ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 11:33
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
818
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
16.04.2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 268)

 

Қонуни мазкур принсипҳо ва тартиби гузаронидани экспертизаи экологиро муайян намуда, барои пешгирии таъсири манфии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ба муҳити зист ва оқибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигари ба он алоқаманди татбиқи  объекти экспертизаи экологӣ равона гардидааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фармоишгар – мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба гузаронидани экспертизаи экологӣ манфиатдоранд;

- арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист – муайян намудани таъсири имконпазири фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ба муҳити зист, тағйири эҳтимолии муҳити зист, инчунин пешгуӣ намудани вазъи ояндаи он ба мақсади қабули қарор оид ба имконпазир ё имконнопазир будани татбиқи қарорҳои лоиҳавӣ;

- маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист – ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ ва лоиҳавие, ки таъсири фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятро ба муҳити зист арзёбӣ менамоянд;

- стандарти экологӣ – ҳадди ҷоизи меъёрҳои таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар раванди истеҳсолӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, истифода (истеъмол) ва нобудсозӣ (безараргардонӣ);

- фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият – фаъолияти инъикосёфта дар ин ё он ҳуҷҷати лоиҳавӣ оид ба сохтмон, азнавсозии объектҳо, истифодаи онҳо ва дигар фаъолият, ки ба истифодабарии захираҳои табиӣ алоқаманд мебошад ва (ё) метавонад ба муҳити зист таъсир расонад;

- ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо – лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ,  маҳаллӣ, консепсияҳои соҳавӣ, пешгӯиҳо, барномаҳо ва нақшаҳо, лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, лоиҳаҳои меъморӣ ва сохтмон, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии техникӣ, ки бо Қонуни мазкур ба объектҳои экспертизаи экологӣ дохил гардидаанд ва дигар ҳуҷҷатҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки  тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин объектҳо мансуб дониста мешаванд; 

- таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо – ташкилот ва ё соҳибкори инфиродӣ, ки ба таҳияи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо машғул мебошад;

- таъсири байнисарҳадӣ – таъсир ба муҳити зисти давлати хориҷӣ, ки метавонад дар натиҷаи фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шавад;

- экспертизаи экологӣ – муқаррар намудани мутобиқат ё номутобиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, аз он ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ;

- эксперти экспертизаи давлатии экологӣ – шахси дорои донишҳои махсус ва таҷрибаи кофии барои гузаронидани экспертизаи экологӣ зарур, ки бо тартиби муқаррарнамуда аз ҷониби  мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ҷалб карда мешавад ва (ё) шахсони мансабдори мақомоти давлатии барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ масъул;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ – ҳуҷҷате, ки аз рӯи натиҷаи экспертизаи давлатии экологӣ таҳия шуда, дорои хулосаҳо дар бораи таъсири ин ё он фаъолият ба муҳити зист мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи экологӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи  экспертизаи  экологӣ

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ инҳоянд:

 - хатари эҳтимолии экологӣ доштани фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият;

- ҳатмӣ будани гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ; 

- дар маҷмӯъ арзёбии таъсиррасонии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ба муҳити зист;

- ҳатмӣ будани баҳисобгирии амнияти экологӣ ҳангоми гузаронидани экспертиза; 

- боэътимодӣ ва пуррагии маълумот, ки барои экспертизаи экологӣ пешниҳод карда мешавад;

- мустақилияти экспертҳои экспертизаи экологӣ; 

- аз ҷиҳати илмӣ асоснок, холисона ва қонунӣ будани хулосаи экспертӣ;

- ошкорбаёнӣ, иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷомеа;

- масъулияти иштирокчиёни экспертизаи экологӣ ва тарафҳои манфиатдор барои ташкил, гузаронидан ва сифати экспертизаи экологӣ.

 

Моддаи 4. Мақсад ва  вазифаҳои экспертизаи экологӣ

1. Мақсадҳои экспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:

- пешгирии оқибатҳои манфии имконпазири татбиқи объектҳои экспертиза ва таъсири номусоиди онҳо ба саломатии аҳолӣ, захираҳои табиӣ, муҳити зист, амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла бартарафкунии зарари онҳо зимни фаъолияти идоракунӣ, хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва дигар фаъолият оид ба татбиқи объектҳои экспертиза;

- таъмини пешгӯиҳои экологӣ дар асоси ахборот оид ба ҳолат ва тағйироти имконпазири вазъи экологӣ дар натиҷаи ҷойгиронӣ ва инкишоф додани қувваҳои истеҳсолкунанда, ки ба саломатии аҳолӣ, захираҳои табиӣ, муҳити зист ва амнияти экологӣ таъсири манфӣ намерасонанд.

2. Вазифаҳои зкспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:

- арзёбии самарабахшӣ, асоснокӣ ва кофӣ будани тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар объектҳои экспертиза;

- арзёбии дурустии дараҷаи хавфу хатари экологии фаъолияти пешбинишаванда, ки аз тарафи фармоишгар ва ё таҳиягари лоиҳа  муайян карда шудааст;

- арзёбии мутобиқати объекти экспертизаи ба истифода додашаванда  дар марҳилаи  қабули қарор оид ба истифодаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои экологӣ;

- ташкили таҳлил ва арзёбии ҳамаҷонибаю холисонаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки объектҳои экспертиза;

- таҳлил ва арзёбии таъсири эҳтимолии аз ҷиҳати экологӣ зарарноки объектҳои  экспертиза  ба  саломатии аҳолӣ, захираҳои табиӣ, муҳити зист, инчунин оқибатҳои эҳтимолии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии он;

- тайёр намудани хулосаҳои холисона ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки экспертизаи экологӣ, сари вақт ба мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки оид ба татбиқи объекти экспертиза қарор қабул менамояд, пешниҳод намудани онҳо, хабардор намудани шахсони манфиатдор, ҷомеа ва  шаҳрвандон.

 

Моддаи 5. Намудҳои экспертизаи экологӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатии экологӣ ва экспертизаи ҷамъиятии экологӣ гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ 

1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экспертизаи экологӣ мансубанд:

- ташкили таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ;

- андешидани тадбирҳо оид ба ҳифзи манфиатҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи экспертизаи экологӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаҳо дар соҳаи экспертизаи экологии дорои аҳамияти давлатӣ ва байналмилалӣ;

- амалӣ намудани дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ки дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- ташкили экспертизаи давлатии экологии объектҳое, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур зикр гардидаанд;

- таҳия, аз нав баррасӣ намудан ва тасдиқи санадҳои меъёрии техникӣ ва ҳуҷҷатҳои дастурию методӣ, ки татбиқи Қонуни мазкурро дар хусуси гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ таъмин менамоянд;

- таъмини базаи илмию методии экспертизаи давлатии экологӣ;

- ташкили таъмини иттилоотии экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла таъсис ва пешбурди махзани маълумот оид ба фаъолияти пешбинишаванда, татбиқи объекти экспертиза ва таъсири он ба муҳити зист;

- ташкили ҳамкорӣ бо мақомоти экологию экспертии давлатҳои дигар бо мақсади гузаронидани машваратҳо, экспертизаҳои экологии муштарак, мубодилаи дастовардҳои илмию методӣ; 

- гузаронидани семинару конференсияҳо оид ба масъалаҳои экспертизаи экологӣ, мубодилаи таҷриба ҷиҳати баланд бардоштани сифати фаъолияти экспертизаи  экологӣ;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти экспертию экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом додани роҳбарии методӣ дар масъалаи гузаронидани экспертизаи экологии объектҳо, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон;

- назорати риояи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии экологӣ ҳангоми ташкил ва гузаронидани он;

- ҳамкорӣ дар доираи ваколатҳои худ бо вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва воҳидҳои экспертии онҳо;

- иштирок дар ташкил ва гузаронидани экспертизаҳои экологии байналмилалӣ;

- ҷалби олимону мутахассисони хориҷӣ барои гузаронидани экспертизаи экологӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое, ки объекти экспертиза дорои сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ мебошад;

- дастрасӣ доштан ба манбаи иттилоот оид ба вазъи муҳити зист ва махзани донишҳо оид ба арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолият ба инсон ва табиат;

- фиристодани хулоса ба мақомоти бонкӣ оид ба қатъи маблағгузории объектҳое, ки хулосаи мусбии экспертизаи экологиро нагирифтаанд;

- омода ва пешниҳод кардани маводи дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомот дар бораи  ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи экологиро риоя накардаанд;

- дар доираи ваколати худ анҷом додани дигар амалҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, ҷиҳати татбиқи ваколатҳояшон заруранд.

3. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:

- фиристодани экспертҳо дар ҳайати комиссияҳои экспертӣ ҷиҳати иштирок дар экспертизаи объектҳое, ки истифодаашон дар минтақаи онҳо пешбинӣ шудааст ва дар ҳолатҳои таъсири имконпазири фаъолияти хоҷагидории аз тарафи воҳидҳои дигари марзиву маъмурӣ ба нақшагирифташуда ба муҳити зист;

- ташкили муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, гузаронидани пурсишҳо дар байни аҳолӣ оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки ба экспертизаи экологӣ тааллуқ доранд;

- қабул ва татбиқи қарорҳо оид ба масъалаҳои экспертизаи экологӣ дар асоси натиҷаҳои муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, пурсишҳо, дархостҳои ташкилотҳо ва ҳаракатҳои  ҷамъиятии экологӣ;

- нишон додани ташаббус дар асоси дархостҳои аҳолӣ ҷиҳати гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ;

- огоҳ намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ, оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар минтақаҳои дахлдор;
- огоҳ намудани мақомоти прокуратура ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба оғози татбиқи объекти экспертизаи экологӣ  бе хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;

- татбиқи дигар ваколатҳо дар ин соҳа дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи экспертизаи экологӣ, инчунин иштироки аҳолиро дар гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ таъмин менамоянд.

 

Моддаи 7. Ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба  ташкили экспертизаи экологӣ

1. Шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба ташкили экспертизаи экологӣ  ҳуқуқҳои зерин доранд:

- мутобиқи Қонуни мазкур ҷиҳати гузаронидани экспертизаи экологии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки иҷрои он ба манфиатҳои экологии аҳолии дар ин маҳалҳо истиқоматкунанда зарар мерасонанд, муроҷиат намоянд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ба таври хаттӣ пешниҳодоти асосноке манзур намоянд, ки ба тарафҳои экологии анҷоми фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дахл доранд;

- аз мақомоте, ки экспертизаи давлатии экологиро анҷом медиҳанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ, доир ба натиҷаҳои анҷоми экспертизаи экологӣ маълумот гиранд;

- дар таҳия ва муҳокимаи маводи арзёбии таъсиррасонӣ  ба муҳити зист иштирок кунанд; 

- фаъолияти дигарро дар соҳаи экспертизаи экологӣ, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  нест, анҷом диҳанд.

2. Ҳангоми таҳияи хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ва қабули қарор оид ба истифодаи объекти экспертиза маводи ба комиссияи экспертӣ фиристодашуда, ки афкори ҷомеаро инъикос мекунанд, бояд баррасӣ карда шаванд.

 

БОБИ 2. ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 8. Субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ

1. Субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ аз инҳо иборатанд:

- экспертҳои экспертизаи давлатии экологӣ (комиссияҳои экспертӣ);

- фармоишгарон;

- таҳиягарони ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо.

2. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ намояндаи фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, инчунин намояндаи шахси воқеӣ ва ташкилоте буда наметавонад, ки бо фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дорад. 

3. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси  шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои фармоишгар метавонанд ба зиммаи таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вогузор карда шаванд.

 

Моддаи 9. Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ

1. Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ аз ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зерин оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият иборат мебошанд, ки метавонанд ба муҳити зист таъсири манфӣ расонанд:

- лоиҳаҳои барномаҳо ва нақшаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, консепсияҳои соҳавӣ, пешгӯиҳо, ки татбиқи онҳо ба истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманданд ва (ё) метавонанд ба муҳити зист таъсир расонанд;

- лоиҳаҳои шаҳрсозӣ;

- лоиҳаҳои меъморӣ ва сохтмонӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии техникӣ, ки дар онҳо талабот оид ба ҳифзи муҳити зист ва (ё) истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ нисбати маҳсулот ва раванди таҳияи он, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, фурӯш ва истифодаи партовҳо ё хизматрасонӣ муқаррар мегарданд.

2. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон намудҳои дигари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки бояд аз экспертизаи давлатии экологӣ гузаранд, муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 10. Тартиби гузарондани экспертизаи давлатии экологӣ

1. Экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби экспертҳо гузаронида мешавад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби экспертҳои алоҳида ва комиссияҳои экспертӣ муқаррар карда мешаванд.

2. Экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси аризаи фармоишгар бо замимаи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки бояд аз экспертизаи давлатии экологӣ гузаранд, маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки таркиб ва мундариҷаашонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, гузаронида мешавад.

3. Экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси аризаи таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо гузаронида мешавад, агар дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ин вазифа ба ӯҳдаи таҳиягари  ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вогузор шуда бошад. 

4. Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 11. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ

1. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ то 30 рӯзро ташкил медиҳад. Вобаста ба мураккабии объекти экспертизашаванда мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ метавонад то 60 рӯз тамдид карда шавад.

2. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро барои ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки метавонанд таъсири байнисарҳадӣ дошта бошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 12. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ

1. Аз рӯи натиҷаи экспертизаи давлатии экологӣ хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ тартиб дода мешавад.

2. Хулосаи экспертизаи давлатии экологиро эксперти экспертизаи давлатии экологӣ (ҳамаи аъзои комиссияи экспертӣ) имзо мегузорад ва онро роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ тасдиқ менамояд.

3. Ба хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ, ки барои тасдиқ пешниҳод мегардад, мулоҳизаи махсуси экспертҳои экспертизаи давлатии экологӣ, ки бо хулоса розӣ нестанд, замима карда мешавад.

4. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ метавонад мусбӣ ё манфӣ бошад.

5. Хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷамъбасти мувофиқати қарори лоиҳавии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ба талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз он ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ, инчунин аз дигар маълумот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. 

6. Маблағгузорӣ ва амалӣ намудани фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки бояд ҳатман аз экспертизаи давлатии экологӣ гузарад, танҳо дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ иҷозат дода мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.

7. Дар сурати  манфӣ  будани хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ  фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо метавонанд, ки ҳангоми ислоҳи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо камбудиҳои дар хулоса  ҷойдоштаро ба инобат гирифта, онро такроран ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳод намоянд ё ин ки аз амалӣ намудани фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият даст кашанд.

 

Моддаи 13. Мӯҳлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ

1. Мӯҳлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ба давомнокии амалисозии лоиҳа, ки дар лоиҳаҳои сохтмон пешбинӣ гардидааст,  бо дароз  намудани он ба мӯҳлати як сол муқаррар мегардад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигар пешбинӣ нагардида бошад.

2. Мӯҳлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ аз рӯи объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ, ба истиснои объектҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати эътибори ҳуҷҷатҳои ин объект муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 14. Гузаронидани экспертизаи давлатии экологии такрорӣ  ва иловагӣ

1. Экспертизаи давлатии экологии такрорӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- такмили мавод дар асоси эродҳои экспертизаи давлатии экологии қаблан гузаронидашуда;

- тағйир ёфтани шартҳои истифодабарии табиат;

- истифодаи объекти экспертиза бо риоя накардани қарорҳои қабулкардаи қаблӣ ё мӯҳлатҳои меъёрии банақшагирӣ ва сохтмон, ки тибқи меъёр ва қоидаҳои ҷории сохтмонӣ пешбинӣ  гардидаанд;

- ба охир расидани мӯҳлати хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;

- дар асоси қарори суд;

- дохил кардани тағйирот ба ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо баъди гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ.

2. Ба гузаронидани экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ҷалб намудани эксперте, ки дар экспертизаи экологии таҳти муҳокима қарордошта иштирок намудааст, манъ аст.

3. Экспертизаи давлатии экологии иловагӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- ҳангоми муайян намудани мухолифат байни технология ва лоиҳаи мавҷуда;

- дар сурати дар мӯҳлатҳои муқарраркардашуда иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи қаблӣ;

- дар сурати беэътибор донистани хулосаи қаблӣ.

4. Асосҳои беэътибор донистани хулосаи қаблӣ бо тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ, муқаррар карда мешаванд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба ҳолатҳои дар ҳамин модда пешбинишуда метавонад нисбати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ва намудҳои фаъолияте, ки барои онҳо арзёбии таъсир ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад ва иншооте, ки сохтмони онҳо аз ҳисоби давлат ва бо кафолати давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ё иловагӣ таъин кунад.

6. Экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ва иловагии дар ҳамин модда пешбинишуда мутобиқи тартиби барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологии ҳатмӣ муқаррарнамудаи Қонуни мазкур гузаронида мешавад. 

 

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 15. Ҳуқуқҳои субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ

1. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ чунин ҳуқуқҳо дорад:

- ба таври хаттӣ таҳия намудани мулоҳизаи махсус оид ба объекти экспертизаи давлатии экологӣ ва замима намудани он ба хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;

- пешниҳоди таклифҳо дар хусуси ба экспертизаи давлатии экологӣ ҷалб намудани мутахассисони ташкилотҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ, ки дорои донишҳои махсус дар соҳаи муайяни илму техника ва ғайра мебошанд;

- пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили ташкили гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ. 

2. Фармоишгар ҳуқуқҳои зерин дорад:

- гирифтани маълумот аз экспертҳои (комиссияи экспертии) экспертизаи давлатии экологӣ оид ба мӯҳлату тартиб ва натиҷаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;

- талаб намудани ислоҳи вайронкунии тартиби муқарраргардидаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;

- додани шарҳи хаттӣ ё шифоҳӣ ва пешниҳод оид ба объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ;

- шикоят кардан нисбати  хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ба мақомоти болоии давлатӣ ва ё ба суд;

- амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуқуқҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба таҳиягарони ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо низ дахл доранд.

 

Моддаи 16. Ӯҳдадориҳои субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ

1. Экспертҳои экспертизаи давлатии экологӣ ӯҳдадориҳои зерин доранд:

- пурра, холисона ва дар маҷмӯъ таҳлил кардани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодгардида ва муайян намудани мутобиқати онҳо ба талаботи қонунгузорӣ;

- риоя намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба экспертизаи экологӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;

- риоя намудани тартиб ва мӯҳлати муқарраргардидаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;

- бе осеб нигоҳ доштани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодгардида ва нигоҳ доштани махфияти маълумоти онҳо;

- иҷро намудани дигар ӯҳдарориҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқарраргардида.

2. Ӯҳдадориҳои фармоишгар:

- пешниҳод намудани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ ба экспертизаи давлатии экологӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари  ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба ӯҳдаи таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вогузор карда шудааст;

- бо дархости ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки таркибан ва мазмунан ба ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодгардида  барои  гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ монанданд;

- амалӣ намудани лоиҳа оид ба объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад;

- иҷро намудани дигар ӯҳдадориҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон муқарраргардида.

3. Таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ӯҳдадориҳои зерин дорад:

- пешниҳод намудани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба объекти экспертизаи давлатии экологӣ дар ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари  ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба ӯҳдаи таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вогузор карда шудааст;

- ба фармоишгар расонидани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо бо хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;

- иҷрои дигар ӯҳдадориҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон дар ин соҳа муқаррар намудаанд.

 

БОБИ 4. ЭКСПЕРТИЗАИ ҶАМЪИЯТИИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 17. Объектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ

Ҳама объектҳои дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинигардида метавонанд объектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ бошанд, ба истиснои ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дорои маълумоти сирри давлатианд ва ё дастрасӣ ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд гардидааст.

 

Моддаи 18. Субъектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ

Субъектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ инҳоянд:

- шаҳрвандон ва дигар шахсоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо дахл мекунад ва инчунин ҳуқуқи таъини гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологиро доранд;

- ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки соҳаи асосии фаъолияташон тибқи оинномаи онҳо ҳифзи муҳити зист мебошад;

- экспертҳо ва ё комиссияҳои экспертӣ, ки барои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ аз тарафи ташкилкунандагони он ҷалб карда мешаванд;

- фармоишгарон ё таҳиягарони ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо;

- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

 

Моддаи 19. Тартиби гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ

1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ӯҳдадоранд аҳолиро аз фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар ҳудуди тобеи худ тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар усулҳои дастрас сари вақт хабардор намоянд.

2. Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ пеш аз экспертизаи давлатии экологӣ ё бо он якҷоя гузаронида мешавад.

3. Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ бо шарти ба қайд гирифтани аризаи ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ оид ба гузаронидани он аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад. Талабот оид ба шакл ва мундариҷаи ариза барои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.  

4. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аризаро бояд дар рӯзи ворид шуданаш ба қайд гиранд. Ариза дар ҳолатҳои зерин ба қайд гирифта намешавад:

- дар оинномаи ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии мазкур дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешбинӣ нашуда бошад;

- экспертизаи ҷамъиятии экологӣ нисбат ба объекти экспертиза пештар гузаронида шуда бошад;

- дигар асосҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.

5. Фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо бо дархости ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ дар давоми 10 рӯз баъд  аз пешниҳоди чунин дархост ӯҳдадор аст ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро, ки таркиб ва мундариҷаашон ба ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологии пешниҳодшаванда монанд  мебошад, ба экспертизаи ҷамъиятии экологӣ пешниҳод намояд.  

6. Барои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ экспертҳоро ҷалб менамояд ё комиссияҳои экспертӣ таъсис медиҳад.  Қоидаҳое, ки дар қисми 2 моддаи 10 Қонуни мазкур муқаррар гардидаанд, ба экспертҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ низ дахл доранд.

 

Моддаи 20. Хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ

1. Натиҷаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ дар шакли хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ тартиб дода мешавад, ки хусусияти тавсиявӣ дорад.

2. Хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ бояд ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ баррасӣ карда шавад.

3. Хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ метавонад дар воситаҳои ахбори омма чоп гардад, ба мақомоти давлатие, ки ваколати гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро доранд, ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ва инчунин ба дигар шахсони манфиатдор пешниҳод шавад.

БОБИ 5. АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢБА МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 21. Банақшагирӣ ва лоиҳакашии объектҳо ва намудҳои  нави фаъолият

1. Банақшагирӣ ва лоиҳакашии  объектҳо ва намудҳои нави фаъолият новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияти субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки метавонанд ба муҳити зист таъсири мустақим ё ғайримустақим  расонанд,  дар асоси маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист бо тартиби ҳатмии гузаронидани он аз экспертизаи давлатии экологӣ амалӣ карда мешавад.

2. Номгӯи объектҳо ва намудҳои фаъолиятро, ки барои онҳо таҳияи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 22. Ташкил ва гузаронидани арзёбии  таъсиррасонӣ  ба  муҳити зист

1. Ташкил ва  гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро дар ҳамаи марҳилаҳои банақшагирӣ ва лоиҳакашии объектҳо ва намудҳои нави фаъолият, маблағгузории таҳияи маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, ташкили муҳокимаи ҷамъиятии фаъолияти ба нақшагирифташаванда, пешниҳоди маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, ки барои экспертизаи экологӣ зарур аст, фармоишгар ба анҷом мерасонад.

2. Тартиби ташкил ва гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 6. МАБЛАҒГУЗОРИИ  ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 23. Маблағгузории экспертизаи давлатии экологӣ

Экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла ҳангоми такроран ва иловатан гузаронидани он аз ҳисоби фармоишгар маблағгузорӣ карда  мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар  муқаррар нагардида бошад. 

 

Моддаи 24. Маблағгузории экспертизаи ҷамъиятии экологӣ

Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешавад:

- маблағи худии ташкилкунандагони экспертизаи ҷамъиятии экологӣ;

- ҳаққи узвияти ихтиёрии шаҳрвандон ва ташкилотҳо;

- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 25. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Баҳсҳо дар соҳаи экспертизаи экологӣ ба тариқи судӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 

Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2003 «Дар бораи экспертизаи экологӣ (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 4, мод. 150; с. 2005, № 12, мод. 638; с. 2007, № 7, мод. 690; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1002; с. 2010, № 1, мод. 13) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 28.  Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ  Раҳмон

       ш. Душанбе,

16 апрели соли 2012,

          № 818