ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 18/12/2023 - 10:58
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
2012
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
18.11.2023
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024
(Қонуни ҶТ аз 27.03.2024 № 2046. аз 04.06.2024  № 2047, аз 21.10.2024 №2083)
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 ноябри соли 2023, № 1157қабул карда шуд
 
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 42956463 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 28961000 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) воридоти андозӣ - 26348086 ҳазор сомонӣ;
б) воридоти ғайриандозӣ - 1820914 ҳазор сомонӣ;
в) грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 792000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ - 11410431 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) қарзҳо - 4643180 ҳазор сомонӣ;
б) грантҳо - 6767251 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ - 2585032 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ба маблағи 44108023 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 1832562 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ ва судҳо - 3741354 ҳазор сомонӣ;
3) маориф - 8231867 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ - 3488927 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 5533584 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш - 1716730 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 1796081 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 8123075 ҳазор сомонӣ;
9) соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 1424811 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон - 309292 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия - 3530611 ҳазор сомонӣ;
12) соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва хизматрасонӣ - 138527 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоти дигар - 4240602 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ба андозаи 0,8 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 1151560 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ ба таври зерин муайян карда шаванд:
1) аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ - 50000 ҳазор сомонӣ;
2) аз фурӯши векселҳо - 100000 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ
   ба ҳолати 1 январи соли 2024 - 100000 ҳазор сомонӣ;
4) иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ - 150000 ҳазор сомонӣ;
5) аз ҳисоби маблағҳои грантию қарзии созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 664056 ҳазор сомонӣ;
6) сарфаи маблағи озмунҳои хариди давлатӣ - 50000 ҳазор сомонӣ;
7) иҷрои барзиёди нақшаи даромад ва маблағи озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024 - 37504 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 2716875 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 1471934 ҳазор сомонӣ ва баргардонидани қарзи асосӣ аз рӯйи уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии соли 2024 ба маблағи 1244941 ҳазор сомонӣ (бо дарназардошти уҳдадориҳои қарзии солҳои қаблӣ) аз ҳисоби ташкилотҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" - 1050000 ҳазор сомонӣ;
2) Корхонаи воҳиди давлатии - 32941 ҳазор сомонӣ;
3) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"  - 22000 ҳазор сомонӣ;
4) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир энерҷӣ" - 11000 ҳазор сомонӣ;
5) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - 70000 ҳазор сомонӣ;
6) Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" - 32000 ҳазор сомонӣ;
7) Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" - 27000 ҳазор сомонӣ.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 501220 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ 180820 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби фурӯши молу мулки ба моликияти давлат қабулгардидаи собиқ ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" 320400 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Ҳаҷми умумии буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи даромад 17045514 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот 18159570 ҳазор сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми 1114056 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи манбаъҳои даромад
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 17045514 ҳазор сомонӣ аз рӯйи манбаъҳои зерин муқаррар карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда - 9176500 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) андоз аз арзиши иловашуда (дохилӣ) - 2774000 ҳазор сомонӣ;
б) андоз аз арзиши иловашуда (беруна) - 6402500 ҳазор сомонӣ;
2) аксизҳо - 922000 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) аксизҳо (дохилӣ) - 231000 ҳазор сомонӣ;
б) аксизҳо (беруна) - 691000 ҳазор сомонӣ;
3) андоз аз фурӯш - 36800 ҳазор сомонӣ;
4) андоз барои захираҳои табиӣ - 445300 ҳазор сомонӣ;
5) андоз аз даромад - 2805666 ҳазор сомонӣ;
6) боҷҳои гумрукӣ - 1177000 ҳазор сомонӣ;
7) даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 1690248 ҳазор сомонӣ;
8) грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 792000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ дар ҳаҷми зерин тасдиқ карда шавад:
1) маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 1136724 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ - 257217 ҳазор сомонӣ;
б) сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ - 144600 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти сиёсати берунӣ - 390398 ҳазор сомонӣ;
г) мақомоти дигари давлатӣ - 344509 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура - 3227490 ҳазор сомонӣ;
3) маориф - 1628700 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) таҳсилоти умумӣ - 272650 ҳазор сомонӣ;
б) таҳсилоти касбӣ - 997131 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи маориф - 358919 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ - 610204 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) беморхонаҳо - 286569 ҳазор сомонӣ;
б) марказҳои саломатӣ - 11459 ҳазор сомонӣ;
в) ҳифзи саломатии аҳолӣ - 91492 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ - 220684 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 861652 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) суғуртаи иҷтимоӣ - 631933 ҳазор сомонӣ;
б) ҳифзи иҷтимоӣ - 95012 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 134707 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш - 710007 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - 12940 ҳазор сомонӣ;
б) муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ - 149535 ҳазор сомонӣ;
в) воситаҳои ахбори омма - 275428 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш    - 272104 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 130817 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 2900041 ҳазор сомонӣ;
9) кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 249988 ҳазор сомонӣ,аз ҷумла:
а) барои рушди соҳаи чорводорӣ - 2982 ҳазор сомонӣ;
б) барои чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди малах - 5860 ҳазор сомонӣ;
в) барои рушди муносибатҳои лизингӣ ва таъсису  мукаммал намудани марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  - 30000 ҳазор сомонӣ;
г) барои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ - 4000 ҳазор сомонӣ;
д) барои чорабиниҳои муҳофизати интегратсионии  зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор аз  зараррасону касалиҳо - 2300 ҳазор сомонӣ;
е) барои рушди чарогоҳҳо - 700 ҳазор сомонӣ;
ё) барои рушди соҳаи харгӯшпарварӣ - 300 ҳазор сомонӣ;
ж) барои рушди соҳаи тухмипарварӣ - 1136 ҳазор сомонӣ;
з) барои рушди геодезия ва харитасозӣ - 9000 ҳазор сомонӣ.
10) саноат ва сохтмон - 306581 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия - 226538 ҳазор сомонӣ;
12) фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасонӣ   - 139426 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар дохил карда нашудааст - 6031402 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ - 2687817 ҳазор сомонӣ, аз он:
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ - 180820 ҳазор сомонӣ;
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии берунаи давлатӣ - 2506997 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт - 40000 ҳазор сомонӣ;
в) фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 140845 ҳазор сомонӣ;
г) хароҷоти дигаре, ки аз рӯйи соҳаҳои иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудааст - 3162740 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии идоравӣ ва барномавӣ
1. (на барои нашр).
2. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии барномавӣ тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми 18159570 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) пардохти музди меҳнат - 3576129 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) музди меҳнати кормандони асосӣ - 3371180 ҳазор сомонӣ;
б) музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 204949 ҳазор сомонӣ;
2) маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ - 439264 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони асосӣ - 376465 ҳазор сомонӣ;
б) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 51267 ҳазор сомонӣ;
в) суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар - 11532 ҳазор сомонӣ;
3) хариди мол ва хизматрасонӣ - 3889336 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) пардохти хизматрасонии коммуналӣ - 265390 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти хизматрасонии алоқа - 180848 ҳазор сомонӣ;
в) хариди мол ва хизматрасонии дигар - 3443098 ҳазор сомонӣ;
4) хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна - 2581817 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) пардохти фоизҳои қарзи дохилӣ - 74820 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти қарзи берунаи асосӣ - 1471934 ҳазор сомонӣ;
в) пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ - 1035063 ҳазор сомонӣ;
5) хароҷоти пардохти кумакпулиҳо (субсидияҳо)    - 174503 ҳазор сомонӣ;
6) хароҷот барои трансфертҳо - 2043146 ҳазор сомонӣ;
7) кумакпулиҳои иҷтимоӣ - 318430 ҳазор сомонӣ;
8) трансфертҳои дигар - 619509 ҳазор сомонӣ;
9) амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоягузорӣ - 4517436 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) маблағгузории асосии мутамарказ - 4000670 ҳазор сомонӣ;
б) хариди мошинҳо ва таҷҳизот - 232722 ҳазор сомонӣ;
в) дороиҳои ғайримолиявии дигар - 157800 ҳазор сомонӣ;
г) хариди дороиҳои молиявии дохилӣ - 20244 ҳазор сомонӣ.
д) пардохти қарзҳо ва ссудаҳо - 106000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ба маблағи 563380 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба маблағи 1838527 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 301001 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон - 1068385 ҳазор сомонӣ;
3) ноҳияи Варзоб - 24895 ҳазор сомонӣ;
4) ноҳияи Рашт - 74801 ҳазор сомонӣ;
5) ноҳияи Лахш - 53976 ҳазор сомонӣ;
6) ноҳияи Нуробод - 57735 ҳазор сомонӣ;
7) ноҳияи Рӯдакӣ - 80437 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Сангвор - 22000 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Тоҷикобод - 37425 ҳазор сомонӣ;
10) ноҳияи Файзобод - 68022 ҳазор сомонӣ;
11) ноҳияи Шаҳринав - 49850 ҳазор сомонӣ.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ ба буҷети вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои мазкур ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар моҳ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба суратҳисоби алоҳидаи буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо карда шуда, хароҷоти он тавассути суратҳисоби мазкур анҷом дода шавад.
Моддаи 11. Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 ба маблағи 264984 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи даромад, бо дарназардошти мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 11384013 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 11421517 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 37504 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3786 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон 26519 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб 609 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт 929 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Лахш 574 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод 575 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 2286 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сангвор 316 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 385 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод 768 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав 757 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024 ва таъмини иҷрои барзиёди даромад пӯшонида мешавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2024 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
1)андоз аз фурӯши алюминийи аввалия 100 дарсад;
2) боҷҳои гумрукӣ 100 дарсад;
3) андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна 100 дарсад;
4) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (бо дарназардошти муҷозоти молиявӣ), хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  100 дарсад;
5) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) 100 дарсад;
6) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1" - андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) 100 дарсад;
7) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" -андоз аз арзиши иловашуда 100 дарсад;
8) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" - андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) 100 дарсад;
9) аз Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком" - андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ 100 дарсад;
10) аз Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" - андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ 100 дарсад;
11) аз муассисаҳои давлатии марказ ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда - андоз аз даромади шахсони воқеӣ 100 дарсад;
12) аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком") - андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 100 дарсад;
13) аз Бонки миллии Тоҷикистон - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоидаи боқимондаи баъди тасдиқи ҳисоботи соли 2023 100 дарсад;
14) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Америка "Корхонаи муштараки Анзоб", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки "Зарафшон", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Пакрут", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати металлургии Анзоб" ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Талко Голд" - андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ 50 дарсад;
15) пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатӣ) 100 дарсад;
16) аз ҳисоби андозҳо барои захираҳои табиӣ (рентаи содиротӣ) 50 дарсад;
17) (на барои нашр).
2. Ҳиссаҷудокунӣ аз андозҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегарданд, дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи таносуби зерин тасдиқ карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) 100 дарсад;
б) аз вилояти Суғд 51 дарсад ба буҷети вилоят ва 49 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе 50 дарсад ба буҷети шаҳр ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун 50 дарсад ба буҷети шаҳр ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
2) андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Роғун)          100 дарсад;
б) аз вилояти Суғд 51 дарсад ба буҷети вилоят ва 49 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Роғун 30 дарсад ба буҷети шаҳр ва 70 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
3) андоз аз даромади шахсони воқеӣ:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе)        100 дарсад;
б) аз вилояти Суғд 51 дарсад ба буҷети вилоят ва 49 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе 43 дарсад ба буҷети шаҳр ва 57 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
4) аксизҳои дохилӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо 100 дарсад;
5) андозҳои маҳаллӣ, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти ғайриандозии маҳаллии дигар ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо 100 дарсад.
3. Гузаронидани маблағи як намуди андоз ба дигар намуди андоз берун аз таъинот, инчунин анҷом додани амалиёти пардохти андозҳои танзимшаванда ба буҷетҳои дахлдор бидуни гузаронидани амалиёт тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ аст.
4. Воридот ва тақсимоти андозҳои танзимшаванда байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ қатъиян тавассути суратҳисобҳои танзимкунандаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
5. Новобаста ба тағйир ёфтани маҳалли фаъолияти андозсупоранда, ҷиҳати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ, пардохти уҳдадориҳои андозии чунин андозсупоранда то охири соли молиявӣ дар маҳалли қаблан бақайдгирифташуда ё маҳалли фаъолият анҷом дода шавад.
6. Пардохти андозҳои умумидавлатӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ, ки дар онҳо воҳидҳои алоҳидаи андозсупоранда (рамзҳои сабаби ба ҳисоб гузоштан) ба қайд гирифта нашудааст, манъ аст.
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2024 аз рӯйи даромад ба маблағи 4476357 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 4445557 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 30800 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 4476357 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро пурра таъмин карда натавонад.
3. Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
4. Ҳиссаҷудокуниҳо аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯйи таносуби зерин тасдиқ карда шаванд:
1) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" 100 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар шаҳри Душанбе 36,0 дарсад ба суратҳисоби раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва 64,0 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар шаҳри Роғун 30,6 дарсад ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ва 69,4 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 дарсад ба суратҳисоби раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Муқаррароти андозию гумрукӣ ва имтиёзҳои алоҳида барои ташкилотҳо дар соли 2024
1. Андоз аз арзиши иловашуда барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) барои воридоти гандум, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин фурӯши равғани растанӣ барои корхонаҳои коркарди равған бо меъёри 10 дарсад ва барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) бо меъёри 7 дарсад муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ) барои фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин барои коркарди равғани растанӣ ва фурӯши он пардохта шудааст, наметавонад аз 10 дарсад ва барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) 7 дарсад зиёд бошад. Муқаррароти мазкур ба имтиёзҳои пешбининамудаи сархати сездаҳуми қисми 4 моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 13) моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегарданд (Қонуни ҶТ аз 27.03.2024 № 2046).
2. Воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, автобусҳо, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети шаҳри Душанбе барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи алоҳидаи шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
3. Воридоти қувваи барқ ба ҷумҳурӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда озод карда мешавад.
4. Корхонаи воҳиди давлатӣ "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе" ҳангоми фурӯши молҳои озуқаворӣ, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
5. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Маркази барқу гармидиҳӣ"-и шаҳри Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
6. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва паймонкори асосии сохтмонҳои зерин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд: меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ", воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, сохтмони бинои бисёрфунксионалии маъмурӣ дар суроғаи хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
7. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва паймонкорони асосии сохтмони иншооти дар қисми 6 моддаи мазкур пешбинишуда тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
8. Ба уҳдадориҳои қарзии андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун", ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба вуҷуд омадаанд, фоизҳо тибқи моддаи 139 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.
9. Федератсияи футболи Тоҷикистон, воҳидҳои зертобеи он ва клубҳои футболи Тоҷикистон аз пардохти 50 дарсади меъёри муқарраршудаи андозҳо аз молу мулк, инчунин мураббиёну бозингароне, ки аз хориҷи кишвар барои рушди фаъолияти Федератсия ва клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ, воридоти молу масолеҳи варзишӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
10. Воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷу хироҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
11. Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
12. Иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фармоишгар - консорсиуми "Tractebel Engineering S.A." (филиали "Tractebel Engineering S.A." дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, ки тибқи шартномаи тарафайн амалӣ мешавад, аз пардохти андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонии паймонкорони фаръии консорсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд.
13. (на барои нашр).
14. Маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2024 тибқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда, инчунин аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
15. Воридоти дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ барои шинонидан дар боғҳо ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе харидорӣ шуда, номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
16. Воридоти битуми тамғаи ДНД 60/90 барои Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳсоз"-и шаҳри Душанбе, ки ҳаҷми он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
17. Сохтмон ва фаъолияти филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, андози замин ва кормандони хориҷии он аз андози иҷтимоӣ ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда, инчунин таҷҳизот ва молҳое, ки барои сохтмон, муҷаҳҳазгардонӣ ва фаъолияти филиали Донишкадаи мазкур ва барои сохтмон, муҷаҳҳазгардонии бинои бисёрфунксионалии "Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатӣ" дар кӯчаи Титови шаҳри Душанбе, сохтмони муассисаи замонавии тандурустии бисёрфунксионалӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе ворид карда мешаванд, аз 50 дарсади меъёри муқарраршудаи андоз аз арзиши иловашуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2024 аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 25 дарсад ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба амонатгузории маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун амонат бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи кутоҳмуҳлат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 18. Соҳаҳо ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ
1. Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соҳаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ мебошанд ва азнавтақсимкунии маблағҳо байни соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин ба соҳаҳои дигар қатъиян манъ аст.
2. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти буҷет музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ, маблағгузории сарикасӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ дохил карда шаванд.
3. Ҳангоми мавҷуд будани сарфа ва набудани қарз аз рӯйи моддаҳои дахлдори хароҷот, ба истиснои фонди музди меҳнат, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
4. (на барои нашр).
Моддаи 19. Пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Аз ҳисоби воридоти маблағҳои махсуси ташкилотҳо пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:
1) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 55 дарсад;
2) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт - 40 дарсад;
3) муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 1 дарсад, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва дастгоҳҳои марказии вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 дарсад, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва дастгоҳҳои марказии вазоратҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 10 дарсад;
4) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15 дарсад;
5) ташкилотҳои дигари буҷетӣ - 20 дарсад.
2. Аз маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, ҳиссаҷудокунии маблағҳои махсуси гирандагони маблағҳои буҷетӣ ба тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, кумакҳои молиявӣ, маблағҳои махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар, фонди иҷораи китобҳои дарсӣ, маблағҳои мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватии сафарбарӣ, маблағҳои аз ҳисоби хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти мазкур ситонида намешавад.
3. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳар семоҳа то санаи 25-уми баъди давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад.
4. Истифодаи маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ, берун аз низоми хазинадорӣ қатъиян манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани муқаррароти мазкур, маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
5. Дар сурати аз ҳаҷми солонаи маблағи дар буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
6. Дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024 ва норасоии маблағ барои маблағгузории хароҷоти пешбинишуда, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, барои истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасонии дигари коммуналӣ, пардохтҳои номбаршударо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус амалӣ менамоянд.
7. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификат ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ 60 дарсади маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамоянд. Боқимонда 40 дарсади воридоти маблағ ба суратҳисоби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мегардад. Маблағҳои боқимондаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри он мононда шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда нисбати он татбиқ намегардад.
8. Маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулӣ (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар ворид мегарданд, баъди пардохт мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд. Маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида пурра ба суратҳисоби андӯхтӣ гузаронида шуда, хароҷоти онҳо бо санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
9. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 ба вуҷуд меояд, дар ҳаҷми маблағгузории хароҷоти буҷети соли молиявӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
10. Дар ҳолати норасоии маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор пӯшонида мешавад.
11. (на барои нашр).
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ
1. Воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ ба андозаи 5 дарсад муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ;
2) аз ҳисоби маблағҳои махсуси:
а) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ;
б) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ташкилотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
д) ташкилотҳои дигари буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар.
2. Воридот аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 дарсад муқаррар карда шавад.
3. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
4. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар доираи маблағҳои пешбинигардида дар як сол як маротиба пардохт карда мешавад.
2. (на барои нашр).
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигаре, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи барои фонди музди меҳнат тибқи Қонуни мазкур дар нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқшуда анҷом дода мешавад.
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Аз 1 январи соли 2024 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 дарсади маблағҳои умумии пинҳонкардашуда (кам нишондодашуда)-и андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯйи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ ва андозҳои маҳаллӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ҳар моҳ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 дарсади маблағҳои хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
2. Маблағҳо аз ҳисоби даромадҳои андозӣ, ба истиснои андозҳо ва низомҳои махсуси дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, бо тартиби марказонидашуда 100 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо намудҳои андоз ворид карда шуда, ҳиссаи онҳо мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои маблағгузории тадбирҳои пешбинишуда истифода мешаванд. Тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.
3. Маблағҳое, ки аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, андозҳои маҳаллӣ ва низомҳои махсуси андозбандӣ ошкор гардидаанд, бо дарназардошти дарсад ва ҷарима аз рӯйи онҳо, аз рӯйи таъиноташон пурра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида мешаванд.
4. Пардохти андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет аз рӯйи ҳар як намуди андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ бо дарҷи таъиноти он амалӣ карда мешавад.
Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва андозбандии иҷорапулии молу мулк, ба истиснои объектҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба иҷора дода мешаванд
1. Аз 1 январи соли 2024 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 72 сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Ҳадди ақали иҷорапулии як метри мураббаи объектҳои ғайриманқул дар як моҳ бо дарсад аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо дарназардошти коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо, ки дар қисми 2 моддаи 348 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки ҳамчун иншоот (биноҳо)-и истиқоматӣ, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо истифода мешаванд - 20;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти истеҳсолӣ истифода мешаванд - 30;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намудҳои хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифода мешаванд - 60;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолият истифода мешаванд - 45.
3. Вобаста ба маҳалли ҷойгиршавии объектҳои ғайриманқули дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда коэффитсиентҳои зерини танзимкунанда пешбинӣ карда шаванд:
- ҳудуди кӯчаҳои марказӣ ва марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо - 1,0;
- ҳудуди шаҳраку деҳот - 0,8;
- мавзеъҳои дигари берун аз ҳудуди кӯчаҳои марказӣ, марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот - 0,6.
Моддаи 24. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи санадҳои судӣ ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигар ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки пардохти ҷуброни зараре, ки аз тарафи кормандони мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоти дигари давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағҳои нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, фоиз, ҷубронпулӣ воридшуда, инчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расонидашуда, ба истиснои маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузорӣ дар соҳаи заминсозӣ, ситонида мешаванд, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
3. Маблағҳои аз натиҷаи татбиқи муҷозот барои риоя накардани интизоми молиявӣ воридшуда аз рӯйи маъмури даромад дар қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
4. Дар доираи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет Солюшенс" ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити бонк", ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2023, №1149 тасдиқ шудааст, маблағи ҷаримаҳои барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз зернизоми "Баҳисобгирии автоматиконидашудаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" ситонидашаванда, ки 50% (панҷоҳ дарсад)-и он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар давраи амали Созишнома ба суратҳисоби Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманд"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.06.2024  № 2047).
5. Дар доираи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Душанбе ва ширкатӣ .; • «RexGen Со.Lтd»-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, ки 14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар нуқтахои. истгоҳи накдиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракати барои воситаҳои нақлиёти - маршрутӣ'' пешбинишуда, тавассути воситаҳои махсуси низоми худидоракунӣ дар соҳаи наклиёт дар кӯчаву роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе» дар давраи амали созишнома ба суратҳисоби Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиистон аз 21.10.2024 №2083).
Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 аз рӯйи даромад ба маблағи 36056818 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 34776096 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 1280722 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосии беруна, бо дарназардошти хизматрасонии он, ба маблағи 1526583 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба буҷети давлатӣ
1. Дар ҳолати барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2024 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (мол, кор ва хизматрасонӣ), сатҳи нархҳо, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад аз рӯйи намуди андозҳо, низоми махсуси андозбандӣ, пардохтҳои ғайриандозӣ, сарчашмаҳои даромад ва моддаҳои хароҷотии дигари буҷетҳои дахлдор тағйироти зарурӣ ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳисобҳои байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
4. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тағйироти умумии қисми даромад ва хароҷоти солонаи буҷетҳои маҳаллиро дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамоянд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2024 мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе, аз 18 ноябри соли 2023, № 2012
 
Ниг. Замимаҳои 3-4