ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1916 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1919 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶОВИДОН ГАРДОНИДАНИ ХОТИРАИ ҲАЛОКШУДАГОН ҲАНГОМИ ҲИФЗИ ВАТАН" Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.10.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1890 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РАМЗҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 15:23
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
192
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.07.2006

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ РАМЗҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 340; с. 2013, №11, мод. 783; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1495)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2006, № 341 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №6, моддаи 300) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми июли соли 2006, № 221 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №7, моддаи 35; ҚҶТ аз 12.11.2013с., №1026;) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби истифодаи расмии онҳоро танзим мекунад.

 

Моддаи 1. Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи мансаб дорандаи ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи I мебошад.  (ҚҶТ аз 12.11.2013с. №1026)

 

Моддаи 2. Тасвири Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои хоси росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.

Даври Ливо ба андозаи 50 мм, бо ресмони зарҳалин дастдўзӣ шуда, бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст.

Таносуби бару дарозии умумии Ливо 1:2 аст.

Дар Маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст.

Қисмати чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» - чаҳор қисмати гетӣ буда, рамзи равобити некӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст.

Дар дохили «Дирафши Ковиён» чаҳор шохаи марғула дар даври Хуршед – ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, гардиши замин ва дигар унсурҳои коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1495)

Дар маркази «Дирафши Ковиён» Шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукўҳи давлат дар рўи осмони кабуд инъикос ёфтааст.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1495)

Дар болои тасвири Шери болдор Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инъикос ёфтаанд.

«Дирафши Ковиён» аз ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳар ду ҷониби Ливо дастдўзӣ мешавад.

Андозаи «Дирафши Ковиён» 3:5 таносуби Ливо аст.

Дар қисмати болоии чўбдасти Ливо лавҳаи заррин васл мегардад, ки дар он насаб, ном ва номи падари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ў ҳаккокӣ мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1495)

Нўги чўбдасти Ливо шакли гунбази заррин дорад.

 

Моддаи 3. Тасвири Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси такмили ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I» бо шаддаи хоси заррин тайёр карда шудааст.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1495)

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми таркибӣ – ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I», Шери болдор ва Шаддаи заррин иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1495)

Дар меҳвари Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи ҳафтгўшаи сурх, ки аз ёқути сурх сохта шудааст, ҷойгир буда, баёнгари мубориза баҳри озодӣ, истиқлол, адолат ва пешрафт мебошад.

Дар доираи давродаври заррин ибораи «Ситораи Президенти Тоҷикистон» аз тилло ҳаккокӣ шудааст.

Дар дохили доираи ситораи ҳафтгўша Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тилло тасвир гардидааст.

Ситораи ҳафтгўша бо нурҳои нуқрагин зиннат ёфтааст, ки онро шукўҳ ва ороиш бахшида, рамзи покӣ ва озодагии рўҳу сират мебошад.

Ҳар хатти тўлонии нур (маҷмўан: 7 хат) бо се лаъли ҳалқагин, хатҳои миёна (маҷмўан: 14 хат) бо ду лаъли ҳалқагин ва хатҳои хурди нур (маҷмўан: 14 хат) бо 1 лаъл оро ёфтаанд.

Ба ҳар гўшаи Ситора лавҳаи мураббаи заррин (маҷмўан: 7 лавҳа) васл гардидааст, ки дар қисмати болоии он зумуррад дар шакли мураббаъ ҷойгир аст.

Ордени такмилёфтаи «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I» бо нишони ҳалқавии Шери болдори дар ҳоли ҳаракати доимӣ буда, васл карда шудааст. Шери болдор рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукўҳи давлат мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1495)

Нишони ҳалқавии Шери болдор аз ду ҷониб бо лавҳаҳои хоси заррин бо Шаддаи заррин пайваст аст. Тасвири ин лавҳаҳо ифодаи суннатии қудрат мебошад.

Шаддаи заррин 13 ҳалқаҳои зарринро дар таносуби муайян ва паиҳам пайванд намудааст.

Дар 6 ҳалқаи заррин тасвири Шери болдор ва дар 7 ҳалқаи заррин дар заминаи ранги осмонӣ тасвири заррини Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

 

Моддаи 4. Маҳалии нигоҳдошт ва тартиби истифодаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1495)

Маҳалии нигоҳдошти нусхаи асли Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи он пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1495)

Нусхаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, қароргоҳи зисти доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қароргоҳҳо дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҷлили ҷашнҳои давлатӣ, қабули шахсони расмии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, супоридани мукофотҳои давлатӣ, қабули расмӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вохӯрию мулоқотҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1495)

Ҳангоми дар хориҷа ба сифати шахси расмӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби протоколи тарафи қабулкунанда метавонад дар қароргоҳи зисти муваққатӣ ва воситаи нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шавад.

Ҳангоми гузоштани Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сатҳ афрохта мешаванд.

Дар ҳама ҳолатҳои якҷоя афрохтани Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи онҳо бояд баробар бошад.

 

Моддаи 5. Тартиби истифодаи Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҷлили ҷашнҳои давлатӣ, гузаронидани парадҳои расмӣ, қабули шахсони расмии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, супоридани мукофотҳои давлатӣ, қабули расмӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои дигар, инчунин ҳангоме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба сифати меҳмони фахрӣ даъват шудааст ва ё дар пазироии расмӣ ҳузур дорад мутобиқи тартиби протоколи тарафи қабулкунанда метавонад мавриди истифода қарор дода шавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1495)

 

Моддаи 6. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени "Ситораи Президенти Тоҷикистон" дараҷаи I аз ҷониби Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда, дар ҳамин маврид Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Тартиби супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 12.11.2013с. №1026)

 

Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Риояи талаботи Қонуни мазкур ҳангоми афрохтани Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо гузошта мешавад.

Таҳқири рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле, ки набошад, манъ аст.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1495)

 

Моддаи 8. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

           Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                              Э.Раҳмонов

 

      ш. Душанбе

28 июли соли 2006

           № 192