ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1955 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶОВИДОН ГАРДОНИДАНИ ХОТИРАИ ҲАЛОКШУДАГОН ҲАНГОМИ ҲИФЗИ ВАТАН"

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 31/10/2023 - 09:50
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
1919
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
24.10.2022
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ДАР БОРАИ ҶОВИДОН ГАРДОНИДАНИ ХОТИРАИ ҲАЛОКШУДАГОН ҲАНГОМИ ҲИФЗИ ВАТАН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 ноябри соли 2022 № 889
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 декабри соли 2022 № 320
ҷонибдорӣ карда шуд
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҷовидон гардонидани хотираи шахсонеро, ки ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалок шудаанд, муайян ва ваколатҳои мақомоти давлатиро дар ин самт муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан - фаъолияте, ки ба нигоҳ доштани муносибати эҳтиромона нисбат ба шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалокшуда (минбаъд - ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан), арҷ гузоштан ба шуҷоат, мардонагӣ ва қаҳрамонии онҳо, ҳамчунин баҳисобгирӣ, ба тартиб даровардан, ҳифзу нигоҳбонӣ кардани қабрҳои ҳарбӣ ва ёдгориҳои ҳарбӣ, гузаронидани корҳои ҷустуҷӯйӣ бо мақсади пайдо кардани қабрҳои ҳарбии бақайдгирифтанашуда, муқаррар намудани маълумоти шахсии хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда нигаронида шудааст, инчунин андешидани тадбирҳои иловагии дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд;
2) шахсоне, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалок шудаанд - хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ки хотираи онҳо аз ҷониби давлат ҷовидон гардонида мешавад;
3) оромгоҳи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан - қабри ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, инчунин қабристонҳои ҳарбӣ, қитъаҳои алоҳидаи ҳарбӣ дар қабристонҳои умумӣ ва берун аз онҳо, ҷойҳои инфиҷор ё суқуткардаи техникаю ҳавопаймоҳои ҳарбӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
4) маҷмааҳои ёдбуд - муҷассамаҳо ва иншооти ёдбуди дигаре, ки барои оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан гузошта шудаанд;
5) оромгоҳи номаълуми ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан - маҳалҳои дафни хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оромгоҳи рамзӣ ва мавзеи ҳарби охирини онҳо, ки мушаххас ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд;
6) обод намудани оромгоҳи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан - нишонагузорӣ кардани ҳудуду ҷойҳои дафн, навиштани номи дафншудагон, гузоштани нишони ёдбуд, сангҳои хотиравии сари қабр, расму мусаввара, лавҳа - нишонаҳои мушаххаскунандаи қабри дафншудагон, муҷассамаҳою дигар иншооти ёдбуд ва таъмиру барқароркунии онҳо, инчунин андешидани тадбирҳои дигаре, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд;
7) ҳифз ва нигоҳубини оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан - таъмини муҳофизати оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, ёдгориҳои ба онҳо алоқаманд, нигоҳ доштани онҳо дар ҳолат ва сатҳи зарурӣ;
8) корҳои ҷустуҷӯйӣ - тадбирҳои амалӣ оид ба пайдо намудани қабрҳои бақайдгирифтанашуда, ҷасадҳои дафннашудаи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ва ҳалли масъалаи дафни минбаъдаи онҳо, инчунин муайян намудани номи фавтидагон ва (ё) бедаракғоибшудагон барои ҷовидон гардонидани хотираи онҳо.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
Сиёсати давлатӣ оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан низоми тадбирҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маданию маърифатӣ, ахлоқӣ, ташкилӣ ва тадбирҳои дигарро вобаста ба масъалаҳои зерин пешбинӣ менамояд:
1) ташаккули мафкураи ҷамъиятӣ бо мақсади эҳтиром доштани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан;
2) арҷгузорӣ ба оромгоҳи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, ба қайди давлатӣ гирифтани чунин оромгоҳҳо, ҷойҳои таърихии корнамоии ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, бунёди маҷмааҳои ёдбуд ва обод гардонидани онҳо;
3) тавассути нашри китобҳо, асарҳои таърихӣ ва офаридани филмҳои ҳуҷҷатию бадеӣ ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан;
4) амалисозии чораҳои дигари ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.
Моддаи 4. Ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
Хотираи шаҳрвандони зерин ҷовидон гардонида мешавад:
1) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945;
2) шаҳрвандоне, ки дар рафти муҳориба, ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ё вазифаҳои дигари хизматӣ баҳри ҳифзи Ватан ҳалок шудаанд;
3) шаҳрвандоне, ки дар роҳи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд;
4) шаҳрвандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) дар ҳудуди давлатҳои дигар барои ҳифзи манфиату амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шудаанд;
5) шаҳрвандоне, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ё дар ҳудуди давлатҳои дигар дар рафти иҷрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) аз ҷароҳат, контузия, маъюбӣ ё беморӣ, сарфи назар аз вақти фаро расидани оқибаташон, вафот кардаанд, ҳамчунин дар рафти муҳориба ё иҷрои вазифаҳои дигари ҷангӣ бедарак ғоиб шудаанд;
6) шаҳрвандоне, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ба асирӣ афтида ҳалок шудаанд (вафот кардаанд), вале шаъну шарафи худро нигоҳ дошта, ба Ватан хиёнат накардаанд;
7) шаҳрвандон, хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашудаи ҳайати фармондеҳӣ, ақибгоҳӣ, ки корнамоиҳои шоиста дар роҳи ҳифзи Ватан нишон додаанд.
Моддаи 5. Ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ҳангоми ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шудаанд
Ҷумҳурии Тоҷикистон хотираи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандеро, ки ҳангоми ҳифзи манфиату амнияти Тоҷикистон ва шаҳрвандони он ҳалок шудаанд, қадршиносӣ менамояд.
Моддаи 6. Ҷовидон гардонидани хотираи қисмҳо, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мавзеъҳои амалиёти ҷангӣ
Хотираи қисмҳо, ҷузъу томҳо, идораю муассисаҳои ҳарбӣ ва ташкилотҳои дигар, ки ҳангоми ҳифзи Ватан корнамоиҳои бузургу барҷаста (ё афзалтар) нишон додаанд, ҳамчунин мавзеъҳои амалиёти ҷангӣ, ки ба таърих чун рамзи қаҳрамонӣ, матонату мардонагии халқ ворид шудаанд, ҷовидон гардонида мешаванд.
Моддаи 7. Вазифаҳои шаҳрвандон баҳри ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
Пос доштани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ва муҳофизати мавзеъҳое, ки рамзи макони қаҳрамонӣ гирифтаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи ҳар як шаҳрванд аст.
Моддаи 8. Шаклҳои асосии ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
1. Шаклҳои асосии ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан:
1) гиромидошт ва ободонии оромгоҳи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, гузоштани санги қабр, сутуни ёдбуд, муҷассама дар оромгоҳи чунин шахсон ва бунёди иншооту маҷмааҳои дигари ёдбуд;
2) ҳифз ва ободонии мавзеъҳои ҷудогонае, ки таърихан бо корнамоии ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан алоқаманданд;
3) таълифи китобҳои ёдбуди ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ва интишор намудани маълумоти дигар оид ба онҳо дар воситаҳои иттилоотии кишвар;
4) таъсиси осорхона ва лавҳаҳои ёдбуд, ташкили намоишгоҳҳо, бунёд кардани нишонҳои ёдбуд дар муҳорибагоҳҳо;
5) дар воситаҳои ахбори омма чоп кардани мавод оид ба корнамоии онҳое, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалок шудаанд, эҷод кардани асарҳои адабию фарҳангӣ бахшида ба корнамоии онҳо, ҷойгир кардани корнамоиҳои онҳо дар барномаҳои таълимӣ;
6) роҳандозии корҳои ҷустуҷӯйию таҳқиқотӣ дар самти пайдо намудани номи бедаракғоибшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан;
7) ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, иншооти физикию географӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла ба ҳама зинаҳои муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ гузоштани номи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан;
8) дар рӯйхати ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳарбӣ абадан ворид намудани номи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан;
9) шаҳрванди фахрии ҷумҳурӣ ё сокини фахрии воҳиди маъмурию ҳудудии он эътироф кардани ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, инчунин шаҳрванди хориҷие, ки ҳангоми ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шудааст;
10) муқаррар кардани санаҳои ёдбуд, баргузории ҳамоишҳои фарҳангию сиёсӣ ва илмию таърихӣ дар рӯзҳои ёдбуд.
2. Бо қарори мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё бо ташаббуси шаҳрвандон барои ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан тадбирҳои дигареро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, андешидан мумкин аст.
БОБИ 2. ОРОМГОҲИ ҲАЛОКШУДАГОН ҲАНГОМИ ҲИФЗИ ВАТАН
Моддаи 9. Ба қайд гирифтани оромгоҳи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
1. Оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан бояд дар қайди давлат бошанд. Онҳоро бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳудуди давлатҳои дигар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи намояндагиҳои дипломативу консулӣ ба қайд мегиранд.
2. Дар сари қабри ҳар як ҳалокшуда ҳангоми ҳифзи Ватан нишони ёдбуд гузошта, вобаста ба он ҳуҷҷат тартиб дода мешавад.
Моддаи 10. Тартиби дафн кардан (аз нав ба хок супоридан)-и ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
1. Ҷасади ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан бо адои эҳтироми ҳарбӣ дафн карда (аз нав ба хок супурда) мешавад. Дар ин ҳол, ба ҷо овардани расму оини динӣ манъ карда намешавад. Масъулияти дафн кардан, обод гардонидани қабр ва қабристони ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ гузошта мешавад.
2. Ҷасади пайдогашта ё аз мавзеи дигар овардаи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз нав ба хок супорида шуда, хешовандони онҳо дар ин бора ҳатман огоҳ карда мешаванд.
3. Ҷасади хизматчиёни ҳарбии дар рафти муҳорибаҳо ҳалокшуда тибқи талаботи оинномаҳо, амру дастурҳои фармондеҳӣ дафн карда мешаванд.
Моддаи 11. Нигоҳубин ва ободонии оромгоҳи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
1. Оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан мутобиқи Конвенсияи Женева аз 12 августи соли 1949 ва протоколҳои иловагии он, инчунин мутобиқи меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ нигоҳубин карда мешаванд.
2. Нигоҳубин ва ободонии оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ воқеанд, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот вогузор мегарданд.
3. Оромгоҳҳои дар ҳудуди давлатҳои дигар воқеъбуда аз рӯйи тартиби дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида нигоҳубин ва обод карда мешаванд.
Моддан 12. Муҳофизати оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
1. Бо мақсади эмин нигоҳ доштани оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалли воқеъгардидаи онҳо бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди махсуси муҳофизатшавандаро муқаррар менамояд.
2. Оромгоҳҳои ошкоргардидаи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан то ҳаллу фасл шудани масъалаи ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо мувофиқи талаботи Қонуни мазкур ҳифз карда мешаванд.
3. Интиқоли худсаронаи қабри ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан манъ аст. Дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиидошта ё ҳолатҳои дигари истисноӣ интиқоли қабри ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва хешовандони онҳо амалӣ карда метавонад.
4. Лоиҳаҳо оид ба тарҳи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин, навсозии мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва банақшагирии иншооти сохтмонӣ бо назардошти ҳифзи оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан тартиб дода мешаванд.
5. Иҷрои корҳои заминӣ, сохтмонӣ, роҳсозӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи онҳо метавонанд оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан осеб бинанд, танҳо бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ ба ҷо оварда мешаванд.
6. Муҳофизати оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мутобиқи Қонуни мазкур ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
Моддаи 13. Барқарор кардани оромгоҳи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
Оромгоҳҳои харобгардидаи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ва дигар иншооти ёдбуде, ки хотираи онҳоро ҷовидон мегардонанд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки барои нигоҳдорӣ ва нигоҳубини онҳо масъуланд, барқарор карда мешаванд.
БОБИ 3. КОРҲОИ ҶУСТУҶӮЙӢ
Моддаи 14. Ташкили корҳои ҷустуҷӯйӣ
1. Корҳои ҷустуҷӯйӣ дар самти пайдо намудани бедаракғоибшудагонро иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии ба ин корҳо ваколатдоршуда бо мақсади дарёфтани оромгоҳҳои номаълуми хизматчиёни ҳарбӣ ва осори ҷасадҳои дафннашуда, муқаррар кардани номи ҳалокшудагон ё бедаракғоибшудагон ба ҷо меоранд.
2. Худсарона гузаронидани корҳои ҷустуҷӯйӣ дар маҳалҳое, ки амалиёти ҷангӣ гузаронида шудаанд, ҳамчунин халадор сохтани оромгоҳи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан манъ аст.
Моддаи 15. Тартиби иҷрои корҳои ҷустуҷӯйӣ
1. Корҳои ҷустуҷӯйӣ дар самти пайдо намудани бедаракғоибшудагон дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз рӯйи тартиби дар Қонуни мазкур муқарраргардида ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.
2. Корҳои ҷустуҷӯйӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар бо тартиби муайянкардаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 16. Тартиби корбарӣ бо ҷасадҳои ҳалокшудагон ва ашёе, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯйӣ ёфт шудаанд
1. Ҷасадҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯйӣ ёфт шудаанд, мувофиқи моддаи 10 Қонуни мазкур дафн карда шуда, қабрҳои онҳо баъди ба қайд гирифтан аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки қисмҳои ҳарбии ҳудудҳои дахлдор обод ва ҳифзу нигоҳбонӣ карда мешаванд.
2. Силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, ҳуҷҷатҳо ва ашёи дигари ёфташудаи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан санад карда, ба мақомоти маҳалли идоракунии ҳарбии дарёфти онҳо барои тадқиқу омӯзиш ва бақайдгирӣ супорида мешаванд. Дар ин ҳол, ҳуҷҷатҳо, ашёи шахсӣ ва мукофотҳои ҳалокшудагон ба хешовандони онҳо ё ба осорхона ва силоҳи оташфишон бо лавозимоти ҷангӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешаванд.
3. Дар сурати пайдо кардани маводе, ки хавфи таркиш дорад, дарҳол ба мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ ҷиҳати бо тартиби муқарраргардида барои безарар гардонидан ё несту нобуд кардани он хабар дода мешавад.
БОБИ 4. МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ АНҶОМДИҲАНДАИ КОРИ ҶОВИДОН ГАРДОНИДАНИ ХОТИРАИ ҲАЛОКШУДАГОН ҲАНГОМИ ҲИФЗИ ВАТАН ВА ВАКОЛАТҲОИ ОНҲО
Моддаи 17. Мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи кори ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
1. Роҳбарии масъалаҳои вобаста ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Корҳои вобаста ба масъалаи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба уҳда доранд.
Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан мансубанд:
1) роҳбарии умумии ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро амалӣ менамояд;
2) барномаҳои давлатии ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро тасдиқ менамояд;
3) шартномаҳои байналмилалиро оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан тибқи тартиби муқарраргардида ба имзо мерасонад;
4) таклифу пешниҳодҳои шаҳрвандон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои диниро оид ба масъалаҳои ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан баррасӣ намуда, ҷиҳати иҷрои онҳо тадбирҳо меандешад;
5) бо давлатҳои дигар оид ба нигоҳубин ва ободонии оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ҳамкорӣ намуда, созишномаҳоро оид ба мақоми оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ва ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки дар ин давлатҳо дафн шудаанд, ба имзо мерасонад;
6) ба корҳои нашри асарҳои хусусияти энсиклопедидошта ва китобҳои ёдбуд роҳбарӣ мекунад;
7) салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 19. Ваколатҳои вазоратҳо, кумитаҳо ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
1. Ба ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан мансубанд:
1) лоиҳаи нақшаю барномаҳои давлатии ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро таҳия менамояд;
2) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро, ки дар асоси онҳо тадбирҳои ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан андешида мешаванд, тартиб медиҳад;
3) оромгоҳҳои ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбии ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалокшударо ба ҳисоб мегиранд;
4) бақайдгирии марказонидашудаи оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, аз ҷумла оромгоҳҳои дар ҳудуди давлатҳои дигар воқеъбударо ташкил мекунад;
5) корҳои ҷустуҷӯйӣ ва ҳуҷҷатгузории оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро ҳамоҳанг мекунанд;
6) дархости шаҳрвандонро оид ба муайян кардани сарбозони бедаракғоибшуда баррасӣ менамоянд;
7) лоиҳаи созишномаҳои байналмилалӣ оид ба мақоми оромгоҳҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва тартиби ба ҷо овардани корҳои ҷустуҷӯйӣ дар ҳудуди давлатҳои дигарро омода месозанд;
8) тарғиби корнамоии хизматчиёни ҳарбиеро, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалок шудаанд, ташкил менамоянд;
9) дар маросими дафн (аз нав ба хок супурдан)-и ҷасади хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалок гардидаанд, иштирок мекунанд;
10) дар таҳияи маводи китобҳои ёдбуд иштирок менамоянд, тартиби дар низоми вазорат нашр кардани китобҳои ёдбудро муайян мекунанд;
11) ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар корҳои ҷустуҷӯйӣ ва дафн (аз нав ба хок супурдан)-и ҷасади ҳалокшудагон ва ободонии оромгоҳҳои хизматчиёни ҳарбӣ кумаки амалӣ мерасонанд;
12) силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои дигари моддиро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯйӣ ёфт шудаанд, қабул карда, ҳуҷҷат тартиб медиҳанд, онҳоро тадқиқ менамоянд ва ба ҳисоб мегиранд;
13) барои муқаррар кардани маълумот оид ба ҳалокшудагон ва бедаракғоибшудагон чораҳо меандешанд.
2. Ба ваколатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан мансубанд:
1) хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардидаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандон, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи ҳалокгардидаи кумитаро ба қайд мегирад;
2) дар дарёфт намудан ва ҷамъоварии маълумот оид ба бедаракғоибшудагон иштирок менамояд;
3) тартиби нашри китобҳои ёдбудро дар кумита муайян мекунад.
3. Ба ваколатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан мансубанд:
1) ҳангоми корҳои ҷустуҷӯйӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамояд;
2) силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангиро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯйӣ ёфт шудааст, бо тартиби муқарраргардида қабул менамояд;
3) хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардидаи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи ҳалокшудаи мақомоти корҳои дохилиро ба қайд мегирад;
4) дар дарёфт намудан ва ҷамъоварии маълумот оид ба бедаракғоибшудагон иштирок менамояд;
5) тартиби нашри китобҳои ёдбудро дар низоми вазорат муайян мекунад.
4. Ба ваколатҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан мансубанд:
1) ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи ҳалокшудаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад;
2) дар дарёфт намудан ва ҷамъоварии маълумот оид ба бедаракғоибшудагони ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ иштирок менамояд;
3) тартиби нашри китобҳои ёдбудро дар Гвардияи миллӣ муайян менамояд.
5. Ба ваколатҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан мансубанд:
1) лоиҳаи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба арҷгузорӣ ва ободонии оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан дар ҳудуди давлатҳои дигар, оромгоҳҳои хизматчиёни ҳарбии артиши дигар давлатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин оид ба масъалаҳои ба ватан интиқол додани ҷасади ҳалокшудагонро тартиб медиҳад ва дар амалӣ гардонидани онҳо иштирок менамояд;
2) барои пайдо намудани маълумот дар бораи бедаракғоибшудагони рафти муҳорибаҳо, ҷангҳои мусаллаҳона ва ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) дар ҳудуди давлатҳои дигар тадбирҳо андешида, оид ба ҳуҷҷатгузории оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан дар ҳудуди ин давлатҳо чораҳо меандешад;
3) бо ташкилотҳои дахлдори давлатҳои хориҷие, ки дар ҳудуди онҳо оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан воқеъ гардидаанд, масъалаи дар он ҷойҳо гузоштани нишони ёдбуд ва обод гардонидани онҳоро мувофиқа менамояд;
4) барои аз тарафи хешовандон зиёрат кардани оромгоҳи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, ки дар ҳудуди давлатҳои дигар воқеанд, мусоидат менамояд;
5) барои ба зиёрати оромгоҳи шаҳрвандони давлатҳои дигар, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, омадани хешовандони онҳо мусоидат мекунад.
6. Ба ваколатҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан мансубанд:
1) тарғибу ташвиқи корнамоии ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро ба роҳ монда, нашри рӯйхати ҳалокшудагон (бедаракғоибшудагон)-ро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯйӣ ёфт шудаанд, барои воситаҳои ахбори омма таҳия ва пешкаш менамояд;
2) барои ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан тадбирҳо меандешад;
3) дар сохтмони муҷассамаву ёдбудҳо, ташкили намоишу экспозитсияҳои осорхонаҳо, ободонии гирду атрофи оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, навсозии сангу муҷассамаи оромгоҳ, таснифу тартиб додани ҳуҷҷати оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута ширкат менамояд.
Моддаи 20. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан:
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ваколатҳои зерин доранд:
1) барномаҳои ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро ба нақша гирифта, амалӣ мегардонанд;
2) барои нигоҳубин ва ободонии оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, иншооти дигари ёдбудии ҳудудашон, ки хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро ҷовидон мегардонанд, тадбирҳо меандешанд;
3) ҳуҷҷати оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро тартиб медиҳанд ва онҳоро ба қайд мегиранд;
4) бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар корҳои ҷустуҷӯйӣ ҳамкорӣ менамоянд;
5) барои оромгоҳҳои нави ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан қитъаҳои замин ҷудо менамоянд;
6) ба нашри китобҳои маҳаллии ёдбуд роҳбарӣ мекунанд.
БОБИ 5. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӢ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ ТАДБИРҲОИ ҶОВИДОН ГАРДОНИДАНИ ХОТИРАИ ҲАЛОКШУДАГОН ҲАНГОМИ ҲИФЗИ ВАТАН
Моддаи 21. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии тадбирҳои ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан
1. Хароҷоти тадбирҳои ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, аз ҷумла хароҷот барои ободонии ҳудуд ва иншооти ҷудогонае, ки таърихан бо корнамоии муҳофизони Ватан алоқаманданд, ҳамчунин хароҷоти ташкили намоишҳо ва тадбирҳои дигар аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, фондҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ихтиёран супоридашуда ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад.
2. Маблағи хароҷоти чорабиниҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан амалӣ менамояд, аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.
3. Барои нигоҳубин ва ободонии оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, ки дар ҳудуди давлатҳои дигар воқеанд, маблағ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон харҷ карда мешаванд.
4. Таъминоти моддию техникии дар Қонуни мазкур пешбинишудаи чорабиниҳои ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 23. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд" аз 7 апрели соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №7-8, мод. 69; соли 2011, №3, мод. 179; соли 2014, №11, мод. 651) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 24 декабри соли 2022, № 1919