ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1955 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар

-A A +A
Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Пшб, 30/05/2024 - 13:33

Муҳтарам олимону донишмандон!

Ҳозирини гиромӣ!

Аз вохӯрии мо бо аҳли зиёи кишвар чор сол сипарӣ гардид.

Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем.

Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод.

Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд.

Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Тавре дар паёми навбатӣ таъкид карда будам, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем.

Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.

Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд.

Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст.

Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад.

Мисол мегирем телефони мобилӣ, интернет, мошинҳои барқӣ ё ваксинаҳое, ки ҷони миллионҳо нафарро аз марг наҷот доданд.

Шумо хуб медонед, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод.

Дар бораи корҳои тайи беш аз сӣ сол амалинамудаи Ҳукумати мамлакат мехоҳам баъзе рақамҳоро, такрор шавад ҳам, хотиррасон намоям.

Аввалин ва муҳимтарин коре, ки мо анҷом додем, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ, аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ба Ватан ва маҳалли зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо ва ба роҳ мондани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ буд.

Анҷом додани ин корҳо аз Ҳукумати мамлакат саъю талоши пайгирона, заҳмати бисёр сангини шабонарӯзӣ ва хароҷоти бузургро талаб мекард.

Яъне қариб даҳ соли аввали соҳибистиқлолӣ бо мухолифату кашмакашҳои дохилӣ гузашт.

Танҳо аз соли 2000-ум мо имкон пайдо кардем, ки пастравии иқтисоди миллиро боздошта, ба оғози марҳалаи рушд ворид гардем.

Дар ин давраи вазнини таърихи халқамон мо фаъолияти фалаҷшудаи ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор кардем, Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, яъне Қувваҳои Мусаллаҳи худро амалан дар ҷои холӣ таъсис додем.

Дар солҳои минбаъда бунёду азнавсозии роҳҳои мамлакатро оғоз карда, беш аз 2000 километр роҳҳои замонавӣ, зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пули нав бунёд намудем ва Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем.

Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд.

Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.

Дар ин давра сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расид.

Шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион нафари соли 1991 ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 ба 10,3 миллион нафар расид, яъне қариб ду баробар афзоиш ёфт.

Дар даҳсолаҳои охир афзоиши шумораи аҳолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,3 фоизро ташкил карда истодааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба ҳисоб меравад.

Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд.

Агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2024 шумораи танҳо муштариёни алоқаи мобилӣ ба беш аз 6,7 миллион нафар расид.

Танҳо дар соли 2023 барои истифодаи алоқаи мобилӣ аз ҷониби аҳолии мамлакат 3,8 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.

Ҳоло шумораи истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Соли 1991 дар кишвар 53 меҳмонхона фаъолият дошт ва ҳоло ин рақам ба 227 расидааст ё 4,2 баробар зиёд гардидааст.

Дар оғози соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ як ташкилоти қарзӣ мавҷуд буд.

Ҳоло ин рақам ба 63 расидааст.

Агар аз ҷониби низоми бонкии кишвар соли 1991 ба муштариён ҳамагӣ 2,2 миллион сомонӣ қарз дода шуда бошад, соли 2023 ин нишондиҳанда қариб 19 миллиард сомонӣ ва танҳо дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ 6,6 миллиард сомониро ташкил додааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда дода шуд.

Яъне, дар маҷмӯъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд.

Дар 70 соли то замони истиқлол барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд.

Дар даврони истиқлол дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо гузаронида шуда истодааст.

Ҳамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки солҳои вазнини 90-уми асри гузашта мо бо мақсади пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ба мардум тақсим карда додем.

Ин қитъаҳои замин, ки номи «замини президентӣ»-ро гирифтанд, дар пешгирӣ намудани хатари гуруснагӣ воқеан нақши калидиро иҷро карданд.

Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазору 500 корхонаи саноатӣ бо 88 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ ба маблағи умумии 86 миллиард сомонӣ бунёду таҷдид гардид, ки дар натиҷа 75 фоизи зерсохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ карда шуд.

Аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир – 1», «Тоҷикистон» ва Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шуда, неругоҳи «Сарбанд» пурра таҷдид гардид.

Илова бар ин, корҳои таҷдиду барқарорсозии пурраи неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум», инчунин, бунёди неругоҳи «Себзор» бомаром идома дорад.

Дар ин давра беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Истеҳсоли неруи барқ аз 17,6 миллиард киловатт – соат дар соли 1991 ба 21 миллиарду 860 миллион киловатт – соат дар соли 2023 ё 24,2 фоиз афзоиш ёфт.

Соли 1991 дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шуда буд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишвар беш аз 1 миллион мошини сабукрав ворид шудааст.

Агар соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар низоми бонкӣ ҳамагӣ 93 миллион сомониро ташкил карда бошад, ҳоло ин нишондиҳанда ба 20,4 миллиард сомонӣ расидааст, яъне 219 баробар афзоиш ёфтааст.

Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем.

То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт.

Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст.

Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд.

Ҳамчунин, таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд.

Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ин марҳала сохтори Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ такмил дода, шумораи бастҳои корӣ зиёд карда шуд.

Соли 2003 дар назди ин академия Маркази илмии кишоварзии Помир ва соли 2020 Маркази ҷумҳуриявии илмиву таҳқиқотии пиллапарвариро таъсис додем.

Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Аз ҷумла, олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд.

Олимони мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.

Иҷрои ин корҳо вазифаи танҳо Ҳукумат нест, балки дар ин раванд олимону зиёиёни кишвар низ бояд пешсаф бошанд.

Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад.

Қобили зикри хос аст, ки дар ин давра як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.

Барои нақши арзишманд дар рушди илм, маориф ва фарҳанг, таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ ва анҷом додани корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ беш аз 40 нафар олимони Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо ҷоизаву унвонҳо ва мукофотҳои байналмилалӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои саҳми арзанда дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ то имрӯз садҳо нафар олимони кишвар бо ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест.

Имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман конеъкунанда нест.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Аз ин лиҳоз, таъкид менамоям, ки зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст.

Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро анҷом диҳад.

Ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти самарабахши онҳо, хусусан, тавассути кам кардани хароҷот барои нигоҳдории таҷҳизоти нодаркор ва аз ин ҳисоб бо технологияҳои замонавӣ таъмин намудани озмоишгоҳҳои мавҷуда ва таҷдиди пояи иттилоотии таҳқиқоти илмӣ бояд пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шаванд.

Таъкид месозам, ки сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илми кишвар мебошад.

Таҳлили ҳисоботи академия тайи солҳои 2021 – 2023 нишон медиҳад, ки аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ дар ин муддат ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст.

Таҳия нашудани санади дахлдор оид ба меъёрҳои арзёбӣ кардани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва кормандони онҳо яке аз сабабҳои ин падидаи нигаронкунанда маҳсуб мешавад.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда мешаванд, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ дар муҳлати се моҳ доир ба ин масъала пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст.

Чунонки болотар зикр гардид, маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд.

Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад.

Бо вуҷуди ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд.

Мо ба хотири ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистонро таъсис додаем.

Ба замми ин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд.

Ҳоло даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд.

Ҳамаи тадбирҳои зикргардида далели ғамхориву дастгирии давлатӣ нисбат ба аҳли илму маориф буда, ҳоло ба дарёфти истеъдодҳо ва дастовардҳои нави илмӣ мусоидат карда истодаанд.

Мо соли 2022 Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ»-ро қабул намудем.

Татбиқи қонуни зикршуда метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.

Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз роҳу воситаҳои татбиқи самараноки қонун таҳия нагардидаанд ва қисми зиёди олимону ихтироъкорони мо доир ба моҳияти он маълумоти кофӣ надоранд.

Дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест.

 

Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд.

То ҳол воридоти молҳои ниёзи аввал ба кишвар зиёд буда, солона беш аз 17 миллиард сомонӣ ё 25 фоизи ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад ва илми ватанӣ ба тағйир додани чунин вазъият таъсиргузор нест.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки таъсиси сохтори алоҳида – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти мамлакат бояд ба раванди пайванди илм бо истеҳсолот ва рушди фаъолияти инноватсионӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Фаъолияти ин сохтор бояд ба рушд, танзим ва дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ ва таҳияи механизми татбиқи он равона карда шавад.

 

 

Вазоратҳои адлия, молия, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаро зарур аст, ки ҷиҳати таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши қонуни зикршуда чораҳои дахлдор андешанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

То замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд.

Яъне дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Таъкид месозам, ки ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.

Дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест.

Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем.

Бо дарназардошти чунин вазъ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат яке аз вазифаҳои асосӣ ва зарурӣ ба шумор меравад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо ба рушди бомароми соҳаи маориф ва дарёфти шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем.

Аммо дар ин самт якчанд омили нигаронкунанда вуҷуд дорад.

Масалан, имрӯз дар баъзе соҳаҳои илм, бахусус, дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ кормандони калонсол аксариятро ташкил медиҳанд, ки аслан ин падидаи манфӣ нест, зеро расидан ба камолоти зеҳниву илмӣ солҳои тӯлонии омӯзишу таҳқиқро талаб мекунад.

Аммо дар баробари ин, мо шоҳиди дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ ҳастем.

Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои чӣ баъзе устодону олимони номдори мо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақаллан чор – панҷ шогирди сазовор тарбия накардаанд?

Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд.

Фаромӯш набояд кард, ки ин анъана дар таърихи халқи мо собиқаи тӯлонӣ дорад.

Мо ҳамеша мегӯем, ки пайванди наслҳоро бояд ҳифз кунем ва идома диҳем.

Расми дунё ҳамин аст, ки ҳеҷ кас дар зиндагӣ ва мансаб абадӣ нест ва касе ҳатман ҷойгузини каси дигар мешавад, аз ҷумла шогирд ба ҷойи устод.

Аз ин лиҳоз, ба ҷойи дастгирӣ кардани ҷавонон нисбат ба онҳо кӯтоҳбиниву тангназарӣ зоҳир намудан кори тамоман нодуруст мебошад.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд.

Ҳамаи аҳли нишаст хуб медонанд, ки тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду илмдӯст яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати пешгирифтаи давлати мо мебошад.

Мо ҳамасола ба ҳисоби миёна беш аз 10 000 нафар ҷавононро барои азхудкунии илму донишҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи мамолики дигар мефиристем ва ҳоло шумораи умумии онҳо беш аз 40 000 нафарро ташкил медиҳад.

Аммо санҷиши вазъи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи миллии илмҳо муайян намуд, ки аз соли 2018 то соли 2023 дар ин муассиса 18 нафар ба докторантура аз рӯйи ихтисос аз ҳисоби буҷет ва 1 нафар ба таври шартномавӣ қабул карда шудааст.

Вале аз шумораи умумии хатмкардагон танҳо 2 нафар докторант рисолаи илмии худро ҳимоя кардааст.

Сабаби дар муҳлати муайяншуда ҳимоя нагардидани рисолаҳои илмӣ, агар аз як тараф, ба таври самаранок фаъолият накардани худи докторантҳо бошад, аз ҷониби дигар, бемасъулиятии роҳбарони илмии онҳо мебошад.

Дар ин самт ҳолатҳои суиистифода аз вазифа низ ҷой доранд.

Аз 19 нафар докторанти қабулгардида роҳбарии 8 нафари онҳоро собиқ директори Пажӯҳишгоҳи математика ба зимма гирифтааст, вале ягон нафари онҳо рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст.

Чунин муносибат нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар дигар пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ низ дида мешавад.

Масалан, дар Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзӣ аз соли 2019 то имрӯз 16 нафар докторант аз рӯйи ихтисос аз ҳисоби буҷет қабул карда шудааст.

Аммо то имрӯз ягон нафар рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст.

Дар даҳ соли охир ба Пажӯҳишгоҳи масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи Академияи илмҳои кишоварзӣ 28 нафар аспирант ва 10 нафар унвонҷӯ қабул гардидааст.

Лекин дар ин муддат аз 38 нафар ҳамагӣ 3 нафар рисолаи илмии худро ҳимоя кардааст, ки ташвишовар мебошад.

Дар Пажӯҳишгоҳи хокшиносӣ дар даҳ соли охир 13 нафар докторант аз рӯйи ихтисос қабул шудааст, вале то ҳол ягон нафар рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст.

Муҳтарам намояндагон ва кормандони муассисаҳои илмӣ, хусусан, роҳбарони илмии унвонҷуёну аспирантҳову докторантҳо!

Бо дарназардошти вазъе, ки гуфта шуд, ман аз шумо мепурсам, ки чунин муносибат илми тоҷикро ба куҷо мебарад?

Ин гуна хунукназарӣ нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ метавонад дар оянда оқибатҳои бисёр ногувор, аз ҷумла паст гардидани сатҳи маърифатро дар байни ҷомеа ба миён оварад.

Илова бар ин, таъкид месозам, ки маблағҳои буҷет беҳисобу беохир ва беназорат нестанд.

Бинобар ин, аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъиян талаб менамоям, ки ба фориғболиву бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим миёни муассисаҳои илмии кишвар ҳарчи зудтар хотима бахшанд.

Пас аз пошхӯрии шӯравӣ аксар кишварҳои ба мо наздик академияҳои худро ё барҳам доданд ё ба ниҳодҳои ҷамъиятӣ табдил доданд.

Мо баръакс, бо вуҷуди шароити вазнини он солҳо муассисаҳои илмӣ ва Академияи илмҳоро нигоҳ доштем, дастгирӣ кардем ва дастгирӣ карда истодаем.

Аммо дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо баъзан муносибат ва рафтори бисёр ташвишоварро мушоҳида мекунем.

Бахусус, мавқеи шаҳрвандии баъзе олимону донишмандони мо бисёр нигаронкунанда мебошад.

Бетарафӣ, гоҳо танқиди беасос, норозигии доимӣ, эҷоди иғво дар ҷомеа ва монанди инҳо ба одати баъзеҳо табдил ёфтааст.

Фаромӯш набояд кард, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта маҳз ҳамин гуна бетарафию хусумат, бепарвоӣ ва ҳатто дастгирии қувваҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби баъзе олимону донишмандон ва зиёиёни асолатбохта буд.

Ҷобаҷогузории мутахассисон боз як масъалаи дигари муҳим дар фаъолияти муассисаҳои илмӣ маҳсуб мешавад.

Масалан, дар Маркази омӯзиши пиряхҳо аз замони таъсисёбиаш ягон мутахассиси самти пиряхшиносӣ ба кор ҷалб нашудааст.

Аксари кормандони ин муассиса ҳатто ихтисоси наздик ба ин самтро надоранд.

Аз камбудиҳои зикргардида чунин хулоса бармеояд, ки ҷобаҷогузории кадрҳо дар муассисаҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ қонеъкунанда нест ва ҳангоми пешниҳоди таъсиси ин ё он сохтори илмӣ масъалаи таъмин будани онҳо бо мутахассисони соҳа ба назар гирифта намешавад.

Аз ин лиҳоз, дастур дода мешавад, ки Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ барои ишғоли вазифаҳои илмӣ озмуни ғайринавбатӣ эълон намоянд ва қабули довталабонро бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ба роҳ монанд.

Муовини Сарвазири мамлакат – сарпарасти соҳа ва ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа вазифадор карда мешаванд, ки ин масъаларо зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Соли 1960 бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳимми бемориҳои узвҳои ҳозима дар ҳайати Академияи илмҳои Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология таъсис дода шуда буд.

Соли 2009 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Академияи илмҳои тиб таъсис дода шуда, пажӯҳишгоҳ аз тобеияти Академияи илмҳо ба сохтори вазорати мазкур гузаронида шуд.

Вале Академияи илмҳои тиб бо сабаби ноил нагардидан ба дастоварҳои назаррас соли 2020 барҳам дода, соли 2021 ба сохтори Академияи миллии илмҳо ворид карда шуд.

Имкониятҳои васеи кишвари мо дар самти рушди саноати дорусозӣ, сайёҳии табобатӣ, бахусус, пандемияи КОВИД – 19 моро бори дигар водор месозад, ки аз ҳарвақта дида, ба масъалаҳои инсон ва саломатии ӯ аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намоем.

Такрор ҳам шавад, хотирнишон менамоям, ки барои давлат миллати солим даркор аст ва барои миллати солим табибони баландихтисос заруранд.

Аз ин рӯ, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент дастур дода мешавад, ки гурӯҳи кории босалоҳият таъсис дода, дар муддати се моҳ масъалаҳои вобаста ба дигарбора таъсис додани Академияи илмҳои тиббиро баррасӣ намояд ва санадҳои дахлдорро дар ин хусус ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад.

Ҳозирини арҷманд!

Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.

Бо ин мақсад мо солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда, дар ин замина чор санади дахлдор қабул намудем.

Дар заминаи ин иқдом аз ҷониби вазорату идораҳои масъул як қатор тадбирҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки ба болоравии тафаккури техникии ҷавонон, ҷалби ҷомеа ба омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд.

Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки кор доир ба татбиқи самарабахши санадҳои зикршуда бояд ба таври ҷиддӣ вусъат бахшида шавад.

Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм навсозии муҳити таълимӣ, илмиву таҳқиқотӣ дар соҳаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ ва риёзӣ идома дорад.

Вале дар баробари ин, иҷрои стратегияи мазкур ба талабот ҷавобгӯ набуда, як қатор тадбирҳои муҳим, аз ҷумла коркарди заминаҳои меъёрии хуқуқӣ ҷиҳати таъсис ва рушди зерсохтори инноватсионӣ дар соҳаи маориф ва илм, ташкили сохторҳои идоракунии соҳа ва омода кардани насли нави кадрҳо бо тахассуси олӣ аз фанҳои табиӣ ва риёзӣ қонеъкунанда нест.

Инчунин, нақшаи чорабиниҳои стратегияи мазкур барои солҳои минбаъда, ки бояд соли 2023 таҳия мегардид, ҳанӯз омода нашудааст.

Вазорати маориф ва илм ва Академияи миллии илмҳоро зарур аст, ки сабабҳои иҷро нагардидани корҳои банақшагирифташударо муайян намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва татбиқи босифату саривақтии қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт чораҳои мушаххас андешанд.

Мо ҷиҳати ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро таъсис додем, ки ҳамасола наврасону ҷавонони зиёде дар он иштирок карда, ғолиб меоянд.

Инчунин, барои ҳавасмандгардонии омӯзгорон ҷоизаи махсус таъсис дода шуд.

Натиҷаҳои озмун нишон медиҳанд, ки дар кишвар наврасону ҷавонони соҳибистеъдод хеле зиёданд, аммо аз ҷониби муассисаҳои илмӣ интихоб кардан ва минбаъд аз ҳисоби онҳо тарбия намудану омода кардани кадрҳои илмӣ қонеъкунанда нест.

Яъне тақдири минбаъдаи ғолибони ин озмунҳо, ки аз ҷумлаи соҳибистеъдодҳои мо мебошанд, касеро аз масъулин ва олимону донишмандон ба ташвиш намеоварад.

Магар тарбия кардан ва такмил додани қобилияти чунин ҷавонон, дар навбати аввал, вазифаи олимон ва муассисаҳои илмӣ нест?

Мақсади асосии мо аз таъсиси озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавоне мебошад, ки дар оянда роҳи илмро интихоб карда, мушкилоти кадрии ин ё он соҳаву бахшро бартараф намоянд ва дар пешрафти илму истеҳсолоти ватанӣ саҳми худро гузоранд.

Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид карда будам, ки тарбияи насли нави бомаърифат, илмдӯст ва шоистаи замон танҳо вазифаи мактабу маориф нест, балки дар ин ҷода падару модарон, тамоми қишрҳои ҷомеа ва ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ бояд фаъолона саҳм гузоранд.

Имрӯз мо ба мутахассисони баландпоя нисбат ба ҳар вақти дигар ниёзи бештар дорем, вале на ҳамаи донишмандон дар интихоб кардану ба камол расонидани истеъдодҳои ҷавон ҳиссагузорӣ мекунанд.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки механизми тарбия намудани наврасону ҷавонони боистеъдодро на фақат тавассути озмуни «Илм – фурӯғи маърифат», балки бо роҳи ташкили дигар озмунҳо низ таҳия ва тасдиқ намояд.

Дар ин раванд, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таълими фанҳои табиӣ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки дар муҳлатҳои муқарраргардида ва пурраву босифат иҷро намудани барномаҳои давлатӣ, истифодаи дурусту самараноки маблағҳои буҷетӣ ва грантҳои байналмилалӣ, бо ҷалби роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, соҳибкорону шахсони саховатпеша, падару модарон ва собиқ хатмкардаҳои муассисаҳои таълимӣ таъсис додани синфхонаҳои амаливу таҷрибавӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин карда шавад.

Масъалаи таъсиси синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ ва муҳайё кардани шароити мусоиди таълиму тарбия, сифати машғулиятҳои озмоишгоҳиву амалии фанҳои табиӣ, риёзӣ ва техникӣ низ бояд дар мадди назари роҳбарону масъулон қарор дошта бошад.

Муовини Сарвазир, вазири маориф ва илм, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Президенти Академияи миллии илмҳо дар ин самт масъулияти шахсӣ доранд.

Таъкид месозам, ки бинобар афзоиши аҳолӣ мо бояд дар даҳ соли минбаъда боз сохтмону таъсиси 2400 муассисаи томактабӣ, 3500 маркази инкишофи кӯдак ва 2200 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро амалӣ намоем, ки ин кор аз ҳар кадоми мо масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои амалӣ ва ихтироъкориву навоварӣ мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ»-ро қабул кардем, ки беш аз даҳ сол инҷониб амал карда истодааст.

Соли 2021 паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро аз андоз озод намуда, ба онҳо иловатан як қатор имтиёзҳо додем.

Тибқи маълумот ҳоло дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамагӣ 24 парки технологӣ амал мекунад.

Илова ба хеле кам будани чунин паркҳо, фаъолияти онҳо ба талабот ҷавобгӯй набуда, аксарашон ба ном вуҷуд доранд.

Бо дарназардошти ин, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти паркҳои технологӣ то охири соли ҷорӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.

Ҳамаи мо медонем, ки дар бисёр кишварҳо дар асоси таҷҳизоту молҳои воридшаванда бо мутобиқ кардани онҳо ба шароит ва талаботи дохилӣ таҷҳизоту молҳои худиро истеҳсол мекунанд ва бо ин роҳ воридотро иваз мекунанд.

Барои чӣ дар ҳамкорӣ миёни паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Академияи миллии илмҳо ва корхонаҳои саноатии кишвар истеҳсоли баъзе таҷҳизот ва молҳоеро, ки мо бо пардохти асъори хориҷӣ ворид мекунем, худамон дар дохил ба роҳ монда наметавонем?

Аз ин лиҳоз, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти паркҳои технологӣ ва вобаста кардани онҳо ба корхонаҳои истеҳсолии алоҳидаи кишвар то охири соли ҷорӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.

Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат вазифадор карда мешавад, ки ин масъаларо таҳти назорат гирифта, бо таъсиси комиссияи махсус самаранокии хароҷоти маблағҳои аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар давоми даҳ соли охир барои паркҳои технологӣ ҷудогардидаро таҳлил карда, аз корҳои то охири сол амалишаванда натиҷагирӣ намояд.

Муҳтарам аҳли зиё!

Дар фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо як қатор камбудиҳои дигар, аз ҷумла вобаста ба мубрам будан ё набудани мавзӯъҳои таҳқиқотӣ, сифати корҳои илмӣ, натиҷаҳои бадастовардашуда ва аҳаммияти амалӣ, яъне татбиқи онҳо дар истеҳсолот ҷой доранд.

Таҳлил ва омӯзиш собит сохт, ки на ҳамаи кормандони академия дар бист соли охир ба натиҷаҳои хуби илмӣ ноил шудаанд.

Баъзе маводди илмии пешниҳодгардида ба самти фаъолияти озмоишгоҳ ё шуъбае, ки корманд дар он фаъолият менамояд, ҳеҷ алоқамандӣ надорад.

Дар самти илмҳои табиӣ ва техникӣ, аз ҷумла дар пажӯҳишгоҳҳои физикаву техника ва химия баъзе олимон дар доираи мавзӯъҳое фаъолият доранд, ки барои илм ва истеҳсолоти ватанӣ аҳаммияти назариявӣ ё амалӣ надоранд ё таҳқиқоти такрорӣ мебошанд.

Як камбудии дигари аксари олимони кишвар ин аст, ки онҳо ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд.

Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад.

Аз ин рӯ, аз роҳбарони муассисаҳои илмӣ талаб карда мешавад, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.

Қобили зикр аст, ки ба шарофати кӯшишу талошҳои Ҳукумати мамлакат дар самти расидан ба ҳадафҳои миллӣ, хусусан, ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат имрӯзҳо дар соҳаи саноати кишвар дастовардҳои назаррас дида мешаванд.

Фаъолияти «Ширкати алюминийи Тоҷик», «Ноқил ТАЛКО», таъсиси даҳҳо корхонаи истеҳсоли семент, эҳё гардидани фаъолияти корхонаи «Тоҷик Азот», бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ, корхонаҳои хурду бузурги коркарди пахта ва истеҳсоли маводи ғизоӣ ин матлабро тасдиқ менамояд.

Вале бояд гуфт, ки дар таркиби саноати Тоҷикистон истеҳсолоти химиявӣ, металлургия, саноати сабук, хӯрокворӣ коркарди маъдан ва металлҳои қиматбаҳо дар мадди аввал қарор дорад, ки аз олимону донишмандони мо коркардҳои мушаххасу фоидаовари илмӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва муҳандисиву коргариро тақозо менамояд.

Бо мақсади таъмин намудани ин корхонаҳо бо мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ, инчунин, рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва геология ба Вазорати маориф ва илм дастур дода мешавад, ки ба масъалаи таъсиси факултети технологияи химиявӣ ва металлургия дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд.

Ҳамчунин, ба ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ихтисосҳои барои рушди минбаъдаи саноати кишвар, аз ҷумла саноати сабуку хӯрокворӣ муҳим ва ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳи таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Масъалаи татбиқи корҳои илмии анҷомёфта, истифодаи онҳо барои рушди иқтисодиёти мамлакат ва ҷалби соҳибкорон ба истифодаи натиҷаи корҳои илмӣ низ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор карда мешаванд, ки барои баланд бардоштани ҳавасмандии кормандони соҳаи илми мамлакат механизми татбиқи натиҷаҳои коркардшудаи рисолаҳои илмиро дарёфт ва ба рушди иқтисодиёти мамлакат равона созанд.

Мо Комиссияи олии аттестатсионии миллии худро таъсис додем, то ки мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмиро бартараф намоем ва имконият фароҳам оварем, ки муҳаққиқони мо имкони ҳимояи диссертатсияҳои худро дар кишварамон дошта бошанд.

Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сифати корҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсияҳо хеле нигаронкунанда мебошад.

Яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳу сифати корҳои илмӣ хунукназарии шӯроҳои диссертатсионии амалкунанда, муассисаҳои пешбари тақриздиҳанда ва муқарризони расмӣ ба масъалаи арзёбии диссертатсияҳои ҳимояшаванда мебошад.

Дар баробари ин, дониши тахассусии баъзе довталабоне, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро тибқи низоми докторантура аз рӯйи ихтисос ҳимоя мекунанд, ҷавобгӯи талабот ва дараҷаи илмии дарёфтшаванда нест.

Ҳамчунин, баъзан ба чашм мерасад, ки кори илмии ба талабот ҷавобгӯй набуда, ки барои ҳимоя дар як шӯрои илмӣ иҷозат дода нашудааст, дар кӯтоҳтарин фурсат дар шӯрои диссертатсионии дигар ҳимоя мешавад.

 

Бо дарназардошти чунин вазъ, ба роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионӣ, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар муасисаҳои илмии кишвар, ки дар назди онҳо шӯроҳои диссертатсионӣ таъсис дода шудаанд, дастур дода мешавад, ки фаъолияти онҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Моҳи марти соли 2020 ман дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат таъкид карда будам, ки вақтҳои охир довталабони дараҷаҳои илмӣ ҳангоми таълифи диссертатсияҳо ба камбудиҳои ҷиддӣ ва ҳатто плагиат (асардуздӣ) роҳ медиҳанд.

Шумо хабар доред, ки шумораи зиёди рисолаҳои илмии олимони даст ба асардуздизадаи тоҷик аз ҷониби шабакаи «Диссернет» фош карда шудааст.

Вале аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионӣ барои ислоҳи вазъ ва пешгирии чунин амалҳои номатлуб чораҳои муассир андешида намешаванд.

Баръакс, ҳолатҳои ҳимоя намудани олимони асардузд ва рӯйпӯш кардани кирдори онҳо ҷой доранд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш таҳти унвони «Оид ба таҳқиқоти диссертатсионӣ ва ҳимояи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар ва зарурати интихоби мавзӯи рисолаи илмӣ» пешниҳод гардид, ки дар он ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ дархост шудааст.

Аммо аз тарафи комиссияи мазкур беасос будани хулосаҳои пешниҳоднамудаи шабакаи «Диссернет» оид ба асардуздии муаллифони рисолаҳои илмӣ исбот нашудааст ва дар ин хусус ягон далел пешниҳод нагардидааст.

То имрӯз аз ҷониби «Диссернет» 150 нафар олимони тоҷик (номзадҳо ва докторҳои илм) зимни таҳияи рисолаҳои илмӣ ба асардуздӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Дипломи 7 нафари онҳо бо пешниҳоди «Диссернет» аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия беэътибор эълон гардидааст.

Боиси нигаронист, ки як қисми унвонҷӯён рисолаи илмии номзадиро худашон наменависанд ва ҳатто моҳияти онро дарк намекунанд.

Ҳимояи рисолаҳо тибқи сенарияи пешакӣ сурат мегирад, ки аз фаъолияти сохтакоронаи шӯроҳои ҳимоя гувоҳӣ медиҳад.

Оё шумо – роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва олимону донишмандон тасаввур мекунед, ки чунин вазъият ба обрӯи миллати тоҷик ва илми тоҷик чӣ қадар зарба мезанад?

Вақте мо ҳамеша мегӯем, ки гузаштагони мо ҳанӯз дар асрҳои миёна поягузорони шохаҳои гуногуни илм буданд, оё чунин рафтор ба шаъни мо нангу шармовар нест?

Ҳозирини арҷманд!

Яке аз масъалаҳои муҳимми илми кишвар муайян намудани самтҳои авлавиятдоштаи он мебошад.

Бо ин мақсад мо бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат чор маротиба – барои солҳои 2007 – 2009, 2010 – 2012, 2015 – 2020 ва 2020 – 2025 «Номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намудем.

Соли 2020 дар вохӯрӣ бо олимони кишвар таъкид карда будам, ки самту равияҳои авлавиятдошта бояд, пеш аз ҳама, ба навсозиву ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шаванд.

Дар баробари ин, зарурати таъмин кардани пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони муосир, хусусан, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим натиҷаҳои самарабахши илмиро дар самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ талаб менамояд.

Аз ҷумла саҳми олимони ватанӣ дар татбиқи Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои «зеҳни сунъӣ» хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Таҳлили ҳамаҷонибаи номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳад, ки он ҳанӯз пешрафти илми ватаниро бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ таъмин карда наметавонад ва бозбинии ҷиддиро тақозо менамояд.

Дар санадҳои қаблан қабулгардида самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ аз 65 то 110 номгӯйро дар бар гирифта, қисми зиёди онҳо бо мазмун ва ҳадафи худ наметавонанд дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи кишвар дар марҳалаи рушд нақши калидӣ ё муассир дошта бошанд.

Бо вуҷуди ин, ки таҳқиқоти илмии самтҳои ғайригуманитарӣ қариб 75 фоизи ҳамаи таҳқиқоти амалишуда ва амалишавандаро дар давоми даҳ соли охир ташкил медиҳад, пешбинӣ намудани чунин шумораи бузурги самтҳои авлавиятдошта иҷрои сифатноки онҳоро ғайриимкон мегардонад.

Аз ин лиҳоз, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор карда мешаванд, ки номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмиро аз нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Бо мақсади густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор, «иқтисоди сабз» ва сайёҳиву соҳибкорӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» таъсис дода шуданд.

Сохторҳои зикршуда вазифадоранд, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, дар доираи маркази татбиқи лоиҳа, ки дар назди донишгоҳ амал мекунад, оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, нашри мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зиёд карда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун «кишвари сабз» бештар ва ҳадафмандона муаррифӣ намоянд.

Фаъолияти илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз масъалаҳои дигари муҳим дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ маҳсуб мешавад.

Дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ раёсату шуъбаҳои омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмиву педагогӣ амал менамоянд.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки фаъолияти раёсату шуъбаҳои мазкурро бозбинӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани кор дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 12 ҳазор нафар омӯзгор фаъолият менамояд, ки зиёда аз 5 ҳазору 500 нафар, яъне қариб 45 фоизи онҳо дорои дараҷаҳои илмӣ мебошанд.

Устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф ғайр аз фаъолияти таълимӣ барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми худро мегузоранд.

Яке аз авлавиятҳои илми донишгоҳӣ дар он аст, ки омӯзгор ба ҳайси муҳаққиқ барои дар амалияи таълимӣ татбиқ гардидани коркардҳои назариявӣ ва натиҷаҳои илмии бадастовардаи худ имкони бештар дорад.

Яъне ӯ метавонад дар радифи донишҳои назариявӣ таваҷҷуҳи шогирдони худро ба дониши амалӣ ҷалб намояд.

Аммо тибқи таҳлилҳо талаботи имрӯзаи соҳаи маориф ва сарбории вазнини таълимии омӯзгорон имкон намедиҳад, ки онҳо ба фаъолияти самараноки илмӣ машғул шаванд.

Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати роҳандозӣ намудани таносуби дурусту босамари сарбории таълимӣ ва илмии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чораҳои иловагӣ андешад.

Ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ кам ҷалб гардидани ҷавонони лаёқатманду забондон, рушд накардани мактабҳои илмии олимони собиқадор ва ҳавасмандии нокифояи аспирантҳову докторантҳо, хусусан, дар самти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосии омода кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.

Вазорати маориф ва илм бояд ба рушди илми донишгоҳӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, барои ҷалбу ҳавасманд гардонидани олимони ҷавон, ташаккули мактабҳои илмӣ ва дастгирии олимони соҳаҳои табиӣ ва риёзӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Баланд бардоштани мақоми илми донишгоҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ яке аз масъалаҳои дигари рушди илм дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад.

Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки фаъолияти худро ҷиҳати такмили пойгоҳи илмиву таҳқиқотии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар самти рушди илм ҷоннок карда, барои ворид шудани муассисаҳо ба рейтингҳои байналмилалӣ чораҳои муассир андешад.

Ба Дастгоҳи иҷроияи Президент дастур дода мешавад, ки бори дигар масъалаи тақвият бахшидани фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва ҷалби кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи ин муассисаро таҳлилу баррасӣ карда, бахусус, барои такмили механизмҳои назоратии ин муассиса чораҳои судмандро роҳандозӣ намояд.

Ҳозирини муҳтарам!

Истифодаи самарабахши натиҷаҳои илми бунёдӣ ва амалӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди устувори ҳар як давлат мебошад.

Бо мақсади суръат бахшидан ба рушди инноватсионӣ ва саноатикунонии кишвар мо соли 2021 Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030-ро қабул намудем.

Вале бояд гуфт, ки татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи стратегияи мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва дар ин самт мушкилоту камбудиҳои зиёд ҷой доранд.

Қисми зиёди ҳадафҳои пешбининамудаи стратегия дар муҳлатҳои муайяншуда амалӣ нагардидааст.

Масалан, нақшаи чорабиниҳои стратегияи мазкур аз 122 банд иборат буда, ҳадафҳои барои солҳои 2021 – 2023 пешбинигардида аз рӯйи 50 банди он иҷро нашудаанд.

Татбиқи сифатноку самарабахши стратегия метавонад рушди инноватсионии кишвар ва пайванди илм бо истеҳсолотро густариш бахшида, коркардҳои нави технологиро ба вуҷуд оварад.

Бо ин мақсад вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро гардидани санади мазкурро таъмин намоянд.

Масъалаи дигаре, ки мехоҳам махсус хотирнишон созам, мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълифи асарҳои илмӣ мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки барои мо меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ ҳамеша афзалият доранд.

Олимону зиёиёни мо ҳамчун неруи огоҳу пешсафи ҷомеа бояд дар корҳои илмӣ ва эҷодиёти худ ба ин меъёру арзишҳо таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса зоҳир карда, аз бегонапарастиву тарғиби ғояҳои носолим қатъиян худдорӣ кунанд.

Дар низоми илму маорифи кишвар ду ниҳоди муҳим – Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф фаъолият мекунанд, ки таҳқиқи илмии масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот ба зиммаи онҳо гузошта шудааст.

Таҳияи стандартҳои таълимиву фаннӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, омӯзиши масъалаҳои педагогикаи муосир, таҳлили нишондиҳандаҳои барномаву консепсияҳои давлатӣ, мониторинги сифати таълим ва иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ вазифаи асосии олимони муассисаҳои илмии зикршуда мебошад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки фаъолияти ин муассисаҳои илмӣ чандон самарабахш нест.

Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки солҳои зиёд дар назди ин муассисаҳо қарор дорад, таълифи китобҳои дарсии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй мебошад.

Сифати таҳсилот асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводди таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад, ки ин масъалаҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд.

Зарур аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилот ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар ин росто, ба инъикоси ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ ва ташаккули зеҳни фаъоли хонандагону донишҷӯён бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки ба масъалаи забономӯзӣ, касбомӯзӣ ва мутобиқ ба бозори меҳнати дохиливу берунӣ омода кардани ҷавонону калонсолоне, ки дар муассисаҳои зертобеи онҳо таҳсил мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даҳ соли охир ба муассисаҳои илмии кишвар барои амалисозии 3354 лоиҳаи фармоишии илмиву таҳқиқотӣ зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар вохӯрӣ бо олимони кишвар соли 2020 мақомоти дахлдор вазифадор гардида буданд, ки тавассути механизми нави маблағгузорӣ дар интихоби мавзӯъҳо ва лоиҳаҳои фармоишӣ ба илмҳои барои кишвар зарурӣ афзалият дода шавад.

Дар ин замина, Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи қоидаҳои маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ гардид, ки тартиби ташкил ва баргузории озмуни лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотии заминавӣ, грантӣ ва барномавии мақсаднокро танзим менамояд.

Вале дар ин самт ҳанӯз мушкилоти зиёд ҷой дошта, танҳо лоиҳаҳои фармоишии заминавӣ маблағгузорӣ шуда истодаанд ва лоиҳаҳои грантӣ ва барномавии мақсаднок то ҳол оғоз нашудаанд.

Бинобар ин, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳоро зарур аст, ки ҷиҳати пешбинӣ ва ҷудо намудани маблағҳои муайян барои лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотии ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти кишвар нигаронидашуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Мо барои аз ҳолати таназзул раҳо намудани илмҳои бунёдӣ ҳанӯз соли 1996 Фонди президентии таҳқиқоти бунёдиро таъсис додем.

Дар он рӯзҳо ҳоло ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва Созишномаи истиқрори сулҳ имзо нашуда буд.

Таҳлили вазъи иҷрои корҳои таҳқиқотӣ дар ин самт собит менамояд, ки бо вуҷуди таъсиси фонд ва дигар кумаку дастгириҳои Ҳукумати мамлакат вазъи илмҳои бунёдӣ дар сатҳи зарурӣ қарор надорад.

Камбудии ҷиддӣ, пеш аз ҳама, ба самтҳои авлавиятдоштаи фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ мувофиқ набудани мавзӯи лоиҳаҳо дахл дорад, ки дар аксари онҳо зарурат, яъне муҳимму мубрам будани онҳо, навгонии илмӣ, фарогирии масъалаҳои илмӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар истеҳсолот дида намешавад.

Сифат ва ҳадафҳои асосии таҳқиқот аз назари иҷрокунандагон дур монда, онҳо то имрӯз натавонистанд, ки бо кашфиёту навовариҳо ба пешрафти илми ватанӣ мусоидат намоянд ва ба рушди самтҳои дигари илм роҳ кушоянд.

Таъкид бояд кард, ки қисми зиёди лоиҳаҳои илмӣ дар асоси рисолаҳои номзадӣ ё доктории қаблан ҳимояшудаи роҳбарони лоиҳаҳо таҳия ва пешниҳод карда мешаванд.

Роҳбарони баъзе лоиҳаҳо рисола омода карда, онро ҳимоя мекунанду дараҷаи илмӣ мегиранд ва ҳам номи рисоларо каме тағйир дода, ҳамчун лоиҳаи илмии таҳқиқотӣ пешниҳод менамоянд.

Бинобар ин, масъалаи дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани таҳқиқоти бунёдиву лоиҳаҳои илмӣ дар муассисаҳои академӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар бағоят муҳимму мубрам маҳсуб мешавад.

Зарур аст, ки вазъи татбиқи лоиҳаҳои илмиву таҳқиқотӣ давра ба давра арзёбӣ гардида, натиҷаҳои илмии бадастомада ба таври мушаххас ба Президенти мамлакат пешниҳод гарданд.

Илова бар ин, дар ҳисоботи даврӣ ва солонаи Академияи миллии илмҳо натиҷаҳои фаъолияти фонди мазкур ва татбиқи лоиҳаҳои илмиву таҳқиқотии он алоҳида мавриди таҳлил қарор дода шаванд.

Дар шароити кунунӣ ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба қисми таркибии амнияти миллӣ табдил ёфта, барои таъмини он истифодаи роҳу василаҳои илмиву инноватсионӣ зарур мебошад.

Ин масъала яке аз вазифаҳои асосии Академияи илмҳои кишоварзӣ мебошад.

Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор аст, ки барои ноил гардидан ба пешравӣ дар ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳамаҷониба мусоидат намояд.

 

Муҳтарам олимону донишмандон!

Кормандони соҳаи маорифи мамлакат!

Ҳозирини арҷманд!

Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир ҳифз намоем.

Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад.

Дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад.

Зеро бори дигар хотиррасон месозам, ки дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд.

Мо дар ин ҷода, ба хотири он, ки ҷавонону наврасон ва умуман, шаҳрвандони худро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ кунем, бо истифода аз тамоми имкониятҳо шароити заруриро муҳайё карда истодаем.

Фаромӯш набояд кард, ки яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифатнокӣ ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад.

Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст.

Бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Мехоҳам бори дигар хотирнишон намоям, ки имрӯз вазъи соҳаи илми кишвар ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо ба қудрати созандаи олимони мамлакат эътимоди комил дорем, ки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, пешрафти илмиву инноватсионии Ватани азизамонро таъмин месозанд.

Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни вазъи геосиёсии ҷаҳони имрӯза мо набояд нисбат ба тақдири миллату давлат ва ҳар як шаҳрванди кишвар бетараф бошем.

Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, ҷавонони бонангу номуси он такроран муроҷиат карда, иброз медорам, ки мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон бошем.

Мо бояд ҳамеша ба имконоту неруи худ такя кунем, Ватани биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем, заҳмат кашем, кишвари маҳбубамонро бо дастони хеш ва бо нерӯи зеҳнии худамон боз ҳам обод кунем, ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем, ҳамдигарро дар лаҳзаҳои душвору вазнин дастгирӣ намоем.

Ба миллати тоҷдорамон, ба давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша содиқ бошем, доим дар хотир дошта бошем, ки миллати тоҷик ба туфайли забону фарҳанг, илму дониш ва маърифати баланди хеш дар мураккабтарин давраҳои таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз байн нарафт, зинда монд ва минбаъд низ зиндаву ҷовидон хоҳад монд.

Мо бояд дилпур бошем, ки ояндаи давлати тоҷикон дурахшон аст.

Мо истиқлолу озодиро, ки неъмати бузургтарину муқаддастарини зиндагиамон мебошад, ба ягон чиз ва ҳаргиз иваз намекунем.

Борҳо таъкид кардаам ва такроран таъкид менамоям, ки мо бояд илму дониш омӯзем, забонҳои хориҷиро аз худ кунем, шогирд тарбия намоем, наврасону ҷавононамонро соҳибмаърифат ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардонем, ки онҳо дар оянда муҳтоҷи дигарон нашаванд.

Имрӯз замоне расидааст, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, давлатдории миллии худ ва манфиатҳои давлату миллатамонро ҳимоя намоем, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувори давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз кунем.

Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани озод ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва Тоҷикистони азизи моро, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баробари тамоми кишварҳои мутамаддину пешрафта як овоз дорад, имрӯз дар дунё на танҳо мешиносанд, балки ташаббусҳои онро ба хотири ҳалли мушкилоти сайёра ҷонибдорӣ ва эътироф мекунанд.

Мо бояд ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем ва ҳаргиз фаромӯш накунем, ки кафили ояндаи дурахшони давлату миллати мо иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллии мо мебошад.

Бовар дорам, ки шумо – олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам – бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед.

Саломат бошед!

 

Тоҷикӣ