ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1724 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2021 Маҷлиси Олии ҶТ 20.11.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1717 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ САЙЁҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1714 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Тафсири Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури муҳим ва воситаи кўмакрасон

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Яшб, 19/01/2020 - 17:48

      24-сентябри  соли  2012 бо дастгирии Ҷамъияти  ҳамкории  текникии  Олмон  муаррифии Тафсири Кодекси мурофиавииграждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз  ҷониби  гурўҳи  кории  Маркази миллии  қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида буд,  баргузор  гардид.        

        Дар чорабинии мазкур намояндаҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти байналмилалии Иститути «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон,  Асотсиатсияи  шветсарӣ  оид  ба  ҳамкории  байналмилалӣ  «Хелветас», Шўрои  адлия, Суди олии  иқтисодӣ, Суди  конститутсионӣ ва  судҳои  шаҳру  ноҳияҳо, Коллегияи  адвокатҳои  «Сипар» Ташкилотҳои  ҷамъиятӣ  ва  коршиносони  мустақил  иштирок  намуданд.                                                       Муаррифии китоби тозанашри  Тафсири Кодекси мурофиавии граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  сухани  ифтитоҳии  Директори  Маркази  миллии  қонунгузории  назди  Президенти ҶТ  Раҳимов  Маҳмад  Забирович  оғоз  гардид. Зимни  суханронӣ  Директори  Марказ иштирокчиёнро  барои  иштирокашон изҳори  миннатдорӣ  намуда  аз  ҷумла  иброз  дошт;  Ба  ҳамагон  маълум  аст,  ки   ислоҳоти судӣ  дар Ҷумурии Тоҷикистон  идома  дорад, ки  асоси  онро  Қонуни  конститутсионии  ҶТ «Дар  бораи  судҳо» -и ҷумҳурӣ  аз  соли  2001  ташкил  медиҳад ва  минбаъд  бо  фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  барномаҳои давлатӣ  дар  соҳаи ислоҳоти  судӣ  қабул  гардид.  Дар  натиҷа  соли  2008  Кодекси мурофиавии  граждании  ҶТ,  Кодекси  ҶТ  оид  ба  мурофиаи  судии  ҶТ, Қонуни  ҶТ  «Дар бораи судҳои ҳакамӣ»,  «Дар  бораи  истеҳсолоти иҷро»  ва  ғайра  қабул  карда  шуд.  Барои амалӣ намудани  онҳо  зарурат ба  миён  меояд,  ки  тафсир  ва  шарҳи  моддаҳои он   дастраси  омма  гардонида  шавад. Зеро ҳифзи  ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрвандон  асоси  фаъолияти  давлати  моро  ташкил  медиҳад.  Ба  ҳамин хотир дар Маркази миллии  қонунгузории назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон бо ҷалби  мутахассисони  варзидаи  соҳаи мурофиаи гражданӣ  аз  мақомоти  судӣ,  прокуратура,  адвокатура,олимони факултаи  ҳуқуқшиносии  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон, ва  як  қатор  коршиносон  гурўҳи корӣ  таъсис  дода  шуд.  Дар  натиҷа  заҳмати  ду  солаи  онҳо  барои  кормандони  амалия,  ки ниҳоят муҳим  мебошад яъне  Тафсири  Кодекси мурофиавии  граждании  ҶТ  бо  саҳмгузории  Ҷамъияти  ҳамкории  Олмон  самараи  хуб ба  бор  оварда  имрўз  дастраси  ниёзмандон  гардид.

                Раҳимов М.З  изҳор дошт, ки  умед  дорем, тафсири мазкур  дар  тадбиқи  самараноки  Кодекси  мурофиавии  гражданӣ мусоидат менамояд, чунки Кодекси мурофиавии граждании ҶТ  яке аз қонунњое мебошад, ки имкони таъмини ҳуқуқҳои конститутсиониро ба ҳифзи  судӣ кафолат медиҳад. Зеро тафсири муаррифигардида дар асоси консепсияҳои муосири мурофиавии ҳуқуқӣ ва инкишофи таҷрибаи судӣ омодашуда, мазмун ва мундариҷаи  Кодекси мурофиавии  граждании ҶТ -ро  ифода намуда ва дуруст дар амал тадбиқ гардида, барои кормандони мақомоти судӣ, прокуратура адвокатҳо, донишҷуён, аспирантҳо ва дигар  матахасисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ  дастури  муҳиме  мегардад.  

                Дар идомаи  суханронии  Директори Марказ Роҳбари барномаи ташкилоти  байналмилалии ҳамкории Олмон «оид ба мусоидат дар давалатдории Осиёи  марказӣ» Йорг Пуделька ба сухан баромад. Мавсуф аз нашри Тафсир изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард ки билохира талошу заҳматҳои гурўҳи корӣ  имрўз муаррифӣ мегардад.

                 Тафсир дар ҳамаҷо ҳаст ва тафсири қонунгузорӣ ҳамеша ҳамчун асбоб  истифода мешавад. Дар Олмон донишҷўеро пайдо кардан душвор аст, ки дар натиҷаи таҳлилу  тадқиқоти қонунгузорӣ аз тафсир истифода набарад. Бояд қайд намуд, ки тафсир дар Олмон барои судяҳо ҳамчун воситаи кўмакрасон хизмат мекунад. Ягон рўзи корӣ барои судя бе муроҷиат ба тафсир паси сар намешавад. Ва ягон ҳалномаи судие нест, ки дар он иснод ба тафсир наоварда бошанд. Хол он ки ягон ўхдадорӣ вуҷуд надорад, ки судя аз тафсир истифода барад, лекин овардани иснод ба тафсир аз як тараф кори судяро осон намояд аз тарафи дигар ба тарафҳои мурофиа муайян менамояд, ки судя дар ҳақиқат ба таври  комплексӣ ба омўзиш ва таҳлили ҳаматарафаи маводи парванда машғул шудааст. Ақидае ҳаст, ки «Вақте судя дақиқан донистан хоҳад, ки чи тавр дигарон дар масъалаҳои ба ҳам монанд қарор қабул кардаанд, ҳадди ақал ба як тавзеҳи серҳаҷми қонунгузорӣ, яъне ба тафсир рў меорад. Яъне аз навиштаи таҳлилгарон ба воситаи тафсир ба ҳуқуқтатбиқкунанда рўшан мешавад, ки кадом арзишҳо тавзеҳи меъёрҳои ҳуқуқиро муайян мекунанд ва чигуна назарияи ғолиб аз муқаррароти баҳсбарангези қонун пайдо мешавад.

                Дар рафти чорабинӣ муаллифон Бобоев У.Х., Диноршоев А.М., Хоҷаева Л.И ва муқарризон Акимбекова С.А., Скрябин С.И., Бобоҷонов И.Х ва Болтуев Ш.С ва дигарон андешаҳои худро атрофи таҳия ва кори гурўҳи корӣ иброз намуданд. Аз ҷониби  иштирокчиён устоди ДМТ Менглиев Ш.М., коршиноси мустақил Бобоназарова О ба музокира баромада аз нашри чунин як тафсири сари вақтӣ ба муаллифон изҳори  миннатдорӣ намуданд. Ҳамзамон таклифҳо ба миён омад, ки дар оянда тафсири мазкур ба забони тоҷикӣ ва бо шумораи зиёд нашр карда шавад ва масъулин метавонанд барои дастраси ҳамагон гардидани тафсири калонҳаҷм аз режими онлайн ва ё дар шакли фитта истифода баранд то ба ин васила мутахассисони соҳа қаноатманд гардида сари вақт онро пайдо намоянд, чунки адади нашр наметавонад ба ҳамагон дастрас бошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)