ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1890 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1874 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1873 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ НИЗОМИ БОНКӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 06/06/2024 - 11:53
     Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи асосии раванди давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар он баробари ташкили сохторҳои муҳимми иқтисодӣ, ташкили низоми мукаммали бонкӣ яке аз падидаҳои муҳим дар таҳкими рушди афзалиятҳои иқтисодии мардум ва давлат нақши муҳим мебозад. Ба роҳ мондани низоми мукаммали бонкӣ дар Тоҷикистон як қадами устувор дар роҳи иқтисодиёти бозорӣ мебошад. Дар давраҳои вазнинтарини аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, дар баробари дигар сохторҳои муҳимми давлатӣ, ба такмили низоми пулию бонкӣ диққати махсус дода шуд. Қобили қайд аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули низоми пулию бонкии мамлакат ва рушду мукаммалгардонии он нақши калидӣ доранд.
     Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми асосии ҷудонашавандаи бахши молиявӣ буда, барои амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ ва иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозад.
     Вобаста ба ин, яке аз вазифаҳои асосии низоми бонкӣ, пешбурди миёнаравии молиявӣ тавассути ҷалби захираҳои пулии озод аз аҳоливу дигар шахсони ҳуқуқӣ ва равона намудани онҳо ба воситаи қарздиҳӣ ба субъектҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
     Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ”, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” мавриди қабул дониста шуд, ба низоми бонкии дусатҳа дохил гардидааст[1]. Сатҳи болоӣ - Бонки миллии Тоҷикистон ва сатҳи поёнӣ - ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла, бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, инчунин ташкилотҳои маблағгузории хурде, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар кишвар фаъолият мекунанд, иборат мебошанд.
    Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” яке аз мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон таъмини устувории низоми бонкии давлат мебошад.
   Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ буда, дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ”, “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва дигар қонунҳои соҳавӣ бо мақсади нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявиро ба роҳ мондааст.
   Мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ мебошад[2].
      Низоми бонкӣ дар Тоҷикистон дар заминаи шабакаи бонкии замони шӯравӣ ва бонкҳои хусусии нав бунёд гардида, дар солҳои истиқлол зина ба зина инкишоф ёфта истодааст, имрӯз ба яке аз соҳаҳои аҳамиятнок ва тезтараққиёбандаи иқтисод табдил гашта истодааст.
      Низоми бонкӣ, ҳамчун соҳаи муҳимтарин, ки манфиатҳои иқтисодии ҳамаи субъектҳои хоҷагии халқро фаро мегирад, дар рушди муносибатҳои сармоягузорӣ, амонатгузорӣ, пардохт ва муомилоти байни агентҳои иқтисодӣ нақши бузург дорад. Нокомии низоми бонкӣ дар иҷрои вазифаҳои худ робитаҳои иқтисодиро дар кишвар фалаҷ ва ба амнияти иқтисодӣ таҳдид мекунад[3]
     Масъалаҳои зарурии таҳқиқот ба зарурати омӯзиши бисёрҷонибаи мафҳуми низоми бонкӣ, навъҳои гуногуни системаҳои бонкӣ, таҳлили омилҳое, ки равандҳои рушди навъҳои муосири низоми бонкиро дар заминаи муносибатҳо муайян мекунанд, системаҳои ҳозиразамони мамлакатҳои хориҷӣ ва муайян намудани тамоюлҳои нави фаъолияти бонкӣ нигаронида шудааст.
     Барои ноил шудан ба ҳадафи рушди низоми бонкии мамлакат, ҳалли масъалаи илмие, ки аз таҳияи масъалаҳои назариявӣ ва методологӣ иборат аст, ки ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми бонкии ватанӣ нигаронида шудааст унсурҳои зеринро бояд доро бошад.
   - мазмуни низоми бонкӣ, вазифаҳо ва хосиятҳои он, васеъ намудани дастгоҳи консептуалӣ;
     - таҳлил моҳият ва унсурҳои низоми бонкӣ;
     - пурра намудани таснифоти низоми бонкӣ ва бонкҳои муосир;
   - омӯхтани хусусиятҳои системаи бонкии мамлакатҳои тараққикарда бо муайян кардани тамоюлҳои муосири рушди онҳо;
   - таҳлили хусусиятҳои ташаккул ва рушди низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи қонунии он;
   - муайян кардани баъзе мушкилот ва тамоюлҳои рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди самтҳои такмили он.
     Низоми бонкӣ маҷмӯи унсурҳои мукаммалкунанда мебошад, ки бо ҳамдигар ва муҳити беруна дар робита ва иртиботи зич қарор дошта, таърихан инкишоф ёфта, барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори равандҳои иқтисодӣ нигаронида шудааст.
     Тамоюлҳои рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
     -  баланд гаштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ;
     -  беҳтар шудани фаъолияти молиявии бонкҳои тиҷоратӣ;
    - баланд гардидани сифати маҳсулот, хизматрасониҳои бонкӣ ва инчунин зиёд шудани номгӯи онҳо;
     - афзоиши ҳаҷми қарзҳои ташкилотҳои қарзӣ дар бозорҳои байналмилалӣ.
   Вобаста ба аҳаммияти муҳим доштани масъалаи такмили асосҳои назариявӣ нуқтаи назари олимону коршиносони соҳа дар сатҳи гуногун арзёбӣ гардидааст. Олими тоҷик Ш. Раҳимзода чунин қайд менамояд, ки «қисми асосии низоми қарзии институтсионалиро низоми бонкӣ ташкил медиҳад. Низоми бонкӣ ҳамчун маҷмӯи фаъолияти бонкҳо маблағҳои муваққатан озоди аҳолию шахсони ҳуқуқиро ҷамъ намуда, онҳоро ба ниёзмандон бо шартҳои муайян ба қарз медиҳад»[4]. Олими тоҷик Ш.Қ. Хайрзода таърифи дақиқро дар бораи “Низоми бонкӣ” чунин додааст: “Таҳти мафҳуми низоми бонкии кишвар бояд ҳамон шакли ташкилию ҳуқуқии маҷмӯи ташкилотҳои қарзии ҳамдигарро пурракунандаи бонкӣ ва ғайрибонкӣ бо инфрасохтори мувофиқи бонкӣ, ки тавассути қонунгузории бонкӣ танзим мешавад ва фаъолияти самараноки бозори хизматрасониҳои бонкиро таъмин мекунад, фаҳмида шавад”.
    Масъалаҳои назариявии бонк ва низоми бонкӣ дар таҳқиқоти олимони хориҷӣ ба монанди О.И. Лаврушин, Л. Г. Ефимова, Е. А. Кашеева, В. Г. Лукин, А. Н. Азрилияна, Д. А. Чичуленков, Н. И. Куликов, Ю. В. Бондарева, И. Сорокина, А. М. Кравченко, М. В. Минаева, Н. Н. Хамитов ва дигарон дар шакли асосҳои назариявии таҳқиқӣ инъикос ёфтаанд. Муаммоҳои дороиҳо ва уҳдадориҳои бонкӣ дар асарҳо ва пажӯҳишҳои як қатор олимон ва коршиносони дигари хориҷӣ низ, аз қабили П.С. Роуз ва Э. Рид арзёбӣ гардидааст. Дар адабиёти иқтисодии хориҷӣ ба идоракунии дороиҳои бонкӣ, ҷалби сармоя ва арзёбии сифати дороиҳои бонкӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад.
    Дар масъалаи низоми бонкӣ Г.Г. Коробова қайд менамояд, ки дар соҳаи бонкдорӣ дувумин равиши маҳдуд аксаран истифода мешавад, ки дар он ба маҷмуи институтҳои низоми бонкӣ танҳо ниҳодҳо-муассисаҳо дохил мешаванд, ки ин норасоиҳо низоми бонкиро ҳамчун маҷмуи институтҳо ифода менамояд[5].
     Дар дигар маврид вобаста ба ин Л.Г. Ефимова қайд менамояд, ки «Низоми бонкӣ маҷмуи ташкилотҳои қарзӣ, мақомоти идоракунӣ ва ташкилотҳои инфрасохтори бонкӣ мебошад, ки дар дохили он вазифаҳои муташаккил ва муттаҳидшавӣ буда, онҳо қодиранд ба таври худрушдёбӣ ва худтанзимнамоӣ амал намоянд». Чунин низом фарогирӣ ва амалкарди бештари институтҳоро доро мебошад[6].
     Дараҷаи таҳқиқи ин масъала, махсусан дар шароити мураккаби фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои ташаккули низоми идоракунии дороиҳои бонкӣ бо мақсади зиёд кардани даромаднокии бонкҳои тиҷоратӣ ва сифати сандуқи қарзӣ, самаранок истифода шудани дороиҳо, баланд бардоштани ҳиссаи сармоягузорӣ, дарёфт намудани сарчашмаҳои иловагии сармоя, паст кардани сатҳи хавфи дороиҳо ва ғайра, зарур мебошад.
     Қайд кардан зарур аст, ки дар масъалаи пешбурди иқтисодиёти мамлакат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз он ҷумла масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар нақши бонкҳои тиҷоратӣ хеле муҳим ва зарурӣ арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, ҳар як нишондиҳандаи низоми бонкиро, ки мо дар боло таҳлил намудем, метавонад дар алоҳидагӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва соҳаҳои алоҳидаи он таъсири бевосита ва беандоза расонад.
     Аҳаммияти муҳимми иқтисодӣ доштани низоми бонкӣ, масъалаҳои асосии танзим ва рушди он дар маркази диққати коршиносон ва иқтисоддонон қарор гирифтааст. Аз ин лиҳоз, ин масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолӣ ба худ аҳаммияти махсусро касб намудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз пайи дарёфти роҳҳои нави танзим ва рушди низоми бонкӣ буда, кӯшиш менамояд то онро ба яке аз соҳаҳои пешрафтаи мамлакат табдил диҳад. Бо назардошти муҳиммияти ин соҳа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Низоми бонкӣ бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад”.
     Низоми бонкӣ ин доираи институтсионалӣ буда, дар он Бонки марказӣ, бонкҳои давлатӣ ва тамоми бонкҳои тиҷоратӣ, инчунин, ташкилотҳои қарзию молиявӣ амал намуда, тавассути санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки дар дохили як давлат қабул гардидаанд, танзим карда мешаванд.
     Яке аз масъалаҳои асосие, ки суботи комили низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман, бонкҳо аз он вобаста мебошад, ин пардохтпазирӣ ва устувории низоми бонкист, ки дар заминаи он муваффақиятҳои минбаъдаи бонк ташаккул меёбанд.
 
Рӯйхати адабтётҳои истифода шуда:
 
     1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бонки миллии Тоҷикистон” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод.435; с.2014, №7, ѕ.2, мод.409, мод.410; с.2018, №7-8, мод.531; с.2019, №7, мод.474) (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1112, 1113, аз 3.08.2018 № 1548, аз 19.07.2019 № 1645, аз 07.08.2020 № 1721, аз 13.11.2023 № 2003).
      2. Зоиров Р.Ҳ, Холхуҷаев З.И. Ҳуқуқи бонкӣ. Душанбе – 2010.
     3. Хайрзода Ш.Қ. Рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бесуботии молиявӣ (Назария, методология, амалия) - Душанбе, 2021.
     4. Раҳимзода, Ш. Муомилоти пулӣ ва қарз – Душанбе: Эр-Граф, 2018
     5. Коробова Г.Г. Банковское дело. Учебние пособие - Москва: Экономист, 2008.
    6. Ефемова Л.Г. Понятие и структура банковской системы Российской Федерации, Банковское право. – 2007. – №2.
                                                                                            ОДИНАЗОДА ФАРИДА ШАМСУЛЛО
                                                                                           сармутахассиси  шуъбаи қонунгузорӣ оид ба
                                                                                          молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии                                                                                              Маркази миллии қонунгузории назди
                                                                                            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)