ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1922 ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1920 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1923 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТДОДАШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РЕКЛАМА

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 11:52
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
34
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.08.2003
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РЕКЛАМА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод.457; с.2007, №6, мод.432; с.2008, №10, мод.824; с.2011, №12, мод.843; с.2012, №4, мод.262; с.2014, №11, мод.672; с.2015, №3, мод.224; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017, №1456; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017, №1457)
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276, аз 6.10.2008 № 445, аз 26.12.2011 № 779, аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163, аз 18.03.2015 № 1202, аз 18.07.2017 № 1456, № 1457, аз 2.01.2018 № 1496, аз 19.07.2022 № 1914, аз 24.12.2022 № 1947)
Қонуни мазкур муносибатҳои соҳаи рекламаро (ба истиснои рекламаи сиёсӣ) ба танзим дароварда, онро аз рақобати бевиҷдонона ҳифз менамояд ва рекламаи номуносиберо, ки метавонад истифодабарандагонро ба иштибоҳ андозад ё ба саломатии онҳо, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тарзи ҳаёт, шаъну шараф ё эътибори кории шахсони мазкур зарар расонад, инчунин ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардӯстӣ ва ахлоқӣ таҳдид кунад, пешгирӣ ва манъ менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонун
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди истеҳсол, ҷойгиронӣ ва паҳнкунии реклама дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасонии (минбаъд - мол) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бозорҳои хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо, ки бо истифодабарии маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин дар бозорҳои қоғазҳои қиматнок ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Қонун ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки амалҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиркардаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи реклама боиси маҳдудияти рақобат, ба иштибоҳ андохтани шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд ё оқибатҳои дигари манфиро дар бозорҳои моли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоранд, татбиқ карда мешавад, агар муносибатҳои байни давлатҳо бо созишномаҳои байналмилалӣ ба танзим дароварда шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456).
Ҳамин Қонун нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд - соҳибкорони инфиродие, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рекламаро истеҳсол, ҷойгир ва паҳн мекунанд, низ татбиқ мегардад.
Амали Қонуни мазкур татбиқ намегардад, ба (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914):
- эълонҳои шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд;
- иттилооте, ки тибқи қонун ифшо, паҳн кардан ё расонидани он ба маълумоти истеъмолкунанда ҳатмӣ аст;
- маводи маълумотномавӣ - иттилоотӣ ва таҳлилӣ (шарҳи бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва озмоишӣ), ки пешбурди мол дар бозорро ҳамчун мақсади асосӣ тақозо надоранд ва рекламаи иҷтимоӣ намебошанд;
- хабарҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки маълумоти дорои хусусияти рекламавиро надоранд ва рекламаи иҷтимоӣ намебошанд;
- овеза ва аломатҳое, ки маълумоти хусусияти рекламавиро надоранд;
- ҳама гуна унсурҳои тафсири мол, аз ҷумла иттилоот дар бораи мол, истеҳсолкунанда, воридкунанда ё содиркунандаи он, ки бевосита дар мол ё бастаи мол ҷойгир карда шудаанд;
- ишора ба маҳсулот, воситаҳои фардикунонии он, истеҳсолкунанда ё фурӯшандаи маҳсулот, ки дар асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат тавсиф ёфтаанд ва худ аз худ иттилооти хусусияти рекламавӣ надоранд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914).
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мегарданд:
- реклама - иттилооте, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо (ахбори рекламавӣ) паҳн мешаванд ва барои доираи васеи шахсон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии шавқмандӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурӯхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд;
- фаъолияти рекламавӣ - маҷмӯи амалҳои рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама барои ҷалби таваҷҷӯҳи истеъмолкунандагони реклама ба объекти рекламашаванда (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914);
- объекти рекламашаванда - мол, воситаҳои фардикунонии он, истеҳсолкунанда ё фурӯшандаи мол, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ё чорабинӣ (аз ҷумла мусобиқаи варзишӣ, консерт, озмун), ки реклама барои ҷалби диққат ба онҳо равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
- рекламаи номуносиб - рекламаи бевиҷдонона, нодуруст, беодобона, ошкоро бардурӯғ, пинҳонӣ ё дигар рекламае, ки дар он ба вайронкунии талабот нисбати мазмун, вақт, маҳал ва тарзи паҳнкунӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода шудааст;
- рекламаи мутақобил - рад кардани рекламаи номуносиб, ки бо мақсади барҳам додани оқибатҳои он паҳн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- рекламадиҳанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо фармоиши он реклама таҳия ва паҳн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- истеҳсолкунандаи реклама - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷойгир ё паҳнкунии иттилооти рекламаро пурра ё қисман дар шакли тайёр барои паҳнкунӣ омода месозад;
- паҳнкунандаи реклама - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷойгир ё паҳнкунии иттилооти рекламаро бо роҳи пешниҳод ё истифодаи молу мулк, аз ҷумла, воситаҳои техникии радио, телевизион, инчунин шабакаҳои алоқа, вақти намоиш ва бо истифода аз дигар воситаҳо анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- истифодабарандагони реклама - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки реклама ба маълумоташон расонида мешавад;
- рекламаи беруна - плакатҳо, стендҳо, овезаҳои номалавҳаи мунаввар ва воситаҳои дигари техникӣ, ҷойгиронии устувори он дар ҳудуди муайян;
- рекламаи дохилӣ - ҳар гуна рекламае, ки дар дохили хонаҳо, биноҳо, иншоотҳо ҷойгир карда шудааст;
- рекламаи иҷтимоӣ - рекламаи ғайритиҷоратӣ, ки дар он тарзи ҳаёти солим, ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ, ҳифзи муҳити зист, амнияти аҳолӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ифода шудааст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163, аз 19.07.2022 № 1914);
- оферта - пешниҳод ба бастани шартнома буда, ба як ё якчанд шахсони мушаххас фиристода мешавад ва талабҳои асосии шартномаро дар бар мегирад;
- аксепт - ҷавоби шахсе, ки офертаи ба ӯ пешниҳод кардашударо гирифтааст;
- воқеаҳои ҷорӣ - равандн воқеаҳои бавуқӯъомада, ҳодисаҳои муҳим, далелҳо аз ҳаёти шахсӣ ва ё ҷамъиятӣ, инчунин натиҷаҳои таҳқиқоту иқдомот (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456);
- сарпарастӣ - аз ҷониби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузоштани саҳм (дар шакли пешниҳоди молу мулк, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, хизматрасонӣ, анҷом додани корҳо) ба фаъолияти шахси дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ (кӯмакгиранда) бо шартҳои паҳн кардани рекламаҳои кӯмакгиранда оид ба сарпараст ва молҳои ӯ (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- саҳми сарпарастӣ - пардохт барои реклама аз ҷониби сарпараст (рекламадиҳанда) ба кӯмакгиранда (паҳнкунандаи реклама) (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456).
Моддаи 4. Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он барои реклама
Реклама метавонад пурра ё қисман объекти ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бошад.
Дар ин ҳолат ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
БОБИ 2. ТАЛАБОТИ УМУМӢ ВА МАХСУС БА РЕКЛАМА
Моддаи 5. Талаботи умумӣ ба реклама
Реклама бояд бе донишҳои махсус ё бе татбиқи воситаҳои техникӣ, бевосита дар лаҳзаи пешниҳоди он сарфи назар аз шакл ё воситаҳои истифодашавандаи паҳнкунӣ, маҳз ҳамчун реклама фаҳмида шавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Дар осори радио, телевизион, видео, аудио ва кино, инчунин дар маҳсулоти чопии дорои хусусияти ғайрирекламавӣ истифодаи мақсадноки таваҷҷӯҳи истифодабарандагони реклама ба навъи (модел, артикул) мушаххаси мол ё ба тайёркунанда, иҷрокунанда, фурӯшанда барои ташаккул ва дастгирии манфиати онҳо бе маълумоти муносиби пешакӣ дар ин маврид (ба хусус, бо роҳи қайд кардан "ҳамчун реклама") иҷозат дода намешавад.
Ба воситаҳои ахбори омма барои ҷойгиронии реклама ҳамчун маводи иттилоотӣ, таҳрирӣ ё таълифӣ гирифтани маблағ манъ аст.
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Реклама дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо салоҳдиди рекламадиҳандагон, инчунин ба дигар забонҳо, паҳн карда мешавад. Ин муқаррарот ба радиошунавонӣ, пахши телевизионӣ ва нашрияҳои чопие, ки танҳо ба забони давлатӣ, забонҳои дигар миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта ва забонҳои хориҷӣ сурат мегиранд, инчунин ба тамғаҳои молии (тамғаҳои хизматрасонӣ) ба қайд гирифташуда дахл надоранд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 18.07.2017 № 1456).
Ба рекламаи мол, рекламаи худи рекламадиҳанда, ҳамчунин ба рекламаи молҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолу истифодаи онҳо манъ карда шудааст ва инчунин ба рекламаи маҳсулот, кору хизматрасонӣ, ки бояд ҳатман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд, вале сертификати мутобиқат надоранд, роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276).
Рекламаи молҳое, ки сертификатсияи ҳатмиро талаб менамоянд, бояд қайди "ҳатман сертификатсия кунонида шаванд" дошта бошанд.
Истифода намудани объектҳои ҳуқуқҳои истисноӣ (моликияти зеҳнӣ) дар реклама бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Реклама набояд дар шаҳрвандон ҳисси зӯроварӣ, таҷовуз, воҳима барангезад, инчунин набояд ба амалҳои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воқеӣ зарар расонанд ё ба бехатарии онҳо таҳдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад.
Ба истеҳсол, ҷойгиронӣ ва интишори рекламае, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя намекунад, иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Ҷой додани реклама дар адабиёти таълимӣ, аз ҷумла асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ истифода мегарданд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457).
Ҷой додани реклама дар варақаи дорухат (ретсепт) манъ аст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914).
Моддаи 6. Рекламаи бевиҷдонона
Рекламаи бевиҷдонона рекламае мебошад, ки:
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз молҳои рекламашаванда истифода намекунанд, беобрӯ менамояд;
- дорои муқоисаҳои носаҳеҳи моли рекламашаванда бо моли (молҳои) дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, инчунин мулоҳизаҳо ва тасвирҳое дорад, ки иззат, шаъну шараф ё эътибори кории рақибонро паст мезананд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- истеъмолкунандагонро нисбати моли рекламашаванда ба воситаи тақлиди (нусхабардории ё тақлидкории) лоиҳаи умумӣ, матн, формулаҳои рекламавӣ, тасвир, таъсироти мусиқӣ ва савтии дар рекламаи молҳои дигар истифодашаванда ё тавассути сӯиистифодаи боварии шахсони воқеӣ ё нокифоя будани таҷрибаю дониши онҳо, аз ҷумла бо сабаби дар реклама мавҷуд набудани қисматҳои муҳими иттилоотӣ ба иштибоҳ меандозад.
Ба рекламаи бевиҷдонона роҳ дода намешавад.
Моддаи 7. Рекламаи нодуруст
Рекламаи нодуруст рекламае мебошад, ки дар он нисбати нишондиҳандаҳои зерин маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ мавҷуд аст:
- тавсифи молҳо ҳамчун асл, таркиб, тарз ва санаи тайёр намудани онҳо, таъинот, хусусияти истеъмолӣ, шароитҳои истеъмол, мавҷудияти сертификати мутобиқат, аломатҳои сертификатсионӣ ва аломатҳои мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ, теъдод, маҳалли истеҳсол;
- мавҷудияти мол дар бозорҳо, имкониятҳои дар ҳаҷми мазкур харидорӣ намудани он, вақт ва маҳал;
- арзиши (нархи) молҳо дар лаҳзаи паҳн кардани реклама;
- шартҳои иловагии пардохт, бурда расонидан, мубодила, баргардонидан, таъмир ва хизматрасонии мол (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
- ӯҳдадориҳои кафолатӣ, мӯҳлати хизмат, мӯҳлати истифода;
- ҳуқуқ барои истифодаи рамзҳои давлатӣ, инчунин рамзҳои ташкилотҳои байналмилалӣ;
- эътирофи расмӣ, гирифтани медалҳо, ҷоизаҳо, дипломҳо ва дигар мукофотҳо;
- пешниҳоди маълумот доир ба тарзҳои харидани силсилаҳои пурраи молҳо, агар мол як қисми силсила бошад;
- натиҷаи тадқиқот ва санҷишҳо, истилоҳоти илмӣ, иқтибосҳо аз нашрияҳои техникӣ, илмӣ ва дигар интишорот;
- маълумоти оморие, ки асоснокии онҳо набояд дар шакли аз ҳад зиёд нишон дода шавад;
- истинод ба ягон тавсияҳо ё эътирофи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба тавсияву эътирофҳои кӯҳнашуда;
- истифодаи истилоҳот бо дараҷаи баланд, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои "беҳамто", "мутлақо", "ягона" "рақами 1", "беҳтарин", "сифати олӣ" ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷат (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
- истифодаи истилоҳоти муқоисавии объекти рекламашаванда бо дараҷаи паст, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои "нархи пасттарин", "арзонтарин" ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷат (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
- муқоиса бо дигар мол (молҳо), инчунин бо ҳуқуқ ва вазъи дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
- истинод ба ягон хел кафолат ба истифодабарандагони молҳои рекламашаванда;
- ҳаҷми воқеии талабот ба мол;
- маълумот доир ба худи рекламадиҳанда.
Агар дар реклама маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ нисбати ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ), ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда ҷой дошта бошад, чунин реклама нодуруст ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1947).
Ба рекламаи нодуруст роҳ дода намешавад.
Моддаи 8. Рекламаи беодобона
Рекламаи беодобона рекламае мебошад, ки:
- дорои маълумоти матнӣ, тасвирӣ ва савтӣ буда, меъёрҳои умумибашарӣ ва ахлоқиро бо роҳи истифодаи калимаҳои таҳқиромез, ташбеҳ, симоҳо нисбати нажод, миллат, касб, табақаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳи синну солӣ, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва дигар эътиқоди шахсони воқеиро халалдор месозад;
- объектҳои санъатро, ки дорои арзиши миллӣ ё фарҳанги ҷаҳонӣ ҳастанд, беобрӯ менамояд, рамзҳои давлатӣ, пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё асъори давлати дигар ва рамзҳои мазҳабиро бадном мекунад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163);
- ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ягон хел фаъолият, касб, молро бадном мекунад.
Шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз истеҳсол ё паҳн гардидани рекламаи дорои маълумоти бадномкунандаи шаъну шараф ё эътибори кории ӯ огоҳ шудааст, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқҳои поймолгардидааш бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намояд, инчунин агар рекламадиҳанда ин талаботро ихтиёрӣ иҷро накунад, ҳуқуқ дорад аз рекламадиҳанда раддияи чунин рекламаро бо ҳамон тарзе ки паҳн карда шуда буд, талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163).
Ба рекламаи беодобона роҳ дода намешавад.
Моддаи 9. Рекламаи бардурӯғ
Рекламаи бардурӯғ чунин рекламае мебошад, ки тавассути он рекламадиҳанда (истеҳсолкунандаи реклама, паҳнкунандаи реклама) истифодабарандаи рекламаро қасдан ба иштибоҳ меандозад.
Ба рекламаи бардурӯғ роҳ дода намешавад.
Моддаи 10. Рекламаи пинҳонӣ
Дар асари радио, аудио, намоишномаҳои телевизиону видео, дар маҳсулоти кино, ҳамчунин дар маводи дигар истифода кардан ва бо роҳу воситаҳои дигар интишор намудани рекламаи пинҳонӣ, яъне рекламае, ки ба ҳушу идроки истеъмолкунанда, аз ҷумла бо роҳи истифодаи сабтҳои махсуси видеоӣ (сабти овози дуҷӯра) таъсири беихтиёр мерасонанд, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 11. Хусусиятҳои реклама дар барномаҳои радио ва телевизион
Дар барномаҳои радио ва телевизион бо реклама буридани барномаҳои зерин роҳ дода намешавад:
- суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориш аз иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи онҳо, чорабиниҳои давлатӣ, маросимҳои мотам ва дигар маросимҳои расмӣ;
- барномаҳои динӣ;
- барномаҳои таълимӣ на бештар аз як маротиба дар муддати 15 дақиқа то 30 сония;
- барномаҳои радио ва филмҳои бадеӣ бе розигии соҳибҳуқуқон (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- барномаҳое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дақиқа мебошад;
- барномаҳое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 дақиқа мебошанд, на бештар аз ду маротиба.
Ҳангоми истифодаи реклама ҳамчун замима ба тасвири асосӣ, аз ҷумла ба таври "сатри муҳаррик", андозаи он бояд аз ҳафт фоизи масоҳати кадр ва понздаҳ фоизи вақти пахш дар давоми соат зиёд набошад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457).
Паҳн кардани рекламаи як навъи мол, ҳамчунин паҳн намудани реклама дар бораи худи рекламадиҳанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дақиқа дар муддати як соати вақти ба пахши барномаҳои радио ва телевизион ҷудошуда дар як мавҷи намоиш ба ҷо оварда шавад.
Дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, ки ҳамчун барномаҳои ба ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ махсусгардонидашуда ба қайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи ҳаҷми намоиши шабонарӯзӣ ва дар барномаҳои радио ва телевизиони ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.
Дар барномаҳои кӯдаконае, ки давомнокиаш то 30 дақиқа мебошад, пахши реклама манъ аст.
Дар барномаҳои радио ва телевизион дар давоми тамоми гуфтор ва намоиш, дар байни барномаҳои радио ва телевизион як пахши рекламавӣ набояд аз се дақиқа зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457).
Моддаи 12. Хусусиятҳои реклама дар матбуоти даврӣ
Дар матбуоти даврии давлатӣ, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ дошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад.
Дар воситаҳои ахбори оммае, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, маҳдудият гузошта намешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Моддаи 13. Хусусиятҳои реклама дар кино, видео ва хизматрасонии маълумотӣ
Дар таркиби асарҳои аудиовизуалӣ бе ризоияти дорандагони ҳуқуқҳои молумулкии муаллиф ба чунин асарҳо ҷойгир намудани реклама манъ аст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Ҳангоми хизматрасонии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ реклама танҳо баъди ба абонент додани маълумоти талабгардида пешниҳод шуда метавонад.
Ҳангоми хизматрасонии пулакии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ ё дигар хизматрасонӣ реклама танҳо бо розигии абонент пешниҳод карда мешавад.
Арзиши чунин реклама набояд ба арзиши маълумоти талабкардаи абонент дохил шавад.
Истифодаи рақамҳои бепули телефонҳои хадамоти ёрии таъҷилӣ, милитсия, сӯхторнишонӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ ба мақсади паҳнкунии реклама манъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914).
Моддаи 14. Хусусиятҳои рекламаи берунӣ
Паҳн кардани реклама дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо метавонад дар шакли плакатҳо (овезаҳо), стендҳо, номалавҳаҳои мунаввар, дигар воситаҳои техникии устувори ҷойгиронии мавзеъӣ амалӣ гардад.
Рекламаи берунӣ бояд бо аломатҳои роҳҳо ва нишонаҳо мушобеҳ набуда, дидани онҳоро халалдор насозад, инчунин ба бехатарии ҳаракат дар роҳ халал нарасонад, ҳамзамон реклама (овеза, номалавҳа, стендҳо ва ғайраҳо) бояд дар болои роҳи автомобилгард ё аз тарафи рости роҳ ҷойгир шавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Паҳн намудани рекламаи берунӣ дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо ҳангоми мавҷуд будани иҷозати мақомоти дахлдори  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163):
- аз тарафи мақомоти дахлдори раёсати истифодабарии роҳҳои автомобилгард, инчунин воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар хати ҷудокарда ва минтақаи наздироҳии роҳҳои автомобилгард - берун аз ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456);
- аз тарафи воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар ҳудуди шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳот (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456);
- аз тарафи мақомоти дахлдори идораи роҳҳои оҳан - дар хати ҷудокардаи роҳи оҳан.
Андозаи меъёри пардохт барои паҳн намудани рекламаи берунӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1496).
Ҳамзамон ҳаҷми пардохт бояд аз андозаи хароҷоти корҳои анҷомдодашуда барои додани иҷозати паҳн намудани рекламаҳои берунӣ, муайян намудани ҷойи паҳн кардани он ва назорати ҳолати рекламаҳои берунӣ ва воситаҳои техникии ҷойгиронии устувори мавзеъии он зиёд набошад.
Паҳн намудани рекламаи берунӣ бо роҳи ҷойгиркунӣ дар мавзеъ (аз ҷумла, дар мавзеъҳои ёдгориҳои фарҳангӣ, иншооти расму ойин, маҷмӯаҳои ҳифзшавандаи табиӣ), бино, иншоот ва дигар объектҳо, инчунин муайян намудани ҳаҷм ва тартиби пардохти маблағ барои паҳн намудани рекламаи мазкур дар асоси шартнома бо молик ё бо шахси ба молу мулк ҳуқуқи моликидошта анҷом дода мешавад, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахси ба амвол ҳуқуқи моликидошта ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад ва дар мавриди мавҷуд будани иҷозат қисми сеюми пешбинишудаи ин модда амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 14(1). Хусусиятҳои рекламаи молҳо бо усули фурӯши фосилавӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914)
Дар рекламаи молҳо бо усули фурӯши фосилавӣ бояд маълумоти зерин дарҷ карда шаванд:
- ном, маҳали ҷойгиршавӣ ва рақами ягонаи мушаххаси шахси ҳуқуқӣ;
- насаб, ном, номи падар, рақами ягонаи мушаххаси соҳибкори инфиродӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914).
Моддаи 15. Хусусиятҳои реклама дар воситаҳои нақлиёт ва муросилоти почта
Паҳн намудани реклама дар воситаҳои нақлиёт дар асоси шартномаҳо бо соҳибони воситаҳои нақлиёт ё бо шахсони ба воситаҳои нақлиёт ҳуқуқи моликидошта, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахсоне, ки ба ин молу мулк ҳуқуқи моликӣ доранд, ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Ҳолатҳои маҳдудият ва манъи паҳн кардани рекламаро дар воситаҳои нақлиёт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мақомоти ваколатдор, ки назорати бехатарии ҳаракат ба зиммаашон гузошта шудааст, муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Паҳн кардани реклама дар муросилоти почта танҳо бо иҷозати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 16. Рекламаи дохилӣ
Ҷойгиронии реклама дар биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои тандурустӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба истиснои рекламаи иҷтимоӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163,  аз 19.07.2022 № 1914).
Моддаи 17. Хусусиятҳои рекламаи навъҳои алоҳидаи молҳо
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1202)
Рекламаи спирти этилӣ, машрубот, тамоку, маҳсулоти тамоку, сигори электронӣ ва дигар воситаҳои электронии таъмини никотин, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, ғизои кӯдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва ҳаммонанди онҳо, силоҳи ҷангӣ, силоҳи хизматӣ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ, доруворие, ки бо дорухати (ретсепти) духтур дода мешавад, инчунин ҳангоми рекламаи доруворӣ муқоиса намудани он бо дигар доруворӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914).
Рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис, солимгардонӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи дахлдор ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур, амалӣ карда мешавад.
Рекламаи силоҳи ғайринизомии иҷозатдошта, аз ҷумла силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, танҳо дар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои паҳн кардани реклама махсус гардонида шудаанд, дар дигар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои истифодабарандагони чунин силоҳ пешбинӣ шудаанд, дар ҷойҳои истифодаи силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, дар воситаҳои электронии иттилоотии умумӣ бошад, танҳо баъди соати 22 вақти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1202).
Моддаи 18. Хусусиятҳои рекламаи хизматрасонии молиявӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва коғазҳои қиматнок
Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла бонкӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва дигарҳо, ки бо истифодаи маблағи шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин коғазҳои қиматнок ба амалҳои зерин роҳ дода намешавад:
- дар реклама нишон додани маълумоти миқдорӣ, ки бевосита ба хизматрасониҳои рекламашаванда ё коғазҳои қиматнок алоқаманд нестанд;
- кафолат додани ҳаҷми даромадҳо тибқи саҳмияҳои номии оддӣ;
- реклама кардани коғазҳои қиматнок то ба қайд гирифтани эълони эмиссияи (барориши) онҳо;
- пешниҳод намудани ҳама гуна кафолатҳо, ваъдаҳо ё тахминҳо оид ба даромаднокии минбаъдаи фаъолият, аз ҷумла бо роҳи эълон намудани баландшавии қурби коғазҳои қиматнок;
- ном набурдани ҳатто яке аз шартҳои шартнома, агар дар реклама дар хусуси шартҳои шартнома иттилоъ дода шавад.
Моддаи 19. Рекламаи иҷтимоӣ
Рекламаи иҷтимоӣ манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро ифода намуда, барои расидан ба мақсадҳои хайриявӣ нигаронида шудааст.
Дар рекламаи иҷтимоӣ ташкилотҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ, навъҳои мушаххаси (моделҳои, артикулҳои) молҳои онҳо, ҳамчунин навъҳои молҳое, ки натиҷаи фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд, набояд хотиррасон карда шаванд.
Фаъолияти ба таври ройгон анҷомдодашудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тарзи солимии ҳаёт ва дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, додани моликияти худ, аз ҷумла воситаҳои пулӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, ҳамчун фаъолияти эҳсонкорӣ дониста шуда, аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бархурдор мебошанд.
Паҳнкунандагони реклама - воситаҳои ахбори омма ӯҳдадоранд, ки ҷойгиронии рекламаҳои иҷтимоии пешниҳодкардаи рекламадиҳандагонро дар доираи 10 фоизи вақти намоиш (масоҳати асосии чопӣ ) дар як сол, ки қонунгузорӣ барои реклама муқаррар кардааст, ҷойгир намоянд.
Паҳнкунандагони рекламае, ки воситаҳои ахбори омма намебошанд, ӯҳдадоранд рекламаи иҷтимоиро дар доираи 10 фоизи арзиши солонаи хизматрасонӣ ҷойгир намоянд.
Истеҳсолкунандагони реклама ӯҳдадоранд хизматрасониро оид ба истеҳсоли рекламаи иҷтимоӣ дар доираи 10 фоизи ҳаҷми солонаи рекламаҳое, ки истеҳсол мекунанд, пешниҳод намоянд.
Шартҳои ба вақти ҷойгиронӣ ва воситаҳои паҳнкунии рекламаи иҷтимоӣ тааллуқдошта, ки рекламадиҳанда пешниҳод мекунад, барои паҳнкунандаи реклама ҳатмӣ мебошад, агар рекламадиҳанда ба паҳнкунандаи реклама на дертар аз як моҳи мӯҳлати дар назардоштаи паҳни рекламаи иҷтимоӣ муроҷиат намояд.
Пардохти маблағи истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар асоси шартнома анҷом дода мешавад.
Дар сурати зиёд будани ҳаҷми фармоишҳо барои истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ назар ба меъёрҳои вақти муқаррарнамудаи намоиши чунин рекламаҳо, масоҳати асосии чопӣ, ҳаҷми истеҳсол, ҷойгиронӣ, паҳн кардан ва дар мавриди ба вуҷуд омадани баҳсҳо навбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ бо тартиби аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама гирифтани офертаи рекламадиҳанда муайян карда мешавад.
Ба амалҳои истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама, ки ба истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ монеа ба вуҷуд меоранд, иҷозат дода намешавад.
Дар сурати роҳ додан ба чунин амалҳо рекламадиҳандагон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба суд шикоят намоянд.
Моддаи 20. Маҳдудият дар фаъолияти сарпарастӣ
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Сарпараст ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти кӯмакгиранда дахолат намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Сарпарастии реклама аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456).
Сарпарастӣ ба барномаҳои ахбор оид ба воқеаҳои ҷорӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 18.07.2017 № 1456).
Моддаи 21. ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаҳо
Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама бо мақсади муҳофизати ноболиғон аз суиистифодаи зудбоварӣ ва бетаҷрибагӣ ба амалиётҳои зерин роҳ дода намешавад:
- паст задани шаъну шарафи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва омӯзгорон, инчунин коҳиш додани боварии ноболиғон нисбат ба онҳо (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163);
- талқини бевоситаи ноболиғон нисбати водор сохтани падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)  ба харидани молҳои рекламашаванда (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163);
- ҷалб намудани диққати ноболиғон ба ин ё он молҳое, ки ба даст оварданашон ба онҳо нисбат ба дигар ноболиғон ягон бартарӣ медиҳад, инчунин ба молҳое, ки набуданашон натиҷаи баръакс медиҳад;
- дар реклама ҷойгир намудани маълумоти матнӣ, биноӣ ё савтӣ, ки ноболиғонро дар ҷойҳо ва вазъиятҳои хатарнок нишон медиҳанд;
- паст намудани сатҳи зарурии малакаҳои истифодаи мол аз ҷониби ноболиғон, ҳамзамон дар сурате, ки агар таҷрибаи истифодаи мол нишон дода ё тавсиф шуда бошанд, реклама бояд дар хусуси он ки кадом чиз воқеан барои ноболиғони гурӯҳи муайяни синну сол, ки мол барояшон пешбинӣ шудааст, маълумот диҳад;
- ба ноболиғон талқин намудани хаёлоти ғайривоқеӣ (таҳрифшуда) оид ба арзиши (нархи) мол, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои "танҳо", "ҳамагӣ" ва ба ҳамин монанд, инчунин бо роҳи бевосита нишон додани он ки моли рекламашаванда барои буҷети тамоми оилаҳо дастрас мебошад.
Истифодаи тасвири матнӣ, биноӣ ё савтии ноболиғон дар рекламае, ки бевосита ба молҳои барои ноболиғон дахл надоранд, роҳ дода намешавад.
БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ РЕКЛАМАДИҲАНДАГОН, ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОН ВА ПАҲНКУНАНДАГОНИ РЕКЛАМА
Моддаи 22. Мӯҳлати нигоҳдории маводе, ки рекламаро дар бар мегирад
Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама ӯҳдадоранд маводҳо ё нусхаҳои онҳоро, ки рекламаро дар бар мегиранд, аз ҷумла ҳамаи тағйироти минбаъдаи ба онҳо воридшавандаро, ба истиснои рекламаи дар интернет ҷойгиршуда (паҳншуда), инчунин шартномаҳо оид ба истеҳсол, ҷойгир ва паҳнкунии рекламаро дар муддати як сол аз рӯзи паҳн шудани рекламаи охирин ё аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлати амали чунин шартномаҳо нигоҳ доранд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457, аз 19.07.2022 № 1914).
Моддаи 22(1) Ҳуқуқҳои рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқ доранд бо ариза оид ба пурра ё қисман бекор кардани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 23. Пешниҳоди маълумот барои истеҳсол ва паҳн кардани реклама
Истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқи талаб карданро дорад ва рекламадиҳанда дар ин ҳолат ӯҳдадор аст тасдиқи дурустии маълумоти рекламаро бо ҳуҷҷат пешниҳод намояд.
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276).
Моддаи 24. Ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандаи реклама дар мавриди хабардор кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории оид ба реклама
Истеҳсолкунандаи реклама ӯҳдадор аст сари вақт ба рекламадиҳанда хабар диҳад, ки риояи талаботи ӯ ҳангоми истеҳсоли реклама метавонад ба вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама оварда расонад.
Агар рекламадиҳанда сарфи назар аз огоҳонии саривақтӣ ва асоснокшудаи истеҳсолкунандаи реклама талаботи худро ба реклама тағйир надиҳад ё мутобиқи талаботи истеҳсолкунандаи реклама тасдиқи ҳуҷҷатии дурустии маълумоти барои истеҳсоли реклама пешниҳодшавандаро пешкаш накунад ё дигар ҳолатҳоеро, ки рекламаро номуносиб мегардонанд, бартараф насозад, истеҳсолкунандаи реклама ҳуқуқ дорад, бо тартиби муқарраргардида шартномаро қатъ намояд ва мутобиқи қонунгузории амалкунанда ҷуброни пурраи зарарҳоро талаб намояд.
Моддаи 25. Пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163)
Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо талаби мақоми ваколатдори давлатӣ (мақомоти минтақавии онҳо), ки назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ба зиммаашон гузошта шудааст, ӯҳдадоранд дар мӯҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои дуруст ва тавзеҳотро дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ, сабтҳои видеоӣ ва овозӣ, инчунин дигар маълумоте, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур зарур мебошанд, пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163, аз 18.07.2017 № 1457).
Моддаи 26. Пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома дар реклама
Оқибати эътирофи реклама даъват барои бастани шартнома (оферта) ё худ шартномаи оммавӣ (офертаи оммавӣ) (пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома барои реклама) буда, тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Рекламадиҳанда вазифадор аст мӯҳлати амали рекламаро, ки барои даъвати шартномакунонӣ (оферта кардан) хизмат мекунад (агар дар реклама ақаллан яке аз шартҳои асосӣ хабар дода шуда бошад), инчунин рекламаҳоеро, ки ба ҳайси шартномаҳои оммавӣ (офертаҳои оммавӣ) амал мекунанд, нишон диҳад. Агар рекламадиҳанда мӯҳлати амали рекламаи офертаи оммавӣ эътирофшударо нишон надода бошад, чунин оферта дар муддати ду моҳ аз рӯзи паҳнкунии реклама эътибор дорад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914).
Агар рекламадиҳанда баъди бо тартиби муқарраргардида гирифтани аксепти (розигии) шахс, ки офертаи оммавӣ ба номи ӯ мебошад, аз бастани шартнома саркашӣ кунад, ин шахс ҳуқуқ дорад бо талаби бастани шартнома ва ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи беасос рад намудани рекламадиҳанда аз бастани шартнома расонида шудааст, бо дархост ба суд муроҷиат намояд.
БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ РЕКЛАМА
Моддаи 27. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи реклама
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1202)
Назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ:
- сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони реклама, инчунин ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи реклама ва назорати фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914);
- барномаҳои давлатии рушди реклама ва фаъолияти рекламавиро таҳия ва иҷрои онро ташкил менамояд;
- фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ҳамоҳанг месозад ва муҳити рақобатро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ таъмин менамояд;
- мониторинги ҳолати бозори реклама ва фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд, махзани ягонаи иттилоотиро дар бораи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ташкил намуда, онро идора мекунад;
- ба рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама доир ба бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама амрнома медиҳад, аз ҷумла қарори анҷом додани рекламаи мутақобилро равон мекунад ва иҷрои онро назорат менамояд;
- дар сурати ба ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо алоқаманд будани фаъолияти рекламавии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама маводҳоро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасии минбаъда ирсол менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ тибқи асосҳо ва тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи рекламаро баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914);
- дар доираи ваколатҳои худ вазифаи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва пешгирии рақобати бевиҷдононаро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ анҷом дода, ба суд доир ба беэътибор донистани аҳдҳои марбут ба рекламаи номуносиб даъво пешниҳод менамояд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1202).
Моддаи 28. Мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163)
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ, инчунин рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама метавонанд мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама таъсис диҳанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163, аз 18.03.2015 № 1202, аз 19.07.2022 № 1914).
Мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163):
- барои иштирок дар таҳияи талаботи реклама, лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- экспертизаи мустақили рекламаро ҷиҳати муайян кардани мутобиқати он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама мегузаронанд ва тавсияҳои дахлдорро ба рекламадиҳандагон, истеҳсол ва паҳнкунандагони реклама мефиристанд;
- аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҷалб карда мешаванд.
БОБИ 5. РЕКЛАМАИ МУТАҚОБИЛ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РЕКЛАМАИ НОМУНОСИБ
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Моддаи 29. Рекламаи мутақобил
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Ҳангоми муқаррар намудани далели вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҳуқуқвайронкунанда вазифадор аст дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ рекламаи мутақобилро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163).
Ҳамзамон ҳуқуқвайронкунанда хароҷоти рекламаи мутақобилро дар ҳаҷми пурра мепардозад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраргардида аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дода нашудани рекламаи мутақобил мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, ҳуқуқ дорад дар хусуси ба таври пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои ҳуқуқвайронкунанда то рӯзи ба охир расонидани паҳн кардани рекламаи мутақобил қарор қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163).
Ҳамзамон мақоме, ки дар хусуси пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои ҳуқуқвайронкунанда қарор қабул намудааст, ӯҳдадор аст, ки аз ҳуқуқвайронкунанда талаб намояд, то ки ӯ тамоми тарафҳои шартномаи бо ҳуқуқвайронкунанда нисбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳнкунии рекламаҳои басташударо фавран хабардор намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Рекламаи мутақобил тавассути ҳамон воситаҳои паҳнкунанда ва бо истифодаи ҳамон тавсияҳои давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартибе, ки рекламаи номуносибро рад менамояд, ба анҷом расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Мазмуни рекламаи мутақобил бо мақоми ваколатдори давлатӣ, ки далели вайронкуниро муқаррар ва дар хусуси ислоҳи он қарори дахлдор қабул намудааст, мувофиқа карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Дар ҳолатҳои алоҳида тибқи қарори мақоми ваколатори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, иваз намудани воситаҳои паҳнкунӣ, таснифи давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартиби амалӣ намудани рекламаи мутақобил иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 30. Ҷавобгарии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Рекламадиҳанда барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба ҷойгир намудани маълумот барои ташкили рекламаи пешниҳодшаванда ҷавобгар мебошад, агар исбот нашуда бошад, ки ҳуқуқвайронкунии мазкур бо айби истеҳсолкунандаи реклама ё паҳнкунандаи реклама ба вуҷуд омадааст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Истеҳсолкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба расмиятдарорӣ, истеҳсол ва таҳияи реклама ҷавобгар мебошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Паҳнкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба вақт, маҳал ва воситаҳои ҷойгиронии реклама ҷавобгар мебошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Шахсоне, ки ҳуқуқ ва манфиатҳояшон дар натиҷаи рекламаи номуносиб вайрон карда шудааст, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида ҷиҳати рӯёнидани зарар, ҷуброни зиёни маънавӣ, раддияи расмии рекламаи номуносиб ба суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Э. Рахмонов
аз 1 августи соли 2003 № 34
 ш. Душанбе