ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon замима ба КЧТ ичозат.doc
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРЎЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 06/02/2020 - 10:38
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
523
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.05.2009
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАРЎЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ
(ҚҶТ аз 19.07.2019 с., №1634)
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №5, мод.330; ҚҶТ аз 19.07.2019 с., №1634)
 
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ҳангоми омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барўйхатгирии аҳолӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- барўйхатгирии аҳолӣ – мушоҳидаи мунтазаму пурраи давлатии оморӣ, ки дар рафти он маълумот дар бораи шумора ва ҳайати аҳолии дар санаи муайянкарда ҷамъ оварда, коркард ва ҷамъбаст карда мешавад;
- маълумот дар бораи аҳолӣ – маълумоте, ки мувофиқи номгўйи саволҳо дар бораи аҳолӣ ҷамъ карда мешавад;
- гурўҳи барўйхатгирии аҳолӣ – гурўҳи шаҳрвандон, ки омўзиши махсусро гузаштаанд ва барои омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барўйхатгирии аҳолӣ ҷалб карда шудаанд;
- ҳуҷҷатҳои барўйхатгирии аҳолӣ – маҷмўи ҳуҷҷатҳои махсуси намунаи маъмул, аз ҷумла варақаи дорои шакли муайяни барўйхатгирии аҳолӣ, ки барои омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи он истифода бурда мешаванд.
- баўйхатгирии санҷишии аҳолӣ – қисми муҳими таркибии ҷараёни банақшагирии барўйхатгирии аҳолӣ мебошад, ки имконияти санҷидани ҳама ҷабҳаҳои барномаи барўйхатгирии аҳолиро то баргузории барўйхатгирии асосӣ таъмин намуда, ба ин васила кори беист ва муваффақияти баргузории барўйхатгирии аҳолиро муҳайё менамояд. (ҚҶТ аз 21.07.10.№635)
 
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ»,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 19.07.2019 с., №1634)
 
 
Моддаи 3. Мақсад ва принсипҳои асосии барўйхатгирии аҳолӣ
 
1. Мақсади барўйхатгирии аҳолӣ ин дастрас намудани маълумот дар бораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгўии шумора ва ҳайати аҳолӣ, омўзиш, ҷойгиронӣ ва истифодаи захираҳои меҳнатӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.
2. Барўйхатгирии аҳолӣ бо риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии ҳаёт ва манзили шахс, ки онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.2019 с., №1634)
3. Барўйхатгирии аҳолӣ дар асоси принсипҳои зерин сурат мегирад:
- асоси илмӣ;
- даврият;
- умумият ва якмуддатӣ;
- махфияти маълумотҳои шахсӣ;
- дастрас ва ошкоро будани ҷамбасти он.
 
Моддаи 4. Даврият ва мўҳлати гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ
 
1. Барўйхатгирии аҳолӣ на камтар аз як маротиба дар даҳ сол ё ҳангоми барўйхатгирии навбатии аҳолии ҷаҳон гузаронида мешавад.
2. Қарор дар бораи гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва мўҳлати он на дертар аз 5 сол то оғози барўйхатгирӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
3. Барўйхатгирии санҷиши аҳолӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду сол то баргузории аҳолӣ дар як ё якчанд воҳиди ҳудуди маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
4. Мақсади асосии барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ санҷида баромадани лоиҳаи барномаи барўйхатгирӣ, усулҳои барўйхатгирии аҳолӣ, чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани он мебошад. (ҚҶТ аз 21.07.10.№635)
5. Барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва усулҳои гузаронидани онро Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ тасдиқ мекунад. (ҚҶТ аз 19.07.2019 с., №1634)
 
Моддаи 41. Нақшаи тақвимии чорабиниҳо доир ба тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ
 
Нақшаи тақвимии чорабиниҳо доир ба тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ аз номгўи асосии чорабиниҳои ташкилӣ барои ҳар як марҳилаи кор оид ба тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ, мўҳлати иҷрои онҳо, инчунин номгўи мақомоти давлатие, ки дар асоси Қонуни мазку рва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои онҳо мутасаддианд, иборат аст. (ҚҶТ аз 21.07.10.№635)
 
Моддаи 5. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи  барўйхатгирии аҳолӣ
 
1. Масъулияти омода кардан, гузаронидан, коркард, ҷамъбаст намудани натиҷаи  барўйхатгирии аҳолӣ ва интишори маълумот дар бораи ҷамъбасти натиҷаи он ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии омор ва сохторҳои маҳаллии он, ҳамчунин ба дигар мақомоти ҳокимияти давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд, гузошта мешавад.
2. Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ Комиссияи давлатии мусоидат бабарӯйхатгирии аҳолӣ ташкил карда мешавад. Низомнома «Дар бораи комиссияи мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ»-ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 19.07.2019 с., №1634)
3. Мақомоти ҳокимияти давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, барои гузаронидани барўйхатгирии гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки дар моддаи 7 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, масъул мебошанд.
4. Мақоми ваколатдори давлатии омор дар давраи омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барўйхатгирии аҳолӣ ҳуқуқ дорад:
- масъалаҳои вобаста ба омода кардан ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолиро баррасӣ намояд;
- ба ин маърака дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳоро новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон ҷалб намояд.
Мақоми ваколатдори давлатии омор ўҳдадор аст:
- махфияти маълумотҳои шахсиро таъмин намояд;
- захираҳои моддию техникиро ба ин мақсад ҷудо намояд;
- интихоб ва омўзиши махсуси ҳайати гурўҳи барўйхатгириро якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин намояд;
- аҳолиро сари вақт аз мақсаду вазифаҳо ва мўҳлати гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ бохабар намояд.
5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифадоранд:
- барои гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва  иҷрои салоҳияташон ба мақомоти ваколатдори давлатии омор ва сохторҳои маҳаллии он, ба гурўҳи барўйхатгирии аҳолӣ, ки ба ин кор масъуланд, кўмак расонанд;
- номгўй ва ҳудудҳои марзиву маъмуриро муайян карда, онҳоро бо аломатҳои роҳнамои дорои номи кўчаҳо ва рақами хонаҳо таъмин намоянд;
- ҳуҷҷатҳои зарурии картографиро пешниҳод намоянд;
- гурўҳи баруйхатгирии аҳолиро бо ҳуҷраи барои кор мувофиқ, бо воситаҳои алоқа таҷҳизонидашуда ва нақлиёт таъмин намоянд;
- аҳолии маҳалро ба ҳайати гурўҳи барўйхатгирии аҳолӣ ҷалб намоянд.
6. Ҳайати гурўҳи барўйхатгирии аҳолиро раиси шаҳр ё ноҳия бо пешниҳоди роҳбари шўъбаи дахлдори омор тасдиқ менамояд.
 
Моддаи 6. Маълумот дар бораи аҳолӣ ва тартиби ҷамъ кардани он
 
1. Варақаи барўйхатгирии аҳолӣ чунин маълумотҳои шахси ба рўйхат гирифташавандаро дар бар мегирад:
- ҷинс;
- синну сол;
- сана ва ҷои таваллуд;
- миллат;
- забони модарӣ;
– пайравӣ ба дин; (ҚҶТ аз 19.07.2019 с., №1634)
- донистани дигар забонҳо;
- шаҳрвандӣ;
- ҳолати оилавӣ;
- шумораи фарзандон;
- таҳсилот;
- ҷои зист;
- фаъолияти муҳоҷиратӣ;
- шароити манзилӣ;
- манбаъи воситаҳои зиндагӣ;
- шуғл ва сабабҳои бекорӣ. (ҚҶТ аз 19.07.2019 с., №1634)
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варақа мумкин аст дигар маълумотҳо низ ворид карда шаванд.
2. Ба номгўи маълумотҳо дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ ворид намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва дигар сирре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд,  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол ё маҳдуд мекунанд, мумкин нест. Ҷамъ намудани маълумоти дар нақшаи барўйхатгирии аҳолӣ пешбининашуда, ҳамчунин маҷбур намудани шахсони мавриди пурсиш қароргирифта дар бораи пешниҳод кардани маълумотҳои иловагӣ манъ аст.
3. Ҷамъ намудани маълумот дар бораи аҳолӣ аз тарафи ҳайати гурўҳи барўйхатгирӣ бо роҳи пурсиш, пур кардани варақаи барўйхатгирӣ, аз назар гузаронидани манзилҳо ва биноҳои ғайриистиқоматӣ, ки шахси мавриди пурсиш қароргирифта зиндагӣ мекунад ё бо истифода аз воситаҳои алоқа гузаронида мешавад.
Маълумот нисбати шахсоне, ки ҳангоми гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ дар ҷои зист ҳузур надоранд, муваққатан дар хориҷи кишваранд, ноболиғон, кўдакони васоятдор ва ё бепарастор аз тарафи шахсони болиғи хоҷагӣ, васиён, парасторон ва мақомоти дахлдори давлатӣ  пешниҳод  карда мешавад.
4. Пурсиши аҳолӣ ва пур кардани варақаи барўйхатгирии аҳолӣ ба забони давлатӣ ё русӣ сурат мегирад.
 
Моддаи 61. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсони мавриди пурсиш қароргирифта
1. Шахсони мавриди пурсиш қароргирифта ҳуқуқ доранд, аз шахсони ҳайати гурўҳи барўйхатгирии аҳолӣ шаҳодатномаи мувофиқро талаб кунанд ва дар сурати пешниҳод накардани чунин шаҳодатнома ба саволҳои варақаи барўйхатгирии аҳолӣ ҷавоб надиҳанд. (ҚҶТ аз 21.07.10.№635)
2. Шахсони мавриди пурсиш қароргирифта ўҳдадоранд барои гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ монеа нашаванд ва маълумоти муътамади инфиродиро мувофиқи варақаи барўйхатгирии аҳолӣ пешниҳод намоянд. Барўйхатгирии аҳолӣ хусусияти ҳатмӣ дошта, шахсони мавриди пурсиш қароргирифта наметавонанд аз ҷавоб додан ба саволҳои варақаҳои барўйхатгирии аҳолӣ саркашӣ кунанд. (ҚҶТ аз 21.07.10.№635)
 
Моддаи 7. Хусусиятҳои барўйхатгирии гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ
 
1. Маълумоти шахсӣ дар бораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар санаи гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ дар сафоратхонаҳо, ташкилотҳои консулии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, аъзои оилаи онҳо, ки ҳамроҳашон мебошанд, аз тарафи роҳбарияти сафоратхона ва ташкилотҳои консулӣ ҷамъ карда мешавад.
2. Ҷамъ кардани маълумоти шахсӣ дар бораи шахсоне, ки дар санаи гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ хизмати ҳарбиро адо мекунанд, аз рўи даъват дар хизмати ҳарбианд, хизматчиёни ҳарбие, ки мутобиқи шартнома адои хизмат мекунанд, аъзои оилаи онҳо, ки дар минтақаҳои махсус зиндагӣ доранд, ба зиммаи фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ аст.
3. Маълумоти шахсӣ дар бораи онҳое, ки дар санаи гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ дар муассисаҳои махсуси бачагона ва барои ноболиғон, муассисахои хизматрасонии иҷтимоӣ, дар беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тиббӣ қарор доранд, аз тарафи роҳбарияти ин муассисаю ташкилотҳо ҷамъ оварда мешавад.
4. Ҷамъ кардани маълумоти шахсӣ дар бораи онҳое, ки дар санаи  гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ дар меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳу, пансионатҳо қарор доранд, ба зиммаи роҳбарияти ин муассисаю ташкилотҳо мебошад.
5. Маълумоти шахсӣ дар бораи онҳое, ки дар ҳабсхона, муассисаҳои ислоҳӣ ё табобати меҳнатӣ қарор доранд, аз тарафи роҳбарияти ин ташкилотҳо ҷамъ карда мешавад.
 
Моддаи 8. Ҷамъбаст намудани натиҷаи барўйхатгирии аҳолӣ
 
1. Барўйхатгирии аҳолӣ бо тартиб ва дар мўҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешавад.
2. Маълумот дар бораи ҷамъбасти натиҷаи барўйхатгирии аҳолӣ дар воситаҳои ахбори омма новобаста ба шакли моликияташон ройгон интишор мегардад.
 
Моддаи 9. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои барўйхатгирии аҳолӣ
 
1. Ҳуҷҷатҳои барўйхатгирии аҳолӣ дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд.
2. Маълумоте, ки дар рафти барўйхатгирии аҳолӣ ҷамъ мегардад, фақат ба мақсадҳои ҳамин барўйхатгирӣ истифода мешавад.
3. Маълумоти шахсии аз аҳолӣ ҷамъкардашуда махфӣ мебошад. Ин маълумот дар шакли ҷамъбаст интишор карда мешавад.
4. Варақаҳои пуркардашудаи барўйхатгирӣ дар бойгони мақомоти давлатии омор то 1 сол, маълумот дар бораи ҷамъбасти натиҷаи барўйхатгирии аҳолӣ доимӣ нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТ аз 21.07.10.№635)
5. Истифодаи маълумоти аввалия ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ аз тарафи мақомоти дахлдор манъ аст.
 
Моддаи 10. Маблағгузории барўйхатгирии аҳолӣ
 
Хароҷоти омода кардан, гузаронидан, коркард ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барўйхатгирии аҳолӣ ва интишори маълумот дар бораи натиҷаи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷуброн карда мешавад.
 
Моддаи 11. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 12. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ»
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 102; с. 2002, №11, мод.720) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 13. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
                Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон
 
ш.Душанбе, 19 майи соли 2009,
№ 523