Коррупсия яке аз проблемаҳои муҳими ҷомеаи имрўза боқӣ монда, хатари тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифтани он вуҷуд дорад. Аз ин рў, вазифаи стратегии ҳар як давлат паст кардани сатҳи коррупсия ва пешгири кардани ҷараёни паҳншавии он дар ҷомеа мебошад. Бо мавҷудияти коррупсия як қатор падидаҳои иҷтимоии манфӣ, аз қабили нашъамандӣ, фоҳишагарӣ ва бесарабонӣ афзоиш ёфта, дар натиҷа ба генафони миллӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.
8 июни соли 2011 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Ҳуқуқ, коррупсия ва ҷомеа» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Хуқуқ ва беҳбудӣ» ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Мизи мудавварро директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми ҳуқуқ, профессор М.З. Раҳимов кушода, қайд намуд, ки мубориза алайҳи коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи муносибро касб намуда, Президенти кишвар дар ҳамаи баромадҳояшон мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро барои ҳамкорӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ташвиқ менамояд. Мавсуф зикр намуд, ки Маркази миллии қонунгузорӣ аз рўзҳои аввали таъсисёбии худ бо тамоми мақомоти давлатӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо коррупсия ба роҳ монда, ҳамаи санадҳои ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳоро аз нуқтаи назари эскпертизаи зиддикоррупсионӣ таҳлил менамояд.
Муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ, дотсент С.Э. Баҳриддинов дар мавзўи «Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд намуд, ки дар Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии мубориза алайҳи коррупсия мавҷуд аст. Танҳо дуруст татбиқ намудани онҳо зарур аст. Мавсуф як қатор таклифҳои илмӣ оид ба пешгирии коррупсия бо назардошти шароити муосири Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Дар баромади худ Халифаев М.Н., сардори Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ дар мавзўи «Масоили такмил додани қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, диққати аҳли нишастро ба номутобиқии қонунгузории Тоҷикистон бо санадҳои байналмиллалӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия ҷалб намуд. Мавсуф қайд намуд, ки номутобиқатии қонунгузории миллӣ бо санадҳои байналмиллалӣ замина барои рушди коррупсия мегардад.
Ғаюров Ш.К., мудири кафедраи ҳуқуқи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, дар мавзўи «Аҳамияти дар муомилоти гражданӣ будани иттилооти муҳим дар амалисозии сиёсати зиддикоррупсионӣ» баромад намуда, аз мавҷудияти як қатор ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» иттилоъ дод.
Мирзоев А.К., сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коррупсия: назария ва татбиқи он» баромад намуда, оиди ҳолати имрўзаи мубориза алайҳи коррупсия ва чораҳои пешгирии он дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Гиёев И.Қ., судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Ҳуқуқ, коррупсия ва ҷомеа» баромад намуда, оид ба таҷрибаи судӣ дар масъалаи ҷиноятҳои коррупсионӣ суханронӣ намуд.
Дар баромади худ Умаров Х.А., сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Проблемаҳои мукаммал гардонидани муқовимати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба як қатор равияҳои муосири мубориза бо коррупсия дар ҷомеа диққати аҳли нишастро ҷалб намуд. Мавсуф аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта мисолҳо овард, ки дар Тоҷикистон татбиқ намудани онҳо аз манфиат холӣ нест. Қудратов Н.А., ассистенти кафедраи «Ҳуқуқи тиҷорат»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзўи «Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ ҳамҷун ҷинояти коррупсионӣ» баромад намуда, оид ба проблемаҳои мубориза бар зидди коррупция дар сатҳи миёнаи хизматчиёни давлатӣ суханронӣ намуд.
Сафаров А.И., мутахассиси пешбари шўъбаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллиии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Пешгирии қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ - самти муҳими Стратегияи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, диққати ҳозиринро ба алоқамандии коррупсия ва қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ҷалб намуд.