ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1759 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА МУҲОФИЗАТИ БИОЛОГӢ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1753 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ" Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1724 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2021 Маҷлиси Олии ҶТ 20.11.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Январ 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 09:31
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
435
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
15.05.1997

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1997, №10, мод.131; соли  2002, № 4, қисми 1, мод. 224; соли 2007, №7, мод.683; соли 2008, №12, қисми 2, мод. 1001)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъмини ченаки ягонаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибати мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди тайёр, истеҳсол, таҳвил намудан, истифода, таъмир ва ворид кардани воситаҳои ченак танзим менамояд ва  барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқии  муқарраргардида ва ҳамчунин барои ҳимояи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои номатлуби натиҷаҳои нодурусти ченак равона гардидааст. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Барои ифодаи мақсадҳои Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

ченаки ягона—ҳолати ченаке, ки  натиҷаи он дар воҳидҳои эътирофгардидаи бузургӣ ифода ёфта, иштибоҳи ченак аз ҳудуди меъёрҳои муайянгардида берун намеояд;

воситаи ченак—таҷҳизоти техникие, ки барои ченак пешбинӣ шудааст;

маҳаки воҳиди бузургӣ—воситаи ченак, ки барои таҷдид ва ҳифзи воҳиди бузургӣ бо мақсади интиқоли андозаи он ба дигар воситаҳои ченаки ҳамин бузургӣ пешбинӣ шудааст;

маҳаки давлатии воҳиди бузургӣ—маҳаки воҳиди бузургӣ, ки бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ба сифати воҳиди ибтидоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст;

санадҳои меъёрии таъмини ченаки ягона—стандартҳои давлатӣ, стандартҳои байналмилалӣ (минтақавӣ), қоида ба низомнома, дастуруламал ва тавсияҳое, ки бо тартиби муқарраргардида ба кор бурда мешаванд;

хадамоти метрологӣ—маҷмӯи субъектҳои фаъолият ва навъи корҳое, ки барои таъмини ченаки ягона пешбинӣ шудааст;

назорати метрологӣ—фаъолияте, ки мақоми давлатии хадамоти метрологӣ (назорати давлатии метрологӣ) ё хадамоти метрологии шахси ҳуқуқӣ бо мақсади санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологии муқарраргардида анҷом медиҳад;

мутобиқи воситаҳои ченак—маҷмӯи амалиёте, ки мақомоти давлатии хадамоти метрологӣ (дигар мақомоту ташкилотҳои ваколатдор) бо мақсади муайян ва тасдиқ намудани санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак ба талаботи техникии муқарраршуда анҷом медиҳанд;

-андозагирии (калибровкаи) воситаҳои ченак -маҷмўи амалиётест, ки бо  мақсади муайян ва тасдиқ кардани қимати ҳақиқии тавсифи метрологӣ ва қобили истифода будани воситаҳои ченаки таҳти назорати давлатии метрологӣ қарорнадошта анҷом дода мешавад; (ҚҶТ №467, 31.12.08)

тасдиқномаи навъҳои воситаҳои ченак—ҳуҷҷате, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ медиҳад ва он тибқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ ба қайд гирифта шудани ҳамин навъи воситаҳои ченак ва ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ будани онро тасдиқ менамояд;

тасдиқномаи санҷиш—ҳуҷҷате, ки ба ташкилотҳои санҷишкунанда дода шуда, воқеият ва натиҷаи санҷиши воситаҳои ченакро тасдиқ менамояд.

               -мақоми ваколатдор - мақоми давлатӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи таъмини ченаки ягона танзим

         мегардонад;

-системаи байналмилалии ченакҳо-системаи воҳидҳои ченкунии бузургиҳои физикие, ки

 Конференсияи генералии ХI оид ба ченак ва вазнҳо соли 1960 қабул кардааст. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

 

             Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ченаки ягона

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ченаки ягона ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

 

Моддаи 3. Қарордодҳои байналхалқӣ (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ №467, 31.12.08)

 

Моддаи 4. Идораи давлатии таъмини ченаки ягона

Танзими давлатии муносибатҳо дар соҳаи таъмини ченаки ягона бар зиммаи мақоми  ваколатдори давлатие мебошад, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

                 Мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:

ҳамоҳангсозии фаъолияти байниминтақавӣ ва байнисоҳавии таъмини ченаки ягона;

муқаррар намудани қоидаҳои офаридан, тасдиқу саришта ва истифода кардани маҳакҳои воҳиди бузургӣ;

муайян намудани талаботи умумии метрологӣ нисбати воситаҳо усул ва натиҷаҳои ченак;

таъмини назорати давлатии метрологӣ;

роҳбарӣ ба фаъолияти хадамоти давлатии метрологӣ ва дигар хадамоти метрологии таъмини ченаки ягона;

иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои баймалхалқӣ оиди масъала таъмини ченаки ягона.

 

БОБИ  2. ВОҲИДҲОИ БУЗУРГӢ, ВОСИТА ВА УСУЛХОИ ЧЕН КАРДАН

 

             Моддаи 5. Воҳидҳои бузургӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида воҳидҳои бузургии Системаи байналмилалии ченакҳо истифода бурда мешаванд.

Номгўй, аломат ва қоидаҳои навишти воҳидҳои бузургӣ, инчунин қоидаҳои истифодаи онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои дар санадҳои қонунгузорӣ пешбинигардида, муқаррар мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар баробари истифодаи воҳидҳои бузургии Системаи байналмилалии ченакҳо ба истифодаи воҳидҳои ѓайрисистемавӣ низ иҷозат диҳад.

Тавсиф ва хусусиятҳои маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла воситаҳои ченак бо воҳидҳои бузургии муқаррарнамудаи  фармоишгар, ифода ёфта  метавонанд.

Истифодаи воҳидҳое, ки аз воҳидҳои расман иҷозатдодашуда фарқ доранд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

 

         Моддаи 6. Маҳакҳои давлатии воҳидҳои бузургӣ

Асоси техникии таъмини ченаки ягонаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳакҳои давлатии воҳидҳои бузургӣ ташкил  медиҳанд, ки нигаҳдории онҳоро давлат таъмин менамояд.

Маҳакҳои давлатии воҳидҳои бузургӣ ҳамчун воситаи ченаки воҳидҳои ибтидоӣ ба ҷиҳати таҷдид ва нигаҳдории воҳидҳои бузургӣ бо мақсади интиқоли андозаи он ба дигар воситаҳои ченаки ҳамин бузургӣ истифода бурда мешаванд. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

 

Моддаи 7. Воситаҳои ченак

Воситаҳои ченак барои муайян намудани бузургие истифода мешаванд, ки ба татбиқи воҳидҳояшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида иҷозат дода шудааст ва бояд ба шароити истифода ва талаботи муқарраргардида мувофиқ бошанд.

Қарорҳои ба гурӯҳи воситаҳои ченак нисбат додани таҷҳизоти техникӣ ва муқаррар намудани фосилаи байни  мутобиқатро  мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.

Воситаҳои ченаке, ки фарогири талаботи қонунгузории метрологиянд, таҳти назорати хадамоти метрологӣ қарор мегиранд. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки воситаҳои ченаки таҳти назорати қонунгузории метрологӣ қарордоштаро то дар он  гузоштани мўҳри назорати мутобиқат истифода барад ва ё барои истифода бурдан нигоҳ дорад. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

 

Моддаи 8. Усулҳои чен кардан

Ченкунӣ бояд тибқи усулҳое, ки бо тартиби муқарраргардида тавсия шудаанд, анҷом дода шавад. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

Тартиби таҳияву тавсияи усулҳои ченкуниро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

БОБИ 3. ХАДАМОТИ МЕТРОЛОГӢ

 

Моддаи 9. Сохтори хадамоти метрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти метрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хадамоти давлатии метрологӣ ва хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ иборат мебошад.

 

Моддаи 10. Хадамоти давлатии метрологӣ

Ба хадамоти давлатии метрологӣ, ки мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, мақомоти давлатии метрологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо,  шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешаванд. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

 

                 Моддаи 11. Хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ

           Шахсони ҳуқуқӣ метавонанд бо мақсади таъмини ченаки ягона дар сохтори худ хадамоти метрологӣ таъсис

         диҳанд.

Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ аз рўи Низомномаи хадамоти давлатии метрологӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешаванд. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

 

БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МЕТРОЛОГӢ

 

            Моддаи 12. Намудҳои назорати давлатии метрологӣ

Назорати давлатии метрологӣ бар зиммаи хадамоти давлатии метрологии мақоми ваколатдор мебошад.

Назорати давлатии метрологӣ дар намудҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

-тасдиқи навъи воситаҳои ченак;

-санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак;

-санҷиши истифодаи усулҳои тавсияшудаи ченкунӣ;

-санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологӣ;

-дигар намудҳои назорати метрологӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

 

 

Моддаи 13. Соҳаҳое, ки таҳти назорати метрологии давлатӣ қарор доранд

Санадҳои меъёрии таъмини ченаки ягона дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ доранд.

Амалҳои зайл бо мақсади тафтиши риояи қоидаву меъёрҳои метрологӣ таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор доранд:

тандурустӣ, ветеринарӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарии меҳнат;

додугирифти тиҷоратӣ ва ҳисобу китоби байни харидору фурӯшанда, аз ҷумла амалиёте, ки дар он автоматҳои бозӣ ва таҷҳизот истифода мешаванд;

амалиёти баҳисобгирии давлатӣ:

таъмини мудофиаи давлат;

корҳои геодезӣ ва гидрометеорологӣ;

амалиёти бонкӣ, андоз ва почта;

истеҳсоли маҳсулоте, ки мувофиқи қарордод барои эҳтиёҷоти давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда мешавад;

озмоиш ва назорати сифати маҳсулот бо мақсади муайян намудани мувофиқати он ба талаботи ҳатмии стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сертификатсияи ҳатмии маҳсулот ва хизматрасонӣ;

андозагирӣ бо супориши мақомоти судӣ, прокуратура, суди иқтисодӣ, мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ба қайд гирифтани рекордҳои варзиши миллӣ ва байналхалқӣ.

Мутобиқи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар соҳаҳои фаъолият низ таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор гирифта метавонанд.

 

Моддаи 14. Тасдиқи навъи воситаҳои ченак

Дар соҳаҳое, ки таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор доранд воситаҳои ченак ҳатман санҷида, сипас навъи онхо тасдиқ карда мешавад.

Қарори тасдиқ кардани навъи воситаҳои ченакро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд ва он бо тасдиқномаи навъи воситаҳои ченак тасдиқ карда мешавад. Мӯҳлати амали тасдиқномаи мазкурро ҳангоми додани он мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар мекунад.

Навъи тасдиқгардидаи воситаҳои ченак ба Реестри давлатии воситаҳои ченак дохил карда мешавад, ки ин корро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба ҷо меоварад.

Воситаҳои ченакро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тасдиқи навъи онҳо месанҷад.

Бо қарори мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ташкилотҳои махсус низ метавонанд ба сифати марказҳои давлатии санҷиши воситаҳои ченак аккредитатция (мансуб) гардонида шаванд.

Барои санҷиш намунаҳои воситаҳои ченак бояд ҳамроҳи санадҳои дахлдори меъёрию истифодабарӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.

Мутобиқати воситаҳои ченакро ба навъи тасдиқгардида дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии хадамоти метрологии маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолкунандагон ё истифодабарандагон таҳти назорат мегиранд.

Ба рӯи воситаҳои ченаки навъи тасдиқгардида ва ба рӯи ҳар нусхаи дахлдори ҳуҷҷатҳои истифодаи он аломати тасдиқкунандаи навъи воситаҳои ченак гузошта мешавад.

 

Моддаи 15. Санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак

Воситаҳои ченак, ки таҳти назорати давлатӣ қарор гирифтаанд, дар мавриди истеҳсол, таъмир ва истифода бояд аз ҷониби хадамоти метрологии мақоми ваколатдор ҷиҳати тасдиқи мутобиқати онҳо ба меъёрҳои  муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шаванд.

Намудҳои воситаҳои ченак, ки бояд аз санҷиш гузаранд ва тартиби гузаронидани санҷиши мутобиқатиро мақоми ваколатдор муайян мекунад.

Бо иҷозати мақоми ваколатдор хадамоти метрологии дигар шахсони ҳуқуқӣ низ  метавонанд барои фаъолият дар соҳаи санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак аккредитатсия карда шаванд.

Тартиби аккредитатсия кардани хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Воситаҳои ченак, ки аз санҷиши  мутобиқатӣ гузаштаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор мўҳргузорӣ карда мешаванд ва ё мутобиқати онҳо бо  шаҳодатномаи санҷиш тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

 

Моддаи 16.  (Хориҷ карда шуд тибқи Қонуни  ҶТ аз 30.07.07с №321).

 

Моддаи 17. Ҳуқуқи вазифаҳои нозирони давлатӣ оиди таъмини ченаки ягона

Назорати давлатии метрологӣ ба зиммаи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

Нозирони давлатӣ, ки воситаҳои ченакро месанҷанд, бояд чун санҷишгарон аз санҷиш гузаранд.

Нозирони давлатӣ ҳангоми дар минтақаҳои дахлдор анҷом додани назорати давлатии метрологӣ ҳуқуқ доранд бо нишон додани шаҳодатномаи хидматӣ  тибқи тарт иби муқарраргардидаи қонунгузорӣ:

ба объектҳое дароянд, ки дар он ҷо воситаҳои ченакро, сарфи назар аз тобеият ва шаклҳои моликияти ин объектҳо истифода мекунанд, месозанд, таъмир менамоянд, мефурӯшанд, нигоҳ медоранд ё саришта мекунанд;

мутобиқати воҳидҳои бузургиро, ки ба истифодаашон иҷозат дода шудааст, санҷанд;

воситаҳои ченак, мутобиқат, шароити истифода, инчунин мутобиқати онҳоро ба навъи тасдиқшудаи воситаҳои ченак тафтиш намоянд;

истифодаи усулҳои тавсияшудаи ченкунӣ, ҳолати маҳакҳоеро тафтиш намоянд, ки барои санҷиши воситаҳои ченак истифода мешаванд;

миқдори молро, ки дар рафти амалиёти тиҷоратӣ мусодира гардидааст, тафтиш кунанд;

барои назорат намунаи молу маҳсулот, инчунин молҳои баркашшудаи банду басташон гуногунро интихоб намоянд;

воситаҳои техникиро истифода кунанд ва кормандони объекти таҳти назорати метрологӣ қарордоштаро ҷалб намоянд.

ҳангоми риоя нашудани қоида ва меъёрҳои метрологӣ нозири давлатӣ ҳуқуқ дорад:

истифода ва истеҳсоли воситаҳои ченаки навъҳои тасдиқнашуда ё ба навъи тасдиқгардида номутобиқ будани онҳо, инчунин аз санҷиш нагузаштаро манъ намояд;

тамғаҳои тафтишнашударо ботил кунад ё худ шаҳодатномаи санҷишро ҳангоме, ки воситаи ченак натиҷаи нодуруст медиҳад ё фосилаи байни санҷиш риоя карда нашудааст, беэътибор гардонад;

ҳангоми зарурат воситаи ченакро аз истифода гирад;

ҳангоми риоя накардани талаботи фаъолияти мазкур оиди маҳрум намудан аз иҷозатномаи сохтан, таъмир кардан, фурӯхтан ва ба киро додани воситаҳои ченак таклифҳо пешниҳод намояд;

дастурҳои ҳатмӣ диҳад ва мӯҳлати рафъи риоя нашудани қоидаю меъёрҳои метрологиро муқаррар кунад.

 

Моддаи 18. Масъулияти нозирони давлатӣ

Нозирони давлатӣ, ки назорати давлатиро анҷом медиҳанд, бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин муқаррароти санадҳои меъёрии таъмини ченаки ягона ва назорати давлатии метрологиро қатьиян риоя намоянд.

Нозирони давлатӣ барои ба ҷо наовардан ё иҷрои номатлуби масъулияти вазифавӣ, суиистифодаи салоҳият ва дигар қонуншиканӣ, аз ҷумла фош кардани сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Шикоят аз амали нозирони давлатӣ дар давоми 20 рӯзи қарор қабул намудани онҳо ба мақоми хадамоти давлатии метрологӣ, ки нозирон бевосита тобеъанд ё ба мақомоти болоӣ дода мешавад. Шикоят дар давоми як моҳи расиданаш баррасӣ мегардад ва оиди он қарор қабул карда мешавад.

Аз амали нозирони давлатӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида метавон ба суд шикоят кард.

Шикоят кардан аз амали нозирон иҷрои дастури онҳоро боздошта наметавонад.

 

Моддаи 19. Мусоидат ба нозири давлатӣ

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вазифадоранд, ки ба нозири давлатӣ дар иҷрои вазифаҳояш мусоидат намоянд. Ашхосе, ки ба назорати давлатии метрологӣ монеъ мешаванд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

          Моддаи 191. Санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологӣ

                     Назорати давлатии метрологии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият, бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои муқарраргардидаи метрологӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амал бароварда мешавад.

 

                                                                  Боби 5. Андозагирии воситаҳои ченак

 

Моддаи 20. Андозагирии воситаҳои ченак

Воситаҳои ченак, ки нисбати онҳо тибқи муқаррароти Қонуни мазкур санҷиши мутобиқатӣ пешбинӣ шудааст, дар мавриди истеҳсол, таъмир, воридот, фурўш ё истифода мутобиқи дархости шахсони ҳуқуқии манфиатдор метавонанд мавриди андозагирӣ қарор гиранд. Андозагирӣ аз ҷониби хадамоти метрологии мақоми ваколатдор ё хадамоти метрологии шахси ҳуқуқӣ, ки аз тарафи  мақоми ваколатдор барои чунин намуди фаъолият аккредитатсия шудааст, амалӣ гардонида  мешавад.

Натиҷаи андозагирии воситаҳои ченак бо мўҳр, шаҳодатномаи андозагирии воситаҳои ченак ва ё тавассути сабти он дар  санадҳои истифодаи воситаҳои ченак тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 21. Тартиби андозагирии воситаҳои ченак

Воситаҳои ченак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ мавриди андозагирӣ қарор мегиранд. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

 

                                                        Боби 6. Маблаѓгузорӣ барои таъмини ченаки ягона

Моддаи 22. Маблаѓгузории ҳатмии давлатӣ

Маблаѓгузории ҳатмии давлатӣ барои иҷрои корҳои зайл зарур аст:

-таҳия, такмил, харидорӣ, нигаҳдорӣ, истифодаи маҳакҳои давлатии воҳидҳои ченак ва воситаҳои ченаки намунавии ниҳоят дақиқ;

-нигаҳдорӣ, харидорӣ ва таҳияи таҷҳизоте, ки барои ҷиҳозонидани мақомоти хадамоти давлатии метрологӣ зарур мебошанд;

-таҳияи санадҳои меъёрӣ барои таъмини  ченаки ягона;

-амалигардонии назорати давлатии метрологӣ.

Ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатӣ, ки пурра ё қисман аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаѓгузорӣ мешаванд, аз  ҷумла барномаи таъсис ва рушди истеҳсоли маҳсулоти мудофиавӣ бояд фаслҳои таъмини соҳаи метрологӣ пешбинӣ шаванд.

 

                                                                     Боби 7. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ №467, 31.12.08)

 

 

 

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                      Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  15 май соли 1997

№ 435

 

 

 

 

ҚАРОРИ  МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

 «Дар бораи таъмини ченаки ягона»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1997, №10, мод.132)

 

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», аз рӯзи расман нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинобар қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» дар сурати зарурат оиди даровардани тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ бо тартиби муқарраршуда таклифҳо пешниҳод намояд;

Қарору амрҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.

 

Раиси Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                               С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе  15 май соли1997

№ 436

 

 

ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 09:36
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
519
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.12.1997
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар бораи фарҳанг
 
(Ахбори  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  1997, № 23-24, мод. 352; соли  2001, № 4, мод.143; соли 2003, №12, мод. 691; соли 2008, №10, мод.819; соли 2009, № 8, мод.499; с. 2011,№6, мод. 445;)  
 
            Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
           Қонуни мазкур ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро дар фаъолияти фарҳангӣ таъмин ва ҳимоя намуда, муносибатҳои ҳуқуқии субъектҳои фаъолияти фарҳангиро ба танзим медарорад ва сиёсати давлатро дар соҳаи фарҳанг муайян мекунад. (ҚҶТ аз 5.08.09, № 544)
 
Моддаи I1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фарҳанг - маҷмуи арзишҳои моддию маънавие, ки инсоният онҳоро офарида, бо мақсади рушди маънавии шахе истифода мебарад;
фаъолияти эҷодӣ - фаъолияте, ки ба офаридани арзишҳои фарҳангӣ алоқаманд аст;
- мероси фархангӣ - маҷмӯи арзишҳои фарҳангй, ки дорои аҳамияти миллию давлатӣ буда, моликияти истисноии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- мероси гайримоддии фарҳанги - анъана ва воситаҳои шифоҳии ифода, аз ҷумла забон, урфу одат,  маросиму  ҷашнҳо,  донишу малакаҳои ба табиату сайёра ва ҳунарҳои анъанавӣ вобаста, инчунин ашёву воситаҳои иҷрои онҳо;
- муассисаи фарҳанги - шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, самти асосии фаъолияти он ба соҳаи фарҳанг алоқаманд аст;
- корманди сохам фарҳанг - шахси воқеие, ки фаъолияти он ба ҳифз, рушд, интишору истифодаи арзишҳои  фарҳангй  ва ҷалби шаҳрвандон ба ин арзишҳо алоқаманд аст;
- фаъолияти фарҳанги - фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба эҷод, истеҳсол, эҳё, ҳифз, рушд, интишор ва истифодабарии арзишҳои фарҳангӣ марбут аст;
- мақомоти ваколатдори давлатми соҳаи фарҳннг - мақомоти давлатие, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи фарҳанг амалй менамояд;
- сарватҳои фарҳанги - воситаҳои модцию маънавии дорои хусусиятҳои дунявию динӣ ва дигар арзишҳо, ки аҳамияти таърихи, илмию бадей ва фарҳангӣ доранд;
- мероси фарҳанги миллӣ - арзишҳои фархднгие, ки дорои аҳамияти таърихию фарҳангй буда, ба Федристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда шудаанд;
иттифоқи эҷодӣ - иттиҳодияи ҷамъиятии кормандони эҷодии касбии як ё якчанд равияҳои фарҳангие, ки дар асоси узвияти инфиродӣ таъсис ёфтааст. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
 
Моддаи 2. Доираи амали  Қонуни мазкур
Қонуни мазкур фаъолияти фарҳангиро дар соҳаҳои зерин танзим менамояд:
- ошкор, омӯзиш, ҳифз, тармим ва истифода намудани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ;
- адабиёти бадеӣ, кинематография, санъати саҳнавӣ, рақсӣ, мусиқӣ, тасвирӣ, суратгирӣ ва дигар намуду навъҳои (жанрҳои) санъат;
- касбу ҳунари бадеии халқ, намудҳои фарҳангӣ халқӣ, забонҳо, лаҳҷаҳо, фолклор, анъанаву маросимҳо, топонимҳои таърихӣ;
- эҷодиёти бадеии ҳаваскорон;
- кори осорхона ва ҷамъоварию гурӯҳбандӣ кардани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ;
-табъу нашри китоб, фаъолияти китобдорӣ ва фаъолияти дигари фарҳангие, ки бо эҷоду ташвиқи китоб ва истифодаи он вобаста аст, инчунин фаъолияти муассисаҳои бойгонӣ; (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
- телевизион, радио ва дигар воситаҳои намоиш, шунавонидан, дар мавриди офаридан ва густариши сарватҳои фарҳангӣ;
- тарбияи зебоиписандӣ (эстетикӣ), маълумоти бадеӣ, фаъолияти педагогӣ дар ин соҳа;
- тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фарҳанг;
- мубодилаи фарҳангии байналмилалӣ;
- истеҳсоли мавод, таҷҳизот ва воситаҳои дигари марбут ба нигоҳ доштан, офаридан, интишор ва азхудкунии сарватҳои фарҳангӣ;
- фаъолияти дигаре, ки тавассути он сарватҳои фарҳангӣ эҷод, ҳифз ва азхуд карда мешаванд.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фарҳанг
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фарҳанг ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 5.08.09, № 544)
 
Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг
Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ба принсипҳои зайл асос меёбад;
- дастраси умум будани сарватҳои фарҳанг;
- озодии фаъолияти эҷодӣ;
- мусоидат кардан ба инкишофи қувваҳои эҷодии шаҳрвандон;
- эътирофи гуногунақидагӣ ва муносибат ба ҷараёни эҷодӣ;
- ҳимояи фарҳанги ҳамаи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баробарҳуқуқии тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҷод, истифода ва интишори сарватҳои фарҳангӣ;
- ҷанбаи умумимиллӣ, илмӣ, дунявӣ ва башардӯстона доштани фарҳанг;
- ҷалби фаъолонаи ҷомеа ба сарватҳои фарҳанги умумимиллӣ ва умумибашарӣ;
- истифодаи моҳиронаи сарватҳои фарҳангӣ дар тарбияи ахлоқии одамон;
- такомул ва густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ;
- ҷанбаи демократӣ ва давлатию ҷамъиятӣ доштани идоракунии фарҳанг, афзун намудани нуфузи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои эҷодӣ дар фаъолияти фарҳангӣ.
 
Моддаи 5. Ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави он қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, маълумот, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк, хусусияти касбу кор ҳуқуқ доранд;
- аз комёбиҳои фарҳанги умумимиллӣ ва умумиинонӣ озодона истифода баранд:
- аз рӯи майлу рағбат ва қобилияти хеш дар ҳамаи намудҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва ғайрикасбӣ шуғл варзанд;
- соҳибҳуқуқи (муаллифи) моликияти зеҳнӣ бошанд, сирри ҳунари худро маҳфуз доранд, ба дастовардҳои эҷодии худ ихтиёрдорӣ намоянд;
- сарватҳои маънавӣ, зебоиписандӣ ва ғайраро озодона интихоб кунанд ва дар ҳифзи фарҳангӣ миллии хеш дар ҳимояи давлат бо­шанд;
- сарватҳои фарҳангӣ, захираҳои китобхонаҳо, осорхонаю бойгониҳои давлатиро озодона истифода кунанд. Маҳдудиятро барои истифодаи сарватҳои фарҳангӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
-маълумоти башардўстонаю бадеиро бе маҳдудият гиранд, шакл ва тарзи таҳсилро озодона интихоб намоянд; (ҚҶТ аз 5.08.09, № 544)
- нисбат ба мерос ва дастовардҳои муосири фарҳангӣ ғамхор бошанд;
- молики молу мулки аҳамияти таърихиву фарҳангӣ, коллексияҳо, биноҳо, иншоот, ташкилот, муассисаҳо, корхона ва объектҳои дигари фарҳангӣ бошанд. Тартиби соҳиб шудан ва истифодаи иншоотҳои (объектҳои) фарҳангиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи сарватҳои фарҳангӣ ташкилот, муассисаҳо ва корхонаҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои эҷодӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъсис диҳанд, дар соҳаи фаъолияти фарҳангӣ тибқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, вазифаи миёнаравиро адо ку­нанд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа намоишҳоро ба омма пешниҳод кунанд ва фурӯши маҳсули фаъолияти эҷодии хешро ташкил дода, бо риояи қонунгузории он кишварҳо ба фаъолия­ти фарҳангӣ машғул шаванд, ташкилотҳои фарҳангӣ таъсис диҳанд.
 
Моддаи 6. Ҳуқуқи гурӯҳҳои миллӣ ва этникӣ
Намояндагони ҳама гуна ақалиятҳои миллӣ ва этникӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд, ба нигоҳдорӣ, густариш  ва ҳифзи фарҳангӣ миллии хеш, ташкили корхона ва муассиса, иттиҳодия, марказ ва ҷамъиятҳои миллии фарҳангӣ ҳуқуқ доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марказҳои миллии фарҳангӣ, ҷомеаҳои миллӣ, ассотсиатсияҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои фарҳангии ҳамватанони берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ кӯмак мерасонад, ҷиҳати бастани созишномаҳои байналмилалӣ дар ин соҳа тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя менамояд.
 
Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар соҳаи фарҳанг
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар соҳаи фаъолия­ти фарҳангӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, ҳуқуқи баробар доранд.
 
Моддаи 8. Сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба таркиби сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфтҳои археологӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, коллексияҳои нодиру ашёҳои қадимӣ ва асарҳои санъат, аз қабили мусаввараҳо, осори наққошӣ, расмҳо, муҷассамаҳо, номҳои аҳамияти таърихӣ дошта, асарҳои ороишӣ (дизайнерӣ), китобҳои дастнавис, дастхатҳои муаллифон, катибаҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ, нусхаҳои нодир, оромгоҳҳои шахсиятҳои маъруф, боғот ва манзараҳои табиии дорои аҳамияти фарҳангӣ дошта ва ғайра дохил мешаванд.
Сарватҳои фарҳанги миллӣ, ки моликияти ҷамъиятӣ, кооперативӣ, омехта, муштарак, шахсӣ ва хусусӣ ҳисоб меёбанд дар асоси қонун сабти ном шуда, дар фаъолияти фарҳангӣ истифода мешаванд.
 
Моддаи 81. Мероси ғайримоддии фарҳангӣ
Мероси ғайримоддии фарҳангӣ маҷмӯи шаклҳои фаъолияти фарҳангй ва тасаввуроти ба анъанаҳо асосёфта аст, ки эҳсоси хусусияти хос ва робитаи наслҳоро ташаккул медиҳад. Ба таркиби мероси ғайримоддии фарқангӣ урфу одат? шаклҳои тасаввуроту ифода, допишу малака, забон, достонҳои шифоҳӣ, мусиқӣ, рақс, бозиҳо, устуратиносӣ, маросимҳо, ҳунарҳо, шаклҳои анъанавии робита, тасаввуроти экологи, рамзу аломатҳо дохил мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини қифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешад, аз он ҷумла:
- сиёсати давлатиро барои баланд бардоштани нақши мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар ҷомеа амалӣ менамояд;
- унсурҳои гуногуни мероси ғайримоддии фарҳангиро бо иштироки ҷамъиятҳо, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои дахлдори ғайриҳукуматй муайян менамояд;
- барои  тарбкяи   мутахассисон  дар  соҳаи   идораи  мероси гайримоддии фарҳангӣ чораҳои дахлдор меандешад;
- ба таҳқиҳоти ҳамаҷонибаи мероси гайримоддии фарҳангм мусоидат мекунад:
- ҳамкории байыалмилалиро о ид ба ҳифзи мероси гайримоддии фарҳанги ба роҳ мемонад.
Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг Феҳристи мероси гайримоддии фарҳангиро, ки ба ҳифзи бетаъхир эҳтиёҷ дорад, тартиб дода, ҷиҳати амалй намудани он чораҳо меандешад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
 
Моддаи 9. Паҳн ва дастраси омма намудани сарватҳои фарҳанги миллӣ
Паҳн ва оммавигардонии меросу комёбиҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муассисаҳои театрию консертӣ, киною видеонамоишдиҳӣ, тамошогоҳҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо, клубҳо, қасру хонаҳои фарҳанг, боғҳои фарҳангу истироҳат, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, намоишгоҳҳо, осорхонаҳо, ҷойҳои муқаддаси таърихию табиӣ, телевизион ва радио, созмонҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони фарҳангу санъат, муассисаҳои сайёҳӣ, таълимгоҳҳои фарҳанг ва санъат, марказҳои паҳнкунандаи донишҳои илмию техникӣ, марказ­ҳои фарҳангиву фароғатии беруназмактабӣ, идораҳои рӯзномаю маҷаллаҳо, нашриётҳо ва ғайра амалӣ мегардонанд.
Корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки дорои ваколати паҳн ва оммавигардонии меросу комёбиҳои фарҳанги миллӣ ва фарҳангу санъат ҳастанд, ҳуқуқи таҳия ва қабули барномаҳои эҷодӣ, репертуар, интихоби жанр, намуд, услуб ва равияҳои мухталифи эҷодӣ ва инчунин интихоби роҳу тарзҳои паҳн ва оммавигардонии мероси фарҳангӣ ва комёбиҳои фарҳангу санъатро доранд.
Паҳн ва оммавигардонии мероси волои фарҳангӣ, илмӣ ва адабии классикони тоҷик, намудҳои пурарзиши мероси фарҳанги классикӣ ва дастовардҳои маданияти муосири ҷаҳонӣ тавассути маблағгузории мақсаднок ва сиёсати андоз қадр ва дастгирӣ карда мешаванд.
Паҳн ва оммавигардонии асарҳое, ки ба зуран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, ҷанг, зўроварӣ, бераҳмӣ, поймолкунии ҳуқуқҳои нажодиву миллӣ, адовати мазҳабӣ даъват мекунанд таҳқири шахсиятро раво медонанд, шаъну эътибори миллиро паст мезананд, фахшу бадахлоқиро тарғиб менамоянд, манъ аст.
Маҳдуд ва манъ кардани истифодаи мероси фарҳангӣ, фаъолияти фарҳангӣ ва маҳсули онро қонун муайян мекунад.
 
Моддаи 10. Аз ҷумҳурӣ баровардан ва баргардонидани сарватҳои фарҳангӣ
Аз ҷумҳурӣ берун баровардан ва баргардонидани сарватҳои фарҳангӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 11. Феҳристи давлатии сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Феҳристи давлатии сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳад.
 
Моддаи 12. Муқаррарот оид ба молу мулки сарватҳои фарҳанги мил­лии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Беиҷозат мубодила, иваз, нобуд, тағйири ҷой, нусхабардорӣ, тармими молу мулки ба Феҳристи давлатии сарватҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда манъ аст. Бе чунин иҷозат молу мулки бутуни дорои арзиши махсуси таърихӣ, бадеӣ ва зебоиписандиро аз ҳам ҷудо ва пароканда кардан манъ аст.
Истифодаи сарватҳои ба Феҳристи давлатии сарватҳои фарҳанги миллӣ дохилшуда берун аз таъиноти таърихӣ, бадеӣ ва динӣ манъ аст.
Молу мулки мансуби масҷидҳо, калисо ва дигар ибодатгоҳҳои мазҳабӣ, ки ҳамчун сарватҳои фарҳанг ё худ арзишҳои фарҳанги миллӣ шинохта шудаанд, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва вобаста ба таъиноташон истифода мешаванд.
Муассисаҳои фарҳанг ва санъат дар истифодаи ёдгориҳои меъморӣ ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Ба нигоҳдорӣ ва ҳифзи иншоотҳои сарватҳои фарҳанги миллӣ соҳибон ё худ истифодабарандагон масъуланд. Иҷро накардани ӯҳдадориҳои мазкур боиси маҳрум шудан аз ҳуқуқи додашуда мегардад.
Дар сурате, ки субъект барои нигаҳдории объектҳои сарватҳои фарҳанги миллии дар ихтиёраш буда имконияти моддӣ надошта бошад, хароҷоти онро давлат ба зимма мегирад.
 
Моддаи 13. Фаъолияти эҷодӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии фаъолияти эҷодиро эътироф карда, давлат ба он дахолат намекунад. Давлат фаъолияти эҷодиро дастгирӣ карда ба рушди он ёрии моддию маънавӣ мерасонад, эҷодиётро аз дахолати муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, ҳизбҳо ҳимоя мекунад, барои амалӣ гаштани маҳсули эҷодкор мадад мерасонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи ҳамаи намудҳои фаъ­олияти эҷодии касбӣ, ғайрикасбӣ (ҳаваскорӣ), санъати театрӣ, тасвирӣ, мусиқӣ, кино, сирк, телевизион, радио, эҷодиёти бадеии халқ, эҷодиёти касбии анъанавӣ, фаъолияти эҷодии устодони халқӣ ва ғайра, шароитҳои зарурӣ муҳайё карда, барои гирифтани маълумоти касбӣ, такмили ихтисос, дар иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва маҳфилҳои эҷодӣ озодона муттаҳид шудан кафолат медиҳад.
Корманди касбии эҷодӣ шаҳрванди ҷумҳурӣ ё шахси хориҷие ҳисоб меёбад, ки барои ӯ фаъолияти эҷодӣ, асоси меҳнат ва сарчашмаи даромад мебошад.
Мавҷудияти яке аз омилҳои зерин шарти эътирофи корманди касбии эҷодӣ мебошад:
- гирифтани музд барои фаъолияти эҷодӣ;
- бақайдгирии фаъолият ҳангоми муқарраркунии андоз;
- гирифтани маълумоти касбӣ дар муассисаҳои таълимӣ ё худ дар назди мутахассис ё устоди дар соҳаи фаъолияти эҷодӣ расман эътирофшуда;
- сазовори унвонҳои фахрӣ, мукофотҳои касбӣ шудани кормандони эҷодӣ;
- аз тарафи мутахассисон ва ҷомеа ҳамчун эҷодкор эътироф гаштани он;
- узвияти шахс дар ташкилотҳои касбию эҷодӣ (иттифоқҳо ва ассотсиатсияҳои эҷодӣ).
 
Моддаи 14. Идоракунии низоми фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба низоми мақомоти давлатии идоракунии фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо дохил мешаванд:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ташкилот, корхона ва муассисаҳои фарҳанг мебошанд;
- мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо.
 
Моддаи 15. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг корҳои зайлро анҷом медиҳад:
- сиёсати давлатро дар соҳаи фарҳанг муайян ва амалӣ менамояд;
- кафолати қонеъ гардондани эҳтиёҷоти фарҳангии шаҳрвандон ҳимояи ҳуқуқи онҳоро дар соҳаи фаъолияти фарҳангӣ таъмин менамояд;
- барномаҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин байнидавлатӣ ва байналмилалии инкишофи фарҳангро баррасӣ ва тасдиқ намуда, онҳоро бо воситаҳои моддию техникӣ ва молиявӣ таъмин менамояд;
- тартиби таъсис намудан, аз нав ташкил кардан, барҳам додан, тағйири ҷой кардан, нусхабардорӣ намудан ва таъмири иншоотҳои дорои арзиши махсуси таърихӣ ва эстетикиро муайян мекунад;
- стратегияи барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявии фарҳангиро муайян ва тасдиқ мекунад;
- ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони соҳаи фарҳангро таъ­мин мекунад;
- тараққиёти инфраструктураи соҳаи фарҳангро таъмин менамояд;
- таъминоти молиявию иқтисодии муассисаҳои фарҳанг ва хизматрасонии фарҳангии аҳолиро муайян мекунад;
- таъсис ва фаъолияти муассисаҳои фарҳанги давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои фарҳангии хусусиро ҳавасманд гардонида, ба инкишофи заминаи моддиву техникии онҳо мусоидат мекунад;
- маблағгузории буҷетии муассисаҳои давлатии соҳаи фарҳангро ба роҳ мемонад ва дар мавриди зарурат, дар маблағгузории ташкилотҳои фарҳангии ғайридавлатии соҳаи фарҳанг ҳисса мегузорад;
- ба монополияи давлатӣ дар соҳаи фаъолияти фарҳангӣ роҳ намедиҳад.
 
Моддаи 16. Ваколати мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зеринро амалӣ мегардонад:
- татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг;
- эҳё, ҳифз, инкишоф, интишори сарватҳои фарҳанги миллӣ;
- дастраси умум гардондани мероси фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ;
- сабти ном ва муайян намудани тартиби истифодаи мероси фарҳанги миллии хориҷи кишвар:
- ташкили ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ, барқарор намуда­ни робитаҳои фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии соҳаи фарҳанг;
- муқаррар намудани тартиби таъсис ва барҳам додани муассисаҳои соҳаи фарҳанг;
- ташкили таълиму тарбияи мутахассисон, такмили ихтисоси онҳо, ташкили тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фарҳанг;
- бо иттилоот ва маводи илмӣ-методӣ таъмин кардани муассисаҳо;
- ҳавасманд кардани фаъолияти шаҳрвандон, аз ҷумла ба воситаи татбиқи сиёсати давлатии андозситонӣ ва нархгузорӣ бо мақсади ҷалб намудани кӯдакон ба кори эҷодӣ, инкишофи фарҳанг, машғул шудан ба худомӯзӣ, санъати ҳаваскорӣ, ҳунармандӣ;
- ташкили шароит барои таълими ибтидоии бадеӣ, тарбияи умумии зебоишиносӣ, пеш аз ҳама ба тариқи гуманитарӣ кардани соҳаи маориф, дастгирӣ ва тараққӣ додани шабакаи муассисаҳо ва ташкилотҳо – мактабҳои санъат, студияҳо, курсҳо, нигоҳ доштани хизматрасонии асосии бепули китобхонаҳои ҳамаи идораҳову ташкилотҳо, инчунин санъати ҳаваскорӣ (эҷодиёти бадеии ҳаваскорӣ);
-   мусоидат ба ривоҷи хайрия ва талабот дар соҳаи фарҳанг;
- ташкили шароит ва сарпарастӣ барои инкишофи фарҳанг, санъ­ат, адабиёт ва намудҳои дигари фаъолияти фарҳанги миллӣ;
- муайянкунӣ, бақайдгирӣ, омӯзиш, тармим ва ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанг, ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таъриху фарҳанг, ки моликияти шахсӣ ва коллективӣ ҳисоб меёбанд, кафолат додан ба афзалияти соҳиб шудан ба ёдгориҳои таъриху фарҳанг;
- ба роҳ мондани ҳисоботи расмии оморӣ дар соҳаи фарҳанг, таъмини эътимоднокӣ ва дастрасии он;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фарҳанг;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми муассисаҳои фарҳанг, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияти онҳо;
- муайян намудани қоидаҳои баҳисобгирии муассисаҳо, гурӯҳҳо ва дастаҳои ҳунари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар   кардани қоидаҳо ва тартиби сафарҳои ҳунари аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андешидани тадбирҳо барои ҳифз, рушд ва истифодаи мероси гайримоддии фарҳанги. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
 
Моддаи 17. Салоҳияти  вазорат,  ташкилот  ва  идораҳои  дигар  дар  соҳаи  фарҳанг
Вазоратҳо, ташкилотҳо ва идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд:
- муассисаҳои тобеи фарҳангӣ ташкил намуда, онҳоро бо маблағ заминаи моддӣ-техникӣ, мутахассисон таъмин кунанд;
- самтҳои афзалиятноки онҳоро муайян созанд;
- риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии сохаи фарҳангро таъмин намоянд; (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
- низомномахои умумии муассисаҳои фарҳангро, ки ба ихтиёри онҳо дода шудаанд ва ё ба онҳо итоат мекунанд тасдиқ ва амалӣ намоянд;
- барномаҳои соҳавии инкишофи фаъолияти фарҳангии муассисаҳои тобеашонро тасдиқ ва дар амал татбиқ намоянд;
- новобаста аз тобеияти идоравӣ дар ташкили фаъолияти фарҳангӣ иштирок намуда, кори муассисаҳои фарҳангро мутобиқ гардонанд;
- роҳбарии методии муассисаҳои тобеи худро таъмин намоянд;
- тартиби такмили ихтисос ва аттестатсияи кормандони муасси­сахои фарҳангии тобеӣ худро ба роҳ монанд;
- доир ба инкишофи фаъолияи фарҳангии муассисаҳои тобеашон тадбирҳои дигари амалӣ андешанд.
 
Моддаи 171. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанг
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй дар соҳаи фарҳанг ваколатҳои зерин доранд:
- таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои рушди фарҳанг дар ҳудуди марзию маъмурии дахлдор;
- танзими фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ҳудуди марзию маъмурии дахлдор;
- ташкили озмунҳо, фестивалҳо ва намоишҳои вилоятй, шаҳри ва ноҳиявй;
- эҳё, ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- пешниҳод намудани таклиф ба мақомоти ваколатдор барои ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид намудани номи ёдгориҳои дорои аҳамияти таърихию фархангӣ;
-  мусоидат намудан ба рушди забон, адабиёт, санъати касби, танзими анъана ва расму оинхо;
-  амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
 
Моддаи 18. Низоми  муассисаҳо,  идораҳо  ва ташкилотҳои соҳаи фарҳанг
Ба муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо дохил мешаванд: радио ва телевизион, театрҳо, филармонияҳо, оркестрҳо, ансамблҳо, коллективҳои дигари эҷодӣ, осорхонаҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо, кинотеатрҳо, намоишгоҳҳои бадеӣ, клубҳо, марказҳои дизайнерӣ, тадқиқотӣ ва тармимӣ, мамнӯъгоҳҳо ва минтақаҳои фарҳангии таърихӣ.
Муассисаҳо, корхонаҳои фарҳанг танҳо дар сурати мавҷуд будани заминаи моддию техникии бо меъёрҳои хизматрасонии фарҳангии аҳолӣ мутобиқ, таъсис дода мешаванд.
 
Моддаи 19. Тарбия, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва аттестатсияи кормандони соҳаи фарҳанг
Кормандони соҳаи фарҳангу санъат сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ӯҳдадоранд, ки ба тарбияи бадеӣ, зебоиписандӣ, омӯзишу бозмӯзӣ машғул гарданд, ихтисосашонро такмил диҳанд, аттестатсия шаванд.
Муассисаҳои фарҳанг, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои конеъ гардондани талаботи худ дар таҳияи барномаҳои таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос иштирок менамоянд.
Ба муассисаҳои таълимии фарҳангу санъат ҳуқуқ дода мешавад, ки бе мӯҳлатҳои муқарраршуда ба сафи донишҷӯён довталабонеро қабул кунанд, ки дар ин ё он соҳаи нодири фарҳангу санъат истеъдоду қобилияти фавқулодда доранд ё худ ғолиби озмунҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Муассисаҳои давлатии фарҳанг барои бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кормандони худ шароит фароҳам меоранд.
Муассисаҳои таълимӣ ва курсҳои такмили ихтисоси кормандони фарҳангу санъат вазифадоранд, ки дархостҳои муассисаҳои давлатии фарҳангро оид ба такмили ихтисоси кормандон иҷро кунанд. Такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои ғайридавлатии фарҳанг дар асоси шартномаҳо ташкил мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ ва кооперативии фарҳангу санъат иҷозат дода мешавад.
Аз аттестатсияи навбатӣ гузаштани ҳамлаи кормандони фарҳанг, роҳбарони мақомоти давлатии соҳа, корхонаҳо, муассисаҳо ва таш­килотҳои фарҳанг ҳатмӣ мебошад.
Мақомоти идории давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои фарҳанг, иттифоқҳои эҷодӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои дар хориҷа тайёр кардан, бозомӯзӣ ва анҷоми такмили ихтисоси кор­мандони фарҳанг мусоидат мекунанд; ҳамчунин ба тоҷикони берун аз ҳудуди Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки бепул ё пулакӣ дар муас­сисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои соҳаи фарҳанг маълумоти махсус гиранд.
 
Моддаи 20. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаҳои фарҳангй
Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
 
Моддаи 21. Ҳуқуқи моликият дар соҳаи фарҳанг
Ҳуқуқи моликият дар соҳаи фарҳанг тибки конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
 
Моддаи 22. Маблағгузории соҳаи фарҳанг ва фаъолияти фарҳангӣ
Асоси кафолатҳои давлатии ҳифз ва рушди соҳаи фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории давлатӣ мебошад.
Маблағгузории ҳарсолаи рушди соҳаи фарҳанг ба қадри зарурат ва тибқи имкониятҳои мавҷуда асосан аз буҷети ҷумҳурӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ сурат мегирад.
Маблаггузории соҳаи фарҳанг ҳангоми таҳияи буҷет дар тамоми сатҳҳо дар сатри алоҳида нишон дода мешавад. Маблагҳои эҳсонкоронаи шахсони воқеӣ за ҳуқукй, даромадҳо аз лотереяҳо, музоядаҳо, намоишҳо, фурӯши когазҳои қиматнок ва дигар манбаъҳои маблаггузорӣ, ки ба конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, метавонанд барои рушди соҳаи фарҳанг истифода бурда шаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Воридоти маблағҳо аз сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ ба ихтисори маблағгузории буҷетии рушди соҳаи фарҳанг асос шуда наметавонад.
Маблағҳо барои рушди соҳаи фарҳанг танҳо ба мақсадҳое сарф карда мешаванд, ки дар низомномаҳои муассисаҳои фарҳанг пешбинӣ шудаанд. Низомномаро мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот ва шаҳрвандон мустақилона ва ё худ бо усули шартномавӣ метавонанд барои маблағгузории фаъолияти фарҳангӣ хазинаҳо таъсис диҳанд. Ташкил ва фаъолияти чунин хазинаҳо дар асоси оинномаи мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшудаи онҳо сурат мегирад. Мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ метавонанд дар таъсиси ин захираҳо ҳаммуассис бошанд.
 
Моддаи 23. Захираҳои молиявии муассисаҳои фарҳанг
Муассисаҳои фарҳанг хароҷоти худро аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон), даромадҳои фаъолияти худ, даромадҳо ва воридоти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат медиҳад, мепӯшонанд.
Фаъолияти муассисаҳои давлатии фарҳанг аз тарафи муассисон дар асоси шартномаҳо ва на камтар аз меъёрҳои молиявии муқарраршудаи давлатӣ оид ба ҳар як навъу намуди муассисаҳои фарҳанг маблағгузорӣ мешавад. Маблаѓҳое, ки аз сарчашмаҳои дигар ворид мешаванд, боиси кам шудани меъёр ва ҳаҷми мутлақи маблаѓгузорӣ намегарданд.
Фаъолияти муассисаҳои ғайридавлатии фарҳанг дар асоси шартномаҳои байни муассис (муассисон) ва муассисаҳои фарҳанг маблағгузорӣ мешаванд.
Ҳуқуқи муассисаҳои фарҳанг ба гирифтани хайрия (ҳадя, ёрии пулӣ) аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ, инчунин аз ташкилотҳои байналмилалӣ маҳдуд карда намешавад.
Маблағҳо мувофиқи оинномаи муассисаҳои фарҳанг истифода мешаванд. Маблағҳои дар давоми давраи ҳисоботӣ истифоданашуда аз муассисаҳои фарҳанг пас гирифта ва ё ба ҳисоби соли оянда гузаронида намешаванд.
 
Моддаи 24. Фаъолияти соҳибкории муассисаҳои давлатии фарҳанг
Муассисаҳои давлатии фарҳанг дар доираи оинномаи худ ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳақ доранд.
Ба фаъолияти соҳибкории муассисаҳои давлатии фарҳанг инҳо дохил мешаванд:
-  савдои молҳо ва таҷҳизот;
-  хизмати миёнаравӣ;
- ҳиссагузорӣ дар фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташки­лотҳои тиҷоратӣ (аз ҷумла фарҳанг);
- харидани саҳмияҳо, вомбаргҳо, коғазҳои арзишноки дигар ва ба тавассути онҳо ба даст овардани фоида -  дивидендҳо, фоизҳо.
Ба фаъолияти соҳибкори машгул шудани муассисаҳои фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
 
Моддаи 25. Сиёсати инвеститсионӣ дар соҳаи фарҳанг
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғанӣ гардондан ва инкишоф додани заминаи моддӣ-техникии фарҳанг ба маблағгузории давлатии фарҳанг афзалият дода мешавад.
Тақсимоти маблағҳои асосӣ ба объектҳои таъиноти фарҳангӣ аз тарафи мақомоти марбутаи идораи давлатӣ дар асоси муҳокимаи кушод ва ошкори шаклҳои алтернативӣ муайян карда мешавад.
Барои сохтмони муассисаҳои нави фарҳанг дар навбати аввал қитъаҳои замин ҷудо карда мешавад.
(Қисми сеюми моддаи 25 хориҷ карда шуд Қонуни ҶТ аз 28.06.11с., №734)
 
Моддаи 26. Инкишофи фарҳанг дар деҳот
Дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлат ба намудҳои мухталифи фаъолияти фарҳангӣ, ташкили муассисаҳои фарҳанг ва корҳои мансуб ба беҳбудии муҳити эстетикӣ ва такмили фаъолияти фарҳангӣ таваҷҷуҳи афзалиятнок дода мешавад.
 
Моддаи 27. Таъмини моддию техникии муассисаҳои фарҳанг
Ба таъминоти афзалиятноки моддию техникӣ дар навбати аввал муассисаҳои фарҳанг, махсусан муассисаҳои хизматрасонии кӯдакон ва наврасон ҳуқуқ доранд.
Истифодаи заминаи моддию техникӣ ва молу мулки муассисаҳои фарҳанг берун аз таъинот манъ аст.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ эҳтиёҷотро ба маводи барои татбиқи барномаҳои минтақавии ҳифз ва инкишофи фарҳанг, сохтмон ва тармими объектҳои пурқимати фарҳангӣ, дастгирии давлатии фаъолияти муассисаҳои фарҳангро мутобиқи шартҳои таъмини эҳтиёҷоти давлатӣ ба маҳсулот таъмин менамоянд.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ сиёсати илмӣ-техникиро, ки ҷорӣ намудани техника ва технологияи навро дар фаъолияти муас­сисаҳои фарҳанг таъмин менамояд, таҳия ва татбиқ мекунанд, тавассути додани қарзҳо ва дигар воситаҳо иштироки ташкилотҳои ғайридавлатиро дар бунёди техника ва технологияи нав барои соҳаи фарҳанг ҳавасманд мегардонанд.
Таъминот ва инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои давлатии фарҳанг дар доираи маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои пулии муассисаҳои фарҳанг ба амал бароварда мешавад.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди зарурат вазифадоранд, ки ба муасси­саҳои фарҳанги тобеӣ худ дар ҳалли масъалаҳои таъмин ва тараққии заминаи моддию техникии онҳо ёрӣ расонанд.
Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва кормандони эҷодкор, коллективҳои эҷодӣ барои ташкили студияҳо, устохонаҳои бадеӣ, лабораторияҳо ва ҷойҳои дигари кории мавриди зарурати фаъолияти эҷодӣ биноҳоро барои истифода ё ба иҷора медиҳанд. Ҳаққи иҷора бояд аз ҳаҷми пардохти хизмати коммуналӣ зиёд набошад. Ба ихтиёри касе гузоштан ва ё ба мақсадҳои дигар истифода намудани ин биноҳо манъ аст.
 
Моддаи 28. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар соҳаи фарҳанг
Мақомоти роҳбарии ҳамаи сатҳҳо, муассисаҳои соҳаи фарҳанг мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисо­дии хориҷӣ» ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғул бошанд, аз номи худ бо ташкилотҳои фарҳангии хориҷӣ созишномаҳо ва дигар санадҳоро ба имзо расонанд.
Муассисаҳои фарҳанг фаъолияти иқтисодии хориҷии худро дар бобати фурӯши асарҳои санъат, маҳсули ҳунарҳои бадеии халқ, ашёҳои атика ва осори дигари фарҳанги мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд амалӣ намоянд.
Маблағҳои асъорӣ, ки аз фурӯши асарҳои санъати тасвирӣ, амалӣ-ороишӣ ва намудҳои дигари санъат, аз фаъолияти иҷрокунандагӣ дар давлатҳои хориҷӣ ба даст омада, дар асоси шартномаҳои тарафайн дар байни муаллифон, иҷрокунандагон ва миёнаравон тақсим карда шуда, аз он маблағҳо мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз ситонда мешавад.
Муассисаҳои фарҳанг метавонанд аз бонкҳои ватанию хориҷӣ қарз гиранд, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъор хариду фурӯш намоянд.
Сарватҳои фарҳангии дар осорхонаҳо, нигористонҳои (галереяҳои) асарҳои санъати тасвирӣ, китобхонаҳо, бойгониҳо ва дигар муассисаҳои давлатии фарҳанг маҳфузро ба бадали қарз барои истифодабарӣ додан ва ё ба гарав гузоштан манъ аст.
 
Моддаи 29. Муносибатҳои меҳнатӣ ва тарзҳои пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг
Муносибатҳои меҳнатии кормандони соҳаи фарҳанг аз рӯи қонунгузории амалкунанда дар бораи меҳнат танзим мегарданд.
Шакли асосии муносибатҳои меҳнатӣ бо кормандони эҷодӣ, роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои давлатии фарҳанг шартномаи меҳ­натӣ мебошад.
Андоза ва шартҳои пардохти музди меҳнати кормандони эчоди, мутахассисон ва роҳбарони соҳаи фарҳанг тибқи санадҳои меъерии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Андозаи музди хизмати муаллифӣ, тартиб ва мӯҳлати пардохти он дар шартнома бо муаллиф муайян карда мешавад.
Андозаи ҳадди ақали музди хизмати муаллифон ҳамзамон бо қурби (индексатсияи) андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо  дода меша­вад.
 
Моддаи 30. Ҳифзи иҷтимоии кормандони фарҳанг
Шаҳрвандоне, ки дар соҳаи фарҳанг ва санъат маълумоти махсус доранд, ҳангоми мавҷудияти шароити баробар ҳуқуқи афзалиятноки аз рӯи ихтисос ба кор қабул шудан доранд.
Иттифоқҳои эҷодӣ, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои касаба ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ бо мақсади ҳифзи иҷтимоии коркунони эҷодӣ метавонанд хадамоти шуғл, хазинаҳои махсус барои зиёд кардани андозаи ҷубронпулӣ оид ба бекорӣ ва дароз кардани мӯҳлати пардох­ти он таъсис диҳанд. Маблағҳоро ба ин хазинаҳо метавонанд мақомоти давлатӣ низ ирсол намоянд.
Таъмини нафақаи кормандони муассисаҳои фарҳанг, инчунин таъмини имтиёзҳо барои категорияҳои алоҳидаи кормандон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Аъзои иттифоқҳои эҷодӣ ва ассотсиатсияҳо, инчунин кормандони дигари эҷодӣ, ки узви иттифоқҳои эҷодӣ нестанд ва манбаи ягонаи даромадашон музди хизмати муаллифӣ ба шумор меравад, дар сурати супоридани суғуртапулӣ ба фонди нафақа мувофиқи собиқаи кор ҳуқуқи гирифтани нафақаро доранд.
Ба мутахассисони муассисаҳои фарҳанг, ки дар деҳот, шаҳракҳои коргарнишин ва типи шаҳрӣ ҷой гирифтаанд, имтиёзҳое дода мешаванд, ки ба коркунони маориф пешбинӣ шудаанд.
Барои хатмкардагони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси фарҳанг ва санъат ва дигар мутахассисоне, ки ба муассисаҳои фарҳангии деҳот ба кор омадаанд, тартиб ва шартҳои додани ҷубронпулии яквақта ба­рои ташкили хоҷагии шахсӣ, ки барои хатмкардагони мактабҳои олӣ ва техникумҳои кишоварзӣ муқаррар мегарданд, ҷорӣ карда мешаванд.
Ба кормандони муассисаҳои фарҳанг истифодаи бепули манзил, об, гармидиҳӣ, хизмати тиббӣ ва табобати ройгон, ба моликияти шахсӣ ройгон табдил додани манзили давлатӣ, барои сохтмони манзили шахсӣ ва харидани асбобҳои гаронбаҳо додани қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат кафолат дода мешавад.
Мақомоти ҳокимияти давлатй, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхоиаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятй метавонанд аз хисоби захираҳои дохилии худ барои кормандони соҳаи фарҳанг имтиёзҳои иловагиеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, муайян намоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
 
Моддаи 31. Мубодилаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ
Сиёсат ва афзалиятҳои робитаҳои байналмилалии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва созишномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо муайян мекунанд.
Самтҳои муҳими мубодилаи фарҳангии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
-  бунёди муштараки сарватҳои фарҳангӣ;
-  тармими ёдгориҳои нодири таъриху фарҳанг;
-  тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони фарҳанг;
-  офаридан ва татбиқи технологияи нав, воситаҳои техникӣ, таҷҳизот барои фаъолияти фарҳангӣ;
-  мубодилаи усули кор, маводи таълим, китобҳои дарсӣ, барномаҳо ва воситаҳои таълим.
 
Моддаи 32. Ҳамкории фарҳангӣ бо ҳамватанони хориҷи кишвар
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанони берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва ворисони онҳо иртибот барқарор намуда, барои бунёди марказҳо, муассисаҳои рушди соҳаи фарҳанг, хазинаҳои махсус ёрӣ расонида, чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ гузаронида, ба тараққиёти фарҳанг дар хориҷа мусоидат мекунад. Давлат барои бозгаштани ходимони ба хориҷа рафтаи фарҳанг шароит фароҳам меоварад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри инкишофи фаъолияти фарҳангии тоҷикони бурунмарзӣ созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо мерасонад.
 
Моддаи 33. Сарватҳои бурунмарзии фарҳангӣ ва таърихи халқи тоҷик
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати баргардондани сарватҳои фарҳангие, ки ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар бурда шудаанд, сиёсати мақсаднок мегузаронад.
Сарватҳои фарҳангии ғайриқонунӣ ба хориҷа бурдаро, ки муқаддасоти фарҳангии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гаштаанд, новобаста аз ҷои ҳозираи нигаҳдорӣ, вақт ва шароити баровардан зарурати ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгардонӣ доранд.
Давлат дар бобати ҳифзи сарватҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаҳдории оромгоҳҳои ҳамватанон, ки дар кишварҳои хориҷӣ мавҷуданд, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
 
Моддаи 34. Марказҳои фарҳангӣ дар хориҷа
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа марказҳои фарҳангӣ таъсис медиҳад ва бо ҳамкории дигар давлатҳо фаъолияти онҳоро ба роҳ мемонад, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқй барои ба мақсадҳои фарҳангӣ истифода бурдани моликияташон шароитҳо муҳайё месозад.
 
Моддаи 35. Иштирок дар ташкилотҳои байналмилалии фарҳанг
Таъсиси шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи фарҳанг ва филиалу намояндагиҳои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалй карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳуқуқи ба ташкилотҳои байналмилалии фарҳанг дохил шудан доранд.
Ташкилотҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар сафҳои худ аъзои хориҷиро муттаҳид намоянд ва ҳуқуқ доранд маблағҳои кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони алоҳидаро истифода баранд.
 
Моддаи 36. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 5.08.09, № 544)
 
 
       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                           Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  13 декабри соли 1997
№ 519
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»
 
(Ахбори  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  1997, № 23-24, мод. 353)
 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузорӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои худро бо Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                  С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе  13 декабри соли 1997
№ 520
 

ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 09:43
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
464
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
16.05.1997
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ
(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод. 160;
с. 2002, №4, қ. 1, мод. 167; с. 2003, №12, мод. 699; с. 2009, №3, мод. 90; с. 2016, №7, мод. 630;
Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 с., №1402; аз 28.01.2020 с., №1686)
 
 
Моддаи 1. Муқаррароти умумӣ
Қонуни мазкур муносибатҳои байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар рафти хусусигардонии моликияти давлатӣ танзим менамояд(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
 
Моддаи 2. Хусусигардонии моликияти давлатӣ
                     (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
Хусусигардонии моликияти давлатӣ – фаъолияти аз тарафи давлат  мувофиқи  тартиби муқаррарнамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда оид ба додани молу мулки таҳти моликияти давлатӣ қарордошта ба моликияти хусусии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ
                      (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъё­рииҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
Хусусигардонии моликияти давлатӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Қонуни мазкур танзим мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
 
Моддаи 4. Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардонӣ
Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардонӣ аз инҳо иборатанд:
қонунӣ будан;
ошкор будан;
баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани ҳиссаи амволе, ки бояд хусусӣ гардонида шавад;
рақобат;
ворисияти ҳуқуқӣ ва масъулияти байниҳамдигарии тарафҳо.
 
Моддаи 5. Мақомоте, ки аз тарафи давлат дар соҳаи хусусигардонӣ ваколатдор шудаанд                                    
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ инҳо мебошанд:
дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ  - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар мавриди моликияти Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо – Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳияти худ, - Раисони Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
                          
Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хусусигардонӣ                                           
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ:
татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ таъмин менамояд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
идоракунии раванди хусусигардонии моликияти давлатиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
барномаи хусусигардонии моликияти давлатиро тасдиқ мекунад;
тартиб ва усулҳои муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашавандаро тасдиқ менамояд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
оид ба масъалаҳои хусусигардонӣ қарорҳои дахлдор  қабул мекунад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба тартиби муқарраркардаи қонун як қисми ваколатҳои худро дар соҳаи хусусигардонӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд.
 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ
                      (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
Ваколатҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар соҳаи хусусигардонӣ, ки аз моддаи 5 Қонуни мазкур бармеоянд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
 
Моддаи 8. Объектҳои хусусигардонӣ
Объектҳои хусусигардонӣ инҳо мебошанд:
а) тамоми намудҳои амволи корхонаҳои давлатӣ, ки барои фаъолияти онҳо таъмин шудаанд, инчунин ҳуқуқи заминистифодабарӣ дар қитъаҳои замине, ки онҳо дар он ҷо воқеанд, ҳуқуқи талабкунӣ, қарзҳо, ҳуқуқҳои истисноӣ, ки ба корхона ҳамчун ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқ доранд;                                       
б) бахшҳо ва воҳидҳои сохтории истеҳсолӣ ва uайриистеҳсолии корхонаи давлатӣ ҳамчун маҷмeи амволе, ки хусусигардонии онҳо силсилаи ягонаи технологиро вайрон намекунад;
в) амволи алоҳидаи (ҷудо кардашуда, ки махсус барои хусусигардонӣ пешбинӣ шудаанд) корхонаи давлатӣ;
г) саҳмияҳои ташкилоту корхонаҳои марбути давлат.
Амволи давлатӣ аз лаҳзаи қабул шудани қарор аз тарафи мақоми давлатии дар моддаи 5 Қонуни мазкур зикршуда оид ба хусусигардонии он ба объекти хусусигардонӣ табдил меёбад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
 
Моддаи 9. Объектхое, ки хусусӣ гардонида намешаванд
Объектҳое, ки мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии  давлатӣ мебошанд, ҳамчунин объектҳои мероси таърихӣ ва сарвати миллӣ, биноҳо ва иншооти мақомоти давлатӣ, системаҳои оби нeшокӣ, корхонаҳои мудофиа  корхонаҳо оид ба нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, инчунин амволи нерўгоҳи барқи обии «Норак»  хусусӣ гардонида намешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с №497; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402; аз 28.02.20 с., №1686)
Хусусигардонии объектҳое, ки фаоълияти иқтисодиёти шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъмин мекунанд: иншооти комплекси сeзишворию энергетикӣ; иншооти хоҷагии об (ба истиснои системаҳои обрасонии оби нeшокӣ), роҳҳои оҳан ва роҳҳои автомобилгард, шабакаҳои алоқа; объектҳои нигаҳдории тандурустӣ ва маориф бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Номгeи объектҳоеро, ки мутобиқи Қонуни мазкур хусусӣ гардонида намешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
Объектҳои пешбининамудаи моддаи 8 ва қисми дуюми моддаи мазкур, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудаанд, дар давраи амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, хусусӣ гардонида намешаванд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1352).
 
Моддаи 10. Субъектҳои хусусигардонӣ
Ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ субъектҳои хусусигардонӣ мебошанд.
Ашхоси ҳуқуқие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд аст, субъектхои хусусигардонӣ буда наметавонанд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
Тартиби ширкати ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷиро дар хусусигардонии моликияти давлатӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 11. Шаклҳо ва шартҳои хусусигардонӣ
Хусусигардонӣ ба шаклҳои зерин сурат мегирад:
а) ба савдо гузошта фурeхтан;
б) аз рeи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ дар асоси озмун.
Муайян намудани шаклҳо ва шартҳои хусусигардонӣ, тартиби гузаронидани савдо, ҳамчунин тасдиқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
 
Моддаи 12. Ба савдо гузошта фурeхтани объектҳои хусусигардонӣ
Савдо ба намуди музояда ё тендер гузаронида мешавад.
То гузаронидани савдо фурeшанда вазифадор аст бо талаби харидор ба e оиди объекте, ки хусусӣ гардонида мешавад, маълумоти пурра диҳад.
 
Моддаи 13. Лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ
Объектҳои махсусан муҳим ва муҳим, ки номгeи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, мувофиқи лоиҳаҳои инфидорӣ хусусӣ гардонида мешаванд.
Лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ аз инҳо иборат аст:
1) таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва қобилияти рақобати объект;
2) муайян намудани арзиши маҷмeи амволии он;
3) муайян намудани андозаи маҷмeи давлатии саҳмияҳои фурeхташаванда;
4) низоми дигаргуниҳои пешниҳодшавандаи ташкилию сохторӣ, технологӣ ва таuйироти дигари объект;
5) интихоби намуди хусусигардонӣ.
Иҷрои табиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардониро баъди тасдиқи он Комиссияи ҷумҳуриявии хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ аз рeи лоиҳаҳои инфиродӣ амалӣ мегардонад. Рафти иҷрои талаботи шартномаи хариду фурeши объектҳои моликияти давлатиро мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.
 
Моддаи 14. Коuазҳои қиматноки хусусигардонӣ
Бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ ва шароити ибтидоии баробар барои ширкат дар хусусигардонӣ ба шаҳрвандон ҷуброн намудани саҳми онҳо дар таъсиси амволи давлатӣ аз коuазҳои қиматноки хусусигардонӣ истифода бурда мешавад, ки онҳо барои соҳибонашон ба ҳиссаи муайяни моликияти давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд.
Шароити барориш тартиби муомилот ва истифодаи қоuазҳои қиматноки хусусигардонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
 
Моддаи 141. Фурўши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта дар сармояи оинномавӣ
Фурўши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии зерин дар асоси озмун мутобиқи  лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ анҷом дода мешавад:
- ҷамъиятҳои саҳомие, ки хусусигардонии онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;
- ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок ё инҳисориро (монополиро) ишѓол мекунанд;
- ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Хусусигардонии ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд, бо шарту ўҳдадориҳои муайяни сармоягузорӣ ва ё иҷтимоие, ки бояд аз ҷониби харидор иҷро карда шаванд, амалӣ карда мешавад.
Фурўши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии кушода дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки ҳаҷми  саҳмияҳои харидашаванда ба харидор имконияти идораи самараноки ҷамъияти саҳомиро таъмин намояд, ки барои иҷрои ўҳдадориҳои тибқи шартҳои озмун қабулкарда зарур аст. (ҚҶТ аз 26.03.09с №497).
 
Моддаи 142. Ҳуқуқи махсус («саҳмияи тиллоӣ»)
Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муҳими стратегии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳомӣ  ва ё қабули  қарор оид ба фурўши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои  саҳомӣ метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ нисбати онҳо оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи  зикргардида қарор қабул намояд  (ҳуқуқҳои махсус – «саҳмияи тиллоӣ»).
Номгўи ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки дар онҳо ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тилоӣ») татбиқ мегарданд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули қарор оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») намояндаи  худро дар Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомии кушода таъин менамояд ва ин ҳуқуқ бояд дар Оинномаи ҷамъияти саҳомии дахлдор пешбинӣ карда шавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
Ҷамъияти  саҳомие, ки нисбати он қарор дар бораи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») қабул гардидааст, ўҳдадор аст, ки дар бораи мўҳлати баргузории маҷлиси умумии саҳмиядорон ва рўзномаи он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи давлатро хабардор намояд.
Ҳуқуқҳои  махсус («саҳмияи тиллоӣ») ба дорандаи худ – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти қабули қарори маҷлиси умумии саҳмиядорон  ҳуқуқи манъкуниро нисбат ба ҳалли чунин масъалаҳо медиҳад:
- оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва ё тасдиқи Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дар таҳрири нав;
- оид ба азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;
- оид ба барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;
- оид ба бастани аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки нисбати онҳо манфиатдорӣ дар анҷоми аҳд вуҷуд дорад  ва тибқи Оиннома розигии маҷлиси умумии саҳмиядоронро талаб менамоянд;
- дар ҳолати қабули қарорҳое, ки барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ  аҳамияти калон доранд.
Мақоми ваколатдор, ки давлатро муаррифӣ менамояд, ҳуқуқ дорад аз нигоҳдорандаи феҳристи коѓазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомӣ, ки  дар он давлат ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») дорад, дар бораи номгўи соҳибмулкони коѓазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомии дар феҳристи мазкур бақайдгирифташуда оид ба миқдор, намуд ва арзиши номиналии коѓазҳои қиматнок маълумот гирад.
Қарор оид ба қатъи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи  тиллоӣ») аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») то қабули қарор оид ба қатъи он амал менамоянд.
Дар як вақт вобаста  намудани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ ба моликияти давлатӣ ва нисбати ҳамин ҷамъияти саҳомӣ истифода бурдани ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») манъ аст. Ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки нисбати онҳо қарор оид ба истифодаи ҳуқуқи мазкур қабул гардидааст, иваз карда намешаванд.  (ҚҶТ аз 26.03.09с №497).
 
Моддаи 15. Пайдоиши ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда
Ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда аз лаҳзаи ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайди давлатӣ гирифта шудани ҳуқуқи моликият эътибор пайдо мекунад.
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба маҷмeи амвол Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқи моликият, ки онро идораи нотариати давлатии маҳали ҷойгиршавии объекти фурeхташуда медиҳад, ба ҳисоб меравад.
Ҳуҷҷати тасдиқкукнандаи ҳуқуқи моликият ба саҳмияҳои фурeхташуда Шаҳодатнома дар бораи соҳибии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба ҳисоб меравад, ки онро мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шуда оид ба пешбурд ва нигоҳдошти феҳрасти дорандагони коuазҳои қиматнок медиҳад.
 
Моддаи 16. Маблаuҳои аз хусусигардонӣ воридшаванда
Маблаuҳои аз хусусигардонӣ ба дастомада бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд.
Қисме аз маблаuҳои аз ҳисоби иҷрои амволи давлатӣ ва дивидентҳои пакети давлатии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба даст омада бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳои функсионалӣ ва беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ метавонанд ба ихтиёри мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монда шаванд. Ҳаҷм ва тартиби истифодаи ин маблаuҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 161. Иттилоот дар хусуси ҷараёни хусусигардонӣ
Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар хусуси ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма иттилоот паҳн намояд.
 
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
                      (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
Барои вайрон кардани Қонуни мазкур  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1402)
 
 
      Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Э. РАҲМОНОВ
 
ш. Душанбе, 16 май соли 1997                            
№464                                                              
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  1997, №10, мод. 161)
 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» аз лаҳзаи нашри расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунҳои ҷорӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              С. РАҶАБОВ
 
ш. Душанбе, 16 май соли 1997
№465
 
 
 
 
 
 

ДАР БОРАИ ХАЗИНАИ БОЙГОНИИ МИЛЛӢ ВА МУАССИСАҲОИ БОЙГОНӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 09:47
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
704
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.11.1998

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ХАЗИНАИ БОЙГОНИИ МИЛЛӢ ВА МУАССИСАҲОИ БОЙГОНӢ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763, аз 24.12.2022 № 1942)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, ҳифз, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, назорат ва тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешбурди коргузорӣ ва идоракунии давлатии фаъолияти бойгониро танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1942).

Моддаи 1. Хазинаи бойгонии милли

Хазинаи бойгонии миллӣ қисми таркибии осори таърихӣ ва фарҳангии ватанию ҷаҳонӣ, ҳамчунин захираи иттилоотии ҷомеа буда, ба таркиби он, сарфи назар аз навъ, ҷои таъсис ва шакли моликият маҷмӯи ҳуҷҷатҳое дохил мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он маҳфуз мебошанд ва таърихи ҳаёти маънавию моддии халқҳоро инъикос намуда, арзиши илмӣ, таърихию фарҳангӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Хазинаи бойгонии милли таҳти муҳофизати давлат қарор дошта, барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иттилооти, иҷтимоию фарҳанги, илми ва эҳтиёҷоти дигари ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон муқаррар гардидааст. Давлат шароит барои нигоҳдорӣ, ҳифз, ғанигардони ва истифодабарии Хазинаи бойгонии миллиро кафолат дода, ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи ҷаҳони дар рушди кори бойгони мусоидат менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Моддаи 1(1). Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 763)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-бойгонӣ - муассисаи бойгонӣ ё воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилот, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро ба амал мебарорад;

-ҳуҷҷати бойгонӣ - ҳуҷҷати дорои моҳияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, новобаста ба шакли маълумот, инчунин ҳуҷҷати дорои арзиши таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ва фарҳангӣ, ки нигоҳдорӣ карда мешавад;

-ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир - ҳуҷҷати нодир ё махсусан арзишдори бойгонӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳи ёдгориҳои ҳуҷҷатӣ дохил карда шудааст;

-хазинаи бойгонӣ - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бойгонии як ташкилот ё шахси алоҳида;

-кори бойгонӣ - фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳо бойгонӣ;

-нигоҳдории муваққатии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ то мӯҳлати нобудкунии онҳо, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст;

-нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - нигоҳдории бемӯҳлат (доимӣ);

-молики ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибӣ, ихтиёрдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро доранд;

-муассисаҳои бойгонӣ - бойгониҳои давлатӣ, бойгониҳои соҳавӣ, бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 763, аз 24.12.2022 № 1942).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 24.12.2022 № 1942).

Моддаи 3. Бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли

Бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли аз ҷониби Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои бойгонии ваколатдорнамудаи он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Моддаи 4. Ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир

Ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир он санади Хазинаи бойгонии милли ба ҳисоб мераванд, ки дорои арзиши хосаи таърихию фарҳанги мебошанд.

Тартиби ба ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир мансуб донистани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, инчунин нигоҳдории онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир бояд ба таври ҳатми суғурта кунонида шаванд.

Шахсоне, ки ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодирро нигоҳ медоранд, ҳуқуқ доранд ба муассисаҳои бойгонии давлати имконияти тайёр кардан ва истифода бурдани нусхаҳои эҳтиётии ин ҳуҷҷатҳоро диҳанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Моддаи 5. Ба Хазинаи бойгонии милли мансуб донистани ҳуҷҷатҳо

Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ таҳти баҳисобгирии ҳатмии давлат қарор доранд. Ворид намудани ҳуҷҷатҳо ба Хазинаи бойгонии миллӣ ё аз он хориҷ кардани ҳуҷҷатҳо дар асоси экспертизаи арзиши онҳо бо тартиби муайяннамудаи Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Баҳсҳои байни муассисаҳои бойгони ва молики ҳуҷҷатҳо дар бораи масъалаҳои ба Хазинаи бойгонии милли ворид намудани ҳуҷҷатҳо ё аз он хориҷ кардани ҳуҷҷатҳо бо тартиби суди ҳал карда мешаванд.

Моддаи 6. Низоми муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 763)

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 763)

Низоми муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 763):

Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763);

бойгониҳои марказии давлати;

бойгониҳои соҳавии давлати;

муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлати;

бахшҳои бойгонии муассисаҳои илми, осорхона ва китобхонаҳои давлати;

бахшҳои бойгонии мақомоти давлати, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлати;

бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати.

Моддаи 7. Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763)

Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Мақоми ваколатдори бойгони) Мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи давлатии махсус ваколатдоргардидаест, ки кори бойгониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идора менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Ба зиммаи Мақоми ваколатдори бойгони назорат ва таъмини меъёрию методии пешбурди коргузори ва кори бойгони дар мақомоти давлати, корхона, муассиса ва ташкилот новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Низомномаи Мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Моддаи 8. Бойгониҳои марказии давлати

Бойгониҳои марказии давлати барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонии аҳамияти умумидавлати дошта мутобиқи соҳаи худ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. Онҳо дар соҳаи кори бойгони марказҳои илмию методи ба ҳисоб мераванд.

Низомномаи бойгониҳои марказии давлатиро Мақоми ваколатдори бойгони тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Моддаи 9. Бойгониҳои соҳавии давлати

Бойгониҳои соҳавии давлати бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои геологи, метеорологи, картографи ва дигар навъҳои махсуси ҳуҷҷатҳои бойгони, ки шароити хосаи нигоҳдори ва истифодабариро талаб менамоянд, таъсис дода мешаванд.

Низомномаҳои бойгониҳои соҳавии давлатиро Мақоми ваколатдори бойгони тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Моддаи 10. Муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлати

Ба муассисаҳои маҳаллии бойгонии давлатӣ шӯъбаҳои бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, ки дар ҳудуди дахлдор фаъолияти бойгонидориро идора менамоянд ва бойгониҳои давлатии вилоятҳо ва филиалҳои онҳо, филиалҳои Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд, тааллуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 24.12.2022 № 1942).

Низомномаи намунавии муассисаҳои маҳаллии бойгониҳои давлатиро Мақоми ваколатдори бойгони тасдиқ менамояд Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Моддаи 11. Бахшҳои бойгонии муассисаҳои илми, осорхона ва китобхонаҳои давлати

Муассисаҳои илми, осорхона ва китобхонаҳои давлати ҳуқуқ доранд барои нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонии дар анборҳои ин муассисаҳо ҷамъшуда шӯъбаҳои дастхатҳо ва дигар бахшҳои сохтори таъсис диҳанд, инчунин хазина ва коллексияҳои худро бо ҳуҷҷатҳои соҳави пурра созанд.

Низомномаи бахшҳои зикргардидаи бойгониҳоро муассисаҳои илми, осорхона ва китобхонаҳои давлатии дахлдор бо мувофиқаи Мақоми ваколатдори бойгони тасдиқ менамоянд Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Моддаи 12. Бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати

Мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ барои нигохдории муваққатии ҳуҷҷатҳои бойгони, истифодаи онҳо бо мақсадҳои хизмати, истеҳсоли, илми, инчунин барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бахшҳои бойгони таъсис медиҳанд. Шахсони зикргардидаи ҳуқуқи ӯҳдадоранд ҳуҷҷатҳои қонунгузории ҷориро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Мақоми ваколатдори бойгони ба бахшҳои бойгонии худ супоранд Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Мӯҳлати нигоҳдории муваққатии ҳуҷҷатҳоро дар бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати бо тартиби муқаррарнамудаи Мақоми ваколатдори бойгони, бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти мақомот, корхона, муассиса ё ташкилоти давлатии дахлдор муайян менамояд Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати ӯҳдадоранд пас аз гузаштани мӯҳлати нигоҳдории соҳавии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, аз ҷумла аксу овоз ва синамо онҳоро барои нигоҳдории доими ба муассисаҳои маркази, соҳави ё маҳаллии бойгонии давлати супоранд.

Низомномаи намунавии бахшҳои бойгонии мақомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати аз ҷониби мақоми ваколатдори бойгони тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Моддаи 13. Бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 763)

Иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати метавонанд барои нигоҳдории доими ё муваққатии ҳуҷҷатҳояшон бойгониҳо (бахшҳои бойгони) таъсис диҳанд.

Низомномаи намунавии бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати аз ҷониби Мақоми ваколатдори бойгони тартиб дода мешавад Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Моддаи 14. Барҳамдиҳи ва боздоштани фаъолияти муассисаҳои бойгони

Муассисаҳои бойгонӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Фаъолияти муассисаҳои бойгоние, ки бе осеб нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро таъмин намекунанд ё талаботи бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳоро вайрон мекунанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Моддаи 15. Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли

Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли метавонанд моликияти давлати, коллективи, хусуси ва ғайра бошанд. Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Молик ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро бо дарназардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин модда соҳиби, истифода ва ихтиёрдори менамояд. Молики ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли ҳуқуқ, надорад онҳоро нобуд созад.

Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки моликияти давлати мебошанд, наметавонанд объекти ғайридавлати ва хусусигардони, хариду фурӯш ё муомилоти дигари вобаста ба додани ҳуқуқи моликият бошанд ва танҳо барои истифода дода мешаванд.

Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки моликияти давлати намебошанд, бо огоҳии Мақоми ваколатдори бойгони ё муассисаҳои бойгонии ваколатдорнамудаи он дода мешаванд. Дар сурати фурӯхта шудани ин ҳуҷҷатҳо давлат барои бо нархи фурӯш харидори намудани онҳо ҳуқуқи афзалиятнок дорад. Шартҳои хариду фурӯш бояд барои ҳамаи харидорон баробар бошанд Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Ҳуҷҷатҳои бойгонии милли ба хориҷиён фурӯхта намешаванд.

Молики ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки ба таври зарури бе осеб нигоҳ доштани онҳоро таъмин намекунад, суд метавонад бо ҳалномаи худ ин ҳуҷҷатҳоро бо пардохти маблағ ба фоидаи Мақоми ваколатдори бойгони мусодира намояд Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Моддаи 16. Таъмини беосебнигоҳдории Хазинаи бойгонии милли

Моликони ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли ӯҳдадоранд бе осеб нигоҳ доштани онҳоро бо тартиби пешбининамудаи Мақоми ваколатдори бойгони таъмин намоянд Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Ҳамаи дорандагони бойгониҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ҳуқуқ, надоранд ҳуҷҷатҳоро бе мувофиқаи Мақоми ваколатдори бойгони нобуд созанд Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Моддаи 17. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1942)

Мӯҳлати ниҳоии нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Моддаи 18. Имконияти дастрас намудани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли

Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли аз лаҳзаи ворид шуданашон барои нигоҳдори ба муассисаҳои бойгони барои истифода дода мешаванд.

Таъсис додани бойгониҳои пинҳони ё бо роҳи дигар махфи тайёр кардани маълумот дар бораи ҷойҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки моликияти давлат мебошанд, манъ аст.

Ҳамаи шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли ё нусхаҳои онҳоро истифода баранд.

Шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд тибқи шартҳое, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст, аз ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Моддаи 19. Маҳдудсозии имконияти дастрас намудани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли дар муассисаҳои бойгонии давлати

Мақоми ваколатдори бойгони ҳуқуқ дорад истифодаи ҳуҷҷатҳои нодирро бо мақсади таъмини бе осеб нигоҳ доштани онҳо маҳдуд созад ва нусхаҳои ин ҳуҷҷатҳоро барои истифода диҳад Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Ба шахсоне, ки ҳуҷҷати тасдиқгардидаро барои зарурати истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгони надоранд, нусхаҳои онҳо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Ба манфиати ҳифзи сирри давлати ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, ки дар ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли маҳфуз мебошанд, муассисаи бойгонии давлати мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонун истифодаи ин ҳуҷҷатҳоро маҳдуд месозад.

Иҷозати истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки мазмуни онҳо ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дахл дорад, бо розигии ин шаҳрвандон ё намояндагони қонунии онҳо дода мешавад.

Дар сурати ба муассисаҳои давлати додани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки пештар моликияти коллективи ё хусуси буданд, шартҳои истифодаи минбаъдаи онҳо бо моликони пештара мувофиқа кунонида мешаванд. Тартиби зикргардида метавонад ҳамчун дар ҳолатҳои ба нигоҳдории давлати додани ҳуҷҷатҳо бидуни тағйир додани ҳуқуқи моликият ба онҳо муқаррар карда шавад.

Моддаи 20. Маҳдудсозии имконияти дастрас намудани ҳуҷҷатҳои хазинаи бойгонии милли дар бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати

Бойгониҳои (бахшҳои бойгонии) иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои ғайридавлати ҳуқуқ доранд имконияти дастрас намудани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро бо мақсади таъмини бе осеб нигоҳ доштани онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои моликони ҳуҷҷатҳо ё дигар шахсони манфиатдор ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо огоҳонии Мақоми ваколатдори бойгони маҳдуд созанд Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 2.08.2011 № 763).

Моддаи 21. Тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли

Тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки таҳти нигоҳдории давлат қарор доранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли, ки дар бойгониҳои ғайридавлатӣ ва идоравӣ маҳфуз мебошанд, аз ҷониби моликони ҳуҷҷатҳо бо мувофиқаи Идораи кулли бойгони муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Моддаи 22. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, баровардани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

Моддаи 22(1). Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Мақомоти ваколатдор, муассисаҳои бойгонӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомот ва муассисаҳои бойгонии хориҷӣ ҳамкориҳои байналмилалиро метавонанд ба роҳ монанд, агар ин ҳамкориҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Моддаи 23. Маблағгузори ва таъмнноти моддию техникии муассисаҳои бойгони

Маблағгузории муассисаҳои давлатии бойгони аз ҳисоби буҷети дахлдор ва воситаҳои худи, муассисаҳои бойгонии дигар бошад - аз ҳисоби маблағҳои муассисони онҳо сурат мегирад.

Таъминоти моддию техникии муассисаҳои бойгони ба зиммаи моликони онҳо гузошта мешавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ӯҳдадоранд муассисаҳои бойгониеро, ки ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллиро нигоҳ медоранд, бо иморат, таҷҳизоти техники ва захираҳои моддии дахлдор таъмин созанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484).

Мақомот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлати ҳангоми лоиҳакаши ва сохтмони биноҳои умуми ӯҳдадоранд барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милли иншооти ба талаботи бе осеб нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо мувофиқбударо пешбини намоянд.

Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1942)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 484, аз 24.12.2022 № 1942).

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Э.Рахмонов

ш.Душанбе 

 13 ноябри соли 1998 № 704

ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ САВДОИ САНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 09:50
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
603
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.05.1998

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, №10, мод. 100)

 

Ҳамин Қонун асосҳои умумии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии  Тоҷикистонро муайян мекунад, усулҳои муносиботи мутақобилаи онро  бо давлат муқаррар менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳуми Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Палата) ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошад ва корхонаҳо ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳид месозад.

Палатаи савдои  саноатӣ ҳамчун ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ фаъолияти хоҷагидории худро танҳо вобаста бо иҷрои вазифаҳои оинномавии худ анҷом медиҳад ва фоидаи бадастомадаро дар байни аъзои худ тақсим намекунад.

Палатаи савдои саноатӣ шахси ҳуқуқӣ мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи савдои саноатӣ

 

Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи савдои саноатӣ  аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

Амали ин Қонун ба аъзои  Палатаи савдои саноатӣ ҳангоми анҷом  додани фаъолияте, ки бо узвият дар Палатаи савдои саноатӣ вобаста намебошад, татбиқ намегардад.

Номи «Палатаи савдои саноатӣ» ва ибораҳое, ки  дар асоси он сохта шудаанд, танҳо дар номи ташкилотҳое истифода шуда метавонанд, ки аз тарафи  Палата мутобиқи муқаррароти ҳамин Қонун таъсис дода шудаанд.

Дигар ташкилотҳо ҳақ надоранд, ки дар номҳои худ ибораҳои «палатаи савдои саноатӣ», «палатаи савдо», «палатаи саноат»-ро истифода намоянд ва онҳо набояд бо номҳое, ки ин калимаҳоро дар ҳамин гуна  ибораҳо дарбар мегиранд, ба қайди давлатӣ  гирифта шаванд.

 

Моддаи 3. Мақсадҳо ва вазифаҳои асосии Палатаи савдои саноатӣ

 

1. Палатаи савдои саноатӣ фаъолияти худро бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамгироии  он ба низоми хоҷагидории ҷаҳонӣ, ташаккули зербинои муосири муносибатҳои бозаргонӣ, ба вуҷуд овардани шароити  мусоид барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, танзими муносиботи соҳибкорон бо шарикони иҷтимоии онҳо, тараққии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ  ва илмию техникии соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони кишварҳои хориҷӣ анҷом медиҳад.

Палатаи савдои саноатӣ вазифаҳои асосии зеринро иҷро мекунад:

- ба корхонаҳо, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо кўмак мерасонад, онҳоро намояндагӣ мекунад ва манфиатҳои онҳоро оид ба масъалаҳое, ки ба анҷом  додани фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумла дар  хориҷа вобастаанд, ҳимоя менамояд;

- дар асоси  шартномаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои асоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистонро дар соҳаи тиҷорати байналхалқӣ, моликияти саноатӣ ва зеҳнӣ амалӣ мегардонад;

- ба рушди ҳамаи навъҳои фаъолияти соҳибкорӣ, бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳои хоҷагии халқ ва корхонаҳо мусоидат мерасонад;

- муносибати мутақобиларо дар байни субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамкории мутақобилаи  онҳоро бо давлат дар симои мақомоти он, ҳамчунин шарикони иҷтимоӣ ташкил мекунад;

- вазифаҳои  намояндагии аъзои Палатаро дар ташкилотҳои байналхалқии тиҷоратӣ, молиявӣ ва дигар созмонҳои иқтисодӣ анҷом  медиҳад;

- ба инкишофи низоми таҳсилот ва тарбияи кадрҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мерасонад, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ дар ин соҳа ширкат менамояд;

- ба соҳибкорон, иттиҳодияҳо, иттифокҳо, ассоциацияҳои онҳо хизматҳои иттилоотӣ мерасонад, ба ташкили зербинои хизматрасонии иттилоотии соҳибкорӣ мусоидат мекунад;

- ба рушди содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои ватанӣ  аз ҷумҳурӣ мусоидат мекунад, ба корхонаҳо ва соҳибкорони  Тоҷикистон дар гузаронидани амалиёт дар бозори  берунӣ ва аз худ  кардани шаклҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ кўмаки амалӣ мерасонад;

- ҳайатҳои  хориҷӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорон ва миссияҳоро қабул мекунад, ба ҷустуҷўи шарикон ва барқарор намудани робитаҳои корӣ мусоидат мерасонад, ҳамчунин барои соҳибкорони  Тоҷикистон, ки ба дигар кишварҳо мераванд, чунин вазифаҳоро иҷро мекунад;

- оид ба масъалаҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ хизматҳои иттилоотию машваратӣ мерасонад;

- дар байни соҳибкорони Тоҷикистон ва шарикони хориҷӣ  вазифаҳои миёнаравиро анҷом медиҳад;

- бо  палатаҳои савдо ва дигар ташкилотҳои ҳаммонанд дар хориҷа робитаҳо барқарор мекунад ва онҳоро инкишоф медиҳад, бо палатаҳо ва ташкилотҳои мазкур созишномаҳо мебандад, миссияҳо ва ҳайатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ташкил мекунад;

- бо супориши ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ оид ба сифат, назорати миқдор ва пуррагии молу маҳсулот экспертизаҳо мегузаронад;

- таҳсил ва коромўзии мутхассисонро барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар навъҳои таҳсилро, аз ҷумла дар хориҷа ташкил мекунад;

- доир ба тарҷума, аз ҷумла тарҷумаи шифоҳии асноди техникӣ, маводи маълумотию рекламавӣ ва дигар мавод хизмат мерасонад;

- фаъолияти рекламавиро, ки барои иҷрои вазифаҳои  палатаи савдои саноатӣ ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аъзои он зарур аст, анҷом медиҳад, лоиҳаҳо тартиб медиҳад ва низоми намоишро барои соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ тазъин мекунад, аломатҳои  молу маҳсулот, нишонаҳои фирма, намунаҳои саноатӣ ва дигар тарҳҳои  ороиширо таҳия менамояд;

- дар ҳудуди ваколатҳои доштааш дар мавриди роҳ надодан ба рақобати ғайрисолим ва шарикии  ғайри қобили корӣ  ва пешгирии онҳо тадбирҳо меандешад;

- дар танзими баҳсҳое, ки дар байни корхонаҳо, соҳибкорон ба вуҷуд  меоянд, кўмак мерасонад.

Палата ҳамчунин мутобиқи қонунҳо ва асноди қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳоро низ анҷом медиҳад.

 

Моддаи 4. Принципҳои фаъолияти Палатаи савдои саноатӣ

 

Палатаи савдои саноатӣ фаъолияти  худро дар асоси принципҳои ихтиёрӣ, баробарии аъзои  он ва худидоракунӣ ба роҳ мемонад.

 

Моддаи 5. Муносиботи мутақобилаи Палатаи савдои саноатӣ бо мақомоти давлатӣ

 

Палатаи савдои саноатӣ дар ҷараёни иҷрои ўҳдадориҳои худ бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ мекунад.

Давлат назоратро аз болои фаъолияти Палатаи савдои саноатӣ  дар асоси ҳамин Қонун ва дигар асноди қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти Палата, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, мумкин нест.

 

Моддаи 6. Таъсиси Палатаи савдои саноатӣ

 

Палатаи савдои саноатӣ бо ташаббуси на камтар аз панҷ муассис таъсис дода мешавад.

Муассисони Палатаи савдои саноатӣ анҷумани (конференцияи) муассис ё маҷлиси умумиро даъват мекунанд, ки дар он Оиннома қабул карда ва мақомоти роҳбарикунандаи Палата таъсис дода мешаванд.

 

Моддаи 7.  Узвият дар Палатаи савдои саноатӣ

 

Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии Чумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои онҳо аъзои Палатаи савдои саноатӣ буда метавонанд.

Узвият дар Палатаи  савдои саноатӣ ҳуқуқ медиҳад, ки аъзои он:

- дар қабули қарорҳо дар анҷуманҳо, дар кори дигар мақомоти  Палата, ҳамчунин дар таъсиси мақомоти мазкур мутобиқи муқаррароти дар асноди муассис зикршуда  ширкат намоянд;

- аз имтиёзот ва ҳуқуқе, ки дар асноди муассиси Палатаи  савдои саноатӣ пешбинӣ шудаанд,  истифода баранд.

 

Моддаи 8. Оинномаи Палатаи савдои саноатӣ

 

Оинномаи Палатаи савдои саноатӣ бояд нукоти зеринро пешбинӣ намояд:

а)  ном, мақсадҳо ва вазифаҳои Палата;

б) шароит ва тартиби қабул   ба узвияти Палата ва хориҷ шудан аз он;

в) ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои аъзои Палата;

г) салоҳият ва тартиби таъсиси мақомоти роҳбарикунандаи Палата, мўҳлатҳои ваколатҳои мақомоти роҳбарикунанда ва тартиби аз тарафи  онҳо қабул  шудани қарорҳо;

д) манбаъҳои бавуҷудоии маблағҳо ва дигар амволи Палата ва тартиби истифодаи онҳо;

е) сохтори Палата;

ж) тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Палата;

з) тартиби қатъи фаъолияти Палата;

Дар Оиннома ҳамчунин муқаррароти дигар низ, ки ба фаъолияти Палатаи савдои саноатӣ мансубанд, пешбинӣ шуда метавонанд.

Оинномаи Палатаи савдои саноатӣ набояд бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта бошад.

 

Моддаи 9. Бақайдгирии давлатии Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бақайдгирии давлатии Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Палатаи савдои саноатӣ аз рўзи бақайдгирии давлатии он ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро доро мегардад.

Бақайдгирии давлатии тағйирот ва иловаҳо ба Оинномаи Палатаи  савдои саноатӣ бояд бо ҳамон тартиб ва дар ҳамон мўҳлатҳое анҷом дода шавад, ки бақайдгирии Палатаи савдои саноатӣ анҷом дода  мешавад.

Бақайдгирии Палатаи савдои саноатиро танҳо дар сурате рад кардан мумкин аст, ки агар тартиби муқарраргардидаи таъсиси Палатаи савдои саноатӣ  вайрон карда шуда бошад, ҳамчунин агар  Оинномаи Палата бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат надошта бошад. Бо сабабҳои  дигар рад намудани бақайдгирии Палатаи савдои саноатӣ ғайриқонунӣ мебошад.

Дар сурати рад  намудани бақайдгирии Палата мақоми дахлдор вазифадор аст, ки дар мўҳлати панҷ рўз аз рўзи қабули қарор дар ин бобат ба аризадиҳанда хабар диҳад ва муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки асноди муассиси пешниҳодшуда бо онҳо мухолифат доранд, зикр намояд.

Доир ба радди бақайдгирии Палатаи савдои саноатӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқи Палатаи савдои саноатӣ

 

Палатаи савдои саноатӣ дорои тамоми ҳуқуқе, ки барои иҷрои мақсадҳо ва вазифаҳои он заруранд ва бо ҳамин Қонун ва Оинномаи он  муайян карда шудаанд, мебошад.

Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад, ки:

1) дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар асноди меъёрӣ дар соҳаи иқтисод, амалӣ намудани робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, ҳамчунин доир ба  масъалаҳое, ки ба манфиатҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дахл доранд, ширкат намояд;

2)  манфиатҳои қонунии аъзои худро дар мақомоти  давлатӣ ва  дигар мақомот намояндагӣ ва ҳимоя намояд;

3) бо тартиби муқаррарнамудаи қонун  ба корхонаҳо ва соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ дар патентонии ихтироот, колбадҳои муфид, намунаҳои саноатӣ, бақайдгирии аломаҳои молу маҳсулот, нишонаҳои хизматрасонӣ ва номгўи ҷойҳои асли баромади молу маҳсулот кўмак расонад;

4) ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа муомилот аз ҷумла муомилоти тиҷоратии хориҷӣ, кредитӣ, векселӣ, амалиёт бо саҳмияҳо ва дигар  коғазҳои  арзишнок ва дигар амалиётро бо ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ анҷом диҳад;

5) ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа  амволи  манқул ва ғайриманқулро созад, харидорӣ намояд, бегона кунад, ба иҷора гирад ва ба иҷора иҳад;

6) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи  дар ҷумҳурӣ  кушодани намояндагиҳои палатаҳои савдо, ассоциацияҳо ва иттифоқҳои соҳибкорон, ҳамчунин фирмаҳо ва ташкилотҳои хориҷие, ки ба ҳамкорӣ бо онҳо Палата ва аъзои он манфиатдоранд, бо дарназардошти мушахассоти фаъолияти онҳо, пешниҳодҳо манзур намояд;

7)  бо супориши корхонаҳо ва соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ экспертиза, назорати сифат, миқдор ва пуррагии молу маҳсулоти содиротӣ ва воридотӣ, аз ҷумла ашёи хом ва таҷҳизотро гузаронад;

8) сифатномаҳои асли баромади молу маҳсулот, ҳамчунин дигар асноди марбут ба анҷом додани фаъолияти иқтисодии хориҷиро тасдиқ намояд;

9) феҳристи ғайридавлатии корхонаҳо ва соҳибкоронеро, ки вазъи молиявӣ ва иқтисодии онҳо дар бораи эътимоднокии онҳо ҳамчун шарикон  дар фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва хориҷа шаҳодат медиҳад, пеш барад;

10) намоишҳои байналхалқӣ ташкил намояд, ҳамчунин омода ва  доир намудани намоишҳои молу маҳсулоти ватаниро дар хориҷа  таъмин созад;

11) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа корхонаю муассисаҳо ташкил намояд, таҷдиди ташкил  диҳад ва барҳам диҳад, ҳамчунин дар ташкили корхонаҳои муштарак, утоқҳои тиҷорат ва дигар сохторҳо ширкат намояд;

12)  филиалҳо ва намояндагиҳои худро, аз  ҷумла дар хориҷа кушояд;

13) барои таъмини фаъолияти соҳибкорӣ рўзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи нашаротиро  интишор диҳад;

14) усулҳои пешбурди фаъолияти худро мустақилона муайян намояд, сохтор, ҷадвали штатӣ, теъдоди кормандон, шакл ва андозаҳои музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии моддии меҳнати онҳоро муқаррар созад;

15) дигар ваколатҳоеро, ки бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошанд, амалӣ намояд.

Асноди ҳуқуқие, ки аз тарафи Палатаи савдои саноатӣ дар ҳудуди салоҳияти он дода шудаанд, дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд.

Ҳуқуқҳои Палатаи савдои саноатӣ дар Оинномаи он инъикос ва бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Моликияти Палатаи савдои саноатӣ

 

Палатаи савдои саноатӣ  метавонад дар моликияти худ  биноҳо, иншоот, таҷҳизот, саҳмияҳо, дигар коғазҳои арзишнок ва амволи дигари алоҳидае, ки барои иҷрои вазифаҳои  оинномавӣ заруранд, дошта бошад.

Корхонаҳое, ки аз тарафи Палатаи савдои саноатӣ  таъсис дода шудаанд, амволи мавҷудаи худро дар доираи ваколатҳои ба онҳо аз тарафи  Палата додашуда мутобиқи мақсадҳо ва вазифаҳое, ки бо оинномаҳои онҳо, ҳамчунин шартномаҳои дар байни Палатаи савдои саноатӣ бо корхонаҳои мазкур басташуда пешбинӣ  гардидаанд, истифода мебаранд ва ихтиёрдорӣ мекунанд.

Манбаи маблағҳои Палатаи савдои саноатӣ ҳиссаҳои дохилшавӣ ва ҳаққи узвият, даромадҳо  аз фаъолияти худӣ ва фаъолияти хоҷагидории корхонаҳои таъсисдодаи он ва дигар маблағҳои  воридшуда мебошанд.

Маблағҳои Палатаи савдои саноатӣ барои таъмини фаъолияти он ва таъсиси фондҳои он истифода бурда мешаванд.

Ҳангоми аз Палатаи  савдои саноатӣ хориҷ шудани аъзои он ҳаққулузвиятҳои пардохтшуда баргардонида намешаванд ва даъво ба ҳиссаи амволи Палатаи  савдои саноатӣ қабул карда намешавад.

Ҳуқуқи  моликияти Палатаи савдои саноатӣ бо қонун муҳофизат карда мешавад.

 

Моддаи 12. Масъулияти Палатаи савдои саноатӣ

 

Палатаи савдои саноатӣ барои ўҳдадориҳои худ бо амволе, ки ба он таалуқ дорад, масъул аст.

Палатаи савдои саноатӣ барои ўҳдадориҳои аъзои  худ масъулият надорад ва аъзои он низ барои ўҳдадориҳои Палатаи савдои саноатӣ  масъул намебошанд.

Палатаи савдои саноатӣ барои ўҳдадориҳои корхонаҳои таъсисдодаи худ масъулият надорад ва корхонаҳои мазкур низ барои ўҳдадориҳои Палатаи савдои саноатӣ масъул намебошанд.

 

Моддаи 13. Робитаҳои байналхалқии Палатаи савдои саноатӣ ва ширкат дар ташкилотҳои

                      байналхалқӣ

 

Палатаи  савдои саноатӣ мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худ метавонад робитаҳои мустақими байналхалқӣ дошта бошад ва созишномаҳои дахлдор бандад.

Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои аъзои худро дар Палатаи  байналхалқии савдо, Ассоциацияи байналхалқӣ оид ба ҳифзи  моликияти саноатӣ, Бюрои байналхалқии намоишҳо,  Ташкилоти  байналхалқии меҳнат, ҳамчунин дигар ташкилотҳои  байналхалқӣ дар масъалаи марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ намояндагӣ  мекунад.

Барои иҷрои вазифаҳои худ Палата филиалҳо ва намояндагиҳои худро дар хориҷа таъсис медиҳад, ҳамчунин ҳақ дорад, ки якҷоя бо кишварҳои  хориҷӣ палатҳои  тиҷоратӣ ва тиҷоратию саноатии муштарак таъсис диҳад.

 

Моддаи 14. Шартномаҳои байналхалқӣ

 

Агар дар шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳое муқаррар шуда бошанд, ки аз қоидаҳои ҳамин Қонун фарқ дошта бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналхалқӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе, 22 маи соли 1998

№ 603

 

 

ДАР БОРАИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 09:54
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
680
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.11.1998

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ

 

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 300;

Қонуни ҶТ аз 8.08. 2015 с., № 1209; аз 19.07.2019 с., №1643)

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои муттаҳид  шудан  ба ҳизбҳои сиёсӣ

 

Ҳуқуқи шаҳрвандон барои муттаҳид шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ ба тариқи зайл ба амал бароварда мешавад:

- таъсис кардани ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи эътиқоди худ;

- ихтиёран дохил шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ бо шарти эътироф  намудани оинномаҳои онҳо аз ҷониби дохилшавандагон;

- иштирок кардан дар фаъолияти ҳизбҳои  сиёсӣ  мувофиқи  мақсадҳои муайянкардаи барномаҳои  онҳо ва тибқи шаклҳои муқарраркардаи оинномаҳои онҳо;

- озодона баромадан аз ҳизбҳои сиёсӣ.

 

Моддаи 2. Ҳизби сиёсӣ

 

                Зери  мафҳуми ҳизби сиёсӣ чунин  иттиҳодяи  ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш  иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.

                Мақсад ва  вазифаҳои  ҳизби сиёсӣ дар Оиннома ва Барномаи он,  ки барои маълумоти умум интишор мешаванд, инъикос меёбанд.

 

БОБИ 2.

ТАЪСИС ВА ФАЪОЛИЯТИ  ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ

 

                Моддаи 3. Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда метавонанд.

Ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  озодона,  бидуни ҳеҷ  як  иҷозат дар анҷумани (конференсия, маҷлис) муассисон таъсис дода шуда, дар он оиннома қабул мегардад ва мақомоти  роҳбарикунандаи ҳизб ташкил карда мешавад.

Ҳизби сиёсӣ барои аз қайди давлатӣ гузаштан рўйхати на камтар аз ҳазор нафар шаҳрвандони тарафдорашро, ки сокини аксарияти шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, пешниҳод менамояд.

Ҳизб аз рўзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш шахси ҳуқуқӣ ҳисоб мешавад.

Баъди аз қайди давлатӣ гузаштан  ҳизби сиёсӣ дар муддати 3 моҳ бояд дар аксарияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ташкилотҳои ибтидоӣ дошта бошад.

                Дар бораи шаҳр, ноҳия ва санаи гузаронидани анҷумани (конференсияи,  маҷлиси) муассисон,  инчунин муқаррароти асосии Оинномаи ҳизб гурўҳи  ташаббускор оид ба таъсиси ҳизби сиёсӣ дар воситаи ахбори омма на дертар аз як моҳ пеш аз даъват карда шудани анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон хабар медиҳад. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

                Дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, аз он ҷумла сохторҳои он манъ аст.    

 

Моддаи 4. Маҳдудиятҳои таъсис ва фаъолияти  ҳизбҳои сиёсӣ

 

                Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Ҳизбҳои сиёсӣ ва аъзои он дар  фаъолияти  сиёсиашон ҳуқуқ надоранд, ки аз ташкилотҳои динӣ истифода намоянд. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Дар мақомоти амнияти миллӣ,  корҳои дохилӣ, прокуратура, гумрук ва мақомоти  андоз, адлия, судҳо ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, инчунин дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ,  муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ таъсис додан ва фаъолият кардани  ташкилоти ҳизбҳои сиёсӣ мумкин нест. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 5. Узвият дар ҳизби сиёсӣ

 

Узвият дар ҳизби сиёсӣ танҳо дар асоси майли ихтиёрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Судьяҳо, прокурор, ҳизматчиёни ҳарбӣ, коркунони мақомоти корҳои дохилӣ, амният, полиси андоз, гумрук  ва адлия, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аъзои ҳизби сиёсӣ шуда наметавонанд. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Ҳизбҳои сиёсӣ фақат узвияти шахсии сабтшуда доранд. Шаҳрвандони синнашон ба 18 расида аъзои ҳизб шуда метавонанд. Узви ҳизб бояд шаҳодатномаи ҳизбӣ дошта бошад. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 6. Оинномаи ҳизби сиёсӣ

 

Оинномаи ҳизб бояд қоидаҳои зеринро дар бар гирад:

– дар бораи ном, мақсад ва вазифаҳои ҳизби сиёсӣ;

– дар  бораи  сохтори ҳизби сиёсӣ ва мақомоти он;

– дар бораи шартҳо ва тартиби пайдо ва гум кардани узвияти ҳизб, дар бораи ҳуқуқ  ва  ўҳдадориҳои  аъзои  ҳизби сиёсӣ;

– дар бораи баробарҳуқуқии аъзои ҳизби сиёсӣ;

– дар бораи мувофиқати фаъолият ва мақсади ҳизби сиёсӣ бо  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар бораи тартиби интихоб ва салоҳиятҳои  мақомоти  роҳбарикунандаи ҳизби сиёсӣ, мўҳлати ваколати онҳо  ва ҷои воқеияти он;

– дар бораи ошкоро будани тамоми фаъолияти ҳизб ва мақомоти он;

– дар бораи тартиби қабул ва дохил намудани тағйирот ба Оинномаи ҳизб;

– дар  бораи амвол ва воситаҳои моддии ҳизби сиёсӣ,  сарчашмаҳои бо пул таъминкунӣ  ва фаъолияти хоҷагии вай;

– дар бораи рамзи ҳизб (агар он бошад);

– дар  бораи  тартиби  қатъи  фаъолияти   ҳизб, азнавташкилкунии фаъолияти ҳизб;

– дар  бораи ҳаллу фасли баҳсҳои оид ба молу мулк,  ки бо қатъ гардидани фаъолияти ҳизб алоқаманданд;

– дар  бораи  интихобӣ ва ҳисоботдиҳанда будани мақомоти ҳизби сиёсӣ.

Дар оиннома мумкин дигар қоидаҳое низ мавҷуд бошанд, ки ба фаъолияти ҳизби сиёсӣ дахл доранд.

Қабули оиннома, барномаи ҳизби сиёсӣ, пешбарии номзадҳо  аз ҳамин ҳизби  сиёсӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои бағоят муҳими ҳаёти ҳизби сиёсӣ аз рўи қарори анҷуман, конференсия ва пленум,  маҷлис ва ё аз рўи натиҷаҳои раъйпурсии (пурсиши) аъзои ҳизб сурат мегирад.

 

Моддаи 7. Бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ

 

Бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсиро Вазорати адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба амал мебарорад. Барои  қайди давлатии ҳизби сиёсӣ ба мақоми бақайдгиранда дар мўҳлати як моҳ ариза дода мешавад,  ки онро бояд шахсе имзо кунад,  ки ба ў анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисони ҳизби таъсис додашаванда бо нишон додани суроғаи ҳуқуқии мақоми роҳбарикунанда  ваколат  додааст.  Ба  ариза ғайр аз оиннома иқтибос аз протоколи анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисоне, ки оинномаро қабул кардааст, рўйхати камаш даҳ нафар иштирокчиёни маҷлиси муассисон бо нишон додани маълумоти шиносномаҳо ва маҳалли зисташон бо  замимаи як нусха нашрияи васоити ахбори омма,  ки дар он дар бораи ҷой ва санаи гузаронидани анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон,инчунин  дар бораи қоидаҳои асосии Оинномаи ҳизби сиёсӣ хабар чоп гардидааст, ҳуҷҷати бонкие,  ки  супоридани  боҷи  давлатиро оиди бақайдгирии ҳизб  тасдиқ мекунад ва рўйхати ҳазор нафар аъзоёни ҳизб мувофиқи банди 3 моддаи 3-юми ҳамин қонун  низ ҳамроҳ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Ба мақоми  бақайдгиранда манъ карда мешавад,  ки аз ҳизб пешниҳод кардани дигар хуҷҷатҳоеро,  ки дар қисми дуюми ҳамин банд зикр нашудааст, талаб намояд.

Мақоми бақайдгиранда  ҳизби сиёсиро дар давоми як моҳи  пешниҳод карда шудани ҳуҷҷатҳо ба қайди давлатӣ мегирад.  Вайрон кардани мўҳлати нишон додашуда мумкин нест.

Тағйирот ва иловаҳое, ки дар Оинномаи ҳизби сиёсӣ дохил карда мешаванд,  бояд  аз  тарафи худи ҳамон мақом ва дар худи ҳамон мўҳлатҳои бақайдгирии давлатии худи ҳизб ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

Барои ба  қайдгирии  давлатии ҳизби сиёсӣ, тағйирот ва иловаҳое,ки ба оинномаи вай дохил карда мешаванд, тибқи тартиб ва андозаҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда  мешаванд,  боҷи  бақайдгирӣ ситонда мешавад.

Ҳуҷҷате, ки воқеияти бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ, инчунин ба феҳристи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дохил намудани онро тасдиқ менамояд, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии он мебошад.

Аз ҳизби сиёсӣ талаб кардани кадом як ҳуҷҷатҳои дигаре,ки воқеияти бақайдгирии давлатии онро тасдиқ менамоянд, манъ аст.

Ҳизби сиёсӣ аз рўзи бақайдгирии давлатии он ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.

 

Моддаи 8. Сохторҳои  ҳизби сиёсӣ

 

Сохторҳои маҳаллии ҳизби сиёсӣ тибқи тартибе, ки Оинномаи ҳизби сиёсӣ муқаррар менамояд, таъсис дода мешаванд.

Мақоми роҳбарикунандаи ҳизби сиёсӣ баъди таъсиси сохтори ҳизб дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо мақомоти  ҳокимияти маҳаллиро ба таври хаттӣ хабардор  менамояд.

Сохторҳои маҳаллии ҳизби сиёсӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ҳар сол то 20 март ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба идомаи фаъолияти худ, суроға, роҳбари сохтор ва шумораи аъзои ҳизб дар маҳал маълумот пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 9. Асосҳо барои рад кардани бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ

 

Бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ дар асосҳои зайл мумкин рад карда шавад:

- агар  муқаррароти  оинномаи вай ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамин Қонун ва қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон мухолиф бошад;

- агар  оинномаи  ҳизб ба талабҳои моддаи 6 ҳамин Қонун мувофиқат накунад;

- агар талабҳои қисми дуюми моддаи 3 ва қисми панҷуми моддаи 7 ҳамин Қонун иҷро карда нашуда бошанд;

- агар бо худи ҳамин унвон ва ё бо худи ҳамин рамз оинномаи ҳизби дигар пештар ба қайд гирифта шуда бошад;

- агар суроғаи ҳуқуқии мақоми роҳбарикунандаи ҳизб берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Раддияи асосноки  бақайдгирии Оинномаи ҳизби сиёсӣ дар шакли хаттӣ дода мешавад ва аз  он ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

БОБИ 3. 

ҲУҚУҚИ  ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА ШАКЛҲОИ НАЗОРАТ   БА   ФАЪОЛИЯТИ  ОНҲО

 

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳизбҳои сиёсӣ

                                                                  (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Ҳар ҳизб бо тартиби пешбиникардаи қонун ҳуқуқ дорад: (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

- номзадҳоро ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мақомоти интихобии ҳокимияти давлатӣ пешбарӣ намояд;

- дар тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсиҳо ва  интихоботи  мақомоти ҳокимияти давлатӣ  иштирок намояд;

- дар гурўҳҳои доимӣ ё муваққатии вакилон муттаҳид шавад ва дар мақомоти намояндагӣ дигар иттиҳодияҳо барпо намояд;

- маълумотро дар бораи фаъолияти худ ба таври шифоҳӣ, хаттӣ ва дар шаклҳои дигар озодона интишор намояд, мақсад ва вазифаҳои худро тарғибу ташвиқ кунад, ҳуҷҷатҳои барномавии худро дошта бошад;

- нашриётҳо ва васоити ахбори оммавии худро таъсис диҳад; (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

- аз васоити давлатии ахбори омма, аз он ҷумла матбуот, радио ва телевизион истифода намояд; (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

- маҷлисҳо, митингҳо, намоишҳо ва дигар чорабиниҳои оммавиро мувофиқи қонунҳои ҷории  Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад;

- бо ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои сиёсии хориҷӣ робита ва алоқаҳои байналхалқӣ муқаррар намояд ва онҳоро дастгирӣ кунад;

- ба иттифоқҳои байналхалқӣ ва ассосиатсияҳо дохил шавад;

- мувофиқи  мақсад ва вазифаҳои оинномавии худ шўъбаҳо ва намояндагиҳо ташкил намояд;

- мувофиқи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Оинномаи  худ  фаъолияти  хоҷагӣ,  молиявӣ  ва  дигар фаъолиятро ба амал барорад;

- бо дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқ бандад, муносибатҳои шартномавӣ барқарор кунад;

- дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳо кушояд; (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

- ҳизбҳои сиёсӣ ҳар сол ба Вазорати адлия дар бораи давом додани фаъолият ва қароргоҳи худ  ахборот пешниҳод менамоянд.

Ҳизби сиёсӣ бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст:

- талаботи Конститутсияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро риоя намояд;

- ҳар сол то 20 март ба мақоми бақайдгиранда оид ба фаъолияти худ аз рӯи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;

- ба мақомоти андоз бо тартиби муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намояд.

(ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 11. Амволи ҳизби сиёсӣ

 

Амволи зерин моликияти ҳизби сиёсӣ шуда метавонанд:  биноҳо  ва иншоотҳо,  фонди манзил, таҷҳизот ва асбобу анҷом, матбаа, маблағҳо  ва инчунин дигар амволе, ки барои таъмини фаъолияти вай зарур буда,  онро оинномаҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд.

Амволи ҳизби  сиёсӣ  фақат  барои ба амал баровардани мақсад ва вазифаҳои ҳизб истифода мешавад.

Ҳизби сиёсӣ ҳар сол дар бораи вазъияти моддии ҳизб маълумот чоп мекунад.

 

Моддаи 12. Маблағҳои  ҳизби сиёсӣ

 

Маблағҳои  ҳизби сиёсӣ аз инҳо ба вуҷуд меоянд:

- ҳаққи дохилшавӣ ва ҳаққи узвият, агар онҳоро оинномаи ҳизб пешбинӣ карда бошад;

- хайрияҳои ихтиёрӣ;

- мадохил аз гузаронидани лексияҳо,  намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо (мувофиқи оинномаҳо);

- даромад аз фаъолияти ноширӣ ва дигар фаъолияте, ки ба мақсад ва вазифаҳои оинномавӣ мувофиқ аст;

- дигар воридоте, ки қонунҳо манъ накардаанд.

 

Моддаи 13. Кумаки моддӣ барои эҳтиёҷоти ҳизби сиёсӣ

                                                  (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ дорад дар шакли амвол ва маблағ аз шахси воқеӣ, корхона ва ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бунёдҳо ва дигар шахси ҳуқуқии ғайридавлатӣ кумаки моддӣ қабул намояд, агар ин кумаки моддӣ бо ҳуҷҷат тасдиқ ва манбаи он нишон дода шуда бошад. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Кумаки моддӣ аз корхонаю ташкилотҳои зайл манъ аст: (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

- ташкилотҳои хайрия ва динӣ;

- корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, инчунин корхонаю ташкилотҳое, ки дар онҳо давлат саҳм дорад;

- давлат, шаҳрвандон, корхонаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ, инчунин корхонаҳое, ки дар онҳо кишварҳои хориҷӣ саҳм дорад;

- шахси беном; (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

- ташкилотҳои тиҷоратие, ки камтар аз як сол фаъолияти молиявӣ доранд; (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

- ҳизбҳои сиёсие, ки бо ҳизби кумаки молиявӣ расондашаванда муттаҳид нестанд. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Кумаки моддӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ дар шакли маблағ бо роҳи ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузаронидани он амалӣ карда мешавад. Дар сурати аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидани маблағи нақд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, он пас аз таҳияи ҳатмии ҳуҷҷатҳои расмӣ ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузаронида мешавад.

Дар ҳуҷҷати пардохт ё интиқоли маблағ маълумот дар бораи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, ном ва реквизитҳои бонкии шахси ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад кумаки моддиро дар шакли маблағ аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ ё бевосита ба ҳисобдории мақомоти ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва марказии ҳизби сиёсӣ гузаронад.Ҳангоми гузаронидани маблағ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохти андозҳо дар се моҳи охир пешниҳод карда шуда, дар ҳуҷҷати пардохт ё интиқоли маблағ насаб, ном, номи падар ва рақами мушаххаси андозсупоранда нишон дода мешаванд.

Маблағи умумии кумаки моддии ҳарсолаи як шахси воқеӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ аз 300 (сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз як шахси ҳуқуқӣ аз 1500 (як ҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд буда наметавонад.

Кумаки моддие, ки аз ҷониби субъектҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинигардида ба ҳизби сиёсӣ расонида шудааст, ҳамчунин маблағи ҳарсолаи зиёда аз меъёри дар қисми шашуми ҳамин модда нишондодашуда ворид гардидааст, дар муҳлати як моҳ ба пардохткунандаи он баргардонида мешавад. Дар сурати ғайриимкон будани баргардонидани маблағи ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ воридшуда, он ба буҷети давлатӣ гузаронида (супорида) мешавад.

Истифодаи маблағе, ки бо Қонуни мазкур пешбинӣ нашудааст, инчунин интиқоли маблағҳо ба ҳизби сиёсӣ тавассути миёнаравҳо манъ аст.

Дар мавридҳое, ки кумаки моддӣ ё ҳадя дар шакли молу мулк расонида мешавад, ҳизби сиёсӣ онро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воҳиди пулӣ нарх гузошта, маълумоти дахлдорро дар ҳисоботи молиявии ҳизби сиёсӣ ворид месозад.

Қабули кумаки моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби мақомоти ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва марказии  ҳизбҳои сиёсӣ сурат мегирад.

(ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 14. Фаъолияти хоҷагии ҳизби сиёсӣ

 

Ҳизби сиёсӣ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ дар қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои хоҷагӣ,  музди меҳнати кормандони ҳизб, истифодаи захираҳои молиявӣ ва моддӣ мустақил мебошад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити молиявӣ ва моддӣ  барои  ба амал баровардани мақсаду  ҳуқуқҳои оинномавие, ки моддаи 10 ҳамин Қонун собит намудааст,  ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ дорад тибқи тартиби муқаррар кардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона ва ташкилотҳо барпо намояд. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ дорад фаъолияти зерини соҳибкориро амалӣ кунад:

- фаъолияти иттилоотӣ, рекламавӣ ва нашриявӣ барои ташвиқи ақидаву ғояҳо, мақсадҳо, вазифаҳо ва интишори натиҷаҳои фаъолияти худ;

- тайёр кардан ва фурӯши маҳсулоти армуғонии дорои нишон ва (ё) номи ҳизби сиёсӣ;

-  ба иҷорадодани молу мулкиманқул (ба истиснои пул ва коғазҳои қиматнок) ва ғайриманқули худ.

Ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ надорад ба фаъолияти соҳибкорие, ки дар қисми сеюми моддаи мазкур нишон дода нашудааст, машғул шавад.

(ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 15. Дастгирии ҳизби сиёсӣ аз ҷониби давлат

 

Мақомоти ҳокимияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби сиёсиеро, ки ба қайд гирифта шудааст, ба таври зерин дастгирӣ менамоянд:

- таъмини дастрасии баробар ба воситаҳои давлатии ахбори омма; (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

- таъмини имкониятҳои баробар барои гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ.

Дар сурати  боздоштани  фаъолияти  ҳизб  дар асоси муқаррароти моддаи 21 ҳамин Қонун дастгирии давлат муваққатан қатъ карда мешавад.

Дар сурати манъ карда шудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ дастгирии давлатӣ аз рўзи эътибор пайдо кардани қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ карда шудани фаъолияти ҳизб қатъ мегардад.

 

Моддаи 16. Назорати фаъолияти молиявии ҳизби сиёсӣ

 

Мақоми роҳбарикунандаи ҳизб ӯҳдадор аст ҳисоботи молиявиро дар бораи манбаъҳо, андоза ва хароҷоти маблағҳое, ки ба хазинаи ҳизб дар давоми соли ҳисоботӣ ворид гардидаанд, инчунин дар бораи молу мулки ҳизб бо нишон додани арзиш ва маълумоти бақайдгирии давлатии он ва пардохти андозҳо дар воситаҳои ахбори омма интишор намояд.

Санҷиши ҳисоботи молиявии ҳизби сиёсӣ, маълумот дар бораи даромад ва хароҷоти воситаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, риояи қоидаҳои қонунигардонии дороиҳои молумулкӣ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ амалӣ мегардад.

Маълумот дар бораи натиҷаҳои санҷиши ҳисоботи молиявии ҳизбҳои сиёсӣ ба иттилои ҳизбҳои сиёсии дахлдор расонида шуда, ҳар сол дар воситаҳои ахбори омма, инчунин ба таври илова як моҳ пеш аз маъракаи интихоботӣ чоп карда мешавад.

(ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

БОБИ 4.

ИШТИРОКИ ҲИЗБИ СИЁСИ ДАР ИНТИХОБОТ

 

Моддаи 17. Шаклҳои иштироки ҳизб дар интихобот

 

Ҳизб дар интихобот ба таври зайл иштирок менамояд:

 - мустақил;

- бо дигар ҳизби сиёсӣ мувофиқатномаи пеш аз интихоботӣ мебандад;

- бо дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба иттифоқҳои интихоботӣ дохил  мегардад.

Ҳизб тибқи қонунгузорӣ дар бораи интихобот ҳуқуқ дорад: (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

- мустақилона ва ё аз номи иттифоқҳои интихоботӣ номзадҳо  пешбарӣ намояд;

- бо  риояи шартҳои баробар ташвиқоти пеш аз интихоботӣ барад;

- ба рафти интихобот назорат кунад ва бо тартиби муқарраркардашуда натиҷаҳои онҳоро муайян намояд;

(Сархати чорум бо ҚҶТ аз 19.07.19с., №1642 хориҷ карда шуд)

- ба  воситаҳои  давлатии  ахбори умум  ва инчунин ба воситаҳои ахбори омма бо иштироки давлат  баробар дастрас бошад. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 18. Иштироки ҳизби сиёсӣ дар иттифоқҳои интихоботӣ

 

Баъди ба қайд гирифтани иттифоқҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияҳои дахлдори интихоботӣ ҳизбе, ки номзадҳои худро тибқи рўйхати иттифоқи интихоботӣ пешбарӣ мекунад, ҳуқуқ надорад номзадҳои худро мустақилона ва ё тибқи рўйхати дигар иттифоқи интихоботӣ дар хамон сатҳ пешбарӣ намояд, агар дар шартнома шарти дигаре пешбинӣ карда нашуда бошад. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 19. Гурўҳҳои ҳизбӣ дар мақомоти намояндагӣ

 

Гурўҳҳои ҳизбӣ дар мақомоти намояндагӣ мувофиқи асноди меъёрие, ки тартиби  фаъолияти ин мақомотро муайян менамоянд,  ташкил меёбанд ва амал мекунанд.

 

БОБИ 5. 

БОЗДОШТАН, ҚАТЪ КАРДАН ВА МАНЪ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ СИЁСӢ

 

Моддаи 20. Боздоштани фаъолияти ҳизби сиёсӣ

 

Дар сурати аз тарафи ҳизби сиёсӣ вайрон карда шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин гирифтани кумаки иқтисодию сиёсӣ аз кишварҳои хориҷӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳинома ва ё Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қатъ намудани фаъолияти ғайриконунӣ амрномаи хаттӣ мебарорад. Агар ҳизб дар мўҳлати даҳ рўз талабҳоро дар бораи қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ иҷро накунад, фаъолияти вай мумкин аст бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати то шаш моҳ боздошта шавад. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 21. Оқибатҳои боздошта шудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ

 

Дар сурати боздошта шудани фаъолияти ҳизб ба  мўҳлати  муқарраркардаи моддаи  20 ҳамин қонун ҳуқуқаш,  ҳамчун муассиси васоити ахбори омма боздошташуда,   ба вай манъ карда мешавад,  ки аз  мақоми(статуси) шахси ҳуқуқӣ  истифода барад,  митингу намоишҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ташкил намояд, дар интихобот иштирок кунад, аз маблағҳои бонк истифода барад,  ба истиснои хисобу китоб оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва шартномаҳои(қарордодҳои) меҳнатӣ, пардохти товони зарарҳое, ки аз амалиётҳои вай расидааст ва пардохти ҷаримаҳо. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 22. Қатъ кардани фаъолияти ҳизби сиёсӣ

 

Фаъолияти ҳизби сиёсӣ мумкин бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъи фаъолияти он, инчунин ба тариқи аз нав ташкил намудан ва ё барҳамдиҳӣ қатъ карда шавад.

 

Моддаи 23. Асосҳои манъ кардани фаъолияти ҳизби   сиёсӣ

 

Асосҳои аз  тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудани фаъолияти ҳизби  сиёсӣ чунинанд:

- фаъолияти ҳизби сиёсӣ,  ки қисми якуми моддаи 4  ҳамин  қонун  манъ кардааст;

- фаъолияти  ғайриқонунии ҳизби сиёсӣ баъди бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 20  ҳамин  қонун  манъ  намудани фаъолияти он.

 

Моддаи 24. Қарор дар бораи манъ намудани  фаъолияти ҳизби сиёсӣ

 

Дар бораи  манъ намудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ дар асоси қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танҳо дар  заминаи  пешбиникардаи моддаи 23 ҳамин Қонун қарор қабул кардан мумкин.

 

Моддаи 25. Қатъ намудани фаъолияти ҳизб ба тариқи  аз нав ташкилкунӣ ва ё барҳамдиҳӣ

 

Фаъолияти ҳизби сиёсӣ мумкин бо роҳи аз нав ташкилкунӣ(якҷоякунӣ, ҳамроҳкунӣ, тақсимкунӣ) ва ё барҳамдиҳӣ қатъ карда шавад. Қарорро дар бораи аз нав ташкилкунии  ҳизб  мақоми  олии  роҳбарикунандаи ҳизб қабул менамояд.

Оинномаи ҳизби сиёсие,  ки баъди аз нав ташкилкунӣ таъсис  дода шудааст, бо  тартиби  муқараркардаи моддаи 7 ҳамин Қонун ба қайд гирифта мешавад.

Ҳизби сиёсӣ  мувофиқи оинномаи он бо роҳи худпарокандакунӣ барҳам дода мешавад.

 

Моддаи 26. Оқибатҳои қатъ карда шудани   фаъолияти   ҳизб

 

Амволи ҳизби сиёсие,  ки фаъолияти худро қатъ кардааст, баъд аз қонеъ гардонда шудани даъвоҳои амволӣ ба мақсадҳои зерин равона карда мешавад:

- дар  сурати  барҳам  дода шудан - ба мақсадҳои пешбиникардаи оинномаи вай;

- дар  сурати манъ карда шудан - аз рўи қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар  сурати  азнавташкилкунӣ - ба моликияти  иттиҳодияи ҷамъиятие дода мешавад,  ки вориси ҳуқуқии ҳизби сиёсие мебошад,  ки фаъолияти худро қатъ кардааст.

Қатъ гардидани фаъолияти ҳизби сиёсӣ боиси аз феҳристи давлатии дахлдори иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ  хориҷ намудани ҳизб,  бекор кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ ва гум кардани  ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ мегардад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе, 13 ноябри соли 1998

№ 680

 

ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 10:00
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
726
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.11.1998

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 23-24, мод. 348; с. 2003, №8, мод. 450;

с. 2006, №3, мод. 153; с. 2009, №12, мод. 825; с. 2014, №12, мод. 826; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1488)

 

БОБИ I.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мавзӯи танзим

 

Ин Қонун муносибатҳои ҳангоми офаридан ва истифодаи асарҳои илм, адабиёт ва санъат (ҳуқуқи муаллиф), фонограмма, иҷро, намоиш ва барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ва кабелӣ (ҳуқуқҳои вобаста ба он) баамалояндаро танзим менамояд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар ҳамин Қонун истифода мешаванд

 

Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

1) муаллиф - шахси воқеие, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии ӯ офарида шудааст;

2) асари аудиовизуалӣ - асаре, ки аз миқдори муайяни бо ҳам алоқаманди кадрҳо (боовоз ё беовоз) иборат буда, барои дарки биноӣ ва шунавоӣ (дар сурати боовоз будани он) тавассути дастгоҳҳои техникии дахлдор таъин шудааст; асарҳои аудиовизуалӣ аз асарҳои кинематографӣ (синамоӣ) ва ҳамаи асарҳои дигаре, ки бо васоили ба он монанд офарида шудаанд, иборат мебошад: филмҳои телевизионӣ ва видеоӣ, диафилмҳо, филмҳои слайдӣ ва ғ., сарфи назар аз тарзу усули нигориши аввалин ё минбаъдаи онҳо;

3) манбаи маълумот - маҷмӯи маълумот дар шакли хониши мошиннавис ё шакли дигар, ки аз рӯи интихоб ва ҷобаҷогузории мавод натиҷаи эҷодиёти зеҳнӣ ба ҳисоб меравад; мафҳуми манбаи маълумот ба барномаҳо барои мошини электронии ҳисоббарор (минбаъд-МЭҲ), ки бо ёрии он дастрасии электронӣ ба маводи манбаи маълумот амалӣ мегардад, дахл надорад;

4) таҷдиди асар – таҳияи як ё якчанд нусхаи асар ё қисме аз он дар ҳама гуна шакли моддӣ, аз ҷумла, дар шакли сабти овозӣ ва видеоӣ: сабти асар барои нигаҳдории доимӣ ё муваққатӣ, ҳамчунин ба хотираи дохилӣ ё берунии МЭҲ дохил кардани он низ таҳдид ба ҳисоб меравад;

5) фонограмма – ҳар гуна сабти сирф овозии иҷроишҳо ё дигар садоҳо ё инъикоси онҳо, ба ғайр аз сабти овоз, ки ба асари аудиовизуалӣ дохил карда шудааст;

6) таҷдиди фонограмма – таҳияи як ё якчанд нусхаи фонограмма ё қисме аз он дар ҳар гуна шакли моддӣ, ҳамчунин нигаҳдории доимӣ ё муваққатӣ дар хотираи МЭҲ ва дигар дастгоҳҳои компютерӣ;

7) сабт - нигориши овозҳо ва (ё) тасвирҳо ё инъикоси онҳо тавассути воситаҳои техникӣ дар ягон шакли моддӣ, ки имконияти бисёркаратаи амалӣ сохтани дарк, таҳдид ё дастрас кардани онҳоро фароҳам меорад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

8) таҳиягари асари аудиовизуалӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ташаббус ва масъулияти таҳияи асарро ба ӯҳда гирифтааст; дар сурати мавҷуд набудани далели дигар шахсе, ки ном ё унвони ӯ дар асари мазкур ба таври оддӣ сабт ёфтааст, таҳиягари асари аудиовизуалӣ ба ҳисоб меравад;

9) истеҳсолкунандаи фонограмма - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ташаббус ва масъулияти аввалини сабти овозии ягон иҷро ё дигар овозҳо, ё ин ки инъикоси овозҳоро ба ӯҳда гирифтааст, дар сурати мавҷуд набудани далели дигар шахсе, ки ном ё унвони ӯ дар ин фонограмма ва ё дар ғилофи (xилди) он ба таври маъмулӣ сабт ёфтааст, таҳиягари фонограмма ба ҳисоб меравад;

10) ҳуқуқи комил – ҳуқуқи ба муаллиф (муаллифон) тааллуқдошта, ки асар тавассути меҳнати эҷодии ӯ (онҳо) офарида шудааст ва ҳеҷ як шахси дигар бидуни иҷозатномаи дахлдор, ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонун, наметавонад аз он истифода кунад;

11) иҷро - тавассути бозӣ, суруд, рақс дар шакли иҷрои ҳақиқӣ ё бо ёрии ягон василаи техникӣ (барномаҳои телевизион ва радио, телевизиони кабелӣ ва ғ.) пешкаш кардани асар, фонограмма, иҷро, намоиш; нишон додани кадрҳои асари аудиовизуалӣ аз рӯи тартиби онҳо (боовоз ё беовоз);

12) иҷрогар - актёр, овозхон, мусиқинавоз, раққос (раққоса) ё шахси дигаре, ки нақш иҷро мекунад, суруд ё матн мехонад, суханронӣ мекунад, асбоби мусиқӣ менавозад ё бо ягон тарзи дигар асари адабиёт ва санъат (аз ҷумла барномаҳои эстрада, сирк ё лухтакӣ) ва ё ифодаи фолклорро иҷро мекунад, ҳамчунин, коргардони басаҳнагузорандаи намоишнома ва дирижёр;

13) соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он:

- муаллиф ё иҷрогаре, ки ба ӯ ҳуқуқи муаллиф ё ҳуқуқҳои вобаста ба он дода шудаанд;

- шахси воқеӣ, ғайр аз муаллиф ё иҷрогар, ё шахси ҳуқуқи дар мавриде, ки чунин шахси воқеӣ ё ҳуқуқи қаблан ҳуқуқи молумулкиро соҳиб шуда бошад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

- шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҳуқуқи молумулки ба он аз рӯи мерос ё ворисият дода шуда ё гузашта бошад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

14) интишор - нашр ё ба муомилот баровардани асарҳо ё фонограммаҳо бо ризоияти муаллиф ё дигар дорандаи ҳуқуқи муаллиф ва вобаста ба миқдоре, ки барои қонеъ гардонидани талаботи омма кофист; зери мафҳуми интишор ҳамчунин иҷозати қонунии истифодаи асар ё фонограмма ба воситаи системаҳои электронии иттилоот фаҳмида мешавад;

15) ба эфир додан - ба омма дастрас кардани асар, фонограмма, иҷро, намоиш, барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ тавассути барномаҳои радио ва телевизион (ғайр аз телевизиони кабелӣ). Ҳангоми ба воситаи радифи маснуъ (спутник) ба маълумоти умум гузоштани асар, фонограмма, иҷро, намоиш, барномаи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ зери мафҳуми "ба эфир додан" қабули сигналҳо аз дастгоҳҳои заминӣ ба радиф ва таҳвили сигналҳо аз радиф, ки тавассути онҳо асар, фонограмма, иҷро, намоиш, барномаи ташкилоти пахши эфирӣ ва кабелӣ метавонад дастраси умум гардад, сарфи назар аз қабули воқеии онҳо аз ҷониби омма, фаҳмида мешавад;

16) барномаи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ - барномае, ки аз тарафи худи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ, ҳамчунин бо фармоиш ва аз ҳисоби маблағу васоили он аз тарафи ташкилоти дигар таҳия шудааст;

17) намоиши асар - намоиши асл ё нусхаи асар бевосита ё тавассути навор, диапозитив, кадри телевизионӣ дар экран ё ба воситаи ягон василаи дигари техникӣ, ҳамчунин намоиши кадрҳои алоҳидаи асари аудиовизуалӣ бе риояи тартиби онҳо;

18) барнома барои МЭҲ - маҷмӯи дастурҳо, ки бо калимаҳо, рамзҳо, аломатҳо, нишонаҳо, диаграммаҳо ё бо ягон шакли дигар ифода ёфтаанд ва метавонанд дар МЭҲ ё дастгоҳи дигари компютерӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ истифода шаванд. Ин мафҳум ҳам системаи амалиётӣ ва ҳам барномаи амалиро, ки дар рамзҳои ибтидоӣ ё объектӣ ифода ёфтаанд, ҳамчунин маводи тайёрӣ ва тасвирҳои аудиовизуалиро, ки дар натиҷаи таҳияи барнома барои МЭҲ ба даст омадаанд, дар бар мегирад ва ба мафҳуми "манбаи маълумот" тааллуқ надорад;

19) намоиш (иҷро)-и оммавӣ – ҳар гуна намоиши асарҳо, иҷроҳо, намоишҳо, барномаҳо аз тарафи ташкилоти иттилоотӣ бевосита дар шакли асл ё нусхаи онҳо ё дар экран ба воситаи навор, слайд, кадр ё тавассути дигар васоил ё амал дар ҷой (ҷойҳо)-е, ки иҷрои онҳо метавонад мустақиман пазируфта шавад. Дар ин маврид дар ҳамон ҷой (ҷойҳо) ашхосе ширкат мекунанд ё метавонанд ширкат дошта бошанд, ки аҳли оилаи муаллиф ё хешу табори ӯ намебошанд, сарфи назар аз ин, ки онҳо дар як вақт ва дар як ҷой ҳузур доранд ё дар вақтҳои гуногун ва ҷойҳои гуногун;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

20) намоиши оммавии асари аудиовизуалӣ - намоиши тасвирҳои алоҳидаи асари аудиовизуалӣ ба шакли ғайримуназзам;

21) нусхабардорӣ (таҷдиди репрографӣ) - дар шакл ва андозаи дилхоҳ як ё якчанд маротиба нусхабардорӣ кардани нусхаҳои асл ё нусхаҳои асарҳои хаттӣ ё дигар асарҳои графикӣ бо роҳи нусхабардории аксӣ ё бо кӯмаки васоили техникии дигар, ғайр аз васоили чопӣ; нигаҳдорӣ ва таҷдиди нусхаҳои мазкур дар шакли электронӣ (аз ҷумла ададӣ), оптикӣ ё дигар шакли хониши мошиннавис ба таҷдиди репрографӣ дохил намешавад;

22) ба кироя додан - бо мақсади ба даст овардани фоидаи бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ ба истифодаи муваққкатӣ вогузоштани асл ё нусхаҳои асарҳо ё фонограммаҳо;

23) дастрас кардан - намоиш додан, иҷро кардан, ба эфир баровардан ё анҷом додани амали дигар (ба истиснои паҳн кардани нусхаҳои асар ё фонограмма), ки тавассути он асарҳо, фонограммаҳо, иҷроҳо, намоишҳо, барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ барои дарку қабули шунавоӣ ва ё биноӣ, сарфи назар аз дарки воқеии онҳо аз ҷониби омма, дастраси умум мегарданд;

24) ба воситаи кабел ба омма дастрас кардан - дастрас кардани асарҳо, фонограммаҳо, иҷроҳо, намоишҳо, барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ ба омма тавассути кабел, сим, нахи оптикӣ ва дигар васоили ба онҳо монанд;

25) ба маълумоти умум расонидан барои истифодаи интерактивӣ – ба маълумоти умум расонидани асарҳо ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он тарзе, ки намояндагони омма метавонанд онҳоро аз ҳар ҷой ва ҳар вақт мутобиқи интихобашон дастрас кунанд;

26) иттилоъ дар бораи одора кардани ҳуқуқҳо – ҳаргуна иттилои аз ҷониби дорандагони ҳуқуқ пешниҳодшаванда, ки асар ё дигар объекти аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда, муаллиф, ё дигар дорандаи ҳуқуқро муайян ( идентификатсия) менамояд, ё иттилоъ дар бораи шароити истифодаи асар ё дигар объект ва ҳаргуна рақам ва рамзҳое, ки дар онҳо чунин иттилоъ гузошта шудааст, бо вуҷуди он, ки ҳаргуна чунин ҷузъиёти иттилоъ дар нусхаи асар ё дигар объекти аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда нишон дода шудаанд, ё вобастабо хабар додан ё расонидани чунин асар ё дигар объект барои маълумоти умум пайдо мешаванд;

27) воситаҳои техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он – ҳаргуна дастгоҳҳои босамари техникӣ ва қисмҳои онҳо, ки дастрасиро ба асар ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он назорат менамоянд ва амалҳоеро, ки нисбати асар ё объекҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он, ки  аз ҷониби дорандагони ягон ҳуқуқи аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда иҷозат дода шудаанд, пешгирӣ ва маҳдуд мекунанд;

28) инъикоси овоз ё тасвир – шакли рақамии пешниҳоди овоз ё тасвир бо ёрии воситаҳои техники дахлдор.

 

БОБИ II.

ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ

 

Моддаи 4. Соҳаи амали ҳуқуқи муаллиф

 

Тибқи ҳамин Қонун ҳуқуқи муаллиф ба асарҳои зерин дода мешавад:

1) асарҳое, ки муаллифони онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли зисти доимӣ доранд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

2) асарҳое, ки бори аввал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд (аз ҷумла асарҳое, ки дар муддати 30 рӯзи пас аз санаи интишори аввалин дар кишвари дигар, бори аввал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд) ё асарҳое, ки ба табъ нарасида, сарфи назар аз табаият ва маҳалли зисти доимии муаллифони онҳо дар шакли муайяни объективӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

3) асарҳое, ки онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд. Дар ин ҳолат асарҳои соҳибҳуқуқони давлатҳои хориҷии иштирокчиёни санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон аз ҳифзе бархурдоранд, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад (реҷаи миллӣ).  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ҳифзи асар дар ҳудуди Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбати асарҳое амалӣ мешавад, ки онҳо дар кишваре, ки  асар эҷод шудааст, ба моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи ба итмом расидани мўҳлати амали ҳуқуқи муаллиф дар он кишвар ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба итмом расидани мўҳлати қаблан вогузорнамудаи ҳуқуқи муаллифӣ ба моликияти ҷамъиятӣ нагузашта бошад. Дар ин сурат мўҳлати амали ҳуқуқи муаллифӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз мўҳлати амали муқарраргардидаи ҳуқуқи муаллифии кишваре, ки дар он асар эҷод шудааст, зиёд буда наметавонад.   (ҚҶТ аз 3.12.09с., №573; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

Моддаи 5. Объектҳои ҳуқуқи муаллиф. Муқаррароти умумӣ

 

Ҳуқуқи муаллиф ба асарҳои илм, адабиёт ва санъат, ки натиҷаи фаъолияти эҷодӣ мебошанд, сарфи назар аз таъинот ва аҳамият, ҳамчунин тарзи ифодаи онҳо татбиқ мегардад. Асарҳо бояд дар ин ё он шакли объективӣ ифода ёбанд:

1) хаттӣ (дастхат, чопи мошинӣ, сабти нотаҳо ва ғ.);

2) шифоҳӣ (изҳори оммавӣ, иҷрои оммавӣ ва ғ.);  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

3) сабти овозӣ ва видеоӣ (механикӣ, магнитӣ, ададӣ, оптикӣ ва ғ.) ;

4) тасвирӣ (расм, ангора, сурат, нақша, тасмаи кино, навори телевизион, навори видео, кадри аккосӣ ва ғ.);

5) ҳаҷмӣ ва фазоӣ (ҳайкал, намуна, амсила, сохтмон ва ғ.);

6) дигар шаклҳои қобили дарку эҳсос.

Ба ғоя, усул, ҷараён, тартиб, тарзу усул, равия, принсип, кашфиёт ва факт ҳуқуқи муаллиф татбиқ намегардад.

Ҳуқуқи муаллифӣ ба асар бо ҳуқуқи моликият ба объекти моддӣ, ки асар дар он ифода ёфтааст, вобастагӣ надорад.

Таҳвили ҳуқуқи моликият ба объекти моддӣ худ аз худ маънои таҳвили ин ё он ҳуқуқи муаллифро ба асари дар он объект ифодаёфта надорад.

 

Моддаи 6. Асарҳое, ки объекти ҳуқуқи муаллиф мебошанд

 

Ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф инҳо мансубанд:  

1) асарҳои шифоҳӣ (суханрониҳо, лексияҳо, маърӯзаҳо ва ғ.);                          

2) асарҳои адабиёт (адабию бадеӣ, илмӣ, таълимӣ, публитсистӣ ва ғайра, ҳамчунин тамоми намуди барномаҳо барои МЭҲ, аз ҷумла барномаҳои амалӣ ва системаҳои амалиётие, ки метавонанд дар ҳар забон ва дар ҳар шакл, инчунин дар  матни ибтидоӣ ва рамзи объектӣ таҷассум гарданд);

3) асарҳои драмавӣ ва мусиқиву драмавӣ, асарҳои сенарӣ;

4) асарҳои хореографӣ ва пантомима;

5) асарҳои мусиқӣ бо матн ва бе он;

6) асарҳои аудиовизуалӣ;

7) асарҳои тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, графикӣ, санъати ороишию амалӣ, дизайнӣ, ҳикояҳои тасвирӣ, комиксҳо ва дигар асарҳои санъати тасвирӣ;                                     

8) асарҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва санъати боғпарварӣ;      

9) асарҳои суратнигорӣ ва дигар асарҳое, ки бо усулҳои ба он монанд офарида мешаванд;

10) харита, нақша, ангора, тарҳҳои чуғрофӣ, геологӣ, заминшиносӣ ва дигар асарҳои пластикӣ, ки ба ҷуғрофия, топография ва илмҳои дигар марбутанд;

11) асарҳои маҳсулӣ (тарҷума, таҳрир, хулоса, реферат, резюме, шарҳу тавзеҳ, саҳнагузорӣ ва дигар коркардҳои асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат);

12) маҷмӯаҳо (энсиклопедияҳо, тазкираҳо, манбаъҳои маълумот) ва дигар асарҳои таркибӣ, ки натиҷаи меҳнати эҷодӣ буда, ба аломатҳои дар моддаи 5 ҳамин Қонун мутобиқат доранд;

13) қисмҳои асар ( аз ҷумла номи он, қаҳрамонҳо ва унсурҳои дигар), ки талаботи қисми якуми моддаи 5-ро қонеъ мегардонанд ва метавонанд дар алоҳидагӣ истифода шаванд. (ҚҶТ аз 3.12.09с., №573)

Асари маҳсулӣ ва таркибӣ, сарфи назар аз он, ки асарҳои асосӣ ё таркибии онҳо объекти ҳуқуқи муаллифанд ё не, аз ҳифзи ҳуқуқи муаллиф бархӯрдоранд.

 

Моддаи 7. Асарҳое, ки объекти ҳуқуқи муаллиф нестанд

 

Ин асарҳо объекти ҳуқуқи муаллиф нестанд:

1) асноди расмӣ (қонунҳо, қарорҳои судӣ, дигар матнҳои дорои хислати қонунӣ, маъмурӣ ва судӣ), ҳамчунин тарҷумаи расмии онҳо;

2) рамзҳо ва нишонаҳои давлатӣ (Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ, орденҳо, пули миллӣ ва нишонаҳои дигари давлатӣ);

3) хабарҳо оид ба ҳодисаву фактҳое, ки хислати иттилоотӣ доранд;

4) асарҳои эҷодиёти халқ.

 

Моддаи 8. Субъектҳои ҳуқуқи муаллиф

 

Субъекти ҳуқуқи муаллиф худи муаллиф мебошад.

Муаллиф шахсест, ки ҳангоми интишори асар номи ӯ ҳамчун муаллиф дар нусхаи асари интишорёфта, дар дастхат ё дар нусхаи аслии асари санъат қайд гардидааст.

 

Моддаи 9. Ба вуҷуд омадани ҳуқуқи муаллиф. Эътирофи муаллифӣ

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

Ҳуқуқи муаллиф ба асари илм, адабиёт ва санъат аз лаҳзаи эҷоди он ба миён меояд. Барои ба вуҷуд омадан ва амалӣ сохтани ҳуқуқи муаллиф бақайдгирӣ, ба таври махсус ба расмият даровардани асар ё риояи ин ё он расмиятгароӣ шарт нест.

Соҳиби ҳуқуқи комили муаллиф барои огоҳ сохтан аз ҳуқуқи худ метавонад аз аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф истифода кунад, ки он дар ҳар як нусхаи асар сабт ёфта, аз се унсур иборат мебошад:

1) ҳарфи лотинии "С", ки дар дохили доира аст (С);

2) ном (унвон)-и соҳиби ҳуқуқи комили муаллиф;

3) соли нашри аввали асар.

Дар сурати мавҷуд набудани далелҳои дигар муаллифи асар шахсе ҳисоб меёбад, ки дар асл ва ё нусхаи асар ба сифати муаллиф сабт ёфтааст.

Дар сурати беимзо ва ё таҳти имзои мустаор нашр гардидани асар (ғайр аз ҳолатҳое, ки тахаллуси муаллиф барои шахсияти ӯ шубҳаовар нест) ношире, ки ному унвони он дар асар сабт ёфтааст, ҳангоми мавҷуд набудани далелҳои дигар, намояндаи муаллиф ҳисоб меёбад ва ба ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва амалӣ сохтани он ҳуқуқ дорад. Ин ҳолат то замоне амал мекунад, ки муаллифи асари мазкур шахсият ва муаллифии худро маълум накунад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ё шахсоне, ки дорои ягон навъ салоҳияти комил ба асар мебошанд, барои дарёфти шаҳодатномаи муаллифӣ ба асари нашршуда ё нашрнашуда, дар бораи факт ва санаи нашри асар ё шартномаҳое, ки ба ҳуқуқи муаллиф марбутанд, метавонанд бо тартибе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқи вобаста ба он (минбаъд - мақоми ваколатдор) муайян карда мешавад, дар давоми тамоми мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аз қайд гузаранд.

Соҳиби объекти моддӣ, ки асар дар он ифода ёфтааст, ба шахсе, ки соҳиби ҳуқуқи муаллиф мебошад, дар бақайдгирии асар монеъ шуда наметавонад.

 

Моддаи 10. Ҳаммуаллифӣ

 

Ҳуқуқи муаллиф ба асаре, ки маҳсули эҷодии ду ва ё зиёда шахсон ҳисоб меёбад (ҳаммуаллифӣ), муштаракан ба ҳамаи муаллифони он тааллуқ дорад, сарфи назар аз он, ки асари мазкур як ҷузъи томи тақсимнопазирро ташкил мекунад ва ё аз қисматҳои ҷудогонаи дорои аҳамияти мустақил таркиб ёфтааст.

Қисме аз асар дар сурате дорои аҳамияти мустақил эътироф мешавад, ки агар он сарфи назар аз қисматҳои дигари асар қобили истифода бошад.

Ҳар яке аз ҳаммуаллифон ҳуқуқҳои шахсии молумулкӣ ва ғайримолумулкии худро ба қисматҳои ҷудогонаи дорои аҳамияти мустақил, ки муаллифи он мебошад, нигоҳ медорад, ба шарте ки аз рӯи созишномаи байниҳамдигарии онҳо чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Шахсоне ҳаммуаллиф пазируфта намешаванд, ки ба муаллиф танҳо кўмакҳои техникӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва ғайра расонидаанд, зеро ин амал фаъолияти эҷодӣ маҳсуб намегардад. (ҚҶТ аз 3.12.09с., №573)

Муносибатҳои байниҳамдигарии ҳаммуаллифон метавонанд тибқи созишномаи онҳо муайян карда шаванд. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин созишнома ҳуқуқи муаллиф ба асар аз тарафи ҳамаи муаллифон якҷоя амалӣ мегардад ва ҳаққи қалам дар байни ҳаммуаллифон баробар тақсим карда мешавад.

Агар асари ҳаммуаллифон як ҷузъи тому қисматнопазирро ташкил диҳад, ҳеҷ яке аз ҳаммуаллифон бе сабабҳои асосноки кофӣ наметавонад истифодаи асарро манъ кунад.

Агар дар созишномаи байни ҳаммуаллифон чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳар яке аз ҳаммуаллифон ҳуқуқ дорад аз номи худ, аз ҷумла бе гирифтани иҷозати ҳаммуаллифони дигар, мутобиқи нишондоди Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳо нисбат ба асар тадбирҳо андешад. Ҳаммуаллифе, ки чунин тадбирҳо меандешад, вазифадор аст ҳаммуаллифони дигарро огоҳ намояд. (ҚҶТ аз 3.12.09с., №573)

 

Моддаи 11. Ҳуқуқи муаллифии мураттибони маҷмӯаҳо ва дигар асарҳои таркибӣ

 

Мураттиби маҷмӯаҳо ва дигар асарҳои таркибӣ барои интихоб ва ҷобаҷогузории маводе, ки аз тарафи вай анҷом дода шудааст ва натиҷаи меҳнати эҷодӣ (мураттибӣ) ҳисоб меёбад, дорои ҳуқуқи муаллиф мебошад.

Мураттиб дар сурате метавонад аз ҳуқуқи муаллиф истифода намояд, ки ҳуқуқи муаллифони ҳар яке аз асарҳои дар асари таркибӣ ҷойдодашударо риоя намояд.

Муаллифоне, ки асарҳояшон ба асари таркибӣ дохил карда шудаанд, метавонанд аз асарҳои худ, сарфи назар аз асари таркибӣ, истифода кунанд, ба шарте ки дар шартномаи муаллифӣ чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳуқуқи муаллиф ба маҷмӯаи асарҳое, ки мавзӯи ҳуқуқи ягон муаллиф намебошанд, аз ҷумла қонунҳо, қарорҳои судӣ, асноди расмии дигар, сарчашмаҳои таърихӣ ва ёдгориҳо ва дигар асарҳое, ки тавассути ҳуқуқи муаллиф ҳифз намешаванд, ба мураттибони он дар сурате тааллуқ дорад, ки онҳо маводи ба маҷмӯа ҷойдодашударо мустақилона таҳрир ё мураттаб кардаанд.

Ҳуқуқи муаллифии мураттиб наметавонад ба шахсони дигар дар интихобу ҷобаҷогузории мустақилонаи маводи дар маҷмӯа ҷойдошта бо мақсади мураттаб сохтани асарҳои таркибии худашон монеъ гардад.

Ношири энсиклопедияҳо, луғатҳои энсиклопедӣ, маҷмӯаҳои корҳои илмии даврӣ ва бардавом, рӯзнома, маҷалла ва дигар нашрияҳои даврӣ дорои ҳуқуқи комили истифодаи ин нашрияҳо мебошад. Ҳангоми ҳар гуна истифодаи чунин нашрияҳо ношир ҳуқуқ дорад унвони худро зикр намояд ва ё зикри онро талаб кунад. Муаллифони асарҳое, ки ба чунин нашрияҳо дохил карда шудаанд, ҳуқуқи комили худро барои истифодаи асарҳои худ, сарфи назар аз нашрия, нигоҳ медоранд, ба шарте ки дар шартномаи муаллифӣ чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

Моддаи 12. Ҳуқуқи муаллифии тарҷумонҳо ва муаллифони дигар асарҳои маҳсулӣ

 

Ба тарҷумонҳо ва муаллифони дигар асарҳои маҳсулӣ ҳуқуқи муаллиф барои тарҷума таҳрир, таҳия ва дигар навъи коркарди асар тааллуқ дорад.

Тарҷумон ва муаллифи дигар асари маҳсулӣ дар сурате аз ҳуқуқи муаллиф истифода мекунад, ки агар ҳуқуқи муаллифи асари тарҷумашуда, таҳрирёфта, таҳияшуда ё таҳти навъи коркард қароргирифта аз тарафи ӯ риоя карда шавад.

Ҳуқуқи муаллифии тарҷумонҳо ва муаллифони дигар асарҳои маҳсулӣ барои шахсони дигар дар мавриди тарҷума ва коркарди нави ҳамон асарҳо монеъ намешавад.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқи муаллифии асарҳои аудиовизуалӣ

 

Шахсони зерин муаллифи асари аудиовизуалӣ мебошанд:

режиссёри таҳиягар;

муаллифи сенарий;

муаллифи асари мусиқӣ (бо матн ва бидуни он), ки махсус барои ҳамон асари аудиовизуалӣ офарида шудааст (бастакор).

Бастани шартнома роҷеъ ба офаридани асари аудиовизуалӣ аз тарафи муаллифони ҳамин асар ба таҳиягари асари аудиовизуалӣ таҳвил додани ҳуқуқи комилро барои таҷдид, паҳн кардан, иҷрои оммавӣ, тавассути пахши кабелӣ дастраси омма кардан, ба эфир додан ва тамоми дигар навъҳои дастраси омма кардани асари аудиовизуалӣ, ҳамчунин ҳуқуқи бо зернавис (субтитрҳо) ва дубляж таъмин намудани асари аудиовизуалиро пешбинӣ менамояд, агар дар шартномаи басташуда чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Ин ҳуқуқ дар давоми мӯҳлати эътибори ҳуқуқи муаллиф ба асари аудиовизуалӣ амал мекунад.

Таҳиягари асари аудиовизуалӣ ҳуқуқ дорад, ки дар ҳамаи мавридҳои истифодаи асар ном ё унвони худро зикр намояд ё зикри онро талаб кунад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ҳангоми иҷрои оммавии асари аудиовизуалӣ муаллифи асари мусиқӣ (бо матн ва бидуни он) ҳуқуқи худро ба ҳаққи қалам барои иҷрои оммавии асари мусиқиаш нигоҳ медорад.

Муаллифи асарҳои ҳам қисми таркибии асари аудиовизуалӣ, ҳам асарҳои қаблан мавҷудбуда (муаллифи романе, ки дар асоси он сенарий таҳия шудааст ва ғ.), ҳам асарҳои дар ҷараёни кор бо онҳо офаридашуда (коргардони таҳиягар, рассоми таҳиягар ва ғ.) ҳар яке дорои ҳуқуқи муаллиф ба асари худ мебошанд.

 

Моддаи 14. Ҳуқуқи муаллиф ба асари хизматӣ

 

Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ба муаллифи асаре, ки онро зимни иҷрои вазифа ё супориши хизматӣ эҷод кардааст (асари хизматӣ), тааллуқ доранд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ҳуқуқи комили истифода аз асари хизматӣ танҳо ба шахсе тааллуқ дорад, ки бо муаллиф дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дорад (корфармо), агар дар шартномаи байни ӯ ва муаллиф чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Агар корфармо асари аз рӯи фармоиши худаш офаридашударо дар муддати се соли баъди дастрас шудани он истифода накунад, тамоми ҳуқуқи истифода аз асар ба муаллиф мегузарад.

Андозаи ҳаққи қалам барои ҳар як навъи истифода аз асари хизматӣ ва тартиби пардохти музди он тавассути шартномаи байни муаллиф ва корфармо муқаррар карда мешавад.

Корфармо ҳуқуқ дорад, ки зимни ҳар истифодаи асари хизматӣ унвони худро зикр намояд ё зикри онро талаб кунад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Агар энсиклопедияҳо, луғатҳои энсиклопедӣ, маҷмӯаи корҳои илмии даврӣ ва бардавом, рӯзнома, маҷалла ва дигар нашрияҳои даврӣ, ки дар қисми шашуми моддаи 11 ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, зимни иҷрои вазифаҳо ва супоришҳои хизматӣ офарида шаванд, қоидаҳои ҳамин модда ба онҳо татбиқ намегарданд.

 

Моддаи 15. Ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкии муаллифон

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

Ба муаллиф нисбати асари ӯ чунин ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкӣ дода мешавад:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

1) ҳуқуқи эътирофи муаллифӣ ба асари офаридашуда (ҳуқуқи муаллифӣ);  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

2) ҳуқуқи истифода ё иҷозати истифодаи асар бо номи ҳақиқии муаллиф, тахаллуси ӯ ва ё бе зикри ном, яъне беимзо (ҳуқуқи ном);

3) ҳуқуқи интишор ё иҷозати интишори асар дар ҳар шакл (ҳуқуқи интишор), аз ҷумла ҳуқуқи бозхонд;

4) ҳуқуқи ҳифзи асар, аз ҷумла унвони он аз ҳар гуна таҳрифкорӣ ва дигар навъи дахолат, ки метавонад ба номус ва шаъни муаллиф зарар расонад (ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф);

5) ҳуқуқи дахлнопазирии асар.

Муаллиф ҳуқуқ дорад, ки аз қарори қаблан қабулшуда доир ба нашри асар даст кашад (ҳуқуқи бозхонд), ба шарте ки ба истифодабаранда ҳама гуна зарари дар натиҷаи чунин қарор бамиёномадаро ҷуброн намояд. Агар асар аллакай нашр шуда бошад, муаллиф бояд дар бораи бозхонди он ошкор эълон намояд. Дар ин маврид ӯ аз ҳисоби худ нусхаҳои дар муомилотбудаи асари худро харида мегирад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Муқаррароти қисми дуюми ҳамин модда ҳангоми таълифи асарҳои хизматӣ татбиқ намегарданд.

Ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкии муаллиф ба ӯ, сарфи назар аз ҳуқуқи молумулкӣ, тааллуқ дорад ва дар ҳолати таҳвили ҳуқуқи комили истифодаи асар нигоҳ дошта мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

Моддаи 16. Ҳуқуқҳои молумулкии муаллиф

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

Ба муаллиф нисбати асари ӯ ҳуқуқи комили истифодаи асар дар ҳама гуна шаклу тарз дода мешавад ва ин чунин маънӣ дорад, ки муаллиф амалҳои зеринро иҷро намояд ва ё ба иҷрои онҳо иҷозат диҳад:

1) таҷдиди асар (ҳуқуқи таҷдид);

2) паҳн кардани нусхаҳои асар бо ҳар тарз: фурӯхтан, ба кироя додан ва ғ. (ҳуқуқи паҳнкунӣ);

3) ворид кардани нусхаҳои асар бо мақсади паҳнкунӣ, аз ҷумла нусхаҳое, ки бо иҷозати соҳиби ҳуқуқи комил таҳия шудаанд (ҳуқуқи воридот);

4) намоиши оммавии асар (ҳуқуқи намоиши оммавӣ);

5) иҷрои оммавии асар (ҳуқуқи иҷрои оммавӣ);

6) ба омма дастрас кардани асар (аз ҷумла намоиш додан, иҷро ё ба эфир додан) ба воситаи пахши эфирӣ ва (ё) пахши минбаъдаи эфирӣ (ҳуқуқи пахши эфирӣ);

7) ба омма дастрас кардани асар (аз ҷумла намоиш додан, иҷро ё ба эфир додан) ба воситаи кабел ё тавассути дастгоҳҳои дигари ба он монанд (ҳуқуқи пахши кабелӣ);

8) тарҷумаи асар (ҳуқуқи тарҷума);

9) таҷдиди коркард, аранжировка ва ё навъи дигари коркард (ҳуқуқи коркард);

10) ба маълумоти умум расонидани асар барои истифодаи интерактивӣ (ҳуқуқи ба маълумоти умум расонидан).

Ҳуқуқи комили муаллиф ба истифодаи лоиҳаҳои дизайнӣ, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва боғпарварӣ татбиқ намудани чунин лоиҳаҳоро дар бар мегирад. Муаллифи лоиҳаи меъмории қабулшуда ҳуқуқ дорад, ки аз фармоишгар ҳуқуқи ширкатро дар амалӣ сохтани лоиҳаи худ ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо барои сохтмон ва зимни сохтани бинову иншоот талаб намояд, ба шарте ки дар шартнома чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Агар нусхаҳои асари қонунан чопшуда тавассути фурӯш ба муомилот бароварда шуда бошанд, паҳнкунии минбаъдаи онҳо метавонад бидуни ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф анҷом дода шавад. Дар ин маврид ба муаллифон ё дигар соҳибони ҳуқуқи муаллифии асарҳои аудиовизуалӣ, барномаҳои МЭҲ, манбаъҳои маълумот, асарҳои мусиқии нотавӣ ва асарҳое, ки дар фонограммаҳо сабт ёфтаанд, ҳуқуқи ба кироя додани асл ё нусхаҳои чунин асарҳо, сарфи назар аз мансубияти ҳуқуқи моликият ба нусхаҳои асл ва ғайриаслӣ, ки ба кироя дода мешаванд, нигоҳ дошта мешавад.

Муаллиф ба гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як намуди истифодаи асараш ҳуқуқ дорад (ҳуқуқ ба ҳаққи қалам). Андоза ва тартиби ҳисоби ҳаққи қалами муаллиф барои ҳар як навъи истифодаи асар аз тарафи шахсони дигар дар шартномаи муаллифӣ, ҳамчунин шартномаҳое, ки байни ташкилотҳои идораи дастаҷамъии ҳуқуқи молумулкии муаллифон ва истифодабарандагони асар баста мешаванд, муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Маҳдудиятҳои ҳуқуқҳои дар қисми якум ва дуюми моддаи мазкур зикргардида бо модаҳои 19-21, 24 ва 39 ҳамин Қонун муқаррар карда мешаванд, ба шарте ки чунин маҳдудиятҳо ба истифодаи дурусти асар зарари беасос нарасонанд ва манфиатҳои қонунии муаллифро беасос халалдор накунанд. 

 

Моддаи 17. Мӯҳлати амали ҳуқуқи муаллиф

 

Ҳуқуқи муаллиф дар давоми тамоми ҳаёти муаллиф эътибор дорад, ба мерос мегузарад ва ғайр аз ҳолатҳое, ки дар ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, дар давоми панҷоҳ соли пас аз фавти муаллиф амал мекунад.

Ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи ном ва ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф бемӯҳлат ҳифз мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Муаллиф ҳуқуқ дорад мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун шахсеро муайян намуда, ба ӯ ваколати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, ҳуқуқи ном ва ҳуқуқи ҳифзи эътибори худро пас аз маргаш вогузорад. Ин шахс ваколатҳои худро умрбод амалӣ месозад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ҳангоми мавҷуд набудани чунин шахс ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи ном ва ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф аз тарафи ворисони ӯ амалӣ карда мешавад, дар сурати набудани ворисон ва ё қатъ гардидани ҳуқуқи муаллифии онҳо ҳифзи ҳуқуқҳои мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ мегардад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ҳуқуқи муаллиф ба асари ҳаммуаллифӣ дар давоми тамоми ҳаёти муаллифон ва панҷоҳ соли пас аз фавти муаллифи охирин амал мекунад.

Ҳуқуқи муаллиф ба асари беимзо ё бо номи мустаор нашргардида дар давоми панҷоҳ соли пас аз нашри қонунии он амал мекунад. Агар дар давоми мӯҳлати муқарраршуда муаллифи асаре, ки беимзо ё бо номи мустаор ба табъ расидааст, шахсияти худро ошкор намояд ва ё шахсияти ӯ шубҳаовар набошад, муқаррароти қисми якуми ҳамин модда татбиқ мегардад.

Ҳуқуқи муаллиф ба асаре, ки бори аввал дар давоми сӣ соли пас аз фавти муаллиф ба табъ расидааст, дар давоми панҷоҳ соли пас аз нашри қонунии он амал мекунад.

Ҳисоби мӯҳлатҳое, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, аз 1 январи соли ояндаи ба вуқӯъ омадани факти ҳуқуқие, ки ба оғози мӯҳлат асос мегарданд, шурӯъ мешавад.

Ҳангоми таъмини ҳифзи асар мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳлати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аз мўҳлати муқаррарнамудаи мамлакате, ки дар он асар офарида шудааст, зиёд буда наметавонад.

 

Моддаи 18. Оқибатҳои қатъи мӯҳлати амали ҳуқуқи муаллиф

 

Қатъи мӯҳлати амали ҳуқуқи муаллиф маънои ба сарвати ҷамъиятӣ табдил ёфтани асарро дорад.

Асарҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ вақт ҳифз карда намешуданд, низ ба сарвати ҷамъиятӣ табдил меёбанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Асарҳое, ки ба сарвати ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд, метавонанд аз тарафи ҳар шахс бе пардохти ҳаққи қалами муаллифӣ истифода шаванд. Дар ин сурат ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи ном ва ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф, ки дар ҳамин моддаи 15 Қонун пешбинӣ шудааст, бояд риоя гардад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои истифодаи асарҳои ба сарвати ҷамъиятӣ  табдилёфта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон музд муқаррар намояд, ки он ба Хазинаҳои касбии муаллифон, ҳамчунин ташкилотҳое, ки ҳуқуқи молумулкии муаллифонро дар асоси дастҷамъӣ идора мекунанд, пардохта мешавад. Андозаи чунин музд набояд аз 1 фоизи даромади аз истифодаи чунин асарҳо бадастомада зиёд бошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

Моддаи 19. Таҷдиди асар бо мақсадҳои шахсӣ бе иҷозати муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф

 

Таҷдиди асари қонунан интишорёфтаи шахси дигар бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф фақат барои қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ мумкин аст, ба шарте ки дар ин маврид истифодаи муътадили асар вайрон нагардад ва манфиатҳои қонунии муаллиф, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 39 ҳамин Қонун, поймол нагарданд.

Муқаррароти ҳамин модда дар ҳолатҳои зерин истифода намешавад:

1) таҷдиди асарҳои меъморӣ дар шакли биноҳо ва иншооти ба он монанд;

2) таҷдиди манбаъҳои маълумот ё қисматҳои муҳими онҳо;

3) таҷдиди барномаҳо барои МЭҲ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар моддаи 24 ҳамин Қонун пешбинӣ гардидаанд;

4) пурра аз нав чоп кардани нусхаи китобҳо ва матни нотаҳо.

5) ҳар як таҷдиди беиҷозати асар, ки ба маълумоти умум барои истифодаи интерактивӣ расонида шудааст.

 

Моддаи 20. Истифодаи асар бе ризоияти муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф,

вале бо нишон додани номи муаллифи асар ва манбаи иқтибос

 

Бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф, вале бо нишон додани ҳатмии номи муаллифи асари истифодашаванда ва манбаи иқтибос, анҷом додани амалҳои зерин мумкин аст:

1) иқтибос дар асл ва дар тарҷума бо ҳадафҳои илмӣ, тадқиқотӣ, мубоҳисавӣ, танқидӣ ва иттилоотӣ аз асарҳои қонунан интишорёфта дар ҳаҷме, ки ҳадафи иқтибос тақозо мекунад аз ҷумла таҷдиди порчаҳо аз мақолаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо дар шакли шарҳу хулосаҳои матбуот;

2) истифодаи асарҳои қонунан интишорёфта ва қисматҳои алоҳидаи онҳо ба сифати тасвиру намунаҳо дар нашрияҳо, барномаҳои радио ва телевизион, сабтҳои овозӣ ва видеоии характери таълимидошта, - дар ҳаҷме, ки ҳадафи гузошташуда тақозо мекунад;

3) дар матбуот, дар барномаҳои пахши эфирӣ ва кабелӣ барои маълумоти умум таҷдид намудани мақолаҳои дар рӯзномаҳову маҷаллаҳо қонунан чопшуда роҷеъ ба масъалаҳои ҷории иқтисодӣ, сиёсӣ ва динӣ, ба шарте ки чунин амалҳо аз тарафи муаллиф махсус манъ нашуда бошад;

4) таҷдиди суханрониҳо, муроҷиатномаҳо, маърӯзаҳо ва асарҳои амсоли онҳо дар матбуот барномаҳои эфирӣ ва хабарҳои кабелӣ барои маълумоти умум, - дар ҳаҷме ки ҳадафи иттилоотӣ тақозо мекунад. Дар ин маврид ҳуқуқи муаллиф барои чоп кардани чунин асарҳо дар маҷмӯаҳо нигоҳ дошта мешавад;

5) тавассути суратҳо, бо роҳи барномаҳои эфирӣ ё кабелӣ таҷдид ё ба омма дастрас кардани асарҳо роҷеъ ба ҳодисаҳои маълуми ҷорӣ дар шарҳу хулосаҳои ҳодисаҳои ҷорӣ ҳаҷме, ки ҳадафи иттилоотӣ тақозо мекунад. Дар ин маврид ҳуқуқи муаллиф барои дар маҷмӯаҳо чоп кардани чунин асарҳо нигоҳ дошта мешавад;

6) таҷдиди асарҳои қонунан нашршуда бидуни гирифтани фоида бо навъи хати нуқтагии барҷаста ва дигар тарзҳои махсус барои нобиноён, - ғайр аз асарҳое, ки махсус барои чунин тарзҳои таҷдид офарида шудаанд;

7) бе гирифтани фоида як адад нусхабардорӣ кардани:

а) асари қонунан нашршуда аз тарафи китобхонаву бойгониҳо барои барқарор ё иваз намудани нусхаҳои вайроншуда ва гумшуда, пешкаш намудани нусхаҳои асар ба китобхонаҳои дигар, ки бо сабабҳои гуногун асарҳоро аз хазинаи худ гум кардаанд, - агар ба даст овардани чунин нусха бо роҳи дигар имконнопазир бошад;

б) мақолаҳои ҷудогона ва асарҳои ҳаҷман хурди қонунан дар маҷмӯаҳо, рӯзномаҳо аз дигар нашрияҳои даврӣ нашршуда, порчаҳои хурд аз асарҳои қонунан нашршудаи хаттӣ (бо тасвирҳо ва бе он) аз тарафи китобхонаҳо ва бойгониҳо бо талабу дархости шахсони воқеӣ барои мақсадҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ;

в) мақолаҳои ҷудогона ва асарҳои ҳаҷман хурди қонунан дар маҷмӯаҳо, рӯзномаҳо ва дигар нашрияҳои даврӣ нашршуда, порчаҳои хурд аз асарҳои қонунан интишорёфтаи хаттӣ (бо тасвирҳо ва бе он) аз тарафи муассисаҳои маориф барои машғулиятҳои таълимӣ.

 

Моддаи 21. Истифодаи асар бе ризоияти муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф

 

Истифодаи асар бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф дар ҳолатҳои зерин мумкин аст:

1) таҷдид, ба эфир додан ё тавассути кабел ба омма дастрас кардани асарҳои меъмори суратгирӣ, санъати тасвирӣ, ки ҳамеша дар ҷойҳои дастраси умум қарор доранд, ғайр аз ҳолатҳое, ки тасвири асар ҷузъи асосии чунин таҷдид, барномаҳои эфирӣ ва кабелӣ мебошад ё тасвири асар бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода мешавад;

2) иҷрои оммавии асарҳои мусиқӣ ҳангоми маросимҳои расмӣ ва динӣ, ҳамчунин маросими дафн, - дар ҳаҷме, ки хислати чунин маросимҳо тақозо мекунад;

3) таҷдиди асарҳо барои мурофиаи судӣ, - дар ҳаҷме, ки мақсади мазкур тақозо мекунад;

4) аз тарафи ташкилоти пахши барномаҳои эфирӣ сабт намудани истифодаи кутоҳмуддати асаре, ки ташкилот ҳуқуқӣ ба эфир додани онро соҳиб шудааст, - ба шарте ки чунин сабт аз тарафи ташкилоти пахши барномаҳои эфирӣ бо кумаки таҷҳизоти худи он ва барои барномаҳои хусусии он сурат гирад. Дар ин маврид чунин ташкилот вазифадор аст, ки сабти мазкурро дар муддати шаш моҳи баъди таҳия шудани он нобуд созад, - агар барои муддати аз он бештари истифода бо муаллифи асари сабтшуда мувофиқа ба даст наомада бошад. Агар сабт хислати сирф ҳуҷҷатӣ дошта бошад, он метавонад бидуни ризоияти муаллиф дар бойгониҳои расмӣ нигоҳ дошта шавад.

 

Моддаи 22. Ҳуқуқи рухсати истифодаи асарҳои санъати тасвирӣ. Ҳуқуқи пайгирӣ

 

Муаллифи асари санъати тасвири ҳуқуқ дорад аз соҳиби асар имконияти амалӣ сохтани ҳуқуқи таҷдиди асари худро талаб кунад (ҳуқуқи рухсат). Дар ин маврид аз соҳиби асар ба муаллиф бурда расонидани онро талаб кардан мумкин нест.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Аз муаллиф ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба асари саньати тасвирӣ (пулакӣ ё ройгон) маънои фурӯши аввалини ин асарро дорад.

Дар ҳар як ҳолати аз нав фурӯхта шудани асари санъати тасвирӣ ба таври расмӣ (дар музояда, галереяи санъати тасвирӣ, толори рассомӣ, мағоза ва ғ.) муаллиф ҳуқуқи аз фурӯшанда гирифтани ҳаққи қаламро ба андозаи 5 фоизи қимати фурӯши такрорӣ дорад (ҳуқуқи пайгирӣ). Ин ҳуқуқ бегона карда намешавад ва танҳо ба ворисони муаллиф аз рӯи қонун ба муддати амали ҳуқуқи муаллиф мегузарад.

 

Моддаи 23. Ҳифзи манфиатҳои шахсе, ки дар асар тасвир ёфтааст

 

Интишор, таҷдид ва паҳн намудани асари санъати тасвирӣ, ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танҳо бо ризоияти шахси тасвиршуда ва пас аз фавти ӯ - бо ризоияти ворисони навбати аввал имконпазир аст. Агар шахс ба ивази музди муайян аз рӯи шартнома тасвир шуда бошад, чунин ризоият лозим нест.

 

Моддаи 24. Таҷдиди озоди барномаҳо барои МЭҲ ва манбаъҳои маълумот. Густурдани барномаҳо барои МЭҲ

 

Шахсе, ки қонунан соҳиби нусхаи барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот мебошад, ҳуқуқ дорад, ки бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи комил ва бе пардохти ҳаққи қалами иловагӣ корҳои зеринро анҷом диҳад:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

ба барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот тағйироте дохил намояд, ки он фақат бо мақсадҳои фаъолияти вай дар васоили техникии истифодабаранда амалӣ мешавад, ҳар гуна амалеро иҷро намояд, ки бо фаъолияти барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот мувофиқи таъиноти он вобаста аст, аз ҷумла, сабт ва нигаҳдорӣ дар хотираи МЭҲ, ки барои як МЭҲ ё истифодабарандаи як шабака мумкин аст, ба шарте ки дар шартнома бо муаллиф чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

нусхаи барномаро барои МЭҲ ё манбаи маълумот таҳия намояд, ба шарте ки ин нусха барои мақсадҳои ба бойгонӣ супоридан ё иваз кардани нусхаи аслии барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумоте, ки гум шудааст, ё ғайри қобили истифода гардидааст, таъин гардад. Дар ин маврид нусхаи барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот, агар соҳибияти минбаъда ба ин барномаи МЭҲ ё манбаи маълумот ғайриқонунӣ гардад, бояд нобуд карда шавад.

Шахсе, ки қонунан соҳиби нусхаи барнома барои МЭҲ мебошад, ҳуқуқ дорад, ки бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи комил ва бе пардохти ҳаққи қалами иловагӣ рамзи объектиро ба матни ибтидоӣ табдил диҳад ва таҷдид намояд (барномаи МЭҲ-ро густариш диҳад) ё анҷоми ин амалро ба шахси дигар вогузор намояд, ба шарте ки он барои ба даст овардани қобилияти ба фаъолияти мутақобилаи барномаи аз тарафи ин шахс мустақилона таҳияшуда бо барномаҳои дигар, ки метавонанд бо барномаи густурдашуда дар фаъолияти мутақобила бошанд. Дар ин мавриди риояи шартҳои зерин зарур аст:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

1) маълумоте, ки барои ба даст овардани қобилият ба фаъолияти мутақобила зарур аст, қаблан ба ин шахс аз манбаъҳои дигар дастрас нашуда бошад;

2) амалҳои мазкур танҳо барои он қисматҳои барномаи густурдашудаи МЭҲ татбиқ мешаванд, ки барои ба даст овардани қобилият ба фаъолияти мутақобила заруранд;

3) маълумоте, ки дар натиҷаи густариш ҳосил мешавад, метавонад фақат барои ба даст овардани қобилият ба фаъолияти мутақобилаи барномаи мустақилона таҳияшудаи МЭҲ бо барномаҳои дигар истифода шавад: он наметавонад ба шахси дигар таҳвил дода шавад, ғайр аз ҳолатҳое, ки чунин амал барои ба даст овардани қобилият ба фаъолияти мутақобилаи барномаи мустақилона таҳияшудаи МЭҲ бо барномаҳои дигар зарур бошад, ҳамчунин он наметавонад барои таҳияи барномаи МЭҲ, ки аз рӯи шаклу намуди худ бо барномаи густурдашудаи МЭҲ хеле монанд аст ва ё барои амалӣ сохтани ҳар гуна амали дигар, ки ҳуқуқи муаллифиро вайрон мекунад, истифода гардад.

Татбиқи муқаррароти ин модда набояд барои истифодаи мӯътадили барномаи МЭҲ ё манбаи маълумот зарари беасос расонад ва набояд манфиатҳои қонунии муаллиф ё дигар шахси соҳиби ҳуқуқи комилро ба барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот беасос поймол созад.

 

Моддаи 25. Шартномаи муаллифӣ. Таҳвили ҳуқуқҳои молумулкӣ

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

Ҳуқуқи молумулкие, ки дар моддаи 16 ҳамин Қонун зикр ёфтаанд, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 19-21, 24 ва 39 ҳамин Қонун пешбинигардида, метавонанд танҳо аз рӯи шартномаи муаллифӣ пурра ё қисман таҳвил дода шаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Таҳвили ҳуқуқи молумулкӣ метавонад комил ё ғайрикомил бошад (иҷозатномаи комил ва ғайрикомил).  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Шартномаи муаллифӣ доир ба таҳвили ҳуқуқҳои комил истифодаи асарро аз рӯи тарзу усулҳои муайян ва дар ҳудуди бо шартнома муқарраргардида танҳо барои шахсе иҷозат медиҳад, ки ин ҳуқуқҳо ба ӯ таҳвил дода мешавад ва чунин шахс ҳуқуқ дорад, ки истифодаи асарро бо ҳамин усул аз тарафи шахсони дигар манъ кунад (иҷозатномаи комил).  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ҳуқуқи манъи истифодаи асарро аз тарафи шахсони дигар муаллифи асар низ метавонад амалӣ созад, агар шахсе, ки ба ӯ ҳуқуқҳои комил дода шудааст, ин ҳуқуқро ҳимоя накунад.

Шартномаи муаллифӣ роҷеъ ба таҳвили ҳуқуқи ғайрикомил истифодаи асарро дар баробари соҳиби ҳуқуқҳои комил ба истифодабаранда ва (ё) шахсони дигар, ки бо ҳамин тарз дар бораи истифодаи асар иҷозат гирифтаанд, иҷозат медиҳад (иҷозатномаи ғайрикомил).

Ҳуқуқе, ки аз рӯи шартномаи муаллифӣ таҳвил дода мешавад, ғайрикомил ба ҳисоб меравад, агар дар шартнома мустақиман чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 26. Шартҳои шартномаи муаллифӣ

 

Шартномаи муаллифӣ бояд чунин шартҳоро пешбинӣ намояд: тарзу усулҳои истифода аз асар (ҳуқуқҳои мушаххас, ки аз рӯи ин шартнома таҳвил дода мешаванд); мӯҳлат ва ҳудуде, ки ҳуқуқҳо таҳвил дода мешаванд; андозаи ҳаққи қалам ва ё тартиби муайян намудани андозаи ҳаққи қалам барои ҳар як тарзи истифода аз асар, тартиб ва мӯҳлатҳои пардохти он.

Дар сурати дар шартномаи муаллифӣ зикр нашудани шартҳои мӯҳлати таҳвили ҳуқуқ шартнома метавонад пас аз панҷ соли санаи ба имзо расиданаш аз тарафи муаллиф бекор карда шавад, агар истифодабаранда шаш моҳ пеш аз бекор карда шудани шартнома ба таври хаттӣ огоҳ карда шуда бошад.

Дар сурати дар шартномаи муаллифӣ зикр нашудани шарти истифодаи он дар ҳудуди муайяне, ки ҳуқуқ таҳвил мегардад, амали ҳуқуқи аз рӯи шартномаи таҳвилшаванда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд мегардад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ҳамаи ҳуқуқҳои дигар ба истифодаи асар, ки таҳвили онҳо бевосита дар шартномаи муаллифӣ зикр нагардидааст, таҳвилдоданашуда ҳисоб мешавад.

Ҳуқуқҳои истифодаи асаре, ки то рӯзи баста шудани шартнома номаълум аст, мавзӯи шартнома муаллифӣ шуда наметавонад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ҳаққи қалам дар шартномаи муаллифӣ ба таври фоизи муайян аз даромади тарзи истифодаи асар ва ё агар амалӣ сохтани он бо сабаби хислати асар ва ё хусусиятҳои истифодаи он имконнопазир бошад, ба таври маблағи устувор ва ё бо ягон тарзи дигар, вале на камтар аз андозаи ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф муқаррар карда мешавад.

Андозаи ҳадди ақалли ҳаққи қалами муаллиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад ва бо зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг индексатсия карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., № 1172)

Агар дар шартномаи муаллифӣ роҷеъ ба табъу нашр ва ё тарзи дигари таҷдиди он ҳаққи қалам ба сурати маблағи устувор муайян гардида бошад, пас дар шартнома бояд ҳадди аксари адади нашри нусхаҳои асар муқаррар карда шавад.

Ҳуқуқҳои тибқи шартномаи муаллифӣ таҳвилгардида метавонад ба шахсони дигар танҳо дар ҳолатҳо ва ҳаҷме таҳвил гардад, ки бевосита дар шартномаи муаллифӣ пешбинӣ шудааст.

Тамоми ҳуқуқҳои истифодаи асар, ки бо шартномаи муаллифӣ таҳвил нагардидааст, ба муаллиф тааллуқ дорад.  

Ҳуқуқҳои истифода аз асарҳое, ки муаллиф дар оянда меофарад, мавзeи шартномаи муаллифӣ шуда наметавонад.

Шартҳои шартномаи муаллифӣ, ки имконият ва ҳуқуқи муаллифро барои дар оянда дар мавзeъ ё соҳаи муайян офаридани асар маҳдуд мегардонанд, эътибор надоранд.

Шартҳои шартномаи муаллифие, ки бо муқаррароти ҳамин Қонун мухолифанд, эътибор надоранд.

 

Моддаи 27. Шакли шартномаи муаллифӣ

 

Шартномаи муаллифӣ бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Шартномаи муаллифӣ барои истифодаи асар дар нашрияҳои даврӣ метавонад дар шакли шифоҳӣ низ баста шавад.

Ҳангоми фурӯш ва додани иҷозати истифодаи барномаҳо барои МЭҲ ба истифодабарандагони оммавӣ, шартнома дар сурате ба таври хаттӣ басташуда ҳисоб меёбад, ки агар шартҳои он (шартҳои истифодаи барнома барои МЭҲ) ба таври лозимӣ дар нусхаҳои барнома барои МЭҲ ифода ёфта бошанд.

 

Моддаи 28. Шартномаи муаллифии фармоиш

 

Тибқи шартномаи муаллифии фармоиш муаллиф ӯҳдадор мешавад, ки мутобиқи шартҳои шартнома асар офарад ва онро ба фармоишгар супорад.

Фармоишгар ӯҳдадор аст, ки ба ҳисоби ҳаққи қалами муаллифии дар шартнома зикршуда ба муаллиф пешпардохт диҳад. Андоза, тартиб ва мӯҳлати додани пешпардохт дар шартнома бо ризоияти тарафайн муқаррар карда мешавад.

Агар муаллиф асари фармоиширо тибқи шартҳои шартномаи фармоишӣ пешниҳод накунад, e вазифадор аст, ки зарари воқеии ба фармоишгар расидаро ҷуброн намояд.

 

Моддаи 29. Масъулият аз рӯи шартномаи муаллифӣ

 

Тарафе, ки ӯҳдадориҳои худро аз рӯи шартномаи муаллифӣ иҷро намекунад ва ё ба таври лозимӣ иҷро намекунад вазифадор аст, ки зарари ба тарафи дигар расонидашуда, аз ҷумла, фоидаи аз дастрафтаро ҷуброн намояд.

 

БОБИ III. 

ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

 

Моддаи 30. Соҳаи амали ҳуқуқҳои вобаста ба он

 

Муқаррароти ҳамин Қонун роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқи иҷрогарон нисбат ба шахсони зерин мавриди истифода қарор мегиранд:

1) иҷрогароне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

2) иҷрогароне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  нестанд, вале иҷрои асарҳои онҳо:

а) бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст;

б) дар фонограмма сабт шуда, тибқи ҳамин Қонун ҳифз мешавад;

в) дар фонограмма сабт нашудааст, вале ба барномаи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ дохил шуда, мутобиқи ҳамин Қонун ҳифз мешавад.

Муқаррароти ҳамин Қонун доир ба ҳифзи ҳуқуқи таҳиягарони фонограммаҳо дар ҳолатҳои зерин мавриди истифода қарор мегиранд:

1) ба фонограммаҳое, ки таҳиягари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқиест, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии расмӣ дорад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

2) ба фонограммаҳое, ки таҳиягари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад ва шахси ҳуқуқиест, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии расмӣ надорад вале бори аввал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд ё дар муддати 30 рӯзи баъди нашри аввалин дар кишвари дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Муқаррароти ҳамин Қонун доир ба ҳифзи ҳуқуқи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ нисбат ба барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ дар сурате мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии расмӣ доранд ва барномаҳои худро тавассути дастгоҳҳои садорасоние амалӣ месозанд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистои ҷойгиранд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Муқаррароти ҳамин Қонун ҳамчунин ба иҷрогарон, фонограммаҳо ва барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ мавриди истифода қарор мегирад, ки ҳифзи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида анҷом дода мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ҳифзи объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифие амалӣ мешавад, ки онҳо дар кишвари эҷод шудаашон ба моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи ба итмом расидани мўҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар он кишвар ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба итмом расидани мўҳлати амали қаблан вогузорнамудаи ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ ба моликияти ҷамъиятӣ нагузашта бошанд. Дар ин сурат мўҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз мўҳлати амали муқарраргардидаи ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифии кишваре, ки дар он объекти ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ офарида шудааст, зиёд буда наметавонад.  (ҚҶТ аз 3.12.09с., №573; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

Моддаи 31. Объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он

 

Ҳуқуқҳои вобаста ба ҳамаи намоишҳо, иҷроҳо, фонограммаҳо, барномаҳои ташкилот пахши эфирӣ ва кабелӣ сарфи назар аз таъинот, мазмун ва қиматашон, ҳамчунин сарфи назар аз тарзу шаклҳои ифодаи онҳо татбиқ мешаванд.

 

Моддаи 32. Субъектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он

 

Субъектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он инҳоянд: иҷрогарон, таҳиягарони фонограмма ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ.

Таҳиягарони фонограмма ва ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ ҳуқуқҳои худро, ки дар ҳамин Қонун зикр гардидаанд, дар доираи ҳуқуқҳое, ки тибқи шартнома бо иҷрогар ва муаллифи асари дар фонограмма сабтгардида, ё бо васоили эфирӣ ё кабелӣ пахшшаванда соҳиб мешаванд татбиқ мекунанд.

Барои истифодаи асари саҳнавӣ танҳо ризоияти режиссёри таҳиягар кофӣ набуд ризоияти иҷрогарони нақшҳо ва худи муаллифи асари иҷрошаванда низ зарур аст.

Иҷрогар ҳуқуқи дар ҳамин Қонун зикргардидаро дар мавриде амалӣ месозад, ки ҳуқуқи муаллифӣ асари иҷрошавандаро риоя намояд.

Иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқҳои вобаста ба он метавонанд ҳар вақт дар давоми мўҳлати ҳифзи ҳуқуқҳои вобаста ба он бақайдгирии асарро, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор амалӣ намоянд.

 

Моддаи 33. Аломати ҳифзи ҳуқуқҳои вобаста ба он

 

Барои ба вуҷуд омадан ва амалӣ сохтани ҳуқуқҳои вобаста ба он риояи ягон расмиятгароӣ талаб карда намешавад. Истеҳсолкунандаи фонограмма ва ё иҷрогар барои огоҳ сохтан аз ҳуқуқи худ метавонад аз аломати ҳифзи ҳуқуқҳои вобаста ба он истифода кунад, ки он дар ҳар як нусхаи фонограмма ва ё дар ҳар ғилофи фонограммадор сабт ёфта, аз се унсур иборат мебошад.

1) ҳарфи лотинии «Р», ки дар дохили доира аст: (Р);

2) ном (унвон)-и соҳиби ҳуқуқҳои комили вобастаи ба он;

3) соли аввали нашри фонограмма.

 

Моддаи 34.  Ҳуқуқҳои иҷрогар

 

Ғайр аз ҳолатҳои бо ҳамин Қонун пешбинишуда ба иҷрогар дар мавриди иҷро ё намоиш чунин ҳуқуқҳои комил тааллуқ дорад:

1) ҳуқуқи ном;

2) ҳуқуқи ҳифзи иҷро ё намоиш аз ҳар гуна таҳрифкорӣ ё дахолати дигар, ки метавонад ба шаъну эътибори иҷрогар зарар расонад;

3) ҳуқуқи истифода аз иҷро ё намоиш дар ҳама тарзу шакл, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як тарзи истифода аз иҷро ё намоиш.

Ҳуқуқи комили истифодаи иҷро ё намоиш маънои анҷом додан ва ё иҷозати ба анҷом додани амалҳои зеринро дорад:

1) ба эфир додан ё тавассути васоили кабелӣ ба омма дастрас кардани иҷро ё намоиш, ба шарте ки он қаблан тавассути васоили мазкур иҷро нашуда бошад ё ба воситаи сабт амалӣ нашавад;

2) сабт кардани иҷро ё намоиши пештар сабтнашуда;

3) таҷдиди сабти иҷро ё намоиш;

4) ба эфир додан ва ё ба воситаи кабел шунавонидану намоиш додани сабти иҷро ё намоиш, агар ин сабт сараввал бо мақсадҳои тиҷоратӣ амалӣ нашуда бошад;

5) ба кироя додани фонограммаҳои бо мақсади тиҷоратӣ нашршуда, аз ҷумла иҷро ё намоише, ки бо иштироки худи иҷрогар сурат мегиранд. Ҳангоми бастани шартномаи сабти иҷро ё намоиш ба фонограмма ин ҳуқуқ ба истеҳсолкунандаи фонограмма гузашта, дар айни замон иҷрогар ҳуқуқи ҳаққи қаламро барои ба кироя додани нусхаҳои чунин фонограмма нигоҳ медорад;

6) тавассути фурўш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият паҳн кардани нусхаи асл ё нусхаи иҷрое, ки дар фонограмма сабт шудааст. Агар нусхаи асл ё нусхаҳои қонунан нашршудаи фонограмма тавассути фурўш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият ба муомилоти гражданӣ бароварда шуда бошанд, паҳнкунии ояндаи онҳо бе иҷозати иҷрогар ва бе пардохти ҳаққи қалам мумкин аст;

7) барои истифодаи интерактивӣ ба маълумоти умум расонидани иҷро ё намоише, ки дар фонограмма сабт шудааст;

8) ҷой додани иҷрои сабтшуда дар фазои рақамӣ ба тарзе, ки он дар реҷаи вақти воқеӣ ба ҳар як истифодабаранда мутобиқи интихоби ў дастрас шавад.

Ҳуқуқи комили иҷрогар, ки дар банда 3 қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:

1) агар сабти аввалини иҷро ё намоиш бо ризоияти иҷрогар амалӣ шуда бошад;

2) агар таҷдиди иҷро ё намоиш бо ҳамон мақсадҳое амалӣ гардад, ки барои онҳо ҳангоми сабти иҷро ё намоиш иҷрогар ризоият дода бошад;

3) агар таҷдиди иҷро ё намоиш бо ҳамон мақсадҳое амалӣ гардад, ки барои онҳо сабт тибқи муқаррароти моддаи 41 ҳамин Қонун анҷом дода шудааст.

Иҷозатҳои дар ҳамин модда зикргардидаро аз тарафи иҷрогар ва ҳангоми иҷро аз ҷониби иҷрогарон - аз тарафи роҳбари чунин даста бо роҳи бастани шартномаи хаттӣ бо истифодабаранда дода мешавад.

Барои истифодаи минбаъдаи иҷро ё намоиш, ҳамчунин дар мавриди анҷом додани сабт аз тарафи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ гирифтани иҷозатҳои дар бандҳои 1-3 қисми дуюми ҳамин модда зикргардида лозим нест, ба шарте ки онҳо мустақиман тибқи шартномаи иҷрогар бо ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ дар назар дошта шуда бошанд. Андозаи ҳаққи қалами иҷрогар барои чунин тарзи истифода низ дар ҳамин шартнома муқаррар карда мешавад.

Бастани шартнома байни иҷрогар ва таҳиягари асари аудиовизуалӣ доир ба офаридани асари аудиовизуалӣ боиси аз тарафи иҷрогар вогузор гардидани ҳуқуқҳое мешавад, ки дар бандҳои 1 - 4 қисми дуюми ҳамин модда муқаррар гардидаанд.

Додани чунин ҳуқуқҳо аз тарафи иҷрогар бо истифодаи асари аудиовизуалӣ маҳдуд мегардад ва агар дар шартнома чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи ба таври алоҳида истифода намудани овоз ё тасвири дар асари аудиовизуалӣ сабтгардидаро намедиҳад.

Ҳуқуқҳои комили иҷрогар, ки дар ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, тибқи шартнома метавонанд ба шахсони дигар таҳвил дода шаванд.

 

Моддаи 35.  Ҳуқуқи истеҳсолкунандаи фонограммаҳо

 

Ба ғайр аз ҳолатҳои дар ҳамин Қонун пешбинигардида ба истеҳсолкунандаи фонограммаҳо дар мавриди фонограммаи ӯ ҳуқуқҳои комил барои истифодаи фонограмма дар ҳама гуна шакл, аз ҷумла, ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як навъи истифодаи фонограмма тааллуқ дорад.

Ҳуқуқи комил барои истифодаи фонограмма маънои анҷом додан ё иҷозати анҷом додани амалҳои зеринро дорад:

1) таҷдиди фонограмма;

2) бо ҳар гуна тарзу усул тағйир додан ва дигаргун сохтани фонограмма;

3) паҳн кардани нусхаҳои фонограмма, яъне фурӯхтан, ба кироя додан ва ғ.;

4) бо мақсади паҳнкунӣ ворид кардани нусхаҳои фонограмма, ҳамчунин нусхаҳое, ки бо иҷозати истеҳсолкунандаи ин фонограмма тайёр карда шудаанд;

5) расонидани фонограмма ба маълумоти умум барои истифодаи интерактивӣ;

6) ҷой додани фонограммаҳо дар фазои рақамӣ ба тарзе, ки он дар реҷаи вақти воқеӣ ба ҳар як истифодабаранда мутобиқи интихоби ў дастрас шавад.

Агар нусхаҳои қонунан нашршудаи фонограмма тавассути фурӯш ба муомилот бароварда шуда бошад, паҳнкунии минбаъдаи он бе иҷозати истеҳсолкунандаи фонограмма ва бе пардохти ҳаққи қалам мумкин аст. Дар ин маврид, сарфи назар аз ҳуқуқи моликият ба нусхаҳои фонограмма, истеҳсолкунандаи фонограмма ҳуқуқи паҳнкунии нусхаҳои фонограммаро бо роҳи ба кироя додани онҳо нигоҳ медорад.

Ҳуқуқи комили истеҳсолкунандаи фонограммае, ки дар ҳамин модда муқаррар гардидааст, метавонад тавассути шартнома ба шахсони дигар таҳвил дода шавад.

 

Моддаи 36.  Ҳуқуқҳои ташкилоти пахши эфирӣ

 

Ба ғайр аз ҳолатҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда ташкилоти пахши эфирӣ дорои ҳуқуқҳои комили истифодаи барномаи худ дар ҳар гуна шакл ва додани иҷозат ба истифодаи барнома, ҳамчунин ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қалам барои додани чунин иҷозат мебошад.

Ҳуқуқи комили додани иҷозат ба истифодаи барнома маънои иҷозати анҷом додани амалҳои зеринро дорад:

1) дар як вақт аз тарафи ташкилоти дигари пахши эфирӣ ба эфир додани барномаҳои он;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

2) ба омма дастрас кардани барнома ба воситаи кабел;

3) сабти барнома;

4) таҷдиди сабти барнома;

5) ба омма дастрас кардани барнома дар ҷойҳое, ки даромад пулакӣ аст. Ҳуқуқи комили ташкилоти пахши эфирӣ, ки дар банда 4 қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:

- агар сабти барнома бо ризоияти ташкилоти пахши эфирӣ сурат гирифта бошад;

- агар таҷдиди барнома бо ҳамон мақсадҳое амалӣ шуда бошад, ки бо ҳамон мақсадҳо сабти он тибқи муқаррароти моддаи 41 ҳамин Қонун сурат гирифтааст;

6) тавассути фурўш, ба кироя додан ё ба тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият дар байни омма паҳн кардани сабти барнома ё нусхаҳои сабти барнома. Ин ҳуқуқҳо ба истиснои ҳуқуқи ба кироя додан нисбати сабти барнома ё нусхаи сабти барнома, ки бо иҷозати ташкилоти пахши эфирӣ тавассути фурўш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият ба муомилоти гражданӣ бароварда шудаанд, қатъ мегарданд. Ҳуқуқи ба кироя додан сарфи назар аз ҳуқуқи моликият ба сабти барнома ё нусхаи он, ба ташкилоти пахши эфирӣ боқӣ мемонад.

 

Моддаи 37.  Ҳуқуқҳои ташкилоти пахши кабелӣ

 

Ба ғайр аз ҳолатҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда ташкилоти пахши кабелӣ дар мавриди барномаҳои худ дорои ҳуқуқҳои комили истифодаи барноми худ дар ҳар гуна шакл ва додани иҷозат ба истифодаи барнома, ҳамчунин ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қалам барои додани чунин иҷозат мебошад.

Ҳуқуқи комили додани иҷозат ба истифодаи барнома маънои ҳуқуқи ташкилоти пахши кабелиро ба иҷозати анҷом додани амалҳои зерин дорад:

1) дар як вақт аз тарафи ташкилоти дигари пахши кабелӣ ба воситаи кабел ба омма дастрас кардани барномаҳои худ;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

2) ба эфир додани барнома;

3) сабти барнома;

4) таҷдиди сабти барнома;

5) ба омма дастрас кардани барнома дар ҷойҳое, ки даромад пулакӣ аст. Ҳуқуқи комили ташкилоти пахши кабелӣ, ки дар банди 4 қисми дуюми ҳамин модда зикр шудааст, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:

- агар сабти барнома бо ризоияти ташкилоти пахши кабелӣ сурат гирифта бошад;

- агар таҷдиди барнома бо мақсадҳое амалӣ шуда бошад, ки бо ҳамон мақсад сабти он тибқи муқаррароти моддаи 41 ҳамин Қонун сурат гирифтааст;

  6) тавассути фурўш, ба кироя додан ё ба тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият дар байни омма паҳн кардани сабти барнома ё нусхаҳои сабти барнома. Ин ҳуқуқҳо ба истиснои ҳуқуқи ба кироя додан нисбати сабти барнома ё нусхаи сабти барнома, ки бо иҷозати ташкилоти пахши кабелӣ тавассути фурўш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият ба муомилоти гражданӣ бароварда шудаанд, қатъ мегарданд. Ҳуқуқи ба кироя додан сарфи назар аз ҳуқуқи моликият ба сабти барнома ё нусхаҳои он, ба ташкилоти пахши кабелӣ боқӣ мемонад.

 

Моддаи 38. Истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он аз тарафи шахсони дигар

 

Истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он аз тарафи шахсони дигар танҳо бо иҷозати соҳиби ҳуқуқи комил ба асар ва бо пардохти ҳаққи қалам, ғайр аз ҳолатҳои дар моддаҳои 19-21,24,39-41 ҳамин Қонун пешбинигардида, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 39. Таҷдиди асарҳо ва фонограммаҳо бо мақсадҳои шахсӣ

 

Ҳамчун истисно аз моддаҳои 34 ва 35 ҳамин Қонун бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф, иҷрогар ва истеҳсолкунандаи фонограмма, вале бо пардохти ҳаққи қалами онҳо таҷдиди асари аудиовизуалӣ ё фонограмма танҳо ба мақсадҳои шахсӣ иҷозат дода мешавад.

Ҳаққи қалам барои таҷдиди асари дар ҳамин модда зикршуда аз тарафи истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони таҷҳизот (аудио – видеомагнитофонҳо ва ғ.) ва шаклҳои моддӣ (наворҳои сабти овозӣ ё видеоӣ, кассетаҳои овозӣ ва видеоӣ, дискҳои лазерӣ, компакт-дискҳо ва ғ.), ки барои чунин таҷдид истифода мешаванд, пардохта мешавад.

Ҷамъоварӣ ва тақсими чунин ҳаққи қалам аз тарафи яке аз ташкилотҳои идораи дастаҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва иҷрогарон тибқи созишномаи байни ин ташкилотҳо мувофиқи моддаи 43 ҳамин Қонун анҷом дода мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Агар дар ин созишнома чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад ҳаққи қалами зикршуда ба андозаи зерин тақсим мешавад: 40% - ба муаллифон, 30% - ба иҷрогарон, 30% - ба истеҳсолкунандагони фонограммаҳо.

Андозаи ҳаққи қалам ва шартҳои пардохти он бо созишномаи байни истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон, аз як тараф ва ташкилоти идораи дастаҷамъии ҳуқуқи молумулкии муаллифон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва иҷрогарон, аз тарафи дигар, муайян карда мешаванд, агар тарафҳо ба мувофиқа наоянд, - он аз тарафи мақоми ваколатдор муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Барои таҷҳизот ва василаҳои моддии дар ин модда зикршуда, ки предмети содирот маҳсуб мешаванд ва ҳамчунин ба таҷҳизоти касабавӣ, ки барои истифода дар шароити хона таъин нашудаанд, ҳаққи қалам пардохта намешавад.

 

Моддаи 40. Истифодаи фонограммае, ки ба мақсадҳои тиҷоратӣ нашр шудааст, бе ризоияти

истеҳсолкунандаи фонограмма ва иҷрогар

 

Ҳамчун истиснои ҳолатҳои моддаҳои 34 ва 35 ҳамин Қонун бе ризоияти истеҳсолкунандаи фонограммае, ки ба мақсадҳои тиҷоратӣ нашр шудааст ва иҷрогаре, ки иҷрои ӯ дар чунин фонограмма сабт шудааст, аммо бо пардохти ҳаққи қалами онҳо амалӣ сохтани корҳои зерин мумкин аст:

1) иҷрои оммавии фонограмма;

2) ба эфир додани фонограмма;

3) ба воситаи кабел ба омма дастрас кардани фонограмма.

Ҷамъоварӣ, тақсим ва пардохти ҳаққи қаламе, ки дар ҳамин модда пешбинӣ гардидааст аз тарафи яке аз ташкилотҳое, ки ҳуқуқи молумулкии истеҳсолкунандагони фонограмма иҷрогаронро дастҷамъона идора мекунад, мувофиқи моддаи 43 ҳамин Қонун, тибқи созишном байни ин ташкилотҳо сурат мегиранд. Агар дар созишнома тарзи дигари тақсими ҳаққи қалам пешбинӣ нашуда бошад, ҳаққи қалами мазкур байни истеҳсолкунандаи фонограмма ва иҷрогар баробар тақсим мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Андозаи ҳаққи қалам ва шартҳои пардохти он тибқи созишномаи истифобадаранд фонограмма ё иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо)-и чунин истифодабарандагон аз як тараф ташкилотҳое, ки ҳуқуқи молумулкии истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва иҷрогаронро идора мекунанд, аз тарафи дигар ва дар ҳолати ба мувофиқа наомадани тарафайн - аз тарафи мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Андозаи ҳаққи қалам барои ҳар як намуди истифодаи фонограмма муайян карда мешавад.

Истифодабарандагони фонограммаҳо бояд ба ташкилотҳои дар ҳамин модда зикршуда барномаҳои маълумоти дақиқдошта ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои ҷамъоварӣ ва тақсими ҳаққи қалам пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 41. Маҳдудиятҳои ҳуқуқи иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфирӣ ва кабелӣ

 

Ҳамчун истиснои муқаррароти моддаҳои 34-37 ва 40 ҳамин Қонун истифодаи иҷро, барномаҳои эфирӣ ва кабелӣ, сабти онҳо, ҳамчунин таҷдиди фонограмма бе ризоияти иҷрогар истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилотҳои пахши эфирӣ ва кабелӣ ва бе пардохти ҳаққи қалам дар ҳолатҳои зерин мумкин аст:

1) барои ба хулосаҳои ҳодисаҳои xорӣ дохил кардани порчаҳои хурди иҷро, фонограмм барномаҳои эфирӣ ва кабелӣ;

2) сирф ба мақсадҳои таълим ё таҳқиқоти илмӣ;

3) барои иқтибос дар шакли порчаҳои хурд аз иҷро, фонограммаҳо, барномаҳои эфирӣ ё кабелӣ, ба шарте ки чунин тарзи иқтибос бо мақсадҳои иттилоотӣ амалӣ гардад. Дар ин маврид ҳама гуна истифодаи нусхаҳои фонограмма, ки ба мақсадҳои тиҷоратӣ нашр шудааст, барои  эфир ё кабел додан, аз тарафи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ танҳо бо риояи муқаррароти моддаи 40 ҳамин Қонун мумкин аст;

4) дар ҳолатҳои дигар, ки бо муқаррароти моддаҳои 19-21 ҳамин Қонун нисбати маҳдудиятҳои ҳуқуқи молумулкии муаллифи асарҳои илм, адабиёт ва санъат муқаррар шудаанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ҳамчун истиснои муқаррароти моддаҳои 34-37 ва 40 ҳамин Қонун истифодаи барномаҳои эфирӣ ё кабелӣ, сабти онҳо, ҳамчунин таҷдиди фонограмма бе ризоияти иҷрогар истеҳсолкунандаи фонограммаҳо, ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ ба мақсадҳои шахсӣ мумкин аст. Дар ин маврид таҷдиди фонограмма ба шарти пардохти ҳаққи қалам мутобиқи моддаи 3 ҳамин Қонун мумкин аст.

Нисбати гирифтани иҷозати иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма ва ташкили пахши эфирӣ барои амалӣ сохтани сабтҳои истифодаи кӯтоҳмуддати иҷро ё барнома, баро таҷдиди чунин сабтҳо ва фонограммае, ки бо мақсадҳои тиҷоратӣ нашр гардидааст, муқаррароти моддаи 34-37 ҳамин Қонун истифода намешаванд, ба шарте ки сабти истифода ва таҷдиди кӯтоҳмуддат аз тарафи ташкилотҳои пахши эфирӣ бо кӯмаки таҷҳизоти худи он ва барои барномаҳои хусусии он бо дарназардошти шартҳои зерин анҷом дода шавад:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

1) аз тарафи ташкилоти пахши эфирӣ гирифтани иҷозати пешакӣ барои ба эфир додани худи ҳамон иҷро ё барномае, ки нисбати онҳо сабти истифодаи кӯтоҳмуддат ё таҷдиди чунин сабт сурат мегирад;

2) аз тарафи ташкилоти пахши эфирӣ нобуд сохтани сабт дар тӯли муддате, ки мутобиқи муқаррароти банди 4 моддаи 21 ҳамин Қонун, ки барои истифодаи сабти кӯтоҳмуддати асарҳои адабиёт, илм ва санъат муқаррар гардидааст, ба истиснои нусхаи ягона, ки метавонад дар асоси хислати сирф ҳуҷҷатӣ доштанаш дар бойгониҳои расмӣ маҳфуз бошад.

Маҳдудиятҳои дар ҳамин модда пешбинигардида бе халалдор сохтани истифодаи мӯътадили фонограмма, иҷро, барномаҳои эфирӣ ё кабелӣ ва сабтҳои онҳо, ҳамчунин асарҳои адабиёт, илм ва санъат, ки ба онҳо дохиланд ва бе поймол намудани манфиатҳои қонунии иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ ва муаллифони асарҳои номбаршуда татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 42. Мӯҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба он

 

Ҳуқуқи иҷрогар, ки дар ҳамин Қонун пешбинӣ гардидааст, дар муддати панҷоҳ соли пас аз иҷрои аввалини он амал мекунад.

Ҳуқуқи иҷрогар ба ном ва ҳифзи иҷро аз ҳар гуна таҳриф ва ё дахолати дигар, ки дар моддаи 34 ҳамин Қонун муқаррар карда шудааст, бе маҳдудияти мӯҳлат ҳифз мешавад, вале ҳамчун мерос ба шахси дигар намегузарад.

Ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Қонун нисбати истеҳсолкунандаи фонограмма муқаррар шудааст, дар муддати панҷоҳ соли баъди интишори аввали фонограмма ва ё дар муддати панҷоҳ соли баъди сабти аввали он, агар то ин муддат фонограмма интишор нашуда бошад, амал мекунад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Қонун дар бобати ташкилоти пахши эфирӣ муқаррар гардидааст, дар муддати панҷоҳ соли баъди ба эфир додани барномаи аввалин аз тарафи ин ташкилот амал мекунад.

Ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Қонун дар бобати ташкилоти пахши кабелӣ муқаррар гардидааст, дар муддати панҷоҳ соли баъди амалӣ гардидани барномаи аввалини кабелӣ аз тарафи ин ташкилот амал мекунад.

Ҳисоби мӯҳлатҳое, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, аз 1 январи соли ояндаи ба вуқeъ омадани факти ҳуқуқие, ки барои оғози мӯҳлат асос мегардад, шурeъ мешавад.

Ба меросхeрон (дар бобати шахсони ҳуқуқӣ - ба ворисони ҳуқуқӣ)-и иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ ҳуқуқи додани иҷозати истифодаи иҷро, намоиш, фонограмма, барномаҳои эфирӣ ё кабелӣ ва гирифтани ҳаққи қалам дар ҳудуди мӯҳлати боқимондае, ки дар ҳамин модда зикр ёфтааст, дода мешавад.

 

БОБИ IV.

ИДОРАИ ДАСТҶАМЪИИ ҲУҚУҚҲОИ МОЛУМУЛКӢ

 

Моддаи 43. Ҳадафҳои асосии идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкӣ

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

Бо мақсади таъмини ҳуқуқи молумулкии муаллифон, иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограмма ва дигар соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он дар ҳолатҳое, ки ба таври инфиродӣ амалӣ сохтани он мушкил мегардад, метавонанд ташкилотҳое таъсис ёбанд, ки ҳуқуқҳои молумулкии шахсони мазкурро дар асоси дастҷамъӣ идора менамоянд (минбаъд - ташкилоти идораи дастҷамъӣ).  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Чунин ташкилотҳо дар шакли ташкилотҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ таъсис меёбанд ва дар доираи салоҳиятҳое, ки аз соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он гирифтаанд, амал мекунанд.

Таъсиси ташкилотҳои алоҳида аз рӯи ҳуқуқҳои алоҳида ва категорияҳои алоҳидаи соҳибони ҳуқуқ ё ташкилотҳое, ки ҳуқуқи гуногунро ба манфиати категорияҳои гуногуни соҳибони ҳуқуқ идора мекунанд ё як ташкилоте, ки ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба онро дар айни вақт идора мекунад, мумкин аст.

Ташкилотҳои идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ба талаботи зерин мутобиқ бошанд:

-номи ташкилот бояд ибораи «ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон»-ро дар бар гирад;

-пешбурди кори ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ҳамчун шакли асосии фаъолият зикр карда шавад;

-мақсад ва вазифаҳои ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ба талаботи моддаҳои 43-46 Қонуни мазкур мутобиқ бошанд.  (ҚҶТ аз 3.12.09с., №573)

 

Моддаи 44. Ваколатҳои ташкилоти идораи дастҷамъӣ

 

Ваколатҳо ба ташкилоти идораи дастҷамъи мустақилона аз тарафи соҳибони ҳуқуқи муаллиф ва вобаста ба он дар асоси шартномаҳои хаттӣ ба тариқи ихтиёрӣ, ҳамчунин аз рӯи шартномаҳои дахлдор бо ташкилотҳои хориҷие, ки чунин ҳуқуқҳоро идора мекунанд, дода мешаванд. Чунин шартномаҳо шартномаҳои муаллифӣ намебошанд ва муқаррароти моддаҳои 25-29 ҳамин Қонун ба онҳо тааллуқ надоранд.

Ҳар як муаллиф, вориси ӯ ё шахси дигари соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва вобаста ба он, ки тибқи ҳамин Қонун ҳифз мешавад, ҳуқуқ дорад аз рӯи шартнома амалӣ сохтани ҳуқуқи молумулкии худро ба ташкилоти идораи дастҷамъӣ, ки вазифадор аст амалӣ сохтани ин ҳуқуқро ба ӯҳда гирад, вогузор намояд, ба шарте ки он ба фаъолияти оинномавии ташкилот мансуб бошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ташкилотҳои мазкур ҳуқуқ надоранд, ки аз асарҳо за объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он , ки барои идораи дастҷамъӣ гирифтаанд, истифода кунанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ташкилоти идораи дастҷамъӣ ба истифодабарандагон барои тарзҳои дахлдори истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он иҷозатнома медиҳад. Шартҳои чунин иҷозатномаҳо барои ҳамаи истифодабарандагони ҳар як гурӯҳи муайян бояд якхела бошад. Дар сурати мавҷуд набудани асоси кофӣ аз додани иҷозатнома ба истифодабаранда сарфи назар кардан мумкин нест.

Чунин иҷозатномаҳо истифодаи ҳамаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба онро аз рӯи тарзҳои дар онҳо зикршуда иҷозат медиҳанд ва аз номи ҳамаи соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста, аз ҷумла онҳое, ки мутобиқи ин модда ба ташкилот салоҳият надодаанд, дода мешаванд.

Ҳамаи даъвоҳои имконпазири молумулкии соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он ба истифодабарандагон, ки ба истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба онҳо аз рӯи иҷозатнома марбут аст, бояд аз тарафи ташкилоти идораи дастҷамъӣ, ки чунин иҷозатномаҳоро медиҳад, танзим карда шаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

Ташкилоти идораи дастҷамъӣ ҳуқуқ дорад, ки ҳаққи қалами талабкарданашударо нигоҳ дорад ва онро пас аз се соли ба ҳисоби ташкилот ворид шуданаш ба маблағҳои тақсимшаванда ё ба мақсадҳои дигар, ба манфиати соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобастаи ба он истифода барад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

Моддаи 45. Вазифаҳои ташкилоти идораи дастҷамъӣ

 

Ташкилоти идораи дастаҷамъӣ дар асоси салоҳият ва аз номи соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он худ бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

1) андозаи ҳаққи қалам ва дигар шартҳои додани иҷозатномаро бо истифодабарандагон мувофиқа намояд;

2) ба истифодабарандагон барои истифода аз ҳуқуқе, ки идора карда мешавад, иҷозатнома диҳад;

3) бо истифодабарандагон андозаи ҳаққи қаламро дар ҳолатҳое, ки ин ташкилот ба ҷамъоварии чунин ҳаққи қалам бе додани иҷозатнома машғул мешавад, мувофиқа намояд (қисми 3 моддаи 39, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 40 ҳамин Қонун);

4) ҳаққи қаламро тибқи иҷозатнома ва (ё) ҳаққи қаламеро, ки дар банди 3 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, ҷамъоварӣ намояд;

5) ба соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он тақсим ва  пардохти ҳаққи қаламро, ки тибқи банди 4 ҳамин модда ҷамъ оварда шудааст, амалӣ созад;

6) ҳама гуна амалиёти зарурии ҳуқуқиро барои ҳифзи ҳуқуқе, ки онҳоро идора мекунад, амалӣ созад;

7) фаъолияти дигарро тибқи салоҳиятҳое, ки соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он вогузор намудаанд, анҷом диҳад.

 

Моддаи 46. Ӯҳдадориҳои ташкилоти идораи дастҷамъӣ

 

Фаъолияти ташкилоти идораи дастҷамъӣ ба манфиати соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он анҷом дода мешавад. Бо ин мақсадҳо ташкилоти идораи дастҷамъӣ бояд ӯҳдадориҳои зеринро иҷро намояд:

1) ҳамзамон бо пардохти ҳаққи қалам ба соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он пешкаш намудани ҳисобот роҷеъ ба истифодаи ҳуқуқи онҳо;

2) истифодаи ҳаққи қалами тибқи муқаррароти банди 4 моддаи 45 ҳамин Қонун ҷамъоваришуда, фақат барои тақсим ва пардохт ба соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он. Аз ҳаққи қалами ҷамъоваришуда ташкилот метавонад маблағи муайянро барои пeшонидани хароxоти воқеии худ барои ҷамъоварӣ, тақсим ва пардохти чунин ҳаққи қалам ҷудо намояд, ҳамчунин маблағи муайянро ба хазинаҳои махсус, ки аз тарафи ин ташкилот бо ризоият ва ба манфиати соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он таъсис дода мешаванд, гузаронад;

3) маблағҳои ҳаққи қалами ҷамъоваришударо, ки пас аз нигоҳ доштани маблағи дар банда 2 ҳамин модда зикршуда боқӣ мемонанд, тақсим намуда, мунтазам пардозад.

Соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он, ки ба ташкилот салоҳияти ҷамъоварӣ намудани ҳаққи қалами дар банди 4 моддаи 45 ҳамин Қонун муқарраршударо надодаанд, ҳуқуқ доранд, ки аз ин ташкилот пардохтани ҳаққи қалами ба онҳо тааллуқдоштаро тибқи тақсимоти ба амаломада талаб намоянд ва ҳамчунин асарҳои худ ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба онро аз иҷозатномаҳое, ки ин ташкилот ба истифодабарандагон медиҳад, хориҷ созанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

БОБИ V.

ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ МУАЛЛИФӢ ВА ВОБАСТА БА ОН

 

Моддаи 47. Вайрои кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он. Нусхаҳои

ғайриқонунии асарҳо ва фонограммаҳо

 

Вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он инҳо мебошанд:

1) бе иҷозати соҳибҳуқуқ таҷдид, паҳн кардан ва тарзи дигари истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;

2) паҳн, тайёр, ворид намудан бо мақсади паҳн кардани таҷҳизот ё пешкаш кардани хизмат, ки барои сарфи назар кардан ё ба сарфи назар намудани ҳар як воситаҳои техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад ё мусоидат мекунад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

3) бе иҷозати соҳибҳуқуқ барҳам ё тағйир додани ҳар гуна иттилоъ дар бораи идоракунии ҳуқуқҳо.

Нусхаҳои асар ва фонограммае, ки таҳия ва паҳн намудани онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он мешавад, нусхаҳои ғайриқонунӣ ҳисоб меёбанд.

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бе розигии соҳибҳуқуқ ворид намудани нусхаҳои асарҳо ва фонограммаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳамин Қонун ҳифз мешаванд, аз давлате, ки дар он ин асару фонограммаҳо ҳифз намешаванд ё ҳифзи онҳо қатъ гардидааст, низ вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ҳисобида мешавад.

(қисми 4 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

 Моддаи 48. Ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он

 

Ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бо тарзе, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ҳамчунин бо роҳҳои зерин амалӣ мешавад:

1) ба ҷои чуброни зиён ситонидани даромад, ки вайронкунанда дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба даст овардааст;

2) пардохти ҷубронпулӣ дар ҳаҷме, ки аз тарафи суд ба ҷои ҷуброни зарар ва ё ситонидани даромад муайян шудааст.

Нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограмма бо талаби соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба ў дода мешаванд.

Нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограммае, ки аз тарафи соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он талаб карда нашудаанд, бояд нобуд карда шаванд.

Мавод ва таҷҳизоте, ки барои тайёр кардан ва таҷдиди нусхаҳои ғайриқонунии асарҳо ё фонограммаҳо истифода шудааст, нобуд карда ва ё ба фоидаи давлат дода мешаванд.

Соҳибони ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ метавонанд барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба мақомоти судӣ муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 481. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.   (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)

 

 

           Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998,

№ 726

     

ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДАКТИЛОСКОПӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 15:06
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
830
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.09.1999

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, №9, мод.234; с.2010, №12, қ.1, мод.809;

Қонуни ҶТ аз 27. 11.2014 с., № 1143)

 

Моддаи 1. Мақсадҳои қонун

 

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зайл ҷорӣ карда мешавад:

- тасдиқ кардани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими истиқомат мекунанд ва ё панноҳгоҳ, меҷӯянд;

- муқаррар намудани шахсияти шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷй ва шахсони бешаҳрванд, ки бо сабаби вазъи саломати ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд;

- кофтукови шаҳрвандоне, ки бе ному нишон гум шудаанд;

- муқаррар намудани шахсияти ҷасадҳои номаълум. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №647)

 

Моддаи 2. Мафҳум ва намудҳои бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

 

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ яке аз шаклҳои тасдиқ кардани шахсияти инсон бо ёрии маълумот дар бораи расми нақши папилярии ангуштони даст, танзим, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ бо мақсадҳое мебошад, ки Қонуни мазкур муайян намудааст.

Тарзи қабули маълумоти нишондодашуда набояд, ки хавфе барои ҳает ва саломатии инсон бошад, ору номус ва шаъну эътибори ӯро паст кунад.

Дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, амалҳои зерин гузаронида мешавад:

а) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ;

б) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ.

 

Моддаи 3. Принсипҳои ба амал баровардани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

 

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ мувофиқи принсипҳои қонуният, инсондустӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, махфият, ихтиёрӣ ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бирай бакайдгирии давлатии

                     дактилоскопй

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистои асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №647)

 

Моддаи 5. Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ

 

Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бе маҳдудияти синну сол бо изҳори ризоияти шаҳрвандон ё ки намояндагони қонунии онҳо гузаронида мешавад.

 

Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ

 

Таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ шахсоне қарор мегиранд, ки:

– дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд, айбдор ва маҳкум карда шудаанд, инчунин шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмури садам роҳи муайян кардани шахсият мегарданд;

– ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба кор дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ё воҳидҳои сохтории онҳо, ки фаъолияти кориашон ба ҳаёти кормандон хатари калон дорад ё бо низоми махсуси махфӣ алоқаманд аст, бо номгӯи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда қабул карда мешаванд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1143)

– ба мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқоматашон барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии силоҳи оташфишон муроҷиат мекунанд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1143)

– бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд;

– дар ҳудуди минтақаҳои фавқулоддаи хавфноки дорой хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ истиқомат менамоянд;

– шаҳрвандони хориҷй ва шахсони бешаҳрванд, ки аз қудуди Ҷумқурии Тоҷикистон бароварда мешаванд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи панноҳгоҳ меоянд, таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ қарор мегиранд.

Таҳти бакайдгирли давлатии дактилоскопии ҳатмӣ инчунин ҷасадҳои шахсияташон номаълум қарор мегиранд. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №647)

 

Моддаи 7. Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

 

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Моддаи 8. Нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти

                      бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

 

Нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Маркази бақайдгирии давлатии дактилоскопии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 81. Маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопй

 

Маблағгузорни фаъолияти бақайдгприи давлатии дактилоскопй аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати, инчунин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №647)

 

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи  Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1143)

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 3 сентябри соли 1999

№ 830

 

 

ДАР БОРАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 15:18
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
873
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
10.12.1999

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1999, №12, мод.312; соли 2002, № 4, қ.1, мод.266; соли 2006, №4, мод. 192; соли 2007, №7, мод. 661; ҚҶТ аз 22.07.2013с. №988; аз 20.06.2019 с., №1617; аз 20.04.2021с., №1778)

 

БОБИ I.

 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур бо назардошти ҳифзи саломатии аҳолӣ, амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандию токсикомандӣ ва расонидани ёрии наркологи ба шахсони гирифтори нашъамандӣ ва токсикомандӣ мебошад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд

Дар  қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

 муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо-фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор бо  мақсадҳои илмӣ, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурўш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот, ки дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешаванд ва нобуд кардан, ки бе иҷозатнома ба амал бароварда мешавад;

муомилоти ѓайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо - фаъолияти вобаста ба киштукори растаниҳои нашъадор, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигаҳдошт, интиқол, фиристонидан, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот, содирот ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо,ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад;

Квотаи давлатии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  (минбаъд Квотаи давлатӣ) - миқдори муайяни воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки бо назардошти шартномаҳои байналмилалӣ, ба мақсади муомилоти қонуни аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст;

Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо (минбаъд Рӯйхати миллӣ) – номгӯиҳои муназзами воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо, ки муомилоташон манъ ё маҳдуд буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат қарор доранд;

воситаҳои нашъадор - маводи сунъӣ ё табиӣ, шаклҳои дорувории онҳо, инчунин растаниҳое, ки дар Конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ айнан гурӯҳбанд шудаанд;

моддаҳои психотропӣ  - маводи сунъӣ ё табиӣ, шаклҳои дорувории онҳо, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ айнан гурӯҳбанд шудаанд;

Ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар – маводе, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ҳамчун воситаи нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва перекусорҳо гурӯҳбандӣ нашуда, ба Рӯйхати миллӣ дохил нагардидааст ва сохтори  химиявию хусусиятҳояш ба сохтори химиявӣ ва хусусияти маводи нашъаовар, ки таъсири психоактивӣ дорад, монанд мебошад (ҚҶТ аз 20.04.2021с., №1778).

прекурсорҳо - маводе, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ ҳамчун асос ё ёрирасон барои истеҳсол, тайёр кардан ва коркарди воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  гурӯҳбанд шудаанд;

киштукори растаниҳои нашъадор - кишт ва нигоҳубини растаниҳое, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ айнан гурӯҳбанд шудаанд;

истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  - амалиёте, ки барои ҳосил кардани пайдарпаи (сериявии) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  равона шудааст;

коркарди воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  - амалиёте, ки дар натиҷаи онҳо воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  аз омехтаҳо тоза мешаванд ё ба дигар моддаҳои ба воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  мансуб набуда, табдил дода мешаванд;

тайёр кардани воситахои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  - амалиёте, ки дар натиҷаи онҳо аз воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо шаклҳои барои истифода тайёри воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  ё шаклҳои дорувории онҳо ҳосил карда мешаванд;

тақсимоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  - амалиёте, ки дар натиҷаи он шахсони ҳуқуқии мушаххас тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори барои онҳо муайяннамудаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро барои муомилот мегиранд;

интиқоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  - аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо дар ҳудуди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз намуди нақлиёти истифодашуда; (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1617)

воридоту содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо - гузаронидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1617)

истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ- истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  бе таъиноти духтур;

суиистеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ – ба таври мунтазам қасдан  истеъмол намудани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  бе таъиноти духтур;

соҳиб шудан ба воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – харидан, ёфта аз они худ кардан, гирифтан ба ивази дигар Аше ва мол, қарз ё ҳадя ва ба ивази қарз додани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин ҷамъ намудани растаниҳои нашъадори худрўй ё қисмҳои онҳо, ё ин ки ба боқимондаҳои ҳифзнашавандаи кишти растаниҳои нашъадор баъди ҷамъоварии онҳо ва бо дигар  роҳҳо соҳиб шудан;

фиристонидани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – интиқол додани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба воситаи почта ва шўъбаҳои баѓоч  ва ё бо дигар  тарз бе иштироки интиқолдиҳанда;

нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – ҳама гунна амалиёте, ки бо қасдона ихтиёрдорӣ намудани (бо худ, дар бино, дар пинҳонгоҳ ва дигар ҷойҳо) воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо алоқаманданд;

ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – ҳама гуна тарзҳои паҳн намудани (фурўш,ҳадя, иваз, ба ивази қарз додан, додани қарз ва бо дигар тарз) воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;

бемори нашъаманд (токсикоманд) - шахсе, ки нисбати ӯ аз ҷониби сохторҳои салоҳиятдори вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории нашъамандӣ (токсикомандӣ) ташхис шудааст;

нашъамандӣ - беморие, ки аз заҳролудшавии паиҳами организм дар катичаи суиистеъмоли воситаҳои нашъадор, ки дар Конвенсияҳои байналхалқии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ айнан гурӯҳбанд шудаанд ба вуҷуд омада, ба вобастагии рӯҳию ҷисмонӣ аз онҳо тавсия мешавад;

токсикомандӣ - беморие, ки аз заҳролудшавии паиҳами организм дар натиҷаи суиистеъмоли маводи доруворӣ ва маводҳои дигари ба воситаҳои нашъадор мансуб набуда ба вуҷуд омада, ба вобастагии рӯҳию ҷисмонӣ аз онҳо тавсиф мешавад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, иборат аст. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1617)

 

БОБИ II.

 МОНОПОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДОИР БА намудҳои асосии ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР.

НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТИ МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ  ВА ПРЕКУРСОРҲО

 

Моддаи 4. Монополияи давлатӣ доир ба намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашаъдор. Назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор : киштукори растаниҳои нашъадор, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, тақсимот,  воридот ба Ҷумҳурӣ ва содирот аз он, инчунин ба нобуд кардан:монополияи давлатӣ амал мекунад.

 Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор аз тарафи ташкилотҳои давлатӣдар асоси иҷозатнома ва дар доираи квотаи давлатӣ сурат мегирад.

Фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор  вобаста ба нигаҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, соҳиб шудан ва истифодаи он дар доираи квотаи давлатӣ дар асоси иҷозатнома сурат мегирад;

Фаъолият дар соҳаи муомилоти моддаҳои психотропӣ  дар  доираи квотаи давлатӣ  дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.

Фаъолият дар соҳаи муомилоти прекурсорҳо дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоти ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар манъ мебошад (ҚҶТ аз 20.04.2021с., №1778).

 

Моддаи 5. Ташкили назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо

Ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти қонунии воситахо) нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, сурат мегирад.

Агентӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, фаъолияти мақомоти давлатиро вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мубориза бар зидди муомилоти ѓайриқонунии онҳо, пешгирии нашъаманда инчунин барқароркунии иҷтимоии беморони нашъамандӣ, ҳамоҳанг ва назорат мекунад.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Агентӣ

Агентӣ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:

          мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти қонунии прекурсорҳо          иҷозатнома (литсензия) медиҳад;

Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳоро дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро анҷом дода, аз ҷумла дар минтақаҳои назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ мебарад;

дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои гумонбар намудани шаҳрванд дар содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноятҳои ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо алоқаманд буда, ҳуҷҷатҳои шахсияти онҳоро тасдиқкунандаро, ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои барои санҷиши риояи қоидаҳое, ки назорати иҷрояшон ба зиммаи Агентӣ гузошта шуда лозиманд, тафтиш менамояд;

тибқи тартиби муайяннамудаи қонун, шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноятҳои ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо алоқаманд гумонбар шудаанд, барои муоинаи тиббӣ бо мақсади муқаррар кардани истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ  аз ҷониби онҳо мефиристад;

аз вазорату идораҳои дахлдор маълумотҳоро, ки барои баҳисобгирӣ ва назорати фаъолияти онҳо дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо, пешгирии нашъамандӣ, барқароркунии иҷтимоии беморони гирифтори нашъамандӣ заруранд, дастрас менамояд;

якҷоя бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор тартиби нигаҳдошт ва ҳифзи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳои аз ҷониби онҳо гирифташударо тафтиш менамояд;

фаъолияти корхона, ташкилот ва муассисаҳоро доир ба масъалаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо, пешгирии нашъамандӣ ва барқароркунии иҷтимоии шахсони гирифтори нашъамандиро назорат менамояд;

дар бораи бартараф кардани камбудиҳои зимни тафтиш ошкоршуда дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ  ва прекурсорҳо, дастурҳо медиҳад;

маълумотҳоро оиди талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  чамъбаст намуда, онро тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

дар муносибатҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва барқароркунии иҷтимоии нашъамандон, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ менамояд;

иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

тибқи тартиб ва ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Агентӣ бо худ гирифта гаштан, нигоҳдории яроқи оташфишон, воситаҳои махсус, инчунин сагҳои хизматиро иҷозат медихад.

Агенти дорои дигар салоҳиятҳо низ мебошад, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 7. Кормандони Агентӣ. Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва ҷавобгарии онҳо

Кормандони Агентӣ шахсоне мебошанд, ки танҳо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар воҳидҳои сохтории Агентӣ мансабҳои дахлдорро ишғол менамоянд ва рутбаҳои махсус доранд. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1617)

Ҳангоми ба Агентӣ ба кор қабул шудан шаҳрвандон, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1617)

аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор қатъ гардондани ҳуқуқвайронкунию амалҳоеро, ки барои иҷрои ваколатҳои Агентӣ ҳалал мерасонанд, талаб кунанд ва дар сурати иҷро накардани ин талаботҳо чораҳои иҷбории дар қонун  пешбинишударо ба кор баранд;

аз рӯи парвандаҳою ҳуҷҷатҳои таҳти коргузории Агентӣ қарордошта, шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро ба Агентӣ даъват кунанд;

ҳангоми анҷом додани амалҳои алоҳидаи ҷустуҷӯӣ, ба мақсади таъмини тартиботу амнияти ҷамъиятӣ, муҳофизати ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ё объектҳо даромадани шаҳрвандонро муваққатан маҳдуд гардонанд ё манъ намоянд;

дар мавридҳои вобаста ба ошкор кардан, пешгирӣ намудани ҷиноят, дастгир намудани ҷинояткор аз тамоми намудҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ, инчунин аз воситаҳои алоқа, ки ба корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва ба шаҳрвандон тааллуқ, доранд, бепул истифода баранд.

Ба ғайр аз ин ба кормандони Агентӣ амали ҳуқуқҳое, ки дар моддаҳои 13-17 (ба ғайр аз банди 1 қисми панҷуми моддаи 17), моддаи 18, моддаи 21, моддаҳои 24-34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милиса" пешбинӣ гардидаанд, татбиқ мегардад.

Кормандони Агентӣ дорои ӯҳдадориҳое мебошанд, ки онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1617)

Таъмини нафақаи кормандони Агентӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" сурат мегирад.

Тартиб ва шарти адои хизмат дар Агентӣ мутобиқи низомномаи дахлдор, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

Кормандони Агентӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 71. Пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони Агентӣ

Кормандони Агентӣ (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1617)

 

Моддаи 8. Иҷозатномадиҳӣ ба  фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо

Иҷозатномадиҳӣ ба  фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 9. Киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, таҳия, соҳиб шудан, тайёр кардан, коркард, истеҳсол, нигаҳдорӣ, додан, фурӯш, тақсимот ва ҳисобу китоби воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо                                        

Киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, фақат аз тарафи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотие, ки тибқи Қонуни мазкур литсензия доранд, амалӣ мегардад.

Соҳиб шудан, тайёр кардан, коркард ва истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Квотаи давлатӣ амалӣ мегардад.

Номгӯи таҷҳизот барои тайёр кардан, коркард ва истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, инчунин тартиби истифода ва нобуд сохтани онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Агентӣ муаяйн мекунад.

Корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо истеҳсол мекунанд, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Регистри давлатӣ дохил карда мешаванд.

Тартиби хисобу китоб, нигахдорй, таксимот, додан ва фуруши воситахои нашъадор ва моддахои психотропӣ, мутобики қонун гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофикаи Агентй мукаррар карда мешавад.

Рекламаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

 

Моддаи 10. Хусусияти интиқол, муросилот, воридот ва содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо

Интиқол ва муросилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ, ки тибқи Қонуни мазкур литсензия доранд, сурат мегирад. Зимнан муросилоти почтавии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо манъ аст.

Барои ҳар дафъаи убур намудани сарҳади гумрукӣ бо мақсади ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо ва ё содир намудани онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд, ки иҷозатнома ва сертификата намунаи байналмилалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шавад. Додани иҷозатномаи додашуда ба дигар корхона, ташкилот ва муассиса новобаста ба он, ки онҳо литсензия барои фаъолият дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо доранд, манъ аст. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1617)

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳое, ки бидуни литсензия ва иҷозатнома ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мешаванд, мусодира мегарданд. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1617)

Воридот, содирот ва интиқоли транзитии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, сурат мегирад. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1617)

 

БОБИ Ш.

ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ  ВА ПРЕКУРСОРҲО

 

Моддаи 11. Истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо

Истифодаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  бо мақсадҳои тиббӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати тандурустӣ бо мувофиқаи Агентӣ амалӣ мегардад.

Истифодаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  дар фаьолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, экспертӣ (ташхисӣ) ва байторӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дар мувофиқа бо Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Истифодаи прекурсорҳо бо мақсадҳои тиббӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, эксперта (ташхисӣ), байторӣ, саноатӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дар мувофиқа бо Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 12. Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо, ки мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва муомилоташон манъ ё маҳдуд аст, ба Рӯйхати миллӣ дохил карда мешаванд.

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо вобаста ба дараҷаи хавфнокиашон барои саломатии инсон ҳангоми сӯиистеъмоли онҳо ва бо назардошти он, ки ба кадом мақсадҳо онҳо истифода мешаванд, дар Рӯйхати миллӣ гурӯҳбанд мешаванд.

 Рӯйхати миллӣ ба таври расмӣ, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор мешавад.

 

БОБИ IV.

ЧОРАҲОИ МУХОЛИФАТ БА МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО

 

Моддаи 13. Мухолифат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаи психотропӣ  ва прекурсорҳо

Мухолифат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо аз ҷониби мақомот ва ташкилотҳои дахлдор дар доираи ваколати ба онҳо додашуда, сурат мегирад.

Мубориза бар зидди истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдор дар доираи ваколати ба онҳо додашуда бо мувофиқаи Агентӣ ташкил менамоянд.

 

Моддаи 14. Ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо

Бо мақсади пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунии байналмилалии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо ва ошкор намудани шахсони иштирокчии ин гуна муомилот, мақомоти мувофиқи қонун  ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як ҳолати алоҳида, мутобиқи шартномаҳо бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ё дар асоси шартномаҳои байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, усули ирсоли назоратшавандаро истифода мебаранд, яъне тахта назорати худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардан ё ба транзити воситахои нашъадор, моддахои психотропӣ  ва прекурсорхоро аз каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рох медиханд.

Дар сурати қабул шудани қарор оиди истифодаи ирсоли назоратшаванда, агар давлате, ки ба он бурдани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо пешбинӣ шудааст, давлати хориҷӣ бошад, пас парвандаи ҷиноӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда намешавад ва дар бораи қарори қабулшуда бетаъхир Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор карда мешавад.

Ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо мумкин аст дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо огоҳӣ ва тахти назорати мақомоте (воҳидҳое), ки барои амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳуқук доранд, истифода бурда шавад.

 

БОБИ V.

ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ ИСТЕЪМОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР ВА МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ

 

Моддаи 15. Истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  бе таъиноти духтур манъ аст.

Таъин намудани истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  бо тартиби муайян намудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддан 16. Ошкор намудани шахсоне, ки воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ  ва ғайриқонунӣ истеъмол мекунанд

Агар барои гумон намудани шахс ба истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ  асосҳои кофи мавҷуд бошанд, ӯ бояд дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шавад.

Воқеияти истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ  дар асоси натиҷаҳои муоинаи тиббӣ муқаррар карда мешавад.

Муқаррар намудани ҳолатҳои мадҳушӣ салоҳияти духтуре мебошад, ки ба зиммааш вазифаи гузаронидани муоинаи тиббӣ гузошта шудааст.

Ташхиси бемории "нашъамандӣ" ё "токсикомандӣ" аз ҷониби комиссияи машваратии тиббӣ дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 17. Табобат ва баҳисобгирии шахсоне, ки ғайриқонунӣ воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ  истеъмол мекунанд

Табобати беморони нашъмандӣ ва токсикомандӣ дар сурати муроҷиати ихтиёриашон, шахсони ба синни 16-солагӣ нарасида бошад, бо розигии волидайн ё дигар намояндагони қонунии онҳо сурат мегирад.

Табобати нашъамандӣ ва токсикомандӣ ба истиснои ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Беморони гирифтори нашъамандӣ ё токсикомандӣ пас аз табобат бояд таҳти мушоҳидаи диспансерӣ бо тартиб ва мӯҳлати муайянкардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гиранд.

Беморони гирифтори нашъамандӣ, токсикомандӣ ва шахсоне, ки нисбати онҳо воқеияти истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ муқаррар шудааст, тибқи тартиб ва ба мӯҳлати муайянкардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Табобати маҷбурии беморони нашъамандӣ ва токсикомандӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқи беморон ҳангоми ба онҳо расондани кӯмаки наркологи

Шахсоне, ки ихтиёран барои табобат аз нашъамандӣ ё токсикомандӣ муроҷиат кардаанд, ҳуқуқ, доранд ба:  

грифтани ёрии бемузди наркологи дар ҳаҷми пешбининамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ниҳонӣ будани табобат, ба истиснои ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидани онҳо;

нигоҳ доштани манзилгоҳ ва ҷои кор дар тамоми вақти дар беморхона будан;

гирифтани варақаи корношоямӣ барои тамоми вақти дар муолиҷа будан.

 

БОБИ VI.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 19. Баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо

Баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳое, ки аз муомилоти қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, инчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, инчунин асбобу таҷҳизоте, ки истифодаи минбаъдаи онҳо дар муомилот номатлуб дониста мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.(ҚҶТ аз 22.07.2013с. №988)

 

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки ба вайрон кардани Қонуни мазкур гуннаҳкоранд, тибқи қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 21. Муқаррароти давраи гузариш

Муқаррар карда шавад, ки то ба таъмини пурраи Буҷети давлатӣ гузаштани Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаи кормандони он мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 22. Назорати иҷрои Қонуни мазкур

Назорати иҷрои Қонуни мазкур аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуророни тобеъи ӯ буда амалӣ мегардад.

 

 

       Президенти                                                         

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                           Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

10 декабри соли 1999

№ 873

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

 ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

"Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо"

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1999, №12, мод.313)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо" пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

2. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон

- ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мутобиқ намудани қонунҳои амалкунандаи ҷорӣ бо Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо" таклифҳо пешниҳод намояд;

- қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.

 

 

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                           С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе  10 декабри соли 1999

 № 874          

 

ДАР БОРАИ ҚАРЗГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗЕ, КИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТ ДОДА МЕШАВАД

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 15:22
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
886
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
11.12.1999

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №12, мод. 326, ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1795)

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар рафти қарзгирии давлатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзгирии ғайридавлатиеро, ки аз ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъмини кафолати давлатӣ ба вуқӯъ мепайванданд танзим намуда, инчунин ҷараёни идора намудани қарзи давлатӣ ва қарзи бо кафолати давлатӣ гирифта шударо таъмин менамояд.

Боби I. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур чунин мафҳумҳо истифода карда мешаванд:

1) пули қарзи давлатӣ - қарзе, ки қарзбардори он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

2) қарзи давлатӣ - маблағи гирифташуда ва бозпардохт нагардидаи пули қарзи давлатӣ дар мӯҳлати муқаррар гардида;

3) кафолати давлатӣ – ӯҳдадории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қарздиҳанда ҷиҳати пурра ё қисман пардохт намудани қарз дар ҳолати аз ҷониби қарзбардор-намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи қарз дар мӯҳлати муайяншуда;

4) қарзи аз ҷониби давлат кафолат додашуда - маблағи дар мӯҳлати муайян гирифта шуда ва бозпардохт нагардидаи пули қарзи ғайридавлатӣ, ки кафолати давлатӣ дорад;

5) пули қарзи аз ҷониби давлат кафолат додашуда - пули қарзи ғайридавлатие, ки барои он кафолати давлатӣ вуҷуд дорад;

6) созишнома (қарордод) оиди пули қарз – ҳуҷҷате, ки дар он муносибатҳои ҳуқуқӣ дарҷ гардидааст ва мувофиқи он қарзбардор маблағи қарзро мегирад ва дар назди қарздиҳанда ӯҳдадории бозпардохти қарз, додани баҳрабардорӣ, инчунин дигар бозпардохтҳои алоқаманд бо пули қарзро дорад;

7) андозаи қарзи давлатӣ - маблағи дар буҷети давлатӣ ба нақша гирифташаванда ва дар соли мувофиқ муайян гардида ва гирифташуда, вале бозпардохт нагардидаи пули қарз, ки набояд аз қарзи ҳақиқии давлатӣ дар охири соли молиявӣ зиёд бошад;

8) андозаи додани кафолати давлатӣ - маблағи муайяншуда ва тасдиқ гардида дар таркиби буҷети давлатӣ дар соли мувофиқи молиявӣ, ки дар ҳудуди он имкони додани кафолати давлатӣ вуҷуд дорад;

9) андозаи қарзгирии давлатӣ - дар соли мувофиқ дар буҷети давлатӣ муқаррар намудани ҳудуди ҳаҷми пули қарзи давлатии аз нав ҷалбшаванда;

10) намояндаҳо (резидентҳо):

а) ашхоси воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон макони зисти доимӣ доранд, аз ҷумла ашхоси муваққатан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мебошанд;

б) ашхоси ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд ва ба қайд гирифта шудаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд;

в) корхона ва ташкилотҳое, ки ашхоси ҳуқуқӣ намебошанд, вале мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд;

г) намояндагиҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ ва дигар намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд;

д) шӯъбаҳо ва намояндагии намояндагоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд ва дар зербанди «б» ва «в» банди мазкур нишон дода шудаанд.

11) Ғайри намояндагон

ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеъие, ки намоянда намебошанд.

12) Пули қарз ё қарзи берунӣ - пули қарз ё қарзе, ки диҳандаи он дар ҳолати қарзгирӣ, ғайринамоянда мебошад;

13) Пули қарз ё қарзи дохилӣ - пули қарз ё қарзе, ки диҳандаи он дар ҳолати қарзгирӣ, намоянда мебошад;

14) Коғазҳои қимматноки давлатӣ - варақаи қарзии қарзгирии давлатӣ;

15) Барномаи сармоягузории давлатӣ - барномаи сармоягузории васоити давлатӣ, аз ҳисоби пули қарз ва дороии худ дар қисматҳои бартаридоштаи иқтисодиёт, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

16) Кафолати ҷавобӣ - кафолати бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар нафъи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сифати таъмини гирифтани кафолати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар нафъи қарздиҳанда, барои пули қарзи намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дода мешавад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок карда шуда, аз Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналхалқии аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардида, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1795)

Моддаи 3. Мақсади қарзгирии давлатӣ

Мақсади қарзгирии давлатӣ аз ҷалб намудани воситаҳои зарурӣ барои иҷрои буҷет ва бозпардохти қарзи давлатӣ иборат аст.

Воситаҳое, ки аз рӯи пули қарзи давлатӣ гирифта шудаанд ба ҳисоби буҷети давлатӣ гузаронида мешаванд ва барои иҷрои буҷет истифода карда мешаванд, аз ҷумла ба таври истифодаи бебозгашт (хароҷотҳои буҷетӣ) ё ин ки пешниҳод намудан ба қарзбардорони дохилӣ (қарзбардорони охирин) дар асоси бозгардонидани пули қарз.

Моддаи 4. Андозаҳои қарзгирии давлатӣ, қарзи давлатӣ ва кафолатҳои давлатӣ

Андозаҳои қарзгирии давлатии дохилӣ ва берунӣ, инчунин кафолатҳои давлатӣ дар қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли марбута, муқаррар карда мешаванд.

Андозаҳо бо арзи миллӣ ва хориҷӣ муқаррар карда мешаванд. Андозаҳо дар он сурат риоя шуда ба ҳисоб мераванд, ки агар мушахассоти онҳо бо яке аз арзҳои дарҷгардида мувофиқат дошта бошанд.

Маблағи қарзи давлатие, ки аз кафолати давлатӣ ба қарзи давлатӣ мубаддал мегардад, ҳангоми баҳодиҳии андозаи муқарраршудаи қарзи давлатӣ, ба эътибор гирифта намешавад.

Дар ҳолате, ки қарзи давлатии ҷалбгардида барои бозпардохти ӯҳдадориҳои қарзии мӯҳлаташон расида, аз рӯи бозгардонии қисми асосии қарзи давлатӣ равона карда мешавад, ҳаҷми ин қарзгирӣ мутобиқи андозаи бозпардохти дар пеш буда, ҳангоми баҳо додан ба риояи андозаи муқаррар гардидаи қарзи гирифтаи давлатӣ, ба эътибор гирифта намешавад.

Моддаи 5. Ваколати мақомоти давлатӣ дар соҳаи қарзгирӣ ва идора намудани қарзи давлатӣ

Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоcикистон:

Ҳуқуқҳои ба ӯ додаи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намуда, буҷети давлатиро тасдиқ мекунад, барои додан ва гирифтани қарзи давлатӣ иҷозат медиҳад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1795)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Ҳукумат):

1) ҳар сол, ҳангоми тартиб додани лоиҳаи буҷети давлатӣ, барномаи қаразгириро дар соли оянда қабул менамояд, ки мувофиқи он қарзгирии давлатӣ бо назардошти сиёсати буҷетии давлат ва барномаи сармоягузории давлатӣ мавриди амал қарор мегирад;

2) оид ба зарурияти ҷалб намудани пули қарзи давлатӣ ё пули қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, қарор қабул менамояд;

3) тартиби бурдани гуфтушунидро бо қарздиҳандагон, имзо намудани ҳуҷҷатҳои мувофиқро барои гирифтани қарз, гирифтан, хисоб бурдан ва истифода кардани воситаҳои қарзӣ, инчунин идора намудан ва пардохт кардани қарзҳои гирифтаи давлатиро, муайян мекунад;

4) идора намудани қарзи давлатиро ташкил мекунад;

5) дар таркиби лоиҳои буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ, маблағи қарзгирии давлатии ба ин буҷет дохилшаванда, андозаҳои қарзи давлатӣ, қарзгирии давлатӣ, андозаҳои кафолатҳои давлатии додашаванда ва маблағи воситаҳои қарзиро, ки барои идора кардани қарзи давлатӣ пешбинӣ шудааст, инчунин маблағи зарурии захираи буҷетӣ, ки барои идора намудани ӯҳдадориҳои аз рӯи кафолатҳои давлатӣ дода шударо муайян мекунад;

6) салоҳияти мақомоти давлатии идоракуниро дар соҳаи гирифтани қарзи давлатӣ ва идора намудани қарзи давлатӣ муқаррар мекунад;

7) фаъолияти мақомоти давлатии идоракуниро дар соҳаи гирифтани қарзи давлатӣ ва идора намудани қарзи давлатӣ, ҳамоҳанг месозад;

8) ҳамчун кафили қарзҳои гирифташудаи ғайридавлатии кафолати давлатӣ дошта, баромад мекунад;

9) қоидаҳои барориш ва гардиши қоғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1795)

10) дигар ваколатҳоеро, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, мавриди амал қарор медиҳад.

Бонки Миллии Тоҷикистон:

1) бо ризоияти Ҳукумат хизматрасонии техникии қарзи давлатиро, амалӣ мегардонад;

2) ба Ҳукумат мувофиқи қонун қарз медиҳад;

3) бо ризоияти Ҳукумат, аз номи ӯ метавонад мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонки Миллии Тоҷикистон», қарзи давлатӣ бигирад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорати молия):

1) барномаи гирифтани қарзро барои соли оянда дар асоси дурнамои тӯлонии рушди иқтисодӣ бо назардошти барномаи сармоягузории давлатӣ, тарҳрезӣ менамояд;

2) ба Ҳукумат оиди зарурияти ҷалб намудани васоити қарзиро пешниҳод ироа менамояд, ҳисоби қарзҳои гирифтаи давлатиро мебарад;

3) воситаҳои пулии қарзҳои давлатиро мегирад, мавриди истифода қарор медиҳад ва бозгардонидани онҳоро мувофиқи андоза ва ваколатҳои аз ҷониби Ҳукумат муайяншуда, агар дар шартномаҳои қарзгирӣ он пешбинӣ шуда бошад, амалӣ мегардонад;

4) қарзҳои давлатиро идора менамояд;

5) ба дигар бонкҳо барои хизматрасонии қарзҳои давлатӣ ваколат медиҳад;

6) дар асоси қарорҳои Ҳукумат коғазҳои қимматноки давлатӣ мебарорад;

7) дар асоси қарорҳои Ҳукумат кафолати давлатӣ медиҳад;

8) дигар ваколатҳои дар Қонуни мазкур пешбинӣ шударо мавриди амал қарор медиҳад.

Ҳеҷ ягон мақомоти давлатӣ ба ғайр аз Вазорати молия ва бонки Миллии Тоҷикистон ҳуқуқи амалӣ намудани қарзгирии давлатиро надоранд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ (ҳукуматҳо) дар маҳалҳо ҳуқуқи амалӣ гардонидани қарзгирии давлатиро дар чӣ шакле, ки набошад, надоранд.

Моддаи 6. Комиссияи Байниидоравӣ оиди қарзҳои берунии давлатӣ

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии назорат аз болои қарзҳои хориҷии ба ҷумҳурӣ ҷалбшаванда, ки қарзҳои давлатии беруниро ташкил медиҳанд, иҷро намудани шартҳои пули қарзи давлатӣ ва ё аз ҷониби давлат кафолат дода шуда, аз тарафи Ҳукумат комиссияи Байниидоравӣ оид ба қарзҳои берунӣ таҳти раёсати Вазири молия таъсис дода мешааад. Дар ҳайати комиссияи Байниидоравӣ Раиси бонки Миллии Тоҷикистон, инчунин дигар роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи салоҳдиди Ҳукумат дохил карда мешаванд.

Комиссия фаъолияти худро дар асоси низомномаи аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ гардида, мавриди амал қарор медиҳад.

Моддаи 7. Бурдани ҳисоби қарзи давлатӣ ва кафолати давлатӣ барои гирифтани пули қарз

Вазорати молия ҳамаи ӯҳдадориҳои аз рӯи қарзи давлатӣ гирифташуда, кафолатҳои давлатии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда ва қарзҳои гирифташавандаи кафолатнокро мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумат ба қайд гирифта, ҳисоббарии ҳамаи онҳоро ҷорӣ менамояд.

Маълумотҳои ҳисоботие, ки бояд тавсиф ва ахбори оморӣ дошта бошанд, мувофиқи тартиботи муқарраршуда, ба дафтари қайди ҳисобдорӣ ворид карда мешаванд.

Дафтари қайди қарзи давлатӣ ва дафтари қайди кафолатҳои давлатии қарзгирӣ мунтазам аз ҷониби Вазорати молия таҷдид карда шуда, нашр карда мешаванд.

Боби II. Қарзгирии давлатӣ ва қарзи давлатӣ

Моддаи 8. Иҷро намудани ӯҳдадориҳо ва шартҳои қарзи давлатӣ

Ҳукумат бозпардохти пурраи маблағи баҳрабардорӣ ва маблағи асосии қарзи давлатиро мувофиқи шартҳои коғазҳои қимматноки давлатӣ ё созишномаи оид ба гирифтани қарзро новобаста аз он ки ӯҳдадориҳо (маблағҷудокуниҳо) дар таркиби буҷети давлатӣ дохил карда шудаанд, таъмин менамояд.

Моддаи 9. Шаклҳои қарзгирии давлатӣ

Қарзгирии давлатӣ аз чунин шаклҳо иборат аст:

1) Коғазҳои қимматноки давлатӣ;

2) Созишномаҳо оид ба пули қарз.

Моддаи 10. Коғазҳои қимматноки давлатӣ

Ба Вазорати молия чунин ҳуқуқи истисноӣ дода мешавад:

- барориши коғазҳои қимматноки давлатӣ мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур;

- қабул намудани қарор оид ба шартҳои сиришта кардан ва ба фурӯш баровардани коғазҳои қимматноки давлатӣ дар бозор.

Бонки Миллии Тоҷикистон мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонки Миллии Тоҷикистон» ва бо ризоияти Ҳукумат метавонад дар ташкили хизматрасонии коғазҳои қимматноки давлатӣ иштирок дошта бошад.

Барориши коғазҳои қимматноки давлатӣ дар шакли бесанад ва санаддор дар натиҷаи истифода кардани шаҳодатномаи пулии умумӣ ё шаҳодатномаи пулии алоҳида амалӣ мегардад. Вазорати молия инчунин ваколатдор аст, ки бевосита ё тавассути намояндаи ташкилотҳои хазинаи давлатӣ сохти компютерикунонидашудаи барориши коғазҳои қимматноки давлатии бесанадро ба роҳ монад.

Барориши коғазҳои қимматноки давлатие, ки дар шакли гузаронидан бо сохти бесанад амалӣ мегарданд, баробарарзиш ба коғазҳои қимматноки шакли санаддор мебошанд, ба истиснои он, ки барориш, бурдани ҳисобот амалиёт бо чунин коғазҳои қимматнок бо илдоваи бозпардохт, бо роҳи гузаронидан (феълан дар шакли компютеришуда) ба воситаи миёнаравҳое, ки вазифаи вакил ё нигоҳдорандаро иҷро мекунанд, сурат мегирад.

Дар ҳолати истифода бурдани шаҳодатномаи пулии умумӣ, барои тасдиқи барориши коғазҳои қимматноки давлатӣ, чун шаҳодатномаи пулии ягона маҷмӯи элементҳои як пули қарзро ифода мекунад, яъне маблағи умумии барориши як намуди муайяни бо ҳамон таърихи муайян барориш, мӯҳлати бозпардохт ва ғайраро дар бар мегирад. Шаҳодатномаи пулии умумӣ аз ҷониби Вазорати молия бароварда шуда, рақами ба худ хосро мегирад ва дар амонат гузошта шуда, дар бонки Миллии Тоҷикистон бо таърихи барориш, то бозпардохт гардидани шаҳодатнома аз рӯи расидани мӯҳлаташ нигоҳ дошта мешавад. Талаботи сармоягузорон, ки дар ин шаҳодатномаи пулӣ нишон дода шудаанд, дар ҳисобҳои бухгалтерӣ ба воситаи миёнравҳо дарҷ шуда, ҳамин тавр, ҳамчун коғазҳои қимматноки фақат дар шакли ҳисоботи бухгалтерӣ бароварда шуда ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Коғазҳои қимматноки давлатии дар шакли санад нашр шуда, аз рӯи номгӯи пули қарз, шумораи умумӣ, арзиши пулӣ, таърихи барориш ва бозпардохт мутобиқ карда мешаванд ва онҳо метавонанд марбут ба шахси алоҳида ё пешниҳодкунанда бошанд.

Боби III. Кафолати давлатӣ аз рӯи пули қарз

Моддаи 11. Кафолати давлатӣ аз рӯи пули қарз

Кафолати давлатӣ, яке аз ӯҳдадории шартноки Ҳукумат мувофиқи шартҳои созишномаи кафолатнок (ӯҳдадориҳои кафолатнок) мебошад. Ӯҳдадорӣ фақат дар он сурат мувофиқи шартҳои кафолат, мавриди амал қарор мегирад, ки агар гирандаи воситаҳои пулии қарз, ки аз рӯи он кафолат дода шудааст, бозпардохти ин қарзро пурра ва ё қисман, бо баҳрабардории муқараршуда, мувофиқи муқаррароти созишнома оиди пули қарз ва ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёрӣ, иҷро накарда бошад.

Кафолатҳои дохилии давлатӣ аз рӯи пули қарз ва кафолатҳои берунии давлатӣ аз рӯи пули қарз мувофиқан дар он ҳангом ба қарзи дохилӣ ва берунии давлатӣ мубаддал мегарданд, ки агар Вазорати молия мувофиқи шартҳои кафолат, маблағ ё маблағҳои ҳисоб кардашударо аз рӯи пули қарзе, ки кафолат дода шудааст, мувофиқи шартҳои қарзгирӣ, адо нагардида, муайян намояд. Ин муайянкунӣ аз хулосаи хаттии Вазорати молия иборат буда, оид ба зиммаи Ҳукумат гузоштани иҷрои ӯҳдадории пардохти пули қарзро, мувофиқи кафолати давлатии додашуда, тасдиқ мекунад.

Модддаи 12. Ваколат барои додани кафолати давлатӣ ҷиҳати гирифтани пули қарз

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат Вазорати молия ягона мақоми ваколатдор аст, ки кафолати давлатӣ бидиҳад. Кафолати давлатӣ фақат дар асоси қарори ҳукумат, мувофиқи андозаи дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» дар соли мувофиқ дода мешавад. Тартиб ва шартҳои додани кафолати давлатиро Ҳукумат муқаррар мекунад. Барои додани кафолати давлатӣ мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррар кардаи Ҳукумат хироҷ гирифта мешавад.

Модддаи 13. Талаботҳои умумие, ки ба ашхоси дархосткунанда пешниҳод карда мешаванд

Ашхоси дархосткунанда барои гирифтани кафолати давлатӣ ӯҳдадоранд:

а) шахси ҳуқуқӣ ва намояндаи (резиденти) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

б) фаъолияти соҳибкорро амалӣ гардонанд;

в) соҳиби дороӣ буда, ё кафолати ҷавобии шахси сеюмро, ки талаботи ба кафолати ҷавобӣ марбутро ба сифати бозгардонии пули қарз қонеъ гардонад, дошта бошад.

г) аз рӯи кафолати давлатии пештар дода шуда ӯҳдадориҳои бидуни иҷро монда ва дигар ӯҳдадориҳо дар назди буҷет надошта бошад.

Ҳукумат метавонад дигар талаботҳои иловагии ба ашхоси дархосткунанда пешниҳодшавандаро, ки ба Қонуни мазкур мухолиф набошанд, вобаста ба шартҳои қарзгирии ғайридавлатӣ ва дараҷаи бехавфии лоиҳаи сармоягузорӣ муқаррар намояд.

Моддаи 14. Интихоб намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои додани кафолати давлатӣ

Кафолатҳои давлатӣ мувофиқи рӯйхати ҳарсола тасдиқкардаи Ҳукумат оиди бахшҳои бартарӣ доштаи иқтисодиёт, барои фарзан маблағгузорӣ кардан аз ҳисоби ҷалб намудани қарзҳои ғайридавлатӣ бо кафолати давлатӣ, дода мешаванд. Рӯйхати мазкур дар матбуот бояд ҳатман нашр карда шавад.

Интихоб намудани лоиҳаи сармоягузорӣ аз ҷониби мақоме, ки Ҳукумат ваколатдор намудааст, дар асоси мусобиқа (конкурс), мувофиқи тартиби муайян кардаи Ҳукумат, бо хулоса ва баҳодиҳии фоиданокии иқтисодии лоиҳа амалӣ мегардад.

Барои иштирок дар мусобиқаи (конкурси) лоиҳаҳои сармоягузорӣ, шахси дархосткунанда ба мақоме, ки Ҳукумат ваколатдор намудааст, муроҷиат мекунад.

Дар ҳолате, ки шахси дархосткунанда эътибори қарзадокунии дахлдор ва таъмини зарурии ӯҳдадории кафолатнокро аз рӯи лоиҳаи сармоягузорӣ дошта бошад, ё ин ки аз рӯи чунин лоиҳа кафолати ҷавобии мувофиқи шахси сейӯмро дошта бошад, он гоҳ шахси дархосткунанда ҳуқуқ дорад бевосита ба Вазорати молия барои гирифтани кафолати давлатӣ муроҷиат намояд.

Дараҷаи эътибори қарзадокунӣ, рӯйхати намояндагиҳои бо эътибор ва талаботҳое, ки кафолатдиҳандагони ҷавобӣ пешниҳод карда мешаванд, аз ҷониби Ҳукумат муқаррар карда мешаванд.

Вазорати молия аз рӯи дархостҳои қабул намудааш, инчунин аз рӯи дархостҳои ворид гардидае, ки аз ҷониби мақоме, ки Ҳукумат ваколатдор кардааст, хулосаи мусбӣ доранд, аз рӯи шартҳои маблағгузории лоиҳа, дар чаҳорчӯби андозаи кафолатҳои давлатӣ хулоса дода, рӯйхати лоиҳаҳои сармоягузориҳоеро, ки аз ҳисоби ҷалб намудани қарзҳои кафолати давлатӣ дошта маблағгузорӣ карда мешаванд, ба комиссияи Байниидоравӣ оид ба қарзҳои берунаи давлатӣ, пешниҳод мекунад.

Ҳукумат, рӯйхати пешниҳод намудаи комиссияи Байниидоравии оид ба қарзҳои берунаи давлатиро, дар бораи лоиҳае, ки аз ҳисоби ҷалб намудани қарзҳои бо кафолати давлатӣ гирифташаванда маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқ мекунад.

Моддаи 15. Шакли кафолати давлатӣ

Кафолати давлатӣ бояд шакли созишномаро дар бораи додани кафолати давлатӣ (созишномаи кафолатнок), ки байни Вазорати молия ва қарздиҳанда баста мешавад ё ин ки хабарномаи хаттии (ӯҳдадории кафолатнок) Вазорати молияро, дошта бошад.

Созишномаи кафолатдор аз лаҳзаи аз ҷониби тарафайн имзо гардиданаш, мавриди амал қарор мегирад, агар дар созишнома чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Ӯҳдадории кафолатдор аз рӯзи дода шуданаш амалӣ мегардад.

Созишномаи кафолатдор, ӯҳдадории кафолатдор аз рӯи ҳар як лоиҳаи сармоягузорӣ аз ҷониби Вазири молия ё шахси вазифаи ӯро иҷрокунанда имзо карда мешавад.

Ҳамаи кафолатҳои давлатӣ мувофиқи тартиби муқарар намудаи Вазорати молия ба қайд гирифта мешаванд.

Моддаи 16. Мазмуни кафолати давлатӣ

Дар созишномаи кафолатдор ва ӯҳдадории кафолатдор бояд нишон дода шаванд:

1) қарори Ҳукумат, ки мувофиқи он лоиҳаи сармоягузори дар рӯйхати лоиҳаиҳои сармоягузории аз ҳисоби ҷалб намудани қарзҳои дорои кафолати давлатӣ маблағгузоришаванда дохил шуда бошад;

2) шахси мансабдоре, ки кафолати давлатӣ дода мешавад;

3) маблағи умумие, ки барои он кафолати давлатӣ дода мешавад;

4) мазмуни ӯҳдадории асосии қарзбардор аз рӯи қарзгирие, ки кафолати давлатӣ дорад;

5) мӯҳлате, ки дар давоми он кафолати давлатӣ дода шудааст.

Дар сурати дар созишномаи кафолатдор ва ӯҳдадории кафолатдор набудани шартҳои банди 1 қисми якуми моддаи мазкур ё имзо шудани онҳо аз ҷониби шахси беваколат бо риоя нагардидани қисми чаҳоруми моддаи 15-и Қонуни мазкур, кафолати давлатӣ беэътибор ҳисоб карда мешавад.

Фақат ҳамон ҳуҷҷате кафолати давлатӣ ба шумор меравад, ки он ба талаботи моддаҳои 15 ва 16 Қонуни мазкур мувофиқ бошад.

Санадҳо ё дигар ҳуҷҷатҳои мақомотҳои давлатӣ ва ашхоси мансабдори онҳо, рухсатномаҳо, амри хаттӣ, супоришҳое, ки созишномаи қарзгирӣ, шартҳои он ва қобилияти қарзадокунии қарзбардорро ҷонибдорӣ ва тасдиқ мекунад, вале ба талаботи моддаҳои 15 ва 16 Қонуни мазкур мувофиқ нестанд, амали кафолати давлатиро надоранд.

Моддаи 17. Рӯёнидани воситаҳои пулӣ аз рӯи кафолати давлатӣ оид ба қарзи гирифтаи дохилӣ ва берунӣ

Баъди ба қарздиҳанда гузаронидани маблағи қарзи гирифтаи дохилӣ ва берунӣ аз рӯи кафолати давлатӣ ба Вазорати молия ҳамаи ҳуқуқ ва воситаҳои ҳифзи ҳуқуқии ташкилот-қарзбардори пули қарзи кафолати давлатидошта мувофиқи созишномаи қарзӣ мегузаранд.

Вазорати молия ваколатдор аст, ки ҳама гуна чораҳоеро, ки дар Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мавриди амал қарор диҳад ва маблағи кафолатро, аз ҷумла хароҷоти бо он вобаста бударо беқилуқол бирӯёнад.

Боби IV. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 18. Назорат аз болои истифодаи воситаҳое, мувофиқи созишномаи (қарордоди) қарзии дорои кафолати давлатӣ гирифта шудаанд ва ҷавобгарӣ барои истифодаи онҳо

Барои истифодаи воситаҳое мувофиқи созишномаи (қарордоди) қарзие, ки ба кафолати давлатӣ гирифта шудааст, Вазорати молия, мувофиқи тартиботи муқарарркардаи Ҳукумат назорат мебарад.

Қарзбардор аз рӯи пули қарзи гирифтаи дорои кафолати давлатӣ дошта ва бонки кафолати ҷавобӣ дода барои мувофиқи мақсад истифода накардани воситаҳои қарзии аз рӯи кафолати давлатӣ гирифташуда ва баргардонидани воситаҳое, ки барои аз тарафи Вазорати молия иҷро гардидани ӯҳдадориҳо аз рӯи кафолати давлатӣ ҳангоми аз тарафи қарзбардор иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои қарзӣ истифода шудаанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 19. Ҳал намудани баҳсҳо

Баҳсҳо ва ихтилофҳои бо созишномаи (қарордоди) оиди қарзгирӣ, баровардани коғазҳои қимматноки давлатӣ, кафолатҳои давлатӣ ё дар иртибот ба фаъолияти онҳо, аз ҷумла идора кардани қарзи давлатӣ ё қарзи кафолатноки давлатӣ алоқаманд, аз рӯи имкон ба тарзи гуфтушунид мувофиқи қоидаҳои пештар мутобиқ кардашудаи ҳалли баҳсҳо, ки дар созишномаи (қарордоди) оид ба гирифтани қарз, қоидаҳои баровардани коғазҳои қимматноки давлатӣ муқаррар кардашудааст ва дар сурати вуҷуд надоштани чунин муқаррарот, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд

Моддаи 20. Тартиби мавриди истифода қарор додани меъёрҳои Қонуни мазкур нисбати муносибатҳои ҳуқуқие, ки то дар амал татбиқ гардидани он ба вуқӯъ мепайвандад

Аз рӯи муносибатҳои ҳуқуқие, ки то дар амал татбиқ гардидани Қонуни мазкур ба вуқӯъ мепайванданд ва баъди амалӣ гардидани он идома меёбанд, меъёрҳои Қонуни мазкур дар бахшҳое истифода бурда мешаванд, ки мухолифи шартҳои созишномаҳои (қарордодҳои) пешин имзогардида ҷиҳати пули қарз ва кафолати давлатии мавриди амал қарор гирифта набошанд.

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Вайрон кардани Қонуни мазкур боиси љавобгарии бо қонун муқарраршуда мегардад.

 

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Э.Раҳмонов

ш. Душанбе 11 декабри соли 1999

№886

 

 

 

Pages