ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 06/02/2020 - 09:12
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
396
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
18.06.2008

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли  2008, №6, мод. 454)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии соҳаи хазинадориро муқаррар намуда, муносибатҳоеро, ки ҳангоми фаъолияти  хазинадорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд,   танзим менамояд.

 

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- хазинадорӣ - фаъолияти молиявии давлатӣ буда,  ҳамоҳангсозии идоракунии захираҳои иқтисодии умумидавлатӣ, ташкили назорати даромаду хароҷот, ҷамъоварӣ ва истифодабарии маблағҳо, идоракунии иҷрои буҷети давлатӣ ва қарзҳои давлатӣ, барориши коғазҳои қиматноки давлатиро амалӣ менамояд;

- суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ – суратҳисоб дар назди хазинадорӣ, ки дорои рамзи мушаххаси бонкӣ ва суратҳисоби муросилотӣ мебошад;

- суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ – суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии хазинадорӣ барои хизматрасонии буҷетҳои маҳаллӣ кушода мешаванд;

суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣсуратҳисобе, ки дар назди хазинадорӣ  барои хизматрасонии маблағҳои махсуси  муассисаҳои буҷетии ҷумҳуриявӣ кушода мешаванд;

- суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ оид ба даромадҳо суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии хазинадорӣ барои ҷамъоварӣ ва интиқоли ҳаррӯзаи андозу даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешаванд;

- суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ оид ба хароҷот суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақомоти  маҳаллии хазинадорӣ барои ташкилотҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд,  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  кушода мешаванд;

 - суратҳисоби ягонаи хазинадории маҳаллӣ оид ба маблағҳои махсуси буҷетҳои  маҳаллӣ  –  суратҳисобе, ки  аз  ҷониби  мақомоти   маҳаллии хазинадорӣ барои хизматрасонии маблағҳои махсуси  муассисаҳои буҷетии маҳаллӣ кушода мешаванд;

- суратҳисобҳои махсуси муассисаҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақомоти  маҳаллии хазинадорӣ барои хизматрасонии маблағҳои махсуси ин муассисаҳо кушода мешаванд;

- суратҳисобҳои транзитии мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ суратҳисобҳое, ки дар назди мақомоти маҳаллии хазинадорӣ барои маблағгузории маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ дар муддати иҷрои ин вазифаҳо кушода мешаванд;

- маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ – маблағҳое, ки муассисаҳои буҷетӣ  ба ғайр аз маблағҳои аз буҷет ҷудогардида дар натиҷаи иҷрои кор ва хизматрасониҳо ба даст меоранд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинадорӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинадорӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Боби 2. Мақомот,  идоракунӣ ва  низоми хазинадорӣ

 

Моддаи 3. Мақомоти хазинадорӣ

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хазинадорӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- мақомоти марказии хазинадорӣ) ва мақомоти маҳаллии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- мақомоти маҳаллии хазинадорӣ) буда, ташкили назорати даромаду хароҷот ва иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

 

 Моддаи 4. Идоракунии хазинадорӣ

 Хазинадории марказиро директор, раёсатҳо ва шӯъбаҳои маҳаллии хазинадориро  сардорони раёсатҳо ва  шӯъбаҳои маҳаллии хазинадорӣ роҳбарӣ мекунанд. Директори хазинадории марказӣ ва сардорони раёсатҳо ва шӯъбаҳои маҳаллии хазинадориро Вазири  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Ба вазифаи директори хазинадории марказӣ ва сардорони раёсатҳо ва шӯъбаҳои маҳаллии хазинадорӣ мутахассисоне пешбарӣ карда мешаванд,  ки дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ бошанд ва дар соҳаи молия на камтар аз се сол собиқаи корӣ дошта бошанд.

 

Моддаи 5. Низоми хазинадорӣ

Мақомоти маҳаллии хазинадории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бевосита ба мақомоти марказии хазинадорӣ ва мақомоти  молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.

Тартиби коргузории мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ, маблағгузорӣ, қабули ҳуҷҷатҳо, харҷномаҳо, намудҳои ҳисоботи иҷрои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тибқи дастурамали тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ

 

Моддаи 6. Ҳуқуқҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии  хазинадорӣ

Мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ ҳуқуқ доранд:

- ҳангоми зарурат оид ба интиқоли саривақтии андозу даромадҳо ба буҷети давлатӣ тавассути суратҳисоби дахлдори хазинадорӣ дар асоси маълумоти бонкӣ таҳлилҳо ба анҷом расонанд;

- ҳуҷҷату маълумотеро, ки барои омӯхтан ва иҷозат додани маблағгузорӣ заруранд аз муассисаҳои буҷетӣ талаб намоянд ва баъди санҷиш, сабт ва назорати хазинадорӣ онҳоро ба муассисаҳои номбурда баргардонанд;

- аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ки маблағҳои буҷетиро истифода мебаранд, оид ба харҷи мақсадноки чунин маблағҳо  маълумот талаб намоянд;

- дастурамал, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба қоидаҳои ҷамъоварии пурраи даромадҳои давлатӣ (воридоти ғайриандозии буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ), муттаҳидгардонии ҳамаи маблағҳои ғайрибуҷетӣ таҳия намоянд;

- маблағҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ ва махсуси муассисаҳои буҷетиро назорат намоянд;

- дигар ваколатҳоеро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, анҷом диҳанд.

 

Моддаи 7. ӯҳдадориҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ

Мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ ӯҳдадоранд:

- назорати мунтазами иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, идоракунии суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ ва дигар суратҳисобҳоеро, ки ба буҷети давлатӣ дахл доранд, ба роҳ монанд;

- таъмин ва назорати маблағгузории саривақтии моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет ва қабули дархостҳоро аз ҷониби муассисаҳои буҷетӣ  оид ба маблағгузории  моддаҳои хароҷотӣ ба роҳ монанд;

- таҳияи ҳисоботи даврӣ оид ба даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, тартиб додани санадҳои муқоисавиро бо мақомоти андоз ва гумрук ташкил намоянд;

- ҳисоботи давриро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда,  ҳангоми ба охир расидани соли молиявӣ ҳисоботи заруриро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- оид ба иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ дар воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот нашр намоянд;

- маблағгузории муассисаҳои буҷетиро ба мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ вобаста намоянд;

- ҳисоботи даврии хазинадориро оид ба маблағҳои муассисаҳои буҷетӣ сари вақт ва пурра пешниҳод намоянд;

- хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва берунии давлатиро таъмин намоянд;

-  компютеркунонии амалиёти хазинадориро ташкил намуда, онро бо системаи иттилоотӣ анҷом диҳанд;

- ба анҷом додани амалиёти муҳосибавӣ оид ба хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, ки ба талаботи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мухолиф мебошанд, роҳ надиҳанд.

 

Боби 4.  Низоми хизматрасонии бонкӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ ва муносибати байни онҳо

 

Моддаи 8. Суратҳисобҳои хазинадорӣ

Мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ дорои чунин суратҳисобҳо мебошанд:

- суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ;

- суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ;

- суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ;

- суратҳисоби транзитии хазинадорӣ оид ба даромадҳо;

- суратҳисоби транзитии хазинадорӣ оид ба хароҷот;

- суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси буҷетҳои маҳаллӣ;

- суратҳисоби махсуси муассисаҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда;

- суратҳисоби транзитии мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ.

Дар ҳолати кам будани миқдори муассисаҳои буҷетӣ мақомоти маҳаллии хазинадорӣ маблағгузории маблағҳои махсуси муассисаҳои аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағгузоришавандаро аз суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси буҷетҳои маҳаллӣ амалӣ намуда, ҳисоботи онҳоро алоҳида тартиб медиҳанд.

Мақомоти марказии хазинадорӣ  дар назди худ ва дигар бонкҳо суратҳисоби бонкӣ (бо асъори миллӣ, хориҷӣ) кушода, инчунин онро баста метавонад.

 

Моддаи 9. Депозитҳои буҷети давлатӣ

Мақомоти марказии хазинадорӣ ба депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд, хизмат мерасонад. Ҳисобот оид ба гардиши маблағҳои ин суратҳисобҳо аз ҷониби мақоми марказии хазинадорӣ тартиб дода мешавад.

Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ ба депозитҳои буҷетҳои маҳаллӣ, ки дар бонкҳои ваколатдор мавҷуданд, хизматрасонӣ мекунанд. Ҳисобот оид ба гардиши маблағҳои ин суратҳисобҳо аз ҷониби ин мақомот тартиб дода мешавад.

 

Моддаи 10. Механизми дохилии бонкии хазинадорӣ

Мақомоти марказии хазинадорӣ интиқоли электронии маблағҳои буҷети давлатиро таъмин намуда,  рӯйхати ҳаррӯзаи суратҳисобҳо ва ҳуҷҷатҳои электрониро бо қайди амалиёти анҷомдодаи маблағҳои суратҳисобҳо таҳия менамояд.

   Бо мақсади танзими муносибатҳои байни мақомоти марказии хазинадорӣ, мақомоти маҳаллии хазинадорӣ ва муассисаҳои буҷетӣ оид ба ташкил ва истифодаи имзои электронии рақамӣ, барои ташаккул ва  интиқоли ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ бо ёрии шабакаи автоматикии иттилоотии телекоммуникатсионии инъикосёфта ва  воситаҳои барномавии  техникӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маркази  ваколатдори корпоративиро таъсис медиҳад. 

 

Моддаи 11. Механизмҳои берунаи бонкии хазинадорӣ

Бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликияташон, ҳуқуқ надоранд бе иҷозати дахлдори мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ  барои ягон муассисаи буҷетӣ суратҳисоби бонкӣ (бо асъори миллӣ ва хориҷӣ) кушоянд.

Тамоми даромадҳои буҷети давлатӣ ба суратҳисобҳои  хазинадорӣ ворид карда шуда, аз ҳамин суратҳисобҳо харҷ карда мешаванд.

Бонкҳои ваколатдор вазифадоранд мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли молиявӣ тақсими андозҳои танзимшавандаро байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) аз рӯи меъёрҳои тасдиқгардида амалӣ намоянд.

Маблағгузории муассисаҳои буҷетӣ аз суратҳисоби ягонаи хазинадории буҷети давлатӣ ба воситаи алоқаи электронӣ сурат мегирад.

Маблағгузории муассисаҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағ-гузоришаванда, ки дар маҳалҳо ҷойгиранд, аз суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ  ба воситаи равона намудани маблағҳо ба суратҳисоби транзитии хазинадорӣ оид ба хароҷот амалӣ карда мешаванд.

Бонкҳое, ки ба суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ хизмат мерасонанд, дар санаи сеюми ҳар моҳ ба мақомоти маҳаллии хазинадорӣ нусхаи рӯйхати якмоҳаи рӯз ба рӯзи моҳи гузаштаро дар бораи даромад ва хароҷот аз рӯи ин суратҳисобҳо пешниҳод менамоянд.

Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ барои ҷамъоварии даромадҳо ва амалӣ намудани хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар бонке, ки дар он суратҳисоби ягонаи маҳаллии хазинадорӣ вуҷуд дорад, суратҳисоби транзитии хазинадорӣ мекушоянд.

Бонкҳои ваколатдор даромадҳои ҳаррӯзаи буҷети ҷумҳуриявиро, ки ба суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ ворид мешаванд, ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ мегузаронанд. Бақияи ҳаррӯзаи суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бояд сифр (нул) бошад. Дар супоришномаҳои пардохтие, ки даромадҳои ҳаррӯзаи буҷетӣ ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ равона карда мешаванд, бонк гурӯҳбандии ин маблағҳо ва ҳаҷми онҳоро аз рӯи андозҳо ва даромадҳо бояд нишон диҳад.

Бонкҳо бе иҷозати мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ  ҳуқуқи аз суратҳисобҳои хазинадорӣ баровардани маблағҳои пулӣ ва анҷом додани дигар амалиётро надоранд.

Бе воридшавии маблағҳо ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси буҷети давлатӣ  хароҷот аз ин суратҳисоб манъ аст.

 

Моддаи 12. Муносибатҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии  хазинадорӣ

Муносибатҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ  ба муносибатҳои байнибуҷетӣ асос ёфта, аз тақсим намудани даромадҳои танзимшаванда мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида байни сатҳҳои буҷет ва интиқоли трансфертҳое, ки дар байни сатҳҳои гуногуни идоракунии давлатӣ хусусияти умумӣ доранд (мусоидати молиявӣ (субвенсия), маблағҳои ҳисоббаробаркунӣ байни буҷетҳо ва қарзҳои буҷетӣ (ссуда), иборат мебошад.

Мақомоти марказии хазинадорӣ дар ҳолати аз тарафи мақомоти маҳаллии он барнагардонидани қарзҳои буҷетӣ (ссуда) ё маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳои байнибуҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои барои буҷети дахлдор пешбинишуда бо роҳи анҷом додани амалиёти дохилӣ маблағи мазкурро боздошт менамояд.

Дар ҳолати пайдо шудани қарздории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет дар  мақомоти маҳаллии хазинадорӣ мақомоти марказии хазинадорӣ ба ин мақомот ва бонки хизматрасони онҳо барои боздоштани хароҷот ба ғайр аз моддаҳои зикршуда супориш медиҳад.

Андозу даромадҳое, ки саҳван ба буҷет  дохил мешаванд, дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои асоснок баргардонида мешаванд.

Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ вазифадоранд, ки андозу даромадҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки саҳван ба буҷети маҳаллӣ дохил шудаанд, дар муддати 10 рӯзи корӣ ба суратҳисоби  ягонаи хазинадории буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол диҳанд.

Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ ҳуқуқ надоранд, ки аз суратҳисобҳои транзитии буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои дохилшударо барои буҷети маҳаллӣ ё дигар чорабиниҳо истифода намоянд.

 

Боби 5. Муносибати мақомоти марказӣ ва маҳаллии  хазинадорӣ  бо муассисаҳои буҷетӣ,

қарор  ва варақаҳои иҷрои судӣ

 

Моддаи 13. Масъулияти  муассисаҳои буҷетӣ

Муассисаҳои буҷетӣ дар асоси маблағҳои аз буҷет ҷудокардашуда харҷномаи худро тартиб дода, баъди тасдиқ ба мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ  барои маблағгузорӣ пешниҳод менамоянд.

Муассисаҳои буҷетӣ дархостро оид ба маблағгузории моддаҳои харҷнома ба мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ  месупоранд.

Муассисаҳои буҷетӣ дар фаъолияти молиявиашон таҳти назорати мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ  мебошанд.

Муассисаҳои буҷетӣ вазифадоранд, ки  талаботи мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадориро  оид ба санҷиши ҳуҷҷатҳо ва пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳои иловагӣ, ки барои иҷозат додани маблағгузорӣ заруранд, иҷро намоянд. Баъди санҷиши дурустии супоришномаҳои пардохтӣ ва ҳуҷҷатҳо нусхаи якум ва дуюми супоришномаи пардохтӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ  нигоҳ дошта шуда, нусхаи сеюми супоришномаи пардохтӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо баъди бақайдгирии хазинадорӣ ба муассисаҳои буҷетӣ баргардонида мешаванд. Роҳбарону сармуҳосибони муассисаҳои буҷетӣ барои ба мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, маълумот ва ҳисоботи нодуруст ҷавобгар мебошанд.        

Баъди маблағгузории музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшавандаи муассисаи буҷетӣ барои ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои боқимондаи нақдӣ дар муассисаи буҷетӣ роҳбарони аввал,  сармуҳосибон ва дигар шахсони масъули ин муассиса ҷавобгар мебошанд. Барои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ харҷномаи ин муассисаҳо тавассути хазинадорӣ кам карда мешавад. Дар ҳолати иваз шудани роҳбарони аввали муассисаи буҷетӣ ва сармуҳосиби он роҳбарияти муассисаи буҷетӣ вазифадор аст, ки дар ин хусус сари вақт  мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадориро хабардор намояд.                                                                        

Муассисаҳои буҷетӣ вазифадоранд, ки воридоти даромадҳоро ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси буҷети давлатӣ таъмин намоянд.

 

Моддаи 14. Муносибати  мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ бо қарорҳои судӣ  ва варақаҳои иҷрои судӣ

Иҷрои қарор ва санадҳои судӣ нисбати корхона, ташкилот ва муассисаҳои буҷетӣ тибқи варақаи иҷро ва дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Суд барои иҷрои қарор ва санадҳои судӣ варақаи иҷроро ба корхона, ташкилот ва муассисаи буҷетӣ мефиристад.

Муассисаи буҷетӣ дар асоси варақаи иҷро супоришномаи пардохтиро ба мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ  барои иҷро пешниҳод менамояд. Дар ҳолати мавҷуд будани маблағ дар харҷномаи ин муассиса мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ  маблағи умумии дар варақаи иҷро зикршударо мегузаронад.

Дар ҳолати дар харҷномаи муассисаи буҷетӣ набудани маблағ тартиби гузаронидани маблағ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дар ҳолати пешниҳоди варақаи иҷро  ба бонке, ки барои мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ хизмат мерасонад, бонки мазкур ҳуқуқи аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулиро аз суратҳисобҳои хазинадорӣ надорад.

 

Боби 6. Баҳисобгирӣ,  ҳисобот  ва тартиби кор дар хазинадорӣ

 

Моддаи  15.  Қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавии  хазинадорӣ ва ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ

Маълумоти хазинадорӣ дар шакли варақаи бонкӣ ё тасдиқгардидаи мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ оид ба гардиши маблағҳо, ки ба муассисаҳои буҷетӣ дода мешавад, ҳамчун маълумоти ягона ва ҳақиқӣ шуморида шуда, дар асоси он муассисаҳои буҷетӣ ҳисоботи зарурӣ ва тавозун таҳия менамоянд. Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ вазифадоранд, ки мувофиқи шаклҳои ҳисоботии муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ба мақомоти марказии хазинадорӣ ҳисоботи даврӣ (моҳона, семоҳа, нимсола, нӯҳмоҳа ва солона) супоранд. Муассисаҳои буҷетӣ ба мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ  ҳисоботи  даврӣ месупоранд. Дар ҳолати сари вақт  насупоридани ҳисобот мақомоти  марказии хазинадорӣ ҳуқуқ дорад роҳбарияти мақомоти молия ё  муассисаи буҷетиро хабардор намуда, то супоридани ҳисобот маблағгузориро боз дорад. Мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ ҷамъоварии маҷмӯи даромадҳои давлатӣ, инчунин ҳамаи намудҳои хароҷоти давлатиро, ки муассисаҳои буҷетӣ иҷро менамоянд, ташкил мекунанд ва ба ҳисоб мегиранд. Қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавиро, ки ба иҷрои буҷети давлатӣ тааллуқ доранд, мақомоти марказии хазинадорӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян  менамоянд. Иҷрои буҷети давлатӣ дар асоси усули ягонагии хазина   ҷараён мегирад.

Маълумот дар бораи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи даромад ва хароҷот, ки дар ҳисоботи молиявӣ зикр  ёфтааст, ҳамчун маълумоти ягона, ҳақиқӣ ва ниҳоӣ   шуморида мешавад.

Бо анҷом ёфтани соли молиявӣ мақомоти марказии хазинадорӣ дар бораи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳисоботи солонаро тартиб медиҳад.

 

Моддаи 16. Тартиби кории мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатӣ

Мақомоти давлатӣ, ки дорои ташкилотҳои тобеи худ буда, манбаи маблағгузории онҳо буҷети давлатӣ мебошад, вазифадоранд сари вақт дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои асосноккардашударо барои маблағгузорӣ ба мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии хазинадорӣ пешниҳод намоянд. Маблағгузории ташкилотҳои тобеи вазорату идораҳо, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷойгиранд, дар асоси маблағгузории моҳона ва ё семоҳа сурат мегирад. Аз як модда ба моддаи дигари харҷнома гузаронидани маблағҳои муассисаҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар асоси дархости ташкилоти болоии онҳо танҳо бо иҷозати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат мегирад.

 

Боби 7. Тартиби тафтиши фаъолият ва махфӣ будани  иттилоот дар  мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ

 

Моддаи  17. Тартиби тафтиши фаъолияти мақомоти марказӣ  ва маҳаллии хазинадорӣ

Тафтиши фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом дода  мешавад.

Моддаи 18. Махфӣ будани иттилоот

Тамоми санадҳои пардохтии хазинадорӣ, аз ҷумла дафтарҳои қайд (дафтарҳои баҳисобгирии даромаду хароҷот ва системаҳои иттилоотӣ) ва ҳуҷҷатгузории хазинадорӣ махфӣ мебошанд. Ҳуҷҷатҳои номбурда тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гирифта мешаванд. Маълумот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

 

Боби 8. Коғазҳои қиматноки хазинадорӣ, тартиби барориш ва хариду фурӯши онҳо

 

Моддаи 19.  Тартиби барориш ва хариду фурӯши коғазҳои қиматнок

Мақомоти марказии хазинадорӣ  дорои векселҳои хазинадорӣ мебошанд, ки барориши онҳоро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли молиявӣ амалӣ менамояд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хариду фурӯши векселҳои хазинадорӣ бонки ваколатдорро муайян намуда, оид ба хариду фурӯши векселҳои хазинадорӣ бо бонки мазкур шартнома мебандад.

Векселҳои хазинадорӣ ба мӯҳлатҳои гуногун бароварда мешаванд.

Хароҷот ва даромади векселҳои хазинадорӣ аз суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ амалӣ карда мешаванд.

 

Боби 9. Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 20. Мӯҳри хазинадорӣ

Мақомоти марказии хазинадорӣ дорои мӯҳр мебошад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиштаҷоти «Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасвир  шудааст.

Мӯҳри мақомоти марказии хазинадорӣ дар супоришномаҳои пардохтӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои хазинадорӣ гузошта мешавад.

 

 Моддаи 21.  Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Барои вайрон кардани Қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 22. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 майи соли 2001 «Дар бораи хазинадорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, № 4, моддаи 188) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал  қарор дода шавад.

 

 

           Президенти

             Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

             ш. Душанбе, 18 июни соли 2008,

             №396