ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1950 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ (КРЕДИТ)

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 06/02/2020 - 10:02
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
492
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.03.2009

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ (КРЕДИТ)

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 85; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1501)

 

Қонуни мазкур мафҳум, тартиб, асосҳои ҳуқуқии ташкилу нигоҳ доштан ва ошкор кардани  таърихи қарзро муайян намуда, хусусиятҳои ташаккул, аз нав ташкил кардан, барҳам додани Бюрои таърихи қарз, принсипҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти  иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарзро муқаррар мекунад ва  муносибатҳои дар ин соҳа ба миён омадаро ба танзим медарорад.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади  Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз фароҳам овардани  шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкил, коркард,  нигоҳдорӣ ва ошкор намудани таърихи қарз   вобаста ба таъмини ҳифз ва самаранокии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули  таърихи қарз иборат мебошад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода  мешаванд:

- таърихи қарз – иттилооти мусбат ё манфии иҷрои ўҳдадориҳои субъекти таърихи қарз  аз рўйи  шартномае, ки дар  Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад;

- иттилоот - маълумот дар бораи субъекти таърихи қарз, ки дар воситаҳои алоқаи электронӣ ва сабтҳои коғазӣ, ки иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз пешниҳод мекунанд ва истифодаи он, ки дар мавриди зарурӣ бо имзои электронии  рақамӣ тасдиқ карда мешавад;

- иттилооти мусбат - иттилооте, ки аз ҷониби субъекти таърихи қарз ба таври матлуб иҷро гардидани ўҳдадориҳои шартномавиро доир ба хавфи  қарз  фаро мегирад;

- иттилооти манфӣ - иттилооте, ки аз ҷониби субъекти таърихи қарз,  иҷро нашудани ўҳдадориҳои шартномавиро доир ба хавфи  қарз  фаро мегирад;

- Бюрои таърихи қарз - шахсони ҳуқуқӣ, ки ҳамчун ташкилоти тиҷоратӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур  барои ташкилу коркард, нигоҳдошти таърихи қарз, пешниҳоди ҳисоботи қарз ва дигар иттилоот хизмат мерасонад;

-шартномаи  пешниҳод намудани иттилоот ва ё гирифтани ҳисоботи қарз - шартномае, ки Бюрои таърихи қарз бо таъминкунандаи иттилоот ва  истифодабарандаи ҳисоботи қарз аз рўйи шартҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур баста шудааст;

- таъминкунандагони иттилоот – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки  дар асоси шартнома ба Бюрои таърихи қарз иттилоот пешниҳод менамоянд; 

-  фаъолияти таъминкунандаи иттилоот  дар ташкил ва ҳифзи манбаи маълумоти таърихи қарз - фаъолияти таъминкунандаи иттилоот барои коркард, нигоҳдошт ва ба Бюрои таърихи қарз додани маълумоте, ки аз субъекти таърихи қарз  гирифтааст;

- хавфи  қарз - хавфи  иҷро накардани ўҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби  яке аз тарафҳо;

- субъекти таърихи қарз - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие,  ки нисбати онҳо таърихи қарз тартиб дода мешавад;

- ташаккули таърихи қарз - амал ё маҷмўи амалҳои Бюрои таърихи қарз нисбати иттилооте, ки  оид ба нигаҳдорӣ,  мониторинг, дақиқ ва аз нав кардан  аз таъминкунандагони  иттилоот мерасад;

- иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз ва истифодаи он- субъектҳои таърихи қарз, таъминкунандагони иттилоот, Бюрои таърихи қарз  ва истфодабарандагони ҳисоботи  қарз;

- шартномаи қарз  - шартномаи қарз, шартномаи кредит  ва дигар шартномаҳое, ки барои қарзи молӣ ва ё тиҷоратӣ баста шудаанд;

- истифодабарандагони таърихи қарз- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие,  ки ризоияти субъекти таърихи қарзро барои гирифтани ҳисоботи қарз бо мақсади бастани шартномаи қарз гирифтаанд;

- ризоияти субъекти таърихи қарз – ризоияти  хаттии субъекти таърихи қарз дар хусуси ба истифодабарандаи таърихи қарз додани ҳисоботи қарз дар бораи ў;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

- ҳисоботи қарз – ҳуҷҷати  ба  таркиби таърихи қарз шомилбуда, ки Бюрои таърихи қарз онро ба истифодабарандагони таърихи қарз   пешниҳод менамояд;

- пешниҳоди ҳисоботи қарз - фаъолияти Бюрои таърихи қарз оид ба пешниҳоди иттилооте, ки дар таърихи қарз мавҷуд аст;

- амрнома - супориши мақоми ваколатдор ба Бюрои таърихи қарз дар бобати андешидани  чораҳои амалии ҳатмӣ барои дар мўҳлати муқарраргардида бартараф кардани камбудиҳо;

- ўҳдадориҳои шартӣ ва имконпазир - аккредитивҳои ҷуброннашуда, кафолатномаҳои интишорёфта ё тасдиқшуда, векселҳо ва замонатҳо;

- Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз - қисми таркибии Бонки миллии Тоҷикистон, ки  тибқи Қонуни мазкур таъсис ёфта, манбаи маълумоти асосиро барои пешбурди фаъолияти  Бюрои таърихи қарз, ки аз таърихи қарзи  субъектҳои таърихи қарз иборат аст, ҷамъ меоварад;

- Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз- захираҳои иттилоотии кушод ва дастраси умум, ки дар бораи  Бюрои таърихи қарз маълумотҳоеро дар бар мегирад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор  ба он ворид карда шудаанд;

- мақоми ваколатдор –мақоме, ки фаъолияти Бюрои таърихи қарзро танзим ва назорат менамояд;

- амалиёти факторингӣ - соҳиб шудан ба ҳуқуқи аз харидор талаб намудани пардохти арзиши мол (кор, хизматрасонӣ) бо қабули таваккали пардохт накардан;

- амалиёти форфейтингӣ - иҷрои  ўҳдадории қарзии харидори мол (кор, хизматрасонӣ) бо роҳи харидани вексел, ғайр аз ўҳдадории фурўшанда.

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур муносибатҳои байни Бюрои таърихи қарз, дигар иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарзро, ки дар  фаъолияташон дучори хавфи қарз мегарданд ва субъектҳои таърихи қарз, инчунин мақоми ваколатдорро  фаро мегирад.

 

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таърихи қарз

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таърихи қарз ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

 

Моддаи 5. Принсипҳои ташаккули  таърихи қарз ва истифодаи иттилоот

Ташаккули таърихи қарз ва истифодаи иттилоот бо назардошти принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:

(сархати як хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

- баробарии ҳамаи субъектҳои таърихи қарз;

- истифодаи мақсадноки иттилоот, манбаи маълумоти таърихи қарз ва низоми иттилоотӣ;

- махфӣ нигоҳ доштани  иттилоот;

- таъмини ҳифзи манбаи маълумоти қарз ва низоми дахлдори системаҳои иттилоотӣ;

- дахлнопазирии ҳаёти шахсии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо.

 

БОБИ 2.

ТАНЗИМ ВА  НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ БЮРОИ ТАЪРИХИ  ҚАРЗ

 

Моддаи 6. Мақоме, ки фаъолияти  Бюрои таърихи  қарзро танзим ва назорат менамояд

Танзим ва назорати фаъолияти Бюрои таърихи қарз ва ташаккули таърихи қарз ба Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) вогузор мегардад.

 

Моддаи 7. Салоҳияти мақоми ваколатдор

1. Ба салоҳияти мақоми ваколатдор дохил мешаванд:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

(сархати як хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

- додани иҷозатнома барои  фаъолияти Бюрои  таърихи қарз мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”;

- санҷиши фаъолияти Бюрои таърихи қарз доир ба риояи талаботи иҷозатнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пешниҳоди амрномаҳо ба Бюрои таърихи қарз оиди бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида дар иҷрои санадҳои  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муқаррар кардани муҷозот ба Бюрои таърихи қарз ва шахсони мансабдори онҳо;

- таъсис додан ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз ва феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз;

- баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои фаъолияти Бюрои таърихи қарз.

2. Мақоми ваколатдор санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро оид ба масъалаҳои ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз қабул менамояд:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

-  оид ба талаботи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

-  оид ба талаботи тахассусии муассисон ва роҳбарони Бюрои таърихи қарз;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

- оид ба тартиб, мӯҳлат ва ҳаҷми иттилооту  маълумоте, ки аз ҷониби Бюрои таърихи қарз ба мақоми ваколатдор пешниҳод мегардад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

 

Моддаи 8. Амрнома ва муҷозоти мақоми ваколатдор

1. Дар мавриди риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад оиди бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида ба Бюрои таърихи қарз амрнома равон кунад.

2. Ба сифати муҷозот мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад чораҳои зеринро истифода барад:

- ҷавобгарии маъмурӣ;

- боздоштани амали иҷозатнома;   

- муроҷиат кардан ба суд барои бекор кардани иҷозатнома.

 

Моддаи 9. Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз

1. Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарзро мақоми ваколатдор метавонад бо мақасади зерин таъсис диҳад:

-  ҷамъ овардан ва нигоҳ доштани  иттилооти   таърихи қарз;

-ҷамъ овардан, нигоҳ доштан  ва пешниҳод намудани иттилоот ба истифодабарандагон оиди Бюрои таърихи қарз, ки дар он таърихи қарзи субъекти мушаххас дарҷ гардидааст;

- ҳамоҳангсозии иттилооти байни Бюрои таърихи қарз ва нигоҳдории муваққатии манбаи маълумоти Бюрои таърихи қарзи аз нав ташкилёфта ва ё  барҳамдодашуда.

2. Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз дар мавриди ташаккул ёфтан  қисми муаррифии  ҳамаи таърихи қарзро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зиммаи Бюрои таърихи қарз гузошта шудааст, нигоҳ медорад.

3. Қоидаҳои пешбурд ва мўҳлати нигоҳдорӣ кардани иттилоотро дар  Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз   мақоми ваколатдор  муайян менамояд.

 

БОБИ 3.

ТАШКИЛ ВА АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ БЮРОИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ

 

Моддаи 10. Ташкили  Бюрои таърихи қарз

1. Бюрои таърихи қарз ташкилоти тиҷоратӣ буда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият мекунад.

2. Бюрои таърихи қарз аз лаҳзаи ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифтан, гирифтани иҷозатнома ва ба Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз қайд шудан ҳуқуқи фаъолият намуданро пайдо мекунад.

3. Ягон шахси ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ба истиснои шахси ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур ба сифати Бюрои таърихи қарз фаъолият дорад, наметавонад дар номгўйи худ ибораи “Бюрои таърихи қарз”-ро истифода намояд.

 

Моддаи 11. Намудҳои фаъолияти Бюрои таърихи қарз

1. Намудҳои асосии фаъолияти Бюрои таърихи қарз аз инҳо иборатанд:

- ташаккули таърихи қарз;

- пешниҳод намудани ҳисоботи қарз.

2. Ба намудҳои иловагии фаъолияти Бюрои таърихи қарз дохил мешаванд:

- хизматрасонӣ бо тарзи машварат, ки ба ташаккул ва ошкоркунии таърихи қарз алоқаманд мебошад;

- баҳодиҳӣ ба қобилияти қарзпардозии субъектҳои таърихи қарз дар асоси усули таҳиянамудаи онҳо;

- таҳқиқи  оморӣ бе муаррифии субъектҳои таърихи қарз.

3. Бюрои таърихи қарз ба амалигардонии дигар  намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, ҳуқуқ надорад.

 

Моддаи 12. Талабот ба Бюрои таърихи қарз доир ба ҳимоя ва таъмини нигаҳдории

манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва системаҳои иттилоотии истифодашаванда

Бюрои таърихи қарз ўҳдадор аст, ки дар фаъолияти худ иҷрои тадбирҳои зерини ташкилӣ, техникӣ ва талаботи технологиро таъмин намояд:

- барои  бехатар ҷойгир кардан ва истифода бурдани  системаҳои иттилоотӣ, манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва дигар ҳуҷҷатҳо бино ва техникаи зарурӣ  дошта бошад;

-ҳангоми ташкил ва истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ҷойгир кардани манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва воситаҳои ҳифзи системаҳои иттилоотии мазкур бо шарти ҳатмии такроркунии иттилооти системаи манбаи маълумот аз таҷҳизоти сертификатсияшуда ва таъминоти барномавӣ  истифода намояд;

- дар шартномаҳое, ки бо таъминкунандагони иттилоот ва истифодабарандагони ҳисоботи қарз имзо гардидаанд, ногузирии татбиқи шартҳои муштараки амалӣ гардонидани тадбирҳои ташкилӣ, техникӣ ва талаботи технологии  таъмини ҳифзи барномавиро ҳангоми ташаккул ва истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ташкили манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва воситаҳои ҳифзи системаҳои иттилоотии мазкур  истифода мегарданд, таъмин намояд;

- андешидани дигар тадбирҳои  махфӣ нигоҳ доштани иттилоот доир ба   субъектҳои таърихи қарз.

 

Моддаи 13. Пешбурди Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз

1. Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарзро  мақоми ваколатдор пеш мебарад.

2. Маълумоти Бюрои таърихи қарз дар давоми  панҷ рўзи кории баъди гирифтани иҷозатнома  ба Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз қайд карда мешавад.

 

Моддаи 14. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо  ва иттилооти Бюрои таърихи қарз

1.Тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва иттилооти таърихи қарзро Бюрои таърихи қарз муайян мекунад.

2. Бюрои таърихи қарз  иттилоотро дар давоми панҷ соли пас аз рўзи  гирифтани иттилооти охирин нигоҳ медорад.

3. Пас аз гузаштани мўҳлати нигоҳдорӣ иттилоот оиди таърихи қарз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор нобуд карда мешавад.

 

Моддаи 15. Аз нав ташкил кардан  ва барҳам додани Бюрои таърихи қарз

1. Аз нав ташкил кардан  ва барҳам додани Бюрои таърихи  қарз бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи хусусиятҳои пешбининамудаи моддаи мазкур ба амал бароварда мешавад.

2. Дар ҳолати аз нав ташкил кардани Бюрои таърихи қарз таърихи қарзи дар он маҳфузбуда ба вориси ҳуқуқие,  ки дар Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз ба қайд гирифта шудааст, дода мешавад. Вориси ҳуқуқӣ ўҳдадор аст, ки дар давоми даҳ рўзи кории баъди   гирифтани таърихи қарз манбаи ташкилёбии таърихи қарзро аз ин хусус огоҳ намуда, дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ диҳад.

3. Бюрои таърихи қарз дар ҳолати аз нав ташкил ёфтан ва дар сурати ба қайд гирифта нашудани  вориси ҳуқуқиаш дар Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз,  инчунин дар мавриди барҳам  додан  ҳуқуқ дорад  таърихи қарзи  дар даст доштаашро бо роҳи савдои музояда, ки дар он ҳуқуқи истисноии иштирок карданро танҳо Бюрои таърихи қарз дорад, ба фурўш барорад. Тартиби  доир намудани   савдоро мақоми ваколатдор муқаррар мекунад.

Пас аз анҷоми аз нав ташкил кардан ва барҳам додани Бюрои таърихи қарз манбаи  иттилооти таърихи қарз дар сурати  набудани асосҳои қонунӣ барои интиқоли  он ба шахсони дигари ҳуқуқие, ки ба фаъолияти Бюрои таърихи қарз ваколатдор шудаанд, бояд барои нигаҳдорӣ ба мақоми ваколатдор ба мўҳлати панҷ сол дода шавад ва пас аз он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда шаванд.

4. Қарори доир намудани савдои музоядаро оид ба фурўши  таърихи қарз инҳо   қабул менамоянд:

- мақоми идораи Бюрои таърихи қарз, ки мақоми ваколатдор ба он ҳуқуқи қабул намудани қарори  аз нав ташкил  кардан ва барҳам доданро додааст;

- мудире, ки ба тариқи озмун аз тарафи суд таъин шудааст - дар мавриди  барҳам додани Бюрои таърихи қарз, ба шарте ки он  муфлис эътироф шуда бошад;

- мақоми ваколатдори давлатӣ - дар мавриди аз Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз хориҷ намудани Бюрои таърихи қарз.

5. Ташкилкунандагони савдо вазифадоранд дар давоми се рўзи пас аз қабули қарори  доир намудани музояда мақоми ваколатдорро  аз макону замон, объекти савдо, нархи ибтидоии он огоҳ карда, дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ чоп намоянд.

6. Ҳамаи таърихи қарзҳои ба фурўш гузошташуда дар якҷоягӣ ҳамчун лоти ягона ба савдо гузошта мешавад. Нархи ибтидоии лотро ташкилкунандагони савдо муайян менамоянд ва ғолиби  он  иштирокчие ҳисобида мешавад, ки нархи аз ҳама баландро барои лот пешниҳод намудааст.

7. Агар дар савдо Бюрои таърихи қарз иштирок надошта бошад, савдо беэътибор шуморида мешавад. Дар ҳолати беэътибор эълон намудани савдо ташкилкунандагони он савдои такрорӣ   таъин менамоянд. Дар савдои такрорӣ нархи ибтидоии фурўши лот ба андозаи на кам аз 70 фоизи нархи ибтидоии фурўши аввалаи он муқаррар карда мешавад ва ғолиб  иштирокчие ҳисобида мешавад, ки нархи баландтарро барои лот пешниҳод намудааст.

8. Агар яке аз тарафҳо дар савдо иштирок надошта бошад, савдои такрорӣ беэътибор ҳисобида мешавад. Дар ҳолати баргузорнашуда эълон намудани савдои такрорӣ таърихи қарзро барои нигоҳдорӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ месупоранд, ки  минбаъд он дар  асоси озмун ба ҳар кадоми  Бюрои таърихи қарз бебозгашт дода мешавад. Тартиби гузаронидани озмунро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.

9. Бюрои таърихи қарз  дар давоми сӣ рўзи пас аз гузаронидани охирин савдо  таърихи қарзро ба ғолиби савдо медиҳад.  Бюрои таърихи қарз, ки дар савдо ғолиб омадааст, ўҳдадор аст дар давоми даҳ рўзи ба ў додани таърихи қарз манбаъҳои ташаккули таърихи қарзро аз ин хусус огоҳ карда,  дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ чоп намояд.

 

БОБИ 4.

ҲУҚУҚУ ЎҲДАДОРИҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ СИСТЕМАИ

ТАШАККУЛИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ  ВА ИСТИФОДАИ ОН

 

Моддаи 16. Ҳуқуқу  ўҳдадориҳои  Бюрои  таърихи  қарз

1. Бюрои таърихи қарз ҳуқуқ дорад:

- дар хусуси пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз  бо таъминкунандагон ва ё истифодабарандагони иттилоот шартнома бандад;

- аз таъминкунандагони иттилоот дар бораи субъекти таърихи қарз бе ризоияти субъекти таърихи қарз маълумот гирад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳо (филиалҳо) ва намояндагиҳо кушояд;

- дорои дигар ҳуқуқҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳое бошад, ки мутобиқи  Қонуни мазкур баста шудаанд.

2. Бюрои таърихи қарз ўҳдадор аст:

- таърихи қарзро ташаккул диҳад;

- ҳангоми мавҷудияти тасдиқи гирифтани ризоияти субъекти таърихи қарз ҳисоботи қарзро пешниҳод кунад;

- маълумоти таърихи қарзро, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи  Қонуни мазкур, ошкор накунад;

- ба субъекти таърихи қарз бо тартиби пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои дохилии Бюрои таърихи қарз ҳисоботи ислоҳшудаи қарзро пешниҳод намояд;

- аз рўйи аризаи субъекти таърихи қарз дар бораи манбаи таъминкунандаи иттилоот, ки иттилооти пешниҳоднамудааш аз ҷониби субъекти таърихи қарз мавриди баҳс қарор гирифтааст, ба вай маълумот пешниҳод кунад;

- аз пешниҳоди ҳисоботи қарз даст кашад,  агар дархост бо риоя нагардидани  талаботи муқаррарнамудаи  Қонуни мазкур таҳия шуда бошад;

- аз таъминкунандаи иттилооти таърихи қарз мукаммал ва илова намудани маълумоти воридшударо талаб намояд;

- аз захираҳо ва системаҳои иттилоотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунад;

- хароҷоти манбаи ташаккулёбии таърихи қарзро барои ирсоли иттилоот, ки шартномаи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз пешбинӣ кардааст, ҷуброн кунад;

- дигар талаботро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  (ё) шартномаи  пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз муқаррар кардааст, риоя намояд.

 

Моддаи 17. Таъминкунандагони иттилоот

1. Таъминкунандагони иттилоот инҳоянд:

- бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ (ба ғайр аз ломбардҳо), ширкатҳои лизингӣ (иҷоравӣ);

- шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба қарз  мол мефурўшанд ё хизмат мерасонанд ё мўҳлати пардохти мол ё хизматрасониро ба таъхир меандозанд.

2. Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаи фаъолияти Бюрои таърихи қарз ва ташаккули таърихи қарз барои таъминкунандагони иттилоот дар мавриде ҳатмист, ки ба фаъолияти онҳо чун  таъминкунандагони иттилоот ҷиҳати иштирок дар ташаккул ва ҳифзи манбаи маълумоти таърихи қарз алоқаманд  мебошад.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои  таъминкунандагони иттилоот

1. Таъминкунандагони иттилоот ҳуқуқ доранд:

- аз Бюрои таърихи қарз талаб намоянд, ки маълумоти пешниҳодшударо мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва шартҳои шартнома  истифода баранд;

- мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) шартнома дар бораи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз дигар ҳуқуқҳо  дошта бошанд.

2. Таъминкунандагони иттилоот ўҳдадоранд:

- субъекти таърихи қарзро ба таври хаттӣ оид ба пешниҳод кардани маълумот дар бораи ӯ ба Бюрои таърихи қарз огоҳ намоянд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

- дар бораи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз бо Бюрои таърихи қарз шартнома банданд;

- аз рўйи шартҳо, ҳаҷм ва тартиби муайяннамудаи  Қонуни мазкур ва шартномаи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз ба Бюрои таърихи қарз иттилоот пешниҳод намоянд;

- ба иттилооте, ки ба Бюрои таърихи қарз дода шудааст, бо талаби субъекти таърихи қарз тағйирот ворид намоянд;

- маълумоти мавҷударо оид ба субъекти таърихи қарз айнан ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намоянд;

- захира ва системаҳои иттилоотиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

 

Моддаи 19. Истифодабарандагони ҳисоботи қарз

1. Истифодабарандагони ҳисоботи қарз инҳоянд:

- бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ки барои амалиёти бонкӣ (ба ғайр аз ломбардҳо), ширкатҳои лизингӣ (иҷоравӣ);

-  шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба қарз мол мефурўшанд ва хизмат мерасонанд ё мўҳлати пардохти мол ё хизматрасониро ба таъхир меандозанд;

- субъекти таърихи қарз;

- мақоми давлатӣ, ки молу мулки ғайриманқулро ба қайд мегирад(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

(сархати панҷум хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

2. Шахсони дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми моддаи мазкур нишондодашуда пас аз бастани шартномаи пешниҳоди иттилоот ё гирифтани ҳисоботи қарз бояд дар  Бюрои таърихи қарз, ҳамчун   истифодабарандагони ҳисоботи қарз  ба қайд гирифта шаванд.

 

Моддаи 20. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои истифодабарандагони  ҳисоботи  қарз

1.Истифодабарандагони ҳисоботи қарз ҳуқуқ доранд:

- ҳисоботи қарзро гиранд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуқҳо дошта бошанд.

2. Истифодабарандагони ҳисоботи қарз ўҳдадоранд:

- ба Бюрои таърихи қарз тасдиқномаро дар бораи гирифтани ризоияти субъекти таърихи қарз   пешниҳод намоянд;

-  тағйир ёфтани маълумотеро, ки барояшон ҳангоми чун истифодабарандаи ҳисоботи қарз ҷиҳати ба қайд гирифтан пешниҳод гардидааст, хабар диҳанд;

- махфӣ нигоҳ доштани ҳисоботи қарзро риоя намуда, иттилооти онро ба шахсони сеюм ошкор накунанд;

- иттилооти ҳисоботи қарзро танҳо барои мақсадҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур  истифода баранд;

- бо талаби субъекти таърихи қарз ўро аз мазмуни ҳисоботи қарз огоҳ созанд ё мутобиқи қоидаҳои дохилии истифодабарандаи ҳисоботи қарз нусхаи ҳисоботи қарзро ба ў диҳанд;

- ҳаққи хизмати Бюрои таърихи қарзро барои пешниҳоди ҳисоботи қарз пардохт намоянд, ба истиснои мақоми давлатие, ки ҳуқуқи гирифтани иттилооти қарзро доранд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ўҳдадориҳоро ба зимма гиранд.

 

Моддаи 21. Ҳуқуқҳои субъекти таърихи қарз

Субъекти таърихи қарз ҳуқуқ дорад:

(сархати якум хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

- мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар бораи худ соле  як маротиба  ройгон ва  дигар вақт бо пардохти маблағ  ҳисоботи қарзро гирад;

- ба истифодабарандаи ҳисоботи қарз барои гирифтани ҳисоботи қарз дар бораи худ розигӣ диҳад ва ё надиҳад;

- ҳангоми баррасии дархостномааш барои гирифтани қарз  аз истифодабарандаи ҳисоботи қарз талаб намояд, ки бо ҳисоботи қарз шинос шавад ё мутобиқи қоидаҳои дохилии истифодабарандаи ҳисоботи қарз нусхаи ҳисоботи қарзро, ки истифодабаранда аз Бюрои таърихи қарз гирифтааст, диҳад;

- маълумоти ҳисоботи қарзро бо имконияти гирифтани иттилоот доир ба манбаи ташаккули таърихи қарз мавриди баҳс қарор диҳад;

- аз Бюрои таърихи қарз ҳисоботи ислоҳшудаи қарзро талаб кунад, ба шарте ки ҳисоботи қарзи ба истифодабарандаи ҳисоботи қарз пешниҳодшуда  дар натиҷаи амал ё беамалии кормандони Бюрои таърихи қарз дорои маълумоте бошад, ки ба маълумоти ба Бюрои таърихи қарз пешниҳоднамудаи манбаи иттилоот мувофиқат накунад;

- барои  ислоҳи маълумоти нодуруст ба манбаи иттилоот муроҷиат намояд;

 - аз қонеъ гардонида нашудани аризаи ба таърихи қарз ворид намудани тағйирот аз ҷониби Бюрои таърихи қарз бо тартиби муқарраршуда шикоят намояд.

 

БОБИ 5.

ПЕШНИҲОДИ ИТТИЛООТ БА БЮРОИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ

 

Моддаи 22. Шартҳои умумии пешниҳоди  иттилоот ба Бюрои таърихи  қарз

1. Таъминкунандагони иттилоот, ки дар сархати якуми моддаи 17  зикр шудаанд, ўҳдадоранд иттилооти тибқи Қонуни мазкур муқарраршударо ба як Бюрои таърихи қарз ва ба дигар Бюроҳои таърихи қарз бошад, бо тартиби ихтиёрӣ пешниҳод кунанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

Дигар таъминкунандагони иттилооти таърихи қарз иттилоотро ба Бюрои таърихи қарз ихтиёран пешниҳод менамоянд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

2. Шартҳои ба Бюрои таърихи қарз аз ҷониби онҳо пешниҳод кардани иттилоот ва гирифтани ҳисоботи қарз бо шартномаҳои пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз, ки мутобиқи ҳамин Қонун баста мешаванд, муайян  мегарданд.

3. Иттилоотро таъминкунандагон ба Бюрои таърихи қарз аз тариқи электронӣ пешниҳод мекунанд. Ҳолатҳои дар сабти коғазӣ пешниҳод намудани иттилоот ба воситаи ҳуҷҷатҳои дохилии Бюрои таърихи қарз ва шартномаҳое, ки онҳо бо таъминкунандагони иттилоот мебанданд, муайян карда мешаванд.

4. Иттилооти дар моддаи 23 Қонуни мазкур зикршуда аз тариқи  электронӣ ё сабти коғазӣ  пешниҳод карда мешавад. Тартиби онро  Бюрои таърихи қарз муайян менамояд.

5. Огоҳиномаи хаттии субъектҳои таърихи қарз барои ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани маълумот дар бораи онҳо бояд аз ҷониби таъминкунандагони иттилоот на камтар аз панҷ сол аз рўзи  ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод гардидани иттилооти охирин дар бораи онҳо нигаҳдорӣ карда шаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

 

Моддаи 23. Иттилооте, ки ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод мегардад

1.Иттилооте, ки таъминкунандагон ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод мекунанд, бояд инҳоро дар бар гирад:

- маблағи  қарзи гирифтаи шахс;

- таърихи додани қарз ва таърихи  пардохти он;

- иттилоот дар бораи таркиб ва тарзҳои иҷрои ўҳдадориҳо (ба истиснои иттилооте, ки барои нигаҳдорӣ дар қуттиҳои сейф, ҷевонҳо ва утоқҳои бонк қарор доранд);

- дигар маълумотҳо тибқи мувофиқаи тарафҳо.

Барои мақсадҳои ин банд зери мафҳуми қарз амалиёти кредитӣ, қарзӣ, лизингӣ, факторингӣ, форфейтингӣ, ҳамчунин баҳисобгирии векселҳо, ўҳдадориҳои шартӣ ва имконпазир ва шартҳое, ки ба худ хавфи қарзро доранд, фаҳмида мешавад.

2. Иттилоот дар бораи субъекти таърихи қарз, шахси воқеӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки мутобиқи талаботи қисми якуми моддаи мазкур пешниҳод мегардад, бояд насаб,  ном ва номи падар, санаи таваллуд, ҷойи истиқомат, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, рақами мушаххаси  андозсупорандаро дар бар гирад.

3. Иттилоот дар бораи субъекти таърихи қарз, шахси ҳуқуқӣ, ки мутобиқи талаботи қисми якуми ҳамин модда пешниҳод мегардад, бояд ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, рақам ва таърихи ба сифати шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ  гирифта шудан, рақами мушаххаси андозсупоранда, насаб, ном ва номи падари роҳбарони якум ва рақамҳои мушаххаси  андозсупорандагонро дар бар гирад.

4. Номгўи иттилооте, ки моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, метавонад бо мувофиқаи байни Бюрои таърихи қарз ва таъминкунандаи иттилоот дар асоси шартномаи  онҳо оид ба пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз пурра карда шавад, ба шарте ки ин ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад.

 

Моддаи 24. Ба расмият даровардани  ризоияти субъекти таърихи қарз барои пешниҳоди

иттилоот ва додани ҳисоботи қарз

1.  Огоҳиномаи субъекти таърихи қарз дар бораи ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани иттилооти марбут ба ӯ ва ризоияти ӯ ба додани ҳисоботи қарз ба истифодабарандагони ҳисоботи қарз тариқи хаттӣба расмият дароварда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

2. Ризоияти субъекти таърихи қарз -  шахси воқеӣ  имкон дорад аз ҷониби шахси бовариноке, ки дар асоси ваколатнома амал мекунад ва  он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар гардидааст, ба расмият дароварда шавад.

3.  Барои набудани огоҳиномаи субъекти таърихи қарз оид ба он, ки  дар борааш маълумот ба Бюрои таърихи қарз барои ташаккули таърихи қарз пешниҳод карда  мешавад ё ризоияти ӯ барои додани ҳисоботи қарз, ҳамчунин барои нодуруст ба расмият даровардани он таъминкунандагони иттилоот, истифодабарандагони ҳисоботи қарз ё шахсони масъули онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

 

Моддаи 25. Асос ва мақсадҳои истифодаи иттилоот ва ҳисоботи қарз

1. Шартномаи байни иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз барои пешниҳод намудани иттилоот ба Бюрои таърихи қарз асос шуда метавонад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

2. Бюрои таърихи қарз ҳуқуқ дорад маълумотеро, ки аз таъминкунандагони иттилоот гирифтааст, барои таҳлили маркетингӣ ва оморӣ бидуни нишон додани шахсияти субъекти таърихи қарз истифода барад.

 

БОБИ 6.

МУНОСИБАТҲОИ ТАШКИЛИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ ВА ИСТИФОДАИ ОН

 

Моддаи 26.  Бастани шартнома ва шартҳои он

1. Бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои худ оид ба пешниҳоди иттилоот  ва гирифтани ҳисоботи қарз таъминкунандагони иттилоот, ки дар қисми якуми моддаи 17  Қонуни мазкур зикр шудаанд ва истифодабарандагони ҳисоботи қарз, ки дар сархатҳои якум, дуюм  ва сеюми қисми якуми моддаи 19  Қонуни мазкур оварда шудаанд, ўҳдадоранд, ки бо  Бюрои таърихи қарз дар хусуси пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз шартномаҳо банданд.

2. Шартномаи  пешниҳоди иттилоот ва ё гирифтани ҳисоботи қарз бояд шартҳои зеринро дар бар гирад:

- маълумот дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ё номи пурраи тарафҳо, маълумот дар бораи макони зист ё маҳалли ҷойгиршавӣ ва  маълумоти бонкҳои онҳо;

- мўҳлати амали шартнома, асос ва тартиби тағйир додан, қатъ ва бекор кардани он бо тартиби яктарафа, ҳамчунин андозаи ҷарима барои риоя накардани ўҳдадориҳои шартнома;

- огоҳиномаи хаттии ҳатмии пешакии субъекти таърихи қарз барои ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани иттилоот дар бораи худ ва (ё) гирифтани ризоияти субъекти таърихи қарз барои ба истифодабарандагони ҳисоботи қарз пешниҳод кардани ҳисоботи қарз дар бораи ӯ(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

- намуд, ҳаҷм, мўҳлат (давра ба давра), тартиби пешниҳоди иттилооте, ки таърихи қарзро дар бар мегирад, шартҳои пардохти пули хизматҳое, ки тарафҳои шартнома ба ҷо меоранд, ҳамчунин шартҳои татбиқи муштараки тадбирҳои ташкилӣ, техникӣ ва талаботи технологӣ барои ҳифзи манбаъҳои ташаккули таърихи қарз ва системаҳои истифодашавандаи иттилоот;

- ўҳдадории Бюрои таърихи қарз дар бобати истифодаи иттилооти пешниҳодшаванда, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;

- ўҳдадории Бюрои таърихи қарз дар хусуси риояи реҷаи махфӣ нигоҳ доштани ҳамаи иттилооти гирифташуда ва ошкор намудани он танҳо аз рўйи асос, шартҳо ва тартиби пешбининамудаи  Қонуни мазкур;

- ҳаҷми иттилооте, ки дар ҳисоботи қарз мавҷуд аст ва тартиби гирифтани он;

- ўҳдадории истифодабарандаи ҳисоботи қарз барои паҳн накардани иттилооте, ки дар ҳисоботи қарз мавҷуд аст;

- ҷавобгарии тарафҳо, аз ҷумла ҷавобгарии таъминкунандагони иттилоот дар ҳолати аз ҷониби онҳо ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод гардидани иттилооти нодуруст;

- дигар шартҳо бо ризоияти тарафҳо.

 

Моддаи 27. Бақайдгирӣ дар Бюрои таърихи қарз ба сифати истифодабарандаи ҳисоботи қарз

Барои ба қайд гирифтани истифодабарандагони ҳисоботи қарз дар Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

- ариза барои бақайдгирӣ дар Бюрои таърихи қарз.

- нусхаҳои тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи иҷозатномаҳо ба ташкилотҳо барои машғул шудан ба намудҳои фаъолияти иҷозатдодашуда, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дода шудаанд;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба сифати шахси ҳуқуқӣ;

- маълумот дар бораи насаб, ном, номи падар ва вазифаҳои шахсоне, ки барои пешниҳоди дархост ба Бюрои таърихи қарз ваколатдоранд. Дар мавриди зарурат маълумоти мазкур бо имзои рақамдори электронии ин шахсон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 28. Пешниҳоди ҳисоботи қарз

1. Барои пешниҳоди ҳисоботи қарз ба истифодабарандаи ҳисоботи қарз инҳо асос шуда метавонанд:

-  шартномаи  пешниҳод намудан ва ё гирифтани ҳисоботи қарз;

- ризоияти субъекти таърихи қарз барои пешниҳод кардани ҳисоботи қарз дар бораи худ;

- мувофиқати истифодабарандагони ҳисоботи қарз ба талаботи пешбининамудаи  Қонуни мазкур;

- дархости истифодабарандагони ҳисоботи қарз бо тасдиқи ризоияти субъекти таърихи қарз барои пешниҳоди ҳисоботи қарз.

2. Бюрои таърихи қарз дархостҳои пешниҳоди ҳисоботи қарз  ва ҳисоботҳои пешниҳодшударо ба ҳисоб мегирад.

3. Дархостро аз номи истифодабарандаи ҳисоботи қарз  шахси махсуси ваколатдори  вай, ки барои додани дархост ба Бюрои таърихи қарз  масъул аст, медиҳад ва маълумот доир ба ин шахс дар Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад.

4. Бюрои таърихи қарз ҳисоботи қарзро, ки дар бораи субъекти таърихи қарз аст, дар асоси дархости хаттӣ ба вай пешниҳод мекунад.

5. Дар ҳисоботи қарзе, ки ба субъекти таърихи қарз пешниҳод мегардад, бояд оид ба ҳамаи далелҳои истифодабарандагони  ҳисоботи қарз аз рўйи таърихи қарзи ҳамон субъект маълумот оварда, санаи пешниҳод, ном ва маълумоти истифодабарандагони иттилоот нишон дода шавад.

6. Бюрои таърихи қарз ҳангоми пешниҳоди ҳисоботи қарз ўҳдадор аст, ки  ҳамаи манбаъҳои ташаккули таърихи қарз ва санаи  гирифтани ин иттилоотро нишон диҳад.

7. Ҳисоботи қарз ба мақоми ваколатдор дар асоси дархости ӯ, ба суд дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя), ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ - мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии дар истеҳсолоташонбуда дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) пешниҳод мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)

8. Бюрои таърихи қарз барои таҳрифи иттилооте, ки аз таъминкунандагони иттилоот гирифта шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 29. Пардохти ҳаққи хизматрасонӣ барои пешниҳоди иттилоот ва ҳисоботи қарз

Барои хизматрасониҳои Бюрои таърихи қарз ҳаққи хизмат муайян гардида, андозаю тартиби ситонидани он тибқи шартнома муқаррар  мегардад.

 

БОБИ 7.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 30. Тартиби ҳаллу фасли баҳсҳо

1. Субъекти таърихи қарз ҳуқуқ дорад ба Бюрои таърихи қарз ё таъминкунандагони иттилоот ариза навишта, иттилооти ҳисоботи қарзро мавриди баҳс қарор дода, пешниҳоди иттилооти дурустро талаб намояд. Ба ариза нусхаи ҳуҷҷатҳоро, ки аризадиҳанда ба онҳо даъво дорад, замима кардан мумкин аст.

2. Таъминкунандагони иттилоот ё Бюрои таърихи қарз ўҳдадоранд, ки  дар давоми 15 рўзи кории баъди гирифтани ариза онро баррасӣ намоянд.

3. Агар таҳрифи иттилооте, ки Бюрои таърихи қарз гирифтааст, бо сабаби хатои техникии таъминкунандагони иттилоот ё Бюрои таърихи қарз, дар натиҷаи  амал ё беамалии кормандони онҳо сар зада бошад,  таъминкунандагони иттилоот ўҳдадоранд ба Бюрои таърихи қарз иттилооти дурустро пешниҳод намоянд. Бюрои таърихи қарз ўҳдадор аст, ки ба истифодабарандагони иттилоот ҳисоботи ислоҳшудаи қарзро пешниҳод карда, хароҷоти онро ҷуброн намояд.

4. Агар иттилооти мавриди баҳс ба маълумоти Бюрои таърихи қарз ва таъминкунандагони иттилоот мувофиқ бошад, таъминкунандаи иттилоот ва (ё) Бюрои таърихи қарз  ба аризадиҳанда ҷавоб навишта, талаботи онро қонеъ намегардонад ва манбаи гирифтани маълумоти мавриди баҳсро дар мўҳлати пешбининамудаи қисми дуюми моддаи мазкур нишон медиҳанд.

5. Агар аризадиҳанда баъди рад гардидани аризааш такроран муроҷиат намояд,  хароҷоти додани ариза барои баррасӣ ва ирсоли ҷавоби асоснок ба зиммаи аризадиҳанда вогузор мешавад.

Агар дар тақсими хароҷот ихтилоф ба миён ояд, баҳсҳо бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя  накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя  накардани Қонуни мазкур  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 32.Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ РАҲМОН

 

      ш.Душанбе

26 марти соли 2009,

           № 492