ҲУҚУҚИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Зери таҳрири Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Саидзода И.Ҳ.
Муаллиф: Соҳибзода М.М. – муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент. / Муҳаррирон: Самандари И.; Қодирзода М.А.; Одинаев Ш.Х. - Душанбе: Эр-граф, - 2021. – 584 саҳ.
Китоби дарсии мазкур дар асоси талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва барномаи фанни ҳуқуқи экологӣ омода гардида, фарогири масоили қисми умумӣ мебошад.
Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли фарох бо фарогирии масоили мубрами назарияю амалии он пешкаш карда мешавад. Ҳуқуқии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба дар чунин шакл бо забони давлатӣ ва ба таври пурра бо дарназардошти баҳсҳои дар атрофи мавқеи он дар низоми соҳаҳои ҳуқуқ ва қонунгузорӣ баррасӣ шудааст.
Китоби мазкур барои ҳуқуқшиносон, экологҳо, иқтисодшиносон, кормандони амалия, шахсони ҳуқуқӣ, кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷуён, аспирантҳо, кормандони илм ва ҳамаи шахсоне, ки ба омӯзиши ҳуқуқи экологӣ, махсусан қонунгузории экологӣ мароқ доранд, тавсия карда мешавад.
ТАФСИРИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ПОЙМОЛ НАМУДАНИ КИШТЗОР, ЗАРАР РАСОНИДАН БА ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ, ТУТЗОР ВА ДИГАР ДАРАХТУ БУТТАЗОР».
Зери таҳрири Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Саидзода И.Ҳ.
Муаллифон: Соҳибзода М.М. – муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ; Шарифзода Ф.Ш. - сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номади илмҳои ҳуқуқ; Одинаев Ш.Х. –муовини сардари шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Тоҷидинов М.А. – сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҳакимов Я.Б. – сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Солиев И.И. – сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Раҳмонов Ҳ.Р. - котиби муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. / Муҳаррир: Искандаров С. - Душанбе: Меҳроҷ-граф, - 2021. – 57 саҳ.
Тафсир дар асоси таҳлили меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон, бо дарназардошти муқаррароти назарияи ҳуқуқи замин, ҳуқуқи кишоварзӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ омода гардидааст. Ҳангоми таҳияи тафсир санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳолати то 15 январи соли 2021 истифода гардидааст.
Тафсири мазкур барои ҳуқуқшиносон, иқтисодшиносон, кормандони амалия, шахсони ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагии ёрирасони шахсӣ, кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи идораи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти андоз, донишҷӯён, аспирантҳо, кормандони илм ва ҳамаи шахсоне, ки ба омӯзиши қонунгузории замин ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор» мароқ доранд, тавсия карда мешавад.
ТАФСИРИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ГУРЕЗАҲО».
Зери таҳрири Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Саидзода И.Ҳ. – Душанбе: МДМТ, 2021. – 164 саҳ.
Муаллифон: Саидзода И.Ҳ., Маҳмадшозода Ф.А., Бобокалонов Ғ.М., Шеров Ш.З., Зарифов У.М., Ҳамидзод М., Алямова М., Маҳмашарифзода А.М., Фарангиси С.
Муқарриз: Қодирқулов Хуршед Раҳмонович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии ДМТ.
Дар китоби мазкур меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» дар алоқамандӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои зерқонуние, ки бо Қонуни мазкур алоқамандӣ доранд, тафсир гардидааст.
Тафсири мазкур барои доираи васеи олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва онҳое, ки ба масъалаҳои ҳуқуқҳои гуреза ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷуҳ доранд, тавсия мешавад.