Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСК «Соҳибкорбонк», Бонки давлатии «Амонатбонк», васоити ахбори омма, матбуоти даврӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Мизи мудавварро бо сухани ифтититоҳӣ Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир оғоз намуд. Раҳимзода М.З. ҳозиринро хайрамақдам гуфта, барои иштирокашон дар чорабинии мазкур изҳори сипос намуд. Мавсуф қайд намуд, ки соҳаи андоз яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, муносибатҳои иқтисодии давлат ва шаҳрвандонашро танзим менамояд ва ба ин васила мардумро шарики инкишофу мамлакат карда, дар тарбияи эҳсосу масъулияти вазифашиносиаш саҳми мустақим мегузорад.
Сипас, тибқи барномаи таҳрезигардидаи сухан ба иштирокчиёни ин чорабинӣ дода шуд, ки ҳар яке бо мавзўҳои ҷолибу ҳалталаб баромад намуда, фикру ақидаҳои хешро иброз намуданд.
Дар мизи мудаввар оид ба масъалаҳои чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз пардохти андозҳо ва усулҳои алтернативии андозбандӣ, баҳисобгирии андозсупорандагон, санҷишҳои андоз ва дигар шаклҳои назорати андоз, истифодаи мошинаҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ, баҳисобгирии андоз ва ҳисоботи андоз, пардохт, ҷамъоварӣ ва баргардонидани андозҳо, Кодекси андоз: рушд ва проблемаҳо, рушди қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар Директори Маркази миллии қонунгузорӣ кори чорабинии мазкурро ҷамъбаст намуда, ба ҳамаи иштирокчиён барои ширкати фаъол ва маърўзаҳои пурмазмунашон изҳори миннатдорӣ намуд.
Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ: