ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1916 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1919 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶОВИДОН ГАРДОНИДАНИ ХОТИРАИ ҲАЛОКШУДАГОН ҲАНГОМИ ҲИФЗИ ВАТАН" Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.10.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1890 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 07/05/2024 - 15:01

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон намудани соли 2024

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
  1. Соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 30 декабри соли 2023, № 668
 
 
Тавсифи рамзи
«Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024»
     Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, гирдогирди рамзро хати доирашакли сабз фаро гирифтааст, ки нишонаи сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.
     Дар гирди қисми болои рамз бо забони тоҷикӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки ифодагари моҳияти рамз мебошад, навишта шуда, дар қисми поёни он рамзи шараф – шохи баргдори дарахти лавр бо тасмаи серахаи печида, ки ифодакунандаи рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҷой гирифтааст.
     Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз – китоби кушода, офтоби оламоро ва тоҷдасти шоҳӣ ҷой дода шудааст. Китоби кушода таҷассумкунандаи манбаи дониш, Конститутсия ва қонун, таълиму тарбия ва хирад, офтоби оламоро – рамзи нур, гармӣ, шифо, саховатмандӣ ва тоҷдасти шоҳӣ бо тасвири нимдавраи офтобӣ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, иқтидори давлат ва роҳнамою равшанидиҳанда мебошад. Дар қисми поёни маркази доира рақами «2024» нишон дода шудааст.
 
МАТНИ ШИОРУ ОВЕЗАҲОИ ТАВСИЯВӢ БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2024
 
БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 10-солагии Конститутсияи Тоҷикистон:
Конститутсия воқеан шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад
______________________________________________________________________
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст
______________________________________________________________________
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва аҳли ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст
______________________________________________________________________
Конститутсияи Тоҷикистон паёми рӯҳи бешикасту озодипарастии миллати тоҷик ба мардумони дунёст, ки аз Истиқлолияти давлатии мо бозгӯйӣ мекунад
______________________________________________________________________
Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия (06.11.2008):
 Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад
______________________________________________________________________
Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад
______________________________________________________________________
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 15 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Конститутсия санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад
______________________________________________________________________
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии Конститутсияи Тоҷикистон
Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат
______________________________________________________________________
Конститутсия таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад
______________________________________________________________________
Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад
______________________________________________________________________
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор меравад
______________________________________________________________________
Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023:
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад
 ______________________________________________________________________
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем
______________________________________________________________________
Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи Конститутсия (05.11.2015):
Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ -Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст
______________________________________________________________________
Ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол шуморида мешавад
______________________________________________________________________
Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.
______________________________________________________________________
Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи Конститутсия (05.11.2016)
Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯс­тонаи халқи фарҳангсолори тоҷик­ инъикос ёфтаанд
______________________________________________________________________
Дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шудааст
______________________________________________________________________
Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия (06.11.2017):
Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун - эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад
______________________________________________________________________
 
БАХШИДА БА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2024
 
Аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд (моддаи 5)
______________________________________________________________________
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд (моддаи 14)
______________________________________________________________________
Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Мардон ва занон баробарҳуқуқанд (моддаи 17)
______________________________________________________________________
 
Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023:
Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад
______________________________________________________________________
 
Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад
______________________________________________________________________
Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд
______________________________________________________________________
Аз Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030:
Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад
______________________________________________________________________
Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад                                      
______________________________________________________________________
 
Аз Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028:
Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад
______________________________________________________________________
Заминаи асосии ба роҳ мондан ва ташаккул додани низоми давлатии ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эълон гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф шуда, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад
______________________________________________________________________
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
______________________________________________________________________
 
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат (09.03.2024):
Мақсад аз қабули қарор дар бораи соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад
______________________________________________________________________
Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад
______________________________________________________________________
Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (26.12.2018):
Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбқнёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад
______________________________________________________________________
Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад
______________________________________________________________________
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 15 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад
____________________________________________________________________________________
Дар ҷомеае, ки ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот, риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ таъмин аст, хеҷ гоҳ ҳуқуқ ва озодии инсон поймол нахоҳад гашт
______________________________________________________________________
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Таъмин намудани идомаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа яке аз хусусиятҳои муҳимми Конститутсия мебошад, ки ҷавҳари онро озодии сухан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ташкил медиҳад
______________________________________________________________________
 
Қонуни асосии кишвар барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овард
______________________________________________________________________
Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 30 апрели соли 2007:
Дигар масъалае, ки ҳамчунин кӯшиши якҷояи ҳамаи рукнҳои ҳокимият, аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои иттилооти омма, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти умумӣ, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеаро талаб менамояд, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва зина ба зина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум ва пеш аз ҳама, ҷавонон аст
______________________________________________________________________
Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 25 апрели соли 2008:
Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад
______________________________________________________________________
 
Тоҷикӣ