ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1922 ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1920 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1921 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Сшб, 25/04/2023 - 08:41
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
1961
Мақомот: 
Маҷлиси Олӣ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
15.03.2023
(таҳрири Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961 3 моҳ пас аз интишорӣ расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад)
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961 № 1961)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод.612; с.2015, №11, мод.973)
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1252, аз 3.08.2018 № 1551, аз 24.12.2022 № 1943, аз 15.03.2023 № 1961)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии низоми суғуртаи ҳатмии амонату пасандозҳо, аз ҷумла тартиби таъсис ва фаъолияти Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистонро муқаррар карда, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолиро ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- суғурта - муносибат оид ба ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон аз хавфи муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ;
- ҳолати суғуртавӣ - барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ", ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551, аз 15.03.2023 № 1961);
- ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
- бонки мутавассит - бонке, ки барои қабули дороиҳо, уҳдадориҳо ва ё иҷрои вазифаҳои ташкилоти қарзие, ки таҳти маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, таъсис дода шуда, амалиёти ҷудогонаи бонкиро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551, аз 15.03.2023 № 1961));
- амонату пасандоз - маблағе, ки бо шарти пардохти фоизи муайян ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилоти қарзӣ дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
пасандоздор - шахси воқеӣ, аз ҷумла соҳибкори инфиродӣ, инчунин шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми содакардашудаи баҳисобгириро истифода мекунанд ва бо ташкилоти қарзӣ шартномаи пасандози бонкӣ ё шартномаи суратҳисоби бонкӣ бастаанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд - Хазина) - шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ, ки дорои тавозуни мустақил ва мўҳри мудаввар бо сабти номи худ ва акси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ҳимоя менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- пасандозҳои суғурташуда - маблағи суратҳисобҳои амонату пасандозҳое, ки тибқи Қонуни мазкур объекти ҳатмии суғурта мебошанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- касри Хазина - маблағи нокифояи Хазина, ки барои ҷуброни пули суғуртаи пасандоздорон зарур аст;
- пардохтҳо - ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва иловагӣ, ки ташкилотҳои қарзӣ мутобиқи Қонуни мазкур ба Хазина пардохт менамоянд;
- ҷубронпулии суғурта - маблағе, ки пасандоздор ба гирифтани он мутобиқи Қонуни мазкур ҳангоми фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҳуқуқ дорад;
амонат - маблағ ва сарватҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигоҳдорӣ супорида шудаанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- низоми суғуртаи амонату пасандозҳо - ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст;
- бонк-агент - ташкилоти қарзӣ, ки тавассути он Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон мувофиқи Қонуни мазкур пардохт мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551, аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 3. Принсипҳои асосии суғуртаи амонату пасандозҳо
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
Принсипҳои асосии суғуртаи амонату пасандозҳо инҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961):
- ҳатмӣ будани узвият ба Хазина барои ташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи ҷалби амонату пасандозҳоро доранд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- шаффофияти суғурта кардани амонату пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
БОБИ 2. ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
Моддаи 4. Мақоми ҳуқуқии Хазина
1. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ва дорои тавозуни мустақилу муҳр буда, дар асоси оинномаи худ, ки муассисони Хазина тасдиқ кардаанд, фаъолият мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Маҳалли ҷойгиршавии Хазина шаҳри Душанбе мебошад.
3. Хазина фаъолияти худро мутобиқи Қонуни мазкур бе иҷозатнома амалӣ менамояд.
4. Ҳуҷҷати таъсисии Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон Оинномаи он буда, шартҳояш пурра ва дар ҳаҷме, ки нисбати Қонуни мазкур мухолифат накунад, амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
5. Хазина вориси ҳуқуқии Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ буда, мутобиқи Қонуни мазкур ҳуқуқу уҳдадориҳо, молу мулк ва кафолатҳои онро ба зимма мегирад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
6. Муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими бозори сурғурта ва фаъолияти суғуртавӣ ба фаъолияти Хазина татбиқ намегардад.
7. Хазина дар асоси Қонуни мазкур суғуртаи маблағҳои суратҳисобҳои амонату пасандозиро бе бастани шартнома бо ташкилотҳои қарзӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 5. Мақсадҳои Хазина
Мақсадҳои Хазина инҳоянд:
- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта тибқи Қонуни мазкур;
- таъмини фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва мусоидат ба устувории низоми молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Вазифаҳои Хазина
1. Хазина барои ноил гардидан ба мақсадҳои худ:
- ҷубронпулии суғуртаро сари вақт муайян ва ба пасандоздорон пардохт мекунад;
- феҳристдори ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳои аъзои Хазина мебошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
- пардохтҳои ташкилотҳои қарзиро арзёбӣ мекунад;
- ҷамъоварӣ ва баҳисобгирии пардохтпулиҳоеро, ки аз ташкилотҳои қарзӣ гирифта шудаанд, инчунин мониторинги саривақтии онҳоро амалӣ менамояд;
- маълумот, ҳисобот ва иттилоотеро, ки барои фаъолияти Хазина зарур аст, аз ташкилотҳои қарзӣ мегирад;
- бо мақсади андўхти молу мулки Хазина маблағҳои Хазинаро сармоягузорӣ, идора ва ҷойгир мекунад;
- тибқи моддаи 31(1) Қонуни мазкур тавассути маблағгузорӣ дар таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ иштирок менамояд, ки он интиқоли амонату пасандозҳои суғурташударо ба ташкилоти қарзии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит, ҳамчун иҷро намудани уҳдадорӣ аз рўи ҷуброни суғуртавии амонату пасандозҳои бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва Қонуни мазкур пешбинишуда дар назар дорад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551, аз 15.03.2023 № 1961);
- дар сурати касри Хазина барои гирифтани қарз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон андешидани чораҳои ислоҳнамоӣ ва таъсиррасониро нисбат ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми риоя накардани Қонуни мазкур дархост мекунад;
- ҳангоми зарурат ва дар доираи қонун ба ташкилотҳои қарзӣ амрнома дода, иҷрои онро талаб менамояд;
- санадҳои меъёрӣ (қоидаҳо, дастурамалҳо ва ғайра) содир карда, иҷрои онҳоро талаб менамояд;
- бо мақсади нигаҳдории боварии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи таъмини кафолати амонату пасандозҳо аҳли ҷомеаро хабардор менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- хароҷоти амалиётии Хазинаро ҷуброн мекунад;
- вазифаи хизматрасонии молиявиро анҷом медиҳад;
- дигар вазифаҳоро, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои Хазина заруранд, иҷро мекунад.
2. Хазина, аъзои Шўрои нозирон, Раис, кормандони Хазина ва дигар шахсоне, ки тибқи талаботи Қонуни мазкур дар доираи ваколатҳои худ амал мекунанд, барои ҳар гуна зарар ё талафоти расонидаашон ҳангоми иҷро намудани ваколатҳои худ масъул намебошанд.
Моддаи 7. Маблағҳои Хазина
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
1. Маблағҳои Хазина аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:
- пардохтҳои ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина;
- даромад аз сармоягузорӣ;
- маблағи қарзи гирифташуда, аз ҷумла маблағҳое, ки аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз гирифта мешаванд;
- маблағи аз рўйи иҷрои уҳдадориҳои Хазина бадастомада, аз ҷумла аз рўйи ҷубронпулии ба пасандоздорон пардохтшуда, ки манфиатҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур ба Хазина вогузор шудаанд;
- маблағҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
2. Андозаи ҳадди аксари маблағҳои Хазина ба андозаи ҳафт фоизи маблағи умумии амонату пасандозҳои суғурташуда, ки дар ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина мавҷуд аст, муқаррар карда мешавад. Дар ҳолати аз ҳафт фоиз зиёд гардидани андозаи ҳадди аксари маблағҳои Хазина қарори Шўрои нозирони Хазина дар бораи кам кардан ё боздоштани супоридани пардохтҳои тақвимӣ қабул карда мешавад.
3. Андозаи ҳадди ақалли маблағҳои Хазина набояд аз андозае, ки бо мақсади пешгирии касри Хазина дар асоси методологияи тасдиқкардаи Шўрои нозирони Хазина муайян шудааст, камтар бошад. Ҳангоми то андозаи ҳадди ақал кам шудани маблағҳои Хазина ё хавфи ба таври назаррас коҳиш ёфтани он, Хазина ҳуқуқ дорад барои пурра кардани маблағҳо аз манбаъҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида истифода барад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 8. Муносибати Хазина бо давлат
Хазина аз рўи уҳдадориҳои давлат ва давлат аз рўи уҳдадориҳои Хазина ҷавобгар нестанд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 9. Суратҳисобҳои Хазина
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
1. Хазина дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисобҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, инчунин феҳристи маҳфуздоранда дорад, ки дар он бояд маблағҳои молиявии Хазина нигоҳ дошта шаванд.
2. Хизматрасонии суратҳисобҳои Хазина аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси созишномаи байни тарафҳо амалӣ карда мешавад.
3. Хазина метавонад барои иҷрои вазифаҳои худ дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисобҳои дигар дошта бошад.
4. Суратҳисобҳои Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон ва хароҷоти амалиётии он пешбинӣ шуда, метавонанд дар ташкилотҳои қарзӣ ва бонк-агентҳо кушода шаванд.
5. Хазина метавонад дар ташкилотҳои қарзии дигар ва маҳфуздоранда, ки аз ҷониби Шўрои нозирон ҳамчун дорандагони сандуқи коғазҳои қиматноки Хазина тасдиқ шудаанд ва ба таркиби дороиҳои молиявии Хазина дохил мешаванд, феҳристи маҳфуздорандаро кушояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 10. Сармоягузории Хазина
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
1. Хазина метавонад танҳо ба воситаҳои молиявии зерин сармоягузорӣ намояд:
- коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон;
- коғазҳои қиматноки давлатҳои хориҷӣ ё бонкҳои марказии (миллии) хориҷии бонуфуз;
- амонатҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ;
- коғазҳои қиматноки созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ки дорои яке аз ду рейтинги баландтарини агентиҳои рейтингӣ мебошанд;
- коғазҳои қиматноки созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмиядори онҳо мебошад.
2. Талаботи аввалиндараҷа барои сармоягузории маблағҳои Хазина бехатарӣ ва пардохтпазирии маблағҳои ҷойгиркардашуда мебошад.
3. Хазина метавонад дар амалиётҳои РЕПО (хариди (фурўши) коғазҳои қиматнок бо уҳдадории бозфурўши (бозхариди) онҳо дар муҳлат ва бо нархи қаблан муайянгардида) бо мақсади таъмини пардохтпазирӣ ҷиҳати пардохти ҷубронпулии амонату пасандозҳои суғурташуда ва ё пардохти уҳдадориҳои Хазина иштирок намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 10(1). Маблағгузорӣ ба бонки мутавассит
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551)
Дар ҳолати аз ҷониби Хазина ҷудо намудани сармоя ба бонки мутавассит, саҳмияҳои бонки мутавассит дар давоми 1 моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази коғазҳои қиматноки давлатӣ интиқол дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).
Моддаи 11. Ҳисоботдиҳии Хазина
1. Соли молиявии Хазина аз 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.
2. Хазина ба Шўрои нозирони Хазина (минбаъд  - Шўрои нозирон) ҳисоботдиҳанда мебошад.
3. Ҳисоботи солонаи Хазина барои соли молиявӣ аз тарафи Раиси Хазина ҳар сол то 15 феврал ба Шўрои нозирон пешниҳод гардида, он аз тарафи Шўрои нозирон то 15 марта соли молиявии оянда тасдиқ карда мешавад.
4. Маълумоти ҷамъбастӣ дар бораи ҳисоботи солонаи Хазина, ҳисоботи тавозунӣ ва ҳисобот дар бораи фоида ва зарар дар давоми сӣ рўзи баъди аз тарафи Шўрои нозирон тасдиқ гардидани он дар воситаҳои ахбори омма нашр мегардад.
5. Ҳисоботи солонаи Хазина аз инҳо иборат аст:
- ҳисобот дар бораи фаъолияти Хазина дар соли молиявӣ;
- тавозуни муҳосибавии Хазина;
- ҳисобот дар бораи иҷрои харҷнома;
- таҳлили ҳолати низоми суғуртаи амонату пасандозҳо (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- таҳлили истифодаи маблағи Хазина;
- дар бораи фоида ва зарари Хазина;
- тавозуни воситаҳои гардони Хазина;
- нусхаи Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ, ки дар охири соли молиявӣ узви Хазина буданд.
6. Фаъолияти Хазина ҳар сол мавриди санҷиши аудитории берунӣ қарор мегирад.
7. Хазина ҳар сол то 30 апрел ҳисоботи солона ва хулосаи аудитро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
БОБИ 3. УЗВИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ БА ХАЗИНА
Моддаи 12. Узвияти ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина
1. Ҳар як ташкилоти қарзие, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои ҷалби амонату пасандозҳо дорад, узви Хазина мебошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Хазина дар давоми се рўзи кори баъди пардохти ҳаққи узвият ташкилоти қарзиро дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дохил намуда, ба он тасдиқномаи узвиятро медиҳад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 13. Феҳристдории ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
1. Феҳристдории ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ба зиммаи Хазина буда, он ҳар семоҳа дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Хазина ҳангоми бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ бинобар барҳамдиҳии маҷбурӣ ва ё ихтиёрӣ, инчунин азнавташкилдиҳӣ ташкилоти қарзиро аз Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо хориҷ карда, тасдиқномаи узвиятро бозхонд менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
3. Хазина дар давоми се рўзи кори ба ташкилоти қарзӣ дар бораи ба Феҳристи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дохил ё аз он хориҷ кардан ба таври хаттӣ хабар медиҳад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
4. Хазина Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи Шўрои нозирон пеш мебарад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 14. Уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
Ташкилоти қарзии узви Хазина уҳдадор аст (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961):
- мувофиқи Қонуни мазкур пардохтҳоро супорад;
- баҳисобгирии амонату пасандозҳои суғурташударо бо тартибе, ки Хазина муқаррар кардааст ва он ба ташкилоти қарзӣ имконияти гирифтани маълумоти пурраро дар бораи пардохти ҷубронпулии суғурта медиҳад, ба анҷом расонад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- ба Хазина бо тартибе, ки барои иҷрои вазифаҳояш муқаррар кардааст, ҳисобот ва маълумот пешниҳод намояд;
- оид ба дараҷаи суғуртаи амонату пасандозҳо ва узвият ба Хазина дар ҷойҳои намоёни бинои ташкилотҳои қарзӣ маълумот ҷойгир намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- ба пасандоздорон пешниҳоди маълумотро оид ба низоми суғуртаи амонату пасандозҳо бо тартибе, ки Хазина муқаррар кардааст, таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
дар бораи ихтиёран қатъ намудани фаъолияташ пасандоздоронро хабардор намояд;
- ба Хазина оид ба ҳар ҳолате, ки барои иҷрои шартҳои амонату пасандозҳои суғурташуда имкон намедиҳад, фавран хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ фавран ба Хазина дар бораи амонату пасандозҳо маълумоти пурра пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хазина (қоидаҳо, дастурамалҳо ва ғайра)-ро риоя намояд.
БОБИ 4. ПАРДОХТҲО
Моддаи 15. Ҳаққи узвият
1. Ташкилоти қарзӣ дар давоми се рўзи баъди гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 0,5 фоизи ҳадди ақалли сармояи "(фонди)" оинномавӣ ҳаққи бебозгашти узвиятро ба Хазина бо пули миллӣ пардохт мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Ташкилоти қарзие, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ, ба истиснои табдилдиҳӣ, таъсис ёфтааст, аз пардохти ҳаққи узвият озод мебошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
3. Дар ҳолати табдилдиҳии ташкилоти амонатии қарзии хурд ба бонк ҳаққи узвият ба андозаи 0,5 фоизи ҳадди ақалли сармояи (фонди) оинномавии барои бонкҳо муқарраршуда пардохт карда мешавад.
4. Бонки мутавассит аз пардохти ҳаққи узвият ба Хазина озод мебошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 16. Пардохтҳои тақвимӣ
1. Ташкилоти қарзӣ ҳар семоҳа ба андозаи 0,1 фоиз барои амонату пасандозҳо бо пули миллӣ ва 0,3 фоиз барои амонату пасандозҳо бо асъори хориҷӣ аз рўйи бақияи миёнаи семоҳаи гузаштаи онҳо, ки дар ташкилоти қарзӣ мавҷуданд ва бояд суғурта шаванд, пардохтҳои тақвимии бебозгаштро бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ пардохт менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Ташкилоти қарзӣ ба суратҳисоби Хазина то понздаҳуми моҳи якуми пас аз семоҳаи анҷомёфта пардохтҳои тақвимиро пардохт мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
3. Бақияи миёнаи ҳаррўзаи тавозунии амонату пасандозҳои суғурташуда барои семоҳа заминаи ҳисобкунии пардохтҳои тақвимӣ ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
4. Ҳар як ташкилоти қарзӣ уҳдадор аст ҳар семоҳа, бо шарти дар ин муддат дар ташкилоти қарзӣ ҷой доштани ҳолати суғуртавӣ, то рўзи бозхонди иҷозатнома пардохтҳои тақвимии ҳисобшударо ба Хазина пардохт намояд(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 17. Пардохтҳои иловагӣ
1. Ташкилотҳои қарзӣ, ба истиснои ташкилоти қарзие, ки дар он ҳолати суғуртавӣ ба вуқуъ омадааст, бо мақсади рафъи касри Хазина ба андозаи дукаратаи пардохтҳои тақвимӣ ба Хазина пардохтҳои иловагии якдафъаинаро месупоранд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Муҳлати пардохтҳои иловагӣ аз ҷониби Хазина муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 18. Маблағгузории касри Хазина
1. Ҳангоми нарасидани маблағ Хазина ҳуқуқ дорад барои ҷуброни касри он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гирифтани қарз муроҷиат намояд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати Хазина барои ҷуброни касри маблағи он оид ба ҷудо намудани қарз, аз ҷумла шартҳои ҳисобӣ кардан ва баргардонидани қарз қарор қабул менамояд.
Моддаи 19. Баҳисобгирии пардохтҳо
Маблағи ҳаққи узвият, маблағи пардохтҳои тақвимӣ ва иловагӣ, ки ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина пардохт менамоянд, ба хароҷоти амалиётии онҳо ворид карда мешаванд.
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои насупоридани пардохтҳо ва ҳисобҳо
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
1. Ташкилоти қарзӣ дар ҳолати пурра ё сари вақт пардохт накардани пардохтҳои тақвимӣ ё иловагӣ уҳдадор аст иловатан барои ҳар як рўзи таъхир ба андозаи як фоизи маблағи пардохтнашуда ба Хазина ноустуворона супорад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Маблағи ноустуворонаи ҳисобшуда набояд аз маблағи пардохтҳои тақвимӣ барои давраи ҳисоботӣ зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Хазина дар бораи рўёнидани пардохтҳои тақвимӣ, пардохтҳои иловагӣ ва ноустуворона ба ташкилоти қарзӣ огоҳинома ирсол менамояд(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
3. Ҳангоми аз ҷониби ташкилоти қарзӣ дар муҳлати се рўз иҷро накардани огоҳиномаи мазкур, Хазина ҳуқуқ дорад дар бораи рўёнидани пардохтпулиҳои дахлдор бо ариза ба суд муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
4. Дар ҳолати сари вақт, пурра ва ё дуруст пешниҳод накардани пардохтҳо ва ҳисоботҳо аз ҷониби ташкилоти қарзӣ Хазина барои андешидани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбати ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
БОБИ 5. ПАСАНДОЗДОРОН ДАР НИЗОМИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО. ОБЪЕКТИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО. АНДОЗА ВА ТАРТИБИ ПАРДОХТИ ҶУБРОНПУЛИИ СУҒУРТА АЗ РЎИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1252, аз 15.03.2023 № 1961)
Моддаи 21. Ҳуқуқи пасандоздорон
Пасандоздорон ҳуқуқ доранд:
- ҷубронпулии суғуртаро аз рўи амонату пасандозҳо бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур гиранд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- тибқи дархост аз ташкилоти қарзӣ ва Хазина дар бораи узвият ба Хазина ва дар бораи дараҷаи суғуртаи амонату пасандозҳо, ки Хазина барои амонату пасандозҳо муқаррар намудааст, маълумот дастрас намоянд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ аз вай пардохти фарқияти байни маблағи амонату пасандози ибтидоӣ бо фоизҳои то охири рўзи ҳолати суғуртавӣ ҳисобшуда ва ҷубронпулии пардохтшудаи суғуртаро талаб намоянд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 21(1). Объекти ҳатмии суғурта
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
1. Уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ оид ба баргардонидани маблағи амонату пасандозҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ гузоштаи пасандоздорон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, ки бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои амонатии бонкӣ, суратҳисобҳои бонкии кортҳои пардохтӣ ва ё дафтарчаҳои амонатӣ тасдиқ карда шудаанд, объекти ҳатмии суғурта ба ҳисоб мераванд.
2. Ба объекти ҳатмии суғурта инҳо дохил намешаванд:
- ҳисобҳои металлии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- маблағҳои пулӣ ва дороиҳои дар қуттиҳои сейфии бонкӣ гузошташуда;
- сертификатҳои бонкӣ;
- суратҳисобҳои амонату пасандозии шахсони ҳуқуқӣ, ба истиснои субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ;
- суратҳисобҳои амонату пасандозии дар ташкилотҳои қарзии исломӣ кушодашуда;
- маблағҳои электронӣ;
- суратҳисобҳои амонату пасандозие, ки ҳуқуқ ба онҳо ба шахсони дигар дар асоси шартномаи берун аз ташкилоти қарзӣ басташуда дода мешавад;
- суратҳисобҳои амонату пасандозие, ки дорандаи ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо дар ташкилоти қарзӣ муайян нест (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 22. Ҷуброни пули суғуртаи амонату пасандозҳо
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
1. Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина ба пасандоздор маблағи суратҳисобҳои амонату пасандозҳои суғурташударо дар ташкилоти қарзӣ ҷуброн менамояд. Андозаи ҷубронпулӣ аз рўйи амонату пасандозҳои суғурташуда на бештар аз 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби амонату пасандозӣ дошта бошад, он гоҳ ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулӣ дар асоси андозаи умумии маблағи дар суратҳисобҳои амонату пасандозӣ мавҷудбуда ва на зиёда аз андозаи дар қисми 1 моддаи мазкур муқарраршуда пардохт карда мешавад.
3. Агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор суратҳисобҳои амонату пасандозӣ дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад.
4. Фоизҳои амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешаванд. Агар тибқи шартномаи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ сармоякунонии фоизҳо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рўйи маблағи бақияи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
5. Амонату пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рўи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рўзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
6. Пасандозҳое, ки дар суратҳисоби муштараки ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешаванд ва ҷубронпулии суғурта ба соҳибони суратҳисоби амонату пасандоз бо ҳиссаҳои баробар ё ҳиссаҳое, ки байни онҳо мувофиқа шудааст, пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
7. Агар соҳиби суратҳисоби муштараки амонату пасандоз дар ташкилоти қарзӣ ҳисоби дигари амонату пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳиссаи пасандоздори амонату пасандози муштарак бо маблағи дигари ҳисоби амонату пасандоз якҷоя карда, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
8. Агар яке аз падару модар ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани амонату пасандозҳои суратҳисоби кўдаки ноболиғро дошта, манфиати кўдаки ноболиғ дар созишномаи амонату пасандоз бо ташкилоти қарзӣ зикр шуда бошад, дар ин ҳолат ҷубронпулии суғурта барои кўдаки ноболиғ дар асоси боварӣ ба падар ё модар пардохт карда мешавад. Ин амонату пасандоз аз ҳар гуна дигар суратҳисобе, ки кўдаки ноболиғ манфиатдори он мебошад, алоҳида ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
9. Агар васӣ ё парастор ҳуқуқи ихтиёрдории ҳисоби пасандозро дошта, манфиатдори ҳисоби амонату пасандоз дар созишномаи амонату пасандоз бо ташкилоти қарзӣ нишон дода шуда бошад, он гоҳ ин гуна шахс ҳуқуқ дорад ҷубронпулии суғуртаро бо боваринома барои шахсе, ки манфиатдори ҳисоби амонату пасандоз аст, гирад ва ин гуна амонату пасандоз аз ҳар гуна ҳисоби дигаре, ки манфиатдор дорад, алоҳида ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
10. Маблағи суратҳисобҳои амонату пасандози падару модар, васиҳо ва парасторон, ки дар қисмҳои 8 ва 9 моддаи мазкур зикр шудаанд, аз маблағи суратҳисобҳои амонату пасандозҳое, ки ба онҳо шахсан мансубанд, алоҳида ҷуброн карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
11. Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ дар натиҷаи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ ё табдилёбии ду ё зиёда ташкилоти қарзӣ беш аз як суратҳисоби амонату пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳар як суратҳисоби амонату пасандоз ҳамчун як амонату пасандоз дониста, то рўзи пардохти амонату пасандоз ё маблағи суратҳисобҳо, агар бошанд, бояд алоҳида ҷуброн карда шавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
12. барои амонату пасандозҳои суғурташуда, ки аз рўи шартҳои онҳо муҳлати пардохт дар рўзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ фаро нарасидааст, муҳлати пардохт дар ҳамин рўз фарорасида ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
13. Барои пардохти ҷубронпулии суғурта Хазина метавонад бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати хизматрасонии хазинавӣ созишнома бандад.
14. Шахсе, ки аз пасандоздор ҳуқуқи талаб кардани амонату пасандозро баъди фарорасии ҳолати суғуртавӣ соҳиб шудааст, ба гирифтани ҷубронпулӣ аз рўи чунин амонату пасандоз ҳуқуқ надорад, ба истиснои шахси воқеие, ки ҳуқуқи талаб кардани амонату пасандози аз рўи амонату он ба пасандоздор ҷубронпулӣ пардохтнагардидаро бо тартиби мерос соҳиб шудааст. Меросхўр ҳуқуқ дорад аз ҳуқуқҳои пасандоздори фавтида, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, аз лаҳзаи ба меросхўр додани шаҳодатномаи дахлдори ҳуқуқ ба мерос ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи ў ба мерос ё ҳуқуқи истифодаи маблағҳои пулии меросгузор, истифода барад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1943, аз 15.03.2023 № 1961).
15. Ҳангоми бо тартиби мерос ба якчанд шахс гузаштани ҳуқуқи талаб кардани амонату пасандози пасандоздор баъди фарорасии ҳолати суғуртавӣ, ҳар яке аз онҳо ҳуқуқ ба қисми ҷубронпулии ба пасандоздор пардохтнашударо ба андозаи баробар ба ҳуқуқи соҳибшудаи ў барои талаб кардани амонату пасандози мазкур соҳиб мешавад. Пардохти ҷубронпулӣ ба меросхўр аз рўи амонату пасандози мазкур аз пардохти ҷубронпулӣ ба ҳамон меросхўр аз рўи амонату пасандозҳои дигар вобаста намебошад. Андозаи умумии пардохтҳо ба ҳамаи меросхўрон аз рўи амонату пасандозе, ки ҳуқуқи талаб кардан ба он бо тартиби мерос гузаштааст, бо андозаи ниҳоии ҷубронпулӣ аз рўи амонату пасандози муқаррарнамудаи Қонуни мазкур маҳдуд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1943, аз 15.03.2023 № 1961).
16. Андозаи ҷубронпулӣ, ки дар қисми 1 моддаи мазкур муайян шудааст, давра ба давра, вале на камтар аз як маротиба дар се сол бо назардошти раванди рушди низомҳои бонкию молиявӣ ва иқтисодии кишвар, дар ҳолати ба миён омадани зарурат аз нав дида баромада мешавад(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 23. Ҳолатҳои қонеъ нагардонидани талабот
Ба пасандоздор ё шахсе, ки тибқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулиро надорад ва ба Хазина маълумоти бардурўғ ё нодурустро пешниҳод кардааст, маблағ ҷуброн карда намешавад.
Моддаи 24. Ҳолатҳои ҷуброн накардани амонату пасандозҳо
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рўи амонату пасандозҳои зерин пардохт карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961):
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- амонату пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё амонату пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- амонату пасандозҳое, ки аз рўи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- амонату пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551, аз 15.03.2023 № 1961);
- амонату пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- амонату пасандозҳо, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- амонату пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- амонату пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- амонату пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551, аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 25. Қоидаҳои умумии пардохти ҷубронпулии суғурта
1. Пасандоздор ё намояндаи ў ҳуқуқ дорад барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар давоми як соли пас аз рўзи оғози пардохти ҷубронпулии суғурта, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 14 моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинишуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Хазина ба вай муроҷиат кунад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1943, аз 15.03.2023 № 1961).
2. Хазина дар давоми панҷ рўзи пас аз ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ва баъди аз ташкилоти қарзӣ гирифтани маълумоти пурра оид ба уҳдадориҳо дар назди пасандоздорон дар бораи ҷой, вақт ва тартиби қабули дархостҳо барои пардохти ҷубронпулии суғуртаи амонату пасандозҳо дар воситаҳои ахбори омма эълон интишор намуда, нусхаи онро ба ташкилоти қарзӣ ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
3. Хазина на дертар аз 14 рўзи пас аз ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздор оғоз менамояд. Санаи оғози пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздор метавонад аз ҷониби Хазина дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон тамдид карда шавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
4. Бо дархости пасандоздор Хазина маълумотеро, ки дар қисми 2 моддаи мазкур зикр гардидааст, фавран ба вай пешниҳод менамояд.
5. Хазина ба пасандоздор дар давоми панҷ рўзи баъди гирифтани дархост барои пардохти ҷубронпулии суғурта, беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзиро бо нишон додани суратҳисоби амонату пасандоз, инчунин бақияи ҳисобҳо ва фоизҳои ҳисобшударо дар рўзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ва ҷубронпулии суғурта пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
6. Хазина ҷубронпулии суғуртаро дар давоми даҳ рўзи баъди пешниҳоди беруннависи Феҳристи пасандоздорон ба пасандоздор пардохт карда, дар ин бора ташкилоти қарзиро хабардор мекунад.
7. Агар Хазина дар давоми даҳ рўзи баъди пешниҳоди беруннависи Феҳристи пасандоздорон ҷубронпулии суғуртаро пардохт накунад, он гоҳ Хазина барои маблағи пардохтнашуда аз рўи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон то рўзи пардохти ҷубронпулӣ фоиз пардохт мекунад.
8. Ҷубронпулии амонату пасандозҳо имкон дорад аз тарафи Хазина ё бонки хизматрасони вай дар асоси аризаи пасандоздор дар шакли нақдина ва ғайринақдина тавассути гузарондани маблағ ба ҳисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ пардохт карда шавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
9. Интиқоли амонату пасандозҳои суғурташудаи ташкилоти қарзии таҳти таҷдиди сохтор қарордошта ба ташкилоти қарзии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит, тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ҳамчун иҷрои пурраи уҳдадориҳои Хазина дар назди пасандоздорони ҳамин ташкилоти қарзӣ ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551, аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 26. Тамдиди муҳлати пешниҳоди дархост барои гирифтани ҷубронпулӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
1. Пасандоздор ё намояндаи ў бо ариза, ки шаклашро Хазина муқаррар мекунад, барои тамдиди муҳлати гирифтани ҷубронпулии суғурта ба Хазина муроҷиат мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Мутобиқи аризаи пасандоздор Хазина метавонад муҳлати муроҷиати пасандоздорро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар ҳолатҳои зерин тамдид намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961):
- агар пасандоздор мубталои бемории ҷисмонӣ ё рўҳӣ гашта, қобилияти сари вақт муроҷиат карданро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта надошта бошад;
- дар ҳолатҳои фавқулода, инчунин ҳангоми дар хориҷи кишвар, дар хизмати ҳарбӣ, дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ будани пасандоздор, ҳамчунин бо сабабҳои бо ба даст овардан ё кушодани мерос алоқаманд, ки ба пасандоздор барои сари вақт муроҷиат кардан ҷиҳати гирифтани ҷубронпулии суғурта имкон надода бошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 27. Тартиби пардохти ҳаққи дархостҳо барои ҷубронпулӣ баъди тамдиди муҳлат
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
1. Агар Хазина муҳлатро тамдид карда бошад ва дар давоми муҳлати тамдидшуда пасандоздор мутобиқи моддаи 26 Қонуни мазкур бо аризаи пардохти ҷубронпулӣ муроҷиат кунад, он гоҳ Хазина дар давоми панҷ рўзи баъди тамдиди муҳлат беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзиро бо нишон додани суратҳисоби амонату пасандоз ё суратҳисоби пасандоздор бо фоизҳои то рўзи ҳолати суғуртавӣ ҷамъшуда ва ҷубронпулии суғурта ба пасандоздор пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Пасандоздор баъди гирифтани дархости ҷубронпулӣ мутобиқи муҳлати тамдидшудаи дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда ҳуқуқ дорад ҷубронпулиро дар асоси беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзӣ гирад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
3. Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздоре, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр шудааст, дар давоми панҷ рўзи баъди гирифтани дархост пардохт мекунад.
Моддаи 28. Ихтилофот дар мавриди ҷубронпулии суғурта
1. Ҳангоми норозӣ будан аз ҷубронпулии суғурта, пасандоздор метавонад мутобиқи моддаи 27 Қонуни мазкур дар давоми сӣ рўзи баъди гирифтани беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзӣ маълумоти иловагиро ҷиҳати дастгирии аризааш барои ҷубронпулӣ ба Хазина пешниҳод намояд.
2. Хазина маълумоти иловагии мазкурро барои арзёбӣ фавран ба ташкилоти қарзӣ равон мекунад.
3. Ташкилоти қарзӣ дар давоми даҳ рўзи баъди гирифтани маълумоти мазкури Хазина оид ба натиҷаҳои арзёбӣ ба Хазина ба таври хаттӣ хабар медиҳад ва Хазина пасандоздорро аз натиҷаи арзёбӣ фавран хабардор мекунад.
4. Дар сурати баъди чунин арзёбӣ ба мувофиқа расидани пасандоздор ва ташкилоти қарзӣ аз рўи ҷубронпулии суғурта Хазина маблағи мувофиқашудаи ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздор пардохт мекунад.
Моддаи 29. Шикоят аз рўи қарор дар бораи ҷубронпулии суғурта
1. Агар байни пасандоздор ва ташкилоти қарзӣ баъди арзёбӣ, ки дар моддаи 28 Қонуни мазкур зикр гардидааст, аз рўи ҷубронпулии суғурта мувофиқа ба даст наояд, он гоҳ пасандоздор метавонад барои баррасии андозаи пардохтпулии пешниҳодшаванда ба суд муроҷиат намояд.
2. Новобаста ба муқаррароти моддаи 28 Қонуни мазкур пасандоздор, ки бо ҷубронпулии суғурта розӣ нашудааст, метавонад бевосита барои баррасии андозаи маблағи пардохти пешниҳодшаванда ба суд муроҷиат намояд.
3. Хазина ҷубронпулиро дар асоси қарори суд ба пасандоздор фавран пардохт мекунад.
4. Пасандоздор метавонад қарори Хазинаро дар муҳлате, ки дар давоми он аз Хазина ҷубронпулӣ талаб кардан мумкин аст, мавриди шикоят қарор диҳад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 30. Пардохти ҷубронпулии суғурта
Хазина ҷубронпулии суғуртаро пардохт мекунад ё аз бонк-агенти (намояндаи) худ талаб мекунад, ки онро ба пасандоздор пардохт намояд ё бо супориши хаттии пасандоздор ба суратҳисоби вай дар ташкилоти қарзӣ гузаронад.
Моддаи 31. Вогузории ҳуқуқи пасандоздор ба Хазина
1. Хазина ҳуқуқи қарздеҳро дар ҳолатҳои зерин соҳиб мегардад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961):
- дар сурати ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҳуқуқи талаби ҳамаи маблағҳо ва манфиатҳои пасандоздорон баробар ба андозаи маблағи суғурташудаи амонату пасандозҳо, ки аз ҷониби Хазина ҷуброн карда мешавад, ба Хазина мегузарад ва он метавонад нисбат ба чунин талабот аз номи пасандоздор ва ё аз номи Хазина амалҳои ҳуқуқиро иҷро намояд;
- аз рўйи маблағи пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворонаи ҳисобшуда то рўзи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Талаботи бадастовардаи Хазина мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" қонеъ карда мешавад.
Моддаи 31(1). Санҷиши хароҷоти камтарин ва аз байн бурдани хавфи низомӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551)
1. Хазина метавонад барои хароҷоти таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ, ки он интиқоли амонату пасандозҳои суғурташуда ба ташкилоти қарзии дигар, аз ҷумла бонки мутавасситро дар назар дорад, маблағ ҷудо намояд, агар он ба натиҷаи санҷиши хароҷоти камтарин ҷавобгў бошад, яъне хароҷот барои таҷдиди сохтор аз хароҷоти софи Хазина, ки пас аз ҷуброни амонату пасандозҳои суғурташуда дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ва барқароршавии эҳтимолии он ба миён меояд, камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Агар чунин ҳисобида шавад, ки барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ба устувории низоми молиявӣ таҳдид менамояд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи маблағгузории давлатӣ розигӣ диҳад, Хазина метавонад барои хароҷоти таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ, ки он интиқоли амонату пасандозҳои суғурташударо дар назар дорад, маблағ ҷудо намояд, ҳатто агар он ба натиҷаи санҷиши хароҷоти камтарин ҷавобгў набошад, вале ин маблағ набояд аз хароҷоти ҷуброни амонату пасандозҳои суғурташуда дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тарҳи барқароршавии эҳтимолии он зиёд бошад. Ҳар гуна хароҷоти аз ин барзиёд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пўшонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551, аз 15.03.2023 № 1961).
БОБИ 6. ИДОРАКУНИИ ХАЗИНА
Моддаи 32. Идоракунии Хазина
Фаъолияти Хазинаро Раиси Хазина ва Шўрои нозирони Хазина (минбаъд - Шўрои нозирон) идора мекунанд.
Моддаи 33. Шўрои нозирон
1. Шўрои нозирон барои назорати умумии фаъолияти Хазина масъул мебошад.
2. Шўрои нозирон аз ҳайати зерин иборат аст:
- Раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Раиси Шўрои нозирон;
- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон;
- Раиси Хазина.
Моддаи 34. Ҷаласаи Шўрои нозирон
1. Ҷаласаи Шўрои нозирон соле на камтар аз ду маротиба даъват карда мешавад. Ҷаласа аз тарафи Раиси Шўрои нозирон ё на камтар аз се узви Шўрои нозирон даъват карда мешавад.
2. Ҷаласаи Шўрои нозирон ҳангоми иштироки на кам аз чор аъзои он салоҳиятнок мебошад.
3. Қарорҳои Шўрои нозирон бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласа ҳузурдоштаи он қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳо овози раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад.
4. Раиси Шўрои нозирон ё дар набудани раис узви Шўрои нозирон, ки аз тарафи Шўрои нозирон таъин шудааст, дар ҷаласаи Шўрои нозирон раисӣ мекунад.
5. Протоколи ҷаласаи Шўрои нозирон аз тарафи раисикунанда имзо карда мешавад.
6. Тартиби гузаронидани ҷаласаҳо бо Дастури Шўрои нозирон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 35. Ваколатҳои Шўрои нозирон
Шўрои нозирон дорои ваколатҳои зерин аст:
- муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Хазина;
- тасдиқи сохтор ва буҷети солонаи Хазина;
- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси Хазина, муқаррар намудани маоши вазифавии вай;
- баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи солонаи Хазина;
- интихоб ва таъини аудитори берунӣ;
- қабули қарор дар бораи аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани қарзи молиявӣ ҳангоми касри Хазина;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Хазина, ба шарте ки ин тағйиротҳо мухолифи қонун набошанд;
- тасдиқ кардани Дастури Шўрои нозирон;
- тасдиқ кардани сиёсати сармоягузории Хазина;
- тасдиқ кардани барномаҳо оид ба интишори маълумот барои оммаи васеъ дар бораи нақши низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ҷиҳати таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- тасдиқ кардани шакли ҳисоботи ташкилотҳои қарзӣ-аъзои Хазина;
- тасдиқ кардани санадҳои меъёрӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Хазина;
- муқаррар кардани сиёсати Хазина оид ба бархўрди манфиатҳо;
- қабули қарор дар бораи кам кардани андозаи пардохтҳои тақвимӣ на зиёда аз нисфи андозае, ки дар моддаи 16 Қонун муқаррар шудааст, ҳангоми ба андозаи ниҳоӣ расидани маблағҳои Хазина;
- қабули қарор дар бораи муваққатан боздоштани пардохтҳои тақвимии ташкилоти қарзӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" таҳти батанзимдарорӣ қарор дорад ё тибқи нақшаи солимгардонии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқшуда фаъолият дорад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- муайян кардани хусусият ва ҳаҷми вазифаҳои аудити дохилии Хазина ва тасдиқи натиҷаҳои аудит;
- таъини аудитори берунӣ барои гузаронидани санҷиши махсус ва тасдиқи натиҷаҳои он;
- тасдиқи тавсияҳои раиси Хазина оид ба интихоби бонк-агент барои пардохти пули суғурта;
- тасдиқ кардани пардохти амонату пасандозҳои суғурташуда ҳангоми иштирок дар таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ, тавассути интиқоли амонату пасандозҳои суғурташуда ба дигар ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла бонки мутавассит, тибқи моддаи 31(1) Қонуни мазкур (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551, аз 15.03.2023 № 1961);
- қабули қарор дар бораи муваққатан муқаррар кардани андозаи пардохтҳои тақвимӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ то 0,5 фоиз бо мақсади барқароркунии маблағҳои Хазина ва иҷрои уҳдадориҳои Хазина аз рўйи қарзҳои ҷалбшуда (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- иҷрои дигар ваколатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 36. Манъи вогузории ваколатҳо
Дар анҷом додани назорати умумии Хазина Шўрои нозирон наметавонад ваколатҳоеро, ки дар моддаи 35 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ба Раиси Хазина вогузор намояд.
Моддаи 37. Раиси Хазина
1. Раиси Хазина барои идоракунии фаъолияти ҷории Хазина ва иҷрои қарорҳои Шўрои нозирон масъул мебошад.
2. Раиси Хазина ба муҳлати панҷ сол аз ҷониби Шўрои нозирон таъин мегардад. Як шахс ба вазифаи раиси Хазина бештар аз ду муҳлат пай дар пай таъин шуда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
3. Раиси Хазина дорои ваколатҳои зерин аст:
- аз номи Хазина амал намудан, намояндагӣ кардан аз манфиатҳои Хазина;
- тақсими уҳдадориҳои вазифавии кормандон (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- пешниҳоди сохтори Хазина барои тасдиқи Шўрои нозирон;
- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони Хазина ва муқаррар кардани маоши вазифавии онҳо;
- пешниҳоди ахбор ба Шўрои нозирон дар бораи вазъи молиявии Хазина;
- таҳияи буҷети солонаи Хазина ва пешниҳоди он ба Шўрои нозирон;
- пешниҳоди тавсияҳо ба Шўрои нозирон ҷиҳати рушди низоми суғуртаи амонату пасандозҳо (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- таҳияи ҳисоботи солонаи Хазина ва пешниҳоди он ба Шўрои нозирон;
- пешниҳоди ахбор ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ риоя накардани Қонуни мазкур ва дархост барои андешидани чораҳои дахлдор;
- додани амрнома ва дастурҳое, ки барои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷрои Қонуни мазкур заруранд;
- таҳия ва ба Шўрои нозирон пешниҳод кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии дохилии Хазина;
- тамдиди муҳлате, ки дар давоми он пасандоздор метавонад барои ҷубронпулӣ муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- интихоб кардан ва ба баррасии Шўрои нозирон пешниҳод намудани ташкилоти қарзӣ - намояндаи Хазина барои пардохти чубронпулии суғурта;
- таҳия ва ба Шўрои нозирон пешниҳод кардани сиёсати сармоягузорӣ;
- таҳия ва ба Шўрои нозирон пешниҳод кардани барномаҳо оид ба интишори маълумот барои оммаи васеъ дар бораи нақши низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ҷиҳати таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961);
- таҳия ва ба Шўрои нозирон пешниҳод кардани тавсияҳо оид ба қарзгирии Хазина ҳангоми касри Хазина;
- иҷрои дигар ваколатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.
4. Раиси Хазина мумкин аст бинобар содир кардани амалҳое, ки ба манфиат ё эътибори кории Хазина зарар расонидаанд, аз вазифа озод карда шавад.
Моддаи 38. Ҳолатҳое, ки таъини узви Шўрои нозирон, Раиси Хазина ва муовинони ўро истисно менамоянд
Шахс ҳуқуқ надорад узви Шўрои нозирон, Раиси Хазина ё муовини ў бошад, агар вай:
- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад;
- ба талаботи тахассусии дар моддаи 39 Қонуни мазкур муқарраршуда ҷавобгў набошад;
- доғи судӣ дошта бошад;
- бо хешовандон ё ҳар гуна шахси дигаре, ки бо ў хоҷагии умумӣ мебарад, манфиати бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ дорад ва ўро дар ҳолати номувофиқ аз иштирок дар қабули қарори Шўрои нозирон ба худдорӣ маҷбур месозад;
- узви мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор бошад;
- хизматчии давлатӣ бошад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 33 Қонуни мазкур;
- аз вазифа бо ташаббуси маъмурият озод карда шуда бошад.
Моддаи 39. Талаботи тахассусӣ
Шахс ба сифати узви Шўрои нозирон, Раиси Хазина ё муовинони ў мувофиқ нест, агар вай:
- дар мурофиаи муфлисшавӣ қарздор бошад;
- аз тарафи мақоми ваколатдор аз нигоҳи касбӣ бесалоҳият эътироф гардида, аз давом додани фаъолияти касбӣ барканор шуда бошад;
- аз тарафи суд барои назорат ё идоракунии ширкат номувофиқ дониста шуда бошад;
- таҳсилоти олии иқтисодӣ надошта ё дар ин соҳа камтар аз даҳ сол таҷрибаи корӣ дошта бошад.
Моддаи 39(1). Ҳимояи ҳуқуқӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551)
1. Узви Шўрои нозирон, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Хазина, агенти аз ҷониби Хазина таъиншуда, аз ҷумла шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд, барои зарар ё оқибати дигаре, ки бо амал ё беамалии мутобиқи вазифаю уҳдадориҳои хидматӣ ва дар рафти иҷрои онҳо аз номи Хазина расонидаанд, ҷавобгар намебошанд, агар бо санади судӣ исбот нашавад, ки ин гуна амал ё беамалӣ беэҳтиётии дағалона мебошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
2. Хазина ба шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардидае, ки уҳдадориҳои вазифавии худро бовиҷдонона иҷро намудаанд, ҷуброни ҳар гуна хароҷоти марбут ба ҳимояи онҳоро аз даъвои судӣ кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор эътироф шудани онҳо, инчунин дар сурате, ки аз болои чунин қарор дар ҳолатҳои муайян шикоят оварда шудааст. Кафолат ҷуброни ҳама гуна пардохтро аз рўи созиши оштӣ, мутобиқи қарори суд ё ҳуҷҷати иҷро, ки нисбати шахсони мазкур бароварда шудааст, фаро мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551, аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 40. Ҷойҳои холӣ
Дар ҳолати тибқи моддаи 39 Қонуни мазкур ба талаботи тахассусӣ мувофиқ набудани узви Шўрои нозирон ё ба истеъфо рафтани вай Раиси Шўрои нозирон дар шакли хаттӣ дар ин бора ба аъзои Шўрои нозирон хабар медиҳад ва ба ҷойи холишуда аз тарафи мақоми дахлдори таъинкунанда номзад тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 40(1). Аудити дохилӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
1. Аудити дохилии Хазина дар асоси низомнома оид ба сиёсати назорати дохилӣ, ки аз ҷониби Шўрои нозирон тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.
2. Аудитори дохилӣ ҳар сол ба Шўрои нозирон оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ ҳисобот пешниҳод менамояд ва он аз ҷониби Шўрои нозирон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
БОБИ 7. ҲАМКОРИИ ХАЗИНА БО БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 41. Ҳамкории Хазина ва Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои иштирок дар санҷишҳои ташкилоти қарзӣ доир ба масъалаҳои марбут ба андоза ва сохтори уҳдадориҳо аз рўи амонату пасандозҳо, пардохтҳо ва дигар масъалаҳое, ки аз Қонуни мазкур бармеоянд, Хазинаро ҷалб намояд ва ҳар гуна маълумотро аз он дар бораи амонату пасандозҳои суғурташудаи ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади пешгирии вайронкунии Қонуни мазкур талаб кунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 42. Мубодилаи иттилоот
1. Хазина дар бораи ҳама гуна тағйироте, ки ба Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва пардохтҳо ворид мегардад, ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазина иттилооти зеринро пешниҳод менамояд:
- оид ба додани иҷозатнома ба ташкилоти қарзӣ ва бозхонди он;
- дар бораи азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзӣ;
- дар бораи эҳтимолияти ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ё ба вуқуъ омадани он (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).
3. Бонки миллии Тоҷикистон баъди гирифтани қарори суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ нусхаи қарори мазкурро фавран ба Хазина ирсол менамояд.
4. Хазина оид ба ҳар гуна вайронкуниҳои Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти қарзие, ки узви Хазина мебошад, саривақт ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, аз он андешидани чораҳоро барои бартараф кардани камбудиҳо дархост менамояд.
5. Намояндагони Хазина ва Бонки миллии Тоҷикистон барои мубодилаи иттилооте, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, мунтазам вохўриҳо мегузаронанд.
6. Хазина метавонад бо ташкилотҳои хориҷии суғуртаи амонату пасандозҳо ё бо мақомоти дигари ватаниву хориҷӣ оид ба танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ иттилооти заруриро барои иҷрои вазифаҳои худ мубодила намояд. Мубодилаи чунин иттилоот метавонад иттилооти махфиро дар бар гирад, ба шарте ки Хазина боварӣ ҳосил намояд, ки иттилоот барои мақсадҳои танзиму назорат ё батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ истифода мегардад ва риояи талаботи таъмини махфияти чунин иттилоот мувофиқи талаботе, ки нисбат ба Хазина тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551, аз 15.03.2023 № 1961).
7. Барои таъмини иҷрои вазифаҳои худ Хазина метавонад бо тарафҳои дар қисми 6 моддаи мазкур зикргардида оид ба масъалаҳои дастгирӣ ва ҳамкории тарафайн ёддошти тафоҳум ба имзо расонад, ки он доираи масъалаҳои мувофиқашудаи Хазина ва тарафи дигарро вобаста ба мубодилаи иттилоот ва намудҳои дигари ҳамкориву дастгирӣ дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).
Моддаи 43. Махфияти иттилоот
1. Аъзои Шўрои нозирон, кормандони Хазина ва шахсоне, ки зери роҳбарии онҳо кор мекунанд ё аз ҷониби Хазина ҷалб карда мешаванд, бояд иттилоторо оид ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ, ки дар натиҷаи татбиқи ҳамин Қонун дастрас мекунанд, махфӣ нигоҳ доранд.
2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур ҳангоми ифшо намудани иттилоот ба Бонки миллии Тоҷикистон ё мақомоти дигари ватаниву хориҷӣ оид ба танзиму назорат ё батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ ё ташкилотҳои хориҷии суғуртаи амонату пасандозҳо тибқи моддаи 42 Қонуни мазкур татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551, аз 15.03.2023 № 1961).
Моддаи 44. Масъулият аз рўи андозҳо ва боҷҳо
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551)
1. Озод намудани Хазина аз андозбандии ҳар гуна фоидае, ки аз манбаъҳои гуногун мегирад, аз ҷумла аз рўи пардохтҳои аз ташкилотҳои қарзӣ, аз даромади аз сармоягузорӣ, қарзҳо ва дигар пардохтпулиҳои аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
2. Пасандоздорон аз ҳар гуна масъулияти пардохти андоз аз рўи ҳар гуна ҷубронпулиҳои суғурта ва дигар пардохтҳое, ки аз тарафи Хазина ё аз номи он амалӣ мегарданд, озод мебошанд.
3. Хазина тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" аз пардохти боҷи давлатӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 45. Баррасии баҳсҳо
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551)
1. Ташкилоти қарзӣ ё шахси воқеӣ метавонад аз рўи қарори Хазина ва санадҳои дигар дар давоми сӣ рўзи баъди гирифтани онҳо ба суд муроҷиат намояд.
2. Новобаста ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар рафти ҳама гуна баррасии судӣ ё арбитражӣ ба муқобили Хазина, узви Шўрои нозирон, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Хазина, агенти аз ҷониби Хазина таъиншуда, ки вазифаҳояшонро дар назди Хазина иҷро карда истодаанд, инчунин шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд:
- суд ё арбитраж барои қабули қарор ғайриқонунӣ, худсарона ё беасос амал кардани ҷавобгарро дар заминаи далелҳои мавҷуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор метавонад санҷад;
- дар давраи баррасии судӣ ё арбитражӣ, инчунин баррасии шикоятҳо дар ҳамаи марҳилаҳои манбаъда ё баррасии судии дигар бо шикоят алоқаманд, амали қарори таҳти баҳс қарордоштаи Хазина бе маҳдудият идома меёбад ва ба таъхир гузошта, боздошта ё бекор карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои дар амалҳои Хазина исбот шудани аломати ҷиноят ё тарзи дигари ҳуқуқвайронкунии қасдона;
- агар суд ё арбитраж муайян намояд, ки Хазина бо амалҳои худ ба шахсони сеюм зарар расондааст ва барои он ҷавобгар мебошад, ба фоидаи тарафи ҷабрдида ҷуброни моддӣ мерўёнад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).
Моддаи 46.Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 47. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, № 8, мод. 464) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 48. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
2 августи соли 2011 № 758
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" аз 25 июни соли 2003, № 886 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, № 6, мод.340) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Ш. Зуҳуров
ш.Душанбе, 22 и.ни соли 2011 № 479
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
                  Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
       Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 21 июли соли 2011
                № 206