ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 05/02/2020 - 15:36
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
347
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.01.2008
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, №1 қисми 2, мод. 12. Қонуни ҶТ аз 29.01.2021с., №1770; ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1849) )
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, асосҳои ҳуқуқӣ, тартиби таъсис, барҳамдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва амали фаъолияти онро ба танзим медарорад.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Худфаъолияти ҷамъиятӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон худфаъолияти ҷамъиятӣ эътироф карда шуда, аз тарафи аҳолии ҳудуди муайян масъалаҳои аҳамияти маҳалладошта ҳал карда мешаванд.
2. Худфаъолияти ҷамъиятӣ аз тарафи аҳолии маҳал, ки ҳудуди муайянро дар бар мегирад, амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Точикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
 
 
Моддаи 3. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
1.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрии беузвияти шаҳрвандон буда, мақсади он ҳал намудани масъалаҳои гуногуни иҷтимоиест, ки дар ҷои зисти шаҳрвандон пайдо мешаванд.
2.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳудуди кўча, гузаргоҳ ва деҳа (минбаъд маҳалла) бо ташаббуси аксарияти сокинони онҳо, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, таъсис дода мешавад ва барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иҷтимоии гурӯҳи аҳолӣ нигаронида шудааст, ки манфиатҳои он барои ноил гардидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва татбиқи барномаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, алоқаманданд.  (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
3.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ  мақомот ё ташкилоти болоии худро надорад ва чун қоида «шўрои маҳалла», «кумитаи маҳалла», «кумитаи манзил» ва ба ин монанд номгузорӣ мешаванд.
4.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот ҷой гирифтааст, дар Ҷамоати шаҳрак ва деҳот аз қайди баҳисобгирӣ мегузарад ва дар ин хусус дар оинномаи он сабт карда мешавад. Дар ҳудуди маъмурие, ки шаҳрак ва деҳот надорад, қайди баҳисобгирӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
5.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ метавонад суратҳисоби бонкӣ, мўҳр ва бланкаҳои худро дошта бошад ва дар бораи фаъолияти худ озодона ахбор паҳн намояд. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
6.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва бо ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ метавонад ҳамкорӣ намояд.
7.Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ метавонад Шўрои  машваратӣ таъсис диҳад. Шўрои машваратӣ дар ҳудуди на кам аз ду Шўрои махалла таъсис дода мешавад. Ба ҳайати Шўрои машваратӣ чун қоида мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ шомил шуда метавонанд.
 

Моддаи 4. Муносибати мақомоти давлатӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

1. Мақомоти давлатӣ барои ташкилу фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ шароитҳои зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва дигар шароитҳоро муҳайё ва ба аҳолӣ дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо дар худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

2.Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳуқуқи дахолат карданро надоранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС, БАРҲАМДИҲӢ, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА СОХТОРИ МАҚОМОТИ
ХУДФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ
 
Моддаи 5. Сохтори мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва тартиби таъсиси он
Сохтори мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ аз инҳо иборат мебошад:
-Маҷлиси умумии маҳалла – мақоми олии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки шаҳрвандон ба таври ихтиёрӣ дар он иштирок мекунанд. Маҷлиси умумии маҳалла ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки дар он аксарияти шумораи умумии иштирокчиён ҳозир бошанд;
-Шўрои маҳалла (кумитаи маҳалла, кумитаи манзил ва ба ин монанд – минбаъд – Шўрои маҳалла) – мақоми иҷроияи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ буда, ба он раис роҳбарӣ менамояд. Аъзои Шўрои маҳалла аз тарафи Маҷлиси умумии маҳалла аз ҳисоби иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо аксарияти овози иштирокчиёни Маҷлиси умумии маҳалла интихоб ва озод карда мешаванд. Тартиби таъсис ва мўҳлати ваколати Шўрои маҳалла мутобиқи Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян карда мешавад;
-Раис – роҳбари мақомоти иҷроияи худфаъолияти ҷамъиятӣ буда, аз тарафи Маҷлиси умумии маҳалла ба мўҳлати муайян интихоб карда мешавад. Раиси маҳалла шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, забони давлатиро донад, дар ҳудуди ҳамон маҳалла на камтар аз 5 соли охир истиқомат карда, қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад. Шаҳрванде, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дорад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст, раиси маҳалла интихоб шуда наметавонад. Барои маҳаллаҳои навтаъсис талаботи 5 соли охир истиқомат доштан паҳн намегардад. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1849);
-Комиссияи назорати молиявӣ – мақоми назоратии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ буда, ҳайати он аз шумораи иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ интихоб карда мешаванд ва дар назди Маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда мебошад. Тартиби таъсис ва мўҳлати ваколати онро Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян менамояд.
 
Моддаи  6. Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба тариқи овоздиҳӣ қабул карда мешавад.
Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳамон вақт қабулгардида ҳисобида мешавад, ки ба ҷонибдории он аксарияти иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ овоз дода бошанд.
Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба ғайр аз маълумоте, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» пешбинӣ менамояд, бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
-номи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва салоҳиятҳои он;
-ҳайат ва  ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-самтҳои фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-тартиби қабул шудан ва баромадан (хориҷ шудан) аз ҳайати иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-тартиби интихоб ва озод кардани роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-ваколат ва вазифаҳои роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи мақомот;
-тартиби таъсису барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-мўҳлати ваколати мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-тартиби қабули қарор дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ аз тарафи иштирокчиёни  мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-маълумот оид ба асосҳои молиявии амалӣ намудани фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ихтиёрдории моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-тартиби таҳия ва иҷрои сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-дигар маълумотҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.
 
Моддаи 7. Салоҳияти Маҷлиси умумии маҳалла
Ба салоҳияти Маҷлиси умумии маҳалла дохил мешавад:
-қабули Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;
-интихоб ва озод кардани роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ – раис;
-интихоби аъзои Шўрои маҳалла ва қатъ кардани ваколатҳои он; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
- интихоби ҳайати Комиссияи назорати молиявӣ ва пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои он; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
-таъсису барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-тасдиқ ва тағйири сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва назорати иҷрои он;
-шунидани ҳисоботи Шўрои маҳалла оид ба фаъолияти он ва иҷрои сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ на камтар аз як маротиба дар як сол;
-қабули қарор оид ба маблағгузории ихтиёрии иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-тасдиқи андозаи маблағҳо, ки бо тартиби маблағгузории ихтиёрӣ аз тарафи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
-додани розигӣ ба ихтиёрдории моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
-амалӣ намудани салоҳиятҳои дигаре, ки дар Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муқаррар гардидаанд.
 
Моддаи 8. Ваколати Шўрои маҳалла
Шўрои маҳалла:
-сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро таҳия ва ба Маҷлиси умумии маҳалла пешниҳод менамояд;
-ба Маҷлиси умумии маҳалла оид ба сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳисобот медиҳад;
-ба Маҷлиси умумии маҳалла нақшаи идоракунии маҳалла, хароҷоти маъмурии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятро таҳия ва пешниҳод менамояд;
-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба истифодаи маблағҳое, ки аз буҷети он гирифтааст, ҳисобот медиҳад;
-дар мувофиқа бо Маҷлиси умумии маҳалла оид ба ихтиёрдории молу мулки мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва таъсис додани ташкилотҳои тиҷоратие, ки фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», Қонуни мазкур ва Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар доираи ваколати Шўрои маҳалла амалӣ карда мешавад, қарор қабул менамояд;
-оид ба ҳифзи муҳити зист, нигоҳдорӣ, ободонӣ ва беҳдошти ҳолатҳои санитарӣ-гигиении ҷойҳои истироҳатии маҳалла ва ҷойҳои истифодаи умум (боғҳо, гулгаштҳо, гардишгоҳҳо, обанборҳо, минтақаҳои истироҳатӣ ва дигар объектҳо)  корҳоро ташкил менамояд; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
-назоратро оид ба таъмини аҳолӣ бо нерўи барқ, газ, оби нўшокӣ, оби полезӣ ва дигар намудҳои хизмати маишӣ ташкил ва амалӣ менамояд; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
-ба таъминоти моддӣ–техникии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ, инчунин муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ саҳм мегирад ва мусоидат менамояд;
-ба аҳолӣ оид ба таъмини хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат мекунад;
-дар ҳимоя ва дастгирии шаҳрвандони аз назари иҷтимоӣ эҳтиёҷманд, ки дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ  истиқомат мекунанд, саҳм мегирад;
-ҷои гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва маросими миллиро дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои ҷои ҷамъиятии маҳалла муроҷиат менамояд;
-барои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони ҷойҳои ҷамъиятӣ аз иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар асоси сметаи муайян маблағ ҷамъ мекунад;
-ба мақсади маблағгузорӣ барои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони ҷойҳои ҷамъиятӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муроҷиат менамояд;
-оид ба имтиёзҳо барои ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба монанди озод намудан аз пардохти андози замин ва дигар намудҳои андоз, истифода аз хизматҳои коммуналӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат менамояд;
-иҷрои маросими диниву мазҳабиро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
-расму оинҳои миллиро дар байни сокинони маҳалла тарғиб менамояд;
-идоракунии молу мулки мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро амалӣ менамояд;
-оид ба рушди соҳибкорӣ дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
-оид ба расонидани ёрии ҳуқукӣ ба шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ истиқомат мекунанд, мусоидат менамояд;
-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои хусусияти иҷтимоидоштаи маҳалли зист ёрӣ мерасонад.
 
Моддаи 9. Ваколати раиси маҳалла
Раиси маҳалла:
-ҷаласаҳои Маҷлиси умумӣ ва Шўрои маҳалларо раисӣ мекунад;
-дар ташкил ва гузаронидани ҷашну маъракаҳо, чорабиниҳои фароғатию фарҳангӣ саҳм мегирад, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
-вохўриву сўҳбатҳоро бо ходимони сиёсию давлатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, олимону адибон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳия ташкил менамояд;
-нақшаи маҳфилҳои ҳунарӣ, шабнишиниҳо ва озмунҳоро тартиб медиҳад ва амалӣ менамояд; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
-нақшаи мусобиқаҳои оммавӣ – варзиширо тартиб медиҳад ва амалӣ менамояд;
-вохўрии омўзгорону мураббиёнро бо падару модарон ташкил менамояд;
-маросими даъват ва гусели даъватшудагони маҳалларо барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;
-барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба ташхису сироятнопазир кардани чорвою паранда, тадбирҳои карантинию фитосанитарӣ, корҳои санитарию эпидемиологӣ ва мониторинги экологӣ дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
-дигар ваколатҳоеро, ки Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян намудааст, амалӣ мекунад.
 
Моддаи 10. Ваколати Комиссияи назорати молиявӣ
  Комиссияи назорати молиявӣ санҷишҳои зеринро амалӣ менамояд:
  - фаъолияти молиявии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
 - ихтиёрдорӣ ва истифодаи моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ;
 - иҷрои мақсадноки сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
  - хароҷоти маъмурии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
 
Моддаи 11. Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
Фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
-қабули қарори Маҷлиси умумии маҳалла оид ба барҳамдиҳии ихтиёрии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба тариқи овоздиҳии ошкоро;
-қабули қарори суд оид ба ғайриқонунӣ донистани фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
- тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқии маъмурию ҳудудии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
-амалӣ намудани фаъолияте, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф аст.
 
Моддаи 12. Асосҳои қатъ гардидани ваколати Шўрои маҳалла
Ваколати Шўрои маҳалла дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
-риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-анҷом ёфтани мўҳлати ваколат;
-қабули қарори Маҷлиси умумии маҳалла оид ба қатъ гардидани ваколати Шўрои махалла;
-ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур ва Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муқаррар намудааст.
 
Моддаи 13. Асосҳои қатъ гардидани ваколати раис
1. Ваколати раис ҳамчун роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
-азнавинтихобкунӣ;
-мунтазам иҷро накардани ваколатҳои ба зиммаи ў вогузошташуда;
-нисбати ў мавриди амал қарор гирифтани ҳукми айбдоркунии судӣ;
-аризаи шахсӣ оид ба истеъфо;
-анҷом ёфтани мўҳлати ваколат;
-вафот, эътироф шудани корношоямӣ, инчунин бо қарори суд бедарак ғоиб эътироф гардидани ў;
-иваз намудани ҷои истиқомати доимӣ (берун аз ҳудуди маҳалла), даъват ба хизмати ҳарбӣ, интихоб гардидан ба вазифаи интихобӣ, фаъолият дар хизмати давлатӣ.
2. Маҷлиси умумии маҳалла ҳангоми қатъ гардидани ваколати раис дар мўҳлати понздаҳ рўз раиси навро интихоб менамояд.
 
Моддаи 14. Азнавташкилдиҳии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
Азнавташкилдиҳии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо қарори Маҷлиси умумии маҳалла амалӣ карда мешавад. Тартиби қабули қарорро Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян менамояд.
 
Моддаи 15. Санадҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
1. Маҷлиси умумии маҳалла дар доираи салоҳияти худ қарор қабул менамояд.
2. Шўрои маҳалла дар доираи ваколатҳои худ қарор қабул менамояд.
3. Раис дар доираи ваколатҳои худ фармон медиҳад.
4. Санадҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки берун аз доираи салоҳият ё ваколатҳои онҳо қабул карда шудаанд, бо эътирози прокурор боздошта мешаванд.
 
Моддаи 16. Назорат ба фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
Назорат ба фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. 
БОБИ 3. МОЛИКИЯТИ МАҚОМОТИ
ХУДФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ
 
Моддаи 17. Моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар моликияташ биноҳо, иморатҳо, таҷҳизот, асбобу анҷом, маблағ ва дигар молу мулк дошта метавонад, ки барои таъминоти моддии фаъолияти оинномавии ин мақомот заруранд.
 
Моддаи 18. Манбаъҳои маблағгузории мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
1. Манбаъҳои маблағгузории мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ инҳо мебошанд:
-воситаҳое, ки аз маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода шудаанд:
-даромадҳое, ки аз ҳисоби таъсис додани ташкилотҳои тиҷоратӣ гирифта мешаванд;
-маблағе, ки аз ҳисоббаробаркунии ихтиёрии иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ гирифта мешавад; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
-хайрияҳо ва ҳадяҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
-манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
2. Сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ҳисоботи солонаи он аз тарафи Маҷлиси умумии маҳалла тасдиқ карда мешавад ва ба маълумоти иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ расонида мешавад.
 
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1770)
 
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
        
          Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Э. Раҳмонов
 
 
     ш. Душанбе
5 январи соли 2008
           №347