ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:25
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
82
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.03.2005

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25-уми ноябри соли 2004, № 1255

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 11, соли 2004, моддаи 620) қабул гардидааст.

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11-уми феврали соли 2005, № 596

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 72) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 3, мод. 121; с. 2008, № 3, мод.186; с. 2014, № 11, мод. 657; Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1287; аз 17.05.2018 с., № 1524)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкил ва фаъолият, таъинот, вазифа, сохтор, салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намудҳои санҷиш ва назорати фаъолияти онҳоро муайян менамояд.

 

Моддаи 1. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қӯшунҳои сарҳадӣ) намуди махсуси қӯшунҳоянд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Сарҳади давлатӣ), тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).

 

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Фаъолияти Қушӯнҳои сарҳадӣ дар асоси принсипҳои зерин сурат мегирад:

  • қонуният;
  • эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  • таъмини амнияти давлат;
  • эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии дигар давлатҳо ва мустаҳкамии сарҳадҳои давлатӣ;
  • ҳамкории мутақобилаи ҳамаҷониба ва судманд бо мақомоти сарҳадии давлатҳои ҳамҳудуд;
  • ҳалли осоиштаи масъалаҳои сарҳад;
  • ягонагии системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мутамарказонии идоракунии онҳо;
  • яккасардорӣ;
  • мувофиқати шакл, усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкорои фаъолият;
  • ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъяитӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 4. Вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ инҳоянд:

  • ҳифз ва ҳимояи Сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ;
  • таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сарҳади давлатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон доир ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ бармеоянд;
  • иштирок дар ҳалли масъалаҳои мудофиа ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ;
  • ёрирасонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, боигарии табиӣ ва муҳити зист дар хатти сарҳадӣ.

 

Моддаи 5. Роҳбарӣ ва идоракунии Қӯшунҳои сарҳадӣ

Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Роҳбарии бевосита ва идоракунии оперативии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамзамон сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.

Муовини якум ва муовинони Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287)

 

Моддаи 6. Ваколатҳои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба

                      роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- тибқи тартиби муқарраргардида роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро амалӣ намуда, дар он Шӯрои ҳарбиро ташкил ва ҳайати онро тасдиқ менамояд, ваколатҳои шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадиро дар ҳалли масъалаҳои оперативӣ, ташкилӣ- штатӣ, кадрӣ, молиявӣ ва дигар масъалаҳо муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287);

- ситодҳои (гурӯҳҳои) оперативиро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии амалиётҳои муштарак ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар Сарҳади давлатӣ, бо ҷалби қувва ва воситаҳои дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкил менамояд;

- Қӯшунҳои сарҳадиро дар муносибат бо мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ менамояд;

- оид ба сохтор ва шумораи Қӯшунҳои сарҳадӣ, андозаи маблағгузории буҷетӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои фармонҳо ва қарорҳоро оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, ҷойгиркунонӣ, азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, консепсия, нақшаи такмил ва рушди Қӯшунҳои сарҳадиро пешниҳод менамояд;

- сохтор ва штати қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадиро тасдиқ намуда, ба онҳо дар доираи шумораи муқарраргардида, фондҳои таъминоти пулӣ, музди меҳнат, инчунин штати воситаҳои нақлиёт, техникаи ҷангӣ ва махсус тағйироти зарурӣ ворид менамояд;

- оинномаи Қӯшунҳои сарҳадиро барои тасдиқ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи  Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқарраргардида рутбаи аввалини афсарӣ, рутбаи ҳарбии пеш аз мӯҳлати афсар, рутбаи як зина баландтар аз рутбаи ҳарбии дар штат барои мансаби ҳарбии ишғолкарда пешбинишударо медиҳад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287);

- бо тартиби муқарраргардида афсарон ва хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадиро ба вазифаҳои ҳарбие, ки аз ҷониби афсарони калон ишғол карда мешаванд, таъин ва озод менамояд, рутбаи афсарии калонро то полковник  медиҳад;

- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дохил намудани вазифаҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба номгӯи вазифаҳое, ки аз ҷониби афсарони олирутба ишғол карда мешаванд, таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба хизматчиёни ҳарбӣ додани рутбаҳои олии афсарӣ, инчунин озод намудани онҳо аз хизмати ҳарбӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- намояндагони расмии Қӯшунҳои сарҳадиро дар давлатҳои ҳамҳудуд  дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин менамояд;

- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз кардани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунин дигар шахсоне, ки барои иҷрои вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ёрӣ мерасонанд, таклифҳо  пешниҳод менамояд;

- нисбати хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳуқуқҳое, ки дар Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, истифода мебарад;

- тартиби аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ додани ахбороти оперативӣ, маҳсулоти махсуси техникӣ ва дигар воситаҳоро ба идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ муқаррар менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд;

- маблағҳоеро, ки барои нигоҳдории Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷудо гардидаанд, тақсим  менамояд;

- меъёр ва тартиби хароҷоти воситаҳои молиявиро барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ вобаста ба анҷом додани  фаъолияти разведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин вобаста ба ҳифзи Сарҳади давлатӣ, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ амалӣ мегардонанд, муқаррар менамояд;

- дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси қабули намояндагони идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ, инчунин фиристонидани намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба давлатҳои хориҷӣ қарор қабул намуда, бо ин мақсад дар доираи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ хароҷоти молиявиро муайян менамояд;

- дигар ваколатҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 61. Ваколатҳои Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ:

- роҳбарии  бевосита  ва идоракунии оперативии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро таъмин намуда, барои омодагии хизматӣ-ҷангӣ ва тарбияи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ шахсан масъул мебошад;

- доир ба ташкили ситодҳои (гурӯҳҳои) оперативӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии амалиёти муштарак ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар Сарҳади давлатӣ, бо ҷалби қувва ва воситаҳои дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - раиси Кумита) таклифҳо пешниҳод менамояд;

- доир ба сохтор, шумораи Қӯшунҳои сарҳадӣ, штатҳои қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ ба раиси Кумита  таклифҳо пешниҳод менамояд;

- оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, ҷойгиркунонӣ ва азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, консепсия, нақшаи такмил ва рушди Қӯшунҳои сарҳадӣ ба раиси Кумита таклифҳо  пешниҳод менамояд;

- гузаронидани фаъолияти разведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқиро дар системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд;

- афсарон ва прапоршикҳоро бо тартиби муқарраргардида  ба вазифаҳои ҳарбӣ таъин ва аз вазифаҳои ҳарбӣ озод менамояд, рутба ҳарбии прапоршик, прапоршики калон ва рутбаҳои ҳарбии афсариро то рутбаи ҳарбии капитан медиҳад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287);

- дар бораи бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз кардани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунин дигар шахсоне, ки барои иҷрои вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ёрӣ мерасонанд, ба раиси Кумита таклифҳо  пешниҳод менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд.

(ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 7. Сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ аз Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳо, отрядҳои сарҳадӣ, қисмҳои ҳарбӣ, комендатураҳо, дидбонгоҳҳо (заставаҳо), нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, Донишкадаи сарҳадӣ, муассисаҳои тиббӣ-ҳарбӣ, таълимӣ, воҳидҳои махсус ва воҳидҳои таъминоти ақибгоҳӣ иборат мебошанд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287).

Шумораи штатӣ ва сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 8. Ҳимояи маълумот дар бораи Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ба хизмати ҳарбӣ бо тарзи ихтиёрӣ шомил шудаанд ва ба онҳо барои шиносоӣ бо маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсат дода мешавад, аз расмиёти иҷозат ба маълумоти дорои сирри давлатӣ мегузаранд. Вайрон намудани ӯҳдадории ошкор накардани сирри давлатӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

 

Моддаи 9. Қувва ва воситаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Ба мафҳуми қувва ва воситаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти Қӯшунҳои сарҳадӣ дохил мешаванд.

Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти хизматӣ-ҷангиро дар ҳимоя ва ҳифзи Сарҳади давлатӣ амалӣ менамоянд. Ба фаъолияти хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадӣ амалҳои пайваста, фаъол, аз рӯи вақту макон ба ҳам мувофиқашуда, ки барои таъмини фаъолияти ҳарбӣ, оперативӣ (разведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ), ҳарбии техникӣ, намояндагии сарҳадӣ, иттилоотию таҳлилӣ, маъмурӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки дар Сарҳади давлатӣ, дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ, ноҳияҳои наздисарҳадӣ, минтақаҳои масъул ва гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гузаронида мешаванд, тааллуқ доранд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).

Мақомоти Қӯшунҳои сарҳадӣ аз мақомоти разведка ва мақомоти назорати сарҳадӣ иборат мебошанд.

Мақомоти разведка фаъолияти разведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯиро бо мақсади ба даст овардани маълумот дар бораи душмани эҳтимолӣ, дигар маълумоти ҷолиби диққат, барои ошкор сохтан, пешбинӣ намудан ва барҳам додани фаъолияти разведкавӣ-тахрибӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар Сарҳади давлатӣ ва ҳудуди наздисарҳадиро бо воситаҳо ва усулҳои махсус (оперативӣ) амалӣ менамояд.

Мақомоти назорати сарҳадӣ чунин фаъолиятро амалӣ менамоянд:

- назорати давлатии риояи низоми Сарҳади  давлатӣ,    низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳо ба воситаи Сарҳади давлатӣ;

- ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки ба низоми муқарраргардидаи Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таҳдид мекунанд;

- якҷоя бо дигар мақомоти махсуси ваколатдори назорати давлатӣ ба воситаи Сарҳади давлатӣ гузаронидани шахсон, воситаҳои нақлиёт, бор, мол ва ҳайвонот;

- дигар вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар қонунгузорӣ  муқаррар  гардидаанд.

(ҚҶТ аз 20.03.08 №365)

 

Моддаи 10. Ҳамкории Қӯшунҳои сарҳадӣ бо дигар мақомот

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти худро дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли моликият, дар мувофиқа бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Бо мақсади таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мувофиқа бо раиси Кумитаи  давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаҳои вайронкунии Сарҳади давлатӣ, ки аз рӯи онҳо таҳқиқ мегузаронад, инчунин оид ба ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳудуди он баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд  иттилоъ медиҳад.

Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мувофиқа бо раиси Кумитаи  давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сарҳадӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, ҳамкорӣ менамояд.

(ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 11. Фаъолияти намояндаҳои расмии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Намояндагони расмии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар давлатҳои ҳамҳудуд фаъолияти худро дар асоси созишномаҳои дутарафа иҷро менамоянд.

 

Моддаи 12. Риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ иҷро намудани фаъолияти худ риоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро кафолат медиҳад.

Ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шахсони мансабдори онҳо фақат тибқи асос, доира ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, мумкин аст. Ҳамзамон ба хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ амалҳои паст задани шаъну шарафи шаҳрвандон манъ аст.

Шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадӣ вазифадоранд, ки ба шаҳрвандон аз рӯи дархости онҳо оид ба сабаби аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ маҳдуд карда шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ахборот ва тавзеҳот диҳанд.

Маълумоти дар рафти фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар бораи ҳаёти шахсии шаҳрванд ба даст омада, ки ба шаъну шарафи ӯ алоқамандӣ доранд ё ба манфиатҳои қонунии ӯ зарар расонида метавонанд, бо розигии шаҳрванд ба ҳеҷ кас, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, хабар дода намешаванд.

Шаҳрванде, ки амал ва ё беамалии шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадиро боиси поймол шудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ меҳисобад, ҳуқуқ дорад, ки ба мақомоти болоии Қӯшунҳои сарҳадӣ, прокуратура ё суд шикоят намояд.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқ ва вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ ӯҳдадоранд:

- тавассути тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври ғайриқонунӣ тағйир додан ва убури Сарҳади давлатиро дар маҳал роҳ надиҳанд;

- ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зада гардонида, моҷароҳои мусаллаҳона ва дигар моҷароҳоро дар Сарҳади давлатӣ пешгирӣ намоянд, аз ин қасдҳои ҷинояткорона аҳолӣ, моликияти давлатӣ ва дигар шаклҳои моликиятро ҳимоя намоянд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524);

- вайронкунандагони Сарҳади давлатиро ошкор ва дастгир намоянд;

- аз тарафи шахсон ва воситаҳои нақлиёт берун аз гузаргоҳҳо ё бо тарзи ғайриқонунӣ гузаштани Сарҳади давлатиро пешгирӣ намоянд ва ба онҳо роҳ надиҳанд;

- иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ бармеоянд, таъмин намоянд;

- риояи қоидаҳои низоми Сарҳади давлатиро, ки хусусияти иҷозатӣ ё огоҳкунӣ доранд, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро назорат намоянд;

- фаъолияти қӯшунӣ, разведкавӣ, оперативию қӯшунӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомӣ - гузариро анҷом диҳанд;

- пешбарии парвандаҳоро оид ба қонуншиканиҳои маъмурие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо вогузор намудааст, анҷом диҳанд, дар доираи салоҳияти худ ин парвандаҳоро баррасӣ намоянд ва қарорҳои оиди онҳоро иҷро кунанд;

- аз рӯи парвандаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо гузоштааст, таҳқиқи пешакӣ баранд;

- қонуншиканиҳоеро, ки бо таъмини ҳифзи Сарҳади давлатӣ вобастаанд пешгирӣ намоянд;

- дар мавриди зарурат ҷустуҷӯ ва амалиёти сарҳадӣ гузаронанд;

- назорати муҳоҷиратиро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ амалӣ намоянд.

Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуқуқҳои зеринро доранд:

- дар заминхое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемӯҳлат (доимӣ) дода мешаванд, иншооти заруриии муҳандисию техникӣ бунёд намоянд, сохтмони хатҳои алоқа ва коммуникатсияро анҷом диҳанд, техника ва силоҳро ҷойгир ва истифода кунанд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

- ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳар қитъаи маҳал қарор дошта бошанд ва дар он озодона рафту омад кунанд, аз моликон ва истифодабарандагони қитъаҳои замин дар минтақаи сарҳад ҷудо намудани ҷойро барои рафту омади нарядҳои сарҳадӣ, таҷҳизонидан ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани гузаргоҳҳои миёни панҷараҳо, гузаргоҳҳои миёни дигар монеъаҳо талаб намоянд;

- бо мақсади пешгирӣ ва рафъи вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ҳуҷҷатҳои зарурии шахсон, ҳуҷҷатҳои воситаҳои нақлиётро санҷанд, воситаҳои нақлиёт ва борҳои дар онҳо бударо аз назар гузаронанд;

- тавассути нарядҳои сарҳадӣ шахсонеро, ки барои вайронкунии Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гумонбар шудаанд, нигоҳ доранд ва шахсан аз назар гузаронанд, чунин шахсонро ба ихтиёри ҷузъу томҳо, қисмҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ё ҷойҳои дигар барои ошкор намудани ҳолатҳои сарҳадшиканӣ баранд;

- шахсонеро, ки низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ё низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, ҷиҳати тартиб додани протокол ба мӯҳлати то 3 соат ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои муқаррар кардани шахсият ва муайян намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ то 3 шабонарӯз ба таври маъмурӣ дастгир намоянд ва аз ин ҳолат ба таври хаттӣ ба прокурор дар муддати 24 соат аз лаҳзаи дастгир кардан хабар расонанд;

- дастгиршудагонро аз назар гузаронанд, ҳамчунин азназаргузаронии шахсӣ ва дар мавриди зарурат гирифтани чизу чораи ҳамроҳи онҳо буда ва ҳуҷҷатҳои онҳоро анҷом диҳанд. Дар хусуси ҳар як ҳолати ба таври маъмурӣ дастгир кардан, азназаргузаронии шахсии дастгиршуда, азназаргузаронӣ ва гирифтани чизу чораи ҳамроҳи ӯ буда протокол тартиб дода мешавад;

- бо иҷозати прокурор шаҳрвандони хоричӣ ва шахсони бешаҳрвандиеро, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур кардаанд, ва дар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон оиди онҳо дар бораи ба мақомоти сарҳади давлатҳои ҳамҳудуд супоридан ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маъмурӣ берун кардан карор ва ҳалномаи зарурӣ қабул шудааст, то вақти барои иҷрои қарор ва ҳалномаи зарурӣ боздоранд;

- шахсонеро, ки ба таври маъмурӣ боздошта шудаанд, дар биноҳои махсуси барои ин мақсадҳо таҷҳизонидашудаи Қӯшунҳои сарҳадӣ нигоҳ доранд;

- ҳаракати шахсон ва воситаи нақлиётро дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ муваққатан маҳдуд ё манъ намоянд, ҳамчунин шаҳрвандонро ба нуқтаҳои алоҳидаи маҳал роҳ надиҳанд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524);

- дигар ҳуқуқҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.

Дар сурати ҷорӣ намудани низоми вазъияти фавқуллода дар ҳудуди наздисарҳадӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иловагӣ танҳо дар доираи ҳимояи Сарҳади давлатӣ вогузор шаванд.

 

Моддаи 14. Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иборат мебошад. Таъмини Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳайати шахсӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин ба роҳ монда мешавад:

- бо хизматчиёни ҳарбӣ – ба таври ихтиёрӣ дохил гардидан ва даъват намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ;

- бо кормандони ғайриҳарбӣ – ба таври ихтиёрӣ ба кор даромадан.

Ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ (ғайр аз хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро ба тариқи даъват адо мекунанд) шаҳодатномаҳои хизматие, ки намунааш аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, дода мешавад.

Хизмати ҳарбӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Фаъолияти меҳнатии кормандони ғайриҳарбӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Тайёр кардан, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисоси кадрҳо  ва мутахассисони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мактабҳои таълимии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои таълимӣ (мактабҳо), инчунин дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ дар мактабҳои  таълимии ҳарбии дигар давлатҳо ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 15. Кормандони ғайринизомии Қӯшунҳои сарҳадӣ

                      (бо ҚҶТ аз 20.03.08с., №365 хориҷ карда шуд)

 

Моддаи 16. Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ ва техникаи ҳарбӣ дар фаъолияти

                       Қӯшунҳои сарҳадӣ

                           (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳимояи Сарҳади давлатиро дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ анҷом дода, ҷиҳати зада гардонидани ҳуҷуми мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ кардани кӯшиши рабуда ба хориҷа бурдани ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои налиётӣ, силоҳ ва техникаи ҳарбиро истифода мебаранд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148; аз 17.05.2018 с., № 1524)

Силоҳ ва техникаи ҳарбиро ҳамчунин дар ин мавридҳо истифода бурдан мумкин аст: (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

- бар зидди шахсон, ҳайвопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва воситаҳои наклиётие, ки Сарҳади давлатиро бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузаранд (гузаштаанд), дар ҷавоби қувваи истифодабурдаи онҳо ё дар ҳолатҳое, ки пешгирии сарҳадшиканӣ ё дастгир намудани сарҳадшиканон бо усулҳои дигар имкон надорад;

- барои ҳифзи шаҳрвандон аз ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдид мекунад;

- барои озод кардани гаравгонон;

- барои зада гардонидани ҳуҷум ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсоне, ки оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ вазифаи хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиро адо мекунанд, аъзои оилаи онҳо дар сурате, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид мекунад;

- барои зада гардонидани ҳамла ба ҷузъу томҳо ва объектҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, аз ҷумла барои расонидани кӯмак ба киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар вақти баргардонидани ҳуҷум ба онҳо.

Пеш аз истифодаи силоҳ ва техникаи ҳарбӣ дар бораи истифодаи онҳо бояд огоҳии аниқ дода шавад ва тирпарронии огоҳкунанда сурат гирад.

Силоҳ ва техникаи ҳарбӣ ҳангоми зада гардонидани ҳуҷуми мусаллаҳона ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамлаи ногаҳонӣ ё мусаллаҳона ба хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон, ҳуҷум бо истифодаи техникаи ҳарбӣ, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт, муқобилияти мусаллаҳона, бо силоҳ гурехтани шахсони дастгиршуда, барои озод кардани гаравгонон бе огоҳӣ ба кор бурда мешавад (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148; аз 17.05.2018 с., № 1524).

Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд, барои безарар сохтани ҳайвононе, ки ба ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон таҳдид мекунанд, ҳамчунин барои додани бонги хатар ва ё даъват намудани ёрӣ силоҳро истифода баранд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

Ба кор бурдани силоҳ ва техникаи ҳарбӣ манъ аст: (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

- ба муқобили занон ва ноболиғон, ба истиснои ҳолатҳои ҳуҷуми мусаллаҳона аз тарафи онҳо ё муқобилияти мусаллаҳона ва ё ҳуҷуми гурӯҳие, ки ба ҳаёт таҳдид мекунанд;

- ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки мусофир доранд;

- ба муқобили шахсоне, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур кардаанд ё қасди убури онро доранд, агар амал аниқ тасодуфӣ бошад ё бо сабаби фалокат, таҳти таъсири омилҳои бартарафнашавандаи табиӣ ба амал омада бошад.

Ҳангоми иҷрои вазифаҳои марбут ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ воситаҳои махсус (дастбанд ё воситаи дигар барои дастбандӣ, калтаки резинӣ, моддаҳои ашковар, воситаҳои садо ва рӯшноидиҳандае, ки таъсири ба тарафи дигар ҷалб кардани диққатро доранд, асбобҳо барои манъи маҷбурии нақлиёт), қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла усулҳои ҷангии муҳориба ва сагҳои хизматиро ба кор мебаранд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).

 

Модддаи 17. Ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва аъзои оилаи онҳо

 

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳуқуқҳо, имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷуброни давлатӣ, инчунин аз вазъи ҳуқуқие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо муқаррар кардаанд, истифода мебаранд.

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамчун намояндагони ҳокимият баромад мекунанд ва таҳти ҳимояи давлат мебошанд.

Иҷрои талаботи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошад. Дар сурати ғайриқонунӣ будани чунин талабот нисбати амалҳои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда мешавад.

Амалҳои ғайриқонунӣ нисбати хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шаҳрвандоне, ки ба онҳо дар муҳофизати Сарҳади давлатӣ ёрӣ мерасонанд, ки дар итоат накардан, таҳқир кардан, муқобилият нишон додан, таҳдид намудан, расонидани зарари ҷисмонӣ ва ё сӯиқасд намудан ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо зуҳур ёфтаанд, инчунин дигар амалҳое, ки ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои иҷрои вазифаҳояшон халал мерасонанд, ҷавобгарии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо пешбинӣ мекунад.

Кормандони ғайринизомии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳолати ҷалб намудани онҳо ба чорабиниҳои ба муҳофизат ва ҳимояи Сарҳади давлатӣ дахлдошта, ки ба ӯҳдадориҳои хизматии онҳо алоқамандии бевосита надоранд, аз ҳуқуқҳои ба хизматчиёни ҳарбӣ додашуда истифода мебаранд.

Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз маоши моҳонаи вазифавӣ ва маоши моҳона барои рутбаи ҳарбӣ, ки маоши моҳонаи таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил медиҳад, иловапулӣ барои собиқаи хизмат ва дигар иловапулиҳо иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 18. Масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳадди салоҳияти худ, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, мустақилона қарор қабул менамоянд. Барои амалҳои ғайриқонунии худ онҳо мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чавобгарӣ кашида мешаванд. Хизматчиёни іарбии Ѕӯшуніои саріадҳ барои вайрон намудани тартиби муѕаррарнамудаи ѕонунгузории ӣуміурии Тоӣикистон дар бораи танзими анъана ва ӣашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).

Дар ҳолати аз тарафи хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иҷро намудани фармони (фармоиши) ғайриқонунӣ шахси мансабдоре, ки ин фармонро (фармоишро) баровардааст, ҷавобгар аст.

 

Моддаи 19. Силоҳу аслиҳа ва воситаҳои таҷҳизотии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ бо силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус, молу мулки ҳарбӣ-техникӣ, ки барои иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда заруранд, таъмин карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

Таъмири силоҳу аслиҳа ва техникаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар корхонаҳои таъмирии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар корхонаҳои дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба мудофиа ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия буда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар корхонаҳои давлатҳои хориҷа бо тартиби дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст муайянгардида гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

Назорати сифати силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус, молу мулки ҳарбӣ-техникӣ ва дигар молу мулк, корҳо ва хизматрасониҳоро, ки аз тарафи корхонаҳо иҷро мешаванд, намояндагони ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

 

Моддаи 20. Таъминоти молиявӣ ва моддӣ-техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Меъёр ва тартиби таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо пешниҳоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 21. Назорати прокурорӣ

 

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд(ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 1 марти соли 2005

№ 82