ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КАРАНТИНИ РАСТАНӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 06/02/2020 - 10:05
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
498
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.03.2009

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КАРАНТИНИ РАСТАНӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009, №3, мод.91; с. 2011, №12, мод. 851;)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилиро дар соҳаи таъмини карантини растанӣ муайян намуда, чорабиниҳои карантини фитосанитариеро дар бар мегирад, ки барои ҳимояи растанӣ ва эмин доштани он аз хатари ворид, пайдоиш ва паҳншавии касалиҳо, зараррасонҳо ва  алафҳои бегона мусоидат менамоянд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

-карантин – боздошти расмии маводи таҳти карантин дар шароити карантини пўшида бо мақсади мушоҳида ва тадқиқот ё барои азназаргузаронии минбаъда, ташхис ва ё коркард;

- растанӣ – растании зинда ва қисмҳои он, аз ҷумла тухмӣ ва маводи генетикӣ;

- карантини растанӣ – фаъолияте,  ки барои пешгирии интродуксия ва ё паҳншавии  организмҳои зараррасони карантинӣ ё таъмини муборизаи расмӣ бар зидди онҳо равона шудааст;

- маҳсулоти растанӣ – маводи коркарднашудаи растанӣ (аз ҷумла ѓалла), инчунин маҳсулоти коркардшуда, ки аз рўи табиати худ ё усули коркард хавфи роҳ ёфтан ё паҳн гардидани организмҳои зараррасони карантиниро ба миён меоваранд;

- маводи таҳти карантин - ҳар гуна растанӣ ва маҳсулоти он, ҷои нигоҳдорӣ, борҷома, воситаи нақлиёт, контейнер, хок ва ҳар гуна организм, объект ё мавод, ки метавонанд паноҳгоҳи организмҳои зараррасон гарданд ё барои паҳншавии онҳо мусоидат намоянд ва нисбати онҳо, хусусан дар ҳолатҳои вобаста бо боркашонии байналмилалӣ, бояд чораҳои фитосанитарӣ дида шаванд; 

- фумигатсия – коркарди мол бо маводи кимиёвӣ, ки тамоми сатҳи молро дар бар мегирад ва ё пурра газолуд карда мешавад;

- дегазатсия – безарар гардонидани моддаҳои заҳрнок;

- чораҳои карантини фитосанитарӣ – чораҳои расмӣ ё батартибдарорӣ, ки барои пешгирии ворид ва ё паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ ё кам намудани зарари иқтисодии организмҳои зараррасони ѓайрикарантинии танзимшаванда равона шудаанд;

- организми зараррасон – намуд, навъ ё биотипи растанӣ, ҳайвонот ё барангезандаи касалӣ,  ки ба растанӣ ё маҳсулоти растанӣ зараровар аст;

- организми зараррасони карантинӣ – организми  зараррасон, ки барои минтақа аҳамияти иқтисодӣ дошта, ҳанўз дар ин минтақа вуҷуд надорад ва ё вуҷуд дораду вале қисман паҳн гардидааст ва объекти муборизаи расмӣ ба ҳисоб меравад;

- интродуксия – ворид шудан ва мутобиқ гардидани организми зараррасон;

- минтақаи карантини фитосанитарӣ – минтақае, ки дар натиҷаи пайдо шудани организми зараррасони карантинӣ дар он низоми карантини фитосанитарӣ ҷорӣ карда шудааст;

- низоми карантини фитосанитарӣ – чораҳои карантини фитосанитарӣ, ки дар минтақаи карантини фитосанитарӣ ҷорӣ карда шудаанд;

- сертификатсияи фитосанитарӣ - амалиёти ботартиби фитосанитарӣ, ки дар натиҷаи он  сертификати фитосанитарӣ дода мешавад;

- сертификати фитосанитарӣ – ҳуҷҷате,  ки мувофиқати маводи таҳти карантинро ба қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ тасдиқ мекунад;

- назорати давлатии карантини фитосанитарӣ –батартибдарории  фаъолонаи ҳатмии фитосанитарӣ, инчунин истифодаи чораҳои ҳатмии фитосанитарӣ бо мақсади нобуд сохтан ва ё маҳдуд намудани организмҳои зараррасони карантинӣ ё идора намудани  организмҳои зараррасони ѓайрикарантинии  танзимшаванда;

- қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва ҳуҷҷатҳои методӣ дар бораи таъмини карантини растанӣ;

- иҷозати воридоти карантинӣ – ҳуҷҷати расмие, ки дар ҳолати риоя намудани талаботи фитосанитарӣ ба воридоти мол иҷозат медиҳад;

- бор – миқдори муайяни растанӣ, маҳсулоти он ва ё дигар мавод, ки аз як давлат ба давлати дигар интиқол дода мешавад ва (ҳангоми зарурат) дорои як сертификати фитосанитарӣ мебошад (бор метавонад аз як ё якчанд намуди мол ва ё маҷмўъ иборат бошад);  

- маҷмўъ –як миқдор моли аз ҷиҳати таркиб,  пайдоиш ва хосиятҳои дигар якҷинса буда,  қисми борро ташкил медиҳад;

- минтақаи озод – минтақае,  ки дар он мавҷуд набудани намуди муайяни организми зараррасон илман исбот гардидааст ва ин ҳолат ҳангоми зарурат ба таври расмӣ нигоҳ дошта мешавад;

- ташхиси хатари фитосанитарӣ – раванди арзёбии маълумоти биологӣ ё дигар маълумоти илмӣ ва иқтисодӣ бо мақсади муайян намудани он, ки оё организм дар ҳақиқат зараррасон аст ва муайян кардани ҷиддияти истифодаи чораҳои фитосанитарӣ бар зидди он;

- бори транзитӣ - боре, ки ба мамлакат ворид карда намешавад, вале онро аз қаламрав гузаронда, ба кишвари дигар мебаранд ва нисбати он метавонанд чораҳои фитосанитарӣ татбиқ гарданд;

- бори реэкспортӣ - боре, ки ба мамлакат ворид карда шуда, баъдтар ба кишвари дигар содир мегардад. Ин борро нигоҳ доштан, ба қисмҳо ҷудо кардан, бо дигар борҳо омехтан ва ё аз нав бандубаст намудан мумкин аст; 

- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми давлатие, ки дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини карантини растанӣ амалӣ мегардонад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи карантини растанӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи карантини растанӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини карантини растанӣ дохил мешаванд:

- муайян кардан ва амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини карантини растанӣ;

- амалӣ гардонидани назорати давлатии карантини фитосанитарӣ;

- ҷорӣ намудан ва барҳам додани минтақаи карантини фитосанитарӣ, муқаррар ва бекор кардани низоми карантини фитосанитарӣ;

- тасдиқ намудани қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ;

- тасдиқ намудани рўйхати  маводи таҳти карантин  мутобиқи  стандартҳои байналмилалии карантин ва ҳимояи растанӣ;

- таъмини иҷрои ўҳдадориҳо аз рўи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ.

 

БОБИ 2.МАҚОМИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ НАЗОРАТИ

ФИТОСАНИТАРӢ ВА КАРАНТИНИ РАСТАНӢ

 

Моддаи 4. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ

Назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зиммаи мақоми ваколатдорест,  ки он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

Низомнома, сохтор ва дигар масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 5. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ салоҳияти зерин дорад:

- риояи қоидаҳо ва меъёрҳои карантини растаниро таъмин менамояд ва назорати давлатии карантини фитосанитариро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад;

- қоида ва меъёрҳои таъмини карантини растаниро муайян менамояд;

- номгўи организмҳои зараррасони карантиниро таҳия ва тасдиқ менамояд;

- принсипҳои таснифи организмҳои зараррасони карантинӣ ва ташхиси хатари фитосанитариро мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ муқаррар мекунад;

- шаффофиятро ҳангоми таҳия, қабул ва татбиқи чораҳои карантини фитосанитарӣ таъмин менамояд;(Қ ҶТ аз26.12.11г.,№787)

- сертификатсияи карантини фитосанитарии маводи таҳти карантинро амалӣ намуда, сертификати фитосанитарӣ медиҳад;

- барои ворид намудани маводи таҳти карантин мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ иҷозати воридоти карантинӣ медиҳад;

- рўйхати маводи таҳти карантинро мутобиқи  талаботи стандартҳои байналмилалӣ таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод мекунад;

- шарт ва талаботи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз он содир  намудани  маводи  таҳти  карантинро   мутобиқи  талаботи   стандартҳои байналмилалӣ муқаррар менамояд;

- амалисозии чораҳои фитосанитариро нисбати организмҳои зараррасони карантинӣ назорат мекунад;

- организмҳои зараррасони дар ҷумҳурӣ паҳншавандаро,  ки ба рўйхати организмҳои зараррасони карантинӣ дохил нестанд, омўхта, оид ба таснифи онҳо қарор қабул менамояд;

- таҳқиқи назоратии маводи таҳти карантиниро анҷом медиҳад;

- вазъи карантини фитосанитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд;

- маводи таҳти карантинро безарар мегардонад;

- ҳангоми ошкор намудани организми зараррасони карантинӣ  дар ҷараёни назорати моли воридшаванда мақоми таъмини карантини растанӣ давлати содиркунандаи молро хабардор менамояд.

 

Моддаи 51. Назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ 

Назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ бояд бо тартиби зерин  амалӣ карда шавад: 

- бе ҳеҷ гуна таъхири беасос  ва табъиз (дискриминатсия) аз назорати фитосанитарӣ гузаронидани  маводи воридотии таҳтикарантинӣ; 

- танҳо дар асоси далелҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани расмиёти назорат  зарур мебошанд; 

- ҳангоми огоҳ кардани дархосткунанда аз мӯҳлати анҷом ва натиҷаи расмиёти назорат, инчунин норасоиҳои имконпазири дар дархост ҷойдошта; 

- таъмини ҳифзи иттилооти махфӣ; 

- бо гирифтани намуна танҳо ба миқдоре, ки барои амалӣ намудани назорат ва сертификатсия зарур аст. (З РТ от 26.12.11г.,№787)

 

Моддаи 6. Ҳуқуқҳои шахси мансабдоре, ки назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниро бар ўҳда дорад

Таъмини назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ ба зиммаи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ мебошад.

Шахси мансабдоре, ки назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниро амалӣ мекунад, дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад: 

- маводи таҳти карантин қарордоштаи соҳибкорони инфиродӣ, шаҳрвандон ва ташкилотҳоро, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияти ташкилотҳое, ки маводи мазкур ба онҳо тааллуқ дорад, бемамониат аз назар гузаронад;

- аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандон доир ба карантини растанӣ маълумоти хаттӣ гирад;

- таҳқиқи карантини фитосанитарии маводи таҳти карантинро амалӣ намояд ва маводи таҳти карантин, аз ҷумла ҷойҳои тайёр кардану фиристодани онро аз назар гузаронад;

- аз маводи таҳти карантин намуна гирад;

- истеҳсол, тайёр кардан, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди он содир намудан, ҳамлу нақл, нигоҳ доштан, коркарду истифода ва фурўхтани маводи таҳти карантинро манъ кунад ё боздорад;

- ба ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандон оид ба рафъи хилофкориҳои таъмини карантини растанӣ амру дастурҳо диҳад, ки иҷрояшон дар мўҳлати муқарраргардида ҳатмист;

- дар бораи безарару тоза ва нест кардани маводи заҳролуд, (дегазатсия) баргардонидани маводи таҳти карантин қарор қабул кунад;

- ҳангоми зарурат бо мақсади таъмини тозагии фитосанитарӣ маводи таҳти карантинро ситонад ва нобуд созад;

- дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба таъмини карантини растанӣ ба амал барорад.

Бо ҳар роҳ таъсир расонидан ба шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниро ба зимма доранд, бо мақсади дахолат намудан ба қабули қарор ва ё ба фаъолияти онҳо манъ аст. 

 

Моддаи 7. Аломатҳои фарқкунандаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ аломатҳои фарқкунанда дорад.

Низомномаи аломатҳои фарқкунандаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растаниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 8. Либоси расмии кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ

Кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ барои пўшида гаштани либоси расмие, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ҳуқуқ доранд.

 

БОБИ 3.ТАЪМИНИ КАРАНТИНИ РАСТАНӢ

 

Моддаи 9. Ҷорӣ кардан ва барҳам додани минтақаи карантини фитосанитарӣ ва низоми карантини фитосанитарӣ

Дар  сурати  ошкор  шудани  маводи  таҳти  карантине,  ки  бо   организмҳои зараррасони карантинӣ олуда (дучори сироят) гаштааст, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ барои ҷорӣ намудани минтақаи карантини фитосанитарӣ ва низоми карантини фитосанитарӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд.

Дар  минтақаи карантини  фитосанитарӣ  барои  нест  кардани  организмҳои зараррасони карантинӣ, маҳдуд сохтан, барҳам додани манбаъи онҳо чораҳо андешида, истифодаи маводи муайяни таҳти карантин ва аз ҳудуди минтақаҳои таҳти карантини фитосанитарӣ берун бурдани он манъ карда, дигар чораҳои манъкунӣ ва маҳдудгардонӣ муқаррар карда мешаванд.

Дар сурати нест кардани манбаъи организмҳои зараррасони карантинӣ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ доир ба барҳам додани минтақаи карантини фитосанитарӣ ва бекор намудани низоми карантини фитосанитарӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд.

Минтақа ё ҳудудҳои  карантини фитосанитариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар асоси назорати расмӣ аз организмҳои зараррасони карантинӣ озод буданашон тасдиқ гардидааст, мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҳамчун минтақаҳои аз организмҳои зараррасони карантинӣ  озод ҳисобидан мумкин аст.

Натиҷаҳои илмӣ ва далелҳои назорату санҷишҳо ба мақоми карантин ва ҳимояи растании дигар давлатҳо мувофиқи созишномаи дутарафаи байни давлатҳо пешкаш карда мешаванд.

 

Моддаи 91. Таҳия ва қабули тадбирҳои карантини фитосанитарӣ 

Тадбирҳои карантини фитосанитарӣ дар ҳолатҳои зерин таҳия ва қабул мегарданд: 

- танҳо дар доираи барои ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ, инчунин ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон зарурӣ; 

- бо назардошти замина ва нишондодҳои илмии мавҷуда, стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ; 

- дар асоси арзёбии хатар, ки мутобиқи методологияи ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад; 

- бо мақсади роҳ надодан ба табъиз (дискриминатсия) - и худсарона ё беасос байни ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳудуди дигар мамлакатҳо, инчунин байни ҳудудҳои шароити фитосанитариашон якхела ё монанд; 

- бо тарзе, ки дар савдои байналмилалӣ боиси маҳдудияти ниҳонӣ нашавад. 

Ҳангоми арзёбии хатар ва дар раванди таҳия ва қабули тадбирҳои карантини фитосанитарӣ мақоми ваколатдори давлатӣ нуқтаҳои зеринро бояд ба назар гирад: 

- нишондодҳои илмӣ, раванд ва усулҳои муайяни истеҳсолот, тарзҳои назорат, интихоб ва озмоиши намунаҳо, мавҷудияти организмҳои зараррасони карантинӣ, мавҷудияти минтақаҳои аз организмҳои зараррасони карантинӣ озод ва ё минтақаҳои дорои сатҳи пасти паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ, шароити муносиби муҳити атроф ва дигар тадбирҳо; 

- нишондодҳои иқтисодӣ, аз ҷумла муайян намудани талафоти истеҳсолот ва савдо дар ҳолати воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ; 

- хароҷоти назорат ва нобудсозии организмҳои зараррасони карантинӣ; 

- самаранокӣ ва арзиши чораҳои дигари кам кардани хатар. 

Ҳангоми мавҷудияти далелҳои кофии илмӣ барои арзёбии объективии хатар ё дар ҳолатҳои фавқулодда мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси нишондодҳои мавҷуда, аз ҷумла нишондодҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттилоот дар бораи тадбирҳои карантини фитосанитарии дигар мамлакатҳо, ҳуқуқи андешидани тадбирҳои муваққатии карантини фитосанитариро дорад. 

Тадбирҳои карантини фитосанитарии қабулшаванда бояд ба шароити карантини фитосанитарии минтақае, ки маводи таҳтикарантинӣ истеҳсол шудааст ё ба минтақае, ки чунин мавод равона мегардад, мутобиқат кунанд. Дар рафти арзёбии шароити карантини фитосанитарӣ мақоми ваколатдори давлатӣ бояд ҳолати фитосанитарии растаниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакати содиркунанда, мавҷудияти организмҳои зараррасони карантинӣ, мавҷудияти назорат ва нобудсозии организмҳои зараррасони карантинӣ ва мавҷудияти минтақаҳои аз организмҳои зараррасони карантинӣ озод ё дорои сатҳи пасти паҳншавӣ, инчунин принсипҳо ва меъёрҳои дастурии ташкилотҳои дахлдори байналмилалиро ба назар гирад. 

Тадбирҳои карантини фитосанитарии қабулгардида сатҳи нисбатан баланди ҳифзи растаниҳоро аз организмҳои зараррасони карантинӣ ва ҳифзи ҳаёту саломатии инсонро нисбат ба сатҳе, ки дар натиҷаи қабули чораҳои ба стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ дарҷёфта ба даст омадааст, метавонанд таъмин намоянд, агар онҳо ба таври илмӣ асоснок шуда бошанд ё ба ин сатҳи муҳофизат мувофиқат намоянд. 

Ҳангоми қабули чораҳои карантини фитосанитарӣ, аз ҷумла чораҳои муваққатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ бояд нишондодҳои нави илмиро ба инобат гирад. (З РТ от 26.12.11г.,№787)

 

Моддаи 92. Пешниҳоди иттилоот 

Мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути маркази ягонаи иттилоотӣ ба тарафҳои манфиатдор тибқи созишномаҳои байналмилалӣ бояд иттилоот, ҳуҷҷатҳо ва маълумотро оид ба масъалаҳои зерин пешниҳод намояд: 

- тадбирҳои карантини фитосанитарии пешниҳодшуда ва андешидашуда; 

- тадбирҳои тафтишотию назоратӣ ва сертификатсияи маводи таҳтикарантинӣ ва расмиёти карантинӣ қарордошта; 

- расмиёти арзёбии хатар ва усулҳои муайян кардани сатҳи зарурии ҳифзи растанӣ аз организмҳои зараррасони карантинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- узвият ва иштирок дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, низоми ҳифзи растанӣ аз организмҳои зараррасони карантинӣ, инчунин оид ба мавҷудият ва мазмуни созишномаҳои байналмилалии дутарафаю бисёртарафа ва шартномаҳо. (З РТ от 26.12.11г.,№787)

 

Моддаи 10. Сертификатсияи карантини фитосанитарии маводи таҳти карантин

Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба минтақаҳои аз организмҳои зараррасони карантинӣ озоди он ворид намудан ва аз минтақаҳои карантини фитосанитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудан, ҳамлу нақли маводи таҳти карантин дар ҳолатҳои пешбиникардаи қоидаю  меъёрҳои таъмини карантини растанӣ иҷозат дода мешавад, ба шарте ки сертификати фитосанитарӣ ба талаботи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ мутобиқ будани маводи таҳти карантинро тасдиқ намояд.

Ҳар як маводи таҳти карантин, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешавад, бояд сертификати фитосанитарӣ, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании давлати содиркунанда додааст ва иҷозати воридоти карантинӣ дошта бошад.

Бори содиротӣ ё аз нав содиршаванда (реэкспортӣ) мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ сертификатсия карда мешавад.

Сертификатҳои фитосанитарӣ ва сертификатҳои бори аз нав содиршаванда (реэкспортӣ)-ро нозирони давлатии  мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ медиҳанд.

Сертификатҳои фитосанитарии бори содиршаванда ва сертификатҳои бори аз нав содиршаванда ва намунаҳои электронии ҳамарзиши онҳо, ки барои давлати воридкунандаи бор қобили қабул аст, бояд ба намунаҳои стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ бошанд. (Қ ҶТ аз26.12.11г.,№787)

 

Моддаи 101. Ҳамарзишии тадбирҳои карантини фитосанитарӣ 

Тадбирҳои карантини фитосанитарии дар мамлакатҳои дигар қабулгардида ба тадбирҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда ҳамарзиш ҳисобида мешаванд, агар мақоми ваколатдори давлатӣ муайян кунад, ки тадбирҳои дар мамлакати дигар андешидашуда растаниро аз организмҳои зараррасони карантинӣ ба андозаи баробар ё аз сатҳи тадбирҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда баландтар ҳифз намоянд. 

Қарор оид ба эътироф намудани ҳамарзишии тадбирҳои карантини фитосанитарӣ бояд дастраси умум бошад. (З РТ от 26.12.11г.,№787)

 

Моддаи  11. Муҳофизати ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз организмҳои зараррасони карантинӣ

Маводи таҳти карантин бо риояи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, инчунин бо риояи созишномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлу нақл карда мешавад.

Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани маводи таҳти карантини бо организмҳои зараррасони карантинӣ сироятёфта (ба истиснои  ҳолатҳое, ки дар қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ пешбинӣ шудаанд) ва ҳамчунин маводи таҳти карантин, ки ҳангоми овардани он қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ риоя намегарданд, манъ аст.    

Маводи таҳти карантин, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, бояд ҳатман таҳти назорати давлатии карантини фитосанитарӣ гирифта, бозрасӣ шавад.

Маводи таҳти карантинро танҳо аз гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан мумкин аст.

Гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мутобиқи талаботи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ бо асбобу анҷом таҷҳизонида, бо нақлиёту воситаҳои алоқа таъмин карда шаванд.

Маводи таҳти карантин, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, бояд аввал дар гузаргоҳҳои  сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷои таъиноти мол  дуюмбора таҳти  назорати давлатии карантини фитосанитарӣ қарор гирифта, аз назар гузаронида шавад.

Назорати давлатии карантини фитосанитарӣ барои ворид намудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз он содир намудани маводи таҳти карантин ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ мебошад.

Организмҳои зараррасони карантинӣ, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои тадқиқоти илмӣ ворид мегарданд, бо қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ ба низом дароварда мешаванд.

Маводи таҳти карантини бо организмҳои зараррасони карантинӣ сироятёфтаро, ба истиснои ҳолатҳое, ки қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ пешбинӣ намудаанд, истифода бурдан манъ аст.

Чораю маҳдудиятҳои карантини фитосанитариро дар ҳар шакл барои ҳаллу фасли масъалаҳое, ки ба таъмини карантини растанӣ дахл надоранд, татбиқ кардан манъ аст.

 

Моддаи 12. Безараргардонӣ, тоза намудан ва дегазатсияи маводи таҳти карантин

Маводи таҳти карантини ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда, ки бо организмҳои зараррасони карантинӣ сироят ёфтааст, бояд дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар ҷойҳои таъинот, ба истиснои ҳолатҳое, ки қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ пешбинӣ намудаанд, безарар гардонида шавад.

Маводи таҳти карантин, ки аз давлатҳои дар онҳо организмҳои зараррасони карантинӣ паҳнгардида ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, агар он баргардонида нашавад, бояд бо мақсади пешгирии пайдошавии организмҳои зараррасони карантинӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ, безарар гардонида шавад.

Воситаҳои нақлиёте, ки барои ҳамлу нақли маводи таҳти карантин истифода шудаанд, бояд ҳатман шуста, тоза карда, дар ҳолатҳои зарурӣ мутобиқи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ безарар гардонида шаванд.

Корҳои бо газ безараргардонӣ ва дегазатсияи маводи таҳти карантинро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ ба ҷо меоварад.

Маводи таҳти карантин мувофиқи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ безарару тоза ва дегазатсия карда мешавад.

 

Моддаи 13. Ошкор сохтани организмҳои зараррасони карантинӣ ва   пешгирии паҳн гардидани онҳо

Бо мақсади сари вақт ошкор намудани организмҳои зараррасони карантинӣ  ва муайян намудани ҳудуди манбаъи онҳо маводи таҳти карантин бояд мунтазам зери таҳқиқи карантини фитосанитарӣ қарор гирад.

Дар ҳолати ошкор гардидани манбаъи организмҳои зараррасони карантинӣ дар минтақаҳои дахлдор бо тартиби муайяннамудаи моддаи 9 ҳамин Қонун низоми карантини фитосанитарӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 14. Ситонидан, нобуд кардан, баргардонидани    маводи таҳти карантин

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ наёфтан ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн нагардидани организмҳои зараррасони карантинӣ маводи таҳти карантинро ситонидан, нобуд кардан ё бо амри шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ баргардонидан мумкин аст.

 

Моддаи 15. Таҳлили лабораторӣ ва экспертизаи маводи таҳти  карантин

Бо мақсади муайян намудани ҳолати карантини фитосанитарии маводи таҳти карантин бояд вай таҳти назорати давлатии карантини фитосанитарӣ гирифта, аз ҷумла бозрасӣ карда шавад ва ҳангоми зарурат мавриди таҳлили лабораторӣ ва экспертиза қарор гирад.

Маводи таҳти карантинро бо мақсади муайян намудани ҳолати карантини фитосанитарии он мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ мавриди таҳлили лабораторӣ ва экспертиза қарор медиҳад.

 

Моддаи 16. Пешниҳоди хизматрасонии музднок

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ ҳангоми таҳлили лабораторӣ, азназаргузаронӣ, экспертизаи маводи таҳти карантин, сертификатсияи фитосанитарӣ, фумигатсия, додани иҷозати воридоти карантинию сертификати фитосанитарӣ ва дигар чорабиниҳои таъмини карантини растанӣ ҳуқуқ дорад ба тарафҳои манфиатдор хизмати музднок расонида, минбаъд ин маблаѓро тибқи қонунгузорӣ истифода намояд.

 

Моддаи 17. Ўҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар таъмини карантини растанӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки маводи таҳти карантинро истеҳсолу захира мекунанд, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мекунанд  ё аз ҳудуди он содир менамоянд, ҳамлу нақл медиҳанд, нигоҳ медоранд, коркарду истифода менамоянд, мефурўшанд, ўҳдадоранд,  ки:

- ҳангоми истеҳсолу захира кардан, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди он содир намудан, ҳамлу нақл додан, нигоҳ доштан ва коркарду истифода намудан, фурўхтани маводи таҳти карантин қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растаниро риоя кунанд;

- мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растаниро аз ворид шудани маводи таҳти карантин фавран огоҳ намоянд;

- воситаҳои нақлиёт ва контейнерҳои дорои маводи таҳти карантинро, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, бе иҷозати  хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ накушоянд;

- барои сари вақт таҳти назорати давлатии карантини фитосанитарӣ гирифтан, аз ҷумла барои азназаргузаронӣ шароити зарурӣ муҳайё созанд;

- барои нигоҳдории маводи таҳти карантин биное ҷудо намоянд, ки он ба талаботи карантини фитосанитарӣ ва таъмини муҳофизати чунин мавод мувофиқ бошад;

- ба шустушўи воситаҳои нақлиёти дорои маводи таҳти карантин дар роҳи ҳаракат, инчунин дар ҷойҳои барои ин кор таъиннагардида роҳ надиҳанд;

- маводи таҳти карантинро то ба таҳти назорати давлатии карантини фитосанитарӣ гирифтан ба таври лозимӣ нигоҳ доранд;

- барои безарару тоза кардан ва дегазатсияи маводи таҳти карантин воситаҳои нақлиёт, бандарҳо, майдончаҳо ва биноҳои махсуси муҷаҳҳаз ва ҳангоми зарурат коргар ҷудо намоянд;

- дар сурати ошкор кардани нишонаҳои бо организмҳои зараррасони карантинӣ сироятёфтаи маводи таҳти карантин мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растаниро фавран огоҳ намоянд;

- ҳангоми ҳамлу нақли  маводи таҳти карантин барои бо организмҳои зараррасони карантинӣ олуда нагаштани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  чораҳо андешанд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини     карантини растанӣ, қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ дигар корҳоро иҷро намоянд.

Тадбирҳо оид ба ошкор сохтани организмҳои зараррасони карантинӣ ва мубориза бар зидди онҳо, маҳдуд кардан ва барҳам додани манбаъи онҳо аз ҳисоби маблаѓи соҳибону истифодабарандагони маводи таҳти карантин ба ҷо оварда мешаванд.

Маводи таҳти карантин аз ҳисоби маблаѓҳои соҳибон, истифодакунандагони бор, боргирандагон ё худ ташкилотҳои экспедиторӣ безарар гардонида, дегазатсия намуда, боздошта, нобуд карда ва баргардонида мешавад.

 

БОБИ 4.ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ КАРАНТИНИ РАСТАНӢ

 

Моддаи 18. Принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи карантини растанӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи карантини растанӣ дар амал татбиқ карда, принсипҳои риоя намудани бехатарии байни ҳамдигариро аз интродуксия ва паҳн гардидани организмҳои зараррасони карантинӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалии карантин ва ҳимояи растанӣ ба роҳбарӣ мегирад.

 

Моддаи 181. Тадбирҳои карантини фитосанитарӣ дар сурати мавҷуд  набудани стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ 

Агар стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ мавҷуд набошанд ё тадбирҳои карантини фитосанитарӣ ба стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ мутобиқат накунанд ва ё агар чунин тадбирҳо ба савдо таъсири назаррас расонида тавонанд, мақоми ваколатдори давлатӣ бояд: 

- бо мақсади татбиқи тадбирҳо дар марҳилаи аввали таҳияи онҳо огоҳинома нашр намояд; 

- мутобиқи созишномаҳои байналмилалӣ ба ҷонибҳои манфиатдор оид ба маводи таҳтикарантинӣ, ки нисбати онҳо ин тадбир истифода мегардад, иттилоъ диҳад ва қабул намудани тадбири пешниҳодшавандаро асоснок кунад; 

- бо дархости мақомоти ваколатдори дигар мамлакатҳо мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ матни санади меъёрии ҳуқуқии тадбири пешниҳодшавандаро бо нишон додани фарқият аз стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ пешниҳод намояд; 

- барои пешниҳоди мулоҳизот мӯҳлати ниҳоӣ муқаррар кунад ва бо дархости ҷонибҳои манфиатдор машварат гузаронад. 

Огоҳинома оид ба маводи таҳтикарантинӣ, ки нисбат ба онҳо чораҳо амалӣ карда мешаванд ва асосноккунии чораҳои пешниҳодшаванда бояд  75 рӯз пеш аз қабули тадбиқи ин чораҳо нашр карда шаванд. (З РТ от 26.12.11г.,№787)

 

Моддаи 19. Фаъолияти ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи карантини растанӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти ташкилотҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар соҳаи карантини растанӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ, қонунгузории   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои ҳуқуқии байналмилалии соҳаи карантини растанӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сурат мегирад.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20. Тартиби баррасии баҳсҳо оид ба таъмини карантини растанӣ

Баҳсҳо вобаста ба таъмини карантини растанӣ аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 22. Дар бораи аз эътибор соқит  донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 «Дар бораи карантини растанӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с. 2001, №4, мод. 206) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Эмомалӣ РАҲМОН

 

        ш.Душанбе,

26 марти соли 2009,

             № 498