ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1923 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТДОДАШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1922 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1918 КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШОРАҲОИ ҶУҒРОФӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 05/02/2020 - 13:30
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
236
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.03.2007

ҚОНУНИ

 ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИШОРАҲОИ ҶУҒРОФӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №3, мод. 169; Қонунҳои ҶТ аз 03.07.2012с., №855; аз 02.01.2019 с., № 1582)

 

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки вобаста ба ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии ишораҳои ҷуғрофии истеҳсоли мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.

 

БОБИ 1.  Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

- объекти ҷуғрофӣ - ҳама гуна ҳудуде, ки сарҳади он ба таври расмӣ муайян карда шудааст, аз ҷумла кишвар, минтақа ҳамчун қисми кишвар, маҳалли аҳолинишин ва мавзеъ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582);

- объекти ҷуғрофӣ қаламраве, ки ҳудуди он ба таври расмӣ муайян карда шудааст, аз он ҷумла мамлакат, минтақа ҳамчун қисми мамлакат, маҳалли  аҳолинишин, мавзеъ;

- ишораҳои ҷуғрофӣ - аломатест, ки молро ҳамчун аз ҳудуди кишвар ё минтақа ва ё маҳал дар ин ҳудуд баромада ҳаммоҳанд мекунал, ки дар он сифат, шӯҳрат ва тавсифҳои дигари мол то андозае бо пайдоиши ҷуғрофӣ алоқаманд аст. Мафҳуми ишораи ҷуғрофӣ мафҳумҳои номи чои пайдоиши мол ва ишораи пайдоиши молро дар бар мегирад; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №855;  аз 02.01.2019 с., № 1582);

- ариза - маҷмўи ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирӣ ва гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши мол ё барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши мол, ки қаблан ба қайд гирифта шудааст, заруранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582);

- аризадиҳандашахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки барои бақайдгирӣ ва гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши мол ба мақомоти ваколатдор ариза медиҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582);

- мақомоти  салоҳиятдор - мақомоти давлатӣ, ки  салоҳияти  муайян  намудани ҳудудҳои объекти ҷуғрофиеро дорад, ки дар он моли дорои хосиятҳои махсуси марбут ба шароити табиӣ ва омилҳои дигари ин объекти ҷуғрофӣ (ё мутобиқати шароити табиӣ ва ин омилҳо), ки баъзе хосиятҳои мол ба онҳо вобастагӣ дорад, истеҳсол мешавад;

- номи ҷои пайдоиши мол номи кишвар, маҳалли аҳолинишин, маҳал ва ё дигар объекти ҷуғрофӣ буда, барои ишоракунии пайдоиши мол аз он ҷо истифода бурда мешавад, ки хуссиятҳои хоси он танҳо ва ё асосан бо шароитҳои табии барои ин объекти ҷуғрофӣ хос ва ё дигар омилҳои ба шароитҳои табиӣ ва ин омилҳо мувофиқ, муайян карда мешавад. Номи ҷои пайдоиши мол мумкин аст номи таърихии объекти ҷуғрофӣ бошад; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №855)

- ишораи пайдоиши мол – аломатест, ки бевосита ва ё бавосита ба ҷои пайдоиши ҳақиқӣ ва ё истеҳсоли мол ишора мекунад. Ишораи пайдоиши мол мумкин аст дар шакли номи объекти ҷуғрофӣ ва ё тасвир пешниҳод карда шавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №855)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

 

Моддаи 3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва салоҳияти он

Амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ ва анҷом додани вазифаҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда оид ба ҳифзи ҳуқуқии ишораҳои ҷуғрофӣ ба ўҳдаи мақомоти ваколатдори давлатӣ гузошта мешавад. Мақомоти ваколатдори давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, мутобиқи салоҳияти худ ҳуҷҷатҳои меъёриро оид ба татбиқи Қонуни мазкур қабул менамояд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ Шўрои шикоятиро таъсис медиҳад, ки он масъалаҳои бо Қонуни мазкур ба салоҳияташ вогузоршударо мутобиқи Низомномаи худ баррасӣ менамояд.

 

БОБИ 2. ИШОРАҲОИ ҶУҒРОФӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ОНҲО

 

Моддаи 4. Аломатҳое, ки ба сифати номи ҷои пайдоиши мол эътироф намешаванд

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582)

Аломате, ки аз номи объекти ҷуғрофӣ иборат аст ё чунин номро дар бар мегирад, вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодае маъмул гаштааст, ки он барои ишораи моли намуди муайян истифода мешавад ва бо ҷои истеҳсоли ин мол алоқамандие надорад, ба сифати номи ҷои пайдоиши мол эътироф намешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

 

Моддаи 5. Нишондоди истеҳсоли мол

Нишондоди истеҳсоли мол метавонад дар шакли аломати вожавие, ки номи объекти ҷуғрофиро дар бар мегирад, ё дар шакли тасвир истифода бурда шавад.

 

Моддаи 6. Ҳифзи ҳуқуқии номи ҷои пайдоиши мол

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582)

Номи ҷои пайдоиши мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси бақайдгирии давлатии он тибқи тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур ё дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мавриди ҳифзи ҳуқуқӣ қарор мегирад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Номи ҷои пайдоиши мол метавонад ба номи як ё якчанд шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шавад. Шахсе, ки номи ҷои пайдоиши молро қайд кардааст, ҳуқуқи истифода бурдани онро соҳиб мешавад, ба шарте ки моли истеҳсолшаванда ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷавобгў бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Ҳуқуқи истифода бурдани худи ҳамон номи ҷои пайдоиши молро ба ҳама гуна шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди худи ҳамон объекти ҷуғрофӣ моли дорои айнан ҳамон хосиятҳои асосиро истеҳсол менамояд, додан мумкин аст (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Бақайдгирии номи ҷои пайдоиши мол бемўҳлат эътибор дорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

 

Моддаи 7. Ҳифзи ҳуқуқии нишондоди истеҳсоли мол

Ҳифзи ҳуқуқии нишондоди истеҳсоли мол дар асоси истифодабарии он амалӣ карда мешавад.

Ҳифзи ҳуқуқии нишондоди истеҳсоли мол аз роҳ надодан ба  истифодабарии ишораҳои қалбакии истеҳсоли мол, инчунин ишораҳое, ки истеъмолкунандаро оид ба ҷои воқеии баромади мол ба иштибоҳ меандозанд, иборат аст.

Нишондоди истеҳсоли мол ба қайди давлатӣ гирифта намешавад.

 

Боби 3. БаҚайдгирӢ ва додани ҳуҚуҚи истифодаи

номи ҷои пайдоиши мол

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582)

 

Моддаи 8. Ариза ва тартиби пешниҳоди он

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582)

Ариза ба мақомоти ваколатдор аз ҷониби шахси воқеӣ ва (ё) шахси (шахсони) ҳуқуқӣ бевосита ё тавассути намояндаи патентӣ пешниҳод карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Шахсони воқеие, ки ба таври доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё намояндагони онҳо бо мақомоти ваколатдор ба воситаи намояндагони патентӣ, ки ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти намояндаи патентиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудаанд ва ваколаташон бо ваколатнома тасдиқ гардидааст, пеш мебаранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Ариза бояд ба як номи ҷои пайдоиши мол дахл дошта бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Ариза бояд инҳоро дар бар гирад:

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582)

- дархост дар бораи бақайдгирӣ ва гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши мол ё дар бораи гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи қаблан бақайдгирифташудаи ҷои пайдоиши мол бо нишон додани номи аризадиҳанда (аризадиҳандагон) ва инчунин макони ҷойгиршавӣ ё макони зисти ў (онҳо) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582);

- аломати арзшаванда;

- ишораи моле, ки нисбат ба он бақайдгирӣ ва гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши мол ё гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи қаблан бақайдгирифташудаи ҷои пайдоиши мол дархост карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582);

- ишораи ҷои истеҳсоли мол (ҳудудҳои объекти ҷуғрофӣ);

- тавсифи хосиятҳои махсуси мол.

Ариза ба забони давлатӣ пешниҳод карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Аризаро аризадиҳанда ва дар ҳолати пешниҳоди он ба воситаи намояндаи патентӣ, аризадиҳанда ё намояндаи патентӣ имзо мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Агар объекти ҷуғрофие, ки номи он ба сифати номи ҷои пайдоиши мол арз шудааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад, ба ариза хулосаи мақомоти салоҳиятдор дар бораи он, ки дар ҳудуди объекти ҷуғрофии ишорашуда аризадиҳанда молеро истеҳсол менамояд, ки хосиятҳои махсуси онро шароити табиӣ ва (ё) омилҳои инсонии хоси маҳз ҳамин объекти ҷуғрофӣ муайян менамоянд, замима карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Агар объекти ҷуғрофие, ки номи он ба сифати номи ҷои пайдоиши мол зикр шудааст, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад, ба ариза ҳуҷҷате замима мешавад, ки ҳуқуқи аризадиҳандаро ба номи зикршудаи ҷои пайдоиши мол дар мамлакати баромади мол тасдиқ менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Ба ариза инчунин ҳуҷҷате замима мешавад, ки ба андозаи муқарраршуда ворид гардидани пардохти ҳатмиро барои пешниҳоди ариза тасдиқ менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда ба забони давлатӣ ё дигар забон пешниҳод карда мешаванд. Агар ин ҳуҷҷатҳо ба забони дигар пешниҳод шуда бошанд, тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ ба ариза замима карда мешавад. Тарҷумаро ба забони давлатӣ на дертар аз ду моҳи пас аз санаи ба аризадиҳанда фиристодани огоҳиномаи мақомоти ваколатдор оид ба зарурати иҷрои ин шарт пешниҳод намудан мумкин аст (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Санаи ба мақомоти ваколатдор ворид гардидани ҳуҷҷатҳои дар қисми чоруми моддаи мазкур пешбинишуда ё, агар ин ҳуҷҷатҳо дар як вақт ворид нагардида бошанд, санаи пешниҳоди ҳуҷҷати охирини воридгардида санаи пешниҳоди ариза маҳсуб  мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза дар бораи бақайдгирии номи ҷои пайдоиши молро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

 

Моддаи 9. Экспертизаи ариза

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582)

Экспертизаи ариза, ки аз экспертизаи расмӣ ва экспертизаи аломати арзшуда иборат аст, аз ҷониби мақомоти ваколатдор гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Дар давраи гузаронидани экспертизаи ариза то аз рўи он қабул гардидани қарор аризадиҳанда ҳуқуқ дорад ба маводи ариза иловаҳо ва ислоҳот ворид намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Агар маводи иловашуда моҳияти аризаро тағйир диҳад, чунин мавод барои баррасӣ қабул карда намешавад ва ин мавод метавонад аз ҷониби аризадиҳанда ҳамчун аризаи мустақил танзим шавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Дар рафти гузаронидани экспертиза мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз аризадиҳанда маводи иловагиеро, ки бе он гузаронидани экспертиза имконнопазир аст, талаб намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Маводи иловагии марбут ба талабномаи экспертиза бояд дар давоми ду моҳи пас аз  талабномаро гирифтани аризадиҳанда пешниҳод шавад. Аз рўи аризаи аризадиҳанда мақомоти ваколатдор метавонад ин мўҳлатро дароз кунад, агар ариза то анҷоми ин мўҳлат ворид гардида бошад. Агар аризадиҳанда мўҳлати зикргардидаро риоя накарда ва ё талабномаи экспертизаро беҷавоб монда бошад, аризаи аризадиҳанда бозхондашуда дониста мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Экспертизаи расмии ариза дар давоми ду моҳи пас аз санаи пешниҳоди он ба мақомоти ваколатдор гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Дар рафти гузаронидани экспертизаи расмӣ мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин мувофиқати онҳо ба талаботи муқарраргардида тафтиш карда мешавад. Аз рўи натиҷаҳои экспертизаи расмӣ қарор дар бораи ба баррасӣ қабул шудан ё ба баррасӣ қабул нашудани ариза бароварда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Ҳамзамон бо огоҳинома оид ба натиҷаи мусбати экспертизаи расмӣ ба аризадиҳанда, инчунин дар бораи санаи пешниҳоди ариза, ки тибқи Қонуни мазкур муқаррар гардидааст, маълумот дода мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Дар ҳолати рад намудани қабул ва баррасии ариза аз тарафи мақомоти ваколатдор ба аризадиҳанда огоҳиномаи асоснок фиристода мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Аз рўи аризаи ба баррасӣ қабулшуда экспертизаи аломати арзшуда, аз назари мувофиқати он ба талаботи дар Қонуни мазкур муқарраргардида гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Дар ҷараёни экспертизаи аломати арзшуда, инчунин асоснок будани ишораи ҷои истеҳсоли мол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиш карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

То қабул намудани қарор аз рӯи натиҷаи экспертизаи аломати арзшуда ба аризадиҳанда огоҳинома дар бораи натиҷаҳои санҷиши мувофиқ будани аломати арзшуда ба талаботи дар Қонуни мазкур муқарраргардида, ҷиҳати пешниҳоди далелҳои худ оид ба асосҳои дар огоҳинома зикршуда фиристодан мумкин аст. Далелҳои аризадиҳанда, агар онҳо дар давоми шаш моҳи пас аз санаи фиристодани огоҳинома пешниҳод шуда бошанд, ҳангоми қабули қарор аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи аломати арзшуда ба назар гирифта мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Аз рўи натиҷаҳои экспертиза мақомоти ваколатдор дар бораи бақайдгирӣ ё рад шудани бақайдгирии номи ҷои пайдоиши мол ва додани ҳуқуқи истифодаи он ё дар бораи додан ё надодани ҳуқуқи истифодаи номи қаблан бақайдгирифташудаи ҷои пайдоиши мол қарор қабул менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Аризадиҳанда метавонад дар марҳилаи дилхоҳи баррасии ариза, то ба Феҳристи давлатии номҳои ҷои пайдоиши мол (минбаъд - Феҳрист) ворид намудани маълумот оид ба бақайдгирии номи ҷои пайдоиши мол ва (ё) додани ҳуқуқи истифодаи ин ном,  аризаашро бозхонд намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Қоидаҳои пешбурди Феҳрист ва таркиби маълумоти ба он воридшавандаро мақомоти ваколатдор муқаррар менамояд.

 

Моддаи 10.  Эътирознома нисбат ба қарор ва барқарор намудани мӯҳлатҳои гузашта

Дар сурати норозӣ будан бо қарорҳои аз рўи натиҷаи  экспертизаи расмии ариза қабулшуда, бо қарор дар бораи рад кардани қабули ариза ҷиҳати баррасӣ, бо қарор аз рўи натиҷаи экспертизаи аломати арзшуда ё  бо қарор дар бораи бозхондашуда эътироф гардидани ариза аризадиҳанда метавонад ба Шўрои шикоятӣ дар давоми се моҳ аз санаи гирифтани қарори дахлдор эътирознома пешниҳод намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Мўҳлатҳои бо қисми 5 моддаи 9 ва қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, ки аризадиҳанда онҳоро гузаронидааст, метавонанд аз ҷониби мақомоти ваколатдор тибқи аризаи аризадиҳанда, ки на дертар аз ду моҳи пас аз анҷоми ин мўҳлатҳо пешниҳод гардидааст, дар сурати тасдиқ гардидани сабабҳои узрнок ва ворид кардани пардохти ҳатмии дахлдор барқарор карда мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Чунин ариза ба мақомоти ваколатдор ҳамзамон бо маводи иловагии аз ҷониби санҷиш талабшуда ё бо ариза оид ба дароз кардани мўҳлати пешниҳоди ин мавод ва ё ҳамзамон бо пешниҳоди эътирознома ба Шўрои шикоятӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 11. Бақайдгирии номи ҷои пайдоиши мол ва додани шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи он

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582)

Дар асоси қароре, ки аз рўи натиҷаҳои экспертиза қабул шудааст, мақомоти ваколатдор номи ҷои пайдоиши молро дар Феҳрист ба қайд мегирад. Ба Феҳрист номи ҷои пайдоиши мол, ишора ва тавсифи хосиятҳои махсуси моле, ки номи ҷои пайдоиши мол барои он мол ба қайд гирифта шудааст, дигар маълумоти марбут ба бақайдгирӣ ва додани ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши мол ва дароз кардани мўҳлати эътибори шаҳодатнома, инчунин тағйироти минбаъдаи ин маълумот ворид карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Мақомоти ваколатдор шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши молро (минбаъд - шаҳодатнома) дар давоми як моҳи пас аз гирифтани ҳуҷҷат оид ба ворид гардидани пардохти ҳатмии дахлдор медихад ва ба Феҳрист маълумотро оид ба дорандаи шаҳодатнома ворид менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Дар сурати бо тартиби муқарраргардида пешниҳод накардани ҳуҷҷате, ки ворид гардидани пардохти ҳатмиро барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши мол тасдиқ менамояд, шаҳодатнома дода намешавад ва маълумот дар бораи дорандаи шаҳодатнома ба Феҳрист ворид карда намешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Шакли шаҳодатнома ва таркиби маълумотеро, ки ба он ворид мегардад, мақомоти ваколатдор муқаррар менамояд.

 

Моддаи 12. Мўҳлати эътибори шаҳодатнома

Шаҳодатнома дар тўли даҳ соли пас аз санаи пешниҳоди ариза ба мақомоти ваколатдор эътибор дорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Мўҳлати эътибори шаҳодатномаро тибқи аризаи дорандаи шаҳодатнома дар сурати аз ҷониби ў пешниҳод гардидани хулосаи мақомоти салоҳиятдор дароз кардан мумкин аст. Дар хулосаи мақомоти салоҳиятдор дар хусуси он, ки дорандаи шаҳодатнома дар ҳудудҳои объекти ҷуғрофии дахлдор молеро истеҳсол менамояд, ки дорои хосиятҳои дар Феҳрист зикргардида мебошад, маълумот дода мешавад.

Агар номи ҷои пайдоиши мол номи объекти ҷуғрофие бошад, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, бар ивази хулосаи зикргардидаи мақомоти салоҳиятдор дорандаи шаҳодатнома ҳуҷҷатеро пешниҳод менамояд, ки он дар санаи пешниҳоди ариза оид ба дароз кардани мўҳлати эътибори шаҳодатнома дар мамлакати баромади мол ҳуқуқ доштани ўро ба истифодаи номи ҷои пайдоиши мол тасдиқ мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Ариза дар бораи дароз кардани мўҳлат дар давоми охирин соли эътибори шаҳодатнома пешниҳод карда мешавад.

Мўҳлати эътибори шаҳодатнома ҳар дафъа ба муддати даҳ сол дароз карда мешавад.

Аз рўи аризаи дорандаи шаҳодатнома дар сурати ворид намудани пардохти ҳатмии иловагӣ барои дароз кардани мӯҳлати эътибори шаҳодатнома ба ў шаш моҳи иловагии пас аз анҷоми мӯҳлати эътибори шаҳодатномаро додан мумкин аст. 

Маълумот дар бораи дароз кардани мўҳлати эътибори шаҳодатнома аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба Феҳрист ва шаҳодатнома ворид карда мешавад.

Қоидаҳои тамдид намудани мӯҳлати эътибори шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши молро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

 

Моддаи 13. Ворид намудани тағйирот ба Феҳрист ва шаҳодатнома

Дорандаи шаҳодатнома мақомоти ваколатдорро дар бораи тағйир ёфтани унвони худ, ному насаб, инчунин оид ба тағйироти дигари марбут ба бақайдгирӣ ва додани ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши мол огоҳ менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Маълумот доир ба тағйироти марбут ба бақайдгирӣ ба Феҳрист ва шаҳодатнома дар сурати ворид намудани пардохти корбарии дахлдор ворид карда мешавад.

Мақомоти ваколатдор бо мақсади ислоҳ намудани хатоҳои возеҳи техникӣ метавонад ба Феҳрист ва шаҳодатнома  ислоҳоти дахлдорро ворид намояд.

 

Моддаи 14. Интишори маълумот дар бораи бақайдгирӣ ва додани ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши мол

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582)

Маълумотро доир ба бақайдгирӣ ва додани ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши мол, ки ба Феҳрист мувофиқи Қонуни мазкур ворид карда шудааст, ба истиснои маълумоте, ки тавсифи хосиятҳои махсуси молро дар бар мегирад, мақомоти ваколатдор бе таъхир пас аз воридкунии ин маълумот ба Феҳрист дар хабарномаи расмӣ интишор менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

 

 

Моддаи 15. Бақайдгирии номи ҷои пайдоиши мол дар мамлакатҳои хориҷӣ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд номи ҷои пайдоиши молро дар мамлакатҳои хориҷӣ ба қайд гиранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Аризаи бақайдгирии номи ҷои пайдоиши мол дар мамлакатҳои хориҷӣ пас аз бақайдгирии он ва соҳиб шудан ба ҳуқуқи истифодаи ин номи ҷои пайдоиши мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

 

Боби 4. Истифодаи ИШОРАҲои ҶуҒрофӢ

 

Моддаи 16. Истифодаи ишораҳои ҷуғрофӣ

Ба кор бурдани ишораҳои ҷуғрофӣ дар рўи мол, тамғакоғазҳо, борпечҳо, дар реклама, нашрияҳои чопии рекламавӣ, бланкҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои расмие, ки бо воридкунии мол ба муомилоти гражданӣ алоқаманданд, истифодабарии номи ҷои пайдоиши мол ҳисобида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Истифодабарии нишондодҳои бардурўғи баромади мол ва номи бақайдгирифташудаи ҷои пайдоиши мол аз ҷониби шахсоне, ки шаҳодатнома надоранд, ҳатто агар дар ин ҳолатҳо номи воқеии ҷои пайдоиши мол нишон дода шавад ва ё ном дар тарҷума ё бо истифодаи вожаҳои «аз қабили», «намуди», «монанд» ва амсоли онҳо истифода шавад, инчунин истифодабарии аломати ба ишораи ҷуғрофӣ монанд нисбат ба ҳама гуна мол, ки метавонанд истеъмолкунандаро оид ба ҷои пайдоиш ва хосиятҳои махсуси мол ба иштибоҳ андозанд (истифодабарии ғайриқонунии ишораҳои ҷуғрофӣ), манъ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Гузашт намудани ҳуқуқи истифодаи ишораи ҷуғрофӣ ва додани ҳуқуқи истифодаи он дар асоси шартнома  номумкин аст.

 

Моддаи 17. Аломати огоҳкунанда

Дорандаи шаҳодатнома дар паҳлўи номи ҷои пайдоиши мол аломати огоҳкунандаро дар шакли ҳарфи лотинии "R" (ё R дар дохили давра ®) ва ё аломати вожавиеро, ки ба номи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташудаи ҷои пайдоиши мол будани аломати истифодашаванда ишора мекунанд, истифода бурда метавонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

 

Боби 5.  МАВРИДИ БАҲС ҚАРОР ДОДАН ВА Қатъ Гардидани 

Ҳифзи ҲуҚуҚии  номи ҷои пайдоиши мол

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582)

 

Моддаи 18. Мавриди баҳс қарор додани ҳифзи ҳуқуқии номи ҷои пайдоиши мол, додани шаҳодатнома ва беэътибор донистани онҳо

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582)

Таҳти ҳифзи ҳуқуқӣ қарор гирифтани номи ҷои пайдоиши мол, агар дар рафти он талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур риоя нашуда бошад, дар давоми тамоми мўҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ метавонад мавриди баҳс қарор гирад ва беэътибор дониста шавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Додани шаҳодатнома дар давоми тамоми мўҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ метавонад мавриди баҳс қарор гирад ва шаҳодатнома метавонад беэътибор дониста шавад, агар он бо риоя нагардидани талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дода шуда бошад ё мавриди ҳифзи ҳуқуқӣ гаштани номи ҷои пайдоиши мол беэътибор дониста шуда бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Ҳар шахс метавонад тибқи муқаррароти дар қисми якум ва дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба Шўрои шикоятӣ бар зидди мавриди  ҳифзи ҳуқуқӣ қарор додани номи ҷои пайдоиши мол ва додани шаҳодатнома эътирознома пешниҳод намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Таҳти ҳифзи ҳуқуқӣ қарор гирифтани номи ҷои пайдоиши мол ва додани шаҳодатнома дар асоси қарори Шўрои шикоятӣ ва инчунин ҳалномаи судие, ки ба қувваи қонун даромадааст, беэътибор дониста мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

 

Моддаи 19. Қатъ гардидани ҳифзи ҳуқуқии номи ҷои пайдоиши мол ва амали шаҳодатнома

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582)

Ҳифзи ҳуқуқии номи ҷои пайдоиши мол дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582):

- агар шароити хоси ҳамин объекти ҷуғрофӣ аз байн рафта, истеҳсоли моле, ки дорои хосиятҳои дар Феҳрист зикршуда аст, имконнопазир гардида бошад;

- агар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ҳуқуқи ба ин номи маҳал истеҳсоли молро дар мамлакати баромади мол аз даст дода бошанд.

Амали шаҳодатнома қатъ мегардад:

- агар мол хосиятҳои махсусеро, ки дар Феҳрист нисбат ба ҳамин номи ҷои пайдоиши мол зикр гардидаанд, гум карда бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582);

- агар ҳифзи ҳуқуқии номи ҷои пайдоиши мол қатъ гардида бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582);

- агар шахси ҳуқуқӣ – дорандаи шаҳодатнома барҳам дода шуда бошад;

- агар дорандаи шаҳодатнома бо хоҳиши худ дар бораи қатъ кардани амали шаҳодатнома ба мақомоти ваколатдор ариза дода бошад.

Ҳар шахс аз рўи асосҳое, ки бо қисми якум ва сархатҳои якум ва дуюми қисми дуюми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонад ба Шўрои шикоятӣ оид ба қатъ намудани ҳифзи ҳуқуқии номи ҷои пайдоиши мол ва эътибори шаҳодатнома ариза диҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Ҳар шахс метавонад аз рўи асоси пешбининамудаи сархати сеюми қисми дуюми моддаи мазкур ба мақомоти ваколатдор оид ба қатъи амали шаҳодатнома ариза диҳад.

Ҳифзи ҳуқуқии номи ҷои пайдоиши мол ва амали шаҳодатнома дар асоси қарори Шўрои шикоятӣ, мақомоти ваколатдор ва инчунин ҳалномаи ба қувваи қонун даромадаи суд қатъ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

 

Боби 6 . МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 20. Қарорҳои Шўрои шикоятӣ

Қоидаҳои пешниҳоди эътирозномаҳо ва аризаҳо ба Шўрои шикоятӣ ва тартиби баррасии онҳоро мақомоти ваколатдор муқаррар менамояд.

Қарорҳои аз рўи эътирозномаву аризаҳои бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур қабулкардаи Шўрои шикоятӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор тасдиқ карда мешаванд, аз санаи тасдиқшавиашон мавриди амал қарор мегиранд ва нисбати онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 21. Пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои корбарӣ

Барои пешниҳоди ариза, бақайдгирӣ ва гирифтани шаҳодатнома, дароз кардани мўҳлати эътибори шаҳодатнома ва барқарор намудани мўҳлатҳои гузаронидашуда, инчунин барои иҷрои дигар амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ, ки бо бақайдгирӣ ва дароз кардани мўҳлати эътибори шаҳодатнома алоқаманданд, пардохтҳои ҳатмӣ ситонида мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Барои гузаронидани экспертиза, ба маводи ариза дохил намудани тасҳеҳу ислоҳот, нашри маълумот оид ба бақайдгирии номи ҷои пайдоиши мол, дар Шўрои шикоятӣ баррасӣ кардани эътирозномаҳо, инчунин барои иҷро намудани амалҳои дигари марбут ба экспертизаи ариза аз ҷониби мақомоти ваколатдор пардохтҳои корбарӣ ситонида мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

Андозаи пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои корбариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои корбариро аризадиҳанда, дорандаи шаҳодатнома ва ё бо розигии онҳо ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ супорида метавонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

 

Моддаи 22. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ё дар асоси принсипи муомилаи мутақобила аз ҳуқуқҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

Ҳуқуқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтани номи ҷои пайдоиши мол ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳое дода мешавад, ки ҳамин гуна ҳуқуқро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1582).

 

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ  мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Э. Раҳмонов

 

              ш.Душанбе,

        5 марти соли 2007

                 № 236