ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Чшб, 15/03/2023 - 16:47

    Яке аз соҳаҳои муҳимтарини қонунгузорӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ дар иқтисодиёт қонунгузории гумрук мебошад.

     Қобили зикр аст,  ки то ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои гумрукӣ бо қонунгузории умумииттифоқии гумрук амалӣ карда мешуд.

      Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушод ва гузариш ба иқтисоди бозоргониро пеша намуд, ки чунин раванд боиси ташаккулёбӣ ва рушди давраи нави қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Махсусан бо қабул гардидани аввалин Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 1992 давраи нави рушди қонунгузории гумруки  Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.  Дере нагузашта, яъне пас аз се сол -  4 ноябри соли 1995 дуюмин  маротиба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад, ки дар танзими муносибатҳои гумрукӣ нақши муҳим дошта, нуҳ сол мавриди амал қарор гирифт.

     Бодарназардошти ташаккулёбии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва зарурияти танзими онҳо зарурат ба амал омад, ки Кодекси гумрук дар таҳрири нав қабул карда шавад, зеро Кодекси гумрук аз 4 ноябри соли 1995 дигар он муносибатҳои нави ҷамъиятиро танзим карда наметавонист. Аз ҳамин лиҳоз, 3-юми декабри соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қабул намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда мешавад, ки аз он давра марҳилаи сеюми рушди қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад.

     Гуфтан мумкин аст, ки бо қабули Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав соҳаҳои қонунгузории гумрук ташаккул ёфта, марҳалаи нав, яъне такмили меъёрҳои он оғоз гардид.

      Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 аз 7 фасл, 62 боб ва 508 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти гумрукиро муайян намуда, ба ҳимояи истиқлолият ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол сохтани муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорию мақомоти давлатӣ ва инчунин аз ҷониби онҳо риоя намудани уҳдадориҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нигаронида шудааст.

     Дар  Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 дар муқоиса бо Кодексҳои қаблии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 1992 ва 4 ноябри 1995 дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ як қатор муқарраротҳои нав ворид карда шудаанд. Аз ҷумла:

     1.  Иттилоот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ, инчунин машварат оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва дигар масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти мақомоти гумрук қарор доранд;

     2. Андешидани чораҳо нисбати моли алоҳида аз тарафи мақомоти гумрук;

     3. Тартиб ва муҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз;

     4. Таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз;

   5. Интиқоли мол аз ҷониби шахсони воқеӣ, инчунин меъёрҳо оиди ҳифзи ҳуқуқи шахсоне, ки интиқоли мол ва воситаҳои нақлиётро амалӣ мекунанд;

      6. Декларатсияи пешакии мол;

      7. Таъин ва гузаронидани экспертиза ҳангоми амалисозии назорати гумрукӣ;

      8. Системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти гумрукӣ.

     Ҳамзамон, муқарраротҳои нав оид ба тартиби гузаронидани назорати гумрукӣ, аз ҷумла номгўи шаклҳое, ки дар онҳо назорати гумрукӣ метавонад анҷом дода шавад, пешбинӣ карда шудаанд, аз қабили санҷиши ҳуҷҷатҳо ва маълумот, пурсишҳои шифоҳӣ, гирифтани тавзеҳот, додани тавзеҳот, назорати гумрукӣ, азназаргузаронии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, муоинаи шахсӣ, тафтиши тамғагузории мол бо штампҳои махсус, мавҷудияти аломатҳои ҳаммонандкунӣ дар онҳо, азназаргузаронии бино ва ҳудудҳо бо мақсадҳои назорати гумрукӣ ва  санҷиши гумрукӣ.

    Вобаста ба низоми гумрукӣ дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ ба мушоҳида мерасад. Чунончи,  агар  дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 15 намуди низоми гумрукӣ муайян шуда буд, пас дар Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 - 18 намуди низоми гумрукӣ  муайян карда шудааст. Ғайр аз ин, дар Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмун, шартҳо ва тартиби татбиқи онҳо нисбати молњо ва воситаҳои нақлиёте, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, ба таври возеҳ муайян карда шудааст.

     Аслан, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 низомҳои гумрукиро дар шакли умумӣ муайян карда буд, ба таври мушаххас онҳоро дигар санадҳҳои зерқонунӣ танзим менамуданд. Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 бошад, се низоми нави гумрукиро муқаррар менамояд, ки қаблан дар қонунгузории гумрук вуҷуд надоштанд. Инҳо, пеш аз ҳама, транзити гумрукии байналмилалӣ, интиқоли мавод ва низомҳои махсуси гумрукӣ мебошанд.

     Умуман дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 10 боби нав (бобњои 20, 34, 35, 40, 51, 52, 54, 57, 60, 61) ворид карда шуда, як қатор муқаррарот оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо ва ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки қаблан дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1995 мукаррар шуда буданд, хориҷ карда шуданд.

     Ҳамин тариқ, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 меъёрҳои бевоситаи амал дошта, тавсифи муфассали расмиёти гумрукӣ, пардохти гумрукӣ, назорати гумрукӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти гумрук ва фаъолияти онҳоро дар бар гирифта, инчунин самтҳои асосии фаъолияти гумрукиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Шеров Шералӣ Зафарович,

сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад