ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1916 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1919 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶОВИДОН ГАРДОНИДАНИ ХОТИРАИ ҲАЛОКШУДАГОН ҲАНГОМИ ҲИФЗИ ВАТАН" Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.10.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1890 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 15:31
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
197
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.07.2006
                                              ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
                                        Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет
               (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.345;
          с.2009, №5, мод.327; с.2010, №1, мод.3; с.2011, №12, мод.848; с.2013, №3,
          мод.191; с.2015, №11, мод.971; с.2016, №7, мод.629, №11, мод.884; с.2019, 
                                    №4, мод.230; с.2019, №6, мод.324, мод.325)
(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 520, аз 9.01.2010 № 578, аз 26.12.2011 № 784, аз 19.03.2013 № 948, аз 23.11.2015 № 1250, аз 23.07.2016 № 1351, аз 28.07.2016 № 1368, аз 4.04.2019 № 1602, аз 20.06.2019 № 1622№ 1623, аз 25.06.2021 № 1796, аз 13.11.2023 № 2005, аз 27.12.2023 № 2014, аз 20.06.2024 №2067)
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мавзӯи танзими Қонуни мазкур
Қонуни мазкур намудҳои дигари пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накардааст, супорандагон, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти онҳоро муқаррар менамояд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- дигар пардохтҳои ҳатмӣ- пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ (минбаъд - буҷет), ки онҳо яке аз шартҳои нисбати супорандагон аз ҷониби мақомоти ваколатдор анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим, инчунин пешниҳоди ҳуқуқҳои муайян ё додани иҷозат барои истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда мебошад;
-хироҷ - пардохти ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, ки барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ситонида мешавад;
-пардохт- пардохти ҳатмӣ, ки барои иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда ситонида мешавад;
-супорандагон- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба зиммаи онҳо мувофиқи Қонуни мазкур ӯҳдадорӣ оид ба дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет гузошта шудааст;
-мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми иҷроияи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати андозро аз рӯи иҷрои дигар ӯҳдадориҳо оид ба пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет таъмин менамояд ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948);
-мақомоти ваколатдор - мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои мақомоти андоз, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобкунӣ ва (ё) ҷамъоварии дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет анҷом медиҳанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622).
Моддаи 4. Намудҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет
1. Дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ иборатанд.
2. Ба дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ инҳо дохил мешаванд:
-хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;
-хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии гражданӣ;
-хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурӯдгоҳҳои ҳавоӣ;
-хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ;
-хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-хироҷ барои додани иҷозати истифодаи спектри радиобасомад;
-хироҷи консулӣ;
-хироҷ барои гузоштани апостил (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1250);
-хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-хироҷи иҷозатномадиҳӣ;
-хироҷи сайёҳӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622);
-хироҷ барои сафари ҳаҷ ва умра (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622);
-пардохт барои истифодаи спектри радиобасомад;
-пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ;
-пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (агар нигоҳдории мақоми иҷозатдиҳанда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда шавад) (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948, аз 20.06.2019 № 1623);
-пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он;
-пардохт барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот;
-пардохт барои истифодаи ҷангал;
-пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот;
-пардохт барои додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира (Қонуни ҶТ аз 9.01.2010 № 578);
- пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (Қонуни ҶТ аз 27.12.2023 № 2014)
- пардохт аз фоидаи соф (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368);
- пардохт барои суғуртаи ҳатмӣ (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368);
- пардохт барои маркаҳои аксизӣ (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368);
- пардохт барои додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368);
- пардохт барои иҷрои корҳо оид ба додани шаҳодатнома барои воридоти гази моеи карбогидридӣ (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368);
- пардохт аз ҳисоби ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368);
- пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
3. Ба дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:
-хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ;
-хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ;
-хироҷ барои бақайдгирии давлатиимолу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои ба он (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2067);
-хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм;
-пардохт барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (агар нигоҳдории мақоми иҷозатдиҳанда аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ амалӣ карда шавад)(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1623);
-пардохт барои ҷойгир намудани рекламаи берунӣ;
-пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе (минбаъд - пойтахт) (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602);
4. Ба ғайр аз пардохтҳои ҳатмӣ ва хироҷҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, муқаррар намудани хироҷу пардохтҳои нав, инчунин тағйир додан ё бекор намудани хироҷу пардохтҳои амалкунанда бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Қонун анҷом дода мешавад.
Моддаи 5. Пардохти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет
1. Дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ ба қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ба қисми даромадҳои буҷети дахлдор (ноҳиявӣ ё шаҳрӣ) бевосита пардохт карда мешаванд ба истиснои пардохтҳои ҳатмии зерине, ки ба маблағҳои махсуси мақомоти ваколатдор барои гузоштани апостил ва мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба додани иҷозат барои сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт равона карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948, аз 23.07.2016 № 1351, аз 25.06.2021 № 1796):
- хироҷҳое, ки боби 8(1) Қонуни мазкур муқаррар намудааст (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1351);
- пардохтҳое, ки боби 13 Қонуни мазкур муқаррар намудааст, ба истиснои пардохт барои ифлос кардани об ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба об;
- пардохтҳое, ки боби 14 ва боби 16 Қонуни мазкур муқаррар намудаанд;
- пардохтҳое, ки дар сархатҳои якум, сеюм, чорум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи 55 Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 520, аз 25.06.2021 № 1796).
- пардохтҳое, ки боби 21(2) Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1796).
2. Пардохтҳои ҳатмии дар Қонуни мазкур пешбинишуда тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2005).
3. Хароҷоти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2005).
Моддаи 5(1). Назорати андоз
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948)
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ масъалаҳои ҳисоби дуруст ва бевосита ба буҷети дахлдор пардохт намудани дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро аз ҷониби мақомоти ваколатдор назорат менамояд.
2. Маъмурикунонии дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет дар асоси Қонуни мазкур ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Шаклҳои ҳисоботи мақомоти ваколатдор ва мӯҳлатҳои пешниҳоди онҳо доир ба дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948).
4. Агар маблағи пардохти ҳатмӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пардохт нашуда бошад ва бақияпулӣ ҷой дошта бошад, супоранда ӯҳдадор аст аз санаи фаро расидани мӯҳлати пардохт то санаи пардохти бақияпулиҳо, фоизҳои дахлдорро мутобиқи талаботи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар рӯзи гузаронидани мӯҳлат пардохт намояд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
БОБИ 2. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ВОСИТАҲОИ РАДИОЭЛЕКТРОНӢ ВА ДАСТГОҲҲОИ БАЛАНДБАСОМАД
Моддаи 6. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад
1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад (минбаъд- хироҷ) ҳангоми бақайдгирии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд- бақайдгирӣ) ситонида мешавад.
2. Бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад аз ҷониби мақомоти ваколатдор, ки тақсимоти спектрҳои басомадро ба танзим медарорад, (минбаъд- мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.
Моддаи 7. Супорандагони хироҷ
Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки мақомоти бақайдгиранда ба манфиати онҳо бақайдгириро анҷом медиҳад.
Моддаи 8. Имтиёзҳо
Аз пардохти хироҷ ташкилотҳои буҷетӣ озод мебошанд.
Моддаи 9. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохтшудаи хироҷ
1. Маблағи хироҷро мақомоти бақайдгиранда мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мекунад ва то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
2. Маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонида намешавад ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, маблағ баъди ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгирандаро пешниҳод намудани хироҷсупоранда, ки аз ҷониби шахси нишон додашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.
БОБИ 3. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ КИШТИҲОИ ҲАВОИИ ГРАЖДАНӢ
Моддаи 10. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии гражданӣ
1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии гражданӣ (минбаъд-хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) киштиҳои ҳавоии гражданӣ, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд- бақайдгирӣ) ситонида мешавад.
2. Бақайдгирӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи авиатсияи гражданӣ (минбаъд- мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.
Моддаи 11. Супорандагони хироҷ
Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки киштиҳои ҳавоии граждании бақайдгирифташаванда доранд.
Моддаи 12. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохтшудаи хироҷ
1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
2. Маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонида намешавад ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, маблағ баъди ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгирандаро пешниҳод намудани хироҷсупоранда, ки аз ҷониби шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.
БОБИ 4. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АЭРОДРОМҲО ВА ФУРУДГОҲҲОИ ҲАВОӢ
Моддаи 13. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурудгоҳҳои ҳавоӣ
1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурӯдгоҳҳои ҳавоӣ (минбаъд-хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) аэродромҳо ва фурӯдгоҳҳои ҳавоӣ, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд- бақайдгирӣ) ситонида мешавад.
2. Бақайдгирӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи авиатсияи гражданӣ (минбаъд- мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.
Моддаи 14. Супорандагони хироҷ
Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки аэродромҳо ва фурӯдгоҳҳои ҳавоии бақайдгирифташаванда доранд.
Моддаи 15. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ
1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.
БОБИ 5. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ
Моддаи 16. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ
1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ (минбаъдхироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) маводи доруворӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъдбақайдгирӣ) ситонида мешавад.
2. Бақайдгирии маводи доруворӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи назорати маводи доруворӣ (минбаъд- мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.
Моддаи 17. Супорандагони хироҷ
Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки маводи дорувориро барои бақайдгирӣ ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод менамоянд.
Моддаи 18. Имтиёзҳо
Маводи доруворӣ ва молҳои тиббие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кӯмаки башардӯстона ворид карда мешаванд, аз пардохти хироҷ барои бақайдгирӣ озод мебошанд.
Моддаи 19. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ
1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.
БОБИ 6. ХИРОҶ БАРОИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ХОРИҶӢ ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 20. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- хироҷ) дар мавридҳои зайл ситонида мешавад:
-даромадан (баромадан) ба (аз) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон транзити воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кашондани мусофирон ва борҳоро бо роҳҳои байналмилалӣ анҷом медиҳанд;
-ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии калонҳаҷм ва (ё) вазнини хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Тартиби ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 21. Супорандагони хироҷ
Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷие мебошанд, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 24 Қонуни мазкур анҷом медиҳанд.
Моддаи 22. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ
1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда пардохта мешавад.
2. Хироҷ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2005).
3. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад.
БОБИ 7. ХИРОҶ БАРОИ ДОДАНИ ИҶОЗАТИ ИСТИФОДАИ СПЕКТРИ РАДИОБАСОМАД
Моддаи 23. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои додани иҷозати истифодаи спектри радиобасомад
1. Хироҷ барои додани иҷозати истифодаи спектри радиобасомад (минбаъд- хироҷ) ҳангоми додани иҷозат (нусхаи дуюми иҷозат) барои истифодаи спектри радиобасомад аз ҷониби мақомоте, ки тақсимоти басомадҳоро ба танзим медарорад, ситонида мешавад. Муқаррароти ҳамин боб нисбати Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи телевизион ва радио додашуда амал менамояд, татбиқ карда мешавад.
2. Тақсимоти хатҳои (номиналҳои) спектри радиобасомад метавонад дар асоси озмун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. Маблағҳои яквақта, ки ҳангоми тақсимоти хатҳои (номиналҳои) спектри радиобасомад бо роҳи гузаронидани озмун ситонида мешаванд, ба ҳисоби хироҷи мутобиқи ҳамин боб пардохташаванда гузаронида намешаванд.
Моддаи 24. Супорандагони хироҷ
1. Супорандагони хироҷ ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоние мебошанд, ки иҷозати истифодаи спектри радиобасомадро мегиранд.
2. Аз супоридани хироҷ ташкилотҳои давлатие, ки иҷозати истифодаи спектри радиобасомадро барои иҷрои ӯҳдадориҳои асосии вазифавии ба зиммаи ҳамин ташкилотҳои давлатӣ гузошташуда мегиранд, озод мебошанд.
Моддаи 25. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ
1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то гирифтани иҷозат дар мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.
БОБИ 8. ХИРОҶҲОИ КОНСУЛӢ
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷҳои консулӣ
Хироҷи консулӣ (минбаъд-хироҷ) аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани амалҳои консулӣ ва додани ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ (минбаъд- хизматҳои консулӣ) аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонида мешавад.
Моддаи 27. Супорандагони хироҷ
Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ба онҳо хизматҳои консулӣ расонида мешавад.
Моддаи 28. Имтиёзҳо
1. Хироҷҳои консулӣ ситонида намешаванд:
-ҳангоми мавҷуд будани созишномаи байналмилалӣ оид ба даст кашидан аз ситонидани пардохтҳои консулӣ, ки иштирокчии он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз шаҳрвандони давлатҳое, ки ҳамин созишномаи байналмилалиро ба имзо расонидаанд;
-барои додани раводидҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба шахсоне, ки ба ҳайати намояндагони расмӣ ва ҳукуматӣ шомиланд ва кормандони вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои хориҷӣ;
-дар ҳолатҳое, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд;
-барои барасмиятдарории раводидҳои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расондани борҳои дорои хусусияти башардӯстона ё ҳаллу фасли масъалаҳои расондани онҳо ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд;
-аз рӯи дархости мақомоти ваколатдор оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-барои аз рӯи дархости ҳукумат ва шаҳрвандони алоҳидаи мамлакатҳое, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ бастааст, талаб кардани ҳуҷҷатҳо оид ба корҳои ҷиноятӣ, оид ба алиментҳо, оид ба кӯмакпулиҳо ва нафақаҳои давлатӣ, оид ба писархондӣ, оид ба ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии ноболиғон, ҳамчунин барои ҳуҷҷатҳое, ки барои пешниҳод ба муассисаҳои таълимӣ заруранд ва аз ҷониби мақомоти судӣ, нотариат ва мақомоти сабти санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ дода мешаванд;
-барои қонунигардонии ҳуҷҷатҳои талабшаванда, ки дар сархатҳои боло нишон дода шудаанд;
-барои тасдиқи васиятномаҳо, шартномаҳои бахшиши молу мулк аз ҷониби шахсони воқеӣ ба фоидаи давлат (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2067);
-барои гирифтани шаҳодатномаҳо дар хусуси ба мерос гирифтани молу мулк аз ҷониби шахсони воқеӣ, ки мубталои бемориҳои рӯҳии доимӣ буда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти васоят гирифта шудаанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2067);
-барои анҷом додани амалҳои консулӣ нисбати кӯдакони то 16-сола;
-барои додани шаҳодатномаи вафот;
-барои додани шаҳодатнома ҳангоми ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба навиштаҷоти санадҳои таваллуд, вафот, муқаррар намудани падарӣ, фарзандхондӣ - бинобар хатоҳое, ки ҳангоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ роҳ дода шудаанд;
-барои хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
-дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда муқаррар намудаанд.
2. Ҳангоми хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - маъюбони гурӯҳҳои I ва II хироҷҳои консулӣ ба андозаи 50 фоизи арзиши онҳо ситонида мешавад.
Моддаи 29. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ
1. Номгӯи амалҳои консулӣ, ки барои анҷом додани онҳо ва номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои додани онҳо хироҷ ситонида мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то анҷом додани амалҳои консулӣ ё додани ҳуҷҷатҳо пардохта мешавад.
3. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои консулиро баъди пардохти хироҷ аз ҷониби супоранда анҷом медиҳанд.
4. Пардохти хироҷ бо асъори мамлакате, ки дар ҳудуди он хизматрасонии консулӣ сурат мегирад ё бо ҳар як дигар асъори қобили табодули озод анҷом дода мешавад.
5. Пардохти хироҷҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёри онҳо бо доллари ИМА муқаррар карда шудааст, бо асъори миллӣ мутобиқи қурби расмие, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар вақти пардохти хироҷ муқаррар кардааст, сурат мегирад.
6. Хироҷ пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2005):
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ;
- берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ ба ҳисоби бонкии махсус (транзит)-и намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2005).
7. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948).
8. Тартиби ба буҷет гузаронидани маблағҳои хироҷ, ҳамчунин тартиби гузаронидани маблағҳои хироҷ ба ҳисоби бонкии махсуси (транзитии) намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ, ки дар хориҷа супорида шудаанд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2005).
9. Маблағҳои пардохташудаи хироҷ баргардонда намешавад.
БОБИ 8(1). ХИРОҶ БАРОИ ГУЗОШТАНИ АПОСТИЛ
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1250)
Моддаи 29(1). Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои гузоштани апостил
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1250)
1. Барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷ ситонида мешавад.
2. Маблағи хироҷ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор барои гузоштани апостил пардохта мешавад.
3. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1250).
БОБИ 9. ХИРОҶ БАРОИ ДОДАНИ ШИНОСНОМАИ ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 30. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - хироҷ) ҳангоми ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - шиноснома) ситонида мешавад.
2. Шиноснома аз ҷониби мақомоти ваколатдор мутобиқи тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Моддаи 31. Супорандагони хироҷ
Супорандагони хироҷ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Моддаи 32. Имтиёзҳо
Аз супоридани хироҷ барои додани шиноснома озод карда мешаванд:
-иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
-нафақахӯрон;
-маъюбони гурӯҳи як ва ду категорияҳое, ки қонунгузории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 33. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ
1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор барои гирифтани шиноснома супорида мешавад.
2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта аз гирифтани шиноснома то аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдор оид ба додани шиноснома даст кашад. Ҳамзамон, маблағ баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти ваколатдори дахлдор, ки даст кашидани шахсро аз гирифтани шиноснома тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.
БОБИ 10. ХИРОҶИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
Моддаи 34. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои иҷозатномадиҳӣ
Хироҷи иҷозатномадиҳӣ (минбаъд - хироҷ) барои баррасии ариза, додан, дароз намудани мӯҳлати амал ва аз нав барасмиятдарории иҷозатнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистони ситонида мешавад.
Моддаи 35. Супорандагони хироҷ
Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки иҷозатнома мегиранд.
Моддаи 36. Тартиби супоридани хироҷ
Хироҷ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" пардохта мешавад.
БОБИ 11. ПАРДОХТ БАРОИ ИСТИФОДАИ СПЕКТРИ РАДИОБАСОМАД
Моддаи 37. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи спектри радиобасомад
1. Пардохтро барои истифодаи спектри радиобасомад (минбаъдпардохт) барои ҷудо кардани номиналҳои (хатҳои, диапазонҳои) спектри радиобасомад (минбаъд , номиналҳои спектри радиобасомад) мақомоте, ки тақсимоти басомадҳоро ба танзим медарорад, меситонад.
2. Ҳуқуқи истифодаи спектри радиобасомадро ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандае, ки мақомоти ваколатдори соҳаи алоқа мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, тасдиқ мекунанд.
3. Тақсимоти номиналҳои спектри радиобасомад метавонад дар асоси озмун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. Дар ин ҳолат ғолиб баъди ҷамъбасти озмун маблағи яквақтаро бо тартиб ва андозаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, мепардозад.
4. Маблағи пардохти яквақта, ки бояд мутобиқи қисми 3 ҳамин модда супорида шавад, ба ҳисоби пардохти асосӣ гузаронида намешавад.
Моддаи 38. Супорандагони пардохт
1. Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи истифодаи спектри радиобасомадро гирифтаанд.
2. Ташкилотҳои давлатӣ, ки спектри радиобасомадро ҳангоми иҷрои вазифаҳои асосии худ истифода мебаранд, супорандагони пардохт намебошанд.
Моддаи 39. Андозаи пардохт
Андозаи пардохтро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳаҷми солонаи истифодаи спектри радиобамсомад муқаррар менамояд.
Моддаи 40. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт
1. Пардохтро барои истифодаи спектри радиобасомад мақомоте, ки тақсимоти спектри радиобасомадро ба танзим медарорад, ҳисоб мекунад.
2. Дар ҳолате, ки агар давраи истифодаи спектри радиобасомад аз як сол кам бошад, маблағи пардохт аз рӯи шумораи моҳҳои истифодаи спектри радиобасомад дар соли ҳисоботӣ муайян карда мешавад.
3. Мақомоте, ки тақсимоти басомадҳоро ба танзим медарорад, супорандагонро дар бораи маблағи солонаи пардохт дар мӯҳлати на дертар аз 20 феврали соли ҷорӣ огоҳ мекунад.
4. Маблағҳои солонаи пардохт бо ҳиссаҳои баробар дар мӯҳлати на дертар аз 20 март, 20 июн, 20 сентябр ва 20 декабри соли ҷорӣ ба буҷет гузаронида мешаванд.
5. Ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандае, ки ҳуқуқи истифодаи спектри радиобасомадро тасдиқ мекунанд, баъди мӯҳлате, ки дар қисми 3 ҳамин модда муқаррар карда шудааст, мӯҳлати якуми пардохт мӯҳлати навбатии баъди санаи гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда мебошад.
6. Маблағи барзиёд пардохташуда баъди баҳисобгирӣ барои пӯшонидани фоизҳо ва ҷаримаҳо ё барои пардохтҳои оянда ба ҳисоб гирифта ё мувофиқи аризаи супоранда баргардонида мешавад.
БОБИ 12. ПАРДОХТ БАРОИ АМАЛҲОИ МАРБУТ БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ОБЪЕКТҲОИ МОЛИКИЯТИ САНОАТӢ
Моддаи 41. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ
1. Пардохт барои амалҳои зерини марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд - пардохт) ситонида мешавад:
- пешниҳоди арзнома;
- бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- ворид намудани тағйирот ба Феҳристи давлатӣ ва шаҳодатномаи тамғаи молӣ;
- нигаҳдории эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ ва намунаи саноатӣ;
- тамдид намудани мӯҳлати амали бақайдгирии тамғаи молӣ ва мӯҳлати амали шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол;
- барқароркунии амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- тамдид ва барқарор намудани мӯҳлати гузашта (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 784).
 2. Амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатиро мақомоти ваколатдори ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъдмақомоти ваколатдор) анҷом медиҳад.
Моддаи 42. Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие (минбаъд-аризадиҳандагон) мебошанд, ки  амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ ба манфиати онҳо иҷро карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 784).
Моддаи 43. Андозаи пардохт
Андозаи пардохтро оид ба амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи объектҳои моликияти саноатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 44. Имтиёзҳо
1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муаллифони ягонаи ихтироъ ва намунаи саноатӣ мебошанд ва патентро ба номи худашон дархост мекунанд ва ё дорандагони ягонаи патенти ихтироъ ва намунаи саноатӣ мебошанд, имтиёзҳои зайл дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 784):
-иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ҳамчунин маъюбони гурӯҳи I аз пардохт пурра озод карда мешаванд;
-нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳҳои II ва III, талабагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, аспирантҳо пардохтро ба андозаи 50 фоиз месупоранд.
2. Имтиёзҳо дар асоси дархости аризадиҳанда дода мешаванд.
Моддаи 45. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт
1. Маблағи пардохт мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда то аз ҷониби аризадиҳанда ба мақомоти ваколатдор пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 784).
2. Маблағи супоридашудаи пардохт баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони пардохтро супорида то аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдори ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ аз гирифтани патент даст кашанд. Ҳамзамон, маблағ баъди аз ҷониби супоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти ваколатдори дахлдор, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 784).
БОБИ 13. ПАРДОХТ БАРОИ ИФЛОС КАРДАНИ МУҲИТИ ТАБИИИ ЗИСТ ВА ДИГАР НАМУДҲОИ ТАЪСИРИ ЗАРАРНОК БА ОН
Моддаи 46. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он
1. Пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он (минбаъд - пардохт) барои анҷом додани фаъолияти истифодаи табиат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, ситонида мешавад.
2. Истифодаи табиат дар асоси иҷозате, ки мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист додааст, сурат мегирад.
3. Ифлос кардани муҳити табиии зист бе иҷозате, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда ба расмият дароварда нашудааст, ҳамчун аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд ифлос кардани он ба ҳисоб меравад.
4. Мақомоти ваколатдори минтақавӣ оид ба соҳаи ҳифзи муҳити табиии зист дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 1-уми моҳи дуюми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботӣ аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948).
Моддаи 47. Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба истифодаи табиат анҷом медиҳанд.
Моддаи 48. Объектҳои пардохт
Объекти пардохтбандӣ ҳаҷми воқеии партовҳо ва пасмондаҳо дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда, зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда, пасмонда ва партовҳои садамавии моддаҳои ифлоскунанда, ба вуҷуд омадани партови истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда ва зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда, ки ба муҳити табиии зист партофта ё ҷойгиронда мешавад.
Моддаи 49. Андозаи пардохт
Андозаи пардохт аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити табиии зист дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатии зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои муқарраршуда муайян карда мешавад. Барои зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда ифлос кардани муҳити табиии зист андозаи пардохт панҷ баробар меафзояд. Андозаи пардохт барои пасмондаҳои садамавӣ ва партовҳои моддаҳои ифлоскунандаи муҳити табиии зист бо назардошти меъёр ва зарари воқеии расонидашуда муқаррар карда мешавад.
Моддаи 50. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт
1. Маблағи пардохт аз ҷониби пардохтсупорандагон мустақилона бо дарназардошти ҳаҷми воқеии ифлоскунии муҳити табиии зист ва меъёрҳои муқарраршуда ҳисоб карда, на дертар аз санаи 20-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ ситонида мешавад.
2. Пардохт ба буҷет дар маҳалли ҷойгиршавии манбаи (объекти) ифлоскунии муҳити табиии зист, ки дар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда нишон дода шудааст, супорида мешавад, ба истиснои объектҳои сайёри ифлоскунанда, ки барои онҳо пардохт дар ҷойи ба қайди давлатӣ гирифта шуданашон аз ҷониби мақомоти ваколатдор, сурат мегирад.
3. Пардохти маблағҳо аз ҷониби супорандагоне, ки низомҳои махсусро барои шахсони ҳуқуқӣ , истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ истифода мебаранд, бо тартиби зайл сурат мегирад:
-маблағҳои пардохт, ки барои давраи аз 1 январ то 1 октябри соли ҷорӣ ҳисоб карда шудаанд, дар мӯҳлати на дертар аз 20 октябри соли ҷорӣ супорида мешаванд;
-маблағҳои пардохт, ки барои давраи аз 1 октябр то 31 декабри соли ҷорӣ ҳисоб карда шудаанд, дар мӯҳлати на дертар аз 20 март, ки баъди соли ҳисоботӣ фаро мерасад, супорида мешаванд.
4. Маблағи барзиёд супоридашудаи пардохт баъди баҳисобгирӣ ба ҳисоби пардохти фоизҳо ва ҷаримаҳо аз рӯи ин пардохт ба ҳисоби пардохтҳои оянда аз рӯи ин пардохт ҳисоб карда мешавад ё дар асоси аризаи супоранда ба ҳисоби бонкии ӯ гузаронида мешавад.
БОБИ 14. ПАРДОХТ БАРОИ ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 51. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот
1. Пардохт барои истифодаи олами ҳайвонот (минбаъд - пардохт) барои аз муҳити табиӣ гирифтани ҳайвоноте, ки дар ҳолати озоди табиӣ зиндагӣ мекунанд, ситонида мешавад.
2. Пардохт ҳангоми дастгир кардани ҳайвонот бо мақсади ҳалқазанӣ ва нишонагузорӣ бо баргардонидани минбаъдаи онҳо ба муҳити табиӣ ситонида намешавад.
3. Мақомоти идораи объектҳои олами ҳайвонот дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботӣ аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948).
Моддаи 52. Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣистифодабарандагони объектҳои олами ҳайвонот мебошанд.
Моддаи 53. Андозаи пардохт
Номгӯи объектҳои олами ҳайвонотро, ки барои истифодаи онҳо пардохт ситонида мешавад ва меъёрҳои пардохтро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 54. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт
1. Супорандагон мустақилона маблағи пардохтро мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда ҳисоб карда, 100 фоизи маблағи пардохтро то гирифтани иҷозат тариқи ғайринақдӣ дар сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи олами ҳайвонот мепардозанд (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 520, аз 13.11.2023 № 2005).
2. Маблағҳои пардохташуда баргардонда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2005).
БОБИ 15. ПАРДОХТ БАРОИ ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ
Моддаи 55. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи ҷангал
1. Пардохт барои истифодаи ҷангал (минбаъд - пардохт) барои намудҳои зерини истифодаи ҷангал ситонида мешавад:
-барои тайёр кардани чӯб;
-барои тайёр кардани қатрони писта;
-барои тайёр кардани маводи дуюмдараҷаи ҷангалӣ (кундаҳо, пӯст ва ғайра);
-барои истифодаи ғайриасосии ҷангал - алафдаравӣ, чарондани чорво, тайёр кардани шираи чубӣ, тайёр ва ҷамъоварии меваҷоти худрӯй, чормағз, занбурӯғ, меваҳои буттагӣ, растаниҳои доругӣ ва ашёи хоми техникӣ; алафдаравӣ ва чаронидани чорво дар заминҳои кишоварзӣ, ки ба таркиби заминҳои фонди давлатии ҷангал дохил мебошанд;
-барои мақсадҳои илмию тадқиқотӣ;
-барои мақсадҳои фарҳангию солимӣ;
-барои эҳтиёҷоти шикоргоҳ.
2. Ҳуқуқи истифодаи ҷангал дар асоси чиптаи ҷангал, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, фароҳам оварда мешавад.
3. Пардохт барои истифодаи ҷангал то гирифтани билети ҷангал тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2005).
4. Сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи хоҷагии ҷангал дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 1-уми моҳи дуюми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботӣ аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948).
Моддаи 56. Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи истифодаи ҷангалро (минбаъдистифодабарандагони ҷангал) гирифтаанд.
Моддаи 57. Имтиёзҳо
Аз пардохт озод карда мешаванд:
- сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдор барои аз решааш буридани дарахтон бо мақсадҳои парваришу нигоҳубини ҷангал, ҷангалбурии санитарӣ (интихобӣ ва саросарӣ), ҷангалбурӣ вобаста ба навсозии дарахтзори (ниҳолзори) камарзиш, татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҷангалҳо аз зараррасонандаҳо ва касалиҳо, сохтани пайраҳаи ҷангалӣ, ҷангалсозӣ ва чорабиниҳо оид ба таҷҳизонидани сӯхторнишонии ҷангал;
- истифодабарандагони ҷангал - барои истифодаи захираҳои чӯб, маводи дуюмдараҷаи ҷангал, ки барои гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ анҷом дода мешавад. Дар ин ҳолат маҳсулоти бадастомада ба сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи хоҷагии ҷангал бояд дода шавад, ба истиснои он қисмате, ки барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ заруранд. Номгӯй ва ҳаҷми он бо назардошти барнома ва усули тадқиқот муқаррар гардида, дар созишнома ё шартнома бо мақомоти ваколатдори ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал нишон дода мешавад.
Моддаи 58. Объекти пардохтбандӣ
Объекти пардохтбандӣ ҳаҷми истифодаи ҷангал ва (ё) масоҳати қитъаҳои фонди ҷангал мебошад, ки ба истифода дода мешавад.
Моддаи 59. Андоза, тартиби ҳисоб ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт
1. Андоза ва тартиби ҳисобкунии пардохт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Маблағи пардохташуда баргардонида намешавад.
БОБИ 16. ПАРДОХТ БАРОИ ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ
Моддаи 60. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот
1. Пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот (минбаъдпардохт) барои истифодаи объектҳои олами растании Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
2. Сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори назорати истифодаи олами наботот дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба истифодаи олами наботот аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948).
Моддаи 61. Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки объектҳои олами набототро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
Моддаи 62. Андозаи пардохт
Номгӯи объектҳои олами наботот, ки барои истифодаи онҳо пардохт ситонида мешавад ва андозаи пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 63. Тартиб, мӯҳлати пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт
1. Пардохти маблағ тариқи ғайринақдӣ бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2005).
2. Истифодаи объектҳои олами наботот танҳо ҳангоми дар супорандагон мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани пардохт ба буҷет иҷозат дода мешавад.
3. Маблағи пардохташуда баргардонида намешавад.
БОБИ 16(1). ПАРДОХТ БАРОИ ДОДАНИ ИҶОЗАТИ ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ БО ШИШАҲОИ СИЁҲУ ХИРА 
(Қонуни ҶТ аз 9.01.2010 № 578)
Моддаи 63(1). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои додани иҷозати ист ифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира
(Қонуни ҶТ аз 9.01.2010 № 578)
1. Пардохт барои додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира (ба истиснои оинаи пеш), ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқаррарнамудаи давлатӣ (ГОСТ) ҷавобгӯ нестанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 9.01.2010 № 578).
Моддаи 63(2). Супорандагони пардохт
(Қонуни ҶТ аз 9.01.2010 № 578)
Супорандагони пардохти муқаррарнамудаи моддаи 63(1) Қонуни мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 9.01.2010 № 578).
Моддаи 63(3). Меъёрҳои пардохт
(Қонуни ҶТ аз 9.01.2010 № 578)
Меъёрҳои пардохт барои иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 9.01.2010 № 578).    
Моддаи 63(4). Озодкунӣ
(Қонуни ҶТ аз 9.01.2010 № 578)
Озодкунӣ аз пардохт барои иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира тибқи рӯйхати тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 9.01.2010 № 578).
БОБИ 16(2). ПАРДОХТ АЗ ФОИДАИ СОФ
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
Моддаи 63(5). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт аз фоидаи соф
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
1. Пардохт аз фоидаи соф аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки 100 фоизи сармояи оинномавиашон (шарикиашон) ба давлат тааллуқ дорад, ситонида мешавад. Пардохт аз фоидаи софи дар соли ҳисоботӣ гирифтаи корхонаҳои (ҷамъиятҳои) мазкур тибқи баҳисобгирии андозӣ муайян карда шуда, пас аз пардохти андоз аз фоида дар як сол як маротиба пардохт карда мешавад.
2. Корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқиашон, ки мақсади онҳо гирифтани фоида мебошад, ҳамчун корхонаҳои давлатӣ баррасӣ карда мешаванд.
3. Ҷамъиятҳои саҳомие, ки ҳиссаи давлат дар онҳо 100 фоиз ва аз он камтар аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ӯҳдадор мебошанд, ки соле на кам аз як маротиба оид ба пардохти суди саҳмияҳо қарор қабул кунанд. Дар мавриди қабули қарор оид ба пардохт намудани суди саҳмияҳо маблағи суди саҳмияҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
Моддаи 63(6) Супорандагони пардохт
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
1. Супорандагони пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки 100 фоизи сармояи оинномавиашон (шарикиашон) ба давлат тааллуқ дорад, ба ҳисоб мераванд.
2. Филиал ва намояндагиҳои корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидории дорои тавозуни (баланси) муҳосибавӣ супорандагони мустақили пардохти мазкур мебошанд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
Моддаи 63(7). Меъёри пардохт
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
Меъёри пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки 100 фоизи сармояи оинномавиашон (шарикиашон) ба давлат тааллуқ дорад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
Моддаи 63(8). Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
1. Пардохт аз фоидаи соф аз ҷониби супорандагони он мустақилона ҳисоб ва пардохт карда шуда, мақомоти андоз назорати воридоти маблағҳои мазкурро ба буҷети давлатӣ амалӣ менамоянд.
2. Маблағи пардохт, ки барои ҳар соли ҳисоботӣ ҳисоб ва пардохт карда мешавад, на дертар аз санаи 1-уми июл баъди соли ҳисоботӣ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шуда, супорандагони он дар ин мӯҳлат ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба фоидаи софи гирифтаи худ ва маблағҳои пардохти мазкур аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд.
3. Маблағи пардохт вобаста ба шакли моликияти давлатии супоранда (ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ) ба қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ гузаронида мешавад.
4. Маблағи барзиёд пардохташуда баъди баҳисобгирӣ барои пӯшонидани фоизҳо ё барои пардохтҳои оянда ба ҳисоб гирифта ё бо дархости супорандаи пардохт баргардонда мешавад.
5. Тартиби ҳисоб ва пардохт аз фоидаи софро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазораги молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
БОБИ 16(3). ПАРДОХТ БАРОИ СУҒУРТАИ ҲАТМӢ
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
Моддаи 63(9). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои суғуртаи ҳатмии давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
1. Пардохт барои суғуртаи ҳатмӣ бо тартиби дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба суғуртаи ҳатмӣ муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдор оид ба назорати суғуртавӣ ва ташкилотҳое, ки бо фаъолияти суғуртаи ҳатмӣ машғул мебошанд, ӯҳдадоранд ҳар се моҳ на дертар аз санаи 1-уми моҳи дуюми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андоз оид ба маблағҳои дар семоҳаи ҳисоботӣ ҷамъоваригардида аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
БОБИ 16(4). ПАРДОХТ БАРОИ МАРКАҲОИ АКСИЗӢ
Моддаи 63(10). Пардохт барои маркаҳои аксизӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
Пардохт барои маркаҳои аксизӣ дар асоси қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тамғагузорӣ намудани молҳои зераксизӣ ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
БОБИ 16(5). ПАРДОХТ БАРОИ ДОДАНИ СЕРТИФИКАТҲО АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ, МЕТРОЛОГИЯ, СЕРТИФИКАТСИЯ ВА НОЗИРОТИ САВДО
Моддаи 63(11). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
1. Пардохт барои додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо бо тартиби дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
2. Тақсимоти маблағҳо аз ҳисоби додани сертификатҳо байни Буҷети давлатӣ ва суратҳисоби махсуси мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар соли молиявӣ муайян :карда мешавад. Маблағи дар ихтиёри мақомоти мазкур боқимонда, минбаъд тибқи тартиби муқарраргардида таҳти андозбандӣ қарор дода мешавад.
3. Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи якуми баъди семоҳаи ҳисоботӣ оид ба маблағҳои дар семоҳаи ҳисоботӣ ба буҷети давлатӣ воридгардида аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ба мақомоти андоз ҳисобот пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
БОБИ 16(6). ПАРДОХТ БАРОИ ИҶРОИ КОРҲО ОИД БА ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМА БАРОИ ВОРИДОТИ ГАЗИ МОЕИ КАРБОГИДРИДӢ
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
Моддаи 63(12). Муқаррарот вобаста ба ситонидани пардохт барои иҷрои корҳо оид ба додани шаҳодатнома барои воридоти гази моеи карбогидридӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
1. Пардохт барои иҷрои корҳо оид ба додани шаҳодатнома барои воридоти гази моеи карбогидридӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бевосита ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
2. Воридоти гази моеи карбогидридӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дорои шаҳодатномаи аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ додашуда, инчунин ҳайати кории соҳибтахассус, анборҳои худи ва (ё) иҷоравии нигоҳдории гази моеи карбогидридӣ, нуқтаҳои доимии фурӯш ва воситаҳои интиқол мебошанд, амалӣ карда мешавад.
3. Расмиёти шаҳодатномадиҳӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ ба роҳ монда мешавад.
4. Шаҳодатнома ба мӯҳлати як сол дода шуда, маблағи пардохт низ барои як сол ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
Моддаи 63(13). Супорандагони пардохт
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
Супорандагони пардохт шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие мебошанд, ки бо воридоти гази моеи карбогидридӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
Моддаи 63(14). Андоза, тартиби ҳисоб ва супоридани пардохт
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
1. Андоза, тартиби ҳисоб ва супоридани пардохтро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ ӯҳдадор аст ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи якуми баъди семоҳаи ҳисоботи ба мақомоти андоз оид ба маблағҳои ба Буҷети давлатӣ дар се моҳи ҳисоботӣ воридгардида аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод намояд.
3. Маблағи пардохташуда баргардонда намешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
БОБИ 16(7). ПАРДОХТ АЗ ҲИСОБИ ҶАРИМАҲОИ СУДӢ ВА ДИГАР ҶАРИМАВУ МУҶОЗОТЕ, КИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ДИГАР ТАТБИҚ НАМЕНАМОЯД
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
Моддаи 63(15). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт аз ҳисоби ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
1. Маблағи пардохт аз ҳисоби ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар бо тартиби дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҷаримаҳо ва муҷозот аз ҷониби мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ муқарраргардида татбиқ менамоянд, ситонида мешавад.
2. Маблағи пардохт яквақта буда, мутобиқи меъёрҳои тасдиқгардида ва дар муҳлати пешбинишуда супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
Моддаи 63(16). Супорандагони пардохт
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
Супорандагони пардохти ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки нисбати онҳо маблағи ҷарима ва муҷозоти мазкур ҳисоб карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
Моддаи 63(17). Тартиби ҳисоб ва супоридани пардохт
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
1. Пардохт аз ҳисоби маблағи ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоти ҷаримавӣ, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
2. Мақомоти судӣ ва мақомоти давлатии дигар, ки маблағҳои ҷаримаҳо ва муҷозотро ҳисоб менамоянд, ӯҳдадоранд ҳар шашмоҳа на дертар аз санаи 15-уми моҳи якуми баъди давраи шашмоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағҳои ҷаримаҳо ва муҷозот дар шашмоҳаи ҳисоботӣ аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
БОБИ 16(8). ПАРДОХТ АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒҲОИ МАХСУСИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ БУҶЕТӢ
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
Моддаи 63(18). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
1. Пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қисми маблағҳое мебошад, ки ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ, фурӯши маҳсулот ва иҷрои кор ба даст меоранд.
2. Дастурамал дар бораи истифодабарии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Манбаи маблағи пардохт ифодаи пулии даромади умумии дар давраи семоҳаи ҳисоботӣ ба ҳисоби махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ воридшуда эътироф карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
Моддаи 63(19) Супорандагони пардохт
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
Супорандагони пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда мебошанд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
Моддаи 63(20). Меъёри пардохт
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
Меъёри пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар соли молиявӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
Моддаи 63(21). Тартиби ҳисоб ва супоридани пардохт
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368)
1. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мутобиқи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар соли молиявӣ амалӣ карда мешавад.
2. Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ (вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда) ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи якуми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағҳои махсуси худ аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2016 № 1368).
БОБИ 16(9). ХИРОҶИ САЙЁҲӢ
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622)
Моддаи 63(22). Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷи сайёҳӣ
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622)
1. Хироҷи сайёҳӣ (минбаъд - хироҷ) аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ барои хизматрасонии (фурӯши) бастаҳои сайёҳӣ ва аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳар як шабонарӯзи хизматрасонии меҳмонхона (хонаист, ҳостел, апартамент), осоишгоҳ, истироҳатгоҳ, спа-меҳмонхона, пойгоҳи сайёҳӣ ва бӯстонсаро аз сайёҳони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар бо мақсади сайёҳӣ сафар менамоянд, ситонида мешавад.
2. Ширкатҳои сайёҳӣ ӯҳдадоранд, ки ҷиҳати пешгирии пардохти дукаратаи хироҷ ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда ҳуҷҷати тасдиқкунанда доир ба пардохти маблағи хироҷ пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622).
Моддаи 63(23). Супорандагони хироҷ
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622)
Супорандагони хироҷ шахсони воқеие мебошанд, ки ба онҳо хизмати сайёҳӣ расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622).
Моддаи 63(24). Меъёр, тартиби ҳисоб ва муҳлати супрридани хироҷ
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622)
1. Меъёр, тартиби ҳисоб ва мӯҳлати супоридани хироҷро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Хироҷ на дертар аз рӯзи ҳисоббаробаркунӣ байни мизоҷ ва хизматрасон ситонида мешавад.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мутобиқи қисми 1 моддаи 63(22) ситонидани хироҷ ба зиммаашон гузошта шудааст, ҳар моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи минбаъда ба мақомоти андоз оид ба маблағҳои ситонидашуда аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд.
4. Маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонда намешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622).
Моддаи 63(25). Имтиёзҳо
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622)
Аз пардохти хироҷ инҳо озоданд:
- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - маъюбони гурӯҳҳои I ва II;
- шахсони ноболиғи то шонздаҳсола;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафарҳои сайёҳии дохилӣ;
- кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622).
БОБИ 16 (10). ХИРОҶ БАРОИ САФАРИ ҲАҶ ВА УМРА
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622).
Моддаи 63(26). Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои сафари ҳаҷ ва умра
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622)
1. Хироҷ барои сафари ҳаҷ ва умра (минбаъд - хироҷ) аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва шахсони дигари ҳуқуқӣ ҳангоми барасмиятдарории сафари ҳаҷ ва умра аз шахсони воқеӣ ситонида мешавад.
2. Расмиёти сафари ҳаҷ ва умра аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 63(27). Супорандагони хироҷ
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622)
Супорандагони хироҷ шахсони воқеие мебошанд (ба истиснои ҳайати гурӯҳи корӣ, табибон ва роҳбаладон), ки расмиёти муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба динро доир ба сафари ҳаҷ ва умра анҷом додаанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622).
Моддаи 63(28). Меъёр, тартиби ҳисоб ва мӯҳлати супоридани хироҷ
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622)
1. Меъёр, тартиби ҳисоб ва мӯҳлати супоридани хироҷро Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва шахсони дигари ҳуқуқӣ ҳар моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи минбаъда ба мақомоти андоз оид ба маблағҳои дар моҳи ҳисоботӣ ба буҷети давлатӣ воридгардида аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пепшиҳод менамоянд.
3. Маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонда намешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1622).
БОБИ 16(11). ПАРДОХТ БАРОИ НОБУДСОЗӢ (УТИЛИЗАТСИЯ)-И ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ
(Қонуни ҶТ аз 27.12.2023 № 2014)
Моддаи 63(29). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ
1. Пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (минбаъд - пардохт) аз ҷониби мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ ҳангоми ба қайди давлатӣ гузоштани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пас аз барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёти автомобилии ба ҷумҳурӣ воридгардида ва ҳангоми гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ситонида мешавад.
2. Пардохти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда аз ҳар як воситаи нақлиёти автомобилӣ як маротиба ситонида шуда, аз натиҷаи он ба соҳиби воситаи нақлиёт талон оид ба супоридани маблағи пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дода мешавад, ки он то давраи нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаи нақлиёти автомобилӣ эътибор дорад.
Моддаи 63(30). Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.
Моддаи 63(31). Имтиёзҳо
Аз супоридани пардохт озод карда мешаванд:
- намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд, бо шарти аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас баровардани воситаҳои нақлиёти автомобилии қаблан вориднамудаи онҳо;
- воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан ворид карда шудаанд.
Моддаи 63(32). Меъёрҳои пардохт
Меъёрҳои пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 27.12.2023 № 2014)
БОБИ 17. ХИРОҶ БАРОИ АМАЛҲОИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ
Моддаи 64. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ
Хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ дар намудҳои зерин ситонида мешавад:
- муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (автомобил, мотосикл, ядаки автомобилӣ ва нимядак);
- рухсати ҳарсола барои иштироки воситаҳои нақлиёт дар ҳаракати роҳ (автомобил, мотосикл, ядаки автомобилӣ ва нимядак);
- ташхиси давлатии лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои нави воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва қисмҳои воситаҳои нақлиёт;
- ташхиси давлатии лоиҳаҳо оид ба сохтмон, азнавсозии роҳҳои автомобилгард, воситаҳои техникии танзими ҳаракати роҳ ва дигар иншоот.
Моддаи 65. Супорандагони хироҷ
Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва мотосиклҳо доранд.
Моддаи 66. Имтиёзҳо
Аз супоридани хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда озод карда мешаванд.
Моддаи 67. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ
1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
2. Хироҷ бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳад, пардохта мешавад.
3. Маблағҳои пардохташудаи хироҷ то анҷомдиҳии амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ бо хоҳиши супорандагон баргардонида мешавад.
БОБИ 18. ХИРОҷ БАРОИ АМАЛҲОИ БОЗРАСИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ
Моддаи 68. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ
Хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ ситонида мешавад:
- муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард;
- бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард;
- рухсати ҳарсолаи тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард барои истифодабарӣ;
- ташхиси давлатӣ-озмоиши истеҳсолии тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард, ки ба таври инфиродӣ тармим ва васл гардидаанд.
Моддаи 69. Супорандагони хироҷ
Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард доранд.
Моддаи 70. Имтиёзҳо
Аз супоридани хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ озод карда мешаванд:
- маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- муассисаҳои таълимие, ки курсҳои тайёр намудани кадрҳои механизаторӣ доранд.
Моддаи 71. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ
1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
2. Хироҷ бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳад, пардохта мешавад.
3. Маблағҳои пардоташудаи хироҷ то анҷомдиҳии амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ бо хоҳиши супорандагон баргардонида мешавад.
БОБИ 19. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА ҲУҚУҚҲО БА ОН
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2067)
Моддаи 72. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он
1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он (минбаъд - хироҷ) ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтани молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъдбақайдгирӣ) ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2067).
2. Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он аз ҷониби мақомоти ваколатдор (минбаъд - мақомоти бақайдгиранда) тибқи тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2067).
Моддаи 73. Супорандагони хироҷ
Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ҳуқуқи онҳо ба молу мулки ғайриманқул ба қайди давлатӣ гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2067).
Моддаи 74. Имтиёзҳо
Аз супоридани хироҷ барои бақайдгирии давлатии молу муоки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2067):
- маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- маъюбони дараҷаи I ва II категорияҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;
- маъюбон ва иштирокчиёни фалокати нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил.
Моддаи 75. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашуда
1. Маблағи пардохт мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомоти бақайдгиранда супорида мешавад.
2. Маблағи пардохтшуда баргардонда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахси хироҷсупоранда аз бақайдгирифтан то супоридани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти бақайдгирӣ даст кашад. Дар ин ҳолат баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷате, ки дар он мақомоти ваколатдор пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ намудааст, маблағ баргардонда мешавад.
БОБИ 20. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ КИШТИҲОИ ДАРЁГАРДИ ХУРДҲАҶМ
Моддаи 76. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм
1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм (минбаъд - хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд - бақайдгиранда) ситонида мешавад.
2. Бақайдгирии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи нақлиёт (минбаъд - мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.
Моддаи 77. Супорандагони хироҷ
Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - соҳибони киштиҳои бақайдгирифташаванда мебошанд.
Моддаи 78. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ
1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.
БОБИ 21. ПАРДОХТ БАРОИ РЕКЛАМАҲОИ БЕРУНӢ
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948)
Моддаи 79. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои рекламаҳои берунӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948)
1. Пардохт барои рекламаҳои берунӣ (минбаъд-пардохт) барои ҳуқуқи ҷойгир ва паҳн намудани иттилооти рекламавӣ бо истифодаи объектҳои рекламаҳои берунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
2. Мақомоти ваколатдор дар маҳалҳо оид ба рекламаҳои берунӣ ӯҳдадоранд ҳар се моҳ на дертар аз санаи 10-уми моҳе, ки баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботӣ аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948).
Моддаи 80. Супорандагони пардохт
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948)
Супорандагони пардохт - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - паҳнкунандаи рекламаҳои берунӣ мебошанд, ки бо истифодаи объектҳои рекламаҳои берунӣ иттилооти рекламавиро ҷойгир ва паҳн мекунанд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948).
Моддаи 81. Меъёрҳои пардохт
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948)
1. Меъёрҳои пардохт аз рӯи масоҳати объекти рекламаҳои берунӣ аз ҷониби мақомоти зерин муқаррар карда мешаванд: 
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - барои объектҳои рекламаҳои беруние, ки дар қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҷойгир гардида, барои паҳн намудани иттилооти рекламавӣ истифода мешаванд;
- маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо, ноҳияҳо - барои объектҳои рекламаҳои беруние, ки дар қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти маҳаллӣ ва (ё) дар мавзеъҳои алоҳидаи маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир гардида, барои паҳн намудани иттилооти рекламавӣ истифода мешаванд.
2. Дар меъёрҳои пардохт барои мониторҳо ва дигар воситаҳои техникии сатри равондошта, ки дар қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳалли ҷойгир гардида, барои паҳн намудани иттилооти рекламавӣ истифода мешаванд, илова ба масоҳат, инчунин вақте, ки барои паҳн намудани сатри равон ва нишон додани наворҳои рекламавӣ сарф мешавад, ба инобат гирифта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948).
Моддаи 81(1). Имтиёзҳо
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948)
Аз пардохт барои объектҳои рекламаҳои берунӣ озоданд:
- мақомоти давлатӣ барои объектҳои рекламаи беруние, ки бинобар иҷро намудани вазифаҳои худ онҳоро ҷойгир менамоянд;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки рекламаҳои берунии хусусиятҳои иҷтимоию сиёсидошта, инчунин навиштаҷотҳои дӯконҳо, мағозаҳо, дорухонаҳо ва ҷойҳои дигарро, ки барои муаррифии ҷойи муайяншуда бо андозаи на зиёдтар аз 1 метри мураббаъ ҷойгир менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948).
Моддаи 82. Тартиби ҳисоб ва пардохти маблағи муқарраршуда
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948)
1. Маблағи пардохт дар асоси меъёрҳои пардохт, масоҳати объекти рекламаҳои берунӣ, вақти паҳнкунии иттилооти рекламавӣ бо истифодаи сатри равон ва (ё) нишон додани наворҳои рекламавӣ ва мӯҳлати воқеии ҷойгиршавии иттилооти рекламавӣ, ки дар ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ муқаррар карда шудааст, вале на камтар аз маблағи пардохт барои як моҳи тақвимӣ барои ҳар як моҳи тақвимии оғозёфта муайян карда мешавад.
2. Ҳангоми гирифтани иҷозат супорандагони пардохт ба мақомоти ваколатдори маҳаллӣ ҳуҷҷатеро, ки супоридани маблағи пардохтро барои моҳи якуми ҷойгир намудани иттилооти рекламавӣ тасдиқ менамояд, пешниҳод мекунанд.
3. Маблағи пардохтшавандае, ки барои як моҳи тақвимӣ супорида мешавад, бояд на дертар аз санаи 10-уми моҳи оянда супорида шавад.
4. Маблағи пардохташуда баргардонда намешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948).
БОБИ 21(1). ПАРДОХТҲО БАРОИ ДОДАНИ ҲУҶҶАТҲОИ ИҶОЗАТДИҲӢ
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948)
Моддаи 82(1). Пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948)
Пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 948).
БОБИ 21(2). ПАРДОХТ БАРОИ ДОДАНИ ИҶОЗАТИ СОХТМОНИ БИНО ВА ИНШООТ ДАР ПОЙТАХТ
Моддаи 82(2). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт
(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602)
Пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт (минбаъд - пардохт) барои ҳуқуқи сохтмони бино ва иншоот дар ҳудуди пойтахт ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602).
Моддаи 82(3). Супорандагони пардохт
(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602)
Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ  машғуланд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602, аз 25.06.2021 № 1796).
Моддаи 82(4). Имтиёзҳо
(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602)
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми сохтмони бино ва иншооти маъмурӣ ва иҷтимоӣ, инфрасохтори муҳандисӣ ва нақлиётӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ, иншооти сайёҳӣ, анборӣ, фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ, таъиноти махсус ва ҳарбӣ аз супоридани пардохт озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1796). 
2. Пардохти мазкур барои сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷрадори давлатию хизматӣ, хобгоҳ ваманзили истиқоматии инфиродӣ ситонида намешавад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602, аз 25.06.2021 № 1796).
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар моддаи 82(3) Қонуни мазкур пешбинигардида, ки бо ташаббуси худ объектҳои барои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва ободонии пойтахт заруриро сохта, ба моликияти давлат месупоранд, агар арзиши ин объектҳо аз меъёри пардохт кам набошад, аз пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот озод карда мешаванд. Дар сурати кам будани арзиши объектҳо аз меъёри пардохт, ҳисоббаробаркунии бақияи пардохт аз рӯи маблағи умумии пардохтҳои ҳатмӣ аз ҳисоби объектҳои сохташаванда анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1796).
Моддаи 82(5). Объекти пардохтбандӣ
(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602)
Объекти пардохтбандӣ масоҳати умумии биноҳои истиқоматӣ ва масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда мебошанд, ки барои фурӯш ё гирифтани фоида аз истифодабарии он сохта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602, аз 25.06.2021 № 1796).
Моддаи 82(6). Меъёрҳои пардохт
(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602)
Меъёрҳои пардохт аз рӯи масоҳати умумии биноҳои истиқоматӣ ва масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор муқаррар карда мешаванд. Тағйир додани меъёри пардохт на зиёда аз як маротиба дар як сол бо назардошти рушди иқтисодӣ ва вазъи фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602, аз 25.06.2021 № 1796).
Моддаи 82(7). Тартиби ҳисоб ва пардохти маблағи муқарраршуда
(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602)
1. Маблағи пардохт дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавие, ки дар онҳо масоҳати умумии биноҳоиистиқоматӣ ва масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда дарҷ гардидаанд, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1796).
2. Ҳангоми гирифтани иҷозат супорандагони пардохт ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳуҷҷатеро пешниҳод мекунанд, ки супоридани маблағи пардохтро тасдиқ менамояд.
3. Пардохт ба суратҳисоби аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, бо роҳи гузарондани маблағ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1602).
БОБИ 22. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 83. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 84. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2007 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 
 28 июли соли 2006 № 197