ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 05/02/2020 - 14:57
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
258
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.05.2007

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №5, мод. 363; с. 2008, №3, мод. 202; с.2010, №7, мод. 554; с.2013, №3, мод.202;

Қонунҳои ҶТ аз 8.08.с. 2015, № 1210; аз 23.11.2015 с., № 1242; аз 02.01.2019 с., № 1575; ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

Боби I.

Муқаррароти умумӢ

 

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим мекунад

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таъсис додан, фаъолият намудан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятиеро фаро мегирад, ки бо тартиби муқарраргардида таъсис дода шудаанд, ба истиснои иттиҳодияҳои ҷамъиятие (ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), ки тартиби таъсис ва фаъолияти онҳоро қонунҳои алоҳида ба танзим медароранд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

Моддаи 4. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ

1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ ҳуқуқи дар асоси ихтиёрӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ноил гардидан ба мақсадҳои умумӣ таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шомил шудан ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии мавҷуда ё худдорӣ кардан аз шомилшавӣ ба онҳо, инчунин аз ин иттиҳодияҳо бе мамониат баромаданро дар бар мегирад.

2. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд мустақилона, бе иҷозати пешакии мақомоти давлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд, инчунин ба ин гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо шарти риоя кардани меъёрҳои оинномавии онҳо дохил шаванд.

Моддаи 5. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ

Иттиҳодияи ҷамъиятӣ – иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳое муттаҳид гардидаанд, ки дар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ  нишон дода шудаанд.

Моддаи 6. Муассисон, аъзо ва иштирокчиёни иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ – иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошанд, ки анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисиро даъват кардаанд ва дар он оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ қабул карда шуда, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишии он ташкил карда шудааст. Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ ва вазифаҳои баробар доранд.

2. Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ шахсони воқеие мебошанд, ки ҳавасмандии онҳо барои иҷрои якҷояи вазифаҳои ин иттиҳодия мувофиқи меъёрҳои оинномаи он бо аризаи шахсӣ ё ҳуҷҷатҳои дахлдор ба расмият дароварда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки шумораи аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба ҳисоб гирифта шавад. Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ  ҳуқуқ ва вазифаҳои баробар доранд.

Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишии ин иттиҳодия интихоб кунанд ва интихоб шаванд, инчунин фаъолияти мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятиро мувофиқи оинномаи он назорат намоянд.

Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувофиқи талаботи меъёрҳои оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқу вазифаҳо доранд ва дар сурати риоя накардани талаботи пешбининамудаи оиннома аз иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонанд хориҷ карда шаванд.

3. Иштирокчиёни иттиҳодияи ҷамъиятӣ шахсони воқеие мебошанд, ки  мақсадҳои иттиҳодияи мазкур ва (ё) иқдомоти мушаххаси онро дастгирӣ мекунанд, дар фаъолияти он бе барасмиятдарории ҳатмии шартҳои иштироки худ ширкат меварзанд, агар оиннома тартиби дигари иштироки онҳоро пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 7. Шаклҳои ташкилию ҳуқуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии зерин метавонанд таъсис дода шаванд:

- ташкилоти  ҷамъиятӣ;

- ҳаракати ҷамъиятӣ;

- мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ.

Моддаи 8. Ташкилоти  ҷамъиятӣ

1. Ташкилоти ҷамъиятӣ  иттиҳодияи  ҷамъиятие мебошад, ки чун қоида, дар асоси узвият таъсис  ёфта, барои фаъолияти якҷояи шаҳрвандони муттаҳидшуда ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ба даст овардани мақсадҳои оинномавӣ таъсис дода  шудааст.

2. Мақомоти олии роҳбарикунандаи ташкилоти ҷамъиятӣ анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ мебошад. Мақомоти роҳбарикунандаи ташкилоти ҷамъиятӣ мақомоти интихобии дастаҷамъӣ мебошад, ки он ба анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда аст.

Моддаи 9. Ҳаракати ҷамъияӣ

1. Ҳаракати ҷамъиятӣ  иттиҳодияи ҷамъиятии оммавӣ мебошад, ки аз иштирокчиён иборат буда, узвият надорад, амалӣ намудани мақсадҳои иҷтимоӣ ва дигар мақсадҳои ҷамъиятии муфидро дорад, ки онҳоро иштирокчиёни ҳаракати ҷамъиятӣ дастгирӣ менамоянд.

2. Мақомоти олии роҳбарикунандаи ҳаракати ҷамъиятӣ анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ мебошад. Мақомоти роҳбарикунандаи ҳаракати ҷамъиятӣ мақомоти машваратии интихобӣ мебошад, ки на камтар аз даҳ нафар иборат буда, ба анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда аст.

3. Дар сурати ба қайди давлатӣ гирифта шудани ҳаракати ҷамъиятӣ мақомоти роҳбарикунандаи он ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро аз номи ҳаракати ҷамъиятӣ амалӣ менамояд ва вазифаҳои онро  мувофиқи оиннома иҷро мекунад.

Моддаи 10. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии беузвият ва ғайрирасмӣ буда, тартиби таъсис ва фаъолияти онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. (ҚҶТ аз 20.03.08 с., №384)

Моддаи 11. Иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шўроҳои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шўроҳои) иттиҳодияҳои  ҷамъиятиро таъсис диҳанд. Ба чунин иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо, шўроҳо) шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ҳуқуқи шомил шудан доранд.

Моддаи 12. Ҳудуди фаъолияти иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таъсис ёфта, амал мекунанд.

2. Иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди як ё якчанд давлатҳои хориҷӣ фаъолият намуда, филиал ва намояндагии худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як ё якчанд давлатҳoи хориҷӣ дорад ё мақсад дорад мувофиқи оиннома ин воҳидҳоро дошта бошад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

3. Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки фаъолияти худро мувофиқи мақсадҳои оинномавӣ метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд, филиалҳо ва намояндагиҳо дошта бошад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

4. Иттиҳодияи ҷамъиятии маҳаллӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки  мувофиқи мақсадҳои оинномавиаш дар ҳудуди воҳиди марзию маъмурии вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолият мекунад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

5. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ метавонанд дар номи худ калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тоҷикистон»-ро бе иҷозати махсуси мақоми давлатии салоҳиятнок ва бе супоридани ҳама гуна пардохтҳо истифода намоянд.

Моддаи 13. Принсипҳои таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба принсипҳои ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, худидоракунӣ ва қонуният асос меёбад. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар муайян кардани сохтори дохилӣ, мақсад, шакл ва тарзу усулҳои фаъолияти худ озод мебошад.

2. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ошкоро буда, маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва барномавии он бояд дастраси омма бошад.

3. Сохтор ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ набояд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, вайрон ва ё маҳдуд намояд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

Моддаи 14. Маҳдудият барои таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Таъсис ва фаъолияти  иттиҳодияи ҷамъиятие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад ва ё барои зўран сарнагун кардани  сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамояд, манъ аст.

2. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятие, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ба саломатии одамон ва ба ахлоқи ҷамъиятӣ сўиқасд мекунад, манъ аст.

Моддаи 15. Давлат ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

1. Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин дахолати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ аст.

2. Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин мекунад, ба онҳо додани имтиёзҳо ва афзалиятҳои андозсупорӣ ва дигар имтиёзҳоро ба тариқи қонунгузорӣ танзим менамояд.

Дастгирии давлатӣ дар шакли маблағҷудокунии мақсаднок (грантҳои давлатӣ) ба барномаҳои ҷудогонаи барои ҷомеа муфиди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мувофиқи дархости онҳо, бастани шартномаҳои гуногун, аз он ҷумла барои иҷро кардани кор ва хизматрасонӣ, супориши иҷтимоӣ барои иҷрои барномаҳои гуногуни давлатӣ ба доираи номаҳдуди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асосҳои озмун ифода ёфта метавонад.

3. Масъалаҳое, ки ба манфиатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дахл доранд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун аз тарафи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ бо иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятии дахлдор ё бо мувофиқаи онҳо ҳал карда мешаванд.

4. Ба кормандони кирояи дастгоҳи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ паҳн мегардад.

Боби II.

Таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Моддаи 16. Таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Иттиҳодияи  ҷамъиятӣ бо ташаббуси муассисони он – на камтар аз се нафар шахси воқеӣ таъсис дода мешавад.

Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар қатори шахсони воқеӣ шахсони ҳуқуқӣ – иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ шуда метавонанд.

2. Қарорҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ, дар бораи тасдиқ кардани оинномаи он ва дар бораи ташкили мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиш дар анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисӣ қабул карда мешаванд. Аз вақти қабули қарорҳои мазкур иттиҳодияи ҷамъиятӣ таъсисёфта ҳисобида мешавад. Муассисоне, ки иттиҳодияи ҷамъиятиро ба сифати шахси ҳуқуқӣ таъсис медиҳанд, ўҳдадоранд дар мўҳлати як моҳи баъди таъсисдиҳӣ ҳуҷҷатҳои таъсисиро барои бақайдгирии давлатӣ ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод намоянд.

3. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз вақти бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.

Моддаи 17. Талаботе, ки ба муассисон, аъзо ва иштирокчиёни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешниҳод карда мешавад

1. Шаҳрвандоне, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, муассис, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шуда метавонанд, агар Қонуни мазкур дигар тартибро муқаррар накарда бошад.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муассис, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шуда метавонанд, ба шарте ки ҷои доимии зисти онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ё гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд. Ҳолатҳои маҳдуд кардани ин ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

3. Шаҳрвандоне, ки ба синни 14-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон шуда метавонанд.

4. Шаҳрвандоне, ки ба синни 8-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятии кўдакон шуда метавонанд.

5. Танҳо шаҳрвандони ба балоғатрасида, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин аъзои мақомоти назорату тафтишии онҳо шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

6. Шарт ва тартиби пайдо кардани узвият, гум кардани узвият, инчунин шартҳои баромадан аз сафи аъзои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро аз рўи синнусол оинномаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии дахлдор муайян мекунанд.

7. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ талаби нишон додани узвият ё иштирок дар ин ё он иттиҳодияи ҷамъиятӣ манъ аст. Мансубияти шаҳрвандон ба иттиҳодияи ҷамъиятӣ асоси маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ва  шарти аз тарафи давлат ба онҳо додани ягон имтиёз ё бартарият шуда наметавонад.

8. Муассис, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ инҳо буда наметавонанд:

- мақомоти ҳокимияти давлатӣ (ба истиснои ҳолате, ки дар моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст);

- шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки дар моддаҳои 6, 11 ва 16  Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд);

- шахсоне, ки алоқамандии онҳо бо ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сепаратистӣ аз тарафи суд муайян шудааст.

9. Ҳангоми таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар шакли ташкилоти ҷамъиятӣ муассисони ин ташкилот бевосита аъзои он гардида, ҳуқуқ ва вазифаҳои дахлдор пайдо менамоянд.

10. Дар вақти таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар дигар шаклҳо ҳуқуқ ва вазифаҳои муассисони онҳо дар оинномаашон нишон дода мешаванд.

Моддаи 18. Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд инҳоро пешбинӣ намояд:

- ном, мақсади иттиҳодияи ҷамъиятӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии он;

- сохтори иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиши иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳудуди фаъолияти ҳамин иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

- шартҳо ва тартиби пайдо ва гум кардани узвият дар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои ин иттиҳодия (танҳо барои иттиҳодияҳое, ки узвиятро пешбинӣ менамоянд);

- салоҳият ва тартиби ташкили мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мўҳлат ва ваколати онҳо, маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимии роҳбарикунанда;

- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

- сарчашмаҳои ташаккули маблағҳо ва дигар молу мулки иттиҳодияи ҷамъиятӣ,  ҳуқуқи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва филиалу намояндагиҳои он оид ба идоракунии амвол;

- тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ.

2. Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ тасвири рамзи ин иттиҳодияро дошта метавонад.

3. Дар оиннома метавонанд дигар муқаррароти марбут ба фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки ба қонунҳо мухолифат намекунанд, пешбинӣ карда шаванд.

Моддаи 19. Ном ва рамзи иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, парчам, нишон, вимпелҳо ва дигар рамзҳо, агар онҳо бошанд, аз ном ва рамзҳои дигар шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла онҳое, ки бо қарори суд барҳам дода шудаанд ва ё фаъолияти худро қатъ кардаанд, бояд фарқ кунанд.

2. Рамзи иттиҳодияи ҷамъиятӣ набояд ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба рамзҳои давлатҳои хориҷӣ монанд бошад ва ҳуқуқи моликияти зеҳниро вайрон намояд. Истифодаи тасвири нишони давлатӣ дар мўҳр ва бланкаҳои фирмавии иттиҳодияи ҷамъиятӣ манъ аст.

3. Ном ва рамзи иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои тарғибу ташвиқи мақсад ва тарзу усулҳои амалиёте, ки дар моддаи 14 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, набояд истифода шаванд.

4. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад дар номи худ номи шаҳрвандро танҳо бо ризоияти ў, дар сурати фавтидани ин шаҳрванд, дар асоси васиятномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи вай ва дар сурати набудани васиятнома бо розигии ҳамсар, волидайн ва ё фарзандони болиғи шахси фавтида истифода намояд. Агар шахсони номбурда мавҷуд набошанд,  масъалаи истифодаи номи шаҳрвандро дар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ худи ҷамъият ҳал мекунад.

Моддаи 20. Тартиби истифодаи номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Номи  расмии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба шакли он ва ҳудуди фаъолияти он ишора дошта бошад.

2. Дар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ истифода кардани номи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳизбҳои сиёсии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, инчунин ҳизбҳои сиёсие, ки фаъолияти онҳо бо тартиби судӣ барҳам дода шудаанд ё бо тартиби худбарҳамдиҳӣ фаъолияташонро қатъ кардаанд, мумкин нест.

Моддаи 21. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Барои ба даст овардани ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

2. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳо (минбаъд - мақомоти бақайдгиранда) анҷом медиҳанд.

3. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллиро, ки фаъолияти онҳо мувофиқи оиномаҳояшон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ мегарданд, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., № 621)

4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмиллалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;

- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда, инчунин қайди баҳисобгирии онҳо;

- додани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;

- додани нусха аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда;

- пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

- пешбурди қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

- муайян намудани тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва тартиби қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

- иҷрои дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., № 621)

5. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ҷойгирбударо  раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳо анҷом медиҳанд. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., № 621)

6. Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳо бинобар бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятии дар ҳудуди вилоят воқеъбуда;

- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ;

- додани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

- додани нусха аз Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (вобаста ба ҳудуди дахлдор);

- пешбурди Феҳриси давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳудудҳои дахлдор;

- ҳар моҳ пешниҳод намудани маълумот ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳо;

- иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., № 621)

7. Барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба мақомоти бақайдгиранда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза, ки онро аъзои мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ имзо кардаанд ва дар он насаб, ном, номи падар, ҷойи истиқомат ва телефонҳои робита нишон дода шудаанд;

- оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар ду нусха бо забони давлатӣ ва бо хоҳиши ташкилоти ҷамъиятӣ ду нусха бо забони муоширати байни миллатҳо;

- иқтибос аз протоколи  анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисӣ, ки дар бораи таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ, тасдиқи оиннома, ташкил кардани мақомоти роҳбарикунанда ва мақоми назорату тафтишии он маълумот дорад;

- маълумот дар бораи муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ: барои шахсони воқеӣ - насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, ҷои сукунат, шаҳрвандӣ (бо имзоҳояшон тасдиқ мегардад) ва нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад; барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми таъсиси иттифоқи (ассотсиатсия, шўрои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ – нусхаи шаҳодатномаҳo дар бораи бақайдгирии давлатии оинномаи ин иттиҳодияҳо, иқтибос аз протоколи маҷлиси мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бо қарор дар бораи таъсиси  иттифоқи (ассотсиатсия, шўрои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин нусхаи шартномаи таъсисӣ;

- аризаи шахсоне, ки дар моддаи 19 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, дар бораи розигӣ ба истифодаи номи шаҳрванд дар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

- ҳангоми аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ истифода бурдани рамзи таҳти ҳимояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи моликияти зеҳнӣ ё ҳуқуқи муаллифӣ қарордошта - ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онро тасдиқ мекунанд;

- ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ;

- ҳуҷҷат дар бораи нишонии (маҳалли ҷойгиршавии) мақомоти роҳбарикунандаи  иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

- барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ – протоколҳои  анҷуманҳо, конференсияҳо, маҷлисҳои  умумӣ ё маҷлисҳои таъсисии воҳидҳои сохторӣ.

8. Тағйироте, ки ба оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ворид карда мешаванд, бо ҳамон тартиб ва дар ҳамон мўҳлате, ки барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст, ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд ва онҳо аз вақти чунин бақайдгирӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.

9. Барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, тағйироте, ки ба оинномаи он дохил карда мешаванд, бо тартиб ва ба андозаи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» боҷи давлатӣ ситонида мешавад.

10. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар давоми як моҳ аз рўзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои дар ҳамин модда номбаршуда  анҷом ёфта, ба иттиҳодияи ҷамъиятӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад.

Моддаи 211. Додани нусхаи (дубликати) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи  ҷамъиятӣ

Дар сурати гумм кардан ва дигар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси аризаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мақомоти бақайдгиранда дар давоми 10 рўз нусхаи (дубликати) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатиииттиҳодияҳои ҷамъиятиро медиҳад.

(ҚҶТ аз 21.07.10 с., № 621)

Моддаи 22. Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалњо иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё рад кардани қайди бањисобгирии онњо

1. Намояндагиҳо ва филиалҳо иттиҳодияи ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда бояд аз қайди баҳисобгирӣ гузаранд. (ҚҶТ аз 19.03.13 с., № 962)

2. Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳо иттиҳодияи ҷамъиятиро мақомоти бақайдгиранда анҷом медиҳад. (ҚҶТ аз 19.03.13 с., № 962)

3. Барои қайди баҳисобигрии намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) аризаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали он;

2) нусхаи аз тарафи нотариуси давлатӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки намояндагӣ ё филиал таъсис медиҳад;

3) қарори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ:

а) дар бораи таъсиси  намояндагӣ ва филиали;

б) дар бораи тасдиқи Низомнома;

в) дар бораи таъин намудани роҳбари намояндагӣ ё филиал;

4) Низомномаи намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

5) ваколатнома, ки ба роҳбари намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ дода шудааст;

6) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

7) квитансия ё нусхаи супориши пардохтӣ дар бораи пардохти боҷи давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Маълумот дар бораи намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид карда мешавад.

5. Қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар давоми 10 рўзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои дар ҳамин мода номбаршуда анҷом ёфта, ба намояндагӣ ё филиалииттиҳодияи ҷамъиятӣ иқтибос аз қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дода мешавад.

6. Тағйирот ба ҳуҷҷатҳои намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ҳамон тартиб ва дар ҳамон мўҳлате, ки моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, ворид карда мешавад.

7. Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ, аз ҷумла намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда бо асосҳои зерин рад карда мешавад:

- агар низомномаи намояндагиҳо ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти моддаи 14 Қонуни мазкур ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунад; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

- агар ҳуҷҷатҳои барои қайди баҳисобгирӣ зарур, ки номгӯи онҳоро Қонуни мазкур муайян кардааст, пурра пешниҳод нашуда бошанд ё маълумот дар ҳуҷҷатҳо бо тартиби муқаррарӣ расмӣ кунонида нашуда бошад ё ба мақоми номувофиқ пешниҳод гардида бошад;

- агар муқаррар гардад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии пешниҳодшуда маълумоти носаҳеҳ мавҷуд бошад.

8. Дар сурати гум шудани Шаҳодатнома дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳои зарурӣ мақоми бақайдгиранда бояд дар асоси ариза дар давоми 10 рӯз нусхаи (дубликати) онро диҳад.

9. Дар сурати рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба аризадиҳанда дар ин бора дар шакли хаттӣ бо нишон додани муқаррароти мушаххаси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки риоя накардани он боиси рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ шудааст, хабар дода мешавад.

10. Дар бораи рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин дар бораи саркашӣ аз ин гуна баҳисобгирӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

11. Рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои такроран пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати қайди баҳисобгирӣ монеъ намешавад, ба шарте, агар асосҳое, ки боиси раддия шудаанд, бартараф карда шуда бошанд.

12. Баррасии аризаи такрорӣ дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур сурат мегирад.

(ҚҶТ аз 19.03.13 с., № 962)

Моддаи 23. Рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва тартиби шикоят аз болои он

1. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар асосҳои зерин рад карда мешавад:

- агар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти моддаҳои 14, 17 ва 18 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мухолифат кунад; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

- агар номгўи пурраи ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатӣ зарур, ки Қонуни мазкур муайян кардааст, пешниҳод карда нашуда бошад ё маълумот дар ҳуҷҷатҳо ба тартиби зарурӣ расмӣ кунонида нашуда бошанд ё ба мақомоти номувофиқ пешниҳод гардида бошанд;

- агар бо ҳамон ном иттиҳодияи ҷамъиятии қаблан ба қайд гирифташуда фаъолият намояд;

- агар муқаррар гардад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии пешниҳодшуда маълумоти носаҳеҳ мавҷуд бошад;

- агар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ахлоқ, ҳисси миллӣ ва динии шаҳрвандонро таҳқир намояд.

2. Бо сабабҳои мувофиқи мақсад набудани таъсис ба рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ роҳ дода намешавад.

3. Дар сурати рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба аризадиҳандагон дар ин бора дар шакли хаттӣ бо нишон додани муқаррароти мушаххаси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вайрон кардани онҳо боиси рад кардани бақайдгирии давлатии ин иттиҳодия  гардидааст, хабар дода мешавад.

4. Дар бораи рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин дар бораи саркашӣ аз ин гуна бақайдгирӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

5. Рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои такроран пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ монеъ намешавад, ба шарте ки асосҳои боиси раддия бартараф карда шуда бошанд.

Баррасии аризаи такрорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо тартиби пешбиникардаи Қонуни мазкур сурат мегирад.

Боби III.

Ҳуқуқ ва вазифаҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ

Моддаи 24. Ҳуқуқҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Барои амалӣ намудани мақсадҳои оинномавӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад:

- дар бораи фаъолияти худ озодона ахбор паҳн намояд;

- дар таҳияи қарорҳои мақомоти давлатӣ бо тартиб ва дар доираи пешбиникардаи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо иштирок намояд;

- маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавиро бо тартиби пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад;

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори оммаро таъсис ва фаъолияти нашриро анҷом диҳад;

- дар мақомоти  давлатӣ, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, суд ҳуқуқҳои худ, манфиатҳои қонунии аъзо ва иштирокчиёни худ, инчунин дигар шаҳрвандонро намояндагӣ  ва ҳифз намояд;

- аз рўи масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ бо ташаббусҳо баромад намояд, ба мақомоти  давлатӣ пешниҳодҳо кунад;

- аз мақомоти давлатӣ маълумоте гирад, ки барои иҷрои вазифаҳои оинномавӣ зарур аст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагиро, ки он ба иҷрои мақсаду вазифаҳои оинномавӣ мусоидат менамояд, анҷом диҳад, аз он ҷумла бо ёрии ташкилотҳои тиҷоратие, ки барои ин мақсадҳо таъсис дода мешаванд;

- барои татбиқи фаъолияти оинномавӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо мақсади гирифтани фармоишҳои иҷтимоӣ, грантҳо, стипендияҳо ва дигар афзалиятҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънагардида иштирок намояд;

- бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳамкории илмию техникӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва истеҳсолӣ дар бораи расонидани хизмат ва иҷрои корҳое, ки ба татбиқи мақсад ва иҷрои вазифаҳои оинномавӣ нигаронида шудаанд, созишномаҳо бандад;

- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шакли молу мулк ва маблағ кӯмаки моддӣ қабул намояд; (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1210)

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳавию конструкториро амалӣ гардонад, лоиҳаю барномаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнокро аз санҷиши ҷамъиятӣ гузаронад, дар кори комиссияҳои муштарак оид ба баррасии онҳо иштирок намояд, ба шарте ки ин намудҳои фаъолият дар оиннома пешбинӣ шуда бошанд;

- ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузориро амалӣ намояд.

2. Амалӣ кардани ҳуқуқҳои номбаршудаи иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ё бо иштироки онҳо таъсис гардидаанд, бо қонунҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон метавонанд мaҳдуд карда шавад.

Моддаи 25. Вазифаҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ

Иттиҳодияи ҷамъиятӣ вазифадор аст:

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва меъёрҳои пешбиникардаи оинномаро риоя намояд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

- ҳар сол то 1-уми апрел ба мақомоти бақайдгиранда дар бораи идомаи фаъолияти худ маълумот, ки шакли он аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, пешниҳод намояд; (ҚҶТ аз 19.03.13 с., № 962)

- бо дархости мақомоти бақайдгиранда қарорҳои мақомоти роҳбарикунанда ва шахсони мансабдори иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин дар бораи фаъолияти худ гузориш пешниҳод намояд;

- намояндагони мақомоти бақайдгирандаро ба чорабиниҳои оммавие, ки иттиҳодияи ҷамъиятӣ мегузаронад, роҳ диҳад;

- ба намояндагони мақомоти бақайдгиранда дар кори шиносшавӣ бо фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ вобаста ба амалӣ намудани мақсадҳои оинномавӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунад;

- ҳар сол дар сомонаи худ ё сомонаи мақоми бақайдгиранда ҳисоботи молиявиро, ки дар он маълумоти муфассал оид ба даромад ва хароҷот дарҷ шудааст, ҷой диҳад;

  • дар давоми на кам аз панҷ сол пас аз анҷоми муносибатҳои корӣ маълумот дар бораи амалиёти анҷомдодашудаи дохилӣ ва байналмилалиро нигоҳ дорад;
  • маълумот дар бораи мушаххаскунии шахсоне, ки фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро назорат ё идора мекунанд, аз ҷумла муассисон, аъзои мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишро нигоҳ дорад ва ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 С., № 1575).

Боби IV.

Моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӢ

Моддаи 26. Моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Иттиҳодияи ҷамъиятие, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад, дар моликияташ биноҳо, иморатҳо, иншоот, фонди манзил, нақлиёт, таҷҳизот, асбобу анҷом, амволи таъиноти маданию маърифатӣ ва солимгардонӣ, маблағҳо, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок ва дигар молу мулк дошта метавонад, ки барои таъминоти моддии фаъолияти оинномавии ин иттиҳодияи ҷамъиятӣ заруранд.

Дар моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ инчунин муассисаҳо, нашриёт, воситаҳои ахбори омма, ки аз ҳисоби маблағҳои ҳамин иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи он таъсис мегарданд ва ба даст оварда шудаанд, буда метавонанд.

2. Моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.

3. Қонун метавонад намудҳои амволеро муқаррар намояд, ки аз нигоҳи амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ё мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон дар моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ буда наметавонанд.

Моддаи 27. Сарчашмаҳои ташаккули моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз ҳисоби ҳаққи дохилшавӣ ва аъзоҳаққӣ, агар пардохти онҳоро оиннома пешбинӣ карда бошад, пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, воридот аз лексияҳо, намоишгоҳҳо, лотереяҳо, музоядаҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳое, ки бо тартиби муқаррарнамуда ва мувофиқи оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд, даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ ва намудҳои дигари фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки қонун манъ накардааст, ташаккул меёбад.

2. Пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, молу мулке, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид шудаанд, аз тарафи мақомоти бақайдгиранда дар Феҳристи кумаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  пешбурди онро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, сабт карда мешаванд. Лоиҳаҳои аз тарафи субъектҳои мазкур маблағгузоришаванда аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баъд аз огоҳонидани мақомоти бақайдгиранда амалӣ карда мешаванд. Шакли огоҳиномаро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1210)

Моддаи 28. Субъекти ҳуқуқи моликият дар ташкилоти ҷамъиятӣ

1. Ташкилоти ҷамъиятӣ субъекти ҳуқуқи моликият ба тамоми молу мулки ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад. Ҳар як узви алоҳидаи ташкилоти ҷамъиятӣ ба ҳиссаи молу мулки ба ташкилоти ҷамъиятӣ тааллуқдошта ҳуқуқи моликият надорад.

2. Дар ташкилотҳои ҷамъиятие, ки филиалҳо ва намояндагиҳо фаъолияти худро дар асоси низомномаҳои худ ва оинномаи ягонаи ин ташкилот амалӣ менамоянд, соҳиби моликият дар маҷмўъ ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад.

Моддаи 29. Субъекти ҳуқуқи моликият дар ҳаракати ҷамъиятӣ

Аз номи ҳаракати ҷамъиятӣ ҳуқуқи моликиятро ба молу мулке, ки ба ҳаракати ҷамъиятӣ тааллуқ дорад, инчунин молу мулке, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ барпо карда ва (ё) ба даст оварда шудаанд, мақомоти роҳбарикунандаи он амалӣ менамояд.

Моддаи 30 бо ҚҶТ аз 20.03.08 с., №384 хориҷ карда шуд

Моддаи 31. Фаъолияти соҳибкории иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолияти соҳибкориро тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардонад.

2. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои хоҷагидорӣ, ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои дигари хоҷагидориро таъсис намояд, инчунин молу мулкеро, ки барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таъин гардидааст, ба даст орад.

3. Даромадҳо аз фаъолияти соҳибкории иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар байни аъзо ё иштирокчиёни ин иттиҳодия тақсим шуда наметавонанд ва бояд танҳо барои ба даст овардани мақсадҳои оинномавӣ истифода шаванд. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ маблағҳои худро метавонад барои мақсадҳои хайриявӣ истифода намояд, ҳатто агар ин дар оинномаи он нишон дода нашуда бошад.

Боби V.

АзнавташкилдиҳӢ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӢ

Моддаи 32. Азнавташкилдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Азнавташкилдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо қарори анҷуман, конференсия  ё маҷлиси умумӣ  амалӣ карда мешавад. Тартиби қабули қарорро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ муайян мекунад.

2. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис дода мешавад, бо тартиби пешбиникардаи Қонуни мазкур амалӣ мегардад.

3. Молу мулки иттиҳодияи ҷамъиятие, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад, баъди азнавташкилдиҳии он ба шахсони ҳуқуқии навтаъсис бо тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.

Моддаи 33. Барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо қарори анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ мувофиқи оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё бо қарори суд тибқи тартиби пешбиникардаи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад.

2. Молу мулке, ки дар натиҷаи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ боқӣ мемонад, баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторон барои мақсадҳои пешбиникардаи оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ равона карда мешавад. Агар дар оиннома масъалаи тартиби ихтиёрдории молу мулки иттиҳодияи ҷамъиятии барҳамдодашуда ҳал нашуда бошад, ин гуна қарор дар анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ дар баробари қарор дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ қабул карда шуда, дар мавридҳои баҳснок бошад, ин масъала бо қарори суд ҳал карда мешавад. Қарор дар бораи истифодаи молу мулки боқимонда ба мақомоти бақайдгиранда равона карда мешавад.

Моддаи 331. Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ қарор қабул намудааст, вазифадор аст дар бораи қабули чунин қарор бетаъхир ба мақоми бақайдгиранда хабар диҳад. (ҚҶТ аз 19.03.13 с., № 962)

2. Мақоми бақайдгиранда қарорро дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ гирифта, риоя гардидани қоидаҳои барҳамдиҳиро месанҷад ва вобаста ба натиҷаи санҷиш ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар хусуси дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доштани иттиҳодияи ҷамъиятӣ маълумот ворид менамояд.

3. Барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд; (ҚҶТ аз 19.03.13 с., № 962)

- ариза;

- нусхаи қарор дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

- нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

- ҳуҷҷат аз мақомоти андоз оид ба қарздор набудани иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз буҷет.

4. Мақоми бақайдгиранда дар муддати даҳ рўз аз лаҳзаи ба охир расидани ҷараёни барҳамдиҳӣ вазифадор аст:

- риоя шудани тартиби барҳамдиҳиро санҷад;

- ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ маълумот ворид намояд;

- аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нусха диҳад.

5. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ, намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз рўзи ба Феҳриси ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид намудани маълумоти дахлдор барҳамхўрда ба ҳисоб мераванд.

Боби VI.

Назорат ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Моддаи 34. Назорат ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

1. Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба он тобеъ амалӣ менамоянд.

2. Мақомоти бақайдгиранда мувофиқати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба мақсадҳои оинномавии онҳо назорат мекунад. Тартиби санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1210)

Мақомоти бақайдгиранда ҳуқуқ дорад:

- аз мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳои амрдиҳанда, қарорҳо ва гузоришҳоро мувофиқи моддаи 25 Қонуни мазкур талаб намояд;

- намояндагони худро барои иштирок кардан дар чорабиниҳои оммавие, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мегузаронанд, фиристад;

- дар сурати ошкор намудани ҳодисаҳои аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз тарафи онҳо содир кардани амалиёте, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолифат мекунад, мақомоти роҳбарикунандаи ин иттиҳодияҳо хаттӣ огоҳонида, дар он асосҳои мушаххаси огоҳонида шудани онҳоро нишон диҳад.

Огоҳиномаи хаттиеро, ки мақомоти бақайдгиранда раво донистааст, иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд дар давоми як моҳ баррасӣ намояд.

3. Мақомоти андоз ба сарчашмаҳои даромади иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, андозаи маблағҳои бадастдаровардаи онҳо ва пардохти андозҳоро мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.

4. Назорат ва тафтиши аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иҷро карда шудани меъёрҳо ва стандартҳои мавҷудаи экологӣ, сўхторнишонӣ, зиддиэпидемиологӣ ва ғайраро тибқи қонун мақомоти давлатии ваколатдор амалӣ менамоянд.

5. Мақоми бақайдгиранда уҳдадор аст, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумот пешниҳод намояд, агар шубҳа ё асоси кофӣ барои гумонбар шудан мавҷуд бошад, ки иттиҳодияи ҷамъиятӣ василаи рӯпӯшкунанда барои ҷамъоварии маблағ аз тарафи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ мебошад ё ҳамчун канал барои маблағгузории терроризм, экстремизм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо мақсади канорагирӣ аз чораҳои ғайрифаъолгардонии дороиҳо, пинҳон ё рӯпӯш кардани барориши пинҳонии маблағҳои бо мақсадҳои қонунӣ таъиншуда ба манфиати террористон ва экстремистон ё ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ равонашуда истифода мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 С., № 1575).

Моддаи 35. Боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Дар сурати аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ риоя накардани муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содир намудани амалҳои мухолифи мақсадҳои оинномавӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи он ба мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи мазкур дар бораи бетаъхир бартараф намудани қонуншиканӣ амри хаттӣ ва ба мақомоти бақайдгиранда огоҳиномаи хаттӣ фиристода, мўҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

2. Агар дар мўҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи он ё мақомоти бақайдгиранда ҳуқуқ доранд ба суд бо аризаи даъвогӣ дар хусуси боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ муроҷиат намояд.

Дар ин маврид суд метавонад фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро ба мўҳлати то се моҳ боздорад.

3. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин бо тартиб ва асосҳои пешбиникардаи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад боздошта шавад.

4. Тартиби боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро дар сурати ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун муайян менамояд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

Моддаи 36. Оқибатҳои боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Дар сурати боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқи он чун муассиси воситаҳои ахбори омма фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи таъсисдодаи он боздошта мешавад, ба вай ташкил кардан ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ, истифодабарии амонатҳои бонкӣ, ба истиснои ҳисобу китобҳо оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ, ҷуброни зараре, ки бо амали ў расонида шудааст, пардохти андозҳо, боҷҳо ва ҷаримаҳо  манъ аст. (ҚҶТ аз 19.03.13 с., № 962)

2. Агар дар давоми мўҳлати муқарраршудаи боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ қонуншиканиҳо, ки асоси боздоштани фаъолияти он гардидаанд, бартараф карда шаванд, иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолияти худро бо қарори суде, ки фаъолияташро боздоштааст, давом медиҳад.

Моддаи 37. Асосҳои барҳам додан ва манъ кардани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ

1. Асосҳои барҳам додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё манъ кардани фаъолияти он инҳо мебошанд:

- ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро риоя накардани иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардани иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ мунтазам анҷом додани фаъолияте, ки ба мақсадҳои оинномавии он мухолифат менамояд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

- аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ бартараф накардани кирдорҳое, ки барои баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ тибқи талаботи моддаи 35 Қонуни мазкур асос гардидаанд.

2. Ариза дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо асосҳои дар моддаи мазкур нишондодашуда аз тарафи мақомоти бақайдгиранда ё Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи он, новобаста ба татбиқи чораҳои пешбиникардаи моддаи 35 Қонуни мазкур, ба суд пешниҳод карда мешавад.

3. Барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ҳалномаи суд маънои онро дорад, ки фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, сарфи назар аз мавҷудияти бақайдгирии давлатии он, манъ карда мешавад, инчунин асос барои барҳамдиҳии ҳамаи шахсони ҳуқуқии таъсисдодаи он, баромадан аз ҷамъияту ширкатҳои хоҷагидор ё қатъ гардидани иштироки он дар фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқӣ мегардад. Иттиҳодияи ҷамъиятии барҳамдодашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад. (ҚҶТ аз 19.03.13 с., № 962)

4. Агар суд аризаро дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё манъ кардани фаъолияти он қонеъ нагардонад, иттиҳодияи ҷамъиятӣ баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд фаъолияташро давом медиҳад.

5. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятие, ки шахси ҳуқуқӣ намебошад, мувофиқи ҳалномаи суд бо тартиб ва асосҳои барои барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ - шахси ҳуқуқии пешбиникардаи Қонуни мазкур метавонад манъ карда шавад.

Боби VII.

Робитаҳои байналмилалии иттиҳодияҳои ҷамъиятӢ

Иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӢ

Моддаи 38. Робитаҳои байналмилалии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи оинномаҳои худ ба ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ шомил гардида, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ба мақомоти ин ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ мувофиқро ба даст оранд, алоқаю робитаҳои мустақими байналмилалиро ба роҳ монда, бо ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) хориҷӣ созишномаҳо банданд.

2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар давлатҳои хориҷӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва қонунгузории ин давлатҳо ташкилот, намояндагиҳо ва филиалҳои худро таъсис намоянд. Он иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар давлатҳои хориҷӣ ташкилот, намояндагиҳо ва филиалҳои худро таъсис додаанд, мувофиқи моддаи 12 Қонуни мазкур иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалӣ эътироф карда мешаванд ва бояд бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур аз нав ба қайд гирифта шаванд.

Моддаи 39. Фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

2. Барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар моддаҳои 21, 22 Қонуни мазкур муайянгардида ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи вазъи ҳуқуқии ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ талаб карда мешаванд, ки аз ҷониби мақомоти мутасаддии давлати хориҷӣ омода, тасдиқ ва ё пешниҳод шудаанд.

3. Ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 моддаи мазкур зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ  (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1242)

4. Ҳуҷҷатҳои ба забони хориҷӣ омодагашта, ки ба мақомоти адлия пешниҳод мегарданд, бояд ба забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо тарҷума карда шуда, тариқи нотариалӣ тасдиқ гарданд.

5. Баъди бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати коркунони он бояд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

6. Ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё филиалу намояндагиҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

7. Фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё филиалу намояндагиҳои онҳо, ки ба қайди давлатӣ ё қайди баҳисобгирӣ гирифта нашудаанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1801)

8.Тартиб ва мўҳлатҳои анҷом додани қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ мутобиқи моддаи 22 Қонуни мазку рва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., № 621)

Боби VIII.

Муқаррароти хотимавӢ

Моддаи 40. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 41. Бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис гардидаанд

1. Муқаррароти Қонуни мазкур дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис дода шудаанд, низ татбиқ мегарданд.

2. Оинномаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис гардидаанд, бояд ба талаботи Қонуни мазкур мувофиқ карда шаванд. Оинномаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии амалкунанда танҳо дар он қисмате татбиқ мегарданд, ки ба Қонуни мазкур мухолифат надошта бошанд.

3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис дода шудаанд, на дертар аз 1 январи соли 2008 бо озод кардан аз пардохти боҷи давлатӣ бояд аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

4. Иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар мўҳлати муқарраркардаи ҳамин модда расмиёти аз нав бақайдгириро нагузаштаанд, ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро гум мекунанд ва шаҳодатномаҳо дар бораи бақайдгирии онҳо бо қарори мақомоти бақайдгиранда беэътибор дониста мешаванд. Чунин ҳолат онҳоро аз иҷрои ўҳдадориҳои ба зиммаи худ гирифтаашон озод наменамояд.

Моддаи 42. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисто «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1998,  № 10, мод. 139) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 43. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 12 майи соли 2007

№ 258