ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2115 Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07.12.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҲУҚУҚИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ИНТИХОБОТ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 13/02/2025 - 11:53
     Дар ҷаҳони муосир интихобот яке аз падидаҳои муҳим ва механизми эътирофшудаи ифодаи иродаи халқ дар идора кардани давлат ба шумор рафта, маҳз тавассути интихобот муносибати байниҳамдигарии давлат ва шаҳрванд мустаҳкам мегардад. Интихобот асоси низоми ҷомеаи демократӣ буда, дар раванди ташаккули сохторҳои ҳокимият, таъмини намояндагии сиёсӣ ва нигоҳ доштани субот нақши калидӣ мебозад.
     Дар ҷомеаи демократӣ шаҳрвандон ҳуқуқи иштирок дар идоракунии давлатиро тавассути интихобот амалӣ менамоянд. Интихобот воситаи татбиқи соҳибихтиёрии халқ, ташаккул ва ифодаи афкори ҷамъиятӣ, таъмини субот ва самаранокии фаъолияти механизми давлатӣ мебошад.
     Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон[1] ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ дошта, халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилони интихобнамудаи худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ интихобот ва раъйпурсӣ мебошад, ки халқ тавассути он озодона дар ҳаёти сиёсии давлат иштирок менамояд.
     Маҳз ба воситаи ташаккули низоми ҳокимият, хусусан мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, яъне тавассути ҳуқуқи интихобот шаҳрвандон ҳамзамон, аз ҳуқуқу озодиҳои дигари сиёсӣ истифода бурда, дар идоракунии корҳои давлат ва ҷомеа иштирок менамоянд[2]. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки 2 марти соли 2025 баргузор хоҳад шуд, қарор дорад[3].
     Ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар интихобот дар ду шакл зоҳир мегардад: ҳуқуқи интихоботии фаъол ва ғайрифаъол. Ҳуқуқи интихоботи фаъол маънои интихоб намуданро дар назар дошта, ҳуқуқи интихоботии ғайрифаъол бошад, дар он зоҳир мегардад, ки шаҳрванд ҳуқуқи интихоб шуданро доро мебошад.
     Ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар интихобот дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон[4], қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”[5], “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”[6] ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Шаҳрвандон аз синни 18-солагӣ новобаста аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот, молу мулк ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан ва интихоб намуданро дорад. Шахсоне, ки синну солашон ба меъёр мувофиқ нест, шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, инчунин, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро надоранд.
     Ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар қонунгузории байналмилалӣ низ мустаҳкам шудааст. Дар моддаи 21 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муқаррар гардидааст, ки “ҳар як инсон ҳақ дорад, бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд”[7].  Дар моддаи 25 - и Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ муайян шудааст, ки ҳар як шаҳрванд бидуни табъиз ва маҳдудият ҳуқуқ дорад, ки дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар бо овоздиҳии пинҳонӣ ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешаванд, иштирок намояд ва интихоб шавад[8].
     Қобили зикр аст, ки ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи хоса дошта, тавассути он соҳибихтиёрии халқ инъикос гардида, халқ дар бунёди мақомоти давлатӣ иштирок менамояд ва роҳи минбаъдаи ҷомеа ва давлатро муайян менамояд.
     Тавре дар боло қайд намудем, ҳуқуқи интихоботи ғайрифаъол маънои онро дорад, ки шаҳрванд ҳуқуқи интихоб шуданро доро мебошад. Шаҳрвандон имконият доранд, ки дар синну соли тибқи қонун муайяншуда ба сифати номзад ба мақоми вакили мардумӣ дар парлумон ва ё дигар зинаи мақомоти намояндагӣ пешбарӣ ва интихоб гарданд. Дар асоси моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад ва забони давлатиро донад.
     Инчунин, дар моддаи 29 Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар шудааст, ки узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ва таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ аз 30 кам набошад ва дорои таҳсилоти олӣ буда, забони давлатиро донад.
     Шахсе номзад ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ё ноҳияи дахлдор кор ва ё зиндагӣ дошта бошад.
     Қайд намудан зарур аст, ки дар маъракаи интихоботӣ принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ маҳаки асосии ба танзимдарории тамоми давраи интихобот ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки дар қонунгузорӣ муайян шудааст интихобот дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад. Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, вазъи иҷтимои, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.
     Интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд.
Принсипи дигар, ин принсипи бевосита мебошад, ки ҳар як шахс дар овоздиҳӣ иштирок намуда, аз номи худ овоз медиҳад. Ҳеҷ кас ўро иваз карда наметавонад. Ҳар як шаҳрванд як овоз дорад.
     Махфияти интихобро овоздиҳии махфӣ, мавҷудияти ҷойҳои махсуси овоздиҳӣ, бюллетенҳои махсус (варақаҳои махсус, ки дар он ному насаби интихобшавандагон сабт шудааст), тарзи муайяни ҳисоби овозҳо, боз намудани муҳрҳои комиссияҳои интихоботӣ ва қуттиҳои интихоботӣ, муқаррар намудани ҷазои қатъӣ барои риоя накардани принсипи махфияти интихобот ва баъзе омилҳои дигар таъмин менамоянд. Махфӣ будани овоздиҳӣ имкон медиҳад, ки интихобкунандагон бе иштироки миёнарав ё намоянда ба тариқи фардӣ қарор қабул намоянд[9]. Назорат ва дахолат ба изҳори иродаи ашхоси овоздиҳанда манъ аст.
     Ҳамин тариқ, ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар интихобот дар ҷомеаи демократӣ нақши марказиро бозида, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки иродаи худро озодона баён намуда, ба рушди ҷомеа таъсиргузор бошанд. Ҳар як шаҳрванде, ки дар интихобот иштирок менамояд, дар таҳкими демократия, рушду инкишофи давлат ва ташаккули ояндаи миллат саҳми худро мегузорад.
     Дар ҳақиқат ҳам, интихобот ҳамчун падидаи сиёсӣ дар рушди давлат ва таҳкими суботу ягонагӣ нақши бузург дошта, дар раванди ин маъракаи сиёсӣ зарур мебошад, ки ба хотири ояндаи дурахшони ватани маҳбубамон фаъолона ширкат варзида, номзади арзандаро интихоб намоем.
 
МУСТАФОҚУЛОВ ДОВАРШОҲ БАЁНҚУЛОВИЧ,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Рӯйхати адабиёт:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 нояӣри соли 1994 бо тағийру иловаҳои 22 майи соли 2016//Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Адлия». Шакли 7.0 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 28.01.2025);
2. Сайфиддинов А.А. Ташаккул ва рушди ҳуқуқи интихобот дар Тоҷикистон, диссертатсия ва автореферат // Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://www.dissercat.com(санаи муроҷиат: 28.01.2025);
3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хорҷиии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 ш. Душанбе: «Шарқи озод», 2025.-40 с;
4. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағийру иловаҳои 22 майи соли 2016//Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Адлия». Шакли 7.0 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 28.01.2025);
5.  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 10 декабри соли 1999 №856 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 296; с. 2004, № 7, мод. 451; с. 2007, № 5, мод. 352; с. 2008, № 10, мод. 797; с. 2012, № 8, мод. 811; с. 2014, № 3, мод. 140, № 7, қ. 1, мод. 382; с. 2017, № 7-8, мод. 562; с. 2018, № 2, мод. 61, №9-10, мод. 581;
6.  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои вакилони халқ” аз 10 декабри соли 1999 №858 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 298; с. 2007, № 6, мод. 353; с. 2012, № 8, мод. 813; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 383; № 11, мод. 640; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 269;
7. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 Париж // Махзани қонунгузории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://mmk.tj (санаи муроҷиат: 28.01.2025);
8. Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ. Бо қатъномаи 2200 А (ХХI) Ассамблеяи Генералӣ 16 декабри соли 1966 қабул шудааст ва ҷиҳати имзо, тасвиб ва ҳамроҳ шудан боз аст. Мутобиқи моддаи 49 аз 23 марти соли 1976 зътибор пайдо кардааст / /Махзани қонунгузории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://mmk.tj (санаи муроҷиат: 28.01.2025);
9. Диноршоев А.М., Якубова С.Н., Камолов Ш.Ҳ. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Матни лексияҳо // Лексияи 12. Низоми интихобот ва ҳуқуқи интихобот: Душанбе, 2015. -С. 76-77.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)