Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» / Муҳаррири масъул: Раҳимов М.З., д.и.ҳ., профессор. Муаллифон: Маҳмадшоев Ф.А., н.и.ҳ., Раҷабов М.Н., н.и.ҳ., Пулатов А.С., н.и.ҳ., Табаров Ф.Д., Саидов И.Р. Душанбе: «Шаҳпар», 2012. 135с.
Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 феврали соли 1996 бо тағйиру иловаҳои минбаъда барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷўён, аспирантон, устодони факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ, инчунин ҳуқуқшиносони амалия тавсия карда мешавад.
Тафсири Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон / Н.А. Абдуллаев, Х. Алиев, М.З. Раҳимов, С.Э. Баҳриддинов ва ғ.; зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳимов М.З. Душанбе: «Азия-Принт», 2012.-574с.
Тафсири мазкур барои судяҳо, прокурорҳо, адвокатҳо, кормандони ширкатҳои ҳуқуқӣ, донишҷўён, аспирантон, устодони факултети ҳуқуқшиносӣ, инчунин ҳамаи ҳуқуқшиносоне, ки дар ҳифзи судӣ ва тартиби иҷрои санадҳои судӣ манфиатдоранд, пешбинӣ шудааст.Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» / С.Э. Баҳриддинов, Б.С. Саидвалиева, А.И. Сафаров ва ғ; Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳимов М.З. Душанбе: ДМТ, 2012.-236с.
Тафсири мазкур барои кормандони мақомоти ҳокимияти судӣ, прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқшиносон, устодон, донишҷўёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.
Симпозиуми ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон» (Маҷмуаи мақолаҳо). Душанбе: «Эр-граф», 2012.-108с.
Маҷмуаи мақолаҳои мазкур ба таҳлили ҳамаҷонибаи илмии рўйдоди бузург дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол – Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Аксари муаллифони мақолаҳо дар кори ин Иҷлосия ширкат кардаанд ва дар амалӣ шудани ҳадафу ниятҳои он корҳои шоистаи таҳсин анҷом додаанд.
Бобоев Ҷ.Қ. Шартномаи консессияи тиҷоратӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон / Ҷ.Қ. Бобоев; зери таҳрири Исмоилов Ш. Душанбе: «Эр-граф», 2012.-152с.
Ин китоб - яке аз аввалин адабиётҳои ҳуқуқии ватанӣ ба ҳисоб меравад, ки ба шартномаи консессияи тиҷоратӣ бахшида шудааст.
Китоб мазкур ба кормандони илм, устодони факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ, муаллимон, унвонҷўён, донишҷўён, инчунин ва доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.
Маҳмадшоев Ф.А. Таъминоти ҳуқуқии соҳибкори инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон / Ф.А. Маҳмадшоев; зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳимов М.З. Душанбе: «Эр-граф», 2012.-196с.
Рисолаи мазкур ҳамчун дастури тавсиявӣ барои донишҷўён, аспирантон, устодони факултети ҳуқуқшиносӣ, таҷрибаомўзони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, инчунин дигар шахсоне, ки муносибатҳои мазкурро мавриди омўзиш ва татбиқ қарор медиҳанд, равона карда шудааст.