ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1916 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1919 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶОВИДОН ГАРДОНИДАНИ ХОТИРАИ ҲАЛОКШУДАГОН ҲАНГОМИ ҲИФЗИ ВАТАН" Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.10.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1890 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ

-A A +A
Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Пшб, 06/02/2020 - 09:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
411
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
18.06.2008
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  2008, № 6, мод. 469)
 
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
 
Мақсади Қонуни мазкур фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷўи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он, ҳамчунин таъмини ошкорои иттилоотии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот – ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷўстуҷўи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (минбаъд – мақомот ва ташкилотҳо), шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороянд;
манфиатдории ҷамъият – манфиати ҳар шахс, ки ба таъмини некўаҳволӣ, устуворӣ, амният ва пешрафти собитқадамонаи ҷомеа алоқаманд аст;
ҳуҷҷат – иттилооте, ки  дар шакли хаттӣ, аудиовизуалӣ, акустикӣ, электронӣ, оптикӣ ё дигар шакли барои эҳсоси бевосита муносиб бо маълумоте сабт шудааст, ки барои ҳамин шакли ҳуҷҷат муқаррар гардидааст;
ҳуҷҷати расмӣ – ҳуҷҷате, ки мақомот, ташкилот, шахси мансабдор дар доираи салоҳияти худ тартиб додааст ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааст;
иттилооти дастрасиаш маҳдуд – иттилооте, ки дастрасии он мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи сирри давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки  муносибатҳоро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ танзим мегардонанд, ба манфиати таъмини амнияти миллӣ маҳдуд карда шудааст;
иттилоот – маълумот дар бораи шахс, ашё, факту ҳодисаҳо, зуҳурот, равандҳо ва мулоҳизаҳо доир ба онҳо, сарфи назар аз шаклҳои манзур гардидаашон.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур
 
1.Қонуни мазкур дар доираи зайл амал мекунад:
а) мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки иттилоотро мерасонанд;
б) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз иттилоот воқиф мегарданд, ҳуқуқи дастрасӣ ба онро доранд ва бо тартиби маъмулӣ дастрас карданианд.
2. Амали Қонуни мазкур инчунин муносибатҳоеро фаро мегирад, ки  бо дастрасӣ ба иттилооти ҳуҷҷатҳои расмӣ алоқаманд буда, ба гурўҳи иттилооти дастрасиашон маҳдуд мансуб нестанд.
Қарори шиносонидани шахсон бо лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои расмӣ ё ба маълумоти умум расонидани онҳо аз тарафи мақомот ё ташкилоте, ки ин лоиҳаҳоро амалӣ месозанд, қабул карда мешавад.
 
Моддаи 5. Иттилооте, ки дастрасии он маҳдуд карда намешавад
 
1. Дастрасӣ ба иттилоот наметавонад маҳдуд карда шавад, агар он  барои қонеъ гардонидан, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсоне зарур бошад, ки барои дастрас намудани иттилооти мазкур муроҷиат кардаанд, ба шарте, ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи сирри давлатӣ ба гурўҳи иттилооти дастрасиаш маҳдуд мансуб набошад.
2. Ба маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот нисбати ҳуҷҷату иттилооти зерин роҳ дода намешавад:
а) қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман нашр гарданд;
б) дар бораи ҳолатҳои фавқулоддае (ҳодисот, фалокат, офатҳои табиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгўиҳои расмии онҳо: иттилооти экологӣ, метеорологӣ, демографӣ, санитарию эпидемиологӣ ва иттилооти дигаре, ки барои таъмини бехатарии шаҳрвандон, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои истеҳсолӣ ва ғайра зарур аст;
в) дар бораи имтиёзот, ҷуброн ва сабукиҳое, ки аз онҳо шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо бархўрдоранд;
г) дар бораи ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ;
д) дар бораи фаъолияти мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо.
 
Моддаи 6. Принсипҳои асосии таъмини ҳуқуқи дастрас кардани иттилоот
 
1. Принсипҳои асосии таъмини ҳуқуқи дастрас кардани иттилоот инҳоянд:
а) дастрас ва ошкоро будани иттилоот;
б) ҳаққоният ва мукаммалии иттилоот;
в) сари вақт пешниҳод кардани иттилоот;
г) ҳифзи ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот, аз ҷумла аз тариқи суд;
д) ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот;
е) риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сеюм ҳангоми вогузоштани иттилоот;
ж) маҳдудияти ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро муқаррар намудани Қонун танҳо ба ҳадде, ки он барои ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат, обрўву эътибор ва беғаразии адолати судӣ, ахлоқ, сиҳатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарур мебошад.
2. Низоми муқаррар намудани тартиби дастрасии маҳдуди иттилоот бо Қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи онҳо қабулгардида муайян карда мешавад.
 
БОБИ 2. ТАРТИБИ АМАЛӢ КАРДАНИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ
 
Моддаи 7. Тарзу усулҳои амалӣ кардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот
 
1. Дастрасӣ ба иттилоот бо тарзи зайл таъмин карда мешавад:
а) ҳатмӣ будани расонидани иттилоот ба маълумоти умум;
б) қонеъ гардонидани дархости шахсони ҷудогона ва дастаҷамъона ба иттилоот.
2. Тартиби ҳатман ба маълумоти умум расонидани иттилоот бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи онҳо қабулгардида муайян карда мешавад.
Мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд дар ҳама ҳолат бо тамоми воситаҳои мавҷуда иттилооти ба онҳо маълумгардидаро дар бораи ҳолату вазъияте, ки ба амнияти ҷомеа, ҳаёт ва саломатии мардум таҳдид менамоянд, ба маълумоти умум бетаъхир расонанд.
3. Иттилоот ба самъи умум бо роҳи дар нашрияҳои махсус чоп кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҷойгир намудани онҳо дар маъхазу манбаъҳои маълумоти дастраси доираи номаҳдуди ашхоси манфиатдор расонида мешавад.
4. Шахси манфиатдор метавонад иттилоотро аз рўи дархост бо тарзҳои зайл дастрас намояд:
а) шинос шудан бо ҳуҷҷатҳои расмие, ки дорои иттилооти дархостшудаанд;
б) гирифтани нусхаи ҳуҷҷати дахлдор ё иқтибос аз он; гирифтани маълумотномае, ки дорои иттилооти матлуб аст; шифоҳӣ воқиф гардидан аз мазмуни иттилооти дархостшаванда;
в) воқиф гардидан аз манбае, ки дар нашрияи расмӣ иттилооти дархостшударо чоп кардааст.
5. Аз иттилооти дархостшуда ҳамчунин  ба тарзи шифоҳӣ воқиф гардидан ё онро хаттӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои электронӣ пешниҳод кардан мумкин аст.
 
Моддаи 8. Ташкили дастрасӣ ба иттилоот
 
1. Иҷрои вазифаҳои ташкили дастрасӣ ба иттилоот дар сохтори мақомоту ташкилотҳо ба зиммаи хадамоту шўъбаҳое, ки дар сохтори ин мақомоту ташкилотҳо мавҷуданд ва ҳамчунин ба зиммаи роҳбарони мушаххас гузошта мешавад.
2. Вазифаи бо иттилоот таъмин намудани шахсони дархосткунандаи иттилоот дар низомномаи мақомот ё ташкилоти дахлдоре, ки дар ҷараёни фаъолияти онҳо иттилооти мазкур ҳосил мегардад, сабт карда мешавад.
Ҳуқуқу ўҳдадорӣ ва масъулияти хадамоту шўъбаҳои махсус, шахсони мансабдоре, ки ин вазифаро ба ҷо меоваранд, бо низомномаҳои хадамоту шўъбаҳои мазкур ва дастурамалҳои мансабие, ки бо тартиби маъмулӣ тасдиқ гардидаанд, муқаррар карда мешаванд.
3. Барои иҷрои вазифаҳои таъмини дастрасии иттилоот мақомот ё ташкилоте, ки иттилооти мазкурро эҷод мекунанд, метавонанд ташкилотҳоеро, ки  бо расонидани иттиллоот машғуланд, дар асоси шартнома бо салоҳдиди худ ҷалб намоянд.
Маълумоти ташкилотҳои мазкур (номи ташкилот, нишонии почта, рақами телефон, факс, нишонии почтаи электронӣ, нишонии шабака, минбаъд – маълумоти ташкилот) ба маълумоти шахси дархосткунандаи иттилоот расонида мешавад.
4. Қоидаҳои иҷрои дархост барои гирифтани иттилоот аз тарафи роҳбари мақомот ё ташкилоти дахлдор муқаррар карда мешаванд.
Қоидаҳои мазкур ном ва тартиби кори ташкилоту хадамот ва шўъбаҳо ё шахсони мансабдореро, ки вазифаи таъмини дастрасии иттилоот ба зиммаашон гузошта шудааст, гурўҳҳои иттилооти манзуршаванда, намудҳои хизматрасонии бо пешниҳод шудани он алоқаманд (аз ҷумла тартиби дастрасии системаҳои автоматиконидашудаи иттилоот), тартиби пардохти ҳаққи хизматрасонии мазкур ва дигар шартҳои дастрасии иттилоотро дар бар мегиранд.
 
Моддаи 9. Ташкили дастрасӣ ба иттилооти системаҳои автоматиконидашудаи иттилооти мақомоту ташкилотҳо
 
1. Барои таъмини ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот аз системаи автоматиконидашудаи иттилоотии мақомоту ташкилотҳо ин мақомоту ташкилотҳо:
а) системаҳои мазкурро ба шабакаи алоқаи истифодаи умум пайваст менамоянд ва иттилоотро ба сервери расмии мақом (мақомот) ё ташкилот (ташкилотҳо) барои дастрасии номаҳдуди шаҳрвандон, мақомоту ташкилотҳои ба шабакаи мазкур пайвастшуда ҷойгир менамоянд;
б) дар ҷойҳои барои шаҳрвандон, мақомоту ташкилотҳо дастрас нуқтаҳои абонентие барпо мекунанд, ки ба шабакаҳои истифодаи умум пайваст карда шудаанд (дар бинои мақомоту ташкилотҳо, китобхонаҳои давлатӣ, шўъбаҳои алоқа ва дар дигар ҷойҳои муайянкардаи қонунгузорӣ);
в) барои қабули дархост ва ирсоли иттилооти матлуб аз тариқи шабакаи алоқаи истифодаи умум нишонии почтаи электронӣ ҷудо мекунанд;
г) барои мазмун, ҳаққоният ва мукаммалии иттилооти сервери расмӣ масъулият доранд.
2. Агар иттилоот дар шакли электронӣ пешниҳод карда шавад, ҳаққонияти он бо имзои электронии рақамӣ ё худ бо усули дигари электронӣ мувофиқи тартиби маъмули конунгузорӣ тасдиқ карда мешавад. Дар ҳуҷҷатҳое, ки тавассути компютер тартиб дода, аз тариқи каналҳои телекоммуникатсионӣ ирсол карда мешаванд, зикри тамоми маълумоти барои ҳуҷҷатҳои мазкур муқарраршуда ҳатмист.
 
Моддаи 10. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои дархосткунандаи  иттилоот
 
1. Дархосткунандаи  иттилоот ҳуқуқ дорад:
а) ҳар шакли дархости пешбининамудаи Қонуни мазкурро интихоб намояд;
б) зарурати ба даст овардани иттилооти дархостшударо асоснок накунад, ба шарте, ки чунин далеловарӣ барои муайян кардани мазмуну моҳияти дархост зарур набошад ва агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар карда нашуда бошад;
в) ҷавоби хаттиро талаб намояд;
г) бо тартиби муқарраргардида аз амали мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва тартиби амалӣ  гардонидани онро вайрон кардаанд, шикоят намояд.
2. Дархосткунандаи иттилоот ўҳдадор аст тартиб ва шартҳои дастрасӣ ба иттилоотро, ки дар Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи он нашр мешаванд, риоя намояд.
 
Моддаи 11. Ўҳдадории мақомоту ташкилотҳо,  шахсони мансабдори онҳо оид ба дастрасӣ ба иттилоот
 
1. Мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо ўҳдадоранд:
 а) барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот шароити ташкилию техникӣ ва шароити дигари зарурӣ муҳайё намоянд;
б) ҳуҷҷатҳои расмии дорои иттилоотро, ки бояд мутобиқи Қонуни мазкур пешниҳод карда шаванд, дар мўҳлати муқарраршуда нигоҳ доранд;
в) ҳаққоният ва мукаммалии иттилооти пешниҳодшаванда, риояи мўҳлати муқарраршуда ва шартҳои пешниҳод кардани онро риоя намоянд;
г) тартиби нашри ҳуҷҷатҳои расмиро, ки дар шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба табъ мерасанд, риоя кунанд;
д) санадҳои қабулкардаашон, санадҳоеро, ки вазъи ҳуқуқии онҳоро муайян менамоянд, санадҳои мақомоту ташкилотҳоеро, ки ворисони ҳуқуқии онҳо мебошанд ва ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои расмиро дар давоми мўҳлати муқарраршуда нигоҳ доранд.
2. Агар маълумоти иттилооти пешниҳодшуда ноаниқ ё номукаммал бошад, мақомот ё ташкилот ўҳдадоранд аз рўи аризаи хаттии далелноки дархосткунандаи иттилоот дар мўҳлати кўтоҳ, вале на дертар аз ҳафт рўзи кории баъди гирифтани ариза иттилооти пешниҳодшударо аниқ ё мукаммал намоянд.
3. Мақомоту ташкилотҳо вазифадоранд ҳуҷҷатҳои расмиро ба феҳрист ворид намоянд, ба маълумоти умум расонанд ва аз рўи дархост пешниҳод кунанд.
Дар феҳрист бояд ном, санаи қабул, рақами гирифтани ҳар санади нашршаванда ва маълумот доир ба нашри он зикр шуда бошад. Мақомот ё ташкилоти пешбарандаи феҳрист метавонанд нисбати феҳристи мазкур дигар талаботи ҳатмӣ муқаррар намоянд.
 
Моддаи 12.  Дархост барои гирифтани иттилоот
 
1. Дархост ба мақомот, ташкилот ё шахсони мансабдоре, ки ба ақидаи талабгор, иттилооти барояш зарурӣ доранд, фиристода мешавад.
2. Дар дархост ному насаби шахсе, ки барои гирифтани иттилоот муроҷиат кардааст, номи ташкилоте, ки аз номи он дархост шудааст, ном ва насаби шахсе, ки ҷавоб бояд ба ў фиристода шавад, нишонии почта, рақами телефон ё факс, нишонии почтаи электронӣ барои ҷавоб ё аниқ кардани хусусияти дархост ва ҳамчунин шакл ва тарзи ҷавоби дархостшуда зикр карда мешаванд.
 
Моддаи 13. Тартиби баррасӣ ва қонеъ гардонидани дархост
 
Ҷавоби дархост дар бораи гирифтани иттилоот дар мўҳлати кўтоҳтарин, вале на дертар аз сӣ рўзи тақвимии баъди гирифтани дархост фиристода мешавад.
Агар дар мўҳлати муқарраргардида пешниҳод кардани иттилооти  дархостшуда имконнопазир бошад, ба дархосткунанда дар давоми ҳафт рўзи кории баъди гирифтани дархост дар бораи ба дигар вақт монондани мўҳлати ҷавоб огоҳинома фиристода мешавад. Дар огоҳинома бояд сабабҳои ба дигар вақт монондан ва мўҳлати пешниҳод кардани иттилооти дархостшуда зикр карда шавад, ки он аз понздаҳ рўзи тақвимии мўҳлати ҷавоби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дарозтар буда наметавонад.
2. Агар мақомот ё ташкилоти дархостномагирифта иттилооти дархостшударо надошта бошанд, бояд дар давоми ҳафт рўз аз ин хусус ба дархосткунанда хабар диҳанд ва ҳамчунин аз рўи имконият ба ў маълумоти мақомот, ташкилот ё шахсеро, ки дорои  иттилооти дархостшуда мебошанд, пешниҳод намоянд ё худ маълумоти мақомот ё ташкилотеро, ки дархости мазкур ба онҳо фиристода шудааст, зикр кунанд.
3. Агар иттилооти дархостшуда дар нашрияи расмии  дастраси умум ба табъ расида бошад, иҷрокунандаи дархост метавонад танҳо маълумоти нашрияи мазкур ва таърихи чопи иттилоотро зикр намояд.
4. Ҷавоби дархост бояд маълумоти мақомот ё ташкилот ва иҷрокунандаи дархостро дар бар гирифта бошад.
5. Иттилоотро бе маслиҳати дархосткунандаи иттилоот ба ҷои хаттӣ шифоҳӣ пешниҳод кардан мумкин нест. Дар ин маврид сабабҳои ба ин ё он шакл пешниҳод намудани иттилоот бояд зикр карда шаванд.
6. Агар маълумотномаҳо доир ба ин ҳуҷҷат ё иқтибосҳо аз ҳуҷҷати дархостшаванда дорои иттилооти кофӣ бошанд ва агар муқаррар намудани тартиби дастрасии маҳдуди иттилоот зарур бошад, пешниҳод кардани онҳо раво аст.
7. Дархостномаҳо (аз ҷумла дархостҳои шифоҳӣ), ҳамчунин ҷавоби онҳо бояд дар маҳалли дарёфти ин дархостҳо ҳатман қайд карда шаванд.
 
Моддаи 14. Рад кардан аз пешниҳоди иттилоот
 
1. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи ҳифзи манфиатҳои давлат ба танзим меоваранд, иттилооти дорои маълумоти зеринро пешниҳод кардан мумкин нест:
а) иттилооти дорои сирри давлатӣ ё хизматӣ;
б) дар бораи ҳаёти хусусии шахс бе розигии ў (маълумоти шахсӣ), ба шарте, ки дар қонунҳои ҷорӣ тартиботи дигар пешбинӣ нашуда бошад;
в) дар бораи бо тартиби муқаррарнамудаи қонун анҷом додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва тафтишот;
г) дар бораи баррасии парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ, хоҷагӣ ва мавод оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мавридҳое, ки  фош кардани ин маълумот бо Қонун манъ карда шудааст ё метавонад боиси риоя нашудани ҳуқуқи инсон ба баррасии холисонаи судии парванда гардад, ба ҳаёт ва ё саломатии шаҳрвандон таҳдид намояд;
д) дастрасии он бо қонунҳои дигар маҳдуд карда шудааст.
Агар ҳуҷҷат маълумоти дар ин модда зикршударо доро бошад, аз назар гузаронидан, шарҳу тафсир кардан ва ба дархосткунанда додани нусхаи чунин ҳуҷҷат бо пешниҳоди як қисми ҳуҷҷате, ки ин гуна маълумотро надорад, маҳдуд карда мешавад.
2. Аз рўи дархост гузоришҳо, мукотибот, супоришҳои шахсони мансабдор ва дигар иттилооти дохилиидоравӣ пешниҳод карда намешаванд.
3. Мақомот ё ташкилот, шахсони мансабдори онҳо метавонанд аз пешниҳоди иттилооти дархостшаванда худдорӣ намоянд, ба шарте, ки:
а) талаботи расмии дар моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбати дархост риоя нашуда бошад;
б) иттилооти дар банди 1 моддаи мазкур пешбинигардида ғайриқонунӣ дархост карда шуда бошад;
в) мақомот ё ташкилот иттилооти дархостшавандаро надошта бошанд.
4. Дар радномаи пешниҳод накардани иттилоот бояд  сабабҳои қонеъ нагардонидани дархост, санаи қабул кардани қарор дар бораи пешниҳод накардани иттилоот ва ҳамчунин шарҳу тафсири тартиби шикоят кардан аз он зикр шуда бошанд.
5. Ҷавоби аз рўи дархост пешниҳод накардани иттилооти чӣ хаттию чӣ шифоҳӣ хатмӣ мебошад.
 
Моддаи 15. Тартиби ҷуброни хароҷоти пешниҳод кардани иттилоот
 
1. Иттилооти зерин ройгон пешниҳод карда мешавад:
а) иттилооте, ки ба дархосткунандаи  иттилоот дахлдор аст;
б) иттилооте, ки иттилооти пештар пешниҳодшударо бо тартиби муқаррарнамудаи қисми  2 моддаи 11 Қонуни мазкур аниқ ва мукаммал мегардонад;
в) иттилооти муқаррароте, ки дар қисми 4 моддаи 8 Қонуни мазкур зикр шудааст, аз ҷумла тарифаи (хизматонаи) пешниҳод кардани иттилоот ва озод будан аз пардохти хизматрасонии мазкур;
г) иттилоот дар бораи ҳуқуқу ўҳдадориҳои шахси ҳуқуқии дархосткунандаи иттилоот.
2. Шахсоне, ки ба гурўҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ эҳтиёҷманд (кўдакон, маъюбон, нафақахўрон, шахсоне, ки расман бекор эътироф шудаанд) мансубанд, мутобиқи қонунгузорӣ, бо шарти доштани ҳуҷҷатҳои дахлдори далелнок, аз пардохти музди хизматрасонии иттилооти пешниҳодшуда озод карда мешаванд.
Рўйхати гурўҳи шахсонеро, ки барояшон иттилоот ройгон пешниҳод карда мешавад, мақомоту ташкилотҳое, ки иттилооти мазкурро пешниҳод менамоянд, метавонанд бо салоҳдиди худ пурра кунанд.
3. Барои пешниҳод кардани иттилоот мумкин аст музде ситонида шавад, ки он аз арзиши аслии хизматрасонии ба пешниҳоди иттилоот алоқаманд набояд зиёд бошад.
Тартиби пардохти музди пешниҳоди иттилоот мутобиқи қисми 4 моддаи 8 ҳамин Қонун муқаррар карда мешавад.
4. Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо  пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ 3.  ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БА ИТТИЛООТ  ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ  НАШУДАНИ ҚОНУНИ МАЗКУР
 
   Моддаи 16. Ҳифзи ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот
 
  1. Дар бораи саркашӣ аз пешниҳоди иттилоот, беасос ба таъхир андохтан ё дар мўҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани иттилоот, ҳамчунин дигар тарзҳои риоя нашудани тартиби баррасӣ ва қонеъ гардонидани дархосте, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, ба роҳбарони мақомоти болоии дахлдор ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.
   Аз амал (беамалии) мақомот, ташкилот, шахсони мансабдори онҳо, ки ҳуқуқи дастрасии иттилоотро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор  шикоят кардан мумкин аст.
   2. Шахсоне, ки  дастрасӣ ба  иттилоотро барояшон ғайриқонунӣ манъ кардаанд ва ҳамчунин шахсоне, ки иттилооти ноҳақ, номукаммал ё худ онро дер аз мўҳлат гирифтаанд, барои ҷуброни зарари маънавиашон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ   Раҳмон
 
     ш. Душанбе
18 июни соли 2008
           № 411