ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ҶИНОЯТӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 11/03/2025 - 16:12
     Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ҶТ) бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад [1].
     Сиёсати ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ “терроризм, экстремизм” ва дигар падидаҳои хатарзо, ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад [2, с. 262].
  Дар даврони Истиқлолият қонунгузории ҷиноятӣ ба сифати яке аз воситаҳои муҳими танзимсозандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ баромад намуда, манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлатро аз таҷовузҳои ҷинояткорона ҳифз менамояд. Ҷаҳонишавӣ, ба вуқӯъ омадани шаклҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва киберҷиноятҳо аз давлат талаб менамояд, ки қонунгузории ҷиноятиро давра ба давра такмил диҳад.
     Дар замони муосир экстремизм яке аз намуди ҷиноятҳое, ба ҳисоб меравад, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, амнияти ҷамъиятӣ ва ба сулҳу амнияти инсоният зарари ҷиддӣ мерасонад.      Имрӯз экстремизм хатару таҳдидҳо ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонӣ ворид намуда, ба фаъолияти муътадили сохторҳои давлатӣ халал мерасонад, дар ҷомеа кинаю адоват ва бедор кардани бадбинӣ аз рӯи дин, миллат, нажод, маҳал ва ё кадом як гурӯҳи иҷтимоиро бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ва ё ба таври оммавӣ паҳн мекунад. Дар баробари ин, вобаста ба бартарӣ доштан ё номукаммалии инсон (гурӯҳи иҷтимоӣ) ба дин, тамоюли иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ ва ё забон, инчунин ташвиқоти ягона мебарад [3, с. 54].
     Мувофиќи моддаи 8 Конститутсияи ҶТ таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст [4].
     Тибқи муқаррароти моддаи 2 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” аз 13 ноябри соли 1998, №680 зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ – чунин иттиҳодяи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад [5].
     Мутобиқи моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” аз 12 майи соли 2007, №258 таҳти мафҳуми иттиҳодияи ҷамъиятӣ – иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳое муттаҳид гардидаанд, ки дар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ нишон дода шудаанд [6].
     Ҳамзамон бо ин, давлат наметавонад нисбат ба ҳадафу вазифаҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ беэътиноӣ зоҳир намояд, зеро баъзеи онҳо мумкин аст ҳадафҳои зиддиконститутсиониро таҳрезӣ кунанд [7, с. 67].
      Аз ин лиҳоз, дар асоси муқаррароти моддаи 8 Конститутсияи ҶТ дар Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" ва Қонуни ҶТ "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки ҳадафу фаъолияти онҳо ба татбиқи амалҳои зерин равона гардидааст, манъ мебошад:
– ба зӯрӣ тағйир додан ё сарнагун кардани асосҳои сохтори конститутсионии давлат;
– халалдор кардани якпорчагии ҶТ;
– хароб кардани амнияти давлатӣ;
– ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ё даъват ба ташкил кардани онҳо;
– тарғиби нажодпарастӣ, миллатгарой, хусумати иҷтимоӣ ва динӣ.
     Терроризм ва экстремизм дар шароити кунуни ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Таҳдиди терроризм ва экстремизм бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин ба объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд, имрӯзҳо на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмӯъ метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зиён оварад [8].
     Мувофиқи сархати ҳаштуми банди 7 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии ҶТ ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 ноябри соли 2013, №492 тасдиқ шудааст, яке аз мақсад ва вазифаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ ин беҳтаршавии сифатии ҳолати воқеии ҷинояткориро ба даст овардан, аз ҷумла паст кардани сатҳ ва сохти хатари ҷамъиятии намудҳои алоҳидаи он: ҷинояткориҳои ретсидивӣ, муташаккилона, террористӣ, ғаразнок, коррупсионӣ, экстремизм, бо роҳи зӯроварӣ содиршаванда ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон пешбинӣ шудааст [9].
      Дар воқеъ, Паёми имсолаи Роҳбари давлат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ки аз 28 декабри соли 2024 дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таъкид намуданд, ки “мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст [10].
     Бо дарназардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид.
      Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд.
    Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд.
      Ин аст, ки дар ҷумҳурӣ ҳама сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мубориза бар зидди чунин намудҳои ҷинояткориро самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, баҳри амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва уҳдадориҳои байналмилалии ҶТ дар роҳи мубориза бар зидди экстремизм, терроризм ва дигар ҷиноятҳои хусусияти экстремистдошта тадбирҳои мушаххас меандешанд.
     Афзудани шумораи ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта дар аксар давлатҳо, ки ба амнияти сиёсӣ, иќтисодӣ ва иҷтимоии ин давлатҳо таҳдид мекард, зарурати қабули Қонуни дахлдор дар бораи мубориза бо экстремизм, аз ҷумла дар ҶТ зарурати қабули Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)”-ро ба миён овард. Бинобар ин, 8 декабри соли 2003 Қонуни номбурда қабул гардида, то андозае ҷараёни мубориза бар зидди экстремизмро ба танзим дароварда ва натиҷаҳои мусбат низ ба даст оварда шуданд. Аммо Қонуни мазкур бо вуҷуди ин ҳама аз камбудиҳо холӣ набуда, аз ҷониби субъектоне, ки муборизаро бар зидди экстремизм амалӣ мегардонданд ва шахсони алоҳида ҳангоми татбиқ муқаррароти он дар аксар мавридҳо ба камбудиҳо роҳ дода, ки дар натиҷа ба зиддияту гуногунфаҳмиҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оварда мерасонд.
     Бо вуҷуди инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди қонунгузории мамлакат Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020, №1655 аз ҷониби Президенти ҶТ дар таҳрири нав ба имзо расид.
     Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти ҶТ-ро муайян менамояд [11].
     Мувофиқи моддаи 7 Қонуни мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии муқовимат ба экстремизмро Президеити ҶТ муайян менамояд.
     Дар моддаи 8 Қонуни мазкур бошад, салоҳияти Ҳукумати ҶТ дар самти муқовимат ба экстремизм пешбинӣ намудааст, ки бевосита сиёсати давлатиро дар самти муқовимат ба экстремизм муайян менамояд:
- татбиқи сиёсати давлатиро дар самти муқовимат ба экстремизм роҳбарӣ менамояд;
- консепсия, стратегия, барномаи давлатӣ ва нақшаҳоро дар самти муқовимат ба экстремизм қабул ё тасдиқ намуда, иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти муқовимат ба экстремизм қабул ва тасдиқ менамояд;
- маблағгузории чораҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизмро таъмин мекунад;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории ҶТ-ро амалӣ менамояд.
      Албата, фақру бекорӣ барои зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар тамоми ҷаҳон шароити мусоид ба вуҷуд меоварад, вале бояд гуфт, ки мудохилаи хориҷӣ бо истифода аз сатҳи пасти саводу фарҳанг ва маърифати дунявию динӣ, бетараф будан нисбат ба арзишҳои миллию динӣ дар замони муосир аз омилҳои асосии пайдоиш ва шиддат гирифтани экстремизм (ифротгароӣ) гардидааст.
    Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 марти соли 2024 зикр намуданд, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст [12, с. 14].
     Ҳар як давлати соҳибистиқлол сиёсати давлатии худро дар ин ё он самт муайян намуда, онро дар доираи қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд. ҶТ чун яке аз узви ҷомеаи байналмиллалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ миёни давлатҳои дигар, оид ба мубориза бар зидди экстремизм уҳдадориҳо дорад, ки онҳо мақоми ҶТ-ро дар низоми ҷаҳонии мубориза бар зидди экстремизм муайян мекунанд.
     Асоси бавуҷудоии уҳдарориҳои байналмилалии ҶТ-ро оид ба мубориза бар зидди экстремизм созишномаҳои байналмиллалӣ, минтақавӣ, инчунин шартномаҳои байнидавлатӣ ташкил медиҳад, ки онҳо барои таъмини сулҳ, амнияти инсоният, ривоҷу равнақ ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус ҷинояти экстремистӣ (ифротгароӣ) мусоидат мекунанд.
     Мувофиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020, №1655 “экстремизм” ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст, мебошад.
     Фаъолияти экстремистӣ – фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд.
     Экстремизм (ифротгароӣ) тамоюл бар зӯроварии хусусияти сиёсидошта дорад. Он барои амалӣ гардонидани сиёсат бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва дигар шаклҳои диктаторӣ равона карда мешавад. Тазоҳуроти экстремизм, инчунин даъват барои мунтазам вайрон кардани ҳуқуқи инсон, дискриминатсияи одамон аз нигоҳӣ муносибати онҳо ба дин, муносибати онҳо ба ягон миллат ё нажод мансуб аст [13, с. 26].
      Дар давраи соҳибистиқлолӣ бояд аз қабули Конститутсияи ҶТ ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо дар онҳо пешбинӣ намудани моддаҳои алоҳида бо номи “мафҳумҳои асосӣ” маъмул гаштааст, ки дар ин бо мақсади якхела фаҳмидан ва татбиқ намудан мафҳумҳо кушода дода мешаванд.
     Мафҳуми «экстремизм» дар Қонун чун изҳори фаъолияти ифротии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти контститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезондинани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ маънидод карда шудааст [14, с. 74-75].
     Б.А. Введенский экстремизмро чунин тавсиф мекунад: “Экстремизм ҳамчун як падида решаҳои худро аз замонҳои қадим гирфтааст, аммо худи истилоҳ таърихи чандинасра надорад ва аз ҷониби муаллифони сершумор асосан дар соҳаи сиёсат барои ифодаи пайравӣ ба ақидаҳо ва чораҳои ифротӣ истифода мешавад.      Шояд аз он сабаб бошад, ки дар ибтидои асри xx мухолифони сиёсӣ намояндагони қаноти чапи ҳизби “Конгрессияи миллии Ҳиндустон”-ро “ифротгароён” номиданд, зеро онҳо ҷонибдорони мубориза барои истиқлолияти комили Ҳиндустон буданд [15, с. 54-55].
     В.Н. Кудрявсев ва В.Е. Эминов “экстремизм” (ифротгароиро) ҳамчун пайравӣ ба ақидаҳо ва чораҳои ифротӣ муайян мекунад, ки аксар вақт дар сиёсат муносибатҳои байналмилалӣ, дин ва ғайра зоҳир мешавад [16, с. 312].
     А.И. Алексеев “экстремизм” (ифротгароиро) ҳамчун риояи ақидаҳо ва чораҳои ифротӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ, шуур, ҳамчун роҳи ба таври куллӣ рад кардани меъёрҳои иҷтимоӣ муайян мекунад [17, с. 321].
     Ба ақидаи ӯ, алоқаи “экстремизм” (ифротгароӣ) бо ҷинояткорӣ дар се самти асосӣ мушоҳида мешавад:
     Якум, баъзе зуҳуроти ифротгароӣ дар худ (бе ҳамроҳ кардани ҷиноят) ҷиноят эътироф карда мешаванд ё баҳои дигари қатъии ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ мегирад (моддаҳои 143, 159, 189, 3071, 396 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) [18].
     Дуюм, иртиботи ирсӣ миёни ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ ҷудо карда шудааст. Идеология ва психологияи динӣ-фанатикии фашистӣ, шовинистӣ аксар вақт ҳамчун сабаб ва шароити бевоситаи субъективии ҷиноят баромад мекунанд. Аммо маъмултарин иртиботи ирсии ифротгароӣ бо ҷиноятҳои, аз қабили бетартибиҳо, харобкорӣ ва одамкушӣ мебошанд.
      Сеюм, бо таҳлили дақиқ метавон робитаи акси садои ҷиноят ва ифротгароиро тавассути оқибатҳои он муайян кард. Мисоли маъмулӣ ҷиноятҳое мебошад, ки дар зери фишори шароити номусоиди беруна аз ҷониби гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ содир шуда, дар натиҷаи зуҳуроти ифротгароёнаи дорои хусусияти миллатгароӣ ба бесарпаноҳ, бекор ва аз ҳаёт ронда шудаанд [19, с. 78-79].
      Ба ақидаи Л.И. Залихонова “Экстремизм (ифротгароӣ) як мафҳуми гуногунмаъно ва мисли дигар мафҳумҳо нисбӣ мебошад. Ба маънои умумӣ экстремизм – ин ҳама гуна ифрот, чизест, ки аз доираи қобили қабул ва эътирофшуда берун мебарояд” [20, с. 112-113].
      Калимаи «экстремизм» аз калимаи лотинии «eсstremus» гирифта шуда, бо маънои «охирин» яъне он чизе, ки аз чорчӯба ё меъёри муайяншуда берун мебарояд, фаҳмида мешавад.
     Луғати тафсири забони русӣ чунин таърифи калимаи “экстремизм”-ро дар бар мегирад: “Тарафдори ақидаҳо ва чораҳои ифротӣ (одатан дар сиёсат)” [21, с. 721].
     Мувофиқи моддаи 3 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020, №1655 фаъолияте, ки дар ҶТ экстремистӣ ҳисобида мешавад пешбинӣ гардидааст:
- бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии ҶТ, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо;
- барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
- амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти ҶТ равона шудаанд;
- амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд;
- ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо;
- паст задани шаъну эътибори миллӣ;
- вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурӯҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин;
- ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин омӯзондани мафкураи экстремистӣ;
- монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар ва шахсони мансабдори онҳо;
- истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад ё ин ки хатари истифодаи зӯроварӣ вобаста ба ин асосҳо;
- ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда;
- даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан;
- нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ.
      Қонуни мазкур дар моддаи 10 субъектҳое, ки бевосита ба экстремизм муқовиматкунандаро пешбинӣ намудааст:
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Бонки миллии Тоҷикистон.
    Андешаҳои баёншуда ва меъёрҳои муқарраршудаи Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”-ро мавриди таҳлил қарор дода, мо чунин натиҷагириро дар хусуси моҳияти экстремизм ба даст овардем.
    Аввалан, экстремизм (ифротгароӣ) – ин кирдор ё фаъолияти муайян мебошад, ки одатан бо сиёсат алоқамандӣ дорад. Аз нуқтаи назари илми ҳуқуқ, экстремизм (ифротгароӣ)-ро нашояд чун тарафдор ё пайравӣ ақида ё фикрҳои канораҷӯёнони сиёсӣ, ки барои амалишавии назария ё ҷаҳонбинии сиёсию диннӣ равона шудааст, фаҳмид.
     Дар назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ чунин андеша ҳоким бар он гардидааст, ки ақидаҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) сиёсии реаксионӣ, ки дар ин ё он шакл изҳор гардида, ба дигар шахсон маълум шудааст, вале дар кирдор зоҳир нагардидаанд, набояд чун ҳуқуқвайронкунӣ эътироф намуд.
     Дар акси ҳол, фаъолияти коммунистӣ, дигар ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои алоҳидаи диннӣ ё иҷтимоӣ, ба монанди ақлиятҳои шаҳватпарастии ҳамҷинсро бояд манъ намоем.
    Дуввум, экстремизм ин истифодаи шакли ифротӣ радикалӣ фаъолият мебошад. Мутобиқи муқарароти Конвенсияи Шанхай аз 15 июни соли 2001 “канораҷӯи” будани экстремизм (ифротгароӣ) маънои истифодаи зӯроварии ҷисмонию рӯҳиро дорад. Аммо, фаъолияти экстремистӣ бе истифодаи зӯроварӣ низ содир мешавад. Масалан: истеҳсол ва паҳн намудани маводҳои экстремистӣ, бедор кардани бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё диннӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати як гурӯҳи иҷтимоӣ.
    Сеюм, пайвастакунондани ҳамгуна шаклҳои амали эксремистӣ (ифротгароӣ), ки дар қисми 2 моддаи 3 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020, №1655 пешбинӣ шудааст, ин асоси идеолигии экстремистӣ мебошад. Моҳияти идеологии эктстремизм (ифротгароӣ) дар рад намудани ҳамгуна ақидаи мухолиф ба экстремизм (ифротгароӣ) маҷбуран бор намудани назария ва ақидаҳои алоҳидаи экстремистӣ (ифротгароӣ) бар дигар шахсон барои дар амал татбиқ намудани онҳо тавассути тарзу усулҳои ифротӣ ифода меёбад.
     Ҳамзамон, А.Г. Хлебушкин дуруст қайд менамояд, ки на хусусияти тарзу усулҳои фаъолият, балки ангеза ва мақсад бояд ҳангоми қабули қарор ҷиҳати мавҷуд будан ё набудани амалҳои экстремистӣ дар кирдорҳои шахс ба эътибор гирифта шавад. Вобаста ба ин, зикр намудан зарур аст, ки ангезаҳои экстремизм (ифротгароӣ) чун амалҳои экстремистӣ (ифротӣ) гуногунанд. Масалан, дар Кодекси ҷиноятӣ ангзаҳои экстремизм (ифротгароӣ) чун кинаву адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё диннӣ ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурӯҳи иҷтимоӣ муқаррар карда шудааст. Ин ангезаҳо дар навбати худ ба аломати ҳатмии тарафи субъективии ҷиноятҳои экстремистӣ дошта муайян карда шудааст.
     Мақсади амалҳои экстремистӣ мумкин аст дар маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расондани зарар ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, инчунин ба сулҳу амнияти байналмилалӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё расондани таъсир ҷиҳати ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор ба таври ҷиддӣ дигар кардани самти сиёсати пешгирифтаи давлат, номӯътадил сохта вазъи иҷтимоии ҷомеа инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо ифода меёбад.
    Чорум. Агар экстремизм (ифротгароӣ)-ро аз нуқтаи назари илми ҳуқуқи ҷиноятӣ таҳлил намоем, яке аз нишонаҳои он ин зиддиҳуқуқӣ будани он ба шумор меравад. Зиддиҳуқуқӣ амалҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) маънои аз ҷониби меъёрҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ё дигар соҳаҳои ҳуқуқ манъ намудани экстремизм (ифротгароӣ)-ро дар назар дорад. Масалан, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои маҷбур кардан ба диндорӣ ё бединӣ, худопарастӣ ё бехудоӣ ва иҷрои маросимҳои диннӣ (м.85) барои манъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқ ба озодии эътиқоди диннӣ (м.86) барои тайёр кардан, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти мамнӯъ, воситаҳои ахбори омма, дигар маҳсулотҳои чопии манъшуда дар ҳудуди ҶТ (м.374) ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ намудааст [22].
     Кодекси ҷиноятии ҶТ мувофиқи диспозитсияи моддаи 3072 кирдорҳои дар моддаи 157, 158, 160, 185, 188, 237, 242, 243 Кодекси ҷиноятии пешбинишударо ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта эътироф намуда, барои онҳо ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар кардааст.
     Ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) аз ҷониби қонунгузор бо он сабаб зиддиҳуқуқӣ эътироф шудааст, ки он ба муносибатҳои муайяни дар ҷомеа мавҷуд буда, таҷовуз меоварад ва дар натиҷаи чунин таҷовуз ба ин муносибатҳо зарар ворид месозад ё ин ки онҳоро таҳти хатари ворид намудани чунин зарар қарор медиҳад.
     Мувофиқи назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ агар дилхоҳ кирдор, аз ҷумла ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ба арзиш ва манфиатҳои бо қонунгузорӣ ҳифзшаванда зарар расонад, пас он чун ҷиноят бояд муқаррар карда шавад. Чунки, расондани зарар ба манфиатҳои бо Кодекси ҷиноятӣ ҳифзшванда яке аз нишонаҳои тавсифкунандаи ба ҷамъият хавфноки кирдор буда, ин нишона дар навбати худ барои кримилизатсияи (ҷиноят донистан) кирдор хизмат мекунад. Дар иртибот бо ин, ҳаминро бояд тазаккур намуд, ки ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ба асосҳои сохти конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд аз рӯӣ ангезаҳои нажотпарастӣ, миллатгароӣ, маҳалгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳаби диннӣ таҷовуз меоварад.
    Панҷум, субъекти фаъолияти экстремистӣ гарчанде, дар моддаи 10 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020, №1655 пешбинӣ гардидааст, инчунин, метавонад шахсони ҷисмонӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ бошанд. Масалан, мутобиқи м. 374 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои тайёр кардан, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти барангехтани хусусияти иҷтимоӣ, нажодпарастӣ, миллӣ ва мазҳабӣ, таблиғи бераҳмӣ, зӯроварӣ фисқӯ фуҷур, ҳимояи терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ҳам шахсони ҷисмонӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.                 Вобаста ба ин ба зумраи шахсони ҳуқуқие, ки мавриди татбиқи ҷазои маъмурӣ қарор дода шуданашон мумкин аст, иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар ташкилотҳоро метавон номбар намуд.
     Ҳамин тавр, дар асоси чораҳои боло метавон чунин мафҳуми экстремизм (ифротгароӣ)-ро ифода намуд: “Экстремизм” (ифротгароӣ) – ин амали зиддиҷамъиятии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки ба таври зиддиҳуқуқӣ тарзу усулҳои зуроварӣ ва дигар ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)-ро аз рӯи ангезаҳои кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ҳамчун аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурӯҳи иҷтимоӣ истифода намуда, мақсадаш халалдор сохтани амнияти ҷамъият, тарсондани аҳолӣ ё расондани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, ба таври ҷиддӣ дигар кардани самти сиёсати пешгирифаи давлат, номӯътадил сохтани вазъи иҷтимоии ҷомеа, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда ба ҳамин мақсадҳо ифода меёбад фаҳмида мешавад.
 
Рӯйхати адабиёт:
1. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6 феврали соли 2018, №1005 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 4.01.2025).
2. Саидова Ҳ.У., Саидзода С.И. // Ҳуқуқ омили асосии рушди илм, маориф ва фанҳои гуманитарӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2021. – №2. – С. 260-269.
3. Холиқзода А.Ғ., Ваҳобзода А., ва Марамбеков М. Дин ва ифрот: зиддият ва ҳамоиш (Монография). – Душанбе: ҶДММ “Контраст”. – 2024. – 296 с.
4. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 4.01.2025).
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” аз 13 ноябри соли 1998, №680 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 18.01.2025).
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” аз 12 майи соли 2007, №258 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 25.01.2025).
7. Тафсри илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: “Шарқи озод”, – 2009. – 520 с.
8. Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) аз 28 марти соли 2006, №1717 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 1.02.2025).
9. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, №492 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 5.02.2025).
10. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024. Душанбе: “Шарқи озод”, – 2025. – 40 с.
11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020, №1655 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 15.02.2025).
12. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар. Кохи Ваҳдат, 9 марти соли 2024. Душанбе: “Шарқи озод”, – 2024. – 64 с.
13. Абдулов Н.С. Таҳияи атласи геопалитикии Қафқози Шимолӣ: Мушкилоти методологӣ // Фалсафаи ҳуқуқ. – 2002. – №2. – С. 21-27.
14. Авцинова Г.И. Радикализми сиесӣ ҳамчун яке аз анъанаҳои Русия // Ҳокимият. – 1996. – №3. – С. 72-79.
15. Холиқзода А.Ғ., Ваҳобзода А., Марамбеков М. Дин ва ифрот: зиддият ва ҳамоиш (Монография). – Душанбе: ҶДММ “Контраст”, – 2024. – 296 с.
16. Кудрявцев В.Н., Эминов В.Е. Криминология. М.: Ҳуқуқшиносӣ, – 1997. – 512 с.
17. Алексеев А.И. Криминология: Курси лексияҳо. М., – 1998. – 340 с.
18. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998, №574 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 22.02.2025).
19. Алексеев А.И. Ҷиноятҳои марбут ба экстремизми сиесӣ ва динӣ // Мушкилот ва мубориза бо терроризм: Маводи илмӣ. М., – 2000. – С. 74-81.
20. Залихонова Л.И. Хусусияти ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ ва криминологии барангехтани душмании миллӣ, нажодӣ ва динӣ: диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Ростов-на-Дону, – 2001. – 217 с.
21. Ожегова С.И., Шведова Н.Ю. // Луғати тафсири забони русӣ. Таҳрири нав. М., – 2003. – 908 с.
22. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №455 Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 26.02.2025)
 
 
Сабурзода Наврӯз Мирзоалӣ,
корманди Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад