ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1922 ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1920 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1921 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТУХМИПАРВАРӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 05/02/2020 - 15:44
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
355
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.01.2008
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТУХМИПАРВАРӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №1, қ.2, мод.20)
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029)
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард, сертификатсия, фурӯши тухмӣ, ниҳол ва растаниҳо, инчунин ташкил ва бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмиро муқаррар мекунад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- тухмипарварӣ - фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард, сертификатсия, фурӯши тухмии растаниҳо, инчунин оид ба бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмӣ;
- тухмӣ - қисмҳои растанӣ (тухмӣ, дона, мева, лӯндамева, бехмева, пиёзак, қаламча, ниҳол, кӯчат ва ғайра), ки барои такрористеҳсоли навъҳои растаниҳо истифода мешаванд;
- аломатҳои навъӣ - маҷмӯи аломатҳое, ки мансубияти растаниро ба навъи муайян ва тозагии тухмиро дар асоси санҷишҳои саҳроӣ ва лабораторӣ исбот мекунад;
- ҳар як маҷмӯи тухмӣ - миқдори муайяни тухмиҳои аз рӯи пайдоиш ва сифаташон якхела;
- навъ - гурӯҳи ботаникии растаниҳо, ки як воҳиди муайянро ташкил дода, хусусиятҳои фарқкунандагӣ, якшаклӣ ва устувории аломатҳоро доранд;
- назорати кишти тухмӣ дар саҳро - таҳқиқи кишти тухмӣ бо мақсади муқаррар намудани мансубияти онҳо ба навъи муайян, муқаррар намудани тозагии навъӣ ва якшаклии навъ, мавҷуд будани алафҳои бегона ва муайянкунии осеби ба растанӣ ва тухмӣ расонидаи намудҳои касаливу ҳашаротҳои зарраррасони зироатҳои кишоварзӣ;
- назорати навъӣ - чорабиниҳо оид ба муайян кардани тозагии навъ, муқаррар кардани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба навъи муайян тавассути анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ;
- назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ - муқаррар кардани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба навъи муайян ва муқаррар кардани тозагии навъи растанӣ бо роҳи кишти тухмӣ дар қитъаҳои махсус ва омӯзиши минбаъдаи аломатҳои растанӣ;
- назорати тухмӣ - чорабиниҳо оид ба муайян кардани сифати тухмӣ, назорати риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
- сертификатсияи тухмӣ - системаи таъмини сифати тухмӣ, ки назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лаборатории тухмии навъҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо дохилшударо дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238);
- сифати тухмӣ - маҷмӯи аломатҳое, ки шомил будани тухмиро ба навъи муайяни растанӣ ва киштбоб будани онро тавсиф медиҳанд (ба монанди тозагӣ, қобилияти сабзиш ва солимии тухмӣ);
- ташхиси лабораторӣ - муқаррар кардани нишондиҳандаҳои сифати тухмӣ бо роҳи анҷом додани ташхиси лабораторӣ;
- тухмии гибридӣ - тухмии насли якум, ки дар натиҷаи дурагакунии намудҳои авлодӣ истеҳсол шудааст;
- тухмии муқаррарии растаниҳои ҷангалӣ - тухмие, ки аз растаниҳои ҷангалӣ ҷамъ оварда шудааст;
- тухмии беҳтаргардонидашудаи растаниҳои ҷангалӣ - тухмие, ки аз намунаҳои беҳтарини растаниҳои ҷангалии интихобшуда ва парваришӣ истеҳсол карда мешавад;
- тухмии навъи растаниҳои ҷангалӣ - тухмие, ки аз навъҳои парваришии растаниҳои ҷангалӣ истеҳсол карда мешавад;
- Феҳристи давлатии навъҳо - рӯйхате, ки ба он навъҳо ва дурагаҳои растании аз санҷиши расмӣ гузаронидашуда дохил карда мешавад  (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238);
- Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо - рӯйхате, ки ба он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо машғулбуда дохил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 4. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки ба амалсозии фаъолияти истеҳсол, такрористеҳсол, коркард, пешниҳоди тухмӣ ба фурӯш, воридот ва содироти навъҳои тухмӣ алоқаманданд, инчунин ҳангоми ташкил ва анҷом додани назорати навъӣ ва тухмӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.
Моддаи 5. Маблағгузорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ
Маблағгузорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ, инчунин бо роҳи ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва ватанӣ амалӣ гардонида мешавад.
 
БОБИ 2. ГУРӮҲҲОИ ТУХМӢ
Моддаи 6. Гурӯҳҳои тухмӣ
Вобаста ба усулҳои сертификатсияи намудҳои гуногуни растанӣ гурӯҳҳои зерини тухмӣ муайян карда мешаванд:
- аслӣ;
- элита;
- репродуксионӣ (тухмии репродуксияҳои якум ва минбаъда, инчунин тухмии гибридии насли якум).
Усулҳои истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои дахлдорро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 7. Тухмии аслӣ
Тухмии аслӣ тухмие мебошад, ки аз тарафи селексионери навъ ё шахси ваколатдоршудаи ӯ истеҳсол карда мешавад.
Селексионери навъ шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки навъи растаниро ба вуҷуд овардааст, нигоҳдории навъ ва ҳифзи маълумоти навъро, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил шудааст, таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).
Дастурамали бақайдгирии навъро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 8. Тухмии элита
Тухмии элита тухмиест, ки аз тухмиҳои аслӣ ҳосил шуда, ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ мувофиқат мекунад.
Шумораи наслҳои тухмии элитаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Тухмии элита барои истеҳсоли тухмии репродуксионӣ истифода мешавад.
Моддаи 9. Тухмии репродуксионӣ
Тухмии репродуксионӣ тухмии наслҳои минбаъдаи аз тухмии элита рӯёнидашуда мебошад.
Шумораи наслҳои тухмии репродуксиониро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Тухмии гибридии насли якум тухмии репродуксионӣ ба ҳисоб меравад.
Моддаи 10. Гурӯҳҳои тухмии растаниҳои ҷангалӣ
Вобаста ба хусусиятҳои ирсиашон гурӯҳҳои зайли тухмии растаниҳои ҷангалӣ муайян карда мешаванд: муқаррарӣ, беҳтаргардонидашуда, навъӣ.
Ба гурӯҳҳои номбаршуда ҷудо кардани тухмии растаниҳои ҷангалиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
 
БОБИ 3. ТАШКИЛИ ТУХМИПАРВАРӢ
Моддаи 11. Системаи тухмипарварӣ
Системаи тухмипарварӣ маҷмӯи фаъолияти якҷояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аз ҷиҳати кор ба ҳам алоқамандро ифода мекунад, ки фаъолияти истеҳсоли тухмиро амалӣ менамоянд.
Тартиби амали системаи тухмипарвариро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 12. Дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ
Дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ тавассути чорабиниҳои зерин сурат мегирад;
- ҷудо кардани маблағҳои давлатӣ;
- ҷуброни хароҷот барои истеҳсоли тухмиҳои аслӣ ва элита;
- додани қарзҳои имтиёзнок;
- истифодаи дигар чораҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ.
Моддаи 13. Таъминоти илмии тухмипарварӣ
Таъминоти илмии тухмипарвариро ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, ташкилотҳои илмӣ ва шахсони воқеии бо тадқиқоти илмии соҳаи тухмипарварӣ машғулбуда ба ҷо меоранд.
Моддаи 14. Феҳристи давлатии навъҳо
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, фурӯш ва истифодаи тухмии растаниҳое иҷозат дода мешавад, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил ва хориҷ кардани навъҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо маълумотро оид ба дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба Феҳристи давлатии навъҳо дар нашрия ва сомонаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ нашр ва дохил мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Тартиби дохил ва хориҷ кардани навъҳоро ба Феҳристи давлатии навъҳо, инчунин пешбурди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).
Моддаи 14(1). Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)
Ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо маълумот оид ба ном ва суроғаи шахси ҳуқуқӣ, инчунин насаб, ном, номи падар ва суроғаи маҳалли зисти шахси воқеӣ, номгӯи растанӣ ва навъҳои истеҳсолшавандаи тухмии аслӣ ва элитаи растаниҳо дохил карда мешавад.
Истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ӯҳдадор мебошанд, ки на дертар аз як моҳи оғозшавии фаъолият оид ба истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки онро ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо дохил менамояд, маълумот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Истеҳсолкунандагони тухмии гуруҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ӯҳдадоранд дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба зарурати ворид намудани тағйирот ба маълумоти дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинигардида, барои дохил намудан ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо маълумот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ маълумоти дар Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо мавҷудбударо ба сомонаи расмӣ дохил мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Тартиби пешбурди Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 14(2). Истифодаи навъи растаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо вориднашуда
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)
Тухмии растаниҳое, ки мансубияти навъӣ доранд ва ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид карда нашудаанд, барои корҳои зерин истифода бурда мешавад:
- гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, санҷиши давлатии навъҳо ва намоиш;
- барои истеҳсол ва фурӯш берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029);
- кишт дар ҳолатҳои талафёбӣ ё осебёбии кишт (ниҳолҳои кӯчатшуда)-и растаниҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ё мавҷуд набудани тухми дар Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Тухмии растаниҳои мансубияти навъидошта, ки аз Феҳристи давлатии навъҳо хориҷ карда шудаанд, танҳо дар давоми ду соли баъди хориҷкунӣ истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).
 
БОБИ 4. ИСТЕҲСОЛ ВА КОРКАРДИ ТУХМӢ
Моддаи 15. Талабот нисбати истеҳсоли тухмӣ
Барои истеҳсоли тухмӣ бояд тухмие истифода шавад, ки сифатҳои навъӣ ва гурӯҳҳои он ба талаботи стандарти давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ ҷавобгӯ бошанд.
Бо мақсади истеҳсоли тухмӣ кишт намудани тухмие, ки бо тухми алафҳои бегонаи карантинӣ омехта ва ё бо зараррасонҳо ва касалиҳои карантинии растанӣ сироятнок шудааст, манъ аст.
Моддаи 16. Хусусиятҳои хоси истеҳсоли гурӯҳҳои алоҳидаи тухмӣ
Тухмии аслиро селексионери навъ ё шахси ваколатдори ӯ истеҳсол мекунад.
Тухмии элита ва репродуксиониро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳамчун истеҳсолкунандагони гурӯҳҳои алоҳидаи тухмӣ ба қайд гирифта шудаанд, истеҳсол менамоянд.
Бақайдгирӣ барои истеҳсоли тухмиҳои элита ва репродуксионӣ бо мақсади фурӯши онҳо мутобиқи санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ номгӯи истеҳсолкунандагон, ворид ва содиркунандагони тухмиро тартиб дода, ба низом медарорад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Тухмиҳои гурӯҳҳои алоҳидаи растаниҳои ҷангалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсол карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 17. Минтақаҳо ва хоҷагиҳои махсуси истеҳсоли тухмӣ
Бо мақсади бо тухмии хушсифат таъмин намудани истеҳсолот ва қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоиди фитосанитарӣ ва технологӣ ҳангоми истеҳсоли тухмии дорои сифати баланди навъӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарвариро, қатъи назар аз шакли моликияташон, муайян мекунад. Дар ин минтақаҳо ва хоҷагиҳо тартиб, талабот ва шароити махсуси истеҳсоли тухмӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 18. Истеҳсол ва коркарди тухмӣ
Тартиби истеҳсол ва коркарди тухмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Истифодаи тухмиҳое, ки моликияти зеҳнӣ мебошанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 19. Фонди давлатии тухмӣ
Фонди давлатии тухмӣ аз захираҳои тухмӣ иборат буда, барои минтақаҳое пешбинӣ мешавад, ки дар он ҷо истеҳсоли тухмӣ ба роҳ монда нашудааст ё дар истеҳсоли он имконият маҳдуд аст, инчунин барои кӯмак расонидан ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғулбуда ё дар хоҷагии ҷангал коркунанда ҳангоми ҳолатҳои офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда ташкил дода мешаванд.
Барои фонди давлатии тухмӣ тухмиҳое тайёр карда мешаванд, ки дорои сертификати сифати навъӣ ва киштбобӣ мебошанд.
Фонди давлатии тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ташкил дода шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ гардида, моликияти ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 20. Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)
Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо аз захираҳои тухмии навъҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо воридшуда иборат буда, барои дар ҳолатҳои талафёбӣ ё осебёбии кишти (ниҳолҳои кӯчатшуда) растаниҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда барои расонидани кӯмаки бозгашт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсоли тухмии растаниҳо машғуланд, тибқи меъёрҳои муайянгардидаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ фонди захиравиро ташкил менамоянд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
 
БОБИ 5. ТАРТИБИ АНҶОМДИҲИИ НАЗОРАТИ НАВЪӢ ВА ТУХМӢ
Моддаи 21. Талаботи умумӣ барои назорати навъӣ ва тухмӣ
Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати навъӣ ва тухмиро Қонуни мазкур муайян менамояд.
Назорати навъӣ ва тухмӣ бо мақсади таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ ва санадҳои дар асоси он қабулнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ, инчунин талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи тухмипарварӣ амалкунанда анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Сертификатсияи тухмӣ ва назорати тухмӣ нисбати киштҳо ва тухмии мансуби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие анҷом дода мешавад, ки дар соҳаи тухмипарварӣ фаъолият доранд.
Тухмӣ ва ё ниҳолҳо бояд аз назорати навъӣ ва тухмӣ гузаронида шаванд.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)
Сифати тухмӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ муайян карда мешавад. Нишондиҳандаҳои сифат барои ҳар як гурӯҳи тухмӣ ва намудҳои растаниҳо муайян карда мешаванд.
Моддаи 21(1). Муайян намудани сифати навъи тухмӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)
Сифати навъи тухмӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ барои ҳар як гурӯҳи тухмӣ ва намудҳои растанӣ муқаррар карда мешавад.
Тозагии навъ ё мансубияти растанӣ, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид карда мешавад, пеш аз ба фурӯш баровардан барои муқаррар намудани сифати навъ бояд ҳатман зери таҳқиқи саҳроӣ, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифатии навъ қарор гирад.
Сифати навъи тухмии растаниҳо дар асоси гузаронидани таҳқиқи саҳроии кишти растаниҳо, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифати навъи киштшуда муайян карда мешавад.
Тартиби гузаронидани таҳқиқи саҳроии кишти растаниҳо, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифати навъи киштшударо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 21(2). Санҷиши давлатии навъҳо
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)
Санҷиши давлатии навъҳо бо мақсади муайян кардани аломатҳои монанд, навин, фарқкунанда ва устувории навъҳо, арзишнокии иқтисодӣ ва биологии онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 22. Назорати навъӣ
Назорати навъии тухмӣ маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки он аз назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ иборат мебошад.
Барои навъҳои ба фурӯш пешбинишуда дар ҳолати истифодаи нақшаи назорат анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро ҳатмӣ мебошад.
Тартиби анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ, инчунин бақайдгирии киштҳои тухмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 23. Назорати тухмӣ
Назорати сифати тухмӣ бо роҳи интихоб ва ташхиси намунаи тухмӣ амалӣ мегардад.
Интихоб ва ташхиси намунаи тухмӣ аз маҷмӯи тухмии барои фурӯш пешниҳодшуда аз тарафи мақоми давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ ва ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аккредитатсияшуда анҷом дода мешавад.
Тартиби аккредитатсияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои ҳуқуқи интихоби намунаи тухмӣ ва муайян кардани сифати киштбобии тухмии растанӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Интихоби намунаи тухмӣ аз ҳар як маҷмӯи тухмии барои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда ва ташхиси он мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 24. Сертификатсияи тухмӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ нақшаи сертификатсияи тухмиро барои намудҳои растаниҳои сертификатсияшаванда муайян менамояд.
Ҳар як маҷмчи тухмӣ, ки барои фурчш пешбинӣ шудааст, бояд сертификатсия карда шавад.
Сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмӣ барои ҳар як маҷмчи тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 25. Шаҳодатномаи навъ ва сифати тухмӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)
Шаҳодатномаи навъ ва сифат ба тухмии аслӣ, элита ва репродуксионӣ дар асоси ташхиси лабораторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
 
БОБИ 6. МАРКЕТИНГИ ҲАР ЯК МАҶМӮИ ТУХМӢ
Моддаи 26. Фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмӣ
Фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ амалӣ гардонида мешавад.
Ҳар як маҷмӯи тухмӣ ҳангоми фурӯш бояд дар борҷома ҷойгир шуда бошад ва борҷомаю воситаҳои борбандии он тамғаи муқарраршуда дошта бошанд.
Ҳар як маҷмӯи тухмие, ки бо маводи кимиёвӣ ё биологӣ коркард шудааст, бояд дар борҷома ҷой карда шавад. Борҷома ва воситаҳои борбандии ин гуна тухмиҳо бояд навиштаҷоти дахлдор ва ҳуҷҷатҳои бо он ҳамроҳ фиристодашаванда дошта бошанд, ки дар онҳо тартиби истифодаи чунин тухмӣ ва маълумот дар бораи эҳтимоли таъсири манфии он ба саломатии инсон ва муҳити зист зикр карда шавад.
Ҳангоми фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар борҷома ва воситаҳои борбандии он, тамға, ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ фиристодашаванда зикр кардани маълумоти ба навъи растанӣ, пайдоиш ва сифати тухмӣ аслан номувофиқ, инчунин паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар воситаҳои ахбори омма манъ аст.
Тартиби фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо назардошти талабот нисбати тухмӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 27. Воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмӣ
Ба воридоти ҳар як маҷмӯи тухмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мавҷуд будани сертификати сифати навъию киштбобӣ, иҷозати воридотии карантинӣ ва ҷавобгӯ будани ҳар як маҷмӯи тухмии мазкур ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар ҳолати рехта (бе борҷома), инчунин ҳар як маҷмӯи тухмие, ки навъи онҳо ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил нашудаанд, ба истиснои ҳар як маҷмӯи тухмие, ки барои таҳқиқоти илмӣ, санҷишҳои давлатӣ, истеҳсоли тухмии барои содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).
Ҳар як маҷмӯи тухмии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда бояд таҳти назорати сифати тухмӣ ва фитосанитарӣ қарор гирад.
Ҳар як маҷмӯи тухмӣ, ки барои содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, бояд дорои сертификати сифати навъӣ ва киштбобии тухмӣ ва сертификати фитосанитарӣ мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бошад.
Воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар мавридҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
Сертификати фитосанитарӣ ва иҷозати воридотии карантинӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Тартиби додани сертификати фитосанитарӣ ва иҷозати воридотии карантиниро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Назорати воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Тартиби воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 28. Кафолати сифати тухмӣ
Шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии фурӯшандаи ҳар як маҷмӯи тухмӣ кафолат медиҳанд, ки навъ ва сифати ҳар як маҷмӯи тухмии фурӯхташаванда ба маълумоти дар сертификати дахлдор нишондодашуда мутобиқ мебошанд.
Дар сурати ба сертификати дахлдор мувофиқат накардани навъ ва сифати ҳар як маҷмӯи тухмии фурӯхташаванда шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба фурӯши чунин тухмӣ машғуланд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
БОБИ 7. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ТУХМИПАРВАРӢ
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)
Моддаи 29. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бехатарии озуқаворӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 29(1). Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ дохил мешаванд:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
- тасдиқ намудани барномаҳои рушди соҳаи тухмипарварӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029);
- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба танзим ва рушди соҳаи тухмипарварӣ;
- амалӣ намудани дигар салоҳият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).
Моддаи 29(2). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар самти тухмипарварӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар самти тухмипарварӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани барномаҳои рушди соҳаи тухмипарварӣ;
- тасдиқи нақшаи истеҳсоли тухмии растаниҳо;
- таҳия ва тасдиқи тартиби фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ;
- таъмини тасвиби расмии дастовардҳои нави селексионӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, баҳисобгирии истеҳсоли тухмии растаниҳо;
- таҳлил ва мониторинги фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар самти истеҳсоли тухмӣ;
- муайян намудани тартиби истифодаи навъҳои тухмии растаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил карданашуда;
- бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани содирот ва воридоти тухмии растаниҳо;
- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 29(3). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дар самти тухмипарварӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дар самти тухмипарварӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- амалӣ намудани назорат ва танзими фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ;
- сертификатсияи тухмии ба фурчш пешниҳодшуда, назорати кишти навъи тухмӣ дар саҳро ва қитъаҳои санҷишӣ, ташхиси лаборатории сифати навъӣ ва киштбобии тухмӣ;
- амалӣ намудани фаъолияти ташкилию методӣ, назорати таъмини риояи стандартҳои давлатӣ ва қоидаҳои байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
- назорати содирот ва воридоти тухмии растаниҳо;
- муқаррар намудани меъёрҳои илман асоснокшудаи сифати тухмӣ ва таҷҳизоти техникии ташхиси сифати тухмӣ;
- муқаррар намудани тартиби истифодаи борҷомаю воситаҳои борбандӣ, тамға, нигоҳдорӣ ва интиқоли тухмии растаниҳо;
- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ оид ба назорати фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 29(4). Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029)
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ тадбирҳои зеринро амалӣ менамоянд:
- таҳияи барномаҳо, нақшаи чорабиниҳои минтақавӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (ноҳия) ва назорати иҷрои онҳо;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).
Моддаи 30. Ташкилотҳое, ки бақайдгирии навъҳо ва назорати навъию тухмиро амалӣ менамоянд
Бақайдгирии навъҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).
Назорати навъӣ ва тухмиро нисбати кишти тухмӣ ва сифати ҳар як маҷмӯи тухмӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238. аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 31. Назорати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)
Роҳбарон ва кормандони дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ фаъолияти худро дар самти тухмипарварӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 31(1). Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).
Моддаи 32. Пешниҳоди хизматрасонии пулакӣ
Ташкилотҳое, ки барои анҷом додани санҷиш ва бақайдгирии навъҳо, назорати кишти тухмӣ, назорати сифати тухмӣ ва додани сертификатҳои гуногун ва тамғаҳо барои борҷомаҳои тухмӣ мутасаддӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд аз тарафҳои манфиатдор дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои расонидашуда ҳаққи пардохт талаб намоянд ва истифодаи минбаъдаи ин маблағро тибқи қонунгузорӣ амалӣ гардонанд.
 
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 33. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ
Баҳсҳое, ки ҳангоми фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ ба амал меоянд, аз тарафи суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" аз 2 декабри соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №11, мод. 693, соли 2005, № 12, мод. 636, соли 2007, №6, мод. 439) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 
5 январи соли 2008 № 355