ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1955 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

Сафари ҳайати корӣ ба Беларус

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 17/01/2020 - 11:21

Аз 5 то 11 декабри соли 2011 Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Раҳимов М.З.  барои анҷоми сафари хизматӣ бо мақсади таҳким ва рушди  муносибатҳои байналмилалӣ ба шаҳри Минск Ҷумҳурии Белорус сафар намуд. Дар сафар сардори шўъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ Маҳмадшоев Ф.А. директори Марказро ҳамроҳӣ намуд. 

Ҳайати корӣ сараввал аз Маркази миллии қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои  ҳуқуқии  маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Белорус, ки 15 сол инҷониб амал менамояд ва айни замон раҳбарии онро В.Д. Ипатов ба ўҳда дорад, дидан намуд. Директори Марказ, профессор Раҳимов М.З. оид ба нияти анҷоми ин сафар, ки тарафҳо қаблан ба мувофиқа расида буданд қайд карда, сипас дар бораи салоҳият ташкили кор ва вазифаҳои Марказ  мухтасар маълумот дод. Аз ҷониби дигар В.Д. Ипатов бо иштироки муовинони Маркази миллии қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Белорус оид ба ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти Марказ раёсат, шўъбаҳо, китобхона ва Институти тадқиқотҳои ҳуқуқӣ, ки дар назди ҳамин Марказ амал мекунад, маълумот доданд. 

Табодули таҷриба бо фаъолияти ин Марказ нишон дод, ки маҷмўан дар он 115 кормандони амалӣ ва назариявӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Вазифаҳои асосии Марказ таҳия ва экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо, банақшагириии қонунгузорӣ, такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва тадқиқотҳои ҳуқуқӣ, мураттабсозии қонунгузорӣ дар соҳаҳои муносибатҳои гражданӣ, молиявӣ-иқтисод, экология, амнияти миллӣ, фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, иҷтимоиёт ва муносиботи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Белорус мебошад. 

Ҳангоми сафар ҳамчунин ҳайати корӣ ба Маркази миллии иттилооти ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Белорус, ки сарварии онро О.Э. Кравцов  ба ўҳда дорад ташриф  оварданд. О.Э. Кравцов низ бо иштироки муовинони худ машварати корӣ барпо намуда, салоҳият ҳадаф ва мақсадҳои фаъолияти ин марказро тариқи технологияи муосири компютерӣ муаррифӣ намуд. 

Маълум  гардид, ки дар ин марказ 250 нафар ба кори таъминоти иттилоотии ҳуқуқӣ фаро гирифта шуда, асосан ба технологияи навини иттилоотӣ муҷаҳҳаз буда дорои махзани ягонаи иттилоотии ҳуқуқии «Эталон» мебошад. Ҳангоми вохўрӣ аз кори ҳар як шўъба  ва китобхонаи он ҳайати корӣ дидан намуда, бо таҷрибаи таҳлили иттилооти ҳуқуқӣ, таъминоти техникии ҳуқуқэҷодкунӣ ва тарзи кор бо дигар муассисаҳо ва ширкатҳое, ки дар ҷараёни қонунгузорӣ қарор доранд, маълумот пайдо намуданд.

Инчунин  дар  ҷараёни  сафари  корӣ дар Парламенти поёнӣ Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорус машварати корӣ ва сўҳбати дуҷониба бо Сардори котиботи он хонума Г.И. Юркевич анҷом пазируфт. Дар ҷараёни ин вохўрӣ, Директори Марказ, профессор Раҳимов М.З. оид ба фаъолияти Маркази миллии  қонунгузории  назди  Президенти Ҷумхурии Точикистон мухтасар маълумот дод. Сипас аз осорхонаи парламент бо роҳбаладии мудири шўъбаи ҳуқуқии он Н.Н. Кулеш дидан намуда бо фаъолияти қонунгузории палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Белорус ва таҷрибаи қонугузории он шинос шуданд. Директори Марказ, профессор Раҳимов М.З. оид ба ҷараёни қонунгузорӣ дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод, ки боиси  таваҷҷўҳи  онҳо гардид.

Дар баробари ин дар ҷараёни сафари хизматӣ ҳайати корӣ бо Раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки роҳбарии онро мўҳтарам Ф.Абдуллоев ба ўҳда доранд вохўрӣ барпо гардида бо ҳайати кории он, ки аз ҷумлаи як қатор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошанд мулоқот намуданд.

Ҳамзамон дар рафти сафари хизматӣ бо ҷараёни фаъолияти садорат ва кафедраҳои факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Белорус, таҳти  роҳбарии декани факулта, профессор С. А. Балашенко табодули афкор  сурат  гирифт. Тарафҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъда изҳори ақида карда, ба хулоса омаданд, ки муносибатҳои судманди дуҷонибаро дар оянда тақвият медиҳанд.

   Натиҷаҳои  сафари мазкур хеле ҳам бобарор буданд. Дар фарҷоми он рўзи 9 декабри соли 2011 Ёддошти тафоҳум бо Маркази миллии қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Белорус ва Созишномаи ҳамкорӣ байни  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии иттилооти ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Белорус дар ҳузури сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Қ.Қоимдодов ба имзо расид. 

    Ёддошти тафоҳум  мубодилаи  фаъолияти  қонунгузорӣ, гузаронидани  машваратҳои дуҷониба  оид  ба  масъалаҳои  актуалии  инкишофи  қонунгузорӣ, анҷом  додани  тадқиқотҳои  илмӣ  дар  соҳаи  ҳуқуқ ва  нашри  мақолаҳои  илмиро дар бар мегирад.

    Дар асоси  Созишномаи  ҳамкории  ба  тасвиб  расида  бошад  аз ҷониби тарафҳо  ҳангоми  таҳия  ва  татбиқи  лоиҳаҳо, барномаҳои  мақсаднок  дар  соҳаи  иттилоотонӣ, фаъолияти  тадқиқотӣ, ворид  сохтани  технологияҳои  комуникатсионӣ  ва иттилоотӣ  дар соҳаи  ҳуқуқ, ҳамзамон  гузаронидани   конфронсҳои  илмӣ-амалӣ,  семинарҳо  ва  дигар  чорабиниҳо амалӣ мегардад. 

 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад