Бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми ноябри соли равон мизи мудаввар бахшида ба рўзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва судӣ намоянда аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар иштирок намуданд. Дар оғози конференсия бо сухани ифтитоҳӣ Директори Маркази миллии қонунгузорӣ доктори илмҳои ҳуқуқ профессор, Раҳимов Маҳмад Забирович суханрони намуда, оид ба нақш ва моҳияти Конститутсия ва зарурати қабули онро дар давраи соҳибистиқлолии давлати навини тоҷикон яке аз дастовардҳои муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки Конститутсияи ҶТ ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки самтҳои пешрафти давлат ва дурнамои онро пешбини намудааст. Маҳз бо қабули ин санади сарнавиштсоз, ки нахустин қонуни асосии давлати Тоҷикистон аст, таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор ва дигар меъёрҳои конститутсионӣ таъмин гардид. Заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ Конститутсия таъмин менамояд. Яке аз нақшҳои калидии Конститутсия (Сарқонун), ки хусусияти мушаххаси таърихӣ дорад ба даст овардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, эътироф гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд ба ҳисоб меравад. Ва заминаи мустаҳками давлати навини тоҷикон маҳз аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Аз ин ҷо сари ин нишаст оид ба аҳамият ва ҷанбаҳои ҳуқуқии Конститутсия дар амалия суҳбат карда шуд.
Дар мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён дар мавзўи «Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд», «Аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироту иловаҳо ба он дар ташаккули ҳокимияти судӣ» «Кафолати озодӣ, обрў ва эътибори шахсият дар Тоҷикистон», «Конститутсия - сарчашмаи ҳуқуқи ҷиноятӣ», «Нақши Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккулёбии судҳои иқтисодӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлол» маърузахо пешниход карда шуд.
Маърузаҳои пешниҳодгардида дар чорабинии мазкур гувоҳи он аст, ки Конститутсия ифодагари таъмини волоияти қонун, муайнсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа мебошад.
Иштирокчиён чорабинӣ аз ҷумла қайд намуданд, ки Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, дар воқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳ низ ба ҳисоб меравад. Зеро ҳангоми таҳияи лоиҳаи он пешниҳодоти доираи васеи аҳолӣ, намояндагони гуруҳҳои гуногуни ҷомеа ба инобат гирифта шудааст. Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён изҳор намуданд, ки айни ҳол барои ба камол расонидани насли соҳибмаълумот, масъулиятшиносу ватандўст ва ҳимояи ҳифзу ҳуқуқҳои мардуми кишвар тамоми шароитҳо муҳайё карда шуда, Конститутсия кафолати таъмини зиндагии осоиштаро додааст. Ва мо бояд ҳамеша аз арзишҳои миллӣ арҷгузор бошему зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.