ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2002

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 19/02/2020 - 10:07
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
45
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
25.12.2001
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2002
 
   Моддаи 1. Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002 аз рўи даромад ба маблағи 459 891 ҳаз.сомонӣ ва аз рўи  хароҷот ба маблағи 490 093 ҳаз. сомонӣ, бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба  маблағи 30 202 ҳаз. сомонӣ,  тасдиқ карда шавад.
Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатӣ барои соли 2002 ба маблағи 30 202 ҳаз. сомонӣ ё 1,0 фоизи  Маҷмўи Маҳсулоти Дохилӣ муқаррар карда шавад. Манбаи пўшондани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
  даромад аз хусусигардонии моликияти
   давлатӣ                                                                                              - 5 000  ҳаз. сомонӣ;
   даромад аз фурўши векселҳои  хазинадорӣ                               - 2 100  ҳаз. сомонӣ;
   қарзи Бонки умумиҷаҳонӣ                                                           - 23 102 ҳаз. сомонӣ
 
Маблағгузории пардохти қарзи асосии дохилӣ ва қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 129 110 ҳаз. сомонӣ муайян карда шавад, аз он ҷумла:
даромад аз хусусигардонии моликияти давлатӣ                               - 10 000 ҳаз. сомонӣ;
 тағйирёбии  маҷмўи депозитҳои
 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             - 32 212 ҳаз. сомонӣ;
 қарзҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ва  Бонки рушди Осиё               - 86 898 ҳаз. сомонӣ.
 
Моддаи 2.  Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2002 аз рўи даромад ба маблағи 298 305 ҳаз. сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 327 141 ҳаз. сомонӣ ва касри ба маблағи 28 836 ҳаз. сомонӣ, тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 3.  Буҷети  Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002 аз рўи даромад ва хароҷот ба маблағи 75 000 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 4.  Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2002 ба буҷети ҷумҳуриявӣ андозҳои зерин ворид мегарданд:
 
- андоз аз фурўш                                                              - 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ                                                                    - 100 фоиз;
- андози замин                                                                   - 15 фоиз;
 - андоз аз арзиши иловашуда, ки тариқи 
   мақомоти гумрук ворид мешавад                         – 100 фоиз;
-  андоз аз арзиши иловашудаи  пахтаи
   коркарднашуда                                                             - 100 фоиз;
- аксизҳо, ки тариқи мақомоти гумрук
   ворид мешаванд                                                            - 100 фоиз;
- боҷ ва воридоти дигари ғайриандозии 
   аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, инчунин
   музд барои дохил шудан ба қаламрав ва
   истифодаи роҳҳои автомобилгарди
      Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              - 100 фоиз.
 
   Моддаи 5. Барои соли 2002 фоизи пардохтҳо аз андозу даромадҳои умумидавлатӣ аз андозсупорандагоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд,  ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ба андозаҳои  зерин тасдиқ карда шавад:
   а) андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷети  вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, ш. Душанбе ва ш. Турсунзода) - 100 фоиз;
   вилояти Суғд – 30 фоиз ба буҷети вилоят ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
   шаҳри Душанбе – 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
   шаҳри Турсунзода – 20 фоиз ба буҷети шаҳр ва 80 фоиз ба буҷети  ҷумҳуриявӣ;
   б) аксизҳо:
   ноҳияи Шаҳринав – 100 фоиз ба буҷети маҳаллӣ;
   вилояти Суғд – 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
   дигар  вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
   в) андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ ва андоз аз амволи корхонаҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  (ғайр аз ш. Турсунзода)           – 100 фоиз;
   шаҳри Турсунзода         – 100 фоиз ба буҷети  ҷумҳуриявӣ;
   г) андози даромад аз шахсони воқеӣ:
ба буҷети вилоятҳо,  шаҳрҳо ва ноҳияҳо  (ғайр аз ш. Турсунзода) – 100 фоиз;
   шаҳри Турсунзода – 27 фоиз ба буҷети шаҳр ва 73 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
   д) андози замин – 85 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
   е) андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд аз рўи системаи соддакардашуда мепардозанд – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
   ж) андоз барои истифодаи захираҳои табиӣ – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
   з) боҷи давлатӣ – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
   и) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт -  100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
   к) андозу боҷҳои маҳаллӣ (андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ, андоз аз фурўши чакана, андоз барои нигоҳдории нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш, пардохти патент, боҷҳо ва ҳаргуна даромадҳои ғайриандозӣ, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд) – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
   л) аз Роҳи Оҳани Тоҷикистон, корхонаҳои тобеи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» андоз аз арзиши иловашуда, андози фоида ва андоз аз амволи корхонаҳо – 100 фоиз ба буҷети  ҷумҳуриявӣ;
   м) аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» андози фоида ва андоз аз амвол – 100 фоиз  ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
   н) аз Бонки миллии Тоҷикистон фоидаи соли 2001 баъди ташаккули фондҳо ва захираҳои дар асоси меъёрҳои муқарраргардида – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
   о) муаяйн карда шавад, ки андози замин аз рўи андозаҳои муқаррар кардашуда ба даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ворид гардида, бо тартиби умумӣ истифода бурда мешавад.
 
Моддаи 6. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард дар соли 2002 бо меъёри (ставкаи) 2,5 фоиз ва барои корхонаҳои савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурўш 0,7 фоиз муқаррар карда шавад. Маблағҳои воридшудаи андози мазкур :
дар вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
дигар вилоятҳо, шаҳрҳо  ва ноҳияҳо – 20 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ  ва  80 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ ворид карда шаванд.
 
Моддаи 7. Барои соли 2002 меъёрҳои (ставкаи) андоз аз фурўши алюминийи аслӣ – 2 фоиз, нахи пахта аз 1 январ то 1 октябр ба андозаи 10 фоиз ва аз 1 октябр  то охири сол – 5 фоиз муқаррар карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки интиқоли пахтаи коркарднашудаи ҳосили 2002 дар соли 2002 бо меъёри (ставкаи) 15 фоиз бо андози арзиши иловашуда андозбандӣ карда  мешавад.
Алюминийи аслӣ ва нахи пахта аз андози арзиши иловашуда барои соли 2002 озод карда шаванд.
 
Моддаи 8. Муқаррар карда шавад, ки ба сабаби гузаштан ба андозбандии молҳо (кор, хизматрасонӣ) бо андозҳои ғайримустақим аз рўи принсипи «ҷои таъинот» воридоти гази табиӣ ва қувваи барқ аз 1 январи соли 2002 аз андози арзиши иловашуда озод карда  мешаванд.
Аз 1 январи соли 2002 таҳвили  сангҳо ва металҳои қимматбаҳо барои пурра намудани захираи Фонди давлатии Тоҷикистон дар Хазинаи давлатии сарватҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёри сифрии андоз аз арзиши иловашуда амалӣ карда  мешавад.
 
Моддаи 9.  Бо мақсади кам кардани гаронии андози шаҳрвандон дар соли 2002 аз даромади андозбандишавандаи шахси  воқеӣ аз рўи меъёрҳои зерин андоз муқаррар карда шавад:
 
Андозаи даромаде, ки аз он андоз аз даромад гирифта мешавад.
Маблағи андоз
1
Аз  ҳадди ақали даромаде, ки аз он андози даромад гирифта намешавад, зиёд нест.
Андоз аз даромад гирифта намешавад.
2
Аз маблағи зиёда аз ҳадди ақали даромади андозбандинашаванда то 100 карати ҳадди ақали андози даромади андозбандинашаванда.
10 фоизи маблағи зиёда аз ҳадди ақали даромади андозбандишаванда.
 
3
Аз маблағи зиёда аз ҳадди ақали 100 каратаи даромаде, ки аз он андози даромад гирифта намешавад то ҳадди ақали 150 каратае, ки аз он андоз аз даромад гирифта намешавад.
Маблағи андози сатри 2 ҷамъи 15 фоиз аз маблағи зиёда аз ҳадди ақали 100 каратае, ки аз он андози даромад гирифта намешавад.
4
Аз маблағе, ки аз ҳадди ақали 150 каратае, ки аз он андоз аз даромад гирифта намешавад.
Маблағи андози сатри 3 ҷамъи 20 фоиз аз  маблағҳое, ки  аз ҳадди ақали 150 каратае, ки аз он андози даромад гирифта намешавад, зиёд аст.
 
   Моддаи 10.  Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2002 даромад аз тамоми субъектҳои хоҷагидори дар қаламрави ҷумҳурӣ мавҷудбуда, ба маблағи умумии 298 305 ҳаз. сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла аз :
   - андоз аз арзиши иловашуда                                  -114  336 ҳаз. сомонӣ;
   - аксизҳо                                                                            - 18  983 ҳаз.сомонӣ;
   -андоз аз фурўш(нахи пахтаю  алюминий)       - 50  757 ҳаз. сомонӣ;
- андози фоида  аз шахсони ҳуқуқӣ                          -   1  543 ҳаз. сомонӣ;
- андоз аз амволи корхонаҳо                                        -   2  381 ҳаз. сомонӣ;
-андози  даромад аз  шахсони воқеӣ                        -   5  467 ҳаз. сомонӣ;
-боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ       - 54  281 ҳаз. сомонӣ;
- андози замин                                                                  -  1  791 ҳаз. сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони
  роҳҳои автомобилгард                                                  -  13 249 ҳаз. сомонӣ;
- андозу даромадҳои дигар                                          -  28 364  ҳаз. сомонӣ;
- грантҳо аз ташкилотҳои байналхалқӣ                  –   7 153 ҳаз. сомонӣ.
 
Моддаи 11. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2002 аз рўи гурўҳбандии (классификатсияи) вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
 
Барои маблағгузории мақомоти
хокимият ва идоракунӣ                                                 - 47 520 ҳаз. сомонӣ;
аз ҷумла:
Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 845 ҳаз. сомонӣ;
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       - 3 174  ҳаз. сомонӣ;
Комиссияи марказии интихобот              
ва райъпурсӣ                                                                     - 312  ҳаз. сомонӣ;
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 9 802 ҳаз. сомонӣ;
Кумитаҳои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 2 444 ҳаз. сомонӣ;
Дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон                     - 164 ҳаз. сомонӣ;
 
Сафарҳои хизмати хориҷии мақомоти
ҳокимият ва идоракунии давлатии
ҷумҳурӣ ва фрахти тайёраҳо                                       - 2 400 ҳаз. сомонӣ;
Вазоратҳо ва идораҳои машғули
сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ                        - 9 980 ҳаз. сомонӣ;
Вазоратҳо ва идораҳои машғули
фаъолияти сиёсати берунӣ                                          - 14 087 ҳаз. сомонӣ;
Вазоратҳо ва идораҳои машғули
хизматрасониҳое, ки барои соҳаҳои        
иқтисодиёт           хусусияти умумӣ доранд           - 2 066 ҳаз. сомонӣ;
Барои тадқиқотҳои асосӣ ва  илмӣ                           - 2 246 ҳаз. сомонӣ;
   аз ҷумла:
Академияи илмҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                         - 714 ҳаз. сомонӣ;
 
Маориф                                                                - 15 588 ҳаз. сомонӣ;
аз ҷумла:
Маълумоти миёна                                                           - 4 588 ҳаз. сомонӣ;
Маълумоти олӣ ва миёнаи махсус                            - 5 170 ҳаз. сомонӣ:
Илмҳои амалӣ дар соҳаи маориф                            - 59 ҳаз. сомонӣ;
Вазорати маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                         - 129 ҳаз. сомонӣ;
Дигар хароҷотҳо дар соҳаи маориф                         - 5 642 ҳаз. сомонӣ;
 
Нигоҳдории тандурустӣ:                                              -  5 923 ҳаз. сомонӣ;
   аз ҷумла:
 
Касалхонаҳо                                                                       -  2 663 ҳаз. сомонӣ;
Духтурхонаҳо, духтурхонаҳои
стоматологӣ ва нуқтаҳои тиббӣ                                  - 98 ҳаз. сомонӣ;
Илмҳои амалӣ дар соҳаи нигоҳдории
тандурустӣ                                                                          - 161 ҳаз. сомонӣ;
Вазорати тандурустии  Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                         - 79 ҳаз. сомонӣ
Дигар ташкилотҳо ва барои чорабиниҳои
соҳаи нигоҳдории тандурустӣ                                    - 2 922 ҳаз. сомонӣ;
 
Таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи
 иҷтимоӣ                                                                              - 14  085 ҳаз. сомонӣ;
аз ҷумла:
Таъминоти нафақаи хизматчиёни
давлатӣ                                                                 - 3 375 ҳаз. сомонӣ;
 
Ташкилотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ                     - 1 097 ҳаз. сомонӣ;
Дигар ташкилотҳо доир ба чорабиниҳои
соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи
иҷтимоӣ                                                               - 9 613 ҳаз. сомонӣ;
 
Ҳифзи табиат ва хоҷагии манзилию
коммуналӣ                                                                         - 3 324 ҳаз. сомонӣ;
   аз ҷумла:
Илмҳои амалӣ дар соҳаи ҳифзи табиат                  - 12 ҳаз. сомонӣ;
Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                         - 1 801 ҳаз. сомонӣ;
Корхонаи воҳидию давлатии
«Хоҷагии манзилию коммуналӣ»                            -  455 ҳаз. сомонӣ;
Хароҷотҳои дигар  барои хоҷагии
манзилию коммуналӣ                                                   - 1 056 ҳаз. сомонӣ;
 
Чорабиниҳои фарҳангӣ- оммавӣ,
солимгардонӣ ва ҷамъиятӣ                                         - 10 186 ҳаз. сомонӣ;
   аз ҷумла:
Телевизион ва радиошунавонӣ                                  - 5 888 ҳаз. сомонӣ;
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                         - 160 ҳаз. сомонӣ;
 
Кумитаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ                    - 264 ҳаз. сомонӣ;
Матбуоти даврӣ ва нашриёт                                       - 1 247 ҳаз. сомонӣ;
Дигар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ                                   - 405 ҳаз. сомонӣ
Дигар чорабиниҳои соҳаи фарҳангӣ                       - 2 222 ҳаз. сомонӣ;
Комплекси сўзишворӣ – энергетикӣ                       - 6 366 ҳаз. сомонӣ:
 
Хоҷагии қишлоқ, хоҷагии ҷангал,
моҳидорӣ ва шикор                                                        - 12 914 ҳаз. сомонӣ;
Истеҳсол ва коркарди канданиҳои
фоиданок, саноати истеҳсоли маъдани
кўҳӣ ва сохтмон                                                 -  4 687 ҳаз. сомонӣ
Нақлиёт ва коммуникатсия                                         - 22 085 ҳаз. сомонӣ;
 
Вазоратҳо ва идораҳои машғули
фаъолияти иқтисодӣ ва хизматрасонӣ                   - 3 753 ҳаз. сомонӣ;
Дигар чорабиниҳо                                                           - 67 886 ҳаз. сомонӣ;
   аз ҷумла:
Хизматрасонии ўҳдадориҳои  қарзӣ                       - 57 000 ҳаз. сомонӣ;
   аз ҷумла:
пардохти фоизҳои қарзи берунӣ                               - 40 000 ҳаз. сомонӣ;
пардохти фоизҳои қарзи дохилӣ                               - 17 000 ҳаз. сомонӣ;
Хароҷоти ш. Душанбе барои амалӣ
намудани вазифаҳои пойтахт                                     -  2 500 ҳаз. сомонӣ;
Хароҷот барои барҳам додани
оқибатҳои  офатҳои табиӣ                                            - 3 706 ҳаз. сомонӣ;
Хароҷотҳои дигаре, ки аз рўи
соҳаҳои иқтисодӣ гурўҳбандӣ
нашудаанд                                                                          -  4 680 ҳаз. сомонӣ.
 
Моддаи 12. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2002 хароҷоти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ ба тариқи зайл сурат гирад:
 
I. Хароҷоти ҷорӣ                                                               - 281 804 ҳаз.сомонӣ;
1.Хароҷот барои молҳо ва хизматрасониҳо          - 170 177 ҳаз. сомонӣ;
   аз ҷумла:
   Музди меҳнат ва хизматпулӣ                                   - 49 864  ҳаз. сомонӣ;
   Маблағҷудокунӣ ба Фонди ҳифзи
   иҷтимоии аҳолӣ                                                             - 5 667 ҳаз. сомонӣ;
   Дигар хариди молҳо ва 
   хизматрасониҳо                                                             - 114 646 ҳаз. сомонӣ;
   аз ҷумла:
пардохти хизматрасонии алоқа                                 - 5 119 ҳаз. сомонӣ;
   пардохти  хизматрасонии газ,
   барқ ва об                                                                         - 2 331 ҳаз. сомонӣ;
   хариди таҷҳизоти арзон, асбобу
   анҷом, дигар молҳо ва хизматрасонӣ                   - 107 196 ҳаз. сомонӣ;
 
2. Пардохти фоизҳо аз рўи қарзҳои
  дохилӣ ва берунӣ                                                            - 57  000 ҳаз. сомонӣ;
  1. Субсидияҳо ва дигар трансфертҳои
ҷорӣ                                                                       - 54 627  ҳаз. сомонӣ;
                   аз ҷумла:
   субсидияҳо ба корхонаҳо ва
   ташкилотҳои  давлатӣ                                                 - 4 896  ҳаз. сомонӣ;
 
маблағҳое, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ
ба тариқи маблағҳои мақсаднок дода
мешаванд                                                                            - 35 148 ҳаз. сомонӣ;
 
   трансфертҳо ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ  - 350 ҳаз. сомонӣ;
   трансфертҳо ба аҳолӣ                                                  - 4 844 ҳаз. сомонӣ;
   аз ҷумла:
таъминоти нафақавии сохторҳои
   қудратӣ                                                                             - 3 230 ҳаз. сомонӣ;
   трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ                   - 9 389 ҳаз. сомонӣ;
 
II. Хароҷотҳои асосӣ                                                                        - 44 442 ҳаз. сомонӣ
   аз ҷумла:
   Харидани сармояи асосӣ                                          - 11 693 ҳаз. сомонӣ;     
Маблағҳои асосӣ                                                               - 30 785 ҳаз. сомонӣ;
   аз ҷумла :
   Маблағҳои асосии марказонидашуда                  - 30 560 ҳаз. сомонӣ;
   Ба даст овардани молҳо барои
   ташкили захира                                                             - 1 500 ҳаз. сомонӣ;
   Трансфертҳои асосӣ                                                    - 464 ҳаз. сомонӣ;
 
III. Пулҷудокунӣ барои гурезаҳо, муҳоҷирон ва
хизматчиёни давлатӣ мувофиқи қонунҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 895 ҳаз. сомонӣ;
 
   Моддаи 13.  Фонди захиравии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002 ба маблағи 8 000 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
   Моддаи 14.  Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2002 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот-музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендияҳо, нафақаҳо, ёрдампулиҳо - дохил карда мешаванд.
   Дар сурати иҷро нашудани қисми даромади Буҷети давлатӣ ё мавҷуд будани сарфа аз рўи моддаҳои ҷудогонаи хароҷот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маблағгузории хароҷот, ба ғайр аз моддаҳои ҳимояшаванда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зарурӣ ворид  менамояд.
   Моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот дар раванди иҷроиши буҷет сарфи назар аз дараҷаи касри буҷет кам карда намешаванд ва иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад.
 
   Моддаи 15.  Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои ғайрибуҷетии (махсуси) вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда,  дар сметаи ягонаи даромаду хароҷоти  ташкилотҳои мазкур пешбинӣ кардашуда, ҳармоҳа дар ҳисоботи даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ инъикос меёбанд ва  ҳамзамон 10 фоизи маблағҳои ғайрибуҷетӣ (махсус) ҳар семоҳа ба буҷет дохил карда  мешавад.
 
   Моддаи 16. Муқаррар карда шавад, ки барои шахсони ҳайати  қаторӣ ва роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мадагори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи  ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои полиси андоз, дигар идораҳое, ки дар онҳо дар асоси қонунгузорӣ хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, роҳкиро ба маҳалли истифодаи асосии рухсатӣ ва бозгашт (як маротиба дар як сол) танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиққунанда, пардохта мешавад.
 
   Моддаи 17. На барои нашр.
   Моддаи 18.  Муқаррар гардад, ки ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти дохилӣ, хизматчиёни мақомоти гумрук, воҳидҳои полиси андоз ва дигар идораҳое, ки дар онҳо аз рўи қонунгузории ҷорӣ ҳизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, танҳо дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, пардохти ҷубронпулӣ барои ин мақсад дар ҳаҷми маблағҳои барои фонди музди меҳнат аз рўи сметаи  хароҷоти барои ҳамин вазорату идораҳо дар Қонуни мазкур тасдиқшуда, анҷом дода мешавад.
 
   Моддаи 19.  Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - ба маблағи 32 648  ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.
   Муқаррар гардад, ки маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба  буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат, маблағҳои ба он баробаршуда, маблағгузориҳои асосӣ бо назардошти иҷрои даромади буҷети онҳо ҷудо карда мешаванд.
 
   Моддаи 20.  Пули нақди гардони кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ то ҳолати 1 январи соли 2003 ба маблағи 4 200 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
   Моддаи 21. На барои нашр.
   Моддаи 22. Андозаи (лимити) ниҳоии қарзгириҳои берунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002 (бе ҳисоби қарзҳои имтиёзноки дар асоси бисёртарафа аз ҷониби  ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ додашаванда) ба маблағи 10 млн.  доллари ИМА, инчунин қарзгириҳои берунии ғайридавлатии аз тарафи  давлат кафолат додашаванда, ба маблағи на зиёдтар аз 10 млн. доллари ИМА муқаррар карда шавад.
 
   Моддаи 23.  Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар соли 2000 аз рўи даромад ба маблағ 251 714 ҳаз. сомонӣ ва  аз рўи хароҷот ба маблағи 261 842 ҳаз. сомонӣ,  бо барзиёдии  хароҷот нисбати даромад ба маблағи 10 128 ҳаз. сомонӣ, ки барои пўшонидани он депозитҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон  5 721 ҳаз. сомонӣ, инчунин қарзи Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиёӣ ба маблағи 4 407 ҳаз. сомонӣ равона карда шудаанд, тасдиқ карда шавад.
   Хароҷоти Буҷети давлатӣ соли 2000 барои пардохти қарзи  асосии дохилӣ ва қарзи асосии берунӣ ба маблағи 20 684 ҳаз. сомонӣ, аз он ҷумла: барои пардохти қарзи асосии дохилӣ – 8 268 ҳаз. сомонӣ, барои пардохти қарзи асосии берунӣ – 12 416 ҳаз. сомонӣ, тасдиқ карда шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Э.Раҳмонов
 
ш. Душанбе,
25 декабри соли 2001
№  45
 
 
________________________________
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002» ва мавриди амал қарор додани он
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002» қабул карда шавад.
2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ аз 1 январи соли 2002 маврид амал қарор дода шавад.
3. Дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2004 маъқул дониста шавад.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
  • Буҷети давлатии тасдиқшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2002 аз рўи даромад ба маблағи 459891 ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 490093 ҳазор сомонӣ, бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад (каср) ба маблағи 30202 ҳазор сомонӣ, барои иҷро қабул намояд;
  • хароҷоти чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда, мутаносибан баробари даромади воқеан воридгардида таъмин намояд;
  • ҳангоми қабул намудани қарорҳо, ки дар ояндаи миёнамўҳлат аз ҳисоби захираҳои молиявии давлат маблағ талаб мекунанд, нишондодҳои Дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2004 ба инобат гирифта шавад;
  • ба сабаби тағйирёбии дараҷаи нархи нахи пахта ва алюминий, гузаштан ба андозбандии молҳо (кор, хизматрасонӣ) бо андозҳои ғайримустақим аз рўи принсипи «ҷои таъинот», андозбандии пахтаи коркарданашуда бо андоз аз арзиши иловашуда, оиди васеъ кардани объекту манбаҳои андозбандӣ аз рўи намудҳои дигари андоз барои ҷуброни талафоти эҳтимолӣ чора андешад ва ба қисми даромади буҷет тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳои зарурӣ ворид намояд;
  • воридоти 20 фоизи андоз аз истифодабарандагони роҳҳои  автомобилгардро, ки дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002» пешбинӣ шудааст, барои маблағгузории иншоотҳои муҳими ҷумҳурӣ равона намояд;
  • тартиби ҷуброни хароҷотҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро, ки ба хизматрасонии барномаи таъмини нафақаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, муайян намояд;
  • тавассути воситаҳои ахбори умум ҳар семоҳа дар бораи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот нашр намояд.
5. Бонки миллии Тоҷикистон:
  • якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ дар асоси меъёрҳои дар моддаҳои 4, 5 ва 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002» муайяншуда, бечуну чаро ва саривақт ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронидани андозу даромадҳоро таъмин намояд;
  • дар амалиёти вобаста ба хизматрасонии ўҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, иҷрои ҳисобу пардохтҳоро аз рўи ўҳдадориҳои қарзии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
  • барои саривақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мубодилаи маблағҳои буҷетиро мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи қурби расмии бозори байнибонкии асъор ба асъори хориҷӣ таъмин намояд.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           С.Хайруллоев
 
ш.Душанбе,
 12 декабри соли 2001
№  471