ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1923 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТДОДАШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1922 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1918 КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 1999

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 19/02/2020 - 10:56
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
673
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.11.1998
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 1999
 
Моддаи 1. Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999 аз рўи  даромад ба маблағи 202146,0 млн. рубл ва аз рўи хароҷот ба маблағи  256210,0 млн. рубл бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад 54064,0 млн. рубл тасдиқ карда шавад. Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатӣ барои соли 1999 ба маблағи  54064,0 млн. рубл ё 4,8 фоизи маҳсулоти кулли дохилӣ муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 2. Буҷети  Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999 аз рўи даромад ва хароҷот ба маблағи  26015,0 млн. рубл муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 3. Буҷети Фонди роҳ барои соли 1999 аз рўи даромад ва хароҷот ба маблағи 6200,0 млн. рубл муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 4. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 1999 ба Буҷети ҷумҳурӣ андозҳои зерин ворид карда мешаванд:
- андоз аз фурўш                                                                              - 100 фоиз;
- андоз аз боҷи гумрукӣ ва фаъолияти гумрукӣ - 100 фоиз;
- андози замин                                                                                  - 15 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда, ки аз тариқи                       
мақомоти гумрук ворид мешаванд                                      - 100 фоиз;
- акцизҳо, ки аз тариқи мақомоти гумрук                            
  ҷамъ мешаванд                                                                              - 100 фоиз;
 
Моддаи 5. Барои соли 1999 фоизи маблағгузорӣ аз андозҳо ва даромадҳои умумидавлатӣ аз андоздиҳандагоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд, ба буҷети ҷумҳурӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда шавад:
а) андоз аз арзиши иловашуда ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Ленинобод, ш.Душанбе ва ш.Турсунзода) – 100 фоиз;
ш.Душанбе 77 фоиз ба буҷети ш.Душанбе ва 23 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
Вилояти Ленинобод 60 фоиз ба буҷети вилоят ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
ш. Турсунзода – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
аз Роҳи оҳани Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
б) акцизҳо (ба ғайр аз вилояти  Ленинобод) – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
Вилояти Ленинобод – 60 фоиз ба буҷети вилоят ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
в) андозе, ки соҳибкорони хурд мувофиқи системаи оддӣ месупоранд (ғайр аз ш.Турсунзода) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
ш.Турсунзода – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
г) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Ленинобод) – 100 фоиз;
Вилояти Ленинобод – 70 фоиз ба буҷети вилоят ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
д) андоз аз амволи корхонаҳо ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Ленинобод) – 100 фоиз;
Вилояти Ленинобод – 70 фоиз ба буҷети вилоят ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
Аз Заводи алюминии тоҷик, Ширкати давлатии саҳҳомии холдингии «Барқи Тоҷик», Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳи оҳани Тоҷикистон, Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз фоида ва андози амвол – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ.
е) андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз ш.Турсунзода) – 100 фоиз;
Ш.Турсунзода – 53 фоиз ба буҷети ш.Турсунзода ва 47 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
ж) андози замин – 85 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
з) андоз барои истифодаи  маъданҳои зеризаминӣ – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
и) боҷи давлатӣ – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
к) андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
л) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
м) андозу боҷҳои маҳаллӣ (андоз аз фурўши чакана, андоз барои нигоҳ доштани нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, пардохти патент, боҷҳо ва ҳар гуна даромадҳои ғайриандозӣ) – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ.
 
Моддаи 6. Барои соли 1999 меъёрҳои (ставкаи) андоз аз фурўши нахи пахта ба андозаи 25 фоиз, аз ҳосиби соли 1999 ба андозаи 23 фоиз, барои алюминии аввала – 4 фоиз муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 7. Муқаррар карда шавад, ки дар соли  1999 маблағҳои аз хусусигардонии моликияти давлатӣ воридгашта ба тариқи зайл равона карда мешаванд:
- 90 фоиз  аз моликияти ҷумҳуриявӣ – ба Буҷети ҷумҳуриявӣ, аз моликияти коммуналӣ бошад ба буҷети маҳаллӣ;
- 9 фоиз барои пўшонидани хароҷот  вобаста бо ташкил ва тараққиёти сохторҳои инвестиционӣ  ва бозоргонӣ, ки барои дастгирии бизнеси хурд ва миёна равона гаштаанд;
- 1 фоиз барои пўшонидани хароҷоти  вобаста ба ташкил ва гузаронидани конкурсҳо, аукционҳои фурўши объектҳои моликияти давлатӣ.
 
Моддаи 8. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 1999 аз рўи даромад ба маблағи 115682,2 млн.рубл ва аз рўи хароҷот ба маблағи 170179,1 млн. рубл ва каср ба маблағи 54496,9 млн. рубл тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 9. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 1999 даромад аз тамоми субъектҳои хоҷагии дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷойгирбуда ба маблағи умумии 115682,2 млн. рубл муқаррар карда шавад:
аз ҷумла:
- аз андози арзиши иловашуда                                                  - 22101,1 млн.рубл;
- аз акцизҳо                                                                                         - 5030,6 млн. рубл;
- аз андози фурўш                                                                           - 42511,0 млн. рубл;
- аз андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд                        
 аз рўи системаи  оддишуда месупоранд                           - 13,5 млн.рубл;
- аз андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ                                        - 6579,1 млн. рубл;
- аз андози амволи корхонаҳо                                                     - 834,2 млн. рубл;
- аз андози даромад аз шахсони воқеӣ                                   - 615,0 млн. рубл;
- аз даромади хусусигардонии моликияти давлатӣ          - 6000,0 млн. рубл;
 
- аз  даромад аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ                  
  (даромадҳои гумрукӣ)                                                                 - 18185,0 млн.рубл;
- аз андози замин                                                                             - 1419,6 млн.рубл;
- аз фурўши вомбаргҳои давлатӣ                                              - 500,0 млн. рубл;
- воридот аз бозгашти кредитҳои давлатӣ                             - 2000,0 млн. рубл;
- даромад аз фурўши вексельҳои хазинадорӣ                     - 3000,0 млн.рубл;
- аз даромади Бонки миллии Тоҷикистон                             - 1000,0 млн. рубл;
- аз андозу даромадҳои дигар                                                     - 2566,1 млн.рубл;
- даромад аз донорҳои байналхалқӣ                                        - 3327,0 млн.рубл;
 
Моддаи 10. Хароҷоти Буҷети ҷумҳурӣ дар соли 1999 ба маблағҳои зерин тасдиқ карда шаванд:
- барои маблағгузории хоҷагии халқ                                       - 42024,3 млн.рубл;
   аз ҷумла:
комплекси сўзишворию энергетикӣ                                       - 2422,0 млн.рубл;
комплекси металлургӣ                                                                  - 120,0 млн.рубл;
комплекси сохтмон                                                                         - 4650,0 млн.рубл;
комплекси агросаноатӣ                                                                - 6728,7 млн.рубл;
комплекси нақлиёт ва алоқа                                                       - 9775,0 млн.рубл;
комплекси иҷтимоӣ                                                                        - 323,8 млн.рубл;
 
соҳаҳои хоҷагии халқ, ки ба комплексҳо                                
дохил нестанд:                                                                                   - 7322,6 млн.рубл;
хароҷоти дигар соҳаҳо                                                                   - 10682,2 млн.рубл;
 
- барои маблағгузории чорабиниҳои                                     
  иҷтимоию фарҳангӣ                                                     - 19108,7 млн.рубл;
   аз ҷумла барои:
Маориф                                                                                - 7418,1 млн.рубл;
   аз ҷумла ба:
Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон                           - 378,1 млн.рубл;
мактабҳои олӣ                                                                                   - 1712,0 млн.рубл;
мактабҳои миёнаи махсус                                                           -544,4 млн.рубл;
омўзишгоҳҳои касбию техникӣ                                                 - 1072,1 млн.рубл;
мактабҳои миёнаи умумӣ ва интернатҳои ҷумҳурӣ        - 3262,6 млн.рубл;
дигар муассисаҳо                                                                             - 448,9 млн.рубл;
 
Фарҳанг                                                                                                - 4378,1 млн.рубл;
 
Тандурустӣ                                                                                         - 4385,3 млн.рубл;
   аз он ҷумла:
- Фонди эпидемиологӣ                                                                   - 200,0 млн.рубл;
 
Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш                                                      - 74,5 млн.рубл;
 
Таъминоти иҷтимоӣ                                                                      - 2852,6 млн.рубл;
   аз ҷумла ба:
нафақа                                                                                                 - 1611,6 млн.рубл;
кўмакпулӣ барои кўдакон                                                           - 247,7 млн.рубл;
хароҷоти таъминоти муассисаҳои Вазорати                      
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ                                                                  - 993,3 млн.рубл;
 
- илм                                                                                                      - 1506,6 млн.рубл;
аз он ҷумла:
Академияи илмҳо                                                                            -768,5 млн.рубл;
 
- мақомоти судӣ                                                                - 1216,1 млн.рубл;
   аз он ҷумла:
Суди конститутсионӣ                                                                     -76,5 млн.рубл;
Суди Олӣ                                                                                             - 165,8 млн.рубл;
Суди Олии иқтисодӣ                                                                      - 75,8 млн.рубл;
дигар судҳо                                                                                         - 898,0 млн.рубл;
- мақомоти прокуратура                                                              - 1059,4 млн.рубл;
 
- таъминоти Маҷлиси Олӣ                                                           - 984,2 млн.рубл;
 
- таъминоти мақомоти идораи давлатӣ                 - 10802,2 млн.рубл;
   аз ҷумла:
Дастгоҳи иҷроияи Президент                                                     - 3708,4 млн.рубл;
дастгоҳҳои  вазорату идораҳо                                                     - 7093,8 млн.рубл;
 
- хароҷоти сафарҳои хизматии хориҷӣ ва                            
  фрахти самолёт барои мақомоти ҳокимияти                    - 744,6 млн.рубд;
  давлатӣ ва идораи давлатӣ
 
- расонидани  кўмаки яквақта ба он шаҳрвандони          
  ҷумҳурӣ, ки дар рафъи оқибатҳои садамаи                       - 12,0 млн.рубл;
  ИБА-и Чернобыль иштирок кардаанд
 
- хароҷоти тадбирҳои баргардонидани гурезаҳо                - 1000,0 млн.рубл;
 
- ҷубронпулиҳо ба аҳолӣ                                                               - 63,7 млн.рубл;
 
- таъминоти консулгариҳо, сафоратҳо ва                             
  дигар намояндагиҳои ҷумҳурӣ дар хориҷа                        - 2122,5 млн.рубл;
 
- хароҷоти  таъмини қарзи берунии давлатӣ                       - 21993,2 млн.рубл;
 
- хароҷоти  таъмини қарзи дохилии давлатӣ                       - 5000,0 млн.рубл;
 
- хароҷоти пардохти ҳиссаи ҷумҳурӣ дар                             
  ташкилотҳои байнидавлатии хориҷӣ                                    - 4511,4 млн.рубл;
 
- хароҷоти гузаронидани иҷлосияҳо,                                      
  раъйпурсиҳо  ва интихобот                                                       - 510,0 млн.рубл;
 
- маблағгузории чорабиниҳои дигар ва                                 
  ғайричашмдошт                                                                            - 9387,5 млн.рубл;
 
аз ҷумла:
- барои хароҷоти ш.Душанбе ҳамчун                                     - 2000,0 млн.рубл;
  пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Моддаи 11. Фонди эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999 ба маблағи  3500,0 млн.рубл тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 12. (Ба нусхаи асл замима мегардад).
 
Моддаи 13. Муқаррар карда шавад, ки гузаронидан ба ҳолати казармавӣ шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи мудофиаи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад.
 
Моддаи 14. Муқаррар карда шавад, ки барои шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Кумитаи  Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба Мудофиаи сарҳади давлатии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Полицияи андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии фельдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳо ва муфаттишҳои прокуратураҳо, судяҳо роҳкиро ба маҳали истифодаи асосии рухсатӣ ва роҳи бозгашт (як маротиба дар як сол) танҳо дар қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
 
Моддаи 15. (Ба нусхаи асл замима мегардад).
 
Моддаи 16. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 1999 пардохти ҳама намуди нафақаҳо, ёрдампулиҳо ва пардохтҳои иҷтимоӣ ғайр аз нафақахўрони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба Мудофиаи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Полицияи андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии фельдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд.
 
Моддаи 17. Муқаррар карда шавад, ки  дар соли 1999 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҳои ҳисобӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кўмакпулиҳо, хўрокворӣ ва дорувор дохил карда мешаванд.
Моддаҳои мазкури хароҷот дар раванди иҷроиши буҷет сарфи назар аз дараҷаи касри буҷет кам карда намешаванд ва барои иҷроиш ҳатмӣ мебошанд.
 
Моддаи 18. Ҳаҷми  маблағҳои мақсаднок аз Буҷети ҷумҳурӣ ба буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 14168,6 млн. рубл, аз он ҷумла ба ш.Кўлоби вилояти Хатлон 263,0 млн. рубл тасдиқ карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои мақсаднок аз Буҷети ҷумҳурӣ ба буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат, маблағгузориҳои  асосӣ  бо дарназардошти иҷрои  даромади буҷети онҳо ҷудо карда мешаванд.
 
Моддаи 19. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳое, ки аз афзоиши даромадҳо нисбат ба хароҷот аз рўи ҷамъбасти соли 1998 ба даст меоянд, барои пўшонидани касри буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо равона карда мешаванд.
 
Моддаи 20. Ҳаҷми маблағгузориҳои асосии давлатие, ки аз Буҷети давлатии соли 1999 бо пул таъмин карда мешаванд, ба андозаи 34500 млн. рубл тасдиқ карда шавад, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳурӣ – 30570 млн. рубл мувофиқи замимаи № 1 тасдиқ карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи (ҳокимият) ҳукумати Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар раванди иҷрои буҷет  хароҷотро барои маблағгузориҳои асосӣ қатъиян дар доираи буҷети тасдиқшудаи соли 1999 риоя намоянд.
 
Моддаи 21. Пули нақди гардони кассавии Буҷети ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2000 ба маблағи 1500 млн. рубл тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 22. (Ба нусхаи асл замима мегардад).
 
Моддаи 23. (Ба нусхаи асл замима мегардад).
 
Моддаи 24. Муқаррар карда шавад, ки мўҳлати пардохти қарзҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба тариқи  бефоиза ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пўшонидани касри буҷети солҳои 1995-1998 додааст, то 1 январи соли 2001 идома дода мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 1999 барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 5 млрд. рубл ба тариқи бефоиза қарзи мақсаднок ҷудо кунад.
 
Моддаи 25. Муқаррар карда шавад, ки тамоми амалиёт дар мавриди иҷрои кассавии Буҷети давлатӣ аз ҷониби муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, беподош анҷом дода шавад.
 
Моддаи 26. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки дар ҳолати пайдо кардани манбаъҳои иловагии даромад ба қисми даромад ва хароҷотии буҷет, аз ҷумла ба лимити маблағгузориҳои асосӣ, тағйироти зарурӣ ворид намояд.
 
Моддаи 27. Ҳисобот оиди иҷроиши  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1997 аз рўи даромад бо дарназардошти кредити Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 109018,4 млн. рубл, аз рўи хароҷот ба маблағи 105081,4 млн. рубл, бо зиёд  будани даромад нисбати хароҷот ба маблағи 3937,0 млн. рубл тасдиқ карда шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                          Э.Раҳмонов
 
ш.Душанбе, 13 ноябри соли 1998
№ 673
 
__________________________
 
 
 
Замимаи № 1 ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999»
 
Нақшаи ҷамъбастии сармоягузорӣ дар соли 1999
 
 
Номгўи Вазорат ва идораҳо
Лоиҳаи буҷет барои соли 1999
 
Буҷети ҷумҳурӣ
Буҷетҳои маҳалӣ
Ҷамъи буҷети давлатӣ
I
II
III
IV
Вазорати мудофиа
 300
 
300
Вазорати корҳои дохилӣ
500
 
500
Вазорати амният
250
 
250
Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ
420
 
420
Кумитаи оид ба ҲФ ва МГ
400
 
400
Вазорати маориф
1945
555
2500
Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
100
 
100
Вазорати тандурустӣ
1570
630
2200
Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳ
1500
 
1500
Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ
70
 
70
Вазорати молия
200
 
200
Вазорати кишоварзӣ
150
400
550
Вазорати мелиорация ва хоҷагии об
2000
 
2000
КД «Тоҷиккоммунсервис»
1400
2245
3645
Кумитаи оиди корҳои меъморӣ ва сохтмон
65
 
65
ҶСШК «Сангтуда»
4500
 
4500
ШДСҲ «Барқи Тоҷик»
1200
 
1200
ШД «Тоҷикгидроэнергострой»
50
 
50
Академияи улум
400
 
400
ШҲДҶТ «Тоҷикистон»
200
 
200
Кумитаи нафту газ
840
 
840
Роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кўлоб
7000
 
7000
ИМХ Дастгоҳи Президент
2600
 
2600
ИИХҶ «Тоҷиклес»
30
 
30
Агентии омори давлатӣ
100
 
100
Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ
100
 
100
РСА ш.Душанбе
100
 
100
ДМС ш.Хуҷанд
120
 
120
ШСА Ҳукумати ноҳияи Данғара
450
 
450
Комплекси Давлатии «Кохи Ваҳдат»
300
 
300
Вазорати фарҳанг
 
100
100
РСА вилояти Ленинобод
120
 
120
Кумитаи кор бо ҷавонон
300
 
300
ШСА Ҳукумати шаҳри Кўлоб
550
 
550
ШСА Ҳукумати ноҳияи Балҷувон
100
 
100
ШСА Ҳукумати ноҳияи Дарбанд
240
 
240
ШСА Ҳукумати ноҳияи Бешкент
200
 
200
ШСА Ҳукумати ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ
200
 
200
Ҳ А М А Г Ӣ
30570
3930
34500
Аз он ҷамла Ҳукумати вилоятҳо, шаҳрҳо ва  ноҳияҳо:
 
 
 
ВМКБ
 
500
 
Вилояти Хатлон
 
1300
 
Вилояти Ленинобод
 
1000
 
Шаҳри Душанбе
 
650
 
Шаҳри Кофарниҳон
 
60
 
Шаҳри Турсунзода
 
40
 
Ноҳияи Варзоб
 
40
 
Ноҳияи Ленин
 
40
 
Ноҳияи Файзобод
 
40
 
Ноҳияи Ҳисор
 
60
 
Ноҳияи Ғарм
 
40
 
Ноҳияи Ҷиргатол
 
40
 
Ноҳияи Тавилдара
 
40
 
Ноҳияи Тоҷикобод
 
40
 
Ноҳияи Шаҳринав
 
40