Маҷмӯи мақолаҳои мизи мудаввар доир ба мавзӯи «Рушди қонунгузории пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таҳлили муқоисавии ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила / Зери назари номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Идизода Файзалӣ Фузайлшо. / Мураттиб: Анушервони Исрофил / Муҳаррирон: Искандаров С., Мирзоева Н. / Матбааи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2018. – 168 саҳ.
Китоб мақолаҳои илмии олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносиро дарбар гирифтааст, ки ба масъалаҳои рушди қонунгузории пешгирии зӯроварӣ дар оила ва таҳлили муқоисавии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бо қонунгузории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шудаанд.
Маводи китоб барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин олимон, донишҷӯён ва умуман доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.
Механизмҳои байналмилалӣ ва дохилии имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ / Муаллифон: Раҷабов С.А., Олифтаев И.Ғ. / Муқарризон: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Идиев Ф.Ф. ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Маҳмадшоев Ф.А. / Матбааи ДМТ - Душанбе, 2018. – 40 саҳ.
Дар ин китоб механизмҳои байналмилалӣ ва миллӣ-ҳуқуқии имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ ҳамчун меъёрҳои ҳуқуқи миллии Тоҷикистон, ки барои таъмини босифат ва иҷрои санадҳои байналмилалӣ ва таъмини татбиқи самарабахши онҳо пешбинӣ шудааст, ҳаматарафа баррасӣ гардидааст.
Мавод барои донишҷӯён ва устодони шуъбаҳои ҳуқуқи байналмилалии факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аспирантон ва унвонҷӯёне, ки дар риштаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва аврупоӣ тадқиқот мегузаронанд, ҳамчунин ба онҳое, ки ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ мароқ зоҳир мекунанд, тавсия карда мешавад.
Нақши ваҳдати миллӣ дар пешрафти давлатдорӣ ва инкишофи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҷмӯи мақолаҳо бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Таҳти назари директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Идизода Файзалӣ Фузайлшо / Мураттиб: Бобокалонов Ғ.М., н.и.ҳ. дотсент / Муқарриз: Сангинов Д.Ш. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ / Муҳаррирон: Самандари Искандар, Мирзоева Н. – Нашриёти «Сино» - Душанбе, 2018. – 186 саҳ.
Дар китоби мазкур мақолаҳои илмӣ ва оммавии кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони дигар оид ба мавзӯъҳои Ваҳдати миллӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гирд оварда шудаанд.
Маҷмӯа ба таҳлилгарон, муҳаққиқон, донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳо ва доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.
Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ». / Зери назари номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Идизода Ф.Ф. / Муаллифон: Раҳимзода М.З. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Узви вобастаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Маҳмадшоев Ф.А. – н.и.ҳ., сардори шуъбаи хуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Табаров Ф.Д. – сардори шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Каримова Н.Н. – муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қурбонова М.Н. – муовини сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Носиров Д.Қ. – муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон; Соҳибназарзода М.С. – сармутахассиси шуъбаи назорати дастгоҳи раиси ш. Душанбе, Олифтаев И. – сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҳамдамзода С.Б. – сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. / Муқарризон: Раҷабов М.Н. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент; Мирзоев А. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент / Муҳаррирон: Искандаров С., Шодиев Ҳ.А. – Душанбе: «Империал-Групп», 2018. – 136 саҳ.
Тафсир тахлили илмӣ-амалии ташкил, идоракунӣ ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро дарбар гирифтааст, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» инчунин як қатор санадҳои меъёрии зерқонунии соҳавӣ қабул гардида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Китоб барои доираи васеи хонандагон, мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, субъектони хоҷагидор, соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аспирантону донишҷӯёни бахши байналмилалии иқтисодиёт ва ҳуқуқ пешбинӣ мегардад.
Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» / Зери таҳрири номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Идизода Файзалӣ Фузайлшо / Муаллифон: Идизода Ф.Ф. – номзади илмҳои ҳуқуқ, Баҳриддинзода С.Э. – номзади илмҳои ҳуқуқ, Саидзода И.Ҳ. – номзади илмҳои ҳуқуқ, Бобокалонов Ғ.М. – номзади илмҳои ҳуқуқ, Маҳмадшоев Ф.А. – номзади илмҳои ҳуқуқ, Пулатов А.С. – номзади илмҳои ҳуқуқ, Табаров Н., Азиззода И., Назаров Д., Табаров Ф., Нуров Ҳ. / Мураттиб: Манучеҳр Ҳамидзод / Муқарризон: Камолзода М.Г. – муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салоҳиддинова С. – номзади илмҳои ҳуқуқ / Муҳаррирон: Шодиев Ҳ.А., Искандаров С. / Матбааи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2018. – 76 саҳ.
Дар китоби мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» модда ба модда тафсир карда шудааст. Тафсир дар ҳамоҳангӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои зерқонуние, ки бо қонуни мазкур алоқамандии зиҷ доранд, омода гардидааст.
Китоби мазкур барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунӣ, тандурустӣ, дигар ташкилоту муассисаҳо, ҳуқуқшиносон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва доираи васеи хонандагон тавсия мегардад.
Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон» / Зери таҳрири умумии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ. / Ҳайати таҳририя: муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Қ. Ашуриён, ёрдамчиёни Президенти Чумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ М.М. Ватанзода ва рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А.А. Раҳмонзода / Муаллифон: М.З. Раҳимзода – узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон: дебоча, моддаҳои 2 ва 15, моддаи 8 (якҷо бо Баҳриддинзода С.Э.), моддаи 141 (якҷо бо И.Ҳ. Саидзода); М.М. Ватанзода – ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ: дебоча, моддаҳои 3 ва 12; М.А. Маҳмудзода – академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми хуқуқ, профессор: моддаҳои 10 ва 14; Ф.Ф. Идизода – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ, дотсент: моддаи 11 (якҷо бо С.К. Муллоҷонов); Ҳ.С. Мирсайзод – номзади илми ҳуқуқшиносӣ: моддаи 1; С.Э. Баҳриддинзода – номзади илми ҳуқуқ, дотсент: моддаи 7, моддаи 8 (якҷо бо М.3. Раҳимзода); И.Ҳ. Саидзода – номзади илми ҳуқуқ: моддаҳои 13 ва 16, моддаи 141 (якҷо бо М.3. Раҳимзода); Ф.А. Маҳмадшоев – номзади илми ҳуқуқ: моддаҳои 4 ва 51; А.Ғ. Холиқзода – доктори илми ҳуқуқ, профессор: моддаи 9; С.К. Муллоҷонов – доктори илми таърих: моддаҳои 11 ва 12 (якҷо бо Ф.Ф. Идизода); А.С. Пулатов – номзади илми ҳуқуқ: моддаҳои 5 ва 6. / Муқарризон: Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» / Муҳаррирон: Бобокалонов Ғ.М. – номзади илми ҳуқуқ, дотсент ва Шодиев Ҳ.А. / Муҳаррири техникӣ: Асташин С.А. – Душанбе, 2018. – 104 саҳ.
Тафсири илмӣ-амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои истифодабарии кормандони мақомоти ҳокимияти иҷроия, аз ҷумла кормандони мақомоти танзими анъана ва ҷашну маросим, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон ва доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.
Тавсияҳои илмӣ-амалӣ оид ба ташкили кор бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллиф: Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Муҳаррир: Идизода Ф.Ф. – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. Муқарризон: Диноршоҳ А. М. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ); Элназаров Д.Х. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи (Славянии) Русия ва Тоҷикистон. – Душанбе: «ЭР-граф», 2018. – 56 саҳ.
Тавсияҳои илмӣ-амалӣ метавонанд ҳамчун асос барои илова намудани қонунгузории миллӣ, ки масъалаҳои муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро танзим мекунанд, хизмат кунанд.
Тавсияи илмӣ-амалӣ барои кормандони сохторҳои дахлдори мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои кор бо муроҷиатҳо ва ҳамчунин кормандони илмӣ тавсия дода мешавад.