-
МАЪЛУМОТНОМА
-
*Санаи таваллуд: 2 сентябри соли 1990.*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон.*Маълумот: олӣ.*Миллат: тоҷик.*Соли 2013 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рўзона) хатм кардааст.*Ихтисос: ҳуқуқшинос.*Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ озод, англисӣ бо луғат.*Вакили халқ ҳаст ё не: не*Мансубияти ҳизбӣ: аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не.*Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби ду фарзанд.*Рутбаи ҳарбӣ: лейтенанти хурд.*Маводи нашршуда: китоби дарсӣ, монография, тафсирҳо, тавсияҳо оид ба қонунҳо, воситаҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ-оммавӣ.
-
ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ
-
Солҳои 2008-2013 – донишҷўи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;Солҳои 2013-2015 – муаллими кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;Солҳои 2015-2018 – муаллими кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;Аз соли 2019 то ҳол – муаллими кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;Моҳҳои май-августи соли 2020 – декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;Аз 13 августи соли 2020 то ҳол – муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
-
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМӢ
-
Дар мавзўи “Проблемаҳои танзими ҳуқуқи граждании иҷораи қитъаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” диссертатсияи номзадиро ҳимоя намудааст.Солҳои 2017-2020 – раиси Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Соли 2019 – курси омода намудани коршиноси масъалаҳои интихоботро дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатм намудааст; Аз соли 2019 то ҳол коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Соли 2016 – курси такмили ихтисоси равияи гуманитарӣ-ҳуқуқиро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм намудааст.Бо медали ҷашнии “90-сологии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” сарфароз гардонида шудааст.Муаллифи зиёда аз 80 маводҳои чопӣ мебошад. Аз ҷумла, 3 – китоби дарсӣ; 1 – монография; 7 – тафсир ба қонунҳо; 10 – воситаи таълимӣ, зиёда аз 59 – мақолаҳои илмӣ-оммавӣ. Зиёда аз 30 – хулосаҳои ҳуқуқӣ ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод намудааст. Мақолаҳои ў берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ – дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон чоп шудааст.Натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ дар интишороти зерин дарҷ ёфтааст. Аз ҷумла “Проблемаҳои танзими ҳуқуқи граждании иҷораи қитъаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” (монография)”; “Ҳуқуқи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон” (китоби дарсӣ); “Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (китоби дарсӣ); “Ҳуқуқи меросии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (воситаи таълимӣ); “Ҳуқуқи уҳдадорӣ” (воситаи таълимӣ); “Ҳуқуқи шартномавӣ” (восиати таълимӣ); Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳои замин”; Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”; Тавсияҳо оид ба такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳои замин”; Тавсияҳо оид ба такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар маводҳои чопӣ.
Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо | | |