ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1916 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1919 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶОВИДОН ГАРДОНИДАНИ ХОТИРАИ ҲАЛОКШУДАГОН ҲАНГОМИ ҲИФЗИ ВАТАН" Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.10.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1890 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҲАКАМӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 05/02/2020 - 15:33
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
344
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.01.2008

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҲАКАМӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, №1 қисми 2, мод. 10)

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур тартиби таъсис ва фаъолияти судҳои ҳакамиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

2. Ба суди ҳакамӣ аз рўи созишномаи тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ (минбаъд – тарафҳо) мумкин аст баҳси марбути муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ ва иқтисодӣ пешниҳод шавад, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

3. Амали Қонуни мазкур ба арбитражи (ҳакамияти) байналмилалии тиҷоратӣ паҳн намегардад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- суди ҳакамӣ – суди ҳакамии доимоамалкунанда ё суди ҳакамии як бор амалкунанда, ки аз ҷониби тарафҳо барои ҳалли баҳси мушаххас таъсис дода шудааст;

- ҳакам – ҳаками суди ҳакамии доимоамалкунанда ё ин ки шахси воқеие, ки тарафҳо интихоб кардаанд ё бо тартиби мувофиқанамудаи тарафҳо барои ҳалли баҳс дар суди ҳакамии як бор амалкунанда таъин гардидааст;

- муҳокимаи ҳакамӣ – ҷараёни ҳалли баҳс ва қабули ҳалнома дар суди ҳакамӣ;

- созишномаи ҳакамӣ – созишномаи тарафҳо дар бораи супоридани баҳс ба баррасии суди ҳакамӣ;

-тавзеҳоти ҳакамӣ – тавзеҳоти пешбиникардаи шартнома дар бораи баррасӣ шудани баҳс дар суди ҳакамӣ;

- қоидаҳои суди ҳакамии доимоамалкунанда – оинномаҳо, низомномаҳо ва дастурҳои дорои қоидаҳои муҳокимаи ҳакамӣ буда,  аз тарафи шахси ҳуқуқие, ки суди ҳакамии доимоамалкунандаро таъсис додааст, тасдиқ карда шудаанд;

- қоидаҳои муҳокимаи ҳакамӣ – меъёрҳои танзимкунандаи тартиби ҳалли баҳс дар суди ҳакамӣ, ки он қоидаҳои муроҷиатро ба суди ҳакамӣ, интихоби (таъини) ҳакамҳо ва тартиби муҳокимаи ҳакамиро дар бар мегирад;

- тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ – шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеие, ки барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ ба суди ҳакамӣ даъво пешниҳод кардаанд ё ба худи онҳо даъво пешниҳод карда шудааст;

- суди босалоҳият – судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳсҳои тобеи судҳои иқтисодӣ, судҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) оид ба баҳсҳои тобеи судҳои салоҳияти умумӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

 

Моддаи 3. Тартиби таъсис ва фаъолияти судҳои ҳакамӣ

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст судҳои ҳакамии доимоамалкунанда ва як бор амалкунанда таъсис дода шаванд.

2. Судҳои ҳакамии доимоамалкунанда аз тарафи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ – шахсони ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд.

3. Судҳои ҳакамии доимоамалкунанда наметавонанд дар назди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ таъсис дода шаванд.

4. Суди ҳакамии доимоамалкунанда вақте таъсисёфта ҳисобида мешавад, ки шахси ҳуқуқӣ дар бораи таъсиси суди ҳакамии доимоамалкунанда қарор қабул намуда, Низомномаи суди ҳакамии доимоамалкунанда ва рўйхати ҳакамҳоро тасдиқ карда бошад.

5. Шахси ҳуқуқии таъсисдодаи суди ҳакамии доимоамалкунанда ба суди босалоҳияте, ки дар ҳудуди ҷойгиршавии суди ҳакамии доимоамалкунанда ҳокимияти судиро амалӣ менамояд, нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ба таъсис ёфтани суди ҳакамии доимоамалкунанда шаҳодат дода, тибқи қисми чоруми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, мефиристад.

6. Тартиби таъсиси суди ҳакамии як бор амалкунанда бо созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад ва он набояд хилофи муқаррароти моддаҳои 7, 8, 10, 12 ва 13 Қонуни мазкур бошад. Агар дар созишномаи тарафҳо тартиби таъсиси суди ҳакамии як бор амалкунанда муайян нашуда бошад, он гоҳ муқаррароти моддаҳои 7 – 13 Қонуни мазкур татбиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 4. Ба баррасии суди ҳакамӣ супоридани баҳс

1. Баҳс мумкин аст ҷиҳати баррасӣ ба суди ҳакамӣ супорида шавад, агар дар байни тарафҳо созишномаи ҳакамӣ ва ё дар шартнома тавзеҳоти ҳакамӣ мавҷуд бошад.

2. Созишномаи ҳакамӣ дар бораи ба баррасии суди ҳакамӣ додани баҳси бавуҷудомада ё бавуҷудояндаи гражданӣ ва иқтисодӣ дар шакли шартномаи алоҳида баста мешавад.

3. Созишномаи ҳакамиро тарафҳо мумкин аст доир ба ҳамаи баҳсҳо ё баҳсҳои муайяне, ки дар байни тарафҳо оид ба муносибати ҳуқуқии мушаххас ба вуҷуд меоянд, банданд.

4. Созишномаи ҳакамӣ дар бораи ҳалли баҳс аз рўи шартномае, ки шартҳояшро яке аз тарафҳо муайян кардааст, мумкин аст ҳамон вақт боэътибор ҳисобида шавад, ки онро тарафи дигар бо роҳи пурра ҳамроҳ шудан ба шартномаи пешниҳодкардашуда (шартномаи ҳамроҳшавӣ) қабул намояд ва агар чунин созишнома баъди пайдо шудани асос барои пешниҳоди даъво баста шуда бошад.

5. Агар дар рафти баррасӣ намудани баҳс аз ҷониби суди ҳакамӣ муносибатҳои ҳуқуқие ошкор гардад, ки ба тартиби умимии ҳуқуқӣ танзим мешаванд, баррасии чунин бахс қаъткарда шуда, ба тарафҳо фаҳмонда мешавад, ки онҳо метаваонанд барои ҳалли баҳс ба суд муроҷиат намоянд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №862)

 

Моддаи 41. Тобеияти баҳсҳо ба суди ҳакамӣ

Суди ҳакамӣ баҳсҳои марбут ба муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ ва иқтисодиро, ба истиснои баҳсҳои зерин, баррасӣ менамояд:

- дар ораи муқарар намудаи ҳолатҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд;

- дар бораи ҳифзи шаъну шараф ва эътиьорикорӣ;

- оид ба шикоятҳо аз рӯи қарорҳои макомоти баррасикунандаи парвандаҳои маъмурӣ;

- дар бораи муфлисшавӣ;

- дар бораи чуброни зараре, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрванд расонида шудааст;

- баҳсҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии мерос бармеоянд;

- баҳсҳое, ки ҳангоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба миён меоянд;

- баҳсҳои марбут ба тартиб ва шартҳои бастани ақди никоҳ ва бекор кардани ақди никоҳ;

- баҳсҳои мартуб ба муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкие, ки дар оила байни ҳамсарон, падару модар фарзандон ва дигар аъзои оила ба миён меоянд;

- баҳсҳоек, ки дар натиҷаи фарзандхондӣ, васоят ва парастори, ба тарбия қабул кардани кӯдакон ба мийн меоянд;

- баҳсҳои оид ба басташуда эътироф кардани шартномаҳо;

- баҳсҳои манзилӣ;

- баҳсҳои мартуб ба моликияти зеҳнӣ;

- баҳсҳое, кидар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи тарафҳои тартиби дигари баррасии баҳс пешбинӣ шудааст. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №862)

 

Моддаи 5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳои ҳакамӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳои ҳакамӣ ба Коститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон , инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №862)

 

БОБИ 2. СОЗИШНОМАИ ҲАКАМӢ

 

Моддаи 6. Шакл ва мазмуни созишномаи ҳакамӣ

1. Созишномаи ҳакамӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад. Созишномаи ҳакамӣ ба шарте басташуда ҳисобида мешавад, ки он дар ҳуҷҷати имзонамудаи тарафҳо дарҷ ёфта ё бо роҳи мукотиба, огоҳ намудан аз тариқи телетайп, телеграф, инчунин бо истифодаи воситаҳои дигари алоқаи электронӣ ё алоқаи дигаре, ки тасдиқи чунин созишномаро таъмин мекунанд, баста шуда бошад.

2. Созишномаи ҳакамӣ бояд инҳоро пешбинӣ намояд:

- номи тарафҳо;

- предмети баҳс;

- номи суди ҳакамӣ (агар ҳалли баҳс ба зиммаи суди ҳакамии доимоамалкунанда вогузошта шавад);

- шумора, ном, номи падар ва фамилияи ҳакамони интихобшуда;

- муқаррарот дар бораи  қоидаҳои татбиқшаванда;

- мўҳлати баррасии баҳс;

- маҳал ва вақти бастани шартнома.

3. Бо ризоияти тарафҳо дар созишномаи ҳакамӣ метавонад дигар талабот низ пешбинӣ карда шавад.

4. Созишномаи ҳакамӣ дар бораи супоридани баҳс ба суди ҳакамии як бор амалкунанда бояд ба таври илова қоидаҳои муҳокимаи ҳакамиро дар ҳамин суди ҳакамӣ пешбинӣ намояд.

5. Дар созишномаи ҳакамӣ бояд шартҳои пардохти ноустуворона барои иҷро накардани ўҳдадориҳое, ки аз он бармеоянд, дарҷ шуда бошад.

6. Агар тарафҳо дигар хел аҳд накарда бошанд, ҳангоми ба суди ҳакамии доимоамалкунанда супоридани баҳс қоидаҳои суди ҳакамии доимоамалкунанда ҳамчун ҷузъи таркибии созишномаи ҳакамӣ ҳисобида мешаванд.

 

БОБИ 3. ҲАЙАТИ СУДИ ҲАКАМӢ

 

Моддаи 7. Талаботе, ки ба ҳаками суди ҳакамӣ пешниҳод карда мешаванд

1. Шахси воқеие ҳакам интихоб (таъин) мешавад, ки ба холисона ҳал кардани баҳс қодир буда, ба натиҷаи парванда бевосита ё бавосита манфиатдор нест, вобастаи тарафҳо намебошад ва ба иҷрои вазифаи ҳакам бо тартиби мувофиқанамудаи тарафҳо розӣ аст.

2. Ҳаками суди ҳакамӣ, ки баҳсро танҳо баррасӣ мекунад, бояд таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошад. Дар сурати дастҷамъона ҳал кардани баҳс раиси ҳайати суди ҳакамӣ бояд таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошад.

3. Талаботе, ки нисбати тахассуси ҳаками суди ҳакамӣ пешниҳод карда мешаванд, метавонанд бевосита бо мувофиқаи тарафҳо ё бо қоидаҳои муҳокимаи ҳакамӣ муайян карда шаванд.

4. Шахси воқеие, ки дорои қобилияти пурраи амал нест, таҳти васоят ё парасторӣ қарор дорад ё доғи судӣ дошта, он бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барҳам нахўрдааст ё аз ў бардошта нашудааст, ҳаками суди ҳакамӣ шуда наметавонад.

5. Шахси воқеие низ ҳаками суди ҳакамӣ шуда наметавонад, ки тибқи қонун мақоми вазифавиаш (судя, корманди прокуратура ва дигарҳо) барои ҳаками суди ҳакамӣ интихоб (таъин) шудан мувофиқ набошад.

 

Моддаи 8. Шумораи ҳакамон

1. Тарафҳо метавонанд шумораи ҳакамонро мустақилона муайян намоянд, ки он бояд тоқ бошад.

2. Агар тарафҳо дигар хел аҳд накарда бошанд, барои ҳалли баҳс дар суди ҳакамии як бор амалкунанда се ҳакам интихоб (таъин) карда мешавад.

3. Агар шумораи ҳакамон бо қоидаҳои суди ҳакамии доимоамалкунанда муайян карда нашуда бошад, он гоҳ се ҳакам интихоб (таъин) карда мешавад.

 

Моддаи 9. Ташкили ҳайати суди ҳакамӣ

1. Ҳайати суди ҳакамӣ бо роҳи интихоби (таъини) ҳакамон (ҳакам) ташкил меёбад.

2. Дар суди ҳакамии доимоамалкунанда ҳайати суди ҳакамӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои суди ҳакамии доимамалкунанда ташкил карда мешавад.

3. Дар суди ҳакамии як бор амалкунанда ҳайати суди ҳакамӣ бо тартиби мувофиқашудаи тарафҳо ташкил карда мешавад.

4. Агар тарафҳо оид ба дигар ҳолат аҳд накарда бошанд, ҳайати суди ҳакамии як бор амалкунанда бо тартиби зайл ташкил карда мешавад:

- ҳангоми ташкили ҳайати суди ҳакамии иборат аз се ҳакам ҳар кадоме аз тарафҳо як ҳакамро интихоб мекунад ва ду ҳаками ба ин тартиб интихобгардида ҳаками сеюмро интихоб менамоянд;

- агар яке аз тарафҳо ҳакамро дар давоми 15 рўзи аз тарафи дигар гирифтани дархостнома оид ба интихоби ҳакам интихоб накунад ё худ ду ҳаками интихобшуда дар давоми 15 рўзи интихоб гардиданашон ҳаками сеюмро интихоб нанамоянд, баҳс дар суди ҳакамӣ баррасӣ намегардад ва ин баҳс мумкин аст ба баррасии суди босалоҳият дода шавад;

- агар баҳс аз тарафи судяи ҳакамӣ шахсан ҳал карда мешуда бошад ва баъд аз муроҷиат намудани як тараф ба тарафи дигар дар бораи интихоби ҳакам тарафҳо дар давоми 15 рўз ҳакамро интихоб накунанд, он гоҳ баҳс дар суди ҳакамӣ баррасӣ намегардад ва ин баҳс мумкин аст барои баррасӣ ба суди босалоҳият дода шавад.

 

Моддаи 10. Асосҳои рад кардани ҳакам

1. Ҳакам наметавонад дар баррасии парванда иштирок намояд ва баъди таъин ё интихоб гардиданаш бояд  рад карда шавад ва ё худро рад намояд, агар:

- ба натиҷаи баррасии парванда бевосита ё бавосита манфиатдор бошад;

- хешу табори яке аз тарафҳо ё шахсони дигаре бошад, ки дар парванда иштирок доранд ва ё бо ин шахсон ё тарафҳо муносибати хоса дошта бошад;

- баҳс бевосита ё бавосита ба иҷрои ваколатҳои хизматиаш  алоқаманд бошад;

- тараф ба парванда манфиатдор будани ҳакам ё муносибати холисона надоштани ўро баъд аз интихоб ё таъин шуданаш фаҳмида бошад;

- ҳакам пас аз як моҳи таъин ё интихоб шуданаш вазифаҳои худро вобаста ба  парвандаи баррасишаванда  иҷро накарда бошад;

- ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 7 Қонуни мазкур мувофиқ набудани ҳакам ошкор гардад;

- пештар дар парвандаи баррасишаванда ба сифати ҳакам иштирок намуда, вале чун тараф, намояндаи тараф ё ба ҳар кадом дигар сифат рад шуда бошад ё худрадкунӣ изҳор карда бошад.

2. Дар суди ҳакамии як бор амалкунанда бо созишномаи тарафҳо барои рад кардан ё худрадкунии ҳакам мумкин аст асосҳои иловагӣ муқаррар карда шаванд.

 

Моддаи 11. Тартиби рад кардани ҳакам

1. Дар сурати муроҷиат намудан ба ягон шахси воқеӣ ҷиҳати эҳтимолан ҳакам интихоб (таъин) шуданаш, шахси мазкур бояд аз ҳолатҳое хабар диҳад, ки барои рад кардани ў мутобиқи моддаи 10 Қонуни мазкур асос шуда тавонад.

Агар ин ҳолатҳо ҳангоми муҳокимаи ҳакамӣ ба вуқўъ оянд, ҳакам бояд дар ин бора ба тарафҳо фавран хабар диҳад ва номзадиашро рад намояд.

2. Тараф метавонад мутобиқи моддаи 10 Қонуни мазкур танҳо дар мавриде ҳаками интихобшударо рад намояд, ки агар ҳолатҳои барои рад кардан асосгардида ба тараф пас аз интихоби ҳаками радшаванда маълум гашта бошанд.

3. Агар тартиби рад кардани ҳакам аз ҷониби тарафҳо мувофиқа нашуда бошад ва ё бо қоидаҳои суди ҳакамии доимоамалкунанда муайян нагардида бошад, аризаи хаттии асосноки тараф дар бораи рад кардани ҳакам бояд дар давоми панҷ рўзи ба вай маълум гаштани ташкил ёфтани ҳайати суди ҳакамӣ  пешниҳод карда шавад.

Агар ҳаками суди ҳакамӣ, ки ба ў радкунӣ пешниҳод шудааст, худро рад накунад ё тарафи дигар бо рад шудани ҳакам розӣ набошад,  масъалаи рад кардани ҳакам аз ҷониби ҳакамони дигари ҳайати суди ҳакамӣ дар давоми 10 рўзи гирифтани аризаи хаттии асосноки тараф ҳал карда мешавад. Масъалаи рад намудани ҳакаме, ки баҳсҳоро танҳо ҳал мекунад, аз тарафи ҳамин ҳакам ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 12. Қатъи ваколати ҳакам

1. Ваколати ҳакам пас аз 15 рўзи қабули қарор оид ба ҳалли баҳс ва ҳангоми шикоят кардан ё муроҷиат намудан бо асосҳои моддаҳои 34-37 Қонуни мазкур пешбинишуда пас аз дида баромадани онҳо қатъ мегардад.

2. Ваколати ҳакам метавонад бо мувофиқаи тарафҳо, бинобар худрадкунии ҳакам ё рад шудани ҳакам бо асосҳои дар моддаҳои 10 ва 11 Қонуни мазкур пешбинишуда ва ҳамчунин бо сабаби вафоти ҳакам қатъ ёбад.

3. Барои қатъи ваколатҳои ҳакам бо мувофиқаи тарафҳо ва ҳамчунин барои худрадкунии ҳакам имконияти ҳуқуқӣ ва воқеӣ надоштани ҳакам, дар баррасии баҳс иштирок карда натавонистани ў ва дигар сабабҳое, ки ҳакам дар баррасии баҳс муддати дароз иштирок карда наметавонад, асос мешаванд.

4. Дар бораи қатъи ваколати ҳакам таъинот бароварда мешавад.

 

Моддаи 13. Иваз шудани ҳакам

Дар сурати қатъ ёфтани ваколатҳои ҳакам дигар ҳакам мутобиқи қоидаҳое, ки дар интихоби (таъини) ҳаками ивазшуда татбиқ гардида буданд, интихоб (таъин) карда мешавад.

 

БОБИ 4. ХАРОҶОТИ ҲАЛЛИ БАҲС ДАР СУДИ ҲАКАМӢ

 

Моддаи 14. Хароҷоти ҳалли баҳс дар суди ҳакамӣ

1. Хароҷоти ҳалли баҳс дар суди ҳакамӣ аз инҳо иборат аст:

- ҳаққи хизмати ҳакамон;

- хароҷоти ҳакамон бинобар иштирокашон дар муҳокимаи ҳакамӣ, аз ҷумла хароҷоти роҳкиро то ҷои баррасии баҳс;

- маблағе, ки ба экспертон ва тарҷумонҳо пардохт мешавад;

-хароҷоти азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои хаттию  шайъӣ дар маҳалли воқеъ гардидани онҳо аз тарафи ҳакамҳо;

- хароҷоти шоҳидон;

- хароҷоти пардохти хизмати намояндаи тарафе, ки баҳс ба нафъи ў ҳал карда шудааст;

- хароҷоти таъминоти ташкилӣ, моддӣ ва дигар таъминоти муҳокимаи ҳакамӣ;

- дигар хароҷоте, ки аз тарафи суди ҳакамӣ муайян карда мешаванд.

2. Суди ҳакамӣ баъди ташкил ёфтан ҳуқуқ дорад аз тарафҳо талаб намояд, ки барои пўшонидани хароҷот маблағи баробар пешпардохт намоянд.

Агар пешпардохти талабшуда дар давоми 30 рўзи баъди гирифтани дархост пардохт карда нашавад, суди ҳакамӣ аз ин хусус тарафҳоро огоҳ менамояд, то ки ин ё он тараф тавонад маблағи заруриро пардохт намояд.

Агар тарафҳо пешпардохтро мутобиқи андозаву шарти муайянгардида насупоранд, суди ҳакамӣ метавонад муҳокимаи ҳакамиро рад намояд ё боздорад.

3. Суди ҳакамӣ ҳамаи масъалаҳои байни тарафҳоро вобаста ба тақсим намудани хароҷоти баррасии баҳс дар суди ҳакамӣ мустақилона ҳал менамояд, агар дар созишномаи тарафҳо тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

4. Тақсими хароҷоти баррасии баҳс дар байни тарафҳо дар ҳалнома ё таъинот нишон дода мешавад.

5. Муқаррароти тақсим намудани хароҷоти баррасии баҳс байни тарафҳо қисми таркибии ҳалномаи суди ҳакамӣ буда, иҷрояш ҳатмист.

6. Андозаи ҳаққи хизмати ҳакамҳо бо дарназардошти нархи даъво, мураккабии баҳс, вақти барои муҳокимаи ҳакамӣ сарфкардаи ҳакамон ва ҳолатҳои дигари дахлдори парванда муайян карда мешавад.

7. Дар суди ҳакамии доимоамалкунанда андозаи ҳаққи хизмати ҳакамон аз рўи ҳайати суди ҳакамӣ мутобиқи ҷадвали ҳаққи хизмати ҳакамон, ки дар қоидаҳои суди ҳакамии доимоамалкунанда пешбинӣ гардидааст ва дар сурати набудани чунин ҷадвал бо дарназардошти талаботи ҳамин модда муайян карда мешавад.

8. Дар суди ҳакамии як бор амалкунанда андозаи ҳаққи хизмати ҳакамон бо мувофиқаи тарафҳо ва дар сурати набудани чунин мувофиқа аз тарафи суди ҳакамӣ бо назардошти талаботи ҳамин модда муайян карда мешавад.

 

Моддаи 15. Тақсими хароҷот байни тарафҳои баҳс

1. Хароҷоти ҳалли баҳс дар суди ҳакамӣ байни тарафҳо  мувофиқи созишномаи тарафҳо ва дар сурати набудани чунин созишнома мувофиқи талабҳои мутаносибан қонеъгардонидашуда ва радкардашуда аз ҷониби суди ҳакамӣ тақсим карда мешавад.

2. Хароҷоти хизмати намояндаи тарафе, ки суди ҳакамӣ ба фоидаи он ҳалнома қабул кардааст ва ҳамчунин хароҷоти дигари ба муҳокимаи ҳакамӣ вобаста метавонад бо ҳалномаи суди ҳакамӣ ба зиммаи тарафи дигар гузошта шавад, агар талаби ҷуброни хароҷоти дар рафти муҳокимаи ҳакамӣ арзшударо суди ҳакамӣ қонеъ гардонида бошад.

3. Тақсими хароҷоти ҳалли баҳс дар суди ҳакамӣ дар ҳалнома ё таъиноти суди ҳакамӣ нишон дода мешавад.

 

БОБИ 5. МУҲОКИМАИ ҲАКАМӢ

 

Моддаи 16. Аризаи даъвогӣ

1. Даъвогар талаботи худро дар аризаи даъвогӣ ифода намуда, онро ба суди ҳакамӣ пешниҳод менамояд. Нусхаи аризаи даъвогӣ аз тарафи суди ҳакамӣ ба ҷавобгар супорида мешавад.

2. Дар аризаи даъвогӣ бояд инҳо нишон дода шаванд:

- вақти пешниҳоди аризаи даъвогӣ;

- ном ва маҳалли ҷойгиршавии ташкилоте, ки тарафи муҳокимаи ҳакамӣ мебошанд;

- ном, номи падар, фамилия, ҷои истиқомат ва ҷои кори соҳибкорони инфиродӣ ва дигар шахсони воқеие, ки тарафи муҳокимаи ҳакамӣ мебошанд;

- созишномаи ҳакамӣ ё тавзеҳоти ҳакамӣ дар бораи ба баррасии суди ҳакамӣ супоридани ҳалли баҳс;

- талаби даъвогар;

- ҳолатҳое, ки даъвогар талабҳояшро ба онҳо асоснок кардааст;

- далелҳое, ки асоснокии талаботи даъворо тасдиқ менамоянд;

- нархи даъво;

- рўйхати ҳуҷҷатҳо ва дигар маводе, ки ба аризаи даъвогӣ замима карда мешаванд.

3. Аризаи даъвогӣ бояд аз ҷониби даъвогар ё намояндаи он имзо карда шавад. Агар аризаи даъвогиро намояндаи даъвогар имзо карда бошад, ба аризаи даъвогӣ бояд ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намоянда ҳамроҳ карда шавад.

4. Бо қоидаҳои муҳокимаи ҳакамӣ нисбати мазмуну моҳияти аризаи даъвогӣ метавонад талаботҳои иловагӣ пешбинӣ карда шаванд.

 

Моддаи 17. Изҳори назар ба аризаи даъвогӣ

1. Ҷавобгар ҳақ дорад ба аризаи даъвогӣ изҳори назар навишта, ба даъвогар ва суди ҳакамӣ фиристад ва дар он норозигии худро нисбати даъво баён намояд. Изҳори назар ба аризаи даъвогӣ ба даъвогар ва суди ҳакамӣ бо тартиб ва дар мўҳлати дар қоидаҳои муҳокимаи ҳакамӣ пешбинишуда пешниҳод карда мешавад.

2. Агар мўҳлати пешниҳоди изҳори назар ба аризаи даъвогӣ бо қоидаҳои муҳокимаи ҳакамӣ муайян карда нашуда бошад, изҳори назар ба аризаи даъвогӣ то маҷлиси аввалини суди ҳакамӣ фиристода мешавад.

3. Дар рафти муҳокимаи ҳакамӣ тараф ҳақ дорад талаботи даъвогӣ ё норозӣ буданашро аз даъво тағйир диҳад ё ба онҳо илова намояд.

 

Моддаи 18. Пешниҳод намудани даъвои муқобили даъво

1. Ҷавобгар ҳақ дорад, ба даъвогар даъвои муқобили даъво пешниҳод намояд, ба шарте, ки байни талаботи мутақобила ва талаботи даъвогар алоқае мавҷуд бошад ва инчунин ба шарте, ки даъвои муқобили даъво тавонад мутобиқи созишномаи ҳакамӣ аз тарафи суди ҳакамӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.

2. Даъвои муқобили даъворо дар рафти муҳокимаи ҳакамӣ то ҳалнома қабул кардани суди ҳакамӣ пешниҳод намудан мумкин аст.

3. Даъвои муқобили даъво бояд ба талаботи дар қисми дуюми моддаи 16 Қонуни мазкур зикршуда ҷавобгў бошад.

4. Даъвогар метавонад норозигии худро нисбати даъвои муқобили даъво бо тартиб ва дар мўҳлати пешбининамудаи қоидаҳои муҳокимаи ҳакамӣ пешниҳод намояд.

5. Агар тарафҳо маслиҳати дигар накарда бошанд, ҷавобгар ҳақ дорад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи ҳамин модда ба ҳисоб гирифтани талаботи мутақобиларо талаб намояд.

 

Моддаи 19. Қабул кардани ҳуҷҷатҳо ва маводи дигар

1. Ҳуҷҷатҳо ва маводи дигар ба тарафҳо бо тартиби мувофиқа- намудаи онҳо ва ба суроғаи аз тарафи онҳо нишондодашуда фиристода мешаванд.

2. Ҳуҷҷатҳо ва маводи дигар ба охирин ҷои маълумгаштаи ҷойгиршавии ташкилоте, ки тарафи муҳокимаи ҳакамӣ мебошад ё ба ҷои истиқомати соҳибкори инфиродӣ ва ё шахси воқеие, ки тарафи муҳокимаи ҳакамӣ ҳисоб меёбад, бо мактуби фармоишии дорои огоҳинома дар бораи супоридан ё худ бо усули дигаре, ки тасдиқи расидани ҳуҷҷату маводи мазкурро пешбинӣ менамояд, фиристода мешаванд, агар тарафҳо тартиби дигарро байни худ мувофиқа накарда бошанд. Рўзи расидани ҳуҷҷат ва маводҳои дигар рўзи қабул кардани онҳо ҳисоб меёбад.

 

Моддаи 20. Салоҳияти суди ҳакамӣ

1. Суди ҳакамӣ бо риояи талаботи Қонуни мазкур баҳси баррасишавандаро мустақилона ҳал мекунад.

2. Тараф ҳуқуқ дорад дар ибтидои баррасии парванда изҳор намояд, ки суди ҳакамӣ ба ҳал намудани баҳси мавриди баррасӣ салоҳият надорад.

3. Агар дар рафти баҳсро ҳал намудани суди ҳакамӣ масъалае пеш ояд, ки баррасии он бо созишномаи ҳакамӣ пешбинӣ нашудааст ва ё мутобиқи дастури суди ҳакамӣ ё Қонуни мазкур набояд мавриди чунин баррасӣ қарор гирад, тараф ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҳадди салоҳияти худ баромадани суди ҳакамӣ изҳор намояд.

4. Суди ҳакамӣ дар мавридҳои пешбининамудаи қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда бояд баррасии парвандаро мавқуф гузорад ё худ моҳиятан баррасӣ намудани онро то ҳалли масъалаи салоҳияти дахлдор доштани ў боздорад.

Суди ҳакамӣ дар мавридҳои зикршуда аз рўи масъалаҳои салоҳият доштан ё надоштани худ таъиноти асоснок қабул менамояд.

5. Агар суди ҳакамӣ ба хулоса ояд, ки баҳси пешниҳодшударо бинобар салоҳият надоштани худ баррасӣ карда наметавонад, баррасии ҳакамӣ қатъ ёфта, хароҷоти суди ҳакамиро тарафҳо ба андозаи баробар пардохт менамоянд.

6. Ҳангоми қабул кардани даъво суди ҳакамӣ масъалаи мавҷуд будан ва боэътибории созишномаро дар бораи ба баррасии суди ҳакамӣ супоридани баҳс ҳал менамояд. Агар суди ҳакамӣ ба хулоса ояд, ки созишномаи мазкур вуҷуд надорад ё худ беэътибор аст, бояд аз баррасӣ кардани баҳс даст кашад.

7. Дар бораи даст кашидан аз баррасии парванда таъиноти асоснок қабул карда, он ба тарафҳо фиристода мешавад. Дар ин ҳолат ба даъвогар якҷоя бо таъинот маводи даъво низ баргардонида мешавад.

 

Моддаи 21. Принсипҳои муҳокимаи ҳакамӣ

Муҳокимаи ҳакамӣ дар асоси принсипҳои қонуният, ихтиёрӣ, махфӣ, мустақилият ва беғаразии ҳакамон, диспозитивӣ, мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 22. Муайян кардани қоидаҳои муҳокимаи ҳакамӣ

1. Суди ҳакамии доимоамалкунанда муҳокимаи ҳакамиро мутобиқи қоидаҳои суди ҳакамии доимоамалкунанда анҷом медиҳад, агар тарафҳо дар бораи татбиқи қоидаҳои дигари муҳокимаи ҳакамӣ аҳд накарда бошанд.

2. Суди ҳакамии як бор амалкунанда муҳокимаи ҳакамиро аз рўи қоидаҳои мувофиқашудаи тарафҳо анҷом медиҳад.

3. Қоидаҳои муҳокимаи ҳакамӣ, ки бо тарафҳо мутобиқи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда мувофиқа шудаанд, хилофи муқаррароти ҳатмии Қонуни мазкур, ки мувофиқи онҳо ба тарафҳо ҳуқуқи аз рўи масъалаҳои ҷудогона аҳд кардан дода намешавад, буда наметавонанд.

Қоидаҳои муҳокимаи ҳакамии бо тарафҳо мувофиқанашуда бо қоидаҳои суди ҳакамии доимоамалкунанда ва бо Қонуни мазкур муайяннашуда аз ҷониби суди ҳакамӣ муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 23. Маҳалли муҳокимаи ҳакамӣ

1. Тарафҳо дар суди ҳакамии як бор амалкунанда метавонанд бо салоҳдиди худ дар бораи маҳалли муҳокимаи ҳакамӣ аҳд кунанд. Агар чунин аҳд байни тарафҳо набошад, маҳалли муҳокимаи ҳакамиро барои ҳалли баҳс бо назардошти ҳолатҳои парванда, аз ҷумла омили барои тарафҳо муносиб суди ҳакамӣ муайян мекунад.

2. Дар суди ҳакамии доимоамалкунанда маҳалли муҳокимаи ҳакамӣ мутобиқи қоидаҳои суди ҳакамии доимоамалкунанда муайян карда мешавад. Агар дар қоидаҳои суди ҳакамии доимамалкунанда маҳалли муҳокимаи ҳакамӣ ё тартиби муайян намудани он нишон дода нашуда бошад, маҳалли муҳокимаи ҳакамӣ аз тарафи ҳайати суди ҳакамӣ бо дарназардошти ҳолатҳои парванда, аз ҷумла омили барои тарафҳо муносиб муайян карда мешавад.

 

Моддаи 24. Забони муҳокимаи ҳакамӣ

1. Агар тарафҳо  дигар хел аҳд накарда бошанд, муҳокимаи ҳакамӣ ба забони давлатӣ гузаронида мешавад.

2. Тарафе, ки ҳуҷҷат ва маводи дигарро ба забони муҳокимаи ҳакамӣ пешниҳод накардааст, ўҳдадор аст, ки тарҷумаи онҳоро таъмин намояд.

3. Суди ҳакамӣ метавонад аз тарафҳо тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ва дигар маводро ба забони муҳокимаи ҳакамӣ талаб намояд.

 

Моддаи 25. Махфияти муҳокимаи ҳакамӣ

1. Ҳакам ҳақ надорад маълумоти дар рафти муҳокимаи ҳакамӣ ба ў маълумшударо бе ризоияти тарафҳо ё намояндагони онҳо ошкор намояд.

2. Ҳакамро ба сифати шоҳид дар бораи маълумоте, ки дар рафти муҳокимаи ҳакамӣ барояш ошкор шудааст, пурсиш кардан мумкин нест.

 

Моддаи 251. Мӯҳлати муҳокимаи ҳакамии суди ҳаккамӣ

1. Мӯҳлати муҳокимаи ҳакамии баҳсе, ки ба суди ҳакамии навтаъсис супорида  шудааст, набояд аз ворид шудани даъво аз даҳ рӯз зиёд бошад.

2. Дар ҳолати истисноӣ, агар аз рӯи парванда экпертиза ё тадқиқоти дигар гузаронидан лозим бошад, суди ҳакамӣ метавонад мӯҳлати барраси парваандаро ба мӯҳлати гузаронидани экспертиза ё тадқиқоти дигар дароз кунад.

3. Агар мӯҳлати баррасии парванда аздаҳ рӯз тақвими зиёд бошад, он бо созиши тарафҳо то ҳадди муносиб,вале бештар аз даҳ рӯзи тақвими дароз карда мешавад.

 

Моддаи 26. Ваколатҳои суди ҳакамӣ ҷиҳати қабули тадбирҳои  таъминотӣ

Агар тарафҳо дигар хел аҳд накарда бошанд, суди ҳакамӣ метавонад аз рўи муроҷиати ҳар кадоме аз тарафҳо дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои таъминотиеро татбиқ намояд, ки онҳоро зарур мешуморад. Суди ҳакамӣ метавонад аз тарафҳо ба таври дахлдор таъмин намудани даъворо бинобар чунин тадбирҳо талаб намояд.

 

Моддаи 27. Пешниҳоди далел

Ҳар як тараф бояд ҳолатеро, ки барои асосноккунии талабу эътирози худ далел меоварад, исбот намояд. Суди ҳакамӣ ҳақ дорад дар сурати нокифоя ҳисобидани далелҳои пешниҳодшуда аз тарафҳо талаб кунад, ки далелҳои иловагӣ пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 28. Иштироки тарафҳо дар маҷлиси суди ҳакамӣ

1. Агар тарафҳо дигар хел аҳд накарда бошанд, муҳокимаи ҳакамӣ дар маҷлиси суди ҳакамӣ бо иштироки тарафҳо ё намояндагони онҳо гузаронида мешавад.

2. Ба тарафҳо дар бораи вақт ва ҷои маҷлиси суди ҳакамӣ огоҳинома бояд пешакӣ фиристода шавад. Огоҳинома бо тартиби пешбининамудаи моддаи 19 Қонуни мазкур фиристода ва супорида мешавад.

3. Нусхаҳои ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва дигар мавод, ҳамчунин иттилооти дигарро, ки яке аз тарафҳо ба суди ҳакамӣ пешниҳод менамояд, бояд суди ҳакамӣ ба тарафи дигар супорад. Нусхаи хулосаҳои эксперт, ки суди ҳакамӣ ҳалномаи худро бо онҳо асоснок мекунад, бояд аз ҷониби суди ҳакамӣ ба тарафҳо дода шавад.

4. Агар тарафҳо дигар хел аҳд накарда бошанд, суди ҳакамӣ парвандаро дар маҷлиси пўшида баррасӣ менамояд.

5. Ба ҳар тараф барои изҳори мавқеъ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояш бояд имкониятҳои баробар муҳайё карда шаванд.

 

Моддаи 29. Оқибати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва маводи  дигар ё худ ҳозир нашудани тарафҳо

1. Пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва маводи дигар, инчунин ба маҷлиси суди ҳакамӣ ҳозир нашудани тарафҳо ва ё намояндагони онҳо, ки аз вақт ва ҷои маҷлиси суди ҳакамӣ ба таври дахлдор огоҳонида шуда буданд, барои гузаронидани муҳокимаи ҳакамӣ ва қабул намудани ҳалномаи суди ҳакамӣ монеъ шуда наметавонанд, агар сабаби пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва маводи дигар ё ба маҷлиси суди ҳакамӣ ҳозир нашудани тарафҳо ва ё намояндагони онҳо аз ҷониби онҳо узрнок эътироф карда нашуда бошад.

2. Ба муқобили даъво изҳори норозигӣ накардани ҷавобгар чун эътирофи талабҳои даъвогар дониста намешавад.

 

Моддаи 30. Таъин кардан ва гузаронидани экспертиза

1. Суди ҳакамӣ бо мақсади дуруст ҳал намудани баҳс ҳақ дорад тарафҳо ё яке аз тарафҳоро ўҳдадор намояд, ки барои шарҳ додани масъалаҳои дониши махсусро талабкунанда, экспертиза гузаронанд ва дар ин бора суди ҳакамӣ таъиноти дахлдор қабул менамояд. Оқибати ин талабҳоро иҷро накардани тарафҳо бо дастури суди ҳакамӣ ё аз ҷониби ҳаками суди ҳакамии як бор амалкунанда муайян карда мешавад.

2. Асос ва тартиби рад намудани эксперт бо дастури суди ҳакамӣ ё бо созишномаи тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ  муайян карда мешавад.

 

Моддаи 31. Протоколи маҷлиси суди ҳакамӣ

1. Протоколи маҷлиси суди ҳакамӣ танҳо дар мавриди мавҷуд будани созишномаи байни тарафҳо дар бораи тартиб додани протокол ё дар мавриде, ки бо дастури суди ҳакамӣ пешбинӣ шуда бошад, тартиб дода мешавад.

2. Барои навиштани протокол бо мувофиқаи ҳакамон (ҳакам) тарафҳо метавонанд котиби муҳокимаи ҳакамӣ таъин кунанд. Дар сурати набудани котиб ҳакамон метавонанд ўро аз ҳайати суди ҳакамӣ (ғайр аз раис), ки баҳсро ҳал мекунад, интихоб намоянд.

3. Дар протоколи маҷлиси суди ҳакамӣ инҳо дарҷ карда мешаванд:

- вақт ва ҷои баррасии парванда;

- ном, номи падар, фамилияи ҳакамон ва котиб;

- моҳияти баҳс;

- номи тарафҳо, намояндагони онҳо, шоҳидон, коршиносон, шахсони дигаре, ки дар муҳокимаи парванда иштирок менамоянд;

- ариза ва дархости тарафҳо;

- супориш ва талаботе, ки суди ҳакамӣ аз рўи парванда ба тарафҳо пешниҳод намудааст;

- ҷадвали маҷлисҳои суди ҳакамӣ;

- мазмуни баёноти тарафҳо ва шахсони дигаре, ки дар парванда иштирок менамоянд;

- дар рафти баррасии ҳакамӣ пешниҳод карда шудани далелҳо, маълумот дар бораи хулосаи онҳо;

- аз ҷониби тарафҳо мувофиқа шудани масъалаи зарурати нигоҳ доштан ва шароитҳои нигоҳ доштани ҳалномаҳои суди ҳакамӣ;

- хароҷоти тарафҳо.

4. Протокол аз ҷониби котиб ва ҳамаи ҳакамон, ки парвандаро баррасӣ намудаанд, имзо карда мешавад.

5. Асос ва тартиби рад кардани котиб бо дастури суди ҳакамӣ  ё худ бо созишномаи тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 311. Созишномаи онтӣ

1. Тарафҳо дар ҳар марҳилаи муҳокимаи ҳакамӣ то замони аз рӯи моҳияти баҳс қабул кардани ҳалномаи суд оштӣ баста метавонанд.

2. Шартҳои созишномаи оштӣ барои ҳар кадом тараф набояд асоратовар бошанд.

3. Созишномаи оштӣ дар шакли хаттӣ аз ҷониби тарафҳо тартиб дода шуда, ба суди ҳакамӣ пешниҳод карда мешавад, ки ба он тарафҳо имзо мегузоранд. Дар созишномаи оштӣ шартҳои созиш ва оқибатҳои иҷро нагардидани шартҳои созиш нишон  дода мешавад.

4. Суди ҳакамӣ созишномаи оштиро тасдиқ намуда, баррасии парвандаро бо таъиноти худ қаът мекунад.

5. Суди ҳакамӣ ба тарафҳо оқибати созишномаи оштиро фаҳмонда, аз онҳо забонхат мегирад, ки он ба маводи парванда замима карда  мешавад.(ҚҶТ аз 03.07.2012с., №862)

 

БОБИ 6. ҲАЛНОМАИ СУДИ ҲАКАМӢ

 

Моддаи 32. Аз ҷониби суди ҳакамӣ қабул  шудани ҳалнома

1. Суди ҳакамӣ баъди таҳқиқи ҳолатҳои парванда бо аксарияти овози ҳакамони ҳайати суди ҳакамӣ ҳалнома қабул мекунад.

Ҳалнома дар маҷлиси суди ҳакамӣ эълон карда мешавад.

Суди ҳакамӣ метавонад танҳо қисми хулосавии ҳалномаро эълон намояд. Агар тарафҳо мўҳлати фиристодани ҳалномаро бо ҳам мувофиқа накарда бошанд, ҳалнома ба тарафҳо дар давоми 15 рўзи эълон кардани қисми хулосавии ҳалнома фиристода мешавад.

2. Суди ҳакамӣ метавонад дар мавриди зарурат қабули ҳалномаро мавқуф гузорад ва тарафҳоро бо риояи муқаррароти қисми сеюми моддаи 28 Қонуни мазкур ба маҷлиси иловагӣ даъват намояд.

3. Суди ҳакамӣ бо дархости тарафҳо дар бораи тасдиқи созишномаи оштӣ ҳалнома қабул мекунад, ба шарте ки созишномаи оштӣ хилофи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ набошад ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дигарро вайрон накунад. Мазмуни созишномаи оштӣ дар ҳалномаи суди ҳакамӣ ифода меёбад.

4. Ҳалномаи суди ҳакамӣ дар ҷои гузаронидаи муҳокимаи ҳакамӣ ва дар рўзи ба он имзо намудани ҳакамони ҳайати суди ҳакамӣ қабулшуда ҳисоб меёбад.

 

Моддаи 33. Шакл ва мазмуни ҳалномаи суди ҳакамӣ

1. Ҳалномаи суди ҳакамӣ хаттӣ ифода ёфта, онро ҳакамони ҳайати суди ҳакамӣ, аз ҷумла ҳакаме, ки мулоҳизаи хос дорад, имзо мекунанд. Мулоҳизаи хоси ҳакам ба ҳалномаи суди ҳакамӣ замима мегардад. Агар муҳокимаи ҳакамӣ дастҷамъона анҷом дода шуда бошад, ҳалнома метавонад аз ҷониби аксарияти ҳакамони ҳайати суди ҳакамӣ бо шарти нишон додани сабабҳои узрнок, набудани имзои ҳакамони дигар ба имзо расонида шавад.

2. Дар ҳалномаи суди ҳакамӣ бояд инҳо зикр ёбанд:

- вақти қабули ҳалнома;

- ҷои муҳокимаи ҳакамӣ, ки мутобиқи моддаи 23 Қонуни мазкур муайян карда шудааст;

- ҳайати суди ҳакамӣ ва тартиби ташкили он;

- ном ва ҷои воқеъ гаштани ташкилотҳое, ки тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ мебошанд;

- ном, номи падар, фамилия, санаю ҷои таваллуд, ҷои истиқомат ва ҷои кори соҳибкорони инфиродӣ – шахсони вақеие, ки тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ мебошанд;

- созишномаи ҳакамӣ ё тавзеҳоти ҳакамӣ;

- талаби даъвогар ва изҳори норозигии ҷавобгар, дархости тарафҳо;

- ҳолатҳои парванда, ки суди ҳакамӣ муқаррар намудааст, далелҳое, ки хулосаҳои суди ҳакамӣ доир ба ин ҳолатҳо асос ёфтаанд, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст ва анъанаҳои муомилоти корӣ, ки суди ҳакамӣ ҳангоми қабули ҳалнома ба роҳбарӣ гирифтааст.

Қисми хулосавии ҳалнома бояд хулосаи суди ҳакамиро дар бораи қонеъ гардонидан ё қонеъ нагардонидани ҳар талаби даъвои пешниҳодшуда дар бар гирад. Дар қисми хулосавӣ хароҷоти вобаста ба ҳалли баҳс дар суди ҳакамӣ, тақсими ин маблағ дар байни тарафҳо ва ҳангоми зарурат мўҳлат ва тартиби иҷрои ҳалномаи қабулшуда нишон дода мешавад.

3. Пас аз қабул гардидани ҳалнома бояд нусхаи он ба тарафҳо супорида ё фиристода шавад.

 

Моддаи 34. Ҳалномаи иловагӣ

1. Агар тарафҳо дигар хел аҳд накарда бошанд, ҳар кадоми онҳо тарафи дигарро аз ин хусус огоҳ намуда, метавонад пас аз 10 рўзи гирифтани ҳалномаи суди ҳакамӣ бо ариза ба ҳамон суди ҳакамӣ муроҷиат намояд, ки нисбат ба талабҳои дар рафти муҳокимаи ҳакамӣ пешниҳодшуда, вале дар ҳалнома инъикоснаёфта ҳалномаи иловагӣ қабул кунад. Ин аризаро ҳайати суди ҳакамие, ки баҳсро ҳал намудааст, бояд дар давоми 10 рўзи пас аз гирифтани он баррасӣ намояд.

2. Аз рўи натиҷаи баррасии аризаи дахлдор ҳалномаи иловагие, ки он ҷузъи таркибии ҳалномаи суди ҳакамӣ мебошад, қабул карда мешавад ё дар бораи қонеъ нагардидани ариза дар бораи қабули ҳалномаи иловагӣ таъинот бароварда мешавад.

 

Моддаи 35. Шарҳи ҳалнома

1. Агар тарафҳо  дигар хел аҳд накарда бошанд, ҳар кадоми онҳо аз ин хусус тарафи дигарро огоҳ намуда, метавонад дар давоми 10 рўзи гирифтани ҳалномаи суди ҳакамӣ бо ариза ба ҳамон суди ҳакамӣ дар бораи шарҳ додани ҳалнома муроҷиат намояд. Ариза дар бораи шарҳ додани ҳалнома бояд дар давоми 10 рўзи гирифтани он аз тарафи ҳайати суди ҳакамие, ки баҳсро ҳал кардааст, баррасӣ шавад.

2. Суди ҳакамӣ ҳақ дорад ҳалномаи қабулкардаро бе тағйир додани мазмун шарҳ диҳад.

3. Аз рўи натиҷаи баррасии аризаи дахлдор таъинот оид ба шарҳи ҳалнома, ки он ҷузъи таркибии ҳалномаи суди ҳакамӣ мебошад ё таъинот дар бораи даст кашидан аз шарҳ надодани ҳалнома қабул карда мешавад.

 

Моддаи 36. Ислоҳи саҳву иштибоҳ ва ғалатҳои арифметикии ҳалнома

1. Суди ҳакамӣ дар асоси аризаи ҳар кадом тараф ё бо ташаббуси худ саҳву иштибоҳ ё ғалатҳои арифметикии ҳалномаро ислоҳ менамояд.

2. Дар бораи ислоҳи саҳву иштибоҳ ва ғалатҳои арифметикии ҳалнома таъинот қабул карда мешавад, ки он ҷузъи таркибии ҳалнома ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 37. Таъиноти суди ҳакамӣ

Суди ҳакамӣ аз рўи масъалаҳое, ки ба моҳияти баҳс дахл надоранд, таъинот қабул мекунад.

 

Моддаи 38. Қатъ гаштани муҳокимаи ҳакамӣ

Суди ҳакамӣ дар бораи қатъ гаштани муҳокимаи ҳакамӣ таъинот мебарорад, агар:

- даъвогар аз талабҳояш даст кашад ва ҷавобгар ба қатъ гаштани муҳокимаи ҳакамӣ изҳори норозигӣ накунад;

- тарафҳо дар бораи қатъи муҳокимаи ҳакамӣ ба созиш омада бошанд;

- баҳс дар тобеияти суди ҳакамӣ набошад;

- суди ҳакамӣ дар бораи тасдиқи созишномаи оштӣ таъинот қабул карда бошад;

- ташкилоте, ки тарафи муҳокимаи ҳакамӣ аст, барҳам хўрда бошад;

- соҳибкори инфиродӣ ё шахси воқеӣ, ки тарафи муҳокимаи ҳакамӣ мебошад, вафот карда бошад ва ё худ фавтида эълон шуда бошад  ё бедарак ғоибшуда эътироф шуда бошад;

         - ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суди салоҳияти умумӣ, суди иқтисодӣ ё суди ҳакамӣ аз рўи баҳси байни тарафҳо доир ба ҳамон мавзўъ ва аз рўи ҳамон асос қабулшуда мавҷуд бошад.

 

Моддаи 39. Нигоҳдории ҳалномаҳо ва парвандаҳо

1. Парвандае, ки аз ҷониби суди ҳакамии як бор амалкунанда баррасӣ шудааст, барои нигоҳдорӣ ба мақомоти давлатӣ бо тартиби муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» супорида мешавад.

2. Агар дар қоидаҳои суди ҳакамии доимоамалкунанда тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, парвандаи баррасинамудаи суди ҳакамии доимоамалкунанда дар ҳамин суди ҳакамӣ аз санаи қабули ҳалнома дар давоми 5 сол нигоҳ дошта мешавад.

 

БОБИ 7. ШИКОЯТ КАРДАН АЗ ҲАЛНОМАИ СУДИ ҲАКАМӢ

 

Моддаи 40. Шикоят кардан аз ҳалномаи суди ҳакамӣ дар суди босалоҳият

Агар дар созишномаи ҳакамӣ қатъияти қарори суди ҳакамӣ пешбинӣ нашуда бошад, тарафи дар парванда иштирокдошта метавонад дар давоми се моҳи гирифтани ҳалномаи суди ҳакамӣ дар бораи бекор кардани он ба суди босалоҳият бо ариза шикоят намояд.

 

Моддаи 41. Тартиби шикоят кардан аз ҳалномаи суди ҳакамӣ

Тартиби ба суди босалоҳият шикоят кардан аз ҳалномаи суди ҳакамӣ, аз ҷониби суди босалоҳият баррасӣ шудани ариза дар бораи бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ ва қабул намудани ҳалнома дар бораи қонеъ гардонидан ё қонеъ нагардонидани ариза бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 42. Асосҳои бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ

Ҳалномаи суди ҳакамӣ аз ҷониби суди босалоҳият мумкин аст дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ бекор карда шавад.

 

Моддаи 43. Оқибати бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ

Дар сурати ҳалномаи суди ҳакамиро бекор кардани суди босалоҳият ҳар яке аз тарафҳо ҳақ дорад мутобиқи созишномаи ҳакамӣ такроран ба суди ҳакамӣ муроҷиат намояд. Агар ҳалномаи суди ҳакамӣ бинобар беэътибории созишномаи ҳакамӣ пурра ё қисман бекор карда ё ҳалнома аз рўи баҳсе қабул карда шуда бошад, ки дар созишномаи ҳакамӣ пешбинӣ нагардидааст ё ба шартҳои вай мувофиқ нест ва ё аз рўи масъалае ҳалнома қабул шудааст, ки берун аз доираи созишномаи ҳакамӣ мебошад, баҳси дахлдор мавриди баррасии минбаъдаи суди ҳакамӣ қарор намегирад.

 

БОБИ 8. ИҶРОИ ҲАЛНОМАИ СУДИ ҲАКАМӢ

 

Моддаи 44. Ҳатмӣ будани иҷрои ҳалномаи суди ҳакамӣ

Тарафҳое, ки созишномаи ҳакамӣ бастаанд, ўҳдадор мешаванд, ки ҳалномаи суди ҳакамиро ихтиёран иҷро намоянд. Тарафҳо ва суди ҳакамӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки ҳалномаи суди ҳакамӣ аз ҷиҳати ҳуқуқ қобили иҷро бошад.

 

Моддаи 45. Иҷрои ҳалномаи суди ҳакамӣ

1. Ҳалномаи суди ҳакамӣ бо тартиб ва дар мўҳлати муқаррарнамудаи ҳамин ҳалнома иҷро карда мешавад.

2. Агар дар ҳалномаи суди ҳакамӣ мўҳлати иҷро муқаррар нашуда бошад, он бояд бетаъхир иҷро карда шавад.

 

Моддаи 46. Иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ

1. Ҳалномаи суди ҳакамӣ, ки ихтиёран иҷро нагардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷбуран иҷро карда мешавад.

2. Ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси ҳалномаи суди ҳакамӣ дода шудааст, метавонад барои иҷрои маҷбурӣ дар мўҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

Моддаи 47. Асосҳо барои надодани варақаи иҷро

1. Суди босалоҳият ҳангоми баррасии ариза барои додани варақаи иҷро ҳуқуқ надорад, ки ҳолати муқаррарнамудаи суди ҳакамиро таҳқиқ намояд ё худ қарори суди ҳакамиро моҳиятан аз нав баррасӣ намояд.

2. Суди босалоҳият дар бораи надодани варақаи иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ ва қонунгузорӣ дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ таъинот мебарорад.

3. Дар ҳолате, ки суди босалоҳият дар бораи надодани варақаи иҷро таъинот қабул мекунад, тарафҳо ҳуқуқ доранд мутобиқи созишномаи ҳакамӣ бо риояи қоидаҳои тобеияти идоравӣ ва тобеияти судӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 44 Қонуни мазкур, ба суди ҳакамӣ ва ё суди босалоҳият муроҷиат намоянд.

 

БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 48. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Э. Раҳмонов

 

 

     ш. Душанбе

5 январи соли 2008

           №344