ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1950 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2021

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Сшб, 26/01/2021 - 16:34
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1724
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
20.11.2020
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2021
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2020, №11, мод.846; ҚҶТ аз 6.04.2021с., № 1771; аз 07.05.2021 с., №1782).
 
 
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 27645795 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 20500000 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) воридоти андозӣ                      - 18802035 ҳазор сомонӣ;
б) воридоти ғайриандозӣ              - 1397965 ҳазор сомонӣ;
в) грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 300000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби грант ва қарзҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ - 4877605 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) қарзҳо                                        -2340191 ҳазор сомонӣ;
б) грантҳо                                      - 2537414 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ - 2268190 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ба маблағи 28382250 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 1438667 ҳазор сомонӣ;
2) (на барои нашр);
3) (на барои нашр);
4) маориф                                        - 5597083 ҳазор сомонӣ;
5) тандурустӣ                                   - 2546843 ҳазор сомонӣ;
6) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 4174312 ҳазор сомонӣ;
7) фарҳанг ва варзиш                       - 1042599 ҳазор сомонӣ;
8) хоҷагии манзилию коммуналӣ,
ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 1275966 ҳазор сомонӣ;
9) комплекси сўзишворию энергетикӣ - 3832960 ҳазор сомонӣ;
10) соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 741193 ҳазор сомонӣ;
11) саноат ва сохтмон                        - 193345 ҳазор сомонӣ;
12) нақлиёт ва коммуникатсия            - 2259532 ҳазор сомонӣ;
13) соҳаҳои дигари иқтисодиёт 
ва хизматрасонӣ                                 -78599 ҳазор сомонӣ;
14) хароҷоти дигар                              - 3156409 ҳазор сомонӣ (ҚҶТ аз 07.05.2021, №1782).
 
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пўшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ба андозаи 0,8 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 736454 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаъҳои пўшонидани касри буҷети давлатӣ ба таври зерин муайян карда шаванд:
1) аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ - 24000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби фоидаи соф ба ҳиссаи давлат
дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд
ва суди саҳмияҳои давлатӣ дар ҷамъиятҳои саҳомӣ               - 31000 ҳазор сомонӣ;
3) аз фурўши векселҳои хазинадорӣ                                         - 100000 ҳазор сомонӣ;
4) маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 - 10000 ҳазор сомонӣ;
5) аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ (дохилӣ, беруна) ва
грантии созмонҳои байналмилалии молиявӣ                               - 526330 ҳазор сомонӣ;
6) сарфаи маблағи озмунҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ - 30000 ҳазор сомонӣ;
7) иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ              -15124 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 1555363 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 1113162 ҳазор сомонӣ ва баргардонидани қарзи асосӣ аз рўи уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии соли 2021, ки маблағи 847152 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, 442201 ҳазор сомонӣ (ба истиснои ухдадориҳои қарзи солҳои қаблӣ) аз ҳисоби ташкилотҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1) Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"         - 398257 ҳазор сомонӣ;
2) Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе"            - 6167 ҳазор сомонӣ;
3) Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон"         - 19659 ҳазор сомонӣ;
4) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"                     - 3261 ҳазор сомонӣ;
5) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир энерҷӣ"                     - 4938 ҳазор сомонӣ;
6) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи
байналмилалии Душанбе"                                                      - 9919 ҳазор сомонӣ.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 498820 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ 299820 ҳазор сомонӣ, баргардонидани қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" 90000 ҳазор сомонӣ ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 109000 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад. (ҚҶТ аз 07.05.2021, №1782).
 
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Ҳаҷми умумии буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи даромад 11638920 ҳазор сомонӣ, аз рўи хароҷот 12360251 ҳазор сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми 721331 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. (ҚҶТ аз 07.05.2021, №1782).
 
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи манбаъҳои даромад
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 11638920 ҳазор сомонӣ аз рўи манбаъҳои зерин муқаррар карда шавад:
1)андоз аз арзиши иловашуда                - 6664226 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ - 2095226 ҳазор сомонӣ;
б) андоз аз арзиши иловашудаи беруна – 456900 ҳазор сомонӣ;
2) аксизҳо                                                - 604788 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) аксизҳои дохилӣ                                  - 156000 ҳазор сомонӣ;
б) аксизҳои беруна                                  - 448788 ҳазор сомонӣ;
3) андоз аз фурўш                                   - 12112 ҳазор сомонӣ;
4) андоз барои захираҳои табиӣ              - 262233 ҳазор сомонӣ;
5) андоз аз фоида                                    - 399050 ҳазор сомонӣ;
6) андоз аз даромад                                 - 752793 ҳазор сомонӣ;
7) боҷҳои гумрукӣ                                     - 831000 ҳазор сомонӣ;
8) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард  - 510652 ҳазор сомонӣ;
9) даромадҳои дигари ғайриандозӣ            - 1302066 ҳазор сомонӣ;
10) грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 300000 ҳазор сомонӣ. (ҚҶТ аз 07.05.2021, №1782).
 
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии вазифавӣ дар ҳаҷми зерин тасдиқ карда шавад:
1) маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 920079 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) мақомоти қонунгузорӣ ва иҷроия               - 241772 ҳазор сомонӣ;
б) сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ       - 131220 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти сиёсати беруна                      - 309025 ҳазор сомонӣ;
г) мақомоти дигари давлатӣ                         - 238062 ҳазор сомонӣ;
2)  (на барои нашр);
3) маориф                                                  - 895194 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) таҳсилоти умумӣ                                   - 143510 ҳазор сомонӣ;
б) таҳсилоти касбӣ                                     - 631610 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи маориф      - 120074 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ                                            - 514235 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) беморхонаҳо                                           - 163388 ҳазор сомонӣ;
б) марказҳои саломатӣ                              - 7597 ҳазор сомонӣ;
в) ҳифзи саломатии аҳолӣ                        - 55883 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ  - 287367 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ      - 582360 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) суғуртаи иҷтимоӣ                                  - 430684 ҳазор сомонӣ;
6) ҳифзи иҷтимоӣ                                       -67537 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 84139 ҳазор сомонӣ;
б) фарҳанг ва варзиш                                 - 351364 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - 6762 ҳазор сомонӣ;
б) муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ          - 105148 ҳазор сомонӣ;
в) воситаҳои ахбори омма                               - 152000 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш - 87454 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал -78214 ҳазорсомонӣ;
8) комплекси сўзишворию энергетикӣ                 - 2192024 ҳазор сомонӣ;
9) кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор                         - 182209 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) барои рушди соҳаи чорводорӣ                             - 2697 ҳазор сомонӣ;
б) барои чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди малах - 4280 ҳазор сомонӣ;
в) барои рушди муносибатҳои лизингӣ ва таъсису мукаммал намудани марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - 25000 ҳазор сомонӣ;
г) барои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ                     -2900 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон                                        - 198550 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия                            - 240293 ҳазор сомонӣ;
12) фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасонӣ - 77688 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар дохил карда нашудаанд - 4418906 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ            - 2168072 ҳазор сомонӣ, аз он:
- амалиёт бо ухдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ - 1974252 ҳазор сомонӣ;
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии берунаи давлатӣ - 2124834 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт - 25000 ҳазор сомонӣ;
в) Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 101000 ҳазор сомонӣ;
г) хароҷоти дигаре, ки аз рўи соҳаҳои иқтисодиёт гурўҳбандӣ нашудаанд - 1985046 ҳазор сомонӣ. (ҚҶТ аз 07.05.2021, №1782).
 
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии идоравӣ ва барномавӣ
1. (на барои нашр).
2. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии барномавӣ тибқи замимаи 2 муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ
Хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми 12360251 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) пардохти музди меҳнат                               - 2003872 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) музди меҳнати кормандони асосӣ              - 1892406 ҳазор сомонӣ;
б) музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 111466 ҳазор сомонӣ;
2) маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ - 307620 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони асосӣ - 270384 ҳазор сомонӣ;
б) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 27847 ҳазор сомонӣ;
в) суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар            - 9389 ҳазор сомонӣ;
3) хариди мол ва хизматрасонӣ                      - 2534315 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) пардохти хизматрасонии коммуналӣ               - 186785 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти хизматрасонии алоқа                        - 97033 ҳазор сомонӣ;
в) хариди мол ва хизматрасонии дигар                - 2550497 ҳазор сомонӣ;
4) хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна        - 2168072 ҳазор сомонӣ, 
аз он:
а) пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзи дохилӣ  - 193820 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти қарзи берунаи асосӣ                              - 1088112 ҳазор сомонӣ;
в) пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ                - 861090 ҳазор сомонӣ;
5) хароҷоти пардохти кумакпулиҳо (субсидияҳо)      - 86769 ҳазор сомонӣ;
6) хароҷот барои трансфертҳо                                  - 1459420 ҳазор сомонӣ;
7) кумакпулиҳои иҷтимоӣ                                           - 221295 ҳазор сомонӣ;
8) трансфертҳои дигар                                                - 394392 ҳазор сомонӣ;
9) амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоягузорӣ - 3184497 ҳазор сомонӣ,
а) маблағгузории асосии мутамарказ                         - 2832796 ҳазор сомонӣ;
б) хариди мошинҳо ва таҷҳизот                                  - 240230 ҳазор сомонӣ;
в) дороиҳои ғайримолиявии дигар                               - 106094 ҳазор сомонӣ;
г) хариди дороиҳои молиявии дохилӣ                          - 5378 ҳазор сомонӣ. (ҚҶТ аз 07.05.2021, №1782).
 
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ба маблағи 404000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба маблағи 1158950 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон -216776 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон                                     -613329 ҳазор сомонӣ;
3) ноҳияи Варзоб                                      - 16036 ҳазор сомонӣ;
4) ноҳияи Рашт                                         - 53076 ҳазор сомонӣ;
5) ноҳияи Лахш                                         - 35422 ҳазор сомонӣ;
6) ноҳияи Нуробод                                    - 40084 ҳазор сомонӣ;
7) ноҳияи Рўдакӣ                                        - 69377 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Сангвор                                      - 19114 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Тоҷикобод                                 - 25511ҳазор сомонӣ;
10) ноҳияи Файзобод                                 - 42108ҳазор сомонӣ;
11) ноҳияи Шаҳринав                                 - 28117 ҳазор сомонӣ.
2. Ҳаҷми кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети маҳаллии ноҳияи Сангвор ба маблағи 2664 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
3. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ, буҷети вилоятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоятҳо ва ҷумҳурӣ ҳар моҳ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд.
4. Ба буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо тариқи ҳисоббаробаркунии байниҳамдигарӣ дар шакли кумаки молиявии беподош (дотатсия) ба маблағи 139788 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда шавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон -1175 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон                                       - 49091 ҳазор сомонӣ;
3) вилояти Суғд                                            - 64439 ҳазор сомонӣ;
4) шаҳри Душанбе                                       - 1500 ҳазор сомонӣ;
5) шаҳри Ваҳдат                                           - 3001 ҳазор сомонӣ;
6) шаҳри Роғун                                             - 150 ҳазор сомонӣ;
7) шаҳри Турсунзода                                   - 4877 ҳазор сомонӣ;
8) шаҳри Ҳисор                                             - 3781 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Варзоб                                           - 368 ҳазор сомонӣ;
10) ноҳияи Рашт                                           - 1600 ҳазор сомонӣ;
11) ноҳияи Лахш                                           - 1439 ҳазор сомонӣ;
12) ноҳияи Нуробод                                      - 580 ҳазор сомонӣ;
13) ноҳияи Рудакӣ                                        - 2500 ҳазор сомонӣ;
14) ноҳияи Сангвор                                      - 713 ҳазор сомонӣ;
15) ноҳияи Тоҷикобод                                  - 725 ҳазор сомонӣ;
16) ноҳияи Файзобод                                    - 1510 ҳазор сомонӣ;
17) ноҳияи Шаҳринав                                  - 2339 ҳазор сомонӣ. (ҚҶТ аз 07.05.2021, №1782).
 
Моддаи 11. Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 ба маблағи 160858 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шаванд.
 
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рўи даромад бо дар назар доштани мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд, ба маблағи 8211482 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 8226606 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 15124 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 1652 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон 10489 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб 252 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт 408 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Лахш 241 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод 249 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рўдакӣ 901 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сангвор 139 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 165 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод 316 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав 312 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2021 аз ҳисоби таъмини иҷрои барзиёди даромад пўшонида мешавад.
 
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2021 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромади андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
1) андоз аз фурўши алюминийи аввалия - 100 фоиз;
2) боҷҳои гумрукӣ - 100 фоиз;
3) андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна - 100 фоиз;
4) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (бо дар назар доштани муҷозоти молиявӣ), хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон -100 фоиз;
5) аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз фоида, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 фоиз;
6) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Сангтўда-1" андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) _ 100 фоиз;
7) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Роғун" андоз аз арзиши иловашуда - 100 фоиз;
8) аз Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком" - андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида - 100 фоиз;
9) аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" - андоз аз фоида - 100 фоиз;
10) аз марказҳои идораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда - андоз аз даромади шахсони воқеӣ - 100 фоиз;
11) аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком") - андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз - 100 фоиз;
12) аз Бонки миллии Тоҷикистон - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони воқеӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоидаи боқимондаи баъди тасдиқи ҳисоботи соли 2020 - 100 фоиз;
13) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Америка "Корхонаи муштараки Анзоб", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати кўҳии саноатии Тоҷикистону Хитой", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки "Зарафшон" - андоз аз фоида - 50 фоиз;
14) пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатӣ) - 100 фоиз;
15) (на барои нашр).
2. Ҳиссаҷудокунӣ аз андозҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегардад, дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рўи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) - 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд - 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
2) андоз аз фоида:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз шаҳри Роғун) - 100 фоиз;
б) аз шаҳри Роғун - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
3) андоз аз даромад:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) - 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд - 35 фоиз ба буҷети вилоят ва 65 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе - 68 фоиз ба буҷети шаҳр ва 32 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун - 86 фоиз ба буҷети шаҳр ва 14 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
4) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) - 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
5) аксизҳои дохилӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
6) андозҳои маҳаллӣ, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти ғайриандозии маҳаллии дигар ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз.
3. Андозҳои танзимшавандае, ки ҳиссаи онҳо дар қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст, сараввал қатъиян ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шуда, баъдан ҳиссаҳои муайяншуда ба буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида мешаванд.
4. Воридоти андоз аз истифобарандагони роҳҳои автомобилгард, ки аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд ба буҷетҳои маҳаллӣ дохил шудааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
5. Маблағи як намуди андозро ба дигар намуди андоз берун аз таъйинот гузаронидан, инчунин анҷом додани амалиёти пардохти андозҳои танзимшаванда ба буҷетҳои дахлдор, бидуни гузаронидани амалиёт тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ аст.
 
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2021 аз рўи даромад ба маблағи 3443524 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 3373524 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 70000 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 3443524 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро пурра таъмин карда натавонад.
3. Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
4. Ҳиссаҷудокуниҳо аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рўи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шаванд:
1) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" 100 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар шаҳри Душанбе 35,9 фоиз ба суратҳисоби раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 64,1 фоиз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар шаҳри Роғун 17,4 фоиз ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 82,6 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 фоиз ба суратҳисоби раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 15. Муқаррароти андозию гумрукӣ ва имтиёзҳои алоҳида барои корхонаю ташкилотҳо дар соли 2021
1. Андоз аз арзиши иловашуда танҳо барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) барои воридот, коркард ва фурўши маҳсулоти аз гандум коркардшуда, инчунин барои маҳсулоти макаронии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда ва фурӯши он  бо меъёри 10 фоиз муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки барои хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ), ҷиҳати таҳвил ва фурўши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.
2. Воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии он, нақлиёти барқӣ, ки номгўй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети шаҳри Душанбе барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи алоҳидаи шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, ҳамчунин воридоти қувваи барқ ва гази табиӣ ба ҷумҳурӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
3. Корхонаи воҳиди давлатӣ "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе" ҳангоми фурўши озуқа, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгўйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
4. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Маркази барқу гармидиҳӣ"-и Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
5. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмонҳои зерин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд, аз ҷумла: меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ", воқеъ дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе, сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон бо забони русӣ барои 1200 ҷойи нишаст (дар як баст) дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кўлоб ва Турсунзода аз ҷониби Федератсияи Россия, мактаб барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Чордаи шаҳри Ваҳдат, барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод аз ҷониби Ширкати хитоии "ТВЕА", мактаб барои 320 ҷойи нишаст дар шаҳри Бохтар, барои 320 ҷойи нишаст дар шаҳри Левакант ва барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғара аз ҷониби Ширкати хитоии "Синохайдро", мактаб барои 540 ҷойи нишаст дар хоҷагии Эргаш Султонови ноҳияи Дўстӣ аз ҷониби Сафоратхонаи Туркманистон ва маҷмааи тандурустӣ барои 200 кат дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон (пудратчии генералӣ ва зерпудратчии сохтмонии Ҷумҳурии Ўзбекистон). Инчунин идомаи сохтмони долонҳои иловагии зиддитармавӣ дар қитъаҳои муайяншудаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанак, ки аз ҳисоби маблағгузории кумаки башардўстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон амалӣ карда мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешавад.
6. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосии сохтмони иншооти дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишуда тибқи номгўй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
7. Воридоти ангишт аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба миқдори 7200 тонна барои қонеъгардонии талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
8. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида озод карда мешавад.
9. Ба ухдадориҳои қарзии андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Сангтўда-1", ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО Роғун” ки аз ҳисоби таҳвили неруи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба вуҷуд омадаанд, фоизҳои тибқи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.
10. Федератсияи футболи Тоҷикистон, воҳидҳои зертобеи он ва клубҳои футболи Тоҷикистон аз пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт, инчунин мураббиёну бозингароне, ки аз хориҷи кишвар барои рушди фаъолияти Федератсия ва клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромад озод карда мешаванд.
11. Воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, аз пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
12. Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гўштӣ, инчунин ҳама намуди хўроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
13. Иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фармоишгарконсорсиуми "Tractebel Engineering S.A." (филиали "Tractebel Engineering S.A." дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии "Роғун", ки тибқи шартномаи тарафайн амалӣ мешавад, аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонии зерпудратчиёни консорсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
14. Воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ бо мақсади бунёди 10 қароргоҳ барои қабули меҳмонони сатҳи олӣ дар шафати бўстонсарои ҳукуматӣ, воқеъ дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе, ки номгўйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
15. Воридоти қисмҳои эҳтиётӣ, мавод ва ҷузъҳои алоҳида барои васлу истеҳсоли таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Агротехсервис"-и шаҳри Ҳисор, инчунин таҳвили минбаъдаи таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзии истеҳсолнамудаи ҷамъияти мазкур аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
16. Воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ ва дастгоҳу таҷҳизот барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ, ки номгўйи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
17.  (на барои нашр).
18. Воридоти маҳсулоти озуқа, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад (ҚҶТ аз 6.04.2021с., № 1771).
19. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз пардохти низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳесолкунанда маҳсулоти кишоварзӣ (андозаи ягона) озод карда шавад.
20. Воридоти ду муҳарририки чархбол аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад (на барои нашр). (ҚҶТ аз 6.04.2021с., № 1771).
 
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2021 аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо 20 фоиз ва буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 30 фоиз баъд аз пўшонидани касри буҷет ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешаванд.
 
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба амонатгузории маблағи озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2021 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун амонат бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи кўтоҳмуҳлат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда мешаванд.
 
Моддаи 18. Моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ
1. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти буҷет музди меҳнат, маблагҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ дохил карда шаванд.
2. Ҳангоми зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рўи моддаҳои дахлдори хароҷот, дар ҳолати набудани қарз аз рўи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
 
Моддаи 19. Пардохти ҳатмӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Маблағҳои махсуси вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети дахлдор маблағгузоришаванда дар қисмати даромаду хароҷоти сметаҳои ягонаи онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳо пардохти ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
1) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 45 фоиз;
2) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт - 40 фоиз;
3) муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 1 фоиз, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ - 5 фоиз, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм ва фарҳанг - 10 фоиз;
4) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15 фоиз;
5) ташкилотҳои дигари буҷетӣ - 20 фоиз;
6) аз маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, фонди иҷораи китобҳои дарсӣ, мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ,  хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, маблағҳои аз ҳисоби хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти мазкур ситонида намешавад.
2. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 25-уми баъди давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад.
3. Истифодаи маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ) берун аз низоми хазинадорӣ қатъиян манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани низоми мазкур, маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
4. Дар сурати аз ҳаҷми маблағи дар буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
5. Дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2021 ва норасоии маблағ барои маблағгузории хароҷоти пешбинишуда, аз ҷумла пардохти қувваи барқ, об ва хизматрасонии коммуналӣ, пардохтҳои номбаршударо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус амалӣ менамоянд.
6. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификат ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ 50 фоизи маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамоянд. Боқимонда 50 фоизи воридоти маблағ ба суратҳисоби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мегардад. Маблағҳои боқимондаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри он мононда шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда нисбати он татбиқ намегардад.
7. Маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ ва шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (кортҳои идентификатсионӣ) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар ворид мегарданд, баъди пардохт мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд. Маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ ва шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (кортҳои идентификатсионӣ) воридгардида пурра ба фонди андўхтӣ гузаронида шуда, хароҷоти он бо санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
8. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар, ки ба ҳолати 1 январи соли 2021 ба вуҷуд меояд, дар ҳаҷми маблағгузории хароҷоти буҷети соли молиявӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
9. Дар ҳолати норасоии маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
10.  (на барои нашр).
 
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ
1. Воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ба андозаи 5 фоиз муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ;
2) аз ҳисоби маблағҳои махсуси:
а) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ;
б) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ташкилотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ғ) ташкилотҳои дигари буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
2. Воридот аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ба андозаи 10 фоиз муқаррар карда шавад.
3. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
4. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратии дигар
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар доираи маблағҳои пешбинигардида дар як сол як маротиба пардохт карда мешавад.
2.  (на барои нашр).
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигаре, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи барои фонди музди меҳнат тибқи Қонуни мазкур дар сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқшуда анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Аз 1 январи соли 2021 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағҳои умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андоз, фоиз ва ҷарима аз рўи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ ва андозҳои маҳаллӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 фоизи маблағҳои хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
2. Маблағҳо аз ҳисоби даромадҳои андозӣ, ба истиснои андозҳо ва низомҳои махсуси дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо намудҳои андоз ворид карда шуда, ҳиссаи он мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои маблағгузории тадбирҳои пешбинишуда истифода мешаванд. Тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.
3. Маблағҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, андозҳои маҳаллӣ ва низомҳои махсуси андозбандӣ ошкор гардидаанд, бо дар назар доштани фоиз ва ҷарима аз рўи онҳо, аз рўи таъйиноташон пурра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида шаванд.
 
Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
Аз 1 январи соли 2021 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 60 сомонӣ муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 24. Мукаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи санадҳои судӣ ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои санадҳои судӣ дар бораи ҷуброни зарари моддию маънавии аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонидашуда, аз ҳисоби маблағҳои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня. ҷубронпулӣ воридшуда ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расонидашуда, ба истиснои маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузории замин ситонида мешаванд, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шаванд.
 
Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 аз рўи даромад ба маблағи 23469405 ҳазор сомонӣ, аз рўи хароҷот ба маблағи 23806644 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 337239 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосии беруна, бо дар назар доштани хизматрасонии он ба маблағи 1830502 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба буҷети давлатӣ
1. Дар ҳолати барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2021 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нарх, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе чунин ҳисобҳои байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
 
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2021 мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
      Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе
20 ноябри соли 2020,
№ 1724