ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1950 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2007

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 19/02/2020 - 10:25
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
214
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.11.2006
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2007
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, №11, мод. 475; соли 2007, №5, мод. 354; №6, мод. 431; ҚҶТ аз 8.10.07с №336)
 
Моддаи 1.  Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 3195410 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла:
- воридоти андозӣ - 1689524 ҳазор сомонӣ;
- воридоти ғайриандозӣ -   125335 ҳазор сомонӣ;
- грантҳо барои дастгирии буҷет -    32800 ҳазор сомонӣ;
- грантҳо ва қарзҳо барои амалӣ  намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ -  489744 ҳазор сомонӣ;
- қарзҳои давлатӣ                                               - 778500 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ   - 79507 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 ба маблағи 3290910 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳокимият ва  идоракунии давлатӣ - 259993 ҳазор сомонӣ;
- мудофиа- 149224 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва тартиботи ҳуқуқӣ- 160898 ҳазор сомонӣ;
- маориф- 506323 ҳазор сомонӣ;
- нигоҳдории тандурустӣ - 178267 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ  ва солимгардонӣ - 74339 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ -  344119  ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ - 139690 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сўзишворию энергетикӣ- 571863 ҳазор сомонӣ;
- соҳаи кишоварзӣ ва заминсозӣ- 176319 ҳазор сомонӣ;
- истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, саноати истеҳсоли маъдан ва сохтмон- 20764 ҳазор сомонӣ;                                                                     
- нақлиёт ва коммуникатсия- 536087 ҳазор сомонӣ;                           
- пардохти фоиз аз рўи қарзҳои давлатӣ- 68433 ҳазор сомонӣ;
- дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва хизматрасонӣ- 7423 ҳазор сомонӣ;
- хароҷотҳои дигар, - 97168 ҳазор сомонӣ;
 аз ҷумла, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда - 12000 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 3. Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 аз рўи даромад ба маблағи 1847659 ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 1943159 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 95500 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 4. Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 ба андозаи 1,0 фоизи Маҷмўи  маҳсулоти  дохилӣ  ё ба маблағи 95500 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Манбаи пўшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
- даромад аз хусусигардонии моликияти давлатӣ –    10000  ҳазор сомонӣ;
- даромад аз  фурўши векселҳои хазинадорӣ –     5000  ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2007  –     80500 ҳазор сомонӣ.
Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1,1 фоизи  Маҷмўи  маҳсулоти  дохилӣ ё ба маблағи 105960 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби қарзҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2007 муайян карда шавад.
 
Моддаи 5. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2007 аз рўи даромад ба маблағи 1176703  ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 1271634 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 94931 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 6. Буҷети  Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2007 аз рўи даромад ба маблағи 325000 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 330000 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 5000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. Касри буҷети  Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пўшонида шавад.
 
Моддаи 7. Дар соли 2007 ҳаҷми буҷетҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рўи даромад бо дарназардошти  субвенсияе, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 613659 ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 614228 ҳазор сомонӣ бо касри  569 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
 
Моддаи 8. Дар соли 2007 ба буҷети ҷумҳуриявӣ андоз ва даромадҳои ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
- андоз аз фурўши нахи пахта ва алюминий - 100 фоиз;
- андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо      - 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ  -  100 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ба воситаи мақомоти гумрук ворид мешавад -  100  фоиз;
- пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии  ҷумҳуриявӣ, инчунин пардохт барои дохил шудан  ба қаламрав ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон  - 100 фоиз;
- аз Заводи алюминийи Тоҷикистон ва Ширкати  саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо- 100  фоиз;
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  ва корхонаҳои тобеи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида  ва андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо - 100 фоиз;
- аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо  - 100 фоиз.
 
Моддаи 9. Дар соли 2007 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ворид мешаванд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рўи таносубҳои (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
- андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо   (ғайр  аз  шаҳри Душанбе ва  шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 30 фоиз ба буҷети шаҳр ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода –  48 фоиз ба буҷети шаҳр ва 52 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе)  – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 20 фоиз ба буҷети шаҳр ва 80 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андози даромад аз шахсони воқеӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 60 фоиз ба буҷети шаҳр ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода -  60 фоиз ба буҷети шаҳр ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе   ва шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 70 фоиз ба буҷети шаҳр ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода – 60 фоиз ба буҷети шаҳр ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аксизҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе) – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 31 фоиз ба буҷети шаҳр ва 69 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андози замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  – 100 фоиз;
- андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- боҷи давлатӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- андозу дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ (андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз фурўши чакана, андози даромад дар асоси патент, дигар пардохтҳо ва  даромадҳои ғайриандозӣ):
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- маблағҳои аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд воридшудаи андозҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида шаванд.
 
Моддаи 10. Дар соли 2007 воридоти сўзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ба маблағи 10,0 млн. сомонӣ, ғалла ба маблағи 5,0 млн. сомонӣ барои ташаккул додан ва пурра кардани Фонди давлатии захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида ва аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад ва инчунин воридоти гази табиӣ ва барқ аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда шавад.
 
Моддаи 11. Воридоти техника ва нақлиётҳои коммуналию мусофиркашонӣ, битуми тамғаи БНД 60/90 дар соли 2007, ки шумора ва ҳаҷми онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад ва аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе харида шуда, барои пурра намудани парки нақлиёти коммуналию мусофиркашонӣ ва таъмири асосии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе равона мегарданд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.
Мазути камсулфур ки Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» ворид менамояд ва миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андози аксизӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.
 
Моддаи 12. Дар соли 2007 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ оид ба  сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор  воқеъ дар  хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои маъмурӣ бо меҳмонхона воқеъ дар кўчаи Айнӣ, меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» воқеъ дар  хиёбони Рудакӣ,  маҷмааи меҳмонхона воқеъ дар   кўчаи Бухоро, меҳмонхонаи панҷситорадор воқеъ дар  кўчаи Айнӣ, Маркази фарҳангии «Осиёи Миёна» воқеъ дар хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ, меҳмонхонаи «Сирена Душанбе» дар хиёбони Рудакӣ ва корхонаи ресандагию бофандагӣ бо сехи рангубор  дар шаҳри Душанбе, иншоотҳои соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд  аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешаванд:
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои  автомобилгард;
- андоз аз фоидаи шахсони  ҳуқуқӣ;
- андози  ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо;
- андоз аз амволи  ғайриманқул; 
- андози иҷтимоӣ аз шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии    Тоҷикистон намебошанд.
Воридоти молҳо барои сохтмони иншоотҳои дар ҳамин модда зикршуда, аз андоз аз арзиши иловашуда тибқи номгўй ва дар ҳаҷме, ки аз ҷониби Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, озод карда мешаванд.
 Номгўй, сметаҳои  хароҷот, мўҳлати оғоз ва анҷоми сохтмони иншоотҳои соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон  ба моликияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида мешаванд, бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
 
Моддаи 13. Дар соли 2007 ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» иҷозат дода шавад, ки ба фонди инноватсионии худ дар ҳаҷми то 20 фоиз аз хароҷоти мустақими истеҳсолӣ, ки ба арзиши аслии маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дохил карда мешавад, бо назардошти нигоҳ доштани ҳамаи пардохтҳои андозӣ ва ҳиссаҷудокунӣ ба Буҷети давлатӣ бе тағйирдиҳии нархномаҳои амалкунанда, ба истиснои нархномаҳое, ки дар барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд, гузаронад. 
 
Моддаи 14. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2007 даромад аз ҳамаи   субъектҳои  хоҷагидори  дар  қаламрави  Ҷумҳурии   Тоҷикистон мавҷудбуда ба маблағи умумии 1176703 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда - 634872 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо- 69837 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминии аввалия)  - 62563      ҳазор сомонӣ;
     - андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо - 51973 ҳазор сомонӣ;  
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ - 37022 ҳазор сомонӣ;
- андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо - 18061 ҳазор сомонӣ;
- андози даромад аз  шахсони воқеӣ - 23262 ҳазор сомонӣ;
- боҷҳои гумрукӣ - 110000 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард - 30643 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 105670 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ - 32800 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 15. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2007 аз рўи тартиби тақсимоти  вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории мақомоти ҳокимиятии давлатӣ ва идоракунӣ - 179187 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 3255 ҳазор сомонӣ;
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9558 ҳазор сомонӣ;
- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 545 ҳазор сомонӣ;
- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 48919 ҳазор сомонӣ;
- Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 415 ҳазор сомонӣ; 
- кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6524 ҳазор сомонӣ;
- дастгирии барномаҳои сиёсати давлатии  ҷавонон - 620 ҳазор сомонӣ;
- сафарҳои хизматии  хориҷии кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, кирояи (фрахти) ҳавопаймоҳо - 7000 ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет - 39095 ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули фаъолияти сиёсати берунӣ - 43097 ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули хизматрасониҳое, ки барои соҳаҳои иқтисодиёт хусусияти умумӣ доранд - 6732 ҳазор сомонӣ;
- тадқиқоти бунёдӣ ва илм - 13427 ҳазор сомонӣ;
                     аз он ҷумла:
 - Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9339 ҳазор сомонӣ;
 - Академияи илмҳои  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 3231 ҳазор сомонӣ;
 - дигар ташкилотҳо дар соҳаи илм - 857 ҳазор сомонӣ.
Маориф- 106136 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- таҳсилоти умумӣ - 43979 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ - 39035 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи маориф- 724 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 591 ҳазор сомонӣ;
- дигар хароҷот дар соҳаи маориф - 21807 ҳазор сомонӣ.
Нигаҳдории тандурустӣ- 36520 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- беморхонаҳо - 21346  ҳазор сомонӣ;
- дармонгоҳҳо ва нуқтаҳои тиббӣ- 318 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ - 910 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 316 ҳазор сомонӣ;
- дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ - 13630 ҳазор сомонӣ.
 Суғуртаи  иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 96020 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- таъминоти нафақаи сохторҳои қудратӣ  ва мақомоти дигари давлатӣ - 28618 ҳазор сомонӣ;
- пардохти ҷубронпулӣ барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ - 31991  ҳазор сомонӣ;
- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2691 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои махсус барои маъюбон ва пиронсолон - 5796 ҳазор сомонӣ;
- дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои соҳаи таъминоти  иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 26924 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ҳифзи табиат - 18322 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон - 7663 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи ҳифзи табиат - 50 ҳазор сомонӣ;
- Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  - 2000 ҳазор сомонӣ;
-  ғайраҳо дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ - 8609 ҳазор сомонӣ.
Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, солимгардонӣ  ва ҷамъиятӣ - 56125 ҳазор  сомонӣ.
Аз ҷумла:
- телевизион ва радиошунавонӣ - 21263 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1451 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи фарҳанг - 97 ҳазор сомонӣ;
- Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 3103 ҳазор сомонӣ;
- матбуоти даврӣ ва нашриёт - 3187 ҳазор сомонӣ;
- ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фарҳанг - 1024 ҳазор сомонӣ;                        
- мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг - 100 ҳазор сомонӣ;
- дигар чорабиниҳо дар соҳаи фарҳанг - 25900 ҳазор сомонӣ.
Комплекси сўзишворию – энергетикӣ - 45230 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии қишлоқ ва моҳидорӣ - 53247ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
            - Вазорати кишоварзии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон - 10707 ҳазор сомонӣ;
   аз онҳо:               
- барои хариди тухмӣ - 1000 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ  - 1100 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои зидди ҳашароти зараррасон – 1500 ҳазор сомонӣ;
    - барои дасгирии боғу токпарварӣ - 1000  ҳазор сомонӣ.
   Истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, саноати истеҳсоли маъдан ва сохтмон - 15803 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия - 70117 ҳазор сомонӣ.
Вазоратҳо ва идораҳои машғули фаъолияти иқтисодӣ ва хизматрасонӣ - 6424 ҳазор сомонӣ.
Дигар чорабиниҳо - 156883 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- хизматрасонии ўҳдадориҳои қарзӣ - 68433 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
а) пардохти фоизи қарзҳои берунӣ - 51433 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти фоизи қарзҳои дохилӣ - 17000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт - 5000 ҳазор сомонӣ;
- фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рўи соҳаҳои иқтисодӣ гурўҳбандӣ нашудааст - 66450 ҳазор сомонӣ;
аз он ҷумла:
- баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда - 12000 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 16. Дар соли 2007 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ ба тариқи зайл сурат мегирад:
 а) Хароҷоти ҷорӣ - 1006852 ҳазор сомонӣ.
Хароҷот барои молҳо ва хизматрасониҳо - 649209 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- музди меҳнат ва хизматпулӣ - 175289 ҳазор сомонӣ;
- маблағҷудокунӣ ба  Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа  - 20312 ҳазор сомонӣ;
- дигар хариди молҳо ва хизматрасониҳо - 453608 ҳазор сомонӣ;
  аз онҳо:
- пардохти хизматрасонии алоқа - 18726 ҳазор сомонӣ;
- пардохти хизматрасонии газ,  барқ ва об - 13319 ҳазор сомонӣ;
- хариди таҷҳизоти камарзиш, асбобу анҷом, дигар молҳо ва хизматрасонӣ - 421563 ҳазор сомонӣ.
Пардохти фоизҳо аз рўи қарзҳои дохилӣ ва берунӣ - 68433 ҳазор сомонӣ.
Субсидияҳо ва дигар трансфертҳои ҷорӣ - 289210 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:                                              
- субсидияҳо ба ташкилотҳои давлатӣ - 24219 ҳазор сомонӣ;
-  маблағе, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ дар шакли маблағи мақсаднок дода мешавад - 167702 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба аҳолӣ  - 80418 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
- таъминоти нафақавии сохторҳои  қудратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ - 28618 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ - 16871 ҳазор сомонӣ.
б)  Хароҷоти асосӣ - 259765 ҳазор сомонӣ.
 Аз ҷумла:
- хариди сармояи асосӣ - 37284 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои асосии марказонидашуда - 209693 ҳазор сомонӣ;
- хариди мол барои ташкили захираҳо - 9870 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳои асосӣ- 2918 ҳазор сомонӣ.
 в) Қарздиҳӣ ва ёрдами яквақтаина ба муҳоҷирон ва хизматчиёни давлатӣ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5017 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 17. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 ба маблағи 36000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 18. Дар соли 2007 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот - музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендияҳо, нафақаҳо, ёрдампулиҳо, ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ, газ ва хизматрасонии алоқа дохил карда мешаванд.
Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рўи моддаҳои алоҳидаи хароҷот, аз ҷумла хароҷоти хизматрасонии коммуналӣ дар ҳолати набудани қарздорӣ аз рўи онҳо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо метавонад бо тартиби муқарраргардида дар маблағгузории моддаҳои хароҷот, ба истиснои моддаҳои ҳимояшаванда, тағйироти дахлдор ворид  намоянд.
Фонди музди меҳнат, нафақа, стипендия дар раванди иҷрои буҷет, сарфи назар аз ҳаҷми касри буҷет, кам карда намешаванд ва иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад.
 
Моддаи 19. Маблағҳои махсуси вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти  ин ташкилотҳои буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон 10 фоизи маблағҳои махсус ҳар семоҳа ба даромади буҷетҳои дахлдор, ба истиснои маблағҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ,  инчунин  маблағҳои гранту мададгорӣ (спонсорӣ), ки барои чорабиниҳои хусусияти ғайритиҷоратидошта пешниҳод мегарданд, дохил карда мешаванд.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки дар ҳолати аз ҳаҷми маблағҳои дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда, кам ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ, дар сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва дар  қисми  даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ тағйиротҳои дахлдор ворид намояд.
 
Моддаи 20. Дар соли 2007  40 фоизи  маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шавад. Боқимондаи маблағи (60 фоизи) аз ҳисоби додани сертификатсия дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мононда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон  андозбандӣ карда шавад. 
 
Моддаи 21. Дар соли 2007 маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, дар сметаи даромаду хароҷотҳои идораҳои  мазкур ба ҳисоб гирифта, барои маблағгузории фаъолияти онҳо равона карда  шаванд. 
 
Моддаи 22. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол ва танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
 
Моддаи 24. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоте, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи фонди музди меҳнат, ки тибқи Қонуни мазкур дар сметаи хароҷот барои ҳамин вазорату идораҳо тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 25. Пардохти роҳхат барои табобати санаторию фароғатии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби муқарраргардида дар доираи маблағе, ки дар сметаи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин мақсадҳо тасдиқ  шудаанд,  амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 26. Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва  ноҳияҳо ба маблағи 162702 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
-  Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 33411 ҳазор сомонӣ;
-  Вилояти Хатлон - 67789 ҳазор сомонӣ;
-  Шаҳри Ваҳдат -   9247 ҳазор сомонӣ;
-  Шаҳри Роғун - 3833 ҳазор сомонӣ;
-  Ноҳияи Варзоб -  3311 ҳазор сомонӣ;
-  Ноҳияи Рашт - 5787 ҳазор сомонӣ;
-  Ноҳияи Ҳисор - 6936 ҳазор сомонӣ;
-  Ноҳияи Ҷиргатол -  4932 ҳазор сомонӣ;
-  Ноҳияи Нуробод - 4242 ҳазор сомонӣ;
-  Ноҳияи Рўдакӣ - 6631 ҳазор сомонӣ;
-  Ноҳияи Тавилдара -  2616 ҳазор сомонӣ;
-  Ноҳияи Тоҷикобод - 3353 ҳазор сомонӣ;
-  Ноҳияи Файзобод - 5275 ҳазор сомонӣ;
-  Ноҳияи Шаҳринав - 5339 ҳазор сомонӣ.
Маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат, пардохтҳои ба он баробаркардашуда, маблағгузории асосӣ ва дигар хароҷотҳо ҷудо карда мешаванд.
 
Моддаи 27. Пули нақди гардони кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2008 ба маблағи  30000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 28. Аз 1 январи соли 2007 тамоми амалиёти молиявии иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» гузаронида мешавад, ба тариқи пулакӣ амалӣ гардад. Инчунин аз рўи ҳамаи депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонк ба тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фоиз дода мешавад.
 
Моддаи 29.  Аз 1 январи соли 2007 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи базаи моддию техникӣ 20 фоизи маблағи умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андозҳо ва ҷаримаҳои дар рафти корҳои назоратӣ ошкоргардида ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ҳавасмандгардонии кормандон, инкишофи базаи моддию техникӣ ва барқарорсозии дидбонгоҳҳои гумрукӣ 60 фоизи маблағи хироҷҳои гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шавад. Маблағҳои зикргардида бо тартиби марказонидашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбати онҳо татбиқ намегардад.
 
Моддаи 30. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2005 аз рўи даромад ба маблағи 1433230 ҳазор сомонӣ, аз рўи хароҷот ба маблағи 1402690 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот ба маблағи 30540 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 барои пардохти ўҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии берунӣ ба маблағи 71873 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 31. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйири ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
 
Моддаи 32. Қонуни мазкур  аз 1 январи соли 2007 мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Э. РАҲМОНОВ
 
ш. Душанбе,
29 ноябри соли 2006, №214
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚАБУЛ НАМУДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2007»
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007» қабул карда шавад.
2.Дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2009 маъқул дониста шавад.
3.Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-ҳаҷми умумии Буҷети давлатии тасдиқшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2007 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 3195410 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷотҳо ба маблағи 3290910 ҳазор сомонӣ, бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ –95500 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
-маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо, дар доираи маблағи тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ, таъмин намояд;
-ҳангоми қабул намудани қарорҳое, ки дар дурнамои миёнамўҳлат аз ҳисоби захираҳои молиявии давлат маблағгузориро талаб менамоянд, нишондиҳандаҳои пешбининамудаи дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2008-2009 ба инобат гирад;
-барои кам кардани бақияпулии корхона ва ташкилотҳо оид ба пардохти андози солҳои гузашта бо назардошти зарурати пўшонидани қарзи то 1 январи соли 2007 ҷамъгардидаи ташкилотҳои буҷетӣ дар назди ташкилотҳо-кредиторҳо, сарфи назар аз шакли моликият, чораҳо андешад;
-истифодаи мақсадноки маблағҳои фонди инноватсионии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»-ро аз тарафи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастомада, ки ба ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мононда мешавад, аз тарафи Агентии мазкур таъмин намоянд;
-оид ба пардохти ҳаққи истифодаи барқ, газ, алоқа, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар хизматрасониҳо аз тариқи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад;
-тавассути воситаҳои ахбори омма дар ҳар се моҳ оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 ахборот диҳад.
5.Бонки миллии Тоҷикистон:
-якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ аз рўи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007» андозу даромадҳоро сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронад;
-аз рўи амалиёти вобаста ба хизматрасонии ўҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба ўҳдадориҳои қарзии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
-барои сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи қурби расмии бозори байнибонкии асъор таъмин намояд.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                          С. ХАЙРУЛЛОЕВ
 
ш. Душанбе,
 22 ноябри соли 2006, №396.