ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1674 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1669 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИҲОЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1668 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 07/09/2020 - 14:55
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
723
Мақомот: 
Маджлиси Оли РТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.06.2011
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 436; с. 2013, № 3, мод. 189, № 11, мод. 784; с. 2016, № 5, мод. 367)
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 746, аз 12.11.2013 № 1027, аз 14.05.2016 № 1316, аз 17.05.2018 № 1535, аз 13.11.2023 № 2009)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкилии идоракунии молияи давлатӣ, ба низом даровардани буҷет ва гурӯҳбандии он, таҳия, ташаккул, тақсимот ва истифодаи маблағҳои марказонидашудаи пулиро муайян, муносибатҳои молиявии байнибуҷетиро танзим намуда, мавқеи мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар иштирокчиёни раванди буҷетиро дар таҳия ва баррасии лоиҳаҳои буҷетҳо, таҳияву тасдиқи ҳисобот ва назорати иҷрои онҳоро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- молияи давлатӣ - маҷмуи муносибатҳои пулӣ вобаста ба ташаккул, тақсим ва истифодаи фондҳои ҷамъшудаи воситаҳои пулӣ ва дигар захираҳои молиявӣ тавассути буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоргардида истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - доираи муайяни муносибатҳои молиявӣ, ки дар раванди онҳо маблағҳои пулӣ ташаккул меёбанд ва истифода бурда мешаванд. Низоми молияи давлатӣ шакл ва усулҳои ташаккул, тақсимот ва истифодаи маблағҳои пули давлатиро муайян менамояд;
- низоми буҷетӣ - маҷмуи буҷетҳои ҳама сатҳ, инчунин тартиби тахия, ташаккул, қабул ва иҷрои буҷети давлатӣ, ки ба муносибатҳои молиявӣ асос ёфта, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316, аз 13.11.2023 № 2009);
- буҷети давлатӣ - фонди асосии маблағҳои пулӣ, шакли ташаккул ва хароҷоти маблағҳои пулии мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва фондҳои мақсадноки буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
- буҷети ҷумҳуриявӣ - шакли ташаккулёбӣ ва хароҷоти маблағҳои пулӣ, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои марбут ба салоҳияти мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ щудааст (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- буҷети маҳаллӣ - шакли ташаккулёбӣ ва хароҷоти маблағҳои пулӣ, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои марбут ба ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- буҷети фонди мақсадноки давлатӣ - маблағҳои пулӣ, ки барои татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, гирифтани кӯмаки тиббии ройгон, таъмини нафақавӣ ва иҷтимоӣ аз рӯи синну сол дар ҳолатҳои бекорӣ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- даромади буҷет - даромади ҳама сатҳҳои низоми буҷетӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- хароҷоти буҷет - маҷмуи хароҷоти буҷетҳои ҳама сатҳҳои низоми буҷетӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти соҳаҳо ва зинаҳои идоракунӣ муқаррар карда шудааст (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316, аз 13.11.2023 № 2009);
- кӯмаки молиявии беподош (дотатсия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пӯшонидани хароҷоти ҷорӣ беподошу бебозгашт ҷудо карда мешаванд;
- мусоидати молиявӣ (субвенсия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқӣ барои анҷом додани хароҷоти муайян беподошу бебозгашт ҷудо карда мешаванд;
- кӯмаки молиявӣ (субсидия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо шарти маблағгузории ҳиссавии хароҷоти мақсаднок дода мешаванд;
- фонди мақсадноки давлатӣ - фонди маблағҳои пулие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромадҳо ё бо роҳи ҷудо кардани маблағ аз намудҳои мушаххаси даромад ташкил ёфта, барои амалӣ гардонидани мақсадҳои муайян истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- қарзгирӣ - маблағҳое, ки мутобиқи шартнома гирифта, ба ҳамон андоза бо фоиз ё бе фоиз барои истифодаи он баргардонида мешаванд ё маблағҳое, ки аз рӯи онҳо ба қарздиҳанда фоиз ё пардохти дигари вобаста ба қарзгирӣ дода мешаванд;
- қарзи буҷетӣ - маблағе, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷети давлатӣ ё шахсони воқеӣ ба муҳлати муайян ва ба тариқи бозгашт дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- уҳдадории буҷетӣ - аз ҷониби мақомоти иҷрокунандаи буҷет эътироф кардани уҳдадорӣ оид ба хароҷоти маблағи буҷети дахлдор дар давоми муҳлати муайян, ки мутобиқи қонун (қарор) дар бораи буҷет ба миён меояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- грантҳо - маблағҳое, ки аз ҷониби мақомоти идоракунии давлатӣ ё мақомоти идоракунии давлатии дигар давлатҳо ва ё аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ беподош ва бе қабул кардани уҳдадорӣ оид ба ҷуброни онҳо барои дастгирии самти алоҳидаи сиёсати иқтисодӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- сармоягузорӣ (инвеститсия) - маблағҳое, ки барои сохтмони асосӣ, хариди воситаҳои асосӣ ва коғазҳои қиматнок, пурра кардани захира ва манбаъҳои моддии давлатӣ равона карда мешаванд;
- интиқоли маблағ (трансфертҳо) - маблағҳои буҷетии барои маблағгузории пардохтҳои ҷорию асосии аҳолӣ дар шакли нафақа, стипендия, ёрдампулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳиссаи пардохт барои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин маблағҷудокунӣ барои пардохти хароҷоти корхонаҳо, муассисаҳои хусусии ғайритиҷоратии ба аҳолӣ ва мақомоти идоракунии давлатӣ хизматрасонанда, ки аз рӯи маблағҳои мазкур ҳеҷ гуна уҳдадорӣ оид ба пардохт пеш намеояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлатӣ - хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба шаҳрвандон беподошу бебозгашт бо роҳи маблағгузорӣ аз сатҳҳои мухталифи низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фондҳои мақсадноки давлатӣ ба андозаи ҳадди ақали имконпазиру муайян дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешаванд ва онҳоро давлат кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1535);
- ҳадди ақали таъминоти буҷетӣ - арзиши ҳадди ақали имконпазири хизматрасонии давлатӣ ва маҳаллӣ, ки мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоби ҳар сари аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор дастрас мегардонанд;
раванди буҷетӣ - фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар иштирокчиёни раванди буҷетӣ оид ба таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо, фондҳои мақсадноки давлатӣ, тасдиқ ва иҷрои онҳо, инчунин оид ба назорати иҷрои буҷетҳо, ки тавассути санадҳои қонунгузорӣ ба танзим дароварда мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- аудити дохилӣ дар соҳаи молияи давлатӣ - фаъолияти мустақил ва объективӣ оид ба гузаронидани санҷиш, баҳодиҳӣ ва машваратдиҳии низомҳои идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти қонунӣ, самаранок ва натиҷабахши ташкилотҳои бахши давлатӣ анҷом дода мешавад;
- тақсимкунандаи асосӣ - мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ки маблағҳои буҷети давлатиро ихтиёрдорӣ карда, онҳоро дар байни сохторҳои тобеи худ тақсим мекунанд. Тақсимкунандаи асосӣ ҳамчунин ташкилоти муҳими буҷетии соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ шуда метавонад;
- тақсимкунанда - мақомоти хокимият ва идоракунии давлатӣ ё ташкилоти буҷетӣ, ки маблағҳои буҷетиро аз тақсимкунандаи асосӣ мегиранд ва ҳуқуқи тақсим ва назорати истифодаи маблағҳои буҷетиро ба ташкилотҳои тобеи худ, ки маблағҳои буҷетиро мегиранд, доранд;
- гирандаи маблағҳои буҷетӣ - ташкилотҳои буҷетӣ, ки дар тобеияти тақсимкунандаи асосӣ ва тақсимкунандаи воситаҳои буҷетӣ қарор гирифта, ҳуқуқи аз ҳисоби буҷети дахлдор маблағгузорӣ шуданро доранд;
- ташкилоти буҷетӣ - ташкилоти таъсисдодаи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ сохтани вазифаҳои идоракунӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмию техникӣ ва вазифаҳои дигари хусусияти ғайритиҷоратидошта, ки фаъолияти он на кам аз 70 фоиз аз ҳисоби буҷети дахлдор ё буҷети фонди мақсадноки давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1535).
БОБИ 2. НИЗОМИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 4. Низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муносибатҳои молиявии зерин иборат мебошад:
- низоми буҷети давлатӣ;
- қарзи давлатӣ;
- фондҳои мақсадноки давлатӣ.
Моддаи 5. Сохтори низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷетҳои сатҳҳои зерин иборат мебошад:
- сатҳи якум - буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ;
- сатҳи дуюм - буҷетҳои маҳаллӣ.
2. Ба буҷетҳои маҳаллӣ буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мансуб мебошанд.
Моддаи 6. Шаклҳои ҳуқуқии буҷетҳо
1. Буҷети давлатӣ дар шакли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
2. Буҷети фондҳои мақсадноки давлатӣ ба буҷети давлатӣ дохил карда шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ баррасӣ карда, тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
3. Буҷетҳои маҳаллиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия намуда, онро мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд.
4. Дар сурате, ки Қонуни мазкур танзими муносибатҳои муайянро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ вогузор карда бошад, пас нисбат ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муносибатҳои дахлдор дар асосӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба буҷетҳои маҳаллӣ ба низом дароварда мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
Моддаи 7. Давраи банақшагирии буҷетӣ
Буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он тартиб дода мешавад. Соли молиявӣ ба соли тақвимӣ мувофиқ буда, аз 1 январ то 31 декабр давом мекунад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
Моддаи 8. Принсипҳои низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- ягонагии низоми буҷети давлатӣ, ки маънои татбиқи принсипҳои ягонаи ташкил ва фаъолияти низоми буҷети давлатӣ, истифодабарии гурӯҳбандии ягонаи буҷетӣ ва расмиёти ягонаи раванди буҷетро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- мустақилияти буҷетҳо, ки маънои муқаррар кардани тақсимоти устувори воридотро байни буҷетҳои сатҳҳои гуногун, ҳуқуқи ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатиро ҷиҳати мустақилона амалӣ намудани раванди буҷетӣ мувофиқи Қонуни мазкур, роҳ надодан ба гирифтани даромадҳое, ки ба тариқи илова дар рафти иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ба даст омадаанд ва бақияи маблағҳои буҷетии буҷетҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои болоӣ, роҳ надодан ба вогузор кардани хароҷоти иловагӣ ба буҷетҳои поёнӣ бе ҷуброни дахлдори онҳоро дорад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- инъикоси пурра ва ҳатмии даромад ва хароҷоти буҷетҳо, ки маънои уҳдадории дар буҷетҳо ба ҳисоб гирифтани ҳамаи даромад ва хароҷоти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- мувозинати буҷетӣ маънои онро дорад, ки ҳаҷми пешбининамудаи хароҷоти буҷет бояд ба ҳаҷми даромади буҷет мувофиқ бошад ва ҳангоми таҳия, тасдиқ ва иҷрои буҷет мақомоти ваколатдор бояд зарурати ба андозаи камтарин расонидани касри буҷетро ба инобат гиранд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- самаранокии истифодабарии маблағҳои буҷетӣ, ки маънои таҳия ва иҷрои буҷетро бо назардошти зарурати расидан ба натиҷаҳои беҳтарин ҳангоми истифодабарии ҳаҷми тасдиқшудаи маблағҳои буҷетӣ ё расидан ба натиҷаҳои гузошташуда бо истифода аз ҳаҷми камтарини маблағҳои буҷетиро дорад;
- натиҷабахшии истифодабарии маблағҳои буҷетӣ, ки маънои самт ва истифодабарии маблағҳои буҷетиро барои расидан ба натиҷаҳои пешакии муайянгардида ва нишондиҳандаҳои дахлдори миқдорӣ ва сифатӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- пурра пӯшонидани хароҷоти буҷет, яъне даромади буҷет ва воридот аз манбаъҳои маблағгузории касри он набояд бо хароҷоти муайяни буҷет вобаста карда шаванд, ба истиснои даромадҳои фондҳои мақсадноки буҷетӣ, маблағҳои мақсадноки қарзҳои давлатӣ ва ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ошкоро будани буҷетҳо, ки маънои интишори қатмии буҷетҳои тасдиқшуда ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо дар воситаҳои ахбори омма, пурра пешниҳод намудани ахборот дар бораи рафти иҷрои буҷетҳо, дастрас будани маълумоти дигар дар бораи буҷетҳо, ба истиснои маълумоти дороӣ сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, инчунин ҳатман ошкоро будани раванди буҷетӣ барои ҷамъият ва воситаҳои ахбори оммаро дорад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- эътимоднокии буҷетҳо, ки маънои боваринок будани дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои таҳияи лоиҳаи буҷет ва воқеияти ҳисобҳои даромад ва хароҷоти буҷетро дорад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- суроғавӣ ва мақсаднок будани таъиноти маблағҳои буҷетӣ маънои онро дорад, ки маблағҷудокунии буҷетӣ бо нишон додани мақсади истифодабарии онҳо то гирандагони маблағҳои буҷетӣ расонида мешавад;
- асоснок будани буҷетҳо, ки маънои банақшагирии буҷетро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи зарурати ба лоиҳаи буҷет ҳамроҳ кардани ин ё он даромад ё хароҷот ва асоснок будани ҳаҷми онҳоро дорад;
- иҷрои саривақтии буҷет, ки маънои ворид кардани даромадҳоро ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин гузаронидани маблағҳои буҷетиро ба гирандагон дар муҳлат ва бо риояи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро дорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
Моддаи 9. Гурӯҳбандии буҷетӣ
1. Гурӯҳбандии буҷетӣ - ба гурӯҳҳо ҷудо кардани даромаду хароҷот, манбаъҳои маблағгузории касри буҷетҳо, ки барои тартиб додан ва иҷро кардани буҷетҳои сатҳҳои гуногуни низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
2. Гурӯҳбандии буҷетӣ гурӯҳбандии ҳудудиро низ дар бар мегирад.
3. Гурӯҳбандии хароҷоти буҷетҳо аз инҳо иборат аст:
- гурӯҳбандии функсионалӣ (вазифавӣ);
- гурӯҳбандии иқтисодӣ;
- гурӯҳбандии идоравӣ (маъмурӣ);
- гурӯҳбандии барномавӣ.
4. Гурӯҳбандӣ барои пешниҳоди буҷет, ҳисобот аз рӯи буҷет ва назорати буҷет дар намудҳои зерин истифода бурда мешавад:
- гурӯҳбандии идоравӣ, иқтисодӣ ва гурӯҳбандии фондҳо барои пешниҳоди ҳисобот ва назорат;
- гурӯҳбандии даромадҳо, гурӯҳбандии функсионалӣ, барномавӣ, ҳудудӣ ва гурӯҳбандии маблағгузорӣ аз рӯи бахшҳо барои пешниҳоди маълумот ва ҳисобот.
5. Тартиби татбиқи гурӯҳбандии буҷетӣ ва низомномаи гурӯҳбандии буҷетии даромаду хароҷоти давлатиро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мекунад.
БОБИ 3. ДАРОМАДҲОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 10. Даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ
1. Даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ аз даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ, грантҳо, инчунин аз воридоти маблағҳои беподош иборат мебошанд.
2. Ба даромадҳои андозӣ инҳо дохил мешаванд:
- андозҳои умумидавлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ, ки номгӯй ва меъёри онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи андоз, гумрук ва боҷи давлатӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд. Таносуби тақсими андозҳо дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316, аз 13.11.2023 № 2009);
- боҷҳои давлатие, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид мегарданд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
3. Ба даромадҳои ғайриандозӣ инҳо дохил мешаванд:
- даромадҳо аз хизматрасониҳои пулакии мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, инчунин ташкилотҳои буҷетии тобеи мақомоти мазкур, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд;
- фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин корхонаҳои давлатӣ тибқи меъёрҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
- даромад аз фурӯши захираву пасандозҳои давлатӣ, фоизҳо аз депозитҳо ва сармоягузории давлатӣ, дивидендҳо аз дороиҳои молиявӣ (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- иҷорапулӣ барои истифодабарии молу мулки ҷумҳуриявӣ;
- воридоти маблағи бо тартиби ҷазои ҷиноятӣ ва маъмурӣ ба фоидаи давлат ситонидашаванда;
- воридоти маблағҳо аз дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд, аз ҷумла, ҷарима, пеняҳо ва фоизҳо барои риоя накардани уҳдадориҳои шартномавӣ, ҷуброни зараре, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ дар натиҷаи вайрон кардани интизоми молиявӣ расонида шудааст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
4. Ба даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ҳамчунин инҳо тааллуқ доранд:
- грантҳо ва дигар маблағҳои беподош, ки аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои давлатҳои дигар ворид мешаванд;
- маблағҳое, ки дар натиҷаи ҳисоббаробаркунии байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ворид мешаванд;
- маблағҳое, ки аз истифода ва фурӯши молу мулк ворид мешаванд, инчунин қарзгирии давлатии дохилӣ ва берунӣ, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ берун аз даромад ҳамчун манбаи маблағгузории касри буҷет истифода мешавад.
Моддаи 11. Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ
1. Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташкил меёбанд:
- андозу пардохтҳои махсуси мақсаднок ва ҳатмӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
- маблағҳои ихтиёран супурдаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- маблағҳои буҷети давлатӣ;
- даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорие, ки фонди дахлдор ҳамчун шахси ҳуқуқӣ амалӣ мегардонад;
- даромадҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.
3. Ҷамъоварӣ ва назорати пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети фондҳои мақсадноки давлатӣ мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
Моддаи 12. Даромадҳои буҷетҳои маҳаллӣ
1. Даромадҳои буҷетҳои маҳаллӣ аз даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ, инчунин аз воридоти маблағ аз ҳисоби андозу пардохтҳои танзимшавандаи умумидавлатӣ ва пардохтҳои дигар иборат мебошанд.
2. Ба даромадҳои андозии буҷетҳои маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:
- андозҳои маҳаллӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети маҳаллӣ, ки номгӯи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- даромадҳо аз андозу пардохтҳои танзимшавандаи умумидавлатӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ муайян гардида, ба буҷетҳои маҳаллӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- боҷи давлатӣ, ба истиснои боҷи давлатие, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда мешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
3. Ба даромадҳои ғайриандозии буҷетҳои маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:
- даромад аз буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар шакли кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), кӯмаки молиявӣ (субсидия), инчунин дар шакли ҳисоббаробаркунии мутақобила ба буҷети маҳаллӣ ворид мешавад;
- иҷорапулӣ барои истифодабарии молу мулки маҳаллӣ;
- даромад аз хизматрасониҳои пулакие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои буҷетии аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағузоришаванда ба анҷом мерасонанд;
- воридоти маблағ аз дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд, аз ҷумла ҷаримаҳо, пеня ва фоизҳо барои риоя накардани уҳдадориҳои шартномавӣ, барқарор намудани зарари дар натиҷаи вайрон кардани интизоми молиявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ расонидашуда;2009
- даромадҳо аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ - грантҳо, дигар пардохтҳои беподош аз шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ.
БОБИ 4. ХАРОҶОТИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 13. Асос ва принсипҳои ташаккули хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташаккули хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои ягонагии сохтор, шакл ва усулу воситаҳои фаъолият, меъёрҳои ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлатии таъминоти буҷетӣ, хароҷоти молиявӣ барои хизматрасониҳои давлатӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, асос меёбад.
Моддаи 14. Хароҷоти ҷорӣ ва асосии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистои
1. Хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аҳамияти иқтисодӣ ба хароҷоти ҷорӣ ва хароҷоти асосӣ тақсим мешавад.
2. Ба гурӯҳ ҷудокунии хароҷоти ҷорӣ ва асосии буҷет тибқи гурӯҳбандии иқтисодии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Хароҷоти ҷорӣ - қисми хароҷоти буҷет, ки барои таъмини фаъолияти ҷории мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои буҷетӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ муқаррар гардида, барои дастгирии сатҳҳои дигари низоми буҷети давлатӣ, соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот бо тариқи расонидани кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кӯмаки молиявӣ (субсидия) истифода мешавад.
4. Ба хароҷоти ҷорӣ инчунин хароҷоте мансуб мебошанд, ки тибқи гурӯҳбандии буҷетӣ ба хароҷоти асосӣ дохил нашудааст.
5. Хароҷоти асосӣ - хароҷоти буҷет, ки барои маблағгузории рушди фаъолияти сармоягузорӣ таъин гардидааст. Ба хароҷоти асосӣ инҳо дохил мешаванд:
- хароҷоте, ки тибқи барномаҳои сармоягузории тасдиқшуда барои маблағгузории шахсони ҳуқуқии амалкунанда ё аз нав таъсисёфта таъин шудааст;
- маблағҳое, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ҳамчун қарз барои маблағгузории рушд дода мешаванд;
- хароҷоти вобаста ба таъмири асосӣ ва хариди воситаҳои асосӣ;
- хароҷоте, ки ҳангоми иҷрои он молу мулки мутаносибан ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ мансуббуда афзоиш меёбад;
- хароҷоти дигаре, ки тибқи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ ба хароҷоти асосӣ дохил карда шудааст.
6. Дар таркиби хароҷоти асосӣ мумкин аст фондҳои рушд таъсис дода шаванд.
Моддаи 15. Шаклҳои хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои зайл амалӣ карда мешавад:
- маблағҷудокунӣ барои таъмини ташкилотҳои буҷетӣ;
- маблағҳо барои пардохти мол (кор ва хизматрасони)-ҳое, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ иҷро мекунанд;
- интиқоли маблағ (трансферт)-ҳо ба аҳолӣ;
- маблағҷудокунӣ барои ҷуброни хароҷоти иловагӣ, ки вобаста ба қабули қарор аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ пеш меояд ва дар натиҷа боиси афзоиши хароҷот ё кам шудани даромад мегардад;
- қарзи буҷетӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла қарзи андоз, батаъхирандозӣ ва тамдиди муҳлат барои супоридани андозу пардохтҳо ва дигар уҳдадориҳо (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба шахсони ҳуқуқӣ;
- кӯмаки молиявӣ (субсидия) ва қарз ба шахсони воқеӣ;
- маблағгузории сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии амалкунанда ва аз нав таъсисёбанда;
- қарзи буҷетӣ, кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), кӯмаки молиявӣ (субсидия) ба сатҳҳои дигари низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фондҳои мақсадноки давлатӣ (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- қарздиҳӣ ба давлатҳои дигар;
- маблағҳо барои хизматрасонӣ ва пардохти уҳдадориҳои қарзӣ, пардохти фоизи онҳо, аз ҷумла барои иҷрои кафолати мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
Моддаи 16. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ танҳо хароҷоти намудҳои зерини фаъолият маблағгузорӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316):
- таъмини фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идоракунии давлатӣ, хароҷоти дигари дорои аҳамияти умумидавлатӣ аз рӯи феҳристе, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- фаъолияти низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани фаъолияти байналмилалӣ, таъмини молиявии иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ ва шартномаҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ, илмию иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- мудофиа ва таъмини амнияти давлат, ба ғайр аз хароҷоте, ки бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳамин мақсадҳо амалӣ карда мешавад;
- таҳқиқоти бунёдӣ ва дастгирии пешрафти илмию техникӣ;
- дастгирии давлатии инфрасохторҳои нақлиётӣ ва сӯзишворию энергетикии дорои аҳамияти умумидавлатӣ;
- барномаҳои умумидавлатӣ оид ба рушди кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ;
- хароҷоти дорои аҳамияти умумидавлатӣ оид ба ҳифзи табиат ва муҳити зист;
- бартараф намудани оқибатҳои вазъияти фавқулодда ва офатҳои табиӣ;
- ташаккули моликияти ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории ташкилотҳое, ки дар ихтиёри мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ буда, ба моликияти давлатӣ мансубанд;
- хизматрасонӣ ва пардохти қарзи давлатӣ;
- ҷуброни хароҷоти фондҳои мақсадноки давлатӣ оид ба пардохти нафақа ва кӯмакпулӣ, дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд;
- пурра кардани захираҳои давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, захираи моддии давлатӣ;
- гузаронидани интихоботу раъйпурсиҳо;
- барномаҳои умумиҷумҳуриявии сармоягузорӣ;
- таъмини иҷрои қарорҳои мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ки ба афзоиши хароҷоти буҷет ё камшавии даромади буҷет оварда мерасонанд;
- таъмини иҷрои ваколатҳои алоҳидаи давлатӣ, ки амалӣ гардонидани онҳо ба сатҳи дигари мақомоти ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст;
- дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- ҳисоботи расмии омор;
- дигар хароҷоти дорои аҳамияти умумидавлатӣ.
Моддаи 17. Хароҷоти фондҳои мақсадноки давлатӣ
Маблағҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ танҳо барои иҷрои амалҳое истифода мешаванд, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи буҷети фондҳои мазкур муайян гардида, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ тасдиқ карда шудаанд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
Моддаи 18. Хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
Аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ танҳо хароҷоти намудҳои зерини фаъолият маблағгузорӣ карда мешавад:
- таъмини фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- таъмини фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- ташаккули моликияти коммуналӣ дар маҳалҳо ва идоракунии он;
- ташкил, таъмини фаъолият ва рушди муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, матбуот ва нашрияҳои даврӣ, дигар муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;
- рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва нигоҳдории онҳо;
- ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар маҳалҳо;
- ташкили истифода ва коркарди партовҳои рӯзгор;
- ташкили хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;
- ҳифзи табиат дар маҳалҳо;
- амалигардонии барномаҳои мақсадноки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- хизматрасонии қарзи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пардохти он;
- кӯмакҳои молиявии беподош (трансфертҳо) ба аҳолӣ;
- гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- маблағгузории қарорҳои дигари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва хароҷоти дигар, ки мутобиқи гурӯҳбандии буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мансуб дониста шудаанд.
Моддаи 19. Хароҷоти якҷояи буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ
1. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ хароҷоти якҷояи намудҳои зерини фаъолият маблағгузорӣ карда мешавад:
- дастгирии давлатии соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳ;
- таъмини фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ;
- таъмини бехатарии зидди сӯхтор;
- таъмини фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, лоиҳакашию таҳқиқотӣ, ки пешрафти илму техникаро таъмин менамоянд;
- таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш;
- таъмини ҳифзи табиат, ҳифз ва таҷдиди сарватҳои табиӣ, фаъолияти обуҳавошиносӣ;
- таъмини пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои вазъияти фавқулодда ва офатҳои табиӣ;
- рушди инфрасохтори бозор;
- таъмини фаъолияти воситаҳои ахбори омма;
- кӯмаки молиявӣ ба дигар буҷетҳо;
- хароҷоти дигар, ки дар ихтиёри якҷояи мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад.
2. Тақсим ва вобаста кардани хароҷоти дар моддаи мазкур ифодаёфта байни буҷетҳои сатҳҳои мухталифи низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои идораи якҷояро танзим менамояд, инчунин бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
3. Тартиби мувофиқаи тақсимот ва вобаста кардани хароҷот дар идоракунии муштараки мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 5. МУВОЗИНАТИ БУҶЕТҲО
(Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316)
Моддаи 20. Барзиёдии (профисити) буҷет
1. Зиёд будани даромади буҷет нисбат ба хароҷоти он барзиёдии (профисити) буҷет мебошад. Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ метавонанд бо барзиёдӣ (профисит) таҳия ва тасдиқ карда шаванд.
2. Барзиёдии (профисити) буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ метавонад ҳамчун депозит дар Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои дигар ва ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шавад ва ё бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақсадҳои зерин равона карда шавад:
- пӯшонидани касри буҷети дахлдор дар соли молиявии навбатӣ (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- барҳамдиҳии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, офатҳои табиӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда.
Моддаи 21. Касри буҷет ва манбаъҳои маблағгузории он
1. Барзиёдии хароҷоти буҷет нисбати даромади он касри буҷет мебошад.
2. Дар ҳолати қабули буҷет барои соли молиявии навбатӣ бо барзиёдии хароҷот нисбати даромад манбаъҳои маблағгузории касри буҷети мазкур бо қонун (қарор) дар бораи буҷети дахлдор тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
3. Хароҷоти ҷории буҷетҳои маҳаллӣ аз маҷмуи даромадҳои буҷетҳои мазкур зиёд шуда наметавонанд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316, аз 13.11.2023 № 2009).
4. Маҷмуи касри буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳаҷми умумии маблағгузории буҷетӣ ва хароҷот барои пардохти хизматрасонии қарзи давлатӣ зиёд шуда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
5. Маҷмуи касри буҷетҳои маҳаллӣ аз ду фоизи ҳаҷми даромади онҳо, ба истиснои кӯмаки молиявӣ аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шуда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
6. Воридот аз манбаъҳои маблағгузории касри буҷетҳои маҳаллӣ танҳо барои маблағгузории хароҷоти сармоягузорӣ равона карда мешаванд. Истифодаи он барои маблағгузории хароҷоти хизматрасонӣ, пӯшонидан ва пардохти қарзи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ манъ аст.
7. Ба манбаъҳои маблағгузории касри буҷети ҷумҳуриявӣ инҳо мансубанд:
1) Манбаъҳои дохилӣ:
- қарзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзӣ бо асъори миллӣ мегирад;
- векселҳои давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ дар шакли коғазҳои қиматнок мебарорад;
- депозитҳои маблағҳои буҷетӣ ба ҳолати аввали соли буҷетӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои дигар ё ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарзҳои буҷетӣ, ки аз сатҳҳои болоии низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешаванд.
2) Манбаъҳои берунӣ:
- қоғазҳои қиматноки давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли коғазҳои қиматнок бо асъори хориҷӣ мебарорад;
- қарзҳои давлатҳои дигар, бонкҳо, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ғайрирезидентҳо, ки бо асъори хориҷӣ гирифта мешаванд.
БОБИ 6. ҚАРЗИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 22. Қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таркиб ва шаклҳои он
(Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316)
1. Қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, давлатҳои дигар, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, дигар субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
2. Қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва бе ягон шарт аз ҳисоби молу мулки дар моликияти давлатбуда таъмин карда мешавад.
3. Ҳуқуқи қарзгирии давлатии дохилӣ ва берунӣ, сохтор, тартиби хизматрасонӣ, ҳисоби бақайдгирӣ, таҷдиди сохтории он, ҷудо кардани қарз ба давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
БОБИ 7. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИБУҶЕТӢ
Моддаи 23. Асосҳои муносибатҳои байнибуҷетӣ
1. Муносибатҳои байни мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ, ки дар раванди буҷетӣ ба амал меоянд, муносибатҳои байнибуҷетӣ мебошанд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
2. Муносибатҳои байнибуҷетӣ ба принсипҳои зерин асос меёбанд:
- ба сатҳҳои муайяни низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим ва вобаста кардани даромадҳо ва хароҷоти буҷетҳо;
- дар асоси ҳудудгузории доимӣ ва аз рӯи меъёрҳои муваққатӣ тақсим намудани даромадҳои танзимкунанда дар байни сатҳҳои мухталифи низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баробарии ҳуқуқҳои буҷетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ;
- баробар кардани сатҳи ҳадди ақали таъминоти буҷетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- баробарии ҳамаи буҷетҳо дар муносибатҳои тарафайн бо буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Андозҳои маҳаллӣ пурра ба буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида мешаванд. Тақсимоти андозҳои умумидавлатӣ дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамасола бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
Моддаи 24. Шаклҳои кӯмаки молиявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ
1. Кӯмаки молиявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ дар шаклҳои зерин расонида мешавад:
- кӯмаки молиявии беподош (дотатсия) - барои баробар кардани ҳадди ақали таъминоти буҷетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағгузории ҳадди ақали стандартҳои давлатии иҷтимоӣ, ки масъулияти маблағгузории онҳо ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузошта шудааст;
- мусоидати молиявӣ (субвенсия) - барои маблағгузории хароҷоти алоҳидаи мақсаднок;
- қарзи буҷетӣ - барои пӯшонидани тафовутӣ муваққатии хазинавӣ, ки дар раванди иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ба вуҷуд меояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- дигар шаклҳои кӯмаки молиявӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
2. Тартиби расонидани кӯмаки молиявӣ, андозаи он дар шаклҳои кӯмаки молиявии беподош (дотатсия) ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф кардани тафовути хазинавӣ дар хазинадорӣ дар раванди иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ҳуқуқ дорад ба буҷетҳои маҳаллӣ қарзи муваққатӣ (ссуда) ҷудо намояд, ки дар давоми соли молиявии ҷорӣ баргардонида мешавад.
БОБИ 8. РАВАНДИ БУҶЕТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316)
Моддаи 25. Иштирокчиёни раванди буҷетӣ
(Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316)
Дар раванди буҷетӣ инҳо иштирок мекунанд:
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақомоти молия);
- дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- субъектони низоми танзими пулию қарзӣ ва асъорӣ (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ;
- тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандагон ва гирандагони маблағҳои буҷетӣ;
- ташкилотҳои буҷетӣ, корхонаҳои воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ташкилотҳои қарзӣ, ки бо маблағҳои буҷетӣ фаъолият мекунанд;
- мақомоти дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти соҳаи идоракунии молия, буҷет ва андозро ба зиммаи онҳо гузоштааст.
Моддаи 26. Салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатиро қабул мекунад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- назорати иҷрои буҷетро амалӣ менамояд;
- истифодабарии маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил мекунад ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро баррасӣ менамояд;
- бо пешниҳоди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додугирифти қарзи давлатӣ ризоят медиҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- ҳисоботи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли гузаштаи молиявӣ тасдиқ мекунад;
- салоҳиятҳои дигареро, ки Қонуни мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия ва буҷет, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, амалӣ мекунад.
2. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фондҳои мақсадноки давлатӣ низ чунин салоҳиятро амалӣ менамояд.
Моддаи 27. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- татбиқи сиёсати ягонаи давлатии молиявӣ, андозӣ, буҷетӣ ва пулию қарзиро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- ҳамасола дар бораи тартиби таҳияи лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи навбатии банақшагирии буҷетӣ қарор қабул мекунад;
- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатиро бо лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷату маводи зарурӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ дар бораи таъмини иҷрои он қарор қабул мекунад, инчунин дар доираи сатҳи касри буҷети тасдиқгардида грантҳо ва қарзҳоро аз манбаъҳои дохилию берунӣ барои маблағгузории он ҷалб менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- оид ба лоиҳаи қонунҳое, ки дар онҳо тағйироти даромад ва хароҷоти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохтшаванда пешбинӣ мегарданд, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса пешниҳод менамояд;
- оид ба додугирифти қарзи давлатӣ ризояти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегирад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- афзалияти қарзгирии давлатӣ ва қарзгирии кафолатноки давлатиро муайян намуда, тартиби идоракунии қарзгирии мазкур ва амалӣ намудани онро таъмин менамояд;
- ҳисоботро оид ба иҷрои буҷети давлатии соли гузаштаи молиявӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- тартиби ташкил ва барҳамдиҳии фондҳои мақсадноки давлатӣ, идоракунии фаъолият ва баррасии ҳисоботи онҳоро муайян менамояд;
- лоиҳаи қонунҳоро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ таҳия намуда, бо ҳуҷҷату маводи зарурӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- салоҳиятҳои дигареро, ки Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи андоз ва буҷет муқаррар намудаанд, амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
Моддаи 28. Ваколатҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- буҷети маҳаллиро мустақилона тасдиқ намуда, иҷрои онро назорат мекунанд ва ҳангоми зарурат ба он тағйиру иловаҳо ворид менамоянд;
- ба мақомоти болоӣ дар хусуси ворид намудани нишондиҳандаҳои буҷети тасдиқнамудаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316)
- ҳисоботи иҷрои буҷети маҳаллиро барои соли гузаштаи молиявӣ тасдиқ мекунанд;
- мувофиқи талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ваколатҳои дигарро амалӣ менамоянд.
Моддаи 29. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- қоидаҳои умумии ташкили муносибатҳои молиявию буҷетии маҳаллиро муқаррар менамоянд;
- захираҳои молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро идора мекунанд;
- маблағҳои буҷетиро мутобиқи гурӯҳбандии буҷетӣ тақсим намуда, барои истифодаи босамари онҳо масъул мебошанд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- ҳар сол лоиҳаи буҷети маҳаллиро барои соли молиявии навбатӣ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод мекунанд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- меъёрҳои таъминоти буҷетии маҳаллиро дар асоси меъёрҳои ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлатии таъминоти буҷетии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида таҳия ва тасдиқ намуда, бо назардошти онҳо лоиҳаи буҷети маҳаллиро таҳия менамоянд;
- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор дар бораи буҷетҳои маҳаллӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд;
- иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ҷамъоварии даромадҳоро назорат менамоянд;
- қарзи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро идора мекунанд;
- ваколатҳои дигарро, ки санадҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян кардаанд, амалӣ менамоянд.
Моддаи 30. Ваколатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- самтҳои асосии сиёсати давлатии молиявию буҷетӣ ва андозро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- роҳбарии методиро дар соҳаи таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ амалӣ мегардонад;
- тибқи тартиби муқарраргардида робитаи дутарафаи вилоят ва ноҳияҳоро дар раванди буҷетӣ танзим менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- нақши тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва гирандагони маблағҳои буҷетиро дар тайёр кардани буҷет, иҷрои буҷет, баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ танзим менамояд;
- лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ва лоиҳаи фондҳои мақсадноки давлатиро якҷоя - бо мақомоти дахлдор таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- дурнамои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли молиявии навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он таҳия мекунад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- роҳбарии методиро барои таъмини иҷрои буҷети давлатӣ амалӣ менамояд;
- рӯйхати буҷетии ҷамъбастии буҷети ҷумҳуриявиро тартиб медиҳад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- тибқи тартиби муқарраргардида барномаи қарзгирии давлатии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳо ва тартиби барориш ва паҳнкунии коғазҳои қиматнокро таҳия менамояд, ҳамчун эмитента коғазҳои қиматноки давлатӣ фаъолият карда, барориши коғазҳои қиматнокро ба қайд мегирад;
- бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ оид ба масъалаҳои молиявӣ ҳамкорӣ мекунад;
- барномаи қарзгирии давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, оид ба ҷалб намудани захираҳои қарзи хориҷӣ чораҳои зарурӣ меандешад, барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба додани кафолати қарзҳо таҳия намуда, тартиби додани кафолатро муайян мекунад;
- роҳбарии методиро оид баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо амалӣ менамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- ҳисоботро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида намудҳо, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисобот оид ба иҷрои буҷетҳои сатҳҳои гуногуни низоми Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сметаи хароҷоти ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин тартиби таҳияи онҳоро муайян менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, иҷрои пешакӣ, ҷорӣ ва минбаъдаи онро назорат мекунад ва бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалиёт мегузаронад;
- аз тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандагону гирандагони маблағҳои буҷетӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи истифодаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маълумоти дигари вобаста ба маблағгирӣ, маблағгузаронӣ, таъинот ва истифодаи маблағҳои мазкур ҳисобот талаб менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- аз бонкҳои ваколатдор оид ба амалиёт бо маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ маълумот талаб менамояд;
- ба тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандагону гирандагони маблағҳои буҷетӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва дигар ташкилотҳои қарзӣ оид ба бартараф кардани норасогиҳои ошкоршуда дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия ва буҷет пешниҳод манзур менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- дар доираи салоҳияти худ тибқи тартиби муқарраргардида санадҳои меъёриро қабул мекунад, ки риояи онҳо барои тамоми мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, инчунин субъектҳои хоҷагидорӣ ҳатмӣ мебошад;
- аз мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ барои таҳияи дурнамо ва лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи зарурӣ талаб карда мегирад;
- дар доираи меъёри (лимити) маблағҳои бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор тасдиқшуда ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории буҷетиро таъмин менамояд;
- аудити дохилии ташкилотҳои буҷетиро, ки шуъбаи аудити дохилӣ надоранд, мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- таҳлил ва мониторинги вазъи молиявии маблағгирандагони буҷетӣ, аз ҷумла, онҳоеро, ки қарз, грантҳо, мусоидати молиявӣ (субвенсия), кӯмаки молиявӣ (субсидия) ва кафолатҳои давлатӣ мегиранд, мегузаронад.
- фаъолияти низоми аудити дохилиро дар асосӣ стандартҳои байналмилалӣ, мақсаду принсипҳо ва вазифаҳои ягонаи аудити дохилӣ таъмин менамояд;
- мониторинги мунтазами фаъолияти молиявию хоҷагии корхонаҳои азими давлатиро аз рӯи феҳристи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;
- таҳлилҳои иқтисодиро оид ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, аз ҷумла оид ба воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мегузаронад;
тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор гирандагони маблағҳои буҷетиро аз мавқеи риояи шартҳои гирифтани маблағҳо ва истифодабарии самараноки онҳо месанҷад;
- идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммааш вогузор намудаанд, иҷро мекунад.
Моддаи 31. Ваколатҳои мақомоти назорати давлатии молиявӣ
Ваколатҳои мақомоти назорати давлатии молиявӣ бо Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1027).
Моддаи 32. Ваколатҳои гақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ
1. Ҳар як тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ ташкилоти буҷетӣ ва мувофиқан шахси ҳуқуқӣ ва воҳиди баҳисобгирӣ мебошад.
2. Тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ:
- истифодабарии самаранок, таъсирнок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, аз ҷумла маблағҳои барои гирандагони маблағҳои буҷетии тобеи худ пешбинигардидаро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети заминавии тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетиро таҳия менамояд ва банақшагирии хароҷоти буҷети дахлдорро амалӣ менамояд;
- иҷрои буҷети сохтори тобеи худ ва гирандагони маблағҳои буҷетиро ташкил менамояд, инчунин ҳисоботи буҷетии тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетиро ташаккул медиҳад;
- назорати молиявии дохилиро дар соҳаи фаъолияти худ, инчунин дар соҳаи фаъолияти тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва гирандагони маблағҳои буҷетии тобеи худ ташкил ва амалӣ менамояд.
3. Тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар бахши муайяни соҳаи буҷет масъул мебошад, ҳамчунин уҳдадориҳои зеринро амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009):
- бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол стратегияи миёнамуҳлати хароҷоти буҷетии бахшҳои дахлдорро таҳия ва ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- дар бораи самтҳои афзалиятноки хароҷоти буҷетӣ дар бахши дахлдор пешниҳод манзур менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти молияи давлатӣ буҷети заминавии бахшро таҳия намуда, банақшагирии хароҷоти дахлдори буҷетро амалӣ менамояд, инчунин банақшагирии хароҷоти сармоягузориро дар бахшҳо таъмин менамояд.
Моддаи 33. Ваколатҳои тақсимкунандаи маблағҳои буҷетӣ
1. Ҳар як тақсимкунандаи маблағҳои буҷетӣ ташкилоти буҷетӣ ва мувофиқан шахси ҳуқуқӣ ва воҳиди баҳисобгирӣ мебошад.
2. Тақсимкунандаи маблағҳои буҷетӣ:
- натиҷабахшӣ, самаранокӣ ва хусусияти мақсаднок доштани истифодабарии маблағҳои буҷетӣ, аз ҷумла маблағҳои барои гирандагони маблағҳои буҷетии ташкилотҳои тобеи худ пешбинишударо таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- бо тартиби муқаррарнамудаи тақсимкунандаи асосии болоии маблағҳои буҷетӣ оид ба масъалаҳои банақшагирии буҷетӣ ва иҷрои буҷет пешниҳод манзур менамояд;
- назорати дохилии молиявиро дар соҳаи фаъолияти худ, аз ҷумла дар фаъолияти ташкилотҳои тобеи гирандагони маблағҳои буҷетии худ ташкил ва амалӣ менамояд.
Моддаи 34. Ваколатҳои гирандаи маблағҳои буҷетӣ
1. Ҳар як гирандаи маблағҳои буҷетӣ ташкилоти буҷетӣ ва мувофиқан шахси ҳуқуқӣ ва воҳиди баҳисобгирӣ мебошад.
2. Гирандаи маблағҳои буҷетӣ:
- истифодабарии самаранок, таъсирбахш ва маҳсадноки маблағҳои буҷетии барои ӯ ҷудошударо таъмин менамояд;
- сметаи хароҷотро дар доираи маблағҷудокуниҳои солона ва меъёри (лимити) семоҳа таҳия менамояд;
- аз рӯи хароҷоти маблағҳои буҷетӣ мувофиқи сметаи хароҷоти тасдиқшуда амалиёт мегузаронад;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хариди давлатӣ шартнома мебандад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- бо тартиби муқаррарнамудаи тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ ё тақсимкунандаи маблағҳои буҷетӣ оид ба масъалаи банақшагирии буҷет ва иҷрои буҷет пешниҳод манзур менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти молия оид ба хароҷоти маблағҳо ҳисобот пешниҳод менамояд;
- фаъолияти низоми назорати дохилиро таъмин менамояд.
3. Гирандаи маблағҳои буҷетӣ уҳдадор аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009):
- дархости буҷетӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳуқуқи гирифтани маблағи буҷетиро тасдиқ мекунанд, сари вақт пешниҳод намояд;
- маблағҳои буҷетиеро, ки дар асосӣ бозпас гардонидан дода шудаанд, сари вақт ва пурра баргардонад;
- фоизи истифодабарии маблағҳои буҷетиро саривақт ва пурра пардохт намояд.
БОБИ 9. ТАРТИБИ ТАҲИЯИ ЛОИҲАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 35. Мақсади таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ
Мақсади таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ таъмини муттаҳидкунӣ ва тақсимоти самараноки захираҳои молиявии давлат дар дурнамои миёнамуҳлат бо назардошти зарурати расидан ба стандартҳои ҳадди ақали иҷтимоии давлатӣ дар асоси меъёрҳои хароҷоти молиявӣ барои хизматрасонии давлатӣ ва дигар меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи мақсадҳои дарозмуҳлату миёнамуҳат ва афзалиятҳои сиёсати давлатӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
Моддаи 36. Муносибатҳои асосӣ нисбат ба таҳияи буҷети давлатӣ
1. Лоиҳаи буҷети давлатӣ бо назардошти дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси бузургии ҳисобии буҷети заминавӣ, афзалиятҳо ва самтҳои нави сиёсати давлатӣ дар давраи банақшагирии буҷетӣ таҳия карда мешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
2. Буҷети заминавӣ - нишондиҳандаи ҳисобӣ барои ташаккули буҷет, ки самтҳои асосии хароҷот, лоиҳа ва барномаҳоеро дар бар мегирад, ки маблағгузории онҳо дар солҳои гузашта шуруъ гардида, хароҷот барои афзалиятҳо ва самтҳои нави сиёсати давлатӣ ба онҳо дохил нестанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
3. Афзалиятҳо ва самтҳои нави сиёсати давлатӣ дар давраи банақшагирии буҷетӣ дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии қабулгардидаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
4. Лоиҳаи буҷет дар давраи банақшагирии буҷетӣ ҳамасола бо роҳҳои зерин таҳия карда мешавад:
- аниқсозии нишондиҳандаҳои солҳои якум ва дуюми давраи банақшагирии буҷетӣ;
- илова кардани нишондиҳандаҳои соли сеюми давраи банақшагирии буҷетӣ.
Моддаи 37. Ташкили таҳияи буҷети давлатӣ
Корҳои таҳияи буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он тартиб ва муҳлати ташаккули лоиҳаи буҷетро тасдиқ менамояд, ташкил карда мешаванд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақсимкунандагони асосӣ ва дигар иштирокчиёни раванди буҷетӣ Дастурамали ташаккули лоиҳаи буҷетро таҳия ва тасдиқ менамояд, ки дар он ҷадвал ва расмиёти омодасозии буҷети давлатӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316, аз 13.11.2023 № 2009).
Моддаи 38. Раванди таҳияи буҷети давлатӣ
(Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316)
1. Раванди таҳияи буҷети давлатӣ аз ду марҳила иборат мебошад. Дар марҳилаи аввал Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати давлатии молиявию буҷетӣ ва андозиро барои давраи банақшагирии буҷетӣ таҳия намуда, онро барои баррасӣ ба Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Самтҳои асосии сиёсати давлатии молиявию қарзӣ ва андозӣ дар давраи банақшагирии буҷетӣ барои ҳар як сол бояд маълумотҳои зеринро дар бар гиранд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316):
- нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ аз рӯи даромад, хароҷот, каср ё барзиёдӣ, ҳаҷми қарзи давлатӣ;
- нишондиҳандаҳои ҳисобии буҷети заминавӣ;
- нишондиҳандаҳои сармоягузории давлатӣ;
- ҳаҷми умумии хароҷот барои татбиқи самтҳои нави сиёсати давлатӣ;
- пешниҳод оид ба самтҳои афзалиятноки хароҷот барои татбиқи самтҳои нави сиёсати давлатӣ, ки бо назардошти пешниҳодоти дахлдори тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ омода шудаанд;
- ҳадди ниҳоии хароҷот аз рӯи нишондиҳандаҳои васеи гурӯҳбандии буҷетӣ;
- дигар маълумотҳо, ки барои таҳияи буҷети давлатӣ зарур мебошанд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида пас аз баррасии самтҳои асосии сиёсати давлатии молиявию қарзӣ ва андоз дар давраи банақшагирии буҷетӣ дар бораи маъқул донистани онҳо бо назардошти тағйиру иловаҳои зарурӣ ва инчунин дар бораи нашри онҳо қарор қабул менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
3. Пас аз маъқул дониста шудани самтҳои асосии сиёсати давлатии молиявию қарзӣ ва андоз дар давраи банақшагирии буҷетӣ аз ҷониби Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ниҳоии хароҷотро аз рӯи нишондиҳандаҳои васеи гурӯҳбандии буҷетӣ ба маълумоти тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ мерасонад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
4. Дар давраи дуюми таҳияи буҷети давлатӣ дар асоси ҳадди ниҳоии тасдиқшудаи буҷетӣ тибқи тартиб ва муҳлатҳои муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, ки масъули таҳия ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар бахшҳои соҳаи буҷет мебошанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009):
- стратегияи миёнамуҳлати хароҷоти буҷети бахшҳои дахлдорро таҳия ва ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- хароҷоти буҷетро мувофиқи гурӯҳбандии буҷетӣ тақсим ва дархости буҷетиро таҳия карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
5. Нақшаҳои стратегии буҷетии бахшҳо бояд маълумоти зеринро дар бар гиранд:
- нишондиҳандаҳои хароҷоти буҷети бахшҳо мувофиқ ба гурӯҳбандии буҷетӣ;
- нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии бахш ва индикаторҳои натиҷавӣ;
- тавсифи барномаҳо ва нишондиҳандаҳои асосии натиҷаҳои онҳо.
6. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лоиҳаи буҷетҳои маҳаллиро оид ба даромад ва хароҷот мувофиқи гурӯҳбандии буҷетӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
7. Дар ҳолати аниқ намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар раванди таҳияи буҷети давлатӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ба нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ ислоҳ ворид намояд.
8. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ҷамъбастии хароҷотро оид ба нишондиҳандаҳои васеи гурӯҳбандии буҷетӣ ташаккул дода, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли молиявии навбатӣ бо мактуби тавзеҳотии он таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Мактуби тавзеҳотӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316):
- самтҳои асосии сиёсати давлатии молиявию қарзӣ ва андозии аниқшуда (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- тавсифи хароҷот оид ба бахшҳои соҳаи буҷетӣ;
- инчунин маълумоти дигаре, ки барои баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ зарур аст (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
9. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатибо ҳуҷҷату маводи зарурии пешниҳодгардида баррасӣ намуда, пас аз маъқул донистан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
Моддаи 39. Ҳуҷҷату маводе, ки зимни таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ истифода мегарданд
1. Барои тартиб додани лоиҳаи буҷети давлатӣ ҳуҷҷату маводи зерин истифода карда мешаванд:
- дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли ҷорӣ, соли навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- самтҳои асосии сиёсати молиявию буҷетӣ ва андозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- барномаи давлатии сармоягузорӣ барои соли молиявии навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он бо ҳаддҳои ниҳоии мувофиқи маблағгузорӣ (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- барномаи қарзгирии давлатии дохилӣ ва берунӣ ва додани қарз ба дигар давлатҳо барои соли ҷорӣ, соли молиявии навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- нақшаҳои буҷетии стратегии соҳаҳо (бахшҳо);
- лоиҳаи барномаи кафолатҳои давлатӣ дар давраи нақшавӣ;
- арзёбии талафи буҷети давлатӣ аз ҳисоби имтиёзҳои андозии пешбинигардида;
- арзёбии иҷрои пешгӯишавандаи буҷет дар соли ҷории молиявӣ;
- ҳуҷҷату маводи дигар, ки барои таҳияи буҷети давлатӣ зарур мебошанд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз вазорату идораҳо, инчунин дигар тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ ҳуҷҷатҳо ва маводи дигар, аз ҷумла асосноккуниҳои пардохтиро, ки барои таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ зарур мебошанд, талаб карда гирад. Вазорату идораҳо ва дигар тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ вазифадоранд, ки дар муҳлатҳои муайянгардида маълумоти дархостшударо пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
Моддаи 40. Тартиби таҳияи буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ
1. Буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ аз ҷониби мақомоте, ки ин фондҳоро идора менамоянд, мутобиқи низомномаи фондҳои мазкур тибқи тартиб ва муҳлатҳои муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
2. Дар ҳолати ба миён омадани мухолифат байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоте, ки буҷети фондҳои мақсадноки давлатиро таъмин менамоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала қарори дахлдори худро қабул ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Моддаи 41. Таҳияи буҷетҳои маҳаллӣ
1. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷетҳои маҳаллӣ афзалиятҳои буҷетии дар нақшаҳои буҷетии стратегии соҳаҳо (бахшҳо) овардашуда ва меъёрҳои ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлатии таъминоти буҷетӣ, дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316, аз 13.11.2023 № 2009).
2. Буҷетҳои маҳаллиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси дастури методии тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамоянд.
3. Барои таҳияи буҷетҳои маҳаллӣ мақомоти молияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор масъул мебошанд.
БОБИ 10. ПЕШНИҲОД, БАРРАСӢ ВА ТАСДИҚИ БУҶЕТҲО
Моддаи 42. Тартиби пешниҳоди буҷетҳои маҳаллӣ
1. Лоиҳаҳои буҷетҳои маҳаллиро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод менамоянд. Лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи буҷетҳои маҳаллӣ бояд чунин маълумотро дар бар гиранд:
- нишондиҳандаҳои даромаду хароҷот барои соли молиявии навбатӣ ва давраи миёнамуҳлат (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316, аз 13.11.2023 № 2009);
- ҳисоби маблағҳои зарурии кӯмаки молиявии беподош (дотатсия) ва мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд.
2. Нишондиҳандаҳои хароҷоти буҷети маҳаллӣ аз рӯи бахшҳо (фаслҳои гурӯҳбандии функсионалӣ) барои соли молиявии навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он бо тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии дахлдор, ки барои муайян кардани (таҳия намудан ва гузаронидани) сиёсати давлатӣ дар бахшҳои соҳаи буҷет масъул мебошанд, мувофиқа карда мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
3. Дар мавриди ба миён омадани мухолифат байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба таҳияи лоиҳаи буҷети маҳаллӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала қарори дахлдори худро қабул ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
4. Раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоят ва шаҳр нишондиҳандаҳои даромаду хароҷоти буҷетҳо ва ҳисобҳоро оид ба онҳо мувофиқи талаботу қоидаҳои пешбининамудаи моддаи мазкур ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии болоӣ пешниҳод менамоянд.
Моддаи 43. Тартиби пешниҳоди лоиҳаи буҷети давлатӣ
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикисгон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 сентябри соли ҷорӣ пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида лоиҳаи пешниҳодгардидаи буҷети давлатӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул мекунад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли молиявии навбатӣ ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 ноябри соли ҷорӣ пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
Моддаи 44. Ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки дар як вақт якҷоя бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд
(Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316)
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷату маводи зеринро низ пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316):
- ҷамъбасти пешакии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ;
- дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли ҷорӣ, соли молиявии навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- ҳисобот дар бораи баҳогузории хавфи фискалӣ;
- самтҳои асосии аниқшудаи сиёсати молиявию буҷетӣ ва андозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- лоиҳаи буҷети давлатӣ бо нишондиҳандаҳои васеи гурӯҳбандии буҷетӣ барои соли молиявии навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- нақшаҳои буҷетии стратегии соҳаҳо (бахшҳо);
- лоиҳаи барномаи қарзгирии давлатии берунӣ ва ба дигар давлатҳо додани қарз дар соли ҷорӣ, барои соли молиявии навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- лоиҳаи барномаи қарзгирии дохилӣ, ки барои пардохти касри буҷет дар соли ҷорӣ, барои соли молиявии навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздошти амал ё беэътибор донистани қонунҳое, ки дар онҳо хароҷоти маблағ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешбинӣ мегардад (ҳангоми зарурат)(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- инчунин ҳуҷҷатҳои дигаре, ки барои баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ зарур мебошанд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
2. Ҳуҷҷатҳои алоҳидаи пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур метавонанд ба таркиби ҳуҷҷатҳои шарҳдиҳандаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ илова карда шаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
3. Дар баробари пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд лоиҳаҳои қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" пешниҳод карда шаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
Моддаи 45. Фонди хароҷоти пешбининашуда
1. Фонди хароҷоти пешбининашуда ҳар сол ба ҳаҷми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дохил карда мешавад. Андозаи фонди хароҷоти пешбининашуда наметавонад аз 0,5 фоизи даромади буҷети давлатӣ зиёд бошад. Тақсимот ва истифодабарии маблағҳои фонди хароҷоти пешбининашуда дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маблағҳои фонди хароҷоти пешбининашуда барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ва дигар ҳолатҳои дар буҷет пешбининашуда ба миён меоянд, сарф мегарданд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хароҷоти фонди хароҷоти пешбининашуда маълумот пешниҳод менамояд.
Моддаи 46. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2 фоизи даромади буҷети давлатӣ муқаррар гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ дохил мешавад.
2. Маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷот карда мешаванд.
Моддаи 46(1). Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1535)
1. Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба андозаи 0,2 фоизи даромади Буҷети давлатӣ муқаррар гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ дохил мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1535).
2. Тартиби ихтиёрдорӣ намудани маблағҳои Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Маблағгузории Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ баъди қатъи ваколати президентии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат оғоз мегардад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1535).
Моддаи 47. Фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт
Бо мақсади дастгирии муътадилии макроиқтисодӣ, таъмини устувории низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вуҷуд овардани кафолати иҷрои уҳдадориҳои давлат дар таркиби буҷети давлатӣ метавонад Фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт таъсис дода шавад. Тартиби ташаккул ва истифодабарии Фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, андозаи маблағҳо барои фонди стабилизатсионӣ" илова карда шуда ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316, аз 13.11.2023 № 2009).
Моддаи 48. Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 746)
1. Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба андозаи 0,5 фоизи ҳаҷми даромади буҷети маҳаллии дахлдор муқаррар гардида, ба таркиби хароҷоти он дохил карда мешавад.
2. Ба фонди захиравӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ихтиёрдорӣ менамояд.
3. Истифодаи маблағҳои фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 746).
Моддаи 49. Тартиби баррасӣ ва тасдиқи буҷетҳо
(Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316)
1. Тартиби баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ва тасдиқи онро Қонуни мазкур муайян мекунад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
2. Тартиби баррасии лоиҳаи қарор дар бораи буҷети маҳаллӣ ва тасдиқи онро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунанд.
3. Лоиҳаи буҷети фондҳои мақсадноки давлатӣ дар як вақт бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
4. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси тағйирёбии даромадҳои буҷети давлатӣ дар соли молиявии навбатӣ ё соли минбаъдаи он мегардад, то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
5. Нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ тасдиқ карда мешаванд. Нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ оид ба мавқеъҳои васеи гурӯҳбандии буҷетӣ барои ду соли ояндаи баъди соли молиявии навбатӣ бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
Моддаи 50. Оқибатҳои қабул нашудани Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистои барои соли молиявии навбатӣ
1. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли тақвимӣ қабул нашудааст, мавриди амал қарор дода намешавад ва маблағгузории хароҷот мутобиқи муқаррароти моддаи 53 Қонуни мазкур сурат мегирад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316, аз 13.11.2023 № 2009).
2. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур метавонад қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маблағгузории хароҷот аз буҷети давлатӣ дар семоҳаи якуми соли молиявии навбатиро қабул намояд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316, аз 13.11.2023 № 2009).
Моддаи 51. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор дар рафти иҷрои он
1. Лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор аз рӯи тамоми масъалаҳое, ки мавзӯи танзими Қонуни мазкур мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
2. Дар ҳолати кам ё барзиёд ворид шудани маблағҳо ба буҷет, ки метавонад боиси тағйирёбии даромади буҷети давлатӣ ба андозаи то 10 фоизи таъиноти солона нисбат ба буҷети тасдиқшуда гардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ бе тағйир ёфтани андозаи касри буҷет қарор қабул намояд. Қарори мазкур дар давоми 5 рӯз ба маълумоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуда, ҳатман нашр карда мешавад.
3. Дар ҳолати кам ё зиёд шудани воридоти маблағҳо ба буҷет, ки метавонад боиси 10 фоиз ё аз он зиёд тағйир ёфтани даромад аз таъиноти солонаи тасдиқшудаи буҷети давлатӣ гардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор ё лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдорро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни зикргардидаро бо тартиби ғайринавбатӣ дар давоми 15 рӯз баррасӣ менамояд.
4. Агар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор дар муҳлати муқарраргардида қабул нашавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки бо қабули қарори мувофиқ оид ба масоили мазкур хароҷоти буҷети давлатиро мутаносибан кам ё зиёд намояд, агар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.2009
5. Ҳама гуна лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд, бояд ҳамзамон бо таъсири молиявии интизории онҳо ба буҷети давлатӣ пешниҳод гарданд, аз ҷумла:
- бо ҳисобҳои хароҷоти соли ҷорӣ, соли молиявии навбатӣ ва ду соли минбаъдаи он бо нишон додани номгӯи хароҷот ва омилҳои асосие, ки боиси ин хароҷот мегарданд, инчунин арзиши қиёсии ҳар як омили хароҷот (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316);
- бо баҳодиҳии арзиши умумии татбиқи лоиҳаҳои дахлдор, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ояндаи дарозмуҳлат (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
6. Дар баробари ин ҳамчунин ба Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ бояд пешниҳодот дар хусуси пӯшонидани хароҷоти афзуда ё дар хусуси пӯшонидани талафоти даромадҳо ворид карда шаванд.
БОБИ 11. ИҶРОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 52. Тартиби тасдиқи сметаи хароҷот
1. Пас аз тасдиқи буҷети давлатӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯз ба тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандагон ва гирандагони маблағҳои буҷетии буҷети ҷумҳуриявӣ дар хусуси маблағҳои барояшон пешбинишуда хабар медиҳад. Ташкилотҳои буҷетӣ дар доираи маблағҳои барояшон пешбинишуда сметаи хароҷоти худро таҳия ва тасдиқ намуда, дар муҳлати на зиёда аз 30 рӯзи пас аз тасдиқи буҷети давлатӣ онҳоро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
2. Тартиби таҳия ва тасдиқи сметаи хароҷоти ташкилотҳои буҷетиро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 53. Иҷрои буҷети давлатии тасдиқнашуда
1. Дар ҳолати буҷети давлатиро то 31 декабри соли тақвимӣ тасдиқ накардани Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақоми молияи маҳаллӣ) ба ташкилотқои буҷетӣ барои хароҷот ба миқдори аз дувоздаҳ як ҳиссаи хароҷоти буҷети соли гузашта барои ҳар моҳи пурра маблағ ҷудо менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
2. Маблағгузории моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот дар ҳаҷми пурраи соли гузашта анҷом дода мешавад. Хизматрасонии қарз, фоизи қарз ва пардохти уҳдадориҳои дигари давлатӣ, ки метавонанд боиси татбиқи муҷозоти ҷаримавӣ гарданд, пурра иҷро карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
3. Даромадҳои воридшуда, дигар воридот ва хароҷот, ки то тасдиқи буҷети давлатӣ амалӣ гардидаанд, аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ба танзим дароварда мешаванд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
Моддаи 54. Ваколату масъулияти вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ оид ба иҷрои буҷети давлатӣ
1. Вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ хароҷоти худро мувофиқи сметаҳои тасдиқшуда амалӣ менамоянд.
2. Ташкилотҳои дахлдор ба воситаи хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои маҳаллии он маблағгузорӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
3. Роҳбарони тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандагон ва гирандагони маблағҳои буҷетӣ барои истифодабарии мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ масъул мебошанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
4. Ташкилотҳои буҷетӣ ҳуқуқ надоранд зиёдтар аз маблағҳои тасдиқкардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ уҳдадорӣ қабул намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
Моддаи 55. Азнавтақсимкунӣ ва маҳдудкунии маблағҷудокуиии буҷетӣ № р раванди иҷрои буҷет
(Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316)
1. Хароҷоти тасдиқшудаи буҷетии вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ метавонад дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Точикистон барои соли дахлдори молиявӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёбад ва аз нав тақсим карда шавад.
2. Дар доираи сметаи хароҷоти вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ азнавтақсимкунии маблағҳо байни моддаҳои хароҷот бо иҷозати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- дар ҳолати ошкор шудани далелҳои истифодабарии маблағҳои моддаи хароҷот барои хароҷоти моддаи дигар, вайрон кардани талаботи идоракунии самараноки молиявӣ то пурра бартараф намудани ин ҳолатҳои ошкоршуда амалиёти хароҷотиро аз рӯи моддаи дахлдор боздошт кунад ё маблағгузории хароҷотро ба андозаи маблағҳои ошкоргардидаи ин моддаҳои хароҷотӣ кам намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- дар ҳолати гузаштани муҳлати давомнокии даъво аз рӯи қарзҳои дебиторӣ ва кредитории ташкилотҳои буҷетӣ маблағгузории моддаҳои хароҷотро, ки аз рӯи онҳо қарзҳои мазкур ба вуҷуд омадаанд, ба андозаи ҳамин қарзҳо кам кунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тағйирёбии ваколатҳои тақсимкунандаи асосӣ, тақсимкунанда ва гирандаи маблағҳои буҷетӣ ё зиёд гардидани андозаи касри солонаи буҷет бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории буҷетиро муваққатан манъ намояд, ҳаҷми маблағҷудокуниҳоро кам кунад ё вақти ҷудо намудани онҳоро тағйир диҳад.
4. Дар ҳолати азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ташкилотҳои буҷетӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷет дар доираи маблағҳои барои таъминоти онҳо ҷудошуда тағйироти дахлдор ворид месозад.
Моддаи 56. Иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ
1. Буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи хароҷот тавассути низоми автоматикунонидашудаи хазинадории давлатӣ дар доираи маблағҳои буҷетии дар суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ воқеан мавҷудбуда бо риояи ҳатмии марҳилаҳои асосии зерин иҷро карда мешавад:
- муқаррар намудани таъиноти буҷетии тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ дар асоси рӯйхати тасдиқшудаи буҷетӣ;
- расонидани маблағҳои буҷетӣ ба тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ, инчунин тасдиқи сметаҳои буҷетӣ аз ҷониби гирандагони маблағҳои буҷетӣ;
- қабули уҳдадориҳои пулӣ аз ҷониби гирандагони маблағҳои буҷетӣ;2009
- тасдиқ ва санҷиши иҷрои уҳдадориҳои пулӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009);
- иҷрои пардохтҳо (хароҷоти маблағҳои буҷетӣ);
- истифодабарии мол (кор, хизматрасонӣ) бо мақсади амалӣ намудани вазифаи тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ.
2. Уҳдадориҳое, ки ташкилотҳо бе маблағҷудокунии буҷетии дахлдор ё бо барзиёдии ваколатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ қабул кардаанд, уҳдадориҳои буҷетӣ маҳсуб намеёбанд. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани чунин уҳдадориҳо амалӣ карда намешавад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316, аз 13.11.2023 № 2009).
Моддаи 57. Иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ
Иҷрои буҷети маҳаллӣ бо ҳамон тартибе амалӣ карда мешавад, ки барои иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ муқаррар гардидааст. Масъулияти иҷрои буҷети маҳаллӣ ба зиммаи мақомоти молияи маҳаллӣ гузошта мешавад.
Моддаи 58. Иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ
Буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд. Масъулияти иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ ба зиммаи мақомоте гузошта мешавад, ки буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро идора мекунанд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
Моддаи 59. Ҷамъбаст ва таҳлили иҷрои буҷети давлатӣ
1. Иҷрои буҷети давлатиро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва таҳлил мекунад. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҷамъбаст ва таҳлили ҳисоботи иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи буҷети давлатӣ бо ҷамъбасти афзоянда ахборот пешниҳод менамояд. Ахборот бояд чунин маълумотро дар бар гирад:
- маълумоти ҳисоботӣ дар бораи вазъи макроиқтисодӣ ва молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқоисаи ҳаҷми даромадҳои воқеӣ ва тасдиқшуда, ҳаҷми хароҷоти воқеӣ ва тасдиқшуда, каср ва қарзҳои буҷети давлатӣ бо шарҳи фарқияти байни нишондиҳандаҳои тасдиқшуда ва воқеӣ;
- тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои буҷети давлатӣ дар давраи боқимонда.
2. Дар асоси натиҷаи ҷамъбасту таҳлили иҷрои буҷет дар соли ҳисоботӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 51 Қонуни мазкур барои ба вазъияти нави иқтисодӣ мувофиқ кунонидани соли молиявии ҷорӣ қарор қабул мекунад ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин хусус огоҳ менамояд.
Моддаи 60. Анҷоми соли буҷетӣ
1. Ҳуқуқи маблағгузории хароҷоти пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор 31 декабри соли дахлдор қатъ мегардад.
2. Ҳамаи маблағҳое, ки ба ҳисоби вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетии аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда гузаронида шудаанд ё дар суратҳисобҳо ё хазинаҳои онҳо мавҷуданд, бояд дар давоми рӯзи 31 декабр ҷамъбаст гардида, ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ гузаронида шаванд, агар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дигар қабул накунад. Мақомоти молияи маҳаллӣ ва мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ бо чунин тартиб суратҳисобҳо, хазинаҳо ва маблағҳои ташкилотҳои ҳисоботдиҳандаро, ки аз буҷетҳои маҳаллӣ, буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҷамъбаст менамоянд.
БОБИ 12. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА АУДИТ
Моддаи 61. Назорати давлатии молиявӣ ва аудит
1. Назорати давлатии молиявӣ ва аудитро мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии молиявӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти молияи маҳаллӣ, тақсимкунандагони асосӣ ва тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ амалӣ менамоянд.
2. Шакл ва тартиби назорати давлатии молиявӣ ва аудитро, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор амалӣ мешаванд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ 13. ҲИСОБОТ ДАР БОРАИ ИҶРОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 62. Ҳисоботи марҳилавӣ дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вазорату идораҳо, дигар ташкилотҳои буҷетӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дастуриеро, ки риояи расмиёти стандартии баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро талаб менамоянд, таҳия ва нашр мекунад.
2. Вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муҳлати муқаррарнамудаи он ҳисоботи семоҳаро дар бораи иҷрои сметаи даромаду хароҷот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бошанд, ҳисоботи семоҳа оид ба иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2009).
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти иҷрои буҷети давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи семоҳа пешниҳод менамояд. Мақомоти молия дар маҳалҳо бо тартиби муқарраргардида оид ба ҷамъбасти иҷрои буҷети маҳаллӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳисоботи семоҳа пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
4. Дар ҳисоботи семоҳа оид ба иҷрои буҷети давлатӣ маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:
- нишондиҳандаҳои воқеии даромад, грант ва карзҳои давлатии дар давоми се моҳ гирифташуда;
- хароҷоти буҷети мутобиқи гурӯҳбандии вазифавӣ ва иқтисодии буҷетӣ аз нуқтаи назари ҳаҷми аниқшудаву тасдиқгардида ва нишондиҳандаҳои воқеӣ;
- ҳисобот оид ба ҳолати қарзи беруна;
- ҳисобот оид ба нишодиҳандаҳои макроиқтисодӣ (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
5. Дар ҳисоботи семоҳа оид ба иҷрои буҷети маҳаллӣ маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:
- нишондиҳандаҳои воқеӣ аз рӯи даромадҳо;
- хароҷоти буҷет аз нуқтаи назари ҳаҷми аниқшудаву тасдиқгардида ва нишондиҳандаҳои воқеӣ (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи семоҳаро оид ба иҷрои буҷети давлатӣ тавассути воситаҳои ахбори омма на дертар аз ду моҳи баъди ба анҷом расидани семоҳаи мазкур нашр менамояд.
Моддаи 63. Ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ
1. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири соли молиявӣ оид ба ҷамъбасти сол ва тайёр кардани ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ фармоиш мебарорад.
2. Дар асоси фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи гирандагони маблағҳои буҷетӣ дар бораи даромаду хароҷот ҳисоботи солона тайёр мекунанд.
3. Вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ҳисоботи солонаи ташкилотҳои тобеъро муқоиса карда, қарори дахлдор қабул мекунанд ва то 1 марти соли ҷорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҷамъбастии солона пешниҳод менамоянд.
4. Ҳисоботи иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро мақомоти идоракунии фондҳои мазкур тартиб дода, то 1 марти соли ҷории молиявӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳисоботи солонаи вазорату идораҳо, ташкилотҳои буҷетӣ, гирандагони маблағҳои буҷетӣ, мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ, фармоишгарони давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ваколатдор дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ҳисоботи солона тартиб дода, то 15 июни соли ҷорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
6. Дар ҳисоботи солона оид ба иҷрои буҷети давлатӣ бояд маълумоти зайл нишон дода шавад:
- нишондиҳандаҳои воқеии даромаду грантҳо ва қарзҳои давлатӣ, ки дар давоми сол шрифта шудаанд;
- хароҷоти буҷетӣ мувофиқи гурӯҳбандии буҷетии вазифавӣ, иқтисодӣ ва идоравӣ аз нуқтаи назари ҳаҷми тасдиқу аниқшуда ва нишондиҳандаҳои воқеӣ;
- сатҳи воқеии касри буҷет ва маблағгузории он;
- баланси (тавозуни) суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ дар аввал ва охири сол;
- ҳисоботи дороиҳои молиявӣ ва фонди стабилизатсионӣ;
- шарҳи фарқиятҳои асосӣ байни маблағҷудокунии воқеии буҷетӣ ва таъиноти тасдиқшудаи буҷетӣ;
- ҳисобот дар бораи ҳаҷми қарзгирии давлатӣ, кафолати давлатии қарзҳо, ки дар давоми соли буҷетӣ дода шудаанд, феҳристи қарзҳои пардохтнашудаи давлатӣ, маълумот дар бораи амалиёти дигар оид ба идоракунии қарз;
- тавсифи умумии сармоягузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ;
- ҳисобот дар бораи хароҷот аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 64. Пешниҳоди ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети давлатиро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 июли соли ҷорӣ пешниҳод менамояд.
2. Дар як вақт якҷоя бо ҳисоботи солона оид ба иҷрои буҷети давлатӣ дар соли ҳисоботии молиявӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона дар бораи иҷрои буҷети фондҳои мақсадноки давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 65. Хулосаи берунӣ ба ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ
1. Хулосаи берунӣ ба ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 октябр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1027).
2. Шахсони мансабдори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуруст ва мукаммал будани маълумоти дар хулосаи он зикрёфта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1027).
3. Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф кардани камбудиҳои дар хулоса зикргардида ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор чораҳои зарурӣ меандешад.
Моддаи 66. Баррасӣ ва тасдиқи ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт дар баробари баррасӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ, ҳисоботи солонаи иҷрои буҷети давлатии соли гузаштаи молиявиро баррасӣ намуда, тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ 14.05.2016 № 1316).
Моддаи 67. Нашри ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ҳисоботи солонаро дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ пас аз тасдиқ шудани он аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма нашр менамояд.
БОБИ 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 68. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 69. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 714; с. 2007, №7, мод. 670; с. 2008, №6, мод. 453) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 70. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе 28 июни соли 2011 № 723
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисгон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28 июни соли 2002, № 684 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2002, № 11, мод.716; с.2007, № 6, мод. 492; с.2008, № 3, мод.245) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 18 майи соли 2011 № 415
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 9 июни соли 2011 № 178