ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1783 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1780 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 20.04.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1773 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 20.04.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Нигористон

-A A +A

РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК!

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Шнб, 26/06/2021 - 14:26
ҲАМВАТАНОНИ ГИРОМӢ!
     Бо арзи эҳтиром роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ Шуморо ба ифтихори 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона таҳният мегӯянд!
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (1 овоз)

Э Ъ Л О Н ОИДИ ҚАБУЛ БА АСПИРАНТУРА ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021-2022

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Чшб, 23/06/2021 - 11:44
Э Ъ Л О Н
ОИДИ ҚАБУЛ БА АСПИРАНТУРА ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021-2022
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

АСАРИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ ЭКОЛОГИЯ

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Сшб, 15/06/2021 - 17:31
   15 июни соли 2021 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология», ки ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

  МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МАСОИЛИ МУБРАМИ РӮЗ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Ҷум, 11/06/2021 - 15:58
МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МАСОИЛИ МУБРАМИ РӮЗ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ИШКОШИМИ ВМКБ

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Ҷум, 11/06/2021 - 11:45
   9 июни соли 2021 роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН МУБОРАК!

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Сшб, 01/06/2021 - 11:25
    Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 июн ҳамасола дар кишвар ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ БО СОКИНОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Дшб, 31/05/2021 - 14:37
   Ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳбарият ва кормандони Марказ аз 24 то 28 майи соли 2021 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом, Исфара ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, ноҳи
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Дшб, 31/05/2021 - 09:30
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи
нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт
мегардад
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МИЗИ МУДАВВАРИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «АМАЛИШАВИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ»

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Сшб, 25/05/2021 - 13:40
   25 майи соли равон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «АМАЛИШАВИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ»

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Ҷум, 21/05/2021 - 14:08
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, 25 майи соли 2021 Мизи мудаввари ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзӯи «Амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» баргузор намояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “ТАЗИМИ ҲУҚУҚИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: ДАСТОВАРД, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО”

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Чшб, 19/05/2021 - 14:15

19 майи соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2020-2025, бо иштироки роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ, намояндагони вазорату идораҳо, аз қабилӣ – Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идор

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Сшб, 18/05/2021 - 16:15
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
    18 майи соли 2021 ҷаласаи навбатии Шӯрои илмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Чшб, 12/05/2021 - 10:58

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

РӮЗИ ҒАЛАБА МУБОРАК!

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Ҷум, 07/05/2021 - 17:05

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ ДАР ИҶЛОСИ 77-УМИ КОМИССИЯИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД БАРОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁ ВА УҚЁНУСИ ОРОМ ОИД БА ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Дшб, 26/04/2021 - 16:33
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Нигористон