ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1056 ​ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ Маҷлиси Олии ҶТ 28.12.2013 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1038 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛОНА Маҷлиси Олии ҶТ 28.12.2013 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1025 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2014 Маҷлиси Олии ҶТ 31.10.2013 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МУҲИМИЯТИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2030 ДАР ШАРОИТИ КУНУНӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 04/04/2024 - 09:14
МУҲИМИЯТИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2030 ДАР ШАРОИТИ КУНУНӢ
 
     Қобили зикр аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23 декабри соли 2022 махсус ишора карда шуд, ки “бо мақсади татбиқи ҳадафу афзалиятҳои рушд бояд раванди “принсипи банақшагирии стратегӣ” дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пурра ҷорӣ карда шавад”.
  Воқеан банақшагирии самтҳои асосии фаъолияти ҳамаи соҳаҳо бо мақсади муайяннамоӣ ва амалисозии ҳадафи афзалиятҳои рушд, таҳияи усулу воситаҳо барои ноилшавӣ ба мақсадҳои стратегӣ ва арзёбии натиҷаҳои бадастомада равона мегардад.
    Бо дарназардошти ба инобатгирии принсипҳои банақшагирии стратегӣ дар мамлакат санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ (консепсия, стратегия ва барнома) таҳия ва қабул карда шудааст.
    Доир ба муқовимат ба ҷинояткорӣ низ самти муҳим ва афзалиятнокро ин ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар шакли барномаҳои давлатӣ ташкил менамоянд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи муқовимат ба ҷинояткориро тавассути барномаҳои махсуси давлатӣ дорад. Аз ҷумла, чунин барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул карда шудаанд:
  • Барнома оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ ва пурзӯр намудани тартиботи ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2000-2003;
  • Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015;
  • Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030.
     Дар баробари ин, омори ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва санадҳои қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ шаҳодат аз он медиҳад, масъалаҳои муқовимат ба шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ бевосита ва бавосита дар 29 адад барнома, 7 консепсия, 10 стратегияҳои давлатӣ ва 27 адад санадҳои қонунгузорӣ (кодекс ва қонунҳо) пешбинӣ гардидааст.
    Бояд қайд намуд, ки бо мақсади амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ дар кшвар Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 қабул гардидааст.
    Пешгирии ҷинояткорӣ дар шароити муосир яке аз омилҳои асосии таъмини субот ва оромӣ дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд.
     Баланд бардоштани самаранокии тафтиш ва пешгирии ҷиноят дар шароити муосир аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на танҳо равона намудани тамоми қувва ва имкониятҳоро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, балки такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини муносибати бонизом ва маҷмӯӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷустуҷӯи шакл ва тарзҳои нави ғайримуқаррарии таъсиррасонӣ ба ҷинояткориро талаб менамояд.
   Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030 аз рӯйи нишондиҳандаҳои (индикаторҳои) зерин таҳия гардидааст:
·вазъи кунунии муқовимат ба ҷиноякорӣ;
·мушкилот дар самти муқовимат ба ҷиноякорӣ;
·роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти муқовимат ба ҷиноякорӣ;
·дурнамои масъалаҳои муқовимат ба ҷиноякорӣ.
   Ҳамчунин, аз рӯи низоми танзими масъалаҳо доир ба муқовимат ба ҷинояткорӣ барномаи мазкур 4 бахш ва 60 бандро фаро мегирад. Аз ҷумла:
- Бахши 1. Муқаррароти умумӣ – 2 банд;
- Бахши 2. Мақсад ва принсипҳои Барнома – 2 банд;
- Бахши 3. Вазъи муосири ҷинояткорӣ ва муқовимат ба он – 46 банд;
- Бахши 4. Натиҷаҳои пешбинишаванда аз амалисозии Барнома – 10 банд.
   Мақсади асосии Барномаи мазкур паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо, ҷорӣ намудани навоварӣ, таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори ғайриҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад.
     Ҳамзамон, мақсадҳои асосии барномаро ба таври зерин тасниф намудан мумкин аст:
  • амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ;
  • паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ;
  • пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ;
  • бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо;
  • ҷорӣ намудани навоварӣ, таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдорҳои ғайриҳуқуқӣ;
  • баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ;
  • боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ;
  • таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ.
    Самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои хавфноки муосир - терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ бо дар назар доштани тамоюлҳои муосири ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.
   Барнома ба принсипҳои умумӣ ва махсус асос ёфтааст. Ба зумраи принсипҳои умумӣ инҳо шомил мебошанд:
  • қонуният;
  • демократизм;
  • ошкорбаёнӣ;
  • афзалиятнокии ҳуқуқи шахс ба ҳимоя ва бехатарӣ;
  • эҳтиром намудани манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат.
   Принсипҳои махсуси Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030-ро инҳо ташкил менамоянд:
  • масъулияти тарафайни шахсият, ҷамъият ва давлат оид ба таъмини бехатарӣ, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
  • мустаҳкам кардани ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ташкилоти байналмилалие, ки муқовимат ба ҷинояткориро амалӣ менамоянд;
  • баробарӣ ва ҳамкориҳои зич байни мақомоти давлатие, ки муқовимат бо ҷинояткориро амалӣ менамоянд;
  • истифода аз дастовардҳо дар соҳаи илм ва технологияи нав;
  • бартарии амалисозии чораҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ.
     Вобаста ба татбиқ ва амалисозии нишондодҳои барномаи мазкур нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалӣ намудани Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030 таҳия гардидааст, ки аз 6 самт ва 49 банд иборат аст. Нақшаи чорабиниҳои зикргардида, масъалаҳои чораҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ, чорабиниҳои ташкилӣ-амалӣ, ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ, таъминоти иттилоотӣ ва илмӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, инчунин таъминоти кадриро фарогир мебошад.
    Дар умум, метавон иброз намуд, ки мақсади чорабинҳои барномаи таҳлишаванда ба самтҳои зерин равона карда шудааст:
- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ;
- таъсиси ихтисосҳои нав оид ба тайёр намудани мутахассисон дар самти муқовимат бо ҷинояткории киберӣ;
- омӯзиши масъалаи таҳким, такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рушди ояндаи он;
- тақвият бахшидани таъмини назорати иҷрои якхелаи талаботи қонунҳо дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ;
- омӯзиш, таҳлил ва ҷамъбасти ҳолати  муосири муқовимат ба ҷинояткорӣ;
- андешидани чорабиниҳо оид ба таъмин намудани ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- ҳамкории самаранок байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ.
    Чуноне, ки болотар ишора карда шуд, яке аз нишондодҳои муҳими ҳуҷҷатҳои стратегиро ин масъалаи дурнамои рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ташкил менамояд. Дар заминаи амалисозии мақсадноки муқаррароти Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030 чунин натиҷҳо ва дастовардҳо ба вуҷуд меояд.
  • қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ такмил меёбад;
  • ба даст овардани асосҳои илмии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;
  • беҳтар гардидани фаъолияти ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
  • ба даст овардани асосҳои илмии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;
  • ба даст овардани татбиқи ягонаи қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ;
  • беҳтар намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
  • таъмин гардидани амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ;
  • беҳтар гардидани ҳолати муқовимат ба муқобили ҷинояткорӣ;
  • беҳтар гардидани вазъи мубориза бо ҷиноятҳои алоҳида;
  • самаранок гардонидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
  • баланд гардидани шуури аҳолӣ ва пешгирии шомилшавии аҳолӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ;
  • беҳтар гардидани таъминоти иттилоотӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ;
  • пешгирии содиршавии ҷиноят дар байни ҷавонон ва наврасон;
  • баланд бардоштани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ;
  • мувофиқ гардонидани қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ;
  • мукаммалгардии дониш ва фарҳанги ҳуқуқии мутахассисон дар самти пешгирии ҷинояткорӣ;
  • такмили асосҳои илмии муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ;
  • амалигардонии сиёсати кадрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
  • паст шудани сатҳи ҷинояткорӣ;
  • ҷорӣ намудани навоварӣ, бо истифода аз дастовардҳо дар соҳаи илм ва технологияи ҳозиразамон, татбиқи нави чораҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат бо ҷинояткорӣ ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи муқобилият бар зидди кирдори ғайриҳуқуқӣ;
  • ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сӯиқасдҳои ҷиноятӣ;
  • тақвияти ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ташкилотҳои байналмилалие, ки муқовимат бо ҷинояткориро амалӣ менамоянд.
    Воқеан афзалиятҳои муҳими амалисозии Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ба: таъмин гардидани амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ; самаранок гардонидани фаъолияти  мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ; баланд гардидани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии шомилшавии аҳолӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ; пешгирии содиршавии ҷиноят дар байни ҷавонон ва наврасон; ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сӯиқасдҳои ҷиноятӣ равона мегардад.
    Дар ҳамин, замина, муқовимат ба ҷинояткорӣ кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад.
    Вобаста ба ин, субъектони ваколатдорро зарур аст, ки бо истифода аз усулҳои муосири тарғиботиву ташвиқотӣ корҳои фаҳмондадиҳии қонунгузории соҳаро миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷоннок намоянд ва тадбирҳои амалиро дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ вусъат диҳанд.
   Дар баробари ин, ҳар як фарди комилҳуқуқи ҷомеа муваззаф аст, ки дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ бо мақомотҳои дахлдор дар ҳамбастагии мутақобила қарор дошта бошанд ва ба ин васила дар рушди босуботи мамлакат саҳми назаррасе гузошта бошанд.
 
Шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (1 овоз)