ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ  ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 05/02/2020 - 15:04
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
272
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
08.06.2007

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ

 ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; Қонунҳои ҶТ аз 30.05.2017 с., №1428; аз 28.08.2017 с., №1461; ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1792 )

  Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур

1. Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

2. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

3. Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад. (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )

4. Ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур дар баргузории анъана ва ҷашну маросими суннатиашон озод мебошанд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– анъана - маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ буда, аз насл ба насл мегузарад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)

– маросим - маҷмӯи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)

– ҷашн - таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

БОБИ 2. МАҚОМОТ ОИД БА ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ  ВА ВАКОЛАТИ ОНҲО

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 4. Мақоми ваколатдор оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим

(ҚҶТ 21.07.10. №636; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ 21.07.10. №636; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Қисми дуюм хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 5. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ

1. Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд.

2. Низомномаи комиссияҳои доимии маҳаллиро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот тасдиқ мекунанд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

3. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 51. Комиссияҳои ҷамъиятӣ

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

1. Дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461); (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )

2. Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461); (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )

3. Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

4. Комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461); (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )

5. Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мӯҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳанд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 6. Ваколати Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим

(ҚҶТ аз 21.07.10 с., №636; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

1. Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дорои ваколатҳои зерин мебошанд:  (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №636; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

- назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи талаботи Қонуни мазкур  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

- таҳияи тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

- фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросимро мегузаронанд;  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

- ба қайд гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт;  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

- андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонуни мазкур;  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

- таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ;  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

- расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросим(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

- таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

- талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461);  (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1792 )

2. Дар ҳолати риоя нашудани муқаррароти Қонуни мазкур Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ санади зарурӣ таҳия намуда, онро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ 21.07.10. №636)

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМИ РАСМӢ ВА ОИЛАВӢ

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 7. Ҷашнҳои расмӣ

1. Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар идҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)

2. Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани санаи таъсиси корхонаҳо муассисаҳо ва дигар, , ташкилотҳои давлатӣ, ҳамчунин зодрӯз ва ёдбуди шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.  (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )

3. Оростани зиёфати расмӣ ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи давлатӣ, гирифтани рутба, унвон, мукофотҳои давлатӣ ва дараҷаҳои илмию тахассусӣ манъ аст.

4. Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 8. Зодрӯз

Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Моддаи 9. Хатнасур

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

2. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.

5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муаяйн менамояд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 10. Тӯйи домодию арӯсӣ

1. Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад.  (ҚҶТ 18.06.08. №390)

2. Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

3. Маросими домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

4. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

5. Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

6. Маросими бақайдгири давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронида мешавад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461);  (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )

7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

8. Тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 11. Маросими дафну азодорӣ

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

1. Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.

2. Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Қисми 3 хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

3. Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

4. Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 12. Маросими ҳаҷ

1. Маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешаванд.

2. Ташкили маъракаҳои ҳоҷиталабон ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

3. Тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 13. Ҷои баргузории ҷашну маросим

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

1. Ҷашну маросим дар майдончаҳои (ҳавлиҳои) назди биноҳои истиқоматӣ, дохили хонаҳои шахсӣ ва ё дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

2. Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат мегирад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)

3. Дар ҷашну маросим пошидан ва часпондани пул манъ аст.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ҶАШНУ МАРОСИМ

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 14. Тартиби хизматрасонии ҷашну маросим аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

1. Хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

2. Маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо ӯҳдадоранд хизматрасонии тӯю маъракаҳоро дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

3. Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

БОБИ 41. ӮҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТӮЮ МАЪРАКАҲО

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 141. Ӯҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои  фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 142. Маҳдудият оид ба гузаронидани ҷашну маросим

Дар ҳолатҳои истиноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти тибиӣ ва техногонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд. (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

2. Аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Э. Раҳмонов

 

          ш. Душанбе

8  июни соли 2007, №272