ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1892 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1874 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1873 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

НАШРҲОИ МО ДАР СОЛИ 2014

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 21/01/2020 - 12:49

 

Раҳимов М.З. Осори интихобшуда оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва соҳибкорӣ / М.З. Раҳимов. Душанбе: «Бухоро», 2014.-638с. 

Маҷмуаи мазкур барои доираи васеи хонандагон ва шахсоне, ки барои омўзиши меҳнат ва ҳаёти илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. ҳавасманд мебошанд, тавсия карда мешавад.

Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» / Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳимов М.З. Муаллифон: Раҳимов М.З., д.и.ҳ., проф., Баҳриддинов С.Э., н.и.ҳ., Саидвалиева Б., н.и.ҳ. ва ғайра. Душанбе: «Бухоро», 2014. 288с.

Дар китоби мазкур Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 26 марти соли 2009 бо тағйиру иловаҳои минбаъда оварда шудааст. Дар он масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва принсипҳои асосии он, мафҳум ва намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таносуби байни онҳо, тартиби умумии таҳия, қабул, интишор ва мураттабсозии онҳо, инчунин роҳҳои ҳалли ихтилофҳои ҳуқуқӣ мавриди тафсир қарор дода шудааст.

Тафсири мазкур барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, қонунгузорӣ, судӣ, аспирантон, устодони факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, донишҷўён ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ тавсия карда мешавад.

 

Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ дар ҳуҷҷатҳо (Ҷамъоварии санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва қонунгузории дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) / М.З. Раҳимзода, Ф.А. Маҳмадшоев, М.Н. Раҷабов. Душанбе: «Империал-Групп», 2014.

Маҷмўаи мазкур барои доираи васеи хонандагоне, ки муносибатҳои мазкурро мавриди омўзиш ва татбиқ қарор медиҳанд, равона карда шудааст. Нашрия доир ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ тарҳрезӣ шуда, инчунин аз ҷониби таҷрибаомўзони ҳамаи сатҳҳо,  мақомоти иҷроия ва судӣ, нотариат, сохторҳои тиҷоратӣ, устодони донишгоҳҳо, донишҷўён, аспирантон, дар фаъолияти ҳуқуқи байналмилалӣ, истифода баранд.

 

Пулатов А.С. Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории субъектҳои хоҷагидории хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон / А.С. Пулатов; Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳимов М.З. Душанбе: «Империал-Групп», 2014.-208с.

Рисолаи мазкур ҳамчун дастури тавсиявӣ барои донишҷўён, аспирантон, устодони факултети ҳуқуқшиносӣ, таҷрибаомўзон, соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории субъектҳои хоҷагидории хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ доранд, муфид мебошад.

Истилоҳоти соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон / М.З. Раҳимов, С.Э.  Баҳриддинзода,  Ҷ. Бобоев, И. Азизов, Б. Дамонов. Душанбе: «Империал-Групп», 2014.- 272с.

Китоби мазкур ба кормандони вазорату идораҳо оид ба истифодаи қонунгузории соҳави молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия карда шуда, барои омўзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.

 

Истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон / М.З. Раҳимов, А.С. Пулодов, Ҷ.М. Ғуломҳайдаров, Ҷ.И. Фархудинов. Душанбе: «Шаҳпар», 2014.-228с.

Китоби мазкур ба кормандони вазорату идораҳои оид ба истифодаи қонунгузории соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия карда шуда, барои омўзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.

 

Истилоҳоти соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон / М.З. Раҳимов, А.Қ. Каримов, И.Р. Саидов, А.Р. Розиқова, Н.А. Касиров. Душанбе: «Бухоро». -2014.-156с.

Китоби мазкур ба кормандони вазорату идораҳо оид ба истифодаи қонунгузории соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия карда шуда, барои омўзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.

 

 

Истилоҳоти соҳаи сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон / М.З. Раҳимов, Н.А. Табаров, Д.Д. Назаров, О.Ш. Холиқов. Душанбе: «Азия-Принт». -2014.-172с. 

Истилоҳоти мазкур ба кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.

                                                             

Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилот (Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ш. Душанбе, 17 марти соли 2014) / Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимов М.З. Ҳайати таҳририя: М.З. Раҳимов, С.Э. Баҳриддинов, Ҷ.Қ. Бобоев, У.А. Меликов, Ф.А. Маҳмадшоев, А.Д. Каримов, Пулотов А.С. - Душанбе, 2014, 294 саҳ.

Китоб ба масъалаҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои гуногуни сиёсати ҳуқуқӣ, аз нигоҳи мутахасиссони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иҷроия, қонунгузорӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Ҳамзамон оид ба рушд ва мушкилоти ҷойдошта дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ибрози ақида карда шудааст.

Китоби мазкур барои кормандони илмӣ, устодони мактабҳои олӣ, донишҷўён ва ҳамаи шахсоне, ки ба масъалаҳои сиёсати ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ доранд, тавсия мешавад.

 

                                                 

ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ БЕДАРАК ГУМШУДАГОН ТИБҚИ  ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон: Меликов У.А., Бобоев Ҷ.Қ., Пулатов А.С. /

Зери таҳрири  Раҳимоф М.З., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2014, 131 с.

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳуприи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх таҳлили муқоисавии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки вазъи ҳуқуқии гумшудагонро муқаррар менамоянд, гузаронид.

Дар рафти гузаронидани таҳлили мазкур аз тарафи кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳуприи Тоҷикистон зиёда аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаи вазъи ҳуқуқии гумшудагон ва таҷрибаи ҳуҷҷатгузорӣ оид ба гумшудагон дар мақомотҳои давлатӣ омӯхта шуда, меъёрҳои қонунгузории миллӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ ва қонуни намунавӣ оид ба гумшудагон мавриди муқоиса қарор гирифтааст.

Чунин таҳлил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор бо мақсади таҳия намудани пешниҳодот оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии гумшудагон ва хешовандони онҳо гузаронида шудааст. Таҳлил аз 6 боб ва 19 банд иборат буда, дар он масъалаҳои асосии ҳуқуқӣ оид ба гумшудагон ифода ёфтаанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)