ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2141 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2119 Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАҲЛИЛИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ ДАР САМТИ БАРОБАРӢ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ БО САНАДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭЪТИРОФНАМУДАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 24/10/2025 - 11:59
     Табъиз бо ҳама шаклҳо ва ифодаи имконпазираш яке аз шаклҳои маъмултарини поймолкунии ҳуқуқи инсон ва суистифодабарӣ аз ҳуқуқҳои инсон ба ҳисоб меравад. Он ба ҳаёти ҳаррӯзаи миллионҳо одамон таъсир мерасонад ва яке аз зуҳуротҳое мебошад, ки ошкор намудани он хело мушкил аст.
     Одамон метавонанд бо назардошти хусусиятҳои гуногун, ба табъиз дучор гарданд. Чунин хусусиятҳо ба монанди миллат, ҷинс, маъюбӣ, синну сол, афкори сиёсӣ, дин, ҳуввият, забон, фарҳанг, нажод ва баромади авлодӣ ва дигар хусусиятҳо бошад.
     Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ кӯшиш менамоянд, ки табъиз ва ҳамаи шаклҳои зуҳури онро таввасути санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ маҳкум намуда, ҷиҳати риоя ва эътирофи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
      Табъиз ин ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ мебошад, ки дар асосҳои воқеӣ ва (ё) эҳтимолӣ нисбат ба дилхоҳ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсон, хешовандони онҳо ё шахсони бо онҳо ба тариқи дигар алоқаманд ба вуҷуд омада, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкӣ ё ҳолати дигар асос меёбад ва мақсад ё оқибати он бад кардан, нобуд сохтан ва (ё) кам нишон додани ҳуқуқу озодиҳои эътирофшуда, истифода ё амалӣ намудани тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси баробарӣ мебошад[1].
     Бо суханони дигар, табъиз маънои муносибати нобаробар бо одамони баробар мебошад, ки натиҷаи он тақсимоти тафриқавии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои миёни онҳо мегардад[2]. Табъиз метавонад дар шаклҳои гуногун пайдо шавад ва аз ин рӯ намудҳои зеринро ҷудо мекунанд: ҳангоми қонунэҷодкунӣ ва иҷрои қонун; аз шахсони воқеӣ ва ниҳодҳои давлатӣ; қонунӣ ва ғайриқонунӣ; мусбат ва манфӣ; фаъол ва ғайрифаъол; бевосита ва бавосита ва ғайра[3].
     Аз мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳофизат аз табъиз бармеояд, ки се сатҳи муҳофизат аз табъиз мавҷуд аст: байналмилалӣ-ҳуқуқӣ, минтақавӣ ва дохилидавлатӣ.
     Табъиз пеш аз ҳама дар яке аз санадҳои байналмилалӣ, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид маҳкум гардидааст. Аз ҷумла, дар моддаи 55 он омадааст, ки «барои эҷод кардани шароити субот ва нашъунамои сулҳ ва муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо дар асоси эҳтироми принсипи баробарӣ ва худмуайянкунии халқҳо, Созмони Милали Муттаҳид ба эҳтиром ва риояи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама, бидуни фарқият аз рӯи нажод, ҷинс, забон ё дин» мусоидат мекунад[4].
     Механизми амалишавии ин принсип ва воситаи муҳофизат аз табъиз дар ҳуқуқи байналмилалӣ аз муқаррар намудани стандартҳои ҳадди ақали муносибати баробар, дар конунгузории дохили давлат мустаҳкам ва татбиқи он бояд риоя шаванд. Зарурати татбиқи барҳам додани табъиз дар сатҳи дохилидавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия пешбинӣ гардидааст.
     Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд [5].
     Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. Аз ҷумла, Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, ки 21 декабри соли 1965 қабул ва барои имзо ва тасдиқ боз шуда, аз 4 январи соли 1969 эътибор пайдо намудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон онро соли 1995 ба тасвиб расонидааст.
     Инчунин, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, ки бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (34/180) аз 18 декабри соли 1979 қабул ва барои имзо, тасдиқ ва ҳамроҳшавӣ боз гардида, аз 3 сентябри соли 1981 эътибор дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 27 декабри соли 1993 ба тасвиб расонидааст.
     Ҳамзамон, Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, ки 6 октябри соли 1999 қабул шудааст, Тоҷикистон онро 24 апрели соли 2014 тасдиқ намудааст.
Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон сиёсатеро ба амал мебарорад, ки мақсадаш аз байн бурдани ҳама шаклҳои поймолкунии ҳуқуқи инсон аз ҷумла, табъиз дар ҳама шакл ва баробарӣ дар назди қонун ҳам барои шаҳрвандон ва шахсони бешаҳрванд мебошад.
     Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аъзои Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, бо дарназардошти он ки узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид аст ва Оинномаи он ба принсипҳои шаъну шараф ва баробарӣ, ки хоси ҳар як инсон асос меёбад ва тамоми давлатҳои аъзои Созмон уҳдадор шудаанд дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид барои ноил шудан ба яке аз мақсадҳои он, ки аз ҳавасмандгардонӣ ва рушди эҳтироми умумӣ ва риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама, бидуни фарқияти нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ё динӣ иборат аст, амалҳои якҷоя ва мустақил анҷом диҳанд.
     Ҳамзамон, бо дарназардошти он ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидааст, эълон медорад, ки тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд ва ҳар як шахс бидуни ягон фарқият, хусусан, бидуни фарқият бо нишонаи нажод, ранги пӯст ё баромади миллӣ бояд тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои дар он эълонгардидаро дошта бошад. Аз ин ҷост, ки тамоми одамон дар назди қонун баробаранд ва тибқи қонун ба ҳифзи баробар аз ҳама гуна табъиз ва аз ҳама гуна таҳрик ба табъиз ҳуқуқ доранд[6].
     Табъизи одамон бо нишонаи нажод, ранги пӯст ё баромади этникӣ барои муносибатҳои дӯстона ва осоиштаи байни миллатҳо монеа мебошад ва метавонад боиси халалдор шудани сулҳ ва амнияти байни халқҳо, инчунин ҳамзистии мутаносиби шахсон ҳатто дар дохили як давлат гардида мавҷудияти монеаҳои нажодӣ хилофи ғояҳои ҳама гуна ҷомеаи инсонӣ мебошад.
     Зуҳуроти табъизи нажодӣ ҳанӯз дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ба мушоҳида мерасад. Шаклҳои зуҳури табъизи нажодӣ ва тамоми тадбирҳо дар Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъизи нажодӣ барои рафъ намудани он мушаххас гардида, давлатҳои аъзоро уҳдадор менамояд, ки ҷиҳати амалӣ намудани онҳо бояд дар сатҳи қонунгузории миллӣ чораандешӣ намоянд.
     Мутобиқ ба Конвенсияи мазкур мафҳуми «табъизи нажодӣ» ҳама гуна фарқият, хориҷкунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятеро ифода мекунад, ки ба нишонаҳои нажод, ранги пӯст, баромади авлодӣ, миллӣ ё этникӣ асос ёфта, мақсади онҳо ё оқибати онҳо нобудсозӣ ё нописандии эътироф, истифода ё баробар татбиқ кардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ё ҳама гуна дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.
     Бояд зикр намуд, ки ҳеҷ чиз дар Конвенсияи мазкур наметавонад то андозае таъсиррасонанда ба муқаррароти қонунгузории давлатҳои аъзо марбут ба мансубияти миллӣ, шаҳрвандӣ ё натурализатсия шарҳ дода шавад, ба шарте, ки дар чунин қарорҳо нисбати ягон миллати муайян табъиз зоҳир нагардад.
     Ҳамчунин, бо дарназардошти резолютсияҳо, эъломияҳо ва тавсияҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он бо мақсади мусоидат ба баробарҳуқуқии занону мардон, вале, бо ташвиш аз он ки, сарфи назар аз ин ҳуҷҷатҳои гуногун мисли пештара табъизи зиёде нисбати занон ҷой дорад, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон қабул гардидааст.
     Тибқи Конвенсияи мазкур табъизи занон принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми шаъну эътибори инсонро халалдор месозад, ба иштироки занон баробар бо мардон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари худ монеъ мегардад, ба болоравии некӯаҳволии ҷомеа ва оила халал расонида, ба пурра зоҳир намудани имкониятҳои занон ба нафъи кишварҳои худ ва инсоният мушкилоти зиёд ба миён меорад.
Тибқи Конвенсияи мазкур рафъ намудани апартеид, ҳама шаклҳои нажодпарастӣ, табъизи нажодӣ, мустамликадорӣ, неоколониализм, таҷовузгариҳо, ишғолгарӣ, ҳукмронӣ ва дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии давлатҳо барои пурра амалӣ гардидани ҳуқуқҳои мардону занон зарур мебошад[7].
     Мутобиқи Конвенсия мафҳуми «табъиз нисбати занон» ҳама гуна фарқият, хориҷкунӣ ё маҳдудсозӣ бо нишонаи ҷинсро дорад, ки ба заифгардонӣ ё умуман эътироф накардан, истифода ё татбиқи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ё ҳама гуна соҳаи дигар аз ҷониби занон, сарфи назар аз ҳолати иҷтимоии онҳо, дар асоси баробарҳуқуқии мардону занон равона гардидааст, муқаррар шудааст.
     Конвенсияҳои мазкур давлатҳои аъзоро ҷиҳати дар қонунгузорӣ ва чораандешии тадбирҳо тибқи тавсияҳои Кумитаи дахлдор оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ уҳдадор менамояд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маҳкум намудан ва барҳам додани табъиз то андозае мукаммал аст. Айни замон дар кишвар заминаи меъёрӣ ҳуқуқии таъмини баробарҳуқуқии шахрвандон сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, забон, пайдоиш, молу мулк ва мақоми давлатӣ, ҷои истиқомат, муносибат ба дин, эътиқод, мансубият ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ҳама гуна гурӯҳҳои иҷтимоӣ фароҳам гардидааст, ки тамоми уҳдадориҳои тибқи санадҳои байналмилалӣ бамиёномадаро дар қонунгузории миллӣ татбиқ ва ҷорӣ менамояд.
     Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва сарчашмаи қонунгузорӣ, табъиз ва ҳама шакли зуҳури онро маҳкум менамояд. Мутобиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Мардон ва занон баробарҳуқуқ буда давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
     Ҳамчунин, таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро бо мақсади нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва ғайра манъ менамояд. Таблиғ ва ташвиқоте, ки боиси барангехтани кинаю адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ мешаванд, манъ аст. Барои бадбинии нажодӣ ва мазҳабӣ дар Тоҷикистон тибқи қонунгузории ҷиноятӣ муҷозот таъин гардидааст. Ҳамин тариқ, дар кишвар сиёсати қавии роҳ надодан ба табъиз аз рӯи нажод, ҷинс, забон, миллат, дин, вазъи саломатӣ ё маъюбӣ амал мекунад.
     Аз ин ҷоcт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон як кишвари сермиллат ҳисобида шудааст. Тибқи барӯйхатгирии аҳолӣ ва манзил дар соли 2010 дар он беш аз 100 миллату халқият зиндагӣ мекунанд. Дар байни миллатҳо ҳиссаи асосиро тоҷикон 84,3 фоизи тамоми аҳолӣ, узбекҳо 12,2 фоиз, қирғизҳо 0,8 фоиз, русҳо 0,5 фоиз, туркманҳо 0,2 фоиз, тоторҳо 0,1 фоиз, дигар миллату халкиятҳо 1,9 фоизро ташкил медиҳанд[8]. Тибқи маълумотҳои омории барӯйхатгирии аҳолӣ ва манзили соли 2020 тоҷикон тахминан 85-90 фоиз , узбекҳо тахминан 8-9 фоиз, русҳо тахминан 1 фоиз, қирғизҳо тахминан 1 фоизи аҳолии Тоҷикистон ва дигар гурӯҳҳои этникӣ ба монанди қазоқҳо, украинҳо, армяниҳо, озарбойҷонҳо, яҳудиҳо ва дигарон бо шумораи ками аҳолӣ дар кишвар ҳузур доранд (камтар аз 1 фоиз).
     Мутобиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Аз ин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама шаклҳои зуҳури табъизро маҳкум менамояд. Ин меъёрҳо дар дигар қонунҳо низ муқаррар гардидаанд.
     Тибқи моддаи 27 Конститутсия шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд. Ин меъёр дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» низ пешбинӣ шудааст. Мутобиқи он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хизмати давлатӣ, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, эътиқоди сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (моддаи 13, қисми 6) ҳангоми ворид шудан ба хизмати давлатӣ, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, дин, вазъи иҷтимоӣ, мансабӣ ва молу мулкии шаҳрванд муқаррар намудани ҳама гуна табъиз манъ аст.
     Инчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ қабул гардида амал менамояд, ки табъизро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар мекунад.
     Дар Қонуни мазкур тадбирҳои дахлдор ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон аз ҷумла дар тамоми соҳаҳо дар асоси баробарӣ тибқи уҳдадориҳои дар моддаи 3 Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон нисбат ба давлатҳои аъзо пешбинӣ гардидааст, муқаррар ва танзим гардидаанд.
     Қонуни мазкур заминаи ҳуқуқии иштироки занон дар идоракунии давлатӣ, таъмини кафолатҳои баробарҳуқуқии онҳо дар соҳаи маориф ва илм, таъмини имкониятҳои баробари иштироки мардону занон дар интихобот, таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ва адои хизмат, таъмини имкониятҳои баробари иқтисодию иҷтимоӣ ва механизми амалигардонии онҳоро фароҳам меорад.
Ҳамин аст, ки ҷиҳати барҳам додани табъиз нисбат ба занон дар кишвар дар заминаи қонунгузории амалкунанда, ки ҳамаҷониба табъизро маҳкум менамояд ва таввасути як қатор барномаҳо, стратегия ва нақшаҳои миллии амалҳо ва квотаҳои дахлдор тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардидааст.
     Аз ҷумла, Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» аз 8 августи соли 2001, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016 ва солҳои 2017-2022, солҳои 2023-2030), Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015, бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои дигари марбут ба таъмини баробарҳуқуқии занон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки механизми самараноки таъмини иҷрои уҳдадориҳо ва тавсияҳои Кумитаи дахлдор оид ба рафъи ҳама шаклҳои табъиз мебошад.
     Мутобиқи моддаи 7 (банди b) Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, давлатҳои аъзо ҷиҳати андешидани чораҳо барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар ва таъмини иштироки онҳо баробари мардон, дар таҳия ва татбиқи сиёсати Ҳукумат, ишғоли вазифаҳои давлатӣ ва иҷрои ҳама вазифаҳои давлатӣ дар тамоми сатҳҳои идораи давлатӣ уҳдадор гардидаанд.
     Айни замон, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд, «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» мавриди амал ва иҷро қарор доранд.
     Қобили зикр аст, ки 2 марти соли 2025, 18 нафар занону бонувон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта зиёд мебошад. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд[9]. Ҳамаи ин нишондодҳо гувоҳи сиёсати дурусти зидди табъизии кишвар ва натиҷаи иҷрои санадҳои меъёри ҳуқуқии қабулгардида мебошанд.
     Бо мақсади барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни алоҳида, 19 июли соли 2022, №1890 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул гардида, амал менамояд.
     Дар моддаи 1 Қонуни мазкур мафҳуми “табъиз” муқаррар гардидааст, ки он тамоми фарқиятгузорӣ ва  бартариятдиҳиро аз рӯи ҳам аломатҳои марбут ба табъизи нажодӣ ва ҷинсӣ, инчунин дигар аломатҳои аз рӯи синну сол ва вазъи саломатӣ (маъюбӣ)-ро низ ба таври васеъ ифода намуда, тафриқаи онро аз рӯи аломатҳои муқарраршуда табъиз мешуморад.
     Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқаррар менамояд. Он ба ҳама сохторҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолияти онҳо, паҳн мегардад.
     Инчунин, тибқи Қонуни мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун мақоми ваколатдор ҳар сол на дертар аз моҳи феврал дар бораи вазъи риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи махсус нашр мекунад. Инчунин, ба сифати механизми ҳифзи ғайрисудии ҳуқуқи инсон аз ҷумла, табъиз ба шумор меравад.
Ташаккули падидаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон имконоти ҳимояи ҳуқуқи инсонро фарох менамояд ва ба ӯ воситаи иловагии ғайрисудиро оид ба барқарорсозии ҳуқуқҳои вайронгардида фароҳам овардааст[10, с.193].
Фаъолияти он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008 танзим мегардад.
     Бо мақсади мусоидат кардан ба барқароркунии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикоятҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро нисбат ба қарор ё амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро вайрон кардаанд, баррасӣ менамояд, агар муроҷиаткунанда нисбат ба ин қарор ё амали (беамалии) ба тариқи судӣ ё маъмурӣ шикоят карда бошад, вале бо қарори оид ба шикояти ӯ қабулгардида розӣ набошад.
     Шикоят дар шакли хаттӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон на дертар аз як сол аз рӯзи вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда ё аз рӯзе, ки ба ӯ вайрон шудани ин ҳуқуқҳо маълум шудааст, пешниҳод карда мешавад.
     Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аризаву шикоятҳоро оид ба баҳсҳои байни шахсони воқеӣ танҳо оид ба ҳолатҳои табъиз баррасӣ намуда, бо мақсади таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз фаъолияти медиатсия (миёнҷигарӣ)-ро оид ба баҳсҳои табъиз бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
    Аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба оғоз намудани истеҳсолоти интизомӣ, маъмурӣ ё парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси мансабдор ва шахси ба ӯ баробаркардашуда, ки дар қарор ё амали (беамалии) ӯ вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дида мешавад, ҳуқуқ дорад бо дархост муроҷиат намояд.
Ҳамчунин, ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиши санадҳои суд, ки бо тартиби муқарраргардида эътибори қонунӣ пайдо намудааст, муроҷиат намояд[11].
     Муроҷиатҳо оид ба ҳимояи судӣ аз табъиз аз ҷониби суд мутобиқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии маданӣ ва баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба табъиз тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
     Мавриди зикр аст, ки зарари моддӣ ва маънавӣ вобаста ба табъиз тибқи қонунгузорӣ ҷуброн карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар татбиқи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷумла, аз табъиз дар баробари давлат, инчунин фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ ба мушоҳида мерасанд. Ҳамин аст, онҳо қисми ҷудонопазири ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, механизмҳои муҳимми ғайридавлатии ташвиқу тарғиб ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи инсон ба ҳисоб рафта, фаъолияти онҳо дар дилхоҳ давлати демократӣ пазируфта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ба монанди «Бюрои ҷумҳуриявӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», «Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори умуми мустақил», «Ҷавонон ва тамаддун», «Маркази таҳлилию машваратӣ оид ба ҳуқуқи инсон», «Маркази таррақиёти инсон ва ҷомеа», ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон» ва ғайра фаъолият менамоянд[10,с.237]. Инчунин, фонди ҷамъиятии «Нотабене» (18 декабри соли 2009 ба қайд гирифта шудааст) ва ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» (10 апрели соли 2017 ба қайд гирифта шудааст) махсусан дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ҳимоя аз табъиз амал менамоянд. Махсусан фаъолияти онҳо ба арзёбии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва таҳияи маводи таҳлилӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон; таҳлили қонунгузории миллӣ оид ба мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон; таҳияи воситаҳои таълимӣ ва дигар маводҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон; мониторинги риояи уҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз ҷониби Тоҷикистон, таҳияи гузоришҳои алтернативӣ ва шикоятҳои инфиродӣ ба мақомоти Созмони Милали Муттаҳид; баланд бардоштани иқтидори институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди фаъолиятҳо дар асоси ҳуқуқи инсон ва дигар фаъолиятҳо оид ба дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон равона мегардад[12].
     Новобаста аз он, ки ҳуқуқ ба баробарӣ дар санадҳои ҳуқуқии муҳимми байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ мустаҳкам карда шудаанд, он бештар вақт риоя намешавад. Ҳатто, дар демократитарин давлатҳои ҷаҳон ҳуқуқи инсон ба баробарӣ дар ҳаҷми пурра амалӣ намешавад. Сабабҳои он зиёданд ва яке аз он ба ҳақиқати воқеӣ мутобиқ набудани интизории одамон мебошад. Барои ҳамин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини баробарии одамон кӯшишҳои зиёд намудан лозим аст[10, с.258].
     Ҳарчанд дар Тоҷикистон заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ вуҷуд доранд, ки ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва мубориза бо табъиз равона шудаанд, вале зарур аст, ки ба беҳтар кардани асоси ҳуқуқӣ ва таъсиси механизмҳои самарабахш барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон аз табъиз минбаъд низ чораҳо идома дода шаванд. Дар ин замина, пешниҳодҳои зерин мувофиқи мақсад аст.
     Дар Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ мафҳуми «табъизи нажодӣ» бо чунин мазмун маънидод шудааст: “Табъизи нажодӣ- ҳама гуна фарқият, хориҷкунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятеро ифода мекунад, ки ба нишонаҳои нажод, ранги пўст, баромади авлодӣ, миллӣ ё этникӣ асос ёфта, мақсади онҳо ё оқибати онҳо нобудсозӣ ё нописандии эътироф, истифода ё баробар татбиқ кардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ё ҳама гуна дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад”.
     Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз” бошад мафҳуми умумии таъбиз, ки дар моддаи 1 оварда шудааст яке аз аломатҳои табъиз “пайдоиш” ифода гардида, дар баробари дигар аломатҳо яке аз он аломати “баромади авлоди”муқаррар нагардидааст.
Бо назардошти мафҳуми дар Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани ҳама тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ муқаррар гардидааст, пешниҳод менамоем, ки дар банди 1) моддаи 1 Қонуни мазкур калимаи „пайдоиш“ ба калимаҳои „баромади авлодӣ“ иваз карда шавад. Зеро, чунин истилоҳот аломати табъизро ифода карда наметавонад.
     Дар моддаи 3 Қонуни мазкур мафҳуми доираи амали Қонун муқаррар гардида аз ҷумла “Қонуни мазкур ба ҳама сохторҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолияти онҳо, паҳн мегардад”. Дар банди 2) моддаи 1 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ муқаррар гардидааст, ки “ Конвенсия нисбати ҳама гуна фарқиятҳо, хориҷкуниҳо, маҳдудиятҳо ё афзалиятҳое, ки давлатҳои аъзои ин Конвенсия дар байни шаҳрвандон ва ғайришаҳрвандон ба роҳ мемонад, истифода намегарданд”.
Бинобар ин, пешниҳод менамоем, ки дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз” ҷиҳати мукаммал намудани доираи амали Қонуни мазкур банди 2 илова бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
“Қонуни мазкур нисбати фарқиятҳо, хориҷкуниҳо, маҳдудиятҳо ё афзалиятҳое, ки давлат дар байни шаҳрвандон ва шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд тибқи қонунгузорӣ ба роҳ мемонад, истифода намегарданд”.
     Моддаи 4 Қонуни мазкур ҳуқуқ ба баробарӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъиз муқаррар намудааст. Моддаи зикршуда ҳифзи самаранок аз ҳама шаклҳои таъбизро дар умум фаро гирифта, дар моддаҳои минбаъда шаклҳои дигари табъиз ҳамчун мафҳум ифода шудааст. Дар моддаи 5 табъизи бевосита ва бавосита, моддаи 6 таъқиб, моддаи 7 таҳрик намудан ба табъиз ва мафҳуми сегрегатсия дар моддаи 8.
Таҳлили Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ нишон дод, ки тибқи моддаи 3 давлатҳои аъзо уҳдадор мешаванд, ки ҳама гуна шаклҳои таъбизи нажодӣ аз ҷумла сегрегатсияи нажодӣ ва апартеидро махсус маҳкум намоянд.
Моддаи 2 Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон давлатҳои аъзо уҳдадор мешаванд, табъиз нисбати занонро дар тамоми шаклҳояш дар қонунгузорӣ маҳкум намоянд.
     Бо назардошти ба санадҳои байналмилалии мазкур мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” пешниҳод карда мешавад, ки дар моддаи 4 Қонуни мазкур банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
“Табъиз нисбати занон дар ҳама шакл манъ аст. Давлат ҳама гуна шаклҳои табъиз аз ҷумла, табъизи нажодӣ, сегрегатсия ва апартеидро маҳкум менамояд”.
     Инчунин, ҷиҳати ҷоннок намудани механизмҳои самарабахши барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз пешниҳодҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
- таваҷҷуҳи вижа ба омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи ҳуқуқи инсон ва ҳифзи он аз табъиз ва шаклҳои ҷадиди он ва дар ин замина, устувор намудани механизмҳои ҳифзи самаранок ва содда ба монанди платформаи маҷозии муроҷиати осон ҳангоми дучор гардидан бо табъиз ташкил карда шавад;
- дар доираи барномаҳои таълимӣ тадриси ҳимоя аз табъиз ва маҳкум намудани ҳамаи шакли зуҳури он таҷдиди назар карда шавад.
- барномаи муҳофизат ва дастгирии шахсоне, ки қурбонии табъиз мебошанд, махсусан дар ҳолатҳое, ки амнияти онҳо зери хатар қарор дорад, таҳия карда шавад;
- марказҳои маҷозии (онлайнии) ёрии ҳуқуқӣ ва машваратҳои ройгон барои қурбониёни табъиз ташкил карда шавад;
- иттилооти зиддитабъизӣ тавассути васоити ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ, чорабиниҳо ва филмҳо, ҷиҳати тағйир додани муҳити иҷтимоӣ ва афзоиши фарҳанги таҳаммулпазирии ҷомеа паҳн карда шавад.
 
 
Рӯйхати адабиёт:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз» аз19 июли соли 2022, № 1890//Махзани мутамаркази иттилоотии-ҳуқуқӣ «Адлия» Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL:www.adliya.tj» (санаи муроҷиат: 7.04.2025).
  2. Диноршоев А.М., Сафаров Д.С. Ҳуқуқи инсон- Душанбе, 2010.С.296 с.
  3. Сичев В.Б. Дар бораи намудҳои табъиз // Ахбори Донишгоҳи Саратов.2012. Ҷилди. 12.нашри 4. С. 101-103.
  4. Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид. [Захираи электронӣ]: Манбаи дастрасӣ: https://research.un.org/ru/docs/resolutions (санаи муроҷиат:7.04.2025)
  5. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ( бо забони тоҷикӣ ва русӣ).-Душанбе:”Нашриёти Ганҷ” 2016с.
  6. Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон аз 18 декабри соли 1979.[Захираи электронӣ]: Манбаи дастрасӣ: https://mfa.tj/uploads/main/2020/12/2-Konvensiya-dar-borai-barham-dodani-tamomi-shaklhoi-tab-iz-nisbati-zanon.pdf (санаи муроҷиат:7.04.2025).
  7. Гузоришҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон. Гузориши даврии дувоздаҳум ва сездаҳуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 вобаста ба татбиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳама шаклҳои табъизи нажодӣ. [Захираи электронӣ]: Манбаи дастрасӣ: https://mfa.tj/tg/main/view/6720/guzorishhoi-jumhurii-tojikiston-oid-ba-huquqi-inson (санаи муроҷиат:4.04.2025).
  8. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар.[Захираи электронӣ]: https://www.president.tj/event/speeches/49921 (санаи муроҷиат:8.04.2025).
  9. Механизмҳои ҳимояи ҳуқуи инсон.Китоби дарсӣ.-Душанбе: 2023.-480с.
  10. Фонди ҷамъиятии «Нотабене». [Захираи электрони]: https://www.notabene.tj/rules.html (санаи муроҷиат:4.04.2025).

              Настарани Абдуғафор,

муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1.  
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад