муайянкардаи  оинномаи ассотсиатсия (иттифоқ);
  • риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
  • озодии интихоби шакли ташкилии ассотсиатсия (иттифоқ).

Ассотсиатсия (иттифоқ) дорои номи фирмавӣ буда, дар он мақсади асосии фаъолияти он ва аъзоёнаш бо иловаи калимаҳои  «ассотсиатсия» ё «иттифоқ» нишон дода мешавад.

Ассотсиатсия (иттифоқ) аз рўи ўҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад.

Корхонаи давлатӣ, ки узви ассотсиатсия (иттифоқ) мебошад, аз рўи ўҳдадориҳои ассотсиатсия (иттифоқ) мувофиқи андоза ва тартиб, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисёбии ассотсиатсия (иттифоқ) пешбинӣ шудаанд, ҷавобгарии субсидиарӣ дорад.

 

Боби 2. КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 20. Фаъолияти корхонаи воҳиди давлатӣ

Корхонаи воҳиди давлатӣ метавонад баробари дигар корхонаҳои таъсисёфта дар соҳаҳои зерин амал намояд:

  • тарҳрезӣ, истеҳсол ва таҳвили маҳсулот барои эҳтиёҷоти давлат, аз қабили яроқи ҷангӣ, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, амволи дигари ҳарбӣ, маснуоти масолеҳи комплектонӣ, бо мақсади таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • барҳамдиҳӣ (нобудсозӣ, партовкунонӣ, гўрондан) ва коркарди воситаҳои ҳарбию –техникии бекоршуда;
  • истихроҷ, истеҳсол, ҳамлу нақл, коркард, гўркунӣ, фурўши уран ва дигар маводи радиоактивӣ, ба андозаи зиёда аз меъёри истифодаи онҳо, бе зарурати истифодаи воситаҳои махсуси муҳофизат;
  • тайёр кардан ва фурўхтани дорувор, воситаҳои табобатӣ, таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ;
  • анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаҳое, ки ба монополияи давлатӣ мутааллиқанд;
  • анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи таъмини қувваи барқ, об, гармӣ ва газ;
  • расонидани хизмат тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва истифодаи умумӣ, интиқоли ҳавоии бор ва мусофирон;
  • расонидани хизмати алоқа (аз ҷумла алоқаи почта) ва телекоммуникатсионӣ, истифодаи хатҳои алоқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
  • расонидани хизмат дар соҳаи хоҷагии коммуналӣ ва манзилӣ, инчунин дигар системаҳои таъмини ҳаёт дар инфрасохтори ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки вобаста ба эътиборнокии ҳолати монополияи табиӣ ва аҳамиятнокии иҷтимоию иқтисодиашон идораи бевоситаи давлатиро тақозо доранд;
  • дар соҳаи бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар фаъолияти қарзию молиявӣ;
  • анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва варзиш;
  • анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи телевизион (аз ҷумла телевизиони кабелӣ) ва радиошунавонӣ, фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ;
  • анҷом додани фаъолияти дигари истеҳсолию хоҷагӣ, ки дар нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд;
  • дар дигар соҳаҳои фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 21. Фонди оинномавӣ ва захиравии корхонаи воҳиди давлатӣ

Андозаи фонди оинномавии корхонаи воҳиди давлатӣ аз тарафи муассиси он муайян мегардад ва аз арзиши умумии амволи ба корхона додашаванда зиёд буда наметавонад. Андозаи фонди оинномавӣ аз андозаи панҷсадкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам буда наметавонад.

Фонди оинномавӣ бояд пурра аз тарафи молик (муассис) дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ташкил ёбад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №659).

Корхонаи воҳиди давлатӣ вазифадор аст фонди захиравиро, ки дар оинномаи он муайян гардидааст, ташкил намояд.

Маблағи фонди захиравӣ танҳо барои пўшонидани зарар, иҷрои ўҳдадориҳо дар назди буҷет, пардохти қарзҳои давлатӣ ва фоизи онҳо, дар мавридҳои нокифоягии дигар маблағҳои корхона истифода мешавад.

 

Моддаи 22. Салоҳияти молик (муассис) ва мақомоти ваколатдори давлатӣ

Нисбати корхонаи воҳиди давлатӣ муассис ё мақомоти ваколатдори давлатӣ ваколатҳои зеринро иҷро мекунанд:

  • оинномаи корхонаро тасдиқ мекунанд ва чун муассиси он баромад мекунанд;
  • директори (роҳбари) корхонаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд;
  • супоришҳои давлатиро ба корхона мерасонанд ва иҷрои онҳоро назорат мекунанд;
  • меъёрҳои тақсими фоидаеро, ки дар ихтиёри корхона боқӣ мондааст, тасдиқ мекунанд;
  • ба содир кардани аҳдҳо нисбати амволе, ки розигии моликро талаб мекунад, иҷозат медиҳанд;
  • дигар масъалаҳоеро, ки Қонуни  мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти вай мансуб донистаанд, ҳал менамоянд.

 

Моддаи 23. Нархи молҳое, ки корхонаи воҳиди давлатӣ истеҳсол менамояд

Нархи моле (кор, хизматрасонӣ), ки корхонаи воҳиди давлатӣ истеҳсол менамояд, бояд хароҷоти ба истеҳсоли он сарфшударо пурра пўшонад, фаъолияти безарарии он ва маблағгузориро аз ҳисоби даромадҳои худӣ таъмин намояд.

Нархи молҳое (кор, хизматрасонӣ), ки аз тарафи корхонаи воҳиди давлатӣ истеҳсол ва фурўхта мешаванд, вобаста ба талабот ва таклифот ба онҳо ташкил карда мешаванд.

Танзими давлатии нарх бо мақсади роҳ надодан ба ҷойгиршавии монополӣ дар бозори молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 24. Маблағгузории фаъолияти корхонаи воҳиди давлатӣ

Фаъолияти корхонаи воҳиди давлатӣ аз ҳисоби даромади худӣ ва аз рўи нақшаи молиявии тасдиқкардаи молик маблағгузорӣ мешавад.

Корхонаи воҳиди давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои худии фаъолияташ нигоҳ дошта мешавад.

Корхонаи воҳиди давлатӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағгузорӣ карда мешавад.

Фоидае, ки корхонаи воҳиди давлатӣ баъди пардохти андозҳо ба даст медарорад, аз ҷониби он бо тартиби пешбининамудаи оинномааш мустақилона тақсим карда мешавад.

 

Моддаи 25. Музди меҳнати кормандони корхонаи воҳиди давлатӣ

Андозаи фонди музди меҳнати корхонаи воҳиди давлатӣ аз ҷониби роҳбари он дар мувофиқа бо молик муқаррар карда мешавад.

Шаклҳои пардохти музди меҳнат, ҷадвали (рўйхати) штатӣ, андозаи маошҳои мансабӣ, системаи мукофотонӣ ва дигар ҳавасмандгардониҳо аз ҷониби корхонаҳои воҳиди давлатӣ мустақилона муайян мегардад.

Андозаи маошҳои мансабии роҳбари корхонаи воҳиди давлатӣ, муовинон ва сармуҳосиб, системаи мукофотонии онҳо ё дигар ҳавасмандгардониҳо аз ҷониби молик муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 26. Фаъолияти иктисодии хориҷии корхонаи воҳиди давлатӣ

Корхонаи воҳиди давлатӣ фаъолияти иқтисодии хориҷиро бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. Даромади асъорӣ, ки баъди пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳисоби корхона боқӣ мемонад, тибқи нишондоди оинномаи корхонаи воҳиди давлатӣ мустақилона тақсим карда мешавад.

Истифодаи асъоре, ки дар ихтиёри корхонаи воҳиди давлатӣ боқӣ мондааст, аз ҷониби он мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Боби 3. КОРХОНАИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 27. Таъиноти корхонаи давлатӣ

Корхонаи давлатӣ метавонад баробари корхонаҳои дигари таъсис ёфта дар соҳаҳои зерини муқаррар намудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд:

  • нигоҳдорӣ ва инкишофи шабақаи роҳҳои давлатии автомобилгард ва дигар объектҳои инфрасохтор, ки барои онҳо тибқи қонунгузорӣ тартиби махсуси маблағгузорӣ муқаррар шудааст;
  • иҷрои корҳои наҷотбахшӣ дар кўҳсор ва дигар корҳои махсус дар вазъияти фавқуллода ва садамавӣ, ҳифз аз сўхтор, обхезиҳо ва дигар фалокатҳои табиӣ;
  • анҷом додани фаъолияти истеҳсолӣ дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
  • истеҳсоли корҳои топографию геодезӣ ва картографӣ;
  • анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва варзиш;
  • анҷом додани дигар фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ, ки дар нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд.
  •  

Моддаи 28. Объекти ҳуқуқи идораи оперативӣ

Объекти ҳуқуқи идораи оперативӣ метавонад танҳо амволи давлатӣ бошад, агар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ё дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

Корхонаи давлатӣ танҳо он амволеро таҳти ҳуқуқи идораи оперативӣ қарор дода метавонад, ки он барои таъмини фаъолияти оинномавиаш зарур аст.

 

Моддаи 29. Ба даст овардан ва қатъи ҳуқуқи идораи оперативӣ

Ба даст овардан ва қатъи ҳуқуқи идораи оперативӣ дар асоси шартҳою тартиботи пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ба даст овардан ва қатъи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои ашёӣ сурат мегирад, агар дар Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигар муқаррар нашуда бошад.

Корхонаи давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки тибқи аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ амволеро, ки ба фондҳои асосӣ дохил мешаванд бе розигии молик аз худ кунад.

Корхонаи давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки аз кредитҳои бонкӣ бе иҷозати молик истифода барад.

 

Моддаи 30. Ҳуқуқи молики амвол, ки ба идораи оперативии корхонаи давлатӣ дода шудааст

Молики амволе, ки дар ҳолати идораи оперативии корхонаи давлатӣ қарор дорад, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва Қонуни мазкур масъалаи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхона, муайян кардани соҳа, мақсадҳо ва вазифаҳои фаъолияти онро ҳал мекунад.

Молик истифода ва нигоҳдории амволи ба ихтиёри корхонаи давлатӣ додашударо назорат мекунад.

 

Моддаи 31. Ҳуқуқи молик ба гирифтан ва азнавтақсимкунии амвол

Молики амволи ба ихтиёри корхонаи давлатӣ додашуда ҳуқуқ дорад, ки ин амволро гирад ё байни дигар шахсони ҳуқуқии таъсисдодааш бо назардошти худ тақсим кунад, агар дар санадҳои қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 32. Ихтиёрдории амволи корхонаи давлатӣ

Корхонаи давлатӣ метавонад амволи ба вай вобаста шуда ва амволи аз ҳисоби маблағҳои дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории худ гирифтаашро бо розигии молик  бегона ё ихтиёрдорӣ намояд.

Корхонаи давлатӣ маҳсулоташро бо розигии молик мефурўшад.

Тартиби тақсими даромади корхонаи давлатиро молик муайян менамояд.

 

Моддаи 33. Фаъолияти хоҷагидории корхонаи давлатӣ

Фаъолияти хоҷагидории корхонаи давлатӣ бо мақсаду вазифаҳои он, ки дар оинномааш зикр шудаанд, инчунин тавассути супориши давлатӣ, ки аз ҷониби молик ба корхона расонида мешавад, муайян мегардад.

Фаъолияти хоҷагидорие, ки дар оиннома пешбинӣ нашудааст, танҳо бо иҷозати молик бо минбаъд ворид кардани тағйиру иловаҳо ба оиннома имкон дорад.  (ҚҶТ аз 29.12.10с №659)

 

Моддаи 34. Табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ

Табдили корхонаи воҳиди давлатии шакли ҷумҳуриявии моликият ба корхонаи давлатӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор сурат мегирад.

Табдили корхонаи воҳиди давлатии шакли моликияти коммуналӣ ба корхонаи давлатӣ бо санади мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ сурат мегирад.

Қарор дар бораи табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ дар мавридҳои зерин мумкин аст:

а) истифодаи ғайримақсадноки амволи давлатӣ ва маблағҳо аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатӣ;

б) набудани фоида аз рўи ҷамъбасти ду соли охир.

Ҳамаи хароҷоти табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ, инчунин ҳисоббаробаркуниҳои корхонаи табдилёбанда бо кредиторҳои он ҳангоми мавҷуд набудани маблағҳои кофӣ дар худи корхона дар асоси маблағҳои буҷети дахлдор сурат мегирад.

Корхонаи давлатии дар заминаи корхонаи воҳиди давлатӣ таъсисёбанда дар ин ҳолатҳо вориси корхонаи табдилёфта мебошад:

  • бо амволи давлатӣ ва маблағҳои пештар ба корхонаи воҳиди давлатӣ додашуда;
  • бо ҳуқуқи истифодаи замин, об ва табиат;
  • бо истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
  • бо пешниҳоди квотаҳо, иҷозатномаҳо ва шартномаҳои пештар басташуда, агар ин шартномаҳо ба соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаи давлатии нави таъсисёбанда мувофиқат кунанд.

Ҳангоми табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ тартиботи граждании ҳуқуқии амволи ба он вобасташуда аз ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба ҳуқуқи идораи оперативӣ иваз мешавад. Лаҳзаи ин тағйирёбӣ чун санаи қабули қарор дар бораи табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ дониста мешавад.

 

Боби 4. КОРХОНАИ ДАВЛАТИИ ФАРЪӢ

 

Моддаи 35. Таъсиси корхонаи давлатии фаръӣ

Танҳо корхонаи воҳиди давлатӣ ҳуқуқи таъсиси корхонаи давлатии фаръиро дорад.

Корхонаи давлатии фаръӣ, ки моликияти ҷумҳуриявӣ мебошад, бо мувофиқаи молики корхонаи асосӣ таъсис дода мешавад.

Корхонаи давлатии фаръӣ, ки моликияти коммуналӣ аст, бо мувофиқаи молики корхонаи асосӣ таъсис меёбад.

Оинномаи корхонаи давлатии фаръиро муассиси он бо розигии мақоми болоии идораи давлатӣ тасдиқ мекунад.

Корхонаи давлатии фаръӣ ҳуқуқи таъсиси дигар корхонаи фаръиро надорад.

 

Моддаи 36. Ҳолати ҳуқуқии корхонаи давлатии фаръӣ

Корхонаи давлатии фаръӣ дар шакли корхонаи воҳиди давлатӣ таъсис дода мешавад ва дорои ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои чунин навъи корхонаҳои давлатӣ мебошад.

Масъулияти корхонаи фаръӣ аз рўи ўҳдадориҳояш, инчунин масъулияти корхонаи онро таъсисдода нисбати ўҳдадориҳои корхонаи фаръӣ мувофиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 37. Мақсадҳои таъсиси корхонаҳои давлатии фаръӣ

Корхонаҳои давлатии фаръӣ бо ин мақсадҳо таъсис меёбанд:

а) тақсимшавӣ ё ҷудошавӣ аз корхонаи асосӣ ба сабаби талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

б) табдили филиалҳои корхонаи асосӣ ба шахсони ҳуқуқии дорои тавозуни (баланси) алоҳида;

в) таъсиси истеҳсолоти иловагӣ ва махсус барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти асосӣ;

г) озод шудани корхонаи асосӣ аз навъҳои фаъолият ва вазифаҳои бо мақсаду вазифаҳояш мувофиқ набуда.

 

Моддаи 38. Мақомоти ваколатдори давлатӣ

Мақоми идораи давлатии корхонаи давлатии фаръӣ, инчунин мақомоти нисбати он анҷомдиҳандаи вазифаи субъекти ҳуқуқи моликияти давлатӣ корхонаи асосӣ аст.

Корхонаи давлатии фаръии корхонаи воҳиди давлатӣ, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ тааллуқ дорад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонад ба корхонаи воҳиди давлатӣ табдил ёбад.

Корхонаи давлатии фаръии корхонаи воҳиди давлатии моликияти коммуналӣ бо санади мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ метавонад ба корхонаи воҳиди давлатии моликияти коммуналӣ табдил ёбад.

 

Моддаи 39. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                      Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе  28 феврали соли 2004

№ 10

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ САНОАТИИ ИНШООТИ ИСТЕҲСОЛИИ ХАТАРНОК

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 10:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
14
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Шанбе, 28 Феврал, 2004

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ САНОАТИИ ИНШООТИ ИСТЕҲСОЛИИ ХАТАРНОК

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №2, мод. 46; соли 2005, №12, мод.648; соли 2007, №6, мод. 438, соли 2008, №6, мод. 456; №10, мод.815, ҚҶТ аз 28.12.2013с. №1053)

 

Маҷлиси намояндагон 17 декабри соли 2003 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 12 феврали соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини истифодаи бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнокро танзим намуда, барои пешгирии садамаю ҳодисаҳои нохуши дар иншооти истеҳсолии хатарнок рухдиҳанда, таъмини омодагии ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок ҷиҳати маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои чунин садамаҳо ва ҷуброни кафолатноки зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, муҳити зист ва давлат расондаи садамаҳо нигаронида шудааст.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок (дар оянда бехатарии саноатӣ) - ҳолати ҳимоявии манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз садамаҳои хатарноки иншооти истеҳсолӣ ва оқибатҳои садамаҳои номбаршуда;

садама - вайроншавии иншоотҳо ва (ё) таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда, таркиши идоранашаванда ва (ё) ба ҳаво хориҷ шудани моддаҳои хатарнок, инчунин вайронкунии ҷараёни технологӣ, расондани зарар ба механизмҳо, таҷҳизотҳо ва иншооте, ки боиси ҳалокати одамон, зарар ба саломатии онҳо, муҳити зист ва хароб кардани объектҳои хоҷагидорӣ, зарари калони моддӣ, вайрон шудани шароити фаъолияти зиндагии одамон гардидаанд ё боиси он гардида метавонанд;

ҳодиса - аз кор баромадан ё вайрон шудани таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда, баромадан аз низоми ҷараёни технологӣ, вайрон намудани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии муайянкунандаи қоидаҳои пешбурди кор дар иншооти истеҳсолии хатарнок.

 

Моддаи 2. Иншооти истеҳсолии хатарнок

Ба гурўҳи иншоотҳои истеҳсолии хатарнок мувофиқи Қонуни мазкур корхонаҳо ё сех, қитъа, майдончаи онҳо, инчунин дигар иншоотҳои истеҳсолие дохил мешаванд, ки дар онҳо моддаҳои хатарноки зеринро истеҳсол менамоянд, истифода мебаранд, аз нав кор мекунанд, ба вуҷуд меоранд, нигоҳ медоранд, интиқол медиҳанд, нобуд месозанд, механизмҳо, таҷҳизотҳо ва ҷараёни истеҳсолии технологӣ:

а) моддаҳои даргиранда - газҳое, ки дар ҳолати фишори мўътадил ва омезиш бо ҳаво аланга мегиранд ва ҳарорати ҷўшиши онҳо таҳти фишори мўътадил баробари 20 дараҷаи Селсий ё пасттар аз он аст;

б) моддаҳои оксидшаванда - моддаҳои сўхтанро қувватдиҳанда, сўхтанро бавуҷудоваранда ва (ё) дар натиҷаи реаксияи оксидшавию барқароршавии экзотермикӣ ба сўхтани дигар моддаҳо мусоидаткунанда;

в) моддаҳои сўзанда - моеъҳо, газҳо, чангҳои худ ба худ даргиранда, инчунин аз манбаи даргиранда аланга гирифта, мустақилона сўхтанро давомдиҳанда;

г) моддаҳои тарканда - моддаҳое, ки ҳангоми ягон навъи муайяни таъсири берунӣ ба зудӣ ба мубаддалшавии худ аз худи кимиёвии паҳншаванда қодир буда, гармӣ ҷудо мекунанд ва газҳоро ба вуҷуд меоваранд;

д) моддаҳои заҳрнок - моддаҳое, ки таъсирашон организмҳои зиндаро ба ҳалокат расонида, хосиятҳои зеринро доранд:

-миқдори миёнаи марговар ҳангоми ба меъда дохил намудан аз 15 миллиграмм дар як килограмм то 200 миллиграмм дар як килограмм;

-миқдори миёнаи марговар ҳангоми ба пўст расидан аз 50 миллиграмм дар як килограмм то 400 миллиграмм дар як килограмм;

-миқдори миёнаи марговари ҷамъшавиашон дар ҳаво аз 0,5 миллиграмм дар 1 литр то 2 миллиграмм дар 1 литр;

е) моддаҳои заҳрнокиашон баланд - моддаҳое, ки таъсирашон организмҳои зиндаро ба ҳалокат расонида, хосиятҳои зерин доранд:

-миқдори миёнаи марговар ҳангоми ба меъда дохил намудан на зиёда аз 15 миллиграмм дар як килограмм;

-миқдори миёнаи марговар ҳангоми ба пўст расидан на зиёда аз 50 миллиграмм дар як килограмм;

-миқдори миёнаи марговари ҷамъшавӣ дар ҳаво на зиёда аз 0,5 миллиграмм дар як литр;

ж) моддаҳои барои муҳити зист хатарнок - моддаҳое, ки дар муҳити обӣ барояшон нишондиҳандаҳои зерини заҳрнокии сахт хос аст:

-миқдори миёнаи марговар ҳангоми таъсири ингалятсионӣ ба моҳӣ на зиёда аз 10 миллиграмм дар 1 литр дар давоми 96 соат;

-ҷамъшавии миёнаи заҳр, ки ҳангоми таъсир ба кайки обӣ (дафния) дар давоми 48 соат на зиёдтар аз 10 миллиграмм дар як литр таъсири муайян мерасонад;

-миқдори ҷамъшавии ингибиратсионӣ ҳангоми таъсир ба обгиёҳҳо дар давоми 72 соат на зиёдтар аз 10 миллиграмм дар як литр;

з) таҷҳизоте истифода бурда мешавад, ки таҳти фишори зиёда аз 0,07 мегапаскал ё ҳангоми зиёда аз 115 дараҷаи Селсий гарм шудани об кор мекунад;

и) механизмҳои сайёр ва доимӣ васлшудаи борбардор, эскалаторҳо, лифтҳо,аттрактсионҳо роҳҳои танобӣ, фуникулерҳо истифода мешаванд; (ҚҶТ аз 28.12.2013с. №1053)

к) гудохтаҳои металлҳои сиёҳу ранга ва хўлаҳое, ки дар асоси ин гудохтаҳо истеҳсол мешаванд;

л) корҳои кўҳӣ, маъдантозакунӣ, инчунин корҳои зеризаминӣ  гузаронида мешаванд;

м) иншооти гидротехникӣ.

Иншооти истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок ба қайд гирифта мешаванд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Талаботи бехатарии саноатӣ

Талаботи бехатарии саноатӣ - шартҳо, манъсозӣ, маҳдудият ва дигар талаботи ҳатмии дар ҳамин Қонун ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда, ки тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд ва риояи онҳо бехатарии саноатиро таъмин менамояд.

Талаботи бехатарии саноатӣ бояд ба меъёрҳои ҳифзи аҳолӣ ва минтақаҳо аз ҳолатҳои фавқулодда, беҳбудии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, хифзи муҳити зист, амнияти экологӣ, амнияти радиатсионӣ, муҳофизат аз сўхтор, ҳифзи меҳнат, сохтмон, инчунин талаботи стандартҳои давлатӣ мувофиқ бошад.

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ аз инҳо иборат аст:

-таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва қабули барномаҳо дар соҳаи бехатарии саноатӣ;

-барои мақомоти давлатӣ муайян намудани тартиби амалӣ гардонидани назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ;

-муайян намудани мақомоти ваколатдори махсуси давлатии соҳаи бехатарии саноатӣ;

 -ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ.

-тасдиқи Қоидаҳои  бақайдгирии  иншооти  истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи  давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок.

 

Моддаи 6. Мақоми ваколатдори махсуси давлатии соҳаи бехатарии саноатӣ

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори махсуси давлатии соҳаи бехатарии саноатиро (минбаъд дар матн - мақоми ваколатдор) муайян менамояд ва ба зиммаи он иҷрои корҳои дахлдори танзими меъёрӣ, инчунин вазифаҳои махсуси иҷозатдиҳӣ, санҷиш ва назоратиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ мегузорад. Мақоми ваколатдор воҳидҳои тобеи худро дорад, ки тибқи тартиби муқарраргардида таъсис дода мешаванд.

Мақомоти давлатӣ, ки ба онҳо мутобиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи анҷом додани функсияҳои алоҳидаи танзими меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолиятҳои махсуси иҷозатдиҳӣ, санҷиш ё назоратӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ супорида шудааст, вазифадоранд бо мақоми ваколатдор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникии аз ҷониби онҳо қабулшавандаро мувофиқа намоянд, инчунин фаъолияташонро дар соҳаи бехатарии саноатӣ ҳамоҳанг созанд.

 

Моддаи 7. Салоҳияти мақоми ваколатдори соҳаи бехатарии саноатӣ

Мақоми ваколатдори соҳаи бехатарии саноатӣ дар доираи салоҳияти худ ваколатҳои зайлро дорад:

-ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ;

-таҳия ва тасдиқи қоидаҳои бехатарии саноатӣ, инчунин тарѓиботи дониш, омўзиши аҳолӣ, шахсони вазифадор ва кормандони ташкилотҳо дар соҳаи бехатарии саноатӣ;

-гузаронидани тафтишоти сабабҳои садама ва ҳодисаҳои нохуш дар иншоотҳои истеҳсолии хатарнок;

-муқаррар намудани талаботи ҳаммонандкунии (индентификатсия) иншооти истеҳсолии хатарнок;

-мансуб донистани иншоот ба гурўҳи иншооти истеҳсолии хатарнок;

-гузаронидани тафтишоти сабабҳои садама ва ҳодисаҳои нохуш дар иншоотҳои истеҳсолии хатарнок;

-муқаррар намудани талаботи ҳаммонандкунии (индентификатсия) иншооти истеҳсолии хатарнок;

-мансуб донистани иншоот ба гурўҳи иншооти истеҳсолии хатарнок;

-баҳисобгирии иншооти истеҳсолии хатарнок ва муайян намудани тартиби додани маълумот оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ;

-то вақти бартараф намудани хатар дар иншооти истеҳсолии хатарнок боздоштани фаъолияте, ки хатари ҳатмии садамаро дорад;

-амалӣ гардондани ҳамкории байналмилалӣ, танзими фаъолияти ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ.

 

Моддаи 8. Иҷозатномадиҳии ( литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ

Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 9. Таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда

Таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла истеҳсоли хориҷии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда бояд ба талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи иншооти истеҳсолии хатарнок мутобиқ карда шавад.

Таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда дар ҷараёни истифодабарӣ бояд тибқи тартиби муқарраргардида аз экспертизаи бехатарии саноатӣ гузарад.

 

Моддаи 10. Тайёрии касбии кормандони иншоотҳои истеҳсолии хатарнок 

Тайёрии касбӣ, баландбардории дараҷаи ихтисоси кормандони иншооти истеҳсолии хатарнок оид ба масъалаҳои бехатарии саноатӣ ба зиммаи маъмурияти ташкилоте, ки иншооти истеҳсолии хатарнок дорад, гузошта мешавад. Тартиб ва мўҳлатҳои омўзиши касбии шахсони мансабдор ва кормандони иншооти истеҳсолии хатарнокро оид ба бехатарии саноатӣ мақомоти ваколатдор муайян менамояд.

Моддаи 11. Талаботи бехатарии саноатӣ ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода қабул намудани иншооти истеҳсолии хатарнок

Яке аз шартҳои ҳатмии қабули қарор оид ба оѓози сохтмон, васеъ ва таъмир намудан, азнавтаҷҳизонидани техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани иншооти истеҳсолии хатарнок мавҷудияти хулосаи мусбии экспертизаи бехатарии саноатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқнамуда мебошад.

Дур шудан аз меъёрҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар ҷараёни сохтмон, васеъ намудан, таъмир, азнавтаҷҳизонии техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани иншооти истеҳсолии хатарнок манъ аст. Дигаргуниҳое, ки ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон, васеъ намудан, таъмир кардан, азнавтаҷҳизонии техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани иншооти истеҳсолии хатарнок дохил карда мешаванд, бояд аз экспертизаи бехатарии саноатӣ гузаронида шуда, бо мақоми ваколатдор мувофиқа карда шаванд.

Дар ҷараёни сохтмон, васеъ намудан, таъмир, азнавтаҷҳизонии техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳамдиҳии иншооти истеҳсолии хатарнок муассисаҳое, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро тайёр мекунанд, тибқи тартиби муқарраргардида назорати муаллифиро анҷом медиҳанд.

Ба истифодабарӣ қабул намудани иншооти истеҳсолии хатарнок тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад. Дар ҷараёни ба истифодабарӣ қабул намудани иншооти истеҳсолии хатарнок мутобиқати иншооти истеҳсолии хатарнок ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, тайёрии ташкилот ба истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок ва амалиёт ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои садамаҳо санҷида мешавад.

 

Моддаи 12. Талаботи бехатарии саноатӣ оид ба истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок

Ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок ўҳдадор аст:

-талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуҷҷатҳои меъёрии техникиро оид ба бехатарии саноатӣ риоя намояд;

-барои истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок иҷозатнома (литсензия) дошта бошад;

-миқдори кормандони иншооти истеҳсолии хатарнокро мувофиқи талаботи муайяншуда пурра таъмин намояд;

-ба кор дар иншооти истеҳсолии хатарнок шахсони ба талаботи дараҷавии ихтисос ҷавобдиҳандаро, ки ин кор ба онҳо зарари тиббӣ надорад, иҷозат диҳад;

-тайёрӣ ва аз аттестатсия дар соҳаи бехатарии саноатӣ гузаштани кормандонро таъмин намояд;

-дар иншооти истеҳсолии хатарнок ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникие, ки қоидаҳои коргузориро дар иншооти истеҳсолии хатарнок муқаррар менамоянд, дошта бошад;

-назорати истеҳсолиро оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ ташкил намояд ва гузаронад;

-мавҷудият ва амали асбобҳои зарурӣ ва низоми назоратро ба ҷараёни истеҳсолот тибқи талаботи муқарраргардида таъмин намояд;

-гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатии биноҳо, инчунин ташхис, озмоиш, муоинаи иншоот ва дастгоҳҳои техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашавандаро дар мўҳлати муқарраршуда ва тибқи нишондоди бо тартиби муайяншуда пешниҳоднамудаи мақоми  ваколатдор таъмин намояд;

-даромадани шахсони бегонаро ба иншооти истеҳсолии хатарнок пешгирӣ намояд;

-эъломияи бехатарии саноатиро тартиб диҳад;

-барои расонидани зарар дар ҷараёни истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок шартномаи суѓуртаи хатари масъулиятро ба имзо расонад;

-дастурҳо ва нишондодҳои мақоми ваколатдорро иҷро намояд;

-истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнокро мустақилона ё бо нишондоди мақоми ваколатдор, шахсони мансабдори он дар мавриди садама ё ҳодисаи ногувор дар иншооти истеҳсолии хатарнок, инчунин ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои нав, ки ба бехатарии саноатӣ таъсир мерасонад, боздорад;

-оид ба маҳдуд сохтан ва рафъи оқибатҳои садамаҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок тадбирҳоро иҷро намояд, ба мақомоти давлатӣ дар ҷараёни тафтиши сабабҳои садама ёрӣ расонад;

-дар тафтиши техникии сабабҳои садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок иштирок намояд, ҷиҳати бартарафсозии сабабҳои муайяншуда ва пешгирии чунин садамаҳо чораҳо андешад;

-сабабҳои рух додани ҳодисаи нохушро дар иншооти истеҳсолии хатарнок таҳлил намояд, ҷиҳати бартарафсозии сабабҳои муайяншуда ва пешгирии чунин ҳодисаҳо чораҳо андешад;  

-тибқи тартиби муқарраргардида ба мақоми ваколатдор, инчунин мақомоти дигари давлатӣ ва аҳолӣ саривақт дар бораи садама дар иншооти истеҳсолӣ ахборот диҳад;

-оид ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии кормандон ҳангоми рух додани садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок чораҳо андешад;

-садамаҳо ва ҳодисаҳои нохушро дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба ҳисоб гирад;

-оид ба миқдори садамаҳо ва ҳодисаҳои нохуш, сабабҳои рух додани онҳо ва чорабиниҳои гузаронидашуда ба мақоми ваколатдор маълумот пешниҳод намояд.

Маълумот дар бораи ташкили назорати истеҳсолӣ ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ ва дар бораи кормандоне, ки барои амалӣ гардондани он ваколат доранд, ба мақоми ваколатдор пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 13. Талаботи бехатарии саноатӣ оид ба омодагӣ барои маҳдуд сохтан ва рафъи оқибати садамаҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок 

Бо мақсади таъмини омодагӣ барои маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои садамаҳо ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок ўҳдадор аст:

-ҷиҳати маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои садамаҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок чорабиниҳоро ба нақша гирад ва иҷро намояд;

-бо хадамоти садамавию наҷотдиҳандаи касбӣ ё қисмҳои садамавию наҷотдиҳандаи касбӣ (наҷотдиҳандаи кўҳӣ) оид ба хизматрасонӣ шартномаҳо бандад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти садамавию наҷотдиҳандаи касбии худ ё қисмҳои садамавию наҷотдиҳандаи касбӣ, инчунин аз ҷумлаи кормандон қисмҳои садамавию наҷотдиҳандаи ѓайриштатӣ ташкил намояд;

-барои маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои садамаҳо мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои моддӣ дошта бошад;

-кормандонро ба фаъолият ҳангоми рух додани садама ё ҳодисаи нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок омўзонад;

-сохторҳои мушоҳидавӣ, хабаррасонӣ, алоқа ва дастгирии амалиётро ҳангоми садама ташкил намояд ва ин сохторҳоро дар ҳолати омодагӣ барои истифода нигоҳ дорад.

 

Моддаи 14. Тафтиши техникии сабабҳои садама

Оид ба ҳар як ҳодисаи рух додани садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок тафтиши техникии сабабҳои он гузаронида мешавад.

Тафтиши техникии сабабҳои садамаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии намояндаи мақоми ваколатдор ё бахши маҳаллии он анҷом медиҳад.

Ба ҳайати комиссияи номбаршуда инчунин инҳо дохил мешаванд:

-намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки дар ҳудуди онҳо иншооти истеҳсолии хатарнок ҷойгир шудааст;

-намояндагони ташкилоте, ки иншооти истеҳсолии хатарнокро истифода мебарад;

-намояндагони иттифоқҳои касабаи соҳаи дахлдор;

-дигар намояндагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар бораи ташкили комиссияи давлатӣ оид ба тафтиши техникии сабабҳои садама қарор қабул кунад ва раиси ин комиссияро таъин намояд.

Комиссия оид ба тафтиши техникии сабабҳои садама метавонад  барои тафтиш ташкилотҳои экспертӣ ва мутахассисони соҳаҳои бехатарии саноатӣ, кашф, лоиҳакашӣ, илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, суѓуртакунӣ, тайёркунии таҷҳизот ва дигар соҳаҳоро ҷалб намояд.

Маводи тафтиши техникии сабабҳои садама аз ҷониби мақоми ваколатдор ба дигар мақомоти давлатии манфиатдор фиристода мешавад.

Тартиби гузаронидани тафтиши техникии сабабҳои садама ва таҳияи акти тафтиши техникии сабабҳои садамаро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.

Маблаѓгузории хароҷоти тафтиши техники сабабҳои садамаро ташкилоте анҷом медиҳад, ки иншооти истеҳсолии хатарнокро истифода мебарад ва дар он садама рўй додааст.

 

Моддаи 15. Экспертизаи бехатарии саноатӣ

Инҳо таҳти экспертизаи бехатарии саноатӣ қарор мегиранд:

-ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ барои сохтмон, васеъкунӣ, таъмир, азнавтаҷҳизонии техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани иншооти истеҳсолии хатарнок;

-таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда;

-биноҳо ва таҷҳизотҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок;

-эъломияи бехатарии саноатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок алоқаманданд.

Экспертизаи бехатарии саноатиро ташкилотҳое, ки барои гузаронидани ин экспертиза иҷозатнома доранд, аз ҳисоби маблаѓҳои ташкилоте мегузаронанд, ки мехоҳад иншооти истеҳсолии хатарнокро истифода барад ё истифода бурда истодааст.

Тартиби гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ ва талабот оид ба тайёр намудани хулосаи экспертизаи бехатарии саноатиро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.

 

Моддаи 16. Таҳияи эъломияи бехатарии саноатӣ

Ҳангоми таҳияи эъломияи бехатарии саноатӣ бояд арзёбии хавфи эҳтимолии садама ва хатари вобаста ба он; таҳлили кифоягии чорабиниҳо оид ба пешгирии садамаҳо, таъмини омодагии ташкилотҳо барои истифодаи иншооти истеҳсолии хатарнок мувофиқи талаботи бехатарии саноатӣ, инчунин маҳдуд намудан ё рафъи оқибатҳои садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок; таҳияи чорабиниҳо, ки ба кам кардани миқёси оқибатҳои садама ва андозаи зарари он, ки дар сурати рўй додани садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок расонида мешавад, бояд пешгирӣ карда шавад.

Номгўи маълумоте, ки эъломияи бехатарии саноатӣ бояд дар бар гирад ва тартиби ба расмият даровардани онро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

Қонуни мазкур таҳияи ҳатмии эъломияҳои бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнокро, ки дар онҳо истеҳсол, истифода, истихроҷ, нигаҳдорӣ, интиқол ва нобуд кардани моддаҳои хатарнок сурат гирифта, миқдорашонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, муқаррар менамояд.

Эъломияи бехатарии саноатӣ ҳамроҳи ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ барои сохтмон, васеъкунӣ, азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонидани техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани иншооти истеҳсолии хатарнок тартиб дода мешавад.

Эъломияи бехатарии саноатӣ ҳангоми муроҷиат барои иҷозатномаи истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок, таѓйирёбии маълумот дар эъломияи бехатарии саноатӣ ё ҳангоми дигаргуншавии талаботи бехатарии саноатӣ аниқ карда ё аз нав тартиб дода мешавад.

Барои иншоотҳои истеҳсолии хатарнок, ки дар рўзи эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун фаъолият мекунанд, эъломияҳои бехатарии саноатӣ дар мўҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешаванд.

Эъломияи бехатарии саноатӣ аз тарафи роҳбари ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок тасдиқ карда мешавад.

Роҳбари ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок барои пуррагӣ ва саҳеҳии маълумоти дар эъломияи бехатарии саноатӣ мавҷуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.

Эъломияи бехатарии саноатӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз экспертизаи бехатарии саноатӣ мегузарад.

Эъломияи бехатарии саноатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

 

Моддаи 17. Суѓуртаи ҳатмии масъулият барои расонидани зарар ҳангоми истифодаи иншооти истеҳсолии хатарнок

Ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок бояд ҳатман барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони дигар ва муҳити зист ҳангоми рух додани садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок масъулиятро суѓурта намояд.

Андозаи ҳадди ақали маблаѓи суѓуртаи масъулият барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони дигар ва муҳити зист ҳангоми рух додани садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок, барои:

а) иншооти истеҳсолии хатарноки дар қисми якуми моддаи 2 Қонуни мазкур зикршуда, агар дар онҳо:

- моддаҳои хатарноки миқдорашон ба миқдори муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар ё зиёд истеҳсол, истифода, аз нав коркард, ташкил, нигоҳдорӣ, интиқол ё нобуд мешаванд - ҳафтод ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рўзи бастани шартномаи суѓуртаи масъулияти хатар муқаррар гардидааст;

- моддаҳои хатарноки миқдорашон аз миқдори муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар истеҳсол, истифода, аз нав коркард, ташкил, нигоҳдорӣ, интиқол ё нобуд мешаванд - даҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рўзи бастани шартномаи суѓуртаи масъулияти хатар муқаррар гардидааст;

б) иншооти истеҳсолии хатарноки дигар - як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рўзи бастани шартномаи суѓуртаи масъулияти хатар муқаррар гардидааст.

 

Моддаи 18. Назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ

Назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ мақоми ваколатдор мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори соҳаи бехатарии саноатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ доранд:

-ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок дароянд;

-бо ҳуҷҷатҳое, ки барои тафтиши аз тарафи ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок иҷро намудани талаботи бехатарии саноатӣ заруранд, шинос шаванд;

-дурустии гузаронидани тафтишоти техникии ҳодисаҳои нохуши дар иншооти истеҳсолии хатарнок рухдода, инчунин пуррагии чорабиниҳои дар асоси натиҷаҳои чунин тафтишот пешниҳодшударо тафтиш намоянд;

-ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок ҷиҳати рафъи вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи бехатарии саноатӣ нишондодҳо диҳанд;

-дар доираи ваколатҳои худ оид ба бехатарии саноатӣ, аз ҷумла зарурати гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатии биноҳо ва иншооти воқеъ дар объектҳои хатарнок нишондодҳо диҳанд;

-ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок оид ба қатъи корҳое, ки бо вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ пеш бурда мешаванд, нишондодҳо диҳанд, ҳангоми зарурат барои қатъи фаъолияти иншооти истеҳсолии хатарнок, биноҳо ё таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашавандаро мўҳр зананд, инчунин дар сурати таҳдиди хатар ба ҳаёт ва саломатии кормандон барои аз ҷои кор баровардани онҳо супориш диҳанд;

 -шахсони дар вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ гунаҳгорро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, инчунин барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони зикршуда ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристанд;

-тибқи тартиби муқарраргардида дар суд ҳамчун намояндаи мақоми ваколатдор бо даъвои ситонидани товони зарари ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи шахсони дигар расонидашуда, ки дар натиҷаи вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ рух додааст, баромад кунанд;

-фаъолияти дигареро, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии саноатӣ пешбинӣ намудааст,анҷом диҳанд.

Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи бехатарии саноати иншооти истеҳсолии хатарнок амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба вайрон намудани Қонуни мазкур гунаҳкоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе  28 феврали соли 2004

№ 14                                                                     

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 10:29
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
16
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Шанбе, 28 Феврал, 2004

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2004, №2, мод. 48; 2012 с., №7, мод. 706; с. 2015, №12, қ. 1, мод. 1116; с. 2016, №11, мод. 887. Қонунҳои ҶТ аз 03.07.12 с., № 856; аз 25.12.15 с., № 1270; аз 14.11.16 с., № 1371; аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба онҳо алоқамандро, ки бинобар офариниш, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии намунаҳои саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Конвенсияи Париж – Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ аз 20 марти соли 1883 бо тағйиру иловаҳои минбаъда;    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

– схемаи эргономӣ – схемае ки таносуби андозаҳои объекти намунаи саноатиро дар системаи «инсон - мошин» инъикос мекунад; 

– харитаи конфексионӣ – намунаи матоъҳои бофтаю трикотажӣ, чарм, маводи ороишӣ ва ғайра, ки барои тайёр намудани маҳсулот тавсия карда мешаванд (дар сурати пешниҳоди ариза оид ба намунаи саноатие, ки ба саноати сабук дахл дорад, тартиб дода мешавад);    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

– хабарномаи расмӣ –  нашрияи расмии даврии мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ;    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

– шартҳои патентпазирӣ – шартҳои бо Қонуни мазкур муқарраршудаи додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба намунаи саноатӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи намунаҳои саноатӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи намунаҳои саноатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

 

Моддаи 3. Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ

 

Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд – Идораи патентӣ) амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ, аз ҷумла  намунаҳои саноатӣ, таъмин мекунад, аризаҳоро оид ба гирифтани патент барои намунаи саноатӣ қабул мекунад, аз рўи онҳо экспертиза мегузаронад, бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмии маълумотро дар бораи намунаҳои саноатӣ ба амал мебарорад, патентҳоро барои намунаҳои саноатӣ медиҳад, ҳамчунин вазифаҳои дигари ба зиммааш гузошташударо иҷро мекунад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Дар назди Идораи патентӣ Шўрои шикоятӣ амал мекунад, ки он мақоми ҳатмии аввалини маъмурӣ буда, масъалаҳои баҳсталаби марбут ба  ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатиро ҳал менамояд. Шўрои шикоятӣ ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории ҷорӣ ва Низомномаи Шўрои шикоятӣ, ки онро роҳбари Идораи патентӣ тасдиқ мекунад, ба амал мебарорад.

 

Моддаи 4. Намояндагӣ

 

Шахсони воқеӣ, ки ба таври доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё намояндагони онҳо  корро бо Идораи патентӣ ба воситаи намояндагони патентии дар Идораи патентӣ бақайдгирифташуда ва ваколаташон бо ваколатномаи тасдиқшуда пеш мебаранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

Ба сифати намояндаи патентӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад ва дараҷаи тахассусиаш ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯй аст, фаъолият карда метавонад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270; аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

Талаботро нисбати дараҷаи тахассуси намояндагони патентӣ, тартиби аттестатсия ва бақайдгирии онҳоро дар Феҳристи давлатии намояндагони патентӣ Идораи патентӣ муқаррар мекунад.

 

БОБИ 2.

НАМУНАИ САНОАТӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ОН

 

Моддаи 5. Шартҳои патентпазирии намунаи саноатӣ

 

Мувофиқи ҳамин Қонун ба сифати намунаи саноатӣ тарҳи бадеию конструктории маҳсулот, ки намуди зоҳирии онро муайян менамояд, ҳифз карда мешавад. Зимнан дар зери мафҳуми маҳсулот ашёҳои (предметҳои) истеҳсолоти саноатӣ ва косибӣ дар назар дошта мешаванд.  

Агар намунаи саноатӣ нав ва аслӣ (оригиналӣ)  бошад, ба он ҳифзи ҳуқуқӣ дода мешавад.

Намунаи саноатӣ нав ҳисобида мешавад, агар маҷмўи аломатҳои асосии дар тасвирҳои маҳсулот ифодаёфта аз маълумоте, ки то санаи аввалияти намунаи саноатӣ дар ҷаҳон дастраси умум гардидаанд, маълум  набошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Ҳангоми муқаррар кардани навии намунаи саноатӣ, инчунин ҳамаи намунаҳои саноатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон патентноккардашуда, аризаҳо ба намунаҳои саноатие, ки барои гирифтани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони дигар пешниҳод карда шудаанд (ғайр аз аризаҳои бозхондашуда),  ба ҳисоб гирифта мешаванд, ба шарте ки аввалияти  онҳо пештар бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Намунаи саноатӣ ҳамон вақт оригиналӣ ҳисоб карда мешавад, ки агар аломатҳои асосии он ҷиҳатҳои эҷодкоронаи хусусиятҳои завқии (эстетикии) маҳсулотро муайян намоянд.

Аломатҳое, ки хусусиятҳои эстетикӣ ва (ё) эргономии намуди зоҳирии маҳсулот, тарҳу шакли он, нақшу нигор ва таносуби рангҳоро муайян мекунанд, ба аломатҳои асосии намунаи саноатӣ дохил мешаванд.

Патентпазирии намунаи саноатиро ошкор гардонидани маълумоте, ки дар натиҷаи он моҳияти намунаи саноатӣ дастраси умум гардидааст, коҳиш намедиҳад, агар ин амал аз ҷониби аризадиҳанда, муаллиф ё шахси дигаре, ки аз онҳо мустақиман ё ба тариқи ғайримустақим маълумоти ба намунаи саноатӣ дахлдорро ба даст овардааст, иҷро шуда бошад ва агар ариза барои намунаи саноатӣ на дертар аз  шаш моҳи баъди санаи ошкор шудани ин маълумот ба Идораи патентӣ пешниҳод шуда бошад. Зимнан вазифаи исбот кардани ин ҳолат бар зиммаи аризадиҳанда гузошта мешавад.

Тарҳҳои зерин намунаҳои саноатии патентпазир ҳисоб карда намешаванд:

- тарҳҳое ки танҳо аз таъиноти техникии маҳсул бармеоянд;

- тарҳи объектҳои меъморӣ (ғайр аз шаклҳои хурди меъморӣ), иншооти саноатӣ, гидротехникӣ ва иншооти дигари собит;

- маҳсулоти чопӣ дар навъи худаш;

- тарҳи объектҳои шаклашон ноустувори аз моддаҳои моеъ, газмонанд, пошхўранда ва амсоли онҳо сохташуда;

- тарҳи маҳсулоте ки хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои инсондўстӣ ва ахлоқ мебошад.

 

Моддаи 6. Ҳифзи ҳуқуқии намунаи саноатӣ

 

Ҳуқуқ ба намунаи саноатӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда шуда, бо патент тасдиқ карда мешавад.

Патент барои намунаи саноатӣ (минбаъд – патент) аввалияти намунаи саноатӣ, муаллифӣ ба он ва ҳуқуқи истисноии  истифодаи намунаи саноатиро тасдиқ мекунад.

Ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқие, ки онро патент медиҳад, аз рўи маҷмўи аломатҳои асосии  намунаи саноатӣ, ки дар тасвирҳои он (макет, сурат) ифода ёфтаанд, муайян карда мешавад. Тавсифи намунаи саноатӣ танҳо ба мақсади маънидод кардани аломатҳо хизмат мекунад.

Патент аз санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани ариза барои гирифтани патент дар муддати панҷ сол амал мекунад. Мўҳлати амали патент бо дархости дорандаи патент аз ҷониби Идораи патентӣ ду маротиба ба муддати панҷсолӣ дароз карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Аз рӯи дархости дорандаи патент дар сурати супоридани пардохти ҳатмии дахлдор ба ӯ барои тамдид кардани мӯҳлати амали патент мӯҳлати шашмоҳаи иловагӣ пас аз анҷоми мӯҳлати амали патент дода мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.12 с., № 856)

 

Боби 3.

Субъектҳои ҳуқуқ БА НАМУНАИ САНОАТӢ

 

Моддаи 7. Муаллифи намунаи саноатӣ

 

Шахси воқеие, ки бо меҳнати эҷодии вай намунаи саноатӣ офарида шудааст, муаллифи намунаи саноатӣ ҳисобида мешавад.

Агар дар офаридани намунаи саноатӣ якчанд шахси воқеӣ иштирок карда бошад, пас  ҳамаи онҳо муаллифони намунаи саноатӣ ҳисобида мешаванд. Тартиби истифодаи ҳуқуқҳои ба муаллифон тааллуқдоштаро созишномаи байни онҳо муайян мекунад.

Шахсоне, ки дар офаридани намунаи саноатӣ ҳиссаи шахсии эҷодӣ нагузошта, ба муаллиф(он) танҳо ёрии техникӣ, ташкилӣ ва моддӣ расонидаанд ё ин ки танҳо барои ба расмият даровардани ҳуқуқ ба намунаи саноатӣ ва истифодаи он мусоидат намудаанд, муаллифони намунаи саноатӣ ҳисоб намешаванд.

Ҳуқуқи муаллифӣ ҳуқуқи шахсии мусодиранашаванда буда, бе мўҳлат ҳифз карда мешавад.

 

Моддаи 8. Аризадиҳанда

 

Ҳуқуқи пешниҳоди аризаро оид ба додани патент барои намунаи саноатӣ инҳо доранд:

- муаллиф(он)-и намунаи саноатӣ;

- корфармо, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 9  Қонуни мазкур;

- ворис(он)-и ҳуқуқии муаллиф(он) ва ё корфармо.

 

Моддаи 9. Дорандаи патент

 

Патент  ба шахсе, ки ўро аризадиҳанда дар ариза оид ба додани патент зикр намудааст ва ё ба шахсе, ки ҳуқуқи дахлдорро бо тартиби гузашткунӣ ба даст овардааст, дода мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Ҳуқуқи гирифтани патент барои намунаи саноатие, ки онро корманд вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиаш ё супориши мушаххаси аз корфармо гирифтааш офаридааст, ба корфармо тааллуқ дорад, агар шартномаи байни онҳо ҳолати дигареро муайян накарда бошад.

Агар корфармо дар давоми чор моҳи баъди санаи аз ҷониби муаллиф дар бораи офаридани намунаи саноатӣ хабардор карда шуданаш ба Идораи патентӣ ариза надиҳад, ҳуқуқи пешниҳоди аризаро ба шахси дигар вогузор накунад ва ё муаллифро дар бораи махфӣ нигоҳ доштани намунаи саноатӣ огоҳ нанамояд, пас ҳуқуқи пешниҳоди ариза ва гирифтани патент ба муаллиф мегузарад. Корфармо дар ин ҳолат ҳуқуқ дорад ба дорандаи патент  ҷуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, намунаи саноатиро дар истеҳсолоти худ истифода барад.

Ҳуқуқи гирифтани патент барои намунаи саноатие, ки корманд таҷриба, воситаҳои моддӣ, техникӣ ва дигар воситаҳои корфарморо истифода бурда, лекин на дар алоқамандӣ бо иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё супориши муайяни корфармо офаридааст, ба корманд тааллуқ дорад, агар шартномаи байни онҳо ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Корфармо дар ин ҳолат ҳуқуқ дорад ба дорандаи патент  ҷуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, намунаи саноатиро дар истеҳсолоти худ истифода барад.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқи муаллифи намунаи саноатие, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ

                       офарида шудааст

 

Корманде, ки дар қисми дуюми моддаи 9 зикр шудааст, дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад аз корфармо мутаносибан ба фоидаи бадастовардаи корфармо ва ё фоидае, ки корфармо метавонист аз намунаи саноатӣ ба таври лозимӣ истифода бурда, ба даст дарорад, подош гирад:

- патент гирифтани корфармо;

- ҳуқуқи гирифтани патентро ба шахси дигар вогузор кардани корфармо;

- аз ҷониби корфармо қабул намудани қарор дар бораи махфӣ нигоҳ доштани намунаи саноатӣ;

- бо сабабҳои аз корфармо вобаста нагирифтани патент аз рўи аризаи аз ҷониби корфармо пешниҳодшуда.

Андозаи подош ва шартҳои пардохти он дар асоси шартномаи байни муаллиф ва корфармо муайян карда мешавад.

 

БОБИ 4.

АРИЗА ДАР БОРАИ ДОДАНИ ПАТЕНТ

 

Моддаи 11. Пешниҳоди ариза

 

Аризаро дар бораи додани патент (минбаъд–ариза) аризадиҳанда ба Идораи патентӣ пешниҳод мекунад.

Ариза ба воситаи намояндаи аризадиҳанда ва ё намояндаи патентие, ки дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шудааст, пешниҳод шуда метавонад.

Ариза бояд ба як намунаи саноатӣ дахл дошта бошад ва метавонад вариантҳои ин намунаро дар бар гирад (талаботи ягонагии намунаи саноатӣ).

Ариза  бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар гирад:

- дархост (ба забони давлатӣ) дар бораи додани патент бо нишон додани номи намунаи саноатӣ, муаллиф(он)и намунаи саноатӣ ва шахс(он)е, ки ба номи ў (онҳо) патент дархост карда мешавад, инчунин ҷои истиқомат ва ё маҳалли ҷойгиршавии онҳо (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583);

- маҷмўи тасвирҳо ки дар бораи намуди зоҳирии маҳсулот тасаввуроти пурраю мукаммал медиҳанд;

- тавсифи намунаи саноатӣ;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

- нақшаи намуди умумии маҳсулот, схемаи эргономӣ, харитаи конфексионӣ, агар онҳо барои ошкор намудани моҳияти намунаи саноатӣ зарур бошанд.

Ба ариза  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷ барои пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи асосҳо барои насупурдани боҷ ё кам кардани андозаи он илова карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои мазкурро якҷоя бо ариза ва ё  дар муддати се моҳи баъд аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ супоридан мумкин аст.

Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои додани патент ба намунаи саноатиро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

 

Моддаи 12. Санаи пешниҳоди ариза

 

Санаи пешниҳоди ариза  аз рўи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани маҷмўи  ҳуҷҷатҳое, ки дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми  қисми чоруми моддаи 11 ҳамин Қонун номбар шудаанд, муқаррар карда мешавад.   (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

(Кисми 2 хорич шуд бо ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Дар ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 11 ин Қонун ариза пешниҳоднашуда ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 13. Бо ташаббуси аризадиҳанда ислоҳ намудани ҳуҷҷатҳои ариза 

 

Аризадиҳанда дар давоми се моҳи баъди санаи пешниҳоди ариза ҳуқуқ дорад, ки бе тағйир додани моҳияти намунаи саноатии арзшуда ба маводҳои он ислоҳу тасҳеҳ дохил намояд.

Ислоҳот ва тасҳеҳотро дар сурати пардохтани боҷи дахлдор баъди гузаштани мўҳлати семоҳа, лекин на дертар аз баровардани қарор аз рўи натиҷаҳои экспертизаи моҳиятӣ, низ дохил кардан мумкин аст.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 14. Бозхондани ариза

 

Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки аризаро  то санаи бақайдгирии намунаи саноатӣ дар Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонад.   (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 15. Махфӣ будани коргузорӣ аз рўи ариза

 

Идораи патентӣ дар доираи коргузорӣ аз рўи ариза то нашр шудани маълумот дар бораи патент барои намунаи саноатӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ин бора хоҳиш ва ё иҷозати аризадиҳанда  бошад, ба ҳеҷ кадом шахс иҷозати дастрас намудани аризаро намедиҳад. Ҳар як амале, аз ҷумла хабари шахсӣ, ки дар натиҷаи он шахсони сеюм метавонанд дар бораи ариза маълумот гиранд, дастрас намудани ариза ба ҳисоб меравад.

 

БОБИ 5.

АВВАЛИЯТИ НАМУНАИ САНОАТӢ

 

Моддаи 16. Шартҳои муқаррар намудани аввалият

 

Аввалияти намунаи саноатӣ аз рўи санаи пешниҳоди ариза, ки мувофиқи моддаи 12  Қонуни мазкур муайян мегардад, муқаррар карда мешавад.

Аввалият аз рўи санаи воридшавии маводҳои иловагӣ низ муқаррар шуданаш мумкин аст, агар ин маводҳоро аризадиҳанда то гузаштани мўҳлати семоҳа аз санаи гирифтани огоҳиномаи Идораи патентӣ дар бораи имконнопазирии баэътиборгирии маводҳои иловагӣ, бинобар моҳияти намунаи саноатии арзшударо тағйирдиҳанда дониста шуданашон, ба сифати аризаи мустақил пешниҳод карда бошад.

Аввалият аз рўи санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани аризаи қаблии худи ҳамин аризадиҳанда, ки дар он намунаи саноатии пешниҳодшаванда маънидод шудааст,  муқаррар карда шуданаш мумкин аст, агар аризае, ки аз рўи он ин гуна аввалият дархост мешавад, на дертар аз шаш моҳи баъди санаи пешниҳоди аризаи қаблӣ ворид шуда бошад. Дар ин ҳол аризаи қаблӣ бозхондашуда ҳисобида мешавад.

Аввалият дар асоси якчанд аризаи қаблӣ, ки барои ҳар кадоми онҳо  шартҳои дар қисми сеюми ҳамин модда овардашуда риоя мегарданд, метавонад  муқаррар шавад.

Муқаррар намудани аввалият аз рўи санаи пешниҳоди аризае, ки аз рўи он  аллакай мувофиқи қисмҳои сеюм ва чоруми ин модда аввалияти пештар дархост шудааст,  мумкин нест.

Аввалияти намунаи саноатӣ аз рўи аризаи ҷудокардашуда аз рўи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани аризаи нахустини ошкоркунандаи намунаи саноатии ҳамон як аризадиҳанда муқаррар карда мешавад, агар аризаи ҷудокардашуда то аз рўи аризаи нахустин қабул шудани қарор дар бораи надодани патент, ки имконияти шикоят аз болои он аз даст рафтааст, ворид шуда бошад ва дар ҳолати гирифтани қарор оид ба додани патент аз рўи аризаи зикршуда, агар  аризаи ҷудокардашуда то санаи дар Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудани намунаи саноатӣ ворид шуда бошад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Агар дар рафти экспертиза муқаррар карда шавад, ки намунаҳои саноатии ҳаммонанд  санаи аввалияти якхела доранд, пас патент аз рўи аризае, ки ба Идораи патентӣ пештар фиристода шудани он исбот карда шудааст, дода мешавад. Ҳангоми мувофиқ омадани ин санаҳо  (агар созишномаи байни аризадиҳандагон ҳолати дигареро дар назар надошта бошад), патент аз рўи аризае дода мешавад, ки он рақами бақайдгирии пештар додашудаи  Идораи патентиро дорад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 17. Аввалияти конвенсионӣ

    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Аввалият аз рўи санаи дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж пешниҳод шудани аризаи якум барои намунаи саноатӣ муқаррар шуданаш мумкин аст (аввалияти конвенсионӣ) , агар ариза оид ба ҳамин намунаи саноатӣ  ба Идораи патентӣ дар давоми шаш моҳ аз санаи  зикршуда ворид шуда бошад. Агар бо сабабҳои аз аризадиҳанда новобаста ариза бо дархости аввалияти конвенсионӣ дар мўҳлати зикршуда пешниҳод нашуда бошад, ин мўҳлат бо дархости аризадиҳанда ба муддати на зиёда аз ду моҳ дароз карда шуданаш мумкин аст.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Аризадиҳандае, ки хоҳиши истифода намудани ҳуқуқи аввалияти конвенсиониро дорад, бояд ин хоҳишашро ҳангоми пешниҳоди ариза ва ё дар давоми ду моҳи баъди санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ариза изҳор намояд ва нусхаи аризаи якумро илова кунад ва ё онро на дертар аз се моҳи баъди санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод кардани ариза ба Идораи патентӣ фиристонад.

Аввалияти намунаи саноатӣ аз рўи санаи дар намоишгоҳи расмӣ ва ё расман шинохташудаи байналмилалӣ гузошта шудани намунаи саноатӣ муқаррар карда шуданаш мумкин аст, агар аризае, ки аввалият аз рўи он дархост карда мешавад, ба Идораи патентӣ дар давоми шаш моҳи баъди санаи дар намоишгоҳ ҷойгиронидани намунаи саноатӣ ворид шуда бошад.

 

БОБИ 6.

ЭКСПЕРТИЗАИ АРИЗА ВА ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ

(ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 18. Экспертизаи расмии ариза

                    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Идораи патентӣ баъди гузаштани се моҳ аз санаи пешниҳоди ариза  аз рўи он экспертизаи расмӣ мегузаронад. Мувофиқи дархости хаттии аризадиҳанда  экспертизаи расмӣ то гузаштани мўҳлати зикршуда оғоз шуда метавонад. Дар ин ҳолат аризадиҳанда аз лаҳзаи пешниҳод кардани дархост аз ҳуқуқи бе пардохти боҷ бо ташаббуси худ ислоҳ ва саҳеҳ кардани ҳуҷҷатҳои ариза, ки моддаи 13  ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, маҳрум мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Дар рафти гузаронидани экспертизаи расмии ариза мувофиқи моддаи 11  Қонуни мазкур мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва риояи талаботи нисбати онҳо муқарраршуда тафтиш карда шуда, масъала дар бораи он ки тарҳи бадеию конструктории арзшуда ба намунаҳои саноатии ба онҳо мувофиқи моддаи 5 ҳамин Қонун ҳифзи ҳуқуқӣ додашаванда дахл дорад ё не, баррасӣ мешавад.

Агар аризадиҳанда мувофиқи моддаи 13 ҳамин Қонун аз рўи ариза маводи иловагӣ пешниҳод намояд, дар рафти экспертиза моҳияти намунаи саноатии арзшударо тағйир надодани онҳо тафтиш карда мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Маводи иловагӣ моҳияти намунаи саноатии арзшударо тағйир медиҳанд, агар онҳо аломатҳои дар маводҳои ибтидоии ариза мавҷуд набударо дар бар гиранд. Маводи иловагӣ дар қисми тағйирдиҳандаи моҳияти намунаи саноатии арзшуда ҳангоми баррасии ариза ба эътибор гирифта намешаванд ва метавонанд аз ҷониби аризадиҳанда ба сифати аризаи мустақил ба расмият дароварда шаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371; аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

Агар ариза бо риояи ҳамаи талаботи муқарраршуда пешниҳод шуда бошад, аризадиҳанда дар бораи натиҷаи мусбии экспертизаи расмӣ хабардор карда мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Аз рўи аризае, ки бо вайрон намудани талабот ба ҳуҷҷатҳои он тартиб дода шудааст, ба аризадиҳанда дархост фиристода мешавад, ки дар муддати се моҳи баъди гирифтани дархост ҳуҷҷатҳои ислоҳшуда ё набударо пешниҳод кунад. Агар аризадиҳанда дар мўҳлати зикргардида маводи дархостшуда ва ё дархостро дар бораи дароз кардани мўҳлати муқарраршуда пешниҳод накунад, ариза бозхондашуда ҳисоб  мегардад.

Аз рўи аризаи бо вайрон намудани талаботи ягонагии намунаи саноатӣ пешниҳодшуда ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки дар давоми се моҳи баъди санаи гирифтани огоҳиномаи дахлдор хабар диҳад, ки кадоме аз таклифҳо бояд баррасӣ шаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба ҳуҷҷатҳои ариза тасҳеҳ дарорад. Барои намунаҳои саноатии дигари, ба маводи аризаи нахустин дохилшуда, аризадиҳанда ҳуқуқи ба расмият даровардани аризаҳои ҷудо кардашударо дорад.

Агар аризадиҳанда дар давоми се моҳи баъди гирифтани огоҳинома оид ба вайрон шудани талаботи ягонагии намунаи саноатӣ дар бораи он ки кадоме аз тарҳҳои бадеию конструкторӣ бояд баррасӣ шаванд, хабар надиҳад ва ҳуҷҷатҳои тасҳеҳшударо пешниҳод накунад, баррасии тарҳи бадеию конструктории якуме, ки дар ариза нишон дода шудааст, ҳамчунин вариантҳои он, агар ин гуна вариантҳо бошанд, гузаронида мешавад.

Аризадиҳанда ҳангоми бо қарори экспертиза норозӣ буданаш ҳуқуқ дорад, ки дар муддати чор моҳи баъди санаи баровардани қарор ба Шўрои шикоятӣ эътироз пешниҳод намояд. Эътироз бояд дар давоми шаш моҳ баррасӣ шавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 19. Экспертизаи моҳиятии ариза

                         (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Экспертизаи моҳиятии ариза дар натиҷаи мусбат анҷом ёфтани экспертизаи расмӣ пас аз пардохти корбарии дахлдор гузаронида мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

(Қисми 2 хориҷ шуд бо ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Дар рафти экспертизаи моҳиятии ариза аввалияти намунаи саноатӣ муқаррар карда шуда, шартҳои патентпазирии намунаи саноатӣ мувофиқи моддаи 5  Қонуни мазкур тафтиш карда мешаванд.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Идораи патентӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда маводи иловагӣ дархост намояд. Маводҳои иловагие, ки маҷмўи аломатҳои асосии намунаи саноатиро тағйир медиҳанд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд. Онҳо метавонанд аз ҷониби аризадиҳанда ҳамчун аризаи мустақил, ки аввалияташ аз санаи воридшавии маводи иловагӣ муқаррар мегардад, пешниҳод шаванд.

Агар Идораи патентӣ дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза  муқаррар намояд, ки намунаи саноатии арзшуда дар ҳаҷми аз ҷониби аризадиҳанда дархостшудаи ҳифзи ҳуқуқӣ ба шартҳои патентпазирии намунаи саноатӣ, ки моддаи 5 Қонуни мазкур муайян намудааанд, мувофиқат мекунад, дар бораи додани патент қарор мебарорад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Агар муқаррар карда шавад, ки намунаи саноатии арзшуда дар ҳаҷми дархостшудаи ҳифзи ҳуқуқӣ ба шартҳои патентпазирӣ мувофиқат намекунад, дар бораи рад шудани додани патент қарор бароварда мешавад.

Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад бо маводҳои дар дархости экспертиза, дар қарори экспертизава ё дар ҳисобот оид ба ҷустуҷў нишондодашуда шинос гардад. Нусхаҳои маводҳои патентии дархостшударо Идораи патентӣ дар давоми ду моҳ, аз рўзи гирифтани дархост ба аризадиҳанда, мефиристад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Ҳангоми норозӣ будан бо қарор дар бораи радди додани патент аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки дар давоми чор моҳи баъди санаи фиристонидани қарор ба Шўрои шикоятӣ эътирози дахлдорро пешниҳод намояд. Шўрои шикоятӣ эътирозро бояд дар муддати шаш моҳ аз рўзи ворид шудани он дида барояд.

Агар аризадиҳанда бо қарори Шўрои шикоятӣ розӣ набошад, метавонад дар муддати шаш моҳ аз рўзи гирифтани қарор ба суд муроҷиат намояд.

Мўҳлатҳои пешниҳодкунии маводҳоро аз рўи дархости экспертиза ва пешниҳод кардани эътирозро ба Шўрои шикоятӣ, ки аризадиҳанда  гузаронидааст, Идораи патентӣ метавонад аз рўи дархости пешниҳоднамудаи аризадиҳанда, ки на дертар аз дувоздаҳ моҳ аз рўзи гузаштани мўҳлати гузаронидашуда фиристода шудааст, дар сурати пардохта шудани боҷи дахлдор барқарор намояд.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 20. Нашри маълумот оид ба додани патент

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

Идораи патентӣ баъд аз ба қайд гирифтани намунаи саноатӣ дар Феҳристи давлатӣ маълумотро дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда бетаъхир дар хабарномаи расмӣ нашр мекунад, ки номи муаллиф(он) (дар ҳолати розӣ будан) ва доранда(гон)-и патент, ном, санаи аввалият, тасвири намунаи саноатӣ ва дигар маълумотеро, ки Идораи патентӣ лозим медонад, дар бар мегирад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

 

Моддаи 21. Бақайдгирии намунаи саноатӣ ва додани патент

 

Идораи патентӣ дар муддати се моҳи баъди санаи гирифтани ҳуҷҷатҳо дар бораи пардохти боҷ барои бақайдгирӣ ва додани патент намунаи саноатиро ба Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мекунад ва  патентро ба соҳиби патент  медиҳад.

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷ барои бақайдгирӣ ва додани патент ба намунаи саноатӣ аз ҷониби аризадиҳанда дар давоми ду моҳ аз санаи гирифтани қарор оид ба патенти мазкур ё дар давоми се моҳ аз санаи баанҷомрасии мӯҳлати мазкур дар ҳолати пардохти боҷи иловагӣ пешниҳод карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

Таркиби маълумоте, ки ба Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад ва таркиби маълумоте, ки дар  патент  нишон дода мешавад, аз ҷониби Идораи патентӣ муқаррар мегардад.

Дар ҳолати мавҷуд будани якчанд шахсе, ки ба номашон патент дархост карда мешавад, ба онҳо як патент дода мешавад. Идораи патентӣ ба  муаллиф (муаллифон)-и намунаи саноатӣ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи муаллифии онҳоро медиҳад.

Ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда, пешниҳод нашудани ҳуҷҷате, ки пардохтани боҷро барои бақайдгирӣ ва додани патент тасдиқ мекунад, бақайдгирии намунаи саноатӣ ва додани патент ба амал бароварда намешавад ва аризаи дахлдор бозхондашуда ба ҳисоб меравад.

 

БОБИ 7.

ҲУҚУҚИ ИСТИСНОИИ ИСТИФОДАИ намунаи саноатӢ

 

Моддаи 22. Ҳуқуқҳои дорандаи патент

 

Ба дорандаи патент ҳуқуқи истисноии мувофиқи ихтиёри худ истифода бурдани намунаи саноатии бо патент ҳифзшаванда, агар ин истифодабарӣ ҳуқуқҳои дорандагони патентҳои дига