ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon Замима

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ АҲОЛӢ ВА ҲУДУД АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДАИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТАБИӢ ВА ТЕХНОГЕНӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 11:47
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
53
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
15.07.2004

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ АҲОЛӢ ВА ҲУДУД АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДАИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТАБИӢ ВА ТЕХНОГЕНӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2004, №7, мод. 460)

 

Маҷлиси намояндагон 23-юми июни соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 8-уми июли соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 

Боби 1

Муқаррароти умумӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур меъёрҳои ташкилию ҳуқуқиро дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта (минбаъд- аҳолӣ), инчунин замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар бойгарии табииро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ва инчунин муҳити зистро (минбаъд- ҳудуд) аз ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта (минбаъд- ҳолатҳои фавқулодда) муайян менамояд.

Муносибатҳои ҷамъиятии оид ба пешгирии рух додан ва вусъати ҳолатҳои фавқулодда, кам кардани ҳаҷми зарар ва талафот аз ҳолатҳои фавқулодда, рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва саривақт огоҳ намудани аҳолии минтақаҳои хавфнок аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ доштаро ба танзим медарорад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

Ҳолатҳои фавқулодда- вазъиятест, ки дар ҳудуди муайян, дар натиҷаи садамаҳо, зуҳуроти табиии хатарнок, фалокатҳо, офатҳои табиӣ ва дигар офатҳо ба вуқӯъ омада ба талафоти ҷонӣ, зарар ба сиҳатии одамон ё муҳити табиии атроф, хисороти назарраси моддӣ ва халалдор намудани шароити зиндагию кории  одамон оварда расонидааст ё оварда мерасонад.

Ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда- системаи чорабиниҳо, тарзу воситаҳо, маҷмӯи фаъолиятҳо ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;

Пешгирии ҳолатҳои фавқулодда- системаи чорабиниҳои саривақт ба роҳ мондашудаест, ки барои ҳар чӣ камтар кардани хатари рух додани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин барои ҳифзи сиҳатии  омма, кам кардани миқдори зарари муҳити зист ва талафоти моддӣ дар ҳолати рух додани онҳо, нигаронида шудааст.

Рафъи ҳолатҳои фавқулодда- корҳои наҷотдиҳӣ аз садама ва дигар корҳои таъхирнопазир, ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда анҷом дода мешаванд ва ба наҷотдиҳии ҳаёт ва ҳифзи сиҳатии одамон, кам кардани ҳаҷм ва зарари муҳити табиии атроф ва талафоти моддӣ, инчунин барои маҳдуд кардани мавзеъҳои ҳолатҳои фавқулодда, қатъ намудани фаъолияти омилҳои барои ин мавзеъҳо хатарнок нигаронида шудаанд.

Минтақаи ҳолатҳои фавқулодда- ҳудуде, ки дар он ҳолатҳои фавқулодда рух додаанд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Ошкорбаёнӣ ва иттилоот дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Иттилоотро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, маълумотҳо дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи пешгӯишаванда ва ба амаломада, оқибатҳои онҳо, инчунин маълумот дар бораи бехатарии радиатсионӣ, кимиёвӣ, тиббию биологӣ, таркишӣ, сӯхтор ва экологӣ дар ҳудудҳои дахлдор ташкил медиҳанд.

Иттилоот дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, инчунин дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ин соҳа ошкоро мебошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти ташкилотҳо ӯҳдадоранд аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва дигар шабакаҳо аҳолиро саривақт ва дақиқ аз ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва чораҳои андешидашуда барои таъмини бехатарии онҳо, дар робита ба ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ ё баамаломада, шаклҳо ва намудҳои ҳифзи аҳолӣ, огоҳ намоянд.

Пинҳон доштан, саривақт пешниҳод накардан ё пешниҳод кардани ахбори дурӯѓ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз тарафи шахсони мансабдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

Тартиби таъмини аҳолӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳоро бо ахбор, дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 5. Принсипҳои асосии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Чорабиниҳое, ки ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, инчунин то ҳадди имконпазир кам кардани ҳаҷми зарар ва талафот дар ҳолати рух додани онҳо равона карда шудаанд, пешакӣ ба амал бароварда мешаванд.

Банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда бо дарназардошти нишондодҳои иқтисодӣ, табиӣ ва ѓайраҳо, хусусиятҳои маҳал ва дараҷаи хатарнокии воқеии рух додани ҳолатҳои фавқулодда ба роҳ монда мешавад.

Андоза ва мазмуни чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд бо дарназардошти принсипи ҳадди кофии зарурӣ ва ҳадди имконпазири истифодаи қувваю воситаҳои мавҷуда муқаррар карда мешавад.

Рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз тарафи қувваҳо ва воситаҳои ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудудҳояшон ҳолатҳои фавқулодда рух додаанд, ба амал бароварда мешавад. Дар сурати нокифоя будани қувваю воситаҳои номбурда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваю воситаҳои мақомоти болоӣ ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 6. Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда

Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мақоми идоракунӣ, қувваю воситаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳоро, ки ҳалли масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ба салоҳияти онҳо марбутанд, муттаҳид месозад.

Вазифаҳои асосии системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда инҳо мебошанд:

-таҳия ва татбиқи меъёрҳои ҳуқуқию иқтисодӣ ҷиҳати таъмини

ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда;

-татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ, ки барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва зиёд кардани устувории фаъолияти ташкилотҳо, инчунин иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар ҳолатҳои фавқулодда равона карда шудаанд;

-таъмини омодагии мақомоти идора, қувваю воситаҳое, ки барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда таъин ва ҷудо карда шудаанд;

-ҷамъоварӣ, таҳлил, табодул ва додани ахбор дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда;

-омодасозии аҳолӣ барои фаъолият дар ҳолатҳои фавқулодда;

-пешбинӣ ва баҳо додан ба оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии ҳолатҳои фавқулодда;

-ташкили захираҳои молияви моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда;

-татбиқи экспертизаи давлатӣ, назорат ва санҷиш дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда;

-рафъи ҳолатҳои фавқулодда;

-амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки аз ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, гузаронидани чорабиниҳои башардӯстона;

-татбиқи ҳуқуқу вазифаҳои аҳолӣ дар соҳаи ҳифз аз ҳолатҳои фавқулодда, инчунин шахсоне, ки бевосита дар рафъи он иштирок кардаанд;

-ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда.

Сохтор ва тартиби фаъолияти системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 7. Муайян намудани ҳудуди минтақаи ҳолатҳои фавқулодда

Ҳудуди минтақаи ҳолатҳои фавқулоддаро роҳбарони корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд ва дар ҳудуди онҳо ҳолатҳои фавқулодда ба вуҷуд омадааст, дар асоси таснифи ҳолатҳои фавқулоддаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян менамоянд.

Ҳолатҳои фавқулодда ба ҳолатҳои фавқулоддаи маҳдуд, маҳаллӣ, ҳудудӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байнисарҳадӣ ҷудо мешаванд.

Ба ҳолатҳои фавқулоддаи маҳдуд ҳолатҳои фавқулоддае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳудуди минтақаи иншооти таъиноти истеҳсолӣ ё иҷтимоӣ берун нест.

Ба ҳолатҳои фавқулоддаи маҳаллӣ ҳолатҳои фавқулоддае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳудуди шаҳрак ва деҳот берун нест.

Ба ҳолатҳои фавқулоддаи ҳудудӣ ҳолатҳои фавқулоддае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳудуди шаҳр (ноҳия) берун нест.

Ба ҳолатҳои фавқулоддаи минтақавӣ ҳолатҳои фавқулоддае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳудуди вилоят берун нест.

Ба ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳуриявӣ ҳолатҳои фавқуллодае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳудудҳои як ва ё зиёда вилоятҳо берун аст.

Ба ҳолатҳои фавқулоддаи байнисарҳадӣ ҳолатҳои фавқулоддае дохил мешаванд, ки оқибатҳои он аз ҳудудҳои мамлакат берун рафта ва ё ҳолатҳои фавқулодда дар хориҷа ба амал омада, ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

 

Боби 2

Идоракунии давлатӢ дар соҳаи ҳифзи аҳолӢ ва

ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

 

Моддаи 8. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда муайян менамояд;

-дар ҳолатҳо ва тартибе, ки Конститутсия (Сарқонун) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулоддаро эълон менамояд;

-дар бораи ҷалб намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ ҳангоми зарурат барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда қарор қабул мекунад;

-мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаро таъсис медиҳад;

-дигар ваколатҳоро, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа анҷом медиҳад.

 

Моддаи 9. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дар доираи салоҳияти худ қарорҳо ва фармоишҳоро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда қабул намуда, иҷрои онҳоро таъмин менамояд;

-гузаронидани тадқиқотҳои илмиро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ташкил менамояд;

-таҳияи барномаҳои давлатиро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ташкил намуда, иҷрои онҳоро таъмин мекунад;

-вазифаҳо, тартиби фаъолият, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда муайян намуда, роҳбариро аз болои системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда ба амал мебарорад;

-ташкили захираҳои давлатии манбаъҳои молиявию моддиро барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда таъмин намуда, тартиби истифодабарии захираҳои нишондодашударо муайян менамояд;

-ҷараёни истеҳсолот, низоми нигаҳдорӣ, шароити ҳамлу нақл ва тартиби истифодаи моддаҳои радиоактивӣ ва дигар моддаҳои махсусан хатарнокро, бо риояи чораҳои зарурии бехатарӣ муқаррар ва назорат менамояд;

-оид ба роҳбарии бевосита ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани ёрӣ ҳангоми рух додани он қарор қабул менамояд;

-назоратро аз болои фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда,ба амал мебарорад.

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-тайёрӣ ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани қувваҳо ва воситаҳои заруриро барои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва омӯзиши аҳолиро бо воситаҳои ҳимоя ва амалиёт дар ҳолатҳои зикршуда ба амал мебароранд;

-гузаронидани чорабиниҳои эвакуатсиониро дар ҳолатҳои фавқулодда ба амал мебароранд;

-ҷамъоварӣ ва табодули ахборро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда бо тартиби муқарраргардида амалӣ мегардонанд, саривақт огоҳсозӣ ва хабардоркунии аҳолиро дар бораи хатари рух додан ё ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда таъмин менамоянд;

-корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро ташкил мекунанд ва мегузаронанд, инчунин тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни гузаронидани он нигоҳ медоранд ва ҳангоми норасоии қувваҳо ва воситаҳои худӣ барои расонидани ёрӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд;

-маблаѓгузории чорабиниҳоро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ба амал мебароранд;

-захираҳои молиявию моддиро барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ташкил менамоянд;

-барои устувории фаъолияти ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулодда мусоидат менамоянд;

 

Моддаи 11. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии махсус ваколатдор барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Барои ба амал баровардани идоракунии давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда ташкил карда мешавад.

Мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда:

-пешниҳодҳоро оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда таҳия менамояд;

-назорати давлатиро аз рӯи омодагии қувваю воситаҳо барои амалиёт ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва иҷрои  чорабиниҳоро барои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ба амал мебарорад;

-чораҳоро оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи ҳаёт ва сиҳатии аҳолӣ, арзишҳои моддию маданӣ, инчунин бартараф намудани оқибатҳо ва кам намудани зарарро ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда таҳия ва қабул менамояд;

-мақомоти идоракунӣ қувва ва воситаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда барои амалиёт тайёр ва ташкил менамояд;

-идоракунии қувваю воситаҳоро оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба амал бароварда, нуқтаҳои идоракунӣ, системаҳои хабардоркунӣ ва алоқаро ташкил менамояд;

-таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва тадқиқотҳои илмиро, ки барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда равона шудаанд, ташкил менамояд;

-дар доираи ваколатҳои худ қарорҳоеро қабул менамояд, ки иҷрояшон барои вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмист;

-гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ташкил менамояд;

-омӯзиши аҳолӣ, тайёрии шахсони вазифадори мақомоти идоракунӣ ва сохторҳои мудофиаи гражданиро барои амалиёт дар ҳолатҳои фавқулодда ташкил менамояд.

 

Моддаи 12. Вазифаҳои вазорату идораҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Вазорату идораҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда дар доираи фаъолияти худ ва соҳаҳои иқтисодии ба онҳо вогузоршуда, мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро ташкил намуда, вазифадоранд:

-омодагии корхонаҳои тобеъ, муассисаҳо ва ташкилотҳоро барои амалиёт дар шароити ҳолатҳои фавқулодда таъмин намоянд;

-чорабиниҳои ташкилӣ ва муҳандисию тахникии баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаро дар ҳолатҳои фавқулодда таҳия намуда, амалӣ гардонанд;

-талаботи соҳавӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёриро оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, қоидаҳои бехатарии истеҳсолот, ҷараёнҳои технологӣ ва расонидани онро ба маълумоти ташкилотҳо, инчунин қоидаҳои ҳифзи кормандони ташкилотҳоро аз ҳолатҳои фавқулодда дар мутобиқат бо талаботҳои давлатӣ тасдиқ ва нашр намоянд;

-таҳия ва татбиқи чорабиниҳоро оид ба таҳкими бехатарии радиатсионӣ, кимиёвӣ, тиббию биологӣ, таркишӣ, сӯхторӣ, экологӣ. Инчунин риояи меъёрҳо ва қоидаҳои чорабиниҳои муҳандисию техникии мудофиаи гражданиро ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ таъмин намоянд;

-системаҳои маҳдуди хабардиҳиро оид ба ҳолатҳои фавқулодда ташкил диҳанд ва онро дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доранд;

-бо тартиби муқарраргардида маълумотро оид ба ҳолати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд пешниҳод намоянд, инчунин кормандони соҳаро аз таҳдиди бавуҷудоӣ ё рӯйдоди ҳолатҳои фавқулодда хабардор созанд;

-захираи манбаъҳои моддӣ ва техникиро таъсис диҳанд;

-ташкил, маблаѓгузорӣ ва гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро дар иншооти тобеи таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ва ҳудудҳои ба онҳо наздик мувофиқи нақшаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда таъмин намоянд;

-чорабиниҳоро оид ба эвакуатсияи иншооти махсусан муҳим ва ҳайати кормандони он ба маҳалҳое, ки дар шароити ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти онҳоро таъмин менамояд, амалӣ гардонанд;

-таъсис, тайёрӣ ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсусро оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда таъмин намоянд;

-иҷрои талаботро оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷдиди иншооти тобеъ таҳти назорат қарор диҳанд.

Вазорату идораҳо дар иншоотҳои эҳтимолан хатарнок, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, вазифаҳои штатии мутахассисонро оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ворид менамоянд. Дар иншооти дигар шахсони масъул таъин карда мешаванд.

 

Моддаи 13. ӯҳдадории ташкилотҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Ташкилотҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ӯҳдадоранд;

-чораҳои заруриро дар соҳаи ҳифзи ташкилотҳо ва иншооти тобеи таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ба нақша гирифта, амалӣ намоянд;

-чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти ташкилотҳо ва таъмини фаъолияти ҳаётии кормандони онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ба нақша гирифта, анҷом диҳанд;

-хадамоти махсусгардонидашуда ва ҷузъу томҳоро тибқи тартиби муқарраргардида таъсис дода, онҳоро бо ҳайати шахсӣ, техника ва амвол пурра намоянд;

-таъсис, тайёрӣ ва дар ҳолати омодагӣ ба истифодабарӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳоро оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, омӯзиши кормандони ташкилотҳо ба тарзҳои ҳифз ва фаъолият дар ҳолатҳои фавқулодда дар ҳайати сохторҳои ѓайринизомӣ таъмин намоянд;

-системаи маҳаллии хабардорсозиро аз ҳолатҳои фавқулодда таъсис диҳанд ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доранд;

-сохтмони иншоотҳои муҳандисии ҳифзро дар мавридҳои зарурӣ пешакӣ таъмин намуда, онҳоро дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доранд;

-ташкил ва гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро дар иншооти тобеи таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ва дар ҳудуди ба онҳо наздик, мувофиқи нақшаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, таъмин намоянд;

-чорабиниҳоро оид ба ҳифзи кормандони ташкилот ва иншооти тобеи таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ аз ҳолатҳои фавқулодда маблаѓгузорӣ намоянд;

-захираи манбаъҳои моддӣ ва техникиро барои гузаронидани корҳои таъхирнопазир оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда таъсис диҳанд;

-бо тартиби муқарраргардида чорабиниҳои эвакуатсиониро гузаронида, ҷойҳоро барои ҷойгиркунии одамон пешакӣ омода намоянд.

 

Моддаи 14. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд дар чорабиниҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои худ иштирок намоянд.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд, бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо оид ба сарчашмаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва чораҳои рафъи он маълумот гиранд.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар рафъи ҳолатҳои фавқулодда иштирок мекунанд, таҳти роҳбарии мақомоти дахлдори идораи системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда амал менамоянд.

Иштирокчиёни рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд омодагии дахлдори бо тартиби аттестатсионӣ тасдиқшударо дошта бошанд.

 

Моддаи 15. Истифода бурдани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда

Барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда қувваҳо ва воситаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбиро истифода бурдан мумкин аст. Тартиби истифода бурдани онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 16. Истифодаи қувваю воситаҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми рафъи ҳолатҳои фавқулодда

Барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда қувваю воситаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳое, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намудааст, истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 17. Мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулодда

Мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулодда аз тарафи хадамоти махсуси назорат ва санҷиш аз рӯи офатҳои табиӣ, садамаҳои техногенӣ ва фалокатҳо ба амал бароварда мешавад.

Тартиби гузаронидани мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулоддаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Боби 3

Ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва ҳифзи иҷтимоии зарардидагон

 

Моддаи 18. Ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд:

-ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволи шахсӣ дар ҳолати бавуҷудоии ҳолатҳои фавқулодда;

-мувофиқи нақшаи рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба истифодабарии воситаҳои ҳифзи дастаҷамъӣ ва инфиродӣ, амволи дигари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки барои ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда таъин карда шудаанд;

-ба хабардор кардан аз хатаре, ки онҳоро дар мавзеъҳои муайяни ҷойгиршавӣ дар ҳудуди кишвар таҳдид менамояд ва аз чораҳои бехатарии зарурӣ;

-ба муроҷиати инфиродӣ ё дастаҷамъона оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ба мақомоти давлатӣ;

-барои иштирок дар чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо тартиби муқарраргардида;

-ба баргардонидани зарар, ки ба саломатӣ ва молу мулки онҳо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда расонида шудааст;

-ба суѓуртаи ройгони давлатии иҷтимоӣ, гирифтани ҷубронпулӣ ва имтиёзот аз зараре, ки ба сиҳатии онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар ҷараёни рафъи ҳолатҳои фавқулодда расидааст;

-ба таъмини нафақа дар ҳолати гум кардани қобилияти меҳнатӣ бо сабаби маъюбӣ ва ё беморӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ба онҳо расидааст, бо тартиби муқарраргардида барои коргароне, ки маъюбшавии онҳо дар натиҷаи осеби меҳнатӣ ба амал омадааст;

-ба таъмини нафақа бо сабаби маҳрум гаштан аз сарпарасти оила, ки аз маъюбӣ ё беморӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ҳалок шудаанд ё фавтидаанд, бо тартиби муқарраргардида, ки барои оилаҳои шаҳрвандони ҳангоми иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ оид ба наҷоти ҳаёти одамон, ҳифзи моликият ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб шуда, ҳалок гардидаанд ё фавтиданд, муайян карда шудааст.

Тартиб ва шароити суѓуртаи иҷтимоии давлатӣ, намудҳо ва андозаҳои ҷубронпулию имтиёзот ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қисми якуми моддаи мазкур пешниҳод карда мешаванд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 19. Вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд:

-қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда риоя намоянд;

-чораҳои бехатариро дар ҳаёти маишӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи меҳнатӣ риоя намуда, ба вайрон намудани интизоми истеҳсолӣ ё технологӣ, талаботҳои бехатарии экологӣ, ки мумкин аст боиси ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда гардад, роҳ надиҳанд;

-тарзҳои асосии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, тарзҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон, қоидаи истифодабарии воситаҳои ҳифзи коллективона ва инфиродиро омӯхта, дониш ва маҳорату малакаи худро дар ин соҳа такмил диҳанд;

-ишораҳои огоҳкунӣ, қоидаҳои рафтор ва тартиби фаъолиятро дар шароити таҳдид ва оѓозшавии ҳолатҳои фавқулодда донанд;

-дар ҳолатҳои зарурӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир ҳамкорӣ намоянд.

 

Боби  4

Омодасозии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда

 

Моддаи 20. Омодасозии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда

Тартиби омодасозии аҳолиро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Омодасозии аҳолӣ ба амалиёт дар ҳолатҳои фавқулодда дар ташкилотҳо, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин дар ҷойҳои истиқоматӣ ба амал бароварда мешавад.

Омодасозии роҳбарон ва мутахассисони ташкилотҳо, инчунин қувваҳои системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои ҳифз аз ҳолатҳои фавқулодда дар муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, муассисаҳои такмили ихтисос, курсҳо, марказҳои махсуси таълимию методӣ ва ҷойҳои корӣ, ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 21. Тарѓиби дониш дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Тарѓиби донишро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда мақомоти идоракунандае, ки ба системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дохиланд, дар якҷоягӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки фаъолияти худро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва наҷот додани одамон амалӣ мегардонанд, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо таъмин месозанд.

Барои тарѓиби дониш дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда аз воситаҳои ахбори омма истифода кардан мумкин аст.

Боби 5

Тартиби таъминоти молию моддии чорабиниҳо оид ба ҳифзи

аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

 

Моддаи 22. Маблаѓгузории барномаҳои мақсаднок

Маблаѓгузории барномаҳои мақсаднок ва чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои таъминоти устувори фаъолияти ташкилотҳо, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 23. Маблаѓгузории мақомоти идоракунандае, ки барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда махсус ваколатдор карда шудаанд

Маблаѓгузории фаъолияти мақомоти доимамалкунандаи идорае, ки барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда махсус ваколтадор карда шудааст, аз ҳисоби буҷети дахлдор анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 24. Маблаѓгузории чорабиниҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда

Чорабиниҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳисоби ташкилотҳое, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгиранд, воситаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, буҷетҳои дахлдор, фондҳои суѓуртавӣ ва дигар манбаъҳо маблаѓгузорӣ карда мешавад.

Ҳангоми набудан ё норасоии воситаҳои мазкур барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда воситаҳои фонди захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд.

 

Моддаи 25. Таъсис ва истифодаи захираҳои молию моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда

Захираҳои молию моддӣ ҷиҳати рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади фавран ҷалб намудани воситаҳои зарурӣ дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда пешакӣ таъсис меёбанд. Захираҳои эҳтиётии зикргардидаро мақомоти ҳокимияти иҷроия таъсис медиҳад.

Тартиби таъсис ва истифодаи захираҳои дар қисми аввали моддаи мазкур нишондодашуда ва тартиби пуррасозии воситаҳои истифодашудаи ин захираҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Боби 6

Экспертизаи давлатӣ, назорат дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва

ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

 

Моддаи 26. Экспертизаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Экспертизаи давлатӣ барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳо ва қарорҳои пешбинишуда дар иншооти таъиноти истеҳсолию иқтисодӣ ва равандҳое, ки метавонанд сарчашмаи ҳолатҳои фавқулодда бошанд, ё метавонанд ба таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда таъсир расонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ бо мақсади санҷиш ва ошкор намудани дараҷаи мувофиқати онҳо бо меъёрҳо, стандартҳо ва қоидаҳои муқаррарӣ гузаронида шуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Дар ҳолати зарурӣ экспертизаи лоиҳаҳо ва қарорҳои барои татбиқ пешбинишударо дар иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва равандҳое, ки метавонанд сарчашмаи ҳолатҳои фавқулодда бошанд, ё метавонанд ба таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда таъсир расонанд, мумкин аст, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва экспертҳои озод, инчунин мутахассисони ташкилотҳои байналмилалии экспертӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом диҳанд.

 

Моддаи 27. Назорат дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда

Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда мувофиқи вазифаҳои гузошташудаи системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, бо мақсади санҷиши иҷрои пурраи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва омодагии шахсони мансабдор, қувваю воситаҳо барои амалиёт ҳангоми рух додани онҳо, гузаронида мешавад.

Назорати давлатиро дар соҳаи зикргардида мақомоти ҳокимияти иҷроия, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом медиҳад.

 

Боби  7

Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқаррароти ҳамин Қонунро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе  15 июли соли 2004

№ 53

________________________