ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1916 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1919 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶОВИДОН ГАРДОНИДАНИ ХОТИРАИ ҲАЛОКШУДАГОН ҲАНГОМИ ҲИФЗИ ВАТАН" Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.10.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1890 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ БИОЛОГӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:30
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
88
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.03.2005

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ БИОЛОГӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №3, мод. 128; соли 2007, №7, мод.692)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми декабри соли 2004, № 1269 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 12 (қисми 3), соли 2004, моддаи 706) қабул гардидааст.

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 602 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 78) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Боби I. Муқаррароти  умумӣ

            Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

            Қонуни мазкур намудҳои фаъолияти  вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истифода бурдан, воридот, содирот, истеҳсол ва фурўши организмҳои бо истифодаи усули биотехнологияи замонавӣ аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро танзим намуда, ба кам намудани хавфи таъсири номатлуби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба саломатии инсон, гуногунии биологӣ, мувозинати экологӣ ва ҳифзи  муҳити  зист нигаронида шудааст.

                                                                                                                                               

            Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки  дар Қонуни мазкур  истифода мешаванд

            Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

            организм-тамоми мавҷудоти зиндае, ки қобилияти дучандшавии маводи генетикиро доро мебошад;

            организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - ҳар гуна организм, ба истиснои организми инсон, ки маводи генетикиаш бо роҳҳои ғайри дурагакунӣ ё ба таври ғайри табиии дучандшавӣ тағйир дода шудааст;

            микроорганизм - организмҳои зиндаи хурд, ки дар табиат паҳн гардидаанд ва суръати  баланди афзоиш ва паҳншавӣ дошта, ба гузаронидани маводи генетикӣ қобилият доранд;

            биотехнологияи ҳозиразамон - истифодаи усулҳои навшудаи кислотаҳои нуклеинӣ ва усулҳои омехташавии ҳуҷайраҳо, ки  аз   усулҳои  хоси селексия ва беҳтаркунии навъҳо фарқ намуда, монеаҳои табиии такрористеҳсолкунӣ ё усулҳои навшударо бартараф месозад;

            истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - фаъолият ё маҷмўи намудҳои фаъолияте, ки мақсади он ба даст овардан ва ба фурўш баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда, аз ҷумла таҳқиқ, озмоиш ва ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии онҳо мебошанд;

            истифодабарӣ дар системаҳои  маҳдуд - ҳар кадом амалиёте, ки дар рафти он микроорганизмҳо (организмҳо) дар фазо ё  муҳити маҳдуди ҷудо карда  ва таҳти назорат қарорёфта бо истифодаи чораҳои махсуси ҷудокунӣ  барои  маҳдуд ё  истисно кардани  робитаи чунин организмҳо бо одамон ва  муҳити  зист аз ҷиҳати генетикӣ тағйир меёбанд ё организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта парвариш ва афзоиш меёбанд, ҷамъ мешаванд, истифода мегарданд, интиқол ва нобуд сохта ва ё безарар гардонида мешаванд;

            истифодабаранда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истеҳсол ва фурўхтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд ё кушода, инчунин  бо ба даст овардан, озмудан, истеҳсол ва фурўхтани маҳсулоти аз ин организмҳо ҳосилшуда  масъул аст ва ба амал мебарорад;

            ворид намудани мақсаднок ба муҳити зист - дидаю дониста ба муҳити зист ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки қабули чораҳои махсуси ҷудокуниро тақозо намекунанд ва бо дараҷаи баланди бехатарӣ барои одамон ва муҳити зист фарқ мекунанд;

            ворид намудани беғаразона ба муҳити зист- ҳар ҳодисаи ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки натиҷаи ғаразнок надошта бошад;

            воридсозӣ ба бозор- таҳвилдиҳии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ба музд ё ба таври ройгон ба тарафи сеюм;

            садама- ҳодисае, ки боиси беғаразона ба муҳити зист ворид намудани микроорганизмҳои (организмҳои) зиёд дар рафти истифодаи онҳо дар системаҳои маҳдуд  гардида, барои саломатии одамон ва муҳити зист оқибатҳои фаврӣ ё минбаъда дошта метавонад;

            маҳсулоти истеҳсолшуда аз организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - маҳсулоте, ки аз як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо иборат аст ё дорои як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо буда, ба бозор ворид карда мешавад;

            маҳсулоти коркардшуда - маҳсулоте, ки бо роҳи коркарди организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, баъзе қисмҳои онҳо ё баъзе метаболитҳо (мубодилаи  моддаҳо) ва моддаҳои ҳосилкардаи онҳо ба даст оварда шудааст;

            маҳсулоти тозашуда - маҳсулоте, ки аз организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо роҳи коркард, тозакунӣ ба даст оварда шудааст (масалан: инсулин, энзимҳои гуногун, равған ва монанди инҳо);

            санҷиши саҳроӣ - таҷрибае, ки аз омўзиши организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар шароити саҳро иборат буда, дар зери назорат қарор дорад ва  боварӣ ҳаст, ки ин организмҳо баъди ба итмом расидани таҷриба дар муҳит боқӣ намемонанд;

            парвариш, истеҳсол дар шароити саҳро, паҳншавӣ  ба ҳудудҳо  - ба муҳити зист мақсаднок ворид сохтани организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо мақсади парвариш, истеҳсол ё афзоиш додан, ки аллакай хусусият ва мақсади таҷрибавӣ надорад;

            баҳодиҳии хатар - арзёбии оқибатҳои бевоситаю бавоситаи фаврӣ ё минбаъдаи ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё қисми таркибии онҳо барои саломатии  одамон ва муҳити зист; 

            танзими хатар - таҳия ва истифодаи маҷмўи чорабиниҳо барои амалӣ шудани мониторинги хатар ва чораҳое, ки дар сурати рўй додани садама андешида мешаванд;

            интиқоли байнисарҳадии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - бо ҳар гуна роҳ гузаронидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо, инчунин маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда аз ҳудуди як давлат ба ҳудуди давлати дигар;

            интиқоли байнисарҳадии мақсаднок - ҳар гуна амалиёти содиротию воридотии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки бо иҷозати мақомоти салоҳиятноки давлатӣ мутобиқи қоидаҳои миллӣ ва байналмилалӣ сурат мегирад;

            интиқоли байнисарҳадии беғаразона- надониста аз сарҳад гузаронидани ҳар гуна организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки оқибати он бояд аз нуқтаи назари бехатарии биологӣ ва бехатарии саломатии одамон бо дидани чораҳои дахлдор арзёбӣ карда шавад;

            воридкунанда- шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар доираи ҳуқуқии давлат қарор дошта, воридотро ба амал мебарорад ва воридоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, таркиби чунин организмҳо ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо ташкил менамояд ва барои он масъул аст;

             содиркунанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар доираи ҳуқуқии давлат қарор дошта, содиротро ба амал мебарорад ва содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, таркиби чунин организмҳо ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо ташкил менамояд ва барои он масъул аст;

            огоҳнома - ҳуҷҷатест, ки тавассути он шахс дар бораи фаъолияте, ки амалӣ мегардонад, бо мақсади гирифтани иҷозат Комиссияи миллиро оид ба бехатарии биологӣ огоҳ месозад;

             минтақаи бехатарии генетикӣ - ҳудуде, ки дар он ба ягон фаъолияти вобаста ба истифодабарии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта роҳ дода намешавад;

            маводи  генетикӣ – маводҳое, ки  аз организмҳои  зиндаи тағйирдодашудаи  алоҳида, ё дар натиҷаи  комбинатсияи якчанд организмҳои зиндаи ба таври  генетикӣ тағйирдодашуда  ба вуҷуд оварда шудаанд;

            инженерияи  генӣ –  фаъолияте, ки   бо усули нави  биотехнологӣ таркиби наслии организмҳои зиндаро дигаргун намуда, организмҳои  сифатан навро  ба  вуҷуд  меорад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ

            Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳукуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф  кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Фаъолияти вобаста ба бехатарии биологӣ

            Муқаррароти Қонуни мазкур ба намудҳои фаъолияте, ки ба ин масъалаҳо  алоқаманданд, татбиқ мешавад:

            - дар системаҳои сарбаста бо мақсадҳои гуногун ба даст овардан, афзоиш додан, воридоту содирот  намудан, санҷидан ва истифода бурдани микроорганизмҳо, растаниҳо ва ҳайвоноти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо истифодаи тарзу усулҳои биотехнологияи замонавӣ;

            - ба муҳити зист ва ба бозор ворид сохтани мақсадноки организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо истифодаи усулҳои биотехнологияи замонавӣ, аз ҷумла ҳар гуна таркиби зиндае, ки онҳо ба такрористеҳсолкунии организмҳо қобиланд, аз қабили тухмӣ, бехмева, қаламча, гарди гул ва ғайра;

            - беғаразона ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба муҳити зист;

            -ба муҳити зист ва бозор ворид намудани мақсадноки маҳсулоти коркардшуда, ки дорои организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё   қисматҳои ғайризиндаи организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёбанда  дар намуди коркардшуда ё коркарднашуда;

            - ҳамаи намуди тадқиқоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, аз ҷумла тадқиқоти лабораторӣ, клиникӣ, саҳроӣ, таҷрибавию саноатӣ;

            - беғаразона ё  ғайриқонунӣ аз сарҳад гузаронидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;

  • нигоҳдорӣ, гўронидан, нобуд намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда, безараркунии партовҳо, ки натиҷаи истифодаи усулҳои биотехнологияи замонавӣ мебошанд;

-амалиётҳои оид ба воридоту содироти мақсадноки  организмҳои  аз  ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта  ва  маҳсулоти  аз  онҳо  ҳосилшуда.

   Таҳти амали Қонуни мазкур организмҳое, ки бо усули инженерияи генӣ ба даст омада, бо ҳосил намудан, санҷидан ва фурўхтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта пешбинӣ гардидаанд, маҳсулотҳои тозакардашуда, аз ҷумла доруҳои фармасевтӣ, ки барои инсон ва истифода дар соҳаи байторӣ таъин шудаанд, фаъолият оид ба интиқол, новобаста ба тарзи интиқол, инчунин амалиёт оид ба фурўш ва воридоту содирот, ки бо санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд, қарор намегиранд.

 

            Моддаи 5. Талаботи асосӣ оид ба  муайян намудани дараҷаи хатари воқеӣ

            Вобаста ба дараҷаи хатари воқеӣ барои саломатии инсон ва муҳити зист, ки ҳангоми амалӣ гардидани намудҳои фаъолияте, ки Қонуни мазкур ба танзим медарорад, барои системаҳои маҳдуд  дараҷаҳои зерини хатар муқаррар карда мешаванд:

            - дараҷаи I-ба фаъолияти дорои хатари начандон зиёд, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои ғайрипатогенӣ ё бидуни хатар муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд;

            - дараҷаи II- ба фаъолияти дорои хатари кам, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои шартан патогенӣ (касалиовар) муқоиса мешавад,  мутобиқат менамояд;

            - дараҷаи III- ба фаъолияти дорои хатари мўътадил (миёна), ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои қобили гузаронидани сироятҳо муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд;

            - дараҷаи IV – ба фаъолияти дорои хатари зиёд, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои қобили паҳнкунии инфексияҳои махсусан хавфнок муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд.

            Намудҳои фаъолияте, ки бо микроорганизмҳо дар системаи маҳдуд дар ҳаҷме, ки аз тадқиқоти лабораторӣ зиёд аст ва ҳамчунин дар системаҳои кушода амалӣ карда мешавад, ба дараҷаҳои III ва  IV- и хатар мансуб аст.

            Моддаи 6. Иҷозатномадиҳӣ  (литсензиядиҳӣ) ба фаъолият дар соҳаи бехатарии биологӣ

       (Моддаи 6  хориҷ карда шуд, тибқи Қ ҶТ аз 30.07.07с №330 )

 

 

 

Боби II.  Идоракунии давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии биологӣ

Моддаи  7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ инҳо мансубанд:

- тасдиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар ин соҳа;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои таъмини бехатарии биологӣ;

- муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ;

- равона кардани сиёсат ба нигоҳдории гуногунии биологӣ чун сарвати миллӣ, ки бехатарии биологии мамлакатро таъмин менамояд;

- таъсис ва тасдиқи Комиссияи миллӣ;

- иҷрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи  8. Салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба  таъмини бехатарии биологӣ

Ба салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ инҳо дохил мешаванд:

- амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии биологӣ;

- танзим ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба татбиқи стратегия ва нақшаи миллии амалиёт барои нигоҳдории гуногунии биологӣ;

- таҳияи лоиҳаҳо ва ташкили кор оид ба нигоҳдории гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ;

- тартиб додани маърўзаҳо, ҳисобот, шиносномаҳои экологӣ, лоиҳаҳои миллии ҳифзи табиат ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳифзи табиат;

- муайян намудани захираҳои биологӣ;

 - таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии байналмилалӣ ва муқаррар кардани равобит бо ташкилотҳои байналмилалӣ;

- иҷрои дигар вазифаҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

 

Боби III. Истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати  генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд

Моддаи 9. Ташкили фаъолият ва баҳодиҳии хатар дар системаҳои маҳдуд

            Барои ташкили фаъолият оид  ба истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд  истифодабаранда бояд ба ин фаъолият аз нуқтаи назари хатарнокӣ барои саломатии инсон ва муҳити зист баҳо дода, онро ба яке аз дараҷаҳои хатаре, ки дар қисми 1 моддаи 5 номбар шудааст, нисбат диҳад ва ба  Комиссияи миллӣ огоҳномаро пешниҳод намояд.

            Ҳангоми баҳодиҳӣ ҷиҳатҳое, ки ба ҷудо кардани партовҳо ва қабули чораҳои зарурӣ барои ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист дахл доранд, махсусан ба назар гирифта мешаванд.

            Баҳодиҳӣ ва дидани чораҳои доир ба муҳофизат, ки дар қисми 1 ҳамин модда  пешбинӣ гардидаанд, бояд давра ба давра, инчунин дар ҳолатҳои зерин аз нав дида шаванд:

            - агар исбот шуда бошад, ки баҳодиҳӣ нодуруст гузаронида шудааст, дар ин ҳолат маълумотҳои нави тадқиқоти илмӣ ё техникӣ ба эътибор гирифта мешавад;

            - ё ин ки дидани чораҳо оид ба ҷудокунӣ комилан мувофиқ нестанд ё дараҷаи муқарраргардидаи хатар барои истифода дар  системаҳои сарбаста тағйир ёфтааст.

 

            Моддаи 10. Ахбороти махфӣ оид ба микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

            Дар огоҳномае, ки ба  Комиссияи миллӣ дархосткунанда мефиристад, асосҳои заруриро пешниҳод намуда, нишон медиҳад, ки кадом ахборотро ба сифати  ахбори махфӣ баррасӣ намояд.

            Қарор дар бораи махфӣ донистани ахборот аз ҷониби  Комиссияи миллӣ баъди бо дархосткунанда маслиҳат намудан қабул гардида, дар бораи қарори қабулшуда вай огоҳ карда мешавад.

            Ахбороти зерин махфӣ шуморида намешавад:

            - тавсифоти умумии микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, ном ва суроғаи дархосткунанда,  мақсад ва маҳалли истифодабарӣ;

            - дараҷаи хатаре, ки ба он фаъолият оид ба истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд ва чораҳои оид ба ҷудо кардан (изолятсия) марбут дониста мешаванд;

            - хулосае, ки дар натиҷаи омўзиши баҳодии хатар барои саломатии инсон ва муҳити зист пешниҳод карда шудааст;

            - тарзу усулҳо ва нақшаи мониторинг, инчунин чораҳое, ки дар ҳолати садама дида мешаванд.

             Комиссияи миллӣ ҳақ надорад, ки ба тарафи сеюм ягон ахбороти махфӣ донисташударо фош намояд ва ўҳдадор аст ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки бо ахбороти ба дастомада алоқаманд аст, ҳифз кунад.

            Агар дархосткунанда бо ягон сабаб огоҳномаро бозхонд намояд,  Комиссияи миллӣ бояд махфиятро нисбати ахбороти гирифтааш риоя кунад.

 

Моддаи 11. Санҷиши пеш аз истифодабарии микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд

            Комиссияи миллӣ пеш аз истифодабарии микрооганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд месанҷад, ки:

            - оё нақшаи таъҷилӣ барои истифодабарӣ дар системаҳои маҳдуд дар мавриди ғайрисамаранок будани чораҳои оид ба ҷудокунӣ   метавонад оқибатҳои ҷиддии фаврӣ ва минбаъдаро нисбат ба саломатии инсон  ва ё муҳити зист берун аз маҳали ҷойгиршавии дастгоҳ дошта бошад, тайёр карда шудааст;

            - оё дар бораи чунин нақшаҳои таъҷилӣ оид ба ҳатмӣ будани ҳамроҳкунӣ  барои истифодабарии чораҳои бехатарӣ ба мақомоти барои пешгирии садама манфиатдор  ба таври зарурӣ  ахборот пешниҳод намудааст. Ахборот бояд муҳим ва ошкоро бошад.

Комиссияи миллӣ ба мақоми салоҳиятноки дигар мамлакатҳо иттилоотеро,  ки дар қисми 1 ҳамин модда  пешбинӣ шудааст, мутобиқи қоидаҳои  байналмилалии  соҳаи мазкур пешниҳод менамояд.

           

            Моддаи 12. Чораҳои огоҳкунӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ 

            Дар сурати гирифтани ахбороти нав ё ҳангоми тағйир ёфтани шароити истифодабарӣ дар системаҳои маҳдуд, ки он метавонад аз нуқтаи назари хатарҳои эҳтимолӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, истифодагар ўҳдадор аст дар ин бора фавран ба Комиссияи миллӣ хабар дода, огоҳномаро тағйир диҳад.

            Агар баъди додани иҷозат Комиссияи миллӣ ахборот гирад, ки истифодаи мазкур дар системаҳои маҳдуд  метавонад барои саломатии инсон ва муҳити зист оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, вай бояд аз истифодагар тағйир додани шароити истифодаро талаб намояд ва агар ин талаб иҷро карда нашавад, барои боздоштан ё манъ кардани фаъолият чораҳо бинад.

 

            Моддаи 13. Ўҳдадории истифодабаранда ҳангоми рўй додани садама

            Дар сурати рўй додани садама истифодабаранда бояд дар ин хусус фавран ба Комиссияи миллӣ хабар дода, ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд:

            - иттилоот дар бораи ҳолатҳои садама;

            - маълумот дар бораи намуд ва миқдори истифодашудаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;

            - ҳар гуна иттилооте, ки барои баҳодиҳии оқибатҳои садама нисбати саломатии инсон ва муҳити зист зарур аст;

            - маълумот дар бораи чораҳои дидашуда.

            Дар сурати рўй додани садама Комиссияи миллӣ:

            - дар ин бора фавран аҳли ҷомеаро хабардор намуда, ба дараҷаи хатари ба амаломада барои саломатии инсон ва муҳити зист баҳо медиҳад ва онро нишон медиҳад;

            - ба садама баҳои пурра дода, дар сурати зарурат барои пешгирии чунин садамаҳо дар оянда, инчунин ба оқибатҳои имконпазири чунин садамаҳо роҳ надодан тавсия медиҳад;

            - андешидани чораҳои зуруриро таъмин менамояд ва аз рўи вазъият ба мақоми  салоҳиятноки  давлате, ки ба чунин садамаҳо дахл карданаш мумкин аст, фавран хабар медиҳад.

 

Боби IV. Ба муҳити зист дохил кардани мақсадноки организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

 

            Моддаи 14. Тартиби ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

            Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пеш аз ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо ба мақсади тадқиқот, санҷиш, инкишоф ё дигар мақсад, ба истиснои истеҳсолот барои баровардан ба бозор, бояд ба Комиссияи миллӣ огоҳнома пешниҳод намоянд.

            Огоҳнома бояд инҳоро дар  бар гирад:

            - ҷамъи ҳуҷҷатҳои техникӣ бо ахбороти дар Низомнома пешбинишуда барои баҳодиҳии хатарҳои пешбинигардидаи фаврӣ ё минбаъда организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо барои саломатии одамон ва ё муҳити зист мумкин дошта бошанд;

            - баҳои таъсир ва хатар барои саломатии одамон ва ё муҳити зист, ки бинобар ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта  ва ё таркиби чунин организмҳо ба вуҷуд омадааст;

            - ё иттилооте, ки дархосткунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ё берун аз он дар бораи натиҷаҳои ворид сохтани чунин организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё чунин таркиби ин  организмҳо гирифтааст ва огоҳнома дар ин бора пештар ё дар худи ҳамон вақт дода шудааст.

            Комиссияи  миллӣ  метавонад иҷозат диҳад, ки  дар ҷои муайян ба муҳити зист ворид сохтани таркиби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамон як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар ҷойҳои гуногун бо ҳамон як мақсад ва дар давраи маҳдуд  дар  як огоҳнома  ба  расмият дароварда шавад.

            Дар сурати минбаъд дохил кардани ҳамон организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамон таркиби ин организмҳо, ки дар бораи он ҳамчун қисми ҳамон як барномаи тадқиқот (санҷиш) огоҳ карда шуда буд, дархосткунанда бояд огоҳномаи нав пешниҳод намуда, ба он маълумотҳои огоҳномаҳои пештараро ва ё маълумотҳои натиҷаҳои қайдшудаи воридсозиҳои пештараро дохил намояд.

            Дар сурати тағйир ёфтани шароити воридсозии  мақсаднок, ки он барои саломатии одамон ва ё муҳити зист оқибатҳо дошта метавонад ё пайдо шудани ахбороти нав дар бораи хатар дархосткунанда ўҳдадор аст:

- чораҳои дар огоҳнома пешбинишударо аз нав дида барояд;

            - дар ин бора ба Комиссияи миллӣ  хабар диҳад;

            - барои ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист чораҳои зарурӣ бинад.

            Агар иттилоот оид ба оқибатҳои зиёди имконпазири ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта баъди гирифтани иҷозати дахлдор аз ҷониби истифодабаранда маълум гардад, Комиссияи миллӣ бояд аз  ў тағйир додани шароити воридсозиро талаб намояд. Дар сурати итоат накардан Комиссияи миллӣ боз доштан ё манъи ин фаъолиятро талаб мекунад.

 

            Моддаи 15. Тартиби дида баромадани дархостҳо

            Дархосткунанда фаъолиятро танҳо баъди гирифтани иҷозат, ки онро Комиссияи миллӣ додааст ва дар сурати риояи шароитҳои муқарраргардидаи он, аз ҷумла оид ба муайян намудани минтақаи бехатарии генетикӣ оғоз карда метавонад. Ҳудудҳои табиӣ, ки давлат ҳифз менамояд (мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва боғҳои ботаникӣ) аз истифода ва паҳн намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта озод буда, ҳудудҳои бехатарии генетикӣ мебошанд.

            Агар Комиссияи миллӣ чунин шуморад, ки дархосткунанда таҷрибаи кофии ба муҳити зист дохил кардани организмҳои муайяни  аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро дорад, он гоҳ бо назардошти мувофиқати меъёрҳое, ки дар Низомнома муқаррар шудааст, метавонад татбиқи қоидаҳои одии воридсозиро иҷозат диҳад.

            Иҷозате, ки Комиссияи миллӣ барои ба муҳити зист  ворид сохтани мақсадноки растаниҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро медиҳад, ҳангоми бақайдгирии навъҳо барои санҷиши   арзишҳои агрономӣ ва технологӣ ҳатмӣ буда, онро ба мақсади истеҳсол дар ҷумҳурӣ Комиссияи давлатӣ оид ба санҷиши навъҳои растаниҳо ба амал мебарорад.

            Ҳамаи навъҳое, ки аз организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба вуҷуд омада, ба шароитҳои санҷиш ба арзишҳои агрономӣ ва технологӣ мувофиқанд, дар феҳристи навъҳои растаниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

 

Боби V. Ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ  тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда

Моддаи 16 . Тартиби ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда

            Ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда танҳо дар асоси иҷозате,   ки  Комиссияи миллӣ  мутобиқи талаботи боби lV Қонуни мазкур додааст, сурат мегирад.

            Агар фаъолияти оид ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда амалиёти воридоту содиротро фаро гирад, он таҳти амали моддаҳои  18-24 қарор мегирад.

            Иҷозате, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, танҳо дар сурати иҷрои шартҳои зерин дода мешавад:

            - мутобиқати ин организмҳо  ва маҳсулот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

            - мутобиқати онҳо ба талаботе, ки ба баҳодиҳии хатарҳо барои саломатии инсон ва муҳити зист мансуб аст.

            Моддаи 17.  Огоҳнома оиди бори нахуст ба бозор баровардани организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Пеш аз бори нахуст ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда истеҳсолкунанда ё аз рўи вазъият воридкунанда ба Комиссияи миллӣ огоҳнома пешниҳод менамояд, ки бояд дорои  мазмуни зерин бошад:

            - ахбороти дар назар доштаи  Низомнома, ки дар он аз ҷумла маълумотҳои ба дастовардаи истифодабаранда дар рафти тадқиқот, санҷиш ва инкишоф ифода ёфта, мутобиқи нуқтаҳои боби IV Қонуни мазкур гузаронида шудааст;

            - баҳои хатар барои саломатии одамон ва муҳити зист;

            - шароити ба бозор баровардани маҳсулот, аз ҷумла шароитҳои хоси истифода ва кору амал, инчунин тавсия оид ба борбандӣ ва нишону тамғазанӣ.

            Агар дар асоси натиҷаҳои ягон воридсозӣ ба муҳити зист, ки дар бораи он пештар огоҳ карда буданд ва барои он тибқи талаботи Қонуни мазкур иҷозат гирифта шудааст ё дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дархосткунанда ба хулоса омадааст, ки ба бозор баровардан ва истифода бурдани маҳсулот барои саломатии инсон ва муҳити зист хатар надорад, вай метавонад дар огоҳнома дар бобати татбиқи қоидаҳои оддии иҷозат хоҳиш намояд.

            Дархосткунанда дар огоҳнома маълумотеро, ки дар натиҷаи ба муҳити зист ворид сохтани ҳамин хел организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё   таркиби организмҳои мазкур ба даст овардааст, дохил менамояд, ки дар бораи он вай пештар огоҳнома додааст ё онро дар   саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он амалӣ гардондааст.

            Барои ҳар кадом маҳсулоти наве, ки ҳамин хел  организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамин хел таркиби организмҳои мазкурро дорад, ё аз онҳо ё аз таркиби онҳо иборат буда, вале барои истифодаи дигар таъин шудааст, огоҳномаи алоҳида фиристонида мешавад.

 

Боби VI. Воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ  тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда

 

Моддаи 18. Фаъолияти асосӣ оид ба воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳатӣ генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда

Фаъолият оид ба  воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда дар мавридҳое сурат мегирад, ки шартҳои пешниҳоди огоҳнома ва шартҳои иҷозатнома, ки дар моддаҳои 20 ва 21 пешбинӣ гардидаанд, иҷро шуда бошанд, ё талаботи махсус доир ба огоҳнома, мувофиқакунӣ, иҷозатномадиҳӣ, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф  кардааст, иҷро шуда бошанд.

Фаъолият оид ба воридоту содирот бояд ба талаботи зерин ҷавобгў бошад:

- дар сурати зарурат истифода бурдани тартиби ризоияти асосноки пешакии Комиссияи миллӣ мутобиқи моддаи 19  ҳамин Қонун;

- баҳодиҳии хатарҳо мутобиқи талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур;

- риояи талабот оид ба тамғаю нишонгузорӣ, интиқол ва кору амал;

- таъмини мубодилаи иттилоот;

- паҳн накардани иттилооти махфӣ ва риояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ;

- пешгирӣ намудани ҳамлу нақли ғайриқонунӣ, интиқоли беғаразонаи байнисарҳадӣ ва таъмин намудани қабули чораҳои мувофиқ дар ҳолати рўй додани ҳолатҳои фавқулодда.

 

Моддаи 19. Тартиби ризоияти асосноки пешакӣ

Тартиби ризоияти асосноки пешакӣ инҳоро дар бар мегирад:

- муқаррар кардани намудҳои фаъолият, ки нисбати онҳо ин қоидаҳо татбиқ мегарданд;

- огоҳ намудан дар бораи мақсади  ба амал баровардани воридоту содирот;

- иҷозат додани фаъолият оид ба воридоту содирот;

- дар сурати зарурат аз нав дида баромадани қарори пештар қабулкардаи Комиссияи миллӣ.

Ба тартиби ризоияти асосноки пешакӣ фаъолияти оид ба воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мансуб аст, ки бо мақсадҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

- истифодаи  онҳо дар системаҳои  маҳдуд дар миқёси мамлакат;

-санҷишҳои саҳроӣ дар  саросари  мамлакат;

- ғаразнок ворид намудани онҳо ба муҳити зист ва ба бозор баровардан.

 

Моддаи 20. Огоҳсозии Комиссияи миллӣ

Воридкунандагон пеш аз амалӣ сохтани воридоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ўҳдадоранд дар ин бора Комиссияи миллиро огоҳ намоянд.

Комиссияи миллӣ тартиби пешниҳоди огоҳномаро муқаррар намуда, онро ба маълумоти тарафҳои манфиатдор мерасонад.

Дархосткунанда барои дуруст будани ахбороте, ки ба Комиссияи миллӣ мувофиқи дархости он ба тариқи огоҳнома ё бо дигар роҳ пешниҳод намудааст, масъул аст.

Комиссияи миллӣ дар мўҳлати 90 рўзи қабули огоҳнома ба дархосткунанда дар бораи қабули он дар шакли хаттӣ тасдиқнома ирсол менамояд.

 

Моддаи 21. Қарори Комиссияи миллӣ оид ба додани иҷозат ба воридот

Қарори Комиссияи миллӣ оид ба додани иҷозат ба воридот ба талаботи моддаи 18 ҳамин Қонун,  аз ҷумла  ба  маълумотҳои баҳодиҳии  хатарҳо асос карда мешавад.

Комиссияи миллӣ дар мўҳлати пешбининамудаи қисми 4 моддаи 20 ҳамин Қонун  бояд дархосткунандаро  огоҳ намояд, ки:

- воридот мумкин аст бе додани иҷозат бо нишон додани шартҳои он амалӣ гардонида шавад,  ё 

- воридот мумкин аст танҳо дар асоси иҷозатномае, ки Комиссияи миллӣ додааст, амалӣ гардонида шавад.

Комиссияи миллӣ дар мўҳлати  90 рўз баъди тасдиқи қабули огоҳнома яке аз ин қарорҳоро қабул мекунад:

- ба амалӣ гардонидани воридот  бо шартҳо ё бидуни онҳо бо возеҳ кардани он, ки онҳо барои воридоти минбаъдаи ҳамон организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз он ҳосилшуда чи тавр татбиқ карда мешавад, иҷозат диҳад;

- воридотро манъ намояд;

- мутобиқи Низомнома пешниҳоди иттилооти иловагиро талаб намояд;

- мўҳлати қабули қарорро дар даврае, ки барои баҳодиҳии  иттилооти иловагии аз дархосткунанда ё дигар манъбаҳо қабулгардида зарур аст, дароз намояд.

 

Моддаи 22. Аз нав дида баромадани қарори Комиссияи  миллӣ

Комиссияи миллӣ қарореро, ки мутобиқи моддаи 21 қабул намудааст, метавонад аз нав дида барояд ва дар асоси  иттилооти нави илмӣ дар бораи таъсири зарарноки маҳсулот ба саломатии одамон ва ё муҳити зист онро тағйир диҳад. Дар чунин ҳолатҳо Комиссияи миллӣ ба дархосткунанда фавран дар бораи қарори худ, инчунин дар бораи сабабҳое, ки боиси рад ё тағйирот гардидааст, хабар медиҳад.

Дархосткунанда метавонад аз Комиссияи миллӣ бо роҳи ирсоли огоҳнома аз нав дида баромадани қарореро, ки мутобиқи моддаи 20 Қонуни мазкур  қабул шудааст, талаб намояд, агар чунин шуморад, ки:

- вазъияти муайянкунандаи натиҷаи баҳодиҳии хатарҳо, ки дар қабули қарор асос ёфта буд, тағйир ёфтааст;

- вай дорои ахбороти иловагии техникӣ ва илмӣ мебошад, ё исботи он мавҷуд аст, ки қарор  аз ҷиҳати илмӣ  асоснок набуд;

- Комиссияи миллӣ ўҳдадор аст қарорро аз рўи огоҳномае, ки тибқи далелҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда дода шудааст, қабул намояд ва дар ин бора ба дархосткунанда хабар диҳад.

 

Моддаи 23. Баҳодиҳии  хатарҳо

Баҳодиҳии хатарҳо бояд дар асоси принсипҳои илмӣ ва транспарентнокӣ бо назардошти талаботи Низомнома ва бо истифодаи усулҳои дахлдори баҳодиҳии хатарҳо сурат гирад. Мақсади баҳодиҳӣ ошкор ва муайян намудани таъсири манфии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ба саломатии одамон ва муҳити зист бо назардошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ  мебошад.

Комиссияи миллӣ ҳал менамояд, ки баҳодиҳиро ба хатарҳо кадом мақомоти салоҳиятдор ё муассисаҳои илмӣ ба амал мебарорад.

Комиссияи миллӣ ўҳдадор аст тасдиқ намояд, ки баҳодиҳии хатарҳо гузаронида шудааст ва дар асоси он мутобиқи моддаи 21 ҳамин Қонун қарор қабул кардан мумкин аст.

Комиссияи миллӣ оид ба баҳодиҳии хатарҳо, ки вобаста ба микроорганизмҳо ва дар баъзе ҳолатҳо дигар организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои  маҳдуд гузаронида шудааст, масъул аст.

Хароҷоти молиявӣ барои гузаронидани баҳодиҳии хатарҳо аз ҳисоби дархосткунанда сурат мегирад.

 

 Моддаи 24. Оид ба банду баст ва  интиқоли  организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Воридкунанда пеш аз амалӣ намудани воридот бояд тасдиқ намояд, ки содиркунандаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда инҳоро таъмин мекунад:

- банду баст кардан, индентификатсия, ҳаммонандсозӣ, тамғазанӣ ва интиқолро ба дараҷае, ки гузаронидани  ин амалиёт ҷиҳати  содирот мувофиқ аст;

- иҷрои дигар шартҳое, ки  Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст.

Воридкунанда ўҳдадор аст мутобиқати ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ирсолшавандаро ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба интиқоли байнисарҳадии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо таъмин  намояд.

 

Моддаи 25. Чорабиниҳо дар ҳолати ғайриқонунӣ кашонидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Дар ҳолати ғайриқонунӣ кашондани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мақоми  махсуси ваколатдори  давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ ҳақ дорад аз мамлакати содирот баргардонидан ё нобуд сохтани онҳоро аз ҳисоби худ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, талаб  кунад.

Оид ба ҳодисаҳои ғайриқонунӣ кашондани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба мақомоти салоҳиятноки байналмилалӣ хабар дода мешавад.

Дар сурати интиқоли байнисарҳадии беғаразонаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мақоми махсуси ваколатдори  давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ барои огоҳсозӣ, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пешбинӣ кардааст, инчунин барои хориҷ намудани ҳар гуна хатарҳо барои саломатии одамон ва муҳити зист чораҳо меандешад.

Комиссияи миллӣ ахборотро дар бораи чораҳои роҳ надодани вазъияте, ки метавонад ҳангоми интиқоли байнисарҳадии беғаразонаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосил шуда ба амал ояд, ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонад.

 

Моддаи 26. Тартиби огоҳонидани  аҳли ҷомеа дар сурати ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Тартиби додани иҷозат барои ба муҳити зист ва бозор  ворид  намудани мақсадноки организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ошкоро мебошад. Транспарентнокии фаъолияте, ки нисбати он иҷозат пурсида мешавад, аз ҷониби Комиссияи миллӣ таъмин мегардад.

Комиссияи миллӣ бояд дар мўҳлати 10 рўзи гирифтани огоҳнома дар ин бора ба аҳли ҷомеа бо нишон додани тарзи ба даст овардани маълумот хабар диҳад.

Тавзеҳоти аҳли ҷомеа дар давоми 30 рўзи огоҳ сохтани он қабулгардида, ҳангоми қабули қарор оид ба додани иҷозати намуди дархостшавандаи фаъолият Комиссияи миллӣ онро ба эътибор мегирад. Вобаста ба тавзеҳоти воридшуда мумкин аст муҳокимаҳои оммавии ҳар ҷиҳати проблемаи баррасишаванда ташкил карда шаванд.

Комиссияи миллӣ иштироки аҳли ҷомеаро дар қабули қарорҳо оид  ба додани иҷозат ба намудҳои фаъолияте, ки Қонуни мазкур танзим менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таъмин мекунад.

 

Боби VII. Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 27. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои бехатарии биологӣ

Баҳсҳо оид ба масъалаҳои бехатарии биологӣ ва баҳсҳои ба он алоқаманди молумулкӣ аз тариқи суд ҳал карда мешаванд.

 

   Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Э.Раҳмонов

 

              ш. Душанбе  1 марти соли 2005

              № 88                                                           _______________________