ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 15:57
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
213
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
21.11.2006

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, №11, мод.474; с. 2011, №3, мод. 173;)

 

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил, фаъолият ва идора намудани ассотсиатсияи истифодабарандагони обро ҳамчун ташкилоти ѓайритиҷоратӣ, ҷиҳати таъмини истифода ва нигоҳдории шабакаҳои обёрӣ барои манфиатҳои ҷамъиятӣ танзим месозад.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- ассотсиатсияи истифодабарандагони об – ташкилоти ѓайритиҷоратие, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқии дорои ҳуқуқи истифодаи замин барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ таъсис дода мешавад;

- шабакаҳои обёрӣ – маҷмўи иншоотҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо, қубурҳо, каналҳо, обанборҳо, иншоотҳои гидротехникӣ, пойгоҳҳо ва чоҳҳои обкашӣ, хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, роҳҳо, кўпрукҳо, иморатҳо ва дигар инфраструктураи марбути хоҷагии об;

- гурўҳи истифодабарандагони об – соҳибони қитъаҳои муайяни замин, ки аз як канал, пойгоҳ ва чоҳи обкашӣ, сарбанд ва иншооти обтақсимкунанда бо об таъмин мегарданд. Ин қитъа ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон ва дигар хоҷагиҳо тааллуқ дошта метавонад;

- аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об – соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони  ҳуқуқии дорои ҳуқуқи истифодаи замин барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҷойгир буда, оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони обро эътироф намуда, бо хоҳиши худ аъзои ассотсиатсия  шудаанд;

-минтақаи намояндагӣ – қисми минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва замин, ки аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об буда, як ё якчанд намояндаро ба маҷлиси намояндагон интихоб мекунанд;

- маблаѓи аъзоҳаққӣ - маблаѓе, ки бо қарори маҷлиси умумӣ аз аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҷамъ карда, барои идора ва нигоҳдории шабакаҳои обёрӣ ва таъмини фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об сарф карда мешавад;

- маблаѓи ҳаққи хизмати обрасонӣ – маблаѓе, ки аз аъзои ассотсиатсия ва дигар истифодабарандагони об ҷамъ карда шуда, барои пардохти ҳаққи обрасонии идораҳои давлатии хоҷагии об, ҷиҳати бо об таъмин намудани минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об харҷ  карда мешавад;

- идораи хоҷагии об – ташкилоти давлатие, ки ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ, аз манбаъҳо гирифтани об, расонидан ва байни истифодабарандагон тақсим намудани он фаъолият мебарад;

- минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об – минтақаи муайяни ҷуѓрофӣ, ки хизматрасонӣ ба он аз тарафи ассотсиатсияи истифодабарандагони об сурат мегирад.

 

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо мақсади нигоҳ доштан, истифода намудани шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ, ки дар истифодаи якҷоя ва инфиродӣ қарор доранд, ҷиҳати тақсими боадолатона, самаранок ва баҳангоми об байни аъзои он ва дигар истифодабарандагони об, ҷамъоварии пули пардохти обрасонӣ, ҳалли низоъҳои байни аъзо ва дигар истифодабарандагони об оид ба тақсим ва истифодаи об ташкил дода мешавад.

Вазифаҳои асосии ассотсиатсияи истифодабарандагони об инҳоянд:

- бастани шартнома бо идораҳои хоҷагии об оид ба таъмини минтақаҳои хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз манбаъҳо;

- идораи шабакаҳои обёрӣ дар минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва тақсими об дар асоси шартномаҳо ба аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва ба онҳое, ки аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об намебошанд;

-  идора, нигоҳдорӣ, барқароркунӣ, таъмир ва беҳтар гардонидани системаҳои обёрӣ дар минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва ҳангоми зарурат анҷом додани корҳои сохтмонӣ;

- дастрас, васл, иваз намудан ва нигоҳ доштани таҷҳизоти гидротехникӣ дар минтақаи хизматрасонӣ;

- баҳисобгирии ҳаҷм ва сифати оби истифодашуда, супоридани ҳисоботи оморӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзим ва истифодаи об;

- сарфа ва пешгирӣ намудани ифлосшавии об дар минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба истифодаи самаранок, ҳифз ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо;

- ба аъзо ва дигар истифодабарандагони об омўзонидани роҳҳои сарфакоронаи обёрӣ, истифодабарии техника ва технологияи нави обёрикунанда;

- ҳалли баҳсҳое, ки ҳангоми истифодабарии об дар байни аъзо ва дигар истифодабарандагони об, инчунин ҳангоми нигоҳдорӣ, истифодаи шабакаҳои обёрӣ ва дигар ҳолатҳо ба миён меоянд.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад бо дигар намуди фаъолияти муқаррарнамудаи оиннома машѓул гардад.

 

Моддаи 4. Принсипҳои умумии фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси принсипҳои зерин фаъолият мекунад:

- ҷалби аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҷиҳати иштироки онҳо дар корҳои идоракунӣ ва таъмиру барқароркунии иншоотҳои обёрӣ; 

- риоя намудани адолат, баробарҳуқуқӣ, ба назар гирифтани фикру ақида ва  пешниҳоди аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва дар асоси принсипҳои демократӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намудани масъалаҳои пешниҳодгардида;

- кафолату таъмини шаффофияти маълумотҳо оид ба корҳои ҷорӣ ва фаъолияти молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва расонидани он ба аъзои ассотсиатсия;

- кафолати дуруст ва баробар тақсим намудани об дар байни аъзои  ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва дигар истифодабарандагони об мувофиқи меъёри обёрӣ ва нақшаи истифодабарии об;

- таъмини истифодаи оқилона ва самараноки об бо мақсади сарфаи он ва пешгирӣ кардан аз заҳролудшавӣ, ботлоқшавӣ ва шўршавии заминҳо;

- кафолати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва ҷонибдории ақидаю андешаҳои мақбули аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- таъмини шаффофияти қабули қарорҳо ва дигар асноди ассотсиатсияи истифодабарандагони об.

 

БОБИ 2.

ТАШКИЛ ВА БАРҲАМДИҲИИ  Ассотсиатсияи  истифодабарандагони об

 

Моддаи 5. Ташкили ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси қарори муассисон ташкил карда мешавад.

Муассисони ассотсиатсияи истифодабарандагони об шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ шуда метавонанд, ки дорои қитъаи замини обёришаванда мебошанд. Аз ҳисоби муассисон ва дигар истифодабарандагони об кумитаи ташаббускор ташкил карда мешавад, ки ба он аз ҳар минтақа як нафарӣ намоянда шомил мешавад ва онҳо аз байни худ раиси кумитаро интихоб  мекунанд.

Кумитаи ташаббускори ассотсиатсияи истифодабарандагони об минтақаи хизматрасонӣ, шумора ва ҷойгиршавии гурўҳҳои истифодабарандагони об, шумораи маълумотҳои заруриро муайян намуда, дар ҷараёни вохўриҳои расмӣ ва ѓайрирасмӣ мақсад, вазифа ва принсипҳои ташкилот, вазифа ва ўҳдадориҳои аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони обро фаҳмонда медиҳад. Дар ҷараёни фаъолияти кумитаи ташаббускор дар ҷамъомади ѓайрирасмии истифодабарандагони об аз зумраи намояндагони истифодабарандагони оби минтақаи хизматрасонӣ гурўҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи оиннома таъсис дода мешавад. Гурўҳи корӣ таҳияи лоиҳаи оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва муҳокимаи онро дар минтақаҳои намояндагӣ ташкил намуда, баъд барои муҳокима ва қабул ба маҷлиси умумии муассисон пешниҳод менамояд.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба сифати шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» фаъолият менамояд. (ҚҶТ аз 25.03.11с №706)

 

Моддаи 6. Ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсияи истифодабарандагони об шартномаи таъсисии аз ҷониби аъзои он имзогардида ва оиннома  мебошанд.

 Шартномаи таъсисии ассотсиатсияи истифодабарандагони об бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- созишнома оид ба ташкили ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо тасдиқи номи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- мақсади асосии таъсиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- тартиби ташаккули манбаъҳои маблаѓгузорӣ ва моликияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- ҳуҷҷатҳои асосии танзимкунандаи кори ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- муайян намудани тартиби  муносибати ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо мақомоти идораи давлатӣ;

- шартҳои қабул ва ворид кардани таѓйирот ба шартномаи таъсисӣ, қабули аъзои нав, барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об.

Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз ҷониби ҳамаи муассисони он тасдиқ карда мешавад.

Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об бояд маълумоти зеринро оид ба ин чизҳо дар бар гирад:

- номи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- мақсаду вазифаҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- маҳалли ҷойгиршавии ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- шакли идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- ҳуқуқу ўҳдадориҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- ҳуқуқу ўҳдадориҳои аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- шарт ва тартиби аъзо шудан ба ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва баромадан аз аъзогии он;

- манбаъҳои ташаккули  маблаѓу моликияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

-тартиби ворид сохтани таѓйирот ба оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- сохтор, тартиби таъсисдиҳӣ ва салоҳияти мақомоти идоракунандаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об, инчунин  тартиби қабул намудани қарорҳо;

- тартиби ташкил, бақайдгирӣ,  азнавбақайдгирӣ ва барҳамдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- тартиб ва ташкили манбаъҳои маблаѓгузорӣ барои пардохти товони зараре, ки аз тарафи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об, ба хоҷагиҳо, аъзо ва ба заминҳои он расидааст;

- принсипҳои асоси фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

-талабот ба коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузории ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- мақомоти иҷроияи ассотсиатсияи истифодабарандагони об, сохтор, вазифаҳо ва ўҳдадориҳои он.

Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад муқаррароти дигареро, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд,  дар бар гирад.

Дар оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад ҷавобгарии узви ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои риоя накардани муқаррароти оиннома ва қарорҳои мақоми олии идоракунии он пешбинӣ шавад.

 

Моддаи 7. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо қарори маҷлиси умумии аъзои он метавонад ихтиёран  аз нав ташкил  ё барҳам дода шавад.

Ҳангоми азнавташкилдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об санади супоридан ва ё аз тавозун баровардани механизму иншоотҳои обёрӣ тартиб дода мешавад, ки дар он тартиби ба ҳамаи кредиторҳо ва қарздорон гузаштани ўҳдадориҳои ассотсиатсияи азнавташкилшавандаи истифодабарандагони об ифода меёбад.

Санади супоридан ва ё аз тавозун баровардани механизму иншоотҳои обёрӣ аз тарафи маҷлиси умумии ассотсиатсияи истифодабарандагони об, ки қарори азнавташкилдиҳии ассотсиатсияро қабул  намудааст, тасдиқ карда, бо дигар ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсияи азнавташкилшуда барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар давраи барҳамдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об комиссияи барҳамдиҳии ассотсиатсия аз ҳайати мақомоти идоракунанда ва аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об таъин карда мешавад, ки он фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Маблаѓ ва активҳое, ки дар суратҳисоби ассотсиатсияи истифодабарандагони об мавҷуданд, бо қарори комиссияи барҳамдиҳии ассотсиатсия танҳо баъд аз пардохти ҳама гуна қарзҳо байни аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об тақсим карда мешаванд.

Барҳамдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар ҳолате ба субут мерасад ва ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар ҳамон вақт барҳамхўрда ҳисобида мешавад, ки номи он аз феҳрасти давлатии шахсони ҳуқуқӣ хориҷ карда шавад.

 

БОБИ 3.

ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ

Ассотсиатсияи  истифодабарандагони об

Моддаи 8. Ҳуқуқҳои аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд:

- дар асоси меъёр ва нақшаи истифодабарии об аз  ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои обёрӣ об талаб намоянд;

- аз хизмати обрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об тибқи меъёрҳои қабулгардида истифода кунанд;

- мутобиқи оиннома дар қабули қарорҳо бевосита иштирок намоянд;

- дар маҷлиси умумӣ ё маҷлиси намояндагони минтақаҳои намояндагӣ ҳамчун шахси масъул ширкат варзида, ба рўзномаи маҷлис таклифҳо пешниҳод намоянд;

- номзадии худ ва дигар аъзоро ба мақомоти  роҳбарикунанда пешбарӣ кунанд;

-мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳуқуқҳои худро ҳимоя намоянд;

- дар сурати риоя накардани шартнома, расонидани зарар ба замин ва зироатҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон товони зиёнро аз ассотсиатсияи истифодабарандагони об ситонанд;

-бо ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботии ассотсиатсияи истифодабарандагони об  шинос шаванд;

-пас аз анҷоми соли молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳайати ассотсиатсия бароянд.

 

Моддаи 9. Ўҳдадориҳои  аъзои  ассотсиатсияи истифодабарандагони  об

Узви ассотсиатсияи истифодабарандагони об ўҳдадор аст:

- оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва дигар қарорҳои дохилии онро, ки аз тарафи маҷлиси умумӣ ё маҷлиси намояндагон қабул мегардад, ба роҳбарӣ гирад;

- мутобиқи оиннома ва шартнома саривақт маблаѓи муайянро пардохт намояд;

- нақшаи обтақсимкунии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро риоя намояд;

- дар ҳудуди замини худ барои дуруст нигоҳ доштани шабакаҳои обёрӣ ва ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ кафолат  диҳад;

- товони зиёнеро, ки бо айби ў ба амволи ассотсиатсияи истифодабарандагони об  расидааст, диҳад;

- ба ассотсиатсияи истифодабарандагони об оид ба истифодаи замин ва об маълумот пешниҳод намояд;

- ба ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои  истифода ва таъмири иншоотҳои обёрии қитъаи заминаш бе расонидани зарар ба замин ва зироатҳо иҷозат диҳад.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳуқуқ дорад:

- амволи заруриро харидорӣ намуда, ҳуқуқҳои амволию ѓайриамволӣ ба даст оварад;

- бо идораҳои давлатии хоҷагии об ва истифодабарандагони об шартнома бандад;

- барои саривақт омода намудани  шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ маблаѓи зарурӣ дарёфт намояд;

- аз истифодабарандагони об маблаѓи хизмати обрасонӣ ва дигар пардохтҳои муқарраршударо талаб намояд;

- дар мавриде, ки заминро барои ба кандани ҷўю заҳбур ва сохтани роҳ истифода мебаранд, ба истифодабарандагони он дар ҳолати расидани зарар мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон товони онро ҷуброн намояд;

- оид ба воридоти амвол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияташ шартнома бандад;

- бо мақсади ҳамоҳангсозии иҷрои вазифаҳои оинномавии худ метавонад Федератсияи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро ташкил диҳад, ки мутобиқи оинномаи тасдиқгардида амал менамояд;

- дигар фаъолиятро, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, иҷро намояд.

 

Моддаи 11. Ўҳдадориҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ўҳдадор аст:

- иншоотҳои обёриро дар ҳолати корӣ нигоҳ дорад, дар мавриди зарурат иншооти нави обёрӣ бунёд созад;

- тақсими одилона ва назорати истифодаи самараноки обро мувофиқи меъёрҳои агротехникӣ ва мелиоративӣ дар байни аъзояш ва дигар истифодабарандагони об ба роҳ монад;

- оид ба  ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ ва бартараф намудани зарару оқибати офатҳои табиӣ, шўршавӣ ва ботлоқзор шудани замин тадбирҳо андешида,  барои амалӣ гардонидан онҳоро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намояд;

-корҳои обёрикуниро дар минтақаи хизматрасонӣ бо истифодабарандагони об мутобиқ созад;

- фикру ақидаи мақбули аъзои худро дастгирӣ намояд;

- маблаѓи хизмати обрасониро ба идораи хоҷагии об мувофиқи ҳаҷми оби истифодашуда пардохт намояд;

-баҳсу ихтилофҳоро, ки дар ҷараёни истифодаи об байни аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба вуҷуд меоянд, баррасӣ ва ҳал намояд;

-корҳои дигари беҳтар кардани таъминоти об, ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ, истифодаи оқилонаи об ва заминро дар минтақаи хизматрасониаш анҷом диҳад.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз рўи ўҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад.

 

БОБИ 4.

ИДОРАКУНИИ  Ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Моддаи 12. Мақомоти идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Мақомоти идоракунандаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об инҳоянд:

- маҷлиси умумии аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- раёсати ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- комиссияи тафтишотии ассотсиатсияи истифодабарандагони об.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад инчунин ҷиҳати ҳалли баҳсҳо комиссия ва дигар мақомотро мутобиқ ба Қонуни мазкур ташкил диҳад.

Як шахс наметавонад дар як вақт узви раёсат, комиссияи тафтишотӣ ва комиссия оид ба ҳалли  баҳсҳо бошад.

 

Моддаи 13. Маҷлиси умумии аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об

  Маҷлиси умумӣ мақоми олии идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба шумор меравад.

Масъалаҳои зерин аз салоҳияти мустаснои маҷлиси умумӣ мебошанд:

-қабул ва таѓйир додани оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- қабул ва хориҷ намудани аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- муайян намудани тартиби овоздиҳӣ ва интихоби аъзои раёсат, раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об, аъзои комиссияи тафтишотӣ ва комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо;

- тасдиқи қарорҳои раёсат, комиссияи тафтишотӣ ва комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо;

- муайян намудани маблаѓи аъзоҳаққӣ;

- муқаррар кардани музди меҳнати кормандони кирояи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

-тасдиқи нақшаҳо ва буҷети солонаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

-ташкили сохтори идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва қатъ намудани ваколати онҳо;

- тасдиқи ҳисоботи солона ва тавозуни муҳосибавии ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

-муҳокима ва қабули ҳисоботи раёсат, комиссия ва кумитаи  ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

-қабул ва тасдиқи низомнома, дастурамал ва қоидаҳои дохилии ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- таъсиси маҷлиси намояндагон;

-қабули қарорҳо оид ба таъсис ва барҳам додани ассотсиатсияи истифодабарандагони об.

Маҷлиси умумӣ дар сурате салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар он  аз се ду ҳиссаи аъзояш иштирок дошта бошанд.

Ҳар узви ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳангоми қабули қарори маҷлиси умумӣ як овоз дорад.

Маҷлиси умумӣ аз рўи масъалаҳои баррасишаванда дар доираи  салоҳияти худ бо тарафдории аксарияти шумораи аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об қарор қабул мекунад ва иҷрои онро назорат менамояд.

Тартиби даъват ва гузаронидани маҷлиси умумии навбатӣ ва ѓайринавбатиро оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об муайян менамояд.

Маҷлиси умумии ѓайринавбатӣ бо ташаббуси раёсати ассотсиатсияи истифодабарандагони об, комиссияи тафтишотӣ ва бо талаботи на камтар аз 10  фоизи аъзои ассотсиатсия даъват карда мешавад.

Раёсати ассотсиатсия аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони обро 7 рўз пеш аз гузаронидани маҷлиси ѓайринавбатии умумӣ бо нишондоди рўзнома ва макону замони  гузаронидани маҷлис ба таври хаттӣ огоҳ мекунад.

 

Моддаи 14. Намояндагӣ дар маҷлиси  умумии ассотсиатсияи истифодабарандагони   об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо назардошти ҳолати воқеии шабакаҳои обёрӣ ва шохаҳои он, маҳалҳои аҳолинишини минтақаҳои хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо қарори маҷлиси умумии  ассотсиатсияи истифодабарандагони об маҷлиси намояндагони ассотсиатсияи истифодабарандагони обро таъсис дода, меъёри намояндагиро аз минтақаҳои намояндагӣ ба маҷлиси намояндагон муайян менамояд.

Салоҳияти пешбининамудаи Қонуни мазкур ва оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об вобаста ба маҷлиси умумӣ нисбати маҷлиси намояндагон низ татбиқ мешавад.

Намояндагон дар асоси оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар маҷлиси минтақаҳои намояндагӣ бо овоздиҳии кушода ё махфӣ интихоб карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Раёсати ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Роҳбарии ҷории фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони обро раёсати ассотсиатсия амалӣ мегардонад.

Раёсати ассотсиатсияи истифодабарандагони обро раиси раёсат роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи маҷлиси умумии аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об интихоб карда мешавад.

Аъзои раёсат аз ҳисоби аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар маҷлиси умумӣ ё маҷлиси намояндагон интихоб мегарданд.

Шумораи ҳайати раёсат, мўҳлати интихоби онро оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об муайян менамояд.

Маҷлисҳои раёсат тибқи оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об гузаронида мешаванд.

Ба салоҳияти раёсат тамоми масъалаҳои фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об, ки тибқи Қонуни мазкур ва оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумӣ ё намояндагон дохил нашудаанд, мансубанд.

Раёсат дар маҷлисҳои худ қарор қабул мекунад.

Маҷлиси раёсат дар сурати ҳузур доштани аз се ду ҳиссаи аъзои раёсат дар он салоҳиятнок ҳисобида мешавад.

Қарори раёсат бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои дар маҷлис ҳузурдошта қабул мегардад.

Раиси раёсат дорои ваколатҳои зайл мебошад:

- аз номи ассотсиатсияи истифодабарандагони об бе ваколатнома амал мекунад;

- дар маҷлиси умумӣ ва раёсати ассотсиатсияи истифодабарандагони об раисӣ мекунад;

- моликияти ассотсиатсияи истифодабарандагони обро идора намуда, аз номи он ваколатнома медиҳад;

- дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои кредитӣ суратҳисоб мекушояд;

- ба қарорҳои раёсат имзо мегузорад;

- бо қарори раёсат кормандонро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ фармонҳо мебарорад;

- бо қарори раёсат оид ба ҳалли баҳсҳо комиссия ташкил мекунад;

- барои ҳал намудани масъалаҳои таъҷилии берун аз салоҳияти худ маҷлиси ѓайринавбатии умумии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро даъват мекунад.

Идоракунии фаъолияти ҷории ассотсиатсияи истифодабарандагони об, татбиқи қарорҳои маҷлиси умумӣ, раёсат бар ўҳдаи мақомоти иҷроияи ассотсиатсияи истифодабарандагони об вогузор карда мешавад. Вазифаҳои мақомоти иҷроияро оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об танзим менамояд.

Раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои саривақт насупоридани ҳисобот, андоз ё қалбакӣ будани онҳо тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст.

 

Моддаи 16. Комиссияи тафтишотӣ

Маҷлиси умумӣ ё маҷлиси намояндагони ассотсиатсия барои назорати фаъолияти молиявию хоҷагии ассотсиатсияи истифодабарандагони об комиссияи тафтишотиро дар ҳайати на камтар аз 3 нафар аъзои ассотсиатсия  интихоб менамояд.

Аъзои комиссияи тафтишотӣ аз байни худ раиси комиссияро интихоб менамоянд.

Комиссияи тафтишотӣ ҳолати молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро аз рўи ҷамъбасти соли молиявӣ тафтиш менамояд.

Тафтишоти ѓайринавбатии фаъолияти молиявию хоҷагии ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо қарори маҷлиси умумӣ ё маҷлиси намояндагон ва бо талаби на камтар аз 10 фоизи аъзои ассотсиатсия гузаронида мешавад.

Комиссияи тафтишотӣ ба маҷлиси умумӣ ё маҷлиси намояндагон ҳисобот медиҳад ва аз натиҷаи тафтишот ба ин мақомот таклифҳо пешниҳод менамояд.

Барои ҳалли масъалаҳои таъҷилии берун аз салоҳияти худ маҷлиси ѓайринавбатии умумии ассотсиатсияро даъват мекунад.

 

Моддаи 17. Комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо

Бо мақсади ҳалли баҳсҳое, ки дар байни аъзои ассотсиатсия ва дигар истифодабарандагони об ҳангоми тақсим ё истифодаи об ва ѓайра мушкилот  ба амал меоянд, бо қарори раёсат комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо дар ҳайати на камтар аз се нафар интихоб карда мешавад.

Натиҷаи кори комиссияи ҳалли баҳсҳо бо санаде, ки онро ҳамаи аъзояш имзо мекунанд, анҷом ёфта, барои иҷро ба хадамоти дахлдори ассотсиатсияи истифодабарандагони об  супорида мешавад.

Ҳангоми дар комиссия ҳаллу фасл нашудани баҳсҳо ҳалли онҳо ба тариқи судӣ анҷом меёбад.Фаъолияти комиссия баъд аз дида баромадани баҳсҳо анҷом меёбад.

 

БОБИ 5.

МОЛИКИЯТИ Ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Моддаи 18.  Моликияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Моликияти  ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз сарчашмаҳои зерин ташкил меёбад:

- маблаѓи аъзоҳаққии аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об;

- депозити маблаѓи дар бонк мавҷуда;

- кўмаки башардўстона аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар манбаъҳое, ки қонун манъ накардааст.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳақ дорад соҳибмулки ҳама гуна амвол бошад.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об фондҳои асосии шабакаҳои обёриро, ки дар минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об мавҷуданд, бо розигии соҳибмулк барои истифодабарӣ ва нигаҳдорӣ ба тавозуни худ қабул менамояд.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳуқуқи фурўхтан ё ба дигар ташкилотҳо ба иҷора, барои истифодабарӣ додани фондҳои асосии шабакаҳои обёрии дар тавозуни худ бударо надорад. Дар ҳолати аз байн рафтани ассотсиатсияи истифодабарандагони об ин фондҳо аз рўи мансубият ба соҳибмулкони пештараашон баргардонида мешаванд.

 

Моддаи 19. Буҷети  ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Буҷети ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои пардохти музди меҳнати кормандони кироя, таъмири шабакаҳои обёрӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин, пардохти хароҷоти ѓайринақшавии минтақаҳои хизматрасонӣ, пардохти андоз ва инчунин дар ҳолатҳои фавқуллода истифода бурда мешавад.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳамчун ташкилоти ѓайритиҷоратӣ дар доира ва бо шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешавад.

 

БОБИ 6.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20. Ҳисобот дар ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ўҳдадор аст, ки дар бораи фаъолияти худ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба мақомоти давлатӣ ҳисобот пешниҳод намояд.

Ҳисоботи солона ва тавозуни муҳосибавии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро маҷлиси умумӣ ё маҷлиси намояндагон баъд аз тафтиши комиссияи тафтишотӣ тасдиқ намуда, ба мақомоти андоз ва омори давлатӣ дар мўҳлати муқарраршуда пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 21. Танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияи  истифодабарандагони об

Танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро мақомоти танзимкунанда ва дастгирикунандаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об таъмин менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақомот ваколати танзимкунанда ва дастгирикунандаи ассотсиатсияи истифодабарандагони обро додааст.

Мақомоти танзимкунанда ва дастгирикунандаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар фаъолияти худ ҳуқуқ дорад:

- феҳристи  ассотсиатсияи истифодабарандагони обро ба роҳ монад;

- ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, муҳосибавӣ ва техникӣ маслиҳат диҳад ва кўмак намояд;

- тартиби истифодаи захираҳои об, ҳифзи онҳо аз ифлосшавӣ, камшавӣ ва хушкшавӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани таъсири зараровари обро муқаррар намояд;

- нақшаи истифодаи тамоми манбаъҳои об ва ҳифзи онҳо, тавозуни об, амалӣ гардонидани назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, мониторинги сифати об ва ифлосшавии объектҳои обро тасдиқ намояд;

- тадбирҳоро оид ба истифода ва ҳифзи об, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари онҳоро ба нақша гирад;

- дигар масъалаҳоеро, ки танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро талаб менамоянд, ҳал намояд.

 

Моддаи 22. Танзими давлатии фаъолияти  ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Танзими давлатии фаъолияти  ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Об дар асоси шартномаҳо, нақшаҳои (ҷадвалҳои) дохилии истифодабарии он дар  ассотсиатсияи истифодабарандагони об мавриди истифода қарор     мегирад. Ин нақшаҳо бо ташкилотҳои обрасон мувофиқа карда, аз ҷониби мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 23. Муносибатҳои меҳнатӣ дар ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Муносибатҳои меҳнатӣ дар ассотсиатсияи истифодабарандагони об мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.

Кормандони ассотсиатсияи истифодабарандагони об мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суѓуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 25. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

          Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон                                                                 Э. РАҲМОНОВ

 

    ш. Душанбе, 21 ноябри соли 2006, №213.